Қонуни Ҷумҳурии дар бори оби нўшокӣ ва таъмини он

29 Декабр 2010, Чоршанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №12, қ-1, мод. 829, соли 2018,  №1, мод.15)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 октябри соли 2010, № 190 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010 № 8-10, моддаи 668) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2010, № 104 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, № 12, моддаи 874) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муносибатҳоро оид ба оби нўшокӣ ва таъмини он муайян намуда, кафолати давлатии таъмини аҳолиро бо оби нўшокӣ муқаррар мекунад.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— оби нўшокӣ — обе, ки дар ҳолати табиӣ ё баъди коркард (тоза кардан, безарар гардондан, илова намудани моддаҳои зарурӣ) аз рўи сифати худ ба талаботи меъёрии муқарраршуда ҷавобгў буда, барои нўшидан ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маишии инсон, инчунин барои истеҳсоли озуқа ва маводи тиббӣ истифода мешавад;
— меъёрҳои сифати оби нўшокӣ (талаботи меъёрӣ) – маҷмўи нишондиҳандаҳои имконпазири кимиёвӣ, таркиби микробиологӣ ва хусусиятҳои органолептикии оби нўшокӣ (мазза, ранг, бўй, ҳарорат), ки тибқи усулҳои илмию тадқиқотӣ муқаррар ва бо қоидаҳои санитарӣ мураттаб шуда, барои саломатии инсон бехатар ва безарар будани онро кафолат медиҳанд;
— таъмини оби нўшокӣ — фаъолияте, ки бо он талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба оби нўшокӣ таъмин мегардад;
— манбаи таъмини оби нўшокӣ — обҳои табиӣ (рўизаминӣ ва зеризаминӣ), ки баъди коркарди дахлдор ва ё бе коркард барои таъмини оби нўшокӣ истифода мешаванд;
— шабакаи мутамаркази таъмини оби нўшокӣ (қубурҳои обгузари истифодаи умум) — маҷмўи таҷҳизоту иншоот барои гирифтан, тайёр намудан, нигоҳ доштан ва ба маҳали истеъмол расонидани оби нўшокӣ, ки барои истифодаи оммавии шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дастрас мебошад;
— шабакаи ғайримутамаркази таъмини оби нўшокии истифодаи умум — иншооту таҷҳизот барои гирифтан ва тайёр кардани (ё худ бе тайёр кардани) оби нўшокӣ, бе расонидани он ба маҳали истеъмол, ки барои истифодаи оммавии шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дастрас мебошанд;
— шабакаҳои мухтори таъмини оби нўшокӣ — таҷҳизоту иншоот барои гирифтани оби нўшокӣ ва расонидани (ё нарасонидани) он ба ҷойҳои истеъмолшавӣ, ки дар истифодаи фардӣ қарор доранд (бинои алоҳида, хоҷагии деҳконӣ (фермерӣ), бўстонсарой ё объекти алоҳидаи дигар);
— шабакаи таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт — таҷҳизоту дастгоҳҳое, ки дар воситаҳои нақлиёт барои бо оби нўшокӣ таъмин намудани мусофирон, ҳайати идоракунандаи нақлиёт ва хизматрасон дар самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ё таъиноти дигар ҷойгир карда шудаанд; (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
— шабакаи таъмини оби нўшокӣ — ҳама намуди шабакаҳо (мутамарказ, ғайримутамарказ, мухтор ва шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт) ҳангоми мавҷуд будани меъёрҳои умумӣ;
— эътимоднокии шабакаи таъмини оби нўшокӣ — хусусияти шабакаҳо, ки низоми муайяни (мунтазам, аз рўи нақша, соатбайъи) интиқоли оби нўшокиро ба истеъмолкунандагон мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи таъмини оби нўшокӣ ва талаботи меъёрӣ нисбат ба сифати оби нўшокӣ таъмин менамояд;
— минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ ва шабакаҳои он — ҳудудҳо ва акваторияҳое, ки дар онҳо низоми махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият барои пешгирии бад шудани сифати об ва ҳифзи он муқаррар карда мешаванд;
— меъёрҳои истеъмоли оби нўшокӣ — миқдори оби нўшокӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти физиологӣ ва маишии як одам дар давоми як шабонарўз дар маҳалли мушаххас, объекти алоҳида ё воситаи нақлиёт ҳангоми мўътадил кор кардани шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ, халалдор шудани кори мўътадили онҳо ва дар ҳолатҳои фавқулодда зарур мебошад;
— ташкилотҳои таъмини оби нўшокӣ — шахсони ҳуқуқие, ки шабакаи мутамарказ ё ғайримутамаркази таъмини оби нўшокиро идора менамоянд;
— истеъмолкунандагони оби нўшокӣ — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки оби нўшокиро барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оби нўшокӣ ва таъмини он
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оби нўшокӣ ва таъмини он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
— муқаррар намудани кафолатҳои ҳуқуқӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо оби нўшокӣ;
— муқаррар намудани асосҳои хоҷагию иқтисодии таъмини оби нўшокӣ;
— муқаррар намудани кафолатҳои давлатии эътимоднокии таъмини оби нўшокӣ, инчунин асосҳои ба ҷавобгарӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкунӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ.
 
Моддаи 4. Принсипҳои асосии таъмини оби нўшокӣ
Принсипҳои асосии таъмини оби нўшокӣ аз инҳо иборат мебошанд:
— кафолатҳои давлатӣ дар навбати аввал бо оби нўшокӣ таъмин намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатӣ;
— назорати давлатӣ ва танзими давлатии масъалаҳои таъмини оби нўшокӣ;
—  бехатарӣ ва боэътимодии таъмини оби нўшокӣ; (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
— ҳисоботдиҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии масъули таъмини оби нўшокӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки фаъолияти оид ба истифода ва ҳифзи обро назорат мекунанд, инчунин ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар доираи ваколатҳои онҳо; (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
— таъмини бехатарӣ, боэътимодӣ ва идорашавандагии шабакаҳои таъмини оби нушокӣ бо назардошти хусусиятҳои технологии онҳо ва интихоби манбаи об мутобиқи стандарту меъёрҳои ягонае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд; (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
— баҳисобгирӣ дар таъмини оби нўшокӣ;
— музднок будани таъмини оби нўшокӣ;
— дастгирии давлатии рушди шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ, истеҳсолу таъмини онҳо бо дастгоҳу маводҳои зарурӣ, аз ҷумла воситаҳои кимиёвӣ барои тоза ва безарар гардонидани оби нўшокӣ.
 
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нўшокӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нўшокӣ дохил мешавад:
-татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ; (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
— қабули барномаҳои давлатии рушди шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои таъмини оби нўшокӣ;
— муайян кардани тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
       — татбиқи сиёсати ягонаи нархгузорӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ; (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
— муайян намудани тартиби назорати давлатӣ;
— ҷудо кардани маблағ аз буҷет ва дигар манбаъҳо барои барқарор намудани шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар маҳалҳое, ки бар асари ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд;
— муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини оби нушокӣ;
— ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои таъмини оби нўшокӣ.
 
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ
Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ дохил мешаванд(RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
              —  таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ ва иштирок дар татбиқи он; (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
— амалигардонии сиёсати ягонаи давлатии илмию техникӣ ҷиҳати таъмин кардани истеъмолкунандагон бо оби нўшокӣ мувофиқи меъёрҳои сифати истеъмоли об;
— ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ доир ба таъмини оби нўшокӣ, истеҳсоли мавод барои тоза ва безараргардонии оби нўшокӣ ва таъмини маблағгузории онҳо;
— ташкили меъёргузорӣ ва баҳисобгирии истеъмоли об;
— тасдиқ кардани барномаҳои мақсадноки минтақавӣ ва нақшаҳои чорабиниҳо барои ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои обрасонӣ;
— муайян намудани чораҳои ҳифзи манбаъ ва шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ;
— ташкили аудити технологию экологии шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ;
— ташкили таълим, бозомўзии кормандон ва такмили ихтисоси онҳо;
— муайян намудани тартиби сертификатсияи меъёрҳои сифати оби нўшокӣ;
— бо тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
— таҳия ва тасдиқи тарифҳои хизмати обрасонӣ, меъёр ва қоидаҳои истифодабарии шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ дохил мешаванд: (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
— тасдиқи барномаҳои маҳаллии мақсаднок ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ;
— андешидани чораҳо оид ба беҳтар намудани сифати оби нўшокӣ ва истифодаи оқилонаи он, ҳифзи захираҳо ва манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва камобшавӣ;
— анҷоми корҳои ташкилӣ ҷиҳати таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо оби нўшокӣ мувофиқи меъёрҳои истеъмоли об.
 
Моддаи 8. Шаклҳои моликият ба шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ
  1. Шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ метавонанд моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ) ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошанд.
  2. Ба дигар шахс гузаштани ҳуқуқи моликият ё тағйирдиҳии шакли моликияти шабакаҳои мутамарказ ё ғайримутамаркази таъмини оби нўшокӣ ба шарте ҷоиз аст, ки аз ин кори шабакаҳо халалдор нашавад.
  3. Феҳристи шабакаҳои ҳаётан муҳими таъмини оби нўшокӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 9. Шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нўшокӣ
  1. Шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нўшокӣ асоси муттасил таъмин намудани истеъмолкунандагон бо оби нўшокӣ буда, иншооти ҳаётан муҳим дониста мешаванд. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
  2. Эҳтиёҷоти ба таҷҳизот, мавод, реагентҳо доштаи ташкилотҳое, ки шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нўшокии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишинро истифода мебаранд, ба номгўи маҳсулоти зарурии эҳтиёҷоти давлатӣ дохил карда мешаванд. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
  3. Талаботи интихоби манбаи таъмини оби нўшокии шабакаҳои мутамарказ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нўшокӣ муқаррар карда мешаванд.
  4. Шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нўшокиро мақомоти ваколатдори давлатӣ идора мекунанд.
  5. Молики шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нўшокӣ метавонад идоракунии шабакаҳоро мустақилона амалӣ гардонад ё дар асоси шартнома онҳоро барои истифодаи хоҷагидорӣ ва ё барои идоракунии оперативӣ ба ихтиёри шахсони ҳуқуқӣ диҳад.
 
Моддаи 10. Шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нўшокӣ.
  1. Шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нўшокӣ барои бо оби нўшокӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон ҳангоми набудани шабакаҳои мутамаркази обтаъминкунӣ ташкил карда мешаванд.
  2. Талабот доир ба интихоби манбаъҳои таъмини об дар шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори обтаъминкунӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нўшокӣ муқаррар карда мешаванд.
  3. Моликони шабакаҳои ғайримутамаркази таъмини оби нўшокӣ ва истеъмолкунандагони оби нўшокӣ объектҳои обро ба сифати манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ аз рўи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода мебаранд.
  4. Шабакаҳои ғайримутамаркази таъмини оби нўшокиро моликони ҳамин шабакаҳо метавонанд бевосита идора кунанд, ё ҳуқуқи идоракуниро бо тартиби муқарраргардида ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ диҳанд. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
 
Моддаи 11. Шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт
Шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт ҷузъи таркибии ин воситаҳо мебошанд. Фаъолияти мўътадили шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт ва назорати мувофиқати сифати оби нўшокиро ба талаботи меъёрӣ дар ин шабакаҳо моликони воситаҳои нақлиёт таъмин менамоянд.
 
Моддаи 12. Танзими давлатии таъмини оби нўшокӣ
  1. Рушди обтаъминкунӣ тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии бо оби нўшокӣ таъмин намудани аҳолӣ сурат мегирад. Таъминот бо оби нўшокӣ бояд ҳатман ба нақшаи минтақавии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ дохил карда шавад.
  2. Лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази таъмини оби нўшокӣ мутобиқи нишондиҳандаҳои ба ҳисоб гирифташудаи нақшаҳои генералии рушди ҳудудҳо, меъёру қоидаҳои меъморӣ, стандартҳои давлатӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, талаботи экологӣ, ки бо мақомоти ваколатдор мувофиқа шудааст, амалӣ мегарданд. Ҳангоми ба нақша гирифтани лоиҳаҳо ва сохтмони шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ талаботи таъмини эътимодияти ин шабакаҳо дар ҳолати ба онҳо таъсир расонидани омилҳои табиӣ ва техногенӣ ба назар гирифта мешавад. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
  3. Фаъолияти шахсоне, ки истеъмолкунандагони оби нўшокиро аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази обрасонӣ таъмин менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
 
Моддаи 13. Маблағгузории таъмини оби нўшокӣ
Манбаъҳои маблағгузории таъмини оби нўшокӣ инҳо мебошанд:
— маблағҳои буҷетӣ барои андешидани чораҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатии рушд ва беҳтар намудани кори шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ;
— маблағҳои истеъмолкунандагон ва истифодабарандагони оби нўшокӣ;
— дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
 
Моддаи 14. Дастгириии давлатии таъмини оби нўшокӣ
Имтиёзҳои андозбандӣ, қардиҳӣ ва намудҳои дигари имтиёзҳо барои ташкилотҳои бахши таъмини оби нўшокӣ, новобаста ба шакли моликият, инчунин барои истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва маводҳои таъминкунандаи фаъолияти шабакаҳо ва сармоягузорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
 
БОБИ 2.
КАФОЛАТҲОИ ТАЪМИНИ ОБИ НЎШОКӣ
 
Моддаи 15. Кафолатҳои давлатии таъмин кардани аҳолӣ бо оби нўшокӣ
  1. Давлат таъмини ҳар як шахсро бо оби нўшокии ба меъёрҳои муқарраршудаи сифат ва миқдор ҷавобгў кафолат медиҳад.
  2. Эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оби нўшокӣ дар маҳалли зист бо тадбиру чораҳои рушди афзалиятноки шабакаҳои мутамарказ ё ғайримутамаркази таъмини оби нўшокӣ, инчунин бо дастгирии давлатии обтаъминкунӣ қонеъ гардонида мешавад.
  3. Кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба оби нўшокӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (дар вокзалҳо, фурудгоҳҳо, боғҳои фароғатӣ, муассисаҳои варзишӣ ва табобатӣ, ҷойҳои оббозӣ ва дигар), инчунин ҳангоми ҳаракат дар воситаҳои нақлиёт аз тарафи моликони ин объектҳо таъмин карда мешавад. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
  4. Дар ҳолати халал ёфтани кори шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази обтаъминкунӣ, ки боиси халалдор шудани меъёрҳои муқарраргардидаи таъмини истеъмолкунандагон бо оби нўшокӣ ва (ё) номувофиқатии сифати об ба талаботи муқарраршудаи меъёрӣ мегардад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, моликони шабакаҳо ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ дар доираи ваколатҳои худ вазифадоранд, ки барои таъмини истеъмолкунандагон бо оби нўшокӣ ба миқдори барои чунин ҳолатҳо муқарраргардидаи меъёри оби нўшоки бо истифода аз манбаъҳо ва шабакаҳои эҳтиётии таъмини оби нўшокӣ, воситаҳои техникии маишӣ ва дастаҷамъии тозаю безараргардонӣ ё бо тариқи расонидани оби нўшоки дар зарфҳо чораҳо андешанд. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
  5. Номгўи чорабиниҳое, ки дар ҳолатҳои халалдоршавии кори шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази таъмини оби нўшокӣ андешида мешаванд, дар нақшаи корҳои таъҷилии таъмин намудани истеъмолкунандагони ин ё он маҳал бо оби нўшокӣ муайян мегарданд.
 
Моддаи 16. Таъмини сифати оби нўшокӣ
Сифати оби нўшокӣ, ки ба истеъмолкунандагон пешниҳод мешавад, бояд ба талаботи меъёрҳо мутобиқ буда, бо чораҳои зерин таъмин карда шавад:
— интихоби манбаи таъмини оби нўшокӣ ва технологияи мувофиқи тоза кардани об;
— назорати мунтазами сифати об дар шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ;
— дар шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ истифода намудани таҷҳизот, мавод, реагентҳое, ки безарар будани онҳоро сертификати дахлдор тасдиқ мекунад;
— муқаррар намудан ва ҳар 5 сол аз нав баррасӣ кардани талаботи меъёрӣ нисбат ба оби нўшокӣ ва манбаъҳои обтаъминкунӣ мутобиқи дастовардҳои илмии муосир;
— ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нўшокии мутамарказ ва ғайримутамарказ (муқаррар кардани минтақаҳои ҳифзи санитарӣ ва дигар чораҳои муҳофизати оби нўшокӣ аз ифлосшавӣ бинобар амалҳои тасодуфӣ ё қасдан);
— таҳияи барномаҳои намунавии истифода ва назорати сифати оби нўшокии шабакаҳои обтаъминкунии мутамарказ ва ғайримутамарказ бо назардошти шароити маҳал;
— муқаррар намудани чораҳои қатъии назорати давра ба давраи сифати оби нўшокӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҳангоми таҳдиди хатар ба саломатии одамон бо сабаби бад гаштани сифати оби нўшокӣ.
 
Моддаи 17. Назорат ва баҳисобгирии давлатӣ дар бахши таъмини оби нўшокӣ
  1. Назорати давлатиро дар бахши таъмини оби нўшокӣ мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об таъмин мекунанд.
  2. Баҳисобгирии манбаъҳои обтаъминкуниро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об бо иштироки мақомоти обуҳавошиносӣ (обҳои рўизаминӣ), мақоми геология (обҳои зеризаминӣ) ва мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ анҷом медиҳанд.
  3. Мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ сифати оби нўшокии истеъмолшавандаро муайян месозад ва мувофиқати онро ба меъёрҳои муқарраргардида назорат мекунад. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
  4. Миқдори оби мавриди истифодаи шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нўшокӣ аз тарафи моликони ин шабакаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.
  5. Назорати риояи талаботи стандартҳои давлатӣ оид ба оби нўшокӣ, инчунин тарзу усулҳои назоратро, ки дар таъмини оби нўшокӣ ба аҳолӣ истифода мешаванд, мақомоти ваколатдор оид ба стандартонӣ амалӣ мегардонанд.
  6. Назорати давлатии риояи меъёру қоидаҳои сохтмонро ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти таъмини оби нўшокӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ амалӣ мекунад. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
  7. Назорати давлатӣ ва баҳисобгирии таъмини оби нўшокӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 18. Ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ
  1. Ҳифзи манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ аз ифлосшавӣ, камобу хушкшавӣ ва ҳифзи шабакаҳои обтаъминкунӣ аз осебу вайроншавӣ шарти ҳатмии таъмини бехатарию безарарии оби нўшокӣ буда, он дар натиҷаи иҷрои талаботи санитарию экологӣ ва тадбирҳои пешгирии ифлосшавӣ, хушку камобшавии объектҳои об, инчунин муқаррар намудани минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳо ва шабакаҳои обтаъминкунӣ (ғайр аз шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт) ва риоя намудани низоми барои ин минтақаҳо пешбинишуда амалӣ мегардад.
  2. Минтақаҳои ҳифзи санитарӣ барои тамоми манбаъҳо, инчунин барои шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази таъмини оби нўшокӣ новобаста ба шаклҳои моликият бо мақсади пешгирӣ намудани ифлосшавии тасодуфӣ ва барқасдонаи об муқаррар карда мешаванд.
  3. Дар ҳудудҳои якум ва дуюми минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ партофтани пасобҳо манъ мебошад.
  4. Дар ҳудуди сеюми минтақаҳои ҳифзи санитарӣ партофтани пасобҳои шаҳрҳо, корхонаҳои саноатию кишоварзӣ, ки дар таркибашон моддаҳои ифлоскунанда ва унсурҳои биологии аз меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда муқарраршуда зиёд доранд, қатъиян манъ аст.
  5. Ташкили минтақаҳои ҳифзи санитарӣ, тартиби лоиҳакашӣ, истифода ва муқаррар намудани андозаҳо ва меъёрҳои ба онҳо мутобиқи ҳифзи об, муайян намудани маҷмўи тадбирҳои ҳифзи санитарӣ, аз ҷумла номгўи намудҳои фаъолияти манъ ва маҳдудшаванда мутобиқи талаботи қоидаву меъёрҳои санитарӣ анҷом дода мешавад. (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
  6. Иҷрои маҷмўи чорабиниҳои ҳифзи санитарӣ ва экологӣ дар манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ ба зиммаи инҳо вогузор карда мешавад: (RҶТ аз 2.01.2018с. №1483)
— ташкилотҳои обтаъминкунӣ;
— мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
— шахсоне, ки дар ҳудуди ин объектҳо фаъолияти хоҷагидориро анҷом медиҳанд.
  1. Назорати иҷрои маҷмўи чорабиниҳо ва риояи талаботи минтақаҳои ҳифзи санитарӣ ба зиммаи мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист вогузор карда мешавад.
  2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд барои пешгирӣ намудани қасдан ифлос намудан ва осеб расонидан ба манбаю шабакаҳои обтаъминкунӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
 
Моддаи 19. Сертификатсиякунонӣ дар бахши таъмини оби нўшокӣ
Дар бахши таъмини оби нўшокӣ инҳо сертификатсия мешаванд:
— оби нўшокии шабакаҳои обтаъминкунӣ;
— оби нўшокии ба зарфҳо рехтае, ки барои истеъмолкунандагон фурўхта мешаванд;
— ҷараёнҳои технологӣ, таҷҳизот, воситаҳо, мавод ва моддаҳои кимиёвӣ барои тоза ва безараргардонии об.
 
Моддаи 20. Кафолати бо оби нўшокӣ таъмин намудан дар ҳолатҳои фавқулодда
  1. Аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (садамаю фалокатҳо, офати табиӣ, ки дар натиҷаи он манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ ифлос мешаванд, шабакаҳои тозакунӣ, безараргардонӣ ва таъмини оби нўшокӣ осеб мебинанд ва аҳолии ин маҳал бештар аз як шабонарўз бе об мемонад) аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо оби нўшокӣ таъмин карда мешавад.
  2. Ҳолатҳои фавқулоддаро дар бахши таъмини оби нўшокӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ пешгўӣ намуда, барои аз рўи меъёр бо оби нўшокӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда чораҳо меандешанд.
 
Моддаи 21. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои моликони шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ
  1. Моликони шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ ҳуқуқ доранд:
— мутобиқи шартномаи дуҷониба аз истеъмолкунандагони оби нўшокӣ барои оби воқеан додашуда маблағ талаб намоянд;
— оид ба баргардонидани товони зарар аз шахсони воқеӣ, ки дар натиҷаи ифлосшавӣ ва (ё) камобшавии манбаъҳои об, инчунин вайрон намудани шабакаҳои таъмини об расонида шудааст, мутобиқи қонунгузорӣ даъво пешниҳод намоянд.
  1. Ташкилотҳои таъминкунандаи об ва моликони шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ, ки онро бевосита истифода мебаранд, ўҳдадоранд:
— шартҳои технологиро, ки ба талаботи меъёрҳои оби нўшокӣ ҷавобгў мебошанд, риоя намоянд;
— меъёри муттасил додани оби нўшокиро дар навбати аввал барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсони воқеӣ ва корхонаҳои саноати хўрокворӣ ва муассисаҳои тиббӣ таъмин кунанд;
— таҷҳизот, мавод ва моддаҳои кимиёвии барои истифода дар фаъолияти обтаъминкунӣ иҷозат додашуда ва дорои сертификати мутобиқат ба талаботи муқарраргардидаро истифода баранд;
— оби нўшокии истифодашударо ба ҳисоб гиранд;
— ба истифодаи оби нўшокӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии корхонаҳое, ки ҷараёни технологиашон истифодаи оби нўшокиро талаб намекунанд, роҳ надиҳанд, ба шарте, ки бо оби нўшокӣ таъмин намудани аҳолиро бевосита халалдор намояд;
— назорати сифати оби нўшокиро мутобиқ ва дар асоси усулҳои санҷидашудаи лабораторӣ ё стандартишуда ташкил намоянд ва истеъмолкунандагонро аз паст шудани сифати оби нўшокӣ саривақт огоҳ кунанд;
— мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро аз сар задани фалокат ва дигар ҳолатҳои фавқулоддае, ки ба вазъи манбаъҳо ва шабакаҳои обтаъминкунӣ таъсир мерасонанд, инчунин ҳангоми ба талаботи қоидаву меъёрҳои санитарӣ мувофиқат накардани сифати оби нўшокӣ, саривақт огоҳ намоянд;
— намояндагони мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ҳифзи муҳити зистро барои санҷиши объектҳо ва иншооти обтаъминкунӣ бемамониат роҳ диҳанд;
— меъёрҳои хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти барои минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои об ва шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ муқарраргардидаро риоя намоянд;
— ба вайрон намудани ҳуқуқҳои дигар истифодабарандагони об ва расонидани зиён ба муҳити зист роҳ надиҳанд;
— барои таъмири ҷорӣ ва асосии шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ маблағ ҷудо кунанд;
— манбаъҳои таъмини оби нўшокиро аз ифлосшавӣ, хушку камобшавӣ ва шабакаҳои обрасониро аз вайроншавӣ муҳофизат намоянд.
  1. Моликони шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ, ки ҳуқуқи идора кардани ин шабакаҳоро ба ташкилотҳои обтаъминкунӣ вогузор намудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин шабакаҳо ҷавобгар мебошанд.
 
Моддаи 22. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои истеъмолкунандагони оби нўшокӣ
  1. Истеъмолкунандагони оби нўшокӣ ҳуқуқ доранд:
— мутобиқи меъёрҳои сифат ва истеъмоли оби нўшокӣ аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ бо оби нўшокӣ таъмин бошанд;
— назорати сифати оби нўшокиро, ки аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ расонида мешавад, талаб намоянд;
— тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сифати оби нўшокӣ ва эҳтимолияти таваққуф дар обтаъминкунӣ саривақт ва маълумоти пурра гиранд;
— бо тартиби муқарраргардида барои гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва ҷамъиятии экологӣ ташаббускор бошанд ва натиҷаи онро ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намоянд;
— ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи таъмини оби нўшокии ба талаботи меъёрҳо номувофиқ ба онҳо расидааст, талаб намоянд.
  1. Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ мувофиқи меъёрҳои сифат ва истеъмолӣ бо оби нўшокӣ дар навбати аввал таъмин карда шаванд.
  2. Истеъмолкунандагони оби нўшокӣ ўҳдадоранд:
— меъёру қоидаҳои санитарӣ ва дигар қоидаҳоро доир ба таъмини оби нўшокӣ риоя намоянд, инчунин талаботи бо Қонуни мазкур муқарраршударо иҷро кунанд;
— ба ифлосшавӣ ва камобшавии манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ, инчунин осеб дидани шабакаҳои он роҳ надиҳанд;
— оби нўшокиро дар рўзгор ва истеҳсолот самаранок ва оқилона истифода баранд;
— ҳаққи хизмати обрасониро тибқи тарифҳои муқарраргардида саривақт пардохт намоянд;
— ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ аз нияту амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки метавонанд манбаъҳои обтаъминкуниро ифлос намоянд, саривақт хабар диҳанд;
— ба ташкилотҳои обтаъминкунӣ дар бораи ҳолати ғайриқаноатбахши шабакаҳои зикршуда хабар диҳанд.
 
Моддаи 23. Иттилоот оид ба масъалаҳои таъмини оби нўшокӣ
  1. Иттилоот дар бораи сифати оби нўшокӣ ба дархосткунанда ройгон мебошад. Оид ба сифати оби нўшокӣ ба истеъмолкунандагон аз тариқи воситаҳои ахбори омма иттилоъ дода мешавад.
  2. Дар сурати номувофиқатии сифати оби нўшокӣ ба талаботи меъёрҳо, ки метавонад ба саломатии одамон таҳдид намояд, моликони шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ, ташкилотҳои обтаъминкунӣ ва мақомоте, ки мувофиқати сифати оби нўшокиро ба талаботи меъёрӣ назорат мекунанд, вазифадоранд истеъмолкунандагони оби нўшокиро дар бораи мўҳлати барҳам додани ин номувофиқатӣ, инчунин чораҳои эҳтиётӣ (чораҳои иловагии коркарди об) ё худ аз маҳалу вақти додани оби нўшокие, ки ба талаботи меъёрҳо ҷавобгў мебошад, бетаъхир хабардор намоянд.
  3. Иттилоъ оид ба таваққуфҳои эҳтимолӣ ҳангоми таъмини оби нўшокӣ аз ҷониби ташкилот ва мақомоти таъминкунандаи оби нўшокӣ ба истеъмолкунандагон бо таври ҳатмӣ, пешакӣ, аз тариқи воситаҳои ахбори омма ё дигар воситаҳо расонида мешавад.
  4. Ташкил ва назорати таъмин намудани истеъмолкунандагон бо иттилооти саривақтӣ оид ба сифати оби нўшокӣ ва номураттаб додани он ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта мешавад.
 
БОБИ 3.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон
 
           ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010,
           № 670

Илова кунед