Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи мутақобила

05 Август 2009, Чоршанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009, №7-8, мод.495. соли 2015,№7-9,мод.712)
  Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2009, № 1346 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, № 5, моддаи 378) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-уми июли соли 2009, № 669 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, № 7-8, моддаи 512) ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба анҷом додани суғуртаи мутақобила ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобиларо муқаррар менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
 -суғуртаи мутақобила – як намуди суғурта, ки дар он ҳар як иштирокчии ин суғурта дар як маврид ҳам суғурташаванда ва ҳам суғуртакунанда аст;
— ҷамъияти суғуртаи мутақобила (минбаъд – ҷамъият) – ташкилоти ғайритиҷоратии суғурта, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси узвияти ихтиёрӣ, бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур таъсис дода шудааст;
— мақоми ваколатдор – мақоми давлатие, ки танзим ва назорати бозори суғурта ва ташкилотҳои суғуртаро анҷом медиҳад;
— ба дастоварандаи фоида – шахсе, ки дар шартномаи суғурта зикр гардида, суғурта ба манфиати ӯ анҷом дода шудааст;
— ҳаққи (маблағи) узвият — воситаҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок, молу мулки дигар ва ё ҳуқуқҳои молумулкии арзиши пулидошта, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба ҷамъият дохил шудан гузаронида мешаванд;
— ҳаққи (маблағи) суғурта – воситаҳои пулӣ, ки аз ҷониби аъзои ҷамъият барои амалӣ гардонидани суғуртаи мутақобила пардохт карда мешаванд;
— ҳаққи (маблағи) иловагӣ – воситаҳои пулӣ, ки аз ҷониби аъзои ҷамъият бо мақсади ҷуброни зиёни ба ҷамъият расонидашуда пардохта мешаванд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи суғуртаи мутақобила
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи мутақобила ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Принсипҳои суғуртаи мутақобила
 Суғуртаи мутақобила дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
— умумӣ будани манфиатҳои молумулкии аъзои ҷамъият;
— баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои ҷамъият;
— ҳимоя ва масъулияти мутақобилаи аъзои ҷамъият.
 
Моддаи 4. Объектҳои суғуртаи мутақобила
Объектҳои суғуртаи мутақобила манфиатҳои молумулкии аъзои ҷамъият буда, аз ҷумла алоқаманданд ба:
— соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулк (суғуртаи молу мулк);
 -ҳаёт, саломатӣ, қобилияти корӣ ва таъмини ихтиёрии нафақаи аъзои ҷамъият (суғуртаи шахсӣ); (ҚҶТ аз 08.08.2015с., №1224)
— таваккали масъулияти шаҳрвандӣ вобаста ба ӯҳдадорие, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки ашхоси дигар ба миён омадааст ва дар ҳолатҳое, ки Қонун пешбинӣ намудааст, инчунин масъулият тибқи шартнома;
— таваккали соҳибкорӣ – таваккали ба даст наовардани даромади дар назар дошташуда аз фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба вайрон кардани ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби контрагентҳои соҳибкор ё тағйир додани шарти ин фаъолият вобаста ба ҳолатҳое, ки ба соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд.
 
Моддаи 5. Таъсиси ҷамъият
  1. Шумораи аъзои ҷамъият бояд на кам аз панҷ шаҳрванд ё на кам аз се шахси ҳуқуқӣ бошад.
  2. Номи ҷамъият бояд ибораи «ҷамъияти суғуртаи мутақобила» — ро дар бар гирад ва шакли ғайритиҷоратӣ буданашро нишон диҳад.
3.Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисгардида ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 6. Ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият
  1. Ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият шартномаи таъсисӣ ва оинномаи ҷамъият мебошанд.
  2. Шартномаи таъсисии ҷамъият, ғайр аз муқаррароте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
— ӯҳдадории муассисон оид ба имзои шартномаи суғурта ва пардохтани маблағи суғурта (ҳаққи суғурта);
— андозаи ҳаққи пулии муассисон барои хароҷоти маъмурӣ вобаста ба созмон додан ва ташкили фаъолияти ҷамъият.
  1. Оинномаи ҷамъият бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
— номи пурра ва мухтасари ҷамъият бо забони давлатӣ;
— маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият;
— предмет ва мақсади фаъолияти ҷамъият;
— шаклҳои суғуртае, ки ҷамъият амалӣ менамояд;
— тартиби идоракунии ҷамъият, ҳайат ва салоҳияти мақомоти идоракунӣ ва назоратии ҷамъият, тартиби таъсис ва аз ҷониби онҳо қабул намудани қарор;
— шарт ва тартиби қабул ва қатъи узвият дар ҷамъият;
— тартиби интихоби намояндагони ваколатдори аъзои ҷамъият барои иштирок дар маҷлиси умумии аъзои ҷамъият;
— ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷамъият дар назди аъзои ҷамъият;
— ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои ҷамъият;
— намуд, шарт ва тартиби пардохти аъзоҳаққиҳои муқарраршуда ва масъулият барои вайрон кардани ӯҳдадорӣ оид ба пардохти онҳо;
— шарт ва тартиби ба зимма гирифтани масъулияти иловагӣ аз ҷониби аъзои ҷамъият вобаста ба ӯҳдадориҳои суғуртавии ҷамъият дар доираи қисми пардохтнашудаи ҳаққи иловагии ҳар як узви ҷамъият;
-қоидаҳои аз ҷониби ҷамъият анҷом додани суғуртаи мутақобила дар асоси узвият;
— манбаъҳои ташаккули молу мулки ҷамъият;
— тартиби ихтиёрдории молу мулки ҷамъият;
— тартиби ворид намудани тағйирот ба оинномаи ҷамъият;
-тартиби доир намудани маҷлиси умумии аъзои ҷамъият ва тартиби огоҳсозӣ оид ба гузаронидани маҷлис;
— тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъият;
-дигар муқаррароте, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.
  1. Талаботи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ барои иҷро аз ҷониби ҷамъият ва аъзои он ҳатмӣ мебошанд.
  2. Ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият бояд барои шиносоӣ ба номзадҳо ба узвияти ҷамъият пешниҳод карда шуда, ба ҳама аъзои ҷамъият супурда шаванд.
  3. Оинномаи ҷамъиятро маҷлиси умумии аъзои ҷамъият тасдиқ менамояд.
 
Моддаи 7. Аъзои ҷамъият
  1. Шахсони воқеии ба синни 18 расида ва (ё) шахсони ҳуқуқӣ аъзои ҷамъият шуда метавонанд. Узвият дар ҷамъият метавонад танҳо бо талаби ягона барои ҳар як узви он қайду шарт карда шавад.
  2. Узвият дар ҷамъият баъди аз ҷониби ҷамъият қабул кардани қарор дар хусуси пазируфтан ба узвияти ҷамъият ва аз ҷониби аризадиҳанда пардохт намудани ҳаққи узвияти муқаррарнамудаи ҷамъият ба миён меояд.
  3. Аъзои ҷамъият танҳо баъди пардохти ҳаққи суғурта дар маҷлиси умумӣ ҳуқуқи овозро пайдо мекунанд.
  4. Ҷамъият пешбурд ва нигаҳдошти рӯйхати аъзои ҷамъиятро таъмин менамояд.
 
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои ҷамъият
  1. Аъзои ҷамъият ҳуқуқ доранд:
— дар идоракунии ҷамъият иштирок намоянд ва ба мақомоти он интихоб гарданд;
— мутобиқи қоидаҳо ё шартномаи суғурта манфиатҳои молумулкии худро суғуртаи мутақобила намоянд;
— аз мақомоти идоракунандаи ҷамъият оид ба фаъолияти ҷамъият, аз ҷумла оид ба натиҷаҳои санҷиши фаъолияти молиявии он ҳама гуна иттилоотро талаб намоянд ва гиранд;
— тибқи шарт ва тартиби пешбининамудаи оинномаи ҷамъият аз ҷамъият бароянд;
— аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;
— ҳангоми барҳамдиҳии ҷамъият як қисми молу мулкеро, ки баъди ҳисобӣ бо кредиторон боқӣ мондааст, ба даст оранд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оинномаи ҷамъият тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  1. Аъзои ҷамъият ӯҳдадоранд:
— оинномаи ҷамъиятро риоя кунанд;
— қарори маҷлиси умумии аъзои ҷамъият, дигар мақомоти ҷамъиятро, ки дар доираи салоҳияташон қабул намудаанд, иҷро кунанд;
— сари вақт ҳаққи узвият, ҳаққи иловагӣ ва дигар пардохтҳои пешбининамудаи оинномаи ҷамъиятро пардохт намоянд;
— сари вақт ҳаққи суғуртаро пардохт намоянд;
— дигар ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҷамъият ё дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти ҷамъиятро иҷро намоянд.
  1. Шахси ба узвияти ҷамъият қабулгардида баробари дигар аъзои ҷамъият масъулиятро оиди иҷрои ҳамаи ӯҳдадориҳои суғуртавии ҷамъият, ки то узвияти ӯ дар ҷамъият ба миён омадааст ва бо онҳо шинос будани худро ба таври хаттӣ тасдиқ намудааст, ба зимма мегирад.
  2. Аъзои ҷамъият ба таври муштарак оид ба ӯҳдадории суғуртавии ҷамъият дар доираи қисми пардохтнашудаи ҳаққи иловагии ҳар як узви ҷамъият масъулияти иловагӣ доранд.
 
Моддаи 9. Қатъи узвият дар ҷамъият
  1. 1. Узвият дар ҷамъият дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
  • ба таври ихтиёрӣ аз ҷамъият баромадани узви ҷамъият;
  • аз аъзогии ҷамъият хориҷ намудани узви ҷамъият тибқи асосҳои зайл:
— аз ҷониби узви ҷамъият иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба пардохти ҳаққи суғурта ё ҳаққи иловагӣ;
— қатъи шартномаи суғурта бо ташаббуси узви ҷамъият, инчунин набастани шартномаи суғурта дар мӯҳлати муқаррарнамудаи оинномаи ҷамъият;
  • фавти шахси воқеӣ – узви ҷамъият ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтида эълон намудани ӯ, инчунин барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ – узви ҷамъият;
  • барҳам додани ҷамъият.
  1. Ҳангоми ихтиёрӣ баромадан аз ҷамъият узви ҷамъият бояд дар мӯҳлати на камтар аз 30 рӯзи баромади воқеӣ аз ҷамъият дар бораи даст кашидан аз узвият аризаи хаттӣ пешниҳод намояд.
  2. Ҳангоми хориҷ намудан аз ҷамъият узви ҷамъият бояд дар хусуси хориҷ намудани ӯ дар мӯҳлати на камтар аз 30 рӯзи то баррасии масъалаи хориҷ намудан аз узвият дар шакли хаттӣ огоҳ карда шавад.
  3. Дар сурати фавти узви ҷамъият ё фавтида эълон шудани ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворисони ӯ ҳуқуқ доранд бо қарори раёсати ҷамъият ба ҷамъият дохил шаванд.
  4. Шахси ҳуқуқие, ки вориси қонунии шахси ҳуқуқии азнавташкилшудаи дар ҷамъият иштирокдошта мебошад, ҳуқуқ дорад бо қарори раёсати ҷамъият ба ҷамъият дохил шавад, агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  5. Қатъи узвият пеш аз мӯҳлати шартномаи суғурта мутобиқи меъёрҳои қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
  6. Узви ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳангоми хориҷ шудан аз ҷамъият ҳаққи пардохтаашро бо тартиб ва мӯҳлати пешбининамудаи оинномаи ҷамъият бозпас гирад.
  7. Узви ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳангоми хориҷ шудан аз ҷамъият қисми молу мулки он ё арзиши ҳамин молу мулкро дар доираи арзиши молу мулке, ки узви ҷамъият ба сифати ҳаққи узвият ворид намудааст, ба даст орад, агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
 
Моддаи 10. Тартиби анҷом додани суғуртаи мутақобила
  1. Баъди аз ҷониби узви ҷамъият пардохтани ҳаққи суғурта ҷамъият ӯҳдадор мешавад, ки ҳангоми фарорасии ҳолати муайян (ҳодисаи суғурта) ба узви ҷамъият ё бадастоварандаи фоида бо тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои суғурта ё шартномаи суғурта пардохти суғуртавиро анҷом диҳад.
  2. Дар ҳолате, ки агар мутобиқи ҷамъбасти соли ҳисоботӣ натиҷаҳои молиявии суғуртаи мутақобила мусбӣ бошанд, маҷлиси умумии аъзои ҷамъият метавонад дар хусуси кам кардани андозаи ҳаққи суғуртаи навбатӣ ё боздоштани пардохти он дар мӯҳлати муайян қарор қабул кунад.
  3. Дар ҳолате, ки агар мутобиқи ҷамъбасти соли ҳисоботӣ натиҷаҳои молиявии анҷом додани суғуртаи мутақобила манфӣ бошанд, маҷлиси умумии аъзои ҷамъият метавонад дар бораи манбаъҳои пӯшонидани зиёни расонидашуда, аз ҷумла дар хусуси аз ҷониби аъзои ҷамъият ворид намудани ҳаққи иловагӣ қарор қабул кунад.
  4. Ҷамъият суғуртаи мутақобилаи аъзои худро дар асоси узвият мустақиман анҷом медиҳад дар ҳолате, ки агар мутобиқи оинномаи ҷамъият бастани шартномаи суғурта пешбинӣ нашуда бошад.
  5. Суғуртаи мутақобила дар асоси узвият танҳо ҳангоми аз ҷониби ҷамъият анҷом додани як шакли суғурта мутобиқи қоидаҳои суғурта, ки шартҳои ягонаи суғуртаро пешбинӣ менамояд, имконпазир мебошад. Дар ин ҳолат қоидаҳои суғурта қисми ҷудонопазирии оинномаи ҷамъият ба ҳисоб мераванд.
  6. Шаклҳои суғуртае, ки ҷамъият анҷом медиҳад, бо назардошти эҳтиёҷоти аъзои ҷамъият ва талаботи Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 11. Мақомоти ҷамъият
  1. Мақомоти ҷамъият инҳоянд:
— мақоми олӣ – маҷлиси умумии аъзои ҷамъият;
— мақоми иҷроия – мақоми дастаҷамъӣ (раёсат) ё шахси анҷомдиҳандаи вазифаҳои мақоми инфиродии иҷроия (директор);
— мақоми назоратӣ – комиссияи тафтишотӣ.
  1. Оинномаи ҷамъият метавонад таъсиси дигар мақомоти ҷамъиятро низ пешбинӣ намояд.
 
Моддаи 12. Комиссияи тафтишотии ҷамъият
  1. Комиссияи тафтишотии ҷамъият ба маҷлиси умумии аъзои ҷамъият ҳисоботдиҳанда мебошад. Комиссияи тафтишотии ҷамъият ба таври истисно аз аъзои ҷамъият интихоб гардида, назорати риояи оинномаи ҷамъият, фаъолияти мақомоти идоракунии ҷамъиятро анҷом медиҳад, инчунин муроҷиати аъзои ҷамъиятро баррасӣ менамояд, агар онро раёсати ҷамъият муҳокима накарда бошад.
  2. Комиссияи тафтишотии ҷамъият фаъолияти молиявию хоҷагии ҷамъиятро санҷида, ба маҷлиси умумии аъзои ҷамъият оид ба натиҷаҳои санҷиши ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосибавии ҷамъият хулоса пешниҳод менамояд. Маҷлиси умумии аъзои ҷамъият ҳуқуқ надорад ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосибавии ҷамъиятро ҳангоми мавҷуд набудани хулосаи комиссияи тафтишотии ҷамъият тасдиқ намояд.
  3. Хулосаи комиссияи тафтишотии ҷамъият бояд дар бар гирад:
— маълумот дар бораи тасдиқи саҳеҳии далелҳое, ки дар ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосибавии ҷамъият мавҷуданд;
— иттилоот дар бораи далели вайрон кардани муқаррароти оинномаи ҷамъият аз ҷониби мақомоти идоракунии ҷамъият, агар чунин вайронкунӣ ҷой дошта бошад;
— иттилоот дар бораи далели вайрон кардани тартиби пешбурди баҳисобгирии муҳос