Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

26 Октябр 2016, Чоршанбе

Вакили Маҷлиси намояндагон Нурулло Оқилзода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» — ро чунин шарҳ дод

Дар марҳилаи рушди босубот ва таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ниёз батаҳсилоти калонсолон афзуда нисбат ба он талаботҳои нав пеш гузошта мешаванд, ки ташаккули он бо назардошти таҷрибаи байналмиллалӣ, танзим намудани муносибатҳо, фаъолият, принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳа ва омилҳои дигар тақозо мегардад. Ин муҳимиятро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намудаанд: «Дар самти касбомӯзӣва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар муассисаҳо ва марказҳои омӯзиши калонсолон нақши арзанда мебозанд, зеро низоми зикршуда яке аз роҳҳои аз камбизоатӣ берун шудани аҳолӣ мебошад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити пешрафти ҷомеа дар таҷрибаи қонунгузорӣ, махсусан соҳаҳои маориф ва шуғл тағйиротҳои ҷиддӣ ҷараёндоранд. Танҳо дар панҷсолаи охир 17 санадҳои қонунгузории танзимкунандаи соҳаҳои мазкур, аз қабили қонунҳо дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти иловагӣ ва миёнаи касбӣ, маориф, тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, шарикии давлат ва бахши хусусӣ қабул гардиданд. Ин омил бозгӯи он аст, ки таҳсилот ва шуғл басифати соҳаҳои муҳими афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян ва қабул гардидаанд. Таҳсилоти калонсолон барои Тоҷикистон таҷрибаи нав буда, шаклгирӣ ва ибтидои роҳандозии онро коршиносони миллӣ ба солҳои 2006 – 2008 ба давраи вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Шумо, муҳтарам ШукурҷонЗуҳурович рабт медиҳанд. Шумо яке аз аввалинҳо шуда зарурияти ташкил ва ташаккули интаҳсилотро дарк намуда ба он шакле, ки он имрӯз фаъол аст асос гузоштед. Дар муддати баъдин ин таҳсилот дар Тоҷикистон пеш рафта рушд намуд. Имрӯз бошад он дастовардҳои хоси худро дорост. Ташкили Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон”, филиалу намояндагиҳоион дар шаҳру ноҳияҳо, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» вобаста ба сохтор ва фаъолияти ин гуна муассисаҳо заминаҳои ин пешрафтанд.Фаъолияти Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон соли 2008 ба таври расмӣ шуруъ гардида, алҳол дар наздик аз 100 намояндагиву филиалҳои он калонсолон ба таълим фаро гирифта мешаванд. Агар ба далелҳо ҳам нигарем пас аён мегардад, ки дар як муддати кутоҳ талабот ба хизматрасонии таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон афзуда истодааст. Ҳар сол дар муассисаву марказҳои таълимии калонсолон дар ҷумҳури даҳҳо ҳазорнафар самту равияҳои асосии касбҳоро меомӯзанд. Соли 2014 ин нишондод ба 72000, соли 2015 ба 100000  нафар баробар буд. Дар муқоиса бо ин раванд низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ солето 10000 нафар ва таҳсилоти миёнаи касбӣто 12000 нафар соҳибкасбонро тайёр менамоянд, кифаъолияти онҳо бо қонунҳои алоҳидаи соҳави танзим мегарданд. Бо қабули қонуни мукамал оид ба таҳсилоти калонсолон самаранокии фаъолиятдар соҳа хело боло рафта, дастрасии васеи он ба аҳолӣ таъмин хоҳад гашт. Хусусияти муҳими соҳа аз он иборатаст, ки аҳолии кишвар ҳамасола 2% инкишоф ёфта, 180 ҳазор ҷойи нишастро дар соҳаи маориф ва ҳамин миқдор ҷойи нави кориро тақозо менамояд. Махсусияти дигари соҳа муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки барояшон шароити васеи омӯзиши касбӣ ташкил ва ҷараёни эътирофи салоҳияти малакаву маҳорати берун аз таҳсилоти расмӣ ба дастовардаашон таъмин мегардад. Вобаста ба ин, лоиҳа барои пешрафти соҳаи таҳсилоти калонсолон ташкили сохтор ва низоми ягонаи он, аз ҷумла амалӣ намудани ҷараёни эътибор, расмикунонии малакаҳое, ки калонсолон дар натиҷаи омӯзиши ғайрирасмӣ, ғайриасосӣ ва худомузӣ ба даст меоранд, заминаи ҳуқуқиро пешниҳод менамояд. Таҷрибаи байналмилалӣ ва Аврупо оид ба валидатсия, яъне эътироф ва расмикунонии малакаҳои касбии дар натиҷаи таҳсилоти ғайрирасмӣ, ғайриасосӣ ва худомӯзӣ бадастомада хело васеъ буда таърихи бештаре дорад. Ин таҷриба хело муҳим буда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъиёти он танҳо дар фаъолияти Маркази таълимии калонсолон истифода мегардад. Оинномаи Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.03.2015, тасдиқ шудааст, дар моддаи 11 — ум  шаҳодатномакунонии тахассусӣ барои эътирофи расмии малакаҳои дар таълими ғайрирасмӣ бадастомадаро яке аз самтҳои фаъолияти марказ ва филиалу намояндагиҳои он муқаррар намудааст. Шахсони берун аз муассисаҳои таълимӣ, гайрианъанави ва берун аз нақшаву барномаҳои тақвимиву таълимӣ соҳиби малакаҳои касбӣ гардида имкон доранд онро расмӣ кунонанд. Мутаассифона ин расмиёте, ки алҳол сурат мегирад бинобар заминаи қонунгузорӣ надоштанаш эътирофи ҳуқуқи надорад. Таҷрибаи байналмиллалӣ бошад ин равандро дар заминаи пойдори ҳуқуқи босамар ва густурда истифода мебарад, ки муаллифон имкон доштанд ин таҷриба ва умуман дар маҷмӯъ таҷрибаи пешбурди таҳсилоти калонсолонро дар Олмон ва ҷумҳурияҳои Белорусия, Гурҷистон, Узбекистону Қирғизистон аз наздик омӯзанд. Чун аз таҷрибаи байналмиллали ёдовар шудем пас ба маврид мешуморем қайд намоем, ки таҳсилоти калонсолон дар Белорусия чун таҳсилоти иловагии калонсолон, дар Узбекистон бошад чун таҳсилоти касбӣ ва баъзе равандҳои он чун таҳсилоти миёнаи умумӣ пазируфта шудаанд. Низоми таҳсилоти калонсолони Олмон пешрафтатарин дар олам ба ҳисоб рафта он дар давраи баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рушд намудааст. Аз ҷониби муассисаҳои ин таҳсилот ба мардум, алалхусус калонсолон имкони зиёди гирифтани таҳсилоти иловагӣ, ғайрирасмӣ аз барномаҳои касбинтихобкунӣ сар карда то барномаҳои гуногуни забономӯзи, фароғатӣ, фарҳангӣ пешкаш карда мешаванд. Муҳоҷирону гурезаҳои иҷборӣ дар мавриди авваланд,ки ройгон ба таълим фаро гирифта мешаванд, таълими шаҳрвандони худи бошад музднок сурат мегирад. Ин муассисаҳо тули фаъолияташон, ки ибтидоаш ба охири асри 19 рабт мегирад ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа дар Олмон табдил ёфтаанд ва бесабаб онҳоро “Донишгоҳи халқи” ном намебаранд. Ҳамчунин дар ин радиф ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассиаҳои таҳсилоти калонсолон лоиҳаиҚонунасосмегузорад, тоонҳо фаъолият баранд ва рақобатпазириро дар соҳа ба миён оранд. Таҳсилоти калонсолон дар қонунгузории кишвар аз рӯи мазмун ва мундариҷа ба таҳсилоти иловагӣ ва аз рӯи сохтори ташкилӣ ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ рабт мегирад, ки ташаккулёбии онро чун соҳаи мустақил, новобаста аз он ки барои татбиқи ин ҳадаф ҳама заминаҳо мавҷуданд мушкил мегардонад. Зарур аст то таҳсилоти калонсолон чун соҳаи ягона муайян гардида заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилии он муқаррар гарданд. Барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти калонсолон баъзе чораҳо андешида шудаанд, ки му таассифона пешрафти бо мааром ва судманди онро таъмин карда наметавонанд. Дар лоиҳаи Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, аз қабили валидатсия, курсҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, низоми таҳсилоти муттасил, салоҳияти касбӣ,таҳсилоти калонсолон, таҳсилоти ғайрирасмӣ, таҳсилоти ғайриасосӣ, худомӯзӣ, мақсади таҳсилоти калонсолон, вазифаҳои асосии таҳсилоти калонсолон, принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон, ҳуқуқи калонсолон ба таҳсил, низоми ин таҳсилот, мақомимуассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии онҳо, самтҳои асосии таҳсилоти калонсолон ҷой дода шудаанд. Бо қабули Қонуни мазкур мо “таҳсилоти ғайрирасмӣ” ва “таҳсилоти ғайриасосӣ”-ро эътироф хоҳем намуд, ки дар шароити воқеи хело саривақтист. Мутаассифона ин мафҳумҳо дар тасаввури баъзе “таҳсилоти ғайриқонуни” боқи мондаанд ҳолон, ки бо ин равандҳо ҳазорҳо нафар соҳибкасбу соҳибмалака мегарданд. Вақте, ки як ҳунарманд, як устои номдор дар доираи таҳсилоти ғайри расмӣ даҳҳо шогирдва коромӯзро меомӯзонад ва соҳиби маҳорату малакаҳои касбӣ мегардонад ин амал боиси дастгирӣ ва шоистаи эътироф аст на баръакс.  Лоиҳаи Қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2016, барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дигар кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 361 таклиф пешниҳод ирсол намуданд, ки аз онҳо 132-то қабул, 39-то қисман қабул ва 190-то қабул нашуд, ки сабаби қабул нашуданашон дар ҷадвал нишон дода шудааст. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи Қонуни мазкурро санаи 7 сентябри соли 2016 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ваҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. Тағйиру иловаҳои воридгардида ба лоиҳаи Қонун аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа дастгирӣ ёфтанд. Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он маблағҳои иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд. Бо истифода аз фурсати мусоид мехостам аз номи муаллифони лоиҳа миннатдории самимиамонро ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Шукурҷон Зуҳурович,ки бо ҳидояташон лоиҳаи мазкур сари кор омад ва бо маслиҳатҳои пурқиматашон он такмил ёфт,ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ,ҳамкорон, дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, адлия,ҳамкорони байналмиллаламон — Институти ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи олмонии донишгоҳҳои халқӣ ва намояндагии он дар Тоҷикистон,Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон  барои дастгирӣ ва маслиҳатҳои муфидашон баён намоям.

Илова кунед