Вакили Маҷлиси намояндагон Ҷобирзода Тоҳири Гул лоиҳаи қонунро шарҳ медиҳад.

08 Июн 2016, Чоршанбе

Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

 

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

 

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2016, № 692 лоиҳаи Қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

 

Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар шароити идома ёфтани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ ва тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ ва воридотивазкунии онҳо буда, татбиқи имтиёзҳои иловагиро барои воридоти гандум ва маҳсулоти коркарди он, дарахтҳо, гулу буттаҳо ва гулҳои ороишӣ, бекор кардани андоз аз фурӯши нахи пахта ва ба ивази он ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ барои нахи пахта, истифодабарии меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 5 фоиз барои муассисаҳои таълимии хусусӣ, корхонаҳои сохтмонӣ ва хӯроки умумӣ, озод намудани таҳвилгарон ва пудратчиёни сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз пардохти роялти барои истихроҷ, бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, мебошад.

 

Тибқи лоиҳа ба моддаи 15 Қонуни мазкур тағйиру иловаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:

 

— дар сархати 1 бо мақсади дастгирии соҳибкорони воридкунандаи гандум ва коркарди минбаъдаи он, муътадил нигоҳ доштани нархҳои бозории орд ва таъмини шаффофияти амалиёт оид ба маҳсулоти коркарди гандум на танҳо барои воридот ва таҳвили гандум, инчунин барои фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда меъёри 10-фоизаи андоз аз арзиши иловашуда татбиқ карда мешавад.

 

Ҳамзамон барои дуруст ба роҳ мондани андозбандии амалиёти мазкур пешниҳод шудааст, ки баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби чунин соҳибкорон амалӣ шаванда наметавонад аз 10 фоиз зиёд шавад.

 

— иловаи ба қисми 8 пешниҳодшуда барои имтиёзнок ворид намудани дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ободонӣ ва кабудзоркунӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашну маракаҳои давлатӣ таҳия шудааст.

 

— барои дастгирии давлатӣ фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини сиёсати воридотивазкунӣ қисмҳои нави 11-13 илова карда мешаванд, ки тибқи онҳо:

 

— қисми 11 дар давраи боқимондаи соли 2016 андоз аз фурӯши нахи пахта бекор карда шуда, барои содироти он боҷи содиротӣ муқаррар карда мешавад. Яъне, коркардкунандагони дохилии нахи пахта аз пардохти ин намуди андоз озод карда шуда, барои содироткунандагони нахи пахта боҷи содиротӣ ба андозаи 10 фоиз муқаррар карда мешавад.

 

— иловаи қисми 12 барои корхонаҳои сохтмонӣ, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои хӯроки умумӣ меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 5 фоиз пешниҳод шудааст. Яъне, меъёри пасткардашудаи мазкур бар ивази меъёри стандартии 18 фоизаи андоз аз арзиши иловашуда, ки аз 1 январи соли 2016 тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин фаъолият муқарррар шудааст. Тибқи моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз 1 январи соли 2013 то 31 декабри соли 2015 барои амалиёти зикргардида меъёри пасткардашудаи 5 фоизаи андоз аз арзиши иловашуда истифода мешуд.

 

— тибқи қисми 13 иловашаванда барои таҳвилгарон ва пудратчиёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» озодкунии таҳвили маъданҳои фоиданоки маъмулӣ аз пардохти роялти барои истихроҷ, бонусҳои обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст, ки чунин озодкунӣ барои сарфа гардидани маблағҳои иншооти стратегии мазкур мусоидат менамояд.

 

Лоиҳаи Қонунро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон 12 таклиф пешниҳод намуданд.

 

Дар ҷаласаи васеи кумита рӯзи 25 майи соли 2016 лоиҳаи Қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа аз таклифу дархостҳои воридшуда 11 тоаш қабул ва 1 тоаш қисман қабул шуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи Қонун ворид карда шуда, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.


Илова кунед