Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарӣ аз сўхтор

08 Март 2008, Шанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли  2008, № 3, мод.184; соли 2010,
№12, қ-1, мод. 808)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми феврали соли 2008, № 879 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, № 2, моддаи 110) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2008, № 449 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, № 3, моддаи 207) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии таъмини бехатарӣ аз сўхторро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, ҳамчунин байни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар ин соҳа ба танзим медарорад.
 
Боби 1.
Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— бехатарӣ аз сўхтор – таъмини ҳифзи одамон, молу мулки онҳо, моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сўхтор;
— сўхтор – оташи назоратнашаванда, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон зарар ва ба ҷамъияту давлат зиёни моддӣ мерасонад;
— талаботи бехатарӣ аз сўхтор – шартҳои махсуси техникие, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ ва қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор, мақомоти ваколатдори давлатӣ барои таъмини бехатарӣ аз сўхтор муқаррар карда шудаанд;
— риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сўхтор – иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани талаботи меъёру стандартҳо, қоидаву дастурҳо оид ба таъмини бехатарӣ аз сўхтор, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд;
— низоми бехатарӣ аз сўхтор – қоидаҳои муқарраршудаи рафтори шаҳрвандон, тартиби ташкили фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагӣ, шароити нигоҳубини бинову иншоотҳо, иморат (ҳудуд), таҷҳизоти истеҳсолӣ ва махсус, ки риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сўхтор ва оташнишониро пешгирӣ менамоянд;
— низоми махсуси бехатарӣ аз сўхтор — муқаррар намудани талаботи иловагӣ ҳангоми зиёд шудани хатари сўхтор дар ҳудудҳои дахлдор;
— чораҳои бехатарӣ аз сўхтор – амалҳо оид ба таъмин ва иҷрои талаботи бехатарӣ аз сўхтор;
— системаи таъмини бехатарӣ аз сўхтор — маҷмўи қувва ва воситаҳо ва ҳамчунин чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникие, ки барои мубориза бо сўхтор равона гардидаанд;
— хадамоти оташнишонӣ (муҳофизат аз сўхтор) – бо тартиби муайян таъсис додани маҷмўи мақомоти идоракунӣ, қувваю воситаҳо, аз ҷумла воҳидҳои оташнишонӣ, ки барои ташкили пешгирии сўхтор ва хомўш намудани он, гузаронидани корҳои таъхирнопазири наҷотдиҳӣ аз фалокат таъин гардидаанд;
— назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор — намуди махсуси фаъолияти назорати давлатие, ки аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади назорати риояи талаботи бехатарӣ аз сўхтор ва роҳ надодан ба риоя накардани он анҷом дода мешавад;
— тарѓиботи бехатарӣ аз сўхтор – иттилоотонии ҷамъият оид ба  масъалаҳо ва роҳҳои таъмини бехатарӣ аз сўхтор аз тариқи воситаҳои ахбори омма, тавассути нашр ва интишор кардани адабиёти махсус ва маҳсулоти реклама, ташкил намудани намоишу бозбиниҳо, конференсияҳо  ва чорабиниҳои оммавӣ;
— пешгирии сўхтор – маҷмўи тадбирҳои бехатарӣ, ки барои истиснои имконияти сар задани сўхтор ва  маҳдуд сохтани оқибати он равона шудаанд;
— тадбирҳои аввалияи бехатарӣ аз сўхтор – амалӣ намудани меъёру қоидаҳои бо тартиби маъмулӣ қабулгардида оид ба пешгирии сўхтор, наҷот додани мардум ва молу мулк аз сўхтор, ки ин як қисми маҷмўи чорабиниҳо оид ба ташкили оташнишонӣ мебошад;
— маснуоти техникии оташнишонӣ – маснуоти махсуси техникӣ, барои таъмини бехатарӣ аз сўхтор, аз ҷумла техникаю таҷҳизот, лавозимоти оташнишонӣ ва маводи муҳофизат аз оташ, воситаҳои алоқаи махсус ва идоракунӣ, барномаҳои мошинҳои ҳисоббарори электронӣ ва манбаъҳои маълумот, ҳамчунин дигар воситаҳои пешгирии сўхтор ва оташнишонӣ;
— гарнизони хадамоти давлатии оташнишонӣ – маҷмўи мақомоти  ҷойгиронии ҳудуди муайяни идоракунӣ, воҳидҳои муҳофизат аз сўхтор, муассисаҳои техникӣ-оташнишонӣ, тадқиқоти илмӣ ва муассисаҳои таълимии техникии оташнишонӣ ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз тобеияти идоравии оташнишонӣ.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат аст.
 
Моддаи 3. Вазифаҳои асосии таъмини бехатарӣ аз сўхтор
Вазифаҳои асосии таъмини бехатарӣ аз сўхтор аз инҳо иборатанд:
-ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон, моликият, сарвати миллӣ ва муҳити зист дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;
-пешакӣ муайян кардани ҳадди хатари фаъолияти ташкилоту шаҳрвандон, таълими чораҳои пешгирӣ ва амалӣ гардонидани тадбирҳои пешгирӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;
-зарурати оташнишонӣ, анҷом додани корҳои аввалияи садамавӣ-наҷотдиҳӣ аз фалокат ва дигар корҳои зарурӣ, расонидани ёрии тиббӣ, ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон ва кормандони осебдида, ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи сўхтор ба саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон, муҳити зист ва ба субъектҳои хоҷагидорӣ расидааст.
 
Моддаи 4. Системаи таъмини бехатарӣ аз сўхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти асосии системаи таъмини бехатарӣ аз сўхтор мақомоти хадамоти давлатии оташнишонӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаю муассиса, ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини бехатарӣ аз сўхтор иштирок мекунанд.
Вазифаҳои асосии системаи таъмини бехатарӣ аз сўхтор аз инҳо иборатанд :
-танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳои давлатӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;
-таъсиси хадамоти оташнишонӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти он;
-таҳия ва амалӣ гардонидани чораҳои бехатарӣ аз сўхтор;
-амалӣ намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳо ва масъулият дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;
-гузаронидани тарѓиботи бехатарӣ аз сўхтор ва ба аҳолӣ омўзондани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор;
-мусоидат намудан ба фаъолияти дастаҳои (дружинаҳои) ихтиёрии оташнишонӣ ва иттиҳодияҳои оташнишонӣ, ҷалб кардани аҳолӣ барои таъмини бехатарӣ аз сўхтор;
-таъмини иттилоотӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;
-ба амал баровардани назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор ва дигар вазифаҳои назоратӣ оид ба таъмини бехатарӣ аз сўхтор;
-истеҳсоли маҳсулоти техникии оташнишонӣ;
-иҷрои кору хизматрасонӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;
-хомўш намудани сўхтор ва зимни он анҷом додани корҳои аввалияи садамавӣ-наҷотдиҳӣ аз фалокат;
-баҳисобгирии сўхтор ва оқибатҳои он;
-муқаррар намудани низоми махсуси бехатарӣ аз сўхтор дар иншоотҳои хоҷагии халқ ва маҳалҳои аҳолинишин.
 
Боби 2.
Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва
худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
 
Моддаи 5. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор:
-назорати давлатии бехатарӣ аз сўхторро ба роҳ мемонад, тартиби фаъолияти он ва баҳисобгирии давлатии сўхтор ва оқибатҳои онро муайян мекунад;
-тартиби иттилоотонӣ, таблиѓи дониш, таълими аҳолӣ ва мутахассисонро дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор муайян менамояд;
-шумораи кормандони Хадамоти давлатии оташнишониро, ки хароҷоташ аз ҳисоби маблаѓи буҷети давлатӣ амалӣ мегардад, муқаррар мекунад;
-ташкил ва тартиби таълим, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Хадамоти давлатии оташнишониро муайян менамояд;
-ҳамкории байналмилалиро ба роҳ мемонад ва тартиби фаъолияти ташкилот ва шаҳрвандони хориҷиро оид ба пешгирӣ ва хомўш намудани сўхтор дар қаламрави ҷумҳурӣ муайян мекунад;
-номгўи корхона, ташкилоту муассисаҳоеро тасдиқ менамояд, ки дар онҳо хадамоти оташнишонӣ ҳатман таъсис дода мешавад.
 
Моддаи 6. Ваколати вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор дорои ваколатҳои зеринанд:
-сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии идоравиро дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор ба амал мебароранд;
-меъёру стандарт ва қоидаҳои соҳаи бехатарӣ аз сўхторро таҳия ва барои мувофиқа ба мақомоти марказии иҷроияи давлатӣ оид ба бехатарӣ аз сўхтор пешниҳод менамоянд;
-комиссияҳои соҳавии сўхтору техникӣ ва воҳидҳои оташнишониро таъсис медиҳанд, ба фаъолияти онҳо роҳбарӣ мекунанд ва корҳои фаҳмондадиҳии оммавиро мегузаронанд;
-дар объектҳои махсусан муҳим ва дорои хатари сўхтору таркиш ҳатман гурўҳҳои пешгирӣ, дастаҳои низомии оташнишонӣ барпо намуда, навбатдории шабонарўзии онҳоро ба роҳ мемонанд;
-назоратро ба ҳолати бехатарӣ аз сўхтор муқаррар карда, барои пешгирии сўхтор ва рафъи он чора мебинанд;
-тарѓибу ташвиқи дониш, таълими шаҳрвандон ва мутахассисонро доир ба қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ташкил мекунанд;
-ҳаҷми маблаѓҳои дахлдорро барои дастгирии соҳаи бехатарӣ аз сўхтор дар иншоотҳои идоравӣ ҳар сол муқаррар менамоянд.
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
Ба ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор дохил мешаванд:
-ташкили иҷрои чораҳои бехатарӣ аз сўхтор ва амалӣ гардонидани онҳо;
-таҳия, тасдиқ ва таъмин намудани иҷрои барномаҳои мақсадноки минтақавӣ оид ба таъмини бехатарӣ аз сўхтор ва оташнишонӣ;
-қабул кардани қоидаҳои ҳатмӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ ҳангоми сар задани сўхтор, пешгирӣ ва рафъ намудани он;
-ташкили чораҳои пешгирӣ ва рафъ кардани сўхтор;
-иттилоотонии аҳолӣ ва ташкили чорабиниҳои соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;
-иштирок дар иҷрои барномаҳои мақсадноки бехатарӣ аз сўхтор;
-таҳия, тасдиқ ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ оид ба хароҷоти бехатарӣ аз сўхтор, аз ҷумла ташкил ва таъмини хадамоти муҳофизат аз сўхтор дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
-мусоидат ба фаъолияти воҳидҳои ихтиёрии оташнишонӣ ва хадамоти оташнишонии идоравӣ.
 
Боби 3.
Хадамоти оташнишонӣ
 
Моддаи 8. Намудҳо ва вазифаҳои асосии хадамоти оташнишонӣ 
Хадамоти оташнишонӣ ба намудҳои зерин тақсим мешавад:
-Хадамоти давлатии оташнишонӣ;
-Дастаи (дружинаи) идоравии оташнишонӣ.
Вазифаҳои асосии хадамоти оташнишонӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор инҳоянд:
-ташкили пешгирии сўхтор;
-хомўш намудани сўхтор.
Қувваю воситаҳои мақомот ва воҳидҳои хадамоти оташнишонӣ  наметавонанд ба иҷрои корҳое, ки  ҳамин Қонун пешбинӣ накардааст,  ҷалб карда шаванд.
 
Моддаи 9. Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии мустақили оперативии бехатарӣ аз сўхтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-иҷрои барномаи давлатии соҳаи бехатарӣ аз сўхторро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад;
-тадбирҳои давлатӣ, танзими меъёрҳоро дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор таҳия ва амалӣ мегардонад;
-назорати давлатии бехатарӣ аз сўхторро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ мегардонад;
-муҳофизати маҳалҳои аҳолинишин ва корхонаҳоро аз сўхтор  ва дигар кору хизматрасониро дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор бо тартиби маъмулӣ ташкил мекунад ва ба амал мебарорад;
-хомўш намудани сўхторро таъмин ва амалӣ мегардонад;
-фаъолияти тадқиқоти илмӣ, тарѓиби дониш, омўзиши шаҳрвандон ва мутахассисонро дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор ташкил мекунад;
-кори вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю ташкилот ва муассисаҳоро, новобаста аз шаклҳои моликият, дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор ҳамоҳанг месозад;
-бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ меъёру стандартҳо ва қоидаҳои бехатарӣ аз сўхторро тасдиқ ва мувофиқа менамояд, баҳисобгирии давлатиро дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор ба роҳ мемонад;
-фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва сертификатониро дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор амалӣ менамояд;
-ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шаклҳои моликият ва ба шаҳрвандон дар бораи бехатарӣ аз сўхтор амрнома ва дигар санадҳои меъёрии иҷрояшон ҳатмӣ медиҳад;
-фаъолияти мақомоти идора ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишониро аз ҷиҳати молиявӣ ва моддию техникӣ таъмин менамояд;
-фаъолияти дигар намудҳои хадамоти оташнишониро ҳамоҳанг месозад;
-таълим, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони хадамоти давлатии оташнишониро ба роҳ мемонад;
-дигар вазифаҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ гардидаанд, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 10. Назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор
Роҳбари мақоми марказии идоракунии хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи вазифа, ҳамзамон сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати бехатарӣ аз сўхтор ва муовинонаш — мутобиқан муовинони сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  назорати бехатарӣ аз сўхтор мебошанд.
Шахсони мансабдори мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳангоми амалӣ гардонидани назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор ҳуқуқ доранд:
-таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии оид ба бехатарӣ аз сўхтори иҷрояшон ҳатмӣ ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои меъёриро, ки тартиби таҳияву истеҳсол ва истифодаи маснуоти техникии оташнишониро ба танзим медароранд, ба роҳ монанд, мустақилона ё худ ҳамроҳи мақомоти бехатарӣ аз сўхтор тасдиқ намоянд;
-назорати давлатии бехатарӣ аз сўхторро барои риоя намудани талаботи бехатарӣ аз сўхтор аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо ва ҳамчунин аз тарафи шахсони мансабдору шаҳрвандон амалӣ гардонанд;
-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар бораи иҷрои тадбирҳои бехатарӣ аз сўхтор таклифҳо пешниҳод намоянд;
-бо мақсади назорати риояи талаботи бехатарӣ аз сўхтор ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҳудуд, бино ва иншоот, биноҳои корхона ва иншоотҳои дигарро вобаста ба аҳамият ва ҳолати хавфи сўхтор доштани онҳо, аз ҷумла дар соатҳои ѓайрикорӣ таҳқиқу тафтиш намоянд;
-дар сурати мавҷуд будани маълумоти аниқ доир ба риоя нагардидани талаботи бехатарӣ аз сўхтор, ки хавфи сар задани сўхторро дорад ва (ё) ба бехатарии мардум таҳдид менамояд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзил ва дигар биноҳо, қитъаҳои замини шаҳрвандон бемамониат дароянд;
-дар кори комиссияҳои оид ба интихоби мавзеъи (роҳи) сохтмон ва ҳамчунин комиссияҳо оид ба қабули иншооти сохтмон (тармим)-ашон анҷомёфта иштирок намоянд;
          -лоиҳаҳои биною иншоотро дар мавриди асоснок баромадан аз меъёр ва ҳангоми дар меъёрҳои амалкунандаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ мавҷуд набудани талаботи бехатарӣ аз сўхтор баррасӣ ва мувофиқа намоянд; (ҚҶТ аз 29.12.10с, №646).
-дар корхонаҳое, ки корҳои лоиҳакашӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷўиро иҷро мекунанд, оид ба мувофиқати ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ ва лоиҳакашию сметавӣ ба талаботи бехатарӣ аз сўхтор тафтишоти интихобӣ гузаронанд;
-ба роҳбарони корхонаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои иҷрои ҳатмӣ оид ба рафъи вайронкунии талаботи бехатарӣ аз сўхтор, таъмини бехатарӣ аз сўхтори мол (кору хизматрасонӣ), аз истеҳсолот бардоштан, қатъ кардани истеҳсол ва боздоштани фурўши моли (кору хизматрасонии) ба талаботи бехатарӣ аз сўхтор номувофиқ амрномаҳо диҳанд;
-кори корхонаҳо (истеҳсолоти ҷудогона), қитъаҳои истеҳсолӣ агрегатҳо, истифодаи бинову иншоот ва хонаҳо, иҷрои баъзе намудҳои корро дар мавриди ошкор шудани вайронкунии талаботи бехатарӣ аз сўхтор, ки хавфи сар задани сўхторро дорад ва (ё) ба бехатарии мардум таҳдид менамояд, ҳамчунин дар ҳолати иҷро накардани ин талабот ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, тармим, васеъ кардан, аз ҷиҳати техникӣ таҷҳизонидани корхонаҳо, биноҳо, иморат ва иншоотҳои дигар пурра ё қисман қатъ намоянд;
-мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро оид ба сўхтор ва риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сўхтор таҳқиқ намоянд;
-ба мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро аз рўи парвандаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки доир ба сўхтор таҳти таҳқиқ қарор доранд, даъват намоянд, аз онҳо баёноти тавзеҳот, маълумоту ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои онҳоро талаб карда гиранд;
-ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба истеҳсолкунандагон (иҷрокунандагон, фурўшандагон), барои риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сўхтор ва ҳамчунин барои дигар ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи бехатарӣ аз сўхтор, аз ҷумла барои иҷро накардан ё саривақт иҷро накардани амрномаю қарорҳои шахсони мансабдори хадамоти давлатии оташнишонӣ мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ намоянд.
Мақомоти минтақавии идоракунӣ ва воҳидҳои Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаву ахбор ва дигар маълумотро доир ба ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки вобаста ба сўхтор расидаанд, ба қайд мегиранд ва вазифадоранд аз рўи онҳо саривақт чораҳои дахлдори пешбининамудаи қонунгузориро андешанд.
Шахсони мансабдори мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳангоми амалӣ гардонидани назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор дар иншоотҳое, ки моликияти шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё корхонаҳои  дорои сармояи хориҷианд, аз ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда истифода мекунанд.
Назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор дар ҷангалзорҳо аз тарафи мақомоти Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иншоотҳои зеризаминӣ ва ҳангоми иҷрои корҳои ба тарконидан алоқаманд аз тарафи Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
Назорати таъмини бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи нақлиёти ҳавоӣ, киштии дарёӣ ба зиммаи хадамоти ин ташкилот мебошад.
Иҷрои амру дастурҳои шахсони мансабдори мақомоти болоии идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ барои шахсони мансабдори мақомоти поёнии идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳангоми аз тарафи онҳо амалӣ намудани назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор ҳатмист. Дар айни замон ба дахолати дигар шахсони мансабдор ба фаъолияти онҳо роҳ дода намешавад.
Мақоми назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор барои ҳолати бехатарӣ аз сўхтори корхонаю ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз шаклҳои моликият масъулият надорад.
 
Моддаи 11. Дастаи (дружинаи) идоравии оташнишонӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини бехатарӣ аз сўхтор ва хомўш намудани сўхтор дар маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ ўҳдадоранд дастаи (дружинаи) идоравии оташнишонӣ ё бо мувофиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои ҳарбикунонидашудаи оташнишонӣ ташкил намоянд.
Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии дастаи (дружинаи) идоравии оташнишонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳое, ки дар онҳо ин дастаҳо (дружинаҳо) ташкил карда шудаанд, амалӣ гардонида мешавад.
Ҳаёти аъзои дастаҳои (дружинаҳои) идоравии оташнишонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассисаю ташкилотҳо суѓурта карда шуда, дар ҳолати маъюб шудан ҳангоми хомўш намудани сўхтор ё садама суѓуртапулӣ ба маблаѓи музди маоши миёнаи яксола (дар ҳолати фавтидан суѓуртапулӣ ба аъзои оилаи онҳо) пардохт карда мешавад.
 
Боби 4.
Таъмини бехатарӣ аз сўхтор
 
Моддаи 12. Таҳия ва амалӣ кардани чораҳои бехатарӣ аз сўхтор
Чораҳои бехатарӣ аз сўхтор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарӣ аз сўхтор,  ҳамчунин дар асоси таҷрибаи оташнишонӣ, арзёбии хатари сўхтордоштаи маводу воситаҳо, равандҳои технологӣ, маснуот, конструксияи биною иморатҳо таҳия карда мешаванд.
Истеҳсолкунандагони (таъминкунандагони) маводу воситаҳо, маснуоту таҷҳизот дар ҳуҷҷати техникии дахлдор хавфу хатари ин маводу воситаҳо, маснуоту таҷҳизотро ва ҳамчунин чораҳои бехатарӣ аз сўхторро ҳангоми муносибат кардан бо онҳо бояд нишон диҳанд.
Таҳия ва амалӣ кардани чораҳои бехатарӣ аз сўхтор барои корхонаҳо, биноҳо, иморатҳо ва дигар иншоот, аз ҷумла дар мавриди банақшагирии онҳо бояд дар сурати сар задани сўхтор роҳҳои бехавфу хатар аз онҳо баровардани одамон ҳатман пешбинӣ карда шаванд.
Барои корхонаҳо ҳатман нақшаҳои хомўш кардани сўхтор тартиб дода мешавад, ки онҳо роҳҳои таъмини бехатарии одамонро пешбинӣ менамоянд.
 
Моддаи 13. Хомўш намудани сўхтор
Хомўш намудани сўхтор амалиёти касбиест, ки ба наҷот додани одамон, амвол ва барҳам додани сўхтор равона карда шудааст.
Тартиби ташкили хомўш намудани сўхторҳо дар гарнизонҳои оташнишонӣ аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ муқаррар карда мешавад.
Хомўш намудани сўхтор аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ройгон аст.
Барои даъвати воҳидҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шабакаҳои телефонии сар то сари ҷумҳурӣ рақами бепули ягонаи 01 муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми хомўш намудани сўхтор кормандони Хадамоти оташнишонӣ ҳақ доранд ба ҳамаи биноҳои истиқоматӣ, истеҳсолӣ ва дигар иморатҳо новобаста аз шакли моликияташон бемамоният ворид шуда, ҷиҳати наҷот додани шаҳрвандон, пешгирии паҳншавии сўхтор ва рафъи он чораҳо андешанд.
Барои иштирок намудан дар рафъи сўхтор ва гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ўҳдадоранд бо талаби хадамоти давлатии оташнишонӣ техникаҳои оташхомўшкунӣ, обкашӣ, наҷотдиҳӣ, таҷҳизот, модда ва маводҳои оташхомўшкунӣ ва воситаҳои алоқаи дар ихтиёри худ доштаро ҷудо намоянд. Тартиби ҷалб намудани техникаю таҷҳизотро барои оташнишонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Ҳамаи воҳидҳои Хадамоти давлатӣ ва идоравии оташнишонӣ тобеи роҳбари оташхомўшкунӣ мебошанд. Ҳеҷ кас, ба ѓайр аз шахсони мансабдори ваколатдори хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҳақ надорад, ки ба амалиёти ў дахолат намояд ё худ амру фармони ўро ҳангоми хомўш намудани сўхтор бекор кунад.
Зиёни моддӣ, ки ҳангоми оташнишонӣ расидааст, бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷуброн карда шавад. Ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар иштироккунандагони оташнишонӣ, ки аз рўи зарурат (ноилоҷӣ) амал кардаанд, аз додани товони зиён озод карда мешаванд.
 
Моддаи 14. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Хадамоти давлатии оташнишонӣ
Таъминоти моддию техникии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар асоси маблаѓҳои ҷудогардидаи ҳарсолаи буҷетӣ ва захираҳои моддию техникӣ ва аз ҳисоби дигар фаъолиятҳои хоҷагидорӣ амалӣ карда мешавад.
Нигоҳ доштани ҳайати шахсӣ, харидории техникаю лавозимоти сўхторхомўшкунӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ, воситаҳои оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ, либосҳои махсус ва таҷҳизоту лавозимоти техникии наҷотдиҳӣ барои ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин мувофиқи хароҷоти истифода аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва барои хадамоти оташнишонии идоравӣ — аз ҳисоби маблаѓҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассисаю ташкилот, инчунин маблаѓҳои ҷудошаванда аз пардохти суѓуртаи давлатӣ, даромадҳо аз фаъолияти молиявию хоҷагии худи хадамоти оташнишонӣ ва дигар даромадҳое, ки ба қонунгузорӣ мухолифат  намекунад, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 15. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
Кору хизматрасонӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор дар асоси шартнома ба ҷо оварда мешавад, ѓайр аз ташкилотҳои давлатие, ки аз  буҷети давлатӣ бо мақсади амалӣ гардонидани талаботи бехатарӣ аз сўхтор, ҳамчунин бо мақсади пешгирии сўхтор ва хомўш намудани он маблаѓгузорӣ карда мешаванд.
Ба кор ва хизматрасонии соҳаи бехатарӣ аз сўхтор инҳо мансубанд:
-муҳофизат кардани маҳалҳои аҳолинишин ва корхонаҳо аз сўхтор, новобаста аз шаклҳои моликият дар асоси шартнома;
-истеҳсол кардан, санҷидан, харидорӣ намудан ва фиристодани маснуоти техникии оташнишонӣ;
-иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷўӣ, гузаронидани машваратҳои илмию техникӣ ва экспертиза;
-озмоиши маводу воситаҳо, маснуот, таҷҳизот ва олот бо мақсади тобоварии онҳо дар сўхтор;
-ба аҳолӣ омўзонидани чораҳои бехатарӣ аз сўхтор;
-ба роҳ мондани тарѓиботи пешгирии сўхтор, нашри адабиёти махсус ва маҳсулоти реклама;
-корҳои муҳофизатии оташдону дудбаро аз сўхтор;
-васл кардан, хизматрасонии техникӣ ва таъмири системаҳо ва воситаҳои муҳофизат аз сўхтор;
-таъмир ва нигоҳубини асбобу анҷом ва воситаю олоти оташхомўшкунӣ, барқарор кардани сифати воситаҳои оташхомўшкунӣ;
-сохтан, таъмир ва тармими иморату иншоот, биноҳои хадамоти  оташнишонӣ.
 
Моддаи 16. Таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
Таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор маълумотро дар бораи дараҷаи таваккал ва хавфи имконпазири сўхтордоштаи фаъолияти ташкилотҳо, бехатарии зарурӣ, натиҷаву оқибат, чораҳои пешгирӣ ва рафъи сўхтор дар бар мегирад. Вай барои дар системаи таъмини бехатарӣ аз сўхтор ташкил ва истифода кардани системаҳои махсуси иттилоотӣ ва манбаъҳои маълумот (минбаъд-системаи иттилоот), ки барои иҷрои вазифаҳо заруранд, амалӣ карда мешавад.
Хадамоти обуҳавосанҷӣ ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ўҳдадоранд, ки Хадамоти давлатии оташнишониро аз ҳодисаҳои барои бехатарӣ аз сўхтор ногувору номусоид бетаъхир ва  ба таври ройгон огоҳ намоянд.
Воситаҳои ахбори омма вазифадоранд бо талаби Хадамоти давлатии оташнишонӣ таъҷилан маълумоти фавриро аз рўи масъалаҳои бехатарӣ аз сўхтор ройгон ба табъ расонанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд аҳолиро аз қарорҳои қабулгардида доир ба таъмини бехатарӣ аз сўхтор хабардор кунанд ва ба интишори маълумоти техникии оташнишонӣ кўмак намоянд.
 
Моддаи 17. Тарѓибот ва таълими чораҳои бехатарӣ аз сўхтор ва интишори маълумоти техникии оташнишонӣ
Омўзонидани шаҳрвандон оиди чораҳои бехатарӣ аз сўхтор дар ҷойи кор ва макони  зисти онҳо гузаронида мешавад.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълимӣ оид ба омўзондани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхторро пешбинӣ менамояд, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ-касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, факултаҳо, курсҳо, донишкадаҳои такмили ихтисоси назди вазорату идораҳо, ташкилотҳо новобаста  аз шакли моликият корро оид ба омўзондани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ба таълимгирандагон, шунавандагон ва кормандон ташкил менамоянд.
Талаботро нисбати мазмуну мундариҷаи барнома ва тартиби омўзондани чораҳои бехатарӣ аз сўхтор  Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 18. Баҳисобгирии сўхтор ва оқибати он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи давлатии баҳисобгирии сўхтор ва оқибати он амал мекунад.
Баҳисобгирии расмии оморӣ ва ҳисоботи давлатии оморӣ оид ба сўхтор ва оқибати он ба зиммаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ  вогузор карда мешавад.
Тартиби  ба ҳисоб гирифтани сўхтор ва оқибати онро Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мувофиқаи мақомоти давлатии омор ва мақомоти дигари манфиатдори ҳокимияти давлатӣ муайян мекунад.
Иҷрои тартиботи муқарраргардидаи баҳисобгирии сўхтор ва оқибати он аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии тамоми сатҳҳо, ташкилот, корхона, муассисаҳо ва шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони машѓули фаъолияти соҳибкорӣ ҳатмист.
Вазорату идораҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шаклҳои моликият, ба мақомоти хадамоти давлатии оташнишонӣ дар бораи сўхтор ва оқибати он ҳисобот пешниҳод мекунанд. Шакли ҳисобот аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 19. Низоми махсуси бехатарӣ аз сўхтор
Дар ҳолати зиёд шудани хатари сўхтор дар ҳудудҳои алоҳида бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҳудудҳои дахлдор метавонад низоми махсуси бехатарӣ аз сўхтор муайян карда шавад.
Дар давраи амали низоми махсуси бехатарӣ аз сўхтор дар ҳудудҳои дахлдор талаботи иловагии бехатарӣ аз сўхтор бо мувофиқа бо Хадамоти давлатии оташнишонӣ муқаррар  карда мешавад.
 
Моддаи 20. Таъминоти илмию техникии бехатарӣ аз сўхтор
Таъминоти илмию техникии бехатарӣ аз сўхтор аз ҷониби муассисаҳои тадқиқоти илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дар асоси шартнома бо корхонаю муассиса ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
Корҳои илмию техникӣ барои амалигардонии вазифаҳо дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети ҷумҳуриявӣ иҷро карда мешаванд.
Ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор ба зиммаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ вогузор карда мешавад.
Боби 5.
Ҳуқуқу ўҳдадориҳо дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
 
Моддаи 21. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:
-ба ҳимояи ҳаёту саломатӣ ва молу мулки худ дар мавриди сўхтор;
-аз хатари сўхторе, ки дар маҳалҳои муайяни будубоши худ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дучор шуда метавонанд ва ҳам аз чораҳои зарурии бехатарӣ огоҳӣ дошта бошанд;
-ба ҷуброни зиёни аз сўхтор ба саломатӣ ва амволашон расида, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадоранд:
-талаботи бехатарӣ аз сўхторро риоя намоянд;
-дар сурати ошкор кардани сўхтор зуд ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар диҳанд;
-ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар хомўш намудани сўхтор ёрӣ расонанд;
-амру дастур ва талаботи қонунии мақомоти Хадамоти давлатии  оташнишониро иҷро намоянд;
-ба мақомоти Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои гузаронидани муоинаю  тафтиш дар биноҳои истеҳсолӣ, хоҷагӣ, истиқоматӣ ва дигар бинову иморатҳои мутааллиқи онҳо бо мақсади назорат оид ба риоя намудани талаботи бехатарӣ аз сўхтор ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам оваранд.
 
Моддаи 22. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои корхонаю муассиса ва ташкилотҳо дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
Таъмини бехатарӣ аз сўхтор ва оташнишонӣ бевосита ба зиммаи роҳбарони ташкилоту корхона ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, гузошта мешавад.
Ташкилоту корхона ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, ҳуқуқ доранд:
-бо тартиби муайян, аз ҷумла дар асоси шартнома бо мақомоти Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо тартиби муқарраргардида воҳидҳои оташнишонӣ барпо намоянд, онҳоро аз нав ташкил кунанд ва барҳам диҳанд, ки таъминоташ аз ҳисоби худашон мебошад;
-ба мақомоти давлатӣ оид ба таъмини бехатарӣ аз сўхтор таклифҳо пешниҳод намоянд;
-барои муқаррар намудани сабабу ҳолатҳои сўхторе, ки дар иншооту ташкилотҳояшон сар задааст, чораҳо андешанд;
-чораҳои ҳавасмандии иҷтимоӣ ва иқтисодиро оид ба таъмини бехатарӣ аз сўхтор дар ҳудуди муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намоянд;
-аз рўи масъалаҳои бехатарӣ аз сўхтор, аз ҷумла бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои хадамоти оташнишонӣ маълумот гиранд.
Ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, ўҳдадоранд:
-талаботи бехатарӣ аз сўхторро риоя намоянд ва ҳамчунин амру дастур ва дигар талаботи қонунии мақомоти Хадамоти давлатии оташнишониро риоя намоянд;
-чораҳои таъминоти бехатарӣ аз сўхторро таҳия ва амалӣ намоянд;
-тарѓиботи пешгирии сўхторро ба роҳ монанд ва ҳамчунин ба кормандонашон чораҳои бехатарӣ аз сўхторро таълим диҳанд;
-система ва воситаҳои оташнишониро дар ҳолати коршоям нигоҳ доранд, ба ѓайри таъинот истифода шудани онҳо роҳ надиҳанд;
-ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар хомўш кардани сўхтор, муқаррар намудани сабабу ҳолати сар задан ва аланга гирифтани он ва ҳамчунин ошкор намудани шахсоне, ки ба риоя накардани талаботи бехатарӣ аз сўхтор ва сар задани сўхтор гунаҳкоранд, кўмак расонанд;
-оид ба татбиқи воситаҳои автоматикии ошкор ва хомўш кардани сўхтор, барои ҳолати коршоямии техникии онҳо тадбирҳо андешанд;
-дар рафти хомўш намудани сўхторҳо барои Хадамоти давлатии оташнишонӣ қувваю воситаҳои зарурӣ муҳайё намоянд;
-ба намояндагони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон барои ворид шудани онҳо ба корхонаю ташкилот ва муассисаҳо аз рўи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шароиту имконият фароҳам оваранд;
-ба мақомоти Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар бораи ҳолати бехатарӣ аз сўхтор, аз ҷумла хатари сўхтор доштани маҳсулоти истеҳсолшаванда, ҳамчунин аз сўхторҳои дар ҳудудашон рўйдода ва аз оқибати онҳо маълумот ва далелу ҳуҷҷат пешниҳод намоянд;
-ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ  аз сар задани сўхтор, аз носозиҳои системаю воситаҳои муҳофизат аз сўхтор, аз таѓйир ёфтани ҳолати роҳу даромадгоҳҳо зуд хабар диҳанд.
 
Боби 6.
Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 23. Тартиби баррасии баҳсҳо дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор
Баҳсҳо дар соҳаи бехатарӣ аз сўхторро Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз рўи тобеият ё худ судҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.
 
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёр ва қоидаҳои соҳаи бехатарӣ аз сўхтор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сўхтор»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли  соли 1994 «Дар бораи бехатарӣ аз сўхтор» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 247; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24; мод. 333; Фасли ХVIII; соли 2001, №4, мод. 158; соли 2007, №7, мод. 664) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                      ЭМОМАЛӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 20 марти соли 2008,
№ 363

Илова кунед