Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 Март 2008, Панҷшанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли  2008, № 3, мод.191; соли 2011, №6, мод.453; соли 2012,№4,мод.261; соли 2014,№7қ1.мод.398, соли 2016,№3,мод.134; соли 2017, №5 қ1, мод. 281)
 
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2008, № 902 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, № 2, моддаи 124) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2008, № 453 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, № 3, моддаи 216) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
Қонуни мазкур бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул гардида, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани ваколатдор, салоҳият ва шаклҳои фаъолияти мақомоти мазкурро барои ҳимоя ва инкишофи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муайян менамояд.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон) мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода мешавад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Мустақилияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
  2. Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра намуда, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки ҳуқуқу озодиҳои вайроншударо барқарор менамоянд, бекор ва тағйир намедиҳад.
 
БОБИ 2.
ТАРТИБИ БА ВАЗИФА ТАЪИН ВА АЗ ВАЗИФА ОЗОД НАМУДАНИ
ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН
 
Моддаи 4. Таъини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин мегардад.
 
Моддаи 5. Талабот нисбати номзад ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шахсе, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад,синни ў аз 35 кам набуда, забони давлатиро медонад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифатҳои баланди касбӣ ва ахлоқӣ мебошад, таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с, №742).
 
Моддаи 6. Ба вазифа шурўъ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунад:
«Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳимоя намуда, ўҳдадориҳои ба ман ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вогузоршударо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям».
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардан ба вазифа шурўъ менамояд.
 
Моддаи 7. Мўҳлати ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мўҳлати панҷ сол таъин карда мешавад. Ў наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду мўҳлат пай дар пай таъин карда шавад. Мўҳлати ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардан оғоз мегардад. Ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардани Ваколатдори нав таъингардида қатъ мегардад.
  2. Дар бораи таъини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ дода мешавад.
 
Моддаи 8. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Бе розигии мақомоти таъинкарда ҳабс кардан, дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтуков кардани ў мумкин нест, ба истиснои дастгир шудани вай дар ҷои содир намудани ҷиноят. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин мавриди кофтукови шахсӣ (азназаргузаронӣ) қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст.
  2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро бе розигии мақомоти ўро таъинкарда ба ҷавобгарии маъмурӣ, ки ба тариқи судӣ таъин карда мешавад, кашидан мумкин нест.
  3. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба дохил шудан ба манзил ё ҳуҷраи кории ў, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии вай, дар он ҷо гузаронидани кофтуков ё гирифтан, гўш кардани гуфтугўи ў ва кофтукови шахсии вай, инчунин гирифтани мукотиба, молу мулк ва ҳуҷҷатҳои ў паҳн мешавад ва ин амалҳо танҳо бо иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иртибот ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сурат гирифта метавонад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с. №1281)
  4. Нисбати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон танҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд.
  5. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ дорад.
 
Моддаи 9. Маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ надорад вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ бошад, дар як вақт шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад, вазифаи дигареро ишғол кунад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ.
  2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон наметавонад ба фаъолияти сиёсӣ машғул шавад, узви ҳизби сиёсӣ ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ дорад, бошад.
  3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ўҳдадор аст баъд аз таъин шудан вазифаи ба мақоми ў номувофиқро дар муддати понздаҳ рўз қатъ намояд.
 
Моддаи 10. Пеш аз мўҳлат аз вазифа озод шудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз мўҳлат дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешавад:
а) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;
б) қобилияти амалаш маҳдуд,ғайри қобили амал, бедарак ғоибшуда, фавтида эътироф шудани ў аз тарафи суд;
в) вайрон гардидани маҳдудиятҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда;
г) қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;
е) нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;
ё) расидан ба синни нафақа;
ж) риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) бо сабаби ба кори дигар гузаштан;
и) эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ; (ҚҶТ аз 30.05.17с.№1424)
к) ба истеъфо баромадан;
л) вафот.
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин бо сабаби вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) ўҳдадориҳои худро иҷро накардани ў, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ рафтани ў пеш аз мўҳлат аз вазифа озод карда мешавад.
  2. Дар мавриди пеш аз мўҳлат аз вазифа озод шудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ваколатдори нав дар мўҳлати ду моҳи аз вазифа озод шудани Ваколатдори собиқ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъин карда мешавад.
 
БОБИ 3.
САЛОҲИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН
 
Моддаи 11. Вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба:
а) риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
б) барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд;
в) такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
г) баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он;
д) ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
е) дастрасӣ ба иттилоот, баррасӣ ва санҷиши муроҷиатҳои шахсони воқеӣ оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот;(ҚҶТ аз 26.07.14с.№1101)
ё) рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с. №1281)
  1. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумотро аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин шаҳрвандони алоҳида, воситаҳои ахбори омма ҷамъ ва таҳлил менамояд.(ҚҶТ аз 16.04.12с.№811)
 
Моддаи 12. Ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
1.Ҳангоми санҷиши шикоят ва амалӣ намудани дигар ваколатҳои худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад:
а) бе монеа ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ, «изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ҷойгиркунии муҳоҷирони хориҷӣ ё шахсони паноҳҷўянда, муассисаҳое, ки ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонпизишкӣ мерасонанд ва дигар ҷойҳои маҳдудкунии озодӣ, дигар сохтору муассисаҳои ҳарбӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, ташриф намояд;
б) аз роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон маълумотҳои зарурӣ, ҳуҷҷатҳо ва маводҳоро талаб карда гирад;
в) аз роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, оид ба масъалаҳое, ки дар рафти баррасии шикоят муайян карда мешавад, ба истиснои судяҳо нисбати санадҳои судӣ баёнот гирад;
г) мустақилона ё якҷоя бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ, шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ санҷиши фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ, «изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ҷойгиркунии муҳоҷирони хориҷӣ ё шахсони паноҳҷўянда, муассисаҳое, ки ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонпизишкӣ мерасонанд ва дигар ҷойҳои маҳдудкунии озодӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон гузаронад; (ҚҶТ аз 15.03.2016 с. №1281)
д) ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ барои гузаронидани таҳқиқоти экспертӣ оид ба масъалаҳое, ки дар рафти баррасии шикоят муайян карда мешаванд, дастур диҳад;
е) бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки вобаста ба онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, инчунин бо парвандаҳои қатъгашта ё маводе, ки оид ба онҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, тафтишотӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, шинос шуда, аз онҳо маълумоти заруриро рўйнавис ё нусхабардорӣ кунад. .(ҚҶТ аз 16.04.12с.№811)
 
  1. Оид ба масъалаҳои салоҳияти худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳуқуқи қабули бетаъхир аз ҷониби роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин шахсони ҳайати фармондиҳии сохторҳои ҳарбӣ, шахсони ҳайати роҳбарикунандаи тавқифгоҳҳо, маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ ва маҳрумӣ аз озодӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, истифода менамояд.
  2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намояд.
  3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё бо супориши хаттии ў корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ доранд бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои тамоми марҳилаҳои судӣ, аз ҷумла маҷлисҳои пўшидаи судӣ иштирок намоянд.
  4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳои узрнок қобилияти мустақилона истифода бурдани воситаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои худро надоранд, ба суд ва ё дигар мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намояд, аз ҷумла аризаи даъвогӣ пешниҳод кунад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№811)
 
 
 
Моддаи 13. Ҳуқуқи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба санҷиш бо ташаббуси худ
Ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани ин амалҳо ё марбут ба зарурати ҳифзи манфиатҳои шахсоне, ки қобилияти мустақилонаи истифодаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи худро надоранд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ дар доираи салоҳияташ санҷишҳо гузаронад.
 
БОБИ 4.
ФАЪОЛИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ҶИҲАТИ ТАҚВИЯТИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
 
Моддаи 14. Шикоят кардан ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Бо мақсади мусоидат кардан ба барқароркунии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоятҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро (минбаъд муроҷиаткунандагонро) нисбат ба қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро вайрон кардаанд, баррасӣ менамояд, агар муроҷиаткунанда нисбат ба ин қарор ё амали (беамалии) ба тариқи судӣ ё маъмурӣ шикоят карда бошад, вале бо қарори оид ба шикояти ў қабулгардида розӣ набошад.
  2. Шикоят дар шакли хаттӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон на дертар аз як сол аз рўзи вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда ё аз рўзе, ки ба ў вайрон шудани ин ҳуқуқҳо маълум шудааст, пешниҳод карда мешавад.
  3. Муроҷиатҳое, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё онҳо ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном буда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
 
Моддаи 15. Мазмуни шикоят
  1. Дар шикоят бояд ном, номи падар, фамилия, имзо ва суроғаи муроҷиаткунанда, суроға ва номи мақомот ё шахси мансабдор, ки нисбат ба қарор ё амали (беамалии) ў шикоят оварда мешавад, баён намудани моҳияти қарор ё амали (беамалии), ки ба андешаи аризадиҳанда ҳуқуқу озодиҳои ўро вайрон намудааст ё вайрон мекунад, инчунин нусхаи қароре, ки нисбат ба шикояти бо тариқи судӣ ё маъмурӣ баррасигардида қабул шудааст, пешбинӣ гардад.
  2. Шикояте, ки дар он маълумоти кофӣ оид ба моҳияти масъала, ҳалли он ва нусхаи ҳуҷҷатҳо вуҷуд надоранд, ба муроҷиаткунанда бо фаҳмонидани ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта баргардонида мешавад.
  3. Шикояте, ки бе риояи талаботи қисми 1 моддаи мазкур пешниҳод гардидааст, баррасӣ карда намешавад.
 
Моддаи 16. Қабули қарор оид ба шикоят
  1. Аз рўи шикояти воридшуда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад:
а) шикоятро барои баррасӣ қабул намояд;
б) ба муроҷиаткунанда дар бораи воситаҳое, ки ў метавонад барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ истифода барад, шарҳ диҳад;
в) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдоре, ки ба салоҳияти онҳо ҳалли шикояти зерин дахл дорад, онро фиристонад;
г) қабули шикоятро барои баррасӣ тибқи қонун рад намояд.
  1. Аз рўи қарори қабулгардида Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба аризадиҳанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
 
Моддаи 17. Баррасии шикоят
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоятҳоро оид ба баҳсҳои байни шаҳрвандон, инчунин шикоятҳои такрорӣ, агар дар онҳо маълумот дар бораи ҳолатҳои нав ошкоршуда набошад, баррасӣ наменамояд.
  2. Ҳангоми баррасии шикоят Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва шахсони мансабдор дар бораи мусоидат намудан барои баррасӣ муроҷиат намояд.
  3. Санҷиш ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдоре, ки нисбати қарор ё амали (беамалии) онҳо шикоят карда мешавад, вогузор карда намешавад.
  4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдорро, ки нисбати қарор ё амали (беамалии) онҳо шикоят карда шудааст, хабардор менамояд, инчунин ба онҳо имконият медиҳад то баёнотҳои худро оид ба масъалаҳои дар раванди санҷиш бавуҷудомада пешниҳод намоянд ва дар маҷмўъ мавқеи худро асоснок намоянд.
  5. То қабули қарори ниҳоӣ маводҳое, ки дар натиҷаи баррасии шикоят ҷамъ оварда шудаанд, ошкор карда намешаванд.
  6. Оид ба натиҷаи баррасии шикоят Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиаткунандаро дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонун хабардор менамояд.
  7. Ҳангоми муайян намудани ҳолати вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ўҳдадор аст дар доираи салоҳияти худ чораҳо андешад.
 
Моддаи 18. Хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ўҳдадор аст ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор, ки дар қарор ё амали (беамалии) онҳо вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян карда шудааст, хулосаи худро, ки дорои тавсияҳо нисбат ба имкониятҳо ва чораҳои зарурии барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои мазкур мебошад, ирсол намояд.
 
Моддаи 19. Интишори хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад хулосаи қабулкардаашро интишор намояд.
  2. Нашрияҳои даврӣ, ки яке аз муассисони он мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ мебошад, пурра ё қисман аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳуқуқи рад намудани интишори хулоса ва дигар ҳуҷҷатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро надоранд.
 
Моддаи 20. Муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба  мақомоти дахлдор оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои вайронкардашудаи муроҷиаткунанда
Аз рўи натиҷаи баррасии шикоят Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад:
а) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ,оид ба оғоз намудани истеҳсолоти интизомӣ, маъмурӣ ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси мансабдор ва шахси ба ў баробаркардашуда, ки дар қарор ё амали (беамалии) ў вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дида мешавад, бо дархост муроҷиат намояд;
б) ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиши санадҳои суд, ки бо тартиби муқарраргардида эътибори қонунӣ пайдо намудааст, муроҷиат намояд. (ҚҶТ аз 30.05.17с.№1424)
 
Моддаи 21. Муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳолати вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда бо  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраргардидаи қонун ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани мутобиқати онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намояд.
 
Моддаи 22. Мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд, инчунин ба мутобиқсозии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мусоидат намуда, ҳуқуқ дорад:
а) ба субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ оид ба такмили қонунҳо пешниҳод ирсол намояд;
б) дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дахл доранд, иштирок намояд ва хулоса диҳад;
в) ба мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатӣ оид ба қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо пешниҳод ирсол намояд.
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон муроҷиат намояд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№811)
 
 
Моддаи 23. Мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намуда, ҳуқуқ дорад:
а) оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иттилоот паҳн намояд;
б) оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нашрияҳои даврии расмӣ чоп кунад;
в) оид ба такмили стандартҳои таълимии давлатӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёна, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии касбӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба муассисаҳои таълимии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол кунад.
 
Моддаи 24. Маърўзаи ҳарсолаи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўза ирсол менамояд.
 
Моддаи 25. Маърўзаи махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўзаҳои махсус ирсол намояд.
  2. Оид ба маърўзаи махсус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад дар ҷаласаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумот баромад намояд.
 
Моддаи 26. Интишори маърўзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Маърўзаи ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нашр карда мешавад.
  2. Маърўзаи махсус метавонад бо қарори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нашр шавад.
 
БОБИ 5.
КАФОЛАТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ  ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН
 
Моддаи 27. Мусоидат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалӣ намудани ваколатҳои он
  1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор бояд ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалӣ намудани ваколатҳои ў мусоидат намоянд, ройгон ва бемамониат мавод ва ҳуҷҷатҳо, маълумоти дигареро, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои он зарур аст, пешниҳод намоянд.
  2. Мавод ва ҳуҷҷатҳои дархостшуда, дигар маълумот бояд ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон на дертар аз 15 рўз аз рўзи гирифтани дархост, агар дар худи дархост мўҳлати дигар пешбинӣ нашуда бошад, пешниҳод карда шаванд.
  3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳо, дигар иттилоот ва маводҳои маълумотӣ, ки расман аз ҷониби дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мешаванд, таъмин карда мешавад.
 
Моддаи 28. Тартиби ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намудани иттилооти бо қонун ҳифзшаванда
  1. Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намудани маълумоте, ки сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар рафти иҷрои ваколати худ ва баъди ба охир расидани мўҳлати он ҳуқуқ надорад маълумотҳоро оид ба ҳаёти шахсии муроҷиаткунанда ва дигар шахсон, ки ба ў ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ маълум шудаанд, бе розигии хаттии онҳо ошкор намояд.
 
Моддаи 29. Тартиби баррасии хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро гирифтаанд, ўҳдадоранд дар мўҳлати як моҳ тавсияҳои дар хулоса зикргардидаро баррасӣ намоянд ва оид ба чораҳои андешидашуда дар шакли хаттӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро хабардор намоянд.
 
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дахолат кардан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таъсир расонидан ба қарорҳои он, иҷро накардани ўҳдадориҳо аз ҷониби шахсони мансабдоре, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, инчунин дар шаклҳои дигар монеъ шудан ба фаъолияти он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
 
Моддаи 31. Кафолати ҳуқуқҳои меҳнатии  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифаи сиёсии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъди ба охир расидани ваколаташ кори пештара ё дар сурати набудани чунин кор, кори баробарарзиш дар ҷои кори аввала ё бо розигии ў кор дар дигар ташкилот, ба истиснои вазифаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар вазифаи интихобии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, пешниҳод карда мешавад.
 
Моддаи 32. Кафолатҳои моддӣ ва иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Музди меҳнати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Кафолатҳои моддӣ ва иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таъминот ва хизматрасонии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мутобиқи шароите, ки барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаpрар гардидааст, сурат мегирад.
 
БОБИ 51. МУОВИНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КЎДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 321. Таъсиси вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак) бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кўдак таъсис дода мешавад.
 
Моддаи 322. Талабот нисбати номзад ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак
Ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак шахсе, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, синни ў аз 35 кам набуда, забони давлатиро медонад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифати баланди касбӣ ва ахлоқӣ мебошад, таъин карда мешавад.
 
Моддаи 323. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин мегардад.
  2. Аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.
  3. Дар сурати набудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифаҳои ўро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак иҷро менамояд.
 
Моддаи 324. Ба вазифа шурўъ намудан, мўҳлати ваколат ва дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунад:
«Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодиҳои кўдакро ҳимоя намуда, ўҳдадориҳои ба ман ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак вогузоршударо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям».
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак баъд аз савганд ёд кардан ба вазифа шурўъ менамояд.
  2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ба мўҳлати панҷ сол ба вазифа таъин карда мешавад. Ў наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду мўҳлат пай дар пай таъин карда шавад.
  3. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 325. Маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак
  1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ҳуқуқ надорад вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ бошад, дар як вақт шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад,вазифаи дигареро ишғол кунад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ.
  2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак наметавонад ба фаъолияти сиёсӣ машғул шавад, узви ҳизби сиёсӣ ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ дорад, бошад.
  3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ўҳдадор аст баъд аз таъин шудан вазифаи ба мақоми ў номувофиқро дар муддати понздаҳ рўз қатъ намояд.
 
Моддаи 326. Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак
  1. Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кўдак амалӣ карда мешавад.
  2. Барои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дахлдор таъсис дода мешавад.
 
Моддаи 327. Маърўзаҳои ҳарсола ва махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак
  1. Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўза ирсол менамояд.
  2. Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои кўдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўзаҳои махсус ирсол намояд.
  3. Маърўзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, нашр карда мешаванд.
(ҚҶТ аз 15.03.2016 с. №1281)
 
БОБИ 6.
ДАСТГОҲИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН
 
Моддаи 33. Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Барои таъмини фаъолияти вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва амалӣ намудани ваколатҳои ў Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода мешавад.
  2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо, мўҳру бланкҳо бо номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  3. Кормандони Дастгоҳ хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
  4. Дастгоҳ таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, илмию таҳлилӣ, иттилоотию ахборотӣ ва дигар фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро амалӣ менамояд.
  5. Сохтор ва низомномаи Дастгоҳ, низомномаи воҳидҳои сохтории онро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ мекунад.
  6. Дар доираи сметаи хароҷот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷадвали штатии Дастгоҳро тасдиқ мекунад.
  7. Оид ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти Дастгоҳ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фармону фармоишҳо қабул мекунад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с. №1281)
 
 
Моддаи 34. Маблағгузории фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Маблағгузории фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар сатри алоҳида маблағҳои зарурии таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешбинӣ карда мешаванд.
  3. Моликияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки барои фаъолияти ў зарур аст, дар идоракунии оперативии вай буда, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
Моддаи 35. Намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Барои мусоидат кардан ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шаванд.
  2. Низомнома оид ба намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с. №1281)
 
Моддаи 36. Шўрои ҳамоҳангсоз ва коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
  1. Дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва расонидани ёрии машваратӣ Шўрои ҳамоҳангсоз ва коршиносон таъсис дода мешавад.
  2. Низомнома ва ҳайати Шўрои ҳамоҳангсоз ва коршиносонро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ мекунад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с. №1281)
 
Моддаи 37. Қароргоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Қароргоҳи доимии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.
 
Моддаи 38. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 20 марти соли 2008
№ 372

Илова кунед