Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тухмипарварӣ

05 Январ 2008, Шанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №1 қисми 2, мод. 20; соли 2015,№11,мод.959)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2007, № 802 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 11, моддаи 914) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2007, № 434 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 12, моддаи 976) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
                Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, фурўши тухмӣ, ниҳол ва растаниҳо,  инчунин ташкил ва бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмиро муқаррар мекунад.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— тухмипарварӣ – фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол,  коркард, сертификатсия, фурўши тухмии растаниҳо, инчунин оид ба бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмӣ;
— тухмӣ – қисмҳои растанӣ (тухмӣ, дона, мева, лўндамева, бехмева, пиёзак,  қаламча, ниҳол, кўчат ва ғайра),  ки барои такрористеҳсоли навъҳои растаниҳо истифода мешаванд;
— аломатҳои навъӣ – маҷмўи аломатҳое,  ки мансубияти растаниро ба навъи муайян ва тозагии тухмиро дар асоси санҷишҳои саҳроӣ ва лабораторӣ исбот мекунад;
— ҳар як маҷмўи тухмӣ – миқдори муайяни тухмиҳои  аз рўи пайдоиш ва сифаташон якхела;
— навъ – гуруҳи ботаникии растаниҳо,  ки як воҳиди муайянро ташкил дода, хусусиятҳои фарқкунандагӣ, якшаклӣ ва устувории аломатҳоро доранд;
— назорати кишти тухмӣ дар саҳро – таҳқиқи кишти тухмӣ бо мақсади муқаррар намудани мансубияти онҳо ба навъи муайян, муқаррар намудани тозагии навъӣ ва якшаклии навъ, мавҷуд будани алафҳои бегона ва муайянкунии осеби ба растанӣ ва тухмӣ расонидаи намудҳои касаливу ҳашаротҳои зарраррасони зироатҳои кишоварзӣ;
— назорати навъӣ – чорабиниҳо оид ба муайян кардани  тозагии навъ, муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян тавассути анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ;
— назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ – муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян ва муқаррар кардани тозагии навъи растанӣ бо роҳи кишти тухмӣ дар қитъаҳои махсус ва омўзиши минбаъдаи аломатҳои растанӣ;
— назорати тухмӣ – чорабиниҳо оид ба муайян кардани сифати тухмӣ, назорати риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
— сертификатсияи тухмӣ – системаи таъмини сифати тухмӣ,  ки назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории тухмии навъҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо дохилшударо дар бар мегирад;
— сифати тухмӣ – маҷмўи аломатҳое, ки шомил будани тухмиро ба навъи муайяни растанӣ ва киштбоб будани онро тавсиф медиҳанд (ба монанди тозагӣ,  қобилияти сабзиш ва солимии тухмӣ);
— ташхиси лабораторӣ – муқаррар кардани нишондиҳандаҳои сифати тухмӣ бо роҳи анҷом додани ташхиси лабораторӣ;
— тухмии гибридӣ – тухмии насли якум, ки дар натиҷаи дурагакунии намудҳои авлодӣ истеҳсол шудааст;
— тухмии муқаррарии растаниҳои ҷангалӣ – тухмие, ки аз растаниҳои ҷангалӣ ҷамъ оварда шудааст;
— тухмии беҳтаргардонидашудаи растаниҳои ҷангалӣ – тухмие,  ки аз намунаҳои беҳтарини растаниҳои ҷангалии интихобшуда ва парваришӣ истеҳсол карда мешавад;
— тухмии навъии растаниҳои ҷангалӣ – тухмие,  ки аз навъҳои парваришии растаниҳои ҷангалӣ истеҳсол карда мешавад;
— Феҳристи давлатии навъҳо – рўйхате, ки ба он навъҳо ва дурагаҳои растании аз санҷиши расмӣ гузаронидашуда дохил карда мешавад;
— Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурўҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо – рўйхате, ки ба он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли тухмии гурўҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо машѓулбуда дохил карда мешаванд.(ҚҶТ аз 23.11.15с.№1238)
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие,  ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 4. Муносибатҳое,  ки Қонуни мазкур танзим менамояд
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ба амалсозии фаъолияти  истеҳсол, такрористеҳсол, коркард, пешниҳоди тухмӣ ба фурўш, воридот ва содироти навъҳои тухмӣ алоқаманданд, инчунин ҳангоми ташкил ва анҷом додани назорати навъӣ ва тухмӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
 
Моддаи 5. Маблағгузорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
Маблағгузорӣ дар соҳаи тухмипарварӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ, инчунин бо роҳи ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва ватанӣ амалӣ гардонида мешавад.
 
БОБИ 2. ГУРЎҲҲОИ ТУХМӣ
Моддаи 6. Гурўҳҳои тухмӣ
Вобаста ба усулҳои сертификатсияи намудҳои гуногуни растанӣ гуруҳҳои зерини тухмӣ муайян карда мешаванд:
— аслӣ;
— элита;
— репродуксионӣ (тухмии репродуксияҳои якум ва минбаъда, инчунин тухмии гибридии насли якум).
Усулҳои истеҳсоли тухмии гурўҳҳои дахлдорро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд.
 
Моддаи 7. Тухмии аслӣ
Тухмии аслӣ тухмие мебошад,  ки аз тарафи селексионери навъ ё шахси ваколатдоршудаи ў истеҳсол карда мешавад.
Селексионери навъ шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки навъи растаниро ба вуҷуд овардааст, нигоҳдории навъ ва ҳифзи маълумоти навъро, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил шудааст, таъмин менамояд.
Дастурамали бақайдгирии навъро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ тасдиқ менамояд.
 
Моддаи 8. Тухмии элита
Тухмии элита тухмиест,  ки аз тухмиҳои аслӣ ҳосил шуда, ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ мувофиқат мекунад.
Шумораи наслҳои тухмии элитаро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад.
Тухмии элита барои истеҳсоли тухмии репродуксионӣ истифода мешавад.
 
Моддаи 9. Тухмии репродуксионӣ
Тухмии репродуксионӣ тухмии наслҳои минбаъдаи аз тухмии элита рўёнидашуда мебошад.
Шумораи наслҳои тухмии репродуксиониро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад.
Тухмии гибридии насли якум тухмии репродуксионӣ ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 10 . Гурўҳҳои тухмии растаниҳои ҷангалӣ
Вобаста ба хусусиятҳои ирсиашон гурўҳҳои зайли тухмии растаниҳои ҷангалӣ муайян карда мешаванд: муқаррарӣ, беҳтаргардонидашуда, навъӣ.
Ба гурўҳҳои номбаршуда ҷудо кардани тухмии растаниҳои ҷангалиро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад.
 
БОБИ 3. ТАШКИЛИ ТУХМИПАРВАРӣ
 
Моддаи 11. Системаи тухмипарварӣ
Системаи тухмипарварӣ маҷмўи фаъолияти якҷояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аз ҷиҳати кор ба ҳам алоқамандро ифода мекунад, ки фаъолияти истеҳсоли тухмиро амалӣ менамоянд.
Тартиби амали системаи тухмипарвариро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад.
 
Моддаи 12. Дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ
Дастгирии давлатии соҳаи тухмипарварӣ тавассути чорабиниҳои зерин сурат мегирад:
— ҷудо кардани маблаѓҳои давлатӣ;
— ҷуброни хароҷот барои истеҳсоли тухмиҳои аслӣ ва элита;
— додани қарзҳои имтиёзнок;
— истифодаи дигар чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ.
 
Моддаи 13. Таъминоти илмии тухмипарварӣ
Таъминоти илмии тухмипарвариро ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳои илмӣ ва шахсони воқеии бо тадқиқоти илмии соҳаи тухмипарварӣ машѓулбуда ба ҷо меоранд.
 
Моддаи 14. Феҳристи давлатии навъҳо
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурўш ва истифодаи  тухмии растаниҳое иҷозат дода мешавад, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карда шудаанд.
Ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил ва хориҷ кардани навъҳоро  мақоми  давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо амалӣ менамояд.
Мақоми  давлатии  санҷиш  ва  бақайдгирии навъҳо маълумотро оид ба дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба Феҳристи давлатии навъҳо дар нашрияи расмии мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ  нашр ва ба шабакаи интернет дохил мекунад.
Тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳоро  ба Феҳристи давлатии навъҳо, инчунин пешбурди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 23.11.15с.№1238)
 
Моддаи 141. Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурўҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо
Ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурўҳҳои  аслӣ ва элитаи растаниҳо маълумот оид ба ном ва суроѓаи шахси ҳуқуқӣ, инчунин насаб, ном, номи падар ва суроѓаи маҳалли зисти шахси воқеӣ, номгўи растанӣ ва навъҳои истеҳсолшавандаи тухмии аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил карда мешавад.
Истеҳсолкунандагони тухмии гурўҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ўҳдадор мебошанд, ки на дертар аз як моҳи оѓозшавии фаъолият оид ба истеҳсоли тухмии гурўҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо  ба мақоми  давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо, ки онро ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурўҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил менамояд, маълумот пешниҳод намоянд.
Истеҳсолкунандагони тухмии гуруҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ўҳдадоранд дар давоми 10 рўзи тақвимӣ ба мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо оид ба зарурати ворид намудани таѓйирот ба маълумоти дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинигардида, барои дохил намудан ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурўҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо  маълумот пешниҳод намоянд.
Мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо маълумоти дар Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурўҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо мавҷудбударо ба шабакаи интернет дохил мекунад.
 Тартиби пешбурди Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурўҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳоро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд.
 
Моддаи 142. Истифодаи навъи растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо вориднашуда
Тухмии растаниҳое, ки мансубияти навъӣ доранд ва ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда нашудаанд, барои корҳои зерин истифода бурда мешавад:
—  гузаронидани  корҳои илмию тадқиқотӣ, санҷиши давлатии навъҳо ва намоиш;
— барои истеҳсол ва фурўш берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— кишт дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишт (ниҳолҳои кўчатшуда)-и растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ё мавҷуд набудани тухмӣ дар Фонди суѓуртавии тухмии растаниҳо дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ.
Тухмии растаниҳои мансубияти навъидошта, ки аз Феҳристи давлатии навъҳо хориҷ карда шудаанд, танҳо дар давоми ду соли баъди хориҷкунӣ истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.11.15с.№1238)
 
 
БОБИ 4. ИСТЕҲСОЛ ВА КОРКАРДИ ТУХМӣ
 
                Моддаи 15. Талабот нисбати истеҳсоли тухмӣ
Барои истеҳсоли тухмӣ бояд тухмие истифода шавад,  ки сифатҳои навъӣ ва гурўҳҳои он ба талаботи стандарти давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ ҷавобгў бошанд.
Бо мақсади истеҳсоли тухмӣ кишт намудани тухмие,  ки бо тухми  алафҳои бегонаи карантинӣ омехта ва ё бо зараррасонҳо ва касалиҳои карантинии растанӣ сироятнок шудааст, манъ аст.
               
Моддаи 16. Хусусиятҳои хоси истеҳсоли гурўҳҳои алоҳидаи тухмӣ
Тухмии аслиро селексионери навъ ё шахси ваколатдори ў истеҳсол мекунад.
Тухмии элита ва репродуксиониро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳамчун истеҳсолкунандагони гурўҳҳои алоҳидаи тухмӣ ба қайд гирифта шудаанд, истеҳсол менамоянд.
Бақайдгирӣ барои истеҳсоли тухмиҳои элита ва репродуксионӣ бо мақсади фурўши онҳо мутобиқи санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ номгўи истеҳсолкунандагон, ворид ва содиркунандагони тухмиро тартиб дода, ба низом медарорад.
Тухмиҳои гурўҳҳои алоҳидаи растаниҳои ҷангалӣ бо тартиби муқараррнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд.
 
Моддаи 17. Минтақаҳо ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсоли тухмӣ
Бо мақсади бо тухмии хушсифат таъмин намудани истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоиди фитосанитарӣ ва технологӣ ҳангоми истеҳсоли тухмии дорои сифати баланди навъӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарвариро, қатъи назар аз шакли моликияташон, муайян мекунад. Дар ин минтақаҳо ва хоҷагиҳо тартиб, талабот ва шароити махсуси истеҳсоли тухмӣ муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 18. Истеҳсол ва коркарди тухмӣ
Тартиби истеҳсол ва коркарди тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад.
Истифодаи тухмиҳое, ки моликияти зеҳнӣ мебошанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 19. Фонди давлатии тухмӣ
Фонди давлатии тухмӣ аз захираҳои тухмӣ иборат буда, барои минтақаҳое пешбинӣ мешавад, ки дар он ҷо истеҳсоли тухмӣ ба роҳ монда нашудааст ё дар истеҳсоли он имконият маҳдуд аст, инчунин барои кўмак расонидан ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машѓулбуда ё дар хоҷагии ҷангал коркунанда ҳангоми ҳолатҳои офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда ташкил дода мешаванд.
Барои фонди давлатии тухмӣ тухмиҳое тайёр карда мешаванд, ки дорои сертификати сифати навъӣ ва киштбобӣ мебошанд.
Фонди давлатии тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ ташкил дода шуда, аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблаѓгузорӣ гардида, моликияти ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 23.11.15с.№1238)
 
Моддаи 20. Фонди суѓуртавии тухмии растаниҳо
  Фонди суѓуртавии тухмии растаниҳо аз захираҳои тухмии навъҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо воридшуда иборат буда, барои дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишти (ниҳолҳои кўчатшуда) растаниҳо  ва дигар ҳолатҳои фавқулодда барои расонидани кумаки бозгашт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машѓуланд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ  таъсис дода мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли тухмии растаниҳо машѓуланд, тибқи меъёрҳои муайянгардидаи, мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ фонди захиравиро ташкил менамоянд. (ҚҶТ аз 23.11.15с.№1238)
 
 
БОБИ 5. ТАРТИБИ АНҶОМДИҲИИ НАЗОРАТИ НАВЪӣ ВА ТУХМӣ
 
Моддаи 21. Талаботи умумӣ барои назорати навъӣ ва тухмӣ
Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати навъӣ ва тухмиро Қонуни мазкур муайян менамояд.
Назорати навъӣ ва тухмӣ бо мақсади таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ва санадҳои дар асоси он қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи тухмипарварӣ амалкунанда анҷом дода мешавад.
Сертификатсияи тухмӣ ва назорати тухмӣ нисбати киштҳо ва тухмии мансуби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие анҷом дода мешавад, ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият доранд.
Тухмӣ ва ё ниҳолҳо бояд аз назорати навъӣ ва тухмӣ гузаронида шаванд.
Сифати тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ муайян карда мешавад. Нишондиҳандаҳои сифат барои ҳар як гурўҳи тухмӣ ва намудҳои растаниҳо муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 211. Муайян намудани сифати навъи тухмӣ
 Сифати навъи тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ  дар соҳаи тухмипарварӣ барои ҳар як гурўҳи тухмӣ ва намудҳои растанӣ муқаррар карда мешавад.
Тозагии навъ ё мансубияти растанӣ, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда мешавад, пеш аз ба фурўш баровардан барои муқаррар намудани сифати навъ бояд ҳатман зери таҳқиқи саҳроӣ, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси  лаборатории сифатии навъ қарор гирад.
Сифати навъи тухмии растаниҳо дар асоси гузаронидани таҳқиқи саҳроии  кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси  лаборатории сифати навъи киштшуда муайян карда мешавад.
 Тартиби гузаронидани таҳқиқи саҳроии кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи киштшударо мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд.
 
Моддаи 212. Санҷиши давлатии навъҳо
Санҷиши давлатии навъҳо бо мақсади муайян кардани аломатҳои  монанд, навин, фарқкунанда ва устувории навъҳо, арзишнокии иқтисодӣ ва биологии онҳо аз тарафи мақоми  давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо бо  тартиби муқаррарнамудаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.15с.№1238)
 
 
Моддаи 22. Назорати навъӣ
Назорати навъии тухмӣ маҷмўи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки он аз назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ иборат мебошад.
Барои навъҳои ба фурўш пешбинишуда дар ҳолати истифодаи нақшаи назорат анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро ҳатмӣ мебошад.
Тартиби анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ, инчунин бақайдгирии киштҳои тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад.
 
Моддаи 23. Назорати тухмӣ
Назорати сифати тухмӣ бо роҳи интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ амалӣ мегардад.
Интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ аз маҷмўи тухмии барои фурўш пешниҳодшуда аз тарафи мақоми давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аккредитатсияшуда анҷом дода мешавад.
Тартиби аккредитатсияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои ҳуқуқи интихоби намунаи тухмӣ ва муайян кардани сифати киштбобии  тухмии растанӣ мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад.
Интихоби намунаи тухмӣ аз ҳар як маҷмўи тухмии барои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда ва ташхиси он мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ анҷом дода мешавад.
               
Моддаи 24. Сертификатсияи тухмӣ
мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ нақшаи сертификатсияи тухмиро барои намудҳои растаниҳои сертификатсияшаванда муайян мекунад.
Ҳар як маҷмўи тухмӣ, ки барои фурўш пешбинӣ шудааст, бояд сертификатсия шавад.
Сертификатҳои  тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ аз ҷониби мақоми давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ дода мешаванд.
Тартиби сертификатсияи тухмӣ, додани сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмиро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад.
 
Моддаи 25. Шаҳодатномаи сифати тухмӣ
Шаҳодатномаи сифати тухмиро мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ медиҳад.
Мақоми давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ  ба тухмии аслӣ, элита ва репродуксионӣ метавонад дар асоси ташхиси лабораторӣ шаҳодатномаи тозагии навъ диҳад.
 
БОБИ 6. МАРКЕТИНГИ ҲАР ЯК МАҶМЎИ ТУХМӣ
Моддаи 26. Фурўши ҳар як маҷмўи тухмӣ
Фурўши ҳар як маҷмўи тухмӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ амалӣ гардонида мешавад.
Ҳар як маҷмўи тухмӣ ҳангоми фурўш бояд дар борҷома  ҷойгир шуда бошад ва борҷомаю воситаҳои борбандии он тамѓаи муқарраршуда дошта бошанд.
Ҳар як маҷмўи тухмие, ки бо маводи кимиёвӣ ё биологӣ коркард шудааст, бояд дар борҷома ҷой карда шавад. Борҷома ва воситаҳои борбандии ин гуна тухмиҳо бояд навиштаҷоти дахлдор ва ҳуҷҷатҳои бо он ҳамроҳ фиристодашаванда дошта бошанд, ки дар онҳо тартиби истифодаи чунин тухмӣ ва маълумот дар бораи эҳтимоли таъсири манфии он ба саломатии инсон ва муҳити зист зикр карда шавад.
Ҳангоми фурўши ҳар як маҷмўи тухмӣ дар борҷома ва воситаҳои борбандии он, тамѓа, ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашаванда зикр кардани маълумоти ба навъи растанӣ, пайдоиш ва сифати тухмӣ аслан номувофиқ, инчунин паҳн кардани маълумоти бардурўѓ дар бораи ҳар як маҷмўи тухмӣ дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.
Тартиби фурўши  ҳар як маҷмўи тухмиро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ бо назардошти талабот нисбати тухмӣ муқаррар менамояд.
 
Моддаи 27. Воридот ва содироти ҳар як маҷмўи тухмӣ
Ба воридоти ҳар як маҷмўи тухмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мавҷуд будани сертификати сифати навъию киштбобӣ, иҷозатномаи воридотии карантинӣ ва ҷавобгў будани ҳар як маҷмўи тухмии мазкур ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ иҷозат дода мешавад.
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ҳар як маҷмўи тухмӣ дар ҳолати рехта (бе борҷома), инчунин ҳар як маҷмўи тухмие, ки навъи онҳо ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил нашудаанд, ба истиснои ҳар як маҷмўи тухмие, ки барои таҳқиқоти илмӣ, санҷишҳои давлатӣ, истеҳсоли тухмии барои содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, манъ аст.
Ҳар як маҷмўи тухмии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бояд таҳти назорати сифати тухмӣ ва фитосанитарӣ қарор гирад.
Ҳар як маҷмўи тухмӣ, ки барои содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, бояд дорои сертификати сифати навъӣ  ва киштбобии тухмӣ ва сертификати фитосанитарӣ мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бошад.
Воридот ва содироти ҳар як маҷмўи тухмӣ дар мавридҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
Сертификати фитосанитарӣ ва иҷозатномаи воридотии карантинӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии карантини растаниҳо дода мешавад.
Тартиби додани сертификати фитосанитарӣ ва иҷозатномаи воридотии карантиниро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ муайян мекунад.
Назорати воридот ва содироти ҳар як маҷмўи тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ менамояд.
Тартиби воридот ва содироти ҳар як маҷмўи тухмиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 28. Кафолати сифати тухмӣ
Шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии фурўшандаи ҳар як маҷмўи тухмӣ кафолат медиҳанд, ки навъ ва сифати ҳар як маҷмўи тухмии фурўхташаванда ба маълумоти дар сертификати дахлдор нишондодашуда мутобиқ мебошанд.
Дар сурати ба сертификати дахлдор мувофиқат накардани навъ ва сифати ҳар як маҷмўи тухмии фурўхташаванда шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба фурўши чунин тухмӣ машѓуланд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
БОБИ 7. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ТУХМИПАРВАРӣ
 
 Моддаи 29. Мақомоти танзими давлатӣ дар  соҳаи тухмипарварӣ
Танзими давлатӣ дар соҳаи тухмипарвариро Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи  кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд.
Моддаи 291.  Салоҳияти Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  тухмипарварӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  тухмипарварӣ  дохил мешаванд:
—  татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи   тухмипарварӣ;
— муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи  тухмипарварӣ;
— таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба танзим ва рушди соҳаи тухмипарварӣ;
— амалӣ  намудани  дигар салоҳият тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 292. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба тухмипарварӣ
          Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба тухмипарварӣ дохил мешаванд:
— таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ;
— тасдиқи нақшаи истеҳсоли тухмии растаниҳо;
— муқаррар намудани тартиби истифодаи борҷомаю воситаҳои борбандӣ, тамѓа, нигоҳдорӣ ва интиқоли тухмии растаниҳо;
— муайян намудани тартиби пешбурди Феҳристи давлатии навъҳо ва Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурўҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо;
— тасдиқ намудани шакли Шаҳодатнома оид ба  сифати тухмӣ;
— таъсис додани Фонди давлатии тухмӣ ва Фонди суѓуртавии тухмӣ;
— баррасии  тартиби истифодаи тухмии растаниҳое, ки ба Феҳристи давлатии  навъҳо дохил карда нашудаанд;
— тасдиқ намудани номгўи тухмии растаниҳои барои фурўш пешбинишуда, ки анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси  лаборатории сифати навъи тухмии онҳо  ҳатмӣ мебошад;
— амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
—  амалӣ намудани дигар  ваколатҳо  тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 293. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи   тухмипарварӣ  тадбирҳои зеринро амалӣ  менамоянд:
— таҳияи барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои минтақавӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (ноҳия) ва назорати иҷрои онҳо;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 23.11.15с.№1238)
 
Моддаи 30. Ташкилотҳое,  ки бақайдгирии навъҳо ва назорати навъию тухмиро амалӣ менамоянд
Бақайдгирии навъҳоро мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо анҷом медиҳад.
Назорати навъӣ ва тухмиро нисбати кишти тухмӣ ва сифати ҳар як маҷмўи тухмӣ мақоми давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ амалӣ менамояд.
 
Моддаи 31. Нозирони давлатии тухмӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
Нозирони давлатии тухмӣ дар соҳаи тухмипарварӣ дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд:
— тибқи тартиби муқарраргардидаи қонун ба назди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти тухмипарварӣ машѓуланд рафта, аз шахсони номбаршуда ба таври ройгон маълумоти зарурӣ гиранд;
— ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои вайрон гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ фурўш ё истифодаи тухмиро боздоранд ва оиди манъи фурўш ё истифодаи он ба суд даъво пешниҳод намоянд;
— ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие,  ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият менамоянд, оиди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҷиҳати риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ дастур пешниҳод намоянд;
— дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ гардонанд.
 
Моддаи 32. Пешниҳоди хизматрасонии пулакӣ
Ташкилотҳое,  ки барои анҷом додани санҷиш ва бақайдгирии навъҳо, назорати кишти тухмӣ, назорати сифати тухмӣ ва додани сертификатҳои гуногун ва тамѓаҳо барои борҷомаҳои тухмӣ мутасаддӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд аз тарафҳои манфиатдор дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои расонидашуда ҳаққи пардохт талаб намоянд ва истифодаи минбаъдаи ин маблаѓро тибқи қонунгузорӣ амалӣ гардонанд.
 
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 33. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ
Баҳсҳое, ки ҳангоми фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ ба амал меоянд, аз тарафи суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» аз 2 декабри соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, № 11, мод. 693, соли 2005, № 12, мод. 636, соли 2007, №6, мод. 439) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Э. Раҳмонов
 
 
 
     ш. Душанбе, 5 январи соли 2008,
     №355

Илова кунед