Мулоқоти раисони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бо ҳайати Ассамблеяи Байнипарлумонӣ

31 Январ 2020, Ҷумъа



31.01.2020. ш. Душанбе. Имрӯз мулоқоти раисони фраксияҳои ҳизбҳои сиёсии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихобии шаҳрвандони аъзои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Голоулина Екатерина ва ҳайати ҳамроҳонаш баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Сафарзода Бахтовар, Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар ва Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Қудратов бо ин ҳайат суҳбатҳо намуда, масъалаҳои интихоботӣ, омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ ва раванди корҳои фраксияҳоро баррасӣ намуданд.

Раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар бораи барнома ва пешбарии номзадҳои ҳизбҳо ба меҳмонон маълумот дода, иброз доштанд, ки фазои мусоиди баргузории интихобот дар кишвар муҳайё гардида, барои пешбурди корҳои таблиғотии фраксияҳо имконият муҳайё мебошад.

Ин ҳайат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлил ва омӯзиши раванди омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.



Ёдовар мешавем, ки вохӯриҳои ҳайати мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли ҷорӣ шурӯъ гардида, бо Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Худоёрзода Бахтиёр, Раиси Ҳизби  сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва Раиси Ҳизби  аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам мулоқотҳо анҷом додаанд.


Илова кунед