Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт

30 Июл 2007, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №7, мод.671; соли 2017,№1-2,мод.26)
 Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июни соли 2007, № 649 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 6, моддаи 500) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми июли соли 2007, № 380 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 7, моддаи 722) ҷонибдорӣ гардидааст.
 Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар ҷараёни истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт (минбаъд — маҳсулоти нафт): бензин (ба истиснои авиатсионӣ), сўзишвории дизелӣ ва мазут ба миён меоянд, танзим менамояд.
 Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— нафт – моеи равғанмонанди сӯзанда, ки дар қабати таҳшини замин паҳн шуда, аз омехтаи мураккаби карбогидридҳо, баъзе намудҳои сикланҳо, аренҳо ва пайвастагиҳои оксигендор, нитрогендор ва сулфурдор иборат мебошад  ва маъдани фоиданок ба ҳисоб меравад; ҚҶТ аз 24.02.17с.№1403
-маҳсулоти нафт – омехтаи карбогидридҳо ва ҳамчунин пайвастагиҳои химиявии алоҳида, ки аз нафт ва газҳои нафтӣ истеҳсол карда мешаванд ва ба сифати сўзишворӣ, равѓанҳои молиданӣ, муҳити ҳимояи барқӣ, ҳалкунандаҳо ва ашёи нафтухимиявӣ истифода бурда мешавад;
-нуқтаи автоматикии пуркунандаи сўзишворӣ (НАС) – маҷмааи технологии муҷаҳҳазе, ки дар онҳо маҳсулоти нафт нигоҳ дошта ва ба тарзи чакана фурўхта мешавад;
-базаи маҳсулоти нафт – анбори мол, ки барои нигоҳ доштан ва ба тарзи яклўхт фурўхтани маҳсулоти нафт таъин гардидааст;
-манбаи ягонаи маълумот – манбаи электронии маълумот доир ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт, ки дар асоси иттилооти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратии дар доираи салоҳияти худ ба танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт машѓулбуда фароҳам меоянд;
-махлутонӣ – омехта кардани якчанд таркиб бо мақсади ҳосил кардани маҳсулоти нафтии сифати матлуб;
-ҳаҷми камтарини истеҳсоли маҳсулоти нафт – ҳаҷми маҳсулоти нафт, ки корхонаҳои истеҳсоли нафту газ ва ё дигар сохторҳо бояд ҳар моҳ дар давоми соли тақвимӣ на камтар аз андозаи тасдиқкардаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи энергетика ҳаҷми таҳвили нафти хом, маҳсулоти нафт ва (ё) конденсати газ истеҳсол кунанд;
-маҳсулоти бесифати нафт – маҳсулоти нафте, ки ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартонӣ намебошад;
-муомилоти маҳсулоти нафт – харидан, нигоҳ доштан, фурўхтан, ҳамлу нақл, содироту воридоти маҳсулоти нафт;
-савдои яклухти (умдаи) маҳсулоти нафт – маҳсулоти нафтро фурўхтани (таҳвил додани) истеҳсолкунандагон ва таҳвилкунандагони нафт, ҳамчунин аз тарафи шахсоне, ки маҳсулоти нафтро бо мақсади савдои минбаъда мустақиман аз база мефурўшанд;
-шиносномаи истеҳсолот – ҳуҷҷати шаклаш маъмуле, ки нишондиҳандаи иқтидори истеҳсолии истеҳсолкунандаи маҳсулоти нафт, хусусиятҳои асосии он ва танзими истифодаи таҷҳизоти мавҷударо барои риояи ҷараёни технологии истеҳсолот инъикос мекунад;
-таҳвилкунандаи нафт (нафтфиристонанда) – ташкилоти нафт ва (ё) газистеҳсолкунанда ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, ки барои коркард нафти хом ё конденсати гази худро мефиристанд;
-истеҳсолкунандаи маҳсулоти нафт – ташкилоти коркарди нафту газ, ки барои истеҳсоли маҳсулоти нафт иҷозатнома дорад ва фурўши маҳсулоти нафтро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад;
-истеҳсоли маҳсулоти нафт – маҷмўи корҳои вобаста ба коркарди нафти хом ва конденсати газ, ҳамчунин оид ба махлутонӣ, ки дар натиҷаи он маҳсулоти нафт, мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартонӣ истеҳсол мешавад;
-савдои чаканаи маҳсулоти нафт – ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фурўхтани маҳсулоти нафт бе мақсади фурўхтани он;
-борхат – ҳуҷҷати шакли ягона, ки барои назорати ҳаракати маҳсулоти нафт дар тамоми роҳ аз фиристода шудани маҳсулот то қабул карда гирифтани он таъин шуда, барои ба расмият даровардани корҳои супоридану қабул карда гирифтани маҳсулоти нафт зарур аст – бланки (ҳуҷҷати) ҳисоботи қатъӣ;
-мақомоти ваколатдори давлатӣ – мақомоти давлатӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи Қонуни мазкур амалӣ месозад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт
Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад. Дигар мақомоти давлатӣ низ ҳуқуқ доранд баъзе масъалаҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро аз рўи салоҳияти худ, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, танзим гардонанд.
Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт инҳоро дар бар мегирад:
— иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба истихроҷ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва фурўши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо;
-муқаррар намудани ҳаҷми камтарини истеҳсоли маҳсулоти нафт бо шарти тасдиқи таҳвили ҳаҷми нафти хом ва конденсати газ аз тарафи мақомоти давлатии соҳаи энергетика;
-назорат кардан ба муомилоти маҳсулоти нафт мутобиқи салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ҳамчунин ба тариқи мониторинг ба воситаи манбаи ягонаи маълумоти истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт, ҷорӣ кардани борхат ва муқаррар намудани тартиби эъломиякунонӣ;
-назорати сифати маҳсулоти нафт. ҚҶТ аз 24.02.17с.№1403
 
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
-самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт муайян мекунад;
-дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро қабул ва нашр мекунад;
-содироту воридоти маҳсулоти нафтро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд;
-мақомоти давлатиро, ки ба истеҳсоли маҳсулоти нафт иҷозатнома медиҳад, муайян менамояд;
-таҳвили нафти хом ва конденсати газро ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад;
-шакл, тартиб ва мўҳлати пешниҳод намудани маълумотеро, ки барои амалӣ гардонидани мониторинг зарур аст, муайян мекунад;
— амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. ҚҶТ аз 24.02.17с.№1403
 
Моддаи 5. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ:
-дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи танзими давлатии истеҳсол, фурўш ва муомилоти нафт қабул ва нашр мекунад;
-мониторинги фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт, таҳвилкунандагони нафт ва шахсонеро, ки маҳсулоти нафтро аз базаҳои он мефурўшанд, ба амал мебарорад;
-манбаи ягонаи маълумот ва ҳамзамон тавозуни истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро тартиб медиҳад;
-шакл, тартиб ва мўҳлати аз тарафи мақомоти дигари давлатӣ ба манбаи ягонаи маълумот фиристодани маълумотро доир ба ҳаҷми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт ва дигар иттилооти заруриро муайян мекунад;
-қоидаҳои ба расмиятдарории борхатро таҳия ва тасдиқ мекунад;
-шакл, тартиб ва мўҳлати пешниҳод намудани эъломия (декларатсия)-ро муайян мекунад;
— ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. ҚҶТ аз 24.02.17с.№1403
 
Моддаи 6. Ваколати дигар мақомоти давлатие, ки танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро ба зимма дорад
Мақомоти давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ, метрология ва сертификатонӣ:
-мувофиқати маҳсулоти нафтро ба талаботи муқррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартонӣ назорат мекунад;
-корҳои оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатонии маҳсулоти нафт, хизматрасонии нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сўзишворӣ ва базаҳои маҳсулоти нафтро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунад;
-бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ тартиб ва талаботро оид ба истифодаи асбобҳои назоратии баҳисобгирие, ки маълумотро доир ба ҳаҷми истеҳсол ва фурўши маҳсулоти нафт ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ба тарзи автоматӣ мерасонанд, муқаррар менамояд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика:
-ҳаҷми камтарини истеҳсоли маҳсулоти нафтро муқаррар менамояд ва ҳаҷми таҳвили нафти хом ва (ё) конденсати газро аз тарафи ташкилотҳои нафтугазҳосилкунӣ ва манбахои дигари ашёи хос тасдиқ мекунад;
-фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафтро оид ба истеҳсоли ҳаҷми камтарини маҳсулоти нафт ҳамоҳанг месозад;
-шакл ва тартиби пур намудани шиносномаи истеҳсолотро муайян мекунад;
 шиносномаи истеҳсолотро бо мувофиқаи мақомоти давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ менамояд;
-аз тарафи ташкилотҳои коркарди нафту газ риоя шудани мўҳлате, ки анҷом додани корҳои таъмир ва барқароркуниро дар шиносномаи истеҳсолот нишон дода шудааст, мувофиқа ва назорат мекунад;
-бо мувофиқаи мақомоти манфиатдори давлатӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок будани ҳиссаи (квотаи) содироту воридоти маҳсулоти нафтро муайян менамояд.
Мақомоти давлатӣ дар соҳаи савдо бо мувофиқаи мақомоти манфиатдори давлатӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок будани андозаи боҷҳои гумрукӣ, аксизӣ, муҳофизавӣ, зиддидемпингӣ ва ҷуброниро муайян менамояд.
Мақомоти давлатӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ) тарифҳои (нархи) хизматрасонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафтро, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоӣ доранд, оид ба коркарди нафти хом ва (ё) конденсати газ мутобиқи қонунгузории зиддимонополии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳифзи муҳити зист ҳангоми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт назорат менамояд.
Мақомоти давлатии соҳаи нақлиёт аз ҷониби боркашонҳо риоя шудани талаботи технологиро дар мавриди интиқоли маҳсулоти нафт таҳти назорат мегирад ва эҳтиёт аз сўхторро таъмин менамояд.
Мақомоти давлатии дар ин модда зикршуда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ маълумотро доир ба ҳаҷми истеҳсол ва (ё) муомилоти маҳсулоти нафт ва дигар иттилооти заруриро барои манбаи ягонаи маълумот пешниҳод менамоянд, инчунин дигар ваколатҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 7. Ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатӣ бо дигар мақомоти давлатие, ки истеҳсол ва муомилоти давлатии маҳсулоти нафтро танзим менамояд
Мақомоти ваколатдори давлатӣ бо дигар мақомоти давлатие, ки танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро ба зимма доранд, ҳамкорӣ намуда, доир ба назорати он чораҳои муштарак меандешад ва мубодилаи иттилоотро ба роҳ мемонад.
Дар сурати иҷро нагардидани талаботи Қонуни мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин бора мақомоти дахлдори давлатиро ба таври хаттӣ барои аз ҷониби онҳо андешидани чораҳо оид ба бартараф намудани қонунвайронкунии ошкоргардида огоҳ менамояд. ҚҶТ аз 24.02.17с.№1403
 
Моддаи 8. Шартҳои истеҳсоли маҳсулоти нафт
Маҳсулоти нафт истеҳсол карда мешавад:
-бо таҷҳизоте, ки  ҷавобгўи талаботи ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрӣ оид ба стандартонӣ ва таъмини ченаки ягона аст;
-дар сурати будани шиносномаи истеҳсолот;
-дар ҳолати вуҷуд доштани асбобҳои назорати баҳисобгирие, ки пешниҳоди маълумотро дар бораи ҳаҷми истеҳсол ва фурўши маҳсулоти нафт ба таври автоматикунонидашуда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ мерасонанд.
Танҳо истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт, ки иҷозатнома доранд, ин корҳоро ба ҷо оварда метавонанд:
-махлутонӣ, илова кардани ҳар гуна маҳлулҳо, иловаҳо ва компонентҳо ба бензини молӣ бо мақсади баланд бардоштани рақами октании он;
-махлутонӣ, илова намудани ҳар гуна маҳлулҳо, иловаҳо ва компонентҳо ба маҳсулоти бесифати нафт бо мақсади ҳосил кардани бензини сифати матлуб;
-илова кардани ҳар гуна маҳлулҳо ба сўзишвории дизелӣ, мазут.
Истеҳсол кардани маҳсулоти нафт бо як таҷҳизот аз тарафи ду ва зиёда аз ин истеҳсолкунандагон роҳ дода намешавад. ҚҶТ аз 24.02.17с.№1403
 
Моддаи 9. Ўҳдадориҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт
Истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт ўҳдадоранд, ки:
-талаботи мақомоти давлатиро дар соҳаи энергетика оид ба таъмини ҳаҷми камтарини истеҳсоли маҳсулоти нафт иҷро намоянд;
-нафти хом ва (ё) конденсати газро ба ҳадди иқтидори истеҳсолии худ дар сурати камкории он дар давоми се моҳ тибқи шиносномаи  истеҳсолот барои коркард қабул намоянд;
-бо мақомоти давлатии соҳаи энергетика ҷадвали солонаи корҳои таъмир ва барқароркуниро, ба истиснои зарурати фавран пешгирӣ намудани таҳдиди хатар ба ҷараёни истеҳсолот мувофиқа намоянд;
Ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт истеҳсоли бензини этилишуда, ки ба ҳифзи сиҳатии омма зарари ҷиддӣ меоварад, манъ аст.
 
Моддаи 10. Тартиб додани эъломия (декларатсия) ва мониторинги истеҳсолу муомилоти маҳсулоти нафт
Шахсоне, ки маҳсулоти нафтро истеҳсол мекунанд ва (ё) мефурўшанд, вазифадоранд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи боқимондаи маҳсулот ва (ё) ҳаҷми муомилоти маҳсулоти нафт эъломия (декларатсия) пешниҳод намоянд.
Истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт, нафттаҳвилкунандагон ва шахсоне, ки маҳсулоти нафтро аз базаи маҳсулоти нафт мефурўшанд, вазифадоранд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ барои амалӣ гардонидани мониторинг маълумот пешниҳод намоянд. ҚҶТ аз 24.02.17с.№1403
 
Моддаи 11. Шартҳои фурўши маҳсулоти нафт
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти бензини этилишуда ва ҳамчунин фурўши маҳсулоти бесифати нафт ва нигоҳ доштани онҳо бе коркарди минбаъда манъ аст.
Маҳсулоти нафтро истеҳсолкунандагони махсулоти нафт, нафттаҳвилкунандагон ва ҳамчунин шахсони ҳуқуқие, ки маҳсулоти нафтро дар нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сўзишворӣ (НАС) ва базаҳои маҳсулоти нафт мефурўшанд ва барои хизматрасонӣ сертификат доранд, фурўхта метавонанд.
Таҳвилкунандагони маҳсулоти нафт метавонанд бо истифодаи асбобҳои баҳисобгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт ва ҳамчунин аз нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сўзишворӣ ва базаҳои маҳсулоти нафт, ки барои хизматрасонӣ сертификатонида шудаанд, фурўшанд.
Ба фурўши маҳсулоти нафт дар нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сўзишворӣ ва базаҳои маҳсулоти нафт бо шарти вуҷуд доштани низоми компютерии баҳисобгирӣ ва амалиёти кассавӣ зимни ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ирсол кардани иттилоот оид ба ҳаҷми савдои маҳсулоти нафт иҷозат дода мешавад.
Маҳсулоти нафтро аз нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сўзишворие, ки дар маҳалҳои аҳолинишини шумораи одамонашон то даҳ ҳазор нафар, деҳот ва ҳамчунин дар замини таъиноти кишоварзии маҳалли ҷамъшавии техникаи кишоварзии лозимаи корҳои саҳроӣ воқеъ гардидаанд, бо шарти мавҷуд будани низоми соддаи баҳисобгирии савдои маҳсулоти нафт фурўхтан мумкин аст.
Маҳсулоти нафт аз нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сўзишвории контейнершакл дар маҳалҳои аҳолинишини шумораи одамонашон то даҳ ҳазор нафар ва ҳамчунин дар деҳот фурўхта мешавад.
Маҳсулоти нафтро аз нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сўзишвории сайёр танҳо дар сари заминҳои таъиноти кишоварзии маҳаллии ҷамъшавии техникаи кишоварзии лозимаи корҳои саҳроӣ фурўхтан мумкин аст.
Истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт ва шахсоне, ки маҳсулоти нафтро мустақиман аз база мефурўшанд, вазифадоранд дар мўҳлати муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми бастани шартномаҳои фурўши маҳсулоти нафт барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ имтиёзот диҳанд. ҚҶТ аз 24.02.17с.№1403
 
Моддаи 12. Танзими давлатии содироту воридоти маҳсулоти нафт
Танзими давлатии содироту воридоти маҳсулоти нафт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, аз ҷумла бо роҳи тасдиқи (таѓйир додани) меъёрҳои аксиз, боҷҳои гумрукӣ, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ, квота барои содироту воридоти маҳсулоти нафт, инчунин чораҳои дигаре, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
ҚҶТ аз 24.02.17с.№1403)
 
Моддаи 13. Шартҳои ҳамлу нақли маҳсулоти нафт
Ҳамлу нақли маҳсулоти нафт тавассути нақлиёти махсус таҷҳизонидашуда мувофиқи талаботи марбути ҳамлу нақли бори хавфнок ва риояи қоидаҳои эҳтиёт аз сўхтор, қоидаҳои истифодаи техникӣ сурат мегирад.
Дар сурати савдои яклухт ва чаканаи маҳсулоти нафт аз ҷониби истеҳсолкунандагон, таҳвилкунандагони нафт ва шахсоне, ки маҳсулоти нафтро мустақиман аз базаҳо мефурўшанд, дар мавриди ҳамлу нақли махсулоти нафт борхати он ҳатман тартиб дода мешавад.
Ҳуҷҷатҳои бо ҳамлу нақли маҳсулоти нафт алоқаманд бояд ба талаботи барои ҳамлу нақли бори хавфнок тавассути ҳар намуди нақлиёт муқарраршуда  мувофиқат намояд.
 
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 15. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Э.Раҳмонов
 
ш.Душанбе, 30 июли соли 2007
№ 309
 

Илова кунед