Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ

05 Март 2007, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №3, мод. 167; соли 2012, №7, мод.708; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2019, №1584)
 Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2006,     № 433 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 12, мод. 635) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми феврали соли 2007, № 276 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 2, мод.76) ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки вобаста  ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
Боби 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
— Конвенсияи Париж – Конвенсияи Париж оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ аз 20 марти соли 1883  бо    тағйиру иловаҳои минбаъда;
— таснифи байналмилалии  молҳо  ва  хизматрасониҳо (минбаъд ТБМХ) –  гурўҳбандие, ки бо Созишномаи Нитса оид ба таснифи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо ҷиҳати бақайдгирии тамғаҳо (аз 15 июни соли 1957 бо тағйиру иловаҳои минбаъда) қабул шудааст;
— ариза дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ – маҷмўи ҳуҷҷатҳое, ки онро  аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори ў пешниҳод  менамоянд ва  хоҳишро дар бораи додани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ дар бар мегирад; (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
— аввалияти тамғаи молӣ – аввалият дар мўҳлатҳои ба вуҷуд омадани ҳуқуқ ба тамғаи молӣ;
— намояндаи патентӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дар назди мақомоти салоҳиятдор намояндагӣ намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дорад;
               -тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ (минбаъд – тамғаи молӣ) – нишонаҳое, ки барои фардикунонии молҳо, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасониҳои (минбаъд – молҳо) шахсони воқеӣ ё шахси  ҳуқуқӣ,  истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№858)
 Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон   эътироф намудааст, иборат мебошад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
             Моддаи 3. Мақомоти ваколатдори  давлатӣ
                Амалисозии сиёсати давлатӣ ва вазифаҳои бо Қонуни мазкур  пешбинишуда дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ба ўҳдаи мақомоти ваколатдори давлатӣ (минбаъд Идораи патентӣ), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст,   гузошта мешавад.
Идораи патентӣ дар ҳолатҳое, ки  Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, мутобиқи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро  оид ба татбиқи Қонуни мазкур мебарорад.
Дар назди Идораи патентӣ Шўрои шикоятӣ амал мекунад, ки он масъалаҳои бо  Қонуни мазкур  ба салоҳияташ вогузоршударо баррасӣ менамояд. Шўрои шикоятӣ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Шўрои шикоятӣ, ки онро Идораи патентӣ тасдиқ мекунад, ба амал мебарорад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
 
Боби 2. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ТАМҒАИ МОЛӣ
 
Моддаи 4. Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ
Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бақайдгирии давлатии он (минбаъд – бақайдгирӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ё дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, дода мешавад.
Ҳуқуқ ба тамғаи молӣ бо қонун ҳифз карда мешавад.
Моддаи 5. Шаҳодатномаи тамғаи молӣ
Барои тамғаи молии бақайдгирифташуда шаҳодатномаи тамғаи молӣ дода мешавад.
Шаҳодатнома аввалияти тамғаи молӣ ва ҳуқуқи истисноиро ба тамғаи молӣ нисбат ба молҳои дар шаҳодатнома зикргардида тасдиқ менамояд.
Моддаи 6. Ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ
Соҳибҳуқуқ ҳуқуқ дорад тамғаи молиро истифода барад ва истифодабарии онро аз ҷониби шахсони дигар манъ намояд.
Ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ҳуқуқ надорад, ки тамғаи молии дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳифзшавандаро бе иҷозати соҳибҳуқуқ истифода барад.
Бе иҷозати соҳибҳуқуқ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилоти гражданӣ истифода бурдани тамғаи молӣ (ё нишонае, ки он то дараҷаи иштибоҳангез монанд аст) нисбат ба молҳое, ки барои фардикунонии онҳо тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст (ё нисбат ба молҳои бо ин молҳо якхела), вайронкунии ҳуқуқи истисноии соҳибҳуқуқ (истифодабарии ғайриқонунии тамғаи молӣ) эътироф карда мешавад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Молҳо, тамғакоғазҳо, борпечҳои молҳое, ки дар онҳо тамғаи молӣ ё нишонае, ки ба он то дараҷаи иштибоҳангез монанд аст, ғайриқонунӣ истифода бурда мешаванд,  молҳои  қалбакӣ ҳисоб меёбанд.
 
Боби 3. ҚОБИЛИЯТИ ҲифзПАЗИРИи Тамғаи молӣ
 
Моддаи 7. Намудҳои тамғаҳои молӣ
Ба сифати тамғаҳои молӣ нишонаҳои вожавӣ, тасвирӣ, ҳаҷмдор ва дигар нишонаҳо ё  омехтаи (комбинатсияи) ин намуди нишонаҳо  метавонанд ба қайд гирифта шаванд.
Тамғаи молиро дар ҳар гуна ранг ё омезиши рангҳо ба қайд гирифтан мумкин аст.
             Моддаи 8. Асосҳои мутлақ барои рад кардани бақайдгирӣ
Ба сифати тамғаи молӣ нишонаҳое ба қайд гирифта намешаванд, ки қобилияти  фарқкунонӣ  надоранд ва ё танҳо аз унсурҳое иборатанд, ки онҳо:
— барои  ишораи молҳои намуди муайян мавриди истифодаи оммавӣ қарор доранд;
— рамзҳо ё истилоҳоти маъмул мебошанд;
— молҳоро тавсиф медиҳанд, аз ҷумла, ба намуд, сифат, миқдор, хосият, таъинот, арзишнокӣ ва инчунин вақт, ҷой, тарзи истеҳсол ё фурўши онҳо ишора мекунанд;
— ҳамон шакли молро доранд, ки танҳо ё асосан бо хусусият ё таъиноти мол муайян карда мешаванд.
Унсурҳое, ки  дар сархатҳои якум-чоруми қисми якуми ҳамин модда  зикр ёфтаанд, метавонанд чун унсурҳои ҳифзнашаванда ба тамғаи молӣ ворид карда шаванд, ба шарте, ки дар он мавқеи назаррасро ишғол накунанд.
Муқаррароти бо қисмҳои якум ва дуюми  моддаи  мазкур пешбинишуда нисбат ба нишонаҳое, ки дар натиҷаи истифодабариашон қобилияти  фарқкунониро  соҳиб гардидаанд,  татбиқ карда намешаванд.
Мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ба сифати тамғаи молӣ ба қайд гирифтани нишонаҳое, ки танҳо аз унсурҳои зерин иборатанд ё ба онҳо то дараҷаи иштибоҳангез шабоҳат доранд, манъ карда шудааст:
— парчам, нишон ва дигар рамзҳои давлатӣ;
— номҳои ихтисоршуда ё пурраи созмонҳои байналмилалӣ, байниҳукуматӣ, нишонҳо, парчамҳо ва дигар рамзҳои онҳо;
— тамғаҳои расмии назоратӣ, кафолатӣ ва тамғаҳои маҳак, мўҳрҳо, нишонаҳо ва аломатҳои дигари фарқкунанда ё аломатҳое, ки то дараҷаи омехташавӣ ба онҳо монанд мебошанд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Унсурҳои дар қисми чоруми моддаи мазкур зикргардида метавонанд ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда ба тамғаи молӣ ворид карда шаванд, агар дар ин хусус розигии мақомоти ваколатдор мавҷуд бошад.
Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчам, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатиро ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ба сифати тамғаи молӣ бақайдгирии нишонаҳое, ки айнан ё то дараҷаи иштибоҳангез шабоҳат доранд, роҳ дода намешавад:
— бо номҳои расмӣ ва тасвирҳои объектҳои махсуси мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ин ки мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ, инчунин бо тасвирҳои арзишҳои фарҳангие, ки дар коллексияҳо, маҷмўаҳо ва фондҳо нигаҳдорӣ мешаванд, агар бақайдгирӣ ба номи шахсоне, ки соҳибмулки онҳо намебошанд, бе розигии соҳибмулк ё шахсоне, ки аз ҷониби соҳибмулк барои бақайдгирии чунин нишонаҳо ҳамчун тамғаи молӣ ваколатдор шудаанд, талаб карда шавад;
— бо рамзҳои динӣ. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Ба сифати тамғаи молӣ ба қайд гирифтани аломатҳое манъ карда мешавад, ки онҳо ё унсурҳои онҳо:
— бардурўғ мебошанд ё метавонанд истеъмолкунандаро оид ба мол ё истеҳсолкунандаи он ба иштибоҳ андозанд;
— хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ ё принсипҳои инсондўстӣ ва ахлоқӣ мебошанд.
Мувофиқи санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба сифати тамғаи молӣ ба қайд гирифтани нишонаҳое манъ карда мешавад, ки онҳо ё унсурҳои онҳо дар яке аз давлатҳои аъзои санади зикргардидаи байналмилалӣ ба сифати нишонае ҳифз карда мешаванд, ки  май ё нўшокиҳои спиртдорро чун моли дар ҳудуди ҳамон давлат (дар ҳудудҳои объекти ҷуғрофии ҳамон давлат) истеҳсолшаванда мушаххас мегардонад ва сифати махсус, обрў ва хусусиятҳои дигари  ин молҳо ғолибан  бо ҷои пайдоиши онҳо  муайян карда мешавад, агар тамғаи молӣ барои ишора намудани  май ва нўшокиҳои  спиртдоре пешбинӣ шуда бошад, ки дар ҳудуди ҳамон объекти ҷуғрофӣ бароварда намешаванд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
 
           Моддаи 9. Асосҳои дигар барои рад кардани бақайдгирӣ
Ба сифати тамғаи молӣ нишонаҳое ба қайд гирифта намешаванд, ки ба нишонаҳои зерин айнан ё то дараҷаи иштибоҳангез шабоҳат доранд:
— тамғаҳои молии шахсони дигар, ки барои бақайдгирӣ нисбат ба молҳои якхела арз шудаанд (агар аризаҳои дахлдор бозхонд нашуда бошанд) ё дар Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд ва аввалияти пештар доранд (аз ҷумла мутобиқи санади байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
— тамғаҳои молии шахсони дигар, ки тибқи тартиби бо  Қонуни мазкур муқарраршуда нисбат ба молҳои якхела ҳамчун тамғаҳои молии маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд.
Ба сифати тамғаи молӣ нисбат ба молҳои якхела ба қайд гирифтани нишонаҳое, ки ба тамғаи молии дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми  моддаи мазкур ишорашуда то дараҷаи иштибоҳангез шабоҳат доранд, танҳо бо ризоияти соҳибҳуқуқ сурат гирифта метавонад.
Ба сифати тамғаи молӣ нисбат ба ҳама гуна молҳо ба қайд гирифтани нишонае, ки айнан ё то дараҷаи иштибоҳангез номи ҷои пайдоиши моли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда монанд мебошад, номумкин аст, ба истиснои ҳолате, ки чунин нишона ҳамчун унсури ҳифзнашаванда ба тамғаи молие ворид гардида бошад, ки он ба номи шахси дорои ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол ба қайд гирифта мешавад.
Ба сифати тамғаҳои молӣ нишонаҳое ба қайд гирифта намешаванд, ки онҳо бо намунаҳои саноатие, ки ҳуқуқи шахсони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омадааст, айнан мебошанд.
Ба сифати тамғаҳои молӣ аломатҳое ба қайд гирифта намешаванд, ки айнан объектҳои зерин мебошанд:
— номи фирмавии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба молҳои якхела ҳифзшаванда (ё қисми номи фирмавӣ) ва намунаи саноатие, ки ҳуқуқи шахсони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омадааст;
— номи асари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруфи илмӣ, адабӣ ё санъат, персонаж ё иқтибос аз чунин асар ва ё қисмате аз чунин асар бе иҷозати соҳиби ҳуқуқи муаллиф ё вориси ў, агар ҳуқуқ ба чунин асар то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омада бошад ва он то санаи пешниҳоди ариза маъруф гашта бошад;
— ном, номи падар, тахаллус ё нишонаи аз онҳо ҳосилшуда, портрет ё факсимилеи шахси маъруф, ки  то санаи пешниҳоди дархост маъруф гаштааст, бе иҷозати ин шахс ё вориси ў. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
 
Боби 4. АВВАЛИЯТИ ТАМҒАИ МОЛӣ
 
Моддаи 10. Аввалияти тамғаи молӣ
Аввалияти тамғаи молӣ аз рўи санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ муқаррар карда мешавад.
Аввалияти тамғаи молиро аз рўи санаи пешниҳод шудани ариза якум дар давлати иштирокчии Конвенсияи Париж муқаррар кардан мумкин аст (аввалияти конвенсионӣ), агар ариза ба Идораи патентӣ дар давоми шаш моҳи баъд аз санаи зикргардида ворид шуда бошад.
Аввалияти тамғаи молиеро, ки дар нигораҳои (экспонатҳои) ба маърази намоиш гузошташудаи намоишгоҳҳои расмӣ ё расман эътирофгардидаи байналмилалӣ, ки дар ҳудуди яке аз давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Париж ташкил гардидаанд, истифода шудааст, аз рўи санаи оғози намоиши кушоди ин экспонат дар намоишгоҳ муқаррар кардан мумкин аст (аввалияти намоишгоҳӣ), агар пешниҳоди ариза дар давоми шаш моҳи пас аз санаи зикргардида сурат гирифта бошад.
Аризадиҳандае, ки хоҳиши истифода намудани ҳуқуқи аввалияти конвенсионӣ ё аввалияти намоишгоҳиро дорад, бояд тавассути пешниҳоди ариза ва ё дар давоми ду моҳи баъд аз санаи пешниҳоди ариза ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи чунин ҳуқуқро ба ариза замима намояд ва ё ин ҳуҷҷатҳоро на дертар аз се моҳи баъд аз санаи ба Идораи патентӣ ворид гардидани ариза пешниҳод кунад.
Аввалияти тамғаи молӣ аз рўи аризае, ки аризадиҳанда тибқи қисми нўҳуми моддаи 12  Қонуни мазкур дар асоси аризаи дигари аризадиҳанда ба худи ҳамон нишона (минбаъд – аризаи ибтидоӣ) пешниҳод намудааст (минбаъд – аризаи ҷудокардашуда), аз рўи санаи пешниҳоди аризаи ибтидоӣ ба Идораи патентӣ ва дар сурати аз рўи аризаи ибтидоӣ мавҷуд будани ҳуқуқи муқаррар намудани аввалияти пештар – аз рўи санаи ҳамин аввалият муқаррар карда мешавад, ба шарте, ки то санаи пешниҳоди аризаи ҷудокардашуда аризаи ибтидоӣ бозхонд нашуда бошад ё бозхондашуда маҳсуб нагардад ва пешниҳоди аризаи ҷудокардашуда то қабули қарор оид ба аризаи ибтидоӣ сурат гирифта бошад.
Агар ба тамғаҳои молии айнан монанд аз ҷониби аризадиҳандагони гуногун аризаҳое пешниҳод шуда бошанд, ки ҳамон як санаи аввалиятро доранд ва бақайдгирии тамғаи молиро нисбат ба номгўи пурра ё қисман якхелаи молҳо ариза намоянд, он гоҳ дар асоси созишномаи байни аризадиҳандагон бақайдгирии тамғаи молиро нисбат ба молҳои якхелаи ҳар номгўй ба унвони яке аз аризадиҳандагон анҷом додан мумкин аст.
Агар ба тамғаҳои молии айнан монанд, ки ҳамон як санаи аввалиятро доранд, нисбат ба номгўи пурра ё қисман якхелаи молҳо аз ҷониби ҳамон як аризадиҳанда аризаҳо пешниҳод шуда бошанд, бақайдгирии тамғаи молиро нисбат ба ин гуна молҳо аз рўи яке аз аризаҳои интихобнамудаи аризадиҳанда анҷом додан мумкин аст.
Дар давоми шаш моҳи пас аз санаи гирифтани огоҳинома аризадиҳандагон (аризадиҳанда) бояд оид ба созиши дар байни онҳо бадастомада (интихоби худ) дар мавриди он, ки бақайдгирии тамғаи молӣ аз рўи кадом ариза дархост мешавад, хабар диҳанд.
Агар дар мўҳлати муқарраршуда ба Идораи патентӣ хабари зикргардида ё дархост оид ба дароз кардани мўҳлати муқарраршуда ворид нагардад, дархостҳо бозхондашуда маҳсуб меёбанд.
Аввалияти тамғаи молӣ аз рўи санаи бақайдгирии байналмилалии тамғаи молӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон муқаррар шуда метавонад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
 
Боби 5. БАҚАЙДГИРИИ ТАМҒАИ МОЛӣ
 
Моддаи 11. Ариза дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ
Ариза дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ (минбаъд – ариза) ба Идораи патентӣ аз ҷониби шахси   ҳуқуқӣ ё  шахси воқеӣ (минбаъд-аризадиҳанда), пешниҳод карда мешавад.
Бурдани кор бо Идораи патентӣ метавонад аз ҷониби худи аризадиҳанда, соҳибҳуқуқ, шахси дигари манфиатдор мустақилона  ё ба воситаи намояндаи патентии аз тарафи Идораи патентӣ  ба қайд гирифташуда амалӣ гардад .
Шахсони воқеие, ки ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони онҳо фаъолияташонро бо Идораи патентӣ ба воситаи намояндагони бо боваринома  ваколатдоршудаи патентӣ, ки ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти намояндаи патентиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудаанд, пеш мебаранд.
Ариза барои як тамғаи молӣ пешниҳод карда мешавад.
Ариза бояд инҳоро дар бар гирад:
— дархост дар бораи бақайдгирии нишона ба сифати тамғаи молӣ бо нишон додани номи аризадиҳанда ва инчунин нишонии макони ҷойгиршавӣ ё   зисти ў;
— нишонаи арзшаванда;
— номгўи молҳое, ки тибқи ТБМХ гурўҳбандӣ шудаанд ва бақайдгирии тамғаи молӣ нисбат ба онҳо дархост мешавад;
— шарҳу тавсифи нишонаи арзшаванда.
Ариза ба забони давлатӣ ё забони русӣ пешниҳод карда мешавад.
Аризаро аризадиҳанда имзо мекунад ва дар сурати ба воситаи намояндаи патентӣ пешниҳод шудани он – аризадиҳанда ё намояндаи патентӣ имзо менамоянд.
Ба ариза бояд ҳуҷҷатҳои зерин илова карда шаванд:
— ҳуҷҷате, ки бо андозаи муқарраргардида ворид  шудани пардохти ҳатмиро  барои пешниҳоди ариза тасдиқ мекунад;
— оинномаи тамғаи коллективӣ, агар ариза барои бақайдгирии тамғаи молии коллективӣ пешниҳод шавад;
— ҳуҷҷате, ки ҳуқуқу салоҳияти намояндаи патентиро тасдиқ мекунад, агар ариза ба воситаи  намояндаи патентӣ дода шавад.
Ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда бо забони давлатӣ ё забони дигар пешниҳод мегарданд. Агар ин ҳуҷҷатҳо бо забони дигар пешниҳод шуда бошанд, ба ариза тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ замима карда мешавад. Тарҷумаро ба забони давлатӣ на дертар аз ду моҳи пас аз санаи ба аризадиҳанда фиристодани огоҳиномаи Идораи патентӣ оид ба зарурати иҷрои ин шарт пешниҳод намудан мумкин аст.
Ба сифати санаи пешниҳоди ариза санаи ба Идораи патентӣ ворид гардидани ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои  якум–сеюми қисми панҷуми  моддаи мазкур пешбинишуда ва агар ин ҳуҷҷатҳо дар як рўз ворид нагардида бошанд, санаи ворид шудани ҳуҷҷати охирин  қабул карда мешавад.
Идораи патентӣ маълумотро вобаста ба аризаҳои пешниҳодшуда оид ба тамғаҳои молӣ, ки аз экспертизаи расмӣ гузаштаанд, дар хабарномаи расмии «Навиди патентӣ» нашр менамояд.
Пас аз нашри маълумот оид ба ариза то қабули қарори экспертизаи нишони арзшуда ҳар як шахс ҳуқуқ дорад ба Идораи патентӣ ба таври хаттӣ аризаро, ки далелҳои қарор доштани нишонаи арзшударо таҳти амали моддаҳои 8, 9 ва сархатҳои якум — сеюми қисми якуми моддаи 33 Қонуни мазкур дар бар мегиранд, пешниҳод намояд. Баъди ба Идораи патентӣ пешниҳод шудани ариза ҳар як шахс ҳуқуқ дорад бо ҳуҷҷатҳои он шинос шавад.
Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои бақайдгирии тамғаҳои молиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
 
Моддаи 12. Экспертизаи  ариза ба тамғаи молӣ.
Экспертизаи ариза аз ҷониби Идораи патентӣ гузаронида шуда, экспертизаи расмӣ ва экспертизаи  нишонаи арзшударо дар бар мегирад.
Дар рафти гузаронидани экспертизаи ариза то аз рўи он қабул гардидани қарор аризадиҳанда ҳуқуқ дорад ба ҳуҷҷатҳои ариза иловаҳо, тасҳеҳот ва ислоҳот ворид намояд.
Агар маводи иловашаванда номгўи молҳоеро дар бар гирад, ки дар ариза то санаи пешниҳоди он зикр нашуда буданд ё агар нишонаи арзшуда моҳиятан тағйир дода шавад, ин гуна маводи иловагӣ баррасӣ карда намешавад ва бояд ба сифати аризаи мустақил ба расмият дароварда шавад.
Тағйир ёфтани аризадиҳанда дар сурати гузашт намудани ҳуқуқ ба ариза ё дар натиҷаи тағйир додани номи аризадиҳанда, инчунин ислоҳ намудани хатоҳои намоёну техникиро дар ҳуҷҷатҳои ариза то санаи бақайдгирии тамғаи молӣ анҷом додан мумкин аст.
Дар рафти гузаронидани экспертиза Идораи патентӣ ҳуқуқ дорад аз аризадиҳанда маводи иловагиеро, ки бе онҳо гузаронидани экспертиза имконнопазир аст, дархост намояд.
Нисбат ба ҳуҷҷатҳои иловагӣ, агар онҳо номгўи молҳоеро дар бар гиранд, ки дар ариза то санаи пешниҳоди он зикр нагардидаанд ё нишонаи арзшударо моҳиятан тағйир диҳанд, тартиби бо қисми сеюми ҳамин модда муқарраргардида татбиқ карда мешавад.
Маводи иловагии марбут ба талаботи экспертиза  бояд дар давоми ду моҳи пас аз санаи гирифтани ин ариза ё гирифтани нусхаҳои маводи дар дархости ҷавобии аризадиҳанда зикргардида пешниҳод шавад, агар ин нусхаҳоро аризадиҳанда дар давоми як моҳи пас аз санаи гирифтани талаботи экспертиза талаб карда бошад. Агар аризадиҳанда маводи иловагии дархостшударо дар мўҳлати зикргардида пешниҳод накунад ё оид ба дароз кардани мўҳлати муқарраргардида ариза надиҳад, ариза бозхондашуда дониста мешавад. Бо ариза аризадиҳанда Идораи патентӣ метавонад мўҳлати муқарраршудаи пешниҳоди ҷавобро ба талаботи экспертиза  ба муддати на зиёдтар аз шаш моҳ дароз кунад. Дар сурати тасдиқ гардидани сабабҳои узрноки риоя нагардидани мўҳлати муқарраршуда Идораи патентӣ метавонад онро ба муддати бештар аз шаш моҳ дароз кунад.
Дар сурати риоя нагардидани  мўҳлати муқарраршудаи ҷавоб ба дархости экспертиза, пас аз ҳашт моҳи санаи гардидани чунин дархост, ариза барои бақайдгирии тамғаи молӣ бозхондашуда ҳисобида мешавад.
Бо хоҳиши аризадиҳанда аризаро дар марҳилаи дилхоҳи баррасии он, вале на дертар аз санаи бақайдгирии тамғаи молӣ бозхонд намудан мумкин аст.
Дар рафти гузаронидани экспертизаи  ариза то аз рўи он қабул гардидани қарор аризадиҳанда ҳуқуқ дорад барои бақайдгирии худи ҳамон нишона аризаи ҷудокардашудаеро пешниҳод намояд, ки он молҳои ба рўйхати  аризаи ибтидоии дар санаи пешниҳоди он ба Идораи патентӣ воридшуда, вале бо онҳо якхела набударо дар бар мегирад.
(Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Моддаи 13. Экспертизаи  расмӣ
Экспертизаи расмии ариза дар муддати як моҳи пас аз санаи пешниҳоди он ба Идораи патентӣ гузаронида мешавад.
Дар рафти гузаронидани экспертизаи  расмӣ мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурии ариза ва мувофиқати онҳо ба талаботи муқарраргардида санҷида  мешавад. Аз рўи натиҷаҳои экспертизаи расмии ариза қарор дар бораи баррасӣ шудан ё нашудани он бароварда мешавад ва аризадиҳанда оид ба қарори қабулгардида хабардор карда мешавад.
Ҳамзамон бо хабарнома оид ба натиҷаи мусбати экспертизаи  расмӣ, инчунин дар бораи санаи пешниҳоди ариза, ки тибқи қисми даҳуми моддаи 11  Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, ба аризадиҳанда маълумот дода мешавад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
 
Моддаи 14. Экспертизаи нишонаи арзшуда
Экспертизаи нишонаи арзшуда пас аз анҷом ёфтани экспертизаи расмӣ гузаронида мешавад.
Дар рафти экспертиза  мувофиқати нишонаи арзшуда ба талаботе, ки дар моддаи 8, қисмҳои  якум  ва сеюми моддаи 9 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, экспертиза шуда, аввалияти тамғаи молӣ муқаррар карда мешавад.
Дар ҳолати ворид шудани ариза тибқи муқаррароти қисми дувоздаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур далелҳое, ки дар аризаи мазкур вобаста ба таҳти амали моддаҳои 8 ва 9 Қонуни мазкур қарор гирифтани нишонаи арзшударо дар бар мегиранд, ҳангоми гузаронидани экспертизаи нишонаи арзшуда ба инобат гирифта мешаванд. Аз рўи натиҷаҳои экспертизаи нишонаи арзшуда Идораи патентӣ дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ ё рад гардидани бақайдгирии он қарор қабул мекунад.
Нусхаҳои маводеро, ки ба нишонаи арзшуда муқобил гузошта шудаанд, аризадиҳанда метавонад дар давоми як моҳи пас аз санаи гирифтани қарор оид ба ариза талаб кунад.
Қарори экспертиза  дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ бо сабаби ворид гардидани аризае, ки тибқи моддаи 10 Қонуни мазкур, аввалияти пештарро дорад, метавонад аз нав баррасӣ карда шавад.
Агар аризадиҳанда бо қарори экспертиза розӣ бошад, ў бояд дар давоми ду моҳ пас аз санаи гирифтани қарори мазкур ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохтҳои дахлдорро барои бақайдгирии тамғаи молӣ дар Феҳристи давлатӣ пешниҳод намояд. Дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохтҳои дахлдор ё дархост оид ба дароз кардани мўҳлати муқарраршуда, пас аз ҳашт моҳ аз санаи ирсол шудани қарор ариза бозхондашуда ҳисобида мешавад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Дар сурати бо қарори  экспертиза розӣ набудани аризадиҳанда ў ҳуқуқ дорад дар давоми ду моҳи пас аз санаи гирифтани қарор ба Идораи патентӣ оид ба гузаронидани экспертизаи такрорӣ дархости асоснок пешниҳод намояд.
Экспертизаи  такрорӣ дар муддати ду моҳи пас аз санаи ба Идораи патентӣ ворид гардидани дархостномаи аризадиҳанда гузаронида мешавад.
 
Моддаи 15. Шикоят нисбати қарор оид ба ариза ва барқароркунии мўҳлатҳои гузаронидашуда
Аризадиҳанда дар давоми се моҳи пас аз санаи гирифтани қарори дахлдор ё нусхаҳои маводи ба ариза муқобил гузошташуда, агар аризадиҳанда фиристодани ин маводро дар давоми як моҳи пас аз гирифтани қарори дахлдор ариза карда бошад, метавонад ба Шўрои шикоятӣ эътирознома пешниҳод намояд. Аз ҷумла, дар сурати розӣ набудан бо:
— қарори экспертизаи  расмӣ оид ба рад гардидани қабули ариза барои баррасӣ;
— қарори аз рўи натиҷаи экспертизаи  нишона қабулгардида;
— қарор оид ба бозхондашуда эътироф гардидани ариза.
Мўҳлатҳои бо қисми  ҳафтуми  моддаи 12қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 14  Қонуни мазкур ва қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, ки аризадиҳанда онҳоро гузаронидааст, метавонанд аз ҷониби Идораи патентӣ тибқи дархостномаи аризадиҳанда, ки на дертар аз шаш моҳи пас аз анҷоми ин мўҳлат пешниҳод гардидааст, дар сурати тасдиқ гардидани сабабҳои узрнок ва супурдани пардохти ҳатмии дахлдор барқарор карда шаванд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Чунин дархост ба Идораи патентӣ ҳамзамон бо маводи иловагии аз ҷониби экспертиза  талабшуда ё бо дархостнома оид ба дароз кардани мўҳлати пешниҳоди ин мавод ва ё ҳамзамон бо пешниҳоди эътирознома ба Шўрои шикоятӣ пешниҳод карда мешавад.
 
Моддаи 16. Бақайдгирии тамғаи молӣ
Дар асоси қарор оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ Идораи патентӣ дар давоми як моҳи пас аз санаи гирифтани ҳуҷҷат оид ба ворид гардидани пардохти ҳатмии  муқарраршуда бақайдгирии тамғаи молиро дар Феҳристи давлатии  тамғаҳои  молии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Феҳрист)  анҷом медиҳад. Ба Феҳрист тамғаи молӣ, маълумот оид ба соҳибҳуқуқи он, санаи аввалияти тамғаи молӣ, санаи бақайдгирии он, номгўи молҳо ва хизматрасониҳое, ки нисбат  ба онҳо тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст, дигар маълумоти марбут ба бақайдгирии тамғаи молӣ ва инчунин тағйироти минбаъдаи ин маълумот дохил карда мешавад.
Дар сурати бо тартиби муқарраргардида пешниҳод накардани ҳуҷҷате, ки ворид шудани пардохти ҳатмиро  барои бақайдгирии тамғаи молӣ ва додани шаҳодатнома тасдиқ менамояд, бақайдгирии тамғаи молӣ ба амал бароварда намешавад ва аризаи дахлдор бозхондашуда дониста мешавад.
Қоидаҳои пешбурди Феҳрист аз тарафи Идораи патентӣ муқаррар карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
 
Моддаи 17. Додани шаҳодатномаи тамғаи молӣ
Додани шаҳодатномаи тамғаи молӣ аз ҷониби Идораи патентӣ дар давоми як моҳи пас аз санаи бақайдгирии тамғаи молӣ  дар Феҳрист сурат мегирад.
Шакли шаҳодатнома ва таркиби маълумотеро, ки ба он ворид мегардад, Идораи патентӣ муқаррар менамояд.
 
Моддаи 18. Мўҳлати эътибори бақайдгирӣ
Бақайдгирии тамғаи молӣ дар давоми даҳ сол аз санаи пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ эътибор дорад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Мўҳлати эътибори бақайдгириро тибқи аризаи соҳибҳуқуқ, ки дар давоми соли охирини эътибори бақайдгирӣ пешниҳод гардидааст, ҳар дафъа ба муддати даҳ сол дароз кардан мумкин аст.
Агар пардохти иловагии ҳатмӣ супурда шавад, аз рўи дархости соҳибҳуқуқ ба ў барои дароз кардани мўҳлати амали бақайдгирии тамғаи молӣ мўҳлати шашмоҳаи пас аз анҷоми мўҳлати амали бақайдгириро додан мумкин аст.
Маълумот дар бораи дароз шудани мўҳлати амали бақайдгирии тамғаи молиро Идораи патентӣ ба Феҳрист ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ ворид менамояд.
 
Моддаи 19. Ворид намудани тағйирот ба бақайдгирӣ
Соҳибҳуқуқ Идораи патентиро дар бораи тағйир ёфтани ном, насаб, ном ва номи падар дар бораи ихтисор кардани номгўи молҳое, ки тамғаи молӣ нисбат ба онҳо ба қайд гирифта шудааст, оид ба тағйир ёфтани унсурҳои алоҳидаи тамғаи молӣ, ки моҳияти онро тағйир намедиҳанд ва инчунин оид ба тағйироти дигари марбут ба бақайдгирии тамғаи молӣ огоҳ менамояд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Агар масъалаи додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ тибқи асосҳо ва тартиби бо моддаи 33  Қонуни мазкур муқарраргардида мавриди баҳс қарор гирифта бошад, бо аризаи соҳибҳуқуқ аз бақайдгирии тамғаи молӣ, ки нисбат ба якчанд мол эътибор дорад, бақайдгирии алоҳидаи ин тамғаи молиро барои як намуди мол ё қисми молҳое, ки бо молҳои дар бақайдгирии ибтидоӣ боқимонда якхела нестанд, ҷудо кардан мумкин аст. Аризаи зикргардида бояд аз ҷониби соҳибҳуқуқ то қабули қарор аз рўи натиҷаҳои баҳс оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ пешниҳод карда шавад.
Тағйироти марбут ба бақайдгирии тамғаи молӣ ба Феҳрист ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ дар сурати ворид гардидани  пардохти ҳатмии  дахлдор дохил карда мешавад.
Идораи патентӣ бо мақсади ислоҳ намудани хатоҳои бебаҳсу техникӣ метавонад ба Феҳрист ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ тасҳеҳоти дахлдорро ворид намояд.
 
Моддаи 20 . Интишори маълумот дар бораи бақайдгирӣ
Маълумот дар бораи бақайдгирии тамғаи молие, ки ба Феҳрист мувофиқи моддаи 16  Қонуни мазкур ворид карда шудааст, аз ҷониби Идораи патентӣ бе таъхир пас аз дар Феҳрист қайд гардидани тамғаи молӣ ё баъди  ба Феҳрист ворид гардидани тағйироти марбути бақайдгирӣ дар хабарномаи расмӣ интишор карда мешавад.
 
Моддаи 21. Бақайдгирии тамғаи молӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ
Шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд тамғаи молиро дар мамлакатҳои хориҷӣ ба қайд гиранд ё бақайдгирии байналмилалии онро анҷом диҳанд.
Ариза барои бақайдгирии байналмилалии тамғаи молӣ тавассути Идораи патентӣ пешниҳод карда мешавад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Моддаи  22. Шартҳои бақайдгирии такрорӣ
Тамғаи молӣ, тамғаи ба он айнан ё то дараҷаи иштибоҳангез  монандро, ки мўҳлати эътиборашон гузаштааст  ва оид ба дароз кардани мўҳлаташон тибқи қисми  дуюми моддаи 18  Қонуни мазкур дархостнома пешниҳод нашудааст, дар давоми як соли пас аз қатъ гардидани эътибори бақайдгирӣ ба номи шахси дигар, ғайр аз соҳибҳуқуқи қаблӣ ё вориси ҳуқуқии ў, дубора ба қайд гирифтан номумкин аст. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Ин қоида дар мавриде низ татбиқ мегардад, ки соҳибҳуқуқ қабл аз  гузаштани мўҳлати эътибори бақайдгирӣ аз тамғаи молӣ даст кашида бошад.
 
Боби 6. ТАМҒАИ МОЛИИ МАЪРУФ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ОН
 
Моддаи 23. Тамғаи молии маъруф
Аз рўи аризаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба сифати тамғаи молии маъруф тамғаи молие, ки дар асоси бақайдгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад, тамғаи молие, ки бе бақайдгирӣ, тибқи санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад, инчунин нишонае, ки ҳамчун тамғаи молӣ истифода мешавад, вале ҳифзи ҳуқуқӣ надорад, эътироф шуда метавонад, агар ин гуна тамғаҳои молӣ ё нишона дар натиҷаи истифодабарии муттасил то санаи дар ариза зикршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни истеъмолкунандагони муайян нисбат ба молҳои аризадиҳанда маъруф шуда бошанд.
Тамғаи молӣ ё нишона ҳамчун тамғаи молии маъруф эътироф шуда наметавонанд, агар онҳо пас аз санаи аввалияти тамғаи молии шахси дигар, ки айнан ё то дараҷаи иштибоҳангез ба онҳо монанд аст ва барои истифодабарӣ барои молҳои якхела пешбинӣ шудааст, маъруф гардида бошанд.
Ба тамғаи молии маъруф ҳифзи ҳуқуқие дода мешавад, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст.
Дар сурати тамғаи молии маъруф эътироф гардидани тамғаи молии қаблан бақайдгирифташуда ҳифзи ҳуқуқии чунин тамғаи молии маъруф, инчунин ба молҳои тавофутдошта бо молҳое, ки нисбат ба онҳо тамғаи молӣ чун тамғаи маъруф эътироф гардидааст, паҳн мешавад, агар истифода шудани ин тамғаи молӣ аз ҷониби шахси дигар нисбат ба молҳои зикргардида дар шуури истеъмолкунандагон тасаввуроти алоқамандиро бо соҳибҳуқуқ ба вуҷуд оварад ва манфиатҳои қонунии соҳибҳуқуқро халалдор карда тавонад.
 
Моддаи 24. Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии маъруф
Ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии маъруф дар асоси қарори Шўрои шикоятӣ, ки аз рўи аризаи тибқи қисми якуми моддаи 23  Қонуни мазкур пешниҳодшуда қабул гардидааст, дода мешавад.
Тамғаи молие, ки тамғаи маъруф эътироф гардидааст, аз ҷониби Идораи патентӣ ба Номгўи тамғаҳои молии маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Номгўй) дар муддати як моҳи пас аз санаи гирифтани ҳуҷҷате, ки ворид шудани  пардохти ҳатмии муқарраршуда ва пардохти корбариро тасдиқ менамояд, дохил карда мешавад.
Додани шаҳодатномаи тамғаи молии маъруф аз ҷониби Идораи патентӣ дар муддати як моҳи пас аз санаи ворид гардидани тамғаи молӣ ба Номгўй ба амал бароварда мешавад. Шакли шаҳодатнома ва таркиби маълумоти дар он дарҷшавандаро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.
Маълумоти марбут ба тамғаи молии маъруфро Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ пас аз ба Номгўй ворид гардидани он бе таъхир нашр мекунад.
Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молии маъруф бемўҳлат эътибор дорад.
Қоидаҳои маъруф донистани тамғаи молиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Идораи патентӣ муқаррар менамояд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
 
Боби 7.  ТАМҒАИ МОЛИИ  КОЛЛЕКТИВӣ
 
Моддаи 25. Ҳуқуқ ба тамғаи молии коллективӣ
Мутобиқи санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи шахсон, ки таъсис ва фаъолияти он бо қонунунгузории давлате, ки дар он ҷо ин иттиҳодия таъсис дода шудааст, ихтилоф надорад, ҳуқуқ дорад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаи молии коллективиро ба қайд гирад. Тамғаи  молии коллективӣ тамғаи молиест, ки аз ҷониби шахсони ба иттиҳодия дохилшаванда барои ишора намудани молҳои истеҳсолнамуда ё ба фурўш баровардаашон, ки дорои сифати ягона ё дигар хусусиятҳои умумӣ мебошанд, истифода бурда мешавад
Тамғаи молии  коллективӣ ва ҳуқуқи  истифодаи онро ба шахсони дигар додан мумкин нест.
 
Моддаи 26. Бақайдгирии тамғаи молии  коллективӣ
Ба ариза дар бораи бақайдгирии тамғаи молии коллективӣ оинномаи тамғаи  молии коллективӣ замима карда мешавад, ки он бояд маълумоти зеринро дар бар гирад: номи иттиҳодияе, ки ваколати ба номи худ ба қайд гирифтани тамғаи  молии коллективиро дорад, номгўи шахсоне, ки ҳуқуқи истифодаи ин тамғаро доранд, мақсади бақайдгирии тамғаи молии  коллективӣ, номгўи молҳо ва нишондиҳандаҳои умумии сифатӣ ва хусусиятҳои дигари умумии молҳое, ки бо тамғаи молии коллективӣ ишора карда мешаванд, шартҳои истифодаи тамға ва тартиби назорат намудани истифодаи он, масъулият барои вайрон намудани оинномаи тамғаи  молии коллективӣ.
Ба Феҳрист ва шаҳодатномаи тамғаи молии коллективӣ, илова ба маълумоти бо моддаи 16  Қонуни мазкур пешбинишуда, маълумот дар бораи шахсоне, ки ҳуқуқи истифодаи тамғаи  молии коллективиро доранд, ворид карда мешавад. Ин маълумот ва инчунин иқтибос аз оинномаи тамғаи молии коллективӣ оид ба нишондиҳандаҳои умумии сифатӣ ва хусусиятҳои дигари умумии молҳое, ки бо тамғаи молии коллективӣ ишора карда мешаванд, аз ҷониби Идораи патентӣ дар хабарномаи расмӣ интишор мешаванд.
Дар сурати истифода бурдани тамғаи  молии коллективӣ дар молҳое, ки нишондиҳандаҳои умумии сифатӣ ва хусусиятҳои дигари умумиро надоранд, ҳифзи ҳуқуқии тамғаи  молии коллективӣ метавонад дар асоси ҳалномаи  суд, ки аз рўи аризаи ҳар як шахси манфиатдор қабул шудааст, пурра ё қисман қатъ карда шавад.
Тамғаи  молии коллективӣ ё ариза оид ба бақайдгирии он метавонанд мувофиқан ба тамғаи молӣ ё ариза барои бақайдгирии он табдил дода шаванд, ҳамчунин табдили баръакс низ мумкин аст.
Қоидаҳои табдилдиҳии тамғаҳои молии коллективӣ ба тамғаҳои молӣ ва баръакси онро Идораи патентӣ муқаррар менамояд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
 
Боби 8. ИСТИФОДАБАРИИ ТАМҒАИ МОЛӣ
 
Моддаи 27. Истифодабарии тамғаи молӣ ва оқибатҳои истифода набурдани он
Аз ҷониби соҳибҳуқуқ ё шахсе, ки чунин ҳуқуқро дар асоси шартнома тибқи моддаи 31 Қонуни мазкур дорад, дар ҳолатҳои зерин истифодабарии тамғаи молӣ ҳисобида мешавад:
— дар молҳо, тамғакоғазҳо, борпечҳои молҳое, ки истеҳсол, барои фурўш пешниҳод ва фурўхта мешаванд, дар намоишгоҳу ярмаркаҳо намоиш дода ё ба тарзи дигар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти гражданӣ ворид карда мешаванд ё бо ҳамин мақсадҳо нигоҳ дошта ё интиқол дода шуда ё ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд;
— ҳангоми иҷрои кор ва хизматрасониҳо;
— ҳангоми пешниҳоди молҳо ба фурўш;
— дар ҳуҷҷатҳои марбут ба баровардани молҳо ба муомилоти гражданӣ;
— дар шабакаи Интернет, аз ҷумла дар номи доменӣ ё дар дигар усулҳои суроғадиҳӣ истифода шаванд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрноки истифода набурдани тамғаи молӣ дар молҳо ва ё борпечҳои онҳо ба кор бурдани тамғаи молӣ дар реклама, нашрияҳои чопӣ, бланкҳои расмӣ, дар лавҳаҳо, ҳангоми намоиши экспонатҳо дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашаванда ҳамчун истифодаи тамғаи молӣ эътироф шуда метавонад.
Шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки фаъолияти миёнаравӣ мебаранд, дар асоси шартнома метавонанд якҷоя бо тамғаи молии истеҳсолкунандаи мол ё бар ивази он тамғаи молии худро истифода баранд.
Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ нисбат ба ҳамаи ё қисми молҳо бо далели он, ки тамғаи молӣ дар давоми се соли дилхоҳи муттасили пас аз бақайдгирӣ истифода нагардидааст, метавонад пеш аз мўҳлат қатъ карда шавад. Ариза дар бораи пеш аз мўҳлат, бинобар истифода нашудани тамғаи молӣ қатъ намудани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ метавонад аз ҷониби ҳар як шахс ба Шўрои шикоятӣ  пас аз гузаштани се соли зикргардида пешниҳод карда шавад, ба шарте ки ин тамғаи молӣ то пешниҳоди чунин ариза истифода нашуда бошад.
Далелҳо барои исботи истифода шудани тамғаи молӣ аз тарафи соҳибҳуқуқ пешниҳод карда мешаванд.
Истифодабарии тамғаи молӣ бо тағйироти ҷузъие, ки тамғаи молиро моҳиятан тағйир намедиҳанд, низ истифодабарии тамғаи молӣ эътироф карда мешавад.
Ҳангоми ҳалли масъалаи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ бинобар истифода набурдани он далелҳои соҳибҳуқуқ барои исботи он, ки тамғаи молӣ бо сабабҳои новобаста ба ў истифода нашудааст, метавонанд ба инобат гирифта шаванд.
 
Моддаи 28. Ба охир расидани ҳуқуқҳое, ки дар бақайдгирии тамғаи молӣ асос ёфтаанд
Бақайдгирии тамғаи молӣ ҳуқуқ намедиҳад, ки соҳибҳуқуқ истифодаи ин тамғаи молиро аз ҷониби шахсони дигар нисбат ба молҳое, ки ба муомилоти гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз ҷониби худи соҳибҳуқуқ ё бо розигии ў ворид гардидаанд, манъ намояд.
 
Моддаи 29. Аломати огоҳкунанда
Соҳибҳуқуқ аз паҳлўи тамғаи молӣ аломати огоҳкунандаро дар шакли ҳарфи лотинии «R» ё R дар дохили давра (®) ва ё ифодаи вожавиеро, ки ба тамғаи молӣ будани нишонаи истифодашаванда ва ба қайд гирифта шудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора мекунад, истифода бурда метавонад.
 
Боби 9. ИХТИЁРДОРӣ КАРДАНИ
ҲУҚУҚИ ИСТИСНОӣ БА ТАМҒАИ МОЛӣ
 
Моддаи 30. Вогузоркунии ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (гузашт кардани тамғаи молӣ)
Ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ нисбат ба ҳамаи ё қисми молҳое, ки тамғаи молӣ барои онҳо ба қайд гирифта шудааст, метавонад аз ҷониби соҳибҳуқуқ ба дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ  тибқи шартнома оид ба вогузоркунии ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (шартнома оид ба гузашт кардани тамғаи молӣ) вогузор карда шавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№858)
Гузашт кардани тамғаи молӣ, агар он сабаби ба иштибоҳ андохтани истеъмолкунанда нисбат ба мол ё истеҳсолкунандаи он шуда тавонад, номумкин аст.
 
Моддаи 31. Додани ҳуқуқ барои истифодабарии тамғаи молӣ
Ҳуқуқ ба истифодаи тамғаи молӣ нисбат ба ҳамаи ё қисми молҳое, ки барои онҳо тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст, метавонад аз ҷониби соҳибҳуқуқ (иҷозатномадиҳанда) дар асоси шартнома ба шахси дигари шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ (иҷозатномагиранда) пешниҳод карда шавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№858)
Шартномаи зикргардида бояд талаботро дар бораи он, ки сифати молҳои иҷозатномагиранда аз сифати молҳои иҷозатномадиҳанда пасттар намешавад ва иҷозатномадиҳанда иҷрои ин талаботро назорат мекунад, дар бар гирад.
 
Моддаи 32. Бақайдгирии шартномаҳо дар Идораи патентӣ
Шартнома оид ба гузашт намудани ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ, шартномаи иҷозатномадиҳӣ, инчунин шартномаҳои дигаре, ки ба воситаи онҳо ихтиёрдории ҳуқуқ ба тамғаи молӣ амалӣ гардонида мешаванд, бояд дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шаванд. Бе чунин бақайдгирӣ шартномаҳои зикргардида беэътибор дониста мешаванд.
Қоидаҳои бақайдгирии шартнома оид ба гузашт намудани ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ, шартномаи иҷозатномадиҳӣ ва шартномаҳои дигареро, ки ба воситаи онҳо ихтиёрдории ҳуқуқ ба тамғаи молӣ амалӣ гардонида мешаванд, Идораи патентӣ муқаррар менамояд.
(Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Боби 10. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ТАМҒАИ МОЛӣ
 
Моддаи 33. Мавриди баҳс қарор додани аризаи пешниҳодгардида, ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ ва беэътибор донистани он
Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба аризаи пешниҳодгардида то қабули қарор нисбат ба он метавонад пурра ё қисман мавриди баҳс қарор гирад, инчунин ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ метавонад дар давоми тамоми мўҳлати амали он пурра ё қисман мавриди баҳс қарор гирад ва беэътибор дониста шавад, агар онҳо бо номҳои зерин айнан монанд бошанд:
— номи фирмавии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба молҳои якхела ҳифзшаванда (ё қисми он), ки ҳуқуқи шахсони дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омадааст;
— номи асари маъруфи илмӣ, адабӣ ё санъат, персонаж ё иқтибос аз чунин асар ва ё қисме аз чунин асар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи пешниҳоди ариза бе иҷозати соҳиби ҳуқуқи муаллифӣ ё вориси ў, агар ҳуқуқ ба чунин асар то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташаванда ба вуҷуд омада бошад;
— насаб, ном ва номи падар, тахаллус ё нишонаи аз онҳо ҳосилшуда, мусаввара ё акси айнии шахси маъруф то санаи пешниҳоди ариза, бе иҷозати ин шахс ё вориси ў.
Додани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ дар ҳолатҳо ва мўҳлатҳои зерин метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва беэътибор дониста шавад:
— пурра ё қисман дар давоми тамоми мўҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ, агар он бо вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи моддаи 8 ва қисми чоруми моддаи 9 Қонуни мазкур дода шуда бошад, ё дар давоми панҷ соли пас аз нашри маълумот оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ дар хабарномаи расмии «Навиди патентӣ», агар ин бо вайронкунии талаботи қисмҳои якум ва сеюми моддаи 9 Қонуни мазкур пешниҳод шуда бошад;
— пурра дар давоми тамоми мўҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ, агар он ба номи агент ё намояндаи шахсе, ки дар яке аз давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Париж соҳиби ҳуқуқи истисноӣ ба ин тамғаи молӣ мебошад, бо вайронкунии талаботи муқаррароти ин Конвенсия дода шуда бошад;
— пурра ё қисман дар давоми тамоми мўҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ, агар амалҳои соҳибҳуқуқ, ки ба бақайдгирии тамғаи молӣ марбутанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рақобати бевиҷдонона эътироф гардида бошанд.
Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф дар давоми тамоми мўҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва пурра ё қисман беэътибор дониста шавад, агар он бо вайронкунии муқаррароти қисми дуюми моддаи 23 Қонуни мазкур сурат гирифта бошад.
Ҳар як шахс метавонад ба Шўрои шикоятӣ дар мўҳлатҳо ва бо асосҳои дар қисми якум ва сархати якуми қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба муқобили додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ изҳори норозигӣ пешниҳод намояд.
Изҳори норозигӣ ба муқобили додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ дар асоси далели бо сархати дуюми қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шўрои шикоятӣ аз ҷониби шахси манфиатдоре пешниҳод карда мешавад, ки дар яке аз давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Париж соҳиби ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ мебошад.
Изҳори норозигӣ ба муқобили додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф дар асоси далели бо қисми сеюми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шўрои шикоятӣ аз ҷониби ҳар як шахс пешниҳод шуда метавонад.
Ариза дар бораи беэътибор донистани додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ дар асоси қароре, ки бо тартиби дар сархати сеюми қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда қабул гардидааст, аз ҷониби ҳар як шахс ба Идораи патентӣ пешниҳод карда мешавад.
Додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба тамғаи молӣ дар асоси қароре, ки аз рўи изҳори норозигӣ тибқи қисми чоруми моддаи мазкур пешниҳодгардида қабул шудааст, пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад.
(Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
Моддаи 34. Қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ
Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
— бо сабаби анҷом ёфтани мўҳлати эътибори бақайдгирии тамғаи молӣ;
— дар асоси ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд оид ба пеш аз мўҳлат дар асоси қисми сеюми моддаи 26  Қонуни мазкур қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молии  коллективӣ бо сабаби истифода бурдани ин тамға дар молҳое, ки нишондиҳандаҳои ягонаи сифат ё хусусиятҳои дигари умумиро надоранд;
— дар асоси қарори бо тартиби муқарраршуда қабулгардида оид ба пеш аз мўҳлат дар асоси қисми чоруми моддаи 27 Қонуни мазкур қатъ ёфтани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ бинобар истифода нашудани он;
— дар асоси қарори Идораи патентӣ оид ба пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ дар сурати барҳам хўрдани шахси ҳуқуқӣ – соҳибҳуқуқ;
— дар сурати аз он даст кашидани соҳибҳуқуқ;
— дар асоси қароре, ки онро Шўрои шикоятӣ аз рўи аризаи ҳар шахс оид ба қатъи пеш аз мўҳлати тамғаи молӣ қабул кардааст, агар тамғаи молӣ ба нишонаи маъмули ишоракунии молҳои навъи муайян табдил ёфта бошад.
Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молии маъруф дар асоси далелҳои дар сархатҳои сеюм–шашуми қисми якуми моддаи мазкур муқарраргардида ва ҳамчунин дар асоси қарори Шўрои шикоятӣ, агар тамғаи молии маъруф аломатҳои дар қисми якуми моддаи 23 Қонуни мазкур муқарраргардидаро аз даст дода бошад, қатъ мегардад.
 
Боби 11. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ СОҲИБҲУҚУҚИ ТАМҒАИ МОЛӣ
 
Моддаи 35. Баҳсҳое, ки бо тартиби судӣ баррасӣ мешаванд
Баҳсҳои марбут ба татбиқи  Қонуни мазкурро судҳо тибқи салоҳияташон бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, баррасӣ менамоянд. Аз ҷумла баҳсҳоро:
— оид ба вайрон намудани ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ;
— оид ба пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молии коллективӣ бинобар истифода шудани он дар молҳое, ки нишондиҳандаҳои  ягонаи  сифатӣ ё дигар аломатҳои ягонаро  надоранд;
— оид ба бастан ё иҷрои шартнома дар бораи додани ҳуқуқи истифодаи тамғаи молӣ ва шартнома дар бораи вогузоркунии ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (шартнома оид ба гузашт кардани тамғаи молӣ).
 
Боби 12. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 36. Қарорҳои Шўрои шикоятӣ
Тартиби пешниҳоди эътирозномаҳо ва аризаҳо ба Шўрои шикоятӣ ва тартиби баррасии онҳоро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.
                Қарорҳои Шўрои шикоятӣ, ки аз рўи эътирозномаю аризаҳои тибқи тартиби бо моддаҳои 15, 24, 27, 33 ва 34  Қонуни мазкур пешбининамуда қабул шудаанд, аз ҷониби роҳбари Идораи патентӣ тасдиқ карда мешаванд, аз санаи тасдиқшавиашон мавриди амал қарор мегиранд ва метавонанд дар суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор гиранд.
 
Моддаи 37. Пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои корбарӣ
Барои пешниҳоди ариза, бақайдгирӣ ва додани шаҳодатномаи тамғаи молӣ, барои дароз кардани мўҳлати эътибори бақайдгирӣ ва барқарор намудани мўҳлатҳои гузаронидашуда, инчунин барои иҷрои дигар амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, ки бо бақайдгирӣ ва дароз кардани мўҳлати эътибори бақайдгирии тамғаҳои молӣ алоқаманданд, пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд.
Барои  гузаронидани экспертиза, барои ба маводи ариза дохил намудани тасҳеҳу ислоҳот, барои нашри маълумот оид ба бақайдгирии тамғаи молӣ,  ҳамчунин барои иҷро намудани амалҳои дигари марбут ба экспертизаи тамғаҳои молӣ аз ҷониби Идораи патентӣ пардохтҳои корбарӣ ситонида мешаванд.
Пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои корбариро аризадиҳанда, соҳибҳуқуқ ва ё бо ризоияти онҳо ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ супорида метавонад.
Андозаи пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои корбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1584)
 
Моддаи 38. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси принсипи муомилаи мутақобила аз ҳуқуқҳои дар  Қонуни мазкур пешбинишуда баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
 
Моддаи 39. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Агар меъёрҳои Қонуни мазкур ба санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон  мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои   байналмилалӣ амал мекунанд.
 
Моддаи 40. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 41. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аломатҳои молу хизматрасонӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аломатҳои молу хизматрасонӣ» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 4, моддаи 41) беэътибор дониста шавад.
 
Моддаи 42. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода мешавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Э.Раҳмонов
 
 
ш.Душанбе, 5 марти соли 2007,
№ 234

Илова кунед