Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ

05 Март 2007, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №3, мод. 166, №6, мод. 429; соли 2010, №3, мод.158; соли 2011, №6, мод. 452; соли 2012,№8,мод.834 ; №12қ1,мод.1008; соли 2013, №7 мод., 542; №12,мод.905; соли 2014,№7қ.2,мод.425; соли 2015,№12қ1,мод.1106; соли 2016,№3,мод.156; соли 2017,№1-2, мод.28, мод.29, №5 қ1, мод.290, соли 2018, №7-8, мод.526.)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми январи соли 2007, № 446 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 1, мод.24) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми феврали соли 2007, № 275 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 2, мод.75) ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-дастгоҳи давлатӣ — низоми мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти он барои амалӣ намудани вазифа, функсия ва сиёсати давлат равона  шудааст;
-мақоми давлатӣ — ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатӣ, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос амалӣ менамояд;
-мансаби давлатӣ – воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, ки дар доираи салоҳияти муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ таъсис дода шудааст;
-мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ — мансабҳое, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ муқаррар намудаанд;
-мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ (мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ) — мансабҳое, ки бо тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани  салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудаанд;
  • -хизмати давлатӣ — фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст; (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
-хизматчии давлатӣ — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишѓол намудааст;
         -хизматчии давлатии сиёсӣ — хизматчии давлатӣ, ки фаъолияти ў ба сиёсати умумидавлатӣ вобаста аст ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад;
  • -хизматчии давлатии маъмурӣ — хизматчии давлатӣ, ки ўҳдадориҳои мансабии ў ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ равона карда шудааст;
-шахси мансабдори давлатӣ – шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбати шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ў қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;(Қ ҶТ аз 24.02.2017 №1406)
-феҳристи мансабҳои давлатӣ – номгўи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар басти кории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст;
-феҳристи хизматчиёни давлатӣ – махзани ягонаи маълумот ва иттилоот оид ба теъдоди умумӣ ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатии дастгоҳи давлатӣ, ки дар асоси шарҳи ҳол ва фаъолияти касбии хизматчиёни давлатии алоҳида тартиб дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мансубанд; (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
-талаботи тахассусӣ – талаботе, ки бо мақсади муайян кардани тайёрии касбӣ ва мувофиқат ба мансаби мушаххаси давлатии хизмати давлатӣ ба шаҳрвандон ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои ишѓоли мансаби баландтари давлатии хизмати давлатӣ пешниҳод карда мешавад;
-категорияи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ – мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, ки вобаста ба  ҳаҷм, хусусият ва доираи ўҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатии маъмурӣ тасниф мешаванд;
-ўҳдадориҳои мансабӣ – ўҳдадориҳои пешбининамудаи мансаби муайяни давлатӣ, ки ҷавобгўи мақсад ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ буда, хизматчии давлатӣ дар доираи меъёрҳои муқарраркардаи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷро мекунад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
— одоби хизматчии давлатӣ — маҷмўи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ѓайрихизматии хизматчии давлатӣ, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ўро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷомеаро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад; (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128). (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1543)
-озмун —тартиби интихоби номзадҳо барои ишѓоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо роҳи муайян намудани дараҷаи мутобиқати онҳо ба талаботи тахассусии мансаби ишѓолшаванда; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 -аттестатсия — тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишѓолнамуда бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 -баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ — тартиби муайян кардани натиҷаҳои фаъолияти хизматчии давлатӣ бо роҳи гузаронидани сўҳбат дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ, дараҷаи комёб шудан ба натиҷаҳои пешбинишудае, ки ба мақсаду вазифаҳои мақоми давлатӣ ва воҳиди сохтории он мувофиқат мекунад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
-дастурамали мансабӣ — санаде, ки номгўи мансаби давлатӣ, талаботи тахассусии мушаххас нисбат ба ишѓолкунандагони мансаби мазкур, ўҳдадориҳои мансабӣ, ҳуқуқ ва масъулияти хизматчии давлатиро пешбинӣ мекунад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 
Моддаи  2. Ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
 
Моддаи 3. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ
Самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
              Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ
  • Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
  • Моддаи 5. Низоми хизмати давлатӣ
  • Ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
  • -хизмати давлатии шаҳрвандӣ;
  • -хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
  • -хизмати давлатии ҳарбӣ.
  • Хизмати давлатии шаҳрвандӣ ҳамчун фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
  • Намудҳои алоҳидаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ мувофиқи қонунгузории дахлдори соҳавӣ, бо назардошти принсипҳои асосӣ ва муқаррароти умумии Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
  • Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ба таъмини қонуният, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нигаронида мешавад.
  • Хизмати давлатии ҳарбӣ фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомот ва ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ буда, ба таъмини мудофиа ва амнияти давлат нигаронида мешавад.
  • Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ мувофиқи қонунгузории дахлдори соҳавӣ, бо назардошти принсипҳо ва муқаррароти умумии Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд.
  • Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати давлатии ҳарбӣ ва намудҳои алоҳидаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар қисме, ки бо қонунгузории соҳавӣ ба танзим дароварда нашудааст, бо Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур қабул карда шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.
 
Моддаи 6. Доираи амали Қонуни мазкур
1.Амали Қонуни мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти зерини давлатӣ ишѓол менамоянд, татбиқ мегардад:
-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он; (ҚҶТ аз 22.07.13,№1016)
-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи он;(ҚҶТ аз 28.12.13с.№1061)
— Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;(ҚҶТ аз 15.03.16с.№1303)
-дастгоҳҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • -мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
-кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
   -мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ (барои хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ); (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
-дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
  • -мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
  • -намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ);
  • -мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Ба хизматчиёни давлатии маъмурӣ инчунин шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баробар карда мешаванд, ки номгўи мансабҳои онҳоро Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  менамояд.
3.Амали Қонуни мазкур нисбат ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои зерини давлатӣ татбиқ намегардад:
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-раис, муовинони раис, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе;
   -кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
— хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1543)
-кормандони дигар сохторҳои давлатие, ки дар қисми якуми ҳамин моддаи Қонуни мазкур номбар нашудаанд.
 
Моддаи 7. Принсипҳои асосии хизмати давлатӣ
1.Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
-волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
-ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
-садоқат ба Ватан ва  ба халқи Тоҷикистон;
-инсондўстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
-хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;
-ѓайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян гардидаанд;
-шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
-касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;
-ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;
-ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;
-устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;
-баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
-баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
2.Хизмати давлатӣ инчунин ба дигар принсипҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад.
 
Моддаи 71. Одоби хизматчии давлатӣ
  1. Одоби хизматчии давлатӣ бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
  2. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
  
Моддаи 8. Мақоми ваколатдори соҳаи  хизмати давлатӣ
1.Барои татбиқи сиёсати ягонаи хизмати давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ таъсис дода мешавад, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
2.Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ:
-иҷрои Қонуни мазкурро дар доираи салоҳияти худ таъмин менамояд;
-санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-ба фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ назорат мекунад ва оид ба бекор кардани қарорҳои мақомоти давлатӣ, ки хилофи қонунгузории ҷумҳурӣ қабул гардидаанд, пешниҳод ирсол  менамояд(Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
-дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро қабул менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
— дар доираи ваколатҳои худ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доир ба риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ баррасӣ менамояд; (RҶТ аз 30.05.2017с. №1433)
   -роҳбарии методии хадамоти кадрии мақомоти давлатиро амалӣ намуда, Низомномаи намунавии хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
  -якҷоя бо мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шакли ҳисоботи омории соҳаи хизмати давлатиро муқаррар ва дастурамали тартиб додани онҳоро тасдиқ менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
   -маълумоти омори давлатиро оид ба соҳаи хизмати давлатӣ ҷамъ, коркард ва нашр менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 -тартиби анҷом додани озмун барои ишѓоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия ва ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатиро назорат ва роҳбарии методии онро амалӣ менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
  • -фармоиши давлатии тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро таҳия намуда, фаъолияти мақомоти давлатиро дар ин самт ҳамоҳанг менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
  • -Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
  •                -Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;
  • -мониторинги ҳолати кадрҳои хизмати давлатӣ ва захираи кадрҳоро мегузаронад ва эҳтиёҷоти мақомоти давлатиро оид ба кадрҳо пешбинӣ менамояд;
  • -ҳуқуқу манфиатҳои хизматчиёни давлатиро ҳифз менамояд;
  • -талаботи тахассусиро нисбат ба категорияҳои хизматчиёни давлатии маъмурӣ таҳия ва тасдиқ мекунад;
    -махзани маълумоти захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
  • -дар таҳия ва татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ оид ба такмил додан ва баланд бардоштани нақши хизмати давлатӣ иштирок менамояд;
-оид ба такмили низоми пардохти музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
-дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ иштирок менамояд;
  -барои бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ, ки талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро вайрон мекунанд, ба суд муроҷиат менамояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 -якҷоя бо мақомоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўи бемориҳоеро, ки барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд, таҳия ва тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
-салоҳияти дигареро, ки қонунҳо ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.
3.Низомнома ва сохтори мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
4.Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии оид ба хизмати давлатӣ қабулнамудаи худро шарҳ медиҳад, дар хусуси тартиби татбиқи хизмати давлатӣ тавсия ва дастурҳои методӣ таҳия ва пешниҳод карда, ахбор нашр  менамояд.
  1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд вобаста ба масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ бо дархости хаттии мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ иттилооти заруриро пешниҳод намоянд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 
БОБИ 2. ТАШКИЛ ВА АДОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӣ
               
               Моддаи 9. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷой  ва нақши мақоми давлатӣ дар низоми мақомоти давлатӣ, амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои давлат, татбиқи салоҳияти мақомоти давлатӣ, хусусияти ваколати мансабҳои мушаххас ва аҳамияти онҳо дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ тақсим мешаванд.
2.Таснифи хизматчиёни давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ки он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 10. Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва категорияҳои мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ
1.Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд.
2.Барои хизматчиёни давлатии сиёсӣ категорияи мансабҳои давлатӣ муқаррар карда намешавад.
3.Барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ категорияи мансабҳои давлатии зерин муқаррар карда мешавад:
-категорияи олӣ;
-категорияи якум;
-категорияи дуюм;
-категорияи сеюм;
-категорияи чорум;
-категорияи панҷум;
-категорияи шашум;
-категорияи ҳафтум.
   4.Таснифи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ба категорияҳо дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
Моддаи 11. Талаботи тахассусӣ нисбати довталабони мансабҳои  давлатии хизмати давлатӣ
1.Бо мақсади таъмини салоҳияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ ва мувофиқати хизматчиёни давлатии маъмурӣ ба  мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ талаботи тахассусӣ муқаррар карда мешавад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
2.Талаботи тахассусӣ меъёри асосии хоста гирифтан, ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ ва омили муайянкунандаи фаъолияти хизматчии давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ба  ҳисоб меравад.
3.Ба талаботи тахассусӣ, ки ба шахсони довталаби мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ  пешниҳод  мегарданд, дохил мешаванд:
-таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ бо назардошти ихтисос ва категорияи мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ;
собиқаи умумӣ ва таҷрибаи кор аз рўи ихтисос;
— адои хизмати ҳарбӣ барои ишѓоли мансабҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст; (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
-собиқаи хизмати давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ; (ҚҶТ аз 28.06.11с, №741).
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои  ўҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд. (ҚҶТ аз 28.12.12с, №914)
4.Сатҳи талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ аз тарафи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ муайян карда мешавад.  
5.Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд нисбат ба мансабҳои давлатии хизмати  давлатӣ  талаботи дигари тахассусӣ муқаррар  намоянд.
 
Моддаи 12. Хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ
  1. Хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ шахсоне мебошанд, ки ба хизматрасонии техникӣ, хоҷагӣ, молиявӣ, дигар таъминоти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ машѓуланд. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1543)
2.Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мансабии онҳо мувофиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мушаххас муайян карда мешаванд.
3.Номгўи чунин мансаб ва касбҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
 
       Моддаи 13. Қабул шудан ба хизмати давлатӣ
1.Ба мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ қабул шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
2.Ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи  Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, метавонанд қабул шаванд. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
3.Ҳангоми ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ қабул шудан шаҳрвандон ба ѓайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-аризаи шахсӣ;
— эъломия  дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1543)
-маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ;
-ҳуҷҷатҳои дигаре, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусияти мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ пешбинӣ намудаанд. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
  1. Шаҳрванд ба хизмати давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қабул карда шуда, бо ў шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
  2. Шаҳрванде, ки ба хизмати давлатӣ кабул шудааст, бояд дар мўҳлати на дертар аз понздаҳ рўз баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ доштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта диҳад. .(ҚҶТ аз 25.12.15с.№1260)
 
Моддаи 14. Парвандаи шахсии хизматчии давлатӣ
  1. Парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ аз тарафи хадамоти кадрии мақоми дахлдори давлатӣ тартиб дода шуда, рафти адои хизмати давлатӣ дар он қайд карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с, №914)
2.Тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ ва номгўйи ҳуҷҷатҳои ба он дўхташавандаро, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ муайян менамояд. (ҚҶТ аз 25.12.15с.№1260)
 
Моддаи 15. Савганди хизматчии давлатӣ
1.Шаҳрванде, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул мешавад, дар ҳузури кормандони мақомоти давлатӣ ботантана савганд ёд менамояд, ки матни он чунин аст:
Ман (насаб, ном ва номи падар), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандўстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беѓаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам». (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
  1. Ҳангоми савгандёдкунии хизматчии давлатӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
  2. Хизматчии давлатӣ рост истода, дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад. (RҶТ аз 30.05.2017с. №1433)
4.Шахси савганд ёд карда матни савгандро бо имзои шахсии худ тасдиқ ва санаи қабули онро сабт менамояд. Матни савганд дар парвандаи шахсии хизматчии давлатӣ нигоҳ дошта мешавад.
5.Матни савганди хизматчиёни давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатии ҳарбӣ тибқи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 16. Ҳолатҳое, ки ба хизмати давлатӣ қабул намудани шаҳрванд ва дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатиро истисно мекунанд
Шаҳрванд дар ҳолатҳои зерин наметавонад ба хизмати давлатӣ қабул  гардад ва ҳамчун хизматчии давлатӣ дар хизмати давлатӣ бошад:
-саркашӣ кардан аз адои ба расмият даровардани иҷозат ба маълумоте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегирад, агар иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ ба истифодаи ин маълумот вобастагӣ дошта бошад;
— агар шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад; (ҚЧТ аз 24.02.2017 №1405)
— аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, шаҳрвандии давлати дигарро гирифта бошад;
— нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад; (ҚЧТ аз 24.02.2017 №1405)
   -мавҷудияти беморӣ, ки барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабии хизмати давлатӣ монеа мегардад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
-саркашӣ кардан аз пешниҳоди маълумоте, ки дар моддаи 31 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;
— доѓи судӣ доштан;
-ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудаанд.
 
                Моддаи 17. Санҷиши маълумоте, ки аз тарафи шаҳрванд   пешниҳод  карда мешавад
1.Маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳрванд ҳангоми ҳалли масъалаи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин шудани ў мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
2.Агар санҷиш ҳолатҳои барои ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин шудани шаҳрванд монеъшавандаро ошкор намояд, ба ў дар бораи радкунии таъин ба  мансаби давлатӣ ва сабабҳои он хаттӣ хабар дода мешавад.
3.Тартиби санҷиши маълумоти аз тарафи шаҳрванд пешниҳод- шавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 171. Санҷиши махсус дар хизмати давлатӣ
Санҷиши махсус дар хизмати давлатӣ дар асоси дархости хаттии роҳбари мақоми давлатӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ гузаронида мешавад, агар баръало ошкор карда шавад, ки шахси дар мансаби давлатии хизмати давлатӣ буда ё довталаби мансаби давлатии хизмати давлатӣ дар эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкиаш, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, иттилооти бардурўѓ дода бошад. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
 
Моддаи 18. Озмун барои ишѓоли мансаби холии  маъмурии хизмати давлатӣ
1.Ишѓол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ   бо роҳи озмун сурат мегирад.
  1. Қоидаҳои гузаронидани озмунро ва намудҳои онро Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишѓоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар мекунад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603). (ҚҶТ аз 28.12.12с, №914)
  2. Ишѓоли мансабҳои категорияи олӣ бе озмун сурат мегирад. Дигар ҳолатҳои бе озмун ишѓол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишѓоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ муайян карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 
Моддаи 19. Таҳсили хизматчиёни давлатӣ
1.Таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ ба амал бароварда шуда, дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзӣ сурат мегирад. .(ҚҶТ аз 25.12.15с.№1260)
2.Тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар асоси фармоиши давлатӣ, инчунин талаботи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3.Фармоиши давлатӣ оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 20. Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ
1.Бо мақсади муайян кардани мувофиқат ба мансаби ишѓолнамуда ва таъмини болоравии касбӣ аттестатсияи хизматчии давлатии маъмурӣ (ба истиснои хизматчиёни давлатие, ки мансаби сиёсии хизмати давлатӣ ва мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи олиро ишѓол мекунанд) гузаронида мешавад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
2.Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмуриро Низомнома, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  мегардад, муайян менамояд.
 
   Моддаи 201. Баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ
  1. Бо мақсади назорати мунтазами рафти адои хизмати давлатӣ ва ҷамъ намудани иттилоот дар бораи иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ дар охири ҳар сол баҳодиҳии натиҷаи фаъолияти хизматчии давлатӣ гузаронида мешавад.
  2. Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 
  Моддаи 21. Рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатӣ
1.Барои  хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рутбаҳои тахассусӣ муқаррар карда мешаванд.
2.Тартиби ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусиро Низомнома, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад , муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с, №914)
3.Тартиби баробар донистани рутбаҳо ва унвонҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва махсус ба рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 
Моддаи 22. Феҳристи хизматчиёни давлатӣ
Тартиби пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатиро, ки маълумотро дар бораи хизматчиёни давлатӣ дар бар мегирад, мақоми ваколатдор дар соҳаи хизмати давлатӣ муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с, №914)
 
Моддаи 23. Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ
1.Хизмати давлатӣ ѓайр аз асосҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
-истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ;
-расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ;
қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-гирифтани нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ; (ҚҶТ аз 24.02.2017 №1405)
вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо; (ҚҶТ аз 8.06.07с, №273).
-эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд;
-эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ѓайри қобили амал эътироф шудани хизматчии давлатӣ; .(ҚҶТ аз 25.12.15с.№1260)
-риоя накардани маҳдудиятҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;
-ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
2.Аз мансаби давлатӣ озод намудани хизматчии давлатӣ аз тарафи роҳбари мақоми  давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин ва озод карданро дорад, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
3.Дар сурати норизо будани хизматчии давлатӣ аз озод намуданаш аз мансаби давлатӣ ў ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.
 
Моддаи 24. Синни ниҳоии  дар хизмати давлатӣ будан
Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан барои занон то 58-солагӣ ва барои мардон то 63-солагӣ мебошад. Роҳбари мақоми давлатӣ метавонад баъди мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ бо қарори (амри) худ мўҳлати дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатии ба синни ниҳоӣ расидаро то ду сол дароз намояд. Дар ин сурат бо хизматчии давлатӣ шартномаи (қарордоди) мўҳлатноки меҳнатӣ баста мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с, №914)
 
Моддаи 25. Истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ
1.Истеъфо қатъ ёфтани хизмати давлатӣ мувофиқи аризаи хаттии хизматчии давлатии сиёсӣ буда, асоси он монеаи сиёсӣ барои минбаъд ишѓол намудани мансаби сиёсии хизмати давлатӣ мебошад.
2.Истеъфо аз тарафи мақоми давлатии ваколатдор  қабул ё рад карда мешавад. Дар сурати рад кардани истеъфо хизматчии давлатии сиёсӣ бояд иҷрои ўҳдадориҳои мансабиашро давом диҳад ва ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи бо хоҳиши худ аз мансаби сиёсии хизмати давлатӣ озод карданаш муроҷиат намояд.
 
Моддаи 26. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ
  1. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини хизмати давлатӣ бо кадрҳо, болоравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ, қобилият, истеъдод ва тайёрии касбӣ, сари вақт ишѓол намудани мансабҳои холии маъмурии категорияҳои сеюм, дуюм, якум, олӣ ва мансабҳои сиёсӣ ташкил карда мешавад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
  2. Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби мутахассисони босалоҳият, ташаббускор, дорои сатҳи баланди тайёрии касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва малакаи идоракунӣ ташаккул меёбад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
  3. Тартиби ташаккул ва кор бо захираи кадрҳои хизмати давлатиро Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар менамояд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 
Моддаи 261. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ
1.Дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ анҷом дода мешавад. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
2.Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 
БОБИ 3. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӣ
 
Моддаи 27. Ҳуқуқҳои хизматчии давлатӣ
1.Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад:
-дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор  иштирок намуда, иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор талаб намояд;
-иттилоот ва маводи барои иҷрои ваколат ва ўҳдадориҳои мансабиаш заруриро бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;
-муайян намудани доираи ўҳдадориҳои мансабиашро аз роҳбари худ талаб намояд;
-ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети давлатӣ фаро гирифта шавад;
-ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ машѓул шавад;
-бо маводе, ки ба адои хизмати давлатии ў дахл дорад, аз ҷумла парвандаи шахсӣ бемамоният шинос шавад;
-дар хизмати давлатӣ, бо назардошти тахассус, қобилияти касбӣ ва  сатҳи иҷрои ўҳдадориҳои мансабии худ,  баланд равад;
-дар сурати айбдоркунии беасос гузаронидани санҷиши хизматиро талаб намояд ва бо натиҷааш шинос шавад; .(ҚҶТ аз 25.12.15с.№1260)
-бо ташаббуси худ фаъолиятро дар хизмати давлатӣ қатъ намояд;
-тибқи талаботи қонунгузорӣ бо нафақа таъмин гашта, аз ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бархурдор бошад;
-оид ба такмили хизмати давлатӣ ба мақоми давлатие, ки дар он фаъолият мекунад, инчунин ба мақомоти давлатии болоӣ ва шахсони мансабдори он таклиф  пешниҳод намояд.
2.Ҳуқуқҳои хизматчиёни давлатии сиёсӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 28. Ўҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ
1.Хизматчии давлатӣ ўҳдадор аст:
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  риоя намояд;
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд;
-муроҷиати шаҳрвандонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, аз рўи онҳо чораҳои дахлдор андешад;
-интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд;
   -меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури фаъолияти худ қарор дода, ҳолатҳои бархўрди манфиатҳоро ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ истисно намояд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603);
— фармон, фармоиш ва амрҳои роҳбарон, қарор ва дастури мақомоти болоӣ ва шахсони мансабдорро, ки дар доираи ваколати онҳо дода шудаанд, иҷро намояд; (ҚҶТ аз 28.12.12с, №914)
-сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунҳо ҳифзшавандаро, аз ҷумла баъди қатъи хизмати давлатӣ, дар давоми мўҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигоҳ дорад;
-ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ маълумотро дар бораи ҳаёти шахсӣ, шаъну шарафи шаҳрвандон махфӣ  нигоҳ дорад, аз онҳо пешниҳод намудани чунин маълумотро талаб накунад (ба истиснои мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон);
-ҳифзи моликияти давлатиро таъмин намояд;
— сатҳи касбӣ ва тахассусии худро барои иҷрои самараноки ўҳдадориҳои мансабӣ баланд бардорад;
— аз рўзи гирифтани иттилооти расмӣ дар бораи қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, хабар диҳад;(ҚҶТ аз 24.02.2017 №1405)    
-агар манфиати шахсии хизматчии давлатӣ барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ монеа гардад, ё ба манфиати давлатӣ мухолифат кунад ва ё боиси дигар ҳолатҳои бархўрди манфиатҳо гардад, бояд ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки барои таъин ва озод намудани ў аз мансаб салоҳият дорад, хабар диҳад; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 -мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур савганд ёд кунад.
2.Ўҳдадориҳои мушаххаси хизматчии давлатӣ, ки аз ўҳдадориҳои асосӣ бармеоянд, тибқи талаботи тахассусӣ муайян карда шуда, дар дастурамалҳои мансабие, ки аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатии дахлдор тасдиқ карда мешаванд, инъикос мегарданд. Қоидаҳои таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ тасдиқ карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
3.Ўҳдадориҳои хизматчиёни давлатии сиёсӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқаррар карда мешаванд.
 
Моддаи 29. Ўҳдадориҳои иловагии хизматчии давлатии маъмурӣ
1.Бо розигии хизматчии давлатии маъмурӣ ва роҳбари мақоми давлатӣ мумкин аст ба зиммаи хизматчии давлатии маъмурӣ иҷрои ўҳдадориҳои иловагии хизмати давлатӣ вогузошта шавад.
2.Ҳаҷми пардохти иловапулиро барои иҷрои ўҳдадориҳои иловагии хизмати давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
 
Моддаи 30. Маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатӣ
Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад:
-бе иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофот, унвонҳои фахрӣ ва махсуси давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро қабул намояд;
-ҳангоми иҷрои ваколатҳои мансабӣ аз хизматрасониҳои  шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ истифода барад;
-дар дигар амалҳо, аз ҷумла корпартоиҳо, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои мансабиро халалдор месозанд, иштирок намояд;
-ба ҳайати мақомоти идоракунӣ, шўроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардад, агар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд;
-дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ иштирок кунад, аз ҷумла ба ҳайати мақомоти идоракуни ташкилоти тиҷоратӣ, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;
-дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад, пули нақд ва ашёи қиматнокро нигоҳ дорад, дигар воситаҳои молиявӣ ва моликият дар хориҷа дошта бошад ва (ё) аз онҳо истифода барад; (ҚҶТ аз 24.02.2017 №1405)
-ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколати мансабиаш дохил нест, дахолат намояд; .(ҚҶТ аз 25.12.15с.№1260)
-дигар маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намояд.
 
Моддаи 31. Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда
Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1543)
 
Моддаи 32. Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ
  1. Роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, ба хизматчии давлатӣ барои кирдори интизомии содирнамудааш, ҳамчунин барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, роҳ додан ба бархурди манфиатҳо ҳангоми адои хизмати давлатӣ ва ё дигар кирдорҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дорои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят намебошанд муҷозоти зерини интизомиро татбиқ менамояд: (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128)
— сарзаниш;
— танбеҳ;
— танбеҳи қатъӣ; (RҶТ аз 30.05.2017с. №1433)
— то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ;
— ба мансаби паст гузаронидан;
— аз мансаб озод кардан..
  1. Бо мақсади ҷамъ овардан ва санҷиши маълумот дар бораи кирдори интизомии содирнамудаи хизматчии давлатӣ аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ санҷиши хизматӣ таъин карда мешавад. Санҷиши хизматӣ метавонад бо талаби хизматчии давлатӣ низ гузаронида шавад.
  2. Тартиби гузаронидани санҷиши хизматӣ ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани хизматчии давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
  3. Татбиқи ҷазоҳои интизомие, ки дар Қонуни мазкур, Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст. (RҶТ аз 30.05.2017с. №1433)
 
Моддаи 33. Муносибати хизматчии давлатӣ  ба иҷрои фармон ва  амрҳои ѓайриқонунӣ
1.Хизматчии давлатӣ бояд дар доираи ваколат ва ўҳдадориҳои мансабӣ амал намояд.
2.Дар сурати ба қонунӣ будани фармон ва ё амри барои иҷро гирифташуда шубҳа пайдо кардани хизматчии давлатӣ, ў бояд ба таври хаттӣ фавран ба роҳбари бевоситааш муроҷиат намояд. Агар роҳбари бевосита ё шахси мансабдори болоӣ дурустии фармон ва ё амри додашударо хаттӣ тасдиқ намояд, хизматчии давлатӣ вазифадор аст онро иҷро намояд, ба шарте ки он дорои оқибатҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ набошад.
Масъулият барои оқибатҳои иҷрои фармон ё амр ва дастури ѓайриқонунӣ дар ин ҳолат ба зиммаи шахси мансабдоре гузошта мешавад, ки онҳоро тасдиқ кардааст.
 
БОБИ 4. КАФОЛАТҲО ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӣ
               
Моддаи 34. Кафолатҳо барои хизматчии давлатӣ
1.Ба хизматчии давлатӣ кафолатҳои зерин дода мешавад:
-шароити корӣ барои таъмини иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ;
— музди меҳнат, аз ҷумла мукофотпулӣ, кўмакпулӣ, иловапулӣ, ҷубронпулӣ ва изофапулӣ; (RҶТ аз 30.05.2017с. №1433)
-рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва дигар рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
-таҳсил ва баланд бардоштани дараҷаи тахассус бо нигоҳ доштани музди  меҳнат, мансаби ишѓолнамуда ё мансаби ба он баробар, бо тартиби муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи таҳсил; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
-суѓуртаи ҳатмии давлатӣ барои беморӣ ё гум кардани қобилияти меҳнатӣ, фавт ё расондани зарар ба саломатӣ ва молу мулки ў ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ;
   -таъмини нафақа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
 -таъмини нафақаи хизматчии давлатӣ дар ҳолати фавти хизматчии давлатӣ ба аъзои оилаи ў, ки таҳти саробониаш қарор доранд; (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
-ҳатман гирифтани розигии хизматчии давлатӣ ҳангоми гузаронидан ба мансаби дигар (ѓайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
-ҳимояи хизматчии давлатӣ, аъзои оила ва наздикони ў аз зўроварӣ, таҳдид ва дигар кирдорҳои ѓайриқонунии вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ;
-таъмини имконияти баландравии мансабӣ;
-ҷуброни зарар ҳангоми пурра ё қисман гум кардани қобилияти меҳнатӣ;
2.Хароҷоти вобаста ба сафарҳои хизматӣ, ҷойивазкунӣ (ротатсия), гузаронидан ба мақоми давлатии воқеъ дар маҳалли дигар (вилоят, шаҳр, ноҳия), инчунин хароҷоти нақлиёт ва манзили хизматчии давлатӣ вобаста ба  чунин гузариш ҷуброн карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
3.Хароҷот вобаста ба кафолатҳое, ки ҳамин модда пешбинӣ менамояд, аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети дахлдор сурат мегирад.
4.Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои хизматчии давлатӣ кафолатҳои дигарро низ пешбинӣ карда метавонанд.
5.Дар сурати вафоти хизматчии давлатӣ ба аъзои оилаи ў дар ҳаҷми панҷ музди моҳонаи меҳнат аз ҷои кори охиринаш кўмакпулии яквақта дода мешавад. (ҚҶТ аз 1.08.12с.№900)
6.Дар сурати озод шудан аз мансаби давлатӣ, бинобар содир намудани кирдори ѓайриқонунӣ, хизматчии давлатӣ аз кафолатҳо ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, маҳрум мегардад.
7.Иваз шудани роҳбари  мақоми давлатӣ барои бо ташаббуси роҳбари  нав қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос шуда наметавонад, ба истиснои шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки бо хизматчиёни давлатии сиёсӣ баста мешаванд.
 
Моддаи 35. Кафолати хизматчии давлатӣ дар мавриди  барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди  мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ
1.Ба хизматчии давлатӣ ҳангоми  барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди  мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ бо назардошти дараҷаи тахассус, касб ва мансаби пеш ишѓолнамудааш дар дигар мақоми давлатӣ мансаби давлатии хизмати давлатӣ пешниҳод карда мешавад (агар бо розигии ў додани дигар мансаби давлатии хизмати давлатӣ дар ҳамон мақоми давлатӣ ѓайриимкон бошад). (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
2.Ба хизматчии давлатӣ, ки ҳангоми  барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ аз мансаби давлатӣ озод  шудааст: (Қ ҶТ аз 11.03.2010с, №603).
-аз рўи мансаби пеш ишѓолнамудааш бе ҳисоби кўмакпулии аз кор рафтан, дар давоми се моҳ музди меҳнат дода мешавад;
-кўмакпулӣ барои бекорӣ дода мешавад;
-музди меҳнати пештарааш ҳангоми гузаронидан ба мансаби дигари давлатии хизмати давлатӣ  дар  ҳамон мақом ё  мақоми дигари давлатӣ дар давоми се моҳ нигоҳ дошта мешавад (агар музди меҳнати наваш назар ба маоши пештарааш кам бошад);
-хизматрасонии тиббӣ ба ў ва аъзои оилааш дар ҳамон муассисаи табобатӣ, ки то ба мансаби нави давлатӣ гузарониданаш расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад;
-дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатӣ  (25 сол барои мардҳо, 20 сол барои занҳо) ва на камтар аз 10 сол cобиқаи хизмати давлатӣ, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз мўҳлати муқарраркардаи  қонунгузорӣ ба нафақа барояд.
3.Дар сурати набудани имконияти мувофиқи ихтисосаш ба дигар мансаби давлатии хизмати давлатӣ гузаронидани хизматчии давлатӣ ў то як сол дар мақоми давлатӣ, бо нигоҳ доштани собиқаи хизмати давлатӣ, дар захираи кадрҳо мемонад ва барои такмили ихтисосаш имконият фароҳам оварда мешавад.
 
Моддаи 36. Музди меҳнати хизматчии давлатӣ
1.Музди меҳнат бояд шароити моддии заруриро барои иҷрои ўҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ фароҳам оварда, ба ў ва аҳли оилааш сатҳи муносиби зиндагиро таъмин намояд, инчунин барои бо  кадрҳои салоҳиятноку таҷрибанок таъмин намудани мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, омили меҳнати поквиҷдонона ва ташаббускоронаи хизматчии давлатӣ бошад.
2.Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз маоши мансабӣ, иловапулиҳо ба маоши мансабӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ иборат мебошад.
3.Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ бо назардошти иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
4.Андозаи маоши мансабӣ‚ иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин шартҳо ва тартиби пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 37. Собиқаи хизмати давлатӣ
1.Ба собиқаи хизмати давлатӣ давраи фаъолияти шаҳрванд дар мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии  хизмати давлатӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ, инчунин фаъолият дар мансабҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дохил мешавад.
2.Ба собиқаи хизмати давлатӣ метавонанд дигар давраҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрванд низ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.
 
Моддаи 38. Ҳавасмандгардонии хизматчии давлатӣ
1.Хизматчии давлатӣ барои дастовардҳои хизматӣ, хизмати бардавому бенуқсон, иҷрои супоришҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳавасманд гардонида мешавад.
2.Намудҳои ҳавасмандгардонӣ ва тартиби бо он сарфароз гардониданро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
 
Моддаи 39. Рухсатии хизматчии давлатӣ
  1. Ба хизматчии давлатӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмати давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
2.Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшавандаи хизматчиёни давлатӣ чунин муқаррар карда мешавад:
— 35 рўзи тақвимӣ — ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ;
— 30 рўзи тақвимӣ — ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи якум ва дуюм;
— 28 рўзи тақвимӣ — ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи сеюм, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум;
3.Дар сурати  5, 10, 15 ва 20 сол будани собиқаи хизмати давлатӣ, ба мўҳлати рухсатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда мувофиқан 3, 6, 10 ва 15 рўзи тақвимӣ илова карда мешавад.
4.Рухсатии ҳарсола ва рухсатии иловагӣ ҷамъ карда мешавад ва бо хоҳиши хизматчии давлатӣ мумкин аст, ки қисм-қисм дода шавад. Давомнокии як қисми рухсатии асосӣ набояд аз 14 рўзи тақвимӣ кам бошад.
5.Хизматчии давлатӣ дар давоми сол барои гирифтани рухсатии бемузди давомнокияш на бештар аз 60  рўзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад.
 
Моддаи 40. Таъминоти иҷтимоии хизматчии давлатӣ
1.Ба хизматчии давлатӣ бо тартиби муқарраршуда:
-аз фонди давлатӣ  манзили истиқоматӣ дода мешавад;
-барои беҳтар кардани шароити манзил, сохтмони манзили шахсӣ ва ё кооперативӣ қитъаи замин ҷудо карда  мешавад, ки тартиби ҷудо карда шудани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
-барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин беҳтар намудани шароити манзилӣ ба мўҳлати то 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад, ки шартҳо ва тартиби додани чунин қарзро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2.Ба хизматчии давлатии сиёсӣ ва хизматчии давлатии маъмурии  категорияи олӣ илова ба майдони истиқоматӣ 20 метри мураббаъ барои ҳуҷраи корӣ дода мешавад.
3.Дар сурати на камтар аз 15 сол собиқаи бефосилаи хизмати давлатӣ доштани хизматчии давлатӣ хонаи истиқоматии дар фонди манзили давлатӣ ишѓолкардааш (ба ѓайр аз хонаҳои истиқоматии хизматӣ) ройгон ба моликияти ў дода мешавад.
 
Моддаи 41. Таъмини нафақа ва дигар кўмакпулиҳо ба хизматчии давлатӣ
1.Таъмини нафақаи хизматчиёни давлатӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  бораи нафақа амалӣ гардонида мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.2014с, №1128).
2.Хизматчии давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ дорад.
3.Ба хизматчии давлатӣ ҳангоми ба нафақа баромадан дар ҳаҷми музди меҳнати семоҳа  кўмакпулии яквақта дода мешавад. (ҚҶТ аз 1.08.12с.№900). (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1543)
  1. Дар мавриди такроран ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудани шахсоне, ки нафақа мегиранд, пардохти нафақаи онҳо қатъ карда мешавад. Ҳангоми аз мансаб озод шудани чунин шахсон пардохти нафақаи онҳо дар асоси собиқаи корӣ дар рўзи охирини аз мансаб озод шуданашон аз нав барқарор карда мешавад. (ҚҶТ аз 24.02.2017 №1405)
 
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 42. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии хизматчиёни   давлатӣ
Хизматчиёни давлатӣ оид ба ҳалли баҳсҳои меҳнатиашон метавонанд ба мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ ё суд муроҷиат намоянд.(ҚҶТ аз 25.12.15с.№1260)
 
Моддаи   43.   Ҷавобгарӣ  барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида  мешаванд.
 
Моддаи 44. Дар бораи  аз эътибор соқит донистани Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 22, моддаи 297; с. 2002, № 4, қисми 1, моддаи 203; с. 2005, № 7, моддаи 407; соли 2006, № 3, моддаи 154)  аз  эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 45. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
     Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Э. РАҲМОНОВ
 
        ш. Душанбе, 5 марти соли 2007,
        №233

Илова кунед