Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи захираи моддии давлатӣ

22 Декабр 2006, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №12, мод.540; соли 2009, № 5, мод.322; соли 2012,№7, мод.691)
 Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2006, № 419 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №12, моддаи 627) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми декабри соли 2006, № 46 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 12, моддаи 600) ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур принципҳо, тарз ва услубҳои асосии ташаккул, идоракунӣ ва ба танзимдарории захираи моддии давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, № 514)
Боби 1.
Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
-захираи моддии давлатӣ (минбаъд — захираи давлатӣ)захираи эҳтиётии махсуси стратегии масолеҳ ва молҳо, захираи сарватҳои моддӣ, ки барои эҳтиёҷоти сафарбарӣ ва таъмини корҳои таъхирнопазир ҳангоми бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, расонидани ёрии башардўстона, дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти давлат ва ташкилотҳо, расонидани таъсири танзимкунанда ба бозор пешбинӣ шудааст;
— захираи сафарбарӣ – захираи эҳтиётии сарватҳои моддӣ ва масолеҳ барои эҳтиёҷоти сафарбарии давлат, ки барои вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатии таъиноти ҳарбӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноатӣ, таъмири техника ва амволи ҳарбӣ дар давраи махсус, вусъат бахшидан ба кори барқароркунии роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, аэродромҳо, хати алоқа ва иншоотҳои он, қубурҳои нафту газ, системаи обтаъминкунӣ ва таъминоти барқ дар давраи ҷанг, бо мақсади таъмини кори мунтазами соҳаҳои саноат, нақлиёт ва алоқа, расонидани ёрии тиббӣ пешбинӣ карда мешавад;
— системаи захираи давлатӣ – мақомоти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, ки дар рафти идоракунӣ, қабули қарорҳо, таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ, инчунин қабул, нигоҳдорӣ ва интиқоли сарватҳои моддии захираи давлатӣ иштирок менамоянд; (ҚҶТ аз 19.05.09, № 514)
— пур кардани захираи давлатӣ бо сарватҳои моддӣ-қабули сарватҳои моддӣ барои нигоҳдорӣ дар захираи давлатӣ;
— баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ – ройгон додани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ё фурўхтани онҳо дар бозор; (ҚҶТ аз 19.05.09, № 514)
— сарватҳои моддӣ- маҳсулоти барои таъмини вазифаҳои дар назди мақоми татбиқкунандаи сиёсат гузошташуда зарурие, ки номгўи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
— навкунии захираи давлатӣ— аз захираи давлатӣ баровардани сарватҳои моддӣ то ба охиррасии мўҳлати муқарраргардидаи нигоҳдории онҳо ва дар як вақт ё дар фосилаи муайян таъмин намудани захираи давлатӣ бо миқдори баробар ва сифати мушобеҳи сарватҳои моддии дигар;
— қарздихии сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ— бо шартҳои муайян баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бо мақсади минбаъд баргардонидани онҳо ба захираи давлатӣ;
— ивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ- баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ ба сабаби таѓйир ёфтани стандартҳо ва технологияи тайёр кардани молҳо ва дар як вақт пур кардани захираи давлатӣ бо сарватҳои моддии стандартҳои мутаносиби амалкунанда ва технологияи ба ин стандартҳо ҷавобгўи истеҳсоли мол;
— аз ҳолати ҳифозат баровардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ— баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бидуни аз нав пуркунии минбаъдаи онҳо дар захираи давлатӣ;
— захираи камнашаванда – ҳаҷми доимии нигоҳдошташавандаи захираи эҳтиётии сарватҳои моддии захираи давлатӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
— мақоми ваколатдори давлатӣ — мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ ваколатдор карда шудааст;(ҚҶТ аз 3.07.12с.№841)
— нигоҳдорандаи масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ – (минбаъд — нигаҳдорандаи масъул) — корхонаи давлатии мақоми татбиқкунандаи сиёсат ва дигар корхона, ки махсус барои нигаҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҷониби мақоми татбиқкунандаи сиёсат муайян шудааст.
 
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи захираи моддии давлатӣ
Қонунгузорӣ дар бораи захираи моддии давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Таъиноти захираи давлатӣ
Захираи давлатӣ бо мақсадҳои зерин истифода бурда мешавад:
— барои таъмини эҳтиёҷоти сафарбарӣ;
— барои таъмини корҳои таъхирнопазир ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;
— барои дастгирии давлатии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ташкилотҳо бо мақсади устуворгардонии иқтисодиёт дар ҳолатҳои муваққатан вайрон гардидани низоми таъминоти захираҳои сўзишворию энергетикӣ, ашёи хом, хўрокворӣ, дар мавриди пайдо гардидани номутаносибӣ байни талабот ва пешниҳод дар бозори дохилӣ;
— барои расонидани ёрии башардўстона;
— барои таъсир расонидан ба бозор бо мақсади  батанзимдарории он.
 
Моддаи 4. Системаи захираи давлатӣ
  1. Пешбурди сиёсат, идоракунии системаи захираи давлатӣ, муқаррар намудани тартиб, қоида ва меъёрҳо дар соҳаи захираи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад.
  2. Ташаккул, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути нигоҳдорандагони масъули захираи давлатӣ таъмин карда мешавад. Ташаккул, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии захираи сафарбарӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  3. Иншоот, молу мулки мақоми татбиқкунандаи сиёсат ва сарватҳои моддии захираи давлатӣ моликияти давлатӣ буда, предмети гарав шуда наметавонанд ва хусусӣ карда намешаванд. (ҚҶТ аз 19.05.09, № 514)
 
Моддаи 5. Номгўй ва ҳаҷми андўхти сарватҳои моддии захираи давлатӣ
  1. Номгўй ва ҳаҷми андўхти сарватҳои моддии захираи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
  2. Ҳаҷми ҳарсолаи андўхти сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ дар доираи маблаѓҳои ба ин мақсад пешбининамудаи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ, ҳамчунин бо назардошти ҳаҷми пасандози муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.
 
Моддаи 6. Захираи эҳтиётии камнашавандаи захираи давлатӣ
  1. Дар таркиби захираи давлатӣ захираи эҳтиётии камнашавандаи сарватҳои моддӣ ташкил карда мешавад.
  2. Номгўй ва ҳаҷми сарватҳои моддиро барои нигоҳдорӣ дар захираи эҳтиётии камнашавандаи захираи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
 
Моддаи 7. Маблаѓгузории захираи давлатӣ
  1. Нигоҳ доштан, инкишофи низоми захираи давлатӣ ва хароҷоти вобаста ба таъминкунӣ, пур кардан ва нигоҳдории масъулиятноки сарватҳои моддии захираи давлатӣ ўҳдадориҳои хароҷотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
  2. Маблаѓҳои пардохтаи қабулкунандагони сарватҳои моддӣ, ки аз захираи давлатӣ бо мақсади навкунӣ, ивазкунӣ, аз ҳолати ҳифозат баровардан ё бо дигар асосҳо бароварда шудаанд, ҳамчунин ноустуворона (ҷаримаҳо ва пеня), ки мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ рўёнида шудааст, ба қисми даромади буҷети давлатӣ дохил карда мешаванд.
 
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкил ва идоракунии захираи давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— сиёсати ягонаи идоракунӣ ва танзими захираи давлатиро муайян ва роҳбарии умумии системаи захираи давлатиро ба амал бароварда, мақомоти ваколатдори давлатиро муайян менамояд;
— системаи захираи давлатиро ташкил медиҳад;
— дар бораи баровардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҳолати ҳифозат ва тариқи қарздиҳӣ (бо мақсади минбаъд баргардонидани онҳо ба захираи давлатӣ) қарор қабул менамояд;
— номгўй ва ҳаҷми нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи камнашавандаро тасдиқ менамояд;
— тартиби бастани шартномаҳоро оид ба иҷрои фармоишҳои сафарбарӣ ва таъмини фармоишҳои номбурдаро бо захираҳои моддиву техникӣ муқаррар менамояд;
— оид ба ҷойгиркунӣ ва сохтмони объектҳое, ки барои нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, қарор қабул мекунад;
— бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи навкунӣ ва ивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ қарор қабул мекунад;
— тартиби ҷуброни хароҷоти нигоҳдорандагони масъули сарватҳои захираи давлатиро, ки нигоҳдории захираи моддии давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбариро амалӣ менамоянд, муайян мекунад;
— ҳамоҳангсозӣ, назорат ва мониторинги системаи захираи давлатиро амалӣ менамояд;
— салоҳиятҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунанд, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
— сиёсати давлатиро дар соҳаи захираи давлатӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ менамояд;
— оид ба такмил додани сиёсати давлатӣ, тартибу меъёр ва қоидаҳои соҳаи захираи давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
— идоракунии сарватҳои моддии захираи давлатиро тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи захираи давлатӣ таъмин менамояд;
— баровардани сарватҳои моддии захираи давлатиро бо мақсади навкунӣ ва ивазкунӣ дар асоси қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
— баровардани  сарватҳои  моддии  захираи  давлатиро аз ҳолати ҳифозат ва бо тартиби қарздиҳӣ (бо мақсади минбаъд баргардонидани онҳо ба захираи давлатӣ) дар асоси қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
— номгўи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои нигоҳдорандаи масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ, нуқтаҳои нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатиро муайян ва тасдиқ менамояд;
— дар бораи ҳаҷм ва таркиби хароҷот оид ба харид ва нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
— тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвилкунандагони сарватҳои моддӣ ба захираи давлатиро интихоб намуда, бо онҳо шартнома  мебандад;
— ба таҳвилкунандагон маблаѓи сарватҳои моддии ба захираи давлатӣ воридшударо пардохт менамояд;
— назоратро оид ба нигоҳдории миқдор ва сифати сарватҳои моддии захираи давлатӣ амалӣ менамояд;
— оид ба гузаронидани санҷишҳои ҳолати нигоҳдории сарватҳои моддӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои нигоҳдорандаи масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ ва нуқтаҳои  нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ қарор қабул карда, барои гузаронидани онҳо метавонад мутахассисон ва коршиносони дахлдорро ҷалб намояд;
— ваколатҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи захираи давлатӣ муайян мекунанд, амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№841)
 
Моддаи 91. хориҷ карда шуд. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№841)
 
 
Боби 2.
Ташкили таҳвили сарватҳои моддӣ ба захираи
давлатӣ ва ҷойгиркунонии онҳо
 
Моддаи 10. Ташаккул ва ҷойгиркунии фармоишҳо оид ба таҳвили сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ
  1. Фармоишҳо оид ба таҳвили сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ дар ташкилотҳои шаклҳои гуногуни ташкилӣ ва ҳуқуқӣ  ҷойгир карда мешаванд.
  2. Фармоишдиҳандаи давлатӣ оид ба таҳвили сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ мақоми ваколатдари давлатӣ мебошад.
 
Моддаи 11. Ҷойгиркунонии захираи давлатӣ
  1. Захираи эҳтиётии сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар ташкилотҳои низоми захираи давлатӣ ва ташкилотҳои соҳаҳои дигари иқтисодиёт, ки нигоҳдории масъулиятноки захираҳои номбурдаро дар асоси шартнома ба амал мебароранд, ҷойгир карда мешаванд. Ҷойгиркунонӣ ва сохтмони объектҳои низоми захираи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
  2. Ташкилотҳое, ки нигоҳдории масъулиятноки сарватҳои моддии захираи давлатиро ба ҷо меоранд, дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиётҳоро доир ба нигоҳдорӣ, навкунӣ, ивазкунӣ ва баровардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ анҷом медиҳанд.
  3. Хароҷоти ташкилотҳое, ки нигоҳдории масъулиятноки сарватҳои моддии захираи давлатиро ба амал мебароранд, аз ҷониби мақоми ваколатдари давлатӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети давлатӣ, мутобиқи шартҳои шартнома пардохт мегардад.
  4. Маълумот дар бораи ҳаҷми захира оид ба ҷойгиркунонӣ, таҳвили мол, пур кардани захира, навкунӣ ва ҳаҷми воқеии захираи давлатӣ сирри давлатӣ ҳисобида шуда, ошкор намудани он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
 
Боби 3.
Тартиби таъмин кардан ва баровардани сарватҳои моддии                      захираи давлатӣ
 
Моддаи 12. Хусусиятҳои таъмин кардан, ҷойгиркунонӣ ва нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ
  1. Бо сарватҳои моддӣ таъмин намудани захираи давлатӣ ин бо маҳсулот таъмин намудани эҳтиёҷоти давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Сарватҳои моддие, ки ба захираи давлатӣ гузошта мешаванд ва нисбати онҳо талаботи таъмини бехатарии ҳаёт, саломатии истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист муқаррар карда шудааст, бояд сертификати мутобиқат оид ба талаботи зикршуда барои ҳамаи давраи нигоҳдорӣ дошта бошанд.
  3. Мўҳлат ва шартҳои нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатиро мақоми ваколатдари давлатӣ бо назардошти талаботи дастури техникӣ, стандартҳо ва ҳуҷҷатгузории илмию техникӣ муқаррар мекунад.
  4. Мўҳлат ва шартҳои нигоҳдории сарватҳои моддии захираи сафарбариро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки супориши сафарбарӣ додааст, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
  5. Сарватҳои моддии захираи давлатӣ, ки дар ташкилотҳои таъминкунандаи нигоҳдории масъулиятнок ҷойгир карда шудаанд, аз тарафи мақоми ваколатдари давлатӣ суѓурта карда мешаванд.
 
Моддаи 13. Асосҳо ва тартиби баровардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ
  1. Баровардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба ҷо оварда мешавад:
— бо мақсади навкунии онҳо ва ивазкунӣ;
— бо тартиби қарздиҳӣ;
— бо тартиби аз ҳолати ҳифозат баровардан;
— барои таъмини корҳои таъҷилӣ ҳангоми бартарафкунии ҳолатҳои фавқулодда;
— барои дастгирии соҳаҳои иқтисодиёт;
— барои расонидани ёрии башардўстона;
— барои таъсир расонидан ба бозор бо мақсади батанзимдарории он;
— барои таъмини эҳтиёҷоти сафарбарӣ.
  1. Аз захираи давлатӣ бо мақсади навкунӣ ва ивазкунӣ баровардани сарватҳои моддӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.(ҚҶТ аз 19.05.09, № 514)
Навкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ, ки дар ташкилотҳои баҷооварандаи нигоҳдории масъулиятнок нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчунин ивазкунии онҳо дар асоси шартнома ба маҳсулоти навъ ва сифати мушобеҳ аз ҷониби ташкилотҳои номбурда мустақилона гузаронида мешавад. Барои навъҳои алоҳидаи сарватҳои моддии захираи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари навкунӣ ва ивазкунии онҳоро муқаррар карда метавонад.
  1. Баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бо тартиби қарздихӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Қоидаҳои баровардан бо тартиби қарздихӣ ва баргардонидани сарватҳои моддии захираҳои давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  1. Ҳангоми баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бо тартиби қарздихӣ ташкилоти гирандаи сарватҳои моддӣ (қарздиханда) ўҳдадории кафолатнок оид ба баргардонидани сарватҳои моддии захираи давлатӣ пешниҳод менамояд.
  2. Баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ ба ѓайр аз захираи эҳтиётии камнашаванда бо тартиби қарздихӣ дар мўҳлати на зиёда аз шаш моҳ ва то 20 фоизи ҳаҷми сарватҳои моддии дар захираи давлатӣ дар ибтидои соли ҷорӣ мавҷудбуда дар асоси қарори роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути шартнома гузаронида шуда метавонад.
  3. Ҳангоми бақарздихии сарватҳои моддии захираи сафарбарӣ қарздиханда ба захираи сафарбарӣ миқдори баробари сарватҳои моддии мушобеҳро бармегардонад.
  4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар бораи рўёнидани қарз оид ба баргардонидани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ дар шакли дигари сарватҳои моддӣ, ки ба номгўи захираҳои давлатӣ дохиланд ё дар шакли маблаѓи пулӣ қарор қабул кунад.
  5. Баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бо тартиби аз ҳолати ҳифозат баровардан аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.
Баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ барои таъмини эҳтиёҷоти таъҷилӣ ҳангоми бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ , ки иҷрои вазифаи танзими кор оид ба бартараф намудани оқибатҳои вазъияти фавқулодда ба зиммаи ў гузошта шудааст, дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Барқароркунии сарватҳои моддии номбурда ба захираи давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар мўҳлати на дертар аз шаш моҳ таъмин карда мешавад.
  1. Баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ барои расонидани ёрии башардўстона дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
  2. Баровардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ бо мақсади навкунӣ ва ивазкунӣ дар шакли тендер ва тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 14. Истифодаи захираҳои эҳтиётии захираи давлатӣ барои таъсир расонидан ба бозор бо мақсади батанзимдарории он
  1. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои моддии захираи давлатӣ метавонанд барои таъсир расонидан ба бозор бо мақсади батанзимдарории он истифода бурда шаванд, ки он бо роҳи мудохилаи молӣ ва хариди он мутобиқи номгўй ва ҳаҷми захираи эҳтиётии захираи давлатӣ, аммо бе истифодаи ҳаҷми захираи эҳтиётии камнашавандаи захираи давлатӣ ба амал бароварда мешавад.
  2. Дар мавридҳои зарурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба захираи давлатӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети давлатӣ зиёда аз ҳаҷми муқарраршуда харидан ва пасандоз намудани сарватҳои моддӣ қарор қабул мекунад.
 
Моддаи 15. Таъмини таҳвили сарватҳои моддии захираи давлатӣ
  1. Дар мавриди рўй додани ҳолатҳои фавқулодда ё ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда таҳвили сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҷониби ташкилотҳои нақлиётӣ дар навбати аввал ба ҷо оварда мешавад.
  2. Сарватҳои моддии дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираи давлатӣ баровардашаванда, аз ҷумла барои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ аз тарафи ташкилотҳои нақлиётӣ, новобаста аз шакли моликияташон бо пешниҳоди бор бе пардохти пешакӣ барои таҳвил қабул карда мешаванд.
 
Боби 4.
Масъулияти молумулкӣ
 
Моддаи 16. Масъулияти молумулкӣ оид ба амалиётҳои вобаста ба сарватҳои моддии захираи давлатӣ
  1. Барои гузаронидани мўҳлати таъмини (пур кардани), нокифоя таъмин кардани (нокифоя пур кардани) сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ таъминкунанда (ташкилоте, ки нигоҳдории масъулиятноки сарватҳои моддии захираи давлатиро ба ўҳда дорад) ба андозаи 50 фоизи арзиши сарватҳои моддии таъминкарданашуда (пурнакарда) ноустуворона месупорад.
Ноустуворона то иҷрои воқеии ўҳдадориҳо оид ба таъмини сарватҳои моддӣ мутобиқи шартномаи басташуда рўёнида мешавад.
  1. Барои сари вақт ба захираи давлатӣ барнагардонидани сарватҳои моддии қарз гирифташуда аз қарздор ба андозаи 0,3 фоизи арзиши сарватҳои моддии баргардониданашуда барои ҳар як рўзи гузаронидани мўҳлат то иҷрои пурраи ўҳдадорӣ оид ба баргардонидани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ пушаймона (пеня) рўёнида мешавад.
  2. Барои сари вақт иҷро накардани супориши мақоми ваколатдари давлатӣ оид ба ҳамлу нақли сарватҳои моддии захираи давлатӣ, ташкилоте, ки нигоҳдории масъулиятноки сарватҳои моддии захираи давлатиро ба ўҳда дорад, ба андозаи 0,5 фоизи арзиши моли ҳамлу нақлшаванда барои ҳар рўзи гузаронидани мўҳлат то иҷрои пурраи ўҳдадорӣ пушаймона (пеня) месупорад.
  3. Барои ба захираи давлатӣ гузоштани сарватҳои моддии ба мўҳлати дарози нигоҳдорӣ ношоям, маводи нопурра ё аз рўи сифат ва навъҳои худ ба шартҳои шартномаи давлатӣ мувофиқ набуда, таъминкунанда (ташкилоте, ки нигоҳдории масъулиятноки сарватҳои моддии захираи давлатиро ба ҷо меорад) ба андозаи 20 фоизи арзиши молҳои нуқсондор донисташуда, ба шартҳои шартномаи давлатӣ мувофиқ набуда ҷарима месупорад.
  4. Барои ба захираи давлатӣ гузоштани сарватҳои моддии бетамѓа ё тамѓаи мувофиқи талаб надошта, гузоштани сарватҳои моддии дар зарфи (борҷомаи) мувофиқи талаб набуда, барои истифодаи коѓазхалтаҳои ба талаботи стандарт ва шартҳои шартнома мувофиқ набуда истеҳсолкунанда (таъминкунанда) ба андозаи 5 фоизи арзиши сарватҳои моддии номбурда ҷарима месупорад.
Таъминкунанда вазифадор аст дар муддати як моҳ сарватҳои моддии нуқсондор донисташуда, зарфҳоро (борҷомаҳоро) барқарор кунад ё тамѓаи молҳоро ислоҳ намояд.
  1. Ҳангоми ошкор гардидани нуқсонҳои ноаёни истеҳсолӣ дар сарватҳои моддии ба захираи давлатӣ гузошташуда масъулияти молумулкӣ новобаста аз мўҳлати гузошта шудани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ ва вақти ошкор гардидани ин нуқсонҳо, ба шарти риоя гардидани низоми нигоҳдории сарватҳои моддии номбурда, ба дўши таъминкунанда (молрасон) гузошта мешавад.
  2. Барои таъмин накардани нигоҳдории беосеби миқдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ташкилотҳое, ки нигоҳдории масъулиятноки сарватҳои моддии захираи давлатиро ба ўҳда доранд, ба андозаи 0,3 фоизи арзиши сарватҳои моддии камомад барои ҳар рўз то барқароркунии пурраи захираи эҳтиётӣ ба захираи давлатӣ пушаймона (пеня) рўёнида мешавад.
  3. Ҳангоми муқаррар гардидани ҳодисаҳои барасмиятдарории амалиётҳо бе таъмини мол оид ба гузоштани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ, ташкилотҳое, ки нигоҳдории масъулиятноки сарватҳои моддии захираи давлатиро ба ҷо меоранд, ба андозаи 0,5 фоизи арзиши онҳо барои ҳар рўз аз лаҳзаи барасмиятдарории амалиёти номбурда то лаҳзаи воқеан гузоштани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ пушаймона (пеня) пардохт менамоянд.
  4. Ҳангоми аз захираи давлатӣ пурра нагирифтани сарватҳои моддие, ки дар шартнома барои баровардан пешбинӣ шудаанд, қабулкунандагон хароҷоти вобаста ба нигоҳдории сарватҳои моддии зиёда аз мўҳлат нигоҳдошташавандаро, ҳамчунин зарари вобаста ба паст шудани сифати сарватҳои моддии гирифтанашуда ва хароҷоти пардохти ҷаримаро барои истифода набурдан, бекор мондани воситаҳои нақлиётӣ барои ҳамлу нақли сарватҳои моддии номбурда пешбинишударо пардохт менамоянд.
  5. Дар мавриди риоя нашудани қоида ва шартҳои нигоҳдорӣ, сари вақт нагузаронидани навкунӣ ва ивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ, инчунин нигоҳдории сарватҳои моддии ба номгўи тасдиқгардида, стандартҳои амалкунанда ва шартҳои техникӣ мувофиқ набуда, сари вақт пешниҳод накардани ҳисобот ташкилоте, ки нигоҳдории масъулиятноки сарватҳои моддии захираи давлатиро ба ҷо меорад, ба андозаи 20 фоизи арзиши сарватҳои моддии амалиётҳое, ки дар натиҷаи онҳо ба ин камбудиҳо роҳ дода шудааст, бе озод кардани он аз иҷрои ўҳдадориҳо оид ба амалиётҳои номбурда ҷарима месупорад.
  6. Барои қабул накардани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ ва саркашӣ кардан аз баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ ташкилотҳои низоми захираи давлатӣ ва ташкилоте, ки нигоҳдории масъулиятноки сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, ба таъминкунанда (қабулкунанда, харидор) ба андозаи 50 фоизи арзиши сарватҳои моддие, ки барои қабул ё бароварданашон раддияи беасос изҳор карда шудааст, ноустуворона месупоранд.
  7. Ноустуворона (ҷарима, пеня), ки дар қисмҳои 1, 5, 7, 8, 10, 11 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, аз рўи нархи сарватҳои моддӣ дар рўзи пардохт рўёнида шуда, дар ҳаҷми пурра ба қисми даромади буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.
  8. Рўёнидани ҷаримаҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
 
 
 
 
Боби 5.
Баҳисобгирӣ ва ҳисобукитоб
 
Моддаи 17. Баҳисобгирӣ ва ҳисобукитоби сарватҳои моддии захираи давлатии мавҷуда ва муомилоти онҳо
Баҳисобгирӣ ва ҳисобукитоби муҳосибии сарватҳои моддии захираи давлатии мавҷуда ва муомилоти онҳо дар захираи давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
 
Боби 6.
Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 19. Ҳалли баҳсҳо
Ҳамаи баҳсҳо, ки байни иштирокчиёни ҷараёни ташкилдиҳӣ ва истифодаи сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Э.Раҳмонов
 
ш.Душанбе, 22 декабри соли 2006
               № 216

Илова кунед