Парлумон омодааст

13 Март 2020, Ҷумъа

Дастгоҳи  Маҷлиси  намояндагон 
омодаи  пазироӣ аз вакилони мардумӣ аст!

17 марти соли равон, чаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ оғоз мекунад. Дар ин бора Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март, ду рўз баъд аз баргузор шудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир гардида буд.


Бо муайян шудани рўзу соат ва макони баргузории ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагон низ ба кори худ оғоз мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ 18 рўз қабл – 28 феврал ҷаласаи хотимавии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кори худ хотима бахшид.



Новобаста аз фурсати кўтоҳ, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тамоми зарфияти худро равона намуда, утоқҳои корӣ, толорҳои шўро ва маҷлисгоҳ, роҳравҳо, саҳни ҳавлии Маҷлиси намояндагон, нишастгоҳҳо, шаҳсуфа, фаввораҳо ва маҷмуъан тамоми имкониятҳои корӣ ва шароити инфрасохтории маоишии Вакилони мардумии тозаинтихобро таҳия намудааст.



Манзараҳои саҳни Маҷлиси намояндагон, толорҳо, утоқҳои кории вакилон, роҳравҳо ва дигар иншооти ёрирасону хизматрасонӣ далолат аз он медиҳад, ки роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои баргузории ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии комил дидааст.


Илова кунед