Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 Июл 2006, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 7, моддаи 340соли 2013,№11,мод.783, соли 2018, №1, мод.25)
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2006, № 341 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 6, моддаи 300) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2006, № 221 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 7, моддаи 355) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии онҳоро танзим мекунад.
 
Моддаи 1. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.
Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи мансаб дорандаи ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи I мебошад.(ҚҶТ аз 12.11.13с.№1021)
 
Моддаи 2. Тасвири Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои хоси росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.
Даври Ливо ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалин дастдўзӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.
Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст.
Дар Маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.
Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст.
Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» — чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст.
Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марѓула дар даври Хуршед – ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши замин ва дигар унсурҳои коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад.
Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукўҳи давлат дар рўи осмони кабуд инъикос ёфтааст.
Дар болои тасвири Шери болдор Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инъикос ёфтаанд.
«Дирафши Ковиён» аз ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдўзӣ мешавад.
Андозаи «Дирафши Ковиён» 3:5 таносуби Ливо аст.
Дар қисмати болоии чўбдасти Ливо лавҳаи заррин васл мегардад, ки дар он насаб, ном ва номи падари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ў ҳаккокӣ мешавад. ҚҶТ аз 2.01.2018 №1495)
Нўги чўбдасти Ливо шакли гунбази заррин дорад.
 
Моддаи 3. Тасвири Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси такмили ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1» бо шаддаи хоси заррин тайёр карда шудааст. ҚҶТ аз 2.01.2018 №1495)
Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ –ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1», Шери болдор ва Шаддаи заррин иборат мебошад.
Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгўшаи сурх, ки аз ёқути сурх сохта шудааст, ҷойгир буда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт мебошад.
Дар доираи давродаври заррин ибораи «Ситораи Президенти Тоҷикистон» аз тилло ҳаккокӣ шудааст.
Дар дохили доираи ситораи ҳафтгўша Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тилло тасвир гардидааст.
Ситораи ҳафтгўша бо нурҳои нуқрагин зиннат ёфтааст, ки онро шукўҳ ва ороиш бахшида, рамзи покӣ ва озодагии рўҳу сират мебошад.
Ҳар хатти тўлонии нур (маҷмўан: 7 хат) бо се лаъли ҳалқагин, хатҳои миёна (маҷмўан: 14 хат) бо ду лаъли ҳалқагин ва хатҳои хурди нур (маҷмўан: 14 хат) бо 1 лаъл оро ёфтаанд.
Ба ҳар гўшаи Ситора лавҳаи мураббаи заррин (маҷмўан: 7 лавҳа) васл гардидааст, ки дар қисмати болоии он зумуррад дар шакли мураббаъ ҷойгир аст.
Ордени такмилёфтаи «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1» бо нишони ҳалқавии Шери болдори дар ҳоли ҳаракати доимӣ буда, васл карда шудааст. Шери болдор рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукўҳи давлат мебошад.
Нишони ҳалқавии Шери болдор аз ду ҷониб бо лавҳаҳои хоси заррин бо Шаддаи заррин пайваст аст. Тасвири ин лавҳаҳо ифодаи суннатии қудрат мебошад.
Шаддаи заррин 13 ҳалқаҳои зарринро дар таносуби муайян ва паиҳам пайванд намудааст.
Дар 6 ҳалқаи заррин тасвири Шери болдор ва дар 7 ҳалқаи заррин дар заминаи ранги осмонӣ тасвири заррини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.
 
Моддаи 4. Маҳалли нигоҳдошт ва тартиби истифодаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳалли нигоҳдошти нусхаи асли Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи он пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.
Нусхаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, қароргоҳи зисти доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қароргоҳҳо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои давлатӣ, қабули шахсони расмии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, супоридани мукофотҳои давлатӣ, қабули расмӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вохўрию мулоқотҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. (ҚҶТ аз 2.01.2018 №1495)
Ҳангоми дар хориҷа ба сифати шахси расмӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби протоколи тарафи қабулкунанда метавонад дар қароргоҳи зисти муваққатӣ ва воситаи нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шавад.
Ҳангоми гузоштани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сатҳ афрохта мешаванд.
Дар ҳама ҳолатҳои якҷоя афрохтани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи онҳо бояд баробар бошад.
 
Моддаи 5. Тартиби истифодаи Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои давлатӣ, гузаронидани парадҳои расмӣ, қабули шахсони расмии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, супоридани мукофотҳои давлатӣ, қабули расмӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои дигар, инчунин ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба сифати меҳмони фахрӣ даъват шудааст ва ё дар пазироии расмӣ ҳузур дорад мутобиқи тартиби протоколи тарафи қабулкунанда метавонад мавриди истифода қарор дода шавад. ҚҶТ аз 2.01.2018 №1495)
 
Моддаи 6. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи I аз ҷониби Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, дар ҳамин маврид Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Тартиби супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 12.11.13с.№1021)
 
Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Риояи талаботи Қонуни мазкур ҳангоми афрохтани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузошта мешавад.
Таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле, ки набошад, манъ аст.
        Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. ҚҶТ аз 2.01.2018 №1495)
 
 Моддаи 8. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Э.Раҳмонов
 
        ш. Душанбе  28 июли соли 2006
        № 192

Илова кунед