Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

03 Март 2006, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2006, №3, мод. 155)
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2005, № 205 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 12, моддаи 729) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2006, № 181 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 43) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии танзими фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ва усулҳои амалӣ гардонидани онро бо мақсади муҳайё сохтани шароит  барои таъмини талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёт ба хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ва рушди минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   муайян менамояд.
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ–шакли махсусгардонида-шудаи фаъолият оид ба хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ мебошад, ки экспедитор тавассути шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ амалӣ мегардонад;
— хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ— шакли хизматрасонӣ оид ба ташкили расонидани бор, иҷрои амалиётҳои вобаста ба расонидани бор мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ мебошад;
экспедитор – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ буда, хизматрасонии нақлиётию экспедитсиониро мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ анҷом медиҳад;
мизоҷ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи шартномаи бо экспедитор басташуда хизматрасонии нақлиётию экспедитсиониро  истифода мебаранд;
боринтиқолдиҳанда –шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки вазифадор аст борро ба ҷои таъиншуда расонад ва онро ба борқабулкунанда ё намояндаи вай супорад;
терминал-маҷмўи воситаҳои техникию муҳандисие мебошад, ки барои ҳамоҳангсозии кори намудҳои гуногуни нақлиёт ҳангоми амалисозии интиқоли бор, амалиётҳои расонидани бор ва идоракунии он пешбинӣ шудааст;
— боркашонии интермодалӣ— як намуди боркашонии байналмилалӣ, ки он бе ивази зарф бо намудҳои гуногуни нақлиёт интиқол додани борро ифода менамояд;
— санади умумии суѓурта –  санадест, ки мувофиқи шартҳои он ҳамаи борҳои қабулшаванда ва ё интиқолшаванда дар давоми вақти муайян ва дар ҳаҷми муайян таҳти масъулияти суѓуртакунанда қарор дорад.
 
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ
Қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Мақсади фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ
Мақсади фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ аз инҳо иборат аст:
-таъмини сатҳи кафолатноки сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
-ҳавасмандгардонии инкишофи фаъолияти нақлиётию экспедитсионии миллӣ бо мақсади таъмини фаъолияти устувори комплекси хоҷагии кишвар, воридшавии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба ҳайси шарики баробарҳуқуқ.
 
Моддаи 4. Вазифаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ
Вазифаҳои асосии фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ аз инҳо иборатанд:
— таъмини баробарии ҳуқуқу масъулияти  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ гардонидани фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ;
-муҳайё кардани  шароит барои инкишофи соҳибкорӣ ва   рақобати солим дар  соҳаи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ;
— рақобатпазир гардондани ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионии маҳаллӣ дар бозори байналмилалӣ;
-ташкил намудани фазои ягонаи экспедитсияи нақлиётӣ дар саросари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талабот ва меъёри ягонаи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ;
-ҳавасмандгардонӣ барои ҷорӣ кардани технологияҳои пешқадами хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ, боркашонии контейнерӣ ва контрейлерӣ;
-таъмини мутобиқсозӣ ва ҳамгироии  кори намудҳои мухталифи нақлиёт, пеш аз ҳама дар марказҳои умумишабакавии нақлиётӣ;
-муҳайё намудани шароит барои ташкили боркашонии мустақими омехта, инкишофи интиқоли интермодалӣ дар гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётӣ;
-зиёд намудани номгўи хизматрасонӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ба мизоҷон;
-барои мизоҷон муҳайё намудани шароити интихоби озоди экспедитор ва инчунин ба экспедитор муҳайё намудани шароит барои интихоби озоди боринтиқолдиҳанда;
-таъмини бехатарии фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар асоси ҷорӣ кардани меъёри ягонаи стандартҳо ва системаи сертификатсиякунонӣ.
 
Моддаи 5. Аккредитатсияи давлатии фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ
Аккредитатсияи давлатии фаъолияти ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионӣ аз тарафи мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 
Моддаи 6. Сертификатсияи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ
Воситаҳои нақлиёт, терминалҳо ва дигар ҷузъҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ва ҳамчунин хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ сертификатсия  карда мешаванд.
Иншоотҳои ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионӣ ва хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда мешаванд.
 
Моддаи 7. Қоидаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ
  1. Қоидаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсиониро мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  2. Дар қоидаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ талаботи зерин муайян карда мешаванд:
— рўйхати ҳуҷҷатҳои экспедитор (ҳуҷҷатҳое, ки баста шудани шартномаи экспедитсияи нақлиётиро тасдиқ мекунанд);
— талабот нисбати сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ;
— тартиби хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ.
 
Моддаи 8. Ҳуқуқҳои экспедитор ва мизоҷ
  1. Экспедитор ҳуқуқ дорад бори дар ихтиёраш бударо то пардохтани музд ва ҷуброни маблаѓи ба манфиати мизоҷ харҷкардааш ё то замони ўҳдадориашро оид ба пардохти музд ва ҷуброни хароҷот ба таври бояду шояд иҷро кардани мизоҷ боздорад. Дар ин ҳолат мизоҷ хароҷоти нигоҳ доштани амволро низ мепардозад. Ҷавобгарии боре, ки бинобар дар мавридҳои пешбининамудаи ҳамин қисм барои онро нигоҳ доштан экспедитор  зарар дидааст, ба зиммаи мизоҷ аст.
  2. .Экспедитор метавонад то пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи хусусиятҳои бор, дар бораи шартҳои ҳамлу нақли он ва дигар маълумоте, ки ба экспедитор барои иҷрои вазифаҳояш заруранд, ба иҷрои ўҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ шурўъ накунад.
Экспедитор ҳамчунин ҳуқуқ дорад дурустии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва   маълумоти пешниҳодкардаи мизоҷро дар бораи хусусияти бор, шартҳои ҳамлу нақли он ва дигар маълумоти барои иҷрои вазифаҳояш зарурро, ки дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ гардидааст, тафтиш намояд.
  1. Агар дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, экспедитор метавонад бо назардошти манфиати мизоҷ намуди нақлиёт, хатти сайри боркашонӣ, навбати боркашониро бо навъҳои гуногуни нақлиёт интихоб намояд ё таѓйир диҳад. Дар ин маврид экспедитор вазифадор аст,ки мизоҷро бо тартиби муайянкардаи шартнома аз таѓйироти дар қисми 6 моддаи мазкур зикршуда фавран огоҳ гардонад.
  2. Экспедитор ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин бо назардошти манфиати мизоҷ аз риояи дастури ў даст кашад:
— агар   дар ҳолатҳои ба ў новобаста розигии мизоҷро дар бораи риоя накардани тартиботи муайянкардаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешакӣ напурсида бошад  ё худ дар давоми як шабонарўз ҷавоби дархосташро гирифта натавониста бошад;
— агар дастурҳои мизоҷ носаҳеҳ ё худ ба шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ номувофиқ бошанд ва экспедитор дар ҳолатҳои ба вай новобаста имконияти аниқ кардани дастури мизоҷро надошта бошад.
  1. Экспедитор ҳуқуқ надорад аз номи мизоҷ, агар ин дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ нашуда бошад, дар бораи суѓуртаи бор шартнома бандад.
  2. Мизоҷ ҳуқуқ дорад, ки:
— хатти сайри боркашонӣ ва навъи нақлиётро интихоб намояд;
— аз экспедитор, агар ин дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ шуда бошад, пешниҳод кардани  маълумотро дар бораи рафти боркашонӣ талаб кунад;
— ба экспедитор мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ дастур диҳад.
 
Моддаи 9. Ўҳдадориҳои экспедитор
Экспедитор ўҳдадор аст:
— мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ хизмат расонад;
— оид ба риоя накардани дастури мизоҷ ва ё дар давоми як шабонарўз нагирифтани ҷавоби  дархосташ мизоҷро аз риоя нашудани дастураш  бо тартиби муайянкардаи шартнома огоҳ намояд;
— ба мизоҷ ҳуҷҷати экспедиторӣ ва ҳамчунин нусхаҳои асли шартномаҳоеро диҳад, ки мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ аз номи  мизоҷ  дар асоси ваколатномаи ў бастааст.
 
Моддаи 10. Ўҳдадориҳои  мизоҷ
Мизоҷ ўҳдадор аст:
— ба экспедитор барои иҷрои ўҳдадориҳои дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинигардидаи ў, ки ҷиҳати назорати гумрукӣ, санитарӣ ва дигар намудҳои назорати давлатӣ заруранд, дар бораи хусусиятҳои бор, шартҳои ҳамлу нақли он маълумоти пурра, аниқ ва дуруст пешниҳод намояд;
— ба экспедитор аз рўи тартиби пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ музд диҳад ва ҳамчунин хароҷоти ба манфиати мизоҷ кардаи ўро ҷуброн намояд.
 
Моддаи 11. Асосҳои умумии ҷавобгарӣ
  1. Экспедитор ва мизоҷ барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани вазифаҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ва Қонуни мазкур дар асоси боби 24 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба андозаи муайянкардаи он ҷавобгаранд.
  2. Дар боркашонии равобити байналмилалӣ ҳадди ҷавобгарии экспедитор барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ аз 666,7 (ҳадди ҷавобгарии экспедитор барои иҷро накардани шартнома аз ҳисоби 1000 воҳиди шартӣ) воҳиди ҳисобкунии як ҷой ё воҳиди дигари борбардорӣ, ба истиснои ҷавобгарии экспедитор, ки дар қисми 2 моддаи 14 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, зиёд буда наметавонад.
  3. Барои мақсадҳои Қонуни мазкур ҳангоми хизматрасонии экспедитсионие, ки бо боркашонии равобити байналмилалӣ алоқаманд аст, таҳти мафҳуми воҳиди ҳисобкунӣ воҳиди ҳуқуқи махсуси иқтибосии муайянкардаи Фонди байналмилалии асъор ҳисобида мешавад. Арзиши асъори миллӣ дар воҳидҳои ҳуқуқи махсуси иқтибосӣ аз рўи тарзу усули муайян намудани арзише, ки Фонди байналмилалии асъор ба санаи дахлдор барои аҳдҳо ва муомилоти худ татбиқ менамояд, ҳисоб карда мешавад. Арзиши асъори миллӣ дар рўзи қабул гардидани қарори суд ё дар рўзи муқаррарнамудаи созишномаи тарафҳо ба арзиши воҳидҳои ҳуқуқи махсуси иқтибосӣ мутобиқ гардонида мешавад.
  4. Агар экспедитор исбот карда натавонад, ки бори барои экспедитсияшавӣ қабул карда гирифтааш ба сабаби амал ё беамалии ў қасдан ва ё бинобар беэҳтиётии даѓалона гум ё камомад шудааст ва ё зарар дидааст (вайрон шудааст), қоидаҳои маҳдудкунии ҷавобгарӣ, ки дар қисми 2 ҳамин модда ва қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, татбиқ карда намешаванд.
  5. Дар сурати яктарафа даст кашидан аз иҷрои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ мизоҷ ё экспедитор ба ҷониби дигар товони зарари бекор кардани шартномаро медиҳад ва ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома ҷарима месупорад.
 
Моддаи 12. Асос ва андозаи ҷавобгарии экспедитор дар назди мизоҷ барои гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор
  1. Экспедитор дар назди мизоҷ барои гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор дар асоси шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ба андозаи зерин ҷавобгар мебошад:
— бо зикри қимати он ҳангоми гум шудан ё камомади бор- ба андозаи қимати зикршуда ё як қисми қимати зикргардида мутаносиби қисми камомади бор;
— бе зикри қимати он ҳангоми гум шудан ё камомади бор — ба андозаи қимати воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор ё қисми камомади он;
— бо зикри қимати он ҳангоми зарар дидани (вайрон шудани) бор- ба андозаи паст фуромадани қимати зикршуда ва дар сурати набудани имконияти барқарор кардани бори зарардида, ба андозаи қимати зикршуда;
— бе зикри қимати он ҳангоми зарар дидани (вайрон шудани) бор — ба андозаи паст фуромадани қимати воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор ва дар сурати набудани имконияти барқарор кардани бори зарардида ба андозаи  қимати воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор.
Экспедитор музди пешпардохтаи мизоҷро, ки ба қимати бор дохил нашудааст, мутаносиби қимати бори гумшуда, камомад ё зарардида (вайроншуда) тибқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ бармегардонад, ҳамчунин  дар баробари ҷуброни зарари воқеӣ ба мизоҷ ба андозаи муқаррарнамудаи ҳамин модда товони фоидаи аз дастрафтаро медиҳад.
  1. Ҳангоми хизматрасонии экспедитсионӣ, ки бо боркашонии равобити байналмилалӣ алоқаманд аст, андозаи ҷавобгарии зерин муаяйн карда мешавад:
— ҷавобгарии экспедитор барои  ҳар килограмми вазни умумии бори гумшуда, камомад ё зарардида (вайроншуда), аз ду воҳиди ҳисобкунӣ (воҳиди ҳуқуқи махсуси иқтибосии муаяйнкардаи Фонди байналмилалии асъор) зиёдтар буда наметавонад;
— фоидаи аз дастрафта пурра, вале на бештар аз андозаи ҷавобгарии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷуброн карда мешавад.
  1. Арзиши воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор бо нархе муайян карда мешавад, ки дар шартнома ё суратҳисоби фурўшанда зикр ёфтааст ва дар сурати набудани ин гуна нарх он бо нархи миёнаи ҳамин гуна моли дар он ҷо мавҷудбуда, ки бор бояд дар рўзи қонеъгардонии ихтиёрии чунин талаб ё, агар талаб ихтиёран қонеъ гардонида нашуда бошад, дар рўзи қабул гардидани қарори суд дода мешуд, муайян карда мешавад.
  2. Баъди сӣ рўзи гузаштани мўҳлати боррасонӣ, ки дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ муайян карда шудааст ва ё агар чунин мўҳлат дар шартнома муайян карда нашуда бошад, дар давоми мўҳлати маъқули барои расонидани бор зарурӣ ва аз рўзи барои ҳамлу нақл борро қабул карда гирифтани экспедитор гумшуда ҳисоб меёбад. Агар экспедитор мизоҷро аз тартиби муайяннамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ сари вақт огоҳ гардонида бошад, боре, ки расонида шудааст, вале ба ихтиёри боргирандаи дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ зикргардида ё ба шахси ваколатдори ў ба сабаби напардохтани музди экспедитор супурда нашудааст, гумшуда ҳисоб намеёбад.
 
Моддаи 13. Огоҳ кардан аз гум шудан, камомад ё зарар дидани  (вайрон шудани) бор
  1. Боргирандаи дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ зикршуда ё шахси ваколатдори ў экспедиторро аз гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор хаттӣ огоҳ менамояд.
  2. Дар сурати бо усули маъмулӣ қабул карда гирифтани бор, агар муқаррар намудани гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) онро муайянкардан имконнопазир бошад, экспедитор на дертар аз сӣ рўзи тақвимии қабул карда гирифтани бор огоҳ карда мешавад. Рўзи чунин огоҳномаро гирифтани экспедитор рўзи огоҳ гаштани ў ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 14. Асос ва ҳадди ҷавобгарии экспедитор  барои вайрон кардани мўҳлати иҷрои ўҳдадорӣ аз рўи  шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ
  1. Экспедитор зарареро, ки ба мизоҷ барои вайрон кардани мўҳлати иҷрои ўҳдадории шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ расидааст, ба истиснои ҳолатҳои рафънопазир, ҷуброн мекунад.
  2. Барои риоя нашудани мўҳлати иҷрои ўҳдадории шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ, экспедитор ба мизоҷ барои ҳар шабонарўз (зимнан шабонарўзҳои нопурра ҳамчун шабонарўзҳои пурра ҳисоб мешаванд) ё соати (агар мўҳлат бо соат зикр шуда бошад) гузаронидани мўҳлат ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома, вале на зиёдтар аз ҳаштод фоизи музди (хизматонаи) экспедитор ноустуворона (ҷарима) месупорад ва ҳамчунин агар бар асари қувваи рафънопазир ё бо айби мизоҷ риоя нашудани мўҳлати иҷрои ўҳдадории шартномавиро исбот карда натавонад, зарари аз ин ба мизоҷ расидаро ҷуброн менамояд.
 
Моддаи 15. Асос ва ҳадди ҷавобгарии мизоҷ дар назди  экспедитор
  1. Мизоҷ дар назди экспедитор дар ҳолатҳои зерин ҷавобгар мебошад:
— барои зараре, ки бинобар иҷро нашудани ўҳдадорӣ оид ба пешниҳоди маълумоти дар Қонуни мазкур зикрёфта ба экспедитор расидааст;
— барои даст кашидан аз пардохти  хароҷоти экспедитор ба мақсади иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ва супоридани ҷарима ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома.
  1. Мизоҷ барои сари вақт напардохтани хизматонаи экспедитор ва дер ҷуброн кардани хароҷоте, ки экспедитор ба нафъи мизоҷ кардааст, барои ҳар рўзи гузарондани мўҳлати пардохт ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома, вале на бештар аз хизматонаи экспедитор ва хароҷоти ба манфиати мизоҷ кардаи ў ноустуворона месупорад.
 
Моддаи 16. Иддао  ва даъво 
Ҳангоми вайрон шудани шартҳои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ тарафҳо ҳуқуқи пешниҳод намудани иддао ва даъворо тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
 
Моддаи 17. Суѓурта кардан
Хизматрасониро оид ба бастани шартномаи суѓуртаи бор экспедитор амалӣ мекунад, агар он бевосита дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ шуда бошад.
Экспедиторе, ки санади умумии суѓурта дорад, барои ба расмият даровардани шартномаи суѓурта барои ҳар як гурўҳи борҳо ўҳдадор намебошад.
 
Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 19. Тартиби  мавриди амал қарор  додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас  аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Э.Раҳмонов

             ш. Душанбе  3 марти соли 2006
             №165
 
 

Илова кунед