Хайру эҳсони вакилони мардумӣ зиёд мегардад

07 Сентябр 2020, Душанбе

Тибқи супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дастгирии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар ин радиф, маъмурияти муассисаи таҳсилоти томактабии № 3 воқеъ дар деҳаи Селбури ҷамоати деҳоти ба номи Мирали Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ марбут ба ҳавзаи интихоботии Мир Саид  Алии  Ҳамадонӣ, № 35 ҳанӯз дар вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ва баъдан дар мактуби худ ба унвонии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт дархост карда буданд, ки муассисаи онҳо бо мизу курсиҳо, катҳои хоби кӯдакона ва дигар маводи таълимию тарбиявӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ таъмин карда шавад.
Бо назардошти ҳолати воқеӣ дар муассисаи мазкур аз ҷониби ваки-ли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт тасмим гирифта шуд, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои беҳдошти шароити таълимию тадрисӣ дар ин муассисаи таҳсилотии томактабӣ ба онҳо як миқдор маводи таълимӣ, аз ҷумла  25 адад миз ва 50 адад курсиҳои бачагона ва 2 адад ҳаллоҷиҳои кудакона харидорӣ ва тақдим намояд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон хуб медонанд, ки анҷом додани амалҳои неку писандида ва ба муҳтоҷон дароз кардани дасти саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартаба, ном ва эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки барои ба даст овардани ризои Худованд, волотарин арзишҳо дар дини мубини ислом ба шумор мераванд.

Илова кунед