Интихоб ба хотири субот ва инкишофи ҷомеа

07 Сентябр 2020, Душанбе

Зарурияти таърихӣ ҳамеша дар заминаи талаботҳои марҳилаи муайяни рушди ҷомеа ташаккул ёфта, дар мундариҷаи шуури ҷамъиятӣ ба таври хос инъикос меёбад ва онро соҳибназарону субъектҳои фаъоли таърихӣ бо интихоби намунаи беҳтарини роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа аз байни имкониятҳои зиёди мавҷудбуда амалӣ мегардонанд. Яъне баръакси тасаввуроти шаклгирифтаи маъмулӣ оид ба оянда ҳамчун намунаи ягонаи зарурияти таърихии ба миён омада қазовати зикршуда таъкид менамояд, ки аслан дар марҳилаҳои ҳассоси рушди ҷомеа ҳамеша шохаҳои гуногуни имконпазири пешрафт зиёд шуда, масъулияти интихоб аз ин самтҳо дучандон меафзояд ва ин моҳияти эҳтимолию чандсамта доштани равандҳои таърихиро ҷилвагар месозад. Бо такя аз оянданигарии мақсадгароёна бисёре аз донишмандон пештар мӯътақид буданд, ки ҳаракати ҷомеа ба сӯи оянда тавассути як нерӯи фавқулбашарие сурат гирифта, он бо салоҳдиди хеш ҳамагуна воқеияти ҳаёти иҷтимоиро танзим менамояд. Вобаста аз мавқеи ҷаҳонбинӣ ин нерӯро баъзеҳо ваҳй, ақли ҷаҳонӣ ё қонунмандии объективӣ номидаанд. Илова бар ин таъкид мегардид, ки ҳузури чунин қудрат дар ҳаёти ҷомеа барои мардум матлуб буда, алорағми ҳама гуна монеъаҳои таърихӣ ҳамаро ба саодати умумӣ расонида, инкишофи самтгиру баргаштнопазири ҷомеаро таъмин менамояд. Зимни интихоби чунин равиши бархурд ба моҳияти густариши раванди таърихӣ озодии инсон танҳо иборат аз дарки зарурият, маърифату равшансозии он ва дар ин асос пайравӣ кардан аз он бармеомад, ки он саршори уммедвориҳои хӯшбинона ба мавҷудияти ояндаи муқарраршуда мебошад. Вале равандҳои мураккаби ҷаҳони муосир моро ба дарки ҳақиқати дигаре водор месозанд, ки аксари маврид оянда дар худ нишонаҳои ноаёни пешакӣ пурра пешбининавандаеро нигоҳ медорад, ки онҳо маҳсули таъсири омилҳои гуногунсамта мебошанд ва онҳо тобеъи қонунмандиҳои ҳалқаи устувори яксамтаю сабабӣ дошта нестанд. Ҳалқаҳои мазкур аҳёнан дар пасманзари ҳодисаҳои пурталотуми иҷтимоӣ гусаста мешаванд ва оянда барои интихоби самти нави инкишофу ҳали ғайриқолабии масъалаҳои ҷойдошта кушода мешавад.      
Аз ин нигоҳ пешниҳоди Анҷумани Х1У-уми ҳизб оид ба номзадии Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ маҳз аз дарки нозукбинонаи ҳамин зарурияти таърихии марҳилаи имрӯзаи инкишофи ҷомеаамон сарчашма гирифта, орзӯю омоли мардуми ин сарзаминро барои истеҳкоми минбаъдаи пояҳои давлатдории миллиямон, расидан ба қуллаҳои муроди зиндагии шоиста, бунёди ҷомеаи рушдкардаи муосир ифода менамояд. Зеро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир барои ин роҳро паймудан ҷомеа ба чунин сарвари сиёсии соҳибназаре ниёз дорад, ки дар умқи дилу дидаи мардум бо кору пайкори созандааш ҷой гирифта, қаблан эътимоди росиху устувори кулли сокинони кишварро ба даст оварда бошад. Эътимоду боварии мардум ба сарвари сиёсии худ яке аз рукнҳои муҳими ҷомеасозӣ ба шумор меравад, ки аз камҳузурии он баъзе аз кишварҳои ба гирдоби мушкилоти муосир афтода ранҷ мебаранд. Дар канори мардум будан аз пойдевори ақидатию ахлоқии ҲХДТ бармеояд ва ин маҳбубияташро миёни мардуми ин сарзамин афзудааст.
Агар таърихро ҳамчун арсаи тағйироту руйдодҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ намоем, пас дар саҳифаи истиқлолиятёбии комили Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҲХДТ, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Ҷаноби олӣ ташаккул ёфт, хеле бузургу нотакрор аст. ҲХДТ дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо сайъу талошҳои пайвастаи сарварии сиёсии худ дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди мӯътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтирому арзёбии шоиста гардид. ҲХДТ мақоми ҳизби роҳбарикунандаро дар ҷомеа тавассути фаъолияти пурсамар, талоши ҳифзу татбиқи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин дар шароитҳои тақдирсози таърихӣ, ки ҷасорату матонати бемислро тақозо мекарданд, ба даст овард. Боиси ифтихори мост, ки сарвари муаззами ҳизбамон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсози таърихӣ масъулияти бузурги таҳкими пойдевори низоми нави давлатдориро ба дӯши худ гирифта, бо ташаббуси қабули қарорҳои калидӣ ва сафарбарнамоии одамон барои татбиқи онҳо кишварамонро дар як муддати аз фарози фурсати таърихӣ кӯтоҳтарин ба суботу тамоюли рушдгароёна оварда расониданд. Аз ин нигоҳ ҳақ ба ҷониби он соҳибназароне аст, ки кору пайкори сарвари ҲХДТ-ро дар радифи шахсиятҳои бузурги миллатсози муосир қарор додаанд.
Табиист, ки аксари ҳаводорону рақибони ҳизб баъзан бо мақсади сабақомӯзӣ ва баъзан аз рӯи ҳасаду нотавонбинӣ пайваста ҷӯёи посух ба саволе ҳастанд, ки омилҳои маҳбубияти ҳамешагии ҲХДТ ва сарвари ҳизб аз куҷо маншаъ мегирад? Дар умум ин омилҳоро ба се даста метавон гурӯҳбандӣ кард. Аввалан, ҲХДТ ҳамеша дар лаҳзаҳои мушкилу печидаи ҳаёти ҷамъиятӣ иродаи матини пешниҳоди аз чунин вазъиятҳо баромаданро бо ҳисси масъулияти баланд ба зиммаи худ гирифта, маҳбубияташро миёни мардуми ин сарзамин афзудааст. Агар тасвири ин лаҳзаҳоро хаёлан пеши назар орем, ба хубӣ мебинем, ки онҳо лаҳзаҳое буданд, ки дар бисёр мавридҳо ҳисси ноумедию ҳаросро дар кунҷи дили бештари мардум ҷой медоданд, вале боз ҳам ҳамон иродаи масъулиятшиносию ташаббускории ҳизб онҳоро ба уммеду бовармандӣ нисбати имрӯзу ояндаи давлатамон ҳидоят марданд. Мисолҳо дар ин маврид хеле зиёданд ва яке аз намунаҳои муассири он посухи муносиби ҷомеаи мо ба таҳдиди вусъатталабонаи вабои ҳамагири КОВИД-19 ба шумор меравад. Дар ин маврид ҳам бо такя аз таҷрибаи андухтаи ҷомеасозии амалгароёна ҲХДТ тавонист мардумро боз ҳам дар атрофи худ муттаҳид созад ва тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намояд. Новобаста аз ангезаҳои берунию дохилӣ амалҳои ҷавобии низоми ҷамъиятию сиёсии ҷомеаи мо санҷидакорона ва муносиб ба вазъияти баамаломада буданд. Дар баробари тадбирҳои андешидашуда инчунин далерона ҳузур пайдо кардани Раиси муаззами ҲХДТ дар арафаи авҷи ин вабои ҳамагир дар байни мардум шабаҳи тарсу ноумедии ҷойдоштаро аз байн бурд. Зуҳури ин падида бори дигар нишон дод, ки кишвари мо метавонад ҳамеша низоми амниятии худро алайҳи чунин хатарҳо росихтару бештар аз пештар устувортар нигоҳ дорад.
Омили дигари ҳамеша дар атрофи арзишҳову ғояҳои созандаи ҲХДТ самимона муттаҳид шудани мардуми тоҷикистонӣ аз он иборат аст, ки онҳо аз умқи дилашон дарк менамоянд, ки ин арзишҳову ғояҳо аз арзишҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, ҳаётдӯстдорӣ, илммеҳварӣ ва аз ҳама муҳимтар аз арзишҳои фарҳангиямон сарчашма мегиранд. Яъне талошҳои дар канори мардум будани ҳизб танҳо ба хотири ба даст овардани холи сиёсӣ набудааст, балки чунин амал аз пойдевори ақидатию ахлоқии ҲХДТ бармеояд. Бинобар ин ҲХДТ ва сарвари онро кулли сокинони кишварамон «мардумӣ» унвон мекунанду дар асоси иродаю боварии қавӣ атрофи онҳо муттаҳид мешаванд. Зеро унсури асосии мутаҳидсозию ба фаъолияти созанда раҳнамун сохтани ҷомеа пеш аз ҳама дар асоси дарку амалисозии талаботу манфиатҳои мардум ба даст меояд. Намунаи барҷастаи чунин амалияи ҳамеша бо мардум будан ҳамеша зимни сафару вохӯриҳои бепоёни Раиси муаззами ҲХДТ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ҳувайдо мегардад. Тавассути чунин муносибат имконияти амиқан донистани талаботу манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст меояд ва одамон ҳамарӯза беҳтаршавии шароити зиндагияшонро бо чашми худ мебинанд ва шарики фаъоли ташаббусҳои созандаи ҲХДТ мешаванд.
 Маҳз дар маҷрои пурталотуми ҳамин гуна раванди ҷомеасозӣ бо ибтикори роҳбари муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо шоҳиди бори нахуст дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон роҳандозии муваффақонаи истифодаи зарфияти давлати миллӣ ба сифати абзори ҳувиятсозӣ, фарҳангсолорӣ ва илммеҳварӣ гаштем, ки онҳо имрӯз аз рукнҳои муҳимми таъмини истиқлолияти сиёсию рушди мамлакат ба шумор мераванд. Амалияи мазкур хотираи таърихии мардуми тоҷикро дар намоди давлати миллӣ ғунҷонид ва ба шарофати ин иқдом акнун мудом саҳифаҳо аз бойгонии таърихи бою рангини ин сарзамин дар муоширату муносибатҳои гуногунҷанбаи нави ҷамъиятӣ ҳамчун навори зинда пеши назар меоянду чарх мезананд. Аз ҷумла, номи пули миллию намодҳои дар онҳо ғунҷонидашуда, номи аксари вилояту навоҳӣ, шаҳраку деҳаҳо хотироти таърихии мардумро дар меҳвари ифтихори миллию ватандӯстӣ давр мезанонанд ва фарзандони фарзонаи ин сарзаминро ба кору пайкори созанда баҳри рушди ин ватани маҳбуб ҳидоят мекунанд. Ҳамасола таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ бо арҷгузории фаъолияту осори намояндагони баруманди фарҳанги миллӣ ва санаҳои муҳимми таърихӣ ба роҳ монда мешавад, ки тавассути ин иқдом на танҳо оммаи васеъ, балки аҳли илму эҷод низ амиқтару густурдатар ба дарку омӯзиши онҳо фурӯ мераванд.
Лозим ба таъкид аст, ки нуқтаи назардиҳии Раиси муаззами ҲХДТ ба аксари масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа аз нигоҳи назариявӣ арзиши нотакрори консептуалӣ доранд ва мо бояд малакаи даркашонро дошта бошем. Вале бояд иқрор шуд, ки яке аз ҷанбаҳои заъфи илми ҷомеашиносии мо ин баъзан надоштани қудрати оҷилан бо нигоҳи консептуалӣ ба арзёбии ҳодисаҳои ҷамъиятӣ наздик шудан аст. Дар ин ҷо танҳо ду мисолро барои исботи ин фикр меорам, ки яке марбут ба дастёбии истиқлолияти миллиямон аст ва дигаре муносибати усулӣ ба муоҳидаи сулҳи байни тоҷикон. Дар гузаштаи на чандон дур одатан истиқлолияти кунунии кишварамонро бисёриҳо ҳамчун «туҳфа» арзёбӣ мекарданд ва онро танҳо марбут ба ҳодисаҳои солҳои охири асри XX вобаста медонистанд. Чунин арзёбӣ аз касби истиқлолият то андозае эҳтиромро аз хизмату ҷоннисориҳои наслҳои пешин, ки воқеан хам тавассути заҳматҳои онҳо фарҳангу ҳуввияти мардуми тоҷик барқарор монд, камрангтар менамуд. Барои ислоҳи муҳтавои чунин баҳодиҳиҳо иқдомҳои амалии сарвари давлат Э. Раҳмон дар шакли ҳамчун рамзи ҳуввияту ваҳдати миллӣ пешниҳод намудани симои Исомили Сомонӣ ва сазовор донистани унвонҳои аввалин қаҳрамонони миллати тоҷик ба шахсиятҳои сиёсию фарҳангии миллатамон, дигаргуншавии назардиҳиҳои усулиро ба ин масъалаҳо ташаккул доданд. Чунин назардиҳии усулии Раиси муаззами ҲХДТ соли 2019 зимни суханронияшон дар минтақаи Рашт оид ба муҳтавои муоҳидаи сулҳи байни тоҷикон сурат гирифт. Зикр намуданд, ки он на зимни тавофуқ бо гурӯҳи ягонаи сиёсӣ, балки бо иттиҳоди нерӯҳои мухолифе, ки баъдан бо назардошти иҷрои ҳадафҳои пайгирикунандааш ҳузурашро ба сифати субъекти ҳуқуқӣ дар фазои ҷамъиятии Тоҷикистон зарур нашуморид, ба даст омадааст. Ин қазоват минбаъд диди муҳаққиқонро ба арзёбии масъалаи мазкур дигар намуд.    
Чунин бардоштҳо дар шароити олами муосир, ки ҳар лаҳза на танҳо чеҳраи ҷомеаҳои миллӣ, балки диду арзишҳои одамон ва шеваи бархурди онҳоро бо воқеияти ҳаёти ҷомеаҳои худ ва умуман ҷомеаи башарӣ тағйир дода истодаанд, хеле муҳим аст. Аз ҷумла аз эҳтимол дӯр нест, ки маъракаи пешазинтихоботии дар пеш истодаи кишварамон на танҳо дар фазои маъмулӣ, балки дар фазои маҷозӣ низ баҳсу талошҳои зиёдеро атрофи фаъолияти ҲХДТ – ҳамчун ҳизби ҳукмрон дар пай дошта бошад. Дар ин баҳсу мунозираҳо рақибони ҲХДТ кӯшиш хоҳанд кард, ки масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро то ҷое метавонанд ба таври буғранҷ нишон диҳанд. Табиист, ки мавқеи ҲХДТ дар ин маврид на маҳкумсозию носазогӯйӣ нисбати рақибони сиёсӣ, балки гуфтугӯи тахассусӣ бо онҳо хоҳад буд. Дар ин самт бо итминони қавӣ метавон гуфт, ки иқтидори бузурги зеҳнии ҳизб зарфияти посухгӯйии муносиб дорад. Эшон низ бояд ҳар қадам маҳорати дастрас ба мардум расонидани ғояҳои ҳизбро сайқал диҳанд ва дар зеҳни мардум ғояҳои умумимиллии ҳизбро ҷойгир намоянд. Бо ифтихор бояд гуфт, ки ғояҳои умумимиллие, ки ҲХДТ ташаккул додаасту маҳаки барномаҳои онро ташкил меиҳанд, имрӯз танҳо дар қолаби шиору назарияпардозиҳо маҳдуд намешаванд ва онҳо аллакай дар сохтмони иншоотҳои азими аср ба монанди сохтмони НБО Роғун, роҳу пулҳои сатҳи сифати байналмилалӣ, корхонаҳо, биноҳои муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ ва ғайра татбиқи худро меёбанд. Яъне имрӯз дар заминаи ин ғояҳо муҳити куллан пешрафтаи ҳаётие ташаккул ёфта истодааст, ки сокинони ин сарзаминро бе эҳсоси ташвишу нигаронӣ ба ояндаи дурахшон уммедвор месозанд. Тавонмандии нишон додани муҳтаво ва натиҷаи ифодаёбии ғояҳои умумимиллӣ дар ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мартабаи ҳизби моро ҳамчун таҳаррукбахшандаи Тоҷикистон ба уфуқҳои нави рушд пеши назари аҳли ҷомеа боз ҳам болотар хоҳад бурд. Ин посухи муносибест на танҳо барои рақибони ҳизб, балки барои мушкилоти имрӯзаи ҷаҳониву минтақавӣ аст. Мақоми роҳбарикунанда доштани ҲХДТ танҳо бо салоҳияти мудирияти ҳаёти ҷамъиятӣ маҳдуд намешавад, балки он бояд ҳамеша бо мардум бошаду хизмат ба ояндаи дурахшонтар расидани Ватани маҳбубамонро қарзу ҳадафи худ ҳисобад. 
Танҳо мудирияти бо чунин сифатҳо оростаи кишвар метавонад алайҳи буҳронҳои шадиди имрӯза асосҳои захиравии ҷомеаро коҳиш надиҳад ва баръакс барои баромадан ба сатҳи нави рушд замина фароҳам орад. Аз ин рӯ зарурияти ҳузури Раиси муаззами ҲХДТ дар ин симат воқеиятест, ки метавонад ба манфиати афзудани қудрати ҷавобгӯйии муносиби ҷомеаи тоҷик ба тамоюлоти на ҳама вақт пурра пешбинишавандаю ҳассоси замони муосир хидмат менамояд. Танҳо сарвари сиёсии дорои қудрати бузурги ҷомеасозӣ дошта дар чунин марҳилаи таърихӣ метавонад ба тамоюлоти рушди ҷомеа таъсири мусбату ҳадафмандона расонад.  
    
Усмонзода Х.У.
узви Фраксияи ҲХДТ

Илова кунед