Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 475 дар бораи тасдиқи Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

03 Октябр 2005, Душанбе

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
  2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии худро ба Қарори мазкур мутобиқ гардонанд.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           С.Хайруллоев
 
ш.Душанбе, 3 октябри соли 2005
№ 103                                                                  _________________________
 
Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
БОБИ I
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Доктринаи ҳарбӣ) маҷмўи нишондодҳои расмиеро, ки асосҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, ҳарбӣ-стратегӣ ва ҳарбӣ-иқтисодии таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунанд, дар худ таҷассум мекунад.
Доктринаи ҳарбӣ ҳуҷҷати давраи гузариш – даври ташаккули давлатдории демократӣ, иқтисодиёти гуногунсохт, азнавсозии ташкили ҳарбии давлат, тагйироти босуръати низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар Доктринаи ҳарбӣ нишондодҳои Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳарбӣ такмил ёфта, дақиқ карда мешаванд. Муқаррароти Доктринаи ҳарбӣ ба арзёбии умумии вазъи сиёсию ҳарбӣ ва дурнамои стратегии инкишофи он, ба муайянсозии илман асосноки вазифаҳои ҷорӣ ва оянда, талабот ва имкониятҳои воқеии таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳлили мунтазами мазмун ва хусусиятҳои ҷангҳои муосиру муноқишаҳои мусаллаҳона, таҷрибаи ватанию хориҷии сохтмони ҳарбӣ, санъати ҷангӣ ва рушди илми ҳарбӣ такя мекунад.
Доктринаи ҳарбӣ хусусияти мудофиавӣ дорад, ки дар муқаррароти он мувофиқати аслӣ ба тарафдории тадриҷии сулҳ бо қатъияти ҳимояи манфиатҳои миллӣ муайян карда шуда, амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқчиёни онро кафолат медиҳад.
Асоси ҳуқуқии Доктринаи ҳарбиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбӣ ташкил мекунанд.
Муқаррароти Доктринаи ҳарбӣ метавонад бо дарназардошти таѓйир ёфтани вазъи ҳарбию сиёсӣ, хусусияту мазмуни таҳдидҳои ҳарбӣ, шароити сохтмон, инкишоф ва истифодаи ташкилоти ҳарбии давлат пурра ва дақиқ карда шуда, инчунин дар паёмҳои ҳамасолаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дастурҳои банақшагирии истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қушунҳо, ҷузъу том ва мақомоти ҳарбӣ, дар дигар ҳуҷҷатҳо доир ба масъалаҳои таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда мешаванд.
 
БОБИ 2
АСОСҲОИ ҲАРБИЮ СИЁСӣ
 
Ҳолат ва дурнамои инкишофи вазъи ҳарбию сиёсии муосир тибқи сифатан такмил додани воситаҳо, шакл ва усулҳои муборизаи мусаллаҳона, зиёдшавии доираи фарогирӣ ва оқибатҳои вазнинии он, ки соҳаҳои нав ба навро фаро мегиранд, муайян карда мешаванд.
Бо дарназардошти он ки низоъҳои ҷангӣ метавонанд на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Оиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дошта бошанд, зарур аст, ки:
— принсипи ҳамзистии осоишта, ҳалли сиёсии баҳсу муноқишаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлат, дахлнопазирӣ ба корҳои дохилии онҳо ва дастнорасии сарҳади давлатӣ риоя карда шавад;
— ҷанг, истифодаи қувваи ҳарбӣ ё таҳдид бо қувва барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ѓайра рад карда шавад;
— ҳама гуна амали терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, қочоқи маводи нашъаовар маҳкум карда шавад.
Қувваи ҳарбӣ аҳамияти худро дар кори ҳимоя аз терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, қочоқи маводи нашъаовар, нигоҳдории тамомияти арзӣ, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба дахолат ба корҳои дохилии он аз тарафи давлатҳои дигар нигоҳ медорад.
Вобаста ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таъмини нигоҳдории манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатӣ, инчунин мутобиқи оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар мудофиаи алоҳида ё дастаҷамъона ҳангоми таҳдид ё истифодаи қувваи ҳарбӣ бар зидди ў ва иттифоқчиёни онро нигоҳ медорад.
 
  1. Принсипҳои сиёсӣ ва воситаҳои таъмини амнияти
кишвар ва роҳҳои татбиқи онҳо
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, воситаҳои сиёсию дипломатӣ ва дигар воситаҳои ѓайриҳарбиро авлотар медонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки:
  • ба ягон давлат ҳамчун душмани худ муносибат намекунад;
  • бар зидди дигар давлат қувваи ҳарбиро истифода намебарад, ба ѓайр аз ҷавоби таҷовузи зидди худ ё иттифоқчиёнаш;
  • ба давлатҳои ҳамсоя даъвои ҳудудӣ ва дигар намуди даъво надорад;
  • барои минбаъд такмил додани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳия ва қабули маҷмўи чораву амалиётҳо оид ба масъалаҳои ҳарбию техникӣ бо ҳамаи кишварҳо, пешгирии муноқишаҳои ҳарбӣ дар манбаъҳои эҳтимолии муташанниҷ баромад мекунад.
Бо мақсади нигоҳ доштани амнияти миллӣ ва байналмилалӣ, пешгирӣ намудани намудҳои гуногуни хатар Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш мекунад, ки:
  • мусаллаҳшавии бошитобро дар минтақа маҳдуд намуда, таҳвили онро ба коинот роҳ надиҳад;
  • ба ҷойгиркунӣ ва озмоиши силоҳи ядроӣ дар қаламрави худ роҳ надиҳад;
  • яроқи ядроӣ, кимиёвӣ ва биологӣ нест карда шаванд;
  • ба содироти (таҳвили) мавод ва технологияҳое, ки қобили офаридан ва паҳн намудани ҳар як навъи аслиҳаи қатли ом мебошанд ва воситаҳои таҳвили он роҳ надиҳад;
  • давра ба давра аз ҷониби ҳамаи давлатҳо, махсусан давлатҳои Осиёи Марказӣ ихтисор гардидани Қувваҳои Мусаллаҳи худ то ба ҳадди камтарини зарурати дифоъ ноил гардад;
  • эҳтиром, ошкорбаёнӣ ва пешгўии тарафайн дар кори ҳарбӣ ва дар ин асос чораҳои амалӣ оид ба таҳкими боварӣ ва назорат андешад;
  • маълумотдиҳии саривақтии байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхайро оид ба бартарафсозии муноқишаҳои байналмилалӣ, мубориза алайҳи ҷинояткории вобаста ба маводи нашъаовар, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ бо ҳамаи зуҳуроти он таъмин шавад;
  • иттиҳоди мавҷудаи ҳарбию сиёсиро ба сохторҳои нави нисбатан таъсирбахши амнияти дастаҷамъона табдил диҳад ва муттаҳид созад.
Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ихтисор ва маҳдудсозии аслиҳа ҳамчун ҷузъи ҳарбии амнияти байналмилалӣ бо усулҳои зайл асос меёбад;
  • таъмини афзалиятноки манфиатҳои амнияти худ, бо дарназардошти манфиатҳои амнияти дигар давлатҳо;
  • нигоҳдории устувории стратегӣ бо давлатҳои ба Тоҷикистон ҳамсарҳад ва шарикони стратегии он.
Диққати махсус ба иҷрои амалии созишномаҳои байналмилалии имзошуда дода мешавад.
Тоҷикистон дар роҳи мустаҳкамгардонии пойдорӣ ва амнияти миллию байналмилалӣ бо дигар давлатҳо ҳамкорӣ карда, барои пешгирии муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақа ба воситаи ҳамгироӣ дар системаи амнияти дастаҷамъона ва ҳамоҳангсозии иқдомҳои андешидашавандаи байналмилалии зерин мубориза мебарад ва ба воситаҳои ѓайриҳарбии ноил гаштан ба сулҳ афзалият дода мешавад:
  • дар сатҳи минтақавӣ бо давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ, мувофиқаи сиёсати ҳарбӣ ва сохтмони мудофиавӣ. Ин самти ҳамкорӣ барои Тоҷикистон муайянкунанда мебошад;
  • дар миқёси глобалӣ – бо ҳамаи давлатҳо – аъзои Созмони Милали Муттаҳид, пеш аз ҳама оид ба таҳкими қувваҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза дар зидди таҳдид ба амният, терроризм, муомилоти ѓайриқонунии маводи нашъаовар ва экстремизми динӣ.
Ба сифати шарикони худ дар кори пешгирии ҷанг, инчунин амалиётҳои якҷоя оид ба нигоҳдории сулҳ ва таъмини амнияти ҳарбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр аст бо ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки сиёсати онҳо ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар намеорад ва ба Оинномаву принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид мухолиф нест, ҳамкорӣ намояд.
 
  1. Сабабҳои имконпазири муноқишаҳои ҳарбӣ ва
омилҳои вобаста ба боқӣ мондани хатари ҷанг
 
Қатъи назар аз таѓйироти мусбат дар ҷаҳон, дар минтақаҳои ҷудогона, алалхусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ шиддатгирии вазъи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳудудӣ, минтақавӣ, этникӣ пурқувват гардида, зуҳуроти терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ ва паҳншавии маводи нашъаовар, муҳоҷирати ѓайриқонунии одамон, ки сабабҳои асосии боқӣ мондани хатари ҷанг на танҳо барои Тоҷикистон, балки умуман барои ҳамаи давлатҳои ин минтақа мебошанд, ҷой доранд. Авҷгирии ин зиддиятҳо метавонад ба муноқишаҳои мусаллаҳона ва ҷангҳои маҳаллӣ, ки бевосита ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва амнияти ў дахл доранд, оварда расонад.
Омилҳои асосии ба манбаъҳои хатари ҷанг боисшаванда инҳо мебошанд ва ё метавонанд боис гарданд:
  • тараққии нобарори иқтисодиёти давлатҳои минтақа дар давраи гузариш бо муносибатҳои бозорӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ шиддатёбии ба гурўҳҳои гуногун ҷудо шудани аҳолӣ дар дохили давлат;
  • нигоҳдорӣ ва болоравии зиддиятҳои минтақавӣ, динӣ ва этникӣ, ки вазъиятро ҳам дар дохили давлат ва ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ муташанниҷ мегардонанд;
  • муноқишаҳои дохилии мусаллаҳона;
  • авҷгирии қочоқи маводи нашъаовар, терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва муҳоҷирати ѓайриқонунии одамон;
  • кўшиши давлатҳои чудогона барои расонидани таъсири ҳарбию сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бо зўри қувва ҳал кардани муноқишаҳо;
  • дар давлатҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳад ташкил кардани гурўҳҳои муқтадири қувваҳои мусаллаҳ ё пойгоҳҳои низомии иттиҳоди давлатҳо:
  • пешниҳоди даъвоҳои ҳудудӣ ба Тоҷикистон.
Омилҳое, ки зиёдшавии таҳдиди бевоситаи ҷангро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, инҳоянд:
  • болоравии сатҳи тайёрии ҷангии қувваҳои стратегии ҳуҷумкунанда дар минтақаҳое, ки имкони зарбазанӣ ба ҳудуди Тоҷикистон аст;
  • зиёдшавии гурўҳи қўшунҳо дар сарҳади он, то ҳадде, ки мувозинати қувваҳои тарафҳоро халалдор месозад.
 
  1. Ҳадафҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби истифодаи
Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар қўшунҳо дар муноқишаҳои ҳарбӣ
 
Ҳадафи асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи аҳолӣ, соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, барқарор ва инкишофи сулҳ, муносибатҳои дўстона ва хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои чомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар мавриди рух додани вазъи муноқишавӣ байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ё муноқишаҳои дохилӣ дар ин давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастоварии оташбас ва банизомдарории муноқишаро бо роҳи сиёсӣ-дипломатӣ ё дигар чораҳои ѓайриҳарбӣ вазифаи аввалиндараҷа мешуморад.
Қувваи ҳарбӣ метавонад танҳо дар мавридҳои истисноӣ дар асоси қарори махсуси Шўрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё Шўрои Амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва тарафҳои манфиатдор барои ҷудокунии тарафҳои муқобил, ҳамкорӣ барои оромӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои ба тарзи осоишта ба эътидол даровардани муноқишаҳо ба воситаҳои сиёсӣ истифода гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи қувваи ҳарбиро бо мақсадҳои зайл дуруст мешуморад:
-мудофиаи дастаҷамъона дар чаҳорчўбаи созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба бо дигар давлатҳо;
-дастгирӣ ё барқарорсозии сулҳ мувофиқи қарори Шўрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ё дигар сохторҳои амнияти дастаҷамъӣ, агар он ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад.
Истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати истисноӣ бо тартиби муайяннамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда ё бо қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
БОБИ 3
АСОСҲОИ ҲАРБИЮ СТРАТЕГӣ
 
  1. Хусусиятҳои стратегии муноқишаҳои эҳтимолии ҳарбӣ
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиро ба гузаронидани ҷанг дар муноқишаҳои мусаллаҳона махсусан бо мақсади пешгирӣ ва рафъи таҷовуз, ҳимояи якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди худ, таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иттифоқчиёни он мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дастгирӣ менамояд.
Хусусияти ҷангҳои муосир (муноқишаҳои мусаллаҳона) аз рўи мақсадҳои сиёсию ҳарбии онҳо, воситаҳои расидан ба ин мақсадҳо ва миқёси амалиётҳои ҷангӣ муайян мегардад.
Муноқишаи мусаллаҳона метавонад дар шакли воқеаи мусаллаҳона, иқдоми мусаллаҳона ва дигар задухўрди мусаллаҳонаи миқёсан маҳдуд ба амал ояд ва бо воситаи муборизаи мусаллаҳона боиси ҳал кардани зиддиятҳои иқтисодӣ, миллӣ, этникӣ, динӣ ва дигар мухолифатҳо гарданд.
Шакли махсуси муноқишаи мусаллаҳона муноқишаи наздисарҳадӣ мебошад.
Муноқишаи мусаллаҳона дорои чунин хусусиятҳо мебошад:
— бештар ҷалбшавӣ ба муноқиша ва нотавонии аҳолии маҳаллӣ;
— истифодабарии гурўҳҳои номунтазами мусаллаҳона;
— истифодаи васеи усулҳои диверсионию террористӣ;
— мураккабшавии вазъи ахлоқию психологӣ, ки дар он қўшунҳо амал мекунанд;
— зарурати ҷалби қувва ва воситаҳои зиёди барои таъмини амнияти самти ҳаракат, минтақа ва маҳалли ҷойгиршавии қўшунҳо (қувваҳо) ба тарафи дигар, аз ҷумла берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— хатари табдилҳои ҷанги маҳдуд ба ҷанги байналмилалӣ (муноқишаи мусаллаҳонаи байналмилалӣ);
 
  1. Вазифаҳои давлат дар соҳаи мудофиа, таъинот ва вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ
 
Ташкилоти ҳарбии давлат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳастӣ ва асоси таъмини амнияти ҳарбии онро ташкил медиҳад аз як тараф, дигар қўшунҳо, сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоте, ки барои иҷрои вазифаҳои амнияти ҳарбӣ бо усулҳои ҳарбӣ пешбинӣ шудаанд, аз тарафи дигар, инчунин қувваҳои ѓайриҳарбӣ, воситаҳои давлат ва мақомоти идораи онҳоро дар бар мегирад.
Шароити сиёсӣ барои пешгирии ҷанг метавонад танҳо дар он сурат самаранок бошад, ки агар он ба қувваи иқтисодӣ ва дифоии басанда такя кунад. Бо таъсирнокии зиёд мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқчиёни он метавонад бо тақвияти дастаҷамъона таъмин бошад. Давлат ба ҳолати мудофиавии мамлакат, Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар қўшунҳо пурра масъул аст. Вазифаҳои асосии он дар соҳаи мудофиа дар замони осоишта инҳоянд:
— пешгирии муноқишаҳои ҳарбӣ ҳамзамон бо чораҳои сиёсию дипломатӣ ва дигар чораҳои ѓайриҳарбӣ, нигоҳдории қудрати ҳарбӣ дар сатҳи басанда барои мудофиаи эътимоднок;
— таъмини дахлнопазирии фазои хушкию ҳавоӣ ва обӣ;
— пешгирии фитнаандозиҳо ва сўиқасдҳои эҳтимолӣ ба амнияти шаҳрвандон, истиқлолият,  тамомияти арзӣ ва дигар манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои иттифоқчии он.
Дар давраи таҳдид ва оѓози ҷанг чораҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
— гузаштани давлат, Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбӣ ба ҳолати ҷангӣ;
— сафарбарии ҳамаи қувва ва воситаҳои кишвар ба зада гардонидани таҷовуз;
— ҳимояи аҳолӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлат;
— ҳамоҳангии кўшишҳои ҳамаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳолии кишвар ва давлатҳои иттифоқчӣ оид ба рафъ кардани таҷовуз, зарба задан ба душман;
— истифодаи имкониятҳои Созмони Милали Муттаҳид,, дигар ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба маҳкумсозӣ ва маҳдудкунии таҷовузкор;
— маҷбурсозии он ба қатъ намудани ҷанг ва барқарорсозии сулҳи одилона ва пойдор.
Дар доираи аз тарафи давлат ҳал шудани мақсадҳои мазкур ба зиммаи ташкилотҳои ҳарбии давлат вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:
-нигоҳ доштани ҳар як ҷанг бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқчиёни он саршуда бо таъмини қобилияти ҷангӣ ва омодагии ҷангии қувваҳои мавҷуда дар сатҳи дараҷаи барои хатари ҷангӣ мувофиқ;
-фавран суст кардани муноқишаҳои мусаллаҳона аз ҷониби қўшунҳои доимӣ;
-зада гардонидани ҳуҷум аз ҳаво ва хушкӣ, нигоҳ доштани минтақаҳои муҳими қаламарави кишвар ва шикаст додани душман;
-мудофиаи муштарак ё барқарорсозии сулҳ якҷоя бо қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иттифоқчӣ;
-мусоидат ба қўшунҳои дохилӣ ва сарҳадӣ дар ҳимояи сарҳадҳои давлатӣ, иншооти стратегии ҳарбӣ ва минтақаҳои иқтисодӣ;
-таъмини ҳифзи эътимодноки сирри давлатӣ.
Қувва ва воситаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ метавонанд барои расонидани кўмак ба аҳолӣ дар барҳамдиҳии оқибатҳои садама, фалокат ва офатҳои табиии гуногун ҷалб карда шаванд.
 
  1. Сохтмони мудофиавӣ ва сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Вазъи геополитикӣ, ҳолати ҳарбию стратегӣ, эҳтимолияти ҷангҳои миқёсан калон ва шароити мураккаби иқтисодии Тоҷикистон зарурат ва имконияти сари вақт ташкил намудани гурўҳҳои пурқуввати Қувваҳои Мусаллаҳро дар ҳамаи минтақаҳои стратегӣ амалан истисно мекунад.
Шумораи навъҳои асосии аслиҳа ва техникаи ҷангӣ тибқи созишномаҳои баимзорасидаи байналмилалӣ аз рўи аслиҳаи оддӣ ва аслиҳаҳои стратегии ҳуҷум, инчунин вазъи геостратегии баамаломада муайян карда мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро дар бар мегиранд: Қўшунҳои хушкигард, Қўшунҳои зудамал, Қўшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ, ки навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил мекунанд, дар замони ҷанг бошад, инчунин Қўшунҳои мақомоти амният, Қўшунҳои сарҳадӣ, Қўшунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳарбии мудофиаи гражданӣ.
Афзалият ба Қўшунҳои хушкигард, ки барои зада гардонидани ҳамлаи таҷовузкор дар самтҳои амалиёти стратегии амалиётҳои ҷангӣ, инчунин Қўшунҳои зудамал, ки қодиранд фавран ва ихтиёран дар ҳар самте, ки таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо мешавад, амал намоянд, дода мешавад.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Принсипҳои асосии сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
-марказонидани роҳбарӣ ба сохтмони ҳарбии мудофиаи кишвар;
-яккасардорӣ;
-таҳти назорати мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ қарор доштани сохторҳои ҳарбӣ;
-мутобиқати сохторҳои ташкилӣ, ҳайати ҷангӣ ва шумораи қўшунҳо бо мақсад ва вазифаҳои пешгирии ҷанг ва ҳифзи мусаллаҳонаи давлат;
-нигоҳдории омодагии ҷангию сафарбарии қўшунҳо дар сатҳи таъминоти дахлдори онҳо;
-доштани қобилият ба зиёдшавии баробари қудрати ҷангӣ ҳангоми афзоиши таҳдиди ҷанг;
-баҳисобгирии анъанаҳои миллию таърихии ҷомеаи тоҷикон, таҷрибаи чаҳонии сохтмони ҳарбӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ.
Такмили Қувваҳои Мусаллаҳ бо хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати ѓайринизомӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мутобиқи принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар  назди қонун ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ, таъмини сатҳи баланди омодагии касбии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, тайёрии саривақтии қувваҳои кофии эҳтиётии сафарбаршаванда сурат мегирад. Ҳамасола навсозии Қувваҳои Мусаллаҳ вобаста аз қудрати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
  1. Омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зада гардонидани ҳуҷум
 
Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои имконпазиру хатарнок ва минтақаҳои ҳаётан муҳими кишвар ҷойгир карда мешаванд. Асоси онҳоро қўшунҳои муҳофизаткунанда, қўшунҳои зудамал ва эҳтиётӣ ташкил мекунанд.
Гурўҳҳои қўшунҳои муҳофизаткунанда дар минтақаҳои наздисарҳадӣ барои омодагӣ ба зада гардонидани ҳуҷум миқёсан маҳаллӣ ва таъмини паҳншавии Қувваҳои Мусаллаҳ дар мавриди авҷгирии он ҷойгир мешаванд.
Қўшунҳои зудамал дар омодагии фаврии ҳарбӣ нигоҳ дошта шуда, гузаронидан ба самтҳои (минтақаҳо) таҳдидшаванда бошад, дар мўҳлати кўтоҳтарин барои пурқувваткунии қўшунҳои (қувваҳои) муҳофизаткунанда, фавран суст кардани муноқишаҳои мусаллаҳона, инчунин ҳалли вазифаҳо дар ҷангҳои миқёсан маҳдуд (минтақавӣ) амалӣ мегардад. Як қисми қўшунҳои зудамал барои иштирок дар иҷрои ўҳдадориҳои Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳдории сулҳ ва оромӣ ҳам дар фазои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ҳам дар хориҷи он омода мешавад.
Вусъатбахшии кўшишҳо барои ҳалли бомуваффақияти вазифаҳо дар ҷанги миқёсан калон аз ҳисоби густариши муосири стратегии қўшунҳо ва гузаронидани дигар чорабиниҳо доир ба гузаронидани кишвар аз давраи осоишта ба ҳолати ҷангӣ сурат мегирад. Густариши сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ аз ҳисоби нигоҳдории захираҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дар пойгоҳҳои қисмҳои ҳарбӣ, инчунин ташкили захираҳои афсарони кадрӣ ва мутахассисон таъмин мегардад.
Ҳимояи мусаллаҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқчиёни он бо роҳи баргардонидани ҳуҷуми мусаллаҳонаи душманон дар ҳудуи онҳо бо задани зарбаҳои сахти ҳалокатовар ба гурўҳҳои он дар назар дошта мешавад. Анҷоми шикастдиҳии душмани мусаллаҳ бо ҳамлаи ҳалкунанда ба амал меояд. Бо дарназардошти ҳимояи мусаллаҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ба амалият ворид намудани ҳамаи навъҳои қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, қувва ва воситаҳои мудофиавӣ ва ҳуҷумкунанда амалӣ мегардад. Онҳо ба интихоби шакл ва воситаҳои муборизаи мусаллаҳонае, ки ба ҳолати рўйдода ҷавоб дода, ба даст омадани ташаббуси стратегиро таъмин менамоянд, нигаронида мешаванд.
Зимнан диққати махсус ба инҳо дода мешавад:
-мутобиқати моҳиронаи зарбаи оташфишон ва таѓйири амалиётҳои қувваҳо барои безарар кардани гурўҳҳои мусаллаҳи қўшунҳои дохилшуда ва шикастдиҳии душман;
-ҳамкории зич байни навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ оид ба сари вақт табодул намудани иттилооти оперативӣ ва расонидани ёрии ҷангӣ;
-маҳрум кардани душман аз имкониятҳои мувофиқ ба таѓйир додани вазъият бо роҳи аз қатор баровардани системаи зарбаи оташфишон ва идоракунӣ.
 
  1. Омодагии кишвар ва аҳолӣ ба мудофиа
 
Қудрати мудофиавии эътимоднокии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фаъолияти доимии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи ҳарбӣ доир ба тайёрии ҳаматарафаи кишвар дар амният дар давраи махсус таъмин мешавад.
Ин бо роҳҳои зерин ноил мешавад:
-танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти идораи ѓайринизомӣ ва ҳарбӣ бо мақсади барқарорсозии ҳамкории зичи онҳо дар соҳаи инкишоф ва такмили сохмони ҳарбии кишвар;
-такмили шабакаҳои алоқаи кишвар ва инфраструктураҳои ҳарбӣ бо мақсади таъминоти мудофиа;
-таъсиси системаи мутамаркази идора, ки ба он нуқтаҳои фармондеҳии мақомоти марказии идоракунии кишвар, Қувваҳои Мусаллаҳ барои устуворона идора намудани мамлакат ва Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи осоишта ва ҷанг дохил мешаванд;
-такмили мафкураи мудофиавии шаҳрвандони кишвар, тарбияи аҳолӣ мувофиқи анъанаҳои беҳтарини ватандўстӣ, тайёрӣ ба содиқона ҳимоя намудани Ватан, итоати бечунучаро ба талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-инкишофи ҳамкориҳои ҳарбӣ бо давлатҳои дўст дар чаҳорчўбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳо.
Заминаи моддии мудофиаи мамлакат аз рўи инкишофи иқтидори иктисодӣ, техникӣ ва илмии мамлакат, такмили соҳаҳои саноати мудофиавӣ, омодагии онҳо ба сафарбаркунии саривақтӣ ва таҳвили захираҳои зарурӣ барои мудофиаи мамлакат таъмин мегардад. Дар ин маврид диққати махсус бояд ба ҳолати захираҳои воситаҳои моддаи ба даст омадаи давлат барои мудофиаи кишвар, истифодабарии мақсадноки захираҳои сафарбарӣ ва омўзиши захираҳои ҳарбӣ дода шавад.
Системаи гузаронидани мамлакат аз ҳолати осоишта ба ҳолати ҷангӣ бояд бо роҳи густариши дақиқи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ барои несту нобуд кардани манбаҳои воқеие, ки хатари ҷанг ҳастанд, таъмин гардад.
 
  1. Роҳбарӣ ба мудофиаи мамлакат ва ҳамкорӣ аз рўи масъалаҳои ҳарбӣ
 
Ба таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд.
Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми конститутсионии роҳбарии машваратӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи қарорҳо дар мавриди амалӣ сохтани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ, сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлат дар доираи таъмини амният ва қудрати мудофиавӣ, ташкили фаъолияти мақомоти ба он тобеи ҳокимияти иҷроия аз рўи таъмини амнияти ҳарбӣ: тайёрии сафарбарии иқтисодиёти мамлакат, муҷаҳҳаз гардонидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ бо аслиҳа, техникаи ҳарбию махсус, таъминоти моддию молиявии онҳо, фавран таҷҳизонидани қаламрави мамлакат ба манфиати мудофиа; ташкили мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ масъул аст.
Роҳбарии бевоситаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун муовини аввали Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми асосии роҳбарикунандаи амалиётии онҳо мебошад, ба ўҳда дорад.
Тартиби ташкил ва идораи мудофиаи мамлакат ва Қувваҳои Мусаллаҳ дар замони ҷанг тибқи қонунгузорӣ муайян карда мешавад.
Низоми идораи мудофиавӣ дар асоси зудҳаракатӣ, ки дар замони осоиштаю ҷанг таъминкунандаи идораи мустаҳкам ва ниҳоӣ аз болои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ мебошад, амалӣ мегардад.
Назорати давлатию мулкӣ ба соҳаи ҳарбии мамлакат ба воситаи ташкили асосҳои ҳуқуқӣ барои ташкил ва фаъолияти ташкилотҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои қатъии меъёрҳои ҳуқуқӣ муқаррар мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, давлат-иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, зарурат ва муҳимияти зеринро дар мадди эътибор қарор дорад:
-саҳми ҳиссагӣ ба мудофиаи дастаҷамъона;
-инкишофи иқтидори мувофиқашудаи иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, системаҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, таҷҳизонидани фаврии ҳудудӣ, тайёр кардани кадрҳои фармондеҳӣ ва илмӣ, дигар хизматчиёни ҳарбӣ.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо доир ба пешгирии муноқишаҳои мусаллаҳона ва нигоҳдории сулҳ, инчунин ташкили мудофиаи дастаҷамъии мамлакат мутобиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва шартномаҳою созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Кўмаки ҳарбиро ба давлатҳои хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои байналмилалии ҷумҳурӣ бо назардошти манфиатҳои миллии худ ва манфиатҳои давлатҳои иттиҳод мерасонад.
 
БОБИ 4
АСОСҲОИ ҲАРБӣ – ИҚТИСОДӣ
 
  1. Таъминоти ҳарбӣ – иқтисодии амнияти ҳарбӣ
 
Ҳадафи асосии таъминоти ҳарбӣ – иқтисодии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ ҷудо кардани захираҳои молиявӣ, моддӣ-техникӣ, муҷаҳҳазонидани онҳо бо аслиҳа, бо техникаи ҳарбии махсус бо дарназардошти иқтидори иқтисодии давлат ва ба миқдоре, ки барои таъмини кафолати амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, иборат мебошад.
Принсипҳои асосии таъминоти ҳарбию иктисодӣ инҳоянд:
-маблаѓгузории кафолатноки барномавӣ-мақсадноки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, моддию техникӣ, маънавӣ дар ҳалли вазифаҳои асосии таъминоти амнияти ҳарбӣ дар доираи ташаккули фармоиши давлатии мудофиавӣ.
 
  1. Вазифаҳои асосии таъминоти ҳарбию иқтисодӣ
 
Вазифаҳои асосии таъминоти ҳарбӣ-иқтисодӣ инҳоянд:
-қонеъгардонии талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ бо воситаҳои молиявӣ ва захираҳои моддию техникӣ вобаста ба имкониятҳои иқтисодии давлат;
-тайёр кардан ва бозомўзии кадрҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-инкишофи заминаи моддию техникии омодагии ҷангӣ ва сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ;
-такмили заминаи илмӣ – техникӣ ва саноатӣ барои амалигардониии истеҳсолот, таъмир ва мукаммалгардонии аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус;
-барқарорсозии системаи тайёрии сафарбарии иқтисодиёт ва тайёрии сафарбарии аҳолии мамлакат;
-баландбардории сатҳи зиндагӣ, таъмини шароитҳои моддӣ-маишии фаъолияти ҳаётӣ, амалигардонии кафолатҳои муқарранамудаи қонунгузорӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва шахсони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда;
-амалигардонии ҳамкориҳои манфиатноки мутақобилаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии байналмилалӣ.
 
БОБИ 5
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти махсуси фаъолияти мудофиавиро доир ба таъмини амнияти ҳарбии мамлакат муайян намуда, тарафдории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳалли ҳар як ихтилофот ва муноқишаҳои байнидавлатӣ бо роҳи сиёсӣ дастгирӣ мекунад. Баёни ошкорои асосҳои Доктринаи ҳарбии Тоҷикистон ба фаҳмиши дурусти ҳадафҳо ва мақсадҳои он дар соҳаи таъмини амнияти истиқлолият ва якпорчагии ҳудуди мамлакат, инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Доктринаи ҳарбии мазкур ҳуҷҷати давраи гузариш мебошад. Бо назардошти таѓйирёбии вазъи ҳарбӣ – сиёсӣ дар ҷаҳон, ташаккулу пешрафти давлат ва ислоҳоти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи он бояд мутобиқан дақиқ шавад.

Илова кунед