Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот

17 Май 2004, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №5, мод.342; соли 2007, №7, мод.691; соли 2008, №1 қисми 2, мод.18)
 
Маҷлиси намояндагон 31-уми марти соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 29-уми апрели соли 2004 xонибдорӣ намудааст
 
Қонуни мазкур принсипҳои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами наботот таҳким бахшида, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иxтимоии ин соҳаро муайян намуда, ба ҳифз ва барқарор кардани захираҳои олами наботот нигаронида шудааст.
 
БОБИ  1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
растаниҳо (чун объектҳои олами наботот)–организмҳое, ки ба воситаи xанин, ҳосилаҳо, тухмиҳо ва қисмҳои вегетативӣ (аз Ҷумла занбурeuҳо, обсабзҳо, ушнаҳо, гулсангҳо, фарншаклҳо) афзуда, қобиланд  ба тавассути нуру гармии офтобаз пайвастагиҳои uайриорганикӣ моддаҳои органикиро синтез намоянд;
объектҳои олами наботот ё захираҳои табиии наботот — ҳамаи намудҳои растаниҳои худрeй: қисмҳои рeизаминӣ ва зеризаминии онҳо, аз Ҷумла решаву тухмӣ, гул, алафзор, гиёҳҳои доруворӣ ва техникӣ, меваю ҳосили буттаҳои худрeй, растаниҳои нодир ва таҳти хатари нестшавӣ қарордошта, дарахтон, гурeҳи дарахтон, буттаҳо, ниҳолҳои дарахтон ва буттаҳои найшакар, қамишзор, инчунин обсабзҳо, набототи ушнамонанд, занбурeuҳо, гулсангҳо ва uайра мебошанд.
Объектҳои олами наботот тақсим мешаванд:
-аз рeи таъинот: ба растаниҳои озуқавӣ, хeроки чорво, доруворӣ ва техникӣ;
-аз рeи паҳншавӣ: зиёдпаҳншуда, маҳдудан паҳншуда, нодир, таҳти хатари нестшавӣ қарордошта;
олами наботот (растаниҳо)-гурeҳи навъҳои табиии аз xиҳати таркиб, сохт, мавқеъ ва аҳамияташон гуногуни наботот ё гурeҳи растаниҳо аст, ки ба таркиби гуногуни фитосеногенез (xараёни ташаккулу инкишофи растанӣ) ва замони пайдоиш муттаҳид гардида, замин ё ҳудудҳои алоҳидаи онро пeшонда, ба миқдор ва вобасташавии гурeҳҳои гуногуни растаниҳо, масоҳат, сохт ва xараёни инкишофи онҳо, инчунин Маҷмeи шаклҳои фаъолияти организми растаниҳо муайян карда мешаванд;
гурeҳи растаниҳо-Маҷмeи навъҳои  растаниҳое мебошанд, ки дар ҳудуди якхела рeида, намуди таркибӣ ва сохти онҳо ба муносибатҳои мураккаби байни ҳамдигар, бо ҳайвонот ва муҳити зист сахт вобастагӣ дорад;
гурeҳ— Маҷмeи организмҳои дорои аломатҳои кории гуногун дар доираи ҳудуди якхела мебошад;
лимит — миқдори муқарраргардидаи ниҳоии хориx намудани объектҳои олами наботот, ки бо назардошти вайрон нашудани гуногунии биологӣ муайян карда шудааст;
коллексияҳои ботаникӣ— коллексияҳои зиндаи боuҳои ботаникӣ, паркҳои дендрологӣ, чаҳорбоuҳо, гармхонаҳо, ниҳолхонаҳо ва дигар манбаъҳои генетикии тухмиҳо, инчунин гербарийҳо ва дигар қисму маҳсулоти xамъовардаи растаниҳо.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
 
Моддаи 3. Принсипҳои  муҳофизат, истифода ва барқарор кардани объектҳои олами наботот
ҳангоми ба нақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо оид ба муҳофизат,  истифодаи оқилонаи объектҳои олами наботот, чорабиниҳое, ки ба муҳити сабзиши онҳо ё ҳолати ин объектҳо таъсир мерасонанд, принсипҳои зерин бояд риоя карда шаванд:
— xуброни зараре, ки ба объектҳои олами наботот расидааст  ва истифодаи ин маблаu барои барқарор намудани зарари расонидашуда;
— дар шароити табиӣ нигоҳ доштани гуногунии биологии растаниҳои худрeй ва гурeҳи растаниҳои табиие, ки онҳо ба вуxуд овардаанд;
— муҳофизати муҳити нашъунамои растаниҳои худрeй ва гурeҳи растаниҳои табиие, ки онҳо ташкил медиҳанд;
— барқарор кардан ва нигоҳ доштани пуррагии навъҳои растаниҳои нодири таҳти хатари нестшавӣ қарордошта, инчунин намудҳои растаниҳои худрeи эндемӣ (гурeҳи набототи аз xиҳати паҳншавӣ маҳдуд), қадимӣ ва дигар растаниҳо, ки ба муҳофизат эҳтиёx доранд;
— истифодаи илман асоснок ва барқароркунии захираҳои табиии растаниҳо;
— эҳтиёт кардани хусусиятҳои олами наботот дар бобати муҳофизати об, хок, ба вуxуд овардани муҳит, шароити истироҳат, барқароркунӣ ва дигар хусусиятҳои фоиданоки он баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳсозии муҳити зист ва инкишофи хоxагии халқ;
— муҳофизати объектҳои олами наботот аз сeхтор, сел, равандҳои бодлесӣ (эрозия) ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо;
-танзими паҳншавӣ ва миқдори намудҳои растаниҳои худруй барои пешгирии зараре, ки  ба табиати зинда, хоxагии халқ ва аҳолӣ мерасад;
—          истифодаи пулакии объектҳои олами наботот.
 
Моддаи 4. Истифодаи олами наботот
Олами набототи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ҳаёту фаъолияти мардуми Тоҷикистон истифода бурда шуда, таҳти муҳофизати махсуси давлат қарор мегирад.
 
Моддаи 5. ҳуқуқу вазифаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд:
— ба мавзеи гурeҳи растаниҳои моликияти давлатӣ, ба истиснои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда озодона равуо кунанд;
— объектҳои олами набототро истифода баранд;
— маҳсулоти олами набототро, ки дар ихтиёрашон аст ва тайёр (xамъоварӣ) карда шудааст, инчунин даромади аз фурeши онҳо ба даст омадаро аз рeи салоҳияти худ истифода ва харx кунанд;
— xуброни зараре (аз Ҷумла фоидаи аз даст рафтае)- ро, ки дар натиxаи поймол кардани ҳуқуқи истифодабарандагон расонда шудааст, талаб намоянд;
— дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба мелиоратсияи заминҳое, ки бо объектҳои олами наботот хамҳудуд ҳастанд, иштирок кунанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд:
— талаботро оид ба муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, риоя намоянд;
— ба бадшавии муҳити нашъунамои объектҳои олами наботот, ба нобудшавӣ ва осеб расонидан ба растаниҳои худрeй, ифлос кардани маҳалли нашъунамои онҳо, вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сeхтор роҳ надиҳанд, ҳангоми xамъоварӣ ва тайёр кардани ашёи хоми растаниҳои худрeй технологияи муҳофизати табиатро риоя кунанд;
— пуррагии гурeҳи растаниҳои табииро вайрон накунанд, барои нигоҳ доштани гуногунии намудҳои онҳо, афзоиши маҳсулнокии марuзорҳо (дарахтзорҳо), тухмию меваҳо ва дигар маҳсулот мусоидат намоянд;
— ба мақомоти ваколатдоре, ки кадастр ва мониторинги объектҳои олами набототро ба роҳ монда, ба муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот назорат мебаранд, ёрии ҳаМаҷониба расонанд;
— дар бобати мубориза бо намудҳои карантиншавандаи наботот, растаниҳои бегона, ҳашароти зараррасон ва касалиҳои растаниҳои худрeй, оид ба пешгирии бодлесии (эрозияи) хок, ботлоқшавӣ, обзеркунӣ, шeршавӣ, ифлосшавӣ, пастравии ҳосилнокии замин ва дигар омилҳо кор баранд;
— ҳаққи истифодаи захираҳои табиии растаниҳоро саривақт пардохт намоянд;
— ба бадшавии ҳолати дигари захираҳои табиӣ роҳ надиҳанд;
-ҳуқуқи иxоракорон, дигар истифодабарандагон, инчунин истифодабарандагони ҳамсояи объектҳои олами набототро поймол накунанд;
— дигар талаботи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи объектҳои олами набототро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иxро намоянд.
 
Моддаи 6. Пардохти истифодаи объектҳои олами наботот
Истифодаи объектҳои олами наботот (ба uайр аз намудҳои истифода, ки дар сархатҳои якум, дуюм, чорум ва шашуми моддаи 13 ҳамин Қонун нишон дода шудааст) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда  мешаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Андозаи пардохти музд вобаста ба намуд, мақсад ва ҳаxми истифодаи объектҳои олами наботот бо назардошти маҳалли xойгиршавӣ, маҳсулнокии биологии ҳудуд ва дигар омилҳои экологӣ муқаррар карда мешавад.
Тартиби ҳисобкунӣ ва ҳаxми меъёрҳои пардохти муздро барои истифодаи объектҳои олами наботот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Пардохти музди истифодаи объектҳои олами наботот истифодабарандагони табиатро аз иxрои чорабиниҳо оид ба муҳофизати объектҳои олами наботот, муҳити нашъунамои онҳо ва xуброни зарари расонидашуда озод намекунад.
Маблаѓи пардохти истифодаи объектҳои олами наботот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ дохил мегардад, дар навбати аввал барои муҳофизат ва барқарор намудани объектҳои олами набототе, ки ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд, ба роҳ мондани кадастри давлатӣ ва мониторинги олами наботот  харҷ  карда  мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №353)
 
БОБИ 2.
ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӣ ДАР СОҲАИ МУҲОФИЗАТ, ИСТИФОДА ВА
БАРҚАРОРКУНИИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ
 
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот инҳо мансубанд:
— таҳия ва якxоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иxро намудани барномаҳои Ҷумҳуриявӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилона, барқароркунӣ, афзун гардондани маҳсулнокӣ, устувории объектҳои олами наботот дар Маҷмeъ бо дигар чорабиниҳои ҳифзи табиат;
— тасдиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи муҳофизат,  истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои олами наботот, маблаuгузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ дар соҳаи мазкур;
— ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, доир ба масъалаҳои муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
— тасдиқи тартиби ҳисоб кардан ва татбиқ намудани меъёрҳои пардохти музди истифодаи объектҳои олами наботот;
— тасдиқи тартиби бурдани кадастр ва мониторинги ҳолати олами набототи Ҷумҳурӣ;
— муқаррар намудани системаи чорабиниҳо оид ба истифода ва нигоҳубини оқилонаи марuзорҳо барои минтақаҳои табиии xуuрофӣ;
— муқаррар намудани тартиби гузаронидани назорати давлатӣ доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
— муайян намудани мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами наботот;
— иxрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ  оид ба  муҳофизат, истифода ва  барқароркунии объектҳои олами наботот
Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот (минбаъд мақомоти ваколатдор) инҳо дохил мешаванд:
— амалӣ гардондани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
— муқаррар намудани қоидаҳои муҳофизат,  истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои  олами наботот, муайян кардани андозаю меъёрҳои истифодаи захираҳои наботот;
— назорати давлатии муҳофизат, истифода ва барқароркунии  объектҳои олами наботот;
— таҳияи Низомномаи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон якxоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои манфиатдор;
— таҳия ва тасдиқи стандартҳо, қоида ва меъёрҳо дар соҳаи муҳофизат, истифода ва аз нав барқароркунии минтақаҳои олами наботот;
— ворид намудани пешниҳодҳо доир ба объектҳои олами наботот ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— иxрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 3.
МУҲОФИЗАТ ВА  ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ
 
Моддаи 9. Мақсад ва вазифаҳои муҳофизати объектҳои  олами наботот
Таъмини риояи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар чораҳое, ки барои нигоҳдории муҳити нашъунамои растаниҳои худрeй ва гурeҳи ташкилкунандаи онҳо, истифодаи оқилона ва муҳофизати онҳо аз таъсири манфии антропогенӣ барои зиёд кардани қобилияти барқароршавӣ, маҳсулнокӣ ва устувории онҳо мақсади асосӣ ва вазифаҳои муҳофизати объектҳои олами наботот мебошад.
Муҳофизати гурeҳи табиии растаниҳо бояд дар асоси муносибати комплексӣ ба онҳо, чун ба ташаккули мураккаби системаҳои экологӣ сурат гирад.
 
Моддаи 10. Талаботи асосии муҳофизати объектҳои олами наботот
Истифодабарандагони объектҳои олами наботот бо мақсади муҳофизати ин объектҳо бояд талаботи зеринро иxро намоянд:
— муҳофизати муҳити нашъунамои растаниҳои худрeй ва гурeҳи онҳо;
— истифодаи оқилонаи ҳудудҳое, ки гурeҳи растаниҳои табииро фаро гирифтаанд;
— муҳофизати объектҳои ба онҳо вобасташуда аз истифодаи худсарона ва дигар қонуншиканиҳо;
— ҳимояи объектҳои марuзори ба онҳо вобасташуда аз таъсири антропогенӣ;
— пешгирӣ намудани вайронкунии қоидаҳою меъёрҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
— пешгирии пайдоиш ва барҳам додани сeхторҳо дар гурeҳи растаниҳо;
— аз нобудшавӣ пешгирӣ кардани объектҳои марuзорҳо ҳангоми амалӣ гаштани xараёни истеҳсолот ва истифодаи воситаҳои нақлиёт;
— барқарор кардан, баланд бардоштани устуворӣ ва маҳсулнокии объектҳои олами наботот;
— риояи низоми муҳофизати намудҳои растаниҳо ва гурeҳи растаниҳои нодир, эндемӣ, қадима ва зери хатари нестшавӣ қарордошта, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил карда шудаанд;
— муҳофизати растаниҳои худрeй ва гурeҳҳои табиии ташкилдодаи онҳо дар ҳолати таҳдид кардани хатари нобудшавӣ ҳангоми офатҳои табиӣ ва дигар сабабҳо;
— муҳофизати хоки дорои растаниҳои нашъунамокунанда аз бодлесӣ (эрозия), сел, обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, шeршавӣ, хушкшавӣ, сахтшавӣ, ифлосшавӣ аз партовҳои саноатӣ ва маишӣ, xоришавии об, моддаҳои химиявию радиоактивӣ ва дигар омилҳои харобшавӣ;
— муваққатан (консерватсия) хобонидани кори объектҳои харобшудаи олами наботот, агар бо тарзи дигар онҳоро барқарор кардан ва маҳсулнокиашонро зиёд кардан аз имкон берун бошад;
— гузарондани тадқиқотҳои илмӣ барои асоснок намудани чораҳои муҳофизат ва барқароркунии объектҳои олами наботот ва мусоидат намудан барои гузарондани ин тадқиқотҳо.
Мақомоти ваколатдор дар доираи барномаҳои дахлдор барои муҳофизати объектҳои олами наботот чораҳои зарурӣ меандешад.
Муҳофизати объектҳои олами наботот бо роҳҳои зерин таъмин карда мешаванд:
— муқаррар кардани қоидаҳо ва меъёрҳои муҳофизату истифодаи объектҳои олами наботот;
— муқаррар кардани маҳдудиятҳо ва манъкуниҳо дар истифодаи объектҳои олами наботот;
— бо тартиби муқарраршуда ташкил кардани мамнeъгоҳҳо, боuҳои миллӣ, парваришгоҳҳо, xудо кардани дигар ҳудудҳо ва объектҳои табиии  махсус муҳофизатшаванда;
— муқаррар намудани низоми махсуси муҳофизати намудҳои растаниҳое, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, инчунин намудҳои растаниҳо ва гурeҳи растаниҳои нодир, эндемӣ, қадима ва зери хатари нестшавӣ қарордошта;
— ташкили тадқиқотҳои илмӣ барои таъмини чорабиниҳои муҳофизат ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
—  бақайдгирии дарахтон ва буттазорҳои сарсабз;
— тарбияи шаҳрвандон дар рeҳияи муносибати эҳтиёткорона, uамхорона ва сарфакорона ба объектҳои олами наботот, тарuибот тавассути воситаҳои ахбори умум дар бораи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи онҳо;
— гузаронидани мониторинг ва назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи марuзорҳо.
Чораҳоро xиҳати муҳофизати объектҳои олами наботот мақомоти ваколатдор, инчунин мақомоти идоракунии хоxагӣ, ки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар ихтиёри онҳо қарор доранд ва объектҳои олами набототро истифода мебаранд, аз Ҷумла иxоракорон, дар асоси барномаҳои Ҷумҳуриявӣ, инчунин меъёру қоидаҳои муҳофизат ва истифодаи оқилонаи объектҳои олами наботот амалӣ мегардонанд.
 
Моддаи 11. Муҳофизати муҳити нашъунамои растаниҳои худрeй ва гурeҳи растаниҳои табиӣ, пешгирии нобудшавии онҳо дар xараёни истеҳсолот
ҳама гуна фаъолияте, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот таъсир мерасонад, бояд бо риояи талаботи муҳофизати онҳо амалӣ гардонда шавад.
Ба намудҳои фаъолияте, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот таъсир мерасонанд, инҳо шомиланд:  xойгиркунонии объектҳои хоxагидорӣ ва иншоотҳо, сохтмони шоҳроҳҳои нақлиёт, маҳалҳои аҳолинишин, аз Ҷумла иxрои корҳои xустуxeи геологӣ, xудо кардани чарогоҳ  ва гузаронидани чорво, таҳияи хатти сайри туристӣ ва ташкили xойҳои истироҳати оммавии аҳолӣ, мелиоратсияи замин, xойҳои истифодаи xангал ва об, ба муомилоти хоxагӣ додани заминҳои нав. ҳангоми xойгиркунонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии маҳалҳои аҳолинишин бояд чорабиниҳо оид ба муҳофизати объектҳои олами наботот низ пешбинӣ ва амалӣ гардонида, дахлнопазирии қитъаҳое, ки ба сифати муҳити сабзиши растаниҳои худрeй ва гурeҳи растаниҳои нодир аз xиҳати илмӣ арзиши махсус доранд, таъмин карда шаванд.
Ба истифода додани объектҳо ва татбиқи технологияе, ки  чораҳои ҳимояи олами набототро бинобар таuйир ёфтани муҳити нашъунамои растаниҳои худрeй ва гурeҳҳои табиӣ таъмин намекунад, манъ аст.
Маҳалли xойгиркунонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корхонаҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳо, таuйир ёфтани равандҳои технологӣ, истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот ва молҳо дар корхонаҳои амалкунанда, системаи тозакунии партовҳо, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот бинобар вайрон шудани муҳити нашъунамои растаниҳои худрeй ва гурeҳи растаниҳои табиӣ таъсир мерасонанд, бо мақомоти ваколатдор бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.
ҳангоми ба истифода додани корхонаҳои нав ва азнавсозии корхонаҳои амалкунанда, иншоотҳо ва дигар объектҳо, xорӣ намудани технологияҳои нав ва амалӣ гардондан ё таuйир додани технологияҳои коркунанда ё иxрои дигар корҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот, истифодаи воситаҳои нақлиёт, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки барои пешгирии нобудшавӣ ва расонидани зарари дигар ба объектҳои олами наботот чораҳо андешанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд бо партовҳои маишӣ ва дигар партовҳо, инчунин бо маҳсулоти нафтӣ ва кимиёвӣ ба ифлосшавии ҳудудҳое, ки растаниҳо ишuол кардаанд, роҳ надиҳанд. Рехтани хокрeбаҳо, партовҳои маишӣ ва истеҳсолӣ берун аз xойҳое, ки бо тартиби муқарраргардида ба ин мақсад xудо карда шудаанд, манъ аст.
Дар гурeҳҳои растаниҳои табиӣ сeзонидани растаниҳои хушк манъ аст.
То оuози сохтмон дар ҳудудҳое, ки барои сохтмон, обпуркунӣ ё роҳи нақлиёт xудо карда шудаанд, бо тартиби муқарраргардида бояд растаниҳои аз xиҳати хоxагӣ пурқимати худрeй xамъоварӣ карда шаванд, растаниҳои нодире, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд, дар сурати имконнопазир будани нигоҳдории xои нашъунамои онҳо бояд ба ҳудуди дигар, ки мақомоти ваколатдор муайян менамоянд, кeчонида шаванд.
ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати растаниҳо омилҳои сабзиши онҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар доруҳо, ки дар хоxагии халқ ба кор бурда мешаванд, талаботи муҳофизати растаниҳои худрeй, гурeҳи растаниҳое, ки онҳо ташкил мекунанд ва муҳити нашъунамои онҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Истифодаи воситаҳои кимиёвии муҳофизати растаниҳо ва дигар доруҳо бо мақсади кам кардани таъсири зарари онҳо ба олами наботот ва муҳити зист бояд бо чорабиниҳои агротехникӣ, селексионию генетикӣ, биологӣ ва дигар чорабиниҳо якxоя сурат гирад.
ҳангоми тайёр намудан ва аз хориxа харидорӣ кардани доруҳои нав бояд меъёрҳои ҳадди ниҳоии uуншавии онҳо дар муҳити зист, ки муҳофизати растаниҳои худрeй, гурeҳи ташкилдодаи онҳо ва муҳити нашъунамои онҳоро таъмин менамоянд, таҳия карда шаванд.
Ба манфиати муҳофизати объектҳои олами наботот мумкин аст ба истифодабарандагони онҳо, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон eҳдадории дахлдор вогузор карда шавад.
 
Моддаи 12. Муҳофизати растаниҳои нодир ва намудҳои растаниҳои таҳти  хатари нестшавӣ қарордошта ва гурeҳҳои табиии растаниҳо
Растаниҳои нодир ва намудҳои растаниҳои таҳти хатари нестшавӣ қарордошта ва гурeҳҳои табиии ташкилдодаи онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда, ба таври махсус муҳофизат карда мешаванд.
Ба амалҳое, ки боиси нобудшавӣ, коҳиши захираҳо ё вайрон шудани муҳити нашъунамои намудҳои растаниҳои нодир, зери хатари нестшавӣ қарордошта ва гурeҳҳои онҳо мегардад, роҳ дода намешавад.
Барои ҳифз кардани намудҳои растаниҳое, ки барқароркунии онҳо дар шароити табиӣ душвор аст, бо қарори мақомоти ваколатдор барои дар шароити дигар барқарор кардани онҳо бояд чораҳо андешида шаванд.
 
Моддаи 13. Намудҳои истифодаи объектҳои олами наботот
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ ба истифодаи намудҳои зерини объектҳои олами наботот роҳ дода мешавад:
— тайёр кардани хeрок барои эҳтиёxоти чорводорӣ;
— истифодаи объектҳои олами наботот барои чаронидани чорво, занбeрпарварӣ ва кирмакпарварӣ;
— xамъоварӣ ва тайёр кардани ашёи хоми доруворӣ, техникӣ ва uизоии гиёҳҳои худрeй;
— истифодаи олами наботот барои эҳтиёxоти хоxагиҳои xангал, шикор ва моҳидорӣ;
— истифодаи хусусиятҳои олами наботот дар бобати муҳофизати хок, ба вуxуд овардани қабати ҳосилхези хок, муҳофизати об ва дигар хусусиятҳои он;
— истифодаи олами наботот ба мақсадҳои илмию тадқиқотӣ, ҳифзи табиат, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва  эстетикӣ;
— истифодаи олами наботот ба мақсадҳои истироҳатӣ ва туристӣ.
 
Моддаи 14. Тартиби истифодаи объектҳои олами наботот
Объектҳои олами наботот бояд дар Маҷмeъ бо системаи чорабиниҳои муҳофизат ва барқароркунии захираҳои табиии растаниҳо, нигоҳдории муҳити нашъунамои онҳо ва риояи қоидаҳо, мeҳлатҳо, лимит ва меъёрҳои муқарраргардида мавриди истифода қарор гиранд.
Истифодабарандагони замин ҳамзамон истифодабарандагони объектҳои олами набототе мебошанд, ки дар заминҳои ба онҳо вобасташуда мерeянд.
Феҳристи намуди растаниҳои худрeй, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо, инчунин феҳристи намуди растаниҳоро, ки аз муҳити табиӣ хориx кардани онҳо манъ аст ё бо мақсади муҳофизат ва барқароркунии онҳо маҳдуд карда мешавад, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Тартиби истифодаи ин намудҳоро мақомоти ваколатдор муқаррар мекунанд.
Истифодаи намудҳои алоҳидаи объектҳои олами наботот дар асоси гирифтани иxозатнома (литсензия) амалӣ мегардад.
Тартиби иҷозатномадиҳӣ ба объектҳои олами наботот, ки барои истифодаи онҳо гирифтани иҷозатнома ҳатмист, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сурат мегирад.
 
Моддаи 15. Истифодаи объектҳои олами наботот барои эҳтиёxоти чорводорӣ, занбeрпарварӣ ва дигар мақсадҳо
Растаниҳои худрeе, ки барои эҳтиёxи чорводорӣ, чаронидани чорво, кирмакпарварӣ заруранд, мумкин аст ҳам дар ҳудудҳои махсуси ба ин мақсад xудокарда, инчунин дар қитъаҳои ба мақсадҳои дигар таъиншуда захира карда шаванд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд растаниҳоро барои эҳтиёxоти занбeрпарварӣ аз рeи шартнома бо истифодабарандагони доимии қитъаҳои замин, ки ба ин мақсад дода шудаанд, истифода баранд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки истифодабарандагони алафзорҳои табиӣ ва чарогоҳҳо мебошанд, вазифадоранд мутобиқи Қонуни мазкур талаботро оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва афзун гардондани маҳсулнокии онҳо риоя намоянд.
 
Моддаи 16. Тайёркунӣ, xамъоварӣ, коркард, қабул ва фурeши ашёи хоми доруворӣ, техникӣ ва хeроквории растаниҳои худрeй ва маҳсулоти онҳо
Шахсони воқеӣ (xудогона ё якxоя) метавонанд дар тайёр кардани ашёи хоми доруворӣ ва техникии растаниҳои худрeй ва маҳсулот барои хeрокворӣ, аз рeи шартномаҳо бо истифодабарандагони асосии объектҳои олами наботот  иштирок намоянд.
Ба шахсони воқеӣ xамъоварӣ бо мақсади истеъмоли шахсӣ, фурeш ё коркарди растаниҳои худрeй, ки ба феҳристи растаниҳои нашъаовар дохил гардидаанд, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо, боқимондаи заминҳои даравшуда, инчунин партовҳои ашёи хоми нашъаовар, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, манъ аст. Тайёркунӣ, xамъоварии ашёи хоми растаниҳои мазкур аз xониби шахсони ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иxозат дода мешавад.
Тайёркунӣ ва xамъоварии ашёи хоми доруворӣ ва техникии растаниҳои худрeй дар xойҳои табиии наботот, ки он метавонад ба олами наботот ё ҳайвонот, инчунин ба саломатии аҳолӣ зарар расонад, мумкин аст бо тартиби муқарраргардида манъ ё маҳдуд карда шавад.
 
Моддаи 17. Истифодаи объектҳои олами наботот ба мақсадҳои илмию тадқиқотӣ, фарҳангию  маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ ва туризм, солимгардонӣ ва истифодаи хусусиятҳои муҳитофарии объектҳои олами наботот
Истифодаи объектҳои олами наботот ба мақсадҳои илмию тадқиқотӣ,  фарҳангию   маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ ва туризм, солимгардонӣ (тавассути шаклҳои гуногуни таҳқиқ, ченкунӣ, суратгирӣ ва uайра) бо xамъоварӣ кардан ва накардани растаниҳои худрeй, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо аз муҳити табиӣ дар сурате роҳ дода мешавад, ки агар он ба олами наботот зарар нарасонад ва ҳуқуқи истифодабарандагони объектҳои олами набототро поймол накунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин истифодабарӣ манъ карда шудааст.
Барои ташкили истироҳати оммавии аҳолӣ ва дигар мақсадҳои истироҳатӣ ва туризм, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, инчунин солимгардонӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истифодабарандагони доимии объектҳои олами наботот, инчунин дигар корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бо мувофиқаи онҳо оид ба ободонӣ ва хизматрасонии фарҳангию маишӣ ба аҳолӣ бо назардошти зарурати нигоҳ доштани манзараҳои табиӣ, муҳити нашъунамои растаниҳои худрeй бо риояи тарҳи меъмории паркҳои табиии миллӣ, истироҳатгоҳҳо, дигар минтақаҳои истироҳатӣ ва туристӣ, солимгардонӣ, наздишаҳрӣ ва талаботи санитарӣ чорабиниҳо мегузаронанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 353)
Истифодаи хусусиятҳои объектҳои олами наботот оид ба муҳофизати хок, ба вуxуд овардани қабати ҳосилхези хок, муҳофизати об ва дигар хусусиятҳои муҳитофарӣ, мубориза барои пешгирии тармафуроӣ, эрозияи замин, шустабарии соҳилҳо, ҳангоми рекултиватсияи замин, амалӣ гардондани дигар корҳои мелиоративӣ, бидуни аз муҳити табиӣ xамъоварӣ кардани растаниҳои худрeй дар ҳама xо роҳ дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Истифодаи хусусиятҳои муайяншудаи объектҳои олами наботот бо роҳи аз муҳити табиӣ xамъоварӣ кардани растаниҳои худрeй (тавассути тайёр кардани мева, тухмӣ, узвҳои зеризаминии онҳо ва uайра) бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
 
Моддаи 18. Коллексияҳои ботаникӣ
Тартиб додан ва пурра гардондани коллексияҳои ботаникӣ  бо роҳи аз муҳити табиӣ xамъоварӣ кардани растаниҳои худрeй аз xониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурати риояи талаботи ҳамин Қонун бо тартибе, ки мақомоти ваколатдор муқаррар кардааст, иxозат дода мешавад.
Коллексияҳои ботаникӣ, ки арзиши илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимию тарбиявӣ ё эстетикӣ доранд, ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳибони чунин коллексияҳо мебошанд, вазифадоранд қоидаҳои нигоҳдорӣ,  ба ҳисобгирӣ  ва  истифодаи коллексияҳои ботаникиро риоя намоянд. Қоидаҳои тартибдиҳӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи коллексияҳои ботаникӣ, инчунин хариду фурeш, фиристодан ва ба берун аз марзи Ҷумҳурӣ баровардани онҳо аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  карда мешаванд.
 
Моддаи 19. Истифодаи объектҳои олами наботот дар заминҳои  таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, истироҳатӣ  ва таърихию фарҳангӣ
Объектҳои олами наботот дар заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, истироҳатӣ, солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ бо тартиби муайяннамудаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд.
Ба истифода ё иxораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо хилофи таъиноти мақсад ва низоми муқарраргардида мебошад, додани объектҳои олами наботот, ки дар заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, истироҳатӣ ва таърихию фарҳангӣ воқеъ гаштаанд, манъ аст.
 
Моддаи 20. Истифодаи объектҳои олами наботот дар заминҳои  захиравӣ
Объектҳои олами наботот дар заминҳои захиравӣ мумкин аст ба истифода, иxора ва дигар намудҳои истифодаи муваққатӣ пеш аз ҳама барои мақсадҳои кишоварзӣ ва хоxагии xангал мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд.
 
Моддаи 21.  Истифодаи оқилона чун асоси сермаҳсулӣ ва нигоҳдории олами наботот
Барои таъмини истифодабарии устувор ва мунтазами объектҳои олами наботот, ки ба захираҳои табиии барқароршаванда мансубанд, чунин шароитҳо муҳайё карда мешаванд:
— наботот дар ҳар маврид мувофиқи имкониятҳои экологию биологии растаниҳо, ки сабзиши мeътадили минбаъда ва қобилияти барқароршавии онҳоро халалдор намесозад, xамъоварӣ карда мешавад;
— объектҳои наботот, ки бо таъсири истифодаи номунтазам ё ҳодисаҳои табиӣ осеб дида, маҳсулнокиашон паст шудааст, бо роҳи муносибгардонии низоми истифода ва нигоҳубин барқарор сохта мешаванд.
 
Моддаи 22. Муқаррар намудани манъкунӣ ва маҳдудиятҳо дар истифодаи объектҳои олами наботот
Бо мақсади нигоҳдорӣ ва барқароркунии объектҳои олами наботот истифодаи намудҳои алоҳидаи он мумкин аст пурра маҳдуд карда шавад ё ба мeҳлати номуайян бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта шавад.
Манъкунӣ ва маҳдудиятҳои истифодаи объектҳои олами наботот ҳам бо роҳи танзими фаъолият дар ҳудуди аз xиҳати хоxагидорӣ истифодашаванда, ҳам бо роҳи пурра ё қисман хориx намудани ҳудуди муайян аз истифодаи хоxагидорӣ (ташкил кардани мамнeъгоҳҳо, қитъаҳои мамнeъгоҳҳо дар парки табиии миллӣ, парваришгоҳҳо, эълон кардани ёдгориҳои табиӣ, xудо кардани дигар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда) метавонанд муқаррар гарданд.
Мақомоти ваколатдор бо мақсади нигоҳдорӣ ва барқароркунии объектҳои олами наботот, метавонад аз xониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ xамъоварӣ ва тайёр кардани намудҳои алоҳидаи растаниҳои худрeй, қисмҳо ва маҳсулоти онҳоро дар намуди истеҳсолӣ ва коркарди нав ба мeҳлати муайян манъ ё маҳдуд кунад.
 
Моддаи 23. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии объектҳои олами наботот ва аз истифодабарӣ гирифтани  объектҳои олами наботот
ҳуқуқи истифодабарии объектҳои олами наботот мумкин аст дар ҳолатҳои зерин қатъ карда шавад:
— аз истифодабарӣ гирифтани замин;
— ихтиёрӣ даст кашидан аз истифодабарии объектҳои олами наботот ё як қисми он;
— ба охир расидани мeҳлати муқарраркардаи истифода;
— аз байн рафтани зарурати истифодабарии объектҳои  олами наботот;
— қатъ шудани фаъолияти субъектҳои истифодабаранда;
— мунтазам иxро накардани қоидаю меъёрҳо ва дигар талаботи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;
— мунтазам дар мeҳлатҳои муқаррар гардида напардохтани ҳаққи истифодабарии захираҳои табиии растаниҳо, вайрон кардани шартҳои шартномаи  иxораи онҳо;
— риоя накардани қоидаҳои намудҳои истифодаи олами наботот;
— риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои муҳофизати растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва доруҳои дигар, ки ба олами наботот зарар мерасонанд;
— риоя накардани қоидаҳои аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан ва ба хориҷ фиристодани коллексияҳои ботаникӣ;
— амалиёте, ки боиси нобуд ва кам шудани намудҳои набототе, ки ба онҳо хатари нобуд шудан таҳдид мекунад, гардидааст ё худ мегардад.  (ҚҶТ аз 5.01.08 № 353)
— дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар  кардааст.
Ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами наботот ё як қисми онҳоро мақомоте, ки қитъаи заминро ба истифода додааст ё мақомоти ваколатдор қатъ мекунанд.
 
Моддаи 24. ҳавасмандгардонии иқтисодии чорабиниҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва  барқароркунии  объектҳои олами наботот
ҳавасмандгардонии иқтисодии чорабиниҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои олами наботот ба зиёд шудани ҳавасмандии истифодабарандагон, барои нигоҳ доштан ва барқарор кардани маҳсулоти олами наботот нигаронида шуда, инҳоро дар бар мегирад:
— аз фондҳои Ҷумҳуриявӣ ё маҳаллии ҳифзи табиат xудо кардани маблаu барои барқароркунии объектҳои олами наботот, ки на бо гуноҳи онҳо вайрон карда мешаванд;
— додани грант, кредит, xудо намудани маблаu аз манбаъҳои дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.
 
Моддаи 25. Карантини растаниҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тартиби воридоти (содироти) транзитии молҳои аз растаниҳо пайдошуда, инчунин феҳристи зараррасонҳо, касалиҳои растаниҳо ва алафҳои бегона, ки барои Ҷумҳурӣ аҳамияти карантинӣ доранд ва феҳристи объектҳои биологие, ки воридоти (содироти) онҳо мумкин нест, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 26. Кeчондан, ба иқлим мутобиқ намудан ва пайванд кардани растаниҳо
Ба xойҳои нави нашъунамо кeчонидани растаниҳо, мутобиқ намудани навъҳои нави растаниҳо, чорабиниҳо оид ба пайвандкунии растаниҳои худрeй дар шароити табиӣ бо мақсадҳои илмию тадқиқотӣ ва хоxагӣ дар асоси хулосаҳои ташкилотҳои дахлдори илмӣ ва мақомоти давлатӣ оид ба карантини растаниҳо дар Ҷумҳурӣ ва бо қарори мақомоти ваколатдор  иxозат дода мешавад.
Қоидаҳои кeчондан, ба иқлим мутобиқ ва пайванд кардани растаниҳоро мақомоти ваколатдор тасдиқ менамояд.
 
БОБИ 4.
ПЕШБУРДИ КАДАСТР  ВА НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МУҲОФИЗАТ ВА  ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ
 
Моддаи 27. Мониторинги ҳолати олами наботот
Мониторинги олами наботот Маҷмeи таҳқиқҳои ҳолати объектҳои олами наботот барои саривақт ошкор сохтани таuйирот, арзёбии онҳо, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои равандҳои манфӣ дар объектҳои олами наботот мебошад.
 
Моддаи 28. Кадастри давлатии объектҳои олами наботот
Кадастри давлатии объектҳои олами набототи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ҳуxxатҳои заруриро дар бораи низоми ҳуқуқии объектҳои олами наботот, тақсими онҳо аз рeи гурeҳҳои истифодабарандагон, xойгиршавии xуuрофӣ ва маъмурию ҳудудӣ, майдонҳо, захираҳо, тавсифи миқдорӣ ва сифатӣ, арзиш дар хоxагии халқ ва илм, арзёбии иқтисодии захираҳои табиии растаниҳои техникӣ, хeроки чорво, доруворӣ, uизоӣ ва дигар захираҳои табиии растаниҳо, истифодаи онҳо дар миқёси ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо, ки барои таъмини муҳофизати самаранок, истифодаи оқилона ва барқароркунӣ заруранд, дар бар мегирад.
Пешбурди кадастри давлатии объектҳои олами наботот бо гузаронидани таҳқиқи топографию геодезӣ, геоботаникӣ, заминсозию xангалсозӣ ва дигар таҳқиқҳо, бақайдгирӣ ва арзёбии ҳолати истифодаи объектҳои олами наботот таъмин карда мешавад.
Кадастри давлатии объектҳои олами наботот аз xониби мақомоти ваколатдор аз рeи тартиби ягона, аз ҳисоби маблаuи буxети давлатӣ бурда мешавад.
Истифодабарандагони объектҳои олами наботот, мақомоти заминсозӣ ва ташкилотҳои илмии давлатӣ ва xамъиятӣ, ки ашёи хоми худрeйро тайёр мекунанд, eҳдадоранд ба мақомоти ваколатдор, ки кадастри давлатии объектҳои олами набототро мебаранд, маълумоти худро дар бораи паҳншавӣ, майдонҳо, захираҳо, ҳосилнокӣ, арзёбии миқдорӣ, сифатӣ ва иқтисодии захираҳои табиии растаниҳо, муҳофизат ва истифодаи онҳо пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 29. Назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи  объектҳои олами наботот
Назорати давлатии муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот аз таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи олами наботот иборат мебошад.
Назорати давлатии объектҳои олами набототро мақомоти ваколатдор амалӣ мегардонад.
 
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 30. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои муҳофизат  ва истифодаи объектҳои  олами наботот
Баҳсҳо оид ба масъалаҳои муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот ва баҳсҳои ба он алоқаманди молумулкӣ аз тариқи суд ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 31. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Э. Раҳмонов
 
ш. Душанбе  17 майи соли 2004
№ 31

Илова кунед