Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён

17 Май 2004, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод.343; соли 2011, №3, мод. 163)
 
Маҷлиси намояндагон 31-уми марти соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 29-уми апрели соли 2004 xонибдорӣ намудааст
 
Қонуни мазкур асосҳои умумии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, ҳуқуқу eҳдадориҳои онҳоро дар системаи танзими шартномавии муносибатҳои иxтимоию меҳнатӣ муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1.
Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 1. Предмети танзими Қонуни мазкур
Предмети танзими Қонуни мазкур муносибатҳои xамъиятие мебошанд, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқи корфармоён барои таъсиси иттиҳодияҳо ба мақсади муаррифӣ ва ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои худ дар рафти танзими шартномавии муносибатҳои иxтимоию меҳнатӣ пайдо мешаванд.
 
Моддаи 2. Мафҳуми иттиҳодияи корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён шакли ташкилоти uайритиxоратӣ мебошад, ки ба узвияти корфармоён асос ёфтааст.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 4. Ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод
Корфармоён ҳуқуқ доранд бидуни ризоияти пешакии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар асоси ихтиёрӣ иттиҳодияҳои корфармоёнро бо мақсади муаррифии манфиатҳо ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар муносибати байниҳамдигарӣ бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти дигари намояндагии кормандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ таъсис диҳанд.
Давлат бо мақсади рушди шарикии иxтимоӣ, таъмини иштироки корфармоён бо тартиби муқарраршуда дар ташаккулу татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва таъмини ҳуқуқи корфармоён ба иттиҳод дар бахши муносибатҳои иxтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут мусоидат менамояд.
 
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён
Фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси принсипи аъзогиву хориxшавии ихтиёрии корфармоён ва (ё) иттиҳодияҳои онҳо сурат мегирад.
Иттиҳодияҳои корфармоён мақсад, намуд ва самтҳои фаъолияташонро мустақилона муайян менамоянд.
Иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар бахши муносибатҳои иxтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои иқтисодии ба онҳо марбут дар асоси принсипҳои шарикии иxтимоӣ ҳамкорӣ мекунанд.
 
Моддаи 6. Мустақилияти иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён фаъолияти худро новобаста ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои xамъиятӣ ба амал мебароранд.
Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, ки ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоёнро маҳдуд месозад ё барои амали қонунии фаъолияти оинномавии онҳо мамониат мекунад, манъ аст.
Тартиби ҳамкории иттиҳодияҳои корфармо        он аз xониби худи онҳо мувофиқи оиннома ва қарорҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён муайян карда мешавад.
 
Моддаи 7. Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён
Вазифаҳои асосии иттиҳодияҳои корфармоён инҳоянд:
— иштирок дар гузаронидани музокирот, таҳия кардан ва бастани созишномаҳои дуxониба, сеxониба доир ба масъалаҳои муносибатҳои иxтимоию меҳнатӣ;
— иштирок дар мақомоти доимоамалкунандаи низоми шарикии иxтимоӣ тавассути намояндагони ваколатдори худ, аз Ҷумла дар кори комиссияҳои Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии дуxонибаву сеxониба бо мақсади танзими муносибатҳои иxтимоию меҳнатӣ;
— таъмини ташкили иxрои eҳдадориҳое, ки корфармоён-аъзои иттиҳодияҳо аз рeи созишномаҳо қабул кардаанд;
— иштирок дар ҳалли баҳсҳои коллективии меҳнатӣ;
— иштирок дар таҳия ва экспертизаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин нақшаву барномаҳо доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иxтимоию иқтисодӣ доранд;
— таъмини иттилоотӣ ва методии аъзои иттиҳодияҳо;
— таъмини фаъолияти ҳамоҳангшудаи аъзои иттиҳодияҳо бо мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иxтимоӣ.
 
Моддаи 8. Намудҳои иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд аз рeи нишонаҳои ҳудудӣ, соҳавӣ, байнисоҳавӣ, ҳудудиву соҳавӣ таъсис дода шаванд.
Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии корфармоён -иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи иттиҳодияҳои соҳавии Ҷумҳуриявӣ (байнисоҳавӣ) ва ҳудудии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди беш аз нисфи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Иттиҳодияи соҳавии (байнисоҳавии) Ҷумҳуриявии корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият таъсис дода шудааст, дар Маҷмeъ дар ҳудуди беш аз нисфи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва (ё) бо онҳо на кам аз нисфи кормандони соҳа (соҳаҳо) ё намуди (намудҳои) фаъолият муносибати меҳнатӣ доранд.
Иттиҳодияи вилоятии (аз он Ҷумла Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияи соҳавии вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Иттиҳодияи соҳавии вилоятии (аз он Ҷумла Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсис дода шудааст ва дар ҳудуди як вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Иттиҳодияи шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиҳодияҳои соҳавии шаҳрӣ (ноҳиявӣ) таъсис шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.
Иттиҳодияи соҳавии шаҳрии (ноҳиявии) корфармоён-иттиҳодияе, ки дар асоси ихтиёрӣ аз тарафи корфармоёни соҳа (намуди фаъолият) таъсиси дода шудааст ва дар ҳудуди як шаҳр ё ноҳия фаъолият дорад.
 
БОБИ 2.
ТашкилдиҲӣ, азнавташкилдиҲӣ ва барҲамдиҲии иттиҲодияҲои корфармоён
 
Моддаи 9. Ташкили иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён дар асоси қарори муассисон ташкил карда мешаванд.
Муассисони иттиҳодияи корфармоён на кам аз ду корфармо ё ду иттиҳодияи корфармоён шуда метавонанд.
Қобилияти ҳуқуқии иттиҳодияи корфармоён ба сифати шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи қайди давлатии он бо тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» пешбинӣ намудааст, пайдо мешавад. (ЌЉТ аз 25.03.11с, №696).
 
Моддаи 10. Ҳуxxати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён
Ҳуxxати таъсисотии иттиҳодияҳои корфармоён оиннома аст.
Оинномаи иттиҳодияи корфармоён бояд масъалаҳои зеринро муайян намояд:
-номи иттиҳодияи корфармоён;
-мақсаду вазифаҳои иттиҳодияи корфармоён;
-маҳалли xойгиршавии иттиҳодияи корфармоён;
-тарзи идоракунии иттиҳодияи корфармоён;
-ҳуқуқу eҳдадориҳои аъзои иттиҳодияи корфармоён;
-шарту тартиби узвият ба иттиҳодияи корфармоён ва хориx шудан аз он;
-манбаъҳои ташаккули молу мулки иттиҳодияи корфармоён;
-тартиби ворид сохтани таuйирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён;
-сохтор, тартиби таъсис ва ваколатҳои мақомоти идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин тартиби аз xониби онҳо қабул намудани қарорҳо;
-тартиби ба намоянда ва (ё) намояндаҳои иттиҳодияи корфармоён додани ваколат барои бурдани музокироти коллективӣ доир ба таҳия, бастан ва таuйир додани созишномаҳо, инчунин барои ширкат дар раванди созиш ҳангоми сар задани баҳсҳои меҳнатии коллективӣ;
-муқаррароти дигаре, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надоранд.
Дар оинномаи иттиҳодияи корфармоён xавобгарии узви иттиҳодияи корфармоён барои риоя накардани муқаррароти оиннома, қарорҳои мақоми олии идоракунии он метавонад пешбинӣ шавад.
Таuйирот ба оинномаи иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори мақомоти олии идоракунии он ворид карда мешавад.
 
Моддаи 11. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи корфармоён дар асоси қарори дахлдори мақоми олии идоракунии иттиҳодияи корфармоён, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
БОБИ 3.
ВазЪи Ҳуқуқии иттиҲодияҲои корфармоён ва аъзои онҲо
 
Моддаи 12. Ҳуқуқҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён
Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқи баробар доранд.
Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:
— дар таъсиси мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён бо тартибе, ки оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муайян намудааст, иштирок кунанд;
— барои баррасии мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои корфармоён оид ба масъалаҳои фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён таклиф пешниҳод кунанд, дар муҳокима, аз Ҷумла дар қабули қарори дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён ширкат варзанд;
— дар муайян намудани мазмуну мундариxаи созишномаҳои аз xониби иттиҳодияҳои корфармоён басташаванда, ки муносибатҳои иxтимоию меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо марбути иқтисодиро ба танзим медароранд, ширкат намоянд;
— оид ба фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён, созишномаҳои аз xониби онҳо басташуда, инчунин дар бораи матни ин созишномаҳо маълумот гиранд;
— дар масъалаҳои татбиқи қонунгузорие, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои дигари ба он бевосита алоқамандро ба танзим медарорад, таҳияи санади меъёрии дохилӣ (локалӣ), ки муқарарроти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, инчунин ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективӣ аз иттиҳодияҳои корфармоён кeмак гиранд;
— узвияти иттиҳодиҳои корфармоёнро озодона тарк кунанд;
— ба ҳуқуқҳои дигаре, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 13. Eҳдадориҳои аъзои иттиҳодияҳои корфармоён
Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён eҳдадоранд:
— талаботи оинномаи иттиҳодияҳои корфармоёнро иxро намоянд;
— шартҳои созишномаҳоеро, ки иттиҳодияҳои корфармоён бастаанд, риоя кунанд ва eҳдадориҳои пешбининамудаи ин созишномаҳоро иxро намоянд.
 
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои корфармоён 
Иттиҳодияҳои корфармоён ҳуқуқ доранд:
— дар таҳияи таклифҳо ба лоиҳаи барномаҳо, инчунин дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳое, ки аҳамияти калони иxтимоию иқтисодӣ доранд, ширкат варзанд;
— намояндагони худро барои иштирок дар xаласаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи дастури мақомоти дахлдор равон кунанд;
— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақомоти дахлдор дар доираи ваколатҳояшон оиди масъалаҳои меҳнатӣ, иxтимоию иқтисодӣ маълумот гиранд;
— манфиати аъзояшро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилотҳои xамъиятӣ муаррифӣ ва муҳофизат намоянд;
— намояндагони ваколатдори худро дар сатҳи дахлдор ба комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии дуxонибаву сеxониба равон кунанд;
— аз номи аъзои худ ҳангоми музокироти коллективӣ ва бастани созишномаҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо доир ба масъалаҳои иxтимоию иқтисодӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ баромад намоянд;
— дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ширкат варзанд;
— барои аз xониби корфармоён -аъзои иттиҳодияҳои корфармоён иxро гардидани eҳдадориҳои муқаррарнамудаи созишномаҳо мусоидат намоянд;
— ба корфармоён доир ба масъалаҳои бурдани музокирот, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ кeмаки машваратию методӣ расонанд;
— барои таъмини фаъолияти оинномавии худ аз воситаҳои ахбори омма истифода кунанд ва муассиси онҳо бошанд, фаъолияти табъу нашрро ба роҳ монанд;
— ба ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) иттиҳодияи корфармоён бо нигоҳ доштани мустақилият ва ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ муттаҳид шаванд;
— қитъаҳои заминро истифода баранд.
Иттиҳодияҳои корфармоён инчунин метавонанд ҳуқуқҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбининамударо дошта бошанд.
 
Моддаи 15. Eҳдадориҳои иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён eҳдадоранд:
— санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
— бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ музокироти коллективӣ баранд, xиҳати шартҳои мувофиқашуда бо иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо созишнома банданд;
— ба аъзои худ дар хусуси созишномаҳои бастаи иттиҳодияҳои корфармоён ва дар бораи ин созишномаҳо маълумот диҳанд;
— ба иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ маълумотро дар хусуси масъалаҳои иxтимоию меҳнатӣ, ки иттиҳодияҳои корфармоён дар ихтиёр доранд ва барои бурдани музокироти коллективӣ бо мақсади таҳия ва бастани созишномаҳо, инчунин назорати иxрои онҳо заруранд, пешниҳод намоянд;
— назорати иxрои созишномаҳои аз xониби иттиҳодияи корфармоён басташударо ба амал бароранд;
— баҳри иxрои eҳдадориҳое, ки аъзои иттиҳодияи корфармоён дар созишномаҳо пешбинӣ намудаанд, инчунин шартномаҳои коллективии аз xониби корфармоён-аъзои иттиҳодияи корфармоён басташуда мусоидат намоянд;
— дар назди аъзои худ аз хусуси фаъолияти иттиҳодияи корфармоён бо тартиб ва дар мeҳлатҳое, ки оинномаи иттиҳодияи корфармоён пешбинӣ намудааст, ҳисобот диҳанд;
— дар масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои дигари ба он алоқамандро ба танзим медарорад, таҳияи санади меъёрии амалаш маҳдуд, ки муқаррароти ҳуқуқи меҳнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ, инчунин дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии инфиродиву коллективӣ ба аъзои худ кeмак расонанд;
— eҳдадориҳои дигари бо оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён пешбинишударо иxро намоянд.
 
Моддаи 16. Моликияти иттиҳодияҳои корфармоён
Иттиҳодияҳои корфармоён метавонанд ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқро ба бино, сохтмон, иншоот, фонди манзил, таxҳизот, асбобу олот, маблаu бо арзи милливу хориxӣ, коuазҳои қиматнок ва ба молу мулки дигар дошта бошанд.
Аъзои иттиҳодияҳои корфармоён ҳангоми хориx шудан аз иттиҳодияҳои  корфармоён ҳуқуқҳояшонро ба молу мулке, ки ба моликияти иттиҳодияи корфармоён додаанд, аз Ҷумла ба ҳаққи узвияту ҳаққи дигар аз даст медиҳанд, агар дар оинномаи иттиҳодияҳои корфармоён муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Иттиҳодияҳои корфармоён масъулияти бо молу мулки худ адо кардани eҳдадориҳои аъзояшонро надоранд.
БОБИ 4.
Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 17. Масъулияти иттиҳодияи корфармоён
Иттиҳодияи корфармоён барои риоя ё иxро накардани созишномаҳои басташуда дар қисмати eҳдадориҳои ҳамин иттиҳодия, ки дар созишномаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаанд, масъул мебошад.
Иттиҳодияи корфармоён аз рeи eҳдадориҳои аъзояш, аз Ҷумла аз рeи eҳдадориҳои онҳо, ки дар созишномаҳои аз xониби ҳамин иттиҳодияи корфармоён басташуда пешбинӣ гардидаанд, масъул шуда наметавонад.
 
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Э. Раҳмонов
 
         ш. Душанбе,  17 майи соли 2004,
         № 32

Илова кунед