Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боxи давлатӣ

12 Феврал 2004, Панҷшанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №2, мод.51; соли 2005, №12, мод. 630; соли 2006, №12, мод.541 , соли 2008, №6, мод. 460, №12, қ-2, мод.1000; соли 2009, №3, мод. 88; соли 2010, №1, мод.8, мод.10; №12, қ-1, мод. 823; соли 2012, №12 қ1,мод.999; соли 2013, №3, мод. 190; соли 2014,№7қ.2,мод.408соли 2015,№11мод.968,мод.969,мод.970, соли 2016,№5,мод.368)
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи боxи давлатӣ» тартиби аз  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонидани боxи давлатиро муқаррар ва танзим менамояд.
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ                                          
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
— боxи давлатӣ —  пардохти ҳатмӣ барои анxом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуxxатҳо аз xониби мақомоти ваколатдоршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— супорандагони боxи  давлатӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие  мебошанд, ки барои анxом додани амалиёти аҳамияти ҳуқуқӣ дошта ва додани ҳуxxатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки боxи давлатиро меситонад, муроxиат мекунанд;
— мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие, ки барои назорати воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст; ҚҶТ аз 19 .03.13с.№947
— мақомоте, ки боxи давлатиро меситонад –  мақомоте, ки мувофиқи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ситонидани боxи давлатӣ ваколатдор карда шудаанд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боxи давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боxи давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Объектҳои ситонидани боxи давлатӣ
Боxи давлатӣ ситонида мешавад:
— аз аризаҳои даъво, аризаҳо (шикоятҳо, шикоятҳои касатсионӣ ва назоратӣ), ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд;
-барои анxом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳукуқӣ дар мақомоти адлия, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва андоз(Қ ҶТ аз 12.01.10с, №586). (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №664).
— барои анxом додани амалиёти нотариалӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— барои баррасӣ ва додани ҳуxxатҳое, ки бо гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд;
— барои анxом додани дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ , ки ҳамин Қонун муайян мекунад.
 
Моддаи 4. Андозаи боxи давлатӣ
  1. Оид ба парвандаҳое, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд, боxи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) аз дархости шахсони воқеӣ-ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
2) аз пешниҳоди мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ –  ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
  1. Оид ба парвандаҳое, ки дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд, боxи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1) аз аризаҳои даъвогои дорои хусусияти молумулкӣ аз рeи нархи даъво:
— то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо –  3% аз нархи даъво;
— аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо –   2% аз нархи даъво;
— аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо –   0,7% аз нархи даъво;
— зиёда аз 500  нишондиҳанда барои ҳисобҳо –  0,5 % аз  нархи даъво;
2) аз аризаҳои даъвои дорои хусусияти ғайримолумулкӣ, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд:
— барои шахсони воқеӣ –  5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 3) аз аризаҳои даъвогӣ дар бораи озод намудани амвол аз ҳабс —  боx аз рeи нархи даъво мутобиқи банди 1 ҳамин қисм муайян карда мешавад;
 4) аз аризаҳои даъвогӣ оид ба баҳсҳои пеш аз шартномавӣ –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
  1. Аз аризаҳои даъвогӣ, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1) аз аризаҳои даъвогои дорои хусусияти молумулкӣ   –  2 % аз нархи даъво;
2) аз аризаҳои даъво оид ба баҳсҳое, ки ҳангоми бастан, тағйир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меоянд ва оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо –  андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) аз аризаҳои даъво дар бораи (пурра ё қисман) беэътибор  донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ:
барои шахсони воқеӣ — ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
барои шахсони ҳуқуқӣ — ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) аз аризаҳои даъвогии дигар, ки хусусияти молумулкӣ надоранд, аз Ҷумла аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ, Маҷбур намудан xиҳати иxрои eҳдадориҳо дар шакли асл — ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
5) аз аризаҳо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:
 барои шахсони ҳуқуқӣ — ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
 барои соҳибкорони инфиродӣ — ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
6) аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки  аҳамияти ҳуқуқӣ  доранд – ба андозаи секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 7) аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамояд , ки мутобиқи  андозаи боxи давлатӣ, ки барои аризаи даъвогии дорои  хусусияти ғайримолумулкӣ пешбини шудааст, нисбати баҳсҳои дорои хусусияти молумулкӣ – тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки андозаи маблағи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб карда мешавад;
8) аз шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ  нисбати ҳалнома ва қарорҳои суди иқтисодӣ ва ҳамчунин нисбати таъинот дар бораи қатъ намудани истеҳсоли парванда, бе баррасӣ мондани даъво, дар бораи таъини xаримаҳои судӣ,  рад кардани додани варақаи иxро –  50 % аз андозаи боxи давлатӣ, ки ҳангоми додани аризаи даъвогӣ ситонида мешавад.
  1. Барои аризаи даъвогие, ки ҳамзамон дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ мебошад, дар як вақт  боxи давлатӣ барои аризаи даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ муқарраргардида ситонида мешавад.
  2. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои тиҷоратӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият, ҳамчунин филиалҳо ва намояндагиҳои  шахсони ҳуқуқии хориҷӣ – ба андозаи   25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият – ба андозаи  7  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси  шаҳодатнома  фаъолият менамоянд – ба андозаи  2  нишондиҳанда  барои ҳисобҳо;
4) барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси  патент  фаъолият менамоянд – ба андозаи  1  нишондиҳанда  барои ҳисобҳо;
5) барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳӣ ва/ё қатъ намудани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, қатъ намудани фаъолияти  филиалҳо ва/ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ – ба андозаи 50  фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии  субъект пешбинӣ карда шудааст;
6) барои додани нусхаи (дубликати) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ – ба андозаи 50  фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии  субъект пешбинӣ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 12.01.10с, №586).
  1. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ҷумҳуриявӣ — ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динии ноҳиявӣ ё шаҳрӣ – ба андозаи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои азнавбақайдгирии ташкилотҳои динӣ ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №664).
  1. Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ  ва қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо– ба андозаи  100  нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ 26.07.14,№1111)
2) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ  – ба андозаи  10  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ – ба андозаи  5  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ — ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ 26.07.14,№1111)
5) барои додани шаҳодатнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (азнавбақайдгирӣ) новобаста ба мақоми онҳо ва филиалу намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирӣ ситонида мешавад; (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №664).
          6) барои бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ – ба андозаи 50  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
          7) барои додани нусхаи тасдиқкардашудаи (дубликати) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ – ба андозаи 50  фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии  субъект  пешбинӣ карда шудааст;
          8) барои додани иқтибос аз Феҳрист дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қатъи фаъолияти филиалу намояндагиҳои онҳо – ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
9) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав  – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
           10) барои додани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда – ба андозаи 50 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
11) барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул- ба андозаи 5 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №664).
12) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии созишномаҳои консессионӣ – ба андозаи 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;  (Қ ҶТ аз 12.01.10с, №586).
13) барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
14) барои бақайдгирии давлатии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
15) барои бақайдгирии бюрои адвокатӣ – ба андозаи 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
16) барои азнавбақайдгирии бюрои адвокатӣ — ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
17) барои барҳамдиҳии бюрои адвокатӣ — ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
18) барои бақайдгирии коллегияи адвокатҳо — ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
19) барои азнавбақайдгирии коллегияи адвокатҳо — ба андозаи  3  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
20) барои барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо — ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
21) барои бақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ — ба андозаи    3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
22) барои азнавбақайдгирии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ — ба андозаи 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
23) барои барҳамдиҳии маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ — ба андозаи  1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
24) барои бақайдгирии кабинети адвокатӣ – ба андозаи  2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
25) барои азнавбақайдгирии кабинети адвокатӣ — ба андозаи  1  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
26) барои барҳамдиҳии кабинети адвокатӣ — ба андозаи  1  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
27) барои  ворид намудан ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ – ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
28) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатӣ — ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
29) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатӣ — ба андозаи 1  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
30) барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ — ба андозаи  1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. (ҚҶТ аз 14.05.2016 сол №1317)
  1. Барои анxом додани амалиётҳои нотариалӣ боxи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1)  барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурўш, ҳадя, иваз ва ғайра) ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бўстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо), ба истиснои ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки ғайриманқули дигаре, ки  тасдиқи он тибқи банди 6) қисми мазкур ба амал бароварда мешавад,  барои як метри мураббаи масоҳати умумӣ ба андозаи: (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495).
а) барои фарзандон, аз ҷумла фарзандхонд, ҳамсар, падару модар  дар:
— шаҳри Душанбе – 10 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
      — шаҳри Хуҷанд – 7 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Кўлоб ва Хоруғ – 5 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 2 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— деҳот – 1 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
б) барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар:
 — шаҳри Душанбе – 20 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— шаҳри Хуҷанд –  15 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Кўлоб ва Хоруғ – 10 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 5 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— деҳот – 2 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
в) барои дигар шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқӣ дар:
— шаҳри Душанбе – 40 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— шаҳри Хуҷанд –  30 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Кўлоб ва Хоруғ – 20 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 10 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— деҳот – 5 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои тасдиқи шартномаҳои  аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурўш, ҳадя, иваз ва ғайра) воситаҳои нақлиёт ба андозаи ду  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои тасдиқи шартномаҳои гарав – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои тасдиқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) ба андозаи 50 %  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 — барои тасдиқи шартномаҳои иҷора ва қарз ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
5) барои тасдиқи шартномаҳои замонат –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
             6) барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешаванд – ба андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва  барои тасдиқи шартномаҳои дигаре, ки предмети онхо нархгузорӣ карда мешаванд, ба истиснои банди 4) ҳамин қисм – ба андозаи  1 фоиз аз маблағи шартнома, вале на кам аз 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;  (Қ ҶТ аз 12.01.10с, №586).
7) барои тасдиқи васиятномаҳо – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
8) дар бораи додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи моликият – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
9) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки дар банди 1) қисми шашуми моддаи мазкур  пешбинӣ шудааст: (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495)
— ба меросхeрони навбати аввал  –   0,5 % аз маблағи мерос;
— барои меросхeрони навбати дуюм –  1% аз маблағи мерос;
— барои меросхурони навбати сеюм – 1,5% аз маблағи мерос;  
— барои меросхeрони дигар –  2 %  аз маблағи мерос;
10) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос нисбати амволи дар хориxа буда,  ҳангоми муайян намудани арзиши ниҳоии амволи мерос, ки пардохти он бояд дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад:
  барои меросхeрони навбати аввал    –   1 % аз маблағи мерос;
  барои меросхeрони навбати дуюм –  1,5% аз маблағи мерос;  
  барои меросхeрони навбати сеюм –  2 %  аз маблағи мерос;
  барои меросхурони дигар – 3% аз маблағи мерос;
11)  барои чорабиниҳо оид ба ҳифзи амволи меросӣ –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
 12) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории амвол (ба истиснои банди 13 ҳамин  қисм):
— барои фарзандон, аз чумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар – 25  % аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо(ҚҶТ №1248. 23.11.2015с.)
— барои  бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ –  50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
13) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои наклиёти автомобилӣ:
барои фарзандон, аз Ҷумла барои фарзандхонд, ҳамсар, падару модар – 25% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ №1248. 23.11.2015с.)
барои  бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ –  50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
— барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ — ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ҳуқуқи ихтиёрдории онҳо — ба андозаи понздаҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҶТ №1249. 23.11.2015с.)
14)  барои тасдиқи ваколатномаҳои дигар –  20%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
15) барои тасдиқи саҳеҳии тарҶумаи ҳуxxат аз як забон ба забони дигар –  5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як саҳифаи ҳуxати тарҶумашуда;
16) барои эътироз оид ба пардохт нашудани вексел, ғайриаксепт будани он, набудани санаи акссепт ва барои тасдиқи напардохтани чек –  1 % аз маблағи пардохт нагардида;
17) барои нигоҳдории ҳуxxатҳо –  5%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
18) барои дурустии тасдиқи нусхаи ҳуxxатҳо, ки дар парвандаҳои идораҳои нотариалии давлатӣ, мақомоти иxроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамчунин иқтибоси ҳуxxатҳо – 2%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои нусхабардории ҳар саҳифаи ҳуxxат ё нусхабардошташуда;
19) барои тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуxxатҳои дигар ва барои тасдиқи иктибоси ҳуxxатҳо (ба ғайр аз ҳуxxатҳои дар банди 18 кисми  мазкур нишондодашуда) — 2% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як саҳифа;
20) барои тасдиқи асли имзо:
дар ариза ва дигар ҳуxxатҳо (ба истиснои варақаҳои бонкӣ) – 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
дар варақаҳои бонкӣ (барои имзои ҳар як варақа) –  3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
21) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба қисми амвол, ки моликияти умумии зану шавҳар мебошад ва дар давраи заношeи xамъ кардаанд, аз Ҷумла дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон –  10%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
22) барои додани нусхаи такрории ҳуxxатҳое, ки дар идораи нотариалии давлатӣ, мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии  маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ нигоҳ дошта мешавад –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
23) барои тасдиқ  кардани шартномаи аз соҳибӣ соқиткунии амволи ғайриманқул ва дигар амволи бақайдгирифташаванда, ки ба воситаи музояда (тендер) фурeхта мешавад –  ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
24) барои ба ҷо овардани  номаҳои иxро – 3% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
25) барои ба xо овардани эътирози баҳрӣ  — ба андозаи  секаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
26) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҳаёт будани шахс (шаҳрванд) – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
27) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҷойи муайян будани шахс (шаҳрванд) – 20% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
28) барои додани шаҳодатнома дар бораи айнияти шахс (шаҳрванди) дар сурати фотографӣ аксёфта – 20 % аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
29) барои тасдиқи вақти додани ҳуҷҷатҳо – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
30) барои расонидани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
31)  барои қабули маблағ ва қоғази қиматнок ба амонат (депозит) – 10% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
32) барои таъмини далелҳо – 50% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
  1. Барои амалиёти нотариалие, ки берун аз бинои идораи нотариалӣ ба xо оварда мешавад, боxи давлатӣ ду баробар зиёд ситонида шуда, инчунин хароxоти воқеӣ, ки ба сафар ба маҳалли ба xо овардани амалиёти нотариалӣ вобаста аст, пардохта мешавад.
  2. Аз рўи  шартномаҳои мубодилаи амволи ғайриманқуле, ки  дар банди 1)  қисми шашуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, андозаи боҷи давлатӣ аз масоҳати ҳамон амволи ғайриманқуле муайян карда мешавад, ки  масоҳати умумии он зиёд мебошад. Ҳамзамон, барои ситонидани боҷи давлатӣ  меъёрҳое татбиқ карда мешаванд, ки барои маҳалли тасдиқгардидаи шартномаи мубодила муқаррар шудаанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495).
  3. Барои ҳисоб намудани андозаи боxи давлатӣ ҷиҳати додани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ба истиснои молу мулки дар банди 1) қисми шашуми ҳамин модда  пешбинишуда, арзиши ҳамин молу мулкро нархгузор муайян мекунад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495).
  4. Барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулк, ки предмети онҳо нархгузорӣ карда намешавад – ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №495).
  5. Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, ки бо асъори хориxӣ ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки асъори хориxӣ предмети мерос мебошад, андозаи боxи давлатӣ аз асъори миллӣ бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Точикистон, ки дар рeзи пардохти боxи давлатӣ амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.
  6. Барои анxом додани амалиётҳои вобастаи барасмиятдарории асноди ҳолати шаҳрвандӣ боxи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1) барои сабти ақди  никоҳе, ки агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориxӣ ё шахси бешаҳрванд бошад —   ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2)  барои сабт ва додани шаҳодатнома дар бораи бекор кардани никоҳ:
бо розигии зану шавҳар, ки фарзандони ноболиғ надоранд –  ба андозаи якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
бо қарори суд дар бораи бекор кардани никоҳ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
бо шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида бедарак ё дар натиxаи  касалии рeҳӣ ва ё камақлӣ ғайриқобили амал эътирофшуда, ё бо шахсоне, ки  барои содир намудани xиноят ба муддати  на камтар аз се сол маҳкум шудаанд – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои таҳияи хулоса ва барои додани шаҳодатномаҳо вобаста ба тағйир додан, илова намудан ва барқарор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд, бастани ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ, дар бораи вафот – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои додани шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ –  ба андозаи яккаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
  1. Барои баррасӣ ва додани ҳуxxатҳои соҳиб шудан вобаста ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боxи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешаванд:
1) барои додани шиносномаи хориxӣ (умумишаҳрвандӣ) ё дароз намудани мeҳлати эътибори он —  ба андозаи якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои додани раводид ба шаҳрванди хориxӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад, xиҳати рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои дароз намудани мeҳлати эътибори раводид – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
3) барои ба қайд гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон –  25%  аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
4) барои додан ва дароз намудани мўҳлати эътибори  раводид бо шиносномаи хориxӣ ё ҳуxxати онро ивазкунанда ба шаҳрванди хориxӣ ё шахси бешаҳрванд, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, барои:
рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи чоркаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд омадан ба Ҷумҳурии   Тоҷикистон – ба андозаи чоркаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
5) барои додани раводидҳои чандинкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
6) барои додани ҳуxxат оид ба даъвати шахсон аз дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як даъватшаванда;
7) барои ворид намудани баъзе тағйиротҳо (ба истиснои дароз намудани мeҳлати эътибори раводид)  ба ҳуxxати каблан додашуда барои рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон –  ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
8) барои додан ё дароз намудани иxозатномаи зисти шаҳрванди хориxӣ ё шахси бешаҳрванд – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
9) барои бақайдгирӣ ё дароз намудани мeҳлати амали бақайдгирии шиносномаи хориxӣ ё ҳуxxати онро ивазкунанда – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
10) барои ба ивази  шиносномаи хориxӣ гумшуда ё вайронгардида, раводид, ҳуxxати даъват ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, иxозати зист ё шаҳодатнома барои сафар ба хориҷа додани ҳамин гуна ҳуxxат – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
11)  аз ариза ва дархости  ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудан, аз нав кабул кардан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо аризаҳо оид ба муайян намудани мансубияти шаҳрвандӣ – ба андозаи дукаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
  1. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ боxи давлатӣ бо андозаҳои зерин ситонида мешавад:
1)  барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи шикор ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  –  ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
2) барои амалиёте, ки  дар биржаҳои тиxоратӣ, ашёи хом, асъор ва биржаҳои дигар анxом меёбанд:
аз ҳаxми аҳди то 500 ҳазор сомонӣ – 0,5 % аз маблағи аҳд;
аз ҳаxми аҳди аз 500 ҳазор сомонӣ то  1000000 сомонӣ –  0,2 % аз маблағи аҳд;
аз ҳаxми аҳди зиёда аз 1 млн. сомонӣ –  0,1 % аз маблағи аҳд;
3) барои фурeхтани xои брокер –  0,5 % аз маблағи воқеии аҳди басташуда;
4) барои муомилоти коғазҳои қимматнок:
— барои бақайдгирии давлатии барориши коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ — 0,15% аз ҳаҷми барориши мазкур; (ҚҶТ аз 14.05.16 с. №1317)
— барои бастани аҳд — 1 сомонӣ аз ҳар 1 ҳазор сомонии аҳди басташуда;
5) барои гузаронидани музояда –  0,2% аз нархи ибтидоии умумии ҳаxми моле, ки  ба фурeш гузошта шудааст;
6) барои аҳдҳое, ки дар музояда анxом меёбанд –  0,1%  аз нархи аҳди басташуда;
7) барои харидани амволи корхонаҳои давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон –  0,5%  аз маблағи амволи харидашаванда;
8) барои гузоридани санчиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ – андозаи  панҷкаратаи  нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
9) барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62,5% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ ва 125% аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар ҳуҷҷат аз шахсони ҳуқуқӣ.
(ҚҶТ №1247. 23.11.2015с.)
 
Моддаи 5. Имтиёзҳои пардохтани боxҳои давлатӣ
  1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боxи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) шаҳрвандон — аз рeи даъвоҳои ситонидани маош (таъминоти пулӣ) ва дигар талаботе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ бармеоянд;
2) даъвогарон – аз рeи баҳсҳои муаллифӣ, муаллифон – тибқи даъвое, ки аз ҳуқуқи ҳаммуаллифӣ,  ҳуқуқи ихтироъ, намунаи муфид, намунаҳои саноатӣ, инчунин аз дигар ҳуқуқҳо, ки аз моликияти зеҳнӣ бармеоянд;
3) даъвогарон – аз рeи даъво дар бораи  ситонидани алимент;
4) даъвогарон – аз рeи даъвоҳои xуброни зараре, ки дар натиxаи маъюб шудан ё дигар зиён ба саломатӣ, инчунин фавти саробон расонида шудааст;
5) мақомоти суғуртаи иxтимоӣ ва мақомоти таъмини иxтимоӣ – аз рeи даъвоҳои мутақобил (регрессӣ) аз зараррасон  ситонидани маблағи кeмакпулиҳо  ва нафақа, ки ба xабрдида  пардохта шудааст ва мақомоти таъминоти иxтимоӣ – инчунин аз рeи даъво дар бораи ситонидани кeмакпулӣ ва нафақаи нодуруст пардохташуда;
6) даъвогарон – аз рeи даъвоҳои талофӣ намудани зиёни моддии дар натиxаи xиноят расонидашуда;
7) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – барои ба онҳо додани ҳуxxатҳои вобаста ба парвандаҳои xиноятӣ ва парвандаҳо оид ба ситонидани алимент;
8) тарафҳо – аз  шикояти кассатсионӣ оид ба парвандаи бекор кардани никоҳ;
9) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлат ва xамъият муроxиат мекунад;
10) мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун даъвогар – аз рeи парвандаҳои ситонидани хароxот доир ба xустуxeи шахсоне,  ки аз пардохти алимент ва дигар пардохтҳо саркашӣ мекунанд, инчунин оид ба парвандаҳои xуброни хароxоти иловагӣ ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон, ки дар  маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, инчунин кофтукови онҳо  ҳангоми табобати  қасдан расонидани зиён ба саломатии худ;
11) муассисаҳо ва мақомоти  иxрои xазои xиноятӣ – тибқи даъвоҳои талофии хароxоти иловагии вобаста ба пешгирии фирори маҳкумшудагони гумонбаргардида, айбдоршаванда, маҳкумшудагон ба маҳдудият аз озодӣ, ҳабс ё маҳкум аз озодӣ ва кофтукови онҳо, инчунин табобати онҳо ҳангоми ба саломатии худ қасдан расонидани зарар;
12) мақомоти андоз, гумрук ва молия, Агентии давлатии суғуртаи  иxтимоӣ ва нафақа  ва мақомоти назорати асъор ва содирот  ҳамчун даъвогарону xавобгарон  – аз рeи даъвоҳои ситонидани андозҳо, рўёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба  буxет ва баргардонидани онҳо аз буxет; (Қ ҶТ аз 12.01.10с, №584).
13) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбиннамудаи қонун барои ҳифзи манфиатҳои давлатию xамъиятӣ муроxиат мекунанд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳимояи ҳуқуқи ҳифзкунандаи қонун ва манфиатҳои  шахсони дигар муроxиат мекунанд — дар сурати қонеъ гардонидани даъвои онҳо;
14)  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ– ҳангоми ба суд додани ариза дар мавриди батаъхирандозӣ ё дароз намудани мeҳлати иxрои қарорҳо  оид ба тағйирёбии тарз ва тартиби иxрои қарорҳо, барқарорсозии мeҳлатҳои гузашта, аз нав баррасӣ намудани қарорҳо, таъинот ва қарори суд оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар хусуси аз нав баррасӣ намудани қарори ғоибонаи суде, ки онро баровардааст;
15)  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ҳангоми шикоятҳо ба амалҳои иxрокунандаи судӣ, инчунин шикоятҳо нисбати карорҳо ба парвандаҳо доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз xониби мақомотӣ ваколатдор баровардашуда;
16) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ –ҳангоми додани шикоятҳои хусусӣ нисбат ба таъиноти суд, аз Ҷумла оид ба таъмини даъво ё иваз намудани як навъи таъминот ба таъминоти дигар, оид ба қатъ ё боздоштани парвандаҳо, оид ба рад кардани зиёд ё кам намудани ҳаxми xаримае, ки суд таъин намудааст;
17) шаҳрвандон – аз рeи  шикоятҳои кассатсионӣ оид ба  парвандаҳои xиноятие, ки дурустии ситонидани зарари моддӣ дар натиxаи xиноят расонидашуда  мавриди баҳс қарор гирифтааст;
18) шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаҳои ҳуxxатҳое, ки барои гирифтани ёрдампулиҳо ва нафақаҳои давлатӣ заруранд;
19) маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – аз рўи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон; (ҚҶТ №1248. 23.11.2015с.)
20) шаҳрвандон – ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхондӣ.
(ҚҶТ №1248. 23.11.2015с.)
  1. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ аз пардохти боxи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлатӣ ва xамъиятӣ муроxиат мекунанд;
2) мақомоти молия, мақомоти андоз, гумрук, Агентии давлатии суғуртаи иxтимоӣ нафақа ва мақомоти назоратӣ асъор ва содирот,ки ба сифати даъвогару xавобгар баромад мекунанд  – аз рeи даъвоҳои ситондани андозҳо, рўёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба  буxети дахл дор ва баргардонидани онҳо аз буxети дахлдор, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти мазкур тарафе мебошанд, ки пештар ба фоидаи онҳо қарор бароварда нашудааст. (Қ ҶТ аз 12.01.10с, №584).
  1. Аз пардохти боxи давлатӣ дар мақомоте, ки амалиётҳои нотариалиро иxро мекунанд, озод карда мешаванд:
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун – барои анxом додани амали нотариалӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва чамъиятӣ муроxиат намуданд;
2) шаҳрвандон – ҳангоми тасдиқи дурустии нусхаи ҳуxxатҳо, аслӣ будани имзоҳо дар ҳуxxатҳо, барои тасдиқи ваколатномаҳо, ки барои  гирифтани нафақа ва кeмакпулӣ, пешниҳоди имтиёзҳо заруранд, ҳамчунин оид ба парвандаҳои васоят ва фарзандхондӣ(ҚҶТ №1248. 23.11.2015с.)
3) шаҳрвандон – барои тасдиқи васиятнома ва шартномаҳои тeҳфаи амвол  ба фоидаи давлат;
4) ворисони то рeзи меросгирӣ ба  балоғат нарасида,  инчунин шахсони гирифтори бемориҳои рeҳӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба онҳо васоят муқаррар гардидааст, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ  дар тамоми ҳолатҳо сарфи назар аз навъи амволи меросӣ;
5) мақомоти молия, андоз ва гумрук барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи давлат ба мерос; (Қ ҶТ аз 12.01.10с, №584).
6) меросхўроне, ки то рўзи кушода шудани мерос дар ҳавлии истиқоматӣ ё квартираи меросӣ бо меросгузор якҷоя истиқомат мекарданд ва то рўзи вафоти меросгузор дар ҳавлии истиқоматӣ ё квартираи меросӣ қайди истиқомат доранд.  (Қ ҶТ аз 12.01.10с, №586). 
  1. Дар мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз пардохти боxи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) мақомоти маориф, васоят ва парасторӣ, комиссия оид ба корҳои ноболиғон — барои додани шаҳодатномаҳои такрории таваллуд оид ба фиристодани кeдакони ятим ва кeдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба хонаҳои кeдакон ва мактаб – интернатҳо, инчунин шаҳодатнома дар бораи вафоти падару модари ин кeдакон;
2) шаҳрвандон – барои бақайдгирии давлатӣ ва додани шаҳодатномаҳои дахлдори таваллуд (бо назардошти гузаштани мeҳлати бақайдгирии таваллуди кeдак (азнавбарқароркунӣ), вафот, ақди никоҳ (ба истиснои шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрванд), фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ; (ҚҶТ №1248. 23.11.2015с.)
3) шаҳрвандон — барои ба онҳо додани маълумот дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки xиҳати пешниҳод ба мақомоти таъминоти иxтимоӣ заруранд, оид ба масъалаҳои таъин намудан ё аз нав ҳисоб кардани нафақа ва кeмакпулиҳо;
4) шаҳрвандон – барои ба онҳо додани шаҳодатномаҳои такрорӣ ё иваз намудани шаҳодатномаҳои ба онҳо додашуда оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда.
  1. Аз парвандаҳои вобаста ба рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои додани шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва дигар ҳуxxатҳои ба хориxа сафар намудан, шахсони зерин аз пардохти боxи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои додани шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;
2) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои ба онҳо додани ҳуxxатҳои ба хориxа сафар намудан, агар сафари онҳо ба марг ё зиёрати қабри хешовандони наздик вобаста бошад, инчунин барои додани ҳуxxатхои ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудани шахсони дар дигар мамлакатҳо истиқоматкунанда, вобаста ба марг ё бемории вазнини хешовандони наздик;
3) хориxиёне, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ додааст ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, аъзои оилаи онҳо ва фарзандони онҳо – барои ба онҳо додани ҳуxxатҳои сафар ба хориxа;
4) шаҳрвандони хориxии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада – барои додан ва дароз намудани иxозатномаи зист, бақайдгирӣ ва дароз намудани мeҳлати бақайдгирии шиносномаҳои хориxӣ ё ҳуxxатҳои ивазкунандаи онҳо инчунин барои додани ҳуxxатҳо оид ба даъвати дигар шахсон аз дигар мамлакатҳо бо шартҳои мутақобил;
5) шахсони ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида — барои ба онҳо додани ҳуxxатхои сафар ба хориxа;
6)  сайёҳони хориxӣ — барои бақайдгирии шиносномаҳои хориxӣ;
  1. Аз пардохти боxи давлатӣ барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали истиқоматии онҳо, инчунин барои бақайдгирии шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо иxозатномаи зист дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, инҳо озод карда мешаванд:
1) шахсоне, ки дар хона–интернатҳо барои кeҳансолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд;
2) хонандагони муассисаҳои таълимии барои кeдакони ятим ва кeдакони аз парастории падару модар маҳрумгашта ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии дар таъминоти пурраи давлатӣ буда ва  дар хобгоҳҳо  зиндагикунанда.
  1. Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ, аз пардохти боxи давлатӣ озод карда мешаванд:
1) мақомоти ваколатдор — аз рeи даъвоҳо оид ба ситонидани зарари ба давлат расонидашуда аз ифлос намудани муҳити зист ва ғайриоқилона истифода намудани захираҳои табиӣ;
2) даъвогарон – мақомоти андоз, гумрук, Агентии  давлатии суғуртаи  иxтимоӣ — аз рeи даъвоҳо дар хусуси ба буxет ситонидани маблағҳое, ки аз xониби корхонаю ташкилотҳо бо аҳдҳои ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, оид ба ситонидан  андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки сари вақт аз тарафи шаҳрвандон супорида нашудаанд, оид ба  барҳам  додани корхона, ё манъ кардани машғулияти фаъолияти соҳибкорӣ; (ҚҶТ аз 12.01.10с, №584).
3) мақомоти ваколатдор –аз рeи даъвоҳои беэътибор донистан ва бекор намудани аҳдҳо ва ситонидани маблағҳои вобаста ба хусусигардонӣ.
4) мақомоти ваколатдор – аз рeи даъво оид ба вайронкунии қонунгузории замин;
5) осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, хазинаҳо ва дигар маҳфузгоҳҳои давлатии сарватҳои фарҳангие, ки дар ҳолати муваққатан ба намоишгоҳҳо баровардани сарватҳои фарҳангие, ки дар ҳифзи доимии онҳо мебошанд;
6) ансамблҳои давлатии мусиқӣ, мутрибону навозандагон барои соз ва воситаҳои техникие, ки муваққтан барои гастрол бароварда мешавад;
  1. Дар ҳолатҳои бо ташаббуси давлат xорӣ гардидани азнавбақайдгирии умумии шахсони ҳуқуқӣ ё ба Оинномаи (Низомномаи) онҳо ворид намудани тағйироту иловаҳои барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ҳатмӣ,  шахсони ҳуқуқӣ аз пардохти боxи давлатӣ озод мебошанд.
 
Моддаи 6. Тартиби пардохт ва баргардонидани боxи  давлатӣ
  1. Боxи давлатӣ бо асъори миллӣ дар бонкҳо (филиалҳои онҳо), ҳамчунин тавассути интиқоли маблағҳои боxи давлатӣ аз ҳисоби боxсупоранда ба воситаи бонкҳо (филиалҳои онҳо), пардохта мешавад. Қабули боxи давлатӣ аз xониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо додани шакли муқарраргардидаи квитансия амалӣ мегардад.
  2. Боxи давлатӣ пардохта мешавад:
1) аз рeи парвандаҳое, ки аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд — то пешниҳод намудани аризаи дахлдор (шикоятҳои кассатсионӣ ё назоратӣ), ҳамчунин ҳангоми аз тарафи судяҳо  додани нусхаҳои ҳуxxатҳо;
2) барои анxом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумурии Тоҷикистон ва мақомоти он, инчунин мақомоти андоз – ҳангоми бақайдгирии давлатӣ; (Қ ҶТ аз 12.01.10с, №586). 
3) барои иxрои амалиётҳои нотариалӣ — ҳангоми иxрои амалиётҳои нотариалӣ, барои додани нусхаҳои ҳуxxатҳо бошад — ҳангоми супоридани онҳо;
4) барои сабти давлатии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ оид ба ворид намудани ислоҳу тағйирот дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ- ҳангоми додани аризаҳои дахлдор;
5) барои додани шаҳодатномаи такрорӣ ва гувоҳнома — ҳангоми додани онҳо;
6) барои сабти давлатии бекоркунии ақди никоҳ аз рeи ризоияти дутарафаи ҳамсарон, ки фарзандони ноболиғи умумӣ надоранд – ҳангоми сабти санад;
7) барои қайди шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи иxозатномаи зист истиқомат доранд – то супоридани ҳуxxатҳои дахлдор;
8) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба шикор ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ —  то супоридани ҳуxxатҳои дахлдор;
9) аз рeи парвандахое, ки бо соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хориx шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридшавӣ ба Ҷумхурии Тоҷикистон вобаста аст – то гирифтани ҳуxxатҳои дахлдор;
10) аз рeи амалиётҳое, ки дар биржаҳо, бо коғазҳои қимматнок, ҳангоми харидани амволи корхонаҳои давлатӣ доир мегарданд – ҳангоми иxро;
11) барои гузаронидани музояда ва гузаронидани экспертизаи сарватҳои фарҳангӣ то гузаронидани он.
  1. Боxи давлатӣ пурра ба Буxети давлатӣ ворид карда мешавад. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти боҷи давлатӣ, инчунин шаклҳои ҳисоботи мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.(ҚҶТ аз 19 .03.13с.№947)
  2. Боxи давлатии пардохташуда дар ҳолатҳои зерин қисман ё пурра баргардонида мешавад:
1) ба андозаи зиёд ворид намудани боxи  давлатӣ назар ба андозае, ки Қонуни мазкур  муқаррар намудааст;
2) баргардонидан ё рад намудани қабули аризаҳо, шикоятҳо ва ё муроxиати дигар аз xониби судҳо, ҳамчунин рад намудани иxрои амалиётҳои нотариалӣ аз xониби мақомоти ваколатдор;
3) дар ҳолати рад кардани иxрои амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё гирифтани ҳуxxат аз xониби шахси боxи давлатиро пардохта то муроxиат ба мақомоте, ки амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқии мазкурро иxро менамояд.
4) рад кардани  додани шиносномаи хориxӣ (умумишаҳрвандӣ).
  1. Агар барои анxом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуxxат якбора якчанд шахс муроxиат намоянд, ки ҳуқуқи имтиёз надоранд, боxи давлатӣ дар ҳаxми пурра ва саҳмҳои баробари онҳо бо мувофиқаи тарафҳо супорида мешавад. Дар ҳолате, ки агар дар байни шахсони барои анxом додани амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё барои додани ҳуxxатҳо муроxиаткунанда як шахс (якчанд шахс) мутобиқи қонуни мазкур аз пардохти боxи давлатӣ озод бошад (озод бошанд), пас ҳаxми боxи давлатии ба буxети дахлдор пардохтшаванда мутаносибан барои шахсони ба имтиёз ҳуқуқдошта кам карда мешавад ва дар ин ҳолат боxи давлатиро як шахс (якчанд шахс), ки ҳуқуқ ба имтиёз надорад (надоранд) мепардозад (мепардозанд).
  2. Боxи давлатии ба буxети давлатӣ пардохташуда дар асоси қарори мақомоти молия, мувофиқи аризаи хаттии боxсупоранда ва хулосаи мақомоти барои ситонидани боx ваколатдор баргардонида мешавад.
  3. Боxи давлатие, ки баргардонида мешавад, бояд ба шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар муддати даҳ аз рeзи қабули қарор дар бораи баргардонидани он аз xониби мақомоти дахлдори молиявӣ дода шавад.
 
Моддаи 7. Чораҳои xавобгарӣ барои супорандагони боxи давлатӣ ва назорат оиди дуруст ҳисоб кардани он
Супорандагони боxи давлатӣ ва  мақомоти ваколатдоре, ки боxи давлатиро меситонад барои нодуруст ҳисоб кардан ва ба буxет гузаронидани маблағҳои боxи давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи боxи давлатӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 6 январи соли 1992 «Дар бораи боxи давлатӣ» (Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.1992, №2, м.26, с.1993, №9-10, м.138, с.1993, №23-24, м.532, Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  с.1997, №9, м.117, с.1997, №23-24, м.333; с. 2002, №4, қ.1, м. 182, с.2003, №4, м.147)  аз эътибор соқит  дониста шавад.
 
Моддаи 9.  Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
             Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                         Э. РАҲМОНОВ 
ш. Душанбе,  28 феврали соли 2004,
№19
 
 
 
  
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон
 «Дар бораи боxи давлатӣ»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боxи давлатӣ» қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории xорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боxи давлатӣ» мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  28 январи соли 2004,
№ 1046
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи боxи давлатӣ»
 
 
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи боxи давлатӣ» барраси намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боxи давлатӣ» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 феврали соли 2004,  
№ 491
 

Илова кунед