Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоxагии ёрирасони шахсӣ

08 Декабр 2003, Душанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, №12, мод.675; соли 2006, № 7, мод. 349; соли 2011, № 6, мод. 449)
 
Маxлиси намояндагон 4 июни соли 2003 қабул кардааст
Маxлиси миллӣ 21 ноябри соли 2003 xонибдорӣ кардааст
 
БОБИ 1
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва пешбурди хоxагии ёрирасони шахсиро аз тарафи шаҳрвандон ва ҳамчунин чораҳои аз xониби мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ кардани онҳоро муайян карда, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкил кардани хоxагии ёрирасони шахсӣ, мустақилияти хоxагӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонеро, ки дорои хоxагии ёрирасони шахсӣ мебошанд, кафолат медиҳад. (Қ ҶТ аз 28.07.06с, №201).
 
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи хоxагии ёрирасони шахсӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоxагии ёрирасони шахсӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва санадҳои дигари  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Мафҳуми хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Хоxагии ёрирасони шахсӣ хоxагиест, ки бо меҳнати шахсии шаҳрванд ва аъзои оилаи e бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ бо озуқаворӣ ва эҳтиёxоти дигар пеш бурда мешавад.
  2. Фаъолияти шаҳрвандон дар бобати пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешавад.
  3. Пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ бар дeши шаҳрванд ё аъзои оилаи e мебошад.
  4. Аъзои хоxагии ёрирасони шахсӣ ҳамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, падару модар ва хешовандони дигаре, ки якxоя зиндагӣ мекунанд, шуда метавонанд.
 
БОБИ 2
ТАШКИЛ ВА ПЕШБУРДИ ХОXАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӣ
 
Моддаи 4. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ташкил ва пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкил ва пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ дар сурати бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи замин ба истифодаи меросии якумра ё бемeҳлат гирифтани қитъаҳои замин ҳуқуқ пайдо мекунанд.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар деҳот муқимӣ зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фонди ягонаи замини давлатӣ бо мақсади ташкил ва пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ қитъаи замин гиранд.
  3. Шаҳрвандони сокини шаҳр ва шаҳракҳо дар замини барои истифодаи меросии якумра ё бемeҳлат гирифтаашон барои ташкилу пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ мутобиқи қонунугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. Шартҳои ба шаҳрвандони ин категорияҳо xудо кардани қитъаҳои замин барои пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  4. Шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрванд дар асоси тартибу шартҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сурати мавxуд будани захираи озоди замин ба ташкил ва пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд.
 
Моддаи 5. Қитъаҳои замини хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Қитъаи замини хоxагии ёрирасони шахсӣ ба шаҳрванд барои истифодаи меросии якумра ё бемeҳлат аз ҳисоби фонди ягонаи давлатии замин бо пешниҳоди мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи замин  xудо карда мешавад. (Қ ҶТ аз 28.06.11с, №738).
  2. Қитъаи замини хоxагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замини иловагии хоxагии ёрирасони шахсӣ (минбаъд – қитъаи замини иловагӣ) иборат мебошад. (Қ ҶТ аз 28.07.06с, №201).
  3. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ, одатан, дар шафати манзили истиқоматӣ ва ҳамчунин имкон дорад дуртар аз он воқеъ бошад.
  4. Қитъаи замини иловагӣ ба шаҳрванд аз ҳисоби заминҳои фонди ягонаи давлатӣ xудо карда мешавад. Дар қитъаи замини иловагӣ сохтани биноҳо, иморату иншоот ва шинонидани дарахтҳои бисёрсола манъ аст.
  5. Тартиби ба шаҳрвандон xудо кардани қитъаи замини хоxагии ёрирасони шахсӣ бо қонунгузорӣ дар бораи замин муқаррар карда мешавад.
  6. Масоҳати ниҳоии қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва замини иловагӣ , ки барои хоxагии ёрирасони шахсӣ xудо карда мешаванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин муқаррар мегардад.
  7. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замини иловагӣ ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансуб дониста мешаванд. (Қ ҶТ аз 28.07.06с, №201).
 
Моддаи 6. Тартиби пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Аъзои хоxагии ёрирасони шахсӣ хоxагиро бо салоҳдиди худ пеш мебаранд ва масъулиятро ба зимма доранд, инчунин бо созиши тарафайн сарвари хоxагии ёрирасони шахсӣ ё шахсони дигарро барои содир намудани аҳд ва намояндаи дорои ваколатномаи махсусро таъин менамоянд. Номи сарвари хоxагии ёрирасони шахсӣ дар дафтари хоxагии xамоати деҳот (шаҳрак) зикр карда мешавад.
  2. Шаҳрвандони дар пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ иштирокдошта метавонанд дар соҳаи истеҳсол, контрактасия ё таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, иxрои кор ва хизматрасонӣ бо ташкилотҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳо, хоxагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва шаҳрвандони алоҳида  бевосита ва ё ба воситаи  кооперативҳои матлубот, ки манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунанд, шартнома банданд.
  3. Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ ба фаъолияти шаҳрвандон дар бобати пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.
  4. Бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти якxоя оид ба истеҳсол, коркард, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва ба фурeш баровардани маҳсулоти зиёдатӣ, ҳамчунин суuурта, қарзгирӣ, таъминоти моддию техникӣ ва хизматрасонии хоxагии ёрирасони шахсӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонад дар кооперативҳои истеҳсолӣ (кишоварзӣ) ва кооперативҳои матлубот муттаҳид гардад. (Қ ҶТ аз 28.06.11с, №738)
 
Моддаи 7.  Дастгирии давлатӣ ва дигар намудҳои дастгирии хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Хоxагии ёрирасони шахсӣ аз тарафи давлат бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад.
  2. Мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ хоxагии ёрирасони шахсиро дар соҳаҳои зерин дастгирӣ мекунанд: (Қ ҷт аз 28.07.06с, №201).
— дар ташкили кооперативҳои кишоварзӣ, оид ба истифодаи техникаи кишоварзӣ, коркарди замин, истеҳсолу коркард, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;
— дар густариш додани хизматрасонии муҳандисию техникӣ, мелиоративӣ, байторӣ, зоотехникӣ, агрономӣ ва иттилоотию машваратӣ; (Қ ҶТ аз 28.06.11с, №738).
—  дар истеҳсол ва фурeши маҳсулоти зиёдатии кишоварзӣ;
—  барҳам додани оқибати ҳолатҳои фавқуллода;
—  xудо кардани чарогоҳ ва алафзор;
—  додани қарз бо гарав барои харидани техникаю таxҳизот, чорвои зотӣ бо тартиби нисбати хоxагии деҳқонӣ (фермерӣ) муқарраргардида; (Қ ҶТ аз 28.06.11с, №738).
—  дар масъалаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
БОБИ 3
ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ДОРОИ ХОXАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӣ
 
Моддаи 8. Ҳуқуқи шаҳрвандони дорои хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Шаҳрвандони дорои хоxагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ доранд дар моликияти худ молу мулк дошта бошанд, молу мулкро мерос гузоранд ва васият намоянд, ҳамроҳи дигар шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқӣ таъсис намоянд, ҳар гуна аҳди хилофи қонун набударо анxом диҳанд ва eҳдадорию ҳуқуқҳои дигари молумулкӣ ва шахсии ѓайримолумулкӣ дошта бошанд. (Қ ҶТ аз 28.06.11с, №738).
  2. Шаҳрвандоне, ки пешбурди хоxагии ёрирасони шахсиро дар қитъаи замини ба истифодаи меросии якумра гирифта ё худ истифодаи бемeҳлат амалӣ менамоянд, ҳақ доранд дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо шарти риоя намудани меъёрҳои шаҳрсозӣ, бинокорӣ ва ҳамчунин талабҳои таъиноти мақсадноки қитъаи замин хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иморату иншооти барои пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ зарурро бунёд намоянд, онҳоро аз нав созанд ё вайрон кунанд.
  3. Қитъаҳои замини наздиҳавлигии барои хоxагии ёрирасони шахсӣ xудошудаи шаҳрвандон барои эҳтиёxоти давлатӣ танҳо баъди ба онҳо барои пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ бо шартҳои пешакӣ xудо намудани қитъаҳои баробарарзиши замини дорои хонаҳои ободи истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иморату иншооти таъиноташон монанди иншооти гирифташаванда ва пурра xуброн намудани тамоми хароxоти вобаста ба ободонӣ ва дар xои нав, агар дар созишномаи тарафҳо тартиби дигар муқаррар нашуда бошад ё бо салоҳдиди молики молу мулк баъди пурра ба он xуброн кардани арзиши молу мулки гирифташаванда ва молу мулки дигар, аз Ҷумла манфиати аз дастрафтаи онҳо гирифта мешаванд.
  4. Истифодабарандаи қитъаи замини барои хоxагии ёрирасони шахсӣ xудо шуда, ҳақ дорад ба ин қитъаи замин ворид шуданро манъ карда ва бо тарзи дигар аломату нишон гузорад, ки бе иxозати e ба ин қитъаи замин шахсони дигар имкони даромадан надошта бошанд.
  5. Рeёнидани маблаu аз молу мулки хоxагии ёрирасони шахсӣ аз рeи eҳдадории аъзоён дар асоси ҳалномаи суд сурат мегирад.
  6. Шаҳрвандоне, ки пешбурди хоxагии ёрирасони шахсиро амалӣ менамоянд, дар асоси қонунгузории гражданӣ ва конунгузорӣ дар бораи замин ҳуқуқҳои дигарро низ доро мебошанд.
 
Моддаи 9. Eҳдадориҳои шаҳрвандони  дорои хоxагии ёрирасони шахсӣ
Шаҳрвандони дорои хоxагии ёрирасони шахсӣ eҳдадоранд:
—  нигоҳубини қитъаҳои заминро таъмин намоянд;
—  қитъаҳои заминро мақсаднок истифода намуда, дар рафти истифодаи онҳо ба замин чун объекти табиию хоxагӣ ва муҳити зист муносибат карда, зарар нарасонанд;
—  андози истифодаи қитъаҳои заминро сари вақт супоранд;
—  хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иморату иншоотро аз рeи талаботи меъморию нақшавӣ, бинокорӣ, экологӣ, беҳдошти санитарию гигиенӣ, зиддисeхторӣ ва талабҳои дигари меъёру қоидаҳои муқарраргардида бунёд кунанд, атрофи онҳоро обод созанд;
—  қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ ва байтории нигоҳубини ҳайвонот, талаботи мелиоративӣ ва агротехникии парвариши зироатҳои кишоварзӣ, тартибу маҳдудиятҳо ва ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро риоя намоянд;
—  қитъаи заминро дар давоми мeҳлати муқарраркардаи қонунгузории замин ба кор дароранд;
— дар ҷамъбасти нимсолаи якум ва дар ҷамъбасти сол ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  оид ба фаъолияти меҳнатӣ маълумот пешниҳод намоянд; (Қ ҶТ аз 28.07.06с, №201). (ҚҶТ аз 28.06.11с, №738
—  талабҳои дигари пешбиникардаи қонунгузориро ба xо оваранд.
 
Моддаи 10. Қатъи узвият дар хоxагии ёрирасони шахсӣ
Узвият ба хоxагии ёрирасони шахсӣ дар мавридҳои зайл қатъ мегардад:
— вафоти узви хоxагии ёрирасони шахсӣ;
— пешниҳоди ариза дар бораи қатъи узвият;
— зиндагонӣ накардан ҳамроҳи  аъзои боқимондаи хоxагии ёрирасони шахсӣ;
— зиёда аз як сол иштирок надоштан дар пешбурди якxояи хоxагии ёрирасони шахсӣ, ба истиснои беморӣ, адои хизмати ҳарбӣ аз рeи даъват дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсили рeзона дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, кор кардан дар вазифаҳои  интихобӣ, бо розигии аъзои хоxагии ёрирасони шахсӣ ба кор  ба маҳалли дигари  Ҷумҳурӣ ё ба хориxа рафтан ва мавридҳои дигари муқарраркардаи қонунгузорӣ; (ҚҶТ аз 28.06.11с, №738.
— дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
 
БОБИ 4
МОЛУ МУЛКИ ХОXАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӣ
 
Моддаи 11 Молу мулки хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Молу мулки хоxагии ёрирасони шахсӣ чорвою мурu, занбeри асал, дарахтони бисёрсола, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иморату иншооти мавриди пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ, техника, асбобу анxоми кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар захираҳои моддӣ, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ шуда метавонанд.
  2. Агар дар шартномаи байни аъзои хоxагии ёрирасони шахсӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, молу мулке, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр шудааст, моликияти умумии якxояи аъзои хоxагии ёрирасони шахсӣ мебошад.
  3. Даромади шахсӣ ва пасандози узви хоxагии ёрирасони шахсӣ, инчунин молу мулке, ки бо маблаuҳои худаш харидааст, мерос ё тeҳфа гирифтааст ва ба моликияти хоxагии ёрирасони шахсӣ ҳамроҳ карда нашудааст, моликияти шахсии ин ё он узви хоxагии ёрирасони шахсӣ ҳисоб меёбад.
  4. Молу мулки хоxагии ёрирасони шахсиро фақат бо розигии ҳамаи аъзои он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудан мумкин аст.
  5. Аз рeи аҳдҳои содирнамудаи аъзои хоxагии ёрирасони шахсӣ, агар аз ҳолати кор маълум нагардад, ки аҳд ба манфиати шахсии узви хоxагии ёрирасони шахсии мазкур баста шудааст, аъзои хоxагии ёрирасони шахсӣ ба молу мулки худ масъуланд. (Қ ҶТ аз 28.06.11с, №738).
 
Моддаи 12. Тақсими (xудо кардани) молу мулки хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Молу мулки хоxагии ёрирасони шахсӣ метавонад бо талаби аъзои қобили амали хоxагии ёрирасони шахсӣ мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шавад.
  2. Xудо намудани ҳисса аз молу мулки якxояи хоxагии ёрирасони шахсӣ мумкин аст бо талаби яке аз аъзои қобили амали хоxагии ёрирасони шахсӣ дар мавриди қатъ гардидани узвияти он анxом дода шавад. ҳамзамон қитъаи замини назди ҳавлигиро ба қитъаҳои алоҳидае тақсим кардан мумкин аст, ки андозаи онҳо бояд аз меъёри ниҳоии муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар набошад.
  3. Агар андозаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз меъёри ниҳоии муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар бошад, ин гуна қитъа тақсим карда намешавад. Узви хоxагии ёрирасони шахсӣ дар сурати қатъ гардидани узвияташ дар хоxагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ дорад баробари ҳиссаи дар моликияти якxоя доштааш xубронпулӣ гирад.
 
Моддаи 13. Мерос гузоштани молу мулки хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Молу мулки хоxагии ёрирасони шахсӣ ва қитъаи замин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ ва қонунгузорӣ дар бораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мерос гузошта мешавад. Дар ин маврид меросхeроне, ки дар пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ ширкат меварзанд, барои гирифтани молу мулки меросӣ ва қитъаи замин ҳуқуқи бартарӣ доранд. Меросхeроне, ки  барои дар хоxагии ёрирасони шахсӣ шуuл варзидан майлу хоҳиш надоранд, ҳуқуқ доранд, баробари ҳиссаи дар молу мулки  меросмонда доштаашон xубронпулӣ гиранд.
  2. Дар сурати аз пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ даст кашидани ҳамаи меросхeрон молу мулки хоxагӣ бо розигии меросхeрон, тақсим карда мешавад ё худ онҳо ин молу мулкро якxоя ба мақсадҳои дигар истифода мекунанд. Истифодаи қитъаи замин дар ин маврид бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи замин муайян карда шавад.
  3. Дар сурати набудани меросхeрони қонунӣ ё васиятӣ масъалаи тақсими молу мулки хоxагии ёрирасони шахсӣ мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с, №738).
 
БОБИ 5
ИХТИЁРДОРӣ КАРДАНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИЕ, КИ ДАР ХОXАГИҲОИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӣ ИСТЕҲСОЛ ШУДААСТ, КОРКАРД ВА БА ҲИСОБ ГИРИФТАНИ ОН
 
Моддаи 14.  Истеҳсол, коркард ва фурeши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Маҳсулоти кишоварзии дар хоxагии ёрирасони шахсӣ истеҳсолшуда моликияти шаҳрвандонест, ки бо хоxагии ёрирасони шахсӣ машuуланд ва онҳо ҳуқуқи бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ карданро доранд.
  2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд ташкилотҳои маҳаллии хариди маҳсулот барпо намоянд, ки маҳсулоти дар хоxагии ёрирасони шахсӣ истеҳсолгардидаи кишоварзиро бо мақсади коркард, нигоҳдорӣ ё фурeш қабул карда гиранд. (Қ ҶТ аз 28.07.06с, №201).
  3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба аъзоёни хоxагии ёрирасони шахсӣ, ки бо фурeши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолкардаашон машuуланд, дар ташкили xойҳои муxаҳҳази савдо шароит муҳайё намоянд. (Қ ҶТ аз 28.07.06с, №201).
 
Моддаи 15. Ба ҳисоб гирифтани хоxагии ёрирасони шахсӣ
Хоxагии ёрирасони шахсиро  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар дафтари хоxагӣ ба ҳисоб мегирад. Дафтари хоxагӣ ҳуxxати асосии ҳисобгирии ибтидоӣ буда, маълумотро дар бораи шумораи аҳолии деҳот, замину чорво, хонаву xой ва чизу чораи  дигар доштани онҳо дар бар мегирад. Таркиби нишондиҳандаҳо ва тартиби xорӣ кардани дафтари хоxагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 28.06.11с, №738).
 
БОБИ 6
ҚАТЪИ ПЕШБУРДИ ХОXАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӣ
 
Моддаи 16. Асосҳои қатъи пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ
Пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ дар асоси қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар ҳолатҳои зерин қатъ меёбад: (Қ ҶТ аз 28.07.06с, №201).
— дар мавриди қарор қабул кардани аъзои хоxагии ёрирасони шахсӣ оид ба қатъи пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ;
— дар сурати мавxуд набудани ягон аъзои хоxагии ёрирасони шахсӣ ё меросхeре, ки майлу хоҳиши пешбурди ин хоxагиро дошта бошад;
— қатъ ёфтани ҳуқуқ ба қитъаи замин бо сабаби гирифтани қитъаи замин мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои эҳтиёxоти давлатӣ ё коммуналӣ;
— бо сабаби доштани дигар  қитъаи замин аз пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ даст кашидани аъзои хоxагии ёрирасони шахсӣ;
— дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон дар бораи замин.
 
Моддаи 17. Тартиби қатъи фаъолияти хоxагии ёрирасони шахсӣ
  1. Дар ҳолати қатъи пешбурди хоxагии ёрирасони шахсӣ тибқи қарори аъзоён онҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳалли xойгиршавии хоxагии ёрирасони шахсӣ аризаи дахлдор пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с, №738).
  2. Дар сурати қатъи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар асоси ҳалномаи суд ё қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ онҳо ўҳдадоранд чунин ҳалнома ё қарорро ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли ҷойгиршавии хоҷагии ёрирасони шахсӣ фиристонанд. (ҚҶТ аз 28.06.11с, №738).
  3. Дар ҳама гуна мавридҳои дигар қарори қатъи пешбурди хоxагии ёрирасони шахсиро мақомоти худидоракунии маҳали xойгиршавии хоxагии ёрирасони шахсӣ қабул мекунанд.
  4. Фаъолияти хоxагии ёрирасони шахсӣ аз рeзи ба дафтари хоxагӣ даровардани навиштаи дахлдор, инчунин сабт дар китоби қайди кумитаи ноҳиявии (шаҳрии) замин қатъ мегардад.
 
 
БОБИ 7
ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 18. Андозбандии хоxагии ёрирасони шахсӣ
Андозбандии хоxагии ёрирасони шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с, №738).
 
Моддаи 20. Баррасии баҳсҳо
Баҳсҳое, ки вобаста ба хоxагии ёрирасони шахсӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
     
     
            Президенти                                                                                                Э. РАҲМОНОВ
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              
ш. Душанбе,  8 декабри соли 2003,
№ 47

Илова кунед