Баромади Раиси МН МО ҶТ Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми МН МО ҶТ, даъвати шашум.

19 Март 2020, Панҷшанбе

Баромади Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зокирзода Маҳмадтоир Зоир
дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
даъвати шашум. (17.03.2020)


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Вакилони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама барои боварӣ ва сазовор донистанатон ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимии худро ба Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ баён менамоям.

Бо қаноатмандӣ қайд менамоям, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон фаъолияти меҳнатиамро ба ҳайси мутахассис дар Моктаби бузурги сиёсӣ таҳти тарбияи бевоситаи Шумо Пешвои муаззами миллат оғоз намудам ва бо дастгириву роҳнамоиҳои Шумо то ба вазифаи Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудам.

Хушбахтона, соли равон бо пешниҳоди бевоситаи Роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастгирии интихобкунандагон аз ҳавзаи интихоботии Рашт 12 вакил ва ҳоло бошад, бо дастгирии вакилон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидам.

Дар иртибот ба боварии Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷриба ва сабақҳои омўхтаи худро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои 5 соли оянда, ки асоси он аз нақшаву вазифаҳои стратегӣ, иқдомҳои нави созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои воқеии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст, равона месозам.

Зимнан ҳақиқату адолатро маҳаки фаъолияти худ қарор дода, таъмини рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, саноату кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва илм, ҷавонон ва варзиш, фарҳанг ва сиёсати хориҷиро бо роҳи такмили қонунгузории соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор медиҳам.

Барои идома додани ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла вобаста ба талаботи замон такмил додани заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии хоҷагидорӣ, таъмини содирот, вусъатбахшии ҷараёни гуногунсамтии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо кўшиш ба харҷ медиҳем. 

Тамоми нерў ва малакаи худро ҷиҳати пурра татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегии муайянгардида, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ѓизои хушсифат, инчунин ба саноатикунонии босуръати кишвар равона менамоям.

Ба ин хотир ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арҷ гузошта, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи инсонро эҳтиром ва дар доираи татбиқи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяннамудаи давлат ва ҳукумати кишвар барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамоям.

Масъалаи дигаре, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор медиҳам, ин дар самти такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Дар ин самт арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуда дар такмили қонунгузории миллӣ бо дарназардошти манфиатҳои ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстримизм, коррупсия, инчунин пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва боло бурдани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош меварзам.

Дар ин раванд масъалаи баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, ҳадафрас ва самарабахш гардонидани санадҳоимеъёрии ҳуқуқиро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор медиҳам.

Бояд иброз намоям, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони Маҷлиси Олӣ, хизматчиёни давлатӣ ва куллӣ мардуми шарифи Тоҷикистон як дастурамал ва роҳнамо буда, татбиқи самтҳои муайяннамудаи онҳо ба рушди бо сурати иқтисоди миллӣ такони амиқ мебахшад.

Аз ин рў мо вакилонро зарур аст, ки дар фаъолияти қонунгузории худ ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар афзалиятҳои Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми Барномаву Стратегияҳои қабулгардидаро самти муҳимтарини фаъолият қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани онҳо тамоми нерў ва малакаи худро равона созем.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавии худ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сўи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи 4 ҳадафи тақдирсози стратегии давлат, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, роҳнамоӣ мекунад.

Дар фарҷоми сухан бори дигар барои боварӣ ва дастгириҳои пайвастаатон ба Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва вакилони муҳтарам миннатдории хешро баён менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!      


Илова кунед