Истиқлолият ва арзишҳои ватандорӣ

08 Сентябр 2020, Сешанбе

Соли ҷорӣ мо, мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватани азизамон 29-солагии истиқлолияти давлатии кишварамонро таҷлил менамоем. Зеро истиқлолият мояи саодати миллат, озодии давлат, шукуфоии кишвар ва ривоҷу равнақи ҷамъият буда, маҳз аз файзу баракати истиқлолияти сиёсӣ аст, ки ба дастоварду муваффақиятҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва миллию маънавӣ ноил гардидаем.
Ҳар соату рӯз, ҳафтаву моҳ ва ҳар фаслу соле, ки аз қабули ин санаи ҳикматафрӯз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин мафҳуми муқаддас, яъне «Истиқлолият» барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар пурфуруғтару пуршукӯҳтар мегардад. Зеро ин кишвар ба самте ҳидоят шудааст, ки дар он саодати пайвастаи мардум ва шукуфоии ҷовидонаи давлат ҳувайдо гардидааст.
Ҳамагии файзу баракот ва фатҳу футуҳоти қуллаҳои мурод дар кишвари азизу дӯстдоштании Тоҷикистон ба шарофати раҳнамунии бузургворонаву хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки чун мисоли офтоб дар зулмати ҳаёти ҷомеа тулуъ карданд ва кишвари моро ба вусъатободи озодиву озодагӣ оварданд.
Дар иртибот ба нақши бағоят муҳим доштани истиқлолият дар раванди ташаккули давлатсозии миллатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, ки «Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт».
Воқеан, Тоҷикистон маҳз бо туфайли истиқлолияти давлатӣ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Мо аз самараи истиқлолияти давлатӣ ба дастоварду комёбиҳои мондагори иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва илмию маънавӣ ноил гардидем, ки ин муваффақиятҳо рӯз то рӯз афзун шуда, дар роҳи зиндагии шоистаи мардум ва таҳкими аркони давлатдорӣ нақши бориз доранд.
Аммо марҳилаи кунунии пурташаннуҷу ҳассоси ҷаҳон ва роҳандозии бозиҳои бузурги сиёсию геополитикӣ, ки боис ба харобии кишварҳо ва ногувориҳои байналмилалӣ шудаанд моро ҳушдору водор месозад, ки барои иттиҳоду ҳамрайъӣ, таҳкими арзишҳои ваҳдати миллӣ, густариши маърифату зиракии сиёсӣ, рушди худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ аз давлатдории миллиямон саҳми бориз дошта бошем  ва дар масири рушду ободонии меҳани азизамон беш аз пеш саъю кӯшиш намоем.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш менависад. Сарнавишти имрӯзу ояндаи худро бо зеҳну шуури миллаташ тарроҳӣ намуда, асолати худро дар бунёди давлатдории навин ҳифз месозад. Яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян месозад.
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба ҷой овард ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Ин тақозои вақту таърих боис гардид, ки Пешвои муаззами миллат тамоми неруи зеҳнию маънавӣ ва фитрию миллии кишварро ба самти бунёдкориҳо равона намуда, ҳам дар сиёсати иқтисодию фарҳангӣ ва ҳам дар сиёсатҳои байналмилалӣ исми Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз феҳристи кишварҳои ҷангзадаву ноором ба сархати давлатҳои амну рӯбатараққӣ бурданд.
Дар ҳамин асос ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои олии стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд.
Маҳз маҳсули ташаббусҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 - ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 – даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 ба ҳайси «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 – даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» эълон гардид.
Ба туфайли амалӣ гардидани стратегияву барномаҳои миллӣ дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 24 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамрадиф бо ин, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд.
Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб се баробар коҳиш ёфта, аз 83 фоизи охири соли 2000-ум то 29 фоиз дар соли 2019 паст карда шуд.
Дар даврони истиқлолият барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба як миллиону 300 ҳазор оила, яъне ба зиёда  аз 7 милион нафар шаҳрвандон 129 ҳазор гектар замин ҷудо гардид. Ин дар ҳолест, ки бо ин мақсад дар 70 соли даврони Шӯравӣ ҳамагӣ 80 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд. Дар ин давра шароит ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, хароҷоти дуюмдараҷаи аҳолӣ низ торафт афзоиш ёфт.
Инчунин дастовардҳои беназирро, ки бо дастбурдҳои ҳаётбахши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи мо соҳиб гардид метавон соатҳо шумор кард. Аммо муроди мо ин аст, ки бо далел ва арқом овардани чандин музаффариятҳои фасли иқтисод дар баробари барномаи бузурги оянда қарор доштанамонро бештар аз пештар эҳсос намоем ва бо қуввату қудрати садчандон барои таҳкими қасри истиқлоли миллат нақшгузор бошем. Зеро инсонҳои асил аз он наменоланд, ки ватан барои онҳо чӣ додааст, балки аз худ ҳамеша суол мекунанд, ки барои ватан чӣ додааст?!! Мо низ бояд чун фарзандони асили диёри худ, бояд аз худ бипурсем, ки барои таҳкими решаҳои истиқлолияти давлати миллиямон чӣ хидмати фарзандонае анҷом додаем. 
 
 
Мушовири калони
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тоҷикистон
Қаҳҳоров Абдуазиз Ҳабибуллоевич

Илова кунед