Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ

08 Декабр 2003, Душанбе

ҚОНУНИ  XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН Дар бораи муфлисшавӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон,  соли 2003, №12, мод.674; соли 2008, №10, мод.813;

соли 2009, №5, мод.317; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2019, №1579)

 

Маҷлиси намояндагон 25 июни соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 21 ноябри соли 2003 xонибдорӣ кардааст

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

 

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд

Мутобиқи Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон Қонуни мазкур асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва ё аз тарафи худи онҳо муфлис эълон  гардиданашон, асоси аз тарафи суд  муфлис эътироф намудани шахси ҳуқуқӣ, ё ин ки аз тарафи худи онҳо муфлис эълон намуданашон, инчунин тартиби барҳам додани чунин шахси ҳуқуқӣ, ё худ якxоя бо кредиторон қабул кардани қарор дар бораи муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳамдиҳии онҳоро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои корхонаҳои давлатие, ки дар моддаи 127 Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон пешбинӣ карда шудаанд), аз xумла шахсони ҳуқуқии хориxии бо тартиби муқаррарнамудаи  қонун ба қайд гирифташуда ва ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ амал мекунад.

Агар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Xумҳурии Тоxикистон қоидаҳои дигареро, ки аз  қоидаҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур фарқ кунанд, муқаррар карда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Xумҳурии Тоxикистон мавриди истифода қарор мегиранд.

Нисбати муносибатҳое, ки Қонуни мазкур иштироки шахсони хориxиро ба сифати кредиторон  танзим менамояд, муқаррароти ҳамин Қонун татбиқ карда мешавад, агар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Xумҳурии Тоxикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон дар бораи муфлисшавӣ

Қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон дар бораи муфлисшавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Xумҳурии Тоxикистон асос ёфта, аз   ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Xумҳурии Тоxикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Xумҳурии Тоxикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Мафҳумҳои асосии дар Қонуни мазкур истифодашаванда

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои  асосии зерин истифода мешаванд:

— муфлисшавӣ – аз тарафи қарздор дар ҳаxми пурра қонеъ карда натавонистани талаби кредиторон оид ба eҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иxро карда натавонистани eҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои  ҳатмӣ, ки аз xониби суд  эътироф шудаанд ё қарздор  қодир набуданашро эълон намудааст;

— қарздор – соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ, ки барои қонеъгардонии талабҳои кредиторон оид ба eҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иxрои eҳдадориҳои пардохтҳои  ҳатмӣ  дар мeҳлати муқаррарнамудаи  Қонуни мазкур қодир нест;

— eҳдадориҳои пулӣ – eҳдадории қарздор дар бораи ба кредитор пардохт намудани маблаuи муайяни пулӣ, аз рeи шартномаи гражданию ҳуқуқӣ ва дигар  асосҳое, ки Кодекси граждании  Xумҳурии Тоxикистон пешбинӣ менамояд;

— пардохтҳои ҳатмӣ – андозҳо, боxҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки ба буxети сатҳи дахлдор  бо тартиб ва  шартҳои бо қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муайяншаванда  ворид мегарданд;

— роҳбари қарздор – мақоми яккаи иxроияи шахси ҳуқуқӣ ва инчунин шахсони дигар, ки  мутобиқи қонунгузорӣ фаъолияти  хешро аз номи шахси ҳуқуқӣ бе боваринома  амалӣ мегардонанд;

— кредиторони озмунӣ – кредиторон аз рeи  eҳдадориҳои пулӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки қарздор дар назди онҳо барои расонидани  зиён ба  ҳаёт ва саломатиашон xавобгар аст, инчунин муассисони (иштирокчиёни) қарздор — шахси ҳуқуқӣ аз рeи eҳдадориҳое, ки аз чунин иштирок пайдо мешаванд;

— санатсияи тосудӣ —  чораҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор, ки аз тарафи молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавӣ қабул карда мешаванд;

— мушоҳида – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздор аз лаҳзаи аз тарафи суд қабул кардани ариза  дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор то лаҳзае, ки мутобиқи  ҳамин Қонун  бо мақсади таъмин намудани нигоҳдории амволи қарздор ва гузаронидани  таҳлили  ҳолати молиявии он муайян шудааст, татбиқ карда мешавад;

— идоракунии  берунӣ (санатсияи судӣ) – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздор бо мақсади барқарорсозии қобилияти пардохтии вай бо вогузоштани ваколатҳои  идоракунии  амволи қарздор ба мудири беруна татбиқ карда мешавад;

— истеҳсолоти озмунӣ – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздори муфлис эътирофгардида бо мақсади мутаносибан қонеъ намудани талабҳои кредиторон  татбиқ карда мешавад;

— мудир (мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ) – шахсе, ки аз xониби суд барои гузаронидани расмиятҳои муфлисшавӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои дигар, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, таъин карда мешавад;

— моратория – боздоштани амалҳои қарздор оид ба иxрои eҳдадориҳои пулӣ ва ворид намудани пардохтҳои  ҳатмӣ;

— намояндаи кормандони қарздор – шахсе, ки аз тарафи кормандон ваколатдор шудааст ва ҳангоми гузаронидани расмиятҳои муфлисшавӣ манфиатҳои онҳоро ифода мекунад

— қарздори ғойиб – қарздоре, ки маҳалли ҷойгиршавии мақомоти  доимї, инчунин муассисон  ва шахсони мансабдор, ки онро муқаррар кардан мумкин нест ва  бе онҳо шахси ҳуқуқї фаъолияти худро дар давоми шаш моҳи охир иҷро карда натавонист;

— мудири  муваққатӣ — шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти мушоҳида таъин карда мешавад;

— мудири беруна — шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти  идоракунии беруна таъин карда мешавад;»

— мудири озмунӣ — шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти  истеҳсолоти озмунӣ таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

 

Моддаи 5. Аломатҳои муфлисшавӣ

Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва ҳамчунин шахсони ҳуқуқии хориxӣ барои қонеъ намудани талабҳои  кредиторон аз рeи eҳдадориҳои пулӣ ва ҳамчунин иxрои пардохтҳои ҳатмии ба буxет аз ҳисоби амволи онҳо воридшаванда қодирнабуда ҳисобида мешаванд, агар чунин eҳдадориҳо аз тарафи онҳо дар давоми се моҳ аз лаҳзаи эътибор пайдо карданашон иxро карда нашаванд ва агар маблаuи умумии eҳдадориҳояшон аз арзиши амволи ба онҳо тааллуқдошта зиёд бошад.

 

Моддаи 6. Таркиб ва ҳаxми eҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои  ҳатмӣ

Таркиб ва ҳаxми eҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ба вақти пешниҳоди ариза ба суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор муайян карда мешаванд.

Барои муайян намудани мавxудияти аломатҳои муфлисшавии  қарздор ҳаxми eҳдадориҳои пулӣ, аз xумла ҳаxми қарз барои молҳои таҳвилгардида, корҳои иxрошуда ва хизматрасонӣ, маблаuи қарзҳо бо назардошти фоизҳо, ки онҳоро қарздор бояд пардохт намояд, ба истиснои eҳдадориҳо дар назди шаҳрвандоне, ки қарздор барои расонидани зиён ба ҳаёт ва саломатиашон xавобгар аст, eҳдадориҳо оиди пардохти подоши муаллифӣ ва ҳамчунин eҳдадориҳо дар назди муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахсони ҳуқуқӣ, ки аз чунин иштирок бармеоянд, мавриди таваxxeҳ қарор мегирад.

ҳаxми eҳдадориҳои пулӣ аз рeи талабҳои кредиторон дар он  ҳолат муқарраршуда ҳисобида мешавад, ки агар  он бо ҳалномаи суд ё ҳуxxатҳои шаҳодатдиҳандае, ки дар онҳо қарздор ин талабҳоро эътироф намудааст, тасдиқ шуда бошад ва ҳамчунин дар  ҳолатҳои дигаре, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 7. Қарздор

Қарздор ҳуқуқ дорад бо аризаи худ дар хусуси пешакӣ муқаррар намудани муфлисшавӣ дар сурати мавxуд будани ҳолатҳои бешубҳа шаҳодатдиҳанда дар бораи он ки вай наметавонад eҳдадориҳои пулӣ ва (ё)  вазифаҳояшро оид ба ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ дар мeҳлатҳои муқарраршуда иxро намояд, ба суд муроxиат кунад.

Қарздор дар ҳамон ҳолат метавонад ба суд ариза диҳад, ки   амволи мавxудбудаи e барои пардохти хароxоти суд кифоя бошад, агар  Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 71.  Қарздори ғойиб

Дар асоси аризаи шахси манфиатдор суд тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздори ғойибро муайян менамояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

 

Моддаи 8. Eҳдадориҳо  барои додани аризаи қарздор ба суд

Роҳбари қарздор ё соҳибкори инфиродӣ eҳдадор аст, ки дар мавридҳои зерин бо аризаи қарздор ба суд муроxиат кунад:

— агар қонеъгардонии талабҳои як кредитор ё якчанд кредиторон сабабгори uайриимкон гаштани иxрои пурраи eҳдадориҳои пулии қарздор дар назди дигар кредиторон гардад;

— агар мақомоти қарздор, ки мутобиқи ҳуxxатҳои таъсисии қарздор барои барҳамдиҳии он ваколатдор гардидааст, барои муроxиати қарздор бо ариза ба суд қарор қабул карда бошад;

— агар мақомоти ваколатдори молики амволи қарздор – корхонаи воҳиди давлатӣ дар бораи муроxиат намудан бо аризаи қарздор ба суд қарор қабул карда бошад;

— дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.

Дар мавридҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда  аризаи қарздор новобаста аз мавxудияти ҳолатҳои муқарраркардаи қисми дуюми моддаи 7 Қонуни мазкур ба суд пешниҳод карда мешавад.

Агар дар вақти барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ иxрои талабҳои кредиторон дар ҳаxми пурра uайриимкон муқаррар шуда бошад, роҳбари қарздор, комиссияи барҳамдиҳӣ (барҳамдиҳанда) вазифадоранд бо аризаи қарздор ба суд муроxиат намоянд.

Аризаи қарздор дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур бояд на дертар аз як моҳи пеш омадани зарурати дахлдор ба суд пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 9. Масъулияти роҳбари қарздор барои иxро накардани вазифаҳо оид ба додани аризаи қарздор ба суд

Аз тарафи қарздор пешниҳод нагардидани ариза ба суд дар ҳолатҳое, ки моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст,  боиси ба xавобгарии субсидиарӣ кашидани роҳбари қарздор  ва аъзои комиссияи барҳамдиҳӣ  аз рeи eҳдадориҳои қарздор, ки  дар назди кредиторон баъди гузаштани мeҳлати пешбининамудаи Қонуни мазкур  ба вуxуд меоянд, мегардад.

 

Моддаи 10. Муфлисшавии сохта ва барқасд

Агар аризаи қарздор оид ба муфлис эътироф намуданаш ба суд дар ҳолати мавxуд будани имконияти қонеъгардонии пурраи талабҳои кредиторон пешниҳод шуда бошад (муфлисшавии сохта), қарздор, ки ҳамин аризаро пешниҳод намудааст, дар назди кредиторон барои зарари бо додани ҳамин ариза расонидааш xавобгар мебошад.

Дар ҳолати муфлисшавии қарздор бо айби муассисони (иштирокчиёни) вай ё дигар шахсони мансабдор, аз xумла бо айби роҳбари қарздор, ки барои ба қарздор ҳуқуқи додани супоришҳои ҳатман иxрошавандаро дорад ва ё ҳар гуна имконияти муайянсозии амали eро дорад (муфлисшавии барқасд), муассисон (иштирокчиён) – шахсони ҳуқуқӣ ё дигар шахсони мансабдор ба xавобгарии субсидиарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 11. Кредиторон оид ба eҳдадориҳои пулӣ

Кредиторон оид ба eҳдадориҳои пулӣ (минбаъд-кредиторон) шахсони воқеию ҳуқуқии дохилӣ ва хориxӣ, ҳамчунин давлат ва воҳидҳои  маъмурию ҳудудӣ мебошанд.

Ҳуқуқи додани аризаи кредиторро дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор (минбаъд — аризаи кредитор) шахсоне доранд, ки мутобиқи Қонуни мазкур кредиторони озмунӣ эътироф карда мешаванд.

Кредитор аз рeи eҳдадориҳои дар натиxаи расонидани  зарар ва оид ба пардохти  алимент  ба вуxудомада он кредитороне ҳисобида мешаванд, ки талабҳои онҳо бо ҳалномаи суд собит шудаанд ё қарздор онҳоро эътироф намудааст.

Ба мақомоти андоз ва  дигар мақомоти ваколатдор  меъёрҳои барои кредиторон   муайяншуда татбиқ   карда мешаванд, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

ҳангоми гузаронидани  расмияти муфлисшавӣ манфиати ҳамаи кредиторонро Маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторон, ки мутобиқи Қонуни мазкур ташкил карда мешаванд, ифода мекунад. Аз лаҳзаи аз тарафи суд барои баррасӣ қабул гардидани ариза дар бораи муфлис эълон намудани  қарздор кредиторон ҳуқуқ надоранд, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талабҳои худ бо тартиби инфиродӣ ба қарздор муроxиат намоянд.

Ҳамаи амалҳо дар муносибат бо қарздор аз номи кредиторон ба воситаи Маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторон анxом дода мешавад.

 

Моддаи 12.  Маҷлиси кредиторон ва тартиби даъвати он

Кредиторони озмунӣ  ва дар ҳолатҳои  пешбининамудаи  Қонуни мазкур дар қисмати  талабҳо  оид ба пардохтҳои ҳатмӣ мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор иштирокчиёни Маҷлиси кредиторон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ шуда метавонанд.  Дар Маҷлиси кредиторон намояндаи кормандони қарздор иштирок менамояд.

Ташкил ва гузаронидани Маҷлиси кредиторонро мудир анxом медиҳад.

Ваколатҳои Маҷлиси кредиторон:

қабули қарор дар бораи xорӣ ва дароз намудани идоракунии беруна ва дар бораи муроxиат  намудан бо  илтимосномаи дахлдор ба суд;

қабули қарор дар бораи бастани созишномаи мусолиҳа;

қабули қарор дар бораи муроxиат намудан  ба суд бо илтимоснома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор  ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;

қабули қарор дар бораи интихоби аъзои кумитаи кредиторон, муайян намудани шумораи  ҳайати кумитаи кредиторон ва дар бораи пеш аз мeҳлат қатъ намудани ваколатҳои кумитаи кредиторон;

ҳаллу фасли  дигар масъалаҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ  менамояд.

Дар Маҷлиси кредиторон кредитори озмунӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи  Қонуни мазкур мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор дар қисмати талабҳо оид ба пардохтҳои  ҳатмӣ соҳиби шумораи овозҳои мутаносибан  баробар ба  маблаuи талабҳои кредиторони озмунӣ, мақомоти андоз ё мақомоти дигари ваколатдор аз рeи eҳдадориҳои пулӣ (ё) пардохтҳои ҳатмӣ ба қарздор, ки мутобиқи Қонуни мазкур эътироф ва ба рeзи гузаронидани Маҷлиси кредиторон  муқаррар  карда  шудааст, мебошанд.

Маҷлиси кредиторон бо ташаббуси  мудир,  дархости  кумитаи кредиторон, кредиторони озмунӣ  ва (ё) мақомоти андоз ва  мақомоти ваколатдори дигаре, ки талабҳои онҳо оид ба eҳдадориҳои пулӣ ва (ё) пардохтҳои ҳатмӣ на камтар аз сеяки xамъи маблаuи талабшудаи ба рeйхати талабҳои кредиторон дохилшударо ташкил медиҳад, ё бо ташаббуси аз се як ҳиссаи кредиторони озмунӣ  даъват карда мешавад.

Маҷлиси кредиторон бо дархости кумитаи кредиторон ё кредиторони озмунӣ  аз xониби мудир,  дар мeҳлати ду ҳафта аз лаҳзаи бо дархости дахлдор муроxиат  намудани кумитаи кредиторон ё кредиторони озмунӣ ба  унвони мудир  даъват карда мешавад.

Маҷлиси кредиторон дар маҳалли xойгиршавии қарздор гузаронида мешавад, агар тартиби дигаре дар Маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон муқаррар нашуда бошад.

Дар ҳолати набудани кворуми кредиторон дар мeҳлати даҳ рeз Маҷлиси  такрории  кредиторон даъват карда  мешавад, ки сарфи назар аз шумораи кредиторони дар он иштироккунанда  салоҳиятдор мебошад,  ба шарте  ки аз  вақт  ва  xои  гузаронидани Маҷлиси кредиторон онҳо ба таври  даркорӣ огоҳ   гардида бошанд.

 

Моддаи 13. Тартиби қабули қарорҳо  аз тарафи Маҷлиси  кредиторон

Қарори Маҷлиси кредиторон оиди масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда бо аксари овозҳои кредиторони озмунӣ, ки дар Маҷлиси кредиторон иштирок  доранд, қабул карда мешаванд, агар тартиби дигаре дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашуда бошад.

Маҷлиси кредиторон қарорҳои зеринро бо аксари овозҳо аз миқдори умумии кредиторони озмунӣ қабул менамояд:

оиди xорӣ ва дароз намудани идоракунии беруна ё дар бораи муроxиат намудан бо  илтимоснома  ба суд дар бораи  муфлис эътироф   намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;

дар бораи  бо илтимоснома  муроxиат намудан ба суд  оиди  аз вазифа озод намудани  мудир.

Дар ҳолате  ки агар дар Маҷлиси кредиторон, ки барои ҳалли масъалаҳои дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда  даъват карда шудааст ва миқдори овозҳои барои қабули қарорҳои мазкур зарурии кредиторони озмунӣ xамъ нашуда бошанд, Маҷлиси  такрории кредиторон даъват карда мешавад, ки барои қабули  чунин қарорҳо бо аксари овозҳои кредиторони озмунии дар Маҷлис  иштироккунанда  салоҳиятдор мебошад,  ба шарте  ки кредиторони  озмунӣ аз  вақт ва xои  гузаронидани  Маҷлис  ба тарзи  даркорӣ огоҳ гардида бошанд.

 

Моддаи 14. Кумитаи кредиторон, интихоби кумитаи кредиторон

Кумитаи кредиторон манфиатҳои кредиторони озмуниро ифода намуда, ба фаъолияти мудири беруна ва  мудири озмунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур назорат менамояд.

Агар миқдори кредиторони озмунӣ аз панxоҳ нафар камтар бошад, бо қарори Маҷлиси кредиторон вазифаи кумитаи кредиторонро ба Маҷлиси кредиторон вогузор кардан  мумкин аст.

Кумитаи кредиторон барои татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

аз мудири беруна пешниҳоди маълумотро оид ба ҳолати молиявии қарздор ва xараёни идоракунии беруна талаб намояд;

аз мудири озмунӣ пешниҳоди маълумотро оид ба xараёни истеҳсолоти озмунӣ талаб намояд;

оиди фаъолияти мудири беруна ва мудири озмунӣ дар  ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба суд шикоят кунад.

Ба ҳайати кумитаи кредиторон мумкин аст намояндагони кредиторони озмунӣ ба миқдори муайяннамудаи Маҷлиси кредиторон, вале  на бештар аз 11 нафар дохил карда  шаванд.

Қарори кумитаи кредиторон бо аксари овозҳои  шумораи умумии аъзои кумитаи кредиторон қабул карда мешавад.

Аъзои кумитаи кредиторонро Маҷлиси кредиторон ба муддати  гузаронидани идоракунии беруна ва истеҳсолоти озмунӣ интихоб  менамояд.

Бо қарори Маҷлиси кредиторон мумкин аст ваколатҳои ҳамаи аъзои кумитаи кредиторон пеш аз мeҳлат қатъ гардонида шаванд.

Талаби кредитор оид  ба eҳдадориҳои пулӣ ва  (ё) eҳдадориҳои ҳатмӣ дар ҳаxми панxсад андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба кредитор  ҳуқуқи доштани шумораи  овозҳои баробар ба шумораи аъзои кумитаи кредиторонро медиҳад, агар бо қарори Маҷлиси кредиторон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Кредитор ҳуқуқ дорад, ки  овозҳои  ба вай тааллуқдоштаро ба як номзад диҳад ё онҳоро байни  чанд номзадҳо ба аъзогии кумитаи кредиторон тақсим намояд.

Ба ҳайати кумитаи кредиторон номзадҳое интихобшуда ҳисоб мешаванд, ки бештари овозҳоро гирифтаанд.

Аъзоёни кумитаи кредиторон метавонанд аз ҳайати худ  раиси кумитаи кредиторонро интихоб намоянд.

Агар ҳайати кумитаи кредиторон аз панx нафар зиёд бошад,  раиси кумитаи кредиторон ба таври  ҳатмӣ интихоб карда мешавад.

 

Моддаи 15. Шахсони манфиатдор

Дар муносибат бо қарздор инҳо  шахсони манфиатдор дониста мешаванд:

шахси ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қонунгузории граждании  Xумҳурии Тоxикистон нисбат ба  қарздор  корхонаи фаръӣ ё  тобеъ мебошад;

роҳбари қарздор, инчунин шахсоне, ки ба шeрои директорони қарздор (шeрои мушоҳидавӣ), мақомоти иxроияи машваратии қарздор, сармуҳосиби (муҳосиби) қарздор, аз xумла шахсони дар давоми  як сол то замони оuозшавии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ аз ин вазифаҳо озодшуда  дохил мешаванд.

Барои мақсадҳои Қонуни мазкур таҳти мафҳуми шахсони манфиатдор нисбат ба шаҳрванд шавҳараш (завxааш), фарзандон, бародарон, хоҳарон, падару модар ва бародарону ҳоҳарони онҳо, падару модар, хоҳарон ва бародарони шавҳараш (завxааш) дохил мешаванд.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур  шахсони манфиатдор нисбат ба  мудир  ва кредиторон мутобиқи тартибе, ки бандҳои якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 16. Мудир

Агар дар Қонуни мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, суд метавонад шахси воқеии  ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифташударо, ки дорои донишҳои махсус буда, нисбат ба қарздор ва кредиторон шахси манфиатдор  нест,  мудир (мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ) таъин намояд.

Шахсони зеринро мудир таъин намудан мумкин  нест:

шахсоне, ки  қаблан идоракунии корҳои қарздор — шахси ҳуқуқиро анxом медоданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз лаҳзаи сабукдeш гардидани  чунин шахсон аз идоракунии корҳои қарздор на камтар аз се сол гузашта бошад;

шахсоне, ки нисбаташон  баҳри татбиқи фаъолияти идоракунии корҳо ва (ё) амволи шахсони дигар  маҳдудият вуxуд дошта бошад (шахсони маҳрумшуда);

шахсоне, ки доuи судӣ доранд.

 

Моддаи 17. ҳуқуқ  ва вазифаҳои мудир

Мудир ҳуқуқ дорад:

Маҷлиси кредиторон ва кумитаи  кредиторонро даъват намояд;

дар ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба суд муроxиат намояд;

ба андоза ва тартибе, ки Қонуни мазкур  пешбинӣ намудааст, подош  гирад;

барои  таъмини амалӣ намудани ваколатҳои худ шахсони дигарро дар асоси шартнома ба кор xалб намуда, ҳаққи хизмати онҳоро аз ҳисоби қарздор бипардозад, агар  Қонуни мазкур ё созишнома бо  кредиторон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад;

дар бораи пеш аз мeҳлат қатъ намудани иxрои  вазифаҳои худ ба суд ариза пешниҳод намояд.

Мудир вазифадор аст:

оид ба ҳифзи  моликияти қарздор тадбирҳо андешад;

ҳолати молиявии қарздорро таҳлил кунад;

фаъолияти молиявӣ, хоxагӣ ва инвеститсионии қарздор ва  мавқеи онро дар бозори мол таҳлил намояд;

талаби арзнамудаи кредиторонро баррасӣ намояд;

пешбурди рeйхати талабҳои кредиторонро анxом диҳад;

вазифаҳои дигарро, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, иxро намояд.

ҳангоми татбиқи ҳуқуқу вазифаҳои худ мудир вазифадор аст, ки бо назардошти манфиатҳои  қарздор ва кредиторон амал намояд.

 

Моддаи 18. Масъулияти мудир

Иxро накардан ё иxрои номатлуби  eҳдадориҳое, ки  мутобиқи Қонуни мазкур ба зиммаи мудир гузошта шудаанд,  мумкин аст барои  аз xониби суд озод намудани  e  аз иxрои вазифаҳояш асос гардад.

Қарздор ва кредиторони он ҳуқуқ доранд аз мудир, ки  қонунгузории Xумҳурии Тоxикистонро вайрон кардааст, баргардонидани зиёни аз фаъолияти (бефаъолиятии) мудир расонидашударо талаб намоянд.

 

Моддаи 19. Подоши мудир

Тартиб ва андозаи подоши мудирро Маҷлиси кредиторон муайян мекунад ва (ё) суд тасдиқ менамояд ва он бояд на камтар аз дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як моҳ бошад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Дар ҳолатҳои  пешбининамудаи  қонунҳо ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии   Xумҳурии Тоxикистон ба  мудир аз рeи натиxаҳои фаъолияташ подоши иловагӣ муқаррар карда мешавад.

 

 

 

 

Моддаи 20. Расмиятҳои муфлисшавӣ

Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқї (ташкилотҳои ғайритиҷоратї) расмиёти зерини муфлисшавї татбиқ карда мешаванд:

— мушоҳида;

— истеҳсолоти озмунї;

— созишномаи мусолиҳа.

Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории калон расмиёти зерини муфлисшавї татбиқ карда мешаванд:

— мушоҳида;

— идоракунии беруна;

— истеҳсолоти озмунї;

— созишномаи мусолиҳа.

Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор — соҳибкори инфиродї  расмиёти зерини муфлисшавї татбиқ карда мешаванд:

— истеҳсолоти озмунї;

— созишномаи мусолиҳа. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

 

Моддаи 21.  Худро муфлис эълон намудани қарздор

Дар сурати мавxуд набудани эътироз аз xониби кредиторон қарздор — шахси ҳуқуқӣ метавонад дар бораи муфлисшавии худ ва ихтиёран барҳам хeрданаш мутобиқи тартиботе, ки Қонуни мазкур пешбинӣ   кардааст,  эълон намояд.

 

БОБИ II

ПЕШГИРИИ  МУФЛИСШАВӣ

 

Моддаи 22. Тадбирҳо оид ба  пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо

Муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва мақомоти иxроияи ҳокимияти  давлатӣ вазифадоранд,  ки оид ба  пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Бо мақсади пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ то  замони ба суд додани ариза оид ба   муфлис эътироф намудани қарздор  тадбирҳое меандешанд, ки ба беҳбудии молиявии қарздор нигаронида шуда бошанд. Тадбирҳои барои беҳбудии молиявии қарздор нигаронидашударо  кредиторон ё  шахсони дигар  низ метавонанд дар асоси созишнома бо қарздор пешбинӣ намоянд.

 

Моддаи 23. Санатсияи тосудӣ

Молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, кредиторони қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар дар доираи тадбирҳо оид ба пешгирии  муфлисшавӣ метавонанд ба қарздор дар ҳаxме, ки  барои пардохт намудани eҳдадориҳои пулӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва  барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор (санатсияи тосудӣ) кифоягӣ мекунад,  кeмаки молиявӣ расонанд.

Расонидани кeмакҳои молиявиро  ҳамзамон қабули eҳдадориҳо аз  тарафи қарздор ё шахсони дигар ба манфиати шахсони кeмаки молиявӣ расонида ҳисобидан мумкин аст.

Гузаронидани санатсияи тосудиро аз  ҳисоби буxети давлатӣ қонун дар бораи буxети давлатӣ барои соли дахлдор муқаррар менамояд. Гузаронидани санатсияи тосудиро аз ҳисоби буxетҳои маҳаллӣ мақомоти  ҳокимияти маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муқаррар мекунад.

 

БОБИ III

БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲОИ МУФЛИСШАВӣ ДАР СУД

 

Моддаи 24. Тартиби баррасии парвандаҳо  дар бораи муфлисшавӣ

Парвандаҳо  дар бораи  муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар судҳо аз рeи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси Xумҳурии Тоxикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодї бо  хусусиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.

Парванда оид ба муфлисшавї аз ҷониби суд метавонад дар ҳолате оғоз карда шавад, ки агар талабот нисбат ба қарздорон – субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқї (ташкилотҳои ғайритиҷоратї) дар маҷмўъ на камтар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбат ба субъектҳои соҳибкории калон 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд.    (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

 

Моддаи 25. Мансубияти идоравӣ ва судии парвандаҳои  муфлисшавӣ

Парвандаҳои муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро суди иқтисодии (минбаъд — судӣ) маҳалли воқеъгардидаи қарздор – шахси ҳукуқӣ ё маҳалли истиқомати шаҳрванд — соҳибкори инфиродӣ баррасӣ менамояд.

 

Моддаи 26. ҳуқуқи муроxиат  намудан ба суд

Қарздор, кредитор, прокурор ва дар ҳолатҳое  ки  ҳамин Қонун  пешбинӣ намудааст, шахсони дигар низ ҳуқуқи бо ариза ба суд муроxиат намудан  дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор  бо сабаби иxро накардани eҳдадориҳои пулиро доранд.

Қарздор, прокурор, мақомоти андоз, мақомот оид ба идоракунии амволи давлатї ва дигар мақомоти ваколатдор дар хусуси муфлисшавии қарздор  бо сабаби  иxро накардани  воридоти  пардохтҳои ҳатмӣ ҳуқуқи бо ариза ба суд муроxиат намуданро доранд.

 

Моддаи 27. Шахсоне, ки дар баррасии парвандаи  муфлисшавӣ  иштирок менамоянд

Шахсони  зерин дар баррасии парвандаи муфлисшавӣ иштирок менамоянд:

қарздор;

мудир;

кредиторони  озмунӣ;

мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор аз рeи талабҳо  оиди пардохтҳои ҳатмӣ;

прокурор, дар ҳолати  бо аризаи e   баррасӣ  намудани  парвандаҳои муфлисшавӣ.

 

Моддаи 28. Асоси оuоз намудани парванда  дар бораи муфлисшавӣ

Парванда оид ба муфлисшавӣ дар асоси ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор, ки аз тарафи шахсони дар моддаи 26 Қонуни мазкур номбаршуда пешниҳод гардидаанд, оuоз карда мешавад.

 

Моддаи 29.  Якxоясозии талабҳои кредиторон

Аризаи кредитор мумкин аст  ба якxоясозии қарзҳо аз рeи  eҳдадориҳои гуногун асос ёбад.

Кредиторон ҳуқуқ доранд, ки талабҳои худро нисбати қарздор якxоя намуда, бо як аризаи кредитор ба суд муроxиат намоянд.Ба чунин ариза кредитороне, ки талабҳои худро якxоя намудаанд, имзо мегузоранд.

 

Моддаи 30. Рад кардани қабули ариза  оид ба муфлис эътироф намудани қарздор

Агар яке  аз шартҳои пешбинигардидаи қисми дуюми моддаи 24 Қонуни мазкур  риоя нашуда  бошад, суд қабули аризаро оид ба муфлис эътироф намудани қарздор рад мекунад.

 

Моддаи 31. Чораҳои ҳимоя намудани талабҳои кредиторон

Суд ҳуқуқ  дорад дар асоси  аризаи шахсоне, ки дар парвандаи муфлисшавӣ иштирок мекунанд, мутобиқи Кодекси Xумҳурии Тоxикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодї оид ба ҳимояи талабҳои кредиторон чораҳо андешад.

Ба uайр аз чораҳое, ки Кодекси Xумҳурии Тоxикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодї  пешбинӣ менамояд, суд метавонад  бе розигии мудир амалӣ намудани  додугирифтҳоеро,  ки қисми дуюми моддаи 44 Қонуни мазкур пешбинӣ накардаст,  манъ намояд, қарздорро eҳдадор намояд, ки коuазҳои қимматнок, арзишҳои асъорӣ ва амволи дигари қарздорро барои нигоҳ доштан ба шахси сеюм диҳад ва барои таъмини нигоҳдории амволи қарздор чораҳои дигар андешад.

Чораҳо оид ба ҳимояи талабҳои кредиторон мутобиқан то замони xорӣ намудани идоракунии  беруна ва таъини мудири беруна ё то замони қабул шудани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ ва таъини мудири озмунӣ ё то замони  аз тарафи суд тасдиқ намудани созишномаи мусолиҳа ё то замони аз  тарафи суд қабул шудани ҳалнома дар бораи  рад намудани муфлис эътироф  кардани қарздор амал мекунанд.

Суд ҳуқуқ дорад  чораҳои ҳимояи талабҳои кредиторонро то ба миён омадани ҳолатҳое, ки қисми сеюми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, бекор кунад.

 

Моддаи 32. Изҳори назари қарздор ба ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор

Қарздор дар мeҳлати 5 рeз аз санаи гирифтани таъинот дар бораи қабули аризаи кредитор, аризаи  мақомоти андоз ё мақомоти дигари ваколатдор дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор ё аризаи прокурор дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор eҳдадор аст, ки ба суд, аризадиҳанда ва шахсони дигари дар парвандаи муфлисшавӣ иштироккунанда доир ба чунин ариза изҳори назарашро фиристад ва ҳамчунин ҳамаи кредиторонро, ки дар ин ариза номбар нашудаанд, дар бораи нисбати вай оuоз гардидани парвандаи муфлисшавӣ огоҳ намояд. Ба  изҳори назари қарздор, ки ба суд фиристода мешавад, бояд далелҳои  исботӣ дар бораи  аз тарафи қарздор  ба аризадиҳанда ва шахсони дигари дар парвандаи муфлисшавӣ иштироккунанда  фиристода шудани нусхаҳои изҳори назар илова карда шаванд.

Ба uайр аз маълумотҳое, ки дар Кодекси Xумҳурии Тоxикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодї пешбинӣ шудаанд, дар изҳори назари қарздор  маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

эътирози  қарздор ба талабҳои  аризадиҳанда;

маблаuи умумии қарзи қарздор оид ба eҳдадориҳо дар назди кредиторон, музди меҳнати кормандони қарздор ва пардохтҳои ҳатмӣ;

маълумот дар бораи амволи мавxудбудаи қарздор, аз xумла маблаuҳои пулие, ки дар  суратҳисобҳои  бонкӣ ва ташкилотҳои  дигари кредитӣ дорад, рақами суратҳисобҳои номбаршудаи бонкӣ, ташкилотҳои дигари кредитӣ ва суроuаи почтавии бонку ташкилотҳои кредитӣ;

далелҳои қонеъ карда тавонистани талабҳои аризадиҳанда дар ҳолате, ки қарздор онҳоро эътироф  намояд;

— рўйхати кредиторон ва қарздорон бо муайянсозии қарзҳои кредиторї ва дебиторї, бо нишон додани суроғаи кредиторон ва қарздорон. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Набудани изҳори назари қарздор набояд барои баррасии парвандаи муфлисшавӣ монеъ  шавад.

Дар ин ҳолат суд ба мудир супориш медиҳад, ки ҳамаи кредиторонро муқаррар намуда, дар бораи оuоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ба онҳо аз ҳисоби қарздор огоҳинома фиристад.

 

Моддаи 33. ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор  ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ

Ҳалномаи суд  дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ дар ҳолатҳои муқаррар гардидани аломатҳои муфлисшавии қарздор, ки моддаи 5 Қонуни мазкур  пешбинӣ намудааст ва инчунин набудани асос барои xорӣ намудани идоракунии беруна қабул карда мешавад.

Дар ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ бояд чунин нишондодҳо бошанд:

дар бораи муфлис эътироф  намудани қарздор;

дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ;

дар бораи таъини мудири озмунӣ.

Дар ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор – соҳибкори инфиродӣ дар бораи беъэтибор шудани бақайдгирии давлатии қарздор ба сифати соҳибкори инфиродӣ зикр карда мешавад.

ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани  истеҳсолоти озмунӣ  бояд фавран иxро гардад,  агар суд тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

 

Моддаи 34. Аз тарафи суд  нашр намудани хабари муфлис  эътироф гардидани қарздор

Хабари муфлис эътироф гардидани қарздор аз тарафи суде, ки дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва оиди кушодани истеҳсолоти озмунӣ  ҳалнома қабул кардааст,  дар воситаҳои ахбори умум аз ҳисоби қарздор ва дар сурати набудани маблаuҳои қарздор аз ҳисоби кредиторе, ки бо ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор муроxиат кардааст,   нашр карда мешавад.

Хабари бекор кардани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор низ ба ҳамин тартиб бояд нашр карда шавад.

 

Моддаи 35. ҳалномаи суд дар бораи рад  кардани муфлис эътироф  намудани  қарздор

Ҳалномаи  суд дар бораи рад  кардани муфлис эътироф намудани қарздор дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:

набудани аломатҳои муфлисшавӣ, ки дар моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;

қонеъ гардидани  талабҳои арзшудаи кредиторон то вақти  аз тарафи суд қабул намудани ҳалнома дар бораи парвандаи муфлисшавӣ;

муқаррар  гардидани  муфлисшавии  сохта  ва барқасд;

дар ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.

Агар далелҳои маълуме бошанд, ки онҳо оиди дар ихтиёри қарздор мавxуд будани моликияти бозоргир шаҳодат диҳанд, суд ҳуқуқ дорад бо илтимосномаи қарздор баррасии парвандаи муфлисшавиро мавқуф гузошта, ба қарздор пешниҳод намояд, ки дар мeҳлати муқаррарнамудаи суд талабҳои кредиторонро қонеъ гардонад.

 

Моддаи 36. Оқибати қабулшавии ҳалномаи суд дар бораи радкунӣ оид ба муфлис эътироф намудани қарздор

Аз тарафи суд қабул шудани  ҳалнома дар бораи радкунӣ оид ба муфлис эътироф намудани қарздор барои  қатъ шудани амали ҳолатҳое, ки бар асари қабули ариза дар бораи муфлис эътироф  намудани қарздор  пеш омада буданд ва (ё) xорӣ намудани мушоҳида  асос мешавад.

 

Моддаи 37. Асосҳои қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ

Суд парвандаи муфлисшавиро дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд:

барқарор шудани қобилияти маблаuгузаронии қарздор дар xараёни  идоракунии беруна;

бастани созишномаи мусолиҳа.

 

Моддаи 38. Тақсими хароxоти судӣ ва хароxоти пардохти подоши мудир

Тамоми хароxоти судӣ, аз xумла хароxоти боxи давлатӣ, ки мeҳлати пардохташон дароз ё кeтоҳ карда шуда буданд ва ҳамчунин хароxоти пардохти подоши мудир ба амволи  қарздор мансубият дошта, аз ҳисоби ин амвол бе навбат  рeёнда  мешавад.

Бо созишномаи мусолиҳа тартиби дигари тақсими хароxоти мазкурро пешбинӣ намудан мумкин аст.

Дар ҳолати аз тарафи суд бинобар набудани аломатҳои муфлисшавӣ қабул гардидани ҳалнома дар бораи рад  кардани  муфлис эътироф намудани қарздор хароxоти дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба лаҳзаи оuоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ба кредиторони ба суд бо аризаи кредитор муроxиаткарда  мансубият дошта, дар байни онҳо мутаносибан аз рeи  талабҳояшон тақсим карда мешавад.

Тартиби тақсими хароxоти судӣ ва хароxоти пардохти подоши мудир дар ҳалномаи суд ё таъиноти судӣ, ки аз рeи натиxаи баррасии парвандаи муфлисшавӣ қабул шудааст, муайян карда мешавад.

 

БОБИ IV

МУФЛИСШАВИИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӣ

 

Моддаи 39. Асосҳои муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ

Асоси муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ  надоштани қобилияти қонеъ  кардани талабҳои кредиторон оид ба eҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иxрои вазифаҳо оид ба ворид  намудани пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 40. Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ

Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ мумкин аст аз xониби қарздор – соҳибкори инфиродӣ, кредитор аз рeи eҳдадориҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ, мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор аз рeи талабҳои пардохтҳои ҳатмӣ, ҳамчунин аз xониби прокурор дода шавад.

Ҳангоми татбиқи расмияти муфлисшавии соҳибкори инфиродӣ кредиторони вай аз рeи eҳдадориҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд, ҳамчунин кредиторон бо талабҳои хусусияти шахсидошта  низ ҳуқуқ доранд талабҳои худро пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 41. Оқибатҳои муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ

Аз лаҳзаи аз  xониби суд қабул гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ, бақайдгирии давлатии  вай ба  сифати соҳибкори инфиродӣ беэътибор гардида, ҳамчунин иxозатномаи (литсензияи) ба вай додашуда оиди анxом додани фаъолияти   муайяни  соҳибкорӣ бекор  дониста   мешавад.

Соҳибкори инфиродиро, ки муфлис эътироф гардидааст, дар мeҳлати як сол аз лаҳзаи муфлис эътирофшавиаш ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтан  мумкин нест.

Суд нусхаи ҳалномаро дар бораи муфлис эътироф  намудани соҳибкори инфиродӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ба мақомоте, ки шаҳрвандро ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтааст, мефиристад.

 

БОБИ V

МУШОҲИДА

 

Моддаи  42.  Xорӣ намудани мушоҳида

Расмиёти мушоҳида барои субъектҳои хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқї (ташкилотҳои ғайритиҷоратї) – ба мўҳлати як моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон ба мўҳлати то ду моҳ амалї мегардад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Моддаи  43. Оқибатҳои аз тарафи суд  баровардани  таъинот оиди қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор

Аз лаҳзаи аз xониби суд  баровардани  таъинот оиди қабули ариза  дар бораи  муфлис эътироф намудани қарздор:

талабҳои амволиро  нисбат ба қарздор танҳо бо риояи тартиби  пешниҳоди талабҳо ба қарздор, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, пешниҳод намудан мумкин аст;

бо илтимосномаи кредитор пешбурди парвандаҳои вобаста ба рeёнидани маблаuҳои пулӣ ва дигар амвол аз қарздор боздошта мешавад. Кредитор дар  чунин ҳолат ҳуқуқ дорад мутобиқи тартиби дар ҳамин Қонун муқарраршуда талабҳои худро ба қарздор пешниҳод намояд;

иxрои  ҳуxxатҳои иxроия оид ба ситонидани амвол, ба истиснои иxрои ҳуxxатҳои иxроия, ки онҳо дар асоси ҳалномаи суд дар бораи аз қарздор ситонидани қарзи музди меҳнат, додани подоши аз рeи шартномаи муаллифӣ, алимент, инчунин баргардонидани зиёни ба ҳаёту саломатӣ расондашуда ва зиёни маънавӣ, ки то лаҳзаи аз xониби суд  қабул шудани ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор  дода шудаанд,  боздошта мешавад;

қонеъ гардонидани талабҳои иштирокчии қарздор – шахси ҳуқуқӣ дар бораи  xудо карда додани ҳиссааш (пай) аз амволи қарздор бинобар аз ҳайати иштирокчиён баромаданаш манъ  аст.

Бо мақсади таъмин  намудани амали тадбирҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, таъиноти судӣ оиди қабули ариза дар бораи  муфлис эътироф намудани қарздор ба бонк ва дигар муассисаҳои кредитӣ, ки дар онҳо қарздор суратҳисоби  бонкӣ дорад, инчунин ба дигар судҳои дахлдор, мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор фиристода мешавад.

 

Моддаи 44. Оқибатҳои xорӣ намудани мушоҳида

Xорӣ намудани мушоҳида  барои  аз вазифа  дур намудани роҳбари қарздор ё  мақомоти дигари идоракунии қарздор асос нагардида, онҳо иxрои ваколатҳои худро бо маҳдудиятҳои дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи мазкур  муқаррарнамуда идома медиҳанд.

Мақомоти идоракунии қарздор аҳдҳои зеринро танҳо бо розигии мудири муваққатӣ анxом медиҳад:

аҳдҳои вобаста ба иxора ва гарав додани  амволи uайриманқул,  додани  амволи номбаршуда ба сифати ҳисса ба  сармояи оинномавии xамъиятҳо  ва ширкатҳои  хоxагидорӣ  ё ихтиёрдории   тарзи дигари чунин моликият;

аҳдҳои вобаста ба ихтиёрдории амволи дигари қарздор, ки арзиши балансиашон зиёда аз 10 фоизи арзиши баланси  дороии  қарздорро ташкил медиҳанд;

аҳдҳои вобаста  ба қабул ва додани қарзҳо (кредитҳо), додани кафолат, гузашт намудани ҳуқуқи талабкунӣ, гузаронидани қарз, инчунин  аҳдҳои вобаста ба таъсиси идоракунии  боэътимоди амволи қарздор.

Мақомоти идоракунии  қарздор ҳуқуқ надорад қарорҳои зерин қабул намояд:

дар бораи азнавташкилкунӣ (муттаҳид кардан, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, xудошавӣ,  табдил додан) ва барҳамдиҳии қарздор;

дар бораи таъсиси шахсони  ҳуқуқӣ ё дар бораи иштирок намудан дар шахсони ҳуқуқии дигар;

дар бораи таъсиси филиалҳо ва намояндагиҳо;

дар бораи пардохти дивидендҳо;

дар бораи аз  тарафи қарздор паҳн намудани вомбаргҳо ва дигар коuазҳои қимматноки   муомилотӣ;

дар бораи баромадан аз ҳайати иштирокчиёни қарздор — шахси ҳуқуқӣ ва  аз саҳҳомон  харидани саҳмияҳои қаблан баровардашуда.

Мақомоти идоракунии қарздор метавонад  бо розигии мудири муваққатӣ дар бораи иштироки  қарздор дар иттиҳодияҳои дигари  шахсони ҳуқуқӣ қарор қабул намояд.

Агар роҳбари қарздор барои таъмини  ҳифзи амволи қарздор  чораҳои зарурӣ наандешад, ба мудири муваққатӣ ҳангоми иxрои eҳдадориҳояш монеъ шавад ё дигар талабҳои қонунгузории Xумҳурии  Тоxикистонро риоя накунад, суд ҳуқуқ дорад  вайро аз иxрои вазифааш  дур намояд. Дар чунин ҳолатҳо иxрои вазифаҳои роҳбари қарздор ба зиммаи мудири муваққатӣ гузошта мешавад.

Аз лаҳзаи  xорӣ намудани мушоҳида ҳабси амволи қарздор ва дигар маҳдудсозии қарздор  оиди ихтиёрдории амволи ба вай мансуббуда танҳо дар доираи раванди муфлисшавӣ бояд сурат гирад.

 

Моддаи 45. Мудири муваққатӣ

Мудири муваққатӣ аз xониби суд аз ҳисоби номзадҳои пешниҳоднамудаи кредиторон ва дар сурати набудани чунин пешниҳодот аз ҳисоби шахсоне, ки суд ба сифати  мудир ба қайд гирифтааст, таъин  карда  мешавад.

Мудири муваққатӣ аз лаҳзаи аз xониби суд таъин шуданаш то xорӣ намудани идоракунии  беруна ва таъини мудири  беруна ё то аз xониби суд қабул шудани ҳалнома дар бораи  муфлис эътироф намудани қарздор ва дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ ва таъини мудири озмунӣ ё то аз xониби суд  тасдиқ намудани созишномаи мусолиҳа, ё то аз xониби суд қабул намудани ҳалнома дар бораи рад кардани муфлис эътироф намудани қарздор фаъолият мекунад.

Дар ҳолати муваққатан uайри қобили  меҳнат будани мудири муваққатӣ суд ҳуқуқ дорад, ки муовини мудири муваққатиро иxрокунандаи вазифаи e таъин намояд.

Мудири муваққатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар сурати мавxуд будани сабабҳои узрнок бо  ариза ба суд дар бораи  аз иxрои вазифаи мудири муваққатӣ озод намуданаш муроxиат намояд.

Дар ҳолати  қонеъ гардонидани  аризаи мудири муваққатӣ оиди аз  иxрои вазифаи мудири муваққатӣ озод намудани вай суд мудири муваққатии навро таъин менамояд. То таъиншавии мудири муваққатии нав мудири муваққатӣ иxрои вазифаҳояшро давом  медиҳад.

 

Моддаи 46. ҳуқуқ ва  вазифаҳои мудири  муваққатӣ

Мудири муваққатӣ ҳуқуқ дорад:

аз номи худ оид ба  беэътибор донистани аҳдҳо, инчунин  дар бораи  татбиқи оқибатҳои беэътибории  аҳдҳои  камарзиши аз  тарафи қарздор бе риояи талаботи муқаррарнамудаи ҳамин  Қонун басташуда  ё иxрогардида ба суд  талаб пешниҳод намояд;

бо  ариза дар бораи қабули  чораҳои иловагӣ оид ба таъмини ҳифзи амволи қарздор, аз xумла дар бораи бе розигии мудири  муваққатӣ манъ намудани  бастани аҳдҳои дар қисми дуюми моддаи 44 Қонуни мазкур пешбинишуда,  ҳамчунин   дар бораи додани коuазҳои қимматнок, арзишҳои асъорӣ ва амволи дигари барои нигоҳдорӣ  ба  шахсони сеюм додашуда, инчунин дар бораи бекор намудани ҳамин гуна чораҳо  ба суд  муроxиат намояд;

дар бораи   аз вазифа дур кардани роҳбари қарздор бо  дархост ба суд муроxиат намояд;

ҳама гуна иттилоот ва ҳуxxатҳои ба фаъолияти қарздор вобастаро гирад;

ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи ҳамин Қонунро анxом диҳад.

Мақомоти идоракунии қарздор вазифадор аст, ки бо дархости мудири муваққатӣ ба вай ҳама гуна маълумотҳои ба фаъолияти қарздор дахлдорро пешниҳод намояд.

Мудири муваққатӣ вазифадор аст:

баҳри таъмини нигоҳдории моликияти қарздор тадбирҳо андешад;

ҳолати молиявии қарздорро таҳлил намояд;

мавxудияти аломатҳои муфлисшавии сохта ва барқасдро муайян созад;

кредиторони қарздорро муқаррар намуда, андозаи талабҳои онҳоро муайян созад,  ба кредиторон оиди  оuоз шудани парванда  дар бораи муфлисшавӣ хабар диҳад;

Маҷлиси аввали кредиторонро даъват намояд.

Баъди анxоми мушоҳида мудири муваққатӣ ба суд дар бораи фаъолияти худ ҳисобот, оид ба ҳолати молиявии қарздор маълумот ва дар бораи имконпазир будан ё набудани барқарорсозии қобилияти  пардохтии қарздор таклифҳо пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 47. Таҳлили  ҳолати  молиявии қарздор

Таҳлили ҳолати молиявии  қарздор бо мақсади муайян намудани кифоягии  амволи ба қарздор тааллуқдошта барои пардохти хароxоти судӣ, хароxоти подоши мудир ва ҳамчунин имконпазир будан ё набудани барқарорсозии қобилияти пардохтии  қарздор гузаронида мешавад.

Агар дар натиxаи таҳлили ҳолати  молиявии қарздор амволи ба қарздор  тааллуқдошта барои пeшонидани хароxоти судӣ  нокифоя муқаррар  карда шавад, кредиторон ҳуқуқ доранд дар бораи xорӣ намудани идоракунии беруна танҳо дар сурати муайян сохтани манбаъҳои пeшонидани хароxоти судӣ  қарор қабул намоянд.

Агар кредиторон манбаи пeшонидани  хароxоти судиро муайян накарда бошанд, кредиторони ба тарафдории xорӣ намудани идоракунии беруна овоздода барои пeшонидани хароxоти зикршуда  ба зиммаи худ eҳдадориҳои  якxоя  мегиранд.

 

Моддаи 48. Муқаррар намудани ҳаxми талабҳои кредиторон

Бо мақсади иштирок дар Маҷлиси якуми худ кредиторон  ҳуқуқ доранд  талабҳояшонро дар мeҳлати 1 моҳ аз рeзи гирифтани огоҳиномаи мудири муваққатӣ дар бобати аз  тарафи суд қабул кардани ариза дар бораи муфлис  эътироф намудани қарздор пешниҳод намоянд. Талабҳои зикршуда ба истиснои ҳолатҳое, ки   мутобиқи ҳамин Қонун талабҳои  муқарраршуда  ҳисобида  мешаванд, ба суд  ва қарздор фиристода мешаванд. Талабҳои кредиторон, ки мутобиқи ҳамин Қонун муқарраршуда дониста мешаванд, бо иловаи ҳуxxатҳое, ки барои муайян намудани онҳо ҳамчун талабҳои муқарраршуда шаҳодат медиҳанд, ба мудири муваққатӣ фиристода мешаванд.

Оид ба он талабҳои кредиторон, ки мутобиқи  ҳамин Қонун муқарраргардида эътироф нашудаанд, қарздор  метавонад дар мeҳлати як моҳ аз рeзи гирифтани талаби дахлдор ба  суд, кредитор ва ҳамчунин мудири муваққатӣ  эътироз пешниҳод  намояд.

Талаби кредитор, ки аз рeи он дар мeҳлати пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда қарздор эътироз пешниҳод накардааст, ба андозаи  арзнамудаи  кредитор эътироф карда мешавад.

Талабҳои кредиторон, ки аз рeи онҳо қарздор эътироз пешниҳод намудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 49. Даъвати Маҷлиси  якуми кредиторон ва масъалаҳои дар он муҳокимашаванда

Мудири муваққатӣ санаи гузаронидани Маҷлиси якуми кредиторонро муайян карда, ҳамаи кредиторонро  дар бораи он огоҳ месозад. Маҷлиси якуми  кредиторон бояд дар мeҳлати на  дертар аз 10 рeз то санаи баргузории Маҷлиси суд, ки  бо таъиноти судӣ  оиди қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор муқаррар гардидааст, баргузор шавад.

Иштирокчиёни Маҷлиси  якуми кредиторон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ кредиторони озмунӣ, мақомоти андоз  ва мақомоти дигари ваколатдор мебошанд,  ки:

талабҳояшон мутобиқи ҳамин Қонун муқарраршуда эътироф гардида,  ба мудири муваққатӣ фиристода шудаанд;

ҳаxми талабҳояшон аз тарафи суд бо эътирози қарздор ба  талабҳои кредиторон то гузаронидани Маҷлиси якуми кредиторон муқаррар  шудааст.

Дар Маҷлиси якуми кредиторон бе ҳуқуқи овоздиҳӣ мудири муваққатӣ, роҳбари қарздор ва намояндаи кормандони қарздор иштирок мекунанд.

Салоҳияти Маҷлиси якуми кредиторон:

қабули қарор оид ба xорӣ кардани идоракунии беруна ва бо  илтимосномаи дахлдор ба суд  муроxиат намудан;

қабули қарор дар бораи  бо илтимоснома ба суд муроxиат намудан оиди муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти  озмунӣ;

муайян намудани шумораи ҳайати кумитаи кредиторон ва интихоби  аъзои он;

ҳаллу фасли масъалаҳои дигар, ки ҳамин Қонун пешбинӣ  намудааст.

Мудири муваққатӣ протоколи  Маҷлиси якуми  кредиторонро  дар мeҳлати на дертар аз як  ҳафтаи  рeзи баргузории Маҷлиси  якуми кредиторон ба суд  пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 50. Қарори Маҷлиси якуми кредиторон дар бораи xорӣ намудани идоракунии беруна

Қарори Маҷлиси якуми кредиторон дар бораи xорӣ намудани идоракунии беруна бояд  мeҳлати пешниҳодшудаи идоракунии беруна, номзад ба мудири беруна ва  ҳамчунин  маълумотро дар бораи вай  дар бар гирад.

БОБИ VI

ИДОРАКУНИИ БЕРУНА

 

Моддаи 51. Тартиби xорӣ намудани идоракунии беруна

Идоракунии беруна аз тарафи суд дар асоси қарори Маҷлиси кредиторон ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст,  xорӣ карда мешавад.

Таъиноти судӣ дар хусуси xорӣ намудани  идоракунии беруна бояд бетаъхир   ба иxро расонда шавад.

Аз болои таъиноти судӣ дар хусуси xорӣ намудани идоракунии беруна шикоят кардан  мумкин аст.

Идоракунии беруна ба муддати на бештар аз 10 моҳ, ки мумкин аст на бештар аз 1 моҳи дигар дароз карда шавад,  xорӣ карда мешавад, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Бо илтимосномаи Маҷлиси кредиторон ё мудири беруна мeҳлати идоракунии беруна аз  тарафи суд мумкин аст дар доираи мeҳлатҳое, ки қисми чоруми ҳамин модда муқаррар намудааст, кам ё зиёд карда шавад.

 

Моддаи 52. Оқибатҳои xорӣ намудани идоракунии беруна

Аз рeзи  xорӣ намудани идоракунии беруна:

роҳбари қарздор аз  иxрои вазифааш  дур карда шуда, идоракунии корҳои қарздор ба мудири беруна вогузор  карда мешавад;

ваколатҳои мақомоти  идоракунии қарздор ва молики амволи қарздор — шахси ҳуқуқӣ қатъ гардида, ваколатҳои роҳбари қарздор ва мақомоти дигари идоракунии қарздор ба истиснои ваколатҳое, ки мутобиқи ҳамин Қонун ба  шахсони (мақомоти) дигар  мегузаранд,  ба мудири беруна  вогузор мегарданд. Мақомоти идоракунии қарздор дар муддати 3 рeз аз рeзи таъин шудани мудири беруна вазифадор аст, ки ҳуxxатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуxxатҳои шахси  ҳуқуқӣ, мeҳр, штамп, арзишҳои моддӣ ва арзишҳои дигарро ба мудири беруна супорад;

чораҳои қаблан андешидашуда оиди ҳимояи талабҳои кредиторон бекор карда мешаванд;

ба қонеъгардонии  талабҳои кредиторон оид ба eҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмии қарздор, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст,  моратория xорӣ карда мешавад.

Дар интиҳои идоракунии беруна маблаuҳои ноустуворона   (xаримаҳо, пеняҳо)  ва ҳамчунин маблаuҳои зарари расондашуда, ки қарздор вазифадор аст аз рeи eҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ  ба кредиторон пардохт намояд, мумкин аст барои пардохт  намудан дар ҳамон ҳаxме,  ки дар рeзи xорӣ намудани  идоракунии  беруна мавxуд будаанд, пешниҳод карда шаванд.

 

Моддаи 53. Моратория  ба қонеъгардонии талабҳои кредиторон

Моратория  ба қонеъгардонии  талабҳои кредиторон   ба ҳамон eҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмие, ки мeҳлати иxрояшон то xорӣ намудани идоракунии беруна расидааст, дахл дорад.

Дар давоми амали мораторияи қонеъгардонии талабҳои кредиторон  оид ба eҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидааст:

ба рeёнда гирифтан аз рeи ҳуxxатҳои иxроишӣ  ва дигар ҳуxxатҳо, ҳамчунин ба ситониданҳои бебаҳс амалишаванда роҳ дода намешавад;

иxрои ҳуxxатҳои иxроишӣ оид ба xаримаҳои амволӣ,  ба истиснои иxрои ҳуxxатҳои иxроишӣ, ки дар асоси  ҳалномаи суд дар хусуси ситонидани қарздории музди кор, додани подоши аз рeи шартномаҳои муаллифӣ, алиментҳо ва ҳамчунин баргардонидани зарари ба ҳаёт ва  саломатӣ расонидашуда ва зарари маънавӣ, ки то лаҳзаи аз тарафи суд қабул гардидани  ариза дар бораи  муфлис эътироф  намудани қарздор эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, боздошта мешавад;

маблаuи ноустуворона, (xаримаҳо, пеняҳо)  ва муxозоти молиявии  (иқтисодии)  дигари иxро накардан ё иxрои  номатлуби  eҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳамчунин фоизҳои пардохтшаванда ҳисоб карда намешаванд.

Мораторияи  қонеъгардонии  талабҳои кредиторон ҳамчунин ба  талабҳои кредиторон дар хусуси xуброни зараре, ки бо сабаби аз тарафи мудири беруна рад карда шудани иxрои шартномаҳои қарздор ба миён омадаанд, дахл мекунад.

Қоидаҳое, ки дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ба eҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмие, ки мeҳлати иxрояшон баъди xорӣ намудани идоракунии беруна расидаанд, татбиқ намешаванд.

Мораторияи қонеъгардонии  талабҳои кредиторон ба талабҳо оиди ситонидани қарзи музди меҳнат, пардохти подоши  шартномаҳои муаллифӣ, алиментҳо ва ҳамчунин xуброни зарари ба ҳаёту саломатӣ расондашуда дахл намекунад.

Бо дархости кредитор суд метавонад таъинот дар бораи аз моратория хориҷ намудани ўҳдадориҳои пулиро, ки дар асоси онҳо таъминот ба фоидаи  кредитори зикргардида пешниҳод шудааст, қабул намояд, агар:

— мавзўи таъминот барои гузарондани идоракунии беруна зарур набошад;

— ба кредитори таъминшуда кафолатҳои ҷуброни товони зарар дар ҳолатҳои паст шудани арзиши мавзўи таъминот дода нашуда бошанд;

— нақшаи идоракунии беруна дар мўҳлати муқарраршуда тасдиқ нашуда бошад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1579)

Моддаи 54. ҳуқуқ ва вазифаҳои мудири беруна

Мудири беруна ҳуқуқ дорад:

амволи қарздорро мустақилона бо маҳдудиятҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ихтиёрдорӣ намояд;

аз номи қарздор созишномаи мусолиҳа бандад;

оид ба  рад намудани  иxрои шартномаҳои қарздор  арз кунад;

Маҷлиси кредиторонро даъват намояд.

Мудири беруна вазифадор аст:

амволи қарздорро барои ихтиёрдорӣ қабул намуда, инвентаризатсияи онро гузаронад;

барои идоракунии беруна ва ҳисобӣ намудан бо кредиторон суратҳисоби махсус кушояд;

нақшаи идоракунии берунаро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси кредиторон пешниҳод намояд;

корҳои муҳосибӣ, молиявӣ ва  омориро  анxом диҳад;

оид ба талабҳои пешниҳоднамудаи кредиторон ба қарздор бо тартиби муқарраргардида эътироз баён намояд;

барои ситонидани қарзҳои дар назди  қарздорбуда чораҳо андешад;

талабҳои кредиторонро баррасӣ намояд;

рeйхати талабҳои кредиторонро барад;

ба Маҷлиси кредиторон оид ба  натиxаҳои иxрои нақшаи идоракунии беруна ҳисобот пешниҳод намояд;

ваколатҳои дигареро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ба xо орад.

 

Моддаи 55. Муқаррар намудани ҳаxми талабҳои кредиторон

Кредиторон ҳуқуқ доранд, ки талабҳои худро ба қарздор  дар ҳар лаҳзаи xараёни  идоракунии  беруна пешниҳод намоянд. Талабҳои зикршуда ба мудири беруна бо суроuаи почтавии қарздор фиристода мешаванд. Талабҳои кредиторон,  ки мутобиқи Қонуни мазкур муқарраргашта эътироф  шудаанд, бо замимаи ҳуxxатҳое, ки   имконияти  муқарраршавии ин талабҳоро муайян месозад, ба мудири беруна  фиристода мешаванд.

Мудири беруна талабҳои пешниҳоднамудаи кредиторонро баррасӣ намуда, аз рeи натиxаҳои баррасии онҳо дар  рeйхати талабҳои кредиторон на дертар аз ду ҳафтаи баъди қабули талаби дахлдор сабт мегузорад. Оиди натиxаҳои баррасии талаби кредитор мудири беруна кредитори дахлдорро дар мeҳлати на  бештар аз як моҳи  баъди қабули талаби зикршуда огоҳ менамояд.

Кредиторон эътирозҳои  худро аз рeи натиxаҳои баррасии  талабҳояшон, ки аз тарафи мудири беруна  анxом дода шудааст, метавонанд ба суде, ки парвандаи муфлисшавиро баррасӣ менамояд, дар мeҳлати як моҳ аз рeзи гирифтани   онҳо  пешниҳод намоянд.

Талабҳои кредиторон, ки аз рeи онҳо дар мeҳлати пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда эътироз пешниҳод  нагардидааст, ба андоза, таркиб ва навбати қонеъгардоние, ки  мудири беруна  муайян намудааст,  муқарраргашта ҳисоб меёбанд.

Талабҳои кредиторон, ки нисбати онҳо эътироз пешниҳод шудааст, аз тарафи суд бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур баррасӣ мешаванд.

 

Моддаи 56. Ихтиёрдории моликияти қарздор

Молики амволи қарздор ё мақоми идоракунии қарздор  ҳуқуқ надорад, ки ваколатҳои мудири берунаро оид ба ихтиёрдории амволи қарздор   бо роҳи қабули қарор ё тарзи дигар  маҳдуд созад.

Аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки дар баста шудани онҳо манфиатҳо  дида мешаванд, онҳоро мудири беруна танҳо бо розигии Маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон мебандад, агар ҳамин Қонун ва нақшаи   идоракунии беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Ба аҳдҳои калон аҳдҳое дохил мешаванд, ки бастани онҳо сабабгори ихтиёрдории амволи uайриманқул ё амволи дигари қарздор, ки арзиши балансиашон дар лаҳзаи бастани  чунин аҳдҳо зиёда аз 20 фоизи арзиши балансии активҳои  қарздорро ташкил медиҳад, мегардад.

Аҳдҳои дар бастанашон манфиатxeӣ мавxудбуда он аҳдҳое  дониста мешаванд,  ки  яке аз тарафи онҳо дар муносибат ба мудири беруна ё кредиторони озмунӣ  шахси манфиатдор аст.

 

Моддаи 57. Рад намудани иxрои шартномаи қарздор

Мудири беруна дар муддати се моҳ аз рeзи xоришавии идоракунии беруна ҳуқуқ дорад иxрои шартномаҳои қарздорро рад намояд.

Радкунии иxроиши шартномаҳои қарздорро танҳо нисбати  ҳамон шартномаҳое арз намудан мумкин аст, ки онҳо аз xониби тарафҳо пурра ё қисман иxро нашудаанд ва яке аз ҳолатҳои зерин мавxуд бошад:

агар иxрошавии шартномаи қарздор дар муқоиса бо ҳамин гуна шартномаҳои дар ҳолатҳои муқоисавӣ басташуда  барои қарздор зарар оварад;

агар шартнома дарозмeҳлат бошад (ба мeҳлати зиёда аз як сол баста шуда бошад) ё  дар он гирифтани натиxаҳои мусбӣ барои қарздор дар ояндаи дарозмуддат ба нақша гирифта шуда бошад;

агар ҳолатҳои дигаре бошанд, ки ба барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор монеъ  шаванд.

Тарафи дигари шартномаи  қарздор ҳуқуқ дорад аз қарздор xуброни зарари воқеиро, ки аз рад  кардани иxрои шартномаи қарздор пайдо шудааст, талаб намояд.

 

Моддаи 58. Ваколатҳои кумитаи кредиторон

Кумитаи кредиторон ҳуқуқ дорад қарорҳои зерин қабул намояд:

дар бораи  даъвати Маҷлиси кредиторон;

дар бораи тавсияҳо ба Маҷлиси кредиторон оид ба озод намудани мудири беруна аз иxрои вазифаҳои идоракунии беруна;

дар бораи тасдиқ ё рад намудани аҳдҳои калони қарздор   ва аҳдҳое, ки дар   бастани онҳо манфиатxeӣ мавxуд мебошад;

дар бораи  ба суд пешниҳод намудани номзад ба вазифаи муовини мудири беруна.

 

Моддаи 59. Дароз намудани мeҳлати идоракунии беруна

Дар ҳолате, ки агар Маҷлиси кредиторон   дар бораи тасдиқи нақшаи идоракунии беруна қарор қабул  карда  бошад, ки дар он мeҳлати идоракунии беруна аз мeҳлати дар ибтидо муқарраршуда зиёд бошад  ва ҳамчунин  мавxуд будани асосҳои кофӣ, ки дароз кардани  мeҳлати идоракунии беруна ё иxрои нақшаи тасдиқшудаи идоракунӣ ба барқарор  намудани қобилияти пардохтии қарздор мусоидат мекунад, суд мeҳлати идоракунии берунаро  дароз  менамояд.

 

Моддаи 60. Тадбирҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор

Тадбирҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор инҳо  шуда  метавонанд:

таuйир додани фаъолияти истеҳсолӣ;

бастани истеҳсолоти  фоиданоовар;

пeшондани қарзҳои дебиторӣ;

фурeши қисми амволи қарздор;

гузашт кардан аз ҳуқуқи талаби қарздор;

иxрои eҳдадориҳои қарздор аз xониби молики амволи  қарздор — шахси ҳуқуқӣ ё шахси (шахсони) сеюм;

воситаҳои  дигари барқарор намудани  қобилияти пардохтии қарздор.

 

Моддаи 61. Фурeши қисми амволи қарздор

Баъди инвентаризатсия ва нархгузории амволи қарздор  мудири беруна  ҳуқуқ дорад амволи қарздорро дар савдои озод ба  фурeш монад, агар  нақшаи идоракунии  беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Савдо, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, дар шакли музояда гузаронида мешавад.

Амволи қарздор, ки ба  амволи қобилияти муомилотиаш маҳдудкардашуда  мансуб мебошад,  мумкин аст дар савдои пeшида фурeхта шавад.

Дар савдои пeшида шахсоне иштирок мекунанд, ки мутобиқи қонун метавонанд дар ихтиёри худ ё тибқи дигар ҳуқуқҳои амволӣ чунин амволро дошта бошанд.

Мудири беруна метавонад ба сифати созмондиҳандаи савдо амал намояд ё гузаронидани савдоро дар асоси шартнома ба  ташкилоти махсусгардонидашуда вогузор намояд. Ташкилоти махсусгардонидашуда, ки савдо мегузаронад, наметавонад нисбати қарздор ва мудири  беруна шахси манфиатдор бошад.

Нархи ибтидоии амволи қарздор, ки ба савдо гузошта мешавад, аз  тарафи мудири беруна муайян карда мешавад, агар нақшаи идоракунии беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Uолиби савдо вазифадор аст, ки нархи фурeши амволи қарздорро дар мeҳлати пешбининамудаи протокол ё шартномаи хариду фурeш, ки аз рeи натиxаҳои озмун баста шудаанд,   вале  на дертар  аз як моҳ аз рeзи гузаронидани савдо пардохт намояд.

Амволи қарздор, ки  дар савдои аввал фурeхта нашудааст, ба савдои такрорӣ бароварда мешавад, агар нақшаи идоракунии  беруна тартиби  дигареро   пешбинӣ накарда бошад.

Амволи қарздор, ки дар савдои такрорӣ фурeхта нашудааст,  мумкин аст аз тарафи мудири беруна дар асоси шартномаи хариду  фурeш бе гузаронидани савдо фурeхта шавад.

 

Моддаи 62. Гузашт намудани ҳуқуқи талаби қарздор

Гузашт намудани ҳуқуқи талаби қарздор мумкин аст аз  тарафи мудири беруна бо роҳи фурeши талаб дар савдои кушод бо розигии кумитаи кредиторон ё Маҷлиси кредиторон анxом дода шавад, агар нақшаи идоракунии беруна  тартиби дигареро  пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 63. Иxрои eҳдадориҳои қарздор аз xониби молики  амволи қарздор ё шахси (шахсони) сеюм

Молики амволи қарздор ҳуқуқ дорад, ки ҳар   замон  то анxомёбии идоракунии беруна талабҳои ҳамаи кредиторони озмуниро мувофиқи  рeйхати  талабҳои кредиторон яку якбора  қонеъ гардонад.

Ба иxрои eҳдадориҳои қарздор аз тарафи шахси  (шахсони) сеюм ба шарте иxозат дода мешавад, ки агар чунин амал якбора  талабҳои ҳамаи кредиторони озмуниро мутобиқи  рeйхати  талабҳои кредиторон  қонеъ гардонад.

 

Моддаи 64. Ҳисоботи мудири беруна аз рeи натиxаҳои  идоракунии беруна ва баррасии он

На дертар аз панҷ рўзи корї то анxомёбии мeҳлати муқарраргардидаи идоракунии беруна ва ҳамчунин ҳангоми мавxудияти асосҳо барои пеш аз мeҳлат қатъ намудани он мудири беруна вазифадор аст, ки ба Маҷлиси кредиторон ҳисоботи мудири берунаро пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Ҳисоботи  мудири беруна бояд  инҳоро дар бар гирад:

баланси қарздорро ба санаи охирини ҳисоботӣ;

ҳисоби  фоида ва зарари қарздорро;

маълумотро дар  бораи маблаuҳои озоди пулии қарздор, ки мумкин аст барои  қонеъ гардонидани талабҳои кредиторон оид ба eҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмии қарздор равона карда шаванд;

шарҳи қарзҳои  боқимондаи  дебитории қарздор ва маълумотро дар бораи он  ҳуқуқҳои истифоданашудаи талабҳои қарздор,  ки боқӣ мондаанд;

маълумоти дигарро оид ба имкониятҳои пeшонидани қарзҳои кредитории қарздор.

Ба ҳисоботи мудири  беруна бояд  рeйхати  талабҳои кредиторон замима карда шавад.

Дар баробари пешниҳод кардани ҳисоботи зикршуда мудири  беруна ба Маҷлиси кредиторон яке аз масъалаҳои зеринро пешниҳод  менамояд:

дар бораи қатъ кардани идоракунии беруна бо сабаби  барқарор гардидани  қобилияти пардохтии қарздор;

дар бораи имзои созишномаи мусолиҳа;

дар бобати дароз кардани мeҳлати муқарраршудаи  идоракунии  беруна;

дар бораи қатъ намудани  идоракунии беруна ва бо илтимоснома ба суд оиди муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ муроxиат кардан.

Ҳисоботи мудири берунаро Маҷлиси кредиторон, ки дар мeҳлати на дертар аз даҳ рeзи гузаштани мeҳлати муайяншудаи  идоракунии беруна ё на дертар аз як моҳ пас аз пайдо шудани асос барои пеш аз мeҳлат қатъ намудани идоракунии  беруна даъват карда мешавад, баррасӣ менамояд.

Мудири беруна на дертар аз понздаҳ рeз то анxомёбии мeҳлати муқарраргардидаи идоракунии беруна вазифадор аст ба ҳамаи кредиторон дар бобати гузаронидани Маҷлиси кредиторон огоҳинома  фиристад.

Огоҳиномаи гузаронидани Маҷлиси  кредиторон бояд маълумотҳоро дар бораи  вақт, сана ва xои гузаронидани Маҷлиси  кредиторон, ҳамчунин тартиби шинос шуданро бо ҳисоботи мудири беруна  дар бар гирад.

Аз рeи натиxаҳои баррасии ҳисоботи мудири  беруна Маҷлиси кредиторон ҳуқуқ дорад яке аз  чунин қарорҳоро қабул намояд:

дар бораи қатъ намудани  идоракунии беруна бо сабаби барқарор  шудани қобилияти пардохтии қарздор ва гузаштан ба  ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон;

дар бораи бо илтимоснома ба суд дар хусуси дароз  намудани  мeҳлати муқарраршудаи   идоракунии беруна муроxиат намудан;

дар бораи бо илтимоснома ба суд дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ муроxиат намудан;

дар бораи имзои созишномаи мусолиҳа.

Дар ҳолате, ки Маҷлиси кредиторон яке аз қарорҳои дар қисми ҳаштуми  ҳамин модда пешбинишударо қабул накунад, ё ҳамин гуна қарор дар мeҳлати 15 рeз аз лаҳзаи гузаштани мeҳлатҳои дар қисми  панxуми ҳамин модда пешбинишуда ба суд пешниҳод нагардад,  суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома мебарорад.

 

Моддаи 65. Тасдиқи ҳисоботи мудири беруна  аз тарафи суд

Ҳисоботи дар Маҷлиси кредиторон баррасишудаи  мудири беруна ва протоколи Маҷлиси кредиторон дар мeҳлати на дертар аз панx рeзи баъди баргузории Маҷлиси кредиторон ба суд фиристода мешавад.

Ба  ҳисоботи мудири беруна бояд  рeйхати  талабҳо ва шикоятҳои кредитороне, ки дар Маҷлиси кредиторон муқобили қабули қарори  Маҷлиси кредиторон овоз додаанд ё дар овоздиҳӣ иштирок накардаанд, замима  карда шавад.

Ҳисоботи мудири беруна ва шикоятҳои кредиторон дар Маҷлиси  суд  баррасӣ карда мешаванд.

Дар бораи  вақт, сана ва xои баргузории Маҷлиси суд мудири беруна ва кредитороне, ки  шикоят кардаанд,  огоҳ карда мешаванд.

Агар Маҷлиси кредиторон дар бобати қатъ намудани  идоракунии беруна бо сабаби барқарор гардидани қобилияти  пардохтии қарздор ва гузаштан ба  ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон қарор  қабул намуда  бошад, он гоҳ ҳисоботи мудири беруна, ба истиснои  ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, аз  тарафи суд тасдиқ карда мешавад.

Агар суд асоснок будани шикоятҳои кредиторон ё мавxуд набудани аломатҳои барқароргардии қобилияти пардохтии қарздорро муқаррар кунад, тасдиқи ҳисоботи мудири берунаро рад  менамояд.

Дар бораи тасдиқи ҳисоботи мудири беруна ва ё  рад кардани тасдиқи ҳисоботи мазкур, ё дароз кардани мeҳлати  идоракунии  беруна ё оиди тасдиқи созишномаи мусолиҳа таъиноти  судӣ бароварда мешавад, ки  аз болои вай  шикоят  кардан мумкин аст.

Ҳангоми мавxуд будани илтимосномаи Маҷлиси кредиторон оид ба муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ, ҳамчунин дар ҳолати аз  тарафи суд рад гардидани тасдиқи ҳисоботи мудири беруна ё пешниҳод накардани ҳамин ҳисобот дар мeҳлати як моҳ аз рeзи ба охиррасии мeҳлати муқарраршудаи  идоракунии беруна суд метавонад дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома қабул намояд.

 

Моддаи 66. Оқибатҳои тасдиқи ҳисоботи мудири беруна

Аз тарафи суд тасдиқ шудани ҳисоботи мудири  беруна асоси қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ  мегардад.

Ҳангоми мавxуд будани илтимосномаи  қабулкардаи Маҷлиси кредиторон суд ҳуқуқ дорад мeҳлати анxомдиҳии  ҳисоббаробаркуниро  бо кредиторон муқаррар намояд.

Суд дар бораи тасдиқи ҳисоботи мудири  беруна таъинот  бароварда,  мeҳлати ба охиррасонии ҳисоббаробаркуниро   бо кредиторон муқаррар менамояд, ки он набояд аз рeзи  баровардани  таъиноти мазкур аз шаш моҳ зиёд бошад. Дар  чунин ҳолат парвандаи муфлисшавӣ баъди  ба охир расидани  ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон қатъ карда мешавад.

Агар дар мeҳлати муқаррарнамудаи суд ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон  ба анxом расонида  нашавад, суд дар бораи  муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома қабул  менамояд.

 

Моддаи 67. ҳисоббаробаркунӣ  бо кредиторон

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми панxуми моддаи 65 Қонуни мазкур  мудири беруна  ҳисоббаробаркуниро бо кредиторон мутобиқи рeйхати талабҳои кредиторон аз рeзи тасдиқшавии ҳисоботи мудири  беруна аз тарафи суд  оuоз менамояд.

Ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 78 Қонуни мазкур анxом дода мешавад. Аз лаҳзаи иxрошавии eҳдадориҳои қарздор  мудири беруна ба рeйхати талабҳои кредиторон қайди дахлдор  мегузорад.

 

Моддаи 68. Пардохти талабҳои кредиторон

Барои мақсадҳои Қонуни мазкур ҳамон талабҳои қонеъкардаи кредиторон талабҳои пардохтшуда ҳисобида мешаванд, ки оиди даст кашидан аз онҳо ё иxрошавияшон созиш ба даст омадааст ё тарзи дигари қатъгардии eҳдадориҳо, ки он мутобиқи ҳамин Қонун пардохтшуда дониста мешавад.

 

Моддаи 69. Тартиби қатъ  гардидани ваколатҳои мудири беруна

Қатъ намудани идоракунии беруна  боиси қатъшавии  ваколатҳои мудири беруна  мегардад.

Агар идоракунии беруна бо созишномаи мусолиҳа ё пардохти талабҳои кредиторон ба анxом расад, мудири  беруна  иxрои вазифаи худро дар доираи ҳуқуқҳои  роҳбари қарздор то рeзи таъини (интихоби) роҳбари нави қарздор  давом медиҳад.

Ваколатҳои мақомоти дигари идоракунии қарздор ва  молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ барқарор карда мешаванд.

Агар суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ қарор қабул  намояд ва мудири озмунӣ шахси дигар таъин шуда бошад,  мудири беруна иxрои вазифаҳояшро то рeзи супоридани  ҳуxxатҳо  ба мудири озмунӣ давом медиҳад.

 

БОБИ VII

ИСТЕҳСОЛОТИ ОЗМУНӣ

 

Моддаи 70. Муқаррароти умумӣ

Аз xониби суд  қабул  гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор боиси кушодани истеҳсолоти озмунӣ мегардад.

Мўҳлати истеҳсолоти озмунї барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқї (ташкилотҳои ғайритиҷоратї) то панҷ моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон то 12 моҳ буда метавонад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Ҳангоми зарурат мeҳлати истеҳсолоти озмуниро суд метавонад аз мeҳлати дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба мўҳлати на зиёда аз як моҳ тамдид намояд. Аз болои таъиноти судӣ дар бораи  аз мeҳлати пешбинишудаи  қисми дуюми моддаи мазкур зиёдтар  дароз кардани  мeҳлати истеҳсолоти озмунӣ шикоят кардан   мумкин аст.

 

Моддаи 71. Оқибатҳои кушодани истеҳсолоти озмунӣ

Аз лаҳзаи аз xониби суд қабул гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ:

мeҳлати иxрои ҳамаи eҳдадориҳои пулии қарздор, ҳамчунин пардохтҳои  ҳатмии мeҳлаташон гузаштаи қарздор фарорасида ҳисоб мешавад;

ҳисоб кардани  ноустуворона (xаримаҳо, пеняҳо), фоизҳо ва дигар намуди муxозоти молиявӣ (иқтисодӣ) нисбати ҳамаи намудҳои қарздориҳои қарздор қатъ мегардад;

мансубияти маълумот дар бораи вазъи молиявии қарздор, ки баробари категорияҳои маълумоти  сирри тиxоратӣ ҳисоб мешуданд, қатъ мегардад;

ба амалбарории аҳдҳое, ки ба  xудо карда додани амволи қарздор ё додани амволи қарздор барои истифода ба  шахсони сеюм вобастаанд, танҳо бо тартиби муқаррарнамудаи  ҳамин боби Қонун иxозат дода мешавад;

ҳабсҳои пештар ба амволи қарздор гузошта ва дигар маҳдудиятҳо  оид ба ихтиёрдории амволи қарздор бардошта мешаванд. Гузоштани ҳабсҳои нав ба амволи қарздор ва xорӣ намудани маҳдудиятҳо оид ба ихтиёрдории амволи қарздор иxозат дода намешавад;

ҳама гуна талабҳо нисбати қарздор танҳо дар доираи истеҳсолоти озмунӣ пешниҳод мегарданд;

иxрои eҳдадориҳои қарздор дар  ҳолатҳо ва бо тартибе, ки ҳамин боби Қонун муқаррар намудааст, иxозат дода мешавад.

Аз рeзи аз xониби суд  қабул гардидани  ҳалнома дар бораи муфлис эътироф  намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ мақомоти идоракунии қарздор аз иxрои вазифаҳояшон оид ба идоракунӣ ва ихтиёрдории амволи қарздор  дар ҳолате дур карда мешаванд, ки агар қаблан ин гуна  дур кардан xой надошта бошад ва ҳамчунин ваколатҳои молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ қатъ мегарданд.

 

Моддаи 72. Мудири озмунӣ

Ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ суд бо тартиби барои таъини мудири беруна пешбинишуда мудири озмуниро таъин мекунад.

Бо илтимосномаи мудири озмунӣ, ки Маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон маъқул донистааст, суд метавонад якчанд мудирони озмуниро таъин намояд. Суд  вазифаҳоро  байни   мудирони  озмунӣ вобаста ба мураккабии вазифаҳои иxрошаванда, хусусият ва миқдори амволи қарздор тақсим мекунад ва доираи масъулияти ҳар кадоми онҳоро муайян  месозад.

Мудири озмунӣ то рeзи ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ фаъолият мекунад.

 

Моддаи 73.  Нашр кардани маълумот дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ

Маълумотро дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ мудири озмунӣ аз ҳисоби маблаuҳои қарздор дар воситаҳои ахбори омма нашр менамояд.

Маълумоти нашршаванда  дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ бояд  инҳоро дар бар гирад:

ном ва дигар реквизитҳои қарздор, ки муфлис эътироф шудааст;

номи суде, ки пешбурди парвандаи муфлисшавӣ дар ихтиёри он мебошад;

санаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани  қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;

мeҳлати муқарраршуда барои пешниҳоди талабҳои кредиторон, ки аз рeзи  нашри   ин маълумот набояд аз ду моҳ кам бошад;

маълумот дар бораи мудири озмунӣ.

Маълумот дар бораи муфлис эътироф намудани  қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ  ба мудирони озмунӣ на дертар аз панx рeзи таъин шуданашон фиристода мешавад.

 

Моддаи 74. Ваколатҳои мудири озмунӣ

Аз рeзи таъин шудани мудири озмунӣ ҳамаи ваколатҳо оид ба идоракунии корҳои қарздор, аз xумла ваколати ихтиёрдории амволи қарздор ба e вогузор  мегардад.

Дар ҳолате, ки агар ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ баъди ба охир расидани мушоҳида қабул карда шавад, ваколатҳои мақомоти идоракунии қарздор ва молики амволи қарздор аз рeзи таъин шудани мудири озмунӣ  қатъ мегарданд. Мақомоти  идоракунии қарздор дар давоми се рeзи баъди таъин шудани мудири озмунӣ супоридани ҳуxxатҳои муҳосибӣ ва ҳуxxатҳои дигари қарздор, мeҳр, штамп, арзишҳои моддӣ ва дигар арзишҳои қарздорро ба мудири озмунӣ таъмин менамоянд. Дар ҳолати аз вазифаҳои зикршуда саркашӣ намудан мақомоти  идоракунии қарздор, аз xумла роҳбари қарздор мутобиқи  қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.

Мудири озмунӣ аз рeзи таъин шуданаш вазифаҳои зеринро иxро менамояд:

амволи қарздорро ба ихтиёрдорӣ қабул мекунад, инвентаризатсия намуда, арзиши амволи қарздорро муайян мекунад ва  оид ба нигоҳдории онҳо тадбирҳо  меандешад;

ҳолати молиявии қарздорро бевосита таҳлил менамояд ва агар дорои донишҳои махсус набошад, барои ин амал бо мувофиқаи кредиторон мутахассис – таҳлилгарро ҷалб менамояд; (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

ба шахсони сеюме, ки  аз қарздор қарздоранд, оиди рeёнидани он мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон талаб пешниҳод мекунад;

кормандони қарздорро дар бораи аз кор озодшавии дар   пешистода  мутобиқи қонунгузории меҳнати Xумҳурии Тоxикистон хабардор мекунад;

мутобиқи  тартиби муқарраршуда ба талабҳои  пешниҳодшудаи  кредиторон ба қарздор  эътироз менамояд;

дар бораи рад намудани иxрои  шартномаҳои қарздор  арз менамояд. Рад намудани иxрои   шартномаҳои  қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 57 ҳамин Қонун арз карда мешавад;

дар бораи xустуxe, пайдо намудан ва баргардонидани амволи қарздор, ки дар ихтиёри  шахсони сеюм ҳастанд, чораҳо меандешад;

ҳуxxатҳои қарздорро, ки мутобиқи  қонунгузорӣ ва дигар  санадҳои ҳуқуқии Xумҳурии Тоxикистон бояд ҳатман нигоҳдорӣ шаванд, барои нигоҳдорӣ месупорад;

тадбирҳои дигареро, ки ҳамин Қонун пешбинӣ  кардааст, меандешад.

Ҳангоми иxрои ваколатҳои худ мудири озмунӣ дар бораи эътироф накардани аҳдҳои бастаи қарздор, талаб кардани амволи  қарздор аз шахсони сеюм ва бекор кардани  шартномаҳои бастаи қарздор  даъво пешниҳод карда, амалҳои дигари пешбининамудаи  қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Xумҳурии Тоxикистонро, ки ба баргардонидани амволи қарздор нигаронида шудаанд, анxом медиҳад.

Мудири озмунӣ ҳангоми  иxрои  ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад ба шахсони сеюм, ки мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон  аз рeи eҳдадориҳои қарздор бинобар  оварда расонидани қарздор то  ҳолати муфлисшавӣ масъулияти субсидиарӣ доранд, талабҳо пешниҳод намояд.

Ҳаxми талабҳои номбаршуда бо назардошти  фарқияти байни маблаuи  умумии талабҳои кредиторон ва молу мулки озмунӣ муайян  карда мешавад.

Маблаuҳои рeёндашуда ба  молу мулки озмунӣ ҳамроҳ карда  мешаванд  ва  мумкин аст  танҳо барои қонеъ гардонидани талабҳои кредиторон аз рeи навбат, ки ҳамин Қонун пешбинӣ  намудааст, истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 75. Муайян кардани нархи амволи қарздор

Мудири озмунӣ дар xараёни истеҳсолоти озмунӣ амволи қарздорро инвентаризатсия намуда, нархи онро муайян мекунад.

Барои анxом додани ин кор  мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад нархгузорон ва дигар мутахассисонро бо пардохти музди меҳнаташон аз ҳисоби амволи қарздор ба кор xалб намояд,  агар тартиби дигареро Маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон муқаррар накарда бошад.

Дар ҳолатҳое, ки  агар амволи ба фурeшмондаи қарздор дар xараёни  истеҳсолоти озмунӣ амволи uайриманқул бошад, он гоҳ амволи номбаршуда то  фурeш, бо xалби нархгузорони мустақил нархгузорӣ карда мешавад, агар Маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигареро муқаррар  накарда бошад.

 

Моддаи 76. Молу мулки озмунӣ

Ҳамаи амволи дар лаҳзаи кушодани истеҳсолоти озмунӣ  мавxудбуда ва дар xараёни истеҳсолоти озмунӣ ошкоршудаи қарздор молу  мулки  озмуниро ташкил медиҳад.

Аз  амволи қарздор, ки  молу мулки  озмуниро ташкил додааст, амволи аз муомилот баровардашуда, ҳуқуқҳои амволии ба шахсияти қарздор алоқамандбуда, аз xумла ҳуқуқҳои  бо иxозатнома (литсензия) машuул шудан ба намудҳои  муайяни фаъолият асосёфта, ҳамчунин амволи дигари  дар ҳамин Қонун пешбинишуда  бароварда мешаванд.

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии амволи қарздор, ки молу мулки озмуниро ташкил медиҳад, мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад муҳосибон, аудиторҳо ва дигар мутахассисонро xалб намояд.

 

Моддаи 77. Амволи қарздор, ки ба молу мулки озмунӣ  дохил карда намешавад

Ҳангоми дар  таркиби амволи қарздор мавxуд будани амволе, ки аз муомилот бароварда шудааст, мудири озмунӣ молики амволи номбаршударо  дар ин бора огоҳ менамояд.

Молики амволи аз муомилот баровардашуда вазифадор аст, ки дар давоми як моҳ аз рeзи гирифтани огоҳиномаи  мудири озмунӣ ин амволро қабул намояд ё онро ба шахси дигар вобаста кунад.

Дар ҳолати аз xониби молики амволи аз муомилот бароварда –  шуда иxро накардани вазифаҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда дар муддати  як моҳ аз рeзи гирифтани огоҳиномаи мудири озмунӣ ҳамаи  хароxоти нигоҳдории амволи аз муомилот баровардашуда ба  зиммаи молики амволи номбаршуда гузошта мешавад.

Фонди манзилии таъиноти иxтимоидошта, муассисаҳои бачагонаи томактабӣ ва иншоотҳои моликияти коммуналии барои минтақа  ҳаётан зарурбуда бояд ба мақомоти иxроияи ҳокимияти  маҳаллии  дахлдор  бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ва сеюми ҳамин модда супорида шаванд. Вазифаҳо  оиди  нигоҳдорӣ ва таъмини фаъолияти  иншоотҳои номбаршуда ва истифодаи мақсадноки онҳо пас аз  як моҳи гирифтани огоҳиномаи мудири озмунӣ ба зиммаи мақомоти иxроияи ҳокимияти  маҳаллӣ гузошта мешаванд.

Иншоотҳои дар қисми чоруми ҳамин модда номбаршуда ба мақомоти иxроияи  ҳокимияти  маҳаллӣ  дар ҳолатҳои воқеияшон бидуни ҳеx гуна шартҳои иловагӣ супорида мешаванд. Манбаи маблаuгузорӣ  барои нигоҳдории иншоотҳои зерин буxетҳои дахлдор мебошанд.

Шахсони мансабдори мақомоти иxроияи  ҳокимияти маҳаллӣ барои иxро накардани муқаррароти бандҳои чорум ва  панxуми ҳамин модда мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистион ба xавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 771. Молу мулки манқули қарздор, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст

Молу мулки манқули қарздор, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва дигар усули таъминот), аз молу мулки озмунї ҷудо карда мешавад ва барои фурўш ба кредитори таъминшуда дода мешавад.

Кредитори таъминшуда ўҳдадор аст бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурўши мавзўи таъминот тавре чораҳо андешад, ки онҳо барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеї манфиатнок бошанд.

Маблағҳои аз фурўш бадастомада барои пардохти талаботе, ки бо молу мулки фурўхташаванда таъмин гардиданд, равона шуда, маблағҳои аз фурўш боқимонда ба идоракунандаи озмун барои пардохт намудани талаботи дигари кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур равона мегарданд.

Агар маблағҳои аз фурўш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурўхташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари қарздор бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1579)

 

Моддаи 78. Навбати қонеъгардонии талаботи кредиторон

Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқї талаботи кредиторони он ба навбати зерин қонеъ гардонида мешаванд:

— дар навбати аввал – талаботи кредиторони таъминшуда аз ҳисоби арзиши таъминот бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зиён ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад, бо роҳи ба сармоя табдил додани пардохтҳои дахлдори вақтбайъ;

— дар навбати дуюм  пардохти кумакпулии аз кор рафтан ва музди кори шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатї, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохти мукофотпулї бо ҳисобу китоб аз рўи шартномаҳои муаллифї;

— дар навбати сеюм  пардохти қарз аз рўи пардохтҳои ҳатмї ба буҷет;

— дар навбати чорум  ҳисобу китоб бо кредиторони дигар тибқи қонун.

Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои қарзї талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзї қонеъ гардонида мешаванд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1579)

 

Моддаи 79. Фурeши амволи қарздор

Баъди гузаронидани инвентаризатсия ва нархгузории амволи қарздор  мудири  озмунӣ ба  фурeхтани амволи номбаршуда дар  савдои озод шурeъ мекунад, агар Маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигари фурeши амволи қарздорро муқаррар накарда бошад.

Тартиб ва мeҳлати фурeши амволи қарздор бояд аз тарафи Маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон маъқул дониста шавад.

Амволи қарздор, ки ба  амволи қобилияти муомилотиаш маҳдудшуда  мансуб  аст, танҳо дар савдои пeшида фурeхта мешавад.

Мудири озмунӣ метавонад ба сифати созмондиҳандаи савдо баромад намояд ё гузаронидани савдоро дар асоси шартнома ба  ташкилоти махсусгардонидашуда супорад. Ташкилоти махсусгардонидашуда, ки  савдоро ба роҳ мемонад, наметавонад  нисбати қарздор ё мудири озмунӣ  шахси манфиатдор бошад.

Амволи қарздор, ки дар савдои аввал фурeхта нашудааст, дар савдоҳои минбаъда гузошта мешавад ё аз тарафи мудири озмунӣ дар асоси шартномаи хариду фурeш, ки бе гузаронидани савдо баста мешавад,  фурeхта мешавад.

 

Моддаи 80. Гузашт намудан аз  ҳуқуқи талаби қарздор

Мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад ҳуқуқи талабҳои  қарздорро дар савдои озод гузорад, агар Маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигари фурeши (гузашт намудани) талабҳои қарздорро муқаррар накарда бошад.

Фурeши (гузашт намудани) ҳуқуқҳои талабҳои қарздор дар савдои озод бо риояи қоидаҳои дар моддаи 62 Қонуни мазкур пешбинигардида ба амал бароварда мешавад, агар қонунҳои дигар тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд ё аз моҳияти талабҳо тартиби дигаре барнаояд.

 

Моддаи 81. Ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон

Ҳисоббаробаркуниро бо кредиторон мудири озмунӣ мутобиқи рeйхати талабҳои кредиторон  амалӣ менамояд.

Талабҳои кредиторон бо тартиби пешбининамудаи моддаи 55 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.

Талаби ҳар як навбат баъди комилан қонеъ гардидани талаби навбати пештара қонеъ гардонида мешавад.

Маблаuҳои пулии қарздор ҳангоми нокифоя буданашон байни кредиторони навбати дахлдор мутаносибан ба ҳаxми маблаuҳои талабкардашуда, ки бояд қонеъ карда шаванд, тақсим карда мешаванд, агар Қонуни  мазкур тартиби  дигареро  пешбинӣ накарда бошад.

Талабҳои кредитороне, ки баъди бастани рeйхати талабҳои кредиторон изҳор гардидаанд, аз xумла талабҳо оиди пардохтҳои ҳатмӣ, ки баъди кушодани истеҳсолоти озмунӣ ба вуxуд омадаанд, аз ҳисоби амволи қарздор баъди қонеъ гардонидани талабҳои кредиторони дар мeҳлати муқарраршуда муроxиаткарда қонеъ гардонида мешаванд.

Талабҳои кредиторони  навбати якум ва дуюм, ки то  анxомдиҳии ҳисоббаробаркунӣ бо  ҳамаи кредиторон, аз  xумла баъди бастани рeйхати талабҳои кредиторон изҳор шудаанд, воxиби қонеъгардонӣ мебошанд.  То комилан қонеъ гаштани талабҳои зикршуда, қонеъ гардонидани талабҳои кредиторони навбати дахлдор боздошта мешавад. Бо ҳамин тартиб талабҳои кредиторони  навбатҳои дигар, ки дар мeҳлати муқарраршуда муроxиат намудаанд, вале аз тарафи мудири озмунӣ онҳо  эътироф нашудаанд ва нисбати онҳо ҳалномаи   суд дар бораи қонеъ гардониданашон қувваи қонунӣ пайдо намудааст, қонеъ гардонида мешаванд.

Талабҳои кредитороне, ки бо сабаби нокифоягии амволи қарздор қонеъ нагардидаанд, пардохтшуда дониста мешаванд. Талабҳои кредитороне, ки мудири озмунӣ онҳоро эътироф накардааст ва кредитор  оиди онҳо ба суд бо даъво муроxиат накардааст, инчунин талабҳое, ки  қонеъ гардонидани онҳо бо ҳалномаи суд рад карда  шудааст, ҳамчунин пардохтшуда дониста мешаванд.

Мудири озмунӣ ба рeйхати талабҳои кредиторон дар бораи пардохт шуданашон қайдҳо мегузорад.

Кредитороне, ки талабҳои онҳо дар xараёни истеҳсолоти озмунӣ ба таври пурра қонеъ гардонида нашудаанд, ҳуқуқи талабпешниҳодкунӣ ба шахсони сеюм, ки амволи  қарздорро uайриқонунӣ гирифтаанд,  доранд. Баъди пeшида шудани парвандаи муфлисшавӣ чунин талабро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон пешниҳод намудан мумкин аст.

 

Моддаи 82. Назорат  аз болои фаъолияти мудири озмунӣ

Мудири озмунӣ на кам аз як маротиба дар як моҳ ба кумитаи кредиторон ё Маҷлиси кредиторон ҳисоботро дар бораи фаъолияти худ, иттилоотро дар бораи вазъи молиявии қарздор ва амволи вай то рeзи кушодани истеҳсолоти озмунӣ ва дар  xараёни истеҳсолоти озмунӣ, ҳамчунин дигар иттилооти даркориро пешниҳод мекунад.

Мудири озмунӣ вазифадор аст бо талаби суд ҳама гуна маълумоти ба истеҳсолоти озмунӣ тааллуқдоштаро ба вай пешниҳод намояд.

 

Моддаи 83. Аз вазифа дур намудани мудири  озмунӣ

Суд мудири озмуниро дар ҳолати иxро накардан ё иxрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда бо илтимосномаи Маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон аз вазифа дур намуда, мудири нави озмуниро таъин мекунад.

 

Моддаи 84. ҳисоботи мудири озмунӣ

Мудири озмунӣ баъди ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон вазифадор аст, ки аз натиxаҳои гузаронидани истеҳсолоти озмунӣ ба суд ҳисобот диҳад.

Ба ҳисоботи мудири озмунӣ замимаҳои  зерин илова мегарданд:

ҳуxxатҳои тасдиқкунандаи фурeши амволи қарздор;

рeйхати талабҳои кредиторон бо нишон додани ҳаxми пардохтшудаи талабҳои кредиторон;

ҳуxxатҳое, ки  пардохт шудани талабҳои кредиторонро тасдиқ менамоянд.

 

Моддаи 85. Амволи қарздор, ки пас аз пардохти талабҳои  кредиторон боқӣ мондааст

Мудири озмунӣ дар бораи амволи қарздор, ки ба фурeш пешниҳод шуда буд, вале дар xараёни истеҳсолоти озмунӣ ба фурeш нарафтааст ва ҳангоми  мавxуд набудани  муроxиати молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор –  шахси ҳуқуқӣ оиди ҳуқуқҳои амволиашон ба ин амвол ба  мақомоти ваколатдори дахлдор хабар мерасонад.

Мақомоти  ваколатдор дар мeҳлати на дертар аз  як моҳ  баъди гирифтани хабарномаи  дахлдор амволи дар қисми якуми ҳамин модда зикргаштаро ба баланс ва  хароxоти нигоҳдории онро ба eҳда мегирад.

 

Моддаи 86. Ба итмомрасонии истеҳсолоти озмунӣ

Суд баъди баррасии ҳисоботи мудири озмунӣ оиди натиxаҳои истеҳсолоти озмунӣ дар  хусуси ба итмом расидани истеҳсолоти озмунӣ таъинот мебарорад.

Мудири озмунӣ бояд дар мeҳлати 5 рўзи корї аз лаҳзаи  баровардани таъиноти суд оиди ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ таъиноти зикргардидаро ба мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиро анxом медиҳад, пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Таъиноти суд оиди ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ барои дар рeйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ даровардани қайди барҳамхeрии қарздор асос мешавад.

Аз рeзи дар рeйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ даровардани қайди барҳамхeрии қарздор ваколатҳои мудири озмунӣ қатъ мегарданд, истеҳсолоти озмунӣ ба итмом расида ва қарздор барҳамхeрда ҳисобида мешавад.

 

БОБИ  VIII

СОЗИШНОМАИ МУСОЛИҲА

 

Моддаи 87. Муқаррароти умумӣ

Қарздор ва кредиторон дар ҳама марҳилаҳои баррасии парвандаи муфлисшавӣ  ҳуқуқ доранд созишномаи мусолиҳа банданд.

Қарор дар бораи бастани созишномаи мусолиҳаро аз номи кредиторони озмунӣ Маҷлиси кредиторон қабул менамояд. Қарори Маҷлиси кредиторон дар бораи бастани созишномаи мусолиҳа бо аксарияти овозҳо аз  миқдори умумии  кредиторони озмунӣ қабул карда мешавад ва дар ҳолате қабулшуда ҳисоб мешавад, агар ба тарафдории он ҳамаи кредитороне, ки  eҳдадориҳояшон бо гаравмонии амволии қарздор таъминанд, овоз  дода бошанд.

Қарори бастани созишномаи мусолиҳаро аз тарафи қарздор шаҳрванд – қарздор ё роҳбари қарздор,  мудири беруна ё мудири озмунӣ қабул менамоянд.

Дар созишномаи мусолиҳа иштироки шахсони сеюм, ки ҳуқуқ ва eҳдадориҳои дар  созишномаи мусолиҳа пешбинишударо ба зимма мегиранд, иxозат дода мешавад.

Созишномаи мусолиҳаро бояд суд тасдиқ  намояд ва дар ин бора дар таъиноти судӣ оид ба  қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ таъкид карда шавад. Агар созишномаи мусолиҳа дар xараёни истеҳсолоти озмунӣ баста шавад, суд  дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа таъинот мебарорад.

Созишномаи мусолиҳа барои қарздор ва кредиторони озмунӣ, ҳамчунин  шахсони сеюми дар созишномаи мусолиҳа иштироккунанда аз рeзи тасдиқи суд эътибор дорад ва  барои қарздор, кредиторони озмунӣ ва шахсони сеюми дар созишномаи мусолиҳа  ширкаткунанда ҳатмӣ мебошад.

Саркашии яктарафа аз иxрои созишномаи мусолиҳа, ки эътибор пайдо кардааст, иxозат дода намешавад.

 

Моддаи 88.  Шакли созишномаи мусолиҳа

Созишномаи мусолиҳа дар шакли  хаттӣ баста мешавад.

Аз тарафи қарздор созишномаи мусолиҳаро соҳибкори инфиродӣ –  қарздор ё роҳбари қарздор, мудири  беруна ё мудири озмунӣ имзо мекунанд.

Аз номи кредиторон созишномаи мусолиҳаро шахси аз  тарафи Маҷлиси кредиторон ваколатдоршуда имзо мекунад.

Агар дар созишномаи мусолиҳа шахсони сеюм иштирок намоянд, созишномаи мусолиҳаро аз тарафи онҳо ҳамин шахсҳо ё намояндаи онҳо имзо мекунанд.

 

Моддаи 89. Мазмуни созишномаи мусолиҳа

Созишномаи мусолиҳа бояд муқарраротро дар бораи  ҳаxм, тартиб ва мeҳлати иxрои eҳдадориҳои қарздор ва (ё) дар бораи қатъи eҳдадориҳои қарздор бо роҳи гузашт намудан, азнавкунии  eҳдадориҳо, бахшидани қарз ё роҳҳои дигар, ки қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон пешбинӣ намудааст, дар бар гирад.

Созишномаи мусолиҳа метавонад  шартҳои зеринро дар бар гирад:

дар бобати  дароз ё кeтоҳ  намудани мeҳлати иxрои eҳдадориҳои қарздор;

дар бораи гузашт кардани ҳуқуқи талабҳои қарздор;

дар бораи иxрои eҳдадориҳои қарздор аз тарафи шахсони сеюм;

дар бораи кам кардани қарз;

дар бораи иваз намудани талабҳо ба саҳмияҳо;

дар бораи қонеъ гардонидани талабҳои кредиторон бо дигар  воситаҳое, ки ба қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Xумҳурии  Тоxикистон мухолиф нестанд.

Шартҳои созишномаи мусолиҳа барои кредиторони озмунӣ, ки дар овоздиҳӣ оиди масъалаи бастани созишномаи мусолиҳа иштирок накардаанд ва инчунин муқобили  бастани созишномаи мусолиҳа овоз додаанд, набояд аз шартҳои кредиторони озмунии ҳамон навбат, ки ба тарафдории  бастани он овоз додаанд, бадтар бошад.

 

Моддаи 90.  Шартҳои тасдиқи созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд

Қарздор, мудири беруна ё  мудири озмунӣ  бояд дар давоми панx рeз аз вақти бастани созишномаи мусолиҳа ба суд дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа  ариза пешниҳод намоянд.

Ба ариза дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа иловаҳои  зерин пешниҳод карда мешаванд:

матни созишномаи мусолиҳа;

протоколи Маҷлиси кредиторон, ки оиди бастани созишномаи мусолиҳа қарор қабул намудааст;

рeйхати ҳамаи кредиторони озмунӣ бо нишон додани суроuаҳои онҳо ва маблаuи қарзҳояшон;

эътирози хаттии кредиторони озмунӣ, ки дар овоздиҳӣ оиди бастани созишномаи мусолиҳа иштирок накардаанд ё муқобили бастани созишномаи мусолиҳа овоз додаанд.

Суд тарафҳои манфиатдорро оиди санаи баррасии  ариза дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа хабар медиҳад. Иштирок накардани шахсони хабардоршуда ба баррасии парвандаи муфлисшавӣ монеъ намешавад.

 

Моддаи 91. Оқибати тасдиқи созишномаи мусолиҳа

Тасдиқи созишномаи мусолиҳа  аз тарафи суд дар xараёни мушоҳида ё идоракунии  беруна барои қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ асос  мегардад.

Тасдиқи созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд дар xараёни идоракунии беруна барои қатъ намудани  мораторияи қонеъ гардонидани талабҳои  кредиторон асос мешавад.

Дар ҳолате, ки созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд дар  xараёни истеҳсолоти озмунӣ тасдиқ шудааст, ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ иxро  карда намешавад.

Аз лаҳзаи тасдиқи созишномаи  мусолиҳа аз тарафи суд ваколатҳои мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ ба охир мерасанд.

Мудири берунӣ,  мудири озмунии қарздор – шахси ҳуқуқӣ вазифаи роҳбари қарздорро то лаҳзаи таъини (интихоби) роҳбари қарздор иxро мекунад.

Аз рeзи тасдиқи созишномаи мусолиҳа мувофиқан шаҳрванд –  қарздор ё роҳбари қарздор, мудири беруна ё мудири озмунӣ ба пардохти қарзҳои кредиторон шурeъ мекунанд.

 

Моддаи 92. Аз тарафи суд рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа

Суд дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад тасдиқи созишномаи мусолиҳаро рад намояд:

вайрон кардани тартиби бастани созишномаи мусолиҳа,  ки ҳамин Қонун муқаррар намудааст;

риоя накардани шаклҳои созишномаи мусолиҳа;

вайрон кардани ҳуқуқи шахсони сеюм;

мухолифати шартҳои созишномаи мусолиҳа ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Xумҳурии Тоxикистон.

Суд дар бораи рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа таъинот мебарорад, ки  аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 93. Оқибатҳои рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа

Дар ҳолати  баромадани таъиноти судӣ дар бораи рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа созишномаи мусолиҳа бастанашуда ҳисоб карда мешавад.

Таъиноти  баровардаи суд дар бораи рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа барои бастани созишномаи мусолиҳаи нав монеъ  шуда наметавонад.

 

Моддаи 94. Беъэтибор донистани созишномаи мусолиҳа

Дар чунин ҳолатҳо бо аризаи қарздор, кредитор ё прокурор суд метавонад созишномаи мусолиҳаро беъэтибор гардонад:

агар созишномаи мусолиҳа шартҳое дошта бошад, ки манфиати кредиторони алоҳидаро ҳимоя ё  манфиатҳо  ва ҳуқуқҳои қонунии кредиторони дигарро поймол намояд;

агар иxрои созишномаи мусолиҳа қарздорро ба муфлисшавӣ расонад;

Ҳангоми мавxуд будани асосҳои дигари беэътибор донистани аҳдҳо, ки Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон пешбинӣ  намудааст.

 

Моддаи 95. Оқибатҳои  беэътибор донистани  созишномаи мусолиҳа

Беэътибор донистани созишномаи мусолиҳа барои аз нав шурeъ намудани пешбурди парвандаи муфлисшавӣ асос мегардад. Дар бораи аз нав шурeъ намудани пешбурди парвандаи муфлисшавӣ суд таъинот  мебарорад, ки  аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

Дар ҳолати беэътибор  донистани созишномаи мусолиҳа талабҳои кредитороне, ки барои  онҳо  мeҳлати пардохташон  зиёд  ё кам карда шуда буд,  маблаuи ҳақдорӣ ё маблаuи камкардашудаи қарзҳои онҳо дар қисми қонеъ нагардидаашон барқарор карда мешаванд.

Дар қисмате, ки ҳамин модда танзим  накардааст, оқибатҳои беэътибории аҳдҳо, ки Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон пешбинӣ менамояд, татбиқ  карда мешавад.

Дар ҳолати беэътибор  донистани  созишномаи мусолиҳа хабар  оиди аз  нав   пеш бурдани парвандаи муфлисшавии қарздор аз тарафи суд дар воситаҳои ахбори  умум аз  ҳисоби қарздор  нашр карда мешавад.

 

Моддаи 96. Бекоркунии  созишномаи мусолиҳа

Бекор кардани  созишномаи мусолиҳаи тасдиқнамудаи  суд бо маслиҳати  кредиторони алоҳида ва қарздор иxозат дода намешавад.

Бо ҳалномаи суд бекор кардани созишномаи мусолиҳа нисбат ба кредитори алоҳида  боиси  қатъ  гардидани  созишномаи  мусолиҳа нисбати кредиторони дигар  намегардад.

Созишномаи мусолиҳаро бо ҳалномаи суд дар ҳолате  бекор  кардан  мумкин аст,  ки қарздор шартҳои созишро нисбати талаби на кам аз се як ҳиссаи кредиторон  адо накарда бошад. Дар ин ҳолат оқибатҳои пешбининамудаи моддаи 95 Қонуни мазкур татбиқ  карда мешаванд.

 

Моддаи 97. Оқибатҳои иxро накардани созишномаи мусолиҳа

Дар ҳолати аз тарафи қарздор иxро нагардидани созишномаи мусолиҳа кредиторон ҳуқуқ доранд, ки талабҳои худро дар ҳаxми пешбининамудаи созишномаи мусолиҳа пешниҳод намоянд.

Дар ҳолати оuоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ҳаxми талабҳои кредитороне, ки нисбаташон созишномаи мусолиҳа  имзо шуда буд, аз рeи шартҳои муайяннамудаи созишномаи мусолиҳа муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 98. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 99. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо»

Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи  муфлисшавии корхонаҳо» аз 10 марти соли 1992 (Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, с. 1992, № 8, мод. 116; Ахбори Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, с. 1996, № 3, мод. 48; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1998, № 10. мод. 121) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 100. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Xумҳурии Тоxикистон                                                     Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе,  8 декабри соли 2003,

№ 46

Илова кунед