Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ

01 Август 2003, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, №8, мод.467; соли 2005, №12, мод. 650; соли 2007, №7, мод. 687; соли 2008, №12, қ-2, мод.1006; соли 2011, №6, мод. 437, соли 2018, №5, мод.277)
 
Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 30 июни  соли 2003
Маҷлиси миллӣ xонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003
 
Қонуни мазкур муносибатҳои xамъиятиро оид ба шуғли аҳолӣ танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иxтимоию иқтисодӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз Ҷумла кафолатҳои давлатро дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иxтимоӣ аз бекорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ муқаррар менамояд.
 
Боби I.
Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
— бекорӣ- падидаи иxтимоию иқтисодиест, ки ба қисми муайяни қувваи корӣ мавxуд набудани талабот дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад;
— шаҳрвандони бекор — шаҳрвандони синну соли қобили меҳнате, ки дар давраи баррасишаванда кор, музди меҳнат ва шуғли даромаднок надоранд, бо роҳи муроxиат ба хадамоти давлатӣ ё мақомоти дигари шуғли аҳолї,  тавассути истифода ва xойгир намудани эълонҳо дар матбуот, муроxиати бевосита ба корфармоён, истифодаи усулҳои дигар, аз Ҷумла ташкили кори инфиродӣ ба xустуxeи кор машғул буданд, метавонанд ва тайёр ҳастанд ба кор шурeъ намоянд;
— чораҳои фаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ — чораҳое, ки барои аз нав оғоз гардидани шуғли шаҳрвандони бекор мусоидат намуда, ба васеъшавии имконияти бо кор таъмин кардани онҳо равона гардидаанд. Ба қатори чунин чораҳо ёрӣ расонидан дар xустуxeи кор, тайёрӣ ва бозомeзонии касбии аҳолии бекор, мусоидат ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ, корхонаҳои соҳибкории хурд ва миёна, дигар намуди чораҳо xиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ дохил мешаванд; (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
— дастгирии иxтимоии шаҳрвандони бекор — хизматрасонӣ xиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ; пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ ва стипендия ҳангоми тарбия ва бозомeзии  касбии шаҳрвандони бекор; расонидани ёрии моддӣ ба аъзои оилаи синнашон то 15 — солаи шахси бекор, ки дар таъминоти e мебошанд; расонидани кeмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор, ки хоҳиши бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд;
— кeмакпулӣ барои бекорӣ — ёрии моддии муваққатии аз тарафи давлат кафолатдодашудае, ки ба шаҳрвандони бекори расман ба қайдгирифташудаи барои гирифтани он ҳуқуқдошта пардохта мешавад;
— шуғл — ҳама гуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва xамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меоварад;
— шуғли (кори) муваққатӣ — кори муздноки муваққатие, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар давраи маҳдуди вақт иxро карда мешавад;
— кори мувофиқ — коре, ки онро шаҳрванд иxро карда метавонад, ба xинс, маълумот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқаи меҳнатӣ ва таxрибаи корӣ шароитҳои xои кори охирин (ба истиснои корҳои xамъиятии музднок),  вазъи саломатии e мувофиқ буда, аз маҳали зисташ начандон дур xойгир (на зиёда аз як соат дар роҳ) бошад ва музди меҳнаташро дар сатҳи на пасттар аз ҳадди ақали музди меҳнати расман муқарраршуда кафолат диҳад;
— бозори меҳнат — соҳаи ташаккули талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ;
— корҳои xамъиятӣ — намудҳои фаъолияти меҳнатии дастраси умум, ки чун қоида, тарбияи пешакии касбии кормандонро, ки самти иxтимоии фоиданок дошта, ҳамчун дастгирии иловагии иxтимоӣ ва шуғли муваққатии шахсони корxeянда ташкил карда мешаванд, талаб намекунанд. Ба корҳои xамъиятӣ фаъолияте, ки бо зарурияти таъxилан бартараф намудани оқибати садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, дигар ҳолатҳои фавқулодда вобаста аст ва омодагии махсуси кормандон, инчунин амалҳои маҳоратнок ва масъулиятноки онҳоро дар муддати кeтоҳтарин талаб мекунад, дахл надорад;
— миёнаравии меҳнатӣ — мусоидат намудан ба аҳолӣ ҳангоми бо кор таъмин кардан аз xониби мақомоти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дигар ташкилотҳо;
— мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ — мақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнат буда, сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои дахлдорро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
 — вакансия — xои кории холӣ дар ташкилотҳо;
— аҳолии аз xиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) — қисми аҳолие, ки пешниҳоди қувваи кориро барои истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ таъмин менамояд. Шумораи аҳолии аз xиҳати иқтисодӣ фаъол, бекорон ва шахсони машғули кор бударо дарбар мегирад;
— аҳолии аз xиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол — қисми аҳолии синну соли қобили меҳнат, ки ба ҳайати аз xиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) дохил намешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с№724).
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
(ҚҶТ аз 17.05.18с.№1526)
 
Моддаи 3. Шуғли аҳолӣ ва фаъолияти ба шуғл баробаркардашуда
Шаҳрвандон ҳуқуқи истисноии  ихтиёрдорӣ намудани қобилияти худро ба меҳнати истеҳсолӣ ва эxодӣ дошта, метавонанд ҳар гуна фаъолияти аз xониби қонунгузорӣ манънашударо иxро намоянд. Ҳеҷ кас ба меҳнати Маҷбурї ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Давлат амалӣ гардонидани сиёсати мусоидат ба шуғли пурраю самаранок ва озодона интихобшударо, ки ба фароҳам овардани шароит баҳри амалӣ гардонидани ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат нигаронида шудааст, кафолат медиҳад.
Бешуғл будани шаҳрвандон барои ба xавобгарии маъмурӣ, xиноӣ ва дигар намуди xавобгарӣ кашидани онҳо асос шуда наметавонад.
Ба аҳолии шуғлнок (ё ба он баробар кардашуда) шаҳрвандони синнашон 15-сола ва аз он калонсоле мансубанд, ки дар давраи баррасишаванда:
— кори кирояро бо подош аз рeи шарти вақти кории пурра ё нопурра иxро менамоянд, инчунин соҳиби дигар намуди кори (хизмати) даромаднок мебошанд;
— мустақилона худро бо кор таъмин менамоянд, аз Ҷумла шахсони ба соҳибкории хурд ва миёна, шахсони ба фаъолияти соҳибкории инфиродии меҳнатӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ машғулбуда, аъзои кооперативҳои истеҳсолӣ, хоxагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва аъзои оилаҳои онҳо, ки қитъаҳои замин гирифтаанд, хоxагии ёрирасони шахсӣ доранд ва маҳсулоташонро дар асоси шартномаи тибқи қонунгузорӣ басташуда ба фурeш мебароранд, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иштирок менамоянд, инчунин аъзои оилаи ба онҳо ёрирасонро бо кор таъмин менамоянд;
— дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қeшунҳои воҳидҳои низомӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалӣ хизмати ҳарбиро адо менамоянд;
— дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти касбӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар бахши рeзона таҳсил ва ҳамзамон кори кирояро иxро менамоянд, аз Ҷумла бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ таълим мегиранд;
— дар ташкилотҳои xамъиятии ғайритиxоратӣ ва муассисаҳои диние, ки фаъолияташон ба қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошад, машғули коранд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— соҳиби кор мебошанд, лекин дар xои кор бо сабаби корношоямӣ, рухсатӣ, бозомeзӣ, такмили ихтисос, бозистодани истеҳсолот, аз он Ҷумла бо сабаби корпартоӣ бавуxудомада, даъват ба xамъомади ҳарбӣ ё дигар сабабҳо муваққатан ҳозир нестанд;
— ба вазифаи музднок дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ интихоб, таъин ва тасдиқ шудаанд;
— муассиси (иштирокчии) ташкилот мебошанд, ба истиснои муассисони ташкилотҳои xамъиятӣ ва динӣ,фондҳои хайрия ва ғайра, xамъиятҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсия ва иттиҳодияҳо), ки нисбати ин ташкилотҳо ҳуқуқи молӣ надоранд;
 шаҳрвандони хориҷї, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурӣ ба кор машғул буда, вазифаҳои новобаста ба таъмини фаъолияти сафоратхонаҳо, намояндаҳои дипломатӣ ва консулгариҳоро иxро менамоянд; (ҚҶТ аз 17.05.18с.№1526)
— дар xойҳои маҳрумият аз озодӣ адои xазо мекунанд;
— ба дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул мебошанд.
Шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти меҳнатии инфиродӣ ва хоxагии ёрирасони шахсӣ машғуланд, бо ҳамаи кафолатҳои ҳимояи иxтимоӣ фаро гирифта мешаванд, ба шарте ки ҳатман аз даромади бадастовардашуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимої ва нафақа маблағи суғуртавиро пардохт намоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
Тартиби баҳисобгирии собиқаи кор ва додани дафтарчаҳои меҳнатиро ба ин шаҳрвандон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
 
Моддаи 4. Шаҳрвандони бекор
Бақайдгирии шаҳрвандоне, ки дар xои истиқомати доимиашон ҳамчун шахсони бекор ва корxeянда ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї муроxиат менамоянд, ҳангоми муроxиати бевоситаашон бо пешниҳод кардани шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ё ҳуxxатҳое, ки онҳоро иваз мекунанд, ҳуxxатҳои тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ, маълумот дар бораи музди меҳнати миёна дар ду моҳи охир аз xои кори охирин, анxом дода мешавад. (ҚҶТаз 28.06.11с.№724)
Шаҳрвандоне бекор дониста намешаванд, ки:
— ба синни 15-солагӣ нарасида бошанд;
— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақа ба синни нафақа расидаанд, ғайр аз шаҳрвандоне, ки аз рўи маъюбї нафақа мегиранд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.724)
— аз иxора додани моликият, қитъаи замин, воситаҳои нақлиёт ва амволи ғайриманқул дар ҳаxми на камтар аз 12 маоши ҳадди ақал дар як сол даромад доранд;
— дар муддати 10 рeзи баъди ба қайд гирифтани онҳо дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ду намуди xои кори мувофиқро рад кардаанд, шахсоне, ки бори аввал кор меxeянду касби (ихтисоси) надоранд, дар сурати ду маротиба рад намудани гирифтани тайёрии касбӣ ё таклиф ба кори музднок, аз Ҷумла коре, ки хусусияти муваққатӣ дорад. Шаҳрванди корxeянда ду бор ба ҳамон як xои кор (ё як xои таълим) пешниҳод карда намешавад;
— дар давоми 10 рeзи баъди ба қайд гирифтан барои ёфтани кори мувофиқ, бе сабабҳои узрнок, ба мақомоти  давлатии шуғли аҳолӣ барои ба онҳо пешниҳод намудани кори мувофиқ наомадаанд; (ҚҶТ аз 28.06.11с. №724)
— ҳуxxатҳои маълумоти ошкоро дурeғ доштаро дар бораи набудани кор, музд ва машғулияти даромаднок, инчунин дигар маълумоти нодурустро барои бекор донистани онҳо пешниҳод намудаанд.
Ёрдампулии ҳангоми аз кор озодшавӣ пардохташаванда ва музди миёнаи меҳнати нигоҳдошташавандаи шаҳрвандони аз ташкилотҳо, аз кор (аз хизмати ҳарбӣ) бинобар барҳамдиҳӣ, ихтисори шумора ё воҳиди корї озодшуда ҳамчун музд ба ҳисоб гирифта намешавад. (ҚҶТ аз 17.05.18с.№1526)
Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
 
Моддаи 5. Кори мувофиқ
Дар сурати ғайриимкон будани пешниҳоди кор ба шаҳрванд аз рeи касби (ихтисоси), коре, ки иваз намудани касби (ихтисоси)-ро бо назардошти қобилияти шаҳрванд, таxрибаи пешина ва барои e дастрас будани воситаҳои таълимиро талаб менамояд, мувофиқ дониста мешавад.
Кори музднок, аз он Ҷумла кори хусусияти муваққатӣ дошта ва корҳои xамъиятӣ, ки тайёрии пешакиро талаб мекунад ё намекунад (бо дарназардошти хусусиятҳои синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон) ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат xавобгe мебошад, барои шаҳрвандони зерине мувофиқ дониста мешавад, ки:
— бори аввал кор меxeянд (пештар кор намекарданд, касби (ихтисоси) надоранд, дар давоми як соли пеш аз саршавии бекорӣ зиёда аз як бор барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ ва дигар амалҳои гунаҳкорона, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз кор озод карда шудаанд, пештар бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, баъди танаффуси тeлонӣ (зиёда аз як сол) кeшиши барқарор намудани фаъолияти меҳнатиро доранд, инчунин бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолї ба таҳсил фиристода, барои амали гунаҳкорона хориx карда шудаанд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— баланд бардоштани (барқарор намудани) дараxаи ихтисос аз рeи касби (ихтисоси) мавxуда, гирифтани ихтисоси ба ҳам наздик ё аз бозомeзӣ гузаштанро рад кардаанд;
— дар қайди мақомоти мақомоти давлатии шуғли аҳолї  зиёда аз 12 моҳ буда, инчунин зиёда аз ду сол кор накардаанд;
— ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї  баъди ба анxом расидани корҳои мавсимӣ муроxиат намудаанд.
Кор мувофиқ дониста намешавад, агар: (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— он бо иваз намудани xои истиқомат бе розигии шаҳрванд вобаста бошад;
— он дар маҳале дода шавад, ки дар он xо шароити манзилӣ ва дигар шароити зист назар ба оне ки корманд то муроxиат кардан ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї  дошт, номусоидтар бошад: (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— шароити меҳнат ба қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат мувофиқат накунад;
— рад кардани ин кор бо сабабҳои узрнок, вазъияти шахсӣ ё оилавӣ асоснок шуда бошад.
Бо қарори Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дигар дараxаҳои кори мувофиқ муқаррар шуданаш мумкин аст, ки ҳифзи иxтимоии шаҳрвандонро пурзeр менамояд.
 
Моддаи 6 Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Давлат сиёсати мусоидат намудан ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба шуғли пурра, самаранок ва интихоби озоди шуғл пеш мебарад.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:
— меҳнати ихтиёрӣ, ки мувофиқи он шуғл ба изҳори озодонаи иродаи шаҳрвандон асос меёбад;
— таъмини имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон, қатъи назар аз миллат, нажод, xинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иxтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар интихоби озодонаи машғулият;
— фароҳам овардани шароите, ки ҳаёти сазовор ва инкишофи озодонаи инсонро таъмин менамояд;
— дастгирӣ намудани ташаббуси меҳнатӣ ва соҳибкории шаҳрвандон, мусоидат намудан ба инкишофи қобилияти онҳо нисбат ба меҳнати самаранок ва эxодӣ, ки дар доираи қонуният амалӣ мегардад;
— тамоюли системаи маориф ба тайёр намудани кадрҳо мувофиқи талаботи бозори меҳнат;
— таъмини ҳифзи иxтимоӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои ба машғулият фаро гирифтани гурeҳҳои алоҳидаи аҳолии ба ҳифзи иxтимоӣ махсусан мeҳТоҷ ва дар xустуxeи кор душворикашанда мусоидат менамоянд;
— ҳатмӣ будани пардохтҳои иxтимоӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимої ва нафақа  бо мақсади амалӣ намудани суғуртаи иxтимоии кормандони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва фаъолияти хоxагидорӣ; (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— пешгирии бекории оммавӣ ва кам намудани бекории тeлонӣ;
— ба бекорон додани кафолатҳо ва xубронҳои иxтимоӣ;
— ҳамбастагии мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатї дар масъалаҳои шуғли аҳолӣ бо мувофиқати фаъолияти онҳо ҳангоми татбиқи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;
— муқаррар кардани имтиёзҳо ба корфармоёне, ки xойҳои кории амалкунандаро нигоҳ дошта, xойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, аз он Ҷумла барои шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иxтимоӣ махсусан эҳтиёxманданд ва дар xустуxeи кор душворӣ мекашанд;
— ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи шуғли аҳолӣ бо дигар самтҳои сиёсати иқтисодӣ ва иxтимоӣ;
— ташкили ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бо назардошти фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориxа ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя намудани меъёрҳои байналмилалии меҳнат;
— иштироки иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон, иттиҳодияҳои корфармоён, аз он Ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва xамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи давлатӣ дар таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои таъмини шуғли аҳолӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ дар соҳаи шуғл аз рeи зарурияти таъмини инкишофи устуворонаи иқтисодиёти худ, оқилона истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ дар асоси риояи принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ амал мекунад.
 
Моддаи 7. Кафолатҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Давлат ба шаҳрвандони бекор кафолатҳои зеринро медиҳад:
— мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъминкунӣ тавассути миёнаравии мақомоти  давлатии шуғли аҳолӣ; (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— тамоюли ройгони касбӣ, тарбия ва бозомeзии касбӣ, такмили ихтисос дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолї; (ҚҶТ аз 28.06.11с. №724)
— таъмини дастгирии иxтимоӣ;
— xуброни хароxоти моддӣ бо сабаби дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳали дигар бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор (омeзиш) равон намудан; (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)   (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— имконияти бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иштирок дар корҳои xамъиятии музднок, ки бо назардошти синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон ташкил карда мешаванд.
 
Моддаи 8. Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба таъмини шуғл
Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷўянда ҳуқуқ доранд:
— ба интихоби озодонаи намуди шуғл ва кор;
— ба интихоби озодонаи ҷои кор бо роҳи муроҷиати бевосита ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён ё ба воситаи миёнаравии мақомоти давлатии шуғли аҳолї; (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҷойҳои холии кории аз ҷониби корфармо  пешниҳодшуда;
— ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи курсҳои таълимї дар доираи тайёрї  ва бозомўзии касбии аҳолии бешуғл;
— ба мустақилона таъмин шудан бо кор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ин гуна шаҳрвандон, инчунин шартҳои ба онҳо додани кўмаки миёнаравї бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда  мешавад.
Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷўянда дар мақомоти давлатии шуғли аҳолї ҳуқуқ доранд:
— ба хизмати миёнаравии ройгон дар бозори меҳнат; (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— ба гирифтани маслиҳати ройгон доир ба фаъолияти касбї ва масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шуғли аҳолї.
Шаҳрвандони бекор ва шахсони корҷўяндаи дар мақомоти давлатии шуғли аҳолї бақайдгирифташуда, ҳуқуқ доранд:( ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— ба омўзиш дар курсҳои тайёрии касбї  ва бозомўзии касбї ва гирифтани стипендия дар давраи омўзиш;
— ба гирифтани хизмати маслиҳатї ва дастгирии молиявї дар ташкили машғулияти инфиродї ва соҳибкории хурд;
— ба гирифтани имконияти иштирок дар барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятї;
— ба дастгирии иҷтимої дар соҳаи меҳнат. Шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд, ба сабаби бекорї ҳуқуқи гирифтани кўмакпулиро доранд.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд нисбат ба амал ё беамалии кормандони мақомоти  давлатии шуғли аҳолї ба мақомоти болоии он, инчунин ба суд, бо тартибе ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, арзу шикоят намоянд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)    (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
 
Моддаи 9. Кафолатҳои иловагии шуғл барои гурeҳҳои алоҳидаи аҳолӣ
Давлат ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иxтимоӣ мeҳТоҷанд, дар xустуxeи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд, бо роҳи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғл, ташкил намудани xойҳои иловагии корӣ дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва тараққӣ додани корхонаҳои махсусгардонидашуда (аз он Ҷумла ташкилотҳо барои xалби меҳнати маъюбон), муқаррар намудани квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва гурўҳҳои алоҳидаи аҳолї, расонидани хизмати самтгирии касбӣ, инчунин бо роҳи ташкил намудани омeзиш аз рeи барномаҳои махсус ва дигар чораҳо кафолатҳои иловагиро таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
Квота барои ба кор қабул намудани маъюбон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иxтимоии маъюбон муқаррар карда мешавад.
Тартиби ворид намудани квота барои ба кор қабул кардани гурeҳҳои алоҳидаи аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки бинобар сабаби гузаронидани тадбирҳои беҳтар намудани вазъи экологии дар натиxаи офатҳои табиӣ ва муфлисшавӣ баамаломада бояд барҳам дода (ё аз нав ташкил карда) шаванд, машғули коранд, кафолатҳои иловагӣ муқаррар менамояд.
 
Боби II
Ҳамкории иxтимоӣ дар соҲаи  мусоидат ба шуғли аҲолӣ
 
Моддаи 10. Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ муносибатҳои байни давлат, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандонро, ки ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ тааллуқ дорад, танзим менамояд.
Бо мақсади таҳияи қарорҳои мувофиқа кардашуда  ва ба роҳ мондани мусоҳибаи иxтимоӣ бобати муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар сатҳҳои Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асосҳои xамъиятӣ ташкил карда мешаванд. Намояндагии мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён ба ҳайати кумитаҳо бо шумораҳои баробар муайян карда мешавад.
 
Моддаи 11. Вазифаҳои кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ:
— масъалаҳои марбут ба шуғли аҳолиро ҳар сол на камтар аз як маротиба ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
— оид ба масъалаҳои рушди шуғли аҳолӣ ва сиёсат дар бозори меҳнат машварат доир менамояд;
— маълумотро доир ба вазъ ва тамоюлҳо дар бозори меҳнат таҳлил менамояд;
— амалиёти мувофиқашударо оид ба масъалаҳои шуғл ва ҳифзи иxтимоии шаҳрвандон таҳия менамояд;
— барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро ба мувофиқа мерасонад;
— доир ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба шуғл дахлдошта ба мақомоти дахлдор бо тартиби муқарраргардида пешниҳодҳо ирсол менамояд;
— ташаббусҳоро дар омода намудани чорабиниҳои ба таъмини шуғли пурра, озодона интихобшуда ва самаранок равонагашта амалӣ менамояд;
— ташхиси лоиҳаҳои барномаҳои тараққиёти иxтимоию иқтисодиро мегузаронад.
Ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар маҳалҳо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва тарафҳои дар кумитаҳо пешниҳодшуда амалӣ менамояд.
Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Боби III
Танзими давлатӣ ва ташкили чораҲои мусоидат ба шуғли аҲолӣ
 
Моддаи 12. Танзими шуғл
Бо мақсади мусоидат ба шуғли пурра, самаранок ва озодона интихобнамудаи аҳолӣ давлат тадбирҳои зайлро амалӣ менамояд:
— таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои молиявию қарзӣ, сиёсати инвеститсионӣ ва андоз, ки ба самаранок xойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, баланд бардоштани зудҳаракатии захираҳои меҳнатӣ, рушди машғулияти мустақилона, ташвиқ намудани истифодаи низоми eҳдабароёнаи меҳнатӣ, ҳавасманд намудани корфармоён ва дигар тадбирҳо, ки ба нигоҳдории xойҳои кории самаранок амалкунанда ва таъсиси xойҳои нави кор мусоидат менамоянд, равона карда шудаанд;
— танзими ҳуқуқӣ, ки ба нигоҳдорӣ ва мусоидат кардан ба шуғли аҳолӣ дар асоси риояи ҳуқуқҳо, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва кафолатҳои дахлдори давлатӣ, такмили қонунгузории шуғли аҳолӣ ва меҳнат нигаронида шудааст;
— таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамоҳангсозии он бо барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;
— рушд ва такмили фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолї. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї барои татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолї дар маҳал масъул мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї вазифадоранд барои гузаронидани чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолї дар маҳалҳо мусоидат намоянд, аз ҷумла ба:
а) пешгирии ҳолатҳои ба таври оммавї аз кор озодкунии кормандон;
б) таъсис додани ҷойҳои кории нав ва нигоҳ доштани ҷойҳои кори мавҷудбуда;
в) ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятї;
г) квотакунии ҷойҳои корї барои бо ҷои кор таъмин намудани гурўҳҳои алоҳидаи аҳолї ва шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимої мўҳтоҷ буда, дар ҷустуҷўи кор душворї мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
 
Моддаи 13. Барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Бо мақсади танзим ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба кор қонеъ гардонидани эҳтиёxоти шаҳрвандон барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия мешаванд.
Самтҳои мушаххаси таҳияи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, мeҳлати амали онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо назардошти зарурияти ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳими мусоидат ба шуғли аҳолӣ муайян менамоянд.
Барномаҳои минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо қарори Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ тасдиқ карда мешаванд.
Асос барои таҳияи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро нишондиҳандаҳои пешгeии тараққиёти иқтисодӣ ва иxтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.
 
Моддаи 14. Муҳоxирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо
Дар сатҳи Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои муҳоxирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо бо xудо намудани воситаҳои дахлдори моддӣ, молиявӣ ва ташкили шароити зарурии иxтимоию маишӣ ва коммуналӣ мусоидат карда мешавад.
Тартиби таҳия ва амалӣ гардонидани ин тадбирҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 15. Мақомоти давлатии шуғли аҳолї  (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
Мақомоти давлатии шуғли аҳолї  аз xиҳати ташкилӣ мустақил мебошад, ки фаъолияти он ба самтҳои зерин равона карда шудааст:
— баҳодиҳии ҳолат ва пешгeии рушди шуғли аҳолӣ, маълумот додан дар бораи вазъи бозори меҳнат;
— тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз он Ҷумла барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои гурeҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки ба ҳифзи иxтимоӣ махсусан эҳтиёx дошта, дар xустуxeи кор душворӣ мекашанд;
— мусоидат ба шаҳрвандон дар xустуxeи кори мувофиқ ва ба корфармоён дар интихоби кормандони лозимӣ;
— ҳангоми зарурат ташкил намудани самтгирии касбӣ, тарбия ва бозомeзии касбӣ ва такмили тахассуси шаҳрвандони бекор;
— дастгирии иxтимоии бекорон дар шакли пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ, стипендия дар давраи омeзиш бо роҳхати  мақомоти давлатии шуғли аҳолї (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
-хизматрасонии машваратї ва кўмаки молиявї ба бекорон барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорї. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
Фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолиро мақомоти давлатии аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардашуда роҳбарӣ ва ташкил менамояд, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои худ мақомоти минтақавиро таъсис медиҳад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
Мақомоти давлатии шуғли аҳолї якxоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия ва амалӣ менамоянд.
Тартиби ташкили  мақомоти давлатии шуғли аҳолиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
 
Моддаи 16. Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси принсипҳои бисёрсамтӣ ва ҳамкории иxтимоӣ амалӣ карда мешавад.
Маблағҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолї аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
— маблағҳои аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳои системаи хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ воридшаванда;
— маблағҳои суғуртаи иҷтимої, ки аз ҳисоби пардохтҳои иҷтимоии аз фонди музди меҳнат вориднамудаи корфармоён ташаккул меёбанд, ба андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян менамояд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
— маблағҳое, ки ҳамчун қарзи бебозгашт (грант), инвеститсияҳо, кeмаки хайрия ва сарпарастиҳо аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва xамъиятӣ барои мақсадҳои мусоидат ба шуғл ва таъсиси xойҳои нави корӣ ворид мешаванд
— маблағҳои буҷети ҷумҳуриявї;
— маблағҳои баргардонидашуда, қарзҳои бефоизе, ки аз ҳисоби маблағҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолї барои рушди фаъолияти соҳибкорї ба шаҳрвандони бекор дода шудаанд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
Маблағҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолї, ки аз ҳисоби маблағҳои мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимої ва нафақа ташкил меёбанд, хусусияти мақсаднок дошта, танҳо барои самтҳои зерин истифода бурда мешаванд: (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
—  пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ, ба истиснои шахсони дар қисмҳои сеюм ва шашуми моддаи 27 Қонуни мазкур зикргардида(Муқаррароти  сеюми қисми 4 моддаи 1 Қонуни ҶТ  аз 17.05.18с.№1526          1 январи соли 2020 мавриди амал қарор мегирад.)
— маблағгузории хароxот барои тамоюли касбӣ, тарбияи касбӣ, такмили ихтисос ва бозо мeзонии шахсони бекор, аз он Ҷумла пардохти стипендия барои онҳо;
— додани кeмаки молиявии беподош барои хароxоти корҳои xамъиятии музднок;
— таъсиси ҷойҳои кории иловагї тавассути расонидани кўмаки молиявї ба шаҳрвандони бекори ба ҳифзи иҷтимої мўҳтоҷбуда;
— таъмини фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бозори меҳнат;
— маблағгузории чорабиниҳои ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ.
Маблағҳои ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї воридшуда, ки дар соли ҳисоботӣ истифода нашудаанд, кашида гирифта намешаванд (ба истиснои маблағҳои буxетӣ) ва ба соли ояндаи молиявӣ мегузаранд.(ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимої ва нафақа ҳуқуқ дорад хароҷоти мақсадноки маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимої ва нафақа ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї ҷудо карда мешаванд, назорат карда, оид ба истифодаи онҳо ҳисобот талаб намояд. (ҚҶТ аз 17.05.18с.№1526)
 
Моддаи 17. ҳисоботи оморӣ ва маълумот дар бораи шуғли аҳолӣ
Барои баҳои воқеӣ додан ба вазъи бозори меҳнат ва вазъи кор дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи давлатии оморӣ муқаррар карда мешавад.
Шахсони ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, ки бо миёнаравии меҳнатӣ машғуланд, шахсони бекорро сабти ном карда ба қайд мегиранд, вазифадоранд мувофиқи тартиб ва мeҳлатҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи оморӣ пешниҳод намоянд.
Мақомоти давлатии шуғли аҳолї  бо мақомоти омори давлатӣ, мақомоти андоз, мақомоти хадамоти муҳоxират ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳуxxатҳои ҳисоботӣ ва маълумотҳои барои иxрои вазифаҳои тарафҳо заруриро ба таври ройгон мубодила менамоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
Мақомоти давлатии шуғли аҳолї нашри маълумоти оморӣ ва маводи иттилоотиро дар бораи вазъи бозори меҳнат, талабот ва пешниҳодот ба қувваи корӣ, имкониятҳои бо кор таъминкунӣ, тамоюли касбӣ, тарбия ва бозомeзии касбӣ, такмили ихтисос, инчунин офиятбахшии иxтимоию меҳнатиро таъмин менамояд.(ҚҶТ аз 28.06.11с.№724)
 
Моддаи 18. Додани иxозатнома (литсензия) барои фаъолият оиди мусоидат ба шуғли аҳолӣ
(хориҷ карда шуд тибқи Қ ҶТ аз 30.07.07с №325).
 
 
Моддаи 19. Мусоидати корфармоён ба таъмини шуғли аҳолӣ
Корфармоёне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ба татбиқи сиёсати давлатии шуғл дар асосҳои зерин мусоидат мекунанд, аз Ҷумла:
— риоя кардани шартномаҳое (қарордодҳое), ки муносибатҳои меҳнатиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд;
— амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, дар барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳои ҳифзи меҳнаткашон дар мавриди боздоштани истеҳсолот ё аз кор хориx намудани кормандон пешбинӣ шудаанд;
— расонидани кeмак барои бо кор таъмин намудан, тарбияи касбӣ ва пешниҳод намудани кeмаки иловагии молиявӣ барои кормандони аз кор хориxшаванда аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳо;
— фароҳам овардани шароит барои тарбия ва бозомeзии касбӣ, такмили ихтисоси кормандон;
—  таҳия ва амалӣ намудани барномаи иxтимоии ташкилот, ки нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани иқтидори касбии кормандон, ҳифзи иxтимоии онҳо, беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнатро пешбинӣ менамояд;
— риояи квотаҳои муайяншуда барои бо кор таъмин намудани маъюбон ва гурўҳҳои алоҳидаи аҳолї;
— бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳифзи иxтимоӣ мeҳТоҷбуда ё захира намудани намудҳои алоҳидаи ҷойҳои корї барои бо кор таъмин намудани чунин шаҳрвандон, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ муайян карда мешаванд.
Корфармоён вазифадоранд саривақт, на камтар аз ду моҳ пеш ва дар ҳаxми пурра ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї ва мақомоти иттифоқи касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон дар бораи аз кор озодкунии оммавии меҳнаткашон, аз Ҷумла бо сабаби барҳам додани ташкилот, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корї, шумора ва гурeҳҳои кормандоне, ки ин ихтисоршавӣ ба онҳо дахл дорад, бо нишон додани касб, ихтисос, дараxаи ихтисос ва андозаи музди меҳнати корманди аз кор хориxшаванда, инчунин оид ба мeҳлате, ки аз кор озодкунии онҳо пешбинӣ шудааст, маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд. Барои пинҳон намудан ва пешниҳод накардани чунин маълумот тибқи тартиби муқарраргардида корфармоён ба xавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724), (ҚҶТ аз 17.05.18с.№1526)
Корфармоён бояд ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
— маълумот дар бораи нисбат ба ташкилоти мазкур истифода бурдани тартиби муфлисшавӣ, инчунин маълумоти барои иxрои фаъолият оид ба офиятбахшии касбӣ ва мусоидат ба шуғли маъюбон зарурбуда;
— дар мeҳлати то даҳ рeз аз рeзи пайдо шудани маълумот дар бораи ҳамаи xойҳои кории холии (вакансияҳои) бавуxудомада мувофиқи талаботи касбии дар ташкилотҳо муайянкардашуда, инчунин маълумот дар бораи вазъи кадрҳо ва шумораи воқеии кормандон. Тартиби аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холии кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
Дар мавриди иxро накардани квота барои ба кор қабул намудан корфармоён мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобгар мебошанд.
Ҳангоми ба кор қабул кардани шаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти давлатии шуғли аҳолї равон шудааст, корфармо дар давоми панx рeз ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї варақаи роҳхатро бо нишон додани рeзи ба кор қабул намудани шаҳрванд бозмегардонад. Дар сурати ба кор қабул накардани шаҳрванд корфармо дар варақаи роҳхат рeзи омадани шаҳрванд ва сабаби ба кор қабул накарданро қайд карда, роҳхатро ба шаҳрванд бармегардонад.
Корфармо ҳуқуқ дорад:
— шаҳрвандони бевосита ба e муроxиатнамударо дар асосҳои баробар бо шаҳрвандони роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолидошта ба кор қабул намояд;
— аз мақомоти хадамоти шуғл дар бораи бозори меҳнат маълумоти ройгон гирад;
— оид ба амали мақомоти хадамоти шуғл ба мақомоти болоии он ва инчунин ба суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
Xойҳои корӣ барои маъюбон танҳо бо мувофиқаи мақомоти давлатии шуғли аҳолї барҳам дода мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
 
Моддаи 20. Иштироки иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ҳуқуқ доранд дар таҳияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ иштирок намоянд.
Мақомоти идораи давлатӣ, корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон оид ба масъалаҳои шуғл мунтазам машваратҳои муштарак мегузаронанд. Аз рeи натиxаи онҳо метавонанд созишномаҳои (шартномаҳои) коллективӣ банданд, ки онҳо тадбирҳои нигоҳдорӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳимояи кормандони аз кор озодгардида, инчунин меҳнаткашоне, ки ба ҳимояи иxтимоӣ эҳтиёxманданд, eҳдадориҳои дигар мақомоти идораи давлатиро оид ба пешниҳод намудани иттилоот дар бораи шароити иқтисодӣ ва молиявии гузаронидани сиёсати шуғли аҳолӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба манфиатҳои меҳнаткашонро дар соҳаи шуғл дарбар мегиранд.
 
Моддаи 21. Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомeзонии шаҳрвандони бекор
Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомeзонии шаҳрвандони бекор бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолї  дар мавридҳое сурат мегиранд, ки агар: (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
— онҳо барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандон мусоидат намоянд;
— аз сабаби надоштани ихтисоси зарурии касбӣ ба шаҳрванд интихоб намудани кори мувофиқ имконнопазир бошад;
— бо сабаби набудани коре, ки ба талаботи малакаи касбии шаҳрванд xавобгe бошад, тағйир додани касб (ихтисос, намуди машғулият) зарур аст;
— аз рeи ихтисоси пешина қобилияти иxрои корро гум карда бошад.
Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомeзонии чунин шаҳрвандон дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолї дар муассисаҳои таълимии касбӣ ва иловагӣ, марказҳои таълимии мақомоти хадамоти шуғл ва ё дар дигар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи шартномаҳои аз тарафи макомоти хадамоти шуғл басташуда ба роҳ монда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
Ҳуқуқи бо тартиби афзалиятнок аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомeзӣ гузаштанро маъюбони бекор, шаҳрвандони бекор баъди гузаштани зиёда аз шаш моҳи бекорӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, хатмкунандагони муассисаҳои таълими умумӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меxeянд (пештар кор накардаанд) ва касби (ихтисоси) надоранд, доро мебошанд.
Мақомоти соҳаи маориф дар асоси дархости мақомоти давлатии шуғли аҳолї ба онҳо дар бораи сохтори касбию тахассусӣ ва шумораи хатмкунандагоне, ки барои бо кор таъмин кардан эҳтиёx доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
Тартиби ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомeзонии шаҳрвандони бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 22. Ташкили корҳои xамъиятӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият бо иштироки мақомоти давлатии шуғли аҳолї  дар асоси шартнома гузаронидани корҳои xамъиятии музднокро ташкил менамоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
Бо шахсоне, ки дар корҳои xамъиятӣ иштирок кардан мехоҳанд, ба мeҳлати то як моҳ бо ҳуқуқи минбаъд дароз намудани он то се моҳ шартномаи (қарордоди) меҳнатии мeҳлатнок баста мешавад. Шаҳрвандони бекоре, ки барои бекорӣ кeмакпулӣ намегиранд, бекорони зиёда аз шаш моҳ дар қайди мақомоти хадамоти шуғл буда ҳуқуқи афзалиятноки иштирок дар корҳои xамъиятии музднокро доранд. Шаҳрвандони барои xустуxeи кор дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолї буда низ ҳуқуқи иштирокро дар корҳои xамъиятии музднок доранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
Иштироки шаҳрвандон дар корҳои xамъиятии музднок танҳо бо розигии онҳо мумкин аст. ҳангоми ба корҳои xамъиятии музднок равон намудан вазъи саломатӣ, синну сол, касб ва дигар хусусиятҳои инфиродӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Шартномаи (қарордоди) меҳнатии мeҳлатнок дар бораи иштироки шаҳрванд дар корҳои xамъиятӣ метавонад аз тарафи шаҳрванд дар мавриди соҳиби кори доимӣ ё муваққатӣ шуданаш пеш аз мeҳлат қатъ карда шавад.
Музди меҳнати шаҳрвандони дар корҳои xамъиятӣ машғулбуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Ба шаҳрвандони машғули корҳои xамъиятии музднок қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва суғуртаи иxтимоӣ татбиқ мегардад.
Маблағгузории корҳои xамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳое, ки ин корҳо дар он xо ташкил карда мешаванд ва ҳангоми зарурат бо xалб намудани маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кeмаки молиявии беподоши мақомоти давлатии шуғли аҳолї  амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
Тартиби ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгeи корҳои xамъиятиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
 
 
Моддаи 23. Тартиби расонидани хизматҳои машваратї ва кўмаки молиявї ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатї, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорї машғул шуданро доранд
Ба шаҳрвандоне, ки ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорї машғул шуданро доранд, мақомоти давлатии шуғли аҳолї барои ташкили фаъолияти соҳибкорї бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои машваратї ва кўмаки молиявї мерасонанд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
 
БОБИ IV
КАФОЛАТҲОИ ИXТИМОӣ ҲАНГОМИ БЕКОР МОНДАН
 
Моддаи 24. Кафолатҳои дастгирии иxтимоии шахсони бекор
Давлат ҳангоми бекор мондан кафолатҳои зеринро медиҳад:
— додани имтиёз ва xубронпулӣ ба кормандони аз корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз кор озодгардида;
— пардохти стипендия ба шахсони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ё бозомeзӣ дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолї; (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
— пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ;
— имконияти иштирок дар корҳои xамъиятии музднок.
Ба кормандони аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сабаби барҳамхeрӣ, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корї аз кор озодшаванда ҳангоми қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ имтиёз ва xубронпулӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат дода мешавад. (ҚҶТ аз 17.05.18с.№1526)
Даврае, ки дар давоми он шаҳрванд мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бекорӣ кeмакпулӣ, стипендия мегирад, дар корҳои муздноки xамъиятӣ иштирок мекунад, собиқаи меҳнатии e қатъ намегардад ва ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил мешавад.
 
 
Моддаи 25. Шартҳо ва мўҳлати пардохти кўмакпулї барои бекорї
Кўмакпулї барои бекорї ба шаҳрвандоне пардохта мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд.
Қарор дар бораи таъини кўмакпулї барои бекорї аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолї на дертар аз ёздаҳ рўз аз лаҳзаи бекор дониста шудани шаҳрванд қабул карда мешавад.
Кўмакпулї барои бекорї ба шаҳрвандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корї, тағйир ёфтани шароити меҳнат, азнавташкилдиҳї ё барҳамхўрии корхона, муассиса ва ташкилот аз кор озод шудаанд ва дар ин давра музди миёнаи меҳнаташон дар ҷои кори охирин нигоҳ дошта шудааст, аз рўзи якуми баъди гузаштани давраи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 17.05.18с.№1526)
Кўмакпулї барои бекорї дар давоми сол ба мўҳлати на бештар аз се моҳи тақвимї, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинї намудааст, пардохта мешавад.
Кўмакпулї барои бекорї моҳе як маротиба пардохта мешавад, ба шарте, ки шаҳрвандони бекор бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав аз қайд гузаранд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
 
 
«Моддаи 26. Тартиби тамдиди мўҳлати пардохти кўмакпулї барои бекорї ба шаҳрвандони дорои собиқаи меҳнатие, ки барои ба нафақа баромадан ҳуқуқ доранд
Барои шаҳрвандоне, ки собиқаи умумии меҳнатии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баромадан ба нафақаро медиҳад, лекин синнашон аз синни муқарраркардаи қонунгузорї барои таъини нафақа аз рўи синну сол (аз ҷумла нафақа бо шартҳои имтиёзнок) як сол камтар аст, давомнокии давраи додани кўмакпулї барои бекорї то дувоздаҳ моҳи тақвимї тамдид карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
 
 
Моддаи 27. Тартиби муайян намудани андозаи кeмакпулӣ барои бекорӣ
Барои гирифтани кўмакпулї шаҳрвандони бекор ҳангоми муроҷиат ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї бояд дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18 моҳи тақвимї собиқаи корї дошта бошанд ва ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолият ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро пардохта бошанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с, № 472). (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
Кўмакпулї барои бекорї дар моҳи аввал ба андозаи 50 фоиз, дар моҳи дуюм ба андозаи 40 фоиз ва дар моҳи сеюм ба андозаи 30 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷойи кори охирин (бо назардошти коэффитсиентҳо), ки дар шаш моҳи охири корї ҳисоб карда шудааст, вале на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида таъин  карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
Ба шаҳрвандоне, ки пеш аз муроxиат намудан ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї дар давоми 3 соли охир аз 18 моҳи тақвимї камтар соҳиби кори музднок буда, ҳамчун бекор дониста шудаанд, кeмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаxми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
Дар сурати хeрандаи корношоями то синни 15-сола доштани шаҳрвандони бекор, дар ҳолати барзиёд иxрошавии қисми даромади буxет ва вуxуд надоштани қарздории моддаҳои ҳимояшавандаи буxети маҳаллӣ Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо қарори худ метавонанд ба кeмакпулӣ барои бекорӣ ба ҳар як хeранда аз ҳисоби маблағҳои буxети маҳаллӣ иловапулӣ дар ҳаxми 10 фоизи кeмакпулии барои бекорӣ муқарраргардида таъин намоянд.
Шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меxeянд, муддати тeлонӣ (зиёда аз як сол) кор накардаанд, тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомeзиро дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолї ба итмом расонида, дар корҳои xамъиятии музднок иштирок кардаанд,  ба гирифтани кeмакпулӣ барои бекорӣ ҳуқуқ надоранд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
Ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қeшуну сохторҳои ҳарбӣ ва аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиної ё аз муассисаҳои табобати маҷбурї озод шудаанд, кeмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаxми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар кор кардаанд, кeмакпулӣ барои бекорӣ мувофиқи талаботи қисми якуми моддаи мазкур ба шарте таъин карда мешавад, ки масъалаҳои ба ҳисоб гирифтани пардохтҳо ба фондҳои суғуртавии иxтимоии давлатӣ бо кор таъминкарда, бо шартномаҳои дахлдори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуда бошанд.
Нигоҳдории маблағ аз кeмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои пешбинӣ намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. ҳаxми умумии нигоҳдории маблағ аз 50 фоизи кeмакпулии  барои бекорӣ гирифташаванда зиёд буда наметавонад.
 
Моддаи 28. Боздоштан ва қатъ намудани пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ
Пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст бо ҳатман огоҳ намудани шахси бекор қатъ гардад, боздошта шавад, ё андозаи он кам карда шавад.
Пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
— дар асоси талаботи пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур машғули кор эътироф гардидани шаҳрванд;
— ҳангоми бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолї бо пардохти стипендия гузаштан аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомeзӣ;
— муддати тeлонӣ (зиёда аз як моҳ) бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси бекор ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї;
— ҳангоми кeчидани шахси бекор ба ноҳия ё шаҳри дигар;
— ба охир расидани мeҳлати таъиншудаи пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ;
— бо роҳи фиреб гирифтани кeмакпулӣ барои бекорӣ;
— ҳангоми бо қарори суд дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ё табобати Маҷбурӣ xазо гирифтани шахси бекоре, ки кeмакпулӣ мегирад;
— мувофиқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани нафақа аз рeи синну сол ва барои хизмати дарозмуддат;
    — ҳангоми ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятї. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)
— дар давраи бекорї аз ду пешниҳоди ҷойи кори ба ихтисос мувофиқ даст кашидан. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
Пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст ба мeҳлати то се моҳ дар мавридҳои зерин боздошта шавад:
— ба азнавбақайдгирӣ омадани шахси бекор дар ҳолати мастӣ, ки бо сабаби истеъмоли машрубот, маводи нашъадор ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда ба вуxуд омада, бо ҳуxxатҳои дахлдор собит гаштааст;
— ба кори муваққатӣ ё ба кори рeзи ҳафтаи (кориаш) кeтоҳ бе огоҳкунии мақомоти давлатии шуғли аҳолї машғул шудани шахси бекор;
— аз xониби шахси бекор вайрон кардани шартҳои бақайдгирӣ ва аз навбақайдгирӣ ҳамчун шахси бекор. Боздоштани пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ аз рeзи ояндаи баъди маротибаи охирин барои аз нав бақайдгирӣ омадани шахси бекор амалӣ мегардад.
Давраи боздошта шудани пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ ба давраи умумии додани кeмакпулӣ барои бекорӣ ҳисоб карда шуда, ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил карда намешавад.
Кeмакпулӣ барои бекорӣ дар давраҳои зерин дода намешавад:
— дар давоми корношоямии муваққатӣ, ки аз вақти муқаррарнамудаи пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ зиёд давом ёбад;
— аз xои истиқомати доимӣ баромада рафтани шахси бекор бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимии касбии рeзона;
— даъвати шахси бекор ба xамъомадҳои ҳарбӣ, xалб намудан ба чорабиниҳои бо хизмати ҳарбӣ ва иxрои вазифаҳои давлатӣ вобастабуда.
Давраҳои дар қисми 5 ҳамин модда зикршуда ба давраи умумии пардохти кeмакпулӣ барои бекорӣ дохил намешавад ва онро дароз менамоянд.
Дар мавридҳои зерин андозаи кeмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст дар ҳаxми 25 фоиз ба мeҳлати то як моҳ кам карда шавад:
— бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои гуфтушунид бо корфармо дар бораи ба кор таъмин шудан дар мeҳлати 2 ҳафта аз рeзи бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолї фиристода (даъват) шудан;
— бе сабаби узрнок барои гирифтани роҳхат ба кор (ба хондан) ба мақомоти давлатии шуғли аҳолї ҳозир нашудан. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
 
Моддаи 29. Андозаи стипендияе, ки ба шаҳрвандони бекор дар давраи тайёрии касбї, бозомўзї ва такмили ихтисос дода мешавад
Дар давраи тайёрии касбї, бозомўзї ва такмили ихтисоси шаҳрвандони бекор дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолї дар давоми шаш моҳ дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар моҳ стипендия пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
 
Моддаи 30. Суғурта ҳангоми бекор мондан
Шаҳрвандон дар ҳолати бекор мондан метавонанд бо ташкилотҳои суғуртавӣ шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ банданд. Тартиб, марҳила ва шартҳои суғуртаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
БОБИ V
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 31. Мақомоте, ки назорати давлатиро ба амал мебароранд
Назорати давлатии риоя шудани қонунгузорӣ дар бораи шуғли аҳолиро Маҷлисҳои вакилони халқ, мақомоти дахлдори давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва мақоми ваколатдорнамудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
 
Моддаи 32. ҳалли баҳсҳо ва xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Баҳси корхона, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён оид ба масъалаҳои шуғл, аз Ҷумла баҳсҳо бо мақомоти давлатии шуғли аҳолї, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.№724).
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 33. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шуғли аҳолӣ”
Бо сабаби қабули Қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 “Дар бораи шуғли аҳолӣ” (Ведомостҳои Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №15, моддаи 268; соли 1994, №2, моддаи 40; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, моддаи 48; соли 1998, №10, моддаи 119) беэътибор дониста шавад.
 
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  1 августи соли 2003
      №44

Илова кунед