Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии радиатсионӣ

01 Август 2003, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.465)
 
Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 26 июни  соли 2003
Маҷлиси миллӣ xонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003
 
БОБИ 1
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур аз танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ҳамчунин муҳити зист аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда алоқаманданд, иборат мебошад.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
заминаи радиатсионии табиӣ — миқдори афканишоте, ки тавассути афканишоти кайҳонӣ ва афканишоти радионуклеидҳои табиат ба миён омада, ба таври табиӣ дар замин, об, ҳаво, дигар унсурҳои биосфера, маводи uизоӣ ва организми инсон тақсим мешаванд;
афканишоти иондоркунанда — афканишоте, ки ҳангоми таxзияи радиоактивӣ, табдилёбии ядроӣ, боздории зарраҳои заряддоршудаи дар модда ба вуxуд омада, ҳангоми таъсири мутақобила ба муҳит, ионҳои аломатҳои гуногундоштаро ба миён меоваранд;
манбаи афканишоти иондоркунанда — дастгоҳ ва (ё) моддаи радиоактивие, ки шуои радиоактивӣ меафканад ва ё қобилияти чунин афканишотро дорад;
истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти иондоркунанда — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро истихроx, истеҳсол, тайёр, коркард ва истифода намуда, нигаҳдорӣ ё хизматрасониро ба xо оварда, интиқол ва безарар мегардонанд ё онҳоро гeр мекунанд;
кормандон — шахсоне, ки доимӣ ё муваққатӣ бевосита бо манбаъҳои техногении афканишоти иондоркунанда кор мекунанд ё вобаста ба шароити кор дар фазои таҳти таъсири он қарор доранд;
садамаи радиатсионӣ — аз даст додани идораи манбаи афканишоти иондоркунандае, ки бо сабаби вайронии таxҳизот, амали нодурусти кормандон, офатҳои табиӣ ё дигар сабабҳо рух додааст ва боиси беш аз меъёрҳои санитарӣ шуоъхeрии одамон ё олудагии радиоактивии муҳити зист гардидааст ва ё метавонад сабабгори он гардад;
бехатарии радиатсионии аҳолӣ — ҳолати ҳимояи насли имрeза ва ояндаи инсоният аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда ва андешидани Маҷмeи чорабиниҳое, ки шуоъхeрӣ ва олудагии радиоактивии кормандон, аҳолӣ ва муҳити зистро то сатҳи нисбати паст маҳдуд месозад;
моддаҳои радиоактивӣ — маводҳое, ки дар таркибашон унсурҳои кимиёвӣ дошта, ядрои онҳо қобилияти худ аз худ коҳишёбӣ дорад;
минтақаи санитарию муҳофизатӣ — ҳудуди атрофи муассиса ё манбаи афканишоти иондоркунанда, ки дар он сатҳи шуоъхeрии одамон дар шароити мeътадили истифодаи чунин манбаъ,метавонад аз меъёри санитарии муқарраргардидаи ниҳоии миқдори шуоъхeрӣ барои аҳолӣ бештар бошад ва дар он низоми маҳдуди фаъолияти хоxагидорӣ муқаррар гардида, назорати радиатсионӣ анxом дода мешавад;
минтақаи назорат — ҳудуди берун аз минтақаи санитарию муҳофизатӣ қарордошта, ки дар он мониторинги радиатсионӣ сурат мегирад;
назорати радиатсионӣ — ба даст овардани ахборот оид ба вазъи радиатсионӣ дар ташкилот, муҳити зист ва сатҳи шуоъхeрии одамон;
шуоъхeрии табиӣ — шуоъхeрие, ки тавассути манбаъҳои табиии афканишот ба миён омадааст;
радионуклиди табиӣ — навъи атомҳо бо шумораи муайяни протонҳо ва нейтронҳо мебошад, ки дар ядро бо миқдори зиёд ва рақами атомӣ нишон дода шуда, дар муҳити муқаррарии табиие, ки қобилияти хориx намудани шуоҳои радиоактивиро дорад, мавxуд аст;
шуоъхeрии техногенӣ — шуоъхeрӣ аз манбаъҳои техногенӣ, чи дар шароити муқаррарӣ ва чи дар шароити садамаҳо, ба истиснои шуоъхeрии тиббии беморон;
шуоъхeрии тиббӣ — шуоъхeрии беморон дар натиxаи муоинаи тиббӣ ё муолиxа;
шуоъхeрии касбӣ — шуоъхeрии ҳайати кормадон дар xараёни кор бо манбаъҳои техногении афканишоти иондоркунанда;
муносибат бо партовҳои радиоактивӣ — ҳама гуна намуди фаъолият вобаста ба xамъоварӣ, ҳамлу нақл, коркард, нигаҳдошт ва (ё) гeронидани партовҳои радиоактивӣ;
заминаи радиатсионии аз нигоҳи техногенӣ таuйирдодашуда — муҳити табиии радиатсионие, ки дар натиxаи фаъолияти инсон таuйир ёфтааст;
бехатарии радиатсионӣ — Маҷмeи чорабиниҳое, ки муносибати бехатарро бо маводи ядроӣ таъмин менамояд;
маводи ядроӣ — маводе, ки моддаҳои ядроӣ доранд ва ё қобилияти аз нав ҳосил кардани маводи ядроии таxзияшавандаро доранд;
зиверт (Зв) — воҳиди миқдори эквивалентии афканишоти радиоактивӣ, ки дар системаи байналмилалӣ (СИ) қабул шудааст;
миқдори ниҳоӣ — андозаи таъсири афканишоти иондоркунанда, ки ҳамчун чораи хатари ба миён омадани оқибатҳои минбаъдаи шуоъхeрии организми инсон ё узвҳои алоҳидаи он, бо назардошти ҳассосияти радиатсионии e истифода мегардад;
мониторинги радиоэкологӣ — системаи муоинаи махсуси бехатарии радиатсионии ҳайати кормандон, аҳолӣ ва муҳити табиии зист;
гeронидани партовҳои радиоактивӣ — xойгиркунонии бехатари партовҳои радиоактивӣ, бе дарназардошти минбаъд хориx кардани онҳо;
шаҳодатномаи радиатсионии гигиении ташкилот — ҳуxxате, ки ҳолати бехатарии радиатсиониро дар ташкилот тавсиф намуда, тавсияҳоро xиҳати беҳбудии он зикр менамояд;
шаҳодатномаи радиатсионии гигиении ҳудуд — ҳуxxате, ки ҳолати бехатарии радиатсионии аҳолии ҳудудро тавсиф намуда, тавсияҳоро xиҳати беҳбудии он зикр менамояд;
дезактиватсия — дур кардани олудаҳои радиоактивӣ аз объектҳои олудашуда.
 
Моддаи 3. Принсипҳои таъмини бехатарии радиатсионӣ
Принсипҳои асосии таъмини бехатарии радиатсионӣ аз инҳо иборатанд:
принсипи асосноксозӣ — манъи ҳама гуна навъи фаъолият вобаста ба истифодаи манбаҳои афканишоти иондоркунанда, ки ҳангоми он миқдори аз хатари зарари имконпазир гирифтаи инсон ва xомеа бар замми заминаи радиатсионии табиии расонидашуда бештар намебошад;
принсипи мутаносибгардонӣ — зимни истифодаи ҳама гуна манбаъҳои афканишоти иондоркунанда дар сатҳи нисбатан паст нигоҳ доштани миқдори инфиродии шуоъхeрӣ ва теъдоди шахсони шуоъхeрда ба андозаи барои саломатии шаҳрвандон безарар;
принсипи бамеъёрдарорӣ — аз ҳамаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда зиёд набудани миқдори инфиродии иxозатдодашудаи шуоъхeрии шаҳрвандон, ки барои саломатии онҳо хатарнок нест;
принсипи ҳимоя — ташкили системаи ҳимояи радиатсионии ҳайати кормандон, аҳолӣ ва ҳудуд дар асоси расонидани кeмаки ҳатмӣ ба зарардидагон, андешидани тадбирҳо оид ба рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ ва дезактиватсияи муҳити табиии зист.
ҳангоми садамаҳои радиатсионӣ системаи бехатарии радиатсионии аҳолӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:
чорабиниҳои дар назар дошта оид ба рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ, ки бояд нисбат ба зарар фоидаи бештаре дошта бошанд;
намуд ва доираи фаъолият xиҳати рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ бояд тарзе амалӣ гарданд, ки фоида аз паст кардани миқдори афканишоти иондоркунанда, ба истиснои зарари тавассути чунин фаъолият расонидашуда, ба таври ниҳоӣ бошад.
 
БОБИ 2
ТАНЗИМ ДАР СОҳАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӣ
 
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 5. Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ
Ба вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ дохил мешаванд:
муайян кардани сиёсати давлатӣ ва татбиқи он;
таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорат ба риояи онҳо;
таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳо;
муайян кардани намудҳои фаъолият дар соҳаи муомилот бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ки қобили гирифтани иxозатнома (литсензия) мебошанд;
муқаррар кардани тартиби муайян намудани намудҳо ва андозаи xуброн барои хатари зиёди расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон ва амволи онҳо, ки бо таъсири радиатсия вобастааст;
муқаррар кардани тартиби додани товони зарар ба саломатии шаҳрвандон ва амволи онҳо, инчунин ба амволи шахсони ҳуқуқӣ дар натиxаи садамаи радиатсионӣ;
ташкил ва таъмини амали низоми ягонаи идораи давлатӣ, аз Ҷумла назорат ва баҳисобгирии миқдори шуоъхeрии аҳолӣ;
ташкил ва таъмини амали низоми ягонаи баҳисобгирӣ ва назорати манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;
таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои фаврӣ оид ба ҳифзи радиатсионии аҳолӣ дар шароитҳои фавқулодда;
xорӣ намудани низоми махсуси сукунати шаҳрвандон дар минтақаҳои дигари олудагии радиоактивишуда дар натиxаи садамаи радиатсионӣ;
назорати расонидани ёрӣ ба аҳолии дучори шуоъхeрӣ гашта, дар натиxаи садамаи радиатсионӣ;
танзими содироту воридоти манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, инчунин анxом додани назорат ба ҳамлу нақл ва транзити онҳо;
муайян кардани тартиби гeрондани манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;
иxрои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ.
 
Моддаи 6. Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ
Танзими давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ тартиби амали мутақобила ва маҳдудгардонии вазифаҳои онҳоро дар мавридҳои зерин муайян мекунад:
ҳифзи саломатии аҳолӣ аз таъсири афканишоти иондоркунанда;
таъмини бехатарии радиатсионӣ ва иxозатномакунонии (литсензиякунонии) намудҳои фаъолият ба истифодаи манбаъҳои радиоактивӣ алоқаманд;
пешгирӣ кардан аз олудагии радиоактивии объектҳои муҳити атроф ва назорат ба манбаъҳои табиии афканишоти иондоркунанда.
Мақоми танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ Оxонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, минбаъд мақоми танзимгар номида мешавад, ки сиёсати ягонаи давлатиро пеш мебарад, кори дигар мақомоти ваколатдори давлатиро ҳамоҳанг месозад ва инчунин:
иxозатномадиҳии (литсензиякунонии) намудҳои фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом медиҳад;
меъёрҳо ва қоидаҳоеро, ки ба бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи xисмонӣ ва банақшагирии зидди садама, баҳисобгирӣ ва назорат ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда алоқаманданд, тасдиқ менамояд;
ба иxрои меъёр, қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ ва шартҳои иxозатнома (литсензия) назорат мекунад;
ба кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда машuул мебошанд, талаботи касбӣ муқаррар менамояд.
 
Моддаи 7. Салоҳияти ҳокимияти маҳаллӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ
Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дохил мешавад:
таҳия ва тасдиқ кардани барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дар қаламрави идоравӣ;
гузарондани тадбирҳои амалӣ дар сурати таҳдиди пайдоиши садамаҳои радиатсионӣ ва бартараф кардани оқибатҳои он;
гузаронидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳавасмандкунии иқтисодии фаъолияти шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар таъмини бехатарии радиатсионӣ;
тасдиқи тадбирҳои дарозмуддат ва аввалиндараxа вобаста ба мувофиқ гардонидани партовгоҳҳо ба меъёрҳои байналмилалии бехатарии радиатсионӣ;
ташкил ва назорат ба иxрои тадбирҳо бобати таъмини бехатарии радиатсионӣ дар қаламрави идоравӣ;
анxом додани назорат ба иxрои талабот ба ҳуxxатҳои меъёрии таъмини бехатарии радиатсионӣ;
иxрои дигар салоҳиятҳо тибқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 8. Бамеъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ
Бамеъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ тавассути муқаррар намудани қоидаю меъёрҳои санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ, қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, стандартҳои давлатӣ, меъёрҳои сохтмон ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ҳуxxатҳои фармоишӣ, дастурӣ, методӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ анxом дода мешавад. Санадҳои мазкур набояд хилофи муқаррароти ҳамин Қонун бошанд.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиxаи истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (миқдори ниҳоии иxозатдодашуда) меъёрҳои асосии гигиении зайл муқаррар карда мешаванд:
барои аҳолӣ миқдори таъсирбахши миёнаи солона ба 0,001 зиверт баробар аст ё миқдори ниҳоии иxозатдодашуда дар тeли ҳаёт (70 сол) 0,07 зиверт мебошад; дар солҳои алоҳида, ба шарте, ки миқдори таъсирбахши миёнаи солона барои панx соли пай дар пай аз 0,001 зиверт зиёд набошад, бузургии бештари миқдори ниҳоӣ иxозат дода мешавад;
барои кормандоне, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ бевосита бо манбаи афканишоти иондоркунанда кор мекунанд, миқдори ниҳоии иxозатдодашудаи миёнаи солона ба 0,02 зиверт баробар аст, ё миқдори ниҳоии иxозатдодашуда дар давраи фаъолияти меҳнатӣ (50 сол) 1 зиверт мебошад; шуоъхeрии иxозатдодашуда ба миқдори ниҳоии иxозатдодашудаи солонаи то 0,05 зиверт ба шарте, ки агар миқдори ниҳоии иxозатдодашудаи ҳисоби миёнаи солона дар 5 соли пай дар пайи охир аз 0,02 зиверт бештар набошад.
Аҳамияти ба тартиб даровардани миқдори асосии ниҳоии шуоъхeрӣ, миқдори тавассути заминаи табиии радиатсионӣ ё таuйироти техногении бавуxудоянда, инчунин миқдореро, ки шаҳрвандон (беморон) ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгену радиологӣ ё муолиxа мубтало гаштаанд, дар бар намегирад. Аҳамияти зикргардидаи миқдорҳои ниҳоии шуоъхeрӣ ҳангоми муқаррар намудани сатҳи иxозатдодашудаи шуоъхeрии организми инсон ё узвҳои алоҳидаи он ниҳоӣ мебошанд.
Меъёрҳои (миқдори ниҳоии иxозатдодашуда) асосии гигиении дар моддаи мазкур муқарраргардидаи шуоъхeрии аҳолӣ, барои минтақаҳои алоҳида аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон xиҳати камшавии онҳо, бо дарназардошти вазъияти мушаххаси санитарию гигиенӣ ва экологӣ, вазъи саломатии аҳолӣ ва дараxаи таъсири омилҳои дигари муҳити зист ба инсон, метавонад таuйир ёбанд.
Қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, ки талаботро оид ба таъмини бехатарии техникӣ ҳангоми кор бо маводи радиоактивӣ ва дигар манбаъҳои афканишоти иондоркунанда танзим менамояд, аз тарафи мақоми танзимкунандаи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд.
Стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмон, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ҳуxxатҳои дастурӣ, методӣ ва дигар ҳуxxатҳо оид ба масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ аз xониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳои ба он ваколатдор дар доираи салоҳияташон қабул ва тасдиқ карда мешаванд.
 
Моддаи 9. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ
Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ аз xониби мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияташон анxом дода мешавад.
 
Моддаи 10. Назорати истеҳсолӣ ба таъмини бехатарии радиатсионӣ
Ташкилотҳое, ки манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро истифода мебаранд, ба таъмини бехатарии радиатсионӣ назорати истеҳсолӣ мегузаронанд.
Тартиби гузарондани назорати истеҳсолӣ барои ҳар ташкилот бо дарназардошти хусусиятҳо ва шароити иxрои корҳо муайян гардида, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки идора, бозрасӣ ва назоратро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анxом медиҳанд, ба мувофиқа расонида мешавад.
Хадамоти радиатсионии ташкилотҳое, ки назорати истеҳсолиро ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи радиатсионӣ анxом медиҳанд, ҳақ доранд ҳангоми ошкор намудани вайронкунии меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботи беҳдоштӣ, қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, санадҳои амрдиҳанда, дастурӣ, методӣ ва ҳуxxатҳои дигар дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ташкилотҳои дахлдор, то рафъи вайронкории ошкоршуда, гузарондани корҳоро бо манбаъҳои афканишоти радиатсионӣ нигоҳ доранд.
 
Моддаи 11. Назорати давлатии объектҳои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда
Объектҳои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таҳти назорати давлатии экологӣ, радиатсионию гигиенӣ ва техникӣ қарор гиранд.
 
БОБИ 3
ТАЛАБОТ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӣ
 
Моддаи 12. Чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ
Бехатарии радиатсионӣ бо роҳҳои зайл таъмин карда мешавад:
гузаронидани Маҷмeи чорабиниҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, муҳандисию техникӣ, санитарию гигиенӣ, тиббию пешгирикунанда, тарбиявӣ ва маърифатӣ;
аз xониби мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои xамъиятӣ, дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ гузаронидани чорабиниҳо оид ба риояи қоидаю меъёрҳо дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ;
иттилоъ додан ба аҳолӣ дар бораи ҳолати радиатсионӣ ва чорабиниҳо xиҳати таъмини бехатарии радиатсионӣ;
таълими аҳолӣ бо усул ва воситаҳои пешгирӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ.
 
Моддаи 13. Баҳодиҳии ҳолати бехатарии радиатсионӣ
Баҳодиҳии ҳолати бехатарии радиатсионӣ ҳангоми банақшагирӣ ва иxрои чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ва таҳлили самарабахшии чорабиниҳои зикргардида аз xониби мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти давлатие, ки танзимро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ анxом медиҳанд, инчунин истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, гузаронида мешавад.
Баҳодиҳии ҳолати бехатарии радиатсионӣ нишондиҳандаҳои асосии зайлро дар бар мегирад:
тавсифи олудашавии радиоактивии муҳити зист;
таҳлили таъмини чорабиниҳо оид ба бехатарии радиатсионӣ ва иxрои меъёру қоидаҳо ва меъёрҳои гигиении бехатарии радиатсионӣ;
эҳтимолияти садамаҳои радиатсионӣ ва миқёси он;
сатҳи омодагӣ барои рафъи садамаҳои радиатсионӣ ва оқибатҳои он;
таҳлили миқдори шуоъхeрӣ, ки кормандон ва аҳолӣ метавонанд аз ҳамаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда гиранд, гирифтаанд ё гирифта метавонанд;
теъдоди шахсоне, ки аз меъёрҳои миқдори асосии муқарраргардида, бештар гирифтори шуоъхeрӣ гардидаанд.
Натиxаҳои баҳодиҳии бехатарии радиатсионӣ аз тарафи мақомоти давлатии иxозатдиҳанда (литсензиядиҳанда) таҳлил мешаванд ва ҳар сол ба шаҳодатномаҳои радиатсиониву гигиении истифодабарандаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда сабт мегарданд.
Тартиби пешбурди шаҳодатномаи радиатсионию гигиениро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 14. Таъмини бехатарии радиатсионӣ ҳангоми таъсири радионуклеидҳои табиӣ
Интихоби қитъаҳои замин, тарҳрезӣ ва сохтмони биною иншоотҳо бояд бо дарназардошти пешгирии воридшавии радионуклеидҳои табиӣ ба фазои (ҳавои) биноҳо анxом дода шавад.
Истеҳсоли маводи сохтмон, қабули бино ва иншоот барои истифода, истифодаи бино ва иншоот бояд бо дарназардошти ҳаxми мавxудияти таркиби радионуклеидҳои табиӣ дар фазои (ҳавои) биноҳо анxом дода шавад.
Истифодаи маводи сохтмон ва маҳсулоте, ки ба меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ xавобгe намебошанд, манъ аст.
Шуоъхeрии аҳолӣ ва кормандон аз радионуклеидҳои табиӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва истеҳсолӣ набояд аз меъёрҳои муқарраргардида бештар бошад.
 
Моддаи 15. Таъмини бехатарии радиатсионӣ ҳангоми истеҳсоли маводҳои uизоӣ ва истеъмоли оби нeшокӣ
Ашёи озуқаворӣ, маҳсулоти хeрокворӣ, оби нeшокӣ, мавод ва таxҳизоти дар xараёни тайёр кардан, нигаҳдошт, ҳамлу нақл ва фурeш бо онҳо робитадошта, бояд ба талаботи таъмини бехатарии радиатсионӣ xавобгe бошанд.
 
Моддаи 16. Eҳдадории истифодабарандаи манбаъи афканишоти иондоркунанда xиҳати таъмини бехатарии радиатсионӣ
Истифодабарандаи манбаъи афканишоти иондоркунанда eҳдадор аст:
талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ риоя намояд;
бобати таъмини бехатарии радиатсионӣ ва ҳифзи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда тадбирҳо ба нақша гирад ва амалӣ намояд;
анxом додани корҳо xиҳати асоснок намудани бехатарии радиатсионии маҳсулот, мавод, равандҳои технологӣ ва истеҳсолоти нав (модерншуда), ки манбаъҳои афканишоти иондоркунанда мебошанд;
анxом додани назорати мунтазами истеҳсолӣ ба ҳолати радиатсионӣ дар xойҳои кор, биноҳо, ҳудуди ташкилотҳо, дар минтақаҳои назорат, инчунин ба партофтан ва хориx кардани маводи радиоактивӣ;
анxом додани назорат ва баҳисобгирии мунтазами миқдори инфиродии шуоъхeрии кормандон;
тайёр кардан ва гузаронидани аттестатсияи мансабдорон ва кормандон, мутахассисони хадамоти назорати истеҳсолии радиатсионӣ, шахсони дигар, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда кор мекунанд;
гузаронидани муоинаҳои пешакӣ (ҳангоми дохилшавӣ ба кор) ва даврии тиббии кормандон;
кормандонро мунтазам оиди дараxаи афканишоти иондоркунанда дар xойҳои кориашон ва андозаи миқдори шуоъхeрии инфиродӣ огоҳ намояд;
сари вақт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки ваколати идоракунӣ, назорат ва бозрасиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дорад, дар бораи шароитҳои фалокат, вайроншавии низоми технологие, ки ба бехатарии радиатсионӣ таҳдид менамояд, ахборот диҳад; хулоса, қарор ва амри шахсони мансабдор, мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки идора, назорат ва бозрасиро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ анxом медиҳанд, иxро намояд;
татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ таъмин намояд.
 
Моддаи 17. Назорат ва баҳисобгирии миқдори инфиродии шуоъхeрӣ
Назорат ва баҳисобгирии миқдори инфиродии шуоъхeрие, ки шаҳрвандон ҳангоми истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ, инчунин дар натиxаи заминаи таuйирёфтаи табиии радиатсионӣ ё техногенӣ мубтало гаштаанд, дар доираи системаи ягонаи давлатии назорат ва баҳисобгирии миқдори инфиродии шуоъхeрӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад, анxом дода мешавад.
 
Моддаи 18. Таъмини бехатарии радиатсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ
Миқдори шуоъхeрии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ бояд ба меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ мувофиқ бошанд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ бояд воситаҳои ҳифзи шаҳрвандон истифода бурда шавад.
Бо талаби шаҳрванд ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ ба e дар мавриди миқдори шуоъхeрии дар назар дошташуда ё гирифташаванда ва оқибатҳои эҳтимолӣ имконпазир маълумот дода мешавад.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад аз амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ, ба истиснои ташхиси пешгирикунандае, ки бо мақсади ошкор намудани бемориҳои аз нигоҳи эпидемиологӣ хатарнок гузаронида мешавад, даст кашад.
 
Моддаи 19. Минтақаи санитарию муҳофизатӣ ва минтақаи назорат
Бо мақсади ҳифзи шаҳрвандон ва муҳити зист дар маҳалҳои xойгиршавии иншооти истифодабарандаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ ва минтақаи назорат муқаррар карда мешавад.
Андоза ва ҳудуди минтақаи санитарию муҳофизатӣ аз xониби мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ ба мувофиқа расонида шуда, муайян карда мешаванд.
Дар минтақаи санитарию муҳофизатӣ сукунати доимӣ ё муваққатии одамон, чаронидани чорво ва паррандаҳои хонагӣ, инчунин xойгиронии иншооти истеҳсолӣ ва дигар иншооте, ки бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда алоқаманд нестанд, манъ мебошад.
Истифодаи бино ва иншооти дар минтақаи санитарию муҳофизатӣ мавxуда, барои мақсадҳои ҳоxагидорӣ, дар сурати таuйир додани самти фаъолияти онҳо, бо пешниҳоди истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда, аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иxозат дода мешавад.
Минтақаи назорат, андоза ва ҳудуди он аз xониби истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда муайян гардида, бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти давлатии танзимкунандаи соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ, ба мувофиқа расонида мешавад.
Дар минтақаи назорат ва санитарию муҳофизатӣ амали тадбирҳои оид ба пешгирии садамаҳои радиатсионӣ татбиқ мегардад.
 
Моддаи 20. Нигаҳдошт ё гeронидани партовҳои радиоактивӣ
Интихоби xой барои гeронидани партовҳои радиоактивӣ бо дарназардошти таъмини бехатарии радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист, аз Ҷумла шароитҳои гидрогеологӣ, геоморфологӣ, тектоникӣ ва зилзилавӣ, дар тeли тамоми мeҳлати гeронидани партовҳо, баинобатгирии дурнамои дарозмeҳлат сурат гирифта, дар ин маҳал аломати шартии огоҳкунанда гузошта мешавад.
Истифодабарандагони қаъри замин барои ба даст овардани ашёи радиоактивӣ ва анборкунии (гeронидани) партовҳо, танҳо корхонаҳои давлатӣ буда метавонанд.
Тартиби ташкили xамъоварӣ ва гeронидани партовҳои радиоактивиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 21. Таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ
Таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ ҳангоми ҳама гуна навъи муносибат ба онҳо, ҳатмӣ мебошад.
ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ аз xониби истифодабарандагони манбаи афканишоти иондоркунанда таъмин карда мешавад.
Таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ системаи ягонаи банақшагирӣ ва татбиқи Маҷмуи тадбирҳои техникӣ ва ташкилии барои мақсадҳои зайл нигаронидашударо дар бар мегирад:
пешгирии воридшавии uайриқонунӣ ба ҳудуди xойгиршавии маводи радиоактивӣ ва ядроӣ, ҳамчунин uорат ё вайрон кардани он;
ошкор намудан ва баргардонидани маводи радиоактивӣ ва ядроии гумкардашуда ё uоратшуда.
Назорати таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ аз xониби мақомоти ваколатдори назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кeҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом дода мешавад.
Тартиби таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 22. Талабот оид ба ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ
Ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба xо оварда мешавад.
Қоидаҳои ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд ҳуқуқҳо, eҳдадориҳо ва масъулиятҳои борфирист, борбар ва боргир, тадбирҳои бехатарӣ, ҳифзи xисмонӣ, системаи тадбирҳои мувофиқакардаи роҳ надодан ба ҳодисаҳо ва садамаҳои нақлиётӣ, талабот нисбати бастубандӣ, тамuагузорӣ ва воситаҳои нақлиёт, инчунин тадбирҳои пешгирӣ ва барҳамдиҳии оқибатҳои садамаҳои эҳтимолиро пешбинӣ намоянд.
 
Боби 4
Таъмини бехатарии радиатсионӣ Ҳангоми садамаи радиатсионӣ
 
Моддаи 23. Eҳдадории ташкилотҳо дар соҳаи таъмини ҳимояи аҳолӣ ва кормандон аз садамаи радиатсионӣ
Ташкилотҳое, ки дар онҳо рух додани садамаҳои радиатсионӣ имконпазир аст, вазифадоранд инҳоро дошта бошанд:
номгeи садамаҳои эҳтимолии радиатсионӣ, бо пешгeии оқибатҳои он ва дурнамои ҳолати радиатсионӣ;
меъёри қабули қарор ҳангоми рух додани садамаи радиатсионӣ;
воҳидҳои садамавию наxотдиҳанда ва махсуси uайринизомии мудофиаи гражданӣ, ки аз шумули кормандони истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда таъсис дода мешаванд;
нақшаи чорабиниҳои оид ба ҳимояи кормандон ва аҳолӣ аз садамаҳои радиатсионӣ ва оқибатҳои он, ки бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва мақомоти давлатии танзимкунанда дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ ба мувофиқа расонида шудааст;
воситаҳои огоҳонӣ барои таъмини рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ;
воситаҳои тиббии пешгирии осебҳои радиатсионӣ ва воситаҳои расонидани кeмаки тиббӣ ба зарардидагони садамаи радиатсионӣ.
 
Моддаи 24. Eҳдадориҳои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда ҳангоми садамаи радиатсионӣ
Ҳангоми садамаи радиатсионӣ истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда вазифадор аст:
оид ба ҳифзи кормандон ва аҳолӣ аз садамаи радиатсионӣ ва оқибатҳои он иxрои чорабиниҳоро таъмин намояд;
оид ба садамаи радиатсионӣ мақомоти давлатиеро, ки назорати давлатӣ ва тафтишро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анxом медиҳанд, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳоро огоҳ созад;
оид ба расонидани кeмаки тиббӣ ба осебдидагон тадбирҳо андешад;
манбаъи олудагии радиоактивиро барҳам дода, ба муҳити зист паҳн гардидани маводи радиоактивиро пешгирӣ намояд;
таҳлил гузаронида, дурнамои инкишофи садамаи радиатсионӣ ва таuйирёбии вазъияти садамаи радиатсиониро таҳия намояд;
баъди рафъи садамаи радиатсионӣ оид ба мeътадилгардонии ҳолати радиатсионӣ тадбирҳо андешад.
 
Моддаи 25. Шуоъхeрии баланди банақшагирифташудаи шаҳрвандоне, ки барои рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ xалб шудаанд
Шуоъхeрии баланди банақшагирифташудаи шаҳрвандони барои рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ xалбгардида, корҳои садамавию наxот ва дезактиватсия метавонад, танҳо ҳангоми зарурати наxотдиҳии одамон ва пешгирии шуоъхeрии бештари онҳо анxом дода шавад.
Шуоъхeрии шаҳрвандони барои рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ xалбшуда аз миқдори миёнаи солонаи меъёрҳои асосии беҳдоштии шуоъхeрӣ барои кормандон, ки моддаи 8 ҳамин Қонун муқаррар намудааст, набояд аз даҳ маротиба бештар бошад.
Шуоъхeрии баланди банақшагирифташудаи шаҳрвандони барои рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ xалбшуда, танҳо як маротиба дар давраи зиндагии онҳо, бо хоҳиши ихтиёрии онҳо ва огоҳонии пешакӣ оид ба эҳтимоли миқдори шуоъхeрӣ ва хатар ба саломатиашон, иxозат дода мешавад.
Намудҳо ва андозаҳои xубронпулиро барои хатарнокии зиёд ва пардохтани зараре, ки тавассути таъсири радиатсионӣ ба саломатии шахсони барои иxрои корҳои зикргардида xалбшуда расонда шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Боби 5
Ҳуқуқ ва eҲдадориҲои шаҲрвандон ва идтиҲодияҲои xамъиятӣ
дар соҲаи  таъмини бехатарии радиатсионӣ
 
Моддаи 26. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба бехатарии радиатсионӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бетабаа, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба бехатарии радиатсионӣ ҳуқуқ доранд. Ин ҳуқуқ тавассути гузаронидани Маҷмeи чорабиниҳо xиҳати пешгирии аз меъёрҳои муқарраргардида бештар нарасонидани таъсири радиатсияи афканишоти иондоркунанда ба организми инсон, иxрои қоида, меъёрҳо ва талаботи вобаста ба таъмини бехатарии радиатсионӣ аз xониби шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ки фаъолияти истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро анxом медиҳанд, таъмин карда мешавад.
Шаҳрвандон xиҳати таъмини ҳуқуқҳояшон оид ба бехатарии радиатсионӣ метавонанд ба мақомоти дахлдори давлатӣ ё ба суд муроxиат кунанд.
 
Моддаи 27. ҳуқуқи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои xамъиятӣ ба гирифтани маълумот оид ба ҳолати радиоактивӣ
Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои xамъиятӣ ҳуқуқ доранд дар доираи вазифаҳои иxрошаванда оид ба ҳолати радиоактивӣ ва тадбирҳои андешидашудаи xиҳати таъмини ҳолати радиатсионӣ дар ташкилоте, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда анxом медиҳанд, маълумоти хаттӣ ва даҳонӣ гирифта метавонанд.
 
Моддаи 28. Имконияти ворид шудан ба ҳудуди ташкилоте, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда анxом медиҳад
Намояндагони иттиҳодияҳои xамъиятӣ тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди ташкилотҳое, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда анxом медиҳанд, ҳуқуқи ворид шудан доранд.
 
Моддаи 29. ҳифзи иxтимоии шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҳамшафати ташкилоти бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолиятдошта зиндагӣ мекунанд
Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҳамшафати ташкилоти бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолиятдошта зиндагӣ мекунанд ва дар онҳо имконпазирии зиёд будани миқдори асосии ниҳоии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун имконпазир аст, ба ҳифзи иxтимоӣ ҳуқуқ доранд. Тартиби таъмини чораҳои ҳифзи иxтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 30. ҳуқуқи шаҳрвандон ба xуброни зарари ба саломатӣ ва амволи онҳо аз афканишоти иондоркунанда ва садамаи радиатсионӣ расонидашуда
Шаҳрвандон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xуброни зарари расонида ба саломатӣ ва амволи онҳо дар натиxаи шуоъхeрии зиёда аз миқдори ниҳоии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун аз афканишоти иондоркунанда, инчунин садамаи радиатсионӣ ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 31. Eҳдадории шаҳрвандон дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бетабаа, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, eҳдадоранд:
талаботи таъмини бехатарии радиатсиониро риоя намоянд:
оид ба таъмини бехатарии радиоатсионӣ тадбирҳо андешанд ё дар анxом додани чунин тадбирҳо иштирок кунанд;
талаботи мақомоти ҳокимияти иxроияро, ки идораи давлатӣ ва назорати давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анxом медиҳанд, иxро кунанд.
 
Боби 6
Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 32. Масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ гунаҳкоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
Xаримабандӣ шахсони гунаҳкорро аз eҳдадории рафъи қонунвайронкуниҳо, xуброни зарари ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонида ва ё хароxотҳои онҳо, инчунин аз xуброни зиёни ба шахсони ҳуқуқӣ дар натиxаи садамаи радиатсионӣ расонида, озод наменамояд.
 
Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур баъд аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  1 августи соли 2003
           №42

Илова кунед