Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳунарҳои бадеии халқӣ

01 Август 2003, Ҷумъа

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.466; соли 2013, №7 мод., 534; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли 2019,№1570)
 
 
Маxлиси намояндагон қабул намуд – 25 июни  соли 2003
Маxлиси миллӣ xонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳоеро, ки дар байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ба миён меоянд ба танзим дароварда, принсипҳои асосии дастгирии давлатии ҳунарҳои бадеии халқиро ҳамчун қисми xудонашавандаи фарҳанги миллӣ ва таърихи халқи Тоҷик муайян намуда, ба нигоҳдории анъанаҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат мекунад.
 
 
Боби  1.
Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-ҳунарҳои бадеии халқӣ — яке аз шаклҳои эxодиёти халқӣ, фаъолият оид ба офаридани маснуоти бадеии таъйиноташон манфиатрасон ва (ё) ороишӣ буда, дар асоси азхудкунии инфиродӣ ва дастаxамъонаи инкишофдиҳии анъанаҳои меросии санъати халқӣ дар маҳали муайян дар раванди меҳнати эxодкоронаи дастӣ ва (ё) механиконидашудаи устоҳои ҳунарҳои бедии халқӣ амалӣ гардонида мешаванд;
-маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ — предметҳои таъйиноти ороишӣ ва манфиатрасон, ки мутобиқи анъанаҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ бо истифодаи ашёҳои табиӣ ва меҳнати дастӣ тайёр карда шудаанд;
-устои ҳунарҳои бадеии халқӣ — шахси воқеӣ, ки маснуоти муайяни ҳунарҳои бадеии халқиро мутобиқи анъанаҳои он тайёр мекунад;
-муаллифи натиxаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ таxассум ёфтааст —  шахси воқеӣ, ки тавассути кори эxодии вай ин натиxа ҳосил шудааст;
-маҳали мавxудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқӣ — ҳудуде, ки дар он ҳунарҳои бадеии халқӣ таърихан эxод шуда, мувофиқи анъанаҳои ба худ хос инкишоф меёбанд, инфрасохтори иxтимоию маишии онҳо мавxуд аст ва дорои захираҳои ашёи хоми зарурӣ мебошад; (ҚҶТ аз 02.01.19,№1570)
-маснуоти нодири ҳунарҳои бадеии халқӣ — маснуоти ягонаи нодири ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки арзиши баланди бадеӣ дорад;
-намунаи типии маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ — намунае, ки дар шакли маснуоти тайёр, тасвир (нақша, тарҳи композитсионӣ), нусха (қолиб) сохта шуда, барои бо тартиби муқарраршуда аз нав истеҳсол намудан, аз Ҷумла бо истифодаи дигаргунсозии эxодӣ таъйин шудааст;
-дигаргунсозии эxодӣ — яке аз шаклҳои зуҳури эxодиёти халқӣ, усули асосии таxдиди намунаи типии маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки ворид намудани тағйиру иловаҳоро дар ҳалли композитсионӣ, рангубор, нақшу нигор, нафисӣ ва дигар xиҳатҳои бадеии маснуот пешбинӣ менамояд ва боиси тағйироти принсипиалии ғояи муаллиф, пастшавии сатҳи бадеӣ ва сифати истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ нисбат ба намунаи типии он намегардад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.19,№1570)
 
 
Моддаи 3. Ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ
Ба ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ мансубанд, ки дар ҳаxми умумии истеҳсоли маҳсулоти (кор, хизматрасонии) онҳо маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ мувофиқи маълумоти мушоҳидаҳои давлатии оморӣ саҳми на камтар аз 50 фоиз дорад. (ҚҶТ аз 02.01.19,№1570)
Вазифаҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ нигоҳдорӣ, эҳё ва инкишофи анъанаҳои ҳунарҳои халқӣ аст.
 
Моддаи 4. Мансубияти маснуот ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ
Мансубияти маснуот ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ дар асоси қарори шeрои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ мутобиқи феҳристи намунавии намудҳои истеҳсолот ва гурeҳҳои маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 02.01.19,№1570)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти нуктаҳои ҳамин Қонун тартиби ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ мансуб донистани маснуоти дар ҳудуди онҳо тайёршавандаро муқаррар менамоянд.
Ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ маснуоте мансуб дониста намешаванд, ки дар технологияи тайёр кардани онҳо истифодаи дигаргунсозии эxодии намунаҳои типии ин маснуот имконнопазир аст, аз Ҷумла:
— маснуоти бахиядeзӣ, ки дар мошин-автоматҳо ё нимавтоматҳои дeзандагӣ тайёр шудаанд ва онҳо бе омезиши гулдeзиҳои дастӣ ё бо гулдeзии дар мошинҳои дeзандагие, ки имконияти иxро кардан ва дигаргунсозии гулдeзии эxодиро медиҳанд, иxро шудаанд;
— маснуоти матоӣ, ки тавассути суратчопкунӣ бе омезиши усулҳои дастии зинатбахшии маснуот ороиш дода шудаанд;
— маснуоти матоӣ, қолинҳо ва маснуоти қолинӣ, ки дар мошинҳо бе омезиши кори дастӣ тайёр шудаанд;
— маснуот аз фулузот ва маснуоти заргарӣ, ки тавассути тамғазанӣ ва рехтагарӣ, ба истиснои рехтагарӣ ба моделҳои мумӣ, бе сикказанӣ, кандакорӣ, нақшдиҳӣ, тезобдиҳии минбаъда ё истифодаи усулҳои дигари дастии коркарди зинатбахшии фулузот тайёр шудаанд;
— маснуоти сафолӣ, ки тавассути рехтагарӣ бе нақшдиҳӣ, гаxкории минбаъда ё бе истифодаи усулҳои дигари дастии зинатбахшии маснуот тайёр шудаанд;
— маснуоте, ки дар мошин-автоматҳои бофандагӣ бе омезиши бофти гулдeзии дастии ороиш ё усулҳои дигари дастии зинатбахши маснуот тайёр шудаанд;
— маснуоти дигар, ки бо усулҳои механикӣ бо истифодаи xузъҳои санъати халқӣ тайёр шудаанд.
Оид ба қарори мансубияти маснуот ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
 
Моддаи 5. Асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ шароитҳои иқтисодӣ, иxтимоӣ ва шароитҳои дигарро барои нигоҳдорӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ фароҳам меоранд, аз он Ҷумла:
— заминаи меъёрии ҳуқуқиро баҳри рушди соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ муҳайё мекунанд;
барои амалӣ гардонидани нақшаҳои сармоягузорӣ бо мақсади нигоҳдорӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат мекунанд;
— мутобиқи қонунгузорӣ барои соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ фаъолият доранд, нархҳои имтиёзнокро ба маҳсулот ва хизматрасонии монополияи табиӣ, инчунин тартиби тайёр кардан ва ба даст даровардани ашёи хом ва маводе, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва ба ҳисоб гирифта мешаванд, муқаррар менамоянд;
— ба устоҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ ва шогирдони онҳо барои гирифтани таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимие, ки барномаҳои таълимии ҳунарҳои бадеии халқиро амалӣ месозанд, мусоидат менамоянд;
— ба ташвиқу тарғиби санъати ҳунарҳои бадеии халқӣ, аз Ҷумла тавассути ташкил намудани намоишҳо, озмунҳо, музояда, фурeши махсуси маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, инкишофи мубодилаи байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориxӣ дар ин соҳа мусоидат менамоянд;
— ташкил ва фаъолияти иттиҳодияҳо, ассосиатсияҳо, фондҳо иттифоқҳои соҳаи ҳунарҳои бадеии халқиро дастгирӣ менамоянд;
— барои нигоҳдории ҳунарҳои бадеии халқӣ ва кормандони эxодии ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳангоми амалӣ гаштани тартиби пешгирии муфлисшавӣ ё барҳамдиҳии ин ташкилотҳо чораҳо мебинанд;
— кафолати озодии эҷодкориро дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ таъмин менамоянд;
— таҳқиқоти илмиро дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ дастгирӣ менамоянд;
— ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат менамоянд;
— шаклҳои дигари дастгирии давлатии ҳунарҳои бадеии халқиро муқаррар менамоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои нигоҳдорӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, аз он Ҷумла доир ба дастгирии онҳо чораҳои иловагӣ меандешанд.(ҚҶТ аз 22 .07.13с.№1006)
 
Боби 2.
Ҳуқуқи шаҲрвандон дар соҲаи  ҲунарҲои бадеии халқӣ
 
Моддаи 6. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои фаъолият дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи майлу рағбат ва қобилияти худ барои фаъолияти эxодӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳуқуқ дорад.
Ҳуқуқи шаҳрванд оид ба пеша намудани фаъолияти эxодӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ метавонад дар асоси касбӣ ё ки ғайрикасбӣ (ҳаваскор) сурат гирад.
Кормандони эxодии соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки дар асоси касбӣ ё ғайрикасбӣ (ҳаваскор) кор мекунанд, дорои ҳуқуқҳои баробари муаллифӣ мебошанд. Онҳо ба ҳимояи фаъолияти худ дар ин соҳа, ҳифзи сирри ҳунар ва дастгирии дигари давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба озодона ихтиёрдорӣ намудани натиxаи меҳнаташон ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ташкил намудани иттиҳодияҳо дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ
Шаҳрвандоне, ки дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ кор мекунанд, бо ташаббуси худ ба ташкил намудани иттифоқҳои эxодӣ, ассосиатсияҳо, фондҳо, иттиҳодияҳои дигар, ки мақсади онҳо фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти эxодӣ, эҳё, нигоҳдорӣ, инкишоф, дастгирӣ намудан ва тарғиб кардани ҳунарҳои бадеии халқӣ мебошад, ҳуқуқ  доранд. (ҚҶТ аз 02.01.19,№1570)
Фаъолияти иттиҳодияҳо дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
 
Моддаи 8. Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ
Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ташкилотҳои тиxоратӣ дар соҳаи истеҳсол ва (ё) ба фурeш баровардани маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 9. Ҳуқуқи муаллиф ба натиxаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ таxассум ёфтааст
Ҳуқуқи муаллиф ба натиxаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ таxассум ёфтааст (маснуоти нодири ҳунарҳои бадеии халқӣ, ё намунаи типии маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ), ҳамчунин ҳуқуқҳои бо истифодаи натиxаи мазкур алоқаманд, ки аз тарафи муаллиф бо шартҳои шартнома барои таxдиди минбаъда, аз он Ҷумла бо истифодаи дигаргунсозии эxодӣ таҳвил шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
 
Моддаи 10. Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ
Вазъи ҳуқуқии устои ҳунарҳои бадеии халқӣ дар асоси шаҳодатномаи намунавии муқарраршуда мутобиқи Низомномаи оид ба устои ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
Шаҳодатномаи устои ҳунарҳои бадеии халқӣ аз xониби Шeрои бадеӣ-экспертӣ, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад ва амал менамояд, дода мешавад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонанд ба шахсоне, ки шаҳодатномаи устои ҳунарҳои бадеии халқиро гирифтаанд, барои амалӣ гардонидани фаъолияти эxодии онҳо кафолату имтиёзҳо муҳайё карда, ба истеҳсоли ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат намоянд.
Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳамзамон метавонад муаллифи натиxаи фаъолияти зеҳнӣ бошад, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ таxассум ёфтааст.
 
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои устои ҳунарҳои бадеии халқӣ
Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
— ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф;
— ташкил намудани намоиш ё шаклҳои дигари намоиши оммавии натиҷаи фаъолияти эҷодии худ;
— гирифтани мукофот барои истифодаи оммавии натиҷаҳои фаъолияти эҷодии худ;
— тайёр ва дастрас кардани намудҳои зарурии ашёи хом ва мавод;
— доштани иҷозат барои истифодаи  фондҳои фарҳангӣ;
— машѓул шудан ба фаъолияти таълимӣ мутобиқи шакли ҳунарҳои бадеӣ,  новобаста ба таҳсилот;
— ба фурўш гузоштан ва ба соҳибияти каси дигар додани эҷодиёти муаллифии худ;
— ҳимояи шаъну шараф ва эътибори касбӣ;
— ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. (ҚҶТ аз 02.01.19,№1570)
 
Моддаи 12. Шeроҳои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ
Барои анxом додани фаъолият оид ба мансуб донистани маснуоти тайёршаванда ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ шeроҳои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ таъсис дода мешаванд.
Шeроҳои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ фаъолияти худро дар асоси низомномаи намунавӣ дар бораи шeрои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардонанд.
 
Моддаи 13. Маҳалли мавxудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқӣ
Маҳалли мавxудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар мекунанд.
Заминҳое, ки дар онҳо маҳалли мавxудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқӣ воқеъ гардидаанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заминҳои таъйиноти таърихию фарҳангӣ мансуб дониста шаванд.
 
Боби 3.
Таълими ҲунарҲои анъанавии халқӣ, тайёр намудани
кадрҲо, тадқиқотҲои илмӣ
 
Моддаи 14. Таълими ҳунарҳои анъанавии халқӣ
Таълими ҳунарҳои анъанавии халқӣ бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:
— аз xониби устоҳои халқӣ шинос намудан бо таxрибаи кории худ ва азхуд намудани таxрибаи онҳо бо мақсади таъмини мутобиқат ба асли анъанаҳо;
— гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, аз Ҷумла дар муассисаҳои таълимии дахлдор ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ ва дар назди устоҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ;
— гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимии махсусгардондашуда;
— мустақилона пайдо намудани малакаҳо дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, аз Ҷумла дар хонаҳои ҳунармандон, студияҳо, клубҳо ва маҳфилҳо;
— тайёр намудан, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо;
— шиносшавӣ бо ҳунарҳои анъанавии халқӣ, ба усулҳои истеҳсоли намудҳои алоҳидаи маснуот, бо услубҳои бадеии ҳунарҳои халқӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, инчунин дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ.
 
Моддаи 15. Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмиро дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ муайян намуда, идоракунии умумии онҳоро амалӣ мегардонад.
Дар гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ оид ба масъалаҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ мутахассисони соҳаи фарҳанг, инчунин мутахассисони дигар, ки иштироки онҳо дар гузаронидани ин тадқиқотҳо зарур аст, ширкат меварзанд.
Бо мақсади тадқиқоти технологияи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва таъмини раванди таълим дар муассисаҳои таълимии махсусгардондашуда ва муассисаҳои дигари фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ташкил шуда метавонанд.
 
Моддаи 16. Дастгирии истеҳсолию техникии ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ
Мақомоти Ҷумҳуриявии идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маxмeи чорабиниҳоро оид ба мусоидат ва таъмини ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ бо таxҳизот ва технологияи мукаммал барои рафти тайёрӣ ва ташкили истеҳсолот таҳия ва амалӣ мегардонанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ имконият медиҳанд, ки дар асоси шартномаҳои иxора бо шартҳои имтиёзнок аз биноҳо, таxҳизот, биноҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ, дигар молу мулк, ки дар моликияти давлатӣ мебошанд, истифода баранд.
 
Боби 4.
Мубодилаи фарҲангӣ ва робитаҲои  байналмилалӣ
 
Моддаи 17. Мубодилаи фарҳангӣ ва робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ
Мақомоти давлатӣ барои васеъ шудани доираи субъектҳои робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат менамоянд, иштироки бевоситаи мустақили устоҳо, ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқиро дар мубодилаи фарҳангӣ бо ташкилотҳои шабеҳи мамлакатҳои хориxӣ ҳавасманд мегардонанд.
 
Моддаи 18. Намоишҳои молҳо ва маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ
Бо мақсади ҳавасмандгардонии рушд ва тарѓиби дастовардҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ мунтазам намоишҳои молу маҳсулоти соҳаи мазкур баргузор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.19,№1570)
 
Моддаи 19. Осорхонаи ҳунарҳои бадеии халқӣ
Бо мақсади нигоҳдорӣ ва намоиш додани молҳои бештар қиматбаҳои ҳунарҳои халқӣ, маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, инчунин маҳфуз доштани ҳунарҳои халқӣ ва бо мақсади нигоҳдории устоҳои махсусан маъруфи ҳунарҳои бадеии халқӣ, фароҳам овардани имконият барои шинос шудан бо эxодиёти онҳо осорхона- устохонаҳо ва хона-осорхонаҳо бунёд карда мешаванд.
 
Боби 5.
Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Э.РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  1 августи соли 2003
  №43

Илова кунед