Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ

01 Август 2003, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2003, №8, мод. 455; соли 2008 №12,  қ- 2, мод.1013; соли 2010, №12, қ-1, мод. 838; соли 2013, №7 мод. 536; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2019, №1571)
 
Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 21 майи соли 2003
Маҷлиси миллӣ xонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, ҷустуҷў, дарёфти иттилоот, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳанги милливу ҷаҳонӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ танзим менамояд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
БОБИ I.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мегарданд:
— китобхона — муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омeзишии дорои фонди муташаккили ҳуxxатҳо, ки онҳоро барои истифодаи муваққатӣ ба ихтиёри истифодабарандагон гузошта, инчунин хизматрасониҳои дигари китобдориро ба анxом мерасонад;
— китобхонаи дастраси умум — китобхонае, ки ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ қатъи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон имконияти  истифодабарӣ аз фонди китобхона ва хизматрасонии китобдориро фароҳам меоварад; (ҚҶТ аз 31.12.08с, №479).
— фаъолияти китобдорӣ — соҳаи фаъолияти иттилоотӣ, иxтимоию фарҳангӣ ва омeзишие мебошад, ки ба вазифаҳои он таъсис ва инкишоф додани шабакаи китобхонаҳо, ташкилу такмили фондҳои онҳо, ба роҳ мондани хизматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхонаҳо, тайёр намудан, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ ва таъминоти илмию методии рушди китобхонаҳо дохил мешаванд; (ҚҶТ аз 31.12.08с, №479). (ҚҶТ аз 22.07.13,№1008), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
— ҳуxxат — объекти моддие, ки дар он иттилоот ба шакли матн, сабти овоз ва ё тасвир дарx гардида, бо мақсади ҳифзу мавриди истифодаи умум қарор додан ва барои ба замону макон таҳвил намудан таъин гардидааст;
— нусхаи ҳатмии ҳуxxатҳо — нусхаҳои ҳуxxатҳои гуногуне, ки бояд аз тарафи таҳиягарон ба муассиса ва дигар ташкилотҳои дахлдор ба миқдори муқаррарнамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон супорида шаванд; (ҚҶТ аз 22.07. 13,№1008)
— истифодабарандаи китобхона — шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз хизматрасонии китобхона истифода мебарад;
— системаи марказонидашудаи китобхонаҳо — муттаҳид кардани китобхонаҳо дар воҳиди томи сохторӣ, ки дар асоси фонди умумӣ ва ягонагии ташкилию техникӣ фаъолият менамояд;
— муассиси китобхона — мақомоти  давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
— фонди китобхона – маҷмўи ҳуҷҷатҳои дорои мундариҷа, таъинот ва моҳияти гуногун, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаашон бо мақсади хизматрасонии китобдорӣ ҳатмӣ мебошад;
— китобҳои нодир – китобҳои дастнавис, литографӣ ва чопие, ки дорои арзиши баланди маънавию моддӣ буда, аҳамияти хоси таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ доранд ва нисбат ба онҳо реҷаи махсуси ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифода муқаррар шудааст. (ҚҶТ аз 22.07. 13,№1008)
 
 
Моддаи 2. Қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ
Қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ ба Конститутсияи Xумҳурии Тоxикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Xумҳурии Тоxикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Xумҳурии Тоxикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
 
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур ба китобхонаҳое, ки аз ҳисоби буxети давлатӣ ва ё буxетҳои маҳаллӣ пурра ва ё қисман маблаuгузорӣ мегарданд, паҳн шуда, дар  бобати танзими масъалаҳои ҳифз ва истифодабарии фондҳои китобхонаҳо чун xузъи мероси таърихию фарҳангии халқи тоxик, нисбат ба ҳама намудҳои китобхонаҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон амал мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №479). (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
 
Моддаи 4. Намудҳои асосии китобхонаҳо
Мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таъсис додани китобхонаҳо ҳуқуқ доранд. ҚҶТ аз 22.07. 13,№1008)
Тибқи тартиби таъсисдиҳӣ ва шаклҳои моликият намудҳои зерини китобхонаҳо мавҷуданд:
1) китобхонаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъсис дода мешаванд, аз он ҷумла:
— Китобхонаи миллӣ;
— китобхонаи ҷумҳуриявӣ;
— китобхонаҳои вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ;
2) китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд;
3) китобхонаҳои шаҳрак ва деҳот, ки аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъсис дода мешаванд;
4) китобхонаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажўҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ;
5) китобхонаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият;
6) китобхонаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
7) китобхонаҳои хусусӣ;
8) китобхонаҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
БОБИ 2.
ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӣ
 
Моддаи 5. Ҳуқуқ барои хизматрасонии китобдорӣ
Ҳар шаҳрванд қатъи назар аз миллат, нажод, xинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ, таҳсилот, синну сол ва ҳолатҳои ҷисмонию равонӣ аз ҳуқуқи хизматрасонии китобхона бархeрдор мебошад. ҚҶТ аз 22.07. 13,№1008) (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
Ин ҳуқуқ таъмин карда мешавад:
— бо роҳи таъсис додани шабакаи давлатии китобхонаҳои дастраси умум, оммавӣ, илмӣ ва махсус;
— бо истофода аз  намудҳои гуногуни китобхонаҳо; (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
— бо танзими давлатии таъсиси китобхонаҳо аз xониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қатъи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият, тахассус ва доираи фаъолияташон.
Ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии китобдорӣ нисбат ба ҳуқуқи дар ҳамин соҳа доштаи давлат ва ҳама гуна сохторҳои он, иттиҳодияҳои xамъиятӣ, созмонҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳо афзалият дорад.
 
Моддаи 6. Ҳуқуқ барои фаъолияти китобхонаҳо
Тибқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон китобхонаҳо таъсис диҳанд.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар фаъолияти шeроҳои сарпарастон, истифодабарандагони китобхонаҳо ва ё дигар навъҳои иттиҳодияҳои хонандагон, ки бо мувофиқаи роҳбарони китобхонаҳо ва ё муассисони онҳо созмон дода мешаванд, ширкат варзанд.
Кормандони китобхонаҳо ҳуқуқ доранд бо мақсади мусоидат кардан барои рушди хизматрасонии китобдорӣ, муттаҳидии касбӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои иxтимоию тахассусии худ ассотсиатсияҳо созмон диҳанд.
Дар сурати аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот чун ҳуҷҷатҳо ва коллексияҳои дорои аҳамияти махсус ва китобҳои нодир сабт шудани моликияти хусусии шаҳрванд ў ҳуқуқ дорад, ки ҷиҳати ҳифз ва нигоҳдории онҳо аз дастгирии давлат бархурдор бошад. (ҚҶТ аз 22.07.13, №1008), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
Моддаи 7. Ҳуқуқи истифодабарандагони китобхонаҳо
Истифодабарандаи китобхона ҳуқуқ дорад ба таври ройгон дар ҳама гуна китобхона тавассути кор кардан бо феҳристҳо оид ба мавxудияти ҳуxxатҳои мушаххас дар фондҳои китобхона иттилоот ба даст оварад.
Дар китобхонаҳои дастраси умум шаҳрвандон ҳуқуқ доранд:
— бо пешниҳоди ҳуxxате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад, истифодабарандаи китобхона гарданд;
— ба таври ройгон тавассути низоми маълумотию библиографии хизматрасонии китобдорӣ доир ба фондҳои китобхона иттилооти пурра ба даст оваранд;
— ба таври ройгон xиҳати xустуxe ва интихоби манбаъҳои иттилоот ёрии машваратӣ гиранд;
— ба таври ройгон ё бо музд аз фондҳои китобхонаҳо ба мeҳлати тибқи қоидаҳои истифодаи китобхона муқарраргардида, барои истифодаи муваққатӣ ҳама гуна ҳуxxатро дастрас намоянд;
— тавассути абонементи байникитобхонавӣ ҳуxxатҳо ва ё нусхаҳои онҳоро аз китобхонаҳои дигар ба даст оваранд;
— аз дигар навъҳои хизматрасонӣ, аз xумла хизматрасониҳои музднок, ки номгeи онҳо аз тарафи Вазорати фарҳанги Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад, истифода баранд.
Дар китобхонаҳои давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, шаҳрак ва деҳот истифодабарандагони китобхонаҳо ҳуқуқ доранд аз хизматрасонии китобхонаҳо ва гирифтани ҳуxxатҳо бо забонҳои тоxикӣ, русӣ ва дигар забонҳои дар ҳудуди xумҳурӣ амалкунанда баҳравар гарданд. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
Истифодабарандаи китобхона дар ҳолати аз xониби корманди расмии китобхона маҳдуд кардани ҳуқуқҳояш ҳуқуқ дорад ба суд муроxиат намояд.
Истифодабарандагони китобхона, вобаста ба талабот ва шавқу раѓбати худ, аз ҳуқуқи интихоби озодонаи китобхона бархурдоранд. (ҚҶТ аз 22.07.13, №1008)
 
Моддаи 8. Ҳуқуқи гурeҳҳои махсуси истифодабарандагони китобхона
Маъюбон ба хизматрасонии китобдорӣ ва гирифтани ҳуxxат тавассути интиқолдиҳандагони махсуси иттилоот аз китобхонаҳои махсус ва дигар китобхонаҳои дастраси умум ҳуқуқ доранд.
Истифодабарандагоне, ки бо сабабҳои кeҳансолӣ ва норасоии xисмонӣ наметавонанд бевосита ба китобхона раванд, ҳуқуқ доранд тавассути шаклҳои хизматрасонии uоибона ва ё сайёр, ки маблаuгузории он аз ҳисоби маблаuҳои буxетҳои дахлдор ва маблаuҳои барномаҳои давлатӣ таъмин карда мешавад, ҳуxxатҳои заруриро аз фондҳои китобхонаҳои дастраси умум ба даст оваранд.
Истифодабарандагони хурдсол ва xавон ба хизматрасонии китобдорӣ дар китобхонаҳои дастраси умум ва махсус, инчунин дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, тибқи тартибе, ки дар оинномаи ин китобхонаҳо муайян шудааст, ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 9. Xавобгарии истифодабарандагони китобхонаҳо
Истифодабарандагони китобхонаҳо вазифадоранд, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро риоя намоянд.
Истифодабарандагоне, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро риоя накарда, ба китобхона зарар мерасонанд, онро дар ҳаxми тибқи қоидаҳои истифодаи китобхонаҳо муайяннамуда xуброн карда, инчунин дар ҳолатҳои бо қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон пешбинигардида, ба xавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.13, №1008)
 
 
БОБИ 3.
ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҲОИ КИТОБХОНАҲО
 
Моддаи 10. Муассиси китобхона
Муассиси китобхона фаъолияти онро маблаuгузорӣ карда, тибқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон фаъолияти онро назорат менамояд ва инчунин роҳбари китобхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Муассиси китобхона ҳуқуқ надорад, ба истиснои мавридҳое, ки дар оинномаи китобхона ва қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон пешбинӣ гардидаанд, ба фаъолияти эxодии китобхона дахолат намояд.
 
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои китобхонаҳо
Китобхонаҳо ҳуқуқ доранд:
— бо мувофиқаи муассисон қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳоро тасдиқ намоянд;
— ҳангоми пешниҳод намудани нашрияҳои нодир ва арзишнок, инчунин дигар ҳолатҳои дар муқаррароти қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳо дарxгардида маблаuи кафолатро муайян намоянд;
-мутобиқи муқаррароти қоидаҳои истифодаи китобхонаҳо намудҳо ва андозаҳои xуброни зарари аз xониби истифодабарандагони китобхонаҳо расонидашударо муайян намоянд;
-ба мақсади васеъ намудани номгeи хизматрасонии истифодабарандагони китобхонаҳо ва рушди иxтимоию эxодии китобхонаҳо, дигар хизматрасониро анxом диҳанд, ба шарте, ки ба фаъолияти асосии онҳо зарар нарасонад;
-дар асоси шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шартҳои истифодабарии фондҳои китобхонаҳоро муайян намоянд; (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
— барои шаҳрвандон хизматрасонии муздноки китобдорӣ ташкил намоянд;
— истифодаи фондҳои китобхонаро аз тариқи иxора ба роҳ монанд;
— мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон иттиҳодияҳои китобдориро таъсис диҳанд;
— дар асоси озмун ва дигар асосҳо  барои амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ ва минтақавии рушди фаъолияти китобдорӣ, дар таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои китобдорӣ иштирок намоянд; (ҚҶТ аз 31.12.08с, №479).
— тибқи тартиби муқарраршуда ҳамкориҳоро бо китобхонаҳо ва дигар идораю муассисаҳои давлатҳои хориxӣ, аз xумла ба роҳ мондани табодули байналмилалии китобҳо, мувофиқи тартиби муайянгардида ба ҳайати ташкилотҳои байналмилалӣ шомил гардида,  барои амалӣ гардонидани барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дигар барномаҳо ширкат варзанд; (ҚҶТ аз 31.12.08с, №479).
— мустақилона манбаъҳои пуррагардонии фондҳои худро муайян намоянд;
-тибқи тартиби хориxкунии ҳуxxатҳо, ки бо муассисони китобхонаҳо мувофиқа карда мешавад ва инчунин мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуxxатҳоро аз фондҳои худ бароварда, ба фурeши музоядавӣ гузоранд. Дар айни замон, китобхонаҳо сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият ҳуқуқ надоранд ҳуxxатҳои ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тааллуқдоштаро, ки низоми ҳифз ва истифодабарии онҳо мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муайян карда шудааст, аз ҳисоб бароварда ба фурeши музоядавӣ гузоранд;
— ба шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ, аз ҷумла умумиҷаҳонӣ, пайваст шаванд ва сомона (сайт)-ҳои электронии худро кушоянд; (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
  — дигар амалҳоеро, ки ба қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон мухолифат намекунанд ба анxом расонанд.
Китобхонаҳо дар харидорӣ кардани ҳуxxатҳое, ки тибқи барномаҳои давлатии чопи китобҳо интишор мегарданд, инчунин дар навбати аввал харидорӣ кардани асноди китобхонаҳои барҳам додашуда ҳуқуқи бартариятнок доранд.
 
Моддаи 12. Eҳдадориҳои китобхонаҳо
Дар фаъолияти худ китобхонаҳо баамалбарории ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, таъмин менамоянд. Китобхонаҳо ба истифодабарандагон тибқи оинномаҳои худ, қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Xумҳурии Тоxикистон хизмат мерасонанд.
Китобхонаҳое (сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон), ки дар фондҳои худ нашрияҳои аҳамияти махсусдошта ва коллексияҳои ба объектҳои мероси миллӣ тааллуқдоштаро доранд, барои сабти саривақтии онҳо дар феҳристҳои Маҷмeавӣ ва бақайдгирии онҳо ҳамчун падидаи мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин барои ворид намудани онҳо ба базаи автоматикунонидашудаи маълумот дар доираи барномаҳои давлатии ҳифз ва рушди фарҳанг масъул мебошанд.
Китобхонаҳо eҳдадоранд, ки мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон дар назди муассисони худ ва мақомоти давлатии омор ҳисобот диҳанд.
Китобхонаҳои давлатӣ ўҳдадоранд, ки тибқи дархости истифодабарандагон ба онҳо оид ба фаъолияти худ барои ташаккул ва истифодаи фондҳояшон маълумот пешниҳод намоянд.
Китобхонаҳо ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба таркиби фондҳояшон дохиланд, таъмин менамоянд.
Китобхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар ўҳдадориҳоро низ амалӣ намоянд. (ҚҶТ аз 22.07.13, №1008)
 
 
Моддаи 13. Мақоми китобхонаҳо
Китобхонаҳои системаи марказонидашудаи давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз лаҳзаи тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба қайд гирифта шуданашон мақоми шахси ҳуқуқиро доро мегарданд.
Мақоми китобхонаҳои дигар аз тарафи муассисони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад.
 
БОБИ 4. СИЁСАТИ ДАВЛАТӣ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӣ (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679)
Моддаи 14. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ
Асоси сиёсати давлатиро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ принсипи фароҳам овардани шароит барои дастраси умум будани иттилоот ва арзишҳои фарҳангие ташкил медиҳад, ки дар китобхонаҳо ҷамъ оварда, барои истифодаи умум пешниҳод карда мешаванд.
Давлат рушди хизматрасонии китобдории гурўҳҳои аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ камтар ҳифзшаванда (кўдакон, ҷавонон, маъюбон, нафақахўрон, гурезаҳо, бекорон, модарони серфарзанд, деҳотиён, сокинони минтақаҳои баландкўҳ ва маҳалҳои ба онҳо баробаркардашуда)-ро дастгирӣ менамояд.
Мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳуқуқ надоранд китобхонаҳоро ба биноҳои ба талаботи ҳифзи меҳнат, нигаҳдории фонд ва хизматрасониашон номувофиқ кўчонанд, қароре қабул кунанд ё амалеро иҷро намоянд, ки сабаби бадшавии вазъи таъминоти моддию техникии китобхонаҳои аз буҷет маблаѓгузоришаванда гардад. Аз рўи чунин қарорҳои мақомоти мазкур ва амалҳои шахсони мансабдори онҳо, ки манфиатҳои қонунии истифодабарандагони китобхонаҳоро маҳдуд менамоянд, ба суд шикоят кардан мумкин аст. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
 Моддаи 15.Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ:
— сиёсати давлатиро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ муайян менамояд;
— барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдориро тасдиқ мекунад;
— мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ муайян менамояд;
— маблаѓгузории давлатии соҳаи фаъолияти китобдориро таъмин мекунад;
— дигар ваколатҳоро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
  — таъсис ва маблаѓгузории муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр намудан, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи фаъолияти китобдориро ба роҳ мемонад;
— стандартҳои давлатии китобдориро муайян ва ташкили низоми таъминоти иттилоотии фаъолияти китобдориро таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 22.07.13, №1008), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
 
Моддаи 151. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ:
— барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдориро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
— нигаҳдории фонди мавҷудаи китобхонаҳоро назорат ва ба ѓанитар шудани он мусоидат мекунад;
— ба таҳқиқоти илмӣ ва таъминоти методии фаъолияти китобдорӣ мусоидат менамояд;
— баҳисобгирии давлатии омории китобхонаҳоро амалӣ мегардонад;
— ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти китобхонаҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, ба роҳ мемонад;
— бақайдгирӣ ва назорати риояи низоми нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди китобхонаҳоеро, ки ҳамчун мероси таърихию фарҳангӣ эътироф шудаанд, анҷом медиҳад;
— тайёр кардан, бозомўзӣ, такмили ихтисос ва бо кор таъмин намудани кормандони соҳаи фаъолияти китобдориро амалӣ месозад;
— дигар ваколатҳоро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, ки тибқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд, амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
 
Моддаи 152. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи китобдорӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи китобдорӣ:
— фаъолияти китобдориро дар ҳудуди шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳот ба роҳ мемонанд;
— ҳамоҳангсозии робитаҳои байниминтақавӣ ва байниидоравии хизматрасонии иттилоотию китобдорӣ, аз ҷумла, иттилоотонии ҷомеаро ташкил менамоянд;
— ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дастрасии китобхонаҳо ва хизматрасонии китобдорӣ таъмин менамоянд;
— маблаѓгузории саривақтии китобхонаҳоро барои таҳкими базаи моддию техникии онҳо, харидории адабиёти нав ва дигар маводҳои иттилоотӣ анҷом медиҳанд;
— дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ амалӣ мегардонанд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд тавассути дастгирии моддӣ китобхонаҳои ѓайридавлатиро, ки ба аҳолӣ ройгон хизмат мерасонанд, ҳавасманд намоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
  
 
БОБИ 5.
ШАРОИТҲОИ МАХСУСИ ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ
МЕРОСИ МИЛЛӣ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӣ
 
Моддаи 16. Фондҳои китобхонаҳо ҳамчун объекти мероси миллӣ
Фондҳои китобхонаҳо, ки дар асоси тартиби нусхаи ҳатмии ҳуxxатҳо таъмин карда шуда, инчунин нигоҳдорандаи ҳуxxатҳои махсусан арзишнок ва нодир мебошанд, мероси миллӣ ҳисобида мешаванд ва мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон метавонанд ҳамчун объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ эълон карда шаванд.
Фонди китобхонаҳое, ки ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тааллуқ дорад, таҳти низоми махсуси ҳифзу нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ қарор дошта, ба хориҷи кишвар баровардан, нусхабардорӣ, чопи электронӣ ва интиқоли матни онҳо тавассути шабакаҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
Дар ҳолате, ки агар китобхона барои ҳифзу дастраси умум гардонидани фонди ба объектҳои таърихию фарҳангӣ тааллуқдошта шароитҳои заруриро фароҳам оварда натавонад, фонд аз таркиби он хориx карда шуда, бо  қарори молики он ва пешниҳодоти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ба таркиби китобхонаи дигар дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №479). (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
Китобҳои нодир бахши махсусан пурарзиши фонди китобхона буда, ба китобҳои ягонаи нодир ва коллексияҳои китобҳои нодир, ки маҷмўи ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб мераванд, тақсим мешавад. (ҚҶТ аз 22.07.13, №1008)
 
Моддаи 17. Китобхона ҳамчун ҷузъи мероси таърихию фарҳангӣ
Фонди китобхонаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дониста шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ нигаҳдорӣ ва ҳимоя карда мешаванд.
Китобхонаҳое, ки мақоми онҳо тибқи қисми якуми моддаи мазкур муайян шудааст, ҳуқуқ доранд пайваста ва ба таври ройгон ду нусхаи ҳатмии маводҳои чопии дар ҳудуди мамлакат ва берун аз он нашршудаи ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, новобаста аз шакли моликияташон, дастрас намоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
   
Моддаи 18. Китобхонаи миллии Xумҳурии Тоxикистон
Китобхонаи миллии Xумҳурии Тоxикистон объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангии халқҳои Xумҳурии Тоxикистон ба ҳисоб рафта, таҳти низоми махсуси ҳифзу истифодабарӣ қарор дорад.
Китобхонаи миллии Xумҳурии Тоxикистон муассисаи давлатии фарҳангӣ, нигоҳдорандаи миллии ҳуxxатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази аҳамияти xумҳуриявидоштаи илмию тадқиқотӣ, илмию иттилоотӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки аз лиҳози вазифаҳои ба зимма доштааш ба талаботи асосии ЮНЕСКО барои ҳамин шакли китобхонаҳо мутобиқат менамояд.
Вазифаҳои асосии Китобхонаи миллии Xумҳурии Тоxикистон аз инҳо иборат мебошад: (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
— ташкил, ҳифз, коркарди илмӣ, феҳристнигорӣ ва таъмини нигоҳдории воқеии Маҷмeаи нисбатан пурраи ҳуxxатҳои ватанӣ ва хориxие, ки аҳамияти илмӣ доранд;
— ташкил ва таъмини фонди китобхонаҳо бо ҳуҷҷатҳо ва нашрияҳое, ки бо забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон чоп шудаанд ва ё новобаста ба ҷои чопашон оид ба Тоҷикистон мебошанд;
— иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдорӣ
— анxом додани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ, фаъолияти иттилоотӣ ва дигар илмҳои вобаста ба он;
— идораи умумӣ ва батанзимдарории фаъолияти китобхонаҳо бо мақсади таъмини назорат доир ба амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ;
— ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти ҳама намудҳои китобхонаҳо дар Xумҳурии Тоxикистон; (ҚҶТ аз 31.12.08с, №479).
— ташаккул ва созмондиҳии ҳуқуқи истифодаи бонкҳои иттилоотӣ ва ширкат дар ташкили шабакаҳои иттилоотию китобдории компютерӣ;
— хизматрасонии китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотии истифодабарандагони китобхона;
— ба роҳ мондани фаъолияти таҳририю интишорӣ ва иттилоотию рекламавӣ;
— ҳамкорӣ бо китобхонаҳои кишварҳои хориxӣ ва ассотсиатсияҳои китобдорию иттилоотӣ;
 харид, xамъоварӣ, ҳифз ва тадқиқоти мероси хаттӣ;
— иштирок дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;
ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ бо тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ;— ташкили маркази татбиқи технологияи нави китобдорӣ бо мақсади тайёр намудан, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандон;
— ташкили китобхонаи электронӣ;
— таъмини дастрасии китобхонаи электронӣ барои истифодабарандагон ва дигар китобхонаҳо;
— таъмини бехатарии техникӣ, амнияти истифода ва хизматрасонии китобхонаи электронӣ.
 Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи муздноки китобхонаи электрониро ба роҳ монда, маблаѓи бадастомадаро барои такмили низоми электронии ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳои он истифода барад; (ҚҶТ аз 22.07.13, №1008)
— иҷрои вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1571)
БОБИ 6.
ТАШКИЛИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАИ КИТОБХОНАҲО
 
Моддаи 19. Китобхонаҳои марказӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо метавонанд ба китобхонаи умумии пешбар мақоми китобхонаи марказиро диҳанд. Вазифаи китобхонаи марказиро инҳо амалӣ менамоянд:
— дар вилоят – китобхонаи марказии вилоятӣ;
— дар шаҳр – китобхонаи марказии шаҳрӣ;
— дар ноҳия – китобхонаи марказии ноҳиявӣ. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
 Китобхонаи марказӣ вазифадор аст, ки дар ҳудуди барои хизматрасонӣ фарогирифтаи худ Маҷмeи нисбатан умумии ҳуxxатҳоро ташкил намояд, ҳифз намояд ва ба истифодабарандаи китобхона пешниҳод намояд, истифодаи муштараки захираи китобхонаро созмон диҳад ва ба китобхонаҳо ёрии методӣ расонад.
Тибқи тартиби муқарраргардида  вазифаҳои китобхонаҳои марказиро байни якчанд китобхонаҳо тақсим кардан имконпазир аст. Дар ин ҳолат хароxоти онҳо вобаста ба ҳаxми фаъолияташон аз ҳисоби буxети маҳаллӣ маблаuгузорӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
 
Моддаи 20. Ҳамкории мутақобилаи китобхонаҳо бо мақомоти иттилоотии илмию техникӣ ва бойгониҳо
Бо мақсади таъмини истифодаи самарабахши захираҳои иттилоотии давлатӣ, китобхонаҳо бо мақомоти иттилоотии илмию техникӣ, бойгониҳо, дигар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки маркази иттилоотии маълумоти дараxаҳои гуногун доранд, ҳамкорӣ менамоянд.
Тартиби ҳамкории мутақобила тибқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ва инчунин шартномаҳои миёни ин муассисаҳою ташкилотҳо басташуда муайян карда мешавад.
 
БОБИ 7.
ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӣ ДАР СОҲАИ  ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӣ
 
Моддаи 21. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии китобхонаҳо
Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии китобхонаҳо тибқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 22. Молу мулки китобхонаҳо
Китобхонаҳо дар асоси ҳуқуқи идораи оперативӣ дорои молу мулки ба онҳо вобаста кардашуда мебошанд, ки аз онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №679).
Китобхонахои давлатӣ ва дигар китобхонаҳои дастраси умум барои беҳтар намудани хизматрасонии китобдорӣ ба аҳолӣ ҳуқуқи ройгон истифодабарии қитъаҳои замин ва биноҳои истеҳсолиро доранд.
Тартиби истифодабарии воситаҳои молиявии китобхона тибқи оинномаи он танзим карда мешавад.
 
БОБИ 8.
ҲИФЗИ ИXТИМОИИ КОРМАНДОНИ КИТОБХОНА
 
Моддаи 23. Ҳифзи иxтимоии кормандони китобхонаҳо
Ҳифзи иxтимоии кормандони китобхонаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон таъмин карда мешавад.
 
БОБИ 9.
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ
 
Моддаи 24. Ҳуқуқ барои ҳамкориҳои байналмилалӣ
Китобхонаҳои Xумҳурии Тоxикистон мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти китобдорӣ, библиографӣ, иттилоотонӣ ширкат варзида, оид ба масъалаҳои марбут ба китобхонаҳо дар xаласа ва конференсияҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Китобхонаҳои Xумҳурии Тоxикистон ҳуқуқ доранд ба таркиби созмонҳои фарҳангии байналмилалӣ шомил гардида, дар татбиқи барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дигар барномаҳо ширкат намоянд.
 
Моддаи 25. Ҳуқуқи аз фондҳои китобхонаҳо ба хориxи Xумҳурии Тоxикистон баровардани ҳуxxатҳо
Баровардани ҳуxxатҳо аз фондҳои китобхонаҳои Xумҳурии Тоxикистон ба хориxи кишвар мутобиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба танзим дароварда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №479).
 
БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
   Моддаи 251.  Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
   Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №479).
 
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Xумҳурии Тоxикистон                                       Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,  1 августи соли 2003,
 №32

Илова кунед