Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи почта

01 Август 2003, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.462; соли 2004, №5, мод. 341; соли 2007, №7, мод. 684; соли 2014,№7 қ.2,мод.412;мод.413; соли 2016,№11,мод.886)
 
 
Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 4 июни соли 2003
Маҷлиси миллӣ xонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолиятро дар соҳаи ташкил, амал ва инкишофи алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, ваколати мақомоти идораи давлатӣ ва танзими фаъолияти мазкур, инчунин ҳуқуқ ва eҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ин фаъолият иштирок менамоянд ё аз хизмати алоқаи почта истифода мебаранд, муайян менамояд.
 
Боби 1.
Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 1. Таъиноти алоқаи почта
Алоқаи почта қисми xудонашавандаи инфраструктураи иқтисодӣ ва иxтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун комплекси ба ҳам пайванди истеҳсолию хоxагӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёxот ва талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ, ки ба хизмати алоқаи почта пешбинӣ шудааст, амал менамояд.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
алоқаи почта — намуди алоқае, ки аз комплекси ягонаи истеҳсолию технологии воситаҳои техникӣ ва нақлиётӣ иборат буда, қабул, коркард, кашонидан, бурда расонидан (супоридани) муросилоти почта, инчунин таҳвили маблаuҳои пулиро ба воситаи почта таъмин менамояд;
ҳудуди ягонаи алоқаи почта — ҳудуде, ки дар он меъёрҳо ва қоидаҳои ягона дар соҳаи алоқаи почта амал карда, комплекси рақамгузории иншоотҳои алоқаи почтаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ягонаи ба расмият даровардан, қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидани (супурдани) ҳама намудҳои муросилоти почтаро муқаррар менамояд;
алоқаи байналмилалии почта — мубодилаи муросилоти почта дар байни ташкилотҳои алоқаи почта, ки дар доираи ҳуқуқии давлатҳои гуногун қарор доранд;
хизмати алоқаи почта — амал ё фаъолият оид ба расмият даровардан, қабул, коркард, кашонидан, бурда расонидани (супоридани) муросилоти почта, инчунин ба амал баровардани таҳвили маблаuҳои пулӣ ба воситаи почта;
хизмати универсалии алоқаи почта — Маҷмeи хизмати алоқаи почта, ки барои қонеъ гардонидани истифодабарандагони алоқаи почта xиҳати табодулоти муросилоти почта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо нархи дастрас;
хизмати uайрианъанавӣ — Маҷмeи хизмате, ки операторони алоқаи почта ба истифодабарандагон дар асоси шартнома пешниҳод менамоянд;
таҳвили маблаuҳои пулӣ бо почта — хизмати ташкилотҳои алоқаи почтаи давлатӣ оид ба расмият даровардан, қабул, кашонидан (таҳвил), бурда расонидани (супурдани) маблаuҳои пулӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи почта;
оператори миллии алоқаи почта — шахси ҳуқуқие, ки дар асоси иҷозатнома хизмати алоқаи почтаро ҳамчун намуди асосии фаъолият, аз Ҷумла хизмати универсалии алоқаи почтаро  ба амал мебарорад;
операторони алоқаи почта — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҳама гуна шаклҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, ки дар асоси иҷозатнома хизмати алоқаи почтаро пешниҳод мекунанд;
воситаҳои алоқаи почта — биноҳо, иншоотҳо, манзилҳои uайриистиқоматӣ, таxҳизотҳо ва нақлиёти алоқа, ашёи номӣ, мошинҳои тамuазанӣ, лифофаҳои почта, кортҳои почта ва зарфҳои почта, ки барои хизмати алоқаи почта истифода мешаванд;
иншооти алоқаи почта — қисмҳои xудокардашудаи ташкилоти алоқаи почта, почтамтҳо, почтамтҳои назди роҳи оҳан, шeъбаҳои боркашонии истгоҳҳои назди роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо, узелҳои алоқаи почта, инчунин сохторҳои таркибии онҳо (шeъбаҳои алоқаи почта, нуқтаҳои алоқаи почта ва дигарҳо);
ташкилоти алоқаи почта — шахси ҳуқуқии ҳамагуна шаклҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, ки дар асоси иҷозатнома хизмати алоқаи почтаро ба сифати намуди асосии фаъолият пешниҳод мекунад; (ҚҶТ аз 14.11.16с.№1370)
ташкилотҳои давлатии алоқаи почта — ташкилотҳои давлатӣ, почтамтҳо, узелҳои алоқа ва сохторҳои таркибии онҳо, ки ба xараёни ягонаи истеҳсоливу технологӣ xиҳати расонидани хизмати алоқаи почта ба кор андохта шудаанд ва дар базаи моликияти давлатӣ ташкил ёфтаанд;
шабакаи алоқаи почта — Маҷмeи иншоотҳо, аз Ҷумла, маршрутҳои ҳаракати почта, ки хизмати алоқаи почтаро ба xо меоранд;
муросилоти хаттӣ — мактубҳо (оддӣ, фармоишӣ бо эълони нарх), кортҳои почта (оддӣ, фармоишӣ), секограммаҳо (муросилоти почта, ки танҳо барои нобиноҳо пешбинӣ мешавад), бастаҳои коuазӣ (оддӣ, фармоишӣ бо эълони нарх) ва покетҳои хурд;
суроuаи почта — xое, ки барои истифодабарандагони хизмати оператори алоқаи почта барои расонидани (супоридани) муросилоти почта ва таҳвилоти почта муайян кардаанд;
индекси почта — аломатҳои шартии рақамии суроuаи почта, ки ба иншооти алоқаи почта дода мешавад;
ашёи номӣ — штамп барои дар ҳуxxатҳо ва муросилоти почта гузоштани нақше, ки дар он номи иншооти алоқаи почта, санаи қабул ва бурда расонидани муросилоти почта ё маълумоти дигар зикр шудааст;
аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта — маркаҳои почта, ки ба муросилоти почта гузошта мешаванд ва пардохта шудани хизмати алоқаи почтаро тасдиқ менамоянд, блокҳо, лифофаҳои маркадор, кортҳои почта;
мошини тамuазананда — мошине, ки барои дар муросилоти хаттӣ гузоштани аломати давлатии маркаи почта пешбинӣ гардида, пардохти хизмати алоқаи почта, санаи қабули муросилоти мазкур ва дигар маълумотро тасдиқ мекунад;
қуттии почтаи абонентӣ — қуттии махсуси қулфкардашаванда, ки барои аз тарафи муштарӣ гирифтани муросилоти почта пешбинӣ карда шудааст;
сандуқи почтаи абонентӣ — сандуқи махсус бо қуттичаҳои қулфкардашаванда, ки дар биноҳои истиқоматӣ, инчунин дар участкаҳои бурдарасонӣ барои аз тарафи абонентҳо гирифтани муросилоти почта гузошта мешавад;
қуттии почта — қуттии махсуси қулфкардашаванда, ки барои xамъ кардани мактубҳои оддӣ ва кортҳои почта пешбинӣ шудааст;
муросилоти почта — муросилоти хаттии ирсолшаванда, муросилаҳо (оддӣ, фармоишӣ, бо эълони арзиш), таҳвилоти пулӣ ба воситаи почта;
хаткашон — корманди xудокардашудаи алоқаи почта, ки муросилоти почта ва нашрияи давриро ба ташкилотҳо, муассисаҳо ва хонаҳо бурда мерасонад;
истифодабарандагони хизмати алоқаи почта — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз хизмати алоқаи почта истифода мебаранд;
транзити муросилоти почта — ҳаракати муросилоти байналмилалии почта ба дигар давлатҳо ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи алоқаи почта
Фаъолият дар соҳаи алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
— риояи қонуният;
— дастрас будани хизмати алоқаи почта ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
— расонидани хизмати универсалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизмати алоқаи почта;
— озодии транзити муросилоти почта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳамкориҳои алоқаи почтаи Ҷумҳурӣ бо корхонаҳои байналмилалии алоқаи почта;
— мусоидати самаранок ва рақобати одилона дар бозори алоқаи почта ба манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
— муҳайё кардани шароити мусоид барои xалби сармоягузории дохилӣ ва хориxӣ дар соҳаи алоқаи почта;
— таъмини ҳуқуқи ҳар кас ба махфияти ахбороти почта;
— таъмини устуворӣ ва идорашавандагии шабакаи алоқаи почта;
— таъмини қоидаҳо, стандартҳо, талабот ва меъёрҳои ягонаи алоқаи почта;
— дастрас будани воситаҳои алоқаи почта ҳангоми иxрои вазифаҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ, таъмини мудофиа ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои фавқулодда.
 
Боби 2.
Идоракунии давлатӣ, назорат   ТАНЗИМ ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲӣ  дар соҲаи алоқаи почта
 
Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи почта
Идоракунии давлатии фаъолиятро дар соҳаи алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта ба амал мебароранд.
 
Моддаи 6. Салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта аз инҳо иборатанд:
— муайян ва xорӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи почта;
— тасдиқи барномаи инкишофи алоқаи почта ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои сармоягузорӣ;
— коркард ва ба амал баровардани барномаҳои зиддиинҳисорӣ ва хусусигардонӣ дар соҳаи алоқаи почта;
— тасдиқи номгeи мавод ва ашёҳое, ки бо муросилоти почта фиристодани онҳо манъ карда шудааст;
— тасдиқи номгeи хизмати универсалии алоқаи почта;
— дигар ваколатҳое, ки аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
 
Моддаи 7. Ваколатҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта ваколатҳои асосии зеринро иxро менамояд:
— таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи алоқаи почта мутобиқи принсипҳое, ки дар Қонуни мазкур баён шудаанд;
— татбиқи ҳамин сиёсат бо мақсади бо хизмати алоқаи почта васеъ фаро гирифани фаъолияте, ки ба тараққиёти иқтисодӣ ва иxтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст;
— таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои мувофиқи тартиби муқарраршуда ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи алоқаи почта;
— фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сармоягузории хориxӣ ва дохилӣ ба соҳаи алоқаи почта, муҳайё кардани муҳити рақобат дар байни операторон бо мақсади таъмини дастрас будани намудҳои нисбатан нави хизмати алоқаи почта ба истифодабарандагон;
— бурдани гуфтушунидҳо доир ба масъалаҳои алоқаи почта ва бастани шартномаҳои дахлдор бо дигар давлатҳо мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
— ба сифати маъмурияти ягонаи алоқаи почта дар доираи корхонаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи алоқаи почта;
— тайёр кардани рақамгузории иншоотҳои алоқаи почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— муайян кардани намунаҳо, номиналҳо, адади нашр, намудҳои лифофаҳои тамuадори почта ва мeҳлати амали маркаҳои почтаи давлатӣ;
— иxрои дигар вазифаҳое, ки ба алоқаи почта тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудаанд.
 
Моддаи 8. Мақоми танзим дар соҳаи алоқаи почта
Танзими фаъолият дар соҳаи алоқаи почта аз тарафи мақоми  ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба танзими алоқа ба амал бароварда мешавад.
Вазъ ва сохтори ташкилии мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими алоқа аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори танзими алоқа
Мақоми ваколатдори танзими алоқа дар доираи салоҳиятҳои худ вазифаҳои зеринро ба амал мебарорад:
— додани иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи почта;
— якxоя бо мақоми давлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ андешидани чораҳо барои пешгирӣ кардани фаъолияте, ки ба рақобат дар соҳаи алоқаи почта нигаронида шудааст;
— танзими тарифҳо ва сифати хизмати алоқаи почта мутобиқи талаботи Қонуни мазкур;
— тасдиқи тарифҳо ба хизмати операторони алоқаи почта барои хизмати алоқаи почта, ки дар бозор бартарӣ доранд;
— назорати риояи талаботи стандартҳо, қоидаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷрои шарту талаботи 
иҷозатномаи додашуда (ҚҶТ аз 14.11.16с.№1370)
— назорати риояи рақамгузории иншоотҳои алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— муқаррар намудани тартиби аниқи танзим ва ҳалли ихтилофҳое, ки байни операторони алоқаи почта, инчунин байни операторони алоқаи почта ва истифодабарандагони хизмати алоқаи почта пайдо мешаванд.
Қарорҳои мақоми ваколатдор барои ҳамаи субъектҳои алоқаи почтаи танзимшаванда, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳатмӣ мебошанд.
 
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи
алоқаи почта 
 Мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
— ба ташкилотҳои алоқаи почта барои дар ҳудуди худ xой додани иншоотҳои алоқаи почта мусоидат менамоянд, дархостҳои ин ташкилотҳоро дар хусуси барои почта xудо кардани хонаҳо ё мавриди сохтани биноҳо xудо кардани xой барои шeъбаҳои алоқаи почта дар онҳо ба инобат мегиранд ва дигар масъалаҳои xойгиркунонии иншоотҳои алоқаи почтаро баррасӣ менамоянд;
— ба таxҳизонидани иншоотҳои алоқаи почта бо воситаҳои механиконӣ, автоматикунонӣ ва иттилоотонӣ, ки барои фаъолияти пурсамар ва вусъат бахшидан ба хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ заруранд, мусоидат менамоянд;
— тартиби кори иншоотҳои алоқаи почта ва хизматрасонӣ ба муштариёни хизмати алоқаи почтаро бо назардошти хусусиятҳои кори иншоотҳои мазкур ҳамоҳанг месозанд;
— ба ташкил ва дастгирии кори мустақими маршрутҳои маҳаллии почта мусоидат мекунанд, ба операторони алоқаи почта барои расонидани муросилоти почта ба маҳалҳои душворгузари аҳолинишин дар мeҳлатҳои муқарраршудаи назоратӣ бурда расонидани онҳо ёрӣ мерасонанд;
— ба ташкилотҳои алоқаи почта дар таъмини нигаҳдории муросилоти почта ва маблаuҳои пулие, ки бо маршрутҳои почта кашонида ва расонида мешаванд, мусоидат мекунанд;
— ба ташкилотҳои алоқаи почта барои xойгиркунонии қуттиҳои почта дар ҳудуди худ, таъмини нигаҳдории ташкилотҳое, ки аз хонаҳои истиқоматӣ истифода мебаранд, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани қуттиҳои почтаи абонентӣ ва сандуқҳои почтаи абонентӣ ёрӣ мерасонанд.
   Мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд ба мақоми давлатӣ дар бораи инкишофи шабакаи алоқаи почта дар ҳудуди худ таклифу дархостҳо пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 11.  Иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқаи почта тибқи талаботи
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба 
баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.
(ҚҶТ аз 14.11.16с.№1370)
 
Боби 3.
Фаъолият дар соҲаи алоқаи почта
 
Моддаи 12. Намудҳои алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини алоқаи почта амал мекунанд:
— алоқаи почтаи истифодаи умумӣ, ки аз тарафи ташкилтҳои давлатии алоқаи почта, инчунин дигар операторони алоқаи почта  ба амал бароварда мешавад;
— алоқаи махсус- қабул ва бурда расонидани муросилоти махсус, махфӣ, ки дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурҳои махсус;
— алоқаи давлатии фелдегерӣ, ки онро xузъҳои хизмати давлатии фелдъегерӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи фелдъегерӣ” ба амал мебароранд.
 
Моддаи 13. ҳуқуқҳои операторони хизмати алоқаи почта
Операторони алоқаи почта ҳуқуқ доранд:
— доир ба қабули обуна, паҳн намудани матбуоти даврӣ, додани нафақа ва ёрдампулиҳо, қабули пардохт барои хизмати коммуналӣ ва дигар хизмате, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, хизмати иловагӣ пешниҳод намоянд;
— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бонки uайридавлатӣ таъсис диҳанд;
— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ бо мақсади истифодаи самараноки ташкилотҳои алоқаи почта оид ба расонидани хизмати алоқаи почта шароитҳои зарурӣ фароҳам оваранд;
— нисбат ба амали uайриқонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд.
 
Моддаи 14. Eҳдадориҳои операторони хизмати алоқаи почта
Операторони алоқаи почта eҳдадоранд:
— ба истифодабарандагони хизмати алоқаи почта хизмат расонанд;
— дар асоси  иҷозатнома ва қоидаҳои тасдиқгардидаи почта оид ба расонидани хизмати алоқаи почта фаъолият намоянд;
— мувофиқи стандартҳои муқарраргардида, қоидаҳо ва меъёрҳои мавxуда сифати хизматрасониро таъмин намоянд;
— махфияти мукотибаро нигаҳ доранд;
— ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм дар бораи аҳд ва амалиёти шубҳанок хабар диҳанд. Чунин амал фошкунии махфияти мукотиба ҳисоб намеёбад;
— нигаҳдории муросилоти почтаро таъмин намоянд;
— ба истифодабарандагон дар бораи шартҳо ва тартиби расонидани хизмати алоқаи почта, аз Ҷумла дар бораи таuйирот дар тарифҳо барои хизмати алоқаи почта сари вақт маълумоти муфассал диҳанд;
— товони зарарро барои иxро накардан ё мувофиқи табъ иxро накардани хизмати алоқаи почта, инчунин барои нарасонидан ё бо сифати uайри қобили қабул расонидани хизмат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардозанд.
Операторони алоқаи почта мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди истифодабарандагони хизмати алоқаи почта xавобгарии моддӣ низ дошта метавонанд.
 
Моддаи 15. ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизмати алоқаи почта
Истифодабарандагони хизмати алоқаи почта ҳуқуқ доранд:
— ба дастрасии хизмати алоқаи почтаи истифодаи умумӣ;
— ба хизмати саривақтӣ ва хушсифати операторон мутобиқи қоидаҳои тасдиқшудаи алоқаи почта;
— ба гирифтани муросилоти почта бо суроuаи истиқоматии худ ба воситаи қуттиҳои почтаи абонентӣ дар даҳлезҳои бинои истиқоматӣ, бо нишонии xои кор ё дархостӣ;
— даст кашидан аз хизмати алоқаи почта мутобиқи қоидаҳои тасдиқшудаи алоқаи почта;
— ба гирифтани товони зарар, xуброни зиёни маънавӣ дар натиxаи нарасонидан ё бо сифати номувофиқ расонидани хизмати алоқаи почта;
— ба мақомоти давлатӣ ё суд муроxиат кардан дар сурати вайрон кардани ҳуқуқи онҳо.
Истифодабарандагони хизмати алоқаи почта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳоро низ дошта метавонанд.
 
Моддаи 16. Eҳдадориҳои истифодабарандагони хизмати алоқаи почта
Истифодабарандагони хизмати алоқаи почта eҳдадоранд:
— қоидаҳои тасдиқшудаи истифода аз хизмати алоқаи почтаро риоя намоянд;
— ҳаққи хизмати алоқаи почтаро сари вақт пардозанд;
— ба амале, ки ба паст шудани сифати кори алоқаи почта оварда мерасонад, ба дигар истифодабарандагони хизмати алоқаи почта ё ба коркуноне, ки бо коркарди муросилоти почта, ки бар асари ба муросилоти почта андохтани ашё ва маводи барои фиристонидан манъбуда ё ба сабаби риоя накардани қоидаи борбандӣ зиён меоварад, даст назананд;
— қуттиҳои абонентиро дар ҳолати корӣ нигоҳ доранд, дар сурати корношоямии онҳо муросилоти почтаро, ки ба суроuаи онҳо расидааст, аз ташкилотҳои алоқаи почта гиранд.
Истифодабарандагони хизмати алоқаи почта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар eҳдадориҳоро низ дошта метавонанд.
 
Моддаи 17. Тарифҳои хизмати алоқаи почта
Тарифҳо барои хизмати алоқаи почта, ба истиснои хизмат аз рeи шартнома аз тарафи мақоми давлатӣ бо мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ тавассути муайян кардани тарифҳо ё ҳадди охирини онҳо мувофиқи тартиби xорӣ ва дар асоси принсипҳои зерин ба кор андохта мешаванд:
— тарифҳои хизмати алоқаи почта, ба истиснои хизмати универсалӣ, бояд ба арзиши аслии онҳо наздик бошанд ва ба ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ ба хотири рушди рақобат мусоидат намоянд;
— тарифҳо бояд бо нархҳои асосии байналмилалӣ бо назардошти то ҳадди ниҳоӣ қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони Ҷумҳурӣ ба хизмати алоқаи почта мувофиқ бошанд;
— тарифҳо набояд ба рақобати боинсофонаи дигар таҳвилкунандагони хизмати алоқаи почта дар бозори хизмати алоқаи почта таъсири манфӣ расонанд;
— мавриди муайян кардани тарифҳо бояд таъинот ва тавсияҳои Иттиҳоди умумиxаҳонии почта, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви он мебошад, ба назар гирифта шаванд.
Тарифҳо барои хизмат аз рeи шартнома ва дигар хизмате, ки характери uайрианъанавӣ дорад, аз тарафи ташкилотҳо ва операторони алоқаи почта дар асоси шартнома муқаррар карда мешаванд.
 
Моддаи 18. Махфияти мукотиба
Махфияти мукотиба, дигар муросилоти ба воситаи шабакаи алоқаи почта фиристодашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.
Ташкилотҳои алоқаи почта мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳуқуқ доранд аз муросилоти почта мутобиқи номгeи ашё барои ирсол бо муросилоти почта ашёҳои барои таҳвил манъшударо гиранд.
Ташкилотҳои алоқаи почта ҳуқуқ доранд дар сурати номумкин будани бурда расонидани муросилот ё ба суроuаи дигар равон кардани онҳо бо сабаби набудани нишонии фиристанда ва муштарӣ онҳоро кушоянд.
Тартиби кушодани муросилоти почта, инчунин аз он берун баровардани андeхтаҳои барои таҳвил манъбуда ва муросилоти почтае, ки муштарии худро наёфтаанд, аз тарафи мақоми давлатӣ дар соҳаи алоқаи почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ташкилотҳои алоқаи почта ўҳдадоранд дар бораи иҷрои аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кўшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм хабар диҳанд.
Фош намудани маълумот аз ҷониби ташкилотҳои алоқаи почта риоя нашудани талаботи махфияти мукотиба ва дигар муросилоти ба воситаи шабакаи алоқаи почта фиристодашуда ҳисоб намеёбад. (ҚҶТ 26.07.14,№1115)
 
Моддаи 19. Идоракунии шабакаи алоқаи почта дар ҳолатҳои фавқулодда
Дар ҳолатҳои фавқулодда идоракунии шабакаи алоқаи почтаро  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳо, идораҳо ва бо мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд.
Дар ҳолатҳои фавқулодда мақоми ваколатдор сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликият тавре ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ба истифодаи бартарӣ аз шабакаҳои алоқаи почта ҳуқуқ дорад.
Xуброни зараре, ки ба ҳар як оператори алоқаи почта дар ҳолатҳои фавқулодда расонида шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
 
Моддаи 20. Сифати хизмати алоқаи почта
Талаботҳои асосӣ ба сифати хизмати алоқаи почта инҳоанд:
— расонидани хизмати алоқаи почта дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқҳои баробари фароҳам овардани чунин хизмат барои ҳамаи истифодабарандагони хизмати алоқаи почта;
— аз тарафи ташкилотҳои давлатии алоқаи почта таъмин намудани фаъолияти иншоотҳои алоқаи почта мутобиқи тартибе, ки барои истифодабарандагони хизмати алоқаи почта мувофиқ аст, бо ба инобат гирифтани хусусиятҳои технологияи алоқаи почта;
— аз тарафи операторони алоқаи почта мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ таъмин намудани сифати зарурии хизматрасонии алоқаи почта;
— бо маълумоти саривақтӣ дар бораи хизмати алоқаи почта таъмин намудани истифодабарандагони хизмати алоқаи почта.
Талабот ба сифати хизмати алоқаи почтаро, ки  операторони шабакаи алоқаи почта пешниҳод мекунанд, мақоми ваколатдор ба танзими алоқа муайян менамояд.
Талабот ба сифати хизмати алоқаи почта дар асоси талаботҳои  истифодабарандагон ба шароитҳои тараққиёти техникӣ ва иxтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 21. Таъмини нигаҳдории муросилоти почта ва маблаuҳои пулӣ
Ташкилотҳо ва операторони алоқаи почта вазифадоранд амнияти муросилоти почта ва маблаuҳоеро, ки аз истифодабарандагони хизмати алоқаи почта қабул кардаанд, таъмин намоянд.
Бо мақсади таъмини нигаҳдории иншоотҳои алоқаи почта, муросилоти почта  ва маблаuҳои пулӣ операторони алоқаи почта ҳуқуқ доранд қисмҳои бехатарии почта ва посбонҳои тобеи идоравӣ ва воситаи махсуси муҳофизатро тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.
Ташкилотҳо ва операторони алоқаи почта якxоя бо идораҳои манфиатдори тобеъ амнияти иншоотҳои алоқаи почта, нақлиёти почта ва кормандони ташкилотҳои алоқаи почта, инчунин муҳофизати муросилоти почта ва маблаuҳои пулиро таъмин менамоянд, чораҳои пешгирии ҳодисаҳои гумшавӣ, тасарруфи муросилоти почта ва маблаuҳои пулиро меандешанд, риояи маҳдудиятҳоро дар мавриди таҳвили мавод ва ашёҳои манъкардашударо ба воситаи шабакаи алоқаи почта зери назорат мегиранд.
 
Моддаи 22. Хизмати универсалии алоқаи почта
Хизмати универсалии алоқаи почта аз тарафи оператори миллӣ дар шакли ирсоли мактубҳо, кортҳои почта, бандеролҳо ва покетҳои хурд бо нархи арзони пасттар аз арзиши аслӣ пешниҳод карда мешавад.
Хизмати универсалии алоқаи почта бо нархи пасттар аз арзиши аслии он, ки бо мақоми давлатии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кунонида шудааст, мутобиқи рeйхати пешниҳодшудаи хизмати мазкур расонида мешавад.
Операторони алоқаи почта, ки хизмати универсалии алоқаи почтаро пешниҳод менамоянд, вазифадоранд стандартҳои сифати пешниҳоднамудаи хизмати универсалии алоқаи почтаро риоя кунанд.
Тартиби пeшонидани хароxоти оператори алоқаи почтаро xиҳати расонидани хизмати алоқаи почта ба аҳолӣ, ки аз маблаuи воридот аз пардохти хизмати алоқа зиёд аст, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 23. Истифодаи забонҳо дар фаъолияти алоқаи почта
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои  алоқаи почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон коргузории хизматӣ бо забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Суроuаи фиристанда ва гирандаи муросилоти почта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва ё ба забони русӣ навишта мешавад.
Муросилоти байналмилалии почта тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва корбаст мешаванд.
 
Моддаи 24. Вақти ҳисобу ҳисобот
Мавриди ба амал баровардани фаъолияти алоқаи почта дар равандҳои технологии ташкилотҳои алоқаи почта, сарфи назар аз xойгиршавии онҳо, вақти ягонаи ҳисобу ҳисобот вақте мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Дар алоқаи байналмилалии почта вақти ҳисобу ҳисобот мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Боби 4.
Таъмини фаъолият дар соҲаи алоқаи почта
 
Моддаи 25. Xойгиркунонии иншоотҳо ва воситаҳои алоқаи почта
Ба заминҳои шабакаи ташкилотҳои алоқаи почта заминҳое мансубанд, ки барои истифода ба операторони алоқаи почта барои ба амал баровардани вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда xиҳати истифодабарӣ, нигаҳдорӣ, сохтмон, азнавсозӣ, тармими иншоотҳои шабакаи ташкилотҳои алоқаи почта пешниҳод гардидаанд.
Қитъаҳои замин барои иншоотҳои алоқаи почта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xудо карда мешаванд.
Ташкилотҳои давлатии алоқаи почта вазифадоранд иншоотҳои алоқаи почтаро мувофиқи меъёрҳои технологӣ дар назди истгоҳҳои автомобилӣ, роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо xой гиронанд.
   Мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд  ташкилотҳои давлатии алоқаи почтаро дар биноҳои истиқоматӣ ё дигар биноҳое, ки ба меъёрҳои технологӣ мувофиқанд, ройгон xойгир намоянд.
 
Моддаи 26. Истифодаи воситаҳои нақлиёт барои кашонидани муросилоти почта ва воситаҳои пулӣ
Ба ташкилотҳои алоқаи почта ҳуқуқ дода мешавад, ки дар асоси шартнома муросилоти почта ва воситаҳои пулиро бо ҳамаи маршрутҳо ва роҳҳои автомобилӣ, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ҳамроҳи коркунони ташкилотҳои алоқаи почта кашонанд ё муросилоти почтаро барои кашонидан бо шарти xавобгарӣ ба ихтиёри корхонаҳои нақлиётӣ вогузоранд.
Мақомоти давлатӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мувофиқи шартнома рафтуомади поезди почтаву баuоxро ташкил мекунад, вагонҳои почтаро ба ҳайати поездҳои мусофиркашӣ мепайвандад ва қабули поездҳоро бо вагонҳои почта дар платформаҳое, ки барои боркунию борфарорӣ мувофиқанд, ба роҳ мемонад. Ба хориx кардани вагонҳои почта аз поездҳои зудгард ва мусофиркаш бе розигии ташкилотҳои алоқаи почта роҳ дода намешавад.
Нақлиёти ташкилотҳои алоқаи почта бояд нишонаҳои махсуси фарқкунандаи худро дошта бошад. Нақлиёти алоқаи почта ба сифати нишони фарқкунанда дар партави ранги кабуд рахи сафеди диагоналӣ бо аломати ташкилот навиштаxоти “Почта” дошта бошад ва оператори миллии алоқаи почта иловагӣ, бо бонгу чароuакҳои махсуси шeълаафкан муxаҳҳаз карда шавад. Нақлиёти почта ҳуқуқ дорад бо ҳамаи кeчаҳои маҳалҳои аҳолинишин ва роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамониат ҳаракат кунад.
Нақлиёти ташкилотҳои давлатии алоқаи почта барои расонидани хизмати алоқаи почта ва иxрои корҳое, ки ба фаъолияти муқарраршудаи алоқаи почта дахл надорад, бе розигии ин ташкилотҳо xалб карда намешавад.
Рафтуомади нақлиёти почтаи ташкилотҳои давлатии алоқаи почта то иншоотҳои алоқаи почта ва комплекси боркаше, ки дар назди истгоҳҳои автомобилӣ, роҳи оҳан, фурудгоҳҳо xой гирифтаанд, барои табодули муросилоти почта, ки бо нақлиёти автомобилӣ, вагонҳои  поезд, киштиҳои ҳавоӣ оварда шудаанд, дар навбати аввал ройгон ба амал бароварда мешавад.
 
Моддаи 27. ҳуқуқи моликият ба воситаҳои алоқаи почта
Иншоотҳо ва воситаҳои алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатӣ ва хусусӣ буда метавонанд. Номгeи иншоотҳо ва воситаҳои алоқаи почтаро мутаалиқ ба моликияти давлатӣ танҳо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. ҳама соҳибони иншоотҳо ва воситаҳои алоқа ҳуқуқи баробар дошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
Воситаҳои алоқаи почта ва дигар моликият барои бурдани корҳои хоxагӣ ва идоракунии фаврӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри ташкилотҳои давлатии алоқаи почта дода мешаванд.
 
Моддаи 28. Маблаuгузории фаъолияти корхонаҳои давлатии алоқаи почта
Манбаъҳои маблаuгузории ташкилотҳои давлатии алоқаи почта инҳоанд:
— даромадҳое, ки аз расонидани хизмати алоқаи почта гирифта мешаванд:
— маблаuҳое, ки аз расонидани хизмат аз рeи шартномаҳо мувофиқи Қонуни мазкур, инчунин аз дигар фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба даст меоянд;
— аз ҳисоби Буxети давлатӣ барои пeшондани хароxотҳои операторони алоқаи почта оиди расонидани хизмати универсалии алоқаи почта ба аҳолӣ, ки аз маблаuи пардохти ҳамин хизмат зиёд аст.
Мақомоти ҳокимияти далатӣ дар маҳалҳо метавонанд маблаuгузории фаъолияти ташкилотҳои алоқаи почтаро амалӣ намоянд.
 
Боби 5.
Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 29. ҳамкории байналмилалӣ
Дар фаъолияти байналмилалӣ  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маъмурияти ягонаи алоқа дар фаъолияти байналмилалӣ баромад мекунад ва дар доираи салоҳияте, ки мувофиқи созишномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст, зимни ҳамкориҳо бо маъмурияти алоқаи мамлакатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалии алоқа, аз манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта  намояндагӣ мекунад  ва ҳимояи онро ба амал мебарорад, ҳамзамон ин намуди фаъолиятро, ки аз тарафи ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад, ҳамоҳанг месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Иттиҳоди умумиxаҳонии почта ба ҳудуди ягонаи почта барои табодули муросилоти почта дохил мешавад ва транзити озоди онҳоро дар қаламрави худ кафолат медиҳад.
Пардохти ҳаққи узвият барои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии алоқаи почта ҳатман аз тарафи давлат маблаuгузорӣ карда мешавад.
 
Моддаи 30. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд
 
Моддаи 301. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи алоқа» (Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, №1, мод.24), қисми VII Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дохил кардани таuйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №9, мод.117), қисми ХХIХ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани таuйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №23-24, мод.333) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 31. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад.
 
 
     Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  1 августи соли 2003
          № 39

Илова кунед