Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи варзиши кeдакон ва наврасон

01 Август 2003, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №8, мод.451; соли 2009, № 3 мод. 95; соли 2013, №7, мод., 533 )
 
Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 30 апрели соли 2003
Маҷлиси миллӣ xонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003
 
Қонуни мазкур асосҳои  ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон  муайян  менамояд. (КЧТ аз 22.07.13,№1005)
БОБИ  1
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
тарбияи xисмонии кeдакон ва наврасон — раванди  тарбия ва таълим барои омода намудани инсон ба хизмати xомеа, давлат, фаъолияти самарабахш, нигоҳдорӣ ва таълими наслҳои нав  бо мақсади таъмини саломатии кeдакону наврасон ва такмили доимии тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, ақлонӣ ва эстетикии шахс, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад;
— варзиши кўдакон ва наврасон –бахши таркибии тарбияи ҷисмонӣ, ки таърихан ҳамчун фаъолияти мусобиқавӣ ва таҷрибаи махсуси омодагии варзишгарони ҷавон ба мусобиқаҳои варзишӣ шакл гирифтааст;
-раванди таълим ва машқ – машѓулиятҳои таълимӣ ва машқдиҳӣ, ки барои омўзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва омодагии варзишгарон ҷиҳати ширкати онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ ба роҳ монда мешаванд;
-варзишгари наврас – шахси то синни 18, ки ба таври доимӣ ба варзиш машѓул буда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекунад;
— муассисаҳои таълимии равияи варзишӣ –муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ё касбӣ, ки равияи асосии фаъолияти онҳо омода кардани варзишгарон, мураббиён ва дигар мутахассисони варзиши касбӣ ва ѓайрикасбӣ мебошад;
— муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии варзишӣ – мактабҳои варзишии кўдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кўдакон ва наврасон, клубҳои варзишии кўдакон ва наврасон, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон, варзишгоҳҳои кўдакона, муассисаҳои солимгардонӣ, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ; (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
-иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ –клубҳои варзишӣ, коллективҳои тарбияи ҷисмонӣ, сексияҳои варзишию туристӣ ва варзишию солимгардонӣ; (ҚҶТ аз 26.03.09, №502
системаи тарбияи xисмонӣ — Маҷмeи раванди  таълимию машқдиҳӣ аз рeи барномаҳо ва стандартҳои давлатии таълимии сатҳу самтҳои гуногун, шабакаи муассисаҳои амаликунанда новобаста ба шаклҳои ташкилию  ҳуқуқии онҳо.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи варзиши кeдакон ва наврасон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи варзиши кeдакон ва наврасон ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Низоми тарбияи xисмонӣ барои кeдакон ва наврасон
Низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳои варзишии кўдакон ва наврасонро дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, маҳалли зист, инчунин иштироки кўдакон ва наврасонро дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ  пешбинӣ менамояд. (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
Дар низоми тарбияи ҷисмонӣ метавонанд мактабҳои варзишии  кўдакон ва наврасон, клубҳои варзишии кўдакон ва наврасон, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, муассисаҳои таълимии тайёр кардани мутахассисони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои варзишию тиббӣ, бюроҳои конструкторӣ, корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва либоси варзишӣ, сохтмонҳои варзишӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки ҳадафи онҳо тарбияи ҷисмонии кўдакон ва наврасон мебошад, таъсис дода шаванд.
Низоми тарбияи ҷисмонӣ таълими ҳатмии тарбияи ҷисмониро дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, ки барои пайдо кардани малака ҷиҳати таҳкими саломатӣ, тақвияти инкишофи ҷисмонӣ, ҳамчунин такмил додан ва боло бурдани сатҳи варзиши кўдакон ва наврасон зарур аст, дар бар мегирад.
Кўдакони дорои камбуди ҷисмонӣ ва ё кўдаконе, ки бо сабабҳои гуногун мушкилоти муайяни ҷисмонӣ эҳсос мекунанд, дар муассисаҳои таълимӣ ва ё дар муассисаҳои махсуси маъюбон ба таълим ҷалб карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)
Муассисаҳои варзишии кeдакон ва наврасон давлатӣ ва uайридавлатӣ  шуда метавонанд.
 
Боби 2. Ташкили тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои кўдакон ва наврасон (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)
 
Моддаи 31. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон.
 
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии муайян ва ҳалли вазифаҳои дорои аҳамияти давлатӣ ва умумибашарӣ равона гардида, он ба воситаи   қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордодҳои байналмилалӣ ва санадҳои дигар, ҳамчунин бо роҳи ҷалби созмонҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад.
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон иборатанд аз:
-дастрасии кўдакон ва наврасон ба машѓулиятҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии иловагии варзишӣ,      новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо;
-ҳифз ва таҳкими саломатии кўдакон ва наврасон;
-тарбияи масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандўстии варзишгарони   наврас;
-рушд, такмил ва ҳифзи низоми варзиши кўдакон ва наврасон, ташкили бунгоҳҳои (лагерҳои) варзишӣ, варзишию туристӣ ва варзишию солимгардонӣ; (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
-нигоҳдории объектҳои варзишию солимгардонӣ, таълимӣ ва дигар объектҳои варзишии моликияти давлатӣ;
-рушд ва такмили низоми таъминоти тиббии варзишгарони наврас;
-ташкили шароити мусоид ҷиҳати рушди шабакаи клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишӣ ва варзишию техникӣ барои кўдакон ва наврасон;
-ташкили шароит ва фароҳам овардани имконот барои омода кардани варзишгарони дараҷаи олӣ. (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)
 
Моддаи 4. Тарбияи xисмонӣ дар муассисаҳои томактабӣ
Бо назардошти талабот ва имконияти кeдакони синни томактабӣ барномаҳои тарбияи xисмонӣ дар шаклҳои зерин иxро мегарданд:
— таълими ибтидоӣ ва ташаккули талаботи кeдакон  ба такомули xисмонӣ ва тарзи зиндагии солим дар xараёни дохил намудан ба барномаи тарбиявии муассисаҳои томактабӣ дарсҳои ройгон мутобиқи барномаҳои таълимӣ;
— мақомоти маҳаллии идоракунии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои давлатии томактабӣ  аз ҳисоби маблаuҳои буxети маҳаллӣ машuулиятҳои иловагии таълимӣ ва uайритаълимии тарбияи  xисмонӣ ва варзишӣ гузаронанд.
 
Моддаи 5. Тарбияи xисмонӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти  миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ  ва миёнаи касбӣ бо назардошти шароити маҳал ва завқи хонандагон шаклҳои  машѓулиятҳои тарбияи xисмонӣ ва андозаи ҳаракати фаъолонаи онҳо, воситаҳо ва методҳои тарбияи xисмонӣ, намудҳои варзиш ва давомнокии дарсҳоро, ки аз ду соат  дар як ҳафта кам набошад, дар асоси барномаҳои давлатии таълим ва меъёрҳои тайёрии xисмонӣ мустақилона муайян мекунанд. ҳамчунин кори берун аз дарсии тарбияи xисмонӣ ва варзишро бо xалби муассисаҳои беруназмактабӣ ва иттиҳодияҳои xамъиятии самти тарбияи xисмонию солимгардонӣ ва варзишидошта анxом медиҳанд.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти  миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ  ва миёнаи касбӣ соле на камтар аз як маротиба  санxиши тайёрии xисмониро мутобиқи меъёрҳои муқарраршудаи давлатӣ барои кeдакон ва наврасон  мегузаронанд. Дар xамъбасти соли хониш ба ҳар хонанда аз тайёрии xисмонии e баҳо гузошта мешавад.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти  миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ  ва миёнаи касбӣсохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва созмонҳои xамъиятӣ оид ба намудҳои варзиш мусобиқаҳо ташкил медиҳанд ва озмунҳои тайёрии xисмонии кeдакон  ва наврасонро баргузор менамоянд. (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
 
Моддаи 6. Тарбияи  xисмонӣ ва офияти кeдакон ва наврасони маъюб
Xалби маъюбон ба машuулиятҳои тарбияи xисмонӣ ва варзиш шарти ҳатмии офият  ва мутобиқгардонии онҳо буда, тавассути афзудани ҳаракати фаъолона барқарор кардани фаъолияти бадан ва ташкили истироҳати  солими онҳо дар вақти холӣ равона мегардад.
Машѓулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар низоми офияти доимии маъюбон, таъмини методӣ, тиббӣ ва назорати тиббӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш созмон дода мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣсохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якxоягӣ бо ташкилотҳои xамъиятии маъюбон  ва иттиҳодияҳои xамъиятии самти  варзишидошта гузаронидани чорабиниҳои xисмониву солимгардонӣ ва варзишӣ, тайёрӣ ва фиристодани варзишгарони маъюбро  ба мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва Бозиҳои  паралимпӣ таъмин  менамоянд. (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
 
Моддаи 7. Тарбияи xисмонӣ дар қароргоҳҳои солимгардонӣ ва муассисаҳои санаторию истироҳатӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони субъектҳои тамоми  шаклҳои хоxагӣ, ки қароргоҳҳои солимгардонӣ ва муассисаҳои санаторию истироҳатӣ дар ихтиёрашон мебошанд, барои ташкил ва гузаронидани корҳои xисмониву солимгардонӣ ва варзишӣ барои кeдакон ва  наврасон шароити зарурӣ  ба вуxуд меоранд. Дар қароргоҳҳои солимгардонӣ ва муассисаҳои санаторию истироҳатӣ машuулиятҳои варзиширо дар сатҳи баланд таъмин мекунанд. Дар гурeҳҳои солимгардонию  варзишӣ дар тартиби рeзи машuулиятҳои варзишӣ барои таълими шиноварӣ ва азхуд кардани меъёрҳои муайяншудаи варзишӣ шароит фароҳам меоранд. (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муаллимон ва ташкилотчиёни тарбияи xисмониро интихоб ва тасдиқ менамоянд, омeзиши онҳоро ташкил мекунанд.
Маъмурияти муассисаҳои санаторию истироҳатӣ, хонаҳои истироҳат, базаҳои  туристӣ барои дар xараёни муолиxа ва истироҳат истифода бурдани машқҳои тарбияи xисмонӣ шароит муҳайё сохта, чорабиниҳои варзишию оммавӣ ва мусобиқаҳоро ташкил менамоянд.
 
Моддаи 8. Тарбияи xисмонӣ дар xои истиқомат
Ба вуxуд овардани шароит барои машuул шудан ба тарбияи xисмонӣ ва варзиш дар xои истиқомати кeдакон ва наврасон, инчунин дар xойҳои истироҳати оммавӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардад.
Сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якxоягӣ бо мақомоти хоxагии манзилию коммуналӣ, роҳбарони субъектҳои хоxагидории ҳамаи шаклҳои моликият  ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ташкили корҳои тарбияи xисмониву варзишӣ ва солимгардонӣ, тарuиби тарзи ҳаёти солим ёрӣ мерасонанд. (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
 
Моддаи 9. Тайёрии xисмонии шаҳрвандони синну соли то даъватшаванда ва даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ
Тайёрии xисмонии xавонони синну соли то даъватшаванда ва даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин дар нуқтаҳои таълими тайёрии  ибтидоии ҳарбӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои якчанд ташкилот, новобаста ба тобеияти идоравии  онҳо, мутобиқи барномаҳо ва меъёрҳои давлатӣ ташкил карда шудаанд, гузаронда мешавад.
Роҳбарии тайёрии xисмонии xавонон ба хизмати ҳарбӣ ва назорати  тайёрии онҳоро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ месозанд. (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
 
Моддаи 10. Мактабҳои варзишии кeдакон ва наврасон ва мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кeдакону наврасон
Машѓулиятҳои варзишии кeдакон ва наврасон, ки азхудкунии дониш, маҳорат ва малакаҳоро дар шаклҳои муайяни варзишӣ таъмин менамояд, таҳти роҳбарии мураббиён (тренерҳо) дар мактабҳои варзиши кeдакон  ва наврасон гузаронда мешаванд.
мактабхои варзишии кудакон ва наврасон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин қонун ҳамчун муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ таъсис дода мешавад ва фаъолият менамояд.
мактабхои варзишии кудакон ва наврасон новобаста аз шакли моликият фаъолияти худро мутобиқи барномаҳо ва меъёрҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ гардидааст, амалӣ месозанд.
Мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кeдакон ва наврасон, ки мақсади тайёр намудани наврасони дараxаи  мувофиқро доранд, маҳорат ва камолоти варзишии онҳоро барои дастаҳои яккачини мамлакат баланд мебардоранд.
Мактабхои махсуси захираҳои олимпии кудакон ва наврасон дар асоси қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мутобиқи пешниҳоди федератсияҳои варзиши оид ба намудҳои варзиш таъсис дода мешаванд ва дар ихтиёри сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қарор мегиранд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)
Идоракунии мактабхои варзишии кудакон ва наврасон ва мактабхои махсуси захираи олимпии кудакон ва наврасон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо амалӣ мешавад.
идоракунии мактабхои варзишии кудакон ва наврасон ва мактабхои махсуси захираи олимпии кудакон ва наврасон дар асоси  принсипҳои яккасардорӣ ва худидоракунӣ  ба роҳ монда мешавад.
шаклҳои худидоракунии мактабхои варзишии кудакон ва наврасон ва мактабхои махсуси захираи олимпии кудакон ва наврасон Маҷлиси умумӣ, шeрои омeзгорон ва uайраҳо мебошанд. Тартиби интихоби мақомоти худидоракунӣ, ва ваколатҳои онҳоро оиннома  муайян мекунад. (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
 
Моддаи 11. Иттиҳодияҳои xамъиятии варзишии кeдакон ва наврасон
Шахсоне, ки ба синни 8-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои xамъиятии варзишии кeдакон  шуда метавонанд.
Шахсоне, ки ба синни 14-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои xамъиятҳои  варзишии наврасон шуда метавонанд.
Иттиҳодияи xамъиятии варзиши кeдакон ва наврасон дар ҳолате соҳиби ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ мешавад, ки агар дар ҳайати роҳбарияти ин иттиҳодия на кам аз се нафар шахсони ҳаждаҳсола шомил бошанд.
Иттиҳодияҳои xамъиятии кeдакон ва наврасон  дар фаъолияти худ  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳоеро, ки дар Маҷлисҳои умумӣ (конференсияҳо, анҶуманҳо ва uайра) тасдиқ шудаанд, ба роҳбарӣ мегиранд.
 
Моддаи 12. Фаъолияти тренерию омeзгорӣ бо кeдакон ва наврасон
Ба фаъолияти касбии тренерию омeзгории кeдакон ва наврасон шахсоне иxозат дода мешаванд, ки  дорои ҳуxxати расмии муқарраршудаи ихтисоси “Тарбияи xисмонӣ ва варзиш”-и аз тарафи муассисаи таълимии давлатӣ  додашуда ва аз аттестатсия гузашта бошанд.
 
Моддаи 13. Унвонҳо ва дараxаҳои варзишӣ
Ба кeдакон  ва наврасоне, ки дар намудҳои алоҳидаи варзиш, инчунин дар ҳайати дастаҳо оид ба навъҳои xудогонаи варзиш натиxаҳои баланд ба даст овардаанд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он унвонҳо ва дараxаҳои варзишӣ дода мешаванд.
Унвонҳои варзишӣ ва дараxаҳои варзишӣ танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.
Ба xавонон  ва духтароне, ки тайёрии махсусро гузаштаанд ва дар кори доварӣ иштирок кардаанд, унвонҳои “Довари варзиш”, “Довари xавон” дода мешавад.
 
Моддаи 14. ҳуxxати варзишгар
Ба кeдакон ва наврасоне, ки меъёрҳои дараxавӣ ва ё меъёрҳои  унвонҳои варзиширо иxро кардаанд, ҳуxxати дараxаи варзишӣ ва ё  унвони варзишии дахлдор дода мешавад.
Ҳуxxати оид ба дараxаи варзишӣ ва унвони варзиширо мақоми ваколатдори   давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ё бо супориши вай муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои xамъиятии кeдакон ва наврасон, ки аккредитатсияи давлатӣ  доранд медиҳанд.
                     1
Моддаи 14 .  Талабот ва  таъминоти  тиббӣ дар соҳаи  варзиши кўдакон ва наврасон
Ба машѓулиятҳои варзишӣ кўдакон ва наврасоне ҷалб карда мешаванд, ки дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста ба шакли моликияташон, аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва аз рўи нишондиҳандаҳои вазъи саломатиашон барои машѓул шудан ба варзиш ҳуҷҷатҳои зарурии тиббиро пешниҳод намудаанд.
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марказҳои солимгардонӣ ва варзиши тиббӣ, марказҳои ташхисию машваратиро таъсис дода, онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мегардонанд.
Муассисони муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон  барои расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ  ба кўдакон ва наврасоне, ки дар ин муассисаҳо ба варзиш машѓуланд,  шароит фароҳам меоранд. (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
 
 
БОБИ 3
МАБЛАЃГУЗОРӣ ВА  ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ  МУАССИСАҲОИ ВАРЗИШИИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОН
 
Моддаи 15. Манбаъҳои маблаѓгузории муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон
Манбаи асосии маблаuгузории муассисаҳои тарбияи xисмонӣ ва варзишии кeдакон ва наврасон буxети давлатӣ  ба шумор меравад.
Манбаъҳои иловагии маблаѓгузории муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон инҳо шуда метавонанд:
— маблаѓи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз  ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ;
— воситаҳои пулие, ки дар натиҷаи амалинамоии фаъолияти тарбияи ҷисмонию варзишӣ, машваратӣ, илмию таҳқиқотӣ ва дигар фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба даст оварда шудаанд;
—  маблаѓҳои эҳсонкорӣ;
— манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст. (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
 
 
Моддаи 16. Фаъолияти муздноки муассисаҳои давлатии  варзишии  кўдакон ва наврасон
 
Муассисаҳои давлатии  варзишии кўдакон ва наврасон метавонанд аз ҳисоби хизматрасонии музднок, ки берун аз барномаҳои асосии таълимӣ амалӣ карда мешаванд, даромади иловагӣ гиранд ва онро бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии худ истифода баранд.
(ҚҶТ 22.07.13,№1005)
 
Моддаи 17. Заминаи моддию техникии муассисаҳои варзишии кўдакон ва  наврасон
Заминаи моддию техникии муассисаҳои варзишии кўдакон ва  наврасонро  иншооти варзишӣ, бино, таҷҳизот, молу мулки манқул ва ѓайриманқул ташкил медиҳанд.
Қитъаи замин барои ташкили майдончаҳои варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.
Муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кўдакон ва наврасон ба воситаҳои пулӣ, молу мулк ва объектҳои дигар, ки  тариқи эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шудаанд, ҳуқуқи моликият  доранд.
Муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон барои ҳифз ва истифодаи самараноки молу мулки дар ихтиёрдоштаашон масъул мебошанд.  Истифодаи  заминаи моддию техникии  муассисаҳои варзишии кўдакон ва наврасон берун аз мақсадҳои оинномавӣ манъ аст. (ҚҶТ 22.07.13,№1005)
 
БОБИ 4
ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИXӣ
 
Моддаи 18. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи xисмонӣ ва варзиш дар байни кeдакон ва наврасон, ки дар доираи фаъолияти иқтисодии хориxии давлат сурат мегирад, дар асоси ҳамкории воқеӣ, боварии тарафайн ва дар асоси шартномаҳо ва созишномаҳои байнидавлатӣ амалӣ мегардад .
Сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш , муассисаҳои таълимӣ, мактабхои варзишии кудакон ва наврасон ва мактабхои махсуси захираҳои олимпии кудакон ва наврасон, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ҳуқуқ доранд бо ташкилотҳои хориxӣ ва байналмилалии тарбияи xисмониву  варзишӣ робитаҳои мустақим барқарор намоянд, мусобиқаҳои байналмилалӣ ва барномаҳои илмӣ — тадқиқотӣ доир намоянд, ба иттиҳодияҳои варзишиву xамъиятӣ мутобиқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузорӣ дохил шаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи xисмонӣ ва варзиш оиди кор бо кeдакон ва наврасон дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои дуxониба ва бисёрxониба сиёсати мувофиқашударо амалӣ месозад.
 
Моддаи 19. Фаъолияти иқтисодии хориxӣ
Сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мактабхои варзишии кудакон ва наврасон ва мактабхои махсуси захираҳои олимпии кудакон ва наврасон фаъолияти иқтисодии хориxиро мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври  мустақил амалӣ месозанд.
Маблаuҳои асъорие, ки аз тарафи мактабхои варзишии кудакон ва наврасон, мактабхои махсуси захираҳои олимпии кудакон ва наврасон, иттиҳодияҳои xамъиятӣ аз фаъолияти иқтисодии хориxӣ ба даст меоянд, моликияти онҳо мебошанд ва ё ба идораи оперативии онҳо дохил шуда, ба инкишофи соҳаи маориф ва мустаҳкам шудани базаи моддию техникии он равона мешаванд.
Дар ҳолати uайримақсаднок  истифода бурдани маблаuҳои асъорӣ ба тариқи судӣ ин маблаuҳо ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд.
 
БОБИ 5
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 20. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)
 
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 1 августи соли 2003
            № 28

Илова кунед