Истиқлолияти давлатӣ кафили рушди иқтисоди миллӣ

08 Сентябр 2020, Сешанбе

«Бо вуҷуди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем.
Ман борҳо гуфтаам ва мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки хонаи мо, яъне Ватан ва давлати моро каси дигар обод намекунад. Мо кишвари азизамонро худамон пешрафта мегардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос мегузорем».
Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
ифтихори Рӯзи дониш, 01.09.2019 ш. Душанбе
 
Ҳар сол мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз ҷашни бошукӯҳи миллию умумихалқии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизор шуда, барои таҷлили он ҳамаҷониба омодагӣ дида, бо рӯҳияи баланд ва бо шодмонӣ онро пешвоз мегиранд.
Бахусус бо саъю кушиши шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сокинони сулҳпарвар ва таҳаммулпазири мо дар сарзамини маҳбубамон сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармост.
Шукронаи беканори истиқлолияти давлатӣ буд, ки дар давраи солҳои сипаригашта кишвари мо дар сиёсат, иқисодиёт, иҷтимоиёт ва ҷаҳони маънавӣ гомҳои устувор бар арсаи дунёи мутамаддин гузошт. Тоҷкистонро тамоми оламиён шинохтанду сиёсати пешгирифтаи онро пазируфтанд. Дар ин давра мардуми кишварамон дар зиндагӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.
Бо ташаббусу ибтикорҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави демократикунонии ҷомеа барои тақвият бахшидан ба ин раванд, рушди васеи минбаъдаи он, ба даст овардани озодии бештари сиёсӣ, озодии иқтисодӣ, мафкуравӣ, мазҳабию фарҳангӣ, таҳкими давлатдорӣ, тараққӣ додани соҳибкорӣ, таъмини васеи гуногуншаклии моликият, ҳифз ва таъмини рушди арзишҳои миллию умумибашарӣ, ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини кишвари маҳбубамон дар фазои сиёсӣ ва зиндагии иҷтимоии Тоҷикистон корҳои бемисл ба анҷом расонида шудааст.
Яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ истиқлолияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти иқтисодӣ яке аз рукнҳои калидии таъмини пойдории истиқлолияти давлатӣ буда, устуворӣ ва эътимоднокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро таъмин менамояд. Вобаста ба ин аз оғози истиқлолияти давлатӣ таҳкими пояҳо ва тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар қарор дошта, ислоҳоти густурдаи равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ имконият доданд, ки барои рушди иқтисодиёти миллӣ заминаҳои мусоид ва созгор фароҳам оварда шавад.
Қобили қайд аст, ки дар солҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бинобар сабаби нооромиҳо ва адами суботи сиёсӣ иқтисодиёти миллии Тоҷикистони тозаистиқлол дар ҳолати рукуд қарор гирифта, тамоми нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёт тамоюли манфӣ доштанд. Вазъи номусоиди умумимиллӣ ва аз байн рафтани низомҳои мавҷудаи идоракунии равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба фақру бенавоӣ ва буҳрони шадидӣ иҷтимоию иқтисодӣ сабаб гардиданд. Зимнан, мавриди зикр аст, ки кундшавии суръати рушди иқтисодӣ ва рукуди соҳаҳои асосии он ба амнияти давлат ва истиқлолияти он хавфи бузург эҷод карда буд.
Хушбахтона бо ба даст овардани истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар фазои мусоид танзим карда шуд, зеро суботу оромӣ шарти асосии рушди иқтисодиёт ва таъмини амнияти субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки худи ҳамон сол, яъне соли 1997 афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъмин карда шуда, хусусигардонии моликияти давлатӣ ҷиҳати таъсиси асосҳои иқтисодиёти бозорӣ суръат бахшида шуд.
Ташкил ва такмили фаъолияти шохаҳои ҳокимият, ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ, ташаккули доираҳои корӣ ва густариши равобити иқтисодию тиҷоратии хориҷӣ имконият фароҳам овард, ки зина ба зина ислоҳоти соҳавӣ татбиқ карда шуда, иқтисодиёти миллӣ аз буҳрони шадиди сохториву соҳавӣ раҳо карда шавад. Хусусигардонӣ, ташаккули бахши хусусӣ, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ бо иштироки созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, ва аз ҳама муҳим танзими асосҳои институтсионалии таъмини фаъолияти иқтисодӣ барои рушди фарогири иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд.
Татбиқи ислоҳоти густурда, ки дар заминаи таъмини асосҳои институтсионалии мукаммал ба роҳ монда шуда буд имконият дод, ки дар иқтисодиёти миллӣ шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омада, дар ҳама самту соҳаҳо қадамҳои устувор гузошта шаванд. Бо ба эътидол омадани суботи сиёсӣ дар самти ҷорӣ кардани пули миллӣ, густариши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва ташкили корхонаҳои муштарак, озод намудани нархҳо ва таъмини рушди иқтисодӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуданд. Ҳамаи ин имконият дод, ки нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва нерӯи инсонӣ тамоюли мусбӣ касб намуда, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ ба таври назаррас зиёд гардад.
Дар домани қариб бист соли охир ММД ба ҳар нафар аҳолӣ аз 288,7 сомонии соли 2000 то ба 7637, 2 сомонии соли 2018 расидааст, ки мутаносибан 26 маротиба зиёд гардидааст. Ҳамзамон суръати афзоиши ММД дар сатҳи мусбӣ нигоҳ дошта шуда, ин нишондиҳанда бо нархҳои ҷорӣ агар дар соли 2009 20,6 млрд. сомониро ташкил медод, дар соли 2018 ба 68844,0 ташкил дод. Ба андозаи чанд баробар зиёд шудани нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодӣ далели сиёсати бобарор ва самараноки ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз натиҷабахшии тадбирҳо ва ислоҳот шаҳодат медиҳад. Қобили қайд аст, ки аз рӯйи арзёбии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 аз рӯйи суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар байни 193 давлати ҷаҳон мақоми 11 ва дар байни давлатҳои пасошӯравӣ мақоми аввалро ишғол менамояд.
Яке аз хусусиятҳои хоси рушди иқтисодиёти миллӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ин тавассути эълони ҳадафҳои миллӣ инкишоф ёфтани он мебошад. Қобили қайд аст, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар муайян карда шуда буданд, ки татбиқи онҳо иқтисодиёти миллиро ба сатҳи сифатан нав бароварданд. Ҳоло дар амал татбиқгардии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷараён дошта, чорабиниҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” шомил шуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ иҷро мегарданд.
Бо таваҷҷуҳ ба иқтидори бузурги гидроэнергетикии кишвар ва аҳамияти муҳими соҳаи энергетика дар иқтисодиёти миллӣ таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба сифати ҳадафи муҳими стратегӣ интихоб шуда буд. Вобаста ба ин солҳои охир тавассути ҷалби сармоягузориҳо ва маблағгузориҳои буҷетӣ нерӯгоҳҳои хурду бузург бунёд карда шуда, инфрасохтори соҳа таҷдид карда шуд. Дар баробари ин ҷиҳати содироти қувваи барқ татбиқи лоиҳаи CASA – 1000 бо маблағи умумии он қариб 11 миллиард(ҷониби кишвари мо-3,4 млрд.сомонӣ) сомонӣ идома дошта, ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми НБО «Роғун» дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор ба ҳисоб меравад.
Айни замон дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истода, барои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» 5,5 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Ҳамчунин бо мақсади бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 470 миллион сомонӣ сармояи давлатиро пешбинӣ шудааст. Қобили қайд аст, ки амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 - ум 1,3 баробар афзоиш ёбад.
Роҳҳо шоҳрагҳои иқтисодиёти миллӣ ба шумор рафта, мавҷудияти роҳҳои ба стандартҳо ҷавобгӯ ва инфрасохтори роҳу нақлиёти муосир ба таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ имконият дод, ки Тоҷикистон аз қаламравӣ се порча ба қаламравӣ ягона табдил дода шуда, рафту омади фаромавсимӣ таъмин карда шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал тадбиқнамоии ҳадафҳои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистони азизамон дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.
Барои мисол, дар тӯли солҳои 2008 -2016 аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ 38 лоиҳаи инвеститсионӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди нақлиётӣ татбиқ шуда истодааст. Дар ин муддат сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Мурғоб – Қулма», «Шоҳон – Зиғар, марҳилаҳои 1, 2, 3», «Шкев - Зиғар», «Душанбе - Қӯрғонтеппа -Данғара - Кӯлоб», «Дӯстӣ - Панҷи Поён, марҳилаҳои 1, 2», «Душанбе - сарҳади Қирғизистон, марҳилаҳои 1, 2, 3», «Душанбе - Чаноқ - сарҳади Ӯзбекистон», «Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ, марҳилаи 1», «Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон», «Айнӣ - Панҷакент - сарҳади Ӯзбекистон», инчунин нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва «Хатлон» ба анҷом расонида шуданд.
Айни замон дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истода, таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб - Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук - Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо пешбинӣ карда шудааст. Ҳамзамон то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ роҳҳои мошингарди Душанбе - Бохтар, Хуҷанд - Исфара, Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин, Шкев - Қалъаихумб, Кӯлоб - Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ ба истифода дода мешаванд.
Тибқи омори расмӣ аз оғози истиқлолияти давлатӣ то давраи таҳлилшаванда дар соҳаи нақлиёти кишвар 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 1,4 млрд. доллари ИМА татбиқ гардиданд. Дар натиҷа беш аз 2000 км. роҳҳои автомобилгард, 31 км. нақб, беш аз 240 адад пул, 3,4 км. галереяҳои зиддитармавӣ ва 214 км. роҳҳои оҳан банёд карда шуданд. Айни ҳол дар соҳа 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии лоиҳавии 638 млн. 771,0 ҳазор доллари ИМА татбиқ шуда истодааст, ки аз шумораи умумии 12 лоиҳа 8 лоиҳа ба таҷдиду сохтмони роҳҳо, 3 лоиҳа ба харидории техникаи нигаҳдории роҳҳо ва рушди нерӯи инсонӣ дар соҳа ва 1 лоиҳа ба роҳи оҳан рост меояд.
Тадбирҳои андешидашуда на танҳо ба сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар, балки ба нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбӣ расониданд. Масалан, Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) дар маърӯзаи худ оид ба вазъи рақобатпазирии ҷаҳонӣ (Global Competitiveness Report) сифати роҳҳоро (Quality of roads) дар кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ намудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯйхат мақоми 70-умро ишғол меанмояд, ки байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал мебошад (Қазоқистон мақоми 115 ва Қирғизистон мақоми 122).
Яке аз ҳадафҳои марказии Ҳукумати кишвар ин таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти баландсифати ғизоӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба ин солҳои охир ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва комплекси агросаностӣ дар маҷмӯъ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Такмили низоми муносибатҳои заминдорӣ, ба деҳқон додани ихтиёри истифодаи замин, азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғу токзорҳои нав имконият доданд, ки дар соҳаи кишоварзӣ тағйиротҳои куллӣ ба вуқӯъ пайванданд. Дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 27,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2019 нисбат ба соли соли 1997-ум 5,6 маротиба афзоиш ёфтааст.
Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият доданд, ки фаъолиятҳои растанипарварӣ (ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, парвариши сабзавот, зироатҳои полезӣ, токпарварӣ, меваҷот ва ғайра) ва чорводорӣ (истеҳсоли гушт, шир, тухм ва ғайра) ба таври назаррас афзоиш ёбанд. Дар баробари ин тавассути қабули барномаҳои давлатӣ рушди соҳаи занбури асал ва моҳипарварӣ низ инкишоф ёфта, солҳои охир маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ қисми муҳими маҳсулоти содиротиро ташкил медиҳад.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки саноат соҳаи муайянкунандаи иқтисоди миллӣ буда, сатҳи рушди муносибатҳои истеҳсолӣ ва сифати зиндагонӣ ба соҳаи саноат алоқамандии бевосита дорад. Вобаста ба ин солҳои охир саноати кишвар дар маркази татбиқи ислоҳот қарор дошта, саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми рушди миллӣ эълон карда шуд.
Саноатикунонии босуръати мамлакат натиҷаҳои калони мусбӣ дошта, ба бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори он мусоидат карда, сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони кишвр ва ба даст овардани музди меҳнати кофӣ, ки ин дар навбати худ ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум ва некӯаҳволии мардум мегардад.
Бо истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, криолит, фториди алюминий, кислотаи сулфат ва коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба самти саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ роҳи васеъ мекушоянд.
Рушди ҷараёни саноатикунонии кишвар ба болоравии иқтидори истеҳсолӣ ва бартарафсозии масъалаҳои иҷтимоии он, махсусан зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротшаванда ва афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Бо назардошти он ки Тоҷикистони азизи мо дорои захираҳои бойи зеризаминӣ мебошад, корхонаҳои металлургияи ранга дар оянда ба кор даромада, иқтидори содиротии мамлакатро меафзоянд.
Дар амалишавии ҷараёни саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо доир ба ҷалби сармояи мустақим бояд саҳми калон дошта бошанд, баҳри бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Тазаккур бояд дод, ки раванди саноатикунонӣ ба бунёди корхонаҳо дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ ва канданиҳои зеризаминӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, масъалаи тайёрнамудан ва бозомузии кадрҳо барои соҳаҳои мазкур ба миён омада, таъсиси курсҳои кӯтоҳмудати бозомӯзиро талаб менамояд.
Дар чаҳорчӯбаи бехатарии миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти нисбатан муҳим пайдо намуда, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаровонии бозор, арзонии нарху наво, истифодаи дурусти қувваи қобили меҳнат ва ҳалли мушкилотҳои ҳаёти ҷамъиятию иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Дар ин замина тавассути бунёди корхонаҳои хурду миёна ва калони саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар ММД аз 15,2% соли 2016 то 17,3% соли 2019 афзоиш ёфт. Дар баробари ин айни замон соҳаҳои алоҳидаи саноати миллӣ, аз он ҷумла саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноатӣ истихроҷ ва ғайраҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавонистанд, ки истеҳсоли кифояи маҳсулоти соҳаро ба роҳ монда, воридоти онро коҳиш диҳанд ва ё пурра аз байн баранд.
Маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2012 зиёда аз дуюним баробар зиёд гардида, айни замон дар кишвар зиёда аз 2160 корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд. Шумораи миёнасолонаи коркунони истеҳсолоти саноатӣ 85,6 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ мувофиқи омори расмӣ дар соли 2019 ба 27586,6 млн. сомонӣ баробар гардида, аз ин 4853,3 млн. сомонӣ ба саноати истихроҷ, 15927,5 млн. сомонӣ ва 6624,2 млн. сомонӣ ба таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво рост меоянд. Ҳамзамон сохтори соҳавии саноат тағйир ёфта, айни замон саноати коркард 57,7%, саноати истихроҷ 17,6% ва истеҳсол ва тақсими нерӯи барқ, газ ва об 24,0% ташкил медиҳад. Дар 6 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 13137,0 млн.сомонӣ, суръати рушди он ба 9,2% баробар шуд.
Вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтори саноатӣ фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ рушд намуда, дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 198486,8 ҳаз. сомонӣ, аз ҷумла: дар МОИ «Суғд»-163260,8, МОИ «Данғара»-34339.3, МОИ «Панҷ»-886,7 ҳаз. сомонӣ баробар шуд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 соли охир бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи саноати сабук 49 корхонаю коргоҳҳо ифтитоҳ ёфтаанд, ки дар онҳо зиёда аз 7300 ҷойҳои кории нав муҳайё гардидааст. Аз ин шумора 11 корхонаю коргоҳ бо 1475 ҷойҳои корӣ дар соли 2013, 7 корхонаю коргоҳ бо 950 ҷойҳои корӣ дар соли 2014, 8 корхонаю коргоҳ бо 1710 ҷойҳои корӣ дар соли 2015, 3 корхонаю коргоҳ бо 995 ҷойҳои корӣ дар соли 2016, 5 корхонаю коргоҳ бо 600 ҷойҳои корӣ дар соли 2017, 6 корхонаю коргоҳ бо 510 ҷойҳои корӣ дар соли 2018, 5 корхонаю коргоҳ бо 280 ҷойҳои корӣ дар соли 2019 ва 4 корхонаю коргоҳ бо 850 ҷойҳои корӣ дар ҳафт моҳи соли 2020 рост меоянд.
Як аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ин таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар маҷмӯъ мебошад. Дар ин давра на танҳо асноди меъёриву ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул гардиданд, балки механизмҳои дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии бозорӣ низ такмил дода шуданд. Дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва танзими шароити созгор барои рушди соҳибкорӣ имкон дод, ки ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД ба андозаи назаррас боло рафта, соҳибкорӣ ба фишанги муҳимтарини таҳрикдиҳандаи иқтисодиёти миллӣ табдил ёбад.
Ба рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ тадбирҳои иловагии иқтисодӣ ва институтсионалӣ низ таъсири мусбӣ бахшиданд. Барои мисол, ташкили МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ», эълони моратория ба санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои хоҷагидор, такмили низоми иҷозатномадиҳӣ ва ташкили «равзанаи ягона» муҳити соҳибкориро комилан тағйир дода, барои рушди ҳаматарафаи он замина гузоштанд. Мувофиқи омори расмӣ, дар кишвар 284,7 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғул буда, дар баробари ин 172668 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хотири фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ҷидду ҷаҳди зиёд ва ислоҳоти иқтисодиро мунтазам идома дода, ки дар натиҷа Тоҷикистон тибқи арзёбии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба рӯйхати 10 кишвари пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дохил гардид.
Дар тули солҳои истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият карда истоданд.
Истиқлолияти давлатӣ имконият дод, ки кишвари мо робитаҳои мустақими тиҷоратию иқтисодиро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор намуда, дар баробари амалисозии фаъолияти содиротию воридотӣ, ҳамчунин ҷалби сармоягузориро ба роҳ монад. Дар ин росто тавассути андешидани чораҳои мушаххас иқлими сармоягузорӣ дар кишвар такмил дода шуда, ба сармоягузорони хориҷӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва институтсионалӣ пешниҳод карда шуд. Чораҳои андешидашуда имконият доданд, ки бахши сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми муассир гузорад.
Барои мисол, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 649 корхонаҳои муштарак фаъолият мекунанд, ки на танҳо дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ, балки дар баландбардории самаранокии истифодаи захираҳои таббиию иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар аҳамияти калидӣ доранд. Даромади корхонаҳои муштарак дар соли 2018 ба 10751,0 млн. сомонӣ баробар гардида, дар сохтори маҳсулоти саноатӣ саҳми калон доранд.
Танзими шароити мусоид ва фароҳам овардани фазои созгори рушд на танҳо боиси таъмини инкишофи иқтисодӣ гардиданд, балки нуфузу эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло бурданд. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар арзёбиҳои созмону ташкилотҳои байналмилалӣ мавқеи хосро ишғол менамояд. Дар ҳамин замина солҳои охир дар кишвар стратегия ва барномаҳои мукаммали соҳавӣ таҳия ва татбиқ шуда истодаанд, ки осебпазирии иқтисоди миллиро коҳиш дода, дар аксар соҳаҳои иқтисодиёт тағийротҳои сифатан нав ва заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Имрӯзҳо самтҳои асосии рушди иқтисодиёти миллӣ фарогири тақвияти иқтидори институтсионалии кишвар, аз он ҷумла баландбардории самаранокии идоракунии давлатии иқтисодиёт ва рушди минтақаҳо буда, тамоюли солҳои охир аз асоснокӣ ва таъсирбахшии сиёсати давлатии таъмини рушди иқтисодӣ шаҳодат медиҳад. Дар баробари ин танзими шароитҳои муосид барои рушди нерӯи инсонӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ки бо рушди иқтисодӣ ба ҳам алоқаманду вобаста мебошанд, ҷиҳати гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ, тақвияти чорабиниҳо ҷиҳати ташаккули иқтисодиёти сабз ва рақамикунонии иқтисодиёт шароити муосид фароҳам меоранд.
Ҳамин тавр, бо гузашти инак 29 соли соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати комил ва фарогири давлатӣ рушди бемайлон дошта, сифати рушд, аз он ҷумла рушди бахши воқеӣ, таъмини шуғл, такмили низоми молиявӣ ва фазои сармоягузорӣ мавриди зикри хос мебошад. Дар ҳамин росто такмили муносибатҳои истеҳсолӣ, таҳкими ҳавасмандии субъектони фаъолияти иқтисодӣ ва иҷроиши бо сифати стратегия ва барномаҳои давлатӣ имконият медиҳанд, ки Тоҷикистони маҳбубу азизи моро дар ояндаи наздик ба кишвари пешрафтаи саноатӣ ва сарзамини амалишавии орзӯҳо табдил диҳад.
Чӣ тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2016 омадааст: «Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».
Мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбубамон итминони комил доранд, ки сиёсати созандаю ободкоронаи кишварамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзафзун идомаву тақвият меёбад, зеро мақсаду ҳадафи чунин сиёсати воқеӣ фақат пешрафти иқтисодиёт, маънавиёт, илм, фарҳанг ва иҷтимоиёти ҷомеа буда, дурнамои ҳадафҳояш расидан ба саодати мардум ва осудагиву тараққиёти оламшумули кишвари азизамон мебошад.
 
Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич,
д.и.и., профессор, вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Илова кунед