Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 Июн 2003, Чоршанбе

Маҷлиси    намояндагони    Маҷлиси   Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р    м е к у н а д:
  1. Низомнома «Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ ба кормандони Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шавад.
  2. Қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 1996 № 567 оиди Низомнома «Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ ва унвони илмӣ ба кормандони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          С. Хайруллоев
 
ш. Душанбе, 11 июни соли 2003
№ 878                                                 
 
  
 
Бо  Қарори   Маҷлиси   намояндагони
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
аз 11 июни соли 2003 № 878 тасдиқ шудааст
 
НИЗОМНОМА
«Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ ба кормандони Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
  1. Ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ мебошанд, чунин рутбаҳои дараҷавӣ муқаррар карда шаванд:
Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1;
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2;
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3;
Мушовири адлияи дараҷаи 1;
Мушовири адлияи дараҷаи 2;
Мушовири адлияи дараҷаи 3;
Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1;
Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2;
Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3;
  1. Рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандон бо тартиби пай дар пай дар сурати доштани маълумоти олии хуқуқшиносӣ мувофиқи ихтисос, вазифа ва собиқаи корӣ, инчунин бо назардошти дараҷаи рутба, дараҷаи тахассус, унвони махсус, ки онҳоро кормандон дар ҷои кор ё хизмати пешинаашон гирифтаанд, дода мешаванд;
  2. Рутбаҳои дараҷавӣ ба инҳо дода мешаванд;
Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба роҳбарони Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 – ба ҷонишинони роҳбарони Дастгоҳҳо ва мудирони шўъбаҳои Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 – ба муовинони мудирони шўъбаҳо, сармушовирони кумитаҳо, ёварони Раисон ва муовинони Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 – ба мушовирони кумитаҳо ва сармутахассисони шўъбаҳои Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Рутбаҳои дараҷавии Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовирони давлатии адлияи дараҷаҳои 1, 2, 3, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан бо пешниҳоди Шўроҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
  2. Рутбаҳои дараҷавии мушовирони адлияи дараҷаи 1,2 ва 3, инчунин ҳуқуқшиносони дараҷаи 1, 2 ва 3 аз тарафи Шўроҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан бо пешниҳоди раисони кумитаҳо, роҳбарони Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
  3. Рутбаҳои дараҷавии Мушовирони давлатии адлияи дараҷаи 1, 2 ва 3 дар сурати доштани на камтар аз 10 соли собиқаи кории касбӣ дода мешаванд.
  4. Мўҳлатҳои дар ҳар рутба будан чунин муайян карда шавад;
Дар рутбаи дараҷавии ҳуқуқшиносони дараҷаи 3                   — 2 сол;
Дар рутбаи дараҷавии ҳуқуқшиносони дараҷаи 2                   — 2,5 сол;
Дар рутбаи дараҷавии ҳуқуқшиносони дараҷаи 1                   — 3 сол;
Дар рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 3   — 4 сол;
Дар рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 2   — 5 сол;
Дар рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 1   — 5 сол;
 
Бо тартиби ҳавасмандгардонӣ рутбаҳои дараҷавӣ пеш аз мўҳлат дода мешаванд, вале на баландтар аз як дараҷа.
  1. Ба шахсоне, ки таҷрибаи кори ҳуқуқшиносӣ надоранд, ба мутахассисони ҷавон рутбаи дараҷавӣ на пештар аз гузаштани шаш моҳ баъд аз ба вазифа таъин шудан дода мешавад.
  2. Ба кормандони Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мўҳлати хизматро дар як рутбаи дараҷавӣ адо намудаанду вале ҷазои интизомӣ доранд, рутбаи дараҷавии навбатӣ дар давоми як сол дода намешавад.
  3. Кормандоне, ки ба онҳо рутбаҳои дараҷавӣ дода шудаанд, дар ин рутба якумра мебошанд ва фақат дар сурате, ки бо ҳукми қувваи қонунӣ пайдокардаи суд барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, аз рутбаи дараҷавӣ маҳрум карда мешаванд.
  4. Дар бораи дода шудани рутбаи дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ доранд, дар шаҳодатномаи хизматӣ қайди дахлдор гузошта мешавад.
  5. Иловапулӣ барои рутбаҳои дараҷавии кормандони Дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  6. Барои шахсоне, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд, пўшидани либоси низомӣ муқаррар карда мешавад. Намуди либоси низомӣ ва қоидаҳои пўшида гаштани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Илова кунед