Оинномаи сафороии қувваҳом мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

07 Май 2003, Чоршанбе

Ин Оиннома тарзу ҳаракатҳои машқи сафӣ ва ҳаракати бе силоҳ ва бо силоҳ; сафороии ҷузъу томҳоро ҳангоми  ҳаракати пиёда ва бо мошинҳо; тартиби додани саломи ҳарбӣ; гузаронидани муоинаи сафӣ; мавқеи Байрақи Ҷангӣ дар саф, тартиби баровардан ва бурдани он; вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ пеш аз сафороӣ ва дар саф, талабот нисбат ба таълими сафороии онҳо, инчунин тарзҳои ҳаракати хизматчиёни ҳарбиро дар майдони ҷанг ва амали онҳоро дар ҳолати ҳамлаи ногаҳонии душман муайян менамояд.
Оиннномаро хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо, раёсатҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълими ҳарбии маълумоти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ мегиранд.
Амали Оиннома нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, татбиқ карда мешавад.
 
Б О Б И  1
МУҚАРРАРОТИ  УМУМӣ
  1. Сафҳо ва идораи  онҳо
 
  1. Саф — ҷобаҷогузории хизматчиёни ҳарбӣ, ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбӣ барои фаъолияти якҷояи онҳо дар ҳолати пиёда ва дар мошинҳо аст, ки ҳамин Оиннома муқаррар  намудааст.
  2. Радиф — сафе, ки дар он хизматчиёни ҳарбӣ яке паҳлӯи дигаре дар як хат ҷойгир шудаанд.
Хати  мошинҳо — сафе, ки дар он мошинҳо яке  паҳлӯи дигаре дар як хат  ҷойгир шудаанд.
  1. Қанот — тарафи рост ё чапи охири саф. ҳангоми гардиши саф  номи қанотҳо тағйир намеёбад.
  2. Ҷабҳа — он тарафи саф, ки хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба он нигаронида шудаанд (мошинҳо — бо қисмати пеш).
  3. Паси саф — тарафи муқобили ҷабҳа.
  4. Фосила — масофа ба дарозии ҷабҳа байни хизматчиёни ҳарбӣ (мошинҳо), ҷузъу томҳо ва қисмҳо.
  5. Масофа — масофаи умқи байни хизматчиёни ҳарбӣ (мошинҳо), ҷузъу томҳо ва қисмҳо.
  6. Паҳнои саф — масофаи байни қанотҳо.
  7. Умқи саф — масофаи байни радифи аввал (аз хизматчии ҳарбии пешгард) ва радифи охир (то хизматчии ҳарбии пасгард) мебошад ва ҳангоми амалиёт бо мошинҳо — аз хати аввали мошинҳо (мошини пешгард) то хати охири мошинҳо (мошини  охиристода) масофа аст.
  8. Сафи дурадифа — сафе, ки дар он хизматчиёни ҳарбии як радиф пушти сари хизматчиёни ҳарбии радифи дигар дар фосилаи як қадам (ба қадди дасти дарозшудае, ки кафи он ба китфи хизматчии ҳарбии  пешистода гузошта шудааст) қарор доранд. Радифҳо якум ва дуюм номида мешаванд. ҳангоми гардиш   номи радифҳо  тағйир намеёбад.
Рада — ду хизматчии ҳарбие, ки дар сафи  дурадифа яке пушти сари дигар истодаанд. Агар дар  пушти сари хизматчии ҳарбии радифи аввал хизматчии ҳарбии радифи дуюм набошад, чунин қатор қатори нопурра шуморида мешавад; қатори охир ҳамеша бояд пурра  бошад.
ҳангоми  ба қафо гаштани сафи дурадифа хизматчии ҳарбии қатори нопурра ба радифи пеш   мегузарад.
Чор нафар ва аз он камтар ҳамеша дар як радиф саф мекашанд.
  1. Сафи якрадифа ва сафи дурадифа метавонанд зич ё фосиладор бошанд.
Сафи зич сафест, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар радифҳо ба дарозии ҷабҳа яке аз дигаре дар  фосилаи кафи даст  то оринҷ меистанд,  қарор  мегиранд.
Сафи фосиладор сафест, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар радифҳо ба дарозии ҷабҳа яке аз дигар дар фосилаи як қадам ё фосилае, ки командир нишон медиҳад, қарор  мегиранд.
  1. Қатор — сафе, ки дар он хизматчиёни ҳарбӣ пушти сари якдигар ва ҷузъу томҳо (мошинҳо) яке паси дигаре дар фосилае, ки Оиннома ё  командир муқаррар кардаанд, ҷо мегиранд.
Қаторҳо якнафара, дунафара, сенафара, чорнафара ва  аз  он бештар  буда метавонанд.
Қаторҳо барои сафороии ҷузъу томҳо ва қисмҳо дар сафи сафарӣ ва сафи паҳн истифода мешаванд.
  1. Сафи паҳн — сафест, ки дар он ҷузъу том дар як хати ҷабҳа дар сафи як радифа ё ду радифа (дар хати мошинҳо) ё хати қаторҳо дар фосилае, ки Оиннома ё командир муқаррар кардааст, саф кашидаанд.
Сафи паҳн барои гузаронидани санҷишҳо, ҳисоб, муоинаҳо, параду намоишҳо, инчунин дар ҳолатҳои дигари зарурӣ истифода мегардад.
  1. Сафи сафарӣ — сафе, ки дар он ҷузъу том дар қатор саф кашидааст ё ҷузъу томҳо дар қаторҳо яке паси дигар дар фосилае, ки ҳамин Оиннома ё командир муқаррар кардааст, саф кашидаанд.
  2. Пешгард — хизматчии ҳарбие (ҷузъу томе, мошине), ки дар аввали саф ба самти таъиншуда ҳаракат мекунад. Аз рӯи пешгард дигар хизматчиёни ҳарбӣ (ҷузъу томҳо, мошинҳо) ҳаракати худро танзим менамоянд.
Пасгард — хизматчии ҳарбие (ҷузъу томе, мошине), ки дар охири қатор ҳаракат мекунад.
  1. Саф бо амру фармонҳое, ки аз тарафи командир бо овоз, ишораҳо ва намунаи шахсӣ ва инчунин бо ёрии воситаҳои техникӣ ва ҳаракаткунанда дода мешаванд, идора мешавад.
Амру фармонҳо дар қаторҳо метавонанд тавассути командирони ҷузъу томҳо (сардорони мошинҳо) ва нозирони таъиншуда дода шаванд.
Мошинҳо бо амру фармонҳое, ки тавассути овоз ё бо ёрии асбобҳои алоқаи дохилӣ дода мешаванд, идора мегарданд.
Дар саф командири калон дар ҷое қарор мегирад, ки аз он ҷо амр додан барояш муносибтар бошад. Командирони дигар дар ҷойҳое истода амр медиҳанд, ки ҳамин Оиннома ё командири калон муқаррар кардааст.
Ба командирони ҷузъу томҳо  аз рота ва  болотар аз он дар   сафи  сафарии баталён ва полк танҳо барои додани амр ва тафтиши иҷрои он  аз саф  баромадан иҷозат дода мешавад.
  1. Амр ду навъ шуда метавонад: амри ибтидоӣ ва амри иҷрошаванда, ҳамчунин танҳо амрҳои иҷрошаванда низ буда метавонанд.
Амри ибтидоӣ бо садои возеҳ, баланд ва кашида гуфта мешавад, то ки дар саф будагон бифаҳманд, ки командир кадом амалҳоро аз онҳо  талаб менамояд.
Бо ҳар амри ибтидоӣ хизматчиёни ҳарбие, ки дар сафанд, ҳолати сафиро гирифта, дар ҳолати  ҳаракат бошад, қадами сафистро   мегузоранд ва берун аз саф  ба сӯи сардор мегарданд ва ҳолати сафистро мегиранд.
Ҳангоми иҷрои машқҳо бо силоҳ дар амри ибтидоӣ, дар ҳолати зарурӣ, номи силоҳ ишора карда мешавад. Масалан, ”Автомат — ба Сина”, “Пулемёт — ба Китф” ва ғайра.
Амри иҷрошаванда (ки дар Оиннома бо ҳарфҳои калон навишта шудааст) баъди таваққуфи кӯтоҳ (пауза), баланд, ҷудо-ҷудо ва возеҳ дода мешавад. Амри иҷрошаванда фавран ва дақиқ иҷро карда мешавад.
Ба мақсади ҷалб намудани диққати ҷузъу томҳо ё хизматчии ҳарбии  алоҳида танҳо дар амри иҷрошаванда, дар сурати зарурат, номи ҷузъу том  ё рутба ва ному насаби хизматчии ҳарбӣ гирифта мешавад.
Масалан, «Взвод (взводи сеюм) ИСТ»; «Сарбоз Назаров, ақиб — ГАРД».
ҳангоми амр додан овоз бояд ба бар ва умқи саф мутобиқат намояд ва гузориш бояд дақиқ, бе якбора баланд намудани овоз  талаффуз шавад.
  1. Ишораҳо барои идораи саф ва ишораҳо барои идора намудани мошинҳо дар замимаҳои 3 ва 4 нишон дода шудаанд.
Дар ҳолати зарурӣ командири ҷузъу том (қисм) ишораҳои иловагиро барои идораи саф таъин менамояд.
  1. Амрҳое (ишораҳое), ки ба ҳамаи ҷузъу томҳо дахл доранд, аз тарафи ҳамаи командирони ҷузъу томҳо ва командирони (калони) мошинҳо қабул ва фавран иҷро мегарданд.
ҳангоми амр додан бо ишора, нахуст ишораи «ДИққАТ» дода мешавад ва агар амр ба яке аз ҷузъу томҳо дахл дошта бошад, он гоҳ ишора бо нишон додани рақами он ҷузъу том дода мешавад. Ишора барои ифодаи рақами ҷузъу томҳо аз тарафи командири қисм (ҷузъу том) таъйин карда мешавад.
ОМОДАГӣ барои қабули амри ишораҳо, ҳамчунин бо ишораи «ДИққАТ» нишон дода мешавад.
қабули амр бо такрор кардани он ё ба ҷузъу томи худ додани ишораи дахлдор  тасдиқ  мешавад.
  1. Барои бекор кардани ишора ва қатъи қабули ишора амри «БОЗ ИСТ» дода мешавад. Бо ин амр ҳолате, ки то иҷро кардани машқ вуҷуд дошт, гирифта мешавад.
  2. ҳангоми омӯзиш иҷрои машқҳои дар ҳамин Оиннома нишондодашуда, инчунин гардишҳо ва ҳаракатҳо вобаста ба ҷузъу том иҷозат дода мешавад, масалан: «Автомат — ба СИНА» қисм ба қисм: иҷро кун — як, иҷро кун — ду, иҷро кун — се». “Ба рост, қисм ба қисм: иҷро кун — як, иҷро кун — ду”.
  3. ҳангоми созмон додани дастаҳои яккачин ҳисоби сафии онҳо ба ҷузъу томҳо гузаронида мешавад. Барои ҳисоб кардан хизматчиёни ҳарбӣ дар сафи дурадифа саф меороянд ва аз рӯи шумораи умумӣ, чи тавре ки дар банди 95 нишон дода шудааст, онҳоро ҳисоб мекунанд. Баъд аз ин ҳайати ҷузъу томҳо вобаста ба шумораи онҳо ба тартиб ба ротаҳо, взводҳо ва отделенияҳо тақсим карда мешаванд ва командирони ин ҷузъу томҳо таъин мегарданд.
Ҷузъу томҳо барои иштирок дар парад ва дигар чорабиниҳо бо амри командир дар сафи умумии сеқатора, чорқатора ва ё зиёдтар  аз он ҳам саф мекашанд. Зимнан, чун қоида, хизматчиёни ҳарбиро мувофиқи қаду қомат ба саф мегузоранд.
  1. Сафкашии воҳидҳо бо амри «САФ КАШ»,бо муайян намудани тартиби сафкашӣ сурат мегирад, масалан: «Отделение бо як радиф САФ — КАШ». Бо ин амр хизматчии ҳарбӣ бояд бо зудӣ ҷои худро дар саф ишғол карда, фосила ва масофаи муқарраршударо таъмин намуда ҳолати сафиро гирад.
  2. Дар мавриди додани амр барои ҷузъу томҳои қӯшун ва қӯшунҳои махсус ба ҷои номҳои «отделение», «взвод», «баталён» ва «полк» номи ҷузъу томҳо ва қисмҳое, ки дар навъи қӯшунҳо ва қӯшунҳои махсуси навъҳои қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, нишон дода мешаванд.
 
  1. Вазифаҳои командирон ва сарбозон пеш аз сафороӣ ва дар саф
 
  1. Командир вазифадор аст:
— ҷой, вақт, тартиби сафороӣ, навъи либос, таҷҳизот, инчунин навъи аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва ғайраро нишон диҳад:
— шумораи зердастони ҷузъу томи (қисми) худ, ки дар саф мавҷуданд, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷанг, воситаҳои ҳифзи шахсӣ ва асбоби хандақканиро назорат намояд ва донад;
— ба тартиб овардани сару либоси зердастон, мавҷудияти таҷҳизот ва дуруст ОМОДА будани онҳоро назорат намояд;
— интизомро дар саф нигоҳ дорад, иҷроиши дақиқи амр ва ишоратҳоро аз тарафи ҷузъу томҳо ва адои вазифаҳояшонро аз тарафаи хизматчиёни ҳарбӣ дар саф талаб намояд;
— ҳангоми амр додан дар сафҳои пиёда, дар ҷой ҳолати сафиро гирад;
— ҳангоми сафороии ҷузъу томҳо бо техникаи ҳарбӣ ва дигар таҷҳизот бояд намуди зоҳирии онҳоро аз назар гузаронад, инчунин мавҷудияти таҷҳизот ва дурустии онро барои ҳамлу нақли ҳайати шахсӣ ва инчунин мустаҳкам будани бор ва банду басти молҳои интиқолшавандаро тафтиш кунад, ба ҳайати шахсӣ риояи қойдаҳои бехатариро хотиррасон намояд, ҳангоми ҳаракат масофа, суръат ва қоидаҳои ҳаракатро риоя намояд.
  1. Хизматчии ҳарбӣ вазифадор аст:
— дурустии аслиҳаи худ, техникаи ҳарбиро, ки ба вай супурда шудааст, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои ҳифзи шахсӣ, асбоби хандақканӣ, либос ва таҷҳизотро тафтиш намояд;
— ҳамеша ороста бошад ва одоби либоспуширо риоя кунад, таҷҳизотро ба андозаи худ мувофиқ кунад ва ба рафиқоне, ки камбудиҳои назаррас доранд, кӯмак намояд;
— ҷои худро дар саф донад, ба зудӣ ва бе саросемагӣ онро ишғол намояд, ҳангоми ҳаракат ростии саф, фосила ва масофаи тайиншударо риоя намояд, бе иҷозат аз саф (мошин) набарояд;
— дар саф бе иҷозат гап назанад, тамоку накашад ва хомушии томро риоя намояд; ба амру (ишора)-ҳои – командири худ бодиққат бошад, онҳоро зуд ва дуруст иҷро намояд ва ба дигарон халал нарасонад.
— амру (ишора)-ҳоро бе ғалат, бо овози баланд ва возеҳ ба дигарон расонад.
 
 
Б О Б И    2
 
МАШҚҲОИ САФӣ ВА ҲАРАКАТи БЕ СИЛОҲУ БО СИЛОҲ
 
  1. Машқҳои сафӣ ва ҳаракати бе силоҳ ҳолати сафист
 
  1. Ҳолати сафист бо додани амри «САФ КАШ» ё «НИЗОМ» иҷро мешавад (расми 1).
Бо ин амр зуд дар саф рост истода ва бе саросемагӣ пошнахои пойро ба ҳам ҷафс намуда, нӯги пойҳоро — рӯи хати ҷабҳа ба андозаи паҳноии кафи по қарор медиҳанд, пойҳоро дар қисмати зону озодона рост мекунанд, вале таранг намекунанд; қафаси синаро боло бардошта, тамоми баданро каме ба пеш майл дода, шикамро ба дарун мекашанд, китфҳоро паҳн мекунанд, дастонро тавре бояд поён кард, ки панҷаҳо ба даруни кафи даст тамоюл дошта, ба паҳлӯ ва байни ронҳо қарор гиранд ва ангуштон нимхам шуда, ба рон ҷафс шаванд, сарро боло ва рост нигоҳ дошта, манаҳро ба пеш накашанд, ба пеши худ рост нигоҳ карда, ба амали фаврӣ бояд ОМОДА бошанд.
Ҳолати сафист дар ҷои истода бе додани амр ҳам иҷро мешавад — ҳангоми додан ё қабул кардани амр, ҳангоми гузориш додан ва ба якдигар муроҷиат намудани хизматчиёни ҳарбӣ, ҳангоми иҷро кардани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суруди миллии кишварҳои дигар, ҳангоми додани саломи ҳарбӣ, инчунин ҳангоми додани амрҳо.
 
 
 
 
Расми 1. Ҳолати сафист
 
  1. Бо амри «ОЗОД» озод истода, пои рост ё чапро аз зону суст намуда, вале аз ҷой берун намебароянд, хотирро парешон намекунанд ва гап намезананд.
Бо амри «ПӯШОК БА ТАРТИБ» ҷои худро дар саф тарк накарда, яроқ, пӯшок ва таҷҳизотро ба тартиб меоранд; ҳангоми зарурати аз саф берун баромадан — барои иҷозат ба командири бевоситаи худ муроҷиат менамоянд.
 
 
 
 
 
Пеш аз амри «ПӯШОК БА ТАРТИБ» амри «ОЗОД» дода мешавад.
 
 
  
 
Расми 2. Тарзи нигоҳ доштани кулоҳ дар даст:
а — фуражка; б — пилотка; в —  телпак.
 
  1. Барои гирифтани кулоҳҳо амри «Кулоҳ — ГИР» ва барои пӯшидан — «Кулоҳ- ПӯШ» дода мешавад. Дар ҳолати зарурӣ хизматчиёни ҳарбии алоҳида метавонанд кулоҳҳоро бе амр бигиранд ва пӯшанд. Кулоҳ, ки аз сар гирифта шуд дар дасти чап, дар оринҷи хамшуда нишонааш (кокардааш) ба тарафи пеш нигоҳ дошта мешавад (расми 2).
Кулоҳ ҳангоми бе силоҳ ва бо силоҳ дар ҳолати силоҳ «ба пушт» ба дасти рост гирифта ва пӯшида мешавад, вале бо силоҳ дар ҳолати «ба китф», «ба сина» ва «дар паҳлӯи по» ба дасти чап гирифта ва пӯшида мешавад. Ҳангоми гирифтани кулоҳ бо карабин дар ҳолати «ба китф» карабин қаблан ба паҳлӯи по гузошта мешавад.
 
Гардиш дар ҷои ист
 
  1. Гардиш дар ҷои ист бо амри «Рост — ГАРД», «Ним давр рост — ГАРД», «Чап — ГАРД», «Ним давр чап — ГАРД», «Ақиб — ГАРД» иҷро мешавад. Гардиш ба қафо, ба чап, ним давра ба чап ба тарафи дасти чап бо пошнаи пои чап ва нӯги пои рост иҷро мешавад; ба рост, ним гардиш ба рост — ба тарафи дасти рост бо пошнаи пои рост ва нӯги пои чап иҷро мешавад.
Гардиш бо ду ҳисоб иҷро мешавад: бо ҳисоби як тоб хӯрда мувозинати баданро дуруст нигоҳ медоранд ва пойҳоро аз зону хам накарда, вазни баданро болои пои пеш монда, бо ҳисоби ду фавран пои дигарро пеш мегузоранд, то ин ки ҳар ду по ҳамҷо шаванд.
 
Ҳаракат
 
  1. Ҳаракат бо қадам ё бо дав иҷро карда мешавад. Суръати муқаррарии қадамзанӣ дар як дақиқа 110 — 120 қадам мебошад. Андозаи қадам 70-80 см аст.
Суръати қаракати маъмулӣ дар шакли давидан дар як дақиқа 165 — 180 қадам мебошад.
Андозаи қадам 85 — 90 см аст.
Қадам ду навъ аст: сафӣ ва сафарӣ.
Қадами сафӣ ҳангоми гузашти тантанавии ҷузъу томҳо,   додани саломи ҳарбӣ, ҳангоми ҳаракат; ҳангоми ба назди командир омадан ё аз назди ӯ  рафтани хизматчии ҳарбӣ; ҳангоми аз саф баромадан ё ба саф баргаштан ва инчунин  дар дарсҳои сафӣ ба кор бурда мешавад.
Дар ҳама ҳолатҳои дигар қадами сафарӣ ба кор бурда мешавад.
  1. Ҳаракат бо қадами сафӣ бо амри “Бо қадами сафӣ — марш” оғоз меёбад ва ҳаракат бо қадами сафарӣ бо амри — «Бо қадам — МАРШ» оғоз меёбад.
Бо амри пешакӣ қоматро каме ба пеш қаракат дода, вазни баданро бештар рӯи пои рост қарор дода, мувозинатро нигоҳ медоранд; бо амри иҷрошаванда ҳаракатро аз пои чап бо қадами пурра шурӯъ мекунанд.
Ҳангоми ҳаракат бо қадами сафӣ (расми 3) нӯги пойро ба пеш кашида дар баландии 15-2О см аз сатҳи замин баланд бардошта онро устуворона бо тамоми кафи пой ба замин гузошта ва  ҳамзамон пои дигарро аз замин мебардоранд.
  
 
Расми 3. Ҳаракат бо қадами сафӣ
 
 
Дастонро, аз китф шурӯъ карда, дар атрофи бадан ҳаракат додан лозим аст: ба пеш — дастро дар қисмати оринҷ тавре хам кардан лозим аст, ки панҷаҳо аз болои сагаки камар ва ба андозаи кафи даст аз бадан қарор бигирад, ба қафо — даст бояд дар қисмати банди китф, то охир ба қафо равад. Ангуштони даст бояд нимхам бошанд. Ҳангоми ҳаракат сар ва баданро рост нигоҳ доранд ва рост ба пеш нигоҳ кунанд.
Ҳангоми ҳаракат бо қадами сафарӣ пойро озодона ба пеш гузошта, нӯги пойро накашида онро ба замин мисли қадами маъмулӣ мегузоранд; бо дастон дар атрофи бадан озодона ҳаракат менамоянд.
Ҳангоми ҳаракат бо қадами сафарӣ бо амри «НИЗОМ» ба қадами сафӣ мегузаранд. Ҳангоми ҳаракат бо қадами сафӣ бо амри «ОЗОД» ба қадами оддӣ мегузаранд.
  1. Ҳаракати давидан бо амри «Бо дав — МАРШ» оғоз мешавад.
Ҳангоми ҳаракат аз ҷой бо амри ибтидоӣ баданро каме ба пеш майл дода, дастонро нимхам, оринҷҳоро каме ба ақиб кашида бо амри иҷрошаванда бо пои чап давиданро шурӯъ мекунанд ва бо дастон ба пеш ва қафо озодона ба зарби дав ҳаракат менамоянд.
Барои гузариш аз қадамзанӣ ба давидан бо амри ибтидоӣ дастонро каме нимхам, оринҷҳо каме ба қафо мегиранд. Амри иҷрошаванда ҳамзамон бо гузоштани пои рост ба замин дода мешавад. Бо ин амр бо пои рост як қадам гузошта, бо пои чап давиданро шурӯъ менамоянд.
Барои гузаштан аз давидан ба қадамзанӣ амри «Бо қадам — МАРШ» дода мешавад. Амри иҷрошаванда ҳамзамон бо гузоштани пои рост ба замин дода мешавад. Бо ин амр боз ду қадами дигар давида ва бо пои чап ҳаракати маъмулиро шурӯъ мекунанд.
  1. Ишораи қадамзанӣ ё давидан дар ҷои ист бо додани амри «Дар ҷой, бо қадам (бо дав) — МАРШ» (ҳангоми ҳаракат — «ДАР ҶОЙ»), иҷро мегардад.
Бо ин амр қадам бо бардоштан ва мондани пой (пойкӯбӣ) ифода карда мешавад, зимнан пой бояд 15-20 см аз замин бардошта ва онро бо қисми пеши каф барои изи пурра ба замин гузошт (ҳангоми давидан — ба қисми пеши каф); дастҳо ба зарби қадам ҳаракат мекунанд (расми 4).
 
 
 
 
Расми 4. Қадамзанӣ дар ҷои ист
 
 
Бо амри «Рӯ БА Рӯ» ҳамзамон бо гузоштани пои чап ба замин бо пои рост боз як қадами дигар дар ҷой гузошта ва бо пои чап ҳаракатро бо қадами устувор (давидан) шурӯъ менамоянд. Дар ин ҳолат се қадами аввал бояд сафӣ бошанд.
  1. Барои қатъ кардани ҳаракат чунин амр дода мешавад, масалан, «Сарбоз Каримов — ИСТ». Бо амри «ИСТ»-и иҷрошаванда, ки ҳамзамон бо гузоштани пои рост ё чап ба замин дода мешавад, боз як қадами дигар гузошта, пойҳоро паҳлӯи ҳам мегузоранд ва ҳолати «САФИСТ”-ро мегиранд.
  2. Барои тағйир додани суръати ҳаракат амрҳои «ҚАДАМ ВАСЕЪ», «ҚАДАМ КӯТОҲ», «ҚАДАМ ЗУД», «ҚАДАМ ОҲИСТА», «НИМ ҚАДАМ», ,,ҚАДАМ ПУРРА” дода мешаванд.
  3. Барои чанд қадам аз ҷо ба ҷое гузаронидани хизматчиёни ҳарбии алоҳида чунин амр дода мешавад: «Сарбоз Каримов, ду қадам ба рост (чап) — Марш». Бо ин амр хизматчии ҳарбӣ ду қадам ба рост (чап) мегузорад ва баъди ҳар қадам ҷои пойҳоро иваз мекунад.
Барои ба пеш ё ба қафо ба чанд қадам ҷой иваз кардан чунин амр дода мешавад, масалан: «Ду қадам ба пеш (ба қафо) бо қадам — марш». Бо ин амр ду қадам ба пеш (қафо) гузошта, баъд пойҳоро пахлӯи ҳам мегузоранд. Ҳангоми тағйири ҷой ба рост, ба чап ва ба қафо бо дастҳо ҳаракат карда намешавад.
 
Гардишҳо ҳангоми ҳаракат
 
 
  1. Гардишҳо ҳангоми ҳаракат бо қадам бо амри: «РОСТ — ГАРД», «ЧАП — ГАРД», «АҚИБ — ГАРД» иҷро мешаванд.
Барои гардиш ба чап (ба рост) амри иҷрошаванда баробари гузоштани пои чап (пои рост) ба замин дода мешавад. Бо ин амр бо пои чап (бо пои рост) қадам гузошта, бо нӯги пои чап (пои рост) баргашта ва баробари тоб хӯрдан пои чапро (пои ростро) ба пеш гузошта, ҳаракатро дар самти нав идома медиҳанд.
Барои гардиш ба қафо амри иҷрошаванда баробари гузоштани пои рост ба замин дода мешавад. Бо ин амр боз як қадами дигар бо пои чап (бо ҳисоби як) гузошта, пои ростро ним қадам ба пеш ва каме ба чап мегузоранд ва фавран бо нӯги ҳар ду по ба тарафи дасти чап (бо ҳисоби ду) тоб мехӯранд ва ҳаракатро бо пои чап (бо ҳисоби се) ба самти нав идома медиҳанд.
Ҳангоми гардиш ҳаракати дастҳо бо зарби қадам иҷро мешавад.
 
  1. МАШҚИ САФ ВА ҲАРАКАТ БО СИЛОҲ
Сафист бо силоҳ
 
  1. Сафисти бо силоҳ ҳам мисли холати бе силоҳ мебошад, вале дар ин ҳолат автоматро дар ҳолати «ба китф», мили он ба боло ва автомати қундоқаш қатшаванда мил ба поён дошта мешавад (расми 5 а, б).
 
 
Расми 5.  Сафисти бо  силоҳ:
а — бо автомати чӯбқундоқ; б — бо автомати қундоқаш қатшаванда; в — бо карабин (милтиқи дурбиндор); г — бо пулемёти дастӣ (ротагӣ); д — бо норинҷакандози дастӣ.
Карабинро дар паҳлӯи по бо дасти рост тавре нигоҳ медоранд, ки қундоқ бояд ба пуррагӣ рӯи замин қарор гирад ва ба кафи пои рост часпад ва кунҷи пеш баробари нӯги пой бошад. Дасти ростро озод поён нигоҳ дошта аз мил ва лӯлаи газ нигоҳ медоранд (расми 5, в).
Пулемёти дастӣ (ротагӣ) дар паҳлӯи по нигоҳ дошта мешавад ва дар ин ҳолат дасти рости озод бояд аз поин бошад; пулемёти дастиро аз мил ва пулемёти ротагиро аз пӯш гирифтан лозим аст (расми 5, г).
Норинҷакандози дастӣ дар ҳолати «ба китф» бояд мил ба поён нигоҳ дошта шавад (расми 5,д).
 
Иҷрои амал бо силоҳ дар ҷои ист
 
  1. Автомат аз ҳолати «ба китф», ба ҳолати «ба сина» бо амри «Автомат ба СИ — НА» дар се навбат гирифта мешавад.
Амали аввал: Дасти ростро аз зери тасма боло бурда, автоматро аз китф мебардоранд ва бо дасти чап аз соқ ва сарпӯши мил медоранд, ки тирдон бояд ба тарафи чап қарор гирад ва мил бояд дар сатҳи манаҳ бошад (расми 6, а).
 
 
 
 
Расми 6. Амалҳои аз ҳолати «ба сина» ба ҳолати «ба  китф»  овардани автомат
 
Амали дуюм: Бо дасти рост тасмаро ба тарафи рост кашида ва бо кафи даст аз таг онро тавре мегиранд, ки ангуштон бояд нимхам ба тарафи худ бошанд: ҳамзамон оринҷи дасти ростро зери тасма мегузоранд (расми 6, б).
Амали сеюм: Тасмаро ба пушти сар партофта, автоматро бо дасти рост аз гарданаи қундоқ гирифта, дасти чапро ба зудӣ поён мекунанд (расми 6. в).
Автомати қундоқаш қатшаванда аз ҳолати «ба китф» ба ҳолати «ба сина» бо ҳамон амр дар ду машқ гирифта мешавад.
Амали аввал: Бо дасти рост автоматро аз китф гирифта ва оринҷи дасти ростро аз тасма берун накарда, бо дасти чап автоматро аз тагчӯби мил ва сарпӯши мил аз поён мегиранд ва тирдонро поён карда милро ба тарафи чап нигоҳ медоранд    (расми 6, г).
 
  
Расми 7. Амалҳо бо автомат ба ҳолати
«ба китф» аз ҳолати «ба сина».
 
Амали дуюм: Бо дасти рост тасмаро ба пушти  сар гузаронда рӯи китфи чап қарор медиҳанд ва автоматро аз сарпӯши мил аз паҳлӯи тасма гирифта дасти чапро ба зудӣ поён мекунанд       (расми 6, д).
  1. Автоматро аз ҳолати «ба сина» ба ҳолати «ба китф» бо амри «Ба КИТФ» дар се навбат мегиранд.
Амали аввал: Бо дасти чап автоматро аз тагчӯби мил ва сарпӯши мил гирифта, ҳамзамон онро каме ба пеш ва ба боло ҳаракат медиҳанд; дасти ростро аз зери тасма бароварда аз гарданаи қундоқи автомат дошта, тавре ки дар расми 7, а нишон дода шудааст, нигоҳ медоранд.
Амали дуюм: Автоматро боло бардошта, тасмаро аз болои сар мегузаронанд ва автоматро  дар пешрӯи худ ба таври амудӣ ки тирдонаш ба тарафи чап ва мил дар сатҳи манаҳ бошад, қарор дода нигоҳ медоранд (расми 7, б).
Амали сеюм: Бо дасти рост аз қисми болоии тасма гирифта автоматро ба китфи рост ба ҳолати «ба китф» партофта, дасти чапро ба тезӣ поён мекунанд (расми 5, а).
Автомати қундоқаш қатшаванда аз ҳолати «ба сина» ба ҳолати «ба китф» дар се навбат гирифта мешавад.
Амали якум: Бо дасти чап автоматро  аз боло аз мил ва лӯлаи газӣ гирифта, каме онро боло бардошта оринҷи дасти ростро аз зери тасма мебароранд, бо дасти рост, бо кафи даст аз поён тасмаро аз   паҳлӯи сарпӯши мил мегиранд (расми 7, в).
Амали дуюм: Автоматро ба тарафи тирдонаш боло тоб дода, тасмаро аз болои сар мегузаронанд ва онро дар ҳолате, ки тирдонаш ба тарафи рост бошад, нигоҳ медоранд (расми 7, г).
Амали сеюм: Автоматро болои китфи рост дар ҳолати «ба китф» қарор дода, дасти чапро ба тезӣ поён мекунанд (расми 5, б).
  1. Карабин (пулемёти дастӣ) аз назди по ба ҳолати «ба китф» бо амри «Ба — Китф» дар се навбат гирифта мешавад.
Амали якум: Бо дасти рост карабин (пулемёти дастӣ)-ро бардошта, аз бадани худ  дур накарда, тирдон (дастгираки пулемёт)-ро ба тарафи чап чарх медиҳанд: бо дасти чап карабинро аз тирдон (пулемётро аз тагчӯби мил) гирифта, мили онро дар сатҳи чашмон нигоҳ медоранд; оринҷи дасти ростро ба бадан мечаспонанд (расми 8, а, б).
Амали дуюм: Бо дасти рост тасмаро гирифта, онро ба тарафи чап мекашанд (расми 8, в).
Амали сеюм: карабин (пулемёти дастӣ)-ро бо тезӣ болои шона қарор медиҳанд: дасти чапро поён мекунанд; дасти ростро аз рӯи тасма тавре қарор медиҳанд, ки устухони бозӯ дар ҳолати уфуқӣ қарор гирад; карабин (пулемёти дастӣ)-ро каме бо оринҷ ба бадан фишор медиҳанд (расми 8. г, д)
  1. Карабин аз ҳолати «ба китф» ба ҳолати «ба назди по» бо амри «Ба назди ПО» дар ду навбат ва пулемёт ҳам дар ду навбат гирифта мешавад.
Иҷрои амалҳо бо карабин. Амали якум: Бо дасти рост бо ёрии тасма қундоқро каме ба пеш бурда, бо дасти чап карабинро аз тирдон мегиранд ва каме онро боло мекунанд (расми 9). Бо дасти чап карабинро аз китф бароварда ва бо дасти рост аз қисмати болои тагчӯби мил ва сарпӯши мил мегиранд, тирдон  бояд  ба тарафи чап нигоҳ кунад (расми 8, а).
Амали дуюм: Дасти чапро ба зудӣ поён карда, бо дасти рост карабинро ба замин назди по мегузоранд.
Иҷрои амалҳо бо пулемёти дастӣ. Амали якум: Дасти ростро аз рӯи тасма каме боло бурда, пулемётро аз китф мегиранд ва бо дасти чап аз тагчӯби мил гирифта, бо дасти рост аз мил ва дупоя болотар аз лӯлаи газии пулемёт мегиранд, дар ҳолате, ки дастгираки тапончагӣ ба тарафи чап, мил дар сатҳи чашмҳо бошад, дар пеши худ нигоҳ медоранд (расми 8, б).
 
Расми 8. Амалҳои «ба китф» овардани
карабин ва пулемёти дастӣ
 
Амали дуюм: Дасти чапро ба зудӣ поён мекунанд ва бо дасти рост пулемётро оҳиста ба замин назди по мегузоранд.
Пулемёти ротагӣ дар ҳолати «ба китф» ва «ба назди по» озодона, тавре ки қулай бошад, гирифта мешавад.
  1. Карабин аз назди по ба ҳолати «ба шона» танҳо бо найзаи кушода бо амри «Ба ШОНА» дар ду навбат гирифта мешавад.
Амали якум: Бо дасти рост карабинро бардошта, кулангдонро ба пеш тоб дода, онро амудӣ назди бадан ба паҳлӯи чап мегузаронанд ва ҳамзамон бо кафи дасти рост аз қисмати болоии тагчӯби мил ва сарпӯши мил бардошта, дар айни ҳол кафи дасти ростро каме ба пеш ҳаракат дода, қундоқи карабинро рӯи кафи дасти чап тавре мегузоранд, ки қафои қундоқ рӯи кафи даст қарор гирад, ангушти калон аз пеш бошад ва ангуштони дигар аз тарафи рости қундоқ қарор гиранд; карабинро амудӣ бо дасти рост, ки аз оринҷ ба сӯи китфи чап рост карда шудааст, тарзе нигоҳ медоранд, ки кунҷи тези қундоқ ба пои чап расида истад; оринҷи дасти рост — дар сатҳи шона қарор  дорад (расми 10, а).
Амали дуюм. Дасти ростро зуд поён карда, ҳамзамон бо дасти чап карабинро тарзе мебардоранд, ки ҳалқаи камонаки он  дар хамии шона ҷой гирад, онро тарзе нигоҳ медоранд, ки ба канор хам нашавад; панҷаи дасти рост каме поёнтар аз оринҷ нигоҳ дошта шавад, қундоқ ба камар ҷафс карда шавад, банди даст — ба паҳлу бошад (расми 10, б, в).
  1. Карабин аз ҳолати «ба шона» ба ҳолати ба «назди по» ба амри “Ба назди — по” дар се навбат гирифта мешавад.
Амали якум: Ба тезӣ дасти ростро поён карда, ҳамзамон бо дасти чап карабинро тавре боло мекунад, ки бо дасти рост аз қисми болои тагчӯби мил ва сарпӯши мил гиранд ва онро ба ҳолате, ки дар расми 10, а нишон дода шудааст, гузоранд.
 
 
Расми 9. Амали аз ҳолати                                         Расми 10. Амали аз  назди
ба китф” ба ҳолати «ба                                           по «Ба шона» овардани
назди по» овардани карабин                                                 карабин
Амали дуюм: Бо дасти рост карабинро ба пеши пои рост поён бурда, кулангдонро ба тарафи худ қарор медиҳанд; карабинро бо дасти чап аз назди лӯлаи найза нигоҳ дошта, онро дар паҳлӯи рони рост тавре қарор медиҳанд, ки қисми дарунии қундоқ ба ангуштони по расад.
  1. Дар сурати зарурати дароз (кӯтоҳ) кардани тасма амри «Тасма — ДАРОЗ (КӯТОҲ)» дода мешавад.
Бо амри ибтидоӣ автомат ва норинҷакандози дастӣ ба дасти рост гирифта мешавад; карабин ва пулемёт — ба назди по гузошта мешавад; қундоқи автоматҳои қундоқҳояшон қатшавандаро дар ин ҳолат мекушоянд. Бо амри иҷрошаванда ним давр ба рост мегарданд, ҳамзамон пои чапро як қадам ба тарафи чап гузошта, ба пеш каме хам шуда, қундоқи силоҳро ба кафи пои чап пахш мекунанд ва милро дар хамии бозӯи рост нигоҳ медоранд; бояд зону хам набошад; бо дасти рост сагаки тасмаро нигоҳ дошта, бо дасти чап тасмаро дароз (кӯтоҳ) мекунанд ва мустақилона ҳолати исти сафистро қабул мекунанд.
  1. Пеш аз амрҳои «Ба пушт», «Ба китф» ва «Ба сина» — силоҳ пешакӣ бо амри «Муҳофизакро гузор» ба муҳофизак гузошта мешавад.
Агар кушодани найзакорд (ҷудо кардани найза) ё ба силоҳ пайваст кардан зарур бошад, он гоҳ амри: «Найзакордро Ҷудо — кун» (Найзакордро хам кун) ва «Найзакордро маҲкам — кун» дода мешавад.
  1. Силоҳ аз ҳолати «ба китф» ба ҳолати «ба пушт» бо амри «Силоҳ ба — ПУШТ» дар ду навбат гирифта мешавад.
Амали якум: Бо дасти чап поёнтар аз китфи рост аз тасма гирифта, бо дасти рост ҳамзамон аз қундоқ мегиранд (автомати қундоқаш қатшаванда ва норинҷакандози дастӣ аз поёнтари мил гирифта мешавад).
Амали дуюм: Бо дасти рост силоҳро боло бардошта ва бо дасти чап тасмаро аз болои сар рӯи китфи чап мегузоранд; силоҳ ва дастонро ба зудӣ поён мекунанд (расми 11).
 
 
Расми 11. Ҳолати силоҳ «ба пушт»:
а) автомат;  б) пулемёти дастӣ
Автомат «ба пушт» бе найзакорд ва карабин бо найзаи хамшуда гирифта мешавад.
  1. Силоҳ аз ҳолати «ба пушт» ба ҳолати «ба китф» бо амри «Силоҳ ба КИТФ» дар ду навбат гирифта мешавад.
Амали якум: Бо дасти чап тасмаро каме поёнтар аз китфи чап гирифта, бо дасти рост ҳамзамон аз қундоқ (аз мил, аз растрӯб) мегиранд.
Амали дуюм: Бо дасти рост силоҳро бардошта бо дасти чап тасмаро аз болои сар бардошта, рӯи китфи рост мегузоранд, тасмаро бо дасти рост, тавре ки дар расми 5, а, б ва 8, г, д, нишон дода шудааст, мегиранд ва дасти чапро зуд поён мекунанд.
  1. Барои гузаронидани автомат аз ҳолати «ба сина» ба холати «ба пушт» ва аз ҳолати «ба пушт» ба ҳолати «ба сина», инчунин гузаронидани карабин аз ҳолати «ба пушт» ба ҳолати «ба назди по», силоҳ аввал бо амр ба ҳолати «ба китф» гирифта мешавад.
Барои гузаронидани автомати қундоқаш қатшаванда ба ҳолати «ба пушт» аз ҳолати «ба сина» бо дасти рост аз қисмати болои мил гирифта онро ба ҳолати «ба пушт» мегузаронанд.
Ҳангоми иҷрои амали “ба сина” аз ҳолати “ба пушт” бо дасти рост автомат аз қисми сари мил гирифта мешавад ва онро аз сари мил ба шонаи чап кашида, ба ҳолати “ба сина” мегузоранд.
Пулемёти дастӣ ба ҳолати «ба пушт», тавре ки қулай бошад, гирифта мешавад.
  1. Бо амри умумии «Ба назди ПО» карабинҳо ва пулемётҳо ба назди по гузошта мешаванд, вале ҳолати автоматҳо ва норинҷакандозҳои дастӣ тағйир намеёбад.
  2. Барои ислоҳи ҳолати нодурусти силоҳ амри зерин дода мешавад. Масалан: «Силоҳро дуруст — КУН».
Гардиш ва ҳаракат бо силоҳ
 
  1. Гардиш ва ҳаракат бо силоҳ ҳам бо он тартибу амре иҷро карда мешаванд, ки барои гардиш ва ҳаракат бе силоҳ дода мешавад.
  2. Ҳангоми гардиш бо силоҳи «назди по» буда, бо амри ибтидоӣ силоҳро каме бардошта, ҳамзамон найзаро (қисмати болоии милро) ба тарафи худ мекашанд ва дасти ростро каме ба рони рост ҷафс мекунанд. Гардишро анҷом дода, ҳамзамон бо гузоштани по силоҳро ба оромӣ ба замин мегузоранд.
  3. Барои ҳаракат бо силоҳи «назди по» бо амри ибтидоии «Бо қадам» силоҳро каме бардошта, бо амри «Бо дав» дасти чапро аз оринҷ нимхам карда ҳаракат мекунанд.
Ҳангоми ҳаракат ба давидан ба дасти рост каме хам шуда, силоҳро тавре мегиранд, ки қисмати болои мил каме ба пеш дода шуда бошад. Ҳангоми давидан дар сафи зич найзаро ба тарафи худ мегиранд.
  1. Ҳангоми ҳаракат бо силоҳи «назди по» ва дар ҳолати «ба шона», «ба китф» ва «ба сина», бо дасти озод ва ҳангоми ҳаракат бо силоҳ дар ҳолати «ба пушт» ҳар ду дастро бо зарби қадам дар атрофи бадан ҳаракат медиҳанд.
  2. Ҳангоми ҳаракат бо карабине, ки дар ҳолати “ба шона” аст, бо амри иҷрошавандаи «ИСТ» ҳаракатро қатъ намуда, бе амр, тавре ки дар банди 45 нишон дода шудааст, карабинро назди по мегузоранд.
  3. Дар ҳаракат карабин аз назди по ба китф дар ду навбат, монанди дар ҳолати истода (банди 44) бо амри «Ба шона», ки ҳамзамон бо гузоштани пои чап ба замин дода мешавад, гирифта мешавад. Бо амри иҷрошаванда бо пои рост як қадам гузошта баъд паи ҳам бо гузоштани пои чап ба замин ҳар як амалро алоҳида иҷро мекунанд.
  4. Дар ҳаракат карабин ба «назди по» аз ҳолати «ба шона» дар се навбат, мисли дар ҳолати истода (банди 45), бо амри «Ба назди ПО», ки ҳамзамон бо гузоштани пои чап ба замин дода мешавад, гирифта мешавад. Бо амри иҷрошаванда бо пои рост як қадам гузошта баъд бо гузоштани пои чап ба замин ҳар як амалро алоҳида иҷро мекунанд.
  5. Ҳангоми ҳаракат карабин аз ҳолати «ба ШОНА» ба ҳолати «БА ДАСТ» дар ду навбат бо амри «БА ДАСТ», ки ҳамзамон бо гузоштани пои чап ба замин дода мешавад, гирифта мешавад.
Амали якум: ҳаракатро давом дода, бо пои рост як қадам монда, бо гузоштани пои чап ба замин дасти чапро бо карабин то охир поён мекунанд ва ҳамзамон бо дасти рост аз гарданаи карабин бо тасма мегиранд.
Амали дуюм: Бо пои рост паҳн як қадам монда, бо гузоштани пои чап ба замин зуд бо дасти рост тирдони карабинро ба тарафи поён гардонда, карабинро ба паҳлӯи рост мегузоранд ва бо дасти чап аз қисмати болоии тагчӯби мил ва сарпӯши мил мегиранд; гарданаи чӯби карабинро ба паҳлуи рости бадан ба камар часпонда, оринҷи ростро ба хати китф қарор медиҳанд, найзаро баробари чашми рост ва дар баландии гардан қарор медиҳанд (расми 12).
 
Расми 12. Амал бо карабин дар ҳолати «ба даст» ҳангоми ҳаракат
  1. Ҳангоми ҳаракат карабин аз ҳолати «ба даст» ба ҳолати «ба шона» бо амри «Ба шо-НА», ки ҳамзамон бо гузоштани пои чап ба замин дода мешавад, дар ду навбат гирифта мешавад.
Амали якум: Ҳаракатро давом дода, бо пои рост қадам монда, ҳамзамон бо гузоштани пои чап ба замин карабинро бо дасти чап ба боло тела дода ва ба тарафи худ кашида, бо дасти рост  аз гарданаи он гирифта кулангдонро ба тарафи рост қарор медиҳанд ва онро ба таври амудӣ ба кафи дасти чапи поён кардашуда мегузоранд.
Амали дуюм: Бо пои рост боз як қадам монда, ҳамзамон бо гузоштани пои чап ба замин карабинро «ба ШОНА» мегиранд ва дасти ростро поён мекунанд.
 
Б О Б И    3
ДОДАНИ  САЛОМИ  ҲАРБӣ,  БАРОМАДАН АЗ САФ ВА БАРГАШТАН БА САФ, ОМАДАН
БА НАЗДИ САРДОР ВА РАФТАН АЗ НАЗДИ САРДОР
 
  1. Додани саломи ҳарбӣ бе силоҳ дар ҷои ист ва ҳангоми ҳаракат
 
  1. Саломи ҳарбӣ бояд дақиқ ва далерона, бо риояи дурусти қоидаҳои ҳолати сафист ва ҳаракат, дода шавад.
  2. Барои додани саломи ҳарбӣ дар ҷои ист берун аз саф бе кулоҳ бояд дар фосилаи се-чор қадам дуртар аз сардор (калон) сари худро ба тарафи ӯ гардонда, ҳолати сафистро гирифта ба рӯи ӯ нигоҳ мекунанд ва бо нигоҳи худ ӯро гусел менамоянд.
Агар кулоҳ дар сар бошад, илова бар ин дасти ростро тавре ба кулох мебаранд, ки ангуштон ҷафс буда, кафи даст рост бошад, ангушти мобайнӣ ба лаби кулоҳ расад ва оринҷ дар сатҳи хатти китфҳо ва ба баландии онҳо бошад (расми 13). Ҳангоми гардондани сар ба тарафи сардор (калон) ҳолати даст бетағйир мемонад (расми 14).
 
 
Расми 13. Додани  саломи ҳарбӣ                                           Расми 14. Додани саломи харбӣ
дар ҷои ист.                                                                                     ҳангоми  ҳаракат.
 
Вақте ки сардор (калон) аз пеши саломдиҳанда мегузарад, сарро рост дошта, ҳамзамон дастро поён мекунанд.
  1. Барои додани саломи ҳарбӣ ҳангоми ҳаракат берун аз саф бе кулоҳ, се-чор қадам дуртар аз сардор (калон), ҳамзамон бо гузоштани по ҳаракати дастонро қатъ карда, сарро ба тарафи ӯ гардонда, ҳаракатро давом дода рост ба рӯи ӯ нигоҳ мекунанд. Аз назди сардор (калон) гузашта, сарро рост карда, ҳаракати дастонро идома медиҳанд.
Агар кулоҳ дар сар бошад, ҳамзамон бо гузоштани по ба замин сарро ба тарафи ӯ гардонда, дасти ростро ба кулоҳ бурда, дасти чапро беҳаракат рӯи рони чап қарор медиҳанд (расми 14): аз назди командир гузашта, ҳамзамон бо гузоштани пои чап ба замин сарро рост карда, дасти ростро поин мекунанд.
Ҳангоми пеш гузаштан аз сардор (калон) бо қадами аввали расидан ба ӯ саломи ҳарбӣ медиҳанд. Бо қадами дуюм сарро рост карда дасти ростро поён мекунанд.
  1. Агар дастони хизматчии ҳарбӣ банд бошанд, он гоҳ саломи ҳарбӣ бо гардондани сар ба тарафи сардор (калон) анҷом мегирад.
 
 
  1. Додани саломи ҳарбӣ бо силоҳ дар ҷойи ист ва ҳангоми ҳаракат
  2. Додани саломи ҳарбӣ бо силоҳ дар ҷой берун аз саф низ монанди додани саломи ҳарбӣ бе силоҳ анҷом дода мешавад (банди 63): зимнан ҳолати силоҳ, ба ғайр аз ҳолати карабин «ба шона» тағйир намеёбад ва даст ба кулоҳ бурда намешавад. ҳангоми додани саломи ҳарбӣ бо карабин дар ҳолати «ба шона» карабин пешакӣ ба назди по гузошта мешавад.
Бо силоҳ дар ҳолати «ба пушт» саломи ҳарбиро бо гузоштани даст ба кулоҳ медиҳанд.
  1. Барои додани саломи ҳарбӣ ҳангоми ҳаракат берун аз саф бо силоҳ дар назди по, «ба китф» ё «ба сина» дар масофаи се-чор қадам то командир (сардор) ҳамзамон бо гузоштани по ба замин сарро ба тарафи ӯ гардонда, ҳаракати дасти озодро қатъ мекунанд: бо силоҳ дар ҳолати «ба пушт» ба ғайр аз ин дастро ба кулоҳ мебаранд.
Ҳангоми додани саломи ҳарбӣ бо карабин дар ҳолати «ба шона» ба ҳаракат додани дасти рост дар атрофи бадан идома медиҳанд.
  1. Саломи ҳарбӣ бо додани амри «Барои истиқбол аз рост (чап, рӯ ба рӯ), ба қаро-вул» бо карабин аз ҳолати «дар назди по» дар ду амал анҷом мегирад.
 
 
Расми 15. Додани саломи ҳарбӣ бо карабин дар ҳолати «ба қаровул»
Амали якум: Бо дасти рост карабинро бардошта, онро дар ҳолати амудӣ, лӯларо дар муқобили миёни сина, нишонгиракро ба тарафи худ нигоҳ медоранд; ҳамзамон бо ин бо дасти чап карабинро аз тагчӯби мил (чор ангушт аз қафо дар рӯи тирдон, ангушти калон зери нишонгирак), панҷаи дасти чап дар баландии камар (расми 15, а) нигоҳ медоранд.
Амали дуюм: Дасти ростро ба гарданаи чӯби карабин гузошта, карабинро тавре нигоҳ доранд, ки ангушти калон аз қафо бошад ва ангуштони боқимонда бо ҳамдигар ҷафс ва уреб аз пеш дар рӯи гарданаи чӯби карабин бошанд (расми 15, а). ҳамзамон бо иҷрои машқи дуюм сарро ба тарафи рост (чап) гардонда, бо гардондани сар ба самти ҳаракати сардор (калон) ӯро бо нигоҳ гусел мекунанд.
  1. Аз ҳолати «ба қаровул» карабинро ба ҳолати ба назди по амри «Ба назди ПО» мегиранд.
Бо амри ибтидоӣ сарро рост нигоҳ дошта, бо амри иҷрошаванда карабинро бо се амал ба назди по мегиранд.
Амали якум: Дасти ростро ба боло бурда, бо он карабинро аз қисмати болоии тагчӯби мил ва сарпӯши мил мегиранд.
Амали дуюм: Карабинро ба назди пои рост тавре мегузоранд, ки қисми дохилии қундоқ ба ангушти хурди пои рост расад: бо дасти чап карабинро аз назди лӯлаи найза нигоҳ медоранд:
Амали сеюм: Дасти чапро ба зудӣ поён мекунанд ва бо дасти рост карабинро оҳиста рӯи замин мегузоранд.
  1. Додани саломи ҳарбӣ бо иҷрои амали «ба қаровул» бо карабин фақат аз тарафи ҷузъу томҳо ва қисмҳо дар ҳолати дар саф дар ҷои истоданашон анҷом мегирад.
Бо амри «Барои пешвоз аз рост (чап, рӯ ба рӯ) ба қаро-ВУЛ» карабинҳо ба ҳолати «ба қаровул» гирифта мешаванд; ҳамаи хизматчиёни ҳарбии дар саф буда ҳолати сафистро мегиранд ва ҳамзамон сарро ба тарафи сардор гардонда, бо нигоҳ ӯро гусел мекунанд. Агар дар саф хизматчиёни ҳарбӣ автомат, пулемёт ва норинҷакандозҳои дастӣ дошта бошанд ҳам ҳолати онҳо тағйир намеёбад.
 
 
  1. Баромадан аз саф ва баргаштан ба саф.
Омадан ба назди сардор ва рафтан аз назди вай
 
  1. Барои аз саф баромадани хизматчии ҳарбӣ амр дода мешавад. Масалан, «Сарбоз Аҳмадов. Аз саф се қадам берун шав» ё «Сарбоз Аҳмадов. Ба назди ман», «Бо дав ба назди Ман». Хизматчии ҳарбӣ насаби худро шунида, ҷавоб медиҳад: «Ман» ва бо амри баромадан (ё даъват кардан) ҷавоб медиҳад «Итоат». Бо амри ибтидоӣ хизматчии ҳарбӣ бо қадами сафӣ ба миқдори қадамҳои нишондодашуда, аз радифи аввал ҳисоб карда, аз саф мебарояд ва рӯ ба тарафи саф мегардад. Бо амри дуюм хизматчии ҳарбӣ аз радифи аввал рост як-ду қадам гузошта, ҳангоми ҳаракат ба тарафи сардор мегардад ва аз роҳи наздиктар бо қадамҳои сафӣ ё бо дав ба назди ӯ омада, дар бораи расиданаш гузориш  медиҳад.
Ҳангоми аз радифи дуюм баромадани хизматчии ҳарбӣ ӯ оҳиста дасти чапро рӯи китфи хизматчии ҳарбии дар пеш истода мегузорад, вай як қадам ба пеш гузошта, пои ростро як қадам ба тарафи рост мегузорад ва ба хизматчии ҳарбии аз саф баромада роҳ медиҳад ва боз ба ҷои худ пас мегардад.
Ҳангоми аз радифи аввал баромадани хизматчии ҳарбӣ, ҷойи ӯро хизматчии ҳарбии дар пушти ӯ истода ишғол мекунад. Ҳангоми аз қатори дунафара ё се (чор) нафара баромадани хизматчии ҳарбӣ ӯ пешакӣ ба тарафи рост (чап) гашта, ба сӯи қаноти наздиктар мебарояд. Агар дар паҳлӯи ӯ хизматчии ҳарбии дигар бошад, вай як қадам ба пеш гузошта бо пои рост (чап) як қадам ба паҳлӯ монда, ба хизматчии ҳарбии аз саф баромадаистода роҳ медиҳад ва гашта ба ҷойи худ меистад.
  1. Барои ба ҷойи худ ба саф баргаштани хизматчии ҳарбӣ амр дода мешавад, масалан, «Сарбоз АҳмадовБа саф ист» ё танҳо «Ба саф ист ».
Бо амри «Сарбоз Аҳмадов», хизматчии ҳарбии рӯ ба тарафи саф истода, бо шунидани насаби худ рӯ ба тарафи сардор гардонда ҷавоб медиҳад: «Ман» ва бо амри «Ба саф ист», агар ӯ бе силоҳ ё бо силоҳ дар ҳолати «ба пушт» бошад, дастро ба кулоҳ бурда ҷавоб медиҳад: «Итоат» ва ба қафо баргашта бо қадами аввал дастро поён мекунад ва бо қадамҳои сафӣ аз роҳи кӯтоҳтар ба ҷойи худ дар саф меистад.
Агар амри «Ба саф ист» (бе нишон додани насаб) дода шавад, хизматчии ҳарбие, ки рӯ ба рӯи саф истодааст, бе гардиш ба тарафи сардор ва бе ҷавоби «Ман» ба саф бармегардад.
  1. Ҳангоми баромадан аз саф ҳолати силоҳ тағйир намеёбад, ба истиснои карабини дар ҳолати “ба шона” қарордошта, ки пеш аз ба ҳаракат шурӯъ намудан ба назди по гузошта мешавад.
Баъди ба саф баргаштан силоҳ ба ҳолате гирифта мешавад, ки дигар хизматчиёни ҳарбии дар саф истода онро гирифтаанд.
  1. Ҳангоми берун аз саф ба назди сардор омадан хизматчии ҳарбӣ 5-6 қадам пеш аз ӯ ба қадами сафӣ мегузарад, дар фосилаи 2-3 қадам дар рӯ ба рӯи сардор истода, ҳамзамон бо гузоштани по дастро ба кулоҳ мебарад ва баъд гузориш медиҳад, масалан, «Рафиқ лейтенант. Сарбоз Саидов бо амри шумо ҳозир шуд» ё “Рафиқ полковник, капитан Салимов бо амри шумо ҳозир шуд» (банди 71). Пас аз анҷоми гузориш дастро поён мекунад.
Ба рафтан иҷозат гирифта, хизматчии ҳарбӣ дасти ростро ба кулоҳ бурда ҷавоб медиҳад: «Итоат» ва ба тарафи самти ҳаракат гашта, бо қадами аввал (бо гузоштани пои чап ба замин) дастро поён мекунад ва 3-4 қадами сафӣ гузошта, ҳаракатро бо қадамҳои сафарӣ давом медиҳад.
Ҳангоми омадан ба назди сардор бо силоҳ, даст ба кулоҳ бурда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки силоҳ дар ҳолати «ба пушт» қарор дошта бошад.
  1. Ҳангоми омадан ба назди сардор бо силоҳ ҳолати силоҳ тағйир намеёбад, ба истиснои карабини дар ҳолати «ба шона» қарордошта, ки он пас аз дар рӯ ба рӯи сардор истодани хизматчии ҳарбӣ ба назди по гирифта мешавад.
Ҳангоми аз назди сардор дур шудан бо силоҳ ҳолати силоҳ тағйир намеёбад ба истиснои карабин, ки аз ҳолати «ба назди по», агар зарур бошад, баъди ҷавоби «Итоат» ба ҳолати дигар гирифта мешавад.
  1. Сардор ҳангоми додани амри баргашти сарбоз ба саф ё иҷозати рафтан дасташро ба кулоҳ бурда баъд поён менамояд.
 
Б О Б И  4
САФИ ОТДЕЛЕНИЯ, ВЗВОД,  РОТА, БАТАЛЁН
ВА ПОЛК ҲАНГОМИ ҲАРАКАТИ ПИЁДА
 
  1. САФИ ОТДЕЛЕНИЯ
Сафи паҳн
 
  1. Сафи паҳни отделения метавонад якрадифа ё дурадифа бошад.
Сафороии отделения дар сафи якрадифа (дурадифа) бо амри «Отделения як радиф (ду радиф) — саф каш» сурат мегирад.
Командири отделения баъди амр додан дар ҳолати сафист рӯй ба тарафи ҷабҳаи саф меистад; отделения аз тарафи чапи командир мувофиқи штат, тавре ки дар расмҳои 16 ва 17 инишон дода шудааст, дар фосила ва масофае, ки Оинномаи мазкур муқаррар кардааст, меистад. Дар ин ҳолат бояд нӯги мӯзаҳои ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ дар як хати рост қарор гиранд.
Бо сар шудани сафкашӣ командири отделения аз саф баромада ба ҷараёни сафкашӣ назорат мекунад.
 
 
Расми 16. Сафи паҳн                                                   Расми 17. Сафи паҳн
отделения – якрадифа                                                 отделения – дурадифа
 
Отделенияи иборат аз чор нафар ё камтар аз он ҳамеша дар як қатор саф мекашад.
  1. Дар ҳолате ки рост кардани отделения дар ҷояш зарур бошад, амри «Баробар шав» ё «Ба чап — БАРОБАР ШАВ» дода мешавад.
Бо амри «Баробар шав» ҳама, ба ғайр аз сарбоз қаноти рост, сари худро ба тарафи рост мегардонанд (гӯши рост аз гуши чап болотар, манаҳ каме боло бардошта мешавад) ва тавре баробар мешаванд, ки ҳар кас синаи шахси пас аз худаш чорӯмбударо бинад. Бо амри «БА ЧАП БАРОБАР ШАВ» ҳама, ба ғайр аз сарбози қаноти чап сарашонро ба тарафи чап мегардонанд (гӯши чап аз гӯши рост болотар, манаҳ каме боло бардошта мешавад).
Ҳангоми рост кардани саф хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд каме ба пеш, қафо ё ба байн ҳаракат кунанд.
Ҳангоми рост кардани сафи бо карабин (пулемёт) дар ҳолати «ба назди по» бо амри иҷрошаванда найза (нӯги мил) ба тарафи худ кашида шуда, ба паҳлӯи рости бадан часпонда мешавад.
Баробари ба охир расидани сафкашӣ амри «НИЗОМ» дода мешавад ва ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ба зудӣ сари худро рост мекунанд ва карабин (пулемёт)-ро дар ҳолати пештара нигоҳ медоранд.
Ҳангоми рост кардани отделения  баъд аз  ба ақиб гаштан он дар амр тарафи ростшавӣ нишон дода мешавад. Масалан: «Ба рост (чап) — БАРОБАР ШАВ».
  1. Бо амри «ОЗОД» ва бо амри «ПӯШОК БА ТАРТИБ» хизматчиёни ҳарбӣ бояд мутобиқи банди 28 амал намоянд.
Бо амри «Отделения — Пароканда шав» хизматчиёни ҳарбӣ аз саф мебароянд. Барои ҷамъ кардани отделения амри «Отделения — ба назди МАН» дода мешавад ва хизматчиёни ҳарбӣ бо шунидани он ба назди командир давида меоянд ва бо амри иловагии ӯ саф мекашанд.
  1. Гардишҳои отделения аз тарафи ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ якҷоя бо риоя кардани ростии саф аз рӯи амр ва қоидаҳое, ки дар бандҳои 30, 38 ва 54 нишон дода шудаанд, иҷро мешаванд. Баъди гардиши отделенияи сафи дурадифа ба рост (чап), командири отделения ним қадам ба рост (чап) ва дар ҳолати гардиш ба ақиб як қадам ба пеш мегузорад, тавре ки дар расми 19 нишон дода шудааст, меистад.
  2. Барои фосила гирифтани отделения дар ҷойи амри «Отделения, ба рост (чап, аз байн) фосила гир» ё «Отделения, ба рост (чап, аз байн) ба фалон қадам фосила ГИР (Бо дав фосила ГИР)» дода мешавад. Бо амри иҷрошаванда ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, ба истиснои касе, ки аз ӯ фосилагирӣ шурӯъ мешавад, ба тарафи нишондодашуда давр хӯрда, ҳамзамон бо гузоштани по сарро ба тарафи ҷабҳаи саф гардонда бо ним қадами тез-тез (давида) мераванд ва аз рӯи китф ба шахси аз қафо омадаистода нигоҳ мекунанд ва аз ӯ дур намешаванд; баъди истодани шахси аз қафо омадаистода ҳар як кас боз як қадам ё чанд қадаме, ки дар амр нишон дода шудааст, мегузорад ва ба тарафи рост (чап) давр мехӯрад.
Агар фосила нишон дода нашуда бошад, он гоҳ фосилагирӣ бо як қадам иҷро мешавад.
Ҳангоми фосилагирӣ аз байни саф, шахси мобайнӣ нишон дода мешавад. Хизмачии ҳарбие, ки мобайнӣ номида шудааст, бо шунидани насаби худ, ҷавоб медиҳад: «Ман» ва дасти чапро ба пеш дароз карда баъд онро поён мекунад.
Ҳангоми рост кардани сафи отделения фосилаи таъиншуда нигоҳ дошта мешавад.
  1. Барои ҷамъ кардани отделения дар ҷой, амри «Отделения, ба рост (чап, байн) ҷамъ ШАВ» (бо дав ҷамъ ШАВ») дода мешавад. Бо амри иҷрошаванда ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, ба истиснои шахсоне, ки ба тарафи ӯ ҷамъ мешаванд, ба тарафи ӯ гашта, баъд бо нимқадамҳои тез-тез (бо дав) дар фосилаи таъиншуда барои саф кашидан ҷамъ мешаванд ва баробари расидан, мустақилона меистанд ва ба рост (чап) мегарданд.
  2. Барои ҳаракат кардан амрҳои «Отделения, ба китф», («ба шона»), «Бо қадам (бо қадами сафӣ, бо дав) — МАРШ», дода мешаванд. Агар зарур бошад, дар амр самти ҳаракат ва тарафи гардондани рӯ нишон дода мешавад, масалан, «Отделение, ба КИТФ (ба ШОНА», «Ба фалон ашё, рӯ ба тарафи рост (чап), бо қадам (бо қадами сафӣ, бо дав) — «МАРШ».
Бо амри «МАРШ» ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ якҷоя ҳаракатро аз пои чап сар мекунанд ва ҳамзамон самти таваҷҷӯҳро риоя намуда, фосила ва масофаро нигоҳ медоранд.
Агар тарафи таваҷҷӯҳ нишон дода нашавад, он гоҳ таваҷҷӯҳ ба тарафи қаноти рост бе гардондани сар бо нигоҳ анҷом мегирад.
Барои истодани отделения амри «Отделения, ИСТ» дода мешавад.
  1. Дар сурати силоҳи гуногун доштани хизматчиёни ҳарбӣ ва агар зарурати аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаронидани он пайдо шавад, дар амр номгӯи ин навъи силоҳ нишон дода мешавад, масалан: «Автоматҳо ба си-НА», «Пулемётҳо ба КИТФ», «Карабин ба шо-НА» ва ғайра.
  2. Барои ба чанд қадам ба як тараф ҳаракат кардан дар саф дар ҷой амри “Отделения ба РОСТ (ба ЧАП)” ва баъди гардиши саф амри «Фалон қадам ба пеш, бо қадам — МАРШ» дода мешавад. Баъд аз он ки хизматчиёни ҳарбӣ қадамҳои заруриро мегузоранд, отделения бо амри “Ба ЧАП (Ба РОСТ)”, ҳолати авваларо мегирад.
Барои чанд қадам ба пеш ё пас ҳаракат кардан амри, масалан, — “Отделения ду қадам ба пеш (қафо) — МАРШ” дода мешавад. Бо ин амр ду қадам ба пеш (қафо) гузошта меистанд. Ҳангоми ба қафо гузоштани қадам дастонро ҳаракат намедиҳанд.
  1. Дар ҳолати зарур набудани ҳаракати муназзам амри «Ҳаракат озод» ва ҳангоми зарурати ҳаракати муназзам амри «Ҳаракат муназзам» дода мешавад.
  2. Барои фосила гирифтан ё ҷамъ шудан ҳангоми ҳаракат низ ҳамон амрҳое дода мешаванд, ки ҳангоми дар ҷой истода будан дода мешаванд, зимнан бо амри иҷрошаванда хизматчии ҳарбие, ки аз ӯ ҷудо шудан (ҷамъ шудан) шурӯъ мешавад, бо ним қадам ҳаракат мекунад ва дигарон ним давр ба рост ё ба чап давр мехуранд ва ҳаракатро давом дода мувофиқи амр аз ҳамдигар дур ё ба ҳамдигар наздик мешаванд.
Фосилаи нишондодаро интихоб карда, ҳар яке аз хизматчиёни ҳарбӣ ба самти ҳаракат давр мехуранд ва бо ним қадам ҳаракатро давом дода истода ба тарафи ҷаноҳе (ба мобайн), ки аз рӯи он ҷамъ шудан (ҷудо шудан) анҷом мегирад, рост мешаванд. Бо амри «Рӯ БА Рӯ» ҳаракат бо қадамҷои пурра давом дода мешавад.
  1. Барои тағйири самти ҳаракат бо китф амри «Отделения, бо китфи рост (чап) ба пеш, бо қадам — МАРШ» дода мешавад.
Бо ин амр отделения бо китфи рост (чап) ба пеш гаштанро шурӯъ мекунад; хизматчии ҳарбии қаноти даврзананда сари худро ба тарафи ҷабҳа гардонида бо қадами пурра роҳ меравад ва ҳаракати худро тавре мутобиқ мекунад, ки дигаронро тарафи қаноти беҳаракат танг накунад; хизматчии ҳарбии дар қаноти беҳаракат истода дар ҷои худ қадам мезанад ва ба тадриҷ ба тарафи рост (чап) давр хурда бо ҳаракати қаноти ҳаракаткунанда мутобиқат мекунад; дигарон аз рӯи ҷабҳа хати ростро нигоҳ дошта ва ба тарафи ҷабҳаи дохилшаванда (сарро нагардонда) ва оринҷи ҳамсояи аз тарафи қаноти ҳаракаткунада истодаро ҳис карда, ҳар чӣ ба қаноти беҳаракат наздиктар бошад, ҳамон қадар қадамро кӯтоҳтар мегузорад.
ҳангоме ки отделения давраи даркориро анҷом медиҳад, амри «Рӯ БА Рӯ» ё «Отделения — ИСТ» дода мешавад.
  1. Барои аз як радиф ба ду радиф саф оростани отделения, пешакӣ ҳисоб ба якум ва дуюм бо амри «Отделения ба якум ва дуюм ҳисоб КУН» гузаронда мешавад.
Ҳисоб аз қаноти рост сар мешавад: ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба тезӣ сарро ба тарафи шахси аз тарафи чап истода гардонида, шумораи худро мегӯяд ва паҳн сарро ба зудӣ рост мемонад; шахси дар қаноти чап истода сарро ҳаракат намедиҳад.
Ба ҳамин қоида ҳисоби шумораи умумӣ гузаронида мешавад ва барои ин амри «Отделения ба тартиб ҳисоб КУН» дода мешавад.
Дар сафи дурадифа шахси ҷаноҳи чапи радифи дуюм баъди итмом расидани ҳисоби саф аз рӯи рақамгузории умумӣ гузориш медиҳад: «ПУРРА» ё «НОПУРРА».
  1. Аз як радиф ба ду радиф саф оростани отделения дар ҷой бо амри “Отделения, ду радиф саф оро” дода мешавад.
Бо амри иҷрошаванда рақамҳои дуюм бо ҳисоби як бо пои чап як қадам ба қафо мемонанд, бо ҳисоби ду пои ростро, як қадам ба тарафи рост мегузоранд, ки аз қафои шумораи якум қарор гиранд ва бо ҳисоби се пои чапро мегузоранд.
  1. Барои аз сафи ҷамъи дурадифа ба сафи якрадифа тағйири додани сафӣ отделения дар ҷой, отделения пешакӣ як қадам фосила мегирад ва баъд аз он амри «Отделения дар як радиф — САФ ОРО» дода мешавад.
Бо амри иҷрошаванда рақамҳои дуюм бо ҳисоби як ба хати ракамҳои аввал баромада, бо ҳисоби ду пои ростро як қадам ба пеш мегузоранд ва бо ҳисоби се пои чапро мемонанд.
  1. Силоҳ ба рӯи замин бо амри «Отделение силоҳро — ГУЗОР» гузошта мешавад. Бо амри ибтидоӣ автоматҳо ва норинҷакандозҳо ба дасти рост гирифта мешаванд: карабинҳо ва пулемётҳо ба назди по гузошта мешаванд; ба ғайр аз ин пояҳои пулемётҳоро мекушоянд. Бо амри иҷрошаванда радифи аввал ду қадам ба пеш гузошта ва баъд ҳар ду радиф ҳамзамон ба қафо қадам мегузоранд ва силоҳҳоро дастаи кулангдон ба поён, ақиби қундоқ назди панҷаи пои рост (пои рост аз зону хам карда намешавад) ба замин мегузоранд ва баъд аз он пои чапро ба паҳлӯи пои рост мемонанд.
Норинҷакандозҳои дастӣ бо дастгираи лӯла ба чап ба рӯи замин гузошта мешаванд. Пулемётҳо рӯи пояҳо гузошта мешаванд.
Дар сафи якрадифа бо амри иҷрошаванда фақат ду амали охирин иҷро карда мешавад.
  1. Барои гирифтани силоҳ аз замин амри «Отделения — БА НАЗДИ СИЛОҲ» ва баъд «СИЛОҲ ГИР» дода мешавад. Бо амри аввал отделения дар назди силоҳ саф мекашад. Бо амри дуюм хизматчиёни ҳарбӣ бо пои чап як қадам ба пеш мегузоранд, силоҳро ба дасти рост мегиранд ва рост шуда, пои чапро ба назди пои рост мегузоранд. Радифи дуюм ду қадам ба пеш мегузорад, пас аз он ҳар ду радиф баробар силоҳро дар ҳолати «ба китф» мегиранд. Пояҳои пулемётҳо пешакӣ хам карда мешаванд.
 
Сафи сафарӣ
 
  1. Сафи сафарии отделения ду навъ аст: якқатора ё дуқатора.
Сафороии отделения дар  қатори якнафара (дунафара) дар ҷои ист бо амри «Отделения дар қатори якнафара (дунафара) саф — ОРО» сурат мегирад. Командир амрро дода, худаш дар ҳолати сафист рӯ ба тарафи самти ҳаракат меистад ва отделения тавре ки дар расми 18 ё 19 нишон дода шудааст, саф мекашад.
 
 
 
Расми 18. Сафи сафарии                                           Расми 19. Сафи сафарии
отделения — қатори якнафара                                  отделения — қатори дунафара
 
Отделенияи иборат аз 4 нафар ё камтар аз он ҳамеша дар як қатор  саф мекашад.
  1. Аз сафи паҳн ба қатор саф оростани отделения бо гардиши отделения ба тарафи рост бо амри «Отделения ба рост — ГАРД» сурат мегирад. Ҳангоми гардиши сафи дурадифа командири отделения ним қадам ба рост мегузорад.
  2. Аз қатор ба сафи паҳн саф оростани отделения бо гардиши отделения ба тарафи чап бо амри «Отделения, ба чап — ГАРД» сурат мегирад. Ҳангоми гардиши отделения аз сафи дуқатора командири отделения ним қадам ба пеш мегузорад.
  3. Аз як қатор ба ду қатор табдил додани сафи отделения бо амри “Отделения, дар ду қатор, бо қадам — МАРШ» (наистода — “МАРШ”) сурат мегирад.
Бо амри иҷрошаванда командир (пешгард) бо ним қадам ҳаракат мекунад, рақамҳои дуюм ба рост мебароянд ва тавре ки дар расми 19 нишон дода шудааст бо зарби қадам ҷойҳои худро дар қатор ишғол мекунанд; отделения то амри “Рӯ БА Рӯ” ё «Отделения — ИСТ»  бо ним қадам ҳаракат мекунад.
  1. Табдили сафи отделения аз қатори дунафара ба қатори якнафара бо амри «Отделения, дар як қатор, бо қадам — МАРШ» (наистода — МАРШ) сурат мегирад.
Бо амри иҷрошаванда командири отделения (пешгард) бо қадами пурра ва дигарон — нимқадам ҳаракат мекунанд; бо холӣ шудани ҷой рақамҳои дуюм бо зарби қадам пушти сари рақамҳои якум ҷой гирифта, ҳаракатро бо қадамхои пурра идома медиҳанд (расми 18).
  1. Барои тағйир додани самти ҳаракати қатор амрҳои зерин дода мешаванд:
— «Отделения, китфи рост (чап) ба пеш — МАРШ»; пешгард (пешгардҳо) то амри “Рӯ БА Рӯ” ба чап  (ба рост)- «МАРШ» мегардад, дигарон аз паси ӯ;
— “Отделения, аз паси ман — МАРШ (Бо дав — МАРШ)”; отделения аз паси командир меравад;
— “Отделения, ба ақиб — ГАРД” отделения баробар ба ақиб мегардад, чуноне ки дар бандҳои 38 ва 39 нишон дода шудааст.
 
Додани саломи ҳарбӣ дар саф дар ҷои ист ва  ҳангоми  ҳаракат
 
  1. Барои додани саломи ҳарбӣ дар саф дар ҷои ист, вақте ки сардор ба фосилаи 10-15 қадам наздик мешавад, командири отделения амр медиҳад: «Отделения, НИЗОМ, таваҷҷӯҳ ба РОСТ (чапБАЙН)».
Хизматчиёни ҳарбии отделения ҳолати сафистро мегиранд ва ҳамзамон сарро ба рост (чап) мегардонанд ва сарро ба сӯи сардор  гардонда, бо нигоҳ ӯро гусел мекунанд.
Ҳангоми аз қафои саф омадани сардор командири отделения отделенияро ба ақиб давр занонда, баъд барои додани саломи ҳарбӣ амр медиҳад.
  1. Командири отделения барои додани саломи ҳарбӣ амр дода, агар ӯ бе силоҳ ё бо силоҳ дар ҳолати «ба пушт» бошад дастро ба кулоҳ мебарад; агар ӯ бо силоҳ дар ҳолати «ба шона», «ба китф» ё «ба сина» бошад — он гоҳ мутобиқи нишондоди банди 74 амал мекунад ва ҳаракатро бо дасти бе силоҳ давом медиҳад: бо қадами сафӣ ба пеши сардор меояд; дар фосилаи ду-се қадам меистад ва гузориш медиҳад, масалан, «Рафиқ лейтенант отделенияи дуюм ба фалон кор машғул аст. Командири отделения сержант Алиев”.
Сардоре, ки ба ӯ саломи ҳарбӣ дода мешавад, баъди додани амр барои додани саломи ҳарбӣ дастро ба қулоҳ мебаранд.
Командири отделения гузориш дода, дастро аз қулоҳ нагирифта, бо пои чап (рост) як қадам ба паҳлӯ мегузорад ва ҳамзамон ба тарафи чап (рост) мегардад ва сардорро ба пеш гузаронида дар фосилаи ду-се қадам аз қафояш, аз самти берунии саф ҳаракат мекунад
Бо гузашти сардор ё бо амри «ОЗОД», командири отделения амр медиҳад: «ОЗОД» ва дастро поён мекунад. Агар сардор ба хизматчии ҳарбии дар саф истода аз рӯи рутба ва насаб муроҷиат кунад, ӯ ҷавоб медиҳад: «МАН», вале агар фақат аз рӯи рутба муроҷиат кунад, хизматчии ҳарбӣ рутба ва насаби худро мегӯяд. Зимнан ҳолати силоҳ тағйир намеёбад ва даст ба кулоҳ бурда намешавад.
  1. Барои додани саломи ҳарбӣ дар саф ҳангоми ҳаракат дар масофаи 20-25 қадам то сардор командири отделения амр медиҳад: «Отделения, НИЗОМ, таваҷҷӯҳ ба — РОСТ (ЧАП)». Бо амри «НИЗОМ», ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ба қадами сафӣ мегузаранд ва бо амри «Таваҷҷӯҳ ба РОСТ (ЧАП)» ҳамзамон сарро ба тарафи сардор гардонда, ҳаракати дастон ё дасти силоҳ надоштаро қатъ мекунанд. Бо карабин дар ҳолати «ба китф», ҳаракат бо дасте, ки силоҳ надорад қатъ намегардад. Командири отделения, агар бе силоҳ бошад ё бо силоҳ дар ҳолати «ба пушт» бошад, сарро гардонида дастро ба кулоҳ мебарад.
Бо гузаштани сардор ё бо амри «ОЗОД» командири отделения амр медиҳад: «ОЗОД» ва дастро поён мекунад.
  1. Ба саломи сардори калон, — «Салом, рафиқон» ё ҳангоми сипосгузорӣ намудан хизматчиёни ҳарбӣ бо садои баланд, фаҳмо, ҳамоҳанг ҷавоб медиҳанд. Барои ҷавоби ҳамоҳанг ҳангоми ҳаракат ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ҷавобро бо гузоштани пои чап ба замин шурӯъ мекунанд ва баъд ҳар як калимаро бо гузоштани қадами минбаъда талаффуз мекунанд.
 
2. САФИ  ВЗВОД
Сафи паҳн
 
  1. Сафи паҳни взвод ду навъ мешавад: якрадифа ё дурадифа.
 
Расми 20. Сафи паҳни взвод — якрадифа
 
 
Расми 21. Сафи паҳни взвод — дурадифа
 
 
Расми 22. Сафи паҳни дурадифаи взвод бо шумораи
отделенияҳояш, (экипажҳояш, дастаҳояш) иборат аз:
а — чор нафар;    б — се нафар
 
Сафороии взвод дар сафи паҳн бо амри «Взвод   як  радиф (ду радиф) — САФ  КАШ !» сурат мегирад.
Командири взвод амрро дода, худаш дар ҳолати сафист рӯ ба тарафи ҷабҳаи саф меистад; отделенияҳо каме чаптар аз командир, тавре ки дар расми 20 — 21 нишон дода шудааст, саф мекашанд. Дар сафи дурадифа қатори охирини ҳар як отделения бояд пурра бошад.
Бо оғози сафкашии отделенияҳо командири взвод аз саф баромада сафкашии взводро назорат мекунад.
Взводи отделенияҳояш (экипажҳояш, дастаҳояш) иборат аз чор  ё се нафар дар сафи дурадифа қатор мешаванд, тавре ки дар расми 22 нишон дода шудааст.
  1. Рост кардани саф, гардишҳо, тағйири саф ва дигар амалиёти взвод дар сафи паҳн ҳам мисли амрҳо ва қоидаҳои барои отделения нишон додашуда иҷро мешаванд.
  2. Табдили сафкашии взвод аз сафи якрадифа ба сафи дурадифа ва баръакс мисли нишондоди бандҳои 89-91 сурат мегирад. Ҳангоми ҳисоб кардани взвод дар отделенияҳо ба якум ва дуюм, командирони отделенияҳо ба ҳисоб дохил намешаванд.
 
Сафи сафарӣ
  1. Сафи сафарии взвод метавонад қатори сенафара (дар взводи иборат аз чор отделения — қатори чорнафара) қатори дунафара ё қатори якнафара (расмҳои 23, 24 ва 25) бошад.
  
Расми 23. Сафи сафарии взвод
 
Сафкашии взвод дар ҷои ист дар қатори се (чор) нафара бо амри «Взвод, дар қатори се (чор) нафара саф-КАШ» иҷро мешавад. Бо ин амр отделенияҳо, тавре ки дар расми 24 нишон дода шудааст, саф мекашанд.
 
  
Расми 24. Сафи сафарии            Расми 25. Сафи сафарии            Расми 26. Сафи сафарии
взвод — қатори дунафара             взвод — қатори якнафара             взводи отделенияҳояш
(экипажҳояш, дастаҳояш)
иборат аз: а — чор нафар;
б — се нафар.
Взводе, ки миқдори отделенияҳояш аз чор ё се нафар иборат бошад дар сафи сафарӣ дар қатори дунафара, чунон ки дар     расми 26 нишон дода шудааст, саф мекашад.
  1. Табдили сафи взвод аз сафи паҳни якрадифа ба қатори якнафара (аз сафи дурадифа ба қатори дунафара) бо гардиши взвод ба тарафи рост сурат мегирад.
  2. Табдили сафи взвод аз сафи паҳни дурадифа ба қатори якнафара (аз сафи якрадифа ба қатори дунафара) бо амри «Взвод, РОСТ — ГАРД», «Ба КИТФ» («Ба ШОНА»); “Дар қатори якнафара (дунафара), бо қадам — МАРШ» («наистода — МАРШ») сурат мегирад.
Бо амри «МАРШ» отделенияи якум наистода ба сафи якқатора табдил мешавад, тавре ки дар банди 98 нишон дода шудааст (ба қатори дунафара тавре, ки дар банди 97 нишон дода шудааст); отделенияҳои дигар ба тадриҷ ба қатори якнафара (дунафара) табдил мешаванд, яке паси дигар аз пушти  отделенияи якум қатор мешаванд.
  1. Табдили сафи взвод аз сафи паҳни дурадифа ба қатори сенафара (чорнафара) бо амри «Взвод, РОСТ ГАРД»; «Ба Китф (Ба ШОНА)»; «Дар қатори сенафара (чорнафара), бо қадам — МАРШ» (наистода — МАРШ!») сурат мегирад.
Бо амри «МАРШ» отделенияи якум бо ним қадам ҳаракат мекунад ва ҳангоми ҳаракат ба қатори якнафара тағйири саф менамояд, отделенияҳои боқимонда ба тарафи чап ба хати якум дар фосилаи таъиншуда дохил мешаванд ва онҳо ҳам ба қатори якнафара медароянд ва баъд аз он командири взвод амр медиҳад: «Рӯ БА Рӯ» ё «Взвод — ИСТ».
  1. Табдили взвод аз қатори якнафара ба сафи паҳни якрадифа (аз қатори дунафара ба сафи дурадифа) бо гардиши взвод ба чап сурат мегирад.
  2. Табдили взвод аз қатори сенафара (чорнафара) ба қатори дунафара бо амри «Взвод, дар қатори дунафара, бо қадам — МАРШ» (наистода — «МАРШ») сурат мегирад.
Бо ин амр отделенияи якум рост ҳаракат карда, наистода ба қатори дунафара, тавре ки дар банди 97 нишон дода шудааст, табдил мешавад, отделенияҳои боқимонда дар ҷой қадам зада, баъд яке паси дигар аз пушти отделенияи дар пеш рафтаистода меистанд  ва дар қатори дунафара саф мекашанд.
  1. Барои табдили сафи взвод аз қатори сенафара (чорнафара) ба сафи паҳни дурадифа, взвод пешакӣ дар қатори дунафара саф мекашад (банди 112) ва баъд — тавре ки дар банди 111 нишон дода шудааст.
  2. Табдили сафи взвод аз қатори сенафара (чорнафара) ба қатори якнафара бо амри «Взвод, дар қатори якнафара, бо қадам — МАРШ» (наистода — МАРШ») сурат мегирад.
Бо ин амр отделенияи якум рост ҳаракат мекунад ва отделенияҳои боқимонда дар ҷояшон қадам зада истода, бо баромадани отделения аз қатор, паи ҳам бо амри командирони  худ «Рӯ БА Рӯ» ҳаракатро бо қадамҳои пурра сар карда, аз паси отделенияи дар пеш рафтаистода ҳаракат мекунанд.
  1. Табдили сафи взвод аз қатори якнафара ба қатори сенафара (чорнафара) бо амри «Взвод, дар қатори сенафара (чорнафара), бо қадам — МАРШ» (наистода — МАРШ) сурат мегирад. Бо ин амр отделенияи якум дар ҷои худ қадам зада, отделенияҳои дигар ба хати якум баромада, то амри командири взвод: «Рӯ БА Рӯ» ё «Взвод — ИСТ» ҳамин тавр дар ҷои худ қадам мезананд.
  2. Табдили сафи взвод аз қатори дунафара ба қатори сенафара (чорнафара) бо амри «Взвод, дар қатори сенафара (чорнафара), бо қадам — МАРШ» (наистода — “МАРШ”) сурат мегирад. Бо амри «МАРШ» взвод, тавре ки дар банди 110 нишон дода шудааст, ба қатори сенафара табдил мегардад.
  3. Барои ҷамъ кардани взвод амри «Взвод, ба назди МАН» дода мешавад ва отделенияҳо давида ба назди командир ҷамъ мешаванд ва бо амри иловагии ӯ саф меороянд.
  4. Тағйири самти ҳаракати взвод дар сафи сафарӣ бо амрҳо ва қоидаҳое, ки барои сафи сафарии отделения нишон дода шудааст, сурат мегирад.
 
Додани саломи ҳарбӣ дар саф, дар ҷои ист  ва ҳангоми  ҳаракат
 
  1. Додани саломи ҳарбӣ аз тарафи взвод дар ҷои ист ва ҳангоми ҳаракат, тавре ки барои отделения нишон дода шудааст (бандҳои 100-103) сурат мегирад.
Муовини командири взвод ва командирони отделенияҳо дар саф дар ҷойҳои худашон меистанд ва дастро ба кулоҳ намебаранд.
Ҳангоми ҳаракат бо додани амр барои саломи ҳарбӣ сурудхонӣ қатъ мешавад.
 
  1. САФҲОИ РОТА
Сафи паҳн
 
  1. Сафи паҳни рота метавонад дурадифа ё дар хати қаторҳои взводҳо бошад (взводҳо дар қатори сенафара, чорнафара; ҷузъу томҳои махсус — дар қатори дунафара).
Дар ҳолати зарурӣ рота метавонад дар сафи якрадифа саф кашад.
  1. Дар сафи паҳн қарор гирифтани рота бо амри «Рота, дурадифа саф КАШ» ё «Рота, дар хати қаторҳои взводҳо — саф КАШ» иҷро мешавад. Сафороии рота аз рӯи сафи взводи якум сурат мегирад.
Амрро дода, командири рота дар ҳолати сафист рӯ ба тарафи ҷабҳа меистад. Командири взводи якум амри «Взводдурадифа (дар қатори сенафара, чорнафара) — САФ КАШ»-ро дода взводашро каме чаптари командири рота саф меорояд. Взводҳои боқимонда бо амри командирони худ каме чаптар аз взводи якум аз рӯи рақамҳояшон (расми 27 ва 28) саф мекашанд. Бо саршавии сафороии взводи якум, командири рота аз саф баромада ҷараёни сафкашии ротаро назорат мекунад.
 
  
Расми 27. Сафи паҳни рота — дурадифа
Ҷузъу томи  махсус каме чаптар аз взводи сеюм саф мекашад ва гурӯҳи роҳбарӣ росттар аз командири взводи якум дар ду радиф меистад.
 
 Расми 28. Сафи паҳни рота — хати қаторҳои взводҳо
 
Муовинони командири рота чаптари командири рота, ишорагари таблзан (бо амри командир) — чаптар аз муовинон, старшинаи рота дар чаноҳи чапи рота меистанд.
Ҳангоми дар сафи дурадифа саф кашидани рота, взводҳое, ки дорои отделенияи иборат аз чор ва се нафар мебошанд, аз рӯи нишондоди расми 22 саф мекашанд.
  1. Рост кардан, гардиш, табдили саф ва дигар амалҳои рота дар сафи паҳн аз рӯи қоидаҳо ва амрҳое, ки барои отделенияҳо ва взводҳо ҷорӣ шудаанд, сурат мегирад.
 
Сафи  сафарӣ
 
  1. Сафи сафарии рота метавонад қатори сенафара (чорнафара) ё қатори дунафара (расмҳои 29, 30) бошад.
Сафкашии рота дар ҷои ист дар қатори сенафара (чорнафара, дунафара) бо амри “Рота, дар қатори сенафара (чорнафара, дунафара) — САФ КАШ» сурат мегирад.
Бо ин амр рота, мисле ки дар расмҳои 29 ва 30 нишон дода шудааст, саф мекашад. Зимнан взводҳо бо амри командирони худ тибқи тартиби рақамҳо дар қатори сенафара (чорнафара, дунафара) саф мекашанд; ҷузъу томҳои махсус баъд аз взводи сеюм саф мекашанд ва гурӯҳи роҳбарӣ пеш аз командири взводи якум дар қатори дунафара саф мекашад.
Ҳангоми сафкашӣ ва табдили сафи ротаҳо ба қатори сафарӣ муовинони командири рота ду қадам ақибтар аз пушти командири рота меистанд; ду қадам ақибтар аз онҳо бо амри командири рота ишорагари таблзан меистад; старшинаи рота баъд аз ҷузъу томи  махсус  қарор мегирад.
  1. Табдили рота аз хати қаторҳои взводҳо ба қатори сафарӣ бо амри «Рота, ба КИТФ» (ба ШОНА)»; «Дар қатори сенафара (чорнафара, дунафара)-и сафарӣ, аз қафои ман (ё самт нишон дода мешавад), бо қадам — МАРШ» ё «Рота, ба КИТФ» (ба ШОНА)»; “Дар қатори сенафара (чорнафара, дунафара)-и сафарӣ, рӯи роҳ; тартиби ҳаракат: гурӯҳи роҳбарӣ, взводи якум ва ғайра (ё тартиби дигари ҳаракат нишон дода мешавад) — МАРШ» сурат мегирад.
Бо амри “Ба қатори сафарӣ” командирони взводҳо дар фосилаи ду қадам пеши сафи взводҳои  худ ва техники калон — пеши гурӯҳи роҳбарӣ меистанд (расми 23, 25, 29).
Бо амри иҷрошаванда гурӯҳи роҳбарӣ ё взводи дар амри номбаршуда ҳаракатро шурӯъ мекунад, ҷузъу томҳои дигар дар ҷои худ  қадам мезананд. Бо ҳаракати гурӯҳи роҳбарӣ ё взводи дар амр номбаршуда ҷузъу томҳои дигар бо амри командирони худ «Рӯ БА Рӯ» ҳаракатро тибқи тартибе, ки командири рота таъин кардааст, ё тавре ки дар расмҳои 29 ва 30 нишон дода шудааст, давом медиҳанд.
 
 
Расми 29. Сафи сафарии                                                           Расми 30 Сафи сафарии
рота — қатори  сенафара                                                                             рота — қатори  дунафара
 
 
 
Дар сурати зарурат, взводҳо бо амри командирони худ, мувофиқи нишондоди командири рота наистода сафро табдил медиҳанд.
  1. Табдили саф аз қатори сенафара (чорнафара) ба хати қаторҳои взвод бо амри «Рота, ба тарафи чап ба хати қаторҳои взводҳо, бо қадам — МАРШ» (наистода — «МАРШ») сурат мегирад.
Бо амри иҷрошаванда гурӯҳи роҳбарӣ  ё взводи пешгард дар ҷои худ қадам мезанад, взводҳои дигар ба тарафи чап ба хати взводи пешгард мебароянд. Бо амри командирони взводҳо «Дар ҷо қадам зан» взводҳо дар ҷойҳояшон қадам мезананд, то амри командири рота «Рӯ БА Рӯ» ё «Рота — ИСТ» аз рӯи ҷабҳа ва умқ рост мешаванд. Бо амри «РОТА ИСТ» командири взводҳо дар қаноти рости взводҳои худ меистанд, муовинони командири рота ва техники калон дар қаноти рости гурӯҳи роҳбарӣ меистанд.
  1. Табдили сафи рота аз сафи паҳни дурадифа ба қатори дунафара бо гардиш ба тарафи рост ва аз қатори дунафара ба сафи паҳни дурадифа бо гардиш ба тарафи чап сурат мегирад.
 
Додани саломи ҳарбӣ дар саф дар ҷои ист
ва ҳангоми ҳаракат
 
  1. Барои додани саломи ҳарбӣ дар ҷои ист, ҳангоме ки командир дар масофаи 40 — 50 қадам наздик мешавад, командири  рота амри «Рота, НИЗОМ, таваҷҷӯҳ ба – РОСТ ЧАП, БАЙН»)-ро медиҳад.
Бо ин амр ҳама ҳолати сафистро мегиранд ва сарро ба тарафи зикршуда мегардонанд ва муовинони дар саф будаи командири рота, командирони взводҳо ва техники калон, илова бар ин дастро ба кулоҳ мебаранд.
Командири рота амрро дода, дастро ба кулоҳ бурда, бо қадамҳои сафӣ ба назди сардор омада, дар масофаи ду — се қадам аз ӯ меистад ва гузориш медиҳад. Масалан, «Рафиқ майор. Ротаи якум ба фалон кор машғул аст. Командири  рота капитан Салимов».
Командири рота гузориш дода, дастро аз кулоҳ набардошта, бо пои чап (рост) як қадам ба паҳлӯ монда, ҳамзамон бо гардиш ба рост (чап) ба сардор роҳ дода, аз қафои ӯ дар масофаи як — ду қадам ва аз тарафи берунии саф ҳаракат мекунад.
Бо гузаштани сардор ё бо амри «ОЗОД», командири рота амр медиҳад: «ОЗОД» ва дастро поён мекунад.
  1. Додани саломи ҳарбӣ дар саф ҳангоми ҳаракат, тавре ки барои отделенияҳо ва взводҳо нишон дода шудааст, иҷро мешавад. Зимнан муовинони командири рота, командирони взводҳо ва техники калон дастро ба кулоҳ мебаранд.
Агар сардор ба қатори рота расида, наистода гузарад, он гоҳ амр барои додани саломи ҳарбӣ дода намешавад; танҳо командирони ҷузъу том аз взвод болотар, инчунин техники калон салом медиҳанд.
 
  1. С А Ф И Б А Т А Л Ё Н
 
Сафи  паҳн
 
  1. Сафи паҳни баталён метавонад дар шакли хати қатори взводҳо, дар шакли хати қаторҳои ротаҳо ё сафи дурадифа бошад.
Сафороии баталён бо фармони командири баталён ё бо амри «Баталён, дар хати қаторҳои взвод (рота) — САФ КАШ» ё «Баталён, ду радиф — САФ КАШ» сурат мегирад.
  1. Баталён дар шакли хати қаторҳои взводҳо, тавре ки дар расми 31 нишон дода шуда аст, саф мекашанд; ротаҳо дар як хат аз рӯи ҷабха; ҳар яки онҳо дар хати қаторҳои взводҳо, взводҳо дар қатори сенафара (чорнафара); фосила байни взводҳо ва ротаҳо ду қадам.
Баталён дар шакли хати қаторҳои рота, тавре ки дар  расми 32 нишон дода шуда аст, саф мекашанд; ротаҳо дар як хат аз рӯи ҷабҳа, ҳар кадом дар қатори сенафара (чорнафара); масофа байни взводҳо чор қадам, фосила байни ротаҳо ду қадам.
Тартиби сафкашии баталён дар ду радиф дар расми 35 нишон дода шуда аст.
  1. Ҳангоми саф оростани баталён дар хати қаторҳои взвод ё рота ҷузъу томҳои тӯпхона (артиллерӣ), махсус ва хизматрасони баталён мутобиқан дар қаторҳои взвод, рота (батарея) чаптари ротаҳо пешгардҳои қаторҳо дар хати ротаҳо, дар фосилаи ду қадам саф мекашанд.
  2. Муовинони командири баталён ва сардори ситоди баталён дар сафи паҳн дар ду радиф чаптари командири баталён меистанд, дигар афсарони баталён, ки дар расмҳои 31, 32 ва 33 нишон дода нашудаанд, бо ҳайати боқимондаи роҳбарии баталён саф мекашанд.
  3. Рост кардани саф ва гардишҳо дар сафи паҳн мувофиқи қоида ва амрҳои барои отделения ва взвод нишондодашуда иҷро карда мешаванд.
 
Сафи    сафарӣ
 
  1. Сафи сафарии баталён (расми 34) аз сафҳои сафарии ротаҳо, ҷузъу томҳои тӯпхона (артиллерӣ), махсус ва хизматрасон, ки дар қатори сенафара (чорнафара) яке паси дигар дар масофаи ду қадам (аз радифи охирини ротаи дар пеш рафтаистода то командири рота) саф кашидаанд, иборат мебошад.
 
 
Расми 31. Сафи паҳни баталён – хати қатори взводҳо
 
 
Расми 35. Сафи паҳни баталён — хати қатори ротаҳо
 
 
Расми 33. Сафи паҳни баталён – дурадифа
 
 
  1. Баталён аз хати қаторҳои взводҳо ё ротаҳо ба қаторҳои сафарӣ масалан бо амри «Баталён ба қатори сафарӣ, дар роҳ (ё самти дигар нишон дода мешавад), дар асоси тартиби сафороӣ (ё тартиби дигар нишон дода мешавад)»: «Ба КИТФ»; «Ротаи якум — БА ПЕШ», тағйири саф менамояд.
Ба амри «Ба қатори сафарӣ» командирони ротаҳо ҳашт қадам пеш аз ротаҳои худ  меистанд; дар фосилаи ду қадам аз ақиби онҳо — муовинонашон; командирони взводҳо — пеши взводҳои худ дар фосилаи ду қадам; техникҳои калони ротаҳо — ду қадам пеш аз гурӯҳи роҳбарӣ;  ишорагари таблзан ҷои худро тавре ки дар расми 34 нишон дода шудааст,  мегирад.
 
 
Бо амри иҷрошаванда ротаҳо, ҷузъу томҳои тӯпхона (артиллерӣ), махсус ва хизматрасонии баталён бо амри командирони худ (банди 124), ба тадриҷ ба қаторҳо табдил шуда, бо тартибе, ки командири баталён нишон дода аст, ҳаракат мекунанд.
Командири баталён дар фосилаи даҳ қадам пештар аз командири ҷузъу томи пешгард ҳаракат мекунад; дар фосилаи ду қадам пас аз командири баталён дар як радиф муовинонаш ва сардори ситоди баталён, аз паси онҳо дар фосилаи ду қадам ҳайати боқимондаи роҳбарии баталён ҳаракат мекунанд.
 
 
Расми 34. Сафи сафарии
баталён — қатор
 
 
  1. Баталён аз қатори сафарӣ ба сафи паҳн ё бо амри командири баталён тағйири саф менамояд. Дар ин ҳолат ҷой ва ҷабҳаи сафороии баталён, аз рӯи кадом рота ва дар кадом саф бояд саф кашанд, мушаххас мешавад.
Ҳангоми тағйири саф бо амри «Баталён ба тарафи чап дар хати қатори взводҳо (ротаҳо) — МАРШ» (наистода — “МАРШ”) ҷузъу томҳо, тавре ки дар расмҳои 31 ва 32 нишон дода шудааст, саф мекашанд.
Саломи ҳарбӣ дар ҷои ист ва ҳангоми  ҳаракат
  1. Додани саломи ҳарбӣ дар ҷои ист ва ҳангоми ҳаракат тибқи тартибе, ки барои рота нишон дода шудааст (бандҳои 127 ва 128) сурат мегирад.
Ҳангоми ҳаракати баталён дар қатор амри командири баталён барои додани саломи ҳарбӣ аз тарафи командирони ротаҳо (ба ғайр аз ротаи пешгард), ҳангоме ки сардор ба мобайни ротаи  пешрав мерасад, ба навбат такрор  карда мешавад.
  1. САФҲОИ ПОЛК
  2. Сафи паҳни полк аз баталёнҳо, ки дар хати қатори взводҳо ё ротаҳо саф кашидаанд, иборат мебошад.
Дар сафи паҳни полк дар қаноти рост баталёнҳо аз рӯи тартиби рақамҳояшон саф мекашанд, чаптари онҳо — ҷузъу томҳои тӯпхона (артиллерӣ), ҷузъу томҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ, ва ҷузъу томҳои таъминот — саф мекашанд. Роҳбарияти баталён каме росттари баталён саф мекашад. Муовинони командири полк аз тарафи рости ҳайати роҳбарии полк ва ҳангоми сафкашӣ бо Байрақи Ҷангӣ — аз тарафи рости он меистад. Фосила байни баталёнҳо — се қадам (расми 35).
Сардорони навъҳои қӯшунҳо, хадамот ва афсарони таҳти тобеъияти онҳо бо ҳайати роҳбарияти полк саф мекашанд.
  1. Барои сафороии полк, командири полк шахсан худаш ё ба воситаи ситод фармон медиҳад, ки дар он: ҳадаф, ҷой, вақт ва тартиби сафкашӣ; намуди либос ва таҷҳизот, навъи силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва ғайраро, ки бояд ҷузъу томҳо дошта бошанд, нишон медиҳад.
  2. Сафкашии полк дар сафи сафарӣ (расми 36) метавонад чӣ бевосита ба қатори сафарӣ ва чӣ аз тариқи тағйири саф аз сафи паҳн ба хати қаторҳои ротаҳо ва взводҳо иҷро шавад.
  3. Ҳангоми сафкашӣ дар ҷой дар қатори сафарӣ баталёнҳо, ҷузъу томҳои тӯпхона артиллерӣ), ҷузъу томҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ, ҷузъу томҳои махсус ва ҷузъу томҳои таъминот дар қаторҳо ба маҳалли сафкашии полк омада, ҷойҳои таъиншударо ишғол мекунанд.
  4. Табдили сафи полк аз сафи паҳн ба қатори сафарӣ бо фармон ё амр масалан, «Полк, ба қатори сафарӣ, рӯи роҳ (ё самти дигари ҳаракат зикр мешавад); бо тартиби сафкашӣ (ё тартиби дигари ҳаракат, ки зикр мешавад); «Ба КИТФ», «Баталёни якум — БА ПЕШ» сурат мегирад.
  
Расми 35. Сафи сафарии полк                                                                Расми 36. Сафи сафарии
— хати қаторҳои ротаҳо ва взводҳо                                           полк – қатор
 
Бо амри «Ба қатори сафарӣ» командирони баталёнҳо аз саф баромада, дар фосилаи даҳ қадам пеши командирони ҷузъу томҳои пешгарди баталёнҳои худ меистанд, муовинони командирони  баталёнҳо ва сардорони ситодҳои баталёнҳо дар як радиф дар фосилаи ду қадам аз қафои командирони баталёнҳо меистанд; командирони ротаҳо ва взводҳо аз саф баромада, чуноне, ки дар банди 135 нишон дода шудааст, меистанд.
Командирони баталёнҳо ба навбат барои ҳаракат амр медиҳанд (банди 135).
Ҳаракати полк тибқи тартиби расми 36 ё дигар тартибе, ки командири полк нишон медиҳад сурат мегирад; масофаи байни баталёнҳо дар ҷой 3 қадам; ҳангоми ҳаракат 10 қадам ва байни ҷузъу томҳои дигар 3 қадам мебошад.
  1. Полкҳо аз қатори сафарӣ ба сафи паҳн бо фармон ё амри командири полк тағйири саф менамояд.
Дар фармон ё амр ҷой ва ҷабҳаи сафкашии полк, аз рӯи кадом баталёнҳо бояд саф кашанд ва дар кадом саф нишон дода мешавад.
Ҳангоми тағйири саф бо амри «Полк, ба чап дар як хат, баталёнҳо дар хати қаторҳои ротаҳо (взводҳо) бо қадам — МАРШ» (наистода — МАРШ»), ҷузъу томҳо тавре, ки дар расми 40 нишон дода шудааст, саф мекашанд.
  1. Барои додани саломи ҳарбӣ дар саф дар ҷои ист ва ҳангоми ҳаракат, командири полк амр медиҳад: «Полк, НИЗОМ», таваҷҷӯҳ ба — РОСТ (ЧАПБАЙН)».
Дар саф дар ҷои ист командири полк амр дода, бо қадамҳои сафӣ ба назди сардор омада, гузориш медиҳад.
Ҳангоми ҳаракат дар сафи сафарӣ барои додани саломи ҳарбӣ, амри додашудаи командири полк, вақте ки сардор ба байни ротаи дар пеш рафта истода мерасад, ба навбат аз тарафи командирони баталёнҳо такрор карда мешавад.
 
Б О Б И  5
 
Сафороии  взвод, рота, баталён
ва полк дар мошинҲо
 
  1. Муқаррароти умумӣ
 
  1. Дар сафи паҳн мошинҳои ҷузъу томҳо ва қисмҳо дар як хат аз рӯи тарафи чабҳаи хати мошинҳо, дар хати қаторҳои взводҳо ва ротаҳо дар фосила ва масофаи байни мошинҳо ва ҷузъу томҳо, ки Оиннома ё командир муқаррар кардааст, саф мекашанд. Зимнан ҳайати шахсӣ дар болои мошинҳо қарор дорад ё дар пеши мошинҳо дар як радиф ё дар ду радиф дар хати қаторҳои взводҳо ё ротаҳо тавре саф мекашад, ки радифи охир дар фосилаи на камтар аз се қадам дар пеши мошинҳо қарор гирад (расми 37-40); механик-ронандаҳо ва ронандаҳои мошинҳо дар сафи ҷузъу томҳои худ меистанд.
  2. Дар сафи сафарӣ мошинҳо дар ҷузъу томҳо дар қатор саф мекашанд ё ҷузъу томҳо дар қаторҳо яке аз паси дигар дар масофае, ки Оиннома ё командир таъин кардааст саф мекашанд.
  3. Пеш аз савор шудан ба мошинҳои ҷангии пиёданизом ва мошинҳои зиреҳпӯш, инчунин ба мошинҳо дар воҳидҳо дар ҳолати зарурӣ хизматчиёни ҳарбӣ ва молу ашёҳои онҳо ҳисоб карда шуда, тартиби саворшавӣ нишон дода мешавад.
Пеш аз саворшавии ҳайати шахсӣ ба мошинҳо аз назар гузаронида мешавад, ки оё силоҳи онҳо аз тир холӣ аст ё не, агар ҳаракат бо силоҳи тир пуркардашуда анҷом гирад оё он дар муҳофизак монда шудааст ё не: найзакордҳо (найзаҳо) ҷудо карда мешаванд (хам карда мешаванд).
  1. Дар ҳар як мошин аз байни (афсарон), прапоршикҳо ва сержантҳо калони мошинҳо, ки ба онҳо ҳамаи ҳайати шахсӣ ва инчунин ронанда итоат мекунанд, таъин мешаванд.
  
Расми 37. Сафкашии отделения ва экипажи танк
а — дар пеши мошини ҷангии пиёданизом;
б — дар пеши зиреҳпӯш; в — дар пеши танк.
  
Расми 38. Сафкашии взвод бо ҳайати шахсӣ дар пеши
мошинҳо:           ҳайати шахсӣ — дар сафи дурадифа;
мошинҳо — дар як хат.
 
 
 
Расми 39.           Сафкашии   рота   бо   ҳайати   шахсӣ   дар
пеши мошинҳо:  ҳайати шахсӣ ва мошинҳо —
дар  хати  қатори взводҳо
 
  
Расми 40.           Сафкашии баталён  бо  ҳайати   шахсӣ  дар
пеши  мошинҳо: ҳайати шахсӣ ва
мошинҳо – дар хати  қатори  ротаҳо
Ба калони мошин рондани мошин, додани амр ба ронанда барои супоридани идораи мошин ба шахси дигар, риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва тағйир додани суръати муқарраргардида қатъиян манъ аст.
Ишораҳои командири калонтарро командири ҷузъу том (калони мошин) назорат мекунад, дар мошинҳо, ғайр аз ин — назоратчии таъиншудае, ки дар кунҷи рости пеши кузови мошин ҷой мегирад, назорат мекунад.
Барои назорати маҳкам будани қуфлакҳои кузови мошин ҳангоми ҳаракат аз байни сарбозон «нозирони борт» таъин мешаванд, ки дар ҷойҳои кунҷии бортҳои пеш ва ақиб мешинанд.
 
 Расми 41. Сафкашии ҳайати шахсӣ барои саворшавӣ
а — аз дари қафои мошини ҷангии пиёданизом;
б — аз люкҳои  саворшавии зиреҳпӯш;
в — аз бортҳои чап, рост ва қафои  мошин;
г — десант дар назди танк барои савор шудан
аз бортҳо.
 
Назорати мошинҳои аз қафо омадаистода, техникаи ядакӣ (кашидашаванда) ва қуфлҳои дари ақиби мошини ҷангии пиёданизом ва зиреҳпӯшро (қуфли тарафи рости борти мошинро) сарбозе, ки дар паҳлӯи рост (борти ақиби мошин) нишастааст, анҷом медиҳад.
  1. Бо амри «БА МОШИНҲО» ҳайати шахсие, ки бо мошинҳои ҷангии пиёданизом ва зиреҳпӯшҳо, инчунин бо мошинҳо кашонда мешаванд ва десанти рӯи танк дар пеши мошинҳо саф мекашанд, тавре, ки дар расми 41 нишон дода шудааст. ҳангоми савор шудан аз бортҳо ҳайати шахсии ҷузъу томҳо дар сатҳи даричаҳои (люкҳои) нишаст ё тасмачархҳои (катокҳои) оқиби мошинҳо саф мекашанд.
  2. Бо амри «Ба МОШИНҲО» экипажи танкҳо дар пеши танкҳо дар як радиф саф мекашанд. Командири танк дар фосилаи ду қадам пеш аз тасмачархи тарафи рост меистад: боқимонда ҳайати экипаж чаптари командир (расми 41, г) меистад.
  3. Савор шудани ҳайати шахсӣ ба мошинҳо метавонад ба тариқи зайл сурат гирад:
— ба мошинҳои ҷангии пиёданизом — аз дари ақиб;
— ба зиреҳпӯшҳо — аз борти рост ва чап, люкҳои боло ва ё аз дари ақиб;
— ба мошинҳо — аз борти  рост, чап ва ақиб; дар мошинҳое, ки кузови пӯшида доранд — аз борти ақиб. Савор шудани ҳайати шахсӣ ба мошинҳои дигар тавре ки қулайтар бошад, сурат мегирад.
Савор шудан ба мошинҳое, ки дар тарафи рости роҳ истода бошанд, аз борти чап мумкин нест.
  1. Ҳангоми савор шудан ба мошинҳои ҷангии пиёданизом ва зиреҳпӯшҳо бо амри «БА МОШИНҲО», хизматчиёни ҳарбии таъиншуда дарҳои қафои (сарпӯшҳои даричаҳои саворшавӣ) ҷои десантро мекушоянд, ронандаҳои мошинҳо дар ҳолати зарурӣ борти ақибро мекушоянд. Пас аз анҷоми саворшавӣ дарҳои ақиб (люкҳои саворшавӣ, бортҳо) пӯшида мешаванд (расми 42).
  2. Бо амри «БА ҶОЙҲО» ҷузъу томҳо ба тезӣ ҷойҳояшонро дар мошинҳо ишғол мекунанд (расми 42 ва 43).
 
Расми 42.           Ҷойгирии ҳайати шахсӣ
а — дар мошини ҷангии пиёданизом;
б — дар зиреҳпӯш
 
Ҳангоми савор шудан аз чарх, тасмачархи танк ва поймонак истифода мешавад.
Силоҳ дар вақти савор шудан, тавре ки қулай бошад, гирифта мешавад, ба истиснои пулемётҳои ротагӣ, ки ба хизматчии ҳарбие, ки савор шудааст ё аз қафо истодаст, дода мешаванд. Баъди савор шудан силоҳ дар байни ду зону гузошта шуда бо ду даст дошта мешавад. Автоматҳо, илова бар ин, бо амри командири ҷузъу том дар ҳолати «БА СИНА» гирифта мешаванд.
Борхалтаҳо ва лӯлаҳои шинелҳо, бо амри командири ҷузъу том (калони мошин) аз китф гирифта, дар мошин гузошта мешаванд.
Командири ҷузъу том (калони мошин) ба дурустии саворшавии ҳайати шахсӣ, инчунин баъди ба охир расидани он ба маҳкам будани қуфли дарҳо (люкҳо) ва бортҳо назорат менамояд ва баъд аз он ҷои худро дар мошини ҷангии пиёданизом, дар зиреҳпӯш дар нишастгоҳи командири мошин ва дар мошин — паҳлӯи ронанда ё бо нишондоди командири калонтар дар кунҷи чапи пеши кузови мошин ишғол мекунад.
Агар ҷои командири мошинро командири калонтар, командири отделения  ё взвод гирад, он гоҳ ӯ дар шӯъбаи  десанти мошин ҷой мегирад.
  1. Экипажи танк бо амри «БА ҶОЙҲО» якбора ба қафо давр зада, ба зудӣ ҷои худро дар танк ба тартиби зерин ишғол менамояд; командири танк, тиргузорро гузаронида ба паҳлӯи чап медавад ва баъд аз нишонгир ҷои худро дар танк ишғол мекунад; нишонгир ба тарафи чапи борт омада, ба болои танк меҷаҳад ва ҷои худро аз тариқи люки командир ишғол мекунад; тиргузор ба борти рости танк давида, ба болои он меҷаҳад ва ҷои худро аз тариқи люки тиргузор мегирад; механики ронанда ба қисмати пеши танк ҷаҳида, аз тариқи люки механики ронанда ба ҷои худ мешинад.
 
Расми 48.           Ҷогирии  ҳайати  шахсӣ  дар  кузови мошин:
а — рӯи нишастгоҳҳо бо дарозии мошин
б — рӯи нишастгоҳҳо бо бари мошин
 
Экипажи танкҳо, ки ҳайати дигар доранд, ҷойҳои худро дар мошинҳои ҷангӣ аз рӯи тартиби шарҳдодашуда бо назардошти ҷойгиршавии экипаж дар мошинҳо ва ҷойгирии люкҳо ишғол менамоянд.
  1. Савор кардани десант ба танк дар ҷои ист аз паҳлӯҳо сурат мегирад. Агар савор кардани десант аз паҳлӯҳо ғайри имкон бошад, он гоҳ аз пеши танк савор мешаванд. Дар ин ҳолат силоҳро тавре ки қулай бошад, мегиранд, ба истиснои пулемётҳои ротагӣ ва дигар силоҳи вазнин, ки онҳо ба хизматчиёни ҳарбии саворшуда ё қафоистода, дода мешаванд.
Дар болои танк хизматчиёни ҳарбӣ бо риоя тадбирҳои  амниятӣ ҷобаҷо мешаванд.
Командири ҷузъу томе, ки ҳамчун десант кашонда мешавад, нисбат ба риояи қоидаҳои саворшавии ҳайати шахсӣ ва ҷобаҷошавии он дар болои танкҳо нишондоди командири ҷузъу томи танкиро иҷро мекунад ва дар бораи ба охир расидани саворшавӣ ба ӯ ва ба сардори бевоситаи худ гузориш медиҳад.
  1. Қабл аз ҳаракати ҷузъу томҳо (қисмҳо) пешакӣ амри «МОТОРРО БА КОР АНДОЗ» дода мешавад, бо ин амр моторҳоро ба кор медароранд ва гарм мекунанд.
Бо амри «МАРШ» ҳамаи мошинҳо дар як вақт бо ҳамон тартибе, ки дар ҷои ист қарор доштанд, ҳаракатро шурӯъ мекунанд ё бо амри командир тағйири саф намуда, дар ҳоли ҳаракат фосила ва масофаи таъиншударо қабул мекунанд. Агар масофа байни мошинҳо дар қатор аз 10 м бештар набошад, он гоҳ мошинҳо ба навбат ҳаракат карда, масофаи таъиншударо мегиранд.
Ҳангоми муайян кардани тартиб ва суръати ҳаракат ва инчунин истодан барои дамгирӣ мутобиқи нишондодҳои оинномаҳои ҳарбӣ амал намудан зарур аст.
Масофаи байни мошинҳо ба суръат ва шароити ҳаракат вобаста буда, ба ҳисоби миёна 25-50 м буда метавонад.
Барои тағйири масофа амрҳои; «МАСОФА ЗИЁД», «МАСОФА КАМ» дода мешаванд. Гардиш дар ҳаракат метавонад ба навбат аз қафои мошини пешгард ё якбора бо ҳамаи мошинҳо (ҷузъу томҳо) сурат гирад. Барои гардиши ба навбат ба қафо бо амри «ДИҚҚАТ, МИСЛИ МАН АМАЛ КУН», мошини аввал бо суръати паст ба қафо давр мехӯрад ва ҳаракатро ба самти муқобил идома медиҳад. Мошинҳои боқимонда то ҷои гардиши мошини пешгард расида, онҳо ҳам қафо гашта ҳаракатро идома медиҳанд.
Барои гардиши якҷоя ба рост (чап, қафо) амри «ҲАМА БА РОСТ» («ҲАМА БА ЧАПҲАМА БА ҚАФО» дода мешавад. Бо амри «ҲАМА БА РОСТ» («ҲАМА БА ЧАП») мошинҳо наистода ҳамзамон ба самти мазкур давр хӯрда ҳаракатро ба самти нав идома медиҳанд. Бо амри «ҲАМА БА ҚАФО» ҳар як мошин дар ҷои худ меистад ва масофаро кам накарда бо давр хӯрдан ба тарафи чап ба қафо мегарданд ва ҳаракатро дар самти муқобил идома медиҳанд. Дар ҳолати зарурат барои холӣ кардани роҳ аз қаторҳои ҳаракаткунанда амри «БА РОСТ ГИР» дода мешавад. Бо ин амр ҳамаи мошинҳо  ҳамзамон ба тарафи рости роҳ гирифта мешаванд ва ҳаракатро дар канори роҳ ё дар тарафи рости берун аз роҳ давом медиҳанд.
  1. Истодани мошинҳо бо амри «ИСТ» сурат мегирад, бо ин амр мошинҳо ба назди мошини дар пеш истода омада, дар фосилаи на камтар аз 10 м. ё дар масофае, ки командир муқаррар кардааст, ба навбат меистанд.
Қабл аз истодани қатор мошинҳоро ба самти рости канори роҳ ё тарафи рости берун аз роҳ мебароранд: Чорроҳаҳо, дураҳаҳо, пулҳо, ҷойҳои танги роҳ, гузаргоҳи роҳи оҳан, роҳҳои даромад ва баромад аз хонаҳо, агар дар ин ҳолат масофа вайрон шавад ҳам, бояд озод бошанд.
Агар зарур бошад баъди истодан амри «МОТОРРО ХОМӯШ КУН» дода мешавад.
  1. Пиёда шудани ҳайати шахсӣ аз мошинҳо ба тартиби зерин метавонад сурат гирад:
  • аз мошинҳои ҷангии пиёданизом;
  • — аз тариқи люкҳо ва дари ақиб;
  • аз зиреҳпӯшҳо — аз паҳлӯи рост ва чап, люкҳои боло ва дари ақиб;
  • аз мошинҳо — аз паҳлӯи рост, чап ва ақиб:
  • аз мошинҳои бо кузови пӯшида — аз ақиб.
Пиёда шудани ҳайати шахсӣ аз дигар мошинҳо, тавре ки осонтар бошад, сурат мегирад.
Фаромадан аз паҳлӯи чапи мошинҳое, ки дар канори рости роҳ истодаанд,  манъ аст.
Барои фаромадан аз мошинҳо амри «БА НАЗДИ МОШИНҲО» ё амри, масалан, «Отделения (взвод, рота) аз паҳлӯи рост, чап ва дари (борти) ақиб — БА НАЗДИ МОШИНҲО» дода мешавад.
Бо ин амр ҳайати шахсӣ ба зудӣ аз мошинҳо пиёда мешавад ва дар паҳлӯи онҳо саф мекашад (расми 41) ё бо амри командири худ амал мекунад.
Ҳангоми пиёда шудан аз мошинҳо силоҳ ҳар тавре, ки осон бошад, гирифта мешавад, вале пулемётҳои ротагӣ ба хизматчии ҳарбии пештар фаромада  дода мешавад.
 
 
  1. САФИ ВЗВОД
 
  1. Сафи паҳни взвод — хати мошинҳо (расми 44), фосилаи байни мошинҳо 3 м.
Сафкашии взвод дар сафи паҳн бо амр «Дар хати мошинҳо-МАРШ» иҷро мешавад. Командири взвод амрро дода, пешрӯи мошини худро ба тарафи ҷабҳаи сафкашии взвод қарор медиҳад, мошинҳои боқимонда аз рӯи тартиби шумора дар як хат, каме чаптар аз мошини командири взвод, бо риояи фосилаи муқарраршуда  қарор мегиранд.
 
 
Расми 44. Сафи паҳни взвод — хати мошинҳо
 
  1. Сафи сафарии взвод — қатор (расми 45), масофа байни мошинҳо ҳангоми сафкашӣ дар ҷой ва дар маҳалли таваққуф 10 м, дар ҳаракат 25-50м, мошини командири взвод дар сари қатор. Сафкашии взвод дар қатор ва инчунин тағйири саф аз хати мошинҳо ба қатор бо амри «Қатор шуда- МАРШ», сурат мегирад.
Ҳангоми тағйири сафи взвод аз хати мошинҳо ба қатор, аз қафои мошини командири взвод, аз рӯи тартиби шумора дар масофаи муқарраршуда мошинҳои боқимондаи взвод ҳаракат мекунанд (расми 46).
Тағйири сафи взвод аз қатор ба сафи паҳн — хати мошинҳо (расми 47), тавре ки дар банди 159 нишон дода шудааст, сурат мегирад.
 
Расми 45. Сафи сафарии            Расми 46. Тағйири сафи взвод  Расми 47. Тағйири
взвод – қатор                                    аз хати мошинҳо  ба қатор         сафи взвод аз қатор
ба хати мошинҳо
 
 
 
3. САФИ  РОТА
 
  1. Сафи паҳни рота метавонад дар хати мошинҳо (расми 48) ё дар хати қатори взводҳо (расми 49) бошад. Фосилаи байни взводҳо — 5 м.
Сафкашии рота дар сафи паҳн — хати мошинҳо ё хати қатори взводҳо бо амри «Дар хати мошинҳо (дар хати қатори взводҳо) — МАРШ» сурат мегирад.
 
 
Расми 48. Сафи паҳни рота — хати мошинҳо.
 
Командири рота амрро дода, пешрӯи мошини худро ба тарафи чабҳаи сафи рота мегузорад ё ҷои сафкашии взводи якумро нишон медиҳад. Взводҳо аз рӯи тартиби шумора дар хати мошинҳо (қаторҳо) чаптар аз мошини командири рота дар фосила ва масофаи муқарраршуда қарор мегиранд.
  1. Сафи сафарии рота — қатор (расми 50).
Сафкашии рота дар қатор, инчунин тағйири саф аз сафи паҳн ба қатор бо амри «Қатор шуда — МАРШ» сурат мегирад.
Ҳангоми тағйир додани сафи рота аз сафи паҳн ба қатори мошинҳо, мошини командири рота ё мошини пешгарди взводи якум ҳаракатро рост шурӯъ карда, баъд ба самти таъиншуда мебарояд, аз қафои мошини командири рота ё аз қафои мошини пешгарди взводи якум мошинҳои боқимонда тибқи тартиби шумораашон ё аз рӯи нишондоди командири рота дар масофаи таъиншуда ҳаракат мекунанд.
  1. Тағйири сафи рота аз қатор ба сафи паҳни хати мошинҳо ё хати қатори взводҳо бо амрҳо ва қоидаҳои дар банди 161 зикршуда сурат мегирад. Зимнан взводҳои дар қаторбуда аз қатори рота мебароянд ва бо амри командирони взводҳо «Дар хати мошинҳо — МАРШ» ё «Қатор шуда — МАРШ» мутобиқан дар хати мошинҳо ё дар хати қатори взводҳо, тавре ки дар расмҳои 48 ва 49 нишон дода шудааст, саф мекашанд.
 
Расми 49. Сафи паҳни                                                 Расми 50. Сафи сафарии
рота — хати қатори взводҳо                                         рота – қатор
4. САФИ  БАТАЛЁН
  1. Сафи паҳни баталён метавонад дар хати қатори взводҳо ё дар хати қатори ротаҳо бошад.
Дар ҳолати зарурӣ баталён дар хати мошинҳо саф мекашад.
Сафкашии баталён дар сафи паҳн бо амри командири баталён ё бо амри «Дар хати қаторҳои взводҳо (ротаҳо) (дар хати мошинҳо) — МАРШ» сурат мегирад.
Баталён дар хати қаторҳои взводҳо, тавре ки дар расми 51 нишон дода шудааст, саф мекашад; ротаҳо — дар хати қатори взводҳо.
Баталён дар хати қаторҳои ротаҳо, тавре ки дар расми 52 нишон дода шудааст, саф мекашад, ротаҳо — дар қаторҳо.
Баталён дар хати мошинҳо, тавре  ки дар расми 53 нишон дода шудааст, саф мекашад, ротаҳо — дар хати мошинҳо; фосила байни ротаҳо 5 м.
Ҳангоми сафкашии баталён мошини командири баталён, ҷузъу томи роҳбарӣ дар қаноти рости баталён, ҷузъу томҳои тӯпхона (артиллерӣ), махсус ва таъминот мутаносибан дар қаторҳои взводҳо ё ротаҳо (батареяҳо) дар қаноти чапи баталён саф мекашанд.
 
  
Расми 51. Сафи паҳни баталён — хати қатори взводҳо
 
 
Расми 52. Сафи паҳни баталён
— хати қаторҳои рота
  1. Сафи сафарии баталён — қатор (расми 54).
Ҳангоми сафкашии баталён дар қатори ротаҳо, ҷузъу томҳои тӯпхона (артиллерӣ),  махсус ва таъминот дар қаторҳо аз рӯи тартибе, ки командири баталён нишон додааст, саф мекашанд, масофа байни ротаҳо ҳангоми сафкашӣ дар ҷои ист ва дар ҷойҳои таваққуф 10 м, дар ҳаракат 25-50 м  мебошад.
Сафкашии баталён дар сафи сафарӣ ба амри командири баталён ё бо амри (ишораи) “Қатор шуда — МАРШ” сурат мегирад.
  1. Тағйири сафи баталён аз сафи паҳн ба қатор бо амри “ Қатор шуда — МАРШ” сурат мегирад.
 
Расми 53. Сафи паҳни баталён — хати мошинҳо
 
Бо ин амр мошини командири баталён ҳаракати мустақимро шурӯъ карда, баъд ба самти даркорӣ мебарояд; аз қафои мошини командири баталён ҷузъу томҳои баталён дар фосилаи таъиншуда, тавре ки дар расми 54 нишон дода шудааст ё бо тартибе, ки командири баталён нишон додааст, ҳаракат мекунанд.
  1. Тағйири сафи баталён аз қатор ба сафи паҳн бо амри (ишораи) «Дар хати қаторҳои взводҳо — МАРШ» сурат мегирад. Бо ин амр ҷузъу томҳо, тавре ки дар расмҳои 51 ва 52 нишон дода шудааст, саф мекашанд.
  
Расми 54. Сафи сафарии баталён – қатор
5.САФИ   ПОЛК
 
  1. Сафи паҳни полк аз баталёнҳое, ки дар хати қатори взводҳо ё ротаҳо саф кашидаанд, иборат мебошад.
Чаптар аз баталёнҳо ҷузъу томҳои тӯпхона (артиллерӣ), мудофиаи зидди ҳавоӣ, махсус, ҷузъу томҳои таъминот саф мекашанд. Фосилаи байни баталёнҳо — 10 м, байни дигар ҷузъу томҳои полк 5 м ё бо назардошти шароит аз тарафи командир муайян мешавад.
  1. Сафи сафарии полк — қатор аст. Полк дар қатори сафарӣ бо тартиби дар банди 142 нишондода саф мекашад.
Тағйири сафи полк аз сафи паҳн ба қатор ба фармони командири полк сурат мегирад. Дар фармон самт ва тартиби ҳаракат, вақти омодагӣ барои ҳаракат ва фосилаи байни баталёнҳо нишон дода мешавад. Ҳаракат дар сафи сафарӣ ба амри «Қатор шуда — МАРШ» шурӯъ мешавад.
Командирони баталёнҳо амрҳоро барои ҳаракат кардани баталёнҳо ба навбат медиҳанд (бандҳои 165 ва 166).
 
6.Додани саломи ҳарбӣ
 
  1. Барои додани саломи ҳарбӣ аз болои мошинҳо дар ҷои нишаст, инчунин ҳангоми ҳаракат бо амри «НИЗОМ» ҳайати шахсии мошинҳои болокушода бояд аз камар хам нашуда, сарро рост гирифта, пеши худ нигоҳ кунанд; бе силоҳ — панҷаҳои дастро нимхам каме болотар аз зону озодона гузоранд, бо силоҳ — онро дар байни зонуҳо гузошта, бо ду даст нигоҳ доранд (расми 43).
Бо амри “Таваҷҷӯҳ ба рост (чап)” командирони ҷузъу томҳо аз взвод ва болотар ва калонҳои мошинҳо сарро ба тарафи командир гардонида, ҳамзамон дастро ба кулоҳ мегузоранд, хизматчиёни ҳарбии дигар дар ҳолати «НИЗОМ» меистанд ва сарро ба тарафи сардор намегардонад.
Агар хизматчиёни ҳарбӣ дар мошин рӯ ба тарафи ҳаракати мошин ҷой гирифта бошанд, дар он сурат бо амри «Таваҷҷӯҳ ба рост (чап)» онҳо сарро баробар ба тарафи сардор мегардонанд.
Ҳангоме ки мошин аз назди сардор мегузарад, бо амри «ОЗОД» ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ сарро рост гирифта, озодона менишинанд. Командири ҷузъу томҳо ва калонҳои мошинҳо ғайр аз ин дастро аз кулоҳ поён мекунанд.
  1. Хизматчиёни ҳарбии алоҳидаи дар болои мошинҳо буда, сарро ба тарафи сардор гардонда, аз миён хам нашуда, дар ҳолати нишаст саломи ҳарбӣ медиҳанд.
Агар хизматчиёни ҳарбӣ бе силоҳ бошанд, он гоҳ баробари баргардондани сарҳояшон дастро ба қулоҳ мебаранд, агар бо силоҳ бошанд, дар он сурат дастро, тавре ки дар банди 170 нишон дода шудааст, нигоҳ медоранд.
Механик — ронандаҳо ва ронандаҳо ҳангоми рондани мошинҳо саломи ҳарбӣ намедиҳанд.
 
Б О Б И  6
 
ВОСИТА ВА ТАРЗҲОИ ҲАРАКАТИ ҲАЙАТИ ШАХСИИ ҶУЗЪӯ ТОМҲО
ДАР ҶАНГ ҲАНГОМИ АМАЛҲОИ ПИЁДА
 
  1. Тарзҳои «Ба ЧАНГ», «БАРХЕЗ»
 
  1. Бо амри «Ба ҷанг» силоҳҳоро ба дасти рост гирифта, бо пои рост ба пеш ва каме ба паҳлӯ қадами пурра гузошта, ҳамзамон баданро ба пеш хам намуда, рӯи зонуи чап нишаста, дасти чапро панҷаҳо ба тарафи рост, ба замин, дар пеши худ мегузоранд (расми 55, а) ва баъд ба рони чап ва дасти рост такя намуда, ба паҳлӯи чап дароз мекашанд ва зуд ба шикам мегарданд, пойҳоро, панҷаҳояшон ба берун, ба ду тараф каме паҳн мекунанд (расми 55, б) ва барои кушодани оташ тайёр мешаванд (расми 55, в).
 
Расми 55. Иҷрои амали                                                             Расми 56. Иҷрои амали
«Дароз каш», «Ба ҷанг»                                             «Барҳез» аз ҳолати дароз кашидан
 
Ҳангоми иҷрои тарзҳои ҳаракат бо пулемётҳои дастӣ ва ротагӣ бо амри «Ба ҷанг» силоҳро бо дасти рост гирифта, бо дасти чап пояҳои пулемётҳоро паҳн мекунанд. Ҳамзамон бо ин бо пои рост (чап) як қадам ба пеш гузашта, ба пеш такя намуда, ба самти тирпарронӣ пояҳои пулемётро ба замин монда, хам нашуда, ба замин бо ду даст такя намуда, пойҳоро ба ақиб партофта ба шикам хоб меравад, пойҳоро ба тарзи панҷаҳояш ба берун паҳн мекунанд ва барои кушодани оташ тайёр мешаванд (расми 55 б, в).
  1. Ҳолати тирпаронӣ аз тапонча. Ҳолати тирпарронӣ бо амри «Бо қади рост — БА ҶАНГ» гирифта мешавад. Дар ин ҳолат зарур аст: ба андозаи ним доира ба чап тоб хӯрда, пои ростро ба сӯи пеш, ба самти нишон ба андозаи китф гузорад, вазни баданро баробар ба ҳарду по тақсим намояд; мили таппончаро ба боло дар мукобили чашми рост гузорад, дар ин вақт ҳолати панҷаҳои дастро баробари манаҳ қарор дода, дасти чапро озод ба дарозии қад овехта ё ба пушт монад.
  2. Бо амри «БАРХЕЗ» ҳар ду дастро дар сатҳи сина гузошта ва силоҳро дар дасти рост дошта, ҳамзамон пойҳоро бо ҳам ҷафс карда (расми 56, а) ва баъд зуд дастонро рост карда, синаро аз замин мебардоранд ва пои рост (чап)-ро ба пеш мегузоранд (расми 56, б), зуд бархеста, пои чап (рост)-ро назди пои дигар гузашта, ҳолати сафист бо силоҳро мегиранд.
Бо амри «БАРХЕЗ» бо пулемёт баъд аз гузоштани пойҳо ба пеш пулемётро гирифта, зуд рост шуда ва пои чап (рост)-ро якҷо гузошта пулемётро бар назди по нигоҳ медорад.
 
  1. Давида гузаштан ва шикамғеч
 
  1. Давида гузаштан бо амри «Фалонӣ ба он ҷо давида гузар — Ба пеш » иҷро мешавад.
Бо амри ибтидоӣ роҳи ҳаракат ва ҷойҳои паноҳи барои дамгирӣ истоданро муайян мекунанд ва бо амри иҷрошаванда ба тезӣ аз ҷо ҷаста, тавре ки дар банди 174 нишон дода шудааст, пои чап (рост)-ро иваз накарда онро ба пеш мегузоранд ва ҳамзамон бо рост шудани пои рост (чап) ба тезӣ давида мегузаранд.
Дарозии масофаи давида гузаштан байни ҷойҳои дамгирӣ аз маҳал ва оташкушоии душман вобастагӣ дорад ва ба ҳисоби миёна бояд 20-40 қадам бошад.
Дар ҷои барои дамгирӣ истодан ба зудӣ, тавре ки дар банди 77 нишон дода шудааст, ба замин ғалтида, каме ба ягон тараф хазида, баъди расидан ба маҳали дар амр зикршуда, барои кушодани оташ тайёр мешаванд.
Ҳангоми давида гузаштан силоҳро, тавре ки муносиб бошад, мегиранд.
  1. Шикамғеҷ, рӯи оринҷҳо ва зонуҳо ва ё бо паҳлӯ бо амри «Фалонӣ то фалон масофа, хазида рав – ба ПЕШ» сурат мегирад. Бо амри ибтидоӣ роҳи ҳаракат ва ҷойҳои паноҳи барои дамгирӣ истоданро муайян мекунанд ва ба амри иҷрошаванда бо яке аз се намуди нишондодашуда хазида мегузаранд.
 
Расми 57. Шикамғеҷ
 
Расми 58. Зонуғеҷ
 
Расми 59. Паҳлӯғеҷ
 
  1. Барои хазиши шикамғеҷ (расми 57) ба замин ҷафс дароз мекашанд, бо дасти рост силоҳро аз қисми болоии тасма гирифта, онро болои бозӯи рост мегузоранд.
Пои рост (чап)-ро кашида, ҳамзамон дасти рост (чап)-ро ба қадри имкон ба пеш дароз мекунанд; бо пои хамшуда бадани худро ба пеш тела медиҳанд, баъд пои дигарро кашида, дасти дигарро дароз карда ҳамин тариқ ҳаракатро давом медиҳанд. ҳангоми хазидан  сарро  боло намебардоранд.
  1. Барои иҷрои амали зонуғеҷ (расми 58) ба зону нишаста, болои банди дастон ё болои кафи дастон такя мекунанд. Пои рост (чап)-и хамшударо ба сандуқи сина мекашанд ва ҳамзамон дасти чап (рост)-ро ба пеш дароз мекунанд. Баданро то рост шудани пои рост (чап) ба пеш тела медиҳанд ва ҳамзамон пои дигари хамшударо ба зери худ мекашанд ва дасти дигарро ба пеш дароз карда ба ҳамин тарз ҳаракатро давом медиҳанд.
Силоҳро ҳангоми ба банди дастҳо такя кардан мисли ҳолати дар шакли шикамғеҷ хазидан, ҳангоми такя ба панҷаҳои дастон бошад,  дар дасти рост нигоҳ медоранд.
  1. Барои иҷрои амали паҳлӯғеҷ (расми 59) ба паҳлӯи чап дароз кашида, пои хамшудаи чапро ба пеш мекашанд ва ба оринҷи дасти чап такя карда, пошнаи пои ростро ҳар чӣ наздиктар ба худ ба замин зер мекунанд: пои ростро рост карда бадани худро ба пеш тела медиҳанд, вале ҳолати пои чапро тағйир надода ҳаракатро ба ҳамин тарз давом медиҳанд.
Силоҳро бо дасти  рост гирифта болои рони пои чап нигоҳ медоранд.
 
  1. Амали ҳайати шахсӣ ҳангоми ҳуҷуми ногаҳонии душман
 
  1. Барои зада гардонидани ҳуҷуми ногаҳонии заминии душман ба қаторҳои рота амр дода мешавад: «Душман аз ҷабҳа (аз ақиб, аз рост, аз чап) — БА ҶАНГ».
Бо ин амр:
  • ҳангоми ҳуҷум аз ҷабҳа взводи пешгард ба тартиби ҷангӣ дар ҷои худ паҳн шуда, взводи баъдинаи он – росттар, ва взводи охирин – чаптари пешгард ба тартиби ҷангӣ паҳн мешаванд;
  • ҳангоми ҳуҷум аз қафо рота ба ақиб бармегардад, взводи охирин дар ҷои худ ба тартиби ҷангӣ пахн мешавад; взводи дар байни қатор буда, — росттари он, ва взводи пешгард – чаптар ба тартиби ҷангӣ паҳн мешаванд;
  • ҳангоми ҳуҷум аз рост ё чап рота ба тарафи мувофиқ тоб меҳурад; взводи дар байни қатор буда дар ҷои худ ба тартиби ҷангӣ паҳн мешавад; взводҳои қанотӣ паҳн мегарданд; яке – росттар, дигараш – чаптари ин взвод ба тарафи қанотҳои берунии худ.
  1. Ҳангоми ҳуҷуми ҳавоии душман ба қатори рота амри «ҲАВО» дода мешавад. Бо ин амр рота вобаста ба шароит ҳаракатро давом медиҳад ё меистад. Агар ҳаракат қатъ нагардад, он гоҳ дар қатор суръат ва масофаи байни машинҳо зиёд карда мешавад.
  • ҳангоми манъ кардани ҳаракат ҳайати шахсӣ бо амри командирони худ зуд аз мошин меҷаҳанд, мувофиқи қатори взводҳо наздиктарин паноҳгоҳро ишғол менамоянд, барои оташкушоӣ тайёр шуда ва бо амр ба сӯи нишонҳои наздикпарвоз тир мепаронанд.
  1. Ҳангоми истифодаи душман аз яроқҳои ядроӣ, кимиёвӣ ва биологӣ хабари хавфи радиатсионӣ ё бонги хатари кимиёвӣ дода мешавад.
Аз рӯи ин бонгҳо ҳайати шахсӣ ба чораҳои ҳимоя мепардозад.
 
Б О Б И    7
 
МУОИНАИ САФИ   РОТА, БАТАЛЁН  ВА  ПОЛК
 
  1. Муқаррароти умумӣ
 
  1. Муоинаи саф бо мақсади муайян намудани дараҷаи малакаи алоҳидаи сафороӣ ва муназзамии сафи ҷузъу томҳо гузаронида мешавад. ҳангоми муоинаи сафӣ ҳамчунин намуди зоҳирии хизматчиёни ҳарбӣ, мавҷудият ва ҳолати таҷҳизот, силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва ғайра санҷида мешавад. ҳангоми азназаргузаронӣ дар муоинаи сафӣ, ба ғайр аз ин, пурсиши хизматчиёни ҳарбӣ дар асоси тартибе (қоидае), ки дар Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, гузаронида мешавад. Пурсиши хизматчиёни ҳарбиро инчунин метавон ҳангоми санҷиш анҷом дод.
Ҳар як муоинаи сафӣ бо марши тантанавии ҷузъу томҳо (қисмҳо) анҷом меёбад. Муоинаи сафӣ аз ҷониби сардори мустақим ё шахсе, ки барои санҷиш таъин шудаанд, доир мегардад.
Дар арафаи муоина сардори мутасаддии муоина ба командири ҷузъу томҳо (қисмҳо) вақт, ҷой, тартиби сафкашӣ ва доир намудани муоинаи навъи либос, барои муоина баровардани кадом навъи аслиҳа ва дигар техникаи ҳарбиро хабар медиҳад.
  1. Муоинаи сафи рота, баталён ва полк ба тарзи пиёда ё бо мошинҳо гузаронида мешавад.
Барои муоина дар шакли пиёда тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳо (қисмҳо) бо силоҳи шахсӣ ва дар муоина бо мошинҳо инчунин ҳамаи силоҳҳо ва техникаи харбӣ ва ғайра бароварда мешавад.
 
2. МУОИНАИ САФӣ ДАР ШАКЛИ ПИЁДА
 
Муоинаи   рота
 
  1. Барои муоинаи сафӣ ротаҳо дар сафи паҳни дурадифа саф мекашанд: командири рота дар масофаи ҳафт қадам дар пеши мобайни рота, ишорагари таблзан дар фосилаи ду қадам росттар аз гурӯҳи роҳбарӣ; муовинони командири рота — ду қадам росттар аз ишорагари таблзан; старшинаи рота дар қаноти чап меистанд (расми 32).
  2. Ҳангоме ки сардори доиркунандаи муоина ба масофаи 40-50 қадам наздик мешавад, командири рота амр медиҳад: «Рота, НИЗОМ, таваҷҷӯҳ ба РОСТ (ЧАПБАЙН»).
Командири рота амр дода, дасти худро ба кулоҳ мебарад ва бо қадами сафӣ ба назди сардори доиркунандаи муоина омада, дар масофаи ду- се қадам дар рӯ ба рӯи вай истода, гузориш медиҳад, масалан: «Рафиқ подполковник, ротаи якум барои муоинаи сафӣ, саф кашидааст. Командири рота, капитан Каримов». Бо хатми гузориш командири рота бо пои чап (рост) як қадам ба канор гузошта, ҳамзамон  ба рост (чап) мегардад ва сардорро пеш гузаронида, як-ду қадам ақибтар аз паси ӯ берун аз саф равон мешавад ва дастро аз кулоҳ поён намекунад. Таблзан бо амри командири рота «Таваҷҷӯҳ ба рост (ба чапба байн) бо табл «Марши сафарӣ»-ро оғоз мекунад (замимаи 8); вақте ки командири рота дар назди сардори доиркунандаи муоина меистад, таблзан таблзаниро бас мекунад ва баъди гузориши командири рота онро  дубора шурӯъ мекунад.
  1. Баъди дида баромадани ҷабҳаи сафи рота аз қаноти рост ба чап сардори доиркунандаи муоина ба байни саф баромада, ба ҳайати шахсии рота салом медиҳад ва барои додани амри «ОЗОД» иҷозат медиҳад ва ба командири рота барои идомаи муоина нишондодҳои лозимӣ медиҳад. Ҳамин ки сардор дар байни сафи рота рӯ ба рӯ меистад, таблзан таблзаниро қатъ мекунад.
Командири рота амри «ОЗОД»-ро дода, дастро аз қулоҳ поён мекунад ва ба сардори доиркунандаи муоина дастхати сафиро месупорад (замимаи 5) ва баъди гирифтани дастур барои иҷрои он шурӯъ менамояд.
  1. Муоинаи рота аз санҷиши ҳайати шахсӣ, симои зоҳирии хизматчиёни ҳарбӣ, вазъи таҷҳизоту аслиҳа оғоз мешавад. Сипас дараҷаи маҳорати инфиродии сафӣ ва ҳамоҳангии сафии отделенияҳо ва взводҳо, иҷрои сурудҳои сафӣ дар ҳайати взвод ва рота санҷида мешавад.
  2. Рота бо марши тантанавӣ аз пеши сардори муоинакунанда аз рӯи взводҳо дар фосилаи як сафбанд (ду сафбанд) мегузарад; бо нишондоди сардори муоинакунанда взводҳо — дар қатори сенафара (чорнафара) силоҳҳо дар ҳолати «ба китф» ё дар дигар ҳолат мегузаранд. Автоматҳо дар ҳолати «Ба сина», бо дасти чап аз тагчӯби мил ва сарпӯши мил гирифта  мешаванд.
  3. Қабл аз оғози марши тантанавӣ сардорони мустақими командири рота, ки дар муоина ҳузур доранд, дар фосилаи як-ду қадам аз қафои сардори муоинакунанда меистанд.
Командири рота ротаро дар хати қатори взводҳо саф ороста, барои муқаррар намудани хати гузариши рота дар қаноти рост дар қатори якнафара сафбанд таъин намуда, дар фосилаи ҳафт қадам пештар аз взводи  пешгард (гурӯҳи роҳбарӣ) рӯ ба тарафи саф меистад ва амр медиҳад: «Рота, НИЗОМ». Барои марши тантанавӣ, взвод паси взвод, дар фосилаи як сафбанд (ду сафбанд), взводи якум (гурӯҳи роҳбарӣ) рӯ ба рӯ, дигарон ба рост, ГАРД»; “Ба КИТФ” (“Автоматҳо ба- СИНА”); “Таваҷҷӯҳ ба рост, бо қадам — МАРШ», сипас зуд бо нӯги пои рост ба тарафи дасти чап баргашта, ҳаракатро аз пои чап ҳамзамон бо рота шурӯъ мекунад.
Бо амри «Ба марши тантанавӣ» инҳо аз саф мебароянд: муовинони командири рота — ду қадам аз қафои командири рота; командирони взводҳо — ду қадам пештар аз взводҳои худ; таблзан — ду қадам аз қафои муовинони командири рота, техники калон — ду қадам пештари гурӯҳи роҳбарӣ; сафбандон бо дав ё бо қадамзании суръатноки сафӣ ба рӯи хати гузариши рота баромада, дар фосилаи 10-15 м (15-20 қадам) яке паси дигаре меистанд ва мустақилона ба чап бармегарданд ва бо амри «бо қадам — МАРШ» баробар автоматҳоро «ба сина» ва карабинҳоро  дар ҳолати  «ба қаровул» мегиранд.
Бо амри иҷрошаванда ҳамаи рота ҳаракатро шурӯъ мекунад; зимнан взводи якум (гурӯҳи роҳбарӣ) бо қадамҳои сафӣ рост ҳаракат мекунад ва ҳар як взвод баъди ба ҷои исти взводи якум расидан ба тарафи чап бармегардад ва дар ҷои худ бо қадам, рост мешавад. Вақте ки взводи пешрав ба фосилаи дар амр нишондодашуда мерасад, командири взводи дигар амр медиҳад: «Рӯ ба рӯ». Бо ин амр взвод ҳаракатро бо қадами сафӣ шурӯъ мекунад.
Дар қаноти рост будагон дар взводҳо аз рӯи хате, ки сафбандон ишора кардаанд, ба фосилаи як қадам аз онҳо мегузаранд.
Ҳангоми гузаштани ротаҳо бо карабинҳо дар ҳолати «ба — даст», найзаҳо ба  муқобили китфи рост дар баландии гардан тавре нигоҳ дошта мешаванд, ки найзаҳои радифи дуюм ва радифҳои минбаъда аз тарафи рости пешравандагон қарор гиранд. Карабинҳо дар ҳолати «ба-даст» бо амри командири рота (взвод) дар фосилаи се-чор сафбанд то сардори муоинакунанда гирифта мешавад.
  1. Командири рота, муовинонаш, командирони взводҳо ва техники калони рота ба масофаи як сафбанд ба сардор нарасида, дастро ба кулоҳ бурда, баробар сарро ба тарафи сардоре, ки муоинаро мегузаронад, бармегардонанд.
Командири рота чун аз назди сардор дар масофаи чор қадам гузашт, ба канор мегузарад ва каме росттари командири мустақими худ меистад (банд 190) ва то гузаштани ҳамаи рота дар он ҷо меистад.
Вақте ки командири взвод дастро ба кулоҳ мебарад, ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ин взвод баробар сарро ба тарафи сардор мегардонанд. ҳангоми аз пеши сардори муоинакунанда гузаштани взвод, дар фосилаи як хати сафбанд командири рота дастро поён мекунад ва дигар ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ сарҳояшонро рост мегиранд.
Агар рота бо карабинҳо дар ҳолати «ба даст» гузашта бошанд, он гоҳ бо амри командирони взводҳо онҳоро ба ҳолати «ба шона» мегиранд.
  1. Вақте ки рота аз назди сардори муоинакунанда мегузарад, сафбандон силоҳро бо ишораи сардорашон ба ҳолати «ба китф» мегиранд ва ба тарафи рост баргашта давида дар қатори якнафара ба рота мерасанд ва дар сафи ҷузъу томи худ қарор мегиранд.
  2. Командири рота барои гузаштан бо суруд ротаро аз нав саф ороста дар фосилаи ҳафт қадам пеш аз взводи пешгард истода амр медиҳад: «РОТА НИЗОМ, барои гузаштан бо суруд, взвод ба взвод фосила панҷоҳ метр, взводи аввал Рӯ БА Рӯ, дигарон «РОСТ ГАРД». «БА КИТФ». «БО ҚАДАМ МАРШ». Баъд зуд бо нӯги пои рост ба тарафи дасти чап пас гашта ҳаракатро бо пои чап ҳамзамон бо рота шурӯъ мекунад.
Бо амри «БАРОИ ГУЗАШТАН БО СУРУД» муовини командири рота – ду қадам баъд аз командири рота, командирони взводҳо – ду қадам пеш аз взводҳои худ, таблзан – ишорагар – ду қадам баъд аз муовинони командири рота, техники калон – ду қадам пеш аз гурӯҳи роҳбарӣ аз саф баромада меистанд.
Бо амри иҷрошаванда ҳамаи рота баҳаракат шурӯъ мекунанд. Дар ин сурат взводи аввал (гурӯҳи роҳбарӣ) бо қадами сафарӣ ва бо суруд рӯ ба рӯ ҳаракат мекунад ва ҳар як взводи баъди ба ҷои исти аввалаи взводи якум (гурӯҳи роҳбарӣ) омада ба тарафи чап гашта бо қадам дар ҷои ист сафро баробар мекунанд. Вақте взводи пешрав ба фосилаи дар амр нишондода мерасад, командири взводи баъдӣ амр медиҳад: «ВЗВОД БО СУРУД – Рӯ БА Рӯ». Бо ин амр взвод ҳаракатро бо суруд ва қадамҳои сафарӣ шурӯъ мекунад.
 
  
Муоинаи   баталён
 
  1. Баталён барои муоинаи сафӣ дар сафи паҳн дар хати қаторҳои взводҳо ё сафи дурадифа  саф мекашад (расми 36 ва 38); командири баталён —  дар мобайни сафи баталён дар фосилаи даҳ қадам; таблзанҳои  тамоми баталён — дар қаноти рост дар як радиф, дар фосилаи ду қадам росттари командири ротаи пешгард; муовинони командири баталён ва сардори ситоди баталён  дар ду қадам росттари таблзанҳо. Агар дар назди  баталён оркестр мавҷуд бошад, он гоҳ таблзанҳо ба ҷаноҳ даъват карда намешаванд ва оркестр дар ду қадами росттари командири ротаи қаноти рост қарор мегирад.
  2. Вохӯрии сардор бо ҳамон тартибе, ки барои рота нишон дода шудааст, сурат мегирад. Баъди ҷавоб ба саломи сардор бо амри командири баталён «ОЗОД» командирони ротаҳо аз саф баромада, дар фосилаи панҷ қадам дар пеши ротаҳои худ меистанд.
  3. Баталён аз назди сардори муоинакунанда рота паси рота дар фосилаи як (ду) сафбанд; рота – дар қатори сенафара (чорнафара) мегузарад.
  4. Пеш аз бо марши тантанавӣ гузаштан командири баталён баталёнро саф ороста, чи тавре ки хотирнишон карда шудааст, дар қаноти рост дар қатори якнафара сафбандонро гузошта, дар фосилаи 15 қадам дар пеши ротаи пешгард (идораи баталён) меистад ва амр медиҳад: «Баталён, НИЗОМ”. «Барои марши тантанавӣ рота паси рота, дар фосилаи як сафбанд (ду сафбанд), ротаи якум (идораи баталён) рӯ ба рӯ, дигарон ба — РОСТ», “Ба китф (”Автоматҳо ба — СИНА”); “Таваҷҷӯҳ ба рост, бо қадам — МАРШ”.
Ба амри «Ба марши тантанавӣ» шахсони зерин бо наздиктарин роҳ аз саф мебароянд ва меистанд: муовинони командири баталён ва сардори ситоди баталён – дар ду қадам дар як радиф аз қафои командири баталён, командирони ротаҳо – дар фосилаи ҳафт қадам дар пеши ротаҳои худ ва дар ду қадам аз қафои онҳо — муовинони онҳо; командирони взводҳо дар фосилаи ду қадам дар пеши взводҳои худ меистанд. Таблзанони рота таҳти роҳбариии сардорашон аз саф ба пеш баромада, дар рӯ ба рӯи ҷабҳа дар муқобили хати гузариши баталён рӯ ба рӯи сардори муоинакунанда меистанд. Агар дар назди баталён оркестр бошад, он гоҳ он бо ин амр ҷоеро, ки барои таблзанҳо таъин шудааст, ишғол мекунад.
  1. Вақте ки ҷузъу томи охирини баталён аз назди сардори муоинакунанда мегузарад, таблзанҳо (оркестр) навохтанро қатъ накарда, бо амри роҳбарии таблзанҳо (дирижёри ҳарбӣ) ҳаракатро рӯ ба рӯ шурӯъ мекунанд ва баробари ба хати гузариши марши тантанавӣ баромадан аз қафои роҳбарии таблзанҳо (дирижёри ҳарбӣ) ба тарафи чап баргашта, бо қадамҳои сафӣ аз пеши сардор мегузаранд; аз сардор дар фосилаи як-ду сафбанд гузашта, навохтанро қатъ мекунанд.
  2. Командири баталён барои гузаштан бо суруд дар масофаи 15 қадам пеш аз ротаи пешрав (гурӯҳи роҳбарии баталён) истода амр медиҳад. «БАТАЛЁН НИЗОМ». Барои гузаштан бо суруд, рота ба рота, фосила 50 м. Ротаи аввал (гурӯҳи роҳбарӣ) «Рӯ БА Рӯ», дигарон «РОСТ ГАРД», «БА КИТФ», «БО ҚАДАМ МАРШ».
Бо амри «БАРОИ ГУЗАШТАН БО СУРУД» аз роҳи наздиктар муовинони командири баталён ва сардори ситоди баталён – ду қадам баъд аз командири баталён, командирони рота – ҳафт қадам пеш аз ротаҳои худ, муовинони онҳо  — ду қадам баъди командирони рота командирони взводҳо – ду қадам пеш аз взводҳои худ, таблзанҳои ротаҳо – ду қадам баъд аз муовинони командирони ротаҳо аз саф баромада меистанд.
  1. Санҷиши баталён, баромадани сафбандон, инчунин бо марши тантанавӣ ва бо суруд гузаштан, тавре ки барои рота нишон дода шудааст, сурат мегирад.
 
Муоинаи полк
 
  1. Барои муоинаи сафии полк бо Байрақи Ҷангӣ полк дар шакли хати қатори ротаҳо ё взводҳо, тавре ки дар расми 35 нишон дода шудааст, саф меорояд: командири полк — дар мобайни саф, дар масофаи 20-30 қадам меистад. Дар сурати набудани оркестр таблзанҳои рота таҳти амри роҳбари худ дар ҷое, ки барои оркестр таъин шудааст, саф мекашанд.
Вохӯрии сардор ва додани саломи ҳарбӣ ҳам мисле, ки барои рота ва баталён нишон дода шудаст, иҷро мешавад; дар ин ҳолат, дар гузориш номи пурраи полк бо номбар кардани ҳамаи нишонҳои ифтихорӣ ва орденҳо гирифта мешавад. Баъди додани саломи ҳарбӣ бо амри командири полк «ОЗОД» командирони баталёнҳо аз саф баромада, дар фосилаи даҳ қадам дар мобайни баталёнҳои худ меистанд ва командирони ротаҳои (батареяҳои) ҷудогона дар фосилаи — панҷ қадам.
  1. Полк бо марши тантанавӣ аз назди сардори муоинакунанда баталён паси баталён ё рота паси рота мегузарад.
Тартиби гузаштани полк: пешопеш – командири полк меравад; дар фосилаи се қадам аз паси ӯ дар як ё ду радиф – муовинони командири полк ва сардори ситод; аз қафои онҳо дар фосилаи ду қадам — байрақдор бо ёваронаш; дар фосилаи се қадам аз паси онҳо – ҳайати боқимондаи роҳбарияти полк дар қатори сенафара (чорнафара), баъди онҳо – ҷузъу томҳои полк дар масофаҳои таъиншуда.
  1. Барои бо марши тантанавӣ гузаштан командири полк амр медиҳад: «Полк, НИЗОМ». Барои марши тантанавӣ, рота паси рота (баталён паси баталён), дар масофаи фалон сафбанд, ротаи якум (баталён, роҳбарияти полк) рӯ ба рӯ, дигарон ба — рост»; «Ба КИТФ» (Автоматҳо ба- СИНА»); “Таваҷҷӯҳ ба ростбо қадам -МАРШ”.
Бо амри «Барои марши тантанавӣ» муовинони командири полк ва сардори ситоди полк аз саф баромада, дар масофаи ду қадам дар назди Байрақи Ҷангӣ меистанд, командирони баталёнҳо, ротаҳо, взводҳо, оркестр (таблзанҳо) аз саф баромада, тавре ки дар бандҳои 190 ва 197 нишон дода шудааст, меистанд.
Бо амри «МАРШ», оркестр маршро менавозад (таблзанҳо «Марши сафарӣ»), ротаи пешгард (баталён, роҳбарияти полк) ҳаракатро бо қадамҳои сафӣ рӯ ба рӯ оғоз мекунад. Ҷузъу томҳои боқимонда ба тарафи рост баргашта, ба он ҷое, ки ротаи пешгард истода буд, мерасанд ва ба тарафи чап бар мегарданд (бо китф) ва бо амри командирони худ «ДАР ҶОЙ» баробар мешаванд, фосилаи таъиншударо мегиранд ва бо амри «Рӯ БА Рӯ» аз қафои ҷузъу томи пешрав ҳаракат мекунанд. Байрақдор ва ёваронаш ҳангоми бо марши тантанавӣ гузаштан сарро ба тарафи сардор намегардонанд.
  1. Вақте ки ҷузъу томи охирини полк аз назди сардори муоинакунанда мегузарад, оркестр (таблзан) бо амри дирижёри ҳарбӣ (таблзани калон) навохтанро қатъ накарда, ҳаракатро рӯ ба рӯ шурӯъ мекунад ва баробари баромадан ба хати бо марши тантанавӣ гузаштан аз паси дирижёри ҳарбӣ (таблзани калон) ба тарафи чап бармегарданд ва бо қадамҳои сафӣ аз назди сардор мегузаранд; аз сардор дар масофаи як-ду сафбанд гузашта, навохтанро бас мекунанд.
  2. Командири полк барои гузаштан бо суруд полкро аз нав саф ороста амр медиҳад: «ПОЛК НИЗОМ». Барои гузаштан бо суруд рота бо рота (баталён бо баталён) фосила – 100 м. ротаи аввал (роҳбарияти полк) «Рӯ БА Рӯ», дигарон «РОСТ ГАРД», «БА КИТФ», «БО ҚАДАМ МАРШ».
Ба амри «БАРОИ ГУЗАШТАН БО СУРУД» муовинони командири полк ва сардори ситоди полк аз саф баромада ду қадам пеш аз роҳбарияти полк меистанд.
  1. Санҷиши полк, баромади сафбандон ва бо марши тантанавӣ ва бо суруд гузаштан, тавре ки барои баталён нишон дода шудааст, сурат мегирад.
 
  1. Муоинаи саф дар  мошинҳо
 
  1. Рота, баталён, полк барои муоинаи саф дар шакли сафи паҳн бо ҳайати шахсӣ дар пеши мошинҳо саф мекашанд:
— рота — мошинҳо дар  як хат; ҳайати шахсӣ — дар сафи дурадифа;
— баталён — мошинҳо ва ҳайати шахсӣ — дар хати қаторҳои взводҳо ё ротаҳо;
— полк — мошинҳо ва ҳайати шахсӣ — дар хати қаторҳои взводҳо ё ротаҳо.
  1. Муоинаи сафии ҳайати шахсӣ тақрибан мисли тартиби муоина дар шакли пиёда гузаронида мешавад.
Санҷиши мавҷудият ва вазъи аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва ғайра ва инчунин дараҷаи тайёр будани ҳайати шахсӣ барои амалиёт дар мошинҳо бо тартибе, ки сардори муоинакунанда муайян кардааст, гузаронида мешавад. Инчунин вай тартиби бо марши тантанавӣ дар  мошинҳо гузаштанро муайян менамояд.
  1. Бо марши тантанавӣ дар мошинҳо гузаштан дар шакли қаторҳои сафарии ротаҳо ё баталёнҳо сурат мегирад. Полк ҳамчунин метавонад дуқатора ва аз он хам зиёдтар гузарад.
Люкҳо ва шишаҳои кабинаҳои мошинҳои ҷангӣ ва ғайра бояд маҳкам бошанд, ба ғайр аз люкҳои (шишаҳои кабинаҳои) мошинҳои командирони ротаҳо, баталёнҳо ва полкҳое, ки муоина шуда истодаанд. Ба ғайр аз ин, люкҳои мошинҳои командирони ҷузъу томҳо, ки дар вақти ҳаракат бо марши тантанавӣ дар люкҳо  нишастан иҷозат дода шудааст, бояд паҳн бошанд.
Бо иҷозати сардори муоинакунанда люкҳо ва шишаҳои кабинаҳо дар дигар мошинҳо низ метавонанд паҳн бошанд.
Ҳангоми ҳаракат бо марши тантанавӣ дар люки командир (тарафи кунҷи рости шуъбаи десантӣ, кузов), мошини командир инҳо рост меистанд: дар муоинаи рота — командири рота, командирони взводҳо ва мошинҳо; дар муоинаи баталён — командири баталён, командирони ротаҳо ва взводҳо; дар муоинаи полк — командири полк, командирони баталёнҳо, ротаҳо.
Ҳангоми ҳаракат бо мошин командирони ҷузъу томҳо ва қисмҳо метавонанд дар паҳлӯи ронандаи мошин қарор гиранд (нишинанд).
  1. Ҳаракат бо марши тантанавӣ бо амри «Қатор шуда – МАРШ» шурӯъ мешавад. ҳаракатро ҳамаи мошинҳо баробар дар ҳамон сафе, ки онҳо дар ҷой истода буданд, оғоз мекунанд ё бо амри командир ба тарзи дигар тағйири ҷой мекунанд ва дар рафти ҳаракат фосилаи таъиншударо мегиранд. Агар фосилаи байни мошинҳо аз 10 м бештар набошад, он гоҳ мошинҳо ҳаракатро ба навбат шурӯъ карда, фосилаи таъиншударо мегиранд ва дар сурати ҳаракат дуқатора ё бештар қатор – фосилаи байни мошинҳоро интихоб мекунанд.
Дар фосилаи ду-се сафбанд то сардори муоинакунанда командироне, ки дар люки командир (дар кунҷи рости шӯъбаи десантӣ, болои мошин, кабина) мебошанд, дастро ба кулоҳ бурда, баробар сарро ба тарафи сардор мегардонанд. Хизматчиёни ҳарбии боқимонда, тавре ки дар банди 170 нишон дода шудааст, амал мекунанд. Зимнан автоматҳои дар ҳолати «Ба-сина» бударо бо дасти чап аз тагчӯби мил ва сарпӯши мил нигоҳ медоранд. Бо гузаштан аз назди сардор муоинакунанда дар фосилаи як сафбанд, командирони чузъу томҳо дастро аз кулоҳ поён намуда, сарро рост мекунанд ва хизматчиёни ҳарбии боқимонда ҳолати «ОЗОД»-ро  мегиранд.
  1. Байрақи Ҷангии қисми ҳарбӣ пеш аз бо марши тантанавӣ гузаштан дар қисмати болоии люки (шӯъбаи десантӣ, болои мошини) командири қисми ҳарбӣ ба шакли афрохта насб мешавад. Байрақдор ва ёваронаш ҳангоми марши тантанавӣ дар ҳолати «НИЗОМ» меистанд ва сарро ба тарафи сардор намегардонанд. Ёвароне, ки бо автоматҳо мусаллаҳ мебошанд, бояд онҳоро дар ҳолати «БА — СИНА» бардошта, бо дасти чап аз тагчӯби мил ва сарпӯши мил гиранд.
 
Б О Б И  8
 
МАВҚЕИ  БАЙРАҚИ ҶАНГИИ  ҚИСМИ ҲАРБӣ ДАР САФ,
БАРОВАРДАН  ВА ПАС БУРДАНИ  ОН
 
1.Муқаррароти умумӣ
 
  1. Бо фармони дар сатҳи қисми ҳарбӣ барои Байрақи Ҷангӣ байрақдор ва ду ёвар аз байни сержантҳо, прапорщикҳо ё афсарон, бештар аз байни онҳое, ки бо орден ва медалҳо мукофотонида шудаанд ва аълочиёни таълими ҷангӣ мебошанд, таъин карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин барои ҳамроҳӣ кардани Байрақи Ҷангӣ ҳангоми баровардани (пас бурдани) он ба пеши полк ва пас бурдани он ба макони нигаҳдорӣ бо амр взводи байрақдорон таъин мешавад. ҳангоми ҳаракат кардани взводи байрақдорон ба макони нигаҳдории Байрақи Ҷангӣ бояд дар назди он байрақдор, ёварон ва таблзанҳо бошанд.
Ҳангоми бурдани Байрақи Ҷангӣ байрақдор ва ёваронаш бояд ҳамоил дошта бошанд (замимаи 6).
Байрақи Ҷангӣ ба назди қисми ҳарбӣ ҳамеша дар шакли афрохта бароварда мешавад. ҳангоми ҳаракат ба масофаи хеле дур Байрақи Ҷангӣ дар ғилоф бурда мешавад.
 
 
 
 
2 ҶОЙИ БАЙРАҚИ ҶАНГӣ ДАР САФ
 
  1. Байрақдор дар саф дар ҷойи ист Байрақи Ҷангиро дар пеши по бо дасти рост озод поеншуда нигоҳ медорад. Қисмати поёнии чӯбдаста бояд дар мобайни тарафи рости пои рост бошад (расми 60). Ҳангоми иҷрои машқҳо бо силоҳ ҳолати Байрақи Ҷангӣ тағйир намеёбад.
  2. Барои ҳаракат бо амри ибтидоии «Бо қадам» байрақдор Байрақи Ҷангиро ба китфи чап гузаронида, онро бо дасти чап нигоҳ медорад ва дасти ростро поин мекунад. Зимнан қисмати поёнии чубдастаи Байрақи Ҷангӣ бояд 50-60 см аз сатҳи замин баланд бошад (расми 61).
Ҳангоми бо марши тантанавӣ гузаштан дар парадҳо Байрақи Ҷангӣ, тавре ки дар расми 61 ва 62 нишон дода шудааст, бардошта мешавад.
  1. Ҳангоми ҳаракат бо Байрақи Ҷангӣ ёварон ва взводи байрақдор, ки бо автоматҳо мусаллаҳ мебошанд, онҳоро дар ҳолати «ба сина» ва карабиндорон карабинҳоро дар ҳолати «ба шона» нигоҳ медоранд. Зимнан автоматҳо дар ҳолати «ба сина» бо дасти чап аз тагчӯби мил ва сарпӯши мил нигоҳ дошта мешавад.
 Расми 60.           Мавқеи Байрақи Ҷангӣ дар саф  дар ҷои ист
  1. Дар сафи паҳни қисм байрақдор бо Байрақи Ҷангӣ ва ду ёвар тавре, ки дар расми 35 нишон дода шудааст, меистанд.
 
3 ТАРТИБИ БАРОВАРДАН ВА БУРДАНИ БАЙРАҚИ ҶАНГӣ
 
  1. Взводи байрақдор ба макони нигаҳдории Байрақи Ҷангӣ дар қатори сенафара (чорнафара) ҳаракат мекунад. Дар пеши қатор, дар масофаи шаш қадам, командири взвод ва ду қадам ақибтар аз ӯ байрақдор бо ёварон ва ду қадам аз паси байрақдор — таблзан меистад.
  2. Ба макони нигаҳдории Байрақи Ҷангӣ расида, взводи байрақдор дар сафи дурадифа тавре саф мекашад, ки маркази саф дар рӯ ба рӯи баромад аз макони нигаҳдорӣ бошад.
Командири взвод дар қаноти рости взвод, росттари таблзан ва ду қадам росттари командири взвод байрақдор ва ёваронаш дар як радиф меистанд. Барои қабули Байрақи Ҷангӣ ёвар (муовини) сардори ситод байрақдорро даъват карда, амр медиҳад: «Байрақдор, аз қафои ман, бо қадам — МАРШ».
Бо ин амр байрақдор ва ёваронаш аз қафои ёвари (муовини) сардори ситод равон мешаванд.
  1. Ёвари (муовини) сардори ситод Байрақи Ҷангиро аз сардори қаровул қабул карда, онро ба байрақдор месупорад ва дар ҳузури сардори қаровул мутобиқи тартибе, ки дар Оинномаи хизмати дохилӣ нишон дода шудааст, Байрақи Ҷангиро аз назар мегузаронад. Сипас ёвари (муовини) калони ситод дастро ба кулоҳ бурда, амр медиҳад: «Байрақдор, аз қафои ман, бо қадам — МАРШ» ва аз паси взводи байрақдор равон мешавад. Вақте ки Байрақи Ҷангӣ аз баромадгоҳ намоён мешавад, командири взводи байрақдор амр медиҳад: «Взвод зери Байрақи Ҷангӣ, НИЗОМ» ва агар взвод бо карабинҳо мусаллаҳ бошад, он гоҳ амр медиҳад: «Взвод, зери Байрақ, НИЗОМ ба қаро — ВУЛ». Бо амри якум взвод ҳолати “НИЗОМ”-ро мегирад, командири взвод дастро ба кулоҳ мегузорад ва бо амри дуюм взвод, ба ғайр аз ин карабинҳоро дар ҳолати «ба қаровул» мегирад (банди 68); таблзан зарби «Зери Байрақ»-ро мезанад.
 
Расми 61. Ҳолати Байрақи Ҷангӣ
“ба шона” барои ҳаракат
 
Расми 62.            Ҳолати Байрақи Ҷангӣ
барои ҳаракат бо марши тантанавӣ
 
Байрақдор бо ёваронаш дар фосилаи ду қадам росттар аз командири взвод дар як радиф рӯ ба тарафи ҳаракат меистанд. Ёвари (муовини) калони ситод ду қадам пештари байрақдор меистад ва дастро аз кулоҳ поён мекунад; таблзан таблзаниро қатъ мекунад. Ҳамин, ки байрақдор бо ёваронаш дар ҷои худ қарор гирифтанд, командири взвод дастро аз кулоҳ поён намуда, амр медиҳад: «Взвод РОСТ — ГАРД» ва агар взвод карабинҳоро дар ҳолати «ба қаровул» нигоҳ дошта бошад, он гоҳ пешакӣ амри “Взвод, ба назди ПО” ва баъд «БА КИТФ»-ро медиҳад.
  1. Ҳаракат бо Байрақи Ҷангӣ бо амри ёвари (муовини) сардори ситод «Байрақдор, аз қафои ман, бо қадам — МАРШ» шурӯъ мешавад. Бо ин амр ёвари (муовини) сардори ситод, байрақдор ва ёваронаш ҳаракатро бо ним қадам оғоз мекунанд.
Взводи байрақдор бо амри командири взвод: «Взвод, дар қатори сенафара (чорнафара), бо қадам — МАРШ» ҳаракат мекунад ва ҳангоми ҳаракат, тавре ки дар банди 110 нишон дода шудааст, тағйири саф мекунад. Баъди тағйири саф взвод бо амри ёвари (муовини) сардори ситод «Рӯ БА Рӯ» ҳама бо қадамҳои пурра ҳаракат мекунанд.
Ҳаракат бо Байрақи Ҷангӣ бо қадами сафӣ ба тартиби зерин сурат мегирад: аввал — ёвари (муовини) сардори ситод, ду қадам аз қафои ӯ — байрақдор бо ёваронаш, се қадам қафотар бо байрақдор — командири взвод, чор қадам аз қафои ӯ — взвод; таблзан ду қадам қафотар аз командири взвод равон мешавад.
Таблзан ҳангоми ҳаракати взводи байрақдор “Марши сафарӣ”-ро иҷро мекунад ва бо оғози навохтани оркестр (таблзанҳо) таблзаниро қатъ мекунанд.
  1. Вақте, ки взводи байрақдор бо Байрақи Ҷангӣ дар фосилаи 40-50 қадам ба полк наздик мешавад, командири полк амр медиҳад: «Полк, зери Байрақ, НИЗОМ, таваҷҷӯҳ ба — РОСТ (ЧАПБАЙН)» ва агар полк бо карабинҳо мусаллаҳ бошад, он гоҳ амр медиҳад: «Полк, зери Байрақ, НИЗОМ». Барои идома додани истиҚбол аз рост (аз чап, рӯ ба рӯ) ба қаро — ВУЛ».
Бо амри нахуст командирони ҷузъу томҳо аз взвод ва аз он болотар дастро ба кулоҳ мегузоранд, ҳама сарро ба тарафи Байрақи Ҷангӣ мегардонанд ва сарро ба қафои он гардонда, бо нигоҳ онро гусел мекунанд: оркестр “Марши истиқбол”-ро менавозад. Бо амри дуюм, ба ғайр аз ин карабинҳо  дар ҳолати «ба — қаровул» гирифта мешаванд (банди 68). Агар дар назди полк оркестр набошад, он гоҳ таблзанҳое, ки пешакӣ дар ҷои оркестр саф оростаанд, зарби «Зери БАЙРАҚ»-ро иҷро мекунанд. Взводи байрақдор дар қаноти чапи полк меистад ва агар взвод бо карабинҳо мусаллаҳ бошад, бо амри командири взвод онҳо ба ҳолати «ба қаровул» гирифта мешаванд. Байрақдор бо ёваронаш таҳти роҳбарии ёвари (муовини) сардори ситод ҳаракатро ба тарафи қаноти рост қад-қади ҷабҳаи полк давом медиҳанд. Ба қаноти рости полк баромада, ёвари (муовини) сардори ситод байрақдорро бо ёваронаш дар ҷое, ки барои онҳо таъин шудааст, мегузорад (расми 35) ва баъди он взвод  дар ҷои худ меистад.
Вақте ки байрақдор дар ҷои худ қарор гирифт, командири полк ба оркестр (таблзанҳо) барои қатъ намудани навохтан ишора намуда, амр медиҳад: «ОЗОД» ва агар полк карабинҳоро дар ҳолати «ба қаровул» нигоҳ дошта бошад, дар он сурат пешакӣ амр медиҳад «Полк, ба назди — ПО».
Пас аз амри командири полк «ОЗОД» командири взводи  байрақдор взводро ба ҷои худ ба сафи рота  мебарад.
 
  1. Барои бурдани Байрақи Ҷангӣ командири полк амр медиҳад: «Взводи байрақдор — Ба ПЕШ».
Бо ин амр взводи байрақдор бо таблзан дар қатори сенафара (чорнафара) саф кашида, бо китфи рост ба пеш ҳаракат карда, дар мобайни ҷузъу томи қаноти чап дар фосилаи 20-25 қадам рӯ ба тарафи ҷабҳаи полк  меистад.
Вақте ки взводи байрақдор меистад, командири  полк амр медиҳад: “Полк, зери Байрақ, НИЗОМ, таваҷҷӯҳ ба РОСТ” ва агар полк бо карабинҳо мусаллаҳ бошад, он гоҳ амр медиҳад: «Полк, зери Байрақ, НИЗОМ. Барои истиҚбол аз рост, Ба қаро — ВУЛ».
Бо ин амр полк, тавре ки дар банди 221 нишон дода шудааст, амал мекунад, (взводи байрақдор ба тарафи рост баробар мешавад), оркестр «Марши истиқбол»-ро (таблзанҳо “Зери Байрақ») менавозанд; ёвар (муовини) сардори ситод ба байрақдор амр медиҳад: “Байрақдор, аз Қафои ман, бо қадам — МАРШ” ва ӯро бо ҳамроҳи ёваронаш қад — қади ҷабҳаи полк ба назди взводи байрақдор мебарад.
Вақте ки байрақдор бо Байрақи Ҷангӣ бо взводи байрақдор баробар мешавад, командири взводи байрақдор амр медиҳад: «Взвод, бо қадам — МАРШ» ва агар взвод бо карабинҳо мусаллаҳ бошад, он гоҳ пешакӣ амри «Взвод ба назди — ПО» ва сипас «БА ШОНА»-ро медиҳад. Взвод бо Байрақи Ҷангӣ ба макони нигаҳдории он ҳаракат мекунад.
Вақте, ки взводи байрақдор дар фосилаи 40-50 қадам дур мешавад, командири полк ба оркестр (таблзанҳо) ишораи қатъ кардани навохтанро  медиҳад ва амр медиҳад: «ОЗОД» ва агар полк карабинҳоро дар ҳолати «ба қаровул» нигоҳ дошта бошад, он гоҳ пешакӣ амри «Полк ба назди — ПО» дода мешавад.
  1. Ба макони нигаҳдории Байрақи Ҷангӣ расида, командири взводи байрақдор взводро ба ҳамон тартибе, ки дар банди 218 нишон дода шудааст, саф меорояд ва амр медиҳад: “Взвод, зери Байрақ, НИЗОМ» ва агар взвод бо карабинҳо мусаллаҳ бошад, он гоҳ амр медиҳад: «Взвод, зери Байрақ, НИЗОМ!, ба қаро — ВУЛ!”. Бо ин амрҳо взвод мутобиқи нишондодҳои банди 218 ва 219 амал менамояд. Таблзан зарби «Зери Байрақ»-ро иҷро мекунад. Ёвари (муовини) сардори ситод дастро ба кулоҳ бурда, ба байрақдор амр медиҳад: «Байрақдор, ба назди ман, бо қадам — МАРШ»  ва ӯро бо ёварони худ аз пасаш мебарад. Вақте, ки Байрақи Ҷангӣ ба дохили иморат дароварда мешавад, командири взводи байрақдор  дастро аз кулоҳ поён мекунад, таблзан ба задани табл хотима медиҳад; агар взвод карабинҳоро дар ҳолати «ба қаровул» нигоҳ дошта бошанд, командири взвод амр медиҳад: «Взвод ба назди — ПО!» ва сипас «Ба — КИТФ!» ва взводро   ба ҷое, ки амр шудааст, мебарад.
 
 
 
Замимаи 3
 
ҶАДВАЛИ ИШОРАҲОИ ИДОРАИ САФ
 
 Ишора Аломатҳои шартӣ
б/т   бо даст бо байрақчаҳо бо фонус
1. Диққат

 

(диққат, амалҳои манро такрор кунед, ҷавоб)

Дасти ростро ба боло бар-дошта, то ҷавоб (то так-рор гардидани ишораи “Диқ-қат”) нигоҳ доред.

 

 

 

 

 

 

Бо дасти чап байрақчаи зардро ба боло бардошта, то ҷавоб (то такрор гардидани ишораи “Диққат”) нигоҳ доред Бо фонусҳои сафеднур — силсилаи нуқтаҳо.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

2. Ҷамъ-шудани коман-дирон (сардо-рон) Дасти ростро ба боло бардошта,

 

онро болои сар давр занонед, баъд аз он якбора дастро поён кунед.

 

 

 

 

 

Ҳамин амалро бо байрақчаҳои сурх ва зард дар дасти рост иҷро кунед. Фонуси сафеднурро болои сар ба тарафи чапу рост дар шакли нимдоира алвонҷ диҳед.

 

 

 

 

 

3. Ба назди мошин-ҳо. Ҳар ду дастро боло бардошта, то иҷрои фармон нигоҳ доред.

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамин амалро бо байрақчаи зард  дар дасти рост ва байрақчаи сурх  дар дасти чап иҷро кунед. Фонуси сафеднурро дар назди худ дар сатҳи шона ба тарафи росту чап ҳаракат диҳед.
4. Ба ҷои худ Ҳарду дастро ба боло бар-дошта, якбора аз ду тараф поён кунед. Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост ва байрақчаи сурх дар дасти чап иҷро кунед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Фонуси сафеднурро ба таври амудӣ боло ва поён кунед

 

 

 

5. Моторро ба кор андоз Дасти ростро дар пеши худ давр занонед Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост иҷро кунед

 

 

 

 

 

 

 

 

Фонуси сафеднурро дар пеши худ давр занонед

 

 

 

 

6. Мотор-ро хомӯш кунед. Ҳар ду дастро поён карда,  дар пеши худ алвонҷ диҳед. Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост ва байрақчаи сурх дар дасти чап иҷро кунед.

 

 

 

 

 

 

 

 

Фонуси сурхнурро поён карда, дар пеши худ дар шакли нимдоира алвонҷ диҳед.

 

 

 

 

7. Марш

 

(ба пеш, ҳаракат дар самти пештара ё самти нав идома дода шавад, роҳ холӣ

аст.

 

 

 

Дасти ростро ба боло бардошта, ба тарафи ҳаракат гардед ва дастро ба самти ҳаракат то сатҳи шона поён кунед. Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост иҷро кунед. Фонуси зарднурро ба таври амудӣ ба боло ва поён ҳаракат диҳед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

8. Ист

 

(стоп)

Дасти ростро ба боло бар-дошта зуд дар пеши худ поён кунед ва то иҷрои амал такрор кунед.

 

 

 

Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти чап иҷро кунед. Фонуси сурхнурро дар ҳолати амудӣ ба боло ва поён ҳаракат диҳед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

9. Масофа-ро зиёд кунед. Дасти чапро ба боло бардошта, дасти ростро дар шакли уфуқӣ рост карда, онро то сатҳи китф поёну боло кунед. Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост ва байрақчаи сурх дар дасти чап иҷро кунед Фонуси зарднурро дар сатҳи амудӣ дар шакли раками ҳашт давр занонед.

 

 

 

 

 

 

 

 

10. Масофаро кам кунед. Дасти ростро ба боло бардошта, дасти чапро дар шакли уфуқӣ рост карда, онро то сатҳи китф поёну боло кунед. Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост ва байрақчаи сурх дар дасти чап иҷро кунед. Фонуси сурхнурро дар сатҳи амудӣ дар шакли рақами ҳашт давр занонед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

11. Дар хати мошин-ҳо. Ҳар ду дастро уфуқӣ ба ду  тараф  дароз карда, то ҷавоб нигоҳ доред. Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост ва байрақчаи сурх дар дасти чап иҷро кунед. Фонуси зарднурро дар пеши худ дар сатҳи шонаҳо ба чапу рост ҳаракат диҳед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

12.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

а

Дар хати қаторҳо. Дар хати қаторҳои взводҳо: ҳар ду дастро ба боло бардошта,  дар болои сар дар шакли салиб (крест) алвонҷ диҳед.

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар хати қаторҳои ротаҳо: ҳар ду даст ба боло бардошта,  онҳоро дар шакли салиб гузошта беҳаракат  нигоҳ доред.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост ва байрақчаи сурх дар дасти чап иҷро кунед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост ва байрақчаи сурх дар дасти чап иҷро кунед.

Фонуси зарднурро  дар болои сар ба чапу рост дар шакли нимдоира алвонҷ диҳед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Фонуси зарднурро дар болои сар дар шакли нимдоира давр занонед. Фонусро ба ҳолати аввалааш дар ҳолати хомӯш ё рӯшноиашро пӯшонда баргардонед.

 

 

 

 

 

 

13. Дар қатор. Дасти ростро боло бардошта, оринҷро дар ҳолати амудӣ нигоҳ дошта дастро поён ку-нед (ин амалро то ҷавоб такрор кунед). Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост иҷро кунед. Фонуси зарднурро аввал беҳаракат нигоҳ дошта, баъд ишораи “Марш”-ро то ҷавоб такрор кунед.

 

 

 

 

 

 

 

 

14. Ҳама ба қафо Дасти чапро дар шакли уфуқӣ рост карда,  дасти ростро ба боло бардошта, дар болои сар давр занонед Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост ва байрақчаи сурх дар дасти чап иҷро кунед Фонуси зарднурро дар пеши худ давр занонед

 

 

 

 

 

 

 

 

 

15. Ҳама ба рост (ба чап) Дасти чапро дар шакли уфуқӣ рост кунед, дасти чапро ба боло бардошта, ба тарафи гардиш гашта, дасти ростро то сатҳи шона боло ва поён кунед (то ҷавоб такрор кунед).

 

 

 

Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост ва байрақчаи сурх дар дасти чап иҷро кунед. Фонуси зарднурро  дар хати амудӣ болою поён ва ба тарафи гардиш ҳаракат диҳед.
16. Садама

 

(тавақ-қуфи ноилоҷ)

Дасти ростро дар хати амудӣ рост карда, дасти чапро ба боло бардоред ва дар болои сар ба чапу рост алвонҷ диҳед Ҳамин амалро бо байрақчаи зард дар дасти рост ва байрақчаи сурх дар дасти чап иҷро кунед. Пас аз додани ишора байрақчаи сурх  дар кунҷи 45* дар мошин  насб мешавад

 

 

 

 

 

Фонуси сурхнурро дар сатҳи шонаҳо дар пеши худ алвонҷ  диҳед

 

 

 

 

 

 

 

           
 
 
Эзоҳот : 1. Дар ҷадвал ишораҳо ин тавр  ишора гардидаанд: байрақчаи сафед (зард) —          :
фонуси сафеднур —          ;      байрақчаи сурх —                  ;  фонуси сурхнур —          ;
фонуси зарднур —            ;
 
  1. Байрақчаи ишора аз матои росткунҷаи андозааш 32 Х 32 см, ки дар дастаи чӯбини дарозиаш 40 см насб шудааст,                      иборат мебошад. Ба ҷои байрақчаи зард байрақчаи сафедро  метавон истифода бурд.
 
 
 
 
 
Замимаи 4
 
ҶАДВАЛИ  ИШОРАҲОИ  ИДОРАИ  МОШИНҲО
 
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Диққат

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Моторро ба кор андоз

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Моторро хомӯш кун

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба пеш (ба сӯи ман)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба рост

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба чап

 

 

 

 

 

 

 

Ҳаракат оҳиста

 

 

 

 

 

 

 

 

Ист

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳаракат ба ақиб

 

Эзоҳ: Командир барои идораи мошин аз берун дар масофаи на камтар аз 5 м дуртар аз он меистад
 
 
Замимаи   5
ДАСТХАТИ САФӣ ______________________РОТАИ (БАТАЛЁНИ) ПОЛКИ ______________
 
«______» ______________   СОЛИ 200__
Номгӯй ва миқдор

Ҳайати шахсӣ

Силоҳ

Техникаи ҳарбӣ ва ғайра

Навъи ҳисоб-гирӣ афсар пра-пор-шик сер-жант сар-боз ҳамагӣ авто-мат Кара-бин пуле-мёти дастӣ пуле-мёти ротагӣ ва ғайра БМП БТР Танк Ядак-каш ва ғайра
                               
                               
                               
 
Командири рота (баталён, полк) _________________________
              (рутбаи ҳарбӣ ва имзо)
 
 
 
Эзоҳот: 1. Дар пушти дастхати сафии баталён рутбаҳои ҳарбӣ ва насаби командирони ротаҳо, аз ротаҳо, аз ротаи якум сар карда, нишон дода мешавад, дар дастхати сафии полк бошад, илова бар ин – рутбаи ҳарбӣ ва насаби командири баталён бояд нишон дода шавад.
2.Дастхати сафӣ пас аз пур кардани ҳуҷҷат истифода шуда, дар ҳолати зарурат мувофиқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешавад.
 
 
Замимаи   6
 
ТАСВИРИ ҲАМОИЛ БАРОИ ГИРИФТА
ГАШТАНИ БАЙРАҚИ ҶАНГӣ
 
Ҳамоил барои гирифта гаштани Байрақи Ҷангӣ аз ҷониби байрақдор аз тасмаҳои дароз ва кӯтоҳи китфакӣ ва ғилофи чармин барои гузоштани дастаи Байрақи Ҷангӣ иборат аст. Тасмаҳои китфакии чармин, ки 80 мм паҳнӣ дорад, бо матои абрешимини сурх  рӯйкаш карда шуда, бо шерозаи тиллоранг, ки 12-15 мм паҳнӣ дорад, дӯхта мешаванд.
Ҳамоил барои ёварон низ ҳамин хел аст, вале ба ҷои ғилофи чармин кисачаи тиллоранг дӯхта мешавад.
 
Замимаи 7
 
  1. Ишорагар-таблзан дар саф таблро, ки тасмааш аз паҳлӯи рост ба болои китфи чап партофта шудааст, дар паҳлӯи рост, рӯи рон нигоҳ медорад. Чӯбчаҳо дар ғилофакҳои тасмаи табл, тарафи борикашон ба поён, гузошта мешаванд. Шайпури ишорадиҳӣ дар ресмони аз паҳлӯи чап рӯи китфи рост партофташуда, ҳалқааш назди рони чап ба камарбанд пайваст ва даҳонаш ба поён овезон мебошад (расми 63).
 
 
Расми 63. Ҳолати табл ва шайпур ҳангоми сафист   Расми 64. Ҳолати табл ҳангоми табл задан   Расми 65. Ҳолати шайпур ҳангоми ишора додан
 
  1. Барои ба таблзанӣ тайёр шудан таблзан чӯбчаҳои таблро аз ғилофакҳои тасмаи табл мебарорад, таблро ба ҳолати таблзанӣ мегирад ва чӯбчаҳоро бо нӯгҳои борикашон ба болои пардаи табл мегузорад (расми 64). Зимнан шайпур дар ҳолати дар банди 1 зикргардида қарор мегирад.
Барои нишон додани оғоз ва қатъ намудани таблзанӣ  таблзани калон бо чӯбчаафшонӣ ишора медиҳад.
  1. Ҳангоми гардиш таблзан таблро аз ҳалқаи атрофаш медорад.
  2. Ҳангоми ҳаракат дар саф бе таблзанӣ таблзан таблро, тавре ки дар банди 1 нишон дода шудааст, нигоҳ медорад.
  3. Барои тайёр шудан ба шайпурнавозӣ ишорагар шайпурро ба дасти рост гирифта, лабгирро ба лабон мегузорад (расми 65), зимнан табл дар ҳолати дар банди 1 зикргардида қарор мегирад.
 
Замимаи 8
 
ИШОРАҲО  БАРОИ ШАЙПУРИ Ишорагар
ВА ЗАРБҲОИ ТАБЛ БАРОИ ТАБЛИ РОТА
ИШОРАҲО БАРОИ ШАЙПУРИ ИШОРАГАР
 
  1. Бархез
 
 Ба машғулият шурӯъ кардан
 
 Наҳор, хӯроки пешин, хӯроки шом
 
 
  1. Д а ъ в а т
 
  1. Ш а ф а қ
 
  1. Ба хоб 7. Ҳама бишнавед
 
  1. Ҷ а м ъ о м а д
 
  1. Ҷамъомади сардорон
 
 
 
 
 
 
 
 
  1. О т а ш
 
 
 
 
 
 
 
 
  1. Бо дав
 
Зуд
 
 
 
 
 
 
  1. Хатари ҷангӣ
 
Зуд
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
  1. Ба қаровул марш
Набзи марш
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
  1. Даъват барои шафақи тантанавӣ
(Бо шайпур ва карнай иҷро карда мешавад)
 
Мутантан  ( 80 )
 
  
1-майдончаи сафороӣ; 2 – лавҳа бо аксҳо аз Оинномаи сафороӣ; 3 – оина; 4 – ҷой барои ростшавӣ; 5 – минбар; 6 – хат барои сафкашӣ; 7 – чӯбҳои байрақбардорӣ; 8 – майдонча барои такмил додани усулҳои ҳаракат дар майдони ҷанг; 9 – майдонча барои такмили амалиёт дар назди мошин ва дар мошинҳо; 10 – ҷой барои тамокукашӣ ва тоза кардани пойафзол.
 
Эзоҳ; Майдони сафороии қисми ҳарбӣ муқаррар гардидааст; барои гузаронидани машғулиятҳо оид ба омодагии сафӣ; мусобиқа барои ҷузъу томҳои беҳтарин оид ба омодагии сафӣ; машқҳои пагоҳирӯзӣ; санҷишҳои бегоҳии умумибаталёнӣ ва полкӣ; барои ҷобаҷогузории қаровулҳо, тафтиши гурӯҳҳои аз қисм фиристодашуда, ҳамчунин ҳайати шахсии аз ҳудуди қисм мураххасшуда, сафороии ҳайати шахсӣ пеш аз баромадан ба машғулиятгоҳ ва барои дигар маросимҳои ҳарбӣ.
  1. Майдончаҳои сафороӣ бо андозаи 8х16 м бо тамоми майдон баробар тайёр карда мешаванд. Ғайр аз майдончаҳои сафороӣ барои бо марши ботантана гузаштани ҷузъу томҳо дар майдон хати гузариш ҷудо карда мешавад.
  2. Хати гузариши қаноти ростбудагон дар масофаи 5-8 м аз минбар кашида мешавад, як қадам дуртар аз он дар масофаи 10-15 м аз якдигар ҷой барои қисмҳои асосӣ муайян карда мешавад.
  3. Ҳамаи хатҳо дар майдон бо ранги сафед (бо оҳаки моеъ) кашида мешаванд.
  4. Ҳар як майдони сафороӣ бояд бо воситаҳои рӯшноидиҳанда ва радиошунавонӣ таъмин бошад.
 
 
 
 
 
Замимаи  10
 
 
АЛОМАТҲОИ ШАРТӣ
 
 
 
Командири полк
 
 
 
 
 
 
Муовини командири полк
 
 
 
 
 
Муовини командири полк оид ба корҳои тарбиявӣ
 
 
 
 
 
Сардорони ситоди полк
 
 
 
 
 
Муовини командири полк оид ба аслиҳа ва
техникаи ҳарбӣ
 
 
 
 
 
Муовини командири полк оид ба ақибгоҳ
 
 
 
 
 
Муовини сардори ситоди полк  (МСС — ёвари
сардори ситод)
 
 
 
 
 
Байрақдор
 
 
 
 
Ёвари байрақдор
 
 
 
 
 
 
Дирижёри ҳарбӣ
 
 
 
 
 
Командири баталён
 
 
 
 
 
Муовини командири  баталён
 
 
 
 
 
Муовини командири баталён оид ба корҳои
тарбиявӣ
 
 
 
 
 
Сардори ситоди баталён
 
 
 
 
 
Муовини командири баталён  оид ба аслиҳа
 
 
 
 
 
Сардори алоқаи баталён
 
 
 
 
 
Командири рота
 
 
 
 
 
Муовини командири рота
 
 
 
 
 
Муовини командири рота оид ба корҳои тарбиявӣ
 
 
 
 
Техники калони рота
 
 
 
 
 
Старшинаи рота
 
 
 
 
 
Инструктори санитарии рота
 
 
 
 
 
Командири взвод
 
 
 
 
 
Муовини командири взвод
 
 
 
 
 
Командири отделения (КМ — командири мошин, КТкомандири танк)
 
 
 
 
 
Нишонгир-оператор
 
 
 
 
 
Сартирандоз
 
 
 
 
 
Мерган
 
 
 
 
 
Пулемётчӣ
 
 
 
 
 
Тирандози норинҷакандоз
 
Ёвари тирандози норинҷакандоз
 
 
 
 
 
Тирандоз
 
 
 
 
 
Ронанда (МР — механикронанда)
 
 
 
 
 
Ишорагари таблзан
 
 
 
 
 
Мошини зиреҳпӯш
 
 
 
 
 
Мошини ҷангии пиёданизом
 
 
 
 
 
Танк
 
 
 
 
 
Автомобил
 
 
 
Эзоҳот: Мошинҳои командирон ин тавр нишона карда мешаванд:
 
мошини зиреҳпӯши командир          ;  
 
танки командир                     ;  
 
мошини ҷангии пиёданизоми командир                        .
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ЛУҒАТИ
мухтасари русӣ-тоҷикии истилоҳот ва мафҳумҳои асосии Оинномаи сафороии
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Строй —                                                саф
Стройся —                                           саф-оро
Строевая стойка —                           ҳолати сафист
Строевой шаг —                                қадами сафӣ
Походный шаг —                              қадами сафарӣ
Строй одношереножный —         сафи якрадифа
Строй развернутый —                    сафи паҳн
Строй разомкнутый —                   сафи фосиладор
Глубина строя —                                               умқи саф
Ширина строя —                              паҳнои саф
Полный строй —                                               сафи пурра
Неполный строй —                          сафи нопурра
Рассыпной строй —                         сафи пароканда
Тылная сторона строя —                               паси саф
Шеренга —                                          радиф
Фланг —                                                қанот
Фронт —                                                               ҷабҳа
Интервал —                                         фосила
Дистанция —                                      масофа
Ряд —                                                     рада
Колонна —                                           қатор
Линейка —                                          хат
Линия прохождения —                  хати гузариш
Линия взводных —                           хати қатори взводҳо
Линия машин —                                              хати мошинҳо
Линейный —                                       сафбанд
Направляющий —                           пешгард
Замыкающий —                                               пасгард
Управление строем —                     идораи саф
Команда —                                          амр
Прелварительная команда —      амри ибтидоӣ
Исполнительный команда —       амри иҷрошаванда
Внимание —                                       диққат
Отставить —                                        бозист
Перестроение —                                               тағйири саф
Выравнивание строя —                  рост кардани саф
Строевые приёмы —                        машқҳои сафӣ
Становись —                                       саф каш
В колонну по два —                          ду қатор
Поворот —                                           гардиш
Направо —                                          рост гард
Налево —                                              чап гард
Кругом —                                             ақиб гард
Равнение (на право) —                    таваҷҷӯҳ (ба рост)
Равняйсь —                                          баробар шав
Рассчитайся —                                   ҳисоб кун
Разодийсь —                                       пароканда шав
Разомкнись —                                    фосила гир
Сомкнись —                                        ҷамъ шав
Стой —                                                  ист
Шагом марш —                                 бо қадам марш
Бегом марш —                                   бо дав марш
Идти в ногу —                                     ҳаракат муназзам
Идти не в ногу —                               ҳаракат озод
Прямо марш —                                 рӯ ба рӯ марш
Полный шаг —                                   қадам пурра
Шире шаг —                                       қадам васеъ
Короче шаг —                                     қадам кӯтоҳ
Чаще шаг —                                        қадам зуд
Реже шаг —                                         қадам оҳиста
Полшага —                                          нимқадам
На месте – (марш) —                       дар ҷой – (марш)
Правое плечо —                                 бо китфи рост
Левое плечо —                                    бо китфи чап
Ложись —                                            дароз каш
Перебежка —                                     давида гузаштан
Переползание —                                               хазида гузаштан
По местам —                                      ба ҷойҳо
К машинам —                                    ба мошинҳо
К оружию —                                       ба назди силоҳ
В ружьё —                                            силоҳ гир
На ремень —                                       ба китф
На плечо —                                          ба шона
На грудь —                                          ба сина
За спину —                                          ба пушт
К ноге —                                                ба назди по
На руки —                                           ба даст
На караул —                                       ба қаровул
К бою —                                                ба ҷанг
Заводи —                                              моторро ба кор андоз
Глуши —                                               моторро хомӯш кун
Сигнал —                                              ишора
Сигнальщик —                                   ишорагар
Сигнальщик-барабанщик          ишорагари таблзан
Пункт сбора —                                   маҳалли таҷаммӯъ
Размещение, расположение —   ҷойгирӣ
Сопровождение —                            мушоият
Пополнение —                                   пур кардан
Смена —                                                               баст
Боевой расчёт —                                воҳиди ҷангӣ
Докладывать —                                  гузориш додан
Строевая записка —                        дастхати сафӣ
В развернутом виде —                    ба шакли афрохта
Перевязь —                                          ҳамоил
Крест —                                                 салиб
Носок —                                                нӯги пой
Управление батальона —              гурӯҳи роҳбарии баталён
Штык-нож —                                      найзакорд
Предохранитель —                           муҳофизак
Буксир —                                              ядакӣ (кашидашаванда)
Заряжающий —                                               тиргузор
Наводчик —                                        нишонгир
Осмотр —                                             муоина
Строевой осмотр —                          муоинаи сафӣ
Инспектирование —                        азназаргузаронӣ, санҷиш
Инспектирующий —                      санҷишкунанда (санҷишгар)
Старший машин —                         калони мошин
Знамённый взвод —                         взводи байрақдор
Знамёнщик —                                    байрақдор
«Под Знамя» —                                 «Зери байрақ»
Отбой —                                                ба хоб

Илова кунед