Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оиди қабул намуданн Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иxораи молиявӣ (лизинг)»

22 Апрел 2003, Сешанбе

Малиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иxораи молиявӣ (лизинг)» қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобик гардонидани қонунгузории xорӣ таклиф пешниход намояд;
— қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иxораи молиявӣ (лизинг)» мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе  29 январи соли 2003                                                                                           С.  ХАЙРУЛЛОЕВ
№ 766
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иxораи молиявӣ (лизинг)»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2003, №4, мод.181. )
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иxораи молиявӣ (лизинг)» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иxораи молиявӣ (лизинг)» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                           М.   УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  7 апрели соли 2003
№366
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӣ (ЛИЗИНГ)
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.139. соли 2016, №3, мод.153, №11,мод.891; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2019, №1580)
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро  (минбаъд — лизинг) муайян намуда, муносибатҳое, ки дар раванди фаъолияти лизингӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур
Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур лизинги молу мулке мебошад, ки ба ашёҳои uайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода мешаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375)
 
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— лизинг – маҷмўи муносибатҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки ба иҷрои шартномаи лизинг вобастаанд;
 — лизинги молиявӣ – намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мўҳлати он ҳуқуқи моликият ба мавзўи лизинг метавонад тибқи шартнома ба лизинггир гузарад;
— лизинги амалиётӣ – намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати он мавзўи лизинг ба моликияти лизинггир намегузарад ва ба лизингдеҳ баргардонида мешавад;
— лизинги баргардонидашаванда – намуди лизинг, ки тибқи он лизинггир молу мулки худро ба лизингдеҳ бо шарте мефурӯшад, ки минбаъд лизингдеҳ ин молу мулкро ба лизинггир ба лизинг месупорад;
 фаъолияти лизингӣ – намуди фаъолияти сармоягузорӣ оид ба харидани молу мулк ва ба лизинг додани он;
— хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ – хизматрасониҳое (корҳое), ки лизингдеҳ ё фурўшанда то оѓози истифодабарӣ ва ё дар ҷараёни истифодаи мавзўи лизинг ба лизинггир расонидаанд ва ба иҷрои шартномаи лизинг вобаста мебошанд;
— шартномаи лизинг – аҳди хаттие, ки мутобиқи он лизингдеҳ ўҳдадор мешавад  молу мулки нишондодаи лизинггирро аз фурўшандае, ки ҳамин лизинггир муайян кардааст, ҳамчун моликият харидорӣ намуда, онро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии бо пардохт барои мақсадҳои соҳибкорӣ ба лизинггир пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375)
 
Моддаи 4. Мавзўи лизинг
Мавзўи — мавзeи лизинг метавонад ҳама гуна ашёву анxоми uайриистеъмоли, аз Ҷумла корхонаҳо ва дигар маҷмааи амволӣ, бино, иншоот, таxҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар молу мулки манқул ва uайриманқуле бошанд, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд.
Мавзўи лизинг наметавонад қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табии ва инчунин молу мулке бошад, ки гардиши озоди он маҳдуд ё манъ карда шудааст, ё барои он тартиби махсуси муомилот муқаррар гардидааст. (Қҷт аз 15.03.2016 сол №1300), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
Маҳдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз ҷумла,  тартиби махсуси гардиши молу мулкро, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375)
 
Моддаи 5. Субъектҳои лизинг
Субъектҳои лизинг инҳо мебошанд:
— лизингдеҳ, — шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки аз ҳисоби маблаuҳои xалбгардида ё худи дар xараёни татбиқи шартномаи лизинг молу мулкро ба моликият мехарад ва онро ба сифати мавзўи лизинг ба лизинггир ба ивази маблаuи муайян ба мeҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ бо гузаштан ё нагузаштани ҳуқуқи моликият ба мавзўи лизинг ба лизинггир медиҳад. Ташкилотҳои тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон метавонанд ширкатҳои лизингиеро таъсис диҳанд, ки танҳо функсияи лизингдеҳро иҷро менамоянд;
— лизинггир — шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартномаи лизинг вазифадор аст, мавзўи лизингро ба ивази маблаuи муайян ба мeҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ қабул намояд;
— фурeшанда — шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартнома молу мулкеро, ки мавзўи лизинг ҳисоб мешавад, ба лизингдеҳ дар мeҳлати шартгардида мефурeшад. Фурeшанда ҳамзамон метавонад дар доираи як муносибати ҳуқуқии лизинг ба сифати лизинггир  баромад намояд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300)
Субъекти лизинг метавонанд резидентҳо ва uайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 5. Намудҳои лизинг
Намудҳои лизинг инҳоянд
— лизинги молиявӣ;
— лизинги амалиётӣ;
— лизинги баргардонидашаванда.
Дар шартномаи лизинг  бояд яке аз намудҳои лизинги дар қисми якуми моддаи мазкур муайяншуда, пешбинӣ карда шавад. Бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст фурўшандаи молу мулкро лизингдеҳ муайян намояд.
Лизинге, ки дар он лизинггир ва лизингдеҳ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд лизинги дохилӣ ҳисоб мешавад ва лизинге, ки дар он яке аз субъектҳо ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, лизинги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375)
 
Моддаи 6. Сублизинг
Сублизинг – намуди зеркирояи мавзўи лизинг, ки мувофиқи он лизинггир тибқи шартномаи лизинг ба шахсони сеюм (лизинггирон аз рўи шартномаи сублизинг) молу мулкеро, ки пештар аз лизингдеҳ тибқи шартномаи лизинг гирифтааст ва он мавзўи лизинг мебошад, бо пардохт ва ба мўҳлати мутобиқ ба шартҳои шартномаи сублизинг барои соҳибӣ ва истифодабарӣ медиҳад.
Ҳангоми ба сублизинг додани молу мулк ҳуқуқи талаб ба фурӯшанда тибқи шартномаи сублизинг ба лизинггир мегузарад.
Мӯҳлати сублизинг набояд аз мӯҳлати лизинг, ки шартномаи лизинг муқаррар  намудааст, зиёд бошад.           (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
 
БОБИ П.  АСОСҲОИ  ҲУҚУҚИИ  МУНОСИБАТҲОИ ЛИЗИНГӢ
 
Моддаи 7. Шакл ва мазмуни шартномаи лизинг
Шартномаи лизинг сарфи назар аз мeҳлаташ дар шакли хаттӣ баста мешавад.
Барои иxрои eҳдадориҳои худ аз рeи шартномаи лизинг субъектҳои лизинг шартномаҳои ҳатмӣ ва иловагӣ мебанданд.                   
Ба шартномаҳои ҳатмӣ шартномае мансуб мебошад, ки мутобиқи он молу мулк аз фурeшанда ба лизингдеҳ, дода мешавад. Ба шартномаҳои иловагӣ шаргномаи xалб намудани маблаuҳои пулӣ, шартномаи гарав, шартномаи кафолат, шартномаи замонат ва uайраҳо мансуб мебошанд.
Шартномаи лизинг бояд:
  • мавзўи шартнома;
  • тартиби таҳвил ва қабули молу мулк;
  • ҳуқуқ ва eҳдадориҳои тарафҳо;
  • истифодаи молу мулк, нигоҳубину таъмир ва таxдиди он;
—   мeҳлати лизинг;
—   пардохтҳои лизинг ва муxозотҳои xаримавӣ;
—   масъулияти тарафҳо;
—   тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо;
—   шартҳои пеш аз мeҳлат бекор кардани шартнома;
—   амали тарафҳо оид ба анxомрасонии аҳдҳо;
—   форс — мажор;
—  суроuаҳои ҳуқуқи ва реквизитҳои бонкӣ;
—  ва шартҳои дигарро муайян намояд.
Шартномаи лизинг шартҳои расонидани хизматрасонии иловагӣ ва гузаронидани корҳои иловагиро метавонад дар бар гирад.
Номгeи, ҳаxм ва арзиши хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ бо созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад.
Бо созишномаи тарафҳо дар шартномаи лизинг мумкин аст шартҳои дигари лизинг муайян карда шаванд.
Шартномаи лизинг метавонад пешбинӣ намояд, ки интихоби фурeшанда ва молу мулки харидоришаванда аз xониби лизингдеҳ  анxом дода шавад. Дар ин ҳолат лизингдеҳ  барои интихоби фурeшанда ва мавзўи лизинг масъулиятро ба зимма мегирад.
Шартномаи лизинг метавонад ҳуқуқи лизинггирро барои дароз намудани мeҳлати лизинг бо нигоҳ доштан ё таuйир додани шартҳои шартномаи лизинг пешбинӣ намояд.
(ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
 
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои лизингдеҳ
Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад:
а) пардохтҳои лизинги мeхлаташон гузаштаро, ки бояд ба e пардохт карда шаванд ва инчунин xуброни зарарро талаб намояд;
б) аз болои фаъолияти лизинггир дар он қисмате, ки ба мавзўи лизинг ва иxрои eҳдадориҳои лизинггир мутобиқи шартномаи лизинг мансуб аст, назорат барад:
в) дар ҳолати аз тарафи лизинггир вайрон гардидани eҳдадориҳо оиди баргарлонидани мавзўи лизинг, ворид намудани пардохтҳоро барои мeҳлати вайронкардашуда ва xуброни зарар талаб намояд;
г) аз лизинггир иттилооти заруриро ба таври хаттӣ барои анxом додани назорат аз болои вазъияти молиявии лизинггир талаб намояд;
д) ба мавзўи лизинг тамuае гузорад, ки вай аз моликияти лизингдеҳ будани ин ашё ва он мутобиқи шартномаи лизинг дар соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир қарор доппан гувоҳӣ диҳад;
е) мавзўи лизингро аз лизинггир дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб намояд;
Лизингдеҳ eҳдадор аст:
а) мавзўи лизингро, ки бо лизинггир мувофиқа шудааст, аз фурeшанда барои моликияти худ харидори намояд ва онро бо шартҳои дар шартномаи лизинг муайянгардида барои соҳибӣ ва истифодабари ба лизинггир диҳад;
б) баъди харидори намудани мавзўи лизинг фурeшандаро ба таври хаттӣ дар бораи он, ки вай барои додан ба лизинг ба шахси муайян (лизинггир) таъин гардидааст, огоҳ  намояд.
Лизингдеҳ метавонад ҳуқуқу eҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи лизинг муқаррар намудааст.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои лизинггир
Лизинггир ҳуқуқ дорад:
а) мавзўи лизингро мутобиқи шартҳои шартномаи лизинг соҳибӣ кунад ва истифода барад;
б) бевосита ба фурeшандаи (таҳвилгари) мавзўи лизинг талаботро нисбати сифат ва пуррагӣ, мeҳлати таҳвил ва талаботи дигареро, ки шартномаи хариду фурeши байни фурeшанда (таҳвилгар) ва лизингдеҳ муқаррар намудааст, пешниҳод намояд;
в) аз гирифтани мавзўи лизинг даст кашад ё ивази мавзўи лизингро талаб намояд, шартномаи лизингро бекор кунад, агар мавзўи лизинг таҳвил нашуда бошад, аз мeҳлат дер таҳвил шуда бошад ё бо камбудиҳои ислоҳнашавандае таҳвил шуда бошад, ки ба истифодабарии мавзўи лизинг мутобиқи таъиноти дар шартномаи лизинг пешбинишуда монеъ гарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки интихоби таҳвилгар аз xониби лизинггир анxом дода шуда бошад;
г) баъди катъ гардидани шартномаи лизинг xуброни арзиши беҳгардонидашудаи мавзўи лизингро, ки барои мавзўи лизинг бидуни зарар xудонашаванда мебошад ва лизинггир, бо розигии лизингдеҳ, аз ҳисоби маблаuҳои худ анxом додааст, талаб намояд, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
д) камкунии маблаuи пардохтҳои лизингро талаб намояд, агар бинобар ҳолатҳос ки e барои онҳо xавобгар нест, шароитҳои истифодабарӣ, ки дар шартномаи лизинг пешбинӣ шудаанд, ба таври назаррас бад шуда бошанд;
е) мавзўи лизингро, ки тибқи шартномаи лизинг гирифтааст, барои сублизинг ба шахси сеюм диҳад ва дар назди e мутобиқи шартномаи лизинг масъул боқӣ монад.
Лизинггир eҳдадор аст:
а) дар сурати ба шартҳои шартномаи лизинг xавобгeй будани мавзўи лизинг онро қабул намояд ва мавзўи лизингро аз рeи таъиноташ тибқи шартнома лизинг истифода барад;
б) аз ҳисоби худ хизматрасонии техникӣ, таъмири асосӣ ва xории мавзўи лизингро (аз Ҷумла пардохтҳои коммуналии заруриро вобаста ба мавзўи лизинг) анxом диҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад:
в) ба лизингдеҳ иттилоотӣ барои анxом додани назорати вазъи молиявии e зарурбударо пешниҳод намояд;
г) барои лизингдеҳ бемонеа дастрас буданро ба мавзўи лизинг таъмин намояд, инчунин тибқи дархости хаттии лизингдеҳ иттилоотро оид ба ҳолати техникии мавзўи лизинг ба вай пешниҳод намояд, агар шартнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд;
д) баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ба лизингдеҳ мавзўи лизингро дар он ҳолате, ки гирифта буд, бо назардошти кeҳнашавии мeътадил ё дар  ҳолате, ки дар шартномаи лизинг муқаррар гардидааст, баргардонад.
Лизинггир метавонад ҳуқуқу ўҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудаанд.  (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои фурeшанда
Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои фурeшанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи хариду фурeш ё таҳвил муайян карда мешаванд.
Лизинггир ҳукук дорад талабхоеро, ки аз шартномаи хариду фуруши байни фурушанда ва лизингдеҳ басташуда, аз Ҷумла дар бобати сифат ва мукаммалии молу мулк, муҳлатҳои таҳвили он ва дар дигар ҳолатҳои ба таври лозима иxро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурeшандаи мавзўи шартномаи лизинг пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат лизинггир ҳуқуқ ва eҳдадориҳои барои харидор пешбинигардидаро бе розигии лизингдеҳ, ба uайр аз eҳдадориҳои пардохти молу мулки харидашуда ва бекор кардани шартномаи хариду фурeшро бо фурeшанда, дорад.     (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300)
Фурeшанда оиди як зарари расонидашуда набояд ҳамзамон ҳам дар назди лизингдеҳ ва ҳам  дар  назди лизинггир масъулият дошта бошад.
Дар ҳолате, ки шартномаи лизинг бо иштироки лизингдеҳлизинггир ва фурeшанда баста шуда бошад, он гоҳ ҳуқуқ ва вазифаҳои фурeшанда мутобиқи шартномаи лизинг муқаррар карда мешаванд.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 11. Таuйирдиҳи ва бекор кардани шартномаи лизинг
Бо талаби яке аз тарафҳо шартномаи лизинг дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст таuйир дода шавад ё бо тартиби суди пеш аз мeҳлат бекор карда шавад.
Дар ҳолатҳои зерин аз рeи талаби лизингдеҳ шартномаи лизинг мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз xониби суд пеш аз мeҳлат бекор карда шавад, мавзўи лизинг бошад, ба лизингдеҳ аз ҳисоби лизинггир баргардонида шавад:
а) агар лизинггир ҳолати мавзўи лизингро ба таври назаррас бад гардонад;
б) агар лизинггир мавзўи лизингро бо вайрон кардани шартҳои шартном лизинг ё шартҳои таъинотии мавзўи лизинг, сарфи назар аз огоҳии хаттии лизингдеҳ дар бораи хотима додани ҳамин гуна амалҳо, истифода барад;
в) агар лизинггир баъди ба охир расидани мeҳлати пардохте, ки шартномаи лизинг мукаррар намудааст, ду маротиба ва ё бештар аз он паси  ҳам  пардохти номбурдаро, ворид накунад;
г) агар лизинггир таъмири асосии мавзўи лизингро дар мeҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад, дар мeҳлати муқаррари анxом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи иxораи мол eҳдадории гузаронидани таъмири асоси ба зиммаи лизинггир гузошта шуда бошад.
Дар ҳолатҳои зерин бо талаби лизинггир шартномаи лизинг мумкин аст бо созишномаи тарафхо ё аз xониби суд пеш аз мeҳлат бекор карда шавад, мавзўи иxораи мол бошад, ба лизингдеҳ аз ҳисоби e баргардонида шавад:
а) агар лизингдеҳ мавзўи лизингро надиҳад ё барои истифодаи мавзўи лизинг мутобиқи шартҳои шартнома монеаҳо ба вуxуд орад;
б) агар мавзўи лизинги додашуда камбудиҳое дошта бошад, ки барои истифодаи он монеъ шаванд ва онҳо дар шартномаи лизинг зикр нашуда бошанд;
в) агар лизингдеҳ мeҳлати таҳвили мавзўи лизингро вайрон карда бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки таҳвилгарро лизинггир интихоб намуда бошад;
г) агар лизингдеҳ таъмири асосии мавзўи лизингро  дар мeҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад дар мeҳлатҳои муқаррарӣ анxом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи лизинг  eҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи лизингдеҳ гузошта шуда бошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 12. Ҷавобгарии субъектҳои лизинг
Ҷавобгарии  лизингдеҳлизинггир ва фурeшанда мутобиқи шартномаи лизинг, шартномаи хариду фурeш ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Соҳиби номии (титулии)  мавзўи лизинг дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки мавзўи лизинг ба онҳо расонидааст ё зарари ба он вобаста ҷавобгар аст.
Лизинггир ва лизингдеҳ дар муносибат бо фурeшанда ҳамчун кредиторони муштарак баромад мекунанд.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 13. Ба соҳиби ва истифодаи муваққати додани мавзўи шартномаи лизинг, хизматрасони ва баргардонидани он
Лизингдеҳ вазифадор аст амволеро, ки мавзўи лизинг мебошад дар ҳолати мутобиқбуда ба шартҳои шартномаи лизинг ва таъинотии ҳамин молу мулк ба лизинггир пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300)
Мавзўи лизинг дар якxояги бо ҳамаи асбобу анxом ва хуxxатҳо (шиносномаи техникӣ ва гайра) ба лизинг дода мешавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
Лизинггир аз ҳисоби худ хизматрасонии техникии мавзўи лизингро ба xо меорад, нигоҳдории онро таъмин мекунад, инчунин таъмири асосӣ ва xории мавзўи лизингро анxом медиҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
Хизматрасонии кафолатноки мавзўи лизинг мумкин аст аз xониби фурeшанда анxом дода шавад, агар ин дар шартномаи хариду фурeш байни лизингдеҳ ва фурeшандаи мавзўи лизинг пешбини гардида бошад.
Ҳангоми қатъ гардидани шартномаи лизинг лизинггир вазифадор аст мавзўи лизингро дар ҳолате, ки вай гирифта буд, бо назардошти фарсудагии миёна ё фарсудагии дар шартномаи лизинг муқарраргардида, ба лизингдеҳ баргардонад.
Агар лизинггир мавзўи лизингро барнагардонад ё сари вақт барнагардонад, лизингдеҳ ҳуқуқ дорад барои мeҳлати гузаронидашуда ворид намудани пардохтҳоро талаб намояд. Дар ҳолате, ки агар пардохти номбурда зарари ба лизингдеҳ  расонидашударо напeшонад, e метавонад пeшонидани онҳоро ба воситаи суд талаб намояд.
Дар ҳолате, ки агар лизингдеҳ барои сари вақт барнагардонидани мавзўи лизинг ноустуворона пешбини намуда бошад, мумкин аст зарар аз лизинггир дар ҳаxми пурра илова ба ноустуворона ситонида шавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбини нагардида бошад.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 14. Ҳуқуқи моликият ба мавзўи лизинг
Мавзўи лизинг, ки барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба лизинггир дода шудааст, моликияти лизингдеҳ мебошад.
Дар шартномаи лизинг мумкин аст пешбини гардад, ки мавзўи лизинг баъд ба охир расидани мeҳлати шартномаи лизинг ё то анxом ёфтани он ба моликияти лизинггир гузарад, ба шарте, ки аз xониби лизинггир арзиши пурраи харидории дар шартномаи муқарраргардида ворид карда шавад.
Агар шарти харид намудани мавзўи лизинг дар шартномаи лизинг пешбинӣ нашуда бошад, онро метавонанд бо созишномаи иловагии тарафҳо, ки зимнан ҳуқуқ доранд дар бобати ба ҳисоби арзиши харидорӣ пардохт намудани маблаuҳои истифодабарии мавзўи лизинг ба мувофиқа омада, муқаррар кунанд. Бо Қонун мумкин аст ҳолатҳои манъ намудани харидории мавзўи лизинг пешбинӣ карда шаванд.
Ҳуқуқи соҳиби ва истифодабарии муваққатии мавзўи лизинг дар ҳаxми пурра ба лизинггир мегузарад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
Ҳуқуқи ихтиёрдории лизингдеҳ ба мавзўи лизинг аз ҳуқуқи гирифтани мавзўи лизинг аз соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудааст, иборат мебошад.
Ҳангоми муфлисшавии лизинггир, инчунин ҳабс ва мусодира намудан ё ба кор бурдани рeёнидани зарар ба амволи e, мавзўи лизинг аз молу мулки лизинггир xудо карда мешавад ва бояд ба лизингдеҳ, ки метавонад онро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдори намояд, баргардонида шавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300)
Беҳсозиҳои xудошавандае, ки лизинггир дар мавзўи лизинг анxом додааст, моликияти e мебошанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.
Дар ҳолате, ки лизинггир бо розигии хаттии лизингдеҳ аз ҳисоби маблаuҳои худ беҳсозиҳои аз мавзўи лизинг xудонашавандаро бидуни зарар ба мавзўи лизинг анxом дода бошад, лизинггир баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг ҳуқуқи баргардонидани арзиши ин беҳсозиҳоро дорад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. Дар дигар ҳолатҳо лизинггир барои талаб намудани баргардонии арзиши ин беҳсоззиҳо ҳуқуқ надорад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 15. Гузашт  намудани ҳуқуқ тибқи шартномаи лизинг ба шахси сеюм ва гаравмонии мавзўи лизинг
Лизингдеҳ метавонад пурра ё қисман ҳуқуқҳои худро оиди мавзўи лизинг ба шахси сеюм гузашт намояд ё ба гарав монад.
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бо мақсади xалб намудани маблаuҳои пули мавзўи лизингро ба сифати гарав истифода барад.
Лизинггир ҳуқуқ дорад, танҳо ҳамон қисми мавзўи лизингро, ки арзиши пардохтшудаи он аз бақияи пардохтҳои лизингӣ зиёд мебошад, фурўшад, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд.
Лизингдеҳ вазифадор аст лизинггирро дар бораи ҳамаи ҳуқуқҳои шахсони сеюм ба мавзўи лизинг огоҳ намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 16. Тартиби бақайдгирии амвол (мавзўи шартномаи лизинг) ва ҳуқуқ ба он
Бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулк (мавзўи шартномаи лизинг) аз рeи шартномаи лизинг дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, анxом дода мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300)
Мавзўи шартномаи лизинг аз рeи созиши тарафҳо ба номи лизингдеҳ ё лизинггир ба қайд гирифта мешаванд. Зимнан дар хуxxатҳои бақайдгири маълумот дар бораи молик ва соҳиби (истифодабарандаи) амвол ҳатман зикр карда мешавад. Дар ҳолати бекор карда шудани шартномаи лизинг ва аз тарафи лизингдеҳ баргардонида гирифтани мавзўи лизинг, бо аризаи e мақомоти давлатие, ки барои бақайдгири ваколатдор мебошад, вазифадор аст сабти номи соҳиби (истифодабарандаи) амволро беэътибор гардонад
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 17. Суuуртаи мавзўи лизинг ва таваккалҳо
Мавзўи лизинг аз таваккали гум шудан (нобуд шудан), камомад ё зарар дидан аз лаҳзаи таҳвили молу мулк ба фурeшанда то лаҳзаи анxом ёфтани мeҳлати амали шартномаи лизинг мумкин аст суuурта карда шавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
Суuурта намудани таваккалҳои соҳибкори (молиявӣ) бо розигии тарафҳои шартноми лизинг анxом дода мешавад.
Лизинггир дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд xавобгарии худро барои иҷрои eҳдадориҳое, ки дар натиxаи расонидани зарар ба ҳает, саломатӣ ё молу мулки шахсони дигар дар xараёни истифодабарии амволи лизинг ба вуxуд меоянд, суuурта намояд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300)
Лизинггир ҳуқуқ дорад таваккали xавобгарии худро барои вайрон кардани  шартномаи лизинг ба фоидаи лизингдеҳ  суuурта намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 18. Тақсимоти таваккал байни тарафҳои шартномаи лизинг
Xавобгари барои ҳифзи мавзўи лизинг аз ҳама гуна зарари молиявӣ ва ҳамчунин барои таваккали вобаста ба нобудшавӣ, гумшавӣ, корношоямшавӣ, дуздидан, пеш мeҳлат вайрон шудан, хатогиҳои ҳангоми васлкунӣ ё истифодабарӣ роҳдодашуда ва дигар хавфҳои молу мулки аз лаҳзаи қабули аслии мавзўи лизинг ба дeши лизинггир мебошад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300)
Таваккали аз xониби фурeшанда иxро нагардидани eҳдадориҳои шартномаи хариду фурeши мавзўи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба души ҳамон тарафи шартномаи лизинг мебошад, ки фурeшандаро интихоб намудааст. агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.
Таваккали мутобиқат накардани мавзўи лизинг ба ҳадафҳои истифодабарии ҳамин предмет тибқи шартномаи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба дeши тарафе мебошад, ки мавзўи лизингро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 19. Рўёнидан аз ҳисоби мавзўи лизинг
      Рўёнидан аз ҳисоби мавзўи лизинг бо тартиб ва бо шартҳои барои рўёнидан аз ҳисоби мавзўи гарав пешбинишуда амалӣ карда мешавад.
Ҳангоми рўёнидан аз ҳисоби мавзўи лизинг, лизинггир ҳуқуқ дорад то фурўши мавзўи лизинг ўҳдадориҳоро оид ба пардохтҳои лизинг ё ҳамон қисме, ки мўҳлати иҷрои он гузаронида шудааст, иҷро намуда, рўёнидан аз ҳисоби он ва фурўши онро қатъ намояд. Созишномае, ки ин ҳуқуқро маҳдуд менамояд, эътибор надорад.
 
Моддаи 20. Баҳисобгирии мавзўи лизинг ва татбиқи механизми истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати мавзўи лизинг
Мавзўи лизинг, ки мутобиқи шартномаи лизинг ба лизинггир дода шудааст, бо созишномаи тарафҳо дар баланси лизингдеҳ ё лизинггир ба ҳисоб гирифта мешавад.
Тарафҳои шартномаи лизинг ҳуқуқ доранд аз рeи мувофиқаи мутақобила истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати мавзўи лизингро истифода намоянд.
Ҳисоб карда баровардани истеҳлокро (амортизатсияро) ҳамон тарафи шартномаи лизинг анxом медиҳад, ки мавзўи лизинг дар балансаш мебошад.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 21. Кашида гирифтан ва баргардонида гирифтаии мавзўи лизинг аз лизинггир
Тартиби кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани мавзўи лизинг аз xониби лизингдеҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муайян карда мешавад.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 22. Пардохтҳои лизинг
Пардохт барои соҳибӣ ва истифодабарии молу мулке, ки мутобиқи шартномаи лизинг дода шудааст, аз xониби лизинггир  дар шакли пардохтҳои лизинг ба лизингдеҳ пардохта мешаванд. Пардохтҳо метавонанд чӣ дар шакли пулӣ ва чӣ дар шакли аслӣ, аз ҷумла кор ва хизматрасонӣ анxом дода шаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300)
Таҳти пардохтҳои лизинг маблаuи умумии пардохтҳои шартномаи лизинг дар тамоми мeҳлати амал намудани шартномаи лизинг фаҳмида мешавад, ки ба онҳо баргардонидани хароxоти лизингдеҳ вобаста ба харидорӣ ва таҳвили мавзўи лизинг ба лизинггир, xуброни хароxотҳои вобаста ба расонидани хизматрасониҳои дигари дар шартномаи лизинг пешбинигардида, инчунин даромади лизингдеҳ дохил мешаванд.
Ба маблаuи умумии шартномаи лизинг мумкин аст нархи хариди мавзўи лизинг дохил карда шавад, агар шартномаи лизинг ба лизинггир гузаштани ҳуқуқи моликиятро ба мавзўи лизинг пешбинӣ карда бошад.
Ҳаxм, тарз, шакл ва давра ба давра ворид намудани пардохтҳо дар шартнома бо мувофиқаи тарафайн муқкаррар карда мешаванд.
Агар лизинггир ва лизингдеҳ  ҳисоббаробаркунии пардохтҳои лизингро бо маҳсулоте (дар шакли аслие, аз ҷумла иҷрои кор ё хизматрасонӣ), ки бо воситаи мавзўи лизинг истеҳсол мешавад, анxом диҳанд, нархи ин маҳсулот бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи лизинг муайян карда  мешавад.
Агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи пардохтҳои лизинг метавонад бо созишномаи тарафҳо ба мeҳлатҳои пешбининамудаи шартнома, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ, таuйир дода шавад.
Eҳдадориҳои лизинггир оид ба ворид намудани пардохтҳои лизинг аз лаҳзаи аз xониби лизинггир истифода гардидани мавзўи лизинг фаро мерасанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
Моддаи 23. Ҳуқуқ ба назорат намудани шартҳои шартнома аз рeи аҳдҳои лизинг
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад риоя гардидани шартҳои шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбутро, дар қисмате, ки ба иҷро гардидани ўҳдадориҳои шартномаи лизинг аз тарафи лизинггир таъсир мерасонанд, назорат намояд.
Тартиби назорати шартҳои шартнома дар шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбут, байни иштироккунандагони он пешакӣ қайд карда мешавад.
Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад ба лизинггир дар шакли хаттӣ оид ба пешниҳоди иттилооте, ки барои анxом додани чунин назорат зарур мебошад, дархост фиристонад, лизинггир вазифадор аст ҳамин гуна дархостҳоро қонеъ гардонад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375)
 
 
Моддаи 24. Хусусиятҳои амалиётҳои байналмилалие, ки субъектҳои  лизинг анxом  медиҳанд
Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад бе иxозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти байналмилалиро вобаста ба гардиши сармоя анxом диҳад, воситаҳои пулиро аз uайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади харидани мавзўи лизинг ба мeҳлати бештар аз шаш моҳ, (180 рeз), вале на бештар аз мeҳлати амали шартномаи лизинг xалб намояд.
Лизингдеҳ ҳуқуқ, дорад бе иxозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Точикистон амалиёти вобастаро ба гардиши сармоя, пардохтани фоизҳо барои истифодаи маблаuҳои пардохташон гузаштаро, ки фурeшандаи мавзўи лизинг пешниҳод намудааст, сарфи назар аз мeҳлати ҳақиқии гирифтани мавзўи лизинг (амалиёти асъории xорӣ ва амалиёти вобаста ба гардиши сармояро) амалӣ намояд.
Барои анxом додани лизинги байналмилалӣ:
 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) мавзўи лизинг бо мақсади истифодаи он тибқи шартномаи лизинг ба мeҳлати бештар аз шаш моҳ, инчунин пардохтани маблаuи пурраи шартномаи лизинг дар давраи зиёда аз шаш моҳ, мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати асъор ва танзими асъор амалиёти вобаста ба гардиши сармоя  ҳисобида  намешаванд;
 ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) мавзўи лизинг ҳамаи намудҳои пардохтҳои гумрукӣ ба арзиши умумии гумрукии молу мулк ҳисоб карда мешаванд.
Пардохтхои гумруки ба тарики зайл ворид карда мешаванд:
— дар лахзаи ворид (содир) намудани мавзўи лизинг ба маблаги хамон кисм арзиши гумрукии молу мулк,  ки пардохт карда шудааст ва бо хуччатхои бонки тасдик карда шудааст: (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1300)
— минбаъд пардохтхои гумрукӣ баробари пардохтхои лизинг ё дар давоми 20 руз а лахзаи анчом ёфтани пардохтхои лизинг ворид карда мешаванд.
Тартиби (низоми) ворид намудани пардохтҳои гумрукӣ, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, батаъхирандозии мeҳлати пардохтҳои гумрукӣ ё кредити инвеститсионии  андозӣ  ҳисобида намешавад.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1375), (Қ ҶТ аз 02.01.2019сол, №1580)
 
БОБИ Ш  МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 25. Xавобгарӣ  барои  вайрон  кардани  Қонуни  мазкур
Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгари кашида мешаванд.
 
Моддаи 26. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори  расмӣ  мавриди амал  қарор дода шавад.
     
        Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                            Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  22 апрели соли 2003
№ 9

Илова кунед