Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ

07 Апрел 2003, Душанбе

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2003, №4, мод.148, соли 2018, №1, мод.23)
 
Бо мақсади ривоx додани эҳсонкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти эҳсонкориро муқаррар намуда, шаклҳо, мақсадҳои асосӣ ва роҳу воситаҳои имконпазири дастгирии онро аз xониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маќомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян мекунад, ҳамчунин хусусиятҳои таъсиси ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва фаъолияти онҳоро бо роҳи ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва маънавии субъектҳои дар фаъолияти эҳсонкорӣ иштирок дошта, дастгирӣ мекунад. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
 
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 1Ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
Фаъолияти эҳсонкорӣ — фаъолияти ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиест, ки бо расонидани кeмаки (дастгирии) моддӣ ё дигар намуди кeмак, аз Ҷумла ба тарзи беuаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) ба шахсони воқеии муҳТоҷи чунин ёрӣ ё шахсони ҳуқуқие, ки бевосита машuули чунин   ёрирасонианд, аз Ҷумла ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ додани молу амвол ва маблаuҳои пулӣ, беuаразона иxро намудани корҳо ва расонидани хизмат, ё фаъолияти илмӣ, таълимӣ, маърифатӣ ё дигар шакли фаъолият, ки ба манфиати xамъият ба амал бароварда мешавад, алоқаманд мебошад.
Ташкилоти эҳсонкорӣ — ташкилоти uайридавлатӣ, uайритиxоратиест, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда, барои иxрои мақсадҳои эҳсонкорӣ ташкил гардидааст ва мақсади асосии фаъолияти он эҳсонкорӣ буда, ба манфиати xамъият ё шахсони алоҳида амалӣ мегардад. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
Барномаи эҳсонкорӣ — маxмeи чорабиниҳо бо мақсади амалӣ гардонидани фаъолияти эҳсонкорӣ оиди ҳалли масълаҳои аниқи иxтимоӣ, ки xавобгeи вазифаҳои оинномавии ташкилотҳои эҳсонкорӣ мебошанд. Барномаи эҳсонкорӣ сметаи эҳтимолии даромадҳо ва хароxотҳои нақшавиро дарбар мегирад, ки бевосита барои нигаҳдории ташкилоти эҳсонкорӣ (аз он Ҷумла маоши кормандоне, ки дар амалигардонии барномаҳо банд ҳастанд) равона карда мешавад.
Эҳсонкорон — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки фаъолияти эҳсонкориро бо чунин шаклҳо ба xо меоранд:
— беuаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) додани молу амвол, аз он Ҷумла маблаuҳои пулӣ ва объектҳои моликияти ақлонӣ ҳамчун моликият;
— беuаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) додани ҳуқуқи соҳибӣ намудан, истифода ва ихтиёрдории ҳама гуна объектҳои ҳуқуқи моликият дошта; (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
— беuаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) иxро намудани корҳо, расонидани хизмат ба эҳсонкорон — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
Эҳсонкорон ҳуқуқ доранд мақсадҳо ва тартиби истифодабарии хайрияи худро муайян намоянд.
Эҳсонгирҳо — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба манфиати онҳо фаъолияти эҳсонкорӣ амалӣ гардонида мешавад.
Ихтиёриён — шахсони воқеие, ки фаъолияти эҳсонкориро дар шакли меҳнати ройгон ба манфиати эҳсонгирҳо, аз Ҷумла ба манфиати ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба xо меоранд. Ташкилоти эҳсонкорӣ метавонад хароxотҳои ихтиёриёнро, ки бевосита ба фаъолияти онҳо дар ин ташкилот вобастаанд (хароxоти сафарҳои корӣ, роҳкиро ва uайра) пардохт намояд.
Фонди эҳсонкорӣ — ташкилоти беузвияти эҳсонкорӣ, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дар асоси саҳми ихтиёрии амволӣ таъсис дода шудааст ва мақсад аз он эҳсонкорист.
Грантҳо — амволе (аз Ҷумла маблаuҳои пулие), ки ба шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои uайритиxоратӣ барои амалӣ гардонидани барномаҳо ва лоиҳаҳо ба тарзи бебозгашт дода мешаванд.
Хайрия — кeмаки ихтиёрии бебозгаште, ки дар шакли пулӣ ва ё дигар шакл ба ташкилотҳои uайритиxоратӣ ё ба шахсони воқеӣ, ки ба ин кeмак муҳТоҷанд, бо мақсадҳои эҳсонкорӣ бо тартиби муайянкардаи Қонуни мазкур дода мешавад. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
Xамьиятҳои хоxагидорие, ки ташкилотҳои эҳсонкорӣ ташкил мекунанд – ташкилотҳое, ки даромади худро ба мақсади фаъолияти эҳсонкорӣ равона мекунанд ва муассисони (иштирокчиёни) онҳо танҳо ташкилотҳои эҳсонкорӣ мебошанд.
 
Моддаи 3. Мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ
Ба фаъолияти эҳсонкорӣ инҳо дохиланд:
— дастгирии иxтимоӣ, мутобиқат ва ҳимояи шахсони воқеӣ, аз Ҷумла бехтаркунии вазъи моддӣ, офияти иxтимоии бекорон, корношоямон, маъюбон ва дигар шахсон, ки бо сабаби хусусиятҳои xисмонӣ ва ақлонии худ ё дигар ҳолатҳо мустақилона ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ба амал бароварда наметавонанд;
— ёрӣ ба оилаҳои серфарзанд ва камбизоат ё шахсони воқеии муҳТоҷи мутобиқати иxтимоӣ ё ҳифзи иxтимоӣ;
— ёрӣ ба кўдаконе, ки падару модар (волидайн) надоранд, ба муассисаҳои кўдакона, инчунин дигар ташкилотҳое, ки чунин кўдаконро нигоҳубин мекунанд; (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
— ёрӣ ба модарону кeдакон оид ба мусоидати ҳимояи онҳо;
— баланд бардоштани обрe ва мақоми оила дар xомеа;
— ёрӣ ба маъюбону пиронсолон ё ташкилотҳое, ки ба нигоҳубини онҳо машuуланд;
— ёрӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ, экологӣ, саноатӣ ё фалокатҳои дигар, низоъҳои иxтимоӣ, миллӣ, мазҳабӣ, инчунин қурбониҳои xазодиҳӣ (репрессия), гурезаҳо ва муҳоxирони иxборӣ;
— дастгирӣ ба шахсони воқеии муҳТоҷи ёрии тиббӣ ё нигоҳубини махсус дар шакли пардохти музди хизматрасонии тиббӣ ё хизматҳои вобаста ба он (аз Ҷумла хароxоти рафту омад то маҳалли расонидани чунин хизмат) ё ба ташкилотҳои дорои мақоми муассисаи тиббӣ;
— мусоидат барои фаъолият дар соҳаи пешгирӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон, инчунин тарuиботи тарзи ҳаёти солим, беҳгардонии вазъи   маънавию рeҳии шаҳрвандон;
— мусоидат ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, санъат, маърифат ва инкишофи маънавии шахсият, аз Ҷумла таъсиси стипендияҳо;
— мусоидати фаъолият дар соҳаи тарбияи xисмонӣ ва варзиши оммавӣ;
— ҳифзи аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист аз олудашавӣ ё таъсири дигари зараровар;
— ёрӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, агар фаъолияти онҳо барои беҳбуд бахшидани шароитҳои нигоҳдорӣ ё хизматрасонии тиббии маҳкумшудагон равона шуда бошанд; (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
— мусоидат барои пойдории сулҳ, дустӣ, хамдигарфаҳмии байни халқҳо, пешгирии низоъҳои иxтимоӣ, миллӣ ва мазҳабӣ;
— ҳифз ва дар ҳолати муносиб нигоҳдории биноҳо, объектҳо ва минтақаҳои дорои аҳамияти таърихӣ, динию оинӣ ва фарҳангӣ;
— мақсадҳои дигари аҳамияти иxтимоӣ дошта, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.
 
Моддаи 4. Ҳуқуқ барои фаъолияти эҳсонкорӣ
Шахсони воќеӣ ва ҳуќуќӣ ҳуќуќ доранд фаъолияти эҳсонкориро бемонеа дар асоси ихтиёрӣ ва озодии интихоби ҳадафҳо барои манфиатҳои умумӣ ба амал бароранд. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд озодона фаъолияти эҳсонкориро алоҳида ё дар муттаҳидӣ, бо роҳи таъсиси ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва ё бе таъсиси он ба амал бароранд.
Ҳеx кас ҳуқуқи маҳдуд кардани интихоби озодонаи мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ ва тарзи иxрои онҳоро, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, надорад.
 
Моддаи 5. Иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкорӣ
Иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкорӣ инҳоанд:
— шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти эҳсонкориро ба амал мебароранд, аз Ҷумла бо роҳи дастгирии ташкилоти мавxуда ё таъсиси ташкилоти нави эҳсонкорӣ (эҳсонкорон, ихтиёриён);
— шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои манфиати онҳо фаъолияти эҳсонкорӣ ба амал бароварда мешавад (эҳсонгирҳо).
 
Моддаи 6. Ташкилоти эҳсонкорӣ
Ташкилоти эҳсонкорӣ — ташкилоти uайридавлатӣ, uайритиxоратие мебошад, ки ба мақсадҳои иxрои фаъолияти эҳсонкорӣ таъсис шуда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти эҳсонкорӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳолати зиёд шудани қисми даромади ташкилоти эҳсонкорӣ аз хароxотҳо, он маблаuи барзиёд набояд байни муассисони онҳо тақсим шавад, балки барои амалӣ гардонидани мақсадҳое, ки ба хотири онҳо ташкилоти эҳсонкорӣ таъсис шудааст, равона карда мешавад.
 
Моддаи 7. Шаклҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ
Ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба шакли ташкилотҳои xамъиятӣ (иттиҳодияҳо), фондҳо, муассисаҳо ва дигар шаклҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти эҳсонкорӣ пешбинӣ намудааст, ташкил карда мешаванд.
Ташкилоти эҳсонкорӣ мумкин аст ба шакли муассиса ташкил ёбад, агар муассиси он ташкилоти эҳсонкории дигаре бошад.
 
БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС, АЗНАВТАШКИЛДИҲӣ ВА БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТИ ЭҲСОНКОРӣ
 
Моддаи 8. Муассисони ташкилоти эҳсонкорӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, вобаста ба шаклҳои ташкилоти эҳсонкорӣ, муассиси он шуда метавонанд.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маќомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳо муассиси ташкилоти эҳсонкорӣ шуда наметавонанд. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
 
    Моддаи 9. Таъсиси ташкилоти эҳсонкорӣ
       Ташкилоти эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони воќеӣ ва ҳуќуќӣ таъсис дода мешавад.
 Ташкилоти эҳсонкорӣ аз лаҳзаи ба ќайди давлатӣ гирифта шуданаш мутобиќи ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда ба ҳисоб рафта, шахси ҳуќуќӣ ба шумор меравад. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
 
Моддаи 10. Оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ
Оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
— ном, мақсад ва вазифаҳои ташкилоти эҳсонкорӣ;
— сохтори ташкилоти эҳсонкорӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиши ташкилоти эҳсонкорӣ;
— шартҳо ва тартиби ба даст овардан ва гум кардани узвияти ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ташкилоти мазкур дар ташкилотҳое, ки узвият доранд;
— ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилоти эҳсонкорӣ;
— салоҳият ва тартиби ташкили мақомоти ташкилоти эҳсонкорӣ, мeҳлатҳои ваколатҳои онҳо, маҳаллӣ воқеъ гардидани мақоми доимамалкунанда;
— тартиби дохил намудани таuйирот ва иловаҳо дар оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ;
— манбаи ташкилёбии воситаҳои пулӣ ва дигар амволи ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳуқуқи ташкилоти эҳсонкорӣ ва воҳидҳои сохтории он дар идоракунии амвол;
— тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ташкилоти эҳсонкорӣ;
— қоидаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.
 
Моддаи 11. Ба қайди давлатӣ гирифтани ташкилоти эҳсонкорӣ
Бақайдгирии давлатии ташкилоти эҳсонкорӣ, дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Аз рeи қарори мақомоти бақайдгиранда дар бораи рад кардани бақайдгирии ташкилоти эҳсонкорӣ, инчунин саркашӣ аз бақайдгирӣ бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.
 
Моддаи 12. Мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ
Мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ, мақоми дастаxамъии он (маxлиси умумӣ мебошад, ки бо тартиби муайянкардаи оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ ташкил карда мешавад.
Қарорҳо дар бораи таъсиси ташкилоти эҳсонкорӣ ва тасдиқи оинномаи он дар маxлиси умумӣ қабул карда мешаванд. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
Ба ваколати истисноии мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ инҳо дохил мешаванд:
— таuйир додани оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ;
— созмон додани мақомоти иxроияи ташкилоти эҳсонкорӣ, мақомоти назоратӣ-тафтишотӣ ва пеш аз мeҳлат қатъ намудани фаъолияти онҳо;
— тасдиқи барномаҳои эҳсонкорӣ;
— тасдиқи нақшаи солона, буxети ташкилоти эҳсонкорӣ ва ҳисоботи солонаи он;
— қабули қарорҳо оид ба таъсиси ташкилотҳои тиxоратӣ ва uайритиxоратӣ, оиди иштирок дар чунин ташкилотҳо, кушодани филиалҳо ва намояндагиҳо;
— қабули қарорҳо оид ба азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои эҳсонкорӣ  (ба истиснои фондҳои эҳсонкорӣ).
Аъзоёни мақомоти олии ташкилоти эҳсонкорӣ ва шахсони масъули ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ надоранд, ки вазифаҳои штатиро дар маъмурияти ташкилотҳои тиxоратӣ ва uайритиxоратие, ки муассиси (иштирокчии) онҳо ҳамин ташкилоти эҳсонкорӣ мебошад, ишuол намоянд.
 
Моддаи 13. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Дар вақти барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ, амволи боқимондаи он, баъди иxрои талаботи қарзхоҳон (кредиторҳо), барои мақсадҳои эҳсонкорӣ бо тартиби муқарраркардаи оиннома, ё бо қарори комиссияи барҳамдиҳӣ, агар тартиби истифодаи амволи ташкилоти эҳсонкорӣ дар оинномаи он пешбинӣ нашуда бошад, истифода мешавад.
 
БОБИ 3. ШАРТҲО ВА ТАРТИБИ БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ЭҲСОНКОРӣ
 
Моддаи 14. Фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ
Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад фаъолияташро, ки барои иxрои ҳадафҳои ба миён гузоштааш равона шудаанд, инчунин фаъолияти эҳсонкориеро, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст, ба амал барорад.
Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад ба фаъолияти xалби захираҳо ва иxрои амалиётҳои uайритиxоратӣ машuул шавад.
Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад фаъолияти соҳибкориро танҳо барои ҳадафҳое, ки маҳз барои онҳо ва ба ҳамин ҳадаф марбут ташкил шудааст, анxом диҳад.
Баҳри фароҳам овардани шароити моддие, ки барои бадастоварии ҳадафҳояш зарур мебошад, ташкилоти эҳсонкор ҳуқуқ дорад xамъиятҳои хоxагидорӣ таъсис диҳад. Иштироки ташкилоти эҳсонкорӣ дар xамъиятҳои хоxагидорӣ якxоя бо шахсони дигар мумкин нест.
Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳақ надорад маблаuҳо ва амволи худро барои дастгирии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо, гурeҳҳо ва маъракаҳои сиёсӣ сарф намояд ва истифода барад.
 
Моддаи 15. Филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти эҳсонкорӣ
Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо ташкил диҳад ва намояндагиҳои худро кушояд.
Ташкили филиалҳои ташкилоти эҳсонкорӣ ва кушодани намояндагиҳояш дар ҳудуди давлатҳои хориxӣ, мувофиқи қонунгузории ин давлатҳо ба амал бароварда мешавад, агар тартиби дигаре дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашуда бошад.
Филиалҳо ва намояндагиҳо шахсони ҳуқуқӣ ба хисоб намераванд ва амволеро соҳибанд, ки ташкилоти эҳсонкории онҳоро ташкил карда ба онҳо додааст ва дар асоси низомномаи аз тарафи онҳо тасдиќгардида амал мекунанд. Амволи филиалҳо ва намояндагиҳо, дар баланс алоҳидаи онҳо, инчунин дар тавозуни ташкилоти эҳсонкории онҳоро таъсисдода ба ҳисоб гирифта мешавад.
Роҳбарияти филиалҳо ва намояндагиҳо аз тарафи мақомоти олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ таъин карда мешаванд ва дар асоси ваколатномае, ки ташкилоти эҳсонкорӣ ба онҳо додааст, амал мекунанд. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
Филиалҳо ва намояндагиҳо фаъолияти худро аз номи ташкилоти эҳсонкории онҳоро таъсисдода ба амал мебароранд. Ташкилоти эҳсонкорие, ки филиалу намояндагиҳоро ташкил додааст, барои фаъолияти онҳо масъул мебошад.
 
Моддаи 16. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсия ва иттифоқҳо) ташкилотҳои эҳсонкорӣ
Ташкилотҳои эҳсонкорӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон, ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаҳои таъсисӣ ва оиномаҳое, ки ташкилотҳои эҳсонкорӣ қабул кардаанд, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои оинномавиашон, иттиҳодияҳо (ассотсиатсия ва иттифоқҳо) ташкил диҳанд, ки онҳо ташкилотҳои uайритиxоратӣ мебошанд.
Аъзои иттиҳодияҳои (ассотсиатсия ва иттифоқҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ мустақилияти худ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд.
Иттиҳодияҳои (ассотсиатсия ва иттифоқҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ, аз рeи eҳдадориҳои аъзои худ масъулият надоранд. Аъзои иттиҳодияҳо (ассотсиатсия ва иттифоқҳо) аз рeи eҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуxxатҳои таъсисии иттиҳодияҳо (ассотсиатсия ва иттифоқҳо) пешбинигардида масъулияти субсидиарӣ доранд.
Таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани иттиҳодияҳои (ассотсиатсия ва иттифоқҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ, аз он Ҷумла бо иштироки иттиҳодияҳои хориxии uайритиxоратӣ, бо тартиби   муtаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 17. Манбаъҳои ташаккулёбии амволи ташкилоти эҳсонкорӣ
Манбаҳои ташаккулёбии амволи ташкилоти эҳсонкорӣ инҳо шуда метавонанд:
— пардохти муассисони ташкилоти эҳсонкорӣ;
— ҳаққи аъзогӣ (барои ташкилотҳои эҳсонкории аз аъзоён иборатбуда);
— хайрияи эҳсонкорӣ, аз Ҷумла хайрияи мақсаднок (грантҳои эҳсонкорӣ), ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба шакли пул ё мол додаанд;
— даромад аз амалиётҳои uайритиxоратӣ;
— даромад аз коuазҳои қимматнок;
— воридот аз фаъолияти соҳибкорие, ки мувофиқи ҳамин Қонун иxозат шудааст;
— воридот аз фаъолияти xалби захираҳо (гузаронидани маъракаҳои xалби эҳсонкорон ва ихтиёриён, ташкили чорабиниҳои шавқангез, фарҳангӣ, варзишӣ, гузаронидани маърақаҳои xамъоварии хайрияи эҳсонкорӣ, лотереяҳо, музоядаҳо) бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фурeши амвол ва хайрияи аз эҳсонкорон омада, мувофиқи хоҳиши онҳо;
— воридот аз фаъолияти xамъиятҳои хоxагидорие, ки ташкилоти эҳсонкор таъсис додааст;
— меҳнати ихтиёриён;
— дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаасту ба амалӣ кардани фаъолияти асосии ташкилоти эҳсонкорӣ вобастааст. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
 
Моддаи 18. Амволи ташкилоти эҳсонкорӣ
Дар ташкилоти эҳсонкорӣ ҳамчун моликият ё бо ҳуқуқи дигари амволӣ буда метавонанд: биноҳо, иншоот, таxҳизот, маблаuҳои пулӣ, коuазҳои қимматнок, захираҳои иттилоотӣ, натиxаи фаъолияти ақлонӣ ва навъҳои амволи дигар, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муайян накарда бошад.
Ташкилоти эҳсонкор метавонад бо моликияти худ ё амволи дигари дар ихтиёраш буда доду гирифт намояд, ба шарте, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ташкилот ва ҳуқуқи эҳсонкор мухолифат накунад.
Ташкилоти эҳсонкор ҳуқуқ надорад барои пардохти ҳаққи меҳнати кормандони маъмурию идоравиаш беш аз 20 фоизи маблаuҳои молиявии дар соли молиявии ташкилот сарфшавандаро харx намояд.
Дар мавриде, ки эҳсонкор ё барномаи эҳсонкорӣ тартиботи дигар муқаррар карда бошад, на камтар аз 80 фоизи хайрияи эҳсонкорӣ ба шакли пул бояд барои мақсадҳои эҳсонкории дар давоми соли ин хайрияро гирифтааш истифода гардад. Хайрияи ба шакли мол омада бояд барои мақсадҳои эҳсонкорӣ дар давоми як соли гирифтани он истифода шавад, агар эҳсонкор ё барномаи эҳсонкорӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Амволи ташкилоти эҳсонкорӣ ба муассисони (аъзои) ин ташкилот нисбат ба шахсони дигар бо шартҳои имтиёзнок дода шуданаш мумкин нест (бо роҳи фурeш, пардохти нархи мол, кор, хизмат ва шаклҳои дигар).
 
Моддаи 19. Хароxоти маблаuҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ
Маблаuҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ мумкин аст барои мақсадҳои эҳсонкорӣ ва нигаҳдории ташкилоти эҳсонкорӣ равона карда шаванд. Хароxоти нигаҳдории ташкилот мумкин аст масорифи зайлро дарбар гирад:
— маоши кормандони маъмурию идорӣ;
— ҳиссаxудокунӣ барои маош;
— хароxоти дафтардорию хоxагӣ;
— хароxоти сафарҳои хизматӣ;
— харидории таxҳизот ва асбобу анxом;
— таъмири асосӣ ва xорӣ;
— пардохти иxора;
— хароxотҳои дигар (ҳисоббаробаркунӣ бо буxет, фондҳои uайрибуxетӣ ва uайраҳо).
Хайрияҳои мақсадноки барои амалӣ кардани барномаҳои эҳсонкорӣ равона гардида, тибқи шартҳои ҳамин хайрия истифода мешаванд.
Маҳдудкунии хароxоти маош барои пардохти ҳаққи меҳнати шахсони дар барномаҳои эҳсонкорӣ бандбуда, дахл надорад.
Маблаuҳои барои дарxи ҳисоботи фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳамчунин барои гузаронидани тафтиши хатмии аудитории фаъолияти фондҳои эҳсонкорӣ сарфгардида, ҳамчун хароxоти мақсадҳои эҳсонкорӣ ҳисобида мешаванд.
Xудо кардани маблаu аз буxети Ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, барои ташкилоти эҳсонкорӣ манъ аст.
 
Моддаи 20. Барномаи эҳсонкорӣ
Барномаи эҳсонкорӣ аз маxмeи чорабиниҳое иборат аст, ки мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ муқаррар кардааст ва барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси мақсадҳои оинномавии ин ташкилот мувофиқанд.
Барномаи эҳсонкорӣ сметаи воридоти эҳтимолӣ ва хароxоти ба нақша гирифташавандаро (бо назардошти пардохти ҳаққи меҳнати шахсони дар амалигардонии барномаи эҳсонкорӣ ширкаткунанда) дарбар гирифта, марҳила ва мeҳлатҳои амалигардонии онро муқаррар менамояд.
Барои бо маблаu таъмин кардани барномаҳои эҳсонкорӣ (бо назардошти хароxоти таъминоти моддию техникӣ, ташкилӣ, пардохти ҳаққи меҳнати шахсони дар амалигардонии барномаҳои эҳсонкорӣ ширкаткунанда ва дигар хароxоти ба амалигардонии барномаи эҳсонкорӣ алоқаманд) бояд на камтар аз 80 фоизи даромади соли молиявӣ истифода бурда шавад. Ҳангоми иxрои барномаҳои эҳсонкории дарозмуддат, маблаuҳои бадастомада, дар мeҳлатҳои муқаррарнамудаи ин барномаҳо истифода мегарданд.
 
БОБИ 4. КАФОЛАТИ ДАВЛАТӣ БА ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӣ
 
Моддаи 21. Дастгирии давлатии фаъолияти эҳсонкорӣ
Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ — иштирокдорони фаъолияти эҳсонкориро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз xониби давлат кафолат дода, таъмин карда мешаванд.
Шахсони мансабдоре, ки ба амалӣ шудани ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар иxрои фаъолияти эҳсонкорӣ монеъ мешаванд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маќомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аҳамияти иxтимоии эҳсонкориро эътироф намуда, метавонанд иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкориро дар шакли зайл дастгирӣ кунанд:
— пешниҳод барои додани нишонҳои фахрӣ ва мукофотҳо;
— додани имтиёзҳо оиди пардохти андоз, боxҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дар асоси озмун, бо маблаu таъминкунии барномаҳои эҳсонкорӣ;
— бепул ё бо назардошти имтиёзҳо ба моликияти ташкилотҳои эҳсонкор вогузор кардани амволи давлатӣ ё маҳаллӣ, дар xараёни uайридавлатикунонӣ ё хусусигардонӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ.
Бо мақсади дастгирии фаъолияти эҳсонкорӣ, амалӣ гардонидани ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маќомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои эҳсонкорӣ, мумкин аст шeроҳои (кумитаҳои) дастгирии эҳсонкориро дар ҳайати намояндаҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ ва иxроия, ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва ташкилотҳои xамъиятӣ, ходимони xамъиятӣ ташкил диҳанд. Ин шeроҳо (кумитаҳо) нисбат ба иштирокдорони фаъолияти эҳсонкорӣ, ваколати ҳокимиятиро доро нестанд. Қарорҳои онҳо хусусияти тавсиявӣ дорад. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
 
Моддаи 22. Назорат ба фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ
Мақоми давлатие, ки ташкилоти эҳсонкориро ба кайд гирифтааст, ба риояи қоидаҳои оиннома оид ба мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ назорат мекунад. Ташкилоти эҳсонкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии муҳосибӣ мебарад.
Ташкилоти эҳсонкор барои дастрас намудани ҳисоботи солонаи худ, аз Ҷумла ба воситаҳои ахбори омма имконияти бемонеа медиҳад.
Маълумот дар бораи андоза ва сохтори даромадҳои ташкилоти эҳсонкорӣ, инчунин маълумот оиди андозаи амвол, хароxоти он, шумораи кормандон, маоши онҳо, xалби ихтиёриён сирри тичоратӣ шуда наметавонад.
Назорат аз болои фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ аз тарафи мақомоти назорати давлатӣ, дар доираи салоҳияташон ба амал бароварда мешавад.
Баҳсҳо байни ташкилоти эҳсонкорӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба ин ташкилот барои ҳаддафҳои эҳсонкорӣ маблаu додаанд, оиди истифодаи ин маблаuҳо бо тартиби судӣ халлу фасл мешаванд.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 23. Ба амал баровардани фаъолияти эҳсонкории байналмилалӣ
Иштирокдорони фаъолияти эҳсонкорӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон фаъолияти байналмилалии эҳсонкориро ба амал бароранд.
Фаъолияти байналмилалии эҳсонкорӣ бо роҳи дар лоиҳаҳои байналмилалии эҳсонкорӣ, дар кори ташкилотҳои байналмилалии эҳсонкорӣ, ҳамкорӣ бо шарикони бурунмарзӣ дар доираи фаъолияти марбутаи эҳсонкорӣ, инчунин бо шаклҳои дигари дар амалияи байналмилалӣ қабулгардида ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳою принсипҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мухолифат надошта ба амал бароварда мешавад.
Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад дар муассисаҳои бонкии давлатҳои дигар, мувофиқи қонунгузории онҳо суратҳисобҳо кушояд.
Ташкилоти эҳсонкорӣ барои гирифтани хайрияи эҳсонкорӣ аз шаҳрвандони хориxӣ, шахсони бешаҳрванд, инчунин аз ташкилотҳои хориxию байналмилалӣ ҳуқуқ дорад. Истифодаи хайрияи мазкур бо тартиби иxозатдодаи ҳамин Қонун ба амал бароварда мешавад. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
 
 
Моддаи 24. Фаъолияти эҳсонкории шаҳрвандони хориxӣ, шаҳрвандони бетабаа, ташкилотҳои хориxӣ ва байналмилалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориxӣ, шахсони бешаҳрванд, ташкилотҳои хориxӣ ва байналмилалӣ, метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи ҳамин Қонун дар фаъолияти эҳсонкорӣ иштирок дошта бошанд. (ЌҶТ аз 2.01.2018 №1491)
 
Моддаи 25. Xавобгарӣ барои вайронкунии Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон намудаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  22 апрели соли 2003
№18
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАXЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
 МАXЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»
 
Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» дар қироати дуюм қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории xорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.
 
 
Раиси Маxлиси намояндагони
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  26 феврали соли 2003
№801
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАXЛИСИ МИЛЛИИ
МАXЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»
 
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.190)
 
Маxлиси миллии Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маxлиси миллии
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  7 апрели соли 2003
№375

Илова кунед