Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ

05 Март 2003, Чоршанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.151; соли 2007, №7, мод. 696; соли 2009, № 3, мод.84; соли 2012, №7, мод.718; соли 2014, №7 қ.2, мод.424, соли 2017, №7-9, мод.582)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян намуда, фаъолияти субъектҳои сохторҳои таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми гирифтани касб, тайёр намудан, бозомeзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ равона карда шудаанд, танзим менамояд.
 
БОБИ 1
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— Таҳсилоти  ибтидоии касбӣ — қонеъгардонии мақсадноки талаботи шаҳрвандон тавассути таълим, ки қисмҳои таркибии он метавонанд таълими кадрҳо, бозомeзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандоне бошанд, ки  таҳсилоти ибтидоии касбӣ надоранд;
— муассисаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ — муассисае, ки дар раванди таълим як ё якчанд барномаҳои таълимии   таҳсилоти  ибтидоии касбиро амалӣ намуда, таълим ва тарбияи хонандагонро таъмин менамояд;
— кормандони муҳандисию педагогӣ – шахсони дорои таҳсилоти дахлдоре, ки дар асоси касбӣ ба таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ машѓуланд;
— тахассус – дараҷаи касбие, ки дар раванди таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонанда аз худ намуда, он бо ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешавад. ҚҶТ аз 3.07.12с.№868)
 
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти  ибтидоии касбӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбиро афзалиятнок эълон менамояд. Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:
— хусусияти башардустона ва демократӣ доштани таълим ва тарбия;
— муттасилӣ ва пайдарпаӣ;
— дастрас будани  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ, мутобиқшавии низоми  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба сатҳ, хусусиятҳои инкишоф ва тарбияи касбии хонандагон;
—  хусусияти дунявӣ доштани низоми  таҳсилоти  ибтидоии касби;
—  хусусияти демократии давлатию xамъиятии идораи низоми   таҳсилоти  ибтидоии касбӣ;
—  дастгирии маърифатнокӣ ва  истеъдод.
Дар муассисаҳои таълимиии соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мақомоти идораи соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ иxозат дода намешаванд.
 
Моддаи 4. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва тайёрии касбӣ давлат ба шаҳрвандоне, ки  таҳсилоти умумии асосӣ ё  таҳсилоти миёнаи умумиро гирифтаанд, ҳуқуқи гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбиро кафолат медиҳад.
Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи талаботи стандарти давлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати бепул гирифтани  таҳсилоти касбӣ дода мешавад, агар шаҳрванд сатҳи  таҳсилоти мазкурро бори аввал гирад. Хонандагони ятим метавонанд касби дуюми  таҳсилоти ибтидоии касбиро бепул гиранд.
Ба шаҳрвавдони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби озодонаи муассисаи таълимӣ, инчунин шаклҳои гирифтани  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ кафолат дода мешавад.
 
Моддаи 5. Оинномаи муассисаи таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Оинномаи муассисаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Маҷлиси умумии муҳандисону педагогҳои муассисаи таълими қабул ва аз xониби муассис тасдиқ карда мешавад.
Дар оинномаи муассиаи таълими бо тартиби ҳатмӣ: ном, маҳалли xойгиршавӣ (суроuаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ), вазъи ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, муассис, шакли ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, мақсадҳои раванди таълим, навъ ва намудҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ, сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоxагии муассисаи таълимӣ ва тартиби идораи муассисаи таълими нишон дода мешаванд.
Он қисмати оинномаи муассисаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидааст, аз тарафи муассисаи таълими мустақилона таҳия гардида, аз xониби муассис тасдиқ карда мешавад.
Ҳангоми зарурати танзими самтҳои фаъолияти дар моддаи мазкур зикргардидаи муассисаи таълими тавассути санадҳои дигари дохилии онҳо ҳамчун илова ба оинномаи муассисаи таълими бояд ба қайд гирифта шаванд.
Санадҳои дохилии муассисаи таълими мухолифи оинномаи он буда наметавонанд.
         
        Моддаи 51. Забони таҳсил
Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
БОБИ 2
НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӣ
 
Моддаи 6. Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборат аст:
— стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
— барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
— муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста  аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият;
  — мақомоти идораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои (хоҷагиҳои таълимӣ- таҷрибавии) тобеи онҳо;
  — хонандагон, падару модари онҳо, омўзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№868)
 
 
Моддаи 7. Сохтори низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии зерин таъсис дода мешаванд:
— литсейҳои касбӣ-техникӣ;
— литсейҳои касбӣ;
— литсейҳои махсуси касбӣ;
— комбинатҳои таълимӣ-истеҳсолӣ;
— марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуѓли аҳолӣ;
— марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ;
      — марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо.
(ҚҶТ аз 3.07.12с.№868)
 
Моддаи 8. Стандартҳои давлатии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ карда мешавад.
Стандартҳои давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ иборатанд аз:
— талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ;
— талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мундариxаи барномаҳои асосии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ, ба шартҳои татбиқи онҳо, аттестатсияи xамъбастии ҳатмкунандагон ва сатҳи омодагии онҳо мутобиқи ҳар як касб;
— мeҳлатҳои аз худ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
— ҳаxми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии таълимгирандагон.
 
Моддаи 9. Барномаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Барномаҳои таълимии зерини  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ муттасил ва зина ба зина татбиқ карда мешаванд:
— барномаи ягонаи якxояшудаи  таҳсилоти умумӣ ва касбӣ дар заминаи  таҳсилоти асосии умумӣ (синфи 9) бо мeҳлати таҳсил то 3 сол;
—  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи  таҳсилоти асосии умумӣ (синфи 9) бидуни гирифтани  таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ бо мeҳлати таҳсили 1 — 2 сол;
—  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи  таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ (синфи 11) бо мeҳлати таҳсил то 2 сол;
— тайёрии касбӣ,  таҳсилоти иловагии касбӣ, аз Ҷумла бозомузӣ ва такмили ихтисос бо мeҳлати таҳсили то 1 сол.
Барномаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонанд зина ба зина сохта шаванд.
Баробари ба охир расидани ҳар як зина имтиҳоноти хатмкунӣ пешбинӣ шудааст, ки супоридани онҳо ба хонанда ҳуқуқ медиҳад, ҳуxxати намунаи давлатиро гирад ва тибқи тахассусӣ дар давраи таҳсили ҳар як зина гирифтааш кор кунад.
Бо хоҳиши худ хонанда метавонад таҳсилро дар зинаҳои минбаъда идома диҳад. Дар ҳар як зинаи минбаъдаи таҳсил хонанда донишҳои махсус, маҳорату малакаи сатҳи нисбатан баландтари касб ва тахассусро соҳиб мешавад. Ихтисори мeҳлатҳои таълим аз рeи зинаҳо низ иxозат дода мешавад.
Шахсони соҳиби ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро азхуднамуда ҳуқуқ доранд дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар асоси барномаҳои кўтоҳмуддат мувофиқ ба самти тайёрии касбӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№868)
 
Моддаи 10. Шаклҳои гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Хонандагон барномаҳои касбии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро метавонанд дар шаклҳои рeзона, шабона, uоибона ва экстернат аз худ намоянд. Ба якxоя кардани шаклҳои гуногуни гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва бозомeзии касбӣ иxозат дода мешавад.
         Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии 
   таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ба таври ройгон сурат          
   мегирад.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ илова ба фармоиши давлатӣ метавонанд хонандагонро бо тариқи шартнома  қабул намоянд.
Номгeи касбҳое, ки аз рeи онҳо гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иxозат дода намешавад, аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ҳамаи шаклҳои гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рeи барномаи мушаххаси таълимӣ бояд дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ анxом дода шаванд.
Шахсоне, ки дар муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил намуда, онҳоро бомуваффақият хатм намудаанд, барои аттестатсияи байнифосилавӣ ва xамъбастӣ дар муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ дошта бо шартҳои экстернат ҳуқуқ доранд.
Ба шахсоне, ки таҳсилро тибқи барномаҳои таълимии касбии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ хатм намудаанд ва аз аттестатсияи xамъбастӣ гузаштаанд, дар хусуси сатҳи дахлдори таҳсил ҳуxxатҳои намунаи давлатии дорои нишонаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
 
  Моддаи 11. Таълим ва бозомўзии касбии шаҳрвандони бешуѓл ва 
   калонсол
Таълим ва бозомўзии касбии шаҳрвандони бешуѓл ва калонсол дар литсейҳои касбӣ, марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуѓли аҳолӣ ва марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ бо тариқи ташкили курсҳои кўтоҳмуддат вобаста ба талаботи бозори меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№868)
 
 
Моддаи 12. Намудҳо ва категорияҳои муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Таҳсилоти ибтидоии касбиро дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё дар муассисаҳои дигари таълимӣ, гирифтан мумкин аст.
Ба муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ инҳо мансуб мебошанд:
— литсейҳои касбӣ, ки дар онҳо барномаҳои касбии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбии таъминкунандаи ба даст овардани касбу тахассусе, ки барои фаъолияти мустақилонаи меҳнатӣ кифояанд, амалӣ карда мешаванд. Литсейҳои касбӣ намуди асосии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба ҳисоб мераванд;
— марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуѓли аҳолӣ, комбинатҳои таълимию дарсомeзӣ, марказҳои таълимию истеҳсолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии сатҳи мазкур, ки дар онҳо тайёрии касбӣ, бозомeзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои коргарӣ, малакаҳои меҳнатии иxрои корҳои муайян ё гурeҳи корҳоро зуд аз худ намудани таълимгиранда анxом дода мешавад ва баланд намудани сатҳи таълимиро пешбинӣ намекунад;
— маркази таълимии иxтимоию соҳибкорӣ — корхонаи воҳид (корҳонаи давлатии дорои ҳуқуқҳои пешбурди хоxагидорӣ), ташкил ва таҳияи барномаҳоро оиди мутобиқшавии аҳолӣ ба бозори меҳнат, мусоидат кардан ба шуuл тавассути раҳнамоии касбӣ, таълим ва бозомeзии аҳолиро амалӣ намуда, фаъолияти худро дар асоси тиxорат ба сифати объекти мустақили хоxагидор иxро менамояд.
Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таҳсил ва таълим эҳтиёx доранд, муассисаҳои махсуси  таҳсилоти ибтидоии касбӣ – литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд. Муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ давлатӣ ва uайридавлатӣ шуда метавонанд.
 
Моддаи 13. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Муассисаҳои давлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори он бо тартиби дархост ва бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, аз нав ташкил карда ва барҳам дода мешаванд.
Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбии uайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.
 
  Моддаи 14. Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо
Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 
 
Моддаи 15. Идоракунии муассисаи таълимии   таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Муассисаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ дар асоси таносуби принсипҳои яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ идора карда мешавад.
Муассисаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ раванди таълим, интихоб ва xобаxогузории кадрҳо, фаъолияти молиявию хоxагӣ ва uайраро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амалӣ менамояд.
Фаъолияти муассисаҳои таълимии uайридавлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар қисмати риояи стандартҳои давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдори он танзим карда мешавад.
 
БОБИ 3
СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ   ТАҲСИЛОТИ  ИБТИДОИИ КАСБӣ, ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
 
Моддаи 16. Хонандагони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Хонандагони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне мебошанд, ки бо тартиби муқарраргардида барои таҳсил ба муассисаи таълимӣ қабул гардидаанд.
Хонандагон дар давраи таҳсил ба таъминоти моддӣ аз рeи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Ба хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ овардан ва истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 26.03.09, №491)
Ба хонандагон бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан манъ аст. Хонандагоне, ки бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ меоянд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17с. №1463)
Давраи таҳсили хонандагон дар муасиссаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбии шакли рeзона ба собиқаи умумии корӣ ва муттассили меҳнатӣ дохил мешавад.
 
Моддаи 17. Кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ ва талабот нисбати онҳо
Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ инҳо дохил мешаванд: маъмурият, омeзгорон, устоҳои калон, устоҳои (инструкторҳои) таълими истеҳсолӣ, мураббиён, методистҳо ва дигар кормандоне, ки раванди таълим ва тарбияро амалӣ менамоянд.
Дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фаъолияти муҳандисию педагогӣ он шахсоне машuул шуда метавонанд, ки дорои  таҳсилоти  миёнаи касбӣ ё  таҳсилоти олии касбӣ, малакаҳои зарурии касбӣ ва тахассус аз рeи ихтисос, тайёрии амалии касбӣ бошанд; инчунин шахсоне, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт таxрибаи кории истеҳсолӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд.
Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 26.03.09, №491)
Муносибатҳои меҳнатии кормандони муҳандисию педагогӣ тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ танзим карда мешаванд. Муқаррароти шартнома (қарордод) бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Давлат барои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ на камтар аз як маротиба дар панx сол такмили ихтисоси бепулро кафолат медиҳад.
Такмили ихтисоси кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои ѓайридавлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби маблаѓҳои муассис (муассисон) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Такмили тахассуси кормандони муҳандисию педагогӣ метавонад инчунин тибқи шартномаҳои басташудаи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо донишкадаҳои такмили ихтисос, муассисаҳои олии таълимӣ ва ташкилот ё муассисаҳои илмӣ аз ҳисоби маблаuи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ анxом дода шавад.
Талабот ба кормандони муҳандисию педагогӣ ба воситаи тавсифномаҳои тахассуси, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад.
Бо мақсади такмили фаъолияти муҳандисию педагогӣ, интихоб ва xобаxогузории кадрҳо, таъмини мутобиқати онҳо бо вазифаи ишuолкардаашон, ҳавасмандгардонии рушди сатҳи касбӣ, такмили сифат ва самаранокии кор, мунтазам дар панx сол як маротиба аттестатсияи кормандони низоми  таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад.
Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Ба фаъолияти муҳандисию педагогӣ дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне роҳ дода намешаванд, ки ба онҳо ин фаъолият бо ҳукми суд ё бо нишондодҳои тиббие, ки номгeи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, манъ карда шудааст.
 
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои иштирок дар идораи муассисаи таълимӣ, ҳифзи шаъну эътибори касбии худ, таъмини шароити зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили тахассус бо тартиби муқарраргардида, ташаббуси педагогӣ ва паҳн намудани таxрибаи худ, интихоби озодонаи шаклҳо, усулҳо ва тарзҳои самараноки таълим ҳуқуқ доранд.
Ҳангоми иxрои eҳдадориҳои касбӣ, кормандони муҳандисию педагогӣ барои интихоби озоди истифодаи усули таълиму тарбия, дастурҳои таълимӣ, маводҳо, китобҳо ва усулҳои баҳодиҳии дониши хонандагон ҳуқуқ доранд.
Сарбории таълимии корманди муҳандисию педагогии муассисаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ нишон дода шудааст, бо ҳадди ниҳоии муайяннамудаи шакл ва намуди дахлдори муассиса маҳдуд карда мешавад.
Eҳдадориҳои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:
таъмини татбиқи сифатноки стандарти давлатии таълим, ташаккули сифатҳои ахлоқию эстетикӣ ва шаҳрвандӣ;
таъмини аз худ намудан ва иxрои барномаҳои таълимӣ дар сатҳи ҳатмии талаботи давлатӣ аз тарафи хонандагон;
риояи одоб ва ахлоқи педагогӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъни хонандагон;
ҳифзи хонандагон аз шаклҳои гуногуни зўроварии ҷисмонию равонӣ, амалӣ намудани корҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии истеъмоли  воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машрубот.
 
БОБИ 4
 ТАҲСИЛОТИ  ИБТИДОИИ КАСБИИ ШАХСОНЕ, КИ БО ҲИФЗИ МАХСУСИ ИXТИМОӣ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД
 
Моддаи 19. Категорияи шахсоне, ки бо ҳифзи махсуси иxтимоӣ таъмин карда мешаванд
Ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо ҳифзи махсуси иxтимоӣ таъмин карда мешавад, инҳо дохил мешаванд:
— маъюбон, ятимон ва ноболиuоне, ки бе сарпарастии падару модар мондаанд;
— хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ;
— хонандагони муассисаҳои таълимии касбии соҳаи ҳифзи иxтимоӣ;
— муҳоxирони иxборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд.
 
Моддаи 20. Таъмини таҳсили маъюбон
Давлат ба маъюбони модарзод, шахсоне, ки дар натиxаи ярадоршавӣ ва xароҳатҳо маъюб гардидаанд, мутобиқи хоҳиши онҳо ва тавсияномаҳои меҳнатии комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) ҳуқуқҳои имтиёзнокро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои омeхтани касбҳо кафолат медиҳад.
 
Моддаи 21. Таъмини ҳуқуқи ятимон, ноболиuони бе сарпарастии падару модар монда ва муҳоxирони иxборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳсил менамоянд
Давлат ба ятимон, ноболиuони бе сарпарастии падару модар монда ва муҳоxирони иxборӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои давлатии таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ ҳуқуқҳои имтиёзнок медиҳад.
Дар давраи таҳсил дар муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ давлат хароxоти иловагиро барои таълим ва таъмини онҳо ба зимма мегирад.
 
Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ
Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таълимӣ эҳтиёx доранд, литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд.
Давлат мутобиқи ихтисоси литсейҳои махсуси касбӣ ба хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ ҳуқуқи идома додани  таҳсилоти умумӣ ё таълими касбиро кафолат медиҳад.
Шахсоне, ки дар муассисаҳои махсуси ибтидоии касбӣ ба гирифтани  таҳсилоти касбӣ фурсат наёфтаанд, барои давом додани таҳсил дар курси дахлдори муассисаҳои давлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 23. Таълими наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи xисмонӣ ва кeдакони маъюб                                          
Барои таълим, тарбия ва табобати наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи xисмонӣ ва кeдакони маъюб литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд.
Хонандагони муассисахои махсуси давлатии таълимӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд.
 
БОБИ 5
ИДОРАИ НИЗОМИ   ТАҲСИЛОТИ  ИБТИДОИИ КАСБӣ
 
Моддаи 24. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дохил мешаванд:
— муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
— маблаѓгузории рушди соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ;
— муқаррар намудани тартиби аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
— таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки татбиқи низоми таҳсилоти ибтидоии касбиро таъмин мекунанд;
— тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
— тасдиқи феҳристи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
— муайян ва тасдиқ намудани тавсифномаҳои тахассусии талабот ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
— муқаррар намудани номгўи касбҳое, ки аз рўи онҳо гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№868)
 
 
Моддаи 241. Ваколатҳои мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ:
— сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ амалӣ мегардонанд;
— роҳбарии соҳаро таъмин мекунанд;
— раванди таълимро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорат мекунанд;
— нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва тасдиқ менамоянд;
— қоидаҳои қабули хонандагонро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия ва тасдиқ менамоянд;
— санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро дар доираи ваколатҳояшон қабул менамоянд. (ҚҶТ аз 3.07.12с.№868)
 
Моддаи 25. Назорати давлатии сифати  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Назорати давлатии сифати  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, истифодаи дурусти маблаuҳои буxети давлатӣ, ки барои маблаuгузории муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ xудо шудаанд, равона карда мешавад.
Назорати давлатии сифати  таҳсилоти  ибтидоии касбиро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа тибқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом медиҳад.
 
БОБИ 6
МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӣ ДАР СОҲАИ  ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӣ
 
Моддаи 26. Маблаuгузории муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Тартиби умумии маблаuгузории муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Манбаи асосии маблаuгузории фаъолияти таълимию истеҳсолӣ ва хоxагӣ, рушди иxтимоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ маблаuҳои буxети давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин дигар манбаъҳо мебошанд.
Маблаuгузории муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад бо маблаuҳои зерини uайрибуxетӣ пурра карда шавад:
— даромади фаъолияти истеҳсолӣ;
— хизматрасонии таълимии пулакӣ;
— маблаuи корфармоён;
— маблаuи мақомоти давлатии шуuли аҳолӣ;
— маблаuи сарпарастон;
— маблаuи шахсии хонандагон ва падару модари онҳо;
          — маблаѓҳои эҳсонкорӣ;
 — дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои uайридавлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад мутобиқи меъёрҳои давлатӣ аз лаҳзаи аккредитатсияи давлатӣ гирифтан ва ҳангоми мавxуд будани супориши давлатӣ xиҳати тайёр намудани кадрҳо аз буxети давлатӣ маблаuгузорӣ карда шавад.
Маблаuгузории тайёрии касбӣ, бозомeзӣ ва такмили ихтисоси коргарон, хизматчиён ва шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблаuи корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои манфиатдор, инчунин аз ҳисоби маблаuи мақомоти давлатии шуuли аҳолӣ анxом дода мешавад.
 
Моддаи 27. Хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳуқуқ доранд ба аҳолӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ба таври шартномавӣ (пулакӣ) ва хизматрасонии иловагии таълимро аз рeи барномаҳои иловагии таҳсил, дарсомeзи дар курсҳои махсус ва силсилаи фанҳо, репетитори, машuулиятҳо бо хонандагон ба омeзиши амиқи касбҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки барномаҳои дахлдор ва стандартҳои таълимии давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ намекунанд, расонанд.
Муассисаҳои таълимии uайридавлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд, ки аз хонандагон барои хизматрасониҳои таълимӣ, аз Ҷумла барои таҳсил дар доираи стандартҳои давлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ маблаu рeёнанд, ки он ҳамчун соҳибкорӣ баррасӣ намешавад, агар даромади аз он ба даст оварда шуда, барои xуброни хароxоти таъмини раванди таълим, аз Ҷумла барои музди меҳнат, инкишоф ва такмилӣ он дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ равона гардида бошад.
Муносибати муассисаи uайридавлатии таълимӣ ва таълимгиранда, падару модари он  (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба воситаи шартнома, ки сатҳи таълим, мeҳлати таҳсил, ҳаxми пардохти таҳсил ва дигар шароитҳоро муайян мекунад, танзим карда мешавад.
Хизматрасонии таълимии шартномавӣ (пулакӣ) наметавонад ба xои фаъолияти таълимӣ, ки аз ҳисоби буxети давлатӣ маблаuгузорӣ мешавад, амалӣ гардад.
 
БОБИ 7
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориxӣ
Муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳуқуқ доранд дар соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ робитаҳои байналмилалиро анxом диҳанд.
 
Моддаи 29. Xавобгарӣ барои вайрои кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ вайрон менамоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
 
 
         Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                         Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  22 апрели соли 2003                                                         
№21                                
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди кабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории xорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  5 марти соли 2003
№810
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.193)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М.УБАЙДУЛЛОЕВ                           
ш. Душанбе  7 апрели соли 2003
№ 378

Илова кунед