Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»

02 Декабр 2002, Душанбе

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
—    дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони                                                                                                 С. ХАЙРУЛЛОЕВ
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе  15 майи соли 2002
№631
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»
 
Маҷлиси милии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҳифзи иттилоот» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  12 ноябри соли 2002
№334
 
 
 
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи ҳифзи иттилоот
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №11, мод. 696; соли 2005, №12, мод.646)
 
Қонуни мазкур принсипҳои асосии таъмини ҳифзи иттилоот ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии дар ин соҳа ба вуxуд омадаро муқаррар менамояд.
 
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мақсадҳои ҳифзи иттилоот
Ба мақсадхои  ҳифзи иттилоот мансубанд:
  • пешгирӣ намудани ихроxӣ, дуздӣ, гумшавӣ, ғалат маънидодкунӣ, нусхабардорӣ ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот;
  • пешгирӣ намудани амалиётҳои беиxозат оиди нобудсозӣ, тағйирдиҳи, ғалат маънидодкунӣ, нусхабардорӣ ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот;
  • пешгирӣ намудани  амалиётхои боиxозат ва беиxозат, ки боиси қасдан ё бидуни қасд нобудсозӣ, бастани роҳи пахншавӣ, ғалат маънидодкунӣ (сохтакорӣ), дуздӣ, нусхабардорӣ, ихроxӣ, дигаргунишавӣ ва тағйиребии иттилоот гардиданаш мумкин аст.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зайл истифода бурда мешаванд:
  • таъмини техникии системаҳои иттилоотӣ- маxмeи воситаҳои техникие, ки барои кори системаи иттилоотӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин ҳуxxатнокгардонии дахлдори ин воситаҳо ва равандҳои технологӣ;
  • таъмини барномавии системаҳои иттилоотӣ – маxмeи барномаҳо барои татбиқи мақсадҳо ва вазифаҳои системаи иттилоотӣ, инчунин барои мeътадил кор кардани маxмeи воситаҳои техникӣ;
  • ҳифзи иттилоот – маxмeи чорабиниҳо, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ихроxӣ, дуздӣ, гумкунӣ, нобудсозии беиxозат, ғалат маънидодкунӣ, тагйирдихӣ (сохтакорӣ), нусхабардории беиxозат ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот  гузаронида мешаванд;
  • самаранокии ҳифзи иттилоот – дараxаи мутобиқати натиxаҳои ба даст омадаи амалҳо оиди ҳифзи иттилоот ба мақсадҳои ҳифз;
  • назорати самаранокии ҳифзи иттилоот – санxиши мутобиқати самаранокии чорабиниҳои ҳифзи иттилоот ба талаботҳои муқарраршуда ё меъёрҳои самаранокии ҳифз;
  • бехатарии иттилоот – ҳолати ҳимояшавии иттилоотӣ дар системаҳои иттилоотӣ кор карда баромада шуда аз таҳдиди дохилӣ ё берунӣ;
  • хориxшавии иттилоот – паҳнкунии  назоратнашавандаи иттилооти ҳифзшаванда дар натиxаи дастрасшавии беиxозат;
  • дастрасшавии беиxозат – ба даст овардани иттилооти ҳифзшаванда аз тарафи субъекти манфиатдор бо вайронкунии ҳуқуқ ё қоидаҳои дастрасшавии иттилооти ҳифзшаванда, ки хуxxатҳои ҳуқуқи ё молики (соҳиби) иттилоот муқаррар кардаанд;
  • фошкунии иттилооти ҳифзшаванда – беиxозат расонидани иттилооти ҳифзшаванда ба истеъмолкунандагоне, ки ҳуқуқи дастрас кардани ин иттилоотро надоранд;
  • тағйирдиҳии иттилоот – дигаргун сохтани иттилоот, ки иxозати муаллиф ё молики иттилоотро талаб менамояд;
  • аз нав сохтани иттилоот – тағйир додани иттилоот дар натиxаи амалиёти аз тарафи система ё технологияи иттилоотӣ амрномадодашуда;
  • ғалат маънидодкунӣ ва сохтакории итилоот – тағйир додани иттилоот дар натиxаи амалиётҳои гузаронидашуда оид ба махфидорӣ, рафъсозӣ, иваз ё дохил намудани ягон хел унсурҳои иттилоот дар сатҳи синтаксисӣ, семантикӣ ё прагматикӣ;
  • бастани роҳи паҳншавии иттилоот  — амалиёте, ки натиxаи он қатъ шудани дастрасии иттилоот мебошад;
  • нобудсозии иттилоот – ин амали барқасдона ё беэҳтиётона мебошад, ки дар натиxаи он мавxудияти иттилоот барои шахси ҳуқуқӣ  ё воқеӣ дар ҳаxми пурра ё маҳдуд қатъ мегардад;
  • сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот – раванди муқаррар намудани мутобиқати воситаҳои истифодашавандаи ҳифзи иттилоот ба талаботи  стандартҳои давлатӣ ё хуxxатҳои дигари меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи иттилоот.
 
Моддаи 3. Қонунгузорӣ оид ба ҳифзи иттилоот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи иттилоот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст иборат аст.
 
Моддаи 4. Воситаҳои ҳифзи иттилоот
Ба воситаҳои ҳифзи иттилоот мансубанд:
  • ташкилӣ;
  • техникӣ;
  • барномавӣ;
  • дастгоҳӣ;
  • xисмонӣ;
  • криптографӣ.
 
Моддаи 5. Объекти ҳифз
Объекти ҳифз иттилооти хуxxатнокгардидае мебошад, ки нисбати он қоидаҳои муайян ва истифодаи маҳдуди он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи доранда ё молики чунин иттилоот муқаррар карда шудаанд.
 
Моддаи 6. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот
Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот давлат дар шахси мақомоти идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи муқарар намудани қоидаҳои муайян ва тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин маҳдудиятҳоро ҳангоми кор бо иттилоот доранд.
 
Моддаи 7. Кафолати ҳифзи ҳуқуқӣ
Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот барои муҳофизат аз зарари дар натиxаи амалиётхои қонунӣ ё ғайриқонунӣ расонидашуда, ки сабаби нобудшавӣ, бастани рохи пахншавӣ, ғалат маънидодкунӣ (сохтакорӣ), дуздӣ, нусхабардорӣ, хориxшавӣ, тағйирёбӣ, дигаргун шудани иттилоот гардидаанд, инчунин ҳангоми вайронкунии ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқи доранда ё молики иттилоот бо тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 8. Ба танзим даровардани муносибатҳои байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот
Муносибатҳои байни субъектҳои ҳуқуқӣ ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки категорияҳои иттилоотро аз рeи дараxаи дастраси ба он муайян менамоянд, тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин бо шартномаҳо ва созишномаҳое, ки байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ баста шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.
Субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ eҳдадоранд якдигарро оиди хусусиятҳо, усулҳо ва шаклҳои коркарди иттилоот, ҳифзи он хабардор намоянд ва розигии молик ё дорандаи иттилоотро оиди коркарди он гиранд.
 
БОБИ II. ТАШКИЛИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ
 
Моддаи 9. Танзим ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот
Мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иттилоотро бо роҳҳои зерин идора мекунад:
  • гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ оид ба ҳифзи иттилоот;
  • таҳияи консепсияҳо, талабот, асноди меъёрии техникӣ ва тавсияҳои илмию методии ҳифзи иттилоот;
  • тасдиқ намудани тартиби ташкил, фаъолият ва назорати иxрои тадбирҳои ҳифзи иттилооте, ки моликияти давлат аст, инчунин тавсияҳо оид ба ҳифзи иттилооте, ки моликияти шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад;
  • ташкили озмоиш ва сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;
  • таъсиси сохторҳои идоравӣ ва соҳавии ҳамоҳангсоз xиҳати ҳифзи иттилоот;
  • гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомот, марказу лабораторияҳои сертификатсионӣ, додани иxозатнома дар соҳаи ҳифзи иттилоот;
  • анxом додани назорати иxрои корҳо оиди ташкили ҳифзи иттилоот;
  • муайян намудани тартиби ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориxӣ дастрас будани иттилооте, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки нисбат ба паҳн намудан ва истифодаи он аз xониби давлат маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд.
Вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ҳалли масъалаҳои  ҳифзи иттилоотро дар доираи салоҳияти худ таъмин мекунанд.
 
Моддаи 10. Иxозатномадиҳии (литсензиякунонии)  фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот
 Иљозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот тибќи   Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иљозатномадиҳї ба баъзе намудҳои фаъолият» анљом дода мешавад.
 
Моддаи 11. Умури ҳифзи иттилоот
Дар муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ мумкин аст воҳидҳо, умурҳое ташкил карда шаванд, ки кори вобаста ба ҳифзи иттилоот, дастгирии сатҳи ҳифзи иттилоотро ташкил менамоянд ва барои самаранокии ҳифзи иттилоот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур масъул мебошанд.
 
Моддаи 12. Маблағгузории корҳо
Корҳои марбут ба иxрои талаботи иловагӣ оид ба ҳифзи иттилоот, ки аз шакли сертификатсионӣ фарқ дорад, аз xониби ашхоси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки онҳоро муайян намудаанд ва ё дар асоси шартнома маблағгузори карда мешаванд.
 
БОБИ III. ТАЛАБОТИ УМУМӣ БА ҲИФЗИ ИТТИЛООТ
 
Моддаи 13. Таъмини ҳифзи иттилоот
Ҳифзи иттилоот бо роҳҳои зайл таъмин карда мешаванд:
  • аз тарафи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ риоя намудани меъёрҳо, талабот ва қоидаҳои хусусияти ташкилӣ ва техникидошта оиди ҳифзи иттилоот;
  • истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор, таъмини барномавӣ ва дастгоҳӣ ва умуман воситаҳои ҳифз, ки ба талаботи муқарраршуда оиди ҳифзи иттилоот xавобгe мебошанд;
  • ба xо овардани назорати ҳифзи иттилоот.
 
Моддаи 14. Муқаррар намудани талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот
Талаботу қоидаҳои ҳифзи иттилоот, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооте, ки ҳифзи он аз тарафи давлат кафолат дода шудааст, аз тарафи мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои коркарди иттилоот бо тартиби мукаррарнамудаи низомномаи дахлдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ба xо оварда мешавад.
Ин талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот барои ҳамаи субъектҳои ин муносибатҳо ҳатмӣ мебошанд.
 
Моддаи 15. Вазифаҳои мақомоти давлатӣ оид ба сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот
Воситаҳои ҳифзи иттилоот бояд сертификати мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистонро дошта бошад.
Дар рафти сертификатсияи воситаҳои ҳифз санxиши (аттестатсияи) онҳо низ гузаронида мешавад.
Молики иттилоот ҳуқуқ дорад ба мақомоти сертификатсия бо дархост оиди гузаронидани санxиши воситаҳои ҳифз ва гирифтани хулосаҳои дахлдор муроxиат намояд.
Таъсис ва мутобиқати системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро оид ба талаботи бехатарии иттилоот мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад, ки он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот оид ба талаботи бехатарии иттилоот, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудаст, фаъолият мекунад.
Мақоми давлатие, ки сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро ба xо меорад, иxрои вазифаҳои зайлро таъмин менамояд:
  • ташкил ва мутобиқ кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба талаботи бехатарии иттилоот;
  • ташкил ва кор кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;
  • муайян намудани феҳристи воситаҳои ҳифз, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд;
  • муқаррар намудани қоидаҳои ваколатдоршавӣ барои гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия;
  • таҳия ва тасдиқи ҳуxатҳои меъёрӣ ва методии системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ;
  • тартиб додани рeйхати давлатии иштирокчиён ва объектҳои сертификатсия;
  • ба xо овардани назорати давлатӣ (аз Ҷумла бозрасӣ) барои риоя намудани қоидаҳои сертификатсия ва воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот;
  • баррасии шикоятҳо оид ба масъалаҳои сертификатсия;
  • ташкили нашри давравии маълумотҳо оиди системаи сертификатсия, талабот ва қоидаҳои он, бо нишон додани феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бо параметрҳои сертификатсияшавандаи онҳо бояд сертификатсия карда шаванд, феҳристи мақомот оиди сертификатсияи намудҳои муайяни воситаҳои ҳифзи иттилоот, феҳристи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ, феҳристи ҳуxxатҳои меъёрӣ ба мутобиқати талаботҳое, ки аз рeи онҳо сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот гузаронида мешавад ва ҳуxxатҳои методӣ оиди гузаронидани озмоишҳои сертификатсионӣ;
  • мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти сертификатсия ва мақомоти озмоишӣ (лабораторияҳо), ки ба системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот дохиланд.
Системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот бо талаботи бехатарии  иттилоот аттестатсияи объектҳои иттилоотониро бо талаботи бехатарии иттилоот низ дар бар мегирад ва бояд бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.
 
Моддаи 16. Сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот
Таҳти мафҳуми объектҳои иттилоотонӣ, ки бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсия мешаванд, системаҳои автоматии (АС) сатҳҳои гуногун ва таъинотҳо, системаҳои алоқа, тасвир ва нусхабардории ҳуxxатҳо дар якxоягӣ бо биноҳое, ки дар онҳо гузошта шудаанд, иттилооти барои коркард ва додан пешбинишудае, ки бояд ҳифз карда шаванд, инчунин худи биноҳо, ки барои бурдани гуфтугeҳои махфӣ пешбинӣ гардидаанд, фаҳмида мешавад.
Мавриди сертификатсияи ҳатмӣ воситаҳо, аз Ҷумла истеҳсоли хориxӣ, ки барои ҳифзи иттилоот таъин шудаанд ва сирри давлатиро ташкил менамоянд, инчунин дигар иттилоот бо маҳдудияти дастрасӣ, инчунин воситаҳое, ки дар идораи объектҳои аз xиҳати экологӣ хатарнок истифода мешаванд, қарор мегиранд.Феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз тарафи мақомоти давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, кор карда баромада ва тасдиқ карда мешавад.Дар ҳолатҳои боқимонда сертификатсия хусусияти ихтиёрӣ (сертификатсияи ихтиёрӣ) дорад ва бо ташаббуси таҳиягар, тайёркунанда ё истифодабарандаи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба xо оварда мешавад.
Озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилоот аз тарафи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишии ваколатдор дар базаи моддию техникии онҳо ё бо мувофиқа бо мақоми давлатие, ки системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ мекунад, дар базаи аризадиҳанда гузаронида мешавад.
Асоси гузаронидани корҳо ба сертификатсияи шартномаи байни иштирокчиёни сертификатсия мебошад.
Хароxоти гузаронидани сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба арзиши аслии он дохил карда мешавад.
Қарори боздоштан ё бекор кардани амали сертификат ва шаҳодатномаи ваколатдориро мақоми давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, қабул мекунад.
Мақомоте, ки фаъолиятро оиди сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба амал мебароранд ва марказҳои (лабараторияҳои) озмоишӣ барои иxрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда,таъмини нигоҳдории сирри давлатӣ, дигар маълумотҳои махфӣ, инчунин барои риояи ҳуқуқҳои муаллифии аризадиҳандагон ҳангоми озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилооти онҳо xавобгар мебошанд.
Дар бораи амалҳои гайриқонунии мақомоти сертификатсияи мумкин аст ба тариқи судӣ шикоят карда шавад.
 
БОБИ IV. ФАЪОЛИЯТИ  БАЙНАЛМИЛАЛӣ  ДАР  CОҲАИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ
 
Моддаи 17. Ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи иттилоот
Бо мақсади таъмини ҳамкории байнидавлатӣ, мақомоти давлатии аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда кори худро оиди ҳифзи иттилоот бо мақомоти ҳифзи иттилооти дигар давлатҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамоҳанг месозанд.
 
БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 18. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Барои вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур xавобгарӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Товони зарари расонидашуда дар ҳаxми пуррааш бо роҳи ихтиёрӣ ё бо тартиби судӣ рeёнида мешавад.
 
Моддаи 19. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз нашри расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                       Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 2 декабри соли2002
№71

Илова кунед