Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

02 Декабр 2002, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2002, №11, мод. 681; соли 2007, №7, мод. 686; соли 2010, №1, мод.7)
 
Қонуни мазкур принсипҳои умумӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатии молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Он барои таъмини ташкили санxишу тафтиши воридот ва истифодаи самарабахши маблағҳои буxети давлатӣ, фондҳои давлатӣ, қарзҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти кафолати он xалб карда мешаванд, грантҳо, кумаки башардустона ва амволи давлатӣ дар шароити инкишофи муносибатҳои бозорӣ ва ташаккули бахши хусусӣ нигаронида шудааст.
 
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Қонунгузорӣ дар бораи назорати давлатии молиявӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати давлатии молиявӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
 
Моддаи 2. Вазифаҳои назорати давлатии молиявӣ
Вазифаҳои назорати давлатии молиявӣ аз инҳо иборатанд:
ташкил ва амалигардонии санxиш ва тафтиши иxрои қисми даромад ва хароxоти буxетҳои Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ аз рeи ҳаxм, сохтор ва таъиноти мақсаднок, инчунин самарабахшии маблағгузории давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ;
таҳлил намудани асоснокии қисмҳои даромад ва хароxоти лоиҳаи буxети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ;
назорати маблағгузории саривақтӣ ва пурраи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва иxтимоӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои аз буxети Ҷумҳуриявӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табий xудошаванда, ҳамчунин назорати тақсими кeмаки башардустона ва техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад;
назорати қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми таркибии захираҳои тиллою асъории давлат мебошанд;
санxиш ва тафтиши ҳаракати қонунӣ ва саривақтии маблағҳои буxети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ дар бонкҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои молиявию қарзӣ;
назорати истифодаи мақсадноки захираҳои қарзӣ ва сармоягузориҳои хориxӣ, ки аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз xониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон xалб карда мешаванд;
таҳлили камбудиҳои ошкоргардида дар нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи буxети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ва таҳияи пешниҳодҳое, ки ба рафъи онҳо нигаронида шудаанд;
тафтиш ва таҳлили фаъолияти мақомотҳое, ки вазифаҳои назорати молиявии дохилиидоравиро анxом медиҳанд;
назорати фаъолияти молиявию хоxагидории субъектҳои давлатии хоxагидорӣ, инчунин таъмини ҳифзи маблағҳои давлатӣ ва амволи давлатӣ аз xониби онҳо;
ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилоот ва хулосаҳо оид ба натиxаҳои корҳои таҳлилию назоратӣ ва дар бораи иxрои буxети давлатии соли сипаришуда, инчунин ҳисоботи xамъбастии солона оид ба натиxаҳои тафтиш ва санxишҳои анxом додашуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 3. Принсипҳои амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ
Назорати давлатии молиявӣ дар асоси принсипҳои қонуният, ҳаққоният, мустақилият ва ошкорбаёнӣ ба роҳ монда мешавад.
Назорати давлатии молиявӣ ба стандартҳои корҳои назоратию тафтишотие, ки дар амалияи байналмилалӣ истифода бурда мешаванд, асос меёбад.
 
БОБИ II. МАҚОМИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӣ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 4. Мақоми назорати давлатии молиявӣ
Бо мақсади амалї намудани назорати давлатии молиявӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти назорати давлатии молиявӣ, (минбаъд «Мақоми назорат»), таъсис дода мешавад, ки он мақоми асосии назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Низомнома, сохтор, теъдод ва фонди пардохти музди меҳнати Мақоми назоратро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Ҳангоми баррасии мавод оид ба натиxаи санxишу тафтишот, дар xаласаҳои Мақоми назорат ахборот, ҳисобот ва тавзеҳоти роҳбарон, шахсони мансабдори вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ шунида мешаванд.
 
Моддаи 5. Намудҳои фаъолияти назорати давлатии молиявӣ
Дар xараёни татбиқи вазифаҳои дар ин Қонун зикргардида ва мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти санxишию тафтишотӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар намудҳои фаъолият анxом дода шуда, системаи ягонаи назорати давлатии молиявӣ ба фаъоляти молиявию хоxагии субъектҳои хоxагидории давлатй, ташаккул ва иxрои буxети давлатӣ истифодаи амволи давлатӣ дар Ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад, ки он чунин намудҳои назоратро пешбинӣ менамояд:
— гузаронидани тафтишҳои комплексӣ ва санxишҳои мавзeӣ оид ба иxрои буxетҳои Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ, аз Ҷумла барои нигоҳ доштани мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии қарзи дохилӣ ва хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи кeмаки хориxие, ки аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо кафолати он гирифта мешавад, маблағгузории ташкилот ва муассисаҳои давлатии дар хориxа амалкунанда, инчунин истифода ва ҳифзи амволи давлатӣ;
— ташкили тафтишҳои комплексӣ ва санxишҳои мавзуии фаъолияти молиявию хоxагии субъектҳои хоxагидории давлатӣ;
— гузаронидани санxишҳои мавзeӣ оид ба масъалаҳои қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми захираҳои тиллою асъори давлат мебошад;
— доир намудани санxишҳо оиди хизматрасонии маблағҳои буxетҳои Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз xониби Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ ва тиxоратӣ;
— гузаронидани санxишҳо оид ба хизматрасонии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз xониби Бонки миллии Тоҷикистон;
— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти семоҳа оид ба натиxаҳои фаъолияти назоратӣ ва тадбирҳои нисбати онҳо андешидашуда.
 
Моддаи 6. Ташкил ва банақшагирии фаъолияти назоратӣ
Фаъолияти назоратӣ дар асоси нақшаҳои дусолаи тафтишотии комплексӣ ва нақшаҳои солонаи санxишҳои мавзeӣ, ки бинобар зарурати таъмини назорати системавии ҳаМаҷонибаи истифодаи воситаҳои давлатӣ ва амволи давлатӣ, бо назардошти ҳамаи самтҳои фаъолияти тафтишотӣ тартиб дода шудааст, созмон дода мешавад.
Банақшагирӣ дар асоси меъёрҳои техникию иқтисодӣ, стандартҳои назоратӣ ва тафтишотӣ, дастурҳои методӣ анxом дода мешавад. Нақшаи тафтишот ва санxишҳои мавзeӣ аз xониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Чорабиниҳои назоратии ғайринақшавӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ҳангоми дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рeи парвандаҳои xиноятии оғозгардида дар асоси фармони роҳбарияти Мақоми назорат гузаронида мешаванд.
Санҷиши мавзўии соҳибкорони инфиродї ва шахсони ҳуқуқии ѓайридавлатї оид ба гирифтан, гузаронидан ё истифодаи маблаѓҳои давлатї, фондҳои давлатї, қарзҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо кафолати ў ҷалбшаванда аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявї мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо оид ба ҳамин маблаѓҳо ба амал бароварда мешавад. Санҷиши фаъолияти шахсони ҳуқуқии давлатї бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.
 
БОБИ III. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ НАЗОРАТ
 
Моддаи 7. Доираи татбиқи ваколатҳои назоратии мақоми назорат
Барои иxрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, Мақоми назорат ҳуқуқ дорад, ки тафтишот ва санxишҳо доир намояд, инчунин самарабахшии истифодаи маблағҳо ва амволи давлатиро дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анxом диҳад.
Ваколатҳои назоратӣ ҳамчунин нисбати мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, агар онҳо маблағҳоро аз буxети давлатӣ гиранд, ба воситаи суратҳисобҳо гузаронанд ё истифода баранд, моликияти давлатиро истифода ё идора намоянд, татбиқ мегардад.
Тафтишот на зиёда аз як бор дар ду сол ва санxишҳои мавзeӣ мутобиқи нақшаи солонаи тасдиқгардида дар маҳалли xойгиршавии объекти тафтишшаванда дар асоси фармони роҳбарияти Мақоми назорат дар бораи гузаронидани тафтишот ё санxиш анxом дода мешавад.
Санxишҳои мавзeи дигар субъектҳои хоxагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар қисмати гирифтан, ба воситаи суратҳисобҳо гузарондан ё истифодаи маблағҳои буxети давлатӣ аз xониби онҳо, иxрои фармоиши давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ, дар ҳолатҳое гузаронида мешавад, ки ин санxишҳо бинобар зарурати доир намудани санxиши мутаққобила аз рeи далелҳои мушаххас ба миён омаданд.
Монеа ба фаъолияти кормандони Мақоми назорат дар доираи ваколатҳои додашуда, таъсиррасонӣ ба онҳо бо мақсади қабули қарор ба манфиати ин ё он тараф, амали зуроварӣ, ҳамxунин тeҳмат ё паҳн намудани маълумоти таҳрифшуда оид ба иxрои eҳдадориҳои хизматии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба xавобгарӣ кашидан мегарданд.
 
Моддаи 8. Пешниҳоди иттилоот бо дархости мақоми назорати давлатии молиявӣ
Ҳамаи мақоми Ҷумҳуриявй ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ вазифадоранд вобаста ба дархости Мақоми назорат оид ба тафтишоту санxишҳои гузаронидаистода иттилооти заруриро пешниҳод намоянд.
Бонкҳои ҳамаи сатҳҳо вазифадоранд дар хусуси ҳаракати маблағҳои пулии давлатӣ, тавассути ҳисобномаҳои мизоxон, сарфи назар аз шакли моликияташон, ба Мақоми назорат иттилооти зарурӣ пешниҳод намоянд.
Ҳангоми гузаронидани тафтишоту санxишҳо Мақоми назорат аз корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва бонкҳо тибқи Қонуни мазкур иттилоот ва нусхаи ҳуxxатҳоро мегирад. Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд тасдиқи ҳуxxатии амалиёти гузаронидашуда, маълумотномаҳо ва нусхаҳои ҳуxxатҳоро оид ба ин амалиётҳо ва ҳисобҳо, пешниҳод кунанд.
Рад намудан ва саркашии шахсони мансабдор ва алоҳидаи мақомоти дар боло зикргардида, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо аз пешниҳоди саривақтии иттилоот ё ҳуxxатҳои зарурӣ бо дархости Мақоми назорат, ҳамчунин дидаю дониста пешниҳод намудани иттилооти бардурeғ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба xавобгарӣ кашидан мегардад.
 
Моддаи 9. Тафтишҳои комплекс ва санxишхои мавзeӣ
Тафтишҳои комплексӣ ва санxишҳои мавзeӣ мутобиқи нақшаҳои тасдиқгардида дар мавқеи xойгиршавии объекти тафтишшаванда анxом дода мешавад.
Оид ба натиxаҳои тафтиш ва санxишҳои гузаронидашуда санад таҳия мегардад, ки дар он асос, мақсад, мавзeъ, объекти тафтишшаванда, номгeи ҳуxxатҳо ва объектҳои омухташуда, номгeи ҳуxxатҳои дастраснагардида, маълумот оид ба норасоиҳо, зиён ва зарари ошкоршуда, инчунин тавсияҳо оид ба андешидани тадбирҳо баҳри рафъи камбудиҳои ошкоргадида дарx карда мешаванд.
Роҳбари объекти тафтишшаванда дар мeҳлати се рeз вазифадор аст, ки бо санади тафтиш ё санxиш шинос шуда, ба он имзо гузорад. Ҳангоми бо камбудиҳои ошкоршудаи рафти тафтиш ва санxиш розӣ набудани шахси мансабдори масъул, санад бо зикри мавxудияти эродҳо ва ё эътироз имзо карда мешавад. Дар сурати аз xониби шахси мансабдор рад намудани шиносоӣ бо санад ё имзогузорӣ ба он, тафтишкунанда бояд бо зикри сана ва ҳолатҳои рад бо иштироки шоҳидон дар санад сабти дахлдор гузорад.
Ҳангоми гузаронидани тафтиш ё санxиш шахсони тафтишгар ба фаъолияти амалию хоxагии объекти тафтишшаванда набояд дахолат кунанд, инчунин хулосаҳои худро то анxоми тафтиш (санxиш) ва барасмиятдарории он дар шакли санад (хулоса) ошкор намоянд.
Маълумоте, ки ба тафтишгарон ва шахсони xалбшуда дар чараёни тафтиш ва санxиш дастрас гардидааст, набояд ба мақсадҳои шахси истифода бурда шавад.
 
Моддаи 10. Тафтиши иxрои буxети давлатӣ ва истифодаи фондҳои давлатӣ
Дар рафти иxрои буxети давлатӣ тафтиш ва таҳлили фаъолияти мақомоти андоз, гумрук, хазинадорӣ, молиявӣ, бонкӣ ва дигар мақомотҳои идоракунии давлатӣ xиҳати аз xониби онҳо пурра ва сари вақт таъмин намудани xамъоварии воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буxет, инчунин назорати хароxоти воқеии маблағҳои буxети анxом дода мешавад. Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи буҷети давлатӣ таҳлили онҳо гузаронида шуда, ҳангоми ошкор намудани камбудиҳо, барои рафъи онҳо пешниҳод ирсол карда мешавад. (ҚҶТ аз 12.01.2010с, №583).
Инчунин ташаккул ва истифодаи самарабахши маблағҳои фондҳои давлатӣ таҳти назорат қарор дода мешавад.
 
Моддаи 11. Назорати вазъи қарзи давлатии дохилӣ ва хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати вазъи қарзи давлатии дохилӣ ва хориxӣ ба таври зайл анxом дода мешавад:
идоракунӣ ва хизматрасонии қарзҳои давлатии дохилӣ ва хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
қонуни, мақсаднок ва самарбахш будани истифодаи қарзҳои хориxӣ, грантҳо, кeмакҳои башардустона ва техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад, инчунин қарзҳое, ки субъектҳои хоxагидорӣ бо кафолати давлат мегиранд;
додани қарзҳои давлатӣ ва кафолати давлатӣ, инчунин ба ихтиёри давлатҳо ва ташкилотҳои хориxӣ беподош додани воситаҳои давлатӣ.
 
Моддаи 12. Назорати хароxоти маблағҳо аз xониби намояндагиҳо ва муассисаҳое, ки дар хориxа фаъолият доранд
Назорати хароxоти маблағҳои давлатӣ дар ташкилотҳо, намояндагиҳо ва муассисаҳои давлатие, ки дар хориxа амал мекунанд ва аз буxети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, вобаста ба ҳаxм, таркиб, таъиноти мақсаднок ва мувофиқи матлаб будани хароxоти онҳо, анxом дода мешавад.
 
Моддаи 13. Назорати фаъолияти сармоягузорй
Фаъолияти мақомоти ҳокимияти идоракунӣ ва субъектҳои хоxагидории давлатӣ оиди мувофиқи мақсад истифода гардидани маблағҳое, ки барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, аз Ҷумла барои бунёд ва рушди корхонаҳои ғайридавлатӣ пешбинӣ шудаанд, назорат карда мешавад.
 
Моддаи 14. Тафтиши воридоти маблағҳо ба буxети давлатӣ аз ихтиёрдорӣ ва идоракунии моликияти давлатӣ ва истифодаи мақсадноки онҳо
Тафтиши воридоти маблағҳои буxети давлатӣ аз фаъолияти зайл бадастовардашуда ва истифодаи мақсадноки онҳо анxом дода мешавад:
— аз ихтиёрдорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ (аз Ҷумла хусусигардонӣ, фурeхтан ё иxораи он), даромадҳо аз дивиденди саҳмияҳои давлатӣ;
—  аз истифодаи захираҳои табий.
 
Моддаи 15. Назорат дар соҳаи фаъолияти бонкӣ
Фаъолияти бонкҳои давлатй ва тиxоратй дар қисми хизматрасонии маблағҳои буxети давлатӣ, фондҳои давлатй ва қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад.
 
Моддаи 16. Ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазоратҳои корҳои дохилї ва  молия, Кумитаи  давлатии амнияти миллї, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи  андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар мақомоти давлатӣ ҳангоми гузаронидани санxишу тафтишот: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №583).
  • ба фаъолияти Мақоми назорат мусоидат менамоянд;
  • бо Мақоми назорат зарурат ва мутобиқи мақсад будани гузаронидани тафтиш ва санxиши фаъолияти молиявию хоxагии субъектҳои хоxагидории давлатиро (ё бо иштироки давлатро) пешакӣ мувофиқа мекунанд;
  • татбиқи вазифаҳои назоратии худро, ки бо зарурати ташкили гузаронидани санxиш ва тафтиш алоқаманданд, бо Мақоми назорат ҳамоҳанг месозанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки оид ба маводи тафтиш ва санxиши ба онҳо пешниҳодшуда чорабиниҳои тафтишотӣ анxом медиҳанд, бояд оид ба тадбирҳои андешидашуда ба Мақоми назорат иттилоот пешниҳод намоянд.
Ҳангоми пешбурди фаъолияти назоратию тафтишотӣ дар доираи салоҳияташ, Мақоми назорат ҳуқуқ дорад барои иштирок дар чорабиниҳои нақшвии худ мақомоти назоратии зикргардида ва намояндагони онҳо, инчунин дар асоси шартнома хадамоти ғайридавлатии аудиторӣ ва мутахассисони алоҳидаро xалб намояд.
 
Моддаи 17. Пешниҳодот ва нишондодҳои назоратӣ
Дар бораи натиxаи чорабиниҳои назоратии гузаронидашуда ва баррасии маводи тафтишоту санxишҳо ба мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот ва ба роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилотҳои тафтишшаванда xиҳати андешидани тадбирҳо оид ба рафъи камбудиҳои ошкоргардида, xуброни зиёни ба давлат расонидашуда ва xалби шахсони гунаҳгор ба xазоҳои интизомӣ ва моддӣ, нишондодҳои хаттӣ равон карда мешаванд.
Дар сурати ошкор намудани дуздии маблағҳо ё молу мулки давлатӣ, ҳангоми гузаронидани тафтиш ё санxиш, инчунин дигар нишонаҳои xиноят ва суиистифода, дар давоми панx рeзи пас аз баррасии онҳо, маводи тафтиш ё санxиш xиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарор нисбати онҳо ба мақомоти прокуратура ирсол карда мешавад.
Пешниҳодот ва нишондодҳои хаттии назоратӣ бояд дар мeҳлатҳои дар он зикргардида ва ё агар ин мeҳлатҳо зикр нашуда бошанд, дар давоми 20 рeзи гирифтани онҳо баррасӣ гарданд. Ташкилот ва муассисае, ки нишондодҳои хаттӣ гирифтаанд, бояд оиди тадбирҳои андешидашуда xиҳати рафъи камбудиҳои дар онҳо зикргардида, иттилоот диҳанд.
Ҳангоми иxро накардан ё иxрои номатлуби пешниҳодот ва нишондодҳои назоратӣ, дар ин бора мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои андешидани чораҳои дахлдор ба мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот фиристода мешавад.
Бозхонд, ворид намудани тағйирот ва бекор кардани пешниҳодот ва нишондодҳои хаттӣ аз xониби роҳбарияти Мақоми назорат анxом дода мешавад.
 
БОБИ IV. ҲУҚУҚ ВА МАСЪУЛИЯТИ КОРМАНДОНИ МАҚОМИ НАЗОРАТ
 
Моддаи 18. Ҳуқуқ  ва ваколатҳои кормандон
Кормандон ва шахсони мансабдори Мақоми назорат дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда ҳуқуқ доранд:
— дар ташкилотҳои тафтишшаванда ҳуxxатҳои пулӣ, муҳосибавӣ ва дигар ҳуxxатҳои марбут ба мавзeи тафтиш, мавxудияти воқеии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қимматнок, арзишҳои моддӣ ва истифодаи дурусти онҳоро санxанд;
— тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти Ҷумҳуриявии идоракунӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи маҳаллӣ, корхонаю муассисаҳои давлатӣ, инчунин дигар корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки маблағҳои давлатӣ ё амволи давлатиро истифода мебаранд, маълумоти барои анxом додани фаъолияташон заруриро дархост намоянд;
— аз шахсони мансабдор, шахсони аз нигоҳи моддӣ масъул ва дигар шахсони ташкилотҳои тафтишшаванда оид ба масъалаҳои дар xараёни тафтиш (санxиш) ба миён омада, тавзеҳот, аз Ҷумла тавзеҳоти хаттӣ гиранд;
— аз роҳбарони ташкилотҳои тафтишшаванда гузаронидани баҳисобгирии ҳатмии амволро талаб намоянд;
— ҳангоми ошкор намудани далелҳои дуздӣ, суиистифода аз вазифа ва вайрон шудани амвол, ошкор намудани фиреб, сохтакорӣ ва ё дигар намудҳои суиистифода хазинаҳо, биноҳои хазинадорӣ, анборҳо, бойгониҳо ва дигар xойҳои заруриро муҳр гузоранд, ҳуxxатҳои заруриро гиранд ва дар чои гирифти онҳо санади гирифтан, рeйхат ва нусхаи ҳуxxатҳои гирифташударо гузоранд;
— ҳангоми ошкор намудани хулосаҳои ғайриобъективӣ, ки аз xониби аудитор ё ташкилоти аудиторӣ дода шудааст, оид ба бозхонди литсензияи пешбурди фаъолияти аудитории онҳо таклифҳо пешниҳод намоянд;
— ба мақомоти Ҷумҳуриявии идоракунӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо (ҳукуматҳо), ба роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилотҳои тафтишшаванда барои андешидани тадбирҳо xиҳати рафъи камбудиҳои ошкоршуда, xуброни зиёни ба давлат расонидашуда ва xаримабандии шахсони мансабдоре, ки ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ роҳ додаанд, мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот ё нишондодҳои хаттӣ ирсол намоянд.
Бо мақсади xуброни зиёни ба давлат расонидашуда, ки дар xараёни тафтиш ё санxиши объекти тафтишшаванда ошкор гардидааст, кормандони Мақоми назорати давлатии молиявӣ ҳуқуқ доранд, тавассути шахсони сеюм (мақоми молиявӣ, бонк ё дигар муассисаи молиявию қарзӣ) огоҳинома (фармоиш) ирсол намоянд то корхона, муассиса ва ташкилотро вазифадор созад, ки пардохти мустақими маблағи дахлдорро дар мeҳлати на дертар аз 30 рeз пас аз гирифтани огоҳинома ба буxети дахлдор анxом диҳад.
Роҳбарони объектҳои тафтишшаванда вазифадоранд барои фаъолияти тафтишгарон, ки тафтиш ё санxишро анxом медиҳанд, шароити мусоид фароҳам оваранд, барои онҳо бино, воситаҳои алоқа xудо кунанд ва иxрои корҳоро вобаста ба коргузорӣ таъмин намоянд.
 
Моддаи 19. Масьулияти кормандони Мақоми назорат
Кормандони Мақоми назорат барои вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи пешбурди тафтиш ва санxиш, ошкор ва паҳн намудани натиxаҳои тафтиш ва санxиши гузаронидаашон, инчунин сирри давлатӣ, бонкӣ ва ё сирри дигари қонунан ҳифзшаванда, ки дар xараёни фаъолияташон барои онҳо муайян гардидааст, инчунин суиистифода аз мансаб мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобгар мебошанд xавобгарии зикргардида нисбат ба ҳамин кормандон метавонад ҳамчунин пас аз қатъи хизмати давлатӣ низ татбиқ гардад.
Арзу шикоятҳо нисбати амалиёти ғайриқонунии кормандони Мақоми назорат мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва баррасӣ мегарданд.
 
БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 20. Вазъи ҳуқуқии кормандони Мақоми назорат
Қабул ва аз кор озод намудани кормандони Мақоми назорат дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ сурат мегирад.
Кормандони Мақоми назорат дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:
а) ба охиррасии мeҳлати шартнома (қарордоди) меҳнатӣ;
б) аризаи шахсӣ дар бораи озод намудан аз кор;
в) расидан ба синну соли ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан;
г) иxро накардан ё иxрои номатлуби eҳдадориҳои хизмати, ва суиистифода аз он;
д) ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд нисбати онҳо;
е) баъди эътибор пайдо намудани қарори суд дар бораи ғайри қобили амал донистани онҳо;
ж) гум кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кормандони Мақоми назорат ҳуқуқ надоранд:
— ба фаъолияти соҳибкорӣ шахсан ё тавассути миёнаравон машғул шаванд, инчунин дар назди шахсони сеюм оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти хизматии онҳо шахси ваколатдор бошанд;
— мустақилона ё тавассути миёнаравон дар идораи субъектҳои хоxагидорӣ иштирок намоянд. Кормандони Мақоми назорат наметавонанд ба мақомоти намояндагӣ интихоб шаванд, ба дигар фаъолияти музднок, ба истиснои фаъолияти илмиву омузгорӣ ва эxодӣ машғул шаванд.
 
Моддаи 21. Маблағгузории фаъолияти Мақоми назорат
Маблағҳо барои таъмини фаъолияти Мақоми назорат дар буxети Ҷумҳуриявӣ бо сатри алоҳида пешбинӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 22. Таъминоти моддӣ ва иxтимоии кормандони Мақоми назорат
Давлат xиҳати таъминоти моддӣ ва иxтимоии кормандони Мақоми назорат чораҳои заруриро меандешад. Маоши вазифавии кормандони Мақоми назорат аз xониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Иловапулиҳо ба маоши вазифавии кормандон тибқи тартиб ва андозае, ки барои кормандони Дастгоҳи иxроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, муқаррар карда мешаванд.
Нисбат ба кормандони Мақоми назорат тартиби хизматрасонии тиббӣ, санаторию осоишгоҳӣ, маишӣ ва нақлиёт, ки барои кормандони Дастгоҳи иxроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 23. Робитаҳои байналмилалӣ
Мақоми назорат бо палатаҳои баҳисобгирӣ ва назорат, мақомоти назорати давлатии молиявии кишварҳои хориxӣ ва иттиҳодияҳои байналмилалии онҳо робитаҳо барқарор намуда, барои ҳамкорӣ бо онҳо созишномаҳо мебандад.
 
Моддаи 24. Иттилоот оид ба фаъолияти Мақоми назорат
Мақоми назорат дар бораи фаъолияти хеш, ки метавонад нашр гардад, ба воситаҳои ахбори умум иттилоот пешниҳод менамояд.
Мақоми назорат бо дархосги Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиxаи санxишҳои мушаххаси доиргашта маълумоти пурра пешниҳод менамояд.
Маводи натиxаҳои санxиш, ки ба ҳифзи сирри давлатӣ алоқаманданд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
 
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
          Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                      Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,  2 декабри соли 2002,
№66
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунанда таклифҳо пешниҳод намояд;
  • Қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                       С.ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  17 апрели соли 2002,
№615
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  12 ноябри соли 2002,
№ 321

Илова кунед