Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи феддегерӣ»

02 Декабр 2002, Душанбе

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурия Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ» қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     СХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  28 июни соли 2002
         №682
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   М .УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  12 ноябри соли 2002
№328                      
 

ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи алоқаи фелдегерӣ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №11, мод. 705)
 
Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкилии мақомоти алоқаи фелдегерӣ ва ҳамкории онро бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Таъиноти алоқаи фелдегерӣ
Алоқаи фелдегерӣ яке аз намудҳои алоқаи почтавӣ мебошад, ки тавассути он ҳуxxатҳои муҳим ва асосан махфиро хаткашонҳои махсуси низомӣ бурда мерасонанд.
Алоқаи фелдегериро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатӣ — хадамоти давлатии фелдегерӣ таъмин менамояд, ки он қисми таркибии қувва ва воситаҳои таъмини амнияти давлатӣ буда, муҳофизати манфиатҳои ҳокимияти қонунгузор, иxроия ва судиро ба амал мебарорад, инчунин ба мақсади муҳофизати манфиатҳои давлатӣ амал мекунад. Сохтор ва тартиби фаъолияти мақомоти мазкур бо Низомномае, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.
 
Моддаи 2. Вазифаҳои алоқаи фелдегерӣ
Алоқаи фелдегерӣ вазифадор аст, ки
дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба пойтахтҳои давлатҳои иштирокчии Созишномаи алоқаи байниҳукуматии фелдегерӣ бурда расонидан ва аз он xо овардани муросилоти фавқулодда муҳим, комилан махфӣ, махфӣ ва дигар муросилоти хизматии (минбаъд муросилот);
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иxроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар баъзе ҳолатҳо дигар мақомоти ҳокимияти иxроия, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
мақомоти идораи ҳарбӣ, амният, корҳои дохилӣ ва хизмати сарҳадӣ;
объектҳои саноатӣ ва ҳарбӣ, ки аҳамияти фавқулодда муҳими давлатӣ доранд — тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ба хориxа бурда расонидани муросилот, инчунин ҳуxxатҳои техникӣ ва намунаҳои маснуоти саноатӣ — тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
расонидани муросилоти сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳо, мақомоти ҳокимияти давлатии — иштирокчиёни Созишномаи алоқаи байниҳукуматии фелдегериро таъмин намояд.
Рeйхати мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иxроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба онҳо хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мерасонад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди хадамоти алоқаи фелдегерӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди хадамоти алоқаи фелдегерӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 4. Принсипҳои ташкили алоқаи фелдегерӣ
Алоқаи фелдегерӣ дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
қонуният;
маҳфуздории кафолатнок ва фаврӣ ҳангоми расонидани муросилот;
ягонагии ташкилии системаи мақомоти алоқаи фелдегерӣ;
муҳофизати сирри давлатӣ, инчунин дигар маълумотҳое, ки Қонун муҳофизат мекунад;
яккасардорӣ ва масъулияти шахсӣ барои вазифаи супоридашуда мутобиқи ҳамин Қонун;
таҳти назорат қарор доштани мақомот ва шахсони мансабдори алоқаи фелдегерӣ.
Дар алоқаи фелдегерӣ таъсис ва фаъолият кардани сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои xамъиятие, ки мақсадаҳои сиёсӣ доранд, манъ аст.
 
Моддаи 5. Ҳамкории хадамоти алоқаи фелдегерӣ бо мақомоти ҳокимияти иxроия
Хадамоти фелдегерӣ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳо, мақомоти тобеи ҳокимияти иxроия ҳал менамояд. Мақомоти ҳокимияти иxроия, ки рeйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, мақомоти ҳудудии онҳо eҳдадоранд дар доираи ваколатҳояшон дар ташкили таъxилан расонидани муросилот ва таъмини шароити маҳфуздории кафолатноки он ба хадамоти фелдегерӣ мусоидат намоянд, инчунин ба кормандони хадамоти фелдегерӣ ҳангоми иxрои вазифаҳояшон оиди расонидани муросилот кeмак расонанд.
 
БОБИ II. ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӣ
 
Моддаи 6. Ҳуқуқи мақомоти алоқаи фелдегерӣ
Ба мақомоти алоқаи фелдегерӣ барои иxрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳуқуқ дода мешавад, ки:
тартиби қабул ва расонидани муросилот, меъёр, андоза ва нархи хизмати алоқаи фелдегериро муқаррар менамояд;
аз рeи тарифи дар нақлиёт муқарраргардида муросилот ва кормандони ҳамроҳикунандаи онро дар хатҳои амалкунандаи сайри нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ кашонанд. Муросилоти шахсон ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки моддаи 2 ҳамин Қонун муайян кардааст, дахлнопазир буда, он боздошта ва аз назар гузаронида намешавад;
дар фурeдгоҳҳои ҳавоӣ ва вокзалҳои роҳи оҳан барои муваққатан xойгир кардани муросилот ва кормандони ҳамроҳикунандаи он аз биноҳои алоҳидаи мақомоти минтақавии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;
барои таъмини бурдарасонӣ ва маҳфузияти муросилот ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда воситаҳои алоқаеро, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, истифода баранд. Мақомоти алоқаи фелдегерӣ бо талаби соҳибони воситаҳои алоқа хароxоти соҳибони онро дар ин ҳолатҳо xуброн мекунанд;
ба шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ иxозат диҳанд, ки ҳангоми иxрои вазифаҳои хизматӣ дар мавридҳои зарурӣ қувваи xисмониро ба кор баранд, инчунин дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбиникардаи ҳамин Қонун воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро нигоҳ доранд, гирифта гарданд ва истифода баранд;
барои иxрои вазифаҳои гузошташуда биноҳо ё иншоотҳои заруриро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон созанд ё ба иxора гиранд. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон eҳдадоранд барои xойгир кардани мақомоти минтақавии хадамоти фелдегерӣ кeмак расонанд;
автомобилҳоеро, ки сабти ягон хел навиштаxоти фарқкунанда ва рангубори махсус надоранд, вале бо маякҳои шeълапоши кабудранг, сигналҳои махсуси овозӣ ва воистаҳои алоқа xиҳозонида нашудаанд, истифода баранд. Автомобилҳои мақомоти алоқаи фелдегерӣ ба қатори «мошинҳои махсус» дохил гардида, бе розигии онҳо ба манфиати дигар мақомот ва ташкилотҳо истифода бурда намешаванд.
 
Моддаи 7. Eҳдадории мақомоти алоқаи фелдегерӣ
Мақомоти алоқаи фелдегерӣ мутобиқи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда eҳдадоранд:
расонидани муросилоти шахсон ва мақомоти ба ҳамин Қонун муайяншударо ташкил ва таъмин намоянд;
шабакаи доимо амалкунанда ва дар сурати зарурат хатҳои сайри махсуси фелдегериро низ, ки расонидани таъxилии муросилотро таъмин менамоянд, муқаррар кунанд ва такмил диҳанд;
чорабиниҳоро оиди муҳофизати муросилоти расонидашуда то нобуд кардани он ҳангоми имконнопазир будани таъмини маҳфуздории он ба амал бароранд;
дар фаъолияти худ маҳфуздории сирри давлатӣ ва дигар маълумотҳоеро, ки қонун мухофизат мекунад, таъмин намоянд;
тайёриро барои сафарбаркунии мақомоти хадамоти алоқаи фелдегерӣ барои кор дар вақти xанг ва дар шароити ҳолати фавқулодда таъмин кунанд;
дар доираи салоҳияти худ бо ҳамин гуна мақомоти давлатҳои иштирокчии Созишномаи алоқаи байниҳукуматаи фелдегерӣ ҳамкорӣ намоянд;
тайёрии касбии кормандони хадамоти алоқаи фелдегериро таъмин намоянд;
барои таъмини амнияти шахсӣ чораҳо бинанд.
 
БОБИ III. ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӣ
 
Моддаи 8. Кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ
Барои хизмат ба алоқаи фелдегерӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рeи сифатҳои шахсӣ ва корӣ, маълумот ва вазъи саломатиашон ба иxрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони хадамоти фелдегерӣ гузошташуда қобиланд, қабул карда мешаванд. Ҳайати шахсии хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати сардорикунандаи марбути кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиён ва кормандони кироя тақсим мешаванд. Тартиби пурра кардани ҳайати шахсӣ, таъин, озодкунӣ ва ба вазифаи дигар гузаронидани шахсоне, ки дар вазифаҳои ҳайати сардорикунандаи хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, Кодекси меҳнат ва Низомномаи хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.
Ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ хизматро мутобиқи Низомномаи амалкунандаи хизмати мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адо мекунад.
Ба ҳайати кормандони кирояи алоқаи фелдегерӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат амал мекунад.
 
Моддаи 9. Воситаҳои техникии хадамоти алоқаи фелдегерӣ
Барои таъмини ҳифзи кафолатнок ҳангоми расонидани муросилот мақомоти хадамоти фелдегерӣ дар доираи салоҳияти худ воситаҳои махсуси техникии ҳифз, нақлиёт ва алоқаро истифода мебаранд. Воситаҳои техникии ҳифз, алоқа, ки аз тарафи мақомоти алоқаи фелдегерӣ истифода мешаванд, усулҳои истифодаи онҳо набояд ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид кунад, инчунин ба муҳити зист зарар расонад.
 
БОБИ IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚӣ ВА ИXТИМОИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӣ
 
Моддаи 10. Мақоми ҳуқуқии кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ
Кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ намояндаи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, таҳти ҳимояи давлатӣ буда ва ҳангоми иxрои вазифаҳои хизматӣ шахси дахлнопазир мебошад. Ҳеx кас ҳақ надорад, ки ба фаъолияти хизматии корманди хадамоти алоқаи фелдегерӣ дахолат намояд, ба uайр аз сардорони бевосита, инчунин шахсоне, ки ба онҳо Қонуни мазкур ваколат додааст.
Халалрасонӣ ба вазифаҳои хизматиашро иxро намудани корманди хадамоти алоқаи фелдегерӣ, дар ҳама шаклҳояш бетаъхир бо ҳама гуна воситаҳо ва усулҳое, ки Қонуни мазкур иxозат додааст, пешгирӣ карда мешавад.
Ба корманди хадамоти алоқаи фелдегерӣ дар ташкил намудани корпартоӣ ва иштирок дар гузаронидани он манъ карда мешавад. Ба шахсони ҳайати сардорикунанда ва хизматчиёни алоқаи фелдегерӣ шомил будан ба ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои xамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, машuул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин дар як вақт дар чанд xой кор кардан манъ аст, ба истиснои фаъолияти эxодӣ, илмӣ ва омeзгорӣ.
Кормандони кирояи алоқаи фелдегерӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои касбӣ, иxтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ҳақ доранд дар асоси ихтиёрӣ мутобиқи қонунгузории xорӣ дар иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои) касаба муттаҳид ё дохил шаванд. Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои) касаба ҳақ надоранд ба фаъолияти раёсатҳо, шeъбаҳо ва дигар воҳидҳои сохтории алоқаи фелдегерӣ оиди иxрои вазифаю eҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда дахолат намоянд.
Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ, ки ба сафари хизмати фиристода шудаанд, аз ҳуқуқи бенавбат харидани ҳуxxатҳои рафтуомад ба ҳамаи намудҳои нақлиёт ва аз ҳуқуқи бенавбат xой гирифтан дар меҳмонхона аз рeи шаҳодатномаи сафари хизмати мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматии соҳаи алоқаи фелдегерӣ истифода мебаранд.
 
Моддаи 11. Ҳифзи иxтимоии кормандони хадамоти фелдегерӣ
Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ ва аъзои оилаи онҳо аз ҳамаи ҳуқуқу имтиёзҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ барои шахсони ҳайати сардорикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо истифода мебаранд. Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ, ки дар нақлиёти ҳавоӣ вазифаи хизматиро иxро менамоянд, барои гирифтани музди иловагии барои соати парвоз дар ҳаxми меъёри соатбайъи роҳбаладҳои ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ ҳуқуқ доранд. Ба хизматчиён ва коргарони хадамоти фелдегерӣ барои собиқаи кор музди иловагӣ муқаррар карда мешаванд.
Дар сурати ба ҳалокат расидани шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти хизматиаш ба оилаи шахси ҳалокгардида, ки барои беҳдошти шароити манзилӣ эҳтиёx дорад, ҳуқуқи гирифтани манзилгоҳ, аз Ҷумла аз xой хизмати мазкур нигоҳ дошта мешавад. Дар ин маврид манзилгоҳ ба оилаи шахсӣ ҳалокгардида на дертар аз як соли баъди ҳалок шудани e дода мешавад.
 
Моддаи 12. Суuуртаи ҳатмии давлатӣ ва талофии зарари шахсони ҳайати сардорикупандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ
Ҳаёт ва саломатии шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ аз ҳисоби маблаuҳои буxет бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суuуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешавад.
Талофии зараре, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ, тибқи фаъолияти хизматиаш расонида шудааст, бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
БОБИ V. АЗ ТАРАФИ ШАХСОНИ ҲАЙАТИ САРДОРИКУНАНДАИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӣ ИСТИФОДА ШУДАНИ ҚУВВАИ XИСМОНӣ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН
 
Моддаи 13. Шартҳо ва ҳади истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон
Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ ҳуқуқ доранд, ки қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро барои иxрои вазифаҳои ба зимагузоштаашон танҳо дар ҳолатҳо ва тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур истифода баранд.
Номгeи намудҳои воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро, ки хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ вазифадоранд, ки аз тайёрии махсус, инчунин аз тафтиши давра ба давра гузаранд, ки ба талаботҳои шароити истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон вобастагӣ доранд.
Ҳангоми ба кор бурдани қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ вазифадоранд, ки дар бораи нияти истифодаашон он шахсеро, ки ба муқобили вай қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон истифода хоҳад шуд, огоҳ намояд, бо дарназардошти муҳлате, ки барои иxрои талаботи қонунии шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерии давлатӣ зарур аст, ба истиснои мавридҳое, ки таъхир кардан дар истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон нисбати ҳифзи муросилоти расонидашаванда, барои ҳаёт ва саломатии кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ хавфи бевосита дошта ва ё огоҳонидан дар ҳолати рухдода xоиз ё мумкин нест.
Зараре, ки аз тарафи шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ дар ҳолати мудофиаи зарурӣ расонда шудааст, агар дар ин бобат ҳудуди ин амал вайрон нашуда бошад, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси талофӣ намешавад.
Дар ҳолати мудофиаи зарурӣ ё дар ҳолатҳои зарурати ниҳоӣ шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ ҳангоми мавxуд набудани воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон ҳуқуқ дорад, ки аз ҳамаи воситаҳои дастрас истифода барад.
Дар бораи ҳар мавриди истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ дар муҳлати 24 соат аз лаҳзаи истифодаи онҳо вазифадор аст, ки ба сардори мақоми хадамоти алоқаи фелдегерии маҳали хадамоти худ ё маҳали истифодаи қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон гузориш пешниҳод кунад.
Сардори мақоми хадамоти алоқаи фелдегерӣ ба прокурор, дар бораи ҳама мавридҳо ҳалокшавӣ ё Маҷруҳшавии ашхосе, ки ба муқобили онҳо аз қувваи xисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон истифода шудааст, хабар расонад.
 
Моддаи 14. Истифодаи қувваи xисмонӣ
Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ ҳуқуқ доранд, ки қувваи xисмонӣ, аз Ҷумла усулҳои xангии муҳорибаро барои бартараф кардани кeшиши аз худ кардани муросилот, муқобилат намудан ба талаботи қонунии шахсони ҳайати хадамоти алоқаи фелдегерӣ истифода баранд, агар усулҳои uайриистифодаи қувва боиси таъмин нашудани вазифаҳои ба онҳо гузошташуда гардад.
Истифодаи усулҳои xангии муҳорибаи дастӣ нисбати занон бо аломати аёни ҳомиладорӣ, шахсони дорои аломатҳои маъюбӣ ва хурдсолон, ба истиснои аз тарафи шахсони мазкур муқовимати силоҳнок нишон додан, ҳамлаи гурeҳӣ ва ё силоҳнок шуданаш, ки ин боиси таҳдид ба расонидани муросилот, ҳаёт ва саломатии кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ гардад, манъ аст.
 
Моддаи 15. Истифодаи воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон
Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ ҳуқуқ доранд, ки воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишони дар ихтиёри хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон бударо дар мавридҳои зерин кор фармоянд:
— барои зада гардонидани ҳамлаи гурeҳӣ ё силоҳнок, ки бо мақсади аз худ кардани муросилоти расонидашаванда сурат мегирад;
— барои зада гардонидани қасди ба даст даровардани силоҳи шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ;
— барои зада гардонидани ҳамла ба кормандони алоқаи фелдегерӣ, агар ин ба ҳаёт ва саломатии онҳо хавф ворид созад;
— барои зада гардонидани ҳамлаи гурeҳӣ ё силоҳнок ба воситаҳои нақлиёти мутааллиқи мақомоти хадамоти фелдегерӣ, ба дигар объектҳое, ки дар онҳо муросилот дар ҳифозатшаванда xойгир аст, аз Ҷумла ба биноҳо ва иншоот, ки мақомоти мазкур онҳоро банд кардаанд, инчунин дар зарурат барои озод кардани воситаҳои нақлиётӣ ва объектҳои мазкур.
Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегерӣ ҳуқуқ доранд, ки силоҳи дастии оташфишонро барои огоҳсозии нияти истифодаи силоҳ, инчунин барои додани ишораи хатар ё кeмакпурсӣ истифода баранд.
Истифодаи воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон нисбати занон, шахсони дорои аломатҳои маъюбӣ ва ноболиuон, ки синну соли онҳо аён аст ё ба шахси ҳайати сардори алоқаи фелдегерӣ маълум аст, манъ аст, ба истиснои аз тарафи шахсони мазкур руҳ додани муқовимати силоҳнок, аз тарафи онҳо сурат гирифтани ҳамлаи гурeҳӣ ё силоҳнок, ки ба ҳифзи муросилоти расонидашаванда ва ҳаёти кормандони хадамоти фелдегерӣ таҳдид ба амал меорад.
 
Моддаи 16. Кафолати амнияти шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ
Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерӣ ҳуқуқ доранд, ки силоҳи оташфишони худро намоён кунанд ва онро ба ҳолати омодагӣ қарор диҳанд, агар зарур донанд, ки дар ҳолати ба амал омада, асосҳое, ки барои истифодаи он, мувофиқи моддаи 15 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, асос ҳаст.
 
БОБИ VI. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӣ, МОДДӣ ВА ТЕХНИКИИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРӣ
 
Моддаи 17. Таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии хадамоти алоқаи фелдегерӣ
Хадамоти алоқаи фелдегерӣ бо тартиби мақсаднок аз буxети давлатӣ маблаuгузорӣ карда мешавад.
Таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии хадамоти алоқаи фелдегерӣ бо таъиноти мақсаднок бо тартиб ва меъёрҳои муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳангоми xойгир кардани воҳидҳои сохторӣ ё кормандони хадамоти фелдегерӣ бевосита дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки дар моддаи 2 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, таъминоти моддию техникии онҳо, аз Ҷумла xудо кардани бино, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки барои қонеъ кардани талаботи ин мақомот ба хизмати алоқаи фелдегерӣ зарур аст, аз ҳисоби маблаuҳои ин мақомот сурат мегирад.
Амволи хадамоти алоқаи фелдегерӣ, ки аз ҳисоби маблаuҳои буxет ба вуxуд омада ва ё харида шудааст, моликияти давлатӣ мебошанд. Идоракунии фаврии ин амволро Хадамоти давлатӣ фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
 
БОБИ VII. МУҚАРРАРОТИ НИҲОӣ
 
Моддаи 18. Масьулияти кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ
Барои амал ё беамалии зиддиҳуқуқӣ кормандони хадамоти алоқаи фелдегерӣ ба xавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, xиноӣ ва гражданӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, кашида мешаванд.
 
Моддаи 19. Назорат аз болои алоқаи фелдегерӣ
Назорати иxрои қонуниятро дар фаъолияти мақоми алоқаи фелдегерӣ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои дар тобеият он буда, анxом медиҳанд.
 
Моддаи 20. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи амали баъзе муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса» ба кормандони хадамоти фелдегерии давлатии назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №10, моддаи 156) «Дар бораи татбиқи амали баъзе муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса» ба кормандони хадамоти фелдегерии давлатии назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон » беэътибор дониста шавад.
 
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                   Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 2 декабри соли 2002
№74

Илова кунед