Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи театр ва фаьолияти театрӣ

02 Декабр 2002, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №11, мод. 723; соли 2008, №12, қисми 2, мод. 1012, соли 2018, №1, мод.17)
 Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар араёни офаридан ва ба тарзи мустақим пешниҳод намудани намоишномаҳои театрӣ ба миён меоянд, ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти театрӣ, ҳамчунин шаклҳои дастгирии давлатии онро муайян мекунад. (ҚТ аз 31.12.08с №478).
 
БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: (ҚТ аз 31.12.08с №478).
-театр — муассисаест, ки фаъолияти асосии он офаридан ва ба тамошобин ба тарзи зинда пешниҳод ва иxро намудани намоишномаҳои театрӣ, дигар намоишномаҳо мебошад;
-ташкилоти театрӣ — ташкилотест, ки мақсади асосии он таъмини фаъолияти театрҳо ва ё фаъолияти кормандони эxодии театрҳо мебошад;
-театри uайритиxоратӣ, ташкилоти театрии uайритиxоратӣ — театр, ташкилоти театрие, ки дар заминаи яке аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии барои ташкилотҳои uайритиxоратӣ пешбиникардаи қонунгузории гражданӣ таъсис дода шудааст; (ҚТ аз 31.12.08с №478).
-театри тиxоратӣ, ташкилоти театрии тиxоратӣ — театр, ташкилоти театрие, ки дар заминаи яке аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии барои ташкилотҳои тиxоратӣ пешбиникардаи қонунгузории гражданӣ таъсис дода шудааст; (ҚТ аз 31.12.08с №478).
-театри давлатӣ, ташкилоти театрии давлатӣ — театр, ташкилоти театрие, ки онро мақоми ваколатдори ҳокимияти давлатӣ таъсис додааст;
-театр, ташкилоти театрии  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот театр, ташкилоти театрие, ки онро мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мустақилона ё бо иштироки субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ таъсис додааст. (ҚТ 02.01.2018.№1485)
-театри uайридавлатӣ, ташкилоти театрии uайридавлатӣ — театр, ташкилоти театрие, ки субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ бе иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис додаанд;
-фаъолияти театрӣ — фаъолият  иҳати офаридан, паҳн гардонидан ва нигоҳ доштани асарҳои санъати театрӣ; (ҚТ аз 31.12.08с №478).
-намоишномаи театрӣ — асари санъати театрӣ, ки дар асоси асари драмавӣ ё мусиқӣ-драмавӣ офарида шуда, uояи умумӣ ва номи мушаххас дорад;
-спектакл  ба тарзи зинда иxро ва пешниҳоди намоишномаи театрӣ;
         — таҳиягар (режиссёр-таҳиягар, балетмейстер-таҳиягар,  дирижёр-таҳиягар, хормейстер-таҳиягар, рассом-таҳиягар)  шахсе, ки мустақилона намоиши театрӣ ё қисми алоҳидаи онро амалӣ мегардонад; (ҚТ 02.01.2018.№1485)
-продюсер  театр, дигар шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки намоишномаи театриро тайёр ва бо маблаu таъмин менамояд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии умҳурии Тоикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚТ 02.01.2018.№1485)
 
Моддаи 3. Доираи  амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба ҳамаи театрҳо, ташкилотҳои театрии амалкунанда ва театру ташкилотҳои нави театрии таъсисшаванда, инчунин дигар ташкилотҳое, ки мутобиқи оинномаҳои худ фаъолияти театриро ба xо меоваранд, паҳн мегардад.
Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое, ки бо қонунгузории оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он танзим мешаванд, паҳн намегардад. (ҚТ аз 31.12.08с №478).
 
Моддаи 4. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, инчунин шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрванд ба озодии эxодиёти бадеӣ, иштирок дар фаъолияти театрӣ, истифода аз хизмати театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ, дастрас гардонидани асарҳои санъати театрӣ мебошад. (ҚТ 02.01.2018.№1485)
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
— нигоҳдории хусусияти хоси маданияти театрӣ, инкишофи равобити фарҳангии байналмилалӣ;
— фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ барои нигоҳдории низоми таърихан ташаккулёфтаи театрҳои давлатӣ, инкишоф додани театрҳои шаклҳои дигари ташкилӣ ва шаклҳои моликият, татбиқ кардани лоиҳаҳои навоварона дар соҳаи фаъолияти театрӣ;
— ҳимояи ҳуқуқи таҳиягарон ва  ҳунарпешагон барои намоишномаи театрӣ, батадриx амалӣ гардонидани сиёсати ҳимояи давлатӣ нисбати санъати театрӣ, кормандони эxодии театрҳо ва дигар ташкилотҳое, ки мутобиқи оинномаҳои худ фаъолияти театриро амалӣ мегардонанд; (ҚТ аз 31.12.08с №478).
— таъминоти молиявию иқтисодии фаъолияти театрҳо, низоми ҳимояи иxтимоии кормандони театрҳо, муҳайё сохтани шароит барои нав гардонидани ҳайатҳои эxодии театрҳо.
 
Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи театр ва фаъолияти театрӣ
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи театр ва фаъолияти театрӣ қисми таркибии сиёсати фарҳангии давлат буда, ба эътирофи нақши нодири театр чун унсури xудонашавандаи фарҳанг, воситаи нигоҳдории худогоҳии миллӣ ва забонҳои халқҳо, яке аз муассисаҳои иxтимоие, ки барои инкишофи xомеа аҳамияти калон дорад, асос меёбад.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи театр ва фаъолияти театрӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
-мусодиранашаванда ва мансубияти ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шаҳрванд дар соҳаи эxодиёти театрӣ ва xалбкунӣ ба санъати театр;
-эътирофи нодир будани истеъдод ва масъулияти давлат баҳри муҳайё намудани шароит барои татбиқ ва дархости он;
-мустақилияти театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ, ҳуқуқи онҳо ба дастгирии давлатӣ, ҳамкории театрҳои ватанӣ ва xаҳонӣ.
 
Моддаи 6. Мақсад ва намудҳои асосии фаъолияти театр
Мақсади фаъолияти театр инкишофи санъати театрӣ, ташаккул додан ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санъати саҳнавӣ мебошад.
Намудҳои асосии фаъолияти театрӣ инҳоянд:
-офаридан ва намоиш додани намоишномаҳои театрӣ, дигар асарҳои санъати театрӣ дар саҳнаи (саҳнаҳои) асосӣ, гастролҳо ва сафарҳои ҳунарӣ, фурeши чиптаҳо барои чорабиниҳои мазкур;
-тайёр намудани намоишномаҳои театрӣ, консертҳо дар асоси шартномаҳо бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои намоиш додан дар саҳнаҳои хусусӣ ё ба иxора гирифтаи онҳо, тавассути телевизион, радио, ба наворгирии кино, видео ва дигар маводи сабт дар сурати риояи ҳуқуқи муаллифон ва иxрокунандагони нақшҳо (партияҳо) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он; (ҚТ аз 31.12.08с №478).
-ташкили дигар чорабиниҳои дорои хусусияти бадеӣ-эxодӣ, ки бо имкониятҳои худ ё имкониятҳои коллективҳои даъватшуда ва иxрокунандагони даъватшуда гузаронида мешаванд;
-гузаронидани таxрибаомeзии кормандони касбҳои эxодии театрӣ бо устодон ва ходимони намоёни театр;
-дар асоси шартномаҳо расонидани хизмат ба ташкилотҳо оиди басаҳнагузорӣ, воситаҳои басаҳнагузорӣ барои гузаронидани спектаклҳо, консертҳо, намоишномаҳо;
-аз рeи фармоиши шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тайёр кардани ашёи ороиши бадеии намоишҳои театрӣ, консертҳо ва намоишномаҳо;
-ба театрҳои дигар пешниҳод намудани саҳнаҳои худ барои гузаронидани гастролҳою сафарҳои ҳунарӣ, лоиҳаҳо ва барномаҳои якxояи театрӣ;
-омода кардан, муайян намудани адади нашр ва фурeши маводи иттилоотӣ-маълумотӣ ва рекламавӣ, нусхаҳои маводи видео ва сабти овоз, ки ба фаъолияти бадеӣ-эxодии театр вобаста аст, дар сурати риояи ҳуқуқи муаллифон ва иxрокунандагони нақшҳо (партияҳо) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он.
 
БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ТЕАТР ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРӣ
 
Моддаи 7. Мазмун, шакл ва тарзҳои дастгирии фаъолияти театрӣ аз xоннби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Тарзҳои асосии дастгирии давлатии фаъолияти театрӣ инҳо мебошанд:
-фароҳам овардани шароит барои инкишофи фаъолияти театрӣ, васеъ шудани шабакаи театрҳо, пеш аз ҳама театрҳо барои кeдакон;
-xудо кардани  маблаѓҳо барои сохтан, аз нав сохтан ва таъмири асосии биноҳо ва иншооти театрҳо, навсозии таxҳизот, пурра ё қисман маблаuгузорӣ кардани театрҳои давлатӣ; (ҚТ аз 31.12.08с №478).
-дар асоси озмун барои аз xониби театрҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявӣ иxро намудани фармоишҳои эxодии мақсаднок, лоиҳаҳои алоҳида ва xорабиниҳое, ки дигар барномаҳои мақсаднок низ дар соҳаи фарҳанг ва санъат пешбинӣ кардаанд, инчунин xудо намудани субвенсияҳо ба театрҳое, ки нисбати табақаҳои аз xиҳати иxтимоӣ ҳимоянашудаи аҳолӣ сиёсати имтиёзноки нархиро ба амал мегузаронанд;
-иштирок дар ташкил ва маблаuгузории фестивалҳо ва озмунҳои байналмилалӣ, байниминтақавӣ ва минтақавии театрҳо, мубодилаи байналмилалии театрҳо; (ҚТ аз 31.12.08с №478).
-ҳар сол xудо кардани маблаuгузорӣ аз буxет барои офаридан ва харидани асарҳои драмавӣ ва мусиқӣ-драмавӣ, аз рeи ин асарҳо намоиш додани спектаклҳо, амалӣ гардонидани фаъолияти гастролӣ;
-таъсис додани стипендияҳо ва мукофотҳои давлатӣ барои ходимони барxастаи театр, муаллифон ва иxрокунандагони xавони боистеъдод, ки барои офаридани асарҳои нави санъати театрӣ мусоидат менамоянд;
-мусоидат кардан ба тарuиботи санъати театрӣ дар воситаҳои давлатии ахбори омма.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои дар муассисаҳои таълимии маълумоти миёна ва олии касбӣ тайёр кардани  ҳунарпешагон, режиссёрҳо, балетмейстерҳо, мунаққидони театр, дигар мутахассисони касбҳои театрӣ, дар пажeҳишгоҳҳои илмии соҳавӣ гузаронидани таҳқиқоти соҳаи санъати театрӣ аз буxет маблаuи зарурӣ xудо мекунанд.
Маблаu барои мақсадҳое, ки қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур ва қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ҳар сол дар буxетҳои дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба буxет пешбинӣ карда мешавад.
 
Моддаи 8. Танзими зиддимонополии фаъолияти театрӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии зиддимонополӣ ва фароҳам овардани муҳити рақобатӣ дар соҳаи фаъолияти театрӣ тадбирҳои зеринро ба амал мебароранд:
-барои татбиқи лоиҳаҳои навоварона дар соҳаи санъати театрӣ грантҳои махсус xудо мекунанд;
-барои барпо кардани системаи майдончаҳои озоди намоишӣ ва дар асоси озмун ба мeҳлати маҳдуд ба театрҳо ва ташкилотҳои театрии uайридавлатӣ додани онҳо мусоидат менамоянд;
-дастгирии эxодкорони xавон, коллективҳои навташкили эxодиро таъмин мекунанд. (ҚТ 02.01.2018.№1485)
 
Моддаи 9. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои xамъиятии кормандони театрҳо
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ:
-ба фаъолияти Иттифоқи ходимони театр ва дигар иттиҳодияҳои xамъиятии кормандони театрҳо, инчунин иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои) онҳо мусоидат менамоянд;
-ба иттиҳодияҳои xамъиятии кормандони театрҳо имконият фароҳам меоваранд, ки дар таҳияи сиёсати давлатии соҳаи фарҳанг иштирок намоянд, ҳангоми таҳияи чорабиниҳои соҳаи шуuл, тайёрии касбӣ, шароити меҳнат ва муҳофизати он, ҳимояи иxтимоии кормандони театр бо онҳо маслиҳат мекунанд;
Иттифоқи ходимони театр ва дигар иттиҳодияҳои xамъиятии кормандони театрҳоро бо роҳи маблаuгузории мақсадноки барномаҳои алоҳида, дар асоси озмунҳо xойгиркунии дархостҳо аз xониби театрҳо барои иxро кардани лоиҳаҳо ва чорабиниҳои алоҳидае, ки ба барномаҳои мақсадноки соҳаи фарҳанг ва санъат пешбинӣ шудаанд, дастгирӣ менамоянд.
Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои xамъиятии кормандони театрҳо, ҳамчунин дахолати иттиҳодияҳои xамъиятии кормандони театрҳо ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
 
БОБИ 3.  ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ТЕАТР ВА ТАШКИЛОТИ ТЕАТРӣ
 
Моддаи 10. Ҳуқуқи театр ва ташкилоти театрӣ дар соҳаи фаъолияти бадеӣ-эxодӣ, ташкилию иқтисодӣ ва ба рамзҳои худӣ
Театр дар интихоби равияи эxодӣ ва барнома  мустақил аст. (ҚТ аз 31.12.08с №478).
Маҳдуд гардонидани фаъолияти бадеӣ-эxодии театр манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Мақомоти ҳокимияти иxроия ҳуқуқ дорад иxрои оммавии намоишномаи театрӣ, дигар намудҳои истифодаи он, инчунин чопи маводи иттилоотӣ ва рекламавиро танҳо дар асоси ҳалномаи суд дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кунад.
        Ирои оммавии намоишҳои театрӣ, дигар намудҳои истифодаи он, инчунин чопи маводи иттилоотӣ ва рекламавӣ танҳо дар асоси ҳалномаи суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории умҳурии Тоикистон манъ карда мешаванд. (ҚТ 02.01.2018.№1485)
Театр, ташкилоти театрӣ нархи чиптаро мустақилона муқаррар мекунанд. Нархҳо (тарифҳо) ба хизмати пулакӣ ва маҳсулоте, ки театр, ташкилоти театрӣ мефурушанд, бо тарuиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Театр, ташкилоти театрӣ бо тарuиби пешбиникардаи қонунгузорӣ дар доираи маблаuи мавxуда музди меҳнати штатҳо, шаклҳои музди меҳнат, ҳавасмандии моддӣ, ҳаxми маоши вазифаҳои кормандони худ, намуд ва ҳаxми иловапулӣ, иxорапулӣ ва дигар пардохти дорои хусусияти ҳавасмандиро мустақилона муқаррар мекунанд.
Театр, ташкилоти театрӣ низоми кори худро мустақилона муқаррар менамоянд, агар ҳуxxатҳои таъсисотии онҳо қоидаи дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
Театр, ташкилоти театрӣ ба рамзи худӣ (номи расмӣ, нишон, аломати молӣ, дигар мусаввара) ҳуқуқ доранд.
Театр, ташкилоти театрӣ, ки рамзи онҳо бо тарuиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно доранд.
Истифодаи рамзҳои бақайдгирифташудаи театр, ташкилоти театрӣ аз xониби дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ танҳо дар асоси шартнома бо театр, ташкилоти театрӣ роҳ дода мешавад.
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки рамзҳои театр, ташкилоти театриро uайриқонунӣ истифода мебаранд, бо талаби театр, ташкилоти театрӣ eҳдадоранд истифодаи онро қатъ кунанд ва зарари расидаро xуброн намоянд.
 
Моддаи 11. Вазифаи театр, ташкилоти театрӣ
Театр, ташкилоти театрӣ вазифадоранд:
-музди меҳнати кормандони худро сари вақт пардохт намоянд, барои онҳо ҳадди ақалли музди меҳнати бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдода, шароити меҳнат ва муҳофизати он, чораҳои ҳифзи иxтимоиро таъмин намуда, барои зарари ба ҳаёт ва саломатии онҳо расида xавобгар бошанд;
-пардохти сариваққии мукофотпулиҳоро ба шахсоне, ки бо театр, ташкилоти театрӣ шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ бастаанд, инчунин чораҳои ҳифзи иxтимоии ин шахсонро бо тартиби пешбиникардаи қонунгузорӣ ва шартнома таъмин кунанд;
-суuуртаи иxтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои суuургаи ҳатмии кормандони худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонанд;
-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи бухгалтерӣ ва оморӣ баранд.
Театр, ташкилоти театрӣ, ки намоиши оммавии намоишномаҳои театриро амалӣ мегардонанд вазифадоранд:
-ҳангоми намоиш додани намоишнома муҳофизати ҳаёт ва саломатии тамошобинон, инчунин ҳифзи амволи онҳоро, ки барои маҳфуздорӣ қабул шудааст, таъмин намоянд;
-дар xойҳои чиптафурeшӣ ва намоиши оммавии намоишномаи театрӣ барои тамошои умумӣ эълонномаро бо нишон додани номи пурраи театр, номи намоишномаи театрӣ, номи муаллифи (муаллифон) асар ва номи асаре, ки асоси онро ташкил медиҳад, номҳои басаҳнагузорандагон ва иxрокунандагони нақшҳо (партияҳо), инчунин дигар маълумотҳоро бо салоҳдиди театр овехта монанд;
-ба тамошобинон дар бораи xойи намоиш, вақти оuоз ва анxоми намоишнома, нархи чипта, шароити харидан ва баргардондани он, имтиёзҳое, ки барои гурeҳҳои алоҳидаи тамошобинон пешбинӣ шудааст, маҳдудиятҳои синнусолӣ барои тамошои намоишнома ахбор пешниҳод намоянд;
-дар чиптаи театр нархи он, номи театр, номи намоишномаи театрӣ, xой, сана, вақти намоиш ва xойро дар толори тамошо нишон диҳанд;
-дар ҳолатҳои иваз ё бекор кардани намоишномаи пешакӣ эълоншуда, иваз шудани иxрокунандаи нақши асосии пешакӣ эълоншуда, инчунин дар ҳолати аз тамошои намоишнома саркашӣ кардани тамошобин бо сабаби надодани ахбор дар бораи маҳдудияти синнусолии муайяннамудаи тамошои он, пули чиптаи пешакӣ харидашударо баргардонанд ё бо хоҳиши шахсони чиптаи пешакӣ харида онҳоро то оuози спектакл иваз намоянд.
Меъёрҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба дигар ташкилотҳое, ки намоиши оммавии намоишномаҳои театриро ба амал мебароранд, паҳн мегардад.
 
БОБИ 4. ҲУҚУҚИ МУСТАСНОИ БА САҲНА ГУЗОШТАНИ НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӣ БАРОИ НАМОИШИ ИXРОИ ЗИНДА
 
Моддаи 12. Субьектҳои дорои ҳуқуқи ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ барои намоиши иxрои зинда
Субъектҳои дорои ҳуқуқи басаҳнагузории намоишномаҳои театрӣ барои намоиши иxрои зинда басаҳнагузоранда, ҳунарпешагон, иxрокунандаҳои нақшҳо (партияҳо) дар намоишномаҳои театрӣ ва продюсер мебошанд.
Ҳуқуқи мустаснои ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ барои намоиши иxрои зинда (минбаъд – ҳуқуқи ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ) аз вақти қабули қарор дар бораи намоиши оммавии он ба миён меояд, агар дар шартномаи байни субъектҳои дорои ҳуқуқӣ ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ пештар ба миён омадани ин ҳуқуқ пешбинӣ нашуда бошад.
Қарор дар бораи тайёр будани намоишномаи театрӣ барои намоиши оммавӣ аз xониби таҳиягар ва продюсер якxоя қабул карда мешавад, агар дар шартномаи аз xониби онҳо басташуда қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
 
Моддаи 13. Ҳуқуқи таҳяягар ва ҳунарпешагон барои ба саҳна гузоштани вамоишномаи театрӣ
Таҳиягар ва ҳунарпешагон, иxрокунандагони нақшҳо (партияҳо) дар намоишномаи театрӣ, ба ном-ифодаи номи худ дар нашрияҳои рекламавӣ, эълонномаҳо, дигар маводҳои иттилоотӣ, ки бо намоишномаи театрӣ алоқаманданд, ҳуқуқ доранд.
Таҳиягар барои аз таҳриф муҳофизат кардани намоишномаи театрӣ ҳуқуқ дорад. Бидуни огоҳӣ ё иxозати таҳиягар таuйир додани ҳайати иxрокунандагони нақшҳо (партияҳо), мизанстсенаҳо, хореография, ороиши саҳна, партигураи равшанидиҳӣ, костюмҳои театрӣ, асбобу анxоме, ки ҳунарпешагон истифода мебаранд, мусиқии намоиши театрӣ ҳамчун аломати таҳриф дониста мешаванд. Дар шартномаи байни таҳиягар ва продюсер муқаррар кардани дигар аломатҳое, ки боиси таҳрифи намоишномаи театрӣ мегарданд имкон дорад.
Дар шартномаи байни продюсер, таҳиягар ва ҳунарпешагон мумкин аст ба uайр аз ҳуқуқҳои муқарраркардаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда дигар ҳуқуқҳо низ пешбинӣ карда шаванд.
Ҳуқуқи ҳунарпеша ба ифодаи номи худ дар давоми тамоми давраи иштироки вай дар намоишномаи театрӣ амал мекунад.
Ҳуқуқи таҳиягар ба намоишномаи театрӣ дар давоми тамоми давраи намоиши оммавии ин намоишнома амал менамояд.
 
Моддаи 14. Ҳуқуқи продюсер ба намоиши оммавии намоишномаи театрӣ
Бастани шартномаи байни таҳиягар ва продюсер барои иштирок дар офаридан ё намоиш додани намоишномаи театрӣ боиси ба продюсер додани ҳуқуқи ба амал баровардани намоипш оммавии намоишномаи театрӣ мегардад. Дар ин ҳолат продюсер ҳуқуқ дорад:
-xой ва вақти намоиши оммавии намоишномаи театриро муайян намояд, ин намоишро аз номи худ амалӣ гардонад, нархи xиптаҳоро муқаррар кунад;
-шумораи намоишҳои оммавии намоишномаи театриро муайян намояд, намоиши оммавии намоишномаи театриро қатъ ва барқаррр созад;
-шартҳои истифодаи намоишномаи театрӣ, қисмҳои он дар намоишномаҳои дигар, шартҳои дар эфир бо ёрии воситаҳои техникӣ (намоиши телевизонӣ, телевизиони кабелӣ ва дигар воситаҳои техникӣ) истифода бурдани намоишномаи театрӣ, бо ҳар гуна маводи техникӣ сабт кардан ва таxдиди намоишномаи театриро муайян кунад;
-ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ нусха бардоштани намоишномаи театриро бо ҳуқуқи намоиши оммавии он дар сурати риояи меъёрҳои пешбиникардаи қисми дуюми ҳамин модда иxозат диҳад, агар дар шартномаи байни продюсер ва шахсони мазкур шартҳои дигар пешбинӣ нашуда бошад.
 
Моддаи 15. Вазифаи продюсер оид ба нигоҳдории ҳалли бадеии намоишномаи театрӣ
Продюсер вазифадор аст, ки агар дар шартномаи байни e ва таҳиягар шартҳои дигаре пешбинӣ нашуда бошанд, таҳиягарро огоҳ намояд:
-дар бораи зарурати дохил кардани таuйирот ба намоишномаи театрӣ ва шартҳое, ки дар асоси он амалӣ гардонидани онҳо ба таҳиягар пешниҳод мешавад;
-дар бораи таuйиротҳои фаврии дар шартнома муқарраршуда, бидуни иштироки таҳиягар ба намоишномаи театрӣ ворид карда шуда ва дар бораи сабабҳои ин таuйиротҳо;
-дар бораи қатъи намоиши оммавии намоишномаи театрӣ то ба охир расидани мeҳлат ё дар бораи ихтисори шумораи намоишномаҳои дар шартнома пешбинишуда, инчунин дар ҳолатҳое, ки мeҳлати ниҳоии намоиши оммавӣ ё шумораи намоишномаҳо дар шартнома муайян гардидаанд.
Таҳиягар ҳуқуқи аз таҳриф ҳимоя намудани намоишномаи театриро татбиқ намуда, метавонад боздошти намоиши оммавиро бо мақсади барқарорсозии ҳалли бадеии намоишномаи театрӣ талаб намояд.
 
Моддаи 16. Ҳимояи ҳуқуқи гузоштани намоишномаи театрӣ
Субъектҳои дорои ҳуқуқи мустасно ба намоишномаи театрӣ ҳуқуқ доранд аз вайронкунандаи ин ҳуқуқ барқарор сохтани муқаррароти то вақти вайронкунӣ xойдоштаро талаб намоянд.
Дар шартномаи байни продюсер ва субъектҳои дигари дорои ҳуқуқи мустаснои намоишномаи театрӣ, мумкин аст барои ҳуқуқи мустаснои намоишномаи театриро вайрон кардани яке аз тарафҳо, xавобгарии моддӣ ё дигар намуди xавобгарӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шавад.
 
БОБИ 5. ТАШКИЛ ВА ТАНЗИМИ ИҚТСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕАТРӣ
 
Моддаи 17. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии театрҳо
Театрҳои давлатӣ метавонанд дар шакли муассиса ё шакли ширкати uайритиxоратӣ таъсис ёбанд.
Театрҳои uайридавлатӣ метавонанд дар ҳар гуна шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, таъсис ёбанд.
 
Моддаи 18. Амволи театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ
Театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо бо амволи зарурии фаъолияти театрӣ (биноҳо, иншоот, таxҳизот, воситаҳои саҳнавию басаҳнагузорӣ, дигар амволи истеъмолшаванда, иxтимоӣ, фарҳангӣ ва таъиноти дигар) таъмин мешаванд.
Ба театрҳои давлатӣ ва ғайритиxоратӣ амвол барои ҳуқуқи идораи фаврӣ вобаста карда мешавад.
Ба театрҳои давлатӣ ва ғайритиxоратӣ муассисон амволро тибқи шартномаи идораи эътимоднок таҳвил медиҳанд.
Амволи ғайриманқули ба театрҳои давлатӣ ва ғайритиxоратӣ вобасташуда ба онҳо ройгон бо ҳуқуқи истифодаи доимӣ (бемeҳлат) вогузошта мешавад.
Театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ метавонанд иштирокчиёни xамъиятҳои хоxагӣ ва саҳмгузори ширкатҳои тибқи боварӣ танҳо бо иxозати мақоми ба он ваколатдори ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бошанд.
Мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ба он танзими давлатии соҳаи фарҳанг вогузошта шудааст, нисбати амволи театрҳои аз xониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсисёфта, аз номи давлат ҳуқуқ ва вазифаи амволӣ, инчунин назорати давлатиро амалӣ мегардонад.
Ҳуқуқ ва вазифаҳои амволӣ, инчунин назорат нисбати амволи театрҳои uайритиxоратӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Дар сурати барҳам хурдани театри давлатӣ ё uайритиxоратӣ амволи он, ки баъди қонеъ гардидани талаботи қарздиҳандаҳо боқи мондааст, аз Ҷумла амволи uайриманқул, ба мақоми ваколатдори ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мегузарад ва метавонад танҳо бо мақсадҳои фаъолияти театрӣ истифода гардад. (ҚТ 02.01.2018.№1485)
 
Моддаи 19. Маблаuгузории театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ
Театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ аз буxетҳои дахлдор ва инчунин аз манбаъҳои uайрибуxетӣ маблаuгузорӣ карда мешаванд.
Даромадҳои театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ аз иxорадиҳии амволӣ дар моликияти давлати қарордошта аз xониби ин театрҳо ба сифати манбаи маблаuгузории фаъолияти оинномавии онҳо пурра истифода мегарданд.
Маблаuҳои аз дигар манбаъҳо воридшуда, ҳаxми маблаuгузории буxетии театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратиро кам намекунанд.
Маблаuҳои молиявии дар давраи ҳисоботӣ истифоданашуда аз театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ гирифта намешаванд ё аз xониби муассисон (моликон) ба ҳаxми маблаuгузории соли оянда дохил карда намешаванд.
Маблаuгузории театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ аз ҳисоби маблаuҳои буxетҳои дахлдор дар асоси беподош ва бебозгашт барои амалӣ гардидани хароxотҳои муайяни мақсаднок ё бо шартҳои маблаuгузории саҳомии ин хароxотҳо бо тартиби қонунгузории буxетӣ сурат мегирад.
 
Моддаи 20. Идораи театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар қатори дигар муассисон дар идораи театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. (ҚТ 02.01.2018.№1485)
Роҳбарии бевосита ба фаъолияти театрҳои давлатӣ ва uайритиxоратӣ бо тартиби пешбиникардаи ҳуxxатҳои таъсисотии онҳо ба амал бароварда мешавад:
-дар асоси яккасардории директор ё роҳбари бадеии театр, муассис бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебандад;
-дар асоси тақсимоти ваколатҳои соҳавӣ байни директор ва роҳбарони бадеии театр муассис ба ҳар кадоми онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебандад.
 
Моддаи 21. Театрҳои uайридавлатӣ ва ташкилотҳои театрӣ
Театрҳои uайридавлатии тиxоратӣ ва uайритиxоратӣ, инчунин ташкилотҳои театрӣ дар баробари театрҳои давлатӣ ва ғайритиxоратӣ ва ташкилотҳои театрӣ ҳуқуқ доранд дар озмунҳое, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот эълон мекунанд, иштирок намоянд, инчунин барои гузаронидани сиёсати имтиёзноки нархӣ нисбати табақаҳои аз xиҳати иxтимоӣ ҳимоянашудаи аҳолӣ, барои мақсадҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, субвенсия гиранд.
Идораи театрҳо ва ташкилотҳои театрии uайридавлатии тиxоратӣ ва uайритиxоратӣ бо тартиби пешбиникардаи ҳуxxатҳои таъсисотии онҳо ва қонунгузории гражданӣ сурат мегирад. (ҚТ 02.01.2018.№1485)
 
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ ЭXОДИИ КАСБӣ. ҲИФЗИ ИXТИМОИИ КОРМАНДОНИ ТЕАТР
 
Моддаи 22. Тартиби тасдиқи феҳристи касбҳои эxодии театрӣ ва феҳристи  вазифаҳои кормаидони дигар касбҳои хоси театрӣ
Феҳристи касбҳои эxодии театрӣ (ихтисосҳо) ва феҳристи вазифаҳои (ихтисосҳои) кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ба зиммаи он танзими давлатӣ дар соҳаи фарҳанг вогузошта, бо Иттифоқи ходимони театрӣ мувофиқа гардидааст, тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 23. Шартномаҳо бо кормандони эxодии театрӣ
Фаъолияти кормандони эxодии касбҳои театрӣ дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ва шартномаҳои ҳуқуқии гражданӣ сурат мегирад.
Ишuоли вазифаҳо дар театр аз xониби кормандони эxодии касбҳои театрӣ, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад, сурат мегирад.
Низомномаро дар бораи ишuоли вазифаҳои кормандони эxодии касбҳои театрӣ дар театр мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ба зиммаи он танзими давлатии соҳаи фарҳанг вогузошта, бо Иттифоқи ходимони театр мувофиқа шудааст, тасдиқ мекунад.
Дар шартномаи (қарордоди) корманди эxодии касбҳои театрӣ бо маъмурияти театр ба uайр аз шартҳои ҳатмӣ, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, шароит ва тартиби ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳуқуқ ба иxрои зиндаи намоишномаи театрӣ муайян карда мешавад.
Шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ мутобиқи талаботи қонунгузории гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд.
 
Моддаи 24. Шароит ва муҳофизати меҳнати кормандони театрҳо
Шароити меҳнат ва талаботҳои меъёрии муҳофизати меҳнати кормандони театрҳои шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият бо Низомнома оид ба шароит ва ҳифзи меҳнати кормандони театрҳо бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Кормандони эxодии касбҳои театрӣ ва кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ, ки корҳоро дар асоси шартномаи ҳуқуқи гражданӣ иxро менамоянд, баробари кормандоне,  ки корро тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ иxро мекунанд, аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ суuуртаи ҳатмии иxтимоӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 25. Бо кор таъмин намудани кормандоии эxодии касбҳои театрӣ ва кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ
Бо кор таъмин намудани кормандони эxодии касбҳои театрӣ ва кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ, ки бекор мондаанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
 
Моддаи 26. Таъмини иxтимоии кормандони эxодии касбҳои театрӣ
Кормандони эxодии касбҳои театрӣ барои хизмати дарозмуддат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисгон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нафака ҳуқуқ доранд.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои кормандони театрҳо, ки дар инкишофи театрӣ ватанӣ саҳми калон гузоштаанд, нафақаи давлатӣ, иловапулӣ барои унвонҳои давлатӣ, таъминоти иловагии моддии ҳармоҳаи якумрӣ, хизматрасонии имтиёзноки тиббӣ ва санаторию курортӣ, таъмини бепули манзил ва истифодаи бепули нақлиёти xамъиятӣ, инчунин чораҳои дигари ҳифзи иxтимоӣ аз ҳисоби маблаuҳои  буxетҳои дахлдор ва дигар манбаъҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда метавонанд. (ҚТ 02.01.2018.№1485)
Ба ходимони театр, ки дар инкишофи театрӣ ватанӣ саҳми барxаста гузоштаанд, бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, ки танзими давлатии соҳаи фарҳанг ба зиммаи он вогузошта шудааст, таъминоти ҳармоҳаи иловагии якумра ва дигар чораҳои ҳифзи иxтимоӣ муқаррар шуда метавонанд.
 
БОБИ 7. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ВА ИҚТИСОДИИ ХОРИXИИ ТЕАТРҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕАТРӣ
 
Моддаи 27. Фаьолияти байналмилалии театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба инкишофи робитаҳои байналхалқии театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ кeмак мерасонанд, иштироки мустақилонаи бевоситаи ходимони театрро дар мубодилаҳои байналмилалии театрӣ ҳавасманд мегардонанд, иштироки театрҳо ва ташкилотҳои театриро дар фестивалҳо ва озмунҳои байналмилалии театрӣ дастгирӣ менамоянд, барои гузаронидани чунин чорабиниҳо дар дигар мамлакатҳо мусоидат мекунанд. (ҚТ аз 31.12.08с №478). (ҚТ 02.01.2018.№1485)
Бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон театр, ташкилоти театрӣ ҳуқуқ дорад бо ташкилотҳои хориxӣ робитаҳои мустақим муқаррар намуда, фаъолияти иқтисодии хориxиро амалӣ карда, дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ ҳисобҳои асъорӣ дошта бошад.
 
Боби 8. Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 28. авобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории умҳурии Тоикистон ба авобгарӣ кашида мешаванд. (ҚТ 02.01.2018№1485)
 
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
          Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  2 декабри соли 2002
№80
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» қабул карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  1 октябри соли 2002
№ 700                       
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  12 ноябри соли 2002
№ 343

Илова кунед