Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи йоднокгардонии намак

12 Ноябр 2002, Сешанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2002, №11, мод. 738; соли 2007, №5, мод. 369)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии тадбирҳои вобаста ба йоднокгардонии намакро бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои дар ин соҳа ба миёнояндаро танзим мекунад.
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода шудаанд:
йоднокгардонии намак — амали бо йод омехтагардонии намак бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод;
бемориҳо вобаста ба норасоии йод-ҳолати номуътадиле, ки аз вайрон шудани фаъолияти uадуди сипаршакл дар натиxаи норасоии йод дар xисми одам пайдо мешавад (паст рафтани сатҳи тафаккур, бачапартоӣ, тавлиди кeдаки мурда, камақлӣ ва uайра);
пешгирии бемориҳо аз норасоии йод – амалҳое, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод нигаронида шудаанд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи йоднокгардонии намак
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи йоднокгардонии намак ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.
 
Моддаи 3. Доираи татбиқи Қонуни мазкур          
Қонуни мазкур ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи йоднокгардонии намак фаъолият мекунанд, дахл дорад.
 
Моддаи 4. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи йоднокгардонии намак
Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи йоднокгардонии намак бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод аз амалҳои зайл иборатанд:
таҳия ва иxрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод;
ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурӣ, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо дар соҳаи пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод;
назорат, баҳодиҳӣ ва пешгирии дараxаи паҳншавии бемориҳо вобаста ба норасоии йод дар байни аҳолӣ;
якxоя бо мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо анxом додани назорати иxрои талаботи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод;
муайян намудани минтақаҳое, ки дар таркиби хокашон йод кам мебошад;
омeзиш, баҳодиҳӣ ва пешгeии дараxаи паҳншавии бемориҳо аз норасоии йод дар байни аҳолӣ;
амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ бо мақсади истеҳсол, фурeш ва бо намаки йоднокгардондашуда таъмин кардани талаботи аҳолӣ;
ваколатҳои дигаре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 5. Тадбирҳои йоднокгардонии намак
Дар соҳаи йоднокгардонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
ташкили муоинаи аҳолӣ, пешгирӣ ва ошкор кардани шахсоне, ки гирифтори бемориҳои норасоии йод гардидаанд;
баҳодиҳии ҳарсола бо мақсади мониторинги xараёни паҳншавии бемориҳо аз норасоии йод, самаранокии чораҳои пешгирӣ ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардани маълумот дар бораи натиxаҳои он;
ташкили гузаронидани тадқиқоти илмӣ, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод равона шудааст;
огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи чораҳои пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод ва ташкили воситаҳои маърифати санитарӣ тавассути матбуот, радио, телевизион оид ба масъалаҳои пешгирии бемории мазкур, нашри варақаҳо, маълумотномаҳо ва uайра;
ҳатмӣ будани риояи стандартҳо, талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои (минбаъд стандарт ва талабот) таъмини сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда аз xониби ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи истеҳсол, содирот, воридот ва фурeши намаки йоднокгардондашуда фаъолият мекунанд.
 
Моддаи 6. Назорати давлатии пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод
Назорати давлатии пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод аз xониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, амалӣ гардонида мешавад.
Экспертизаи намунаҳои намак ба мақсади муқаррар намудани мутобиқати нишондиҳандаи сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда ба стандарт ва талабот аз xониби мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронда мешавад.
Назорати xамъиятӣ ба риояи стандарт ва талабот, таъмини сифат ва бехатарии намаки йоднокгардонидашуда мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ, амалӣ гардонида мешавад.
 
Моддаи 7. Талабот нисбат ба намаки йоднокгардондашуда
Истеҳсол, фурeш, воридоту содироти намаки йоднокгардондашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,   бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тxчикистон амалӣ мегардад.
Намаке, ки бо таом истеъмол мешавад ва барои хeрокаи чорво истифода мегардад, бояд йоднокгардондашуда, сифат ва бехатарии он ба стандарт ва талаботи дахлдор xавоб дода тавонад. Сифати йоди таркиби намак аз xониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Истеҳсол, тоза, йоднокгардондани намак ва фурeши он мутобиқи тартиботи меъёру қоидаҳои санитарию гигиенӣ сурат мегирад.
Басту банди намаки йоднокгардондашудаи ба Ҷумҳурӣ воридшаванда ва намаки йоднокгардондашудаи дар Ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, реклама, тамuагузорӣ, ҳифз, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурeши он дар асоси риояи стандарт ва талаботи дахлдор, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анxомдода мешавад.
Намаки йоднокгардондашуда, ки мeҳлати истифодааш гузаштааст, танҳо ҳамчун намаки техникӣ истифода бурда мешавад.
Фурeши намаки йоднокгардонданашуда ва ворид намудани он дар Ҷумҳурӣ, манъ аст.
 
Моддаи 8. Сертификатсияи намаки йоднокгардондашуда
Бо мақсади муқаррар намудани мутобиқатии нишондиҳандаи сифат ва бехатарӣ, намаки йоднокгардондашудаи дар Ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда мешавад.
Истеъмолкунандагон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи йоднокгардонӣ ва сертификатсияи намак огоҳ карда мешаванд.
 
Моддаи 9. Ҳавасмандгардонии истеҳсоли намаки йоднокгардондашуда
Бо мақсади таъмин кардани талаботи аҳолӣ бо намаки йоднокгардондашуда дар Ҷумҳурӣ сиёсати мақсадноки сармоягузорӣ, нархгузорӣ, қарздиҳӣ дар ин соҳа, амалӣ гардонида мешавад.
 
Моддаи 10. Кафолати сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба истеҳсол, содирот, воридот, фурeш ва рекламаи намаки йоднокгардондашуда машuуланд, бояд ба истеъмолкунандагон   сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда ва мутобиқатии ҳатмии онро ба стандартҳои давлатӣ кафолат диҳанд.
 
Моддаи 11. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсол ва фурeши намаки йоднокгардондашуда машuуланд, дар сурати вайрон кардани стандарту талаботи сифат ва бехатарии он, eҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ зарари ба саломатии одамон расондашударо xуброн намоянд.
Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 12. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  2 декабри соли 2002
№85
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи йоднокгардонии намак»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории xорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» мутобиқ гардонад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  9 октябри соли 2002
№703
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи йоднокгардонии намак» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  12 ноябри соли 2002
№ 344

Илова кунед