Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи партовҳои истехсолӣ ва истеъмолӣ

10 Май 2002, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2002, №4, қ-1, мод. 287; соли 2005, №7, мод. 409; соли 2011, № 6, мод. 447)
 
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти ҳосилшавӣ, xамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан, безараргардонӣ ва гуронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меоянд, танзим менамояд ва ба пешгирии таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити атроф, саломатии инсон ҳангоми муомилот бо партовҳо ва истифода бурдани онҳо барои эҳтиёxоти хоxагию истеҳсолӣ ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд.
 
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
Моддаи 1Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— партовҳо — моддаҳои гуногун, масолеҳ ва xисмҳое, ки дар рафти ҳаёт ва фаъолияти инсон ба вуxуд омада, дар xои пайдо ё зоҳиршудаашон қобили истифода бурдан нестанд ва моликашон онҳоро нобуд карданианд ё худ ҳатман бо роҳи истифодабарӣ ё барҳамдиҳӣ аз онҳо халос шуданиянд;
— партовҳои истеъмолӣ— маҳсулот, масолеҳ, моддаҳое, ки дар натиxаи истеъмолкунӣ хусусиятҳои истеъмолии худро пурра ё қисман гум кардаанд;
— ашёи хоми дуюмдараxа— партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолие, ки барои истифодаи дубора xамъ (муҳайё) ва тайёр карда шудаанд;
— партовҳои рeзuор – партовҳои истеъмолие, ки дар маҳалҳои аҳолинишин дар натиxаи фаъолияти ҳаётии аҳолӣ пайдо шудаанд;
— партовҳои хатарнок— партовҳое, ки дар таркиби худ моддаҳои дороӣ хусусиятҳои хатаровар (ба монанди заҳрнокӣ, сирояткунанда, таркишӣ, хатари сухторӣ, қобилияти баланди реаксиониро) доранд ва дар миқдору шаклҳое мавxуданд, ки ҳар кадоми он чӣ мустақилона ва чӣ дар тамос бо моддаҳои дигар барои саломатии инсон ва муҳити атроф хатари бевосита ё имконпазир доранд;
— муомилот бо партовҳо — тамоми шаклҳои фаъолият, ки ба ҳосилшавӣ, xамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, истифодабарӣ, безараргардонӣ, гуронидани партовҳо вобаста аст;
— мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо — мақомоти махсусе, ки аз xониби Ҳукумати Xмҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо парговҳо ваколатдор гашгааст;
— нигоҳдории партовҳо – нигоҳ доштани партовҳо дар захирагоҳҳои махсус таxҳизонидашуда то лаҳзаи аз он xо барои гуронидан, безарар гардондан ё ба истифода баровардани онҳо;
— гуронидани партовҳо — xудогузории партовҳо, ки дар муҳити атроф паҳн гаштани моддаҳои ифлоскунандаро пешгирӣ намуда, ба истифодаи минбаъдаи ин партовҳо роҳ намедиҳад;
— истифодаи партовҳо— истифодаи партовҳо барои истеҳсоли маҳсулот ва иxрои корҳо (хизматрасонӣ) ё ҳосил намудани неру (энергия);
— безараргардонии партовҳо — коркард (аз Ҷумла сeзондан)-и партовҳо дар дастгоҳҳои махсус, ки таъсири хатарнокии онҳоро ба муҳити атроф ва инсон кам мекунад;
— технологияи кампартов — xараёни истеҳсоли маҳсулот, ки дар рафти он ҳангоми истеҳсоли як воҳиди маҳсулот назар ба истифодаи усулҳои мавxудаи анъанавии истеҳсолии ҳамин маҳсулот миқдори ками партов ҳосил мешавад;
— меьёрҳои муомилот бо партовҳо— маҳдудияти миқдори ва сифатӣ вобаста ба ҳосилшавӣ, xамъкунӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан ва гуронидани партовҳо бо назардошти таъсири онҳо ба муҳити атроф;
— меъёри xойгиркунонии партовҳо — миқдори интиҳоии партовҳо, ки xойгир карданаш бо назардошти вазъи экологии минтақа дар муҳлати муқарраршуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иxозат дода шудааст;
— мавзеи xойгиркунонии партовҳо – машқгоҳҳо, партовгоҳои иxозатшуда, анборҳои махсус, хоктудаҳои xинсҳои кeҳӣ ва дигар мавзеъҳои таxҳизонидашудаи махсус барои нигоҳдорӣ ва гуронидани партовҳо;
— аз сарҳадгузаронӣ – ҳар гуна xойивазкунӣ (бо нақлиёт гузарондан)-и партовҳо аз маҳалле, ки дар ҳудуди давлати дигар мебошад;
— шиносномаи партовҳои хатарнок – ҳуxxате, ки аз хусусияти сифатӣ ва миқдории партовҳо бо нишондоди шаклу дараxаи хатарнокии онҳо шаҳодат медиҳад;
— мониторинги мавзеи гуркунӣ — назорати дарозмeҳлат ба ҳолати мавзеи гуркунии партовҳо, ифлосшавии муҳити атроф дар ҳудуди чунин мавзеъҳо ва муҳити зист дар натаxаӣ ҳодисаҳои табиии дар он баамалоянда, инчунин баҳодиҳӣ ва пешгуии ифлосшавии муҳити зист аз ҳолатҳои воқеии чунин мавзеъҳо.
— партовҳои бесоҳиб – партовҳое, ки соҳиб надоранд ё ин ки соҳиби онҳо номаълум аст;
           — коркарди партовҳо – фаъолияте, ки ба истифодаи партовҳо ба сифати захираҳои дуюмдараҷа вобастагӣ      дорад;
— нест кардани партовҳо – фаъолият оид ба гӯркунӣ, безарар кардан ва ё несту нобуд сохтани партовҳо.
(ҚҶТ,28.06.11с,№736).
        
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ
1.Қонунгузорӣ дар бораи партовҳои истеҳсоли ва истеъмолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
  1. Муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба иншоотҳои обӣ партофтани моддаҳои зарарнокро қонунгузории махсус танзим мекунад.
 
Моддаи 3. Доираи амали  Қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликияташон, ки фаъолияти худро дар соҳаи муомилот бо партовҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд, тааллуқ дорад. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
 
Моддаи 4.Принсипҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо
Принсипҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо инҳо мебошанд:
  • бартарии ҳифзи муҳити атроф бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсон;
  • вобаcтагии илман асоснокшудаи манфиатҳои иқтисодию экологии xамъият;
  • таъсис додану татбиқ намудани равандҳои технологияҳои кампартов;
  • коркарди комплексии захираҳои моддию ашёи хом дар асоси силсилаи технологияҳои сарбаста;
  • истифодаи механизмҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, барои ба гардиши хоxагию истеҳсоли xалб намудани партовҳо;
  • риояи талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиат, ногузирии таъини xавобгарӣ барои вайрон намудани он;
  • назорати давлати ба риоя намудани қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологи ҳангоми муомилот бо партовҳо;
  • банақшагирии чорабиниҳо оид ба нигоҳдории бехатарии партовҳо ва маблаuгузории онҳо;
  • озодона дастрас будани ахборот дар соҳаи муомилот бо партовҳо барои шахсоне, ки манфиаташон ҳангоми чунин фаъолият зарар дида метавонад;
  • қабул кардани қарорҳое, ки манфиати аҳолиро бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ифода менамояд ва иштирок намудан дар ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо.
 
Моддаи 41. Партовҳо ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият
  1. Партовҳо объекти ҳуқуқи моликият мебошанд. Ҳуқуқи моликият ба партовҳо метавонад бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як шахс ба шахси дигар гузарад.
  2. Истеҳсолкунандаи партовҳо ҳуқуқи моликият ба партовҳоро аз лаҳзаи ҳосилшавии онҳо ва то ба шахси дигар гузаштани ин ҳуқуқ ё ин, ки то коркард ё пурра несту нобуд сохтани партовҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ба даст меорад.
  3. Дар ҳолати хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо ҳаҷми муайяни партовҳо ҳосил шудааст, ҳуқуқи моликият ба партовҳо ва ӯҳдадориҳои ҷуброн кардани товони зарари аз партов ба саломатии инсон, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва муҳити зист расида ба соҳибони нав мегузаранд.
 
Моддаи 42. Партовҳои бесоҳиб
  1. Тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳибро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунад, ба шарте ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ошкор намудан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, истифодаи маҷмӯии ин гуна партовҳо, риояи шартҳои муомилот бо онҳо ва пешгирии таъсири манфии онҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон масъул мебошанд.
  3. Истифодабарандагони қитъаҳои замине, ки дар он қитъаҳо партовҳо ошкор карда шудаанд ва ин партовҳо ба онҳо тааллуқ надоранд, вазифадоранд оид ба ин ҳолат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдорро хабардор намоянд.
  4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд барои пайдо кардани соҳибмулки партовҳои бесоҳиб, муайян кардани дараҷаи хавфнокии онҳо, ташкили баҳисобгирии партовҳои бесоҳиб чора андешанд ва нисбат ба муомилот бо онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намоянд.
  5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳибмулки партовҳое мебошанд, ки дар ҳудуди онҳо ҷойгиранд, соҳиб надоранд ё ин ки соҳиби онҳо муайян карда нашудааст.
  6. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои доимоамалкунандаро оид ба масъалаҳои ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб таъсис медиҳанд.
  7. Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳибро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
 
БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ДАР  СОҲАИ
МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХО
 
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 
 соҳаи муомилот бо партовҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовҳо мансубанд:
— ташкилу татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
— муқаррар кардани принсипҳои умумии ташкил ва гузаронидани назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
— муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
— таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
— қабул ва тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқиро  дар соҳаи муомилот бо партовҳо танзим мекунанд ва назорати иҷрои онҳоро ба роҳ мемонанд. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
 
Моддаи 51. Ваколати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи
            муомилот бо партовҳо
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо чунин ваколатҳо доранд:
— назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо, аз ҷумла оид ба риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ;
— ташкил ва гузаронидани назорату санҷишҳо дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
— ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
— додани иҷозат, муайян кардани меъёри ҳосилшавӣ ва ҷойгиронии партовҳо;
— таҳия, тасдиқ ва татбиқи қоидаю меъёрҳои давлатӣ, ки муомилоти бехатари экологии партовҳоро  танзим менамоянд ва талаботи бехатарии партовҳоро барои муҳити зист ва инсон муқаррар мекунанд;
— дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба амал баровардани тадбирҳои рафъи оқибатҳои фалокату садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;
— ба мақомоти дахлдор ирсол намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба маҳдуд ё қатъ намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста ба шакли моликияташон, ба шарте ки дар фаъолияти онҳо вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ҷой дошта бошад;
— ташкили баҳисобгирии давлатӣ ва ҳисоботдиҳӣ доир ба муомилот бо партовҳо;
— таъмини аҳолӣ бо иттилоот дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
— ташкил ва пешбурди кадастри партовҳо;
— ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ;
— амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
 
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ
                           дар соҳаи муомилот бо партовҳо
  1. Ба ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дохил мешаванд:
— дар ҳудудҳои худ амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
— ба амал баровардани тадбирҳои рафъи оқибати фалокату садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;
— нест кардани партовҳо аз ҳисоби маблаѓи соҳибмулк бо ҷуброни товони зараре, ки ба муҳити зист расидааст;
— ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои истифодаи пурраи партовҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
— таъмини аҳолӣ бо иттилоот дар бораи  муомилот бо партовҳо;
— дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори манфиатдор муқаррар намудани тартиби муомилот бо партовҳо дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва маҳалҳои дигар;
— ташкили ҷамъоварӣ ва нест кардани партовҳои рӯзгор, аз ҷумла ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо;
— тасдиқи қоидаҳои муомилот бо партовҳои рӯзгор;
— тасдиқи барномаҳои маҳаллии муомилот бо партовҳо ва назорати иҷрои онҳо;
— ошкор кардан ва барҳам додани партовгоҳи тасдиқнагардида;
— андешидани тадбирҳо оид ба ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, пайдо кардани соҳибмулки партовҳои бесоҳиби ошкоркардашуда, муайян намудани дараҷаи хатарнокии онҳо;
— ба аҳолӣ фаҳмондани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо;
— муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ба ҷамъоварии партовҳо ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа.
  1. Ваколати мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муомилот бо партовҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
БОБИ 3.ТАЛАБОТ ҲАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО
 
Моддаи 7. Талабот ҳаигоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корхонаҳо, иншоотҳо ва объектҳои дигар
Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корҳонаҳо, иншоот ва объектҳои дигар, шахсони воқеи ва ҳуқуқи вазифадоранд:
  • стандарт, меъёр ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи сифатии муҳити атрофро, ки дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян шудаанд, риоя намоянд;
— мувофиқа намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёри ҳосилшавӣ ва ҷойгиронии партовҳо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ;
  • гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи, санитарию эпидемиологи оид ба лоиҳаҳои тайёркардашуда ва дигар хуxxатҳое, ки фаъолияти онҳоро вобаста ба муомилот бо партовҳо муайян мекунад. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
 
Моддаи 8.  Додани иxозатнома (литсензия) барои фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок
Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои хатарнок мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 9. Талабот оиди истифодаи истеҳсолотӣ фаъолияткунанда
1.Шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар рафти иcтифодабарии истеҳсолоти фаъолияткунанда вазифадоранд:
  • стандарт, меъёр ва муқаррароти дигареро, ки оиди сифати муҳити табиат дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян шудааст, риоя намоянд;
  • барои муомилот бо партовҳо иxозатнома дошта бошанд;
  • технологияи кампартовро xорӣ намоянд;
  • партовҳои ҳосилшударо ба рeйхат гирифта, ба мақомоти омор ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо маълумоти саҳеҳ пешниҳод кунанд;
  • назорати истеҳсолиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо амалӣ гардонанд;
  • ба мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо ахбороти заруриро диҳанд;
  • коидаҳои пешгирии вазъи садамавиро риоя кунанд;
  • ҳангоми рeй додани садамаҳои оқибати манфии экологидошта ё ба миён омадани ҳолатҳое, ки ба чунин садамаҳо меоваранд, фавран дар ин бора ба мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин ба мақомоти худидораи маҳаллӣ ва аҳолӣ хабар диҳанд;
  • ҳангоми аз сарҳад гузаронидани партовҳо Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин қоидаҳои байналмилалии аз сарҳад гузаронидани партовҳои хатарнокро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳбарӣ гиранд.
  1. Истифодаи истеҳсолоте, ки дар он нобудсозии партовҳои зарарноки ҳосилшуда тавассути усулҳои безарари экологи uайриимкон аст, манъ мебошад. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
 
Моддаи 10. Талабот ба xойгиркунонии партовҳо
1.Интихоби мавзеи сохтмони иншоот барои xойгиркунонӣ ва безараргардонии партовҳо дар асоси тадқиқоти махсус (заминшиносӣ, обшиносӣ ва uайра) дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, дар ҳолати гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи, мақомоти санитарию эпидемиологи ва қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (дар мавриди зарурӣ қарор бо назардошти афкори умум қабул карда мешавад) муайян карда мешавад.
  1. Гурондани партовҳо дар ҳудуди шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои бешабоu, истироҳатгоҳҳо, xойҳои табобатию беҳдоштӣ ва дамгирӣ, дар ҳудуди ҳавзҳо, чашмаҳои зеризаминӣ, ки барои корҳои хоxагию нушидан истифода бурда мешаванд, инчунин дар мавзеъҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва xойҳои маъданковӣ (дар мавриди таҳдидрасонӣ ба бехатарии корҳои маъданковӣ ва харобии конҳо) манъ аст.
  2. Xойгиркунонии партовҳо дар асоси иxозатномаҳои мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин бо мувофиқаи мақомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро амалӣ мегардонанд, имконпазир аст.
  3. Xойгиркунонии партовҳо мутобиқи қоидаҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, амалӣ мегардад. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
  4. Мавзеъе, ки дар он партовҳо гуронида шудаанд, ба рeйхати (реестри) давлатии мавзеъҳои гуронидани партовҳо дохил карда мешавад. Тартиби бурдани рeйхати (реестри) давлатии мавзеъҳои гуронидани партовҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян карда мешавад.
  5. Дар мавриди гуронидани партовҳо гузарондани мониторинга мавзеи гуркунӣ ҳатмист. Мониторинги мавзеи гуркунӣ аз тарафи молики объекти xойгиршавии партовҳо мутобиқи тартибе, ки бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба мувофиқа оварда шудааст, амалӣ мегардад.
  6. Моликони мавзеъҳои xойгиршавии партовҳо пас аз истифодаи ин мавзеъҳо (ё қитъаҳо) вазифадоранд корҳои барқароркунии қитъаҳои вайроншудаи заминро иxро намоянд.
 
Моддаи 11. Талабот ба тозакунии маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои истеъмолӣ ва рeзuор
  1. Ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бояд мунтазам аз партовҳои сахту моеъи истемолӣ тоза карда шавад.
  2. Ташкили оқилонаи xамъоварии партовҳо, ки xамъоварии алоҳидаи қисмҳои истифодашавандаи онҳо (партовҳои хeрокворӣ, металлҳои сиёҳ ва ранга, маснуоти бофандагӣ, коuаз ва uайра), нигоҳдории муваққатӣ, бурдан ва безараркунии мунтазами партовҳои истеъмолӣ, инчунин тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро пешбинӣ мекунад, аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад ва бояд ба талаботи қоидаҳои санитарӣ, гигиенӣ ва меъёрҳои экологи мутобиқ бошад.
  3. Риояи меъёру қоидаҳои нигоҳдории ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологи ва ҳифзи табиатро амалӣ мегардонанд, назорат мекунанд.
 
Моддаи 12. Талабот  ҳангоми муомилот бо партовҳои хатарнок
  1. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки дар натиxаи фаъолияташон партовҳои хатарнок ҳосил мешаванд, вазифадоранд ҳангоми муомилот ба онҳо ҳифзи боэътимоди муҳити атроф ва аҳолиро аз таъсири зараровар таъмин намоянд.
  2. Тамоми партовҳои хатарнок аз рeи таъсири зарарнокиашон ба инсон ва муҳити атроф ба дараxаҳо тақсим карда мешаванд.
  3. Дараxаи хатарнокии партовро истеҳсолкунандаи он мувофиқи хуxxатҳои меъёрие, ки мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, назорати санитарию эпидемиологи, кeҳӣ ва техники дар доираи салоҳияташон тасдиқ намудаанд, муаяйн мекунад.
  4. Партовҳои хатарнокро танҳо дар иншоотҳои барои ин мақсад махсус таxҳизонидашуда дар асоси иxозатномае, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудаанд, xойгир кардан мумкин аст.
  5. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки бо партовҳои хатарнок муомилот доранд, вазифадоранд партовҳои хатарнокро бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти омори давлатӣ ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба қайд гиранд.
 
Моддаи 13. Талабот ба кашондани партовҳои хатарнок
  1. Партовҳои хатарнокро танҳо дар мавриди мавxуд будани шиносномаи партовҳои хатарнок ва бо воситаҳои нақлиёти махсус таxҳизонидашуда кашондан мумкин аст.
  2. Тартиби кашондани партовҳо дар намудҳои мушаххаси нақлиёт (автомобили, роҳи оҳан, обӣ), талабот ба иxрои корҳои боркунӣ ва борфурорӣ, қоидаҳои дигари зарурӣ оид ба таъмини бехатарии экологи, бо стандартҳо ё меъёру қоидаҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатии назорат ба бехатарии нақлиёт тасдиқ шудаанд ва бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо мувофиқа шудаанд, муқаррар карда мешавад.
  3. Xавобгарии ҳуқуқӣ барои бехатарии муомилот бо партовҳо аз лаҳзаи ба воситаи нақлиёт бор кардани партовҳо ва аз тарафи ташкилот ё шахси воқеи, ки кашондани партовҳоро иxро мекунанд, қабул намудан, то лаҳзаи дар xойҳои муқарраршуда аз нақлиёт фаровардани онҳо ба души муассисаи нақлиётие мебошад, ки ба он нақлиёти додашуда тааллуқ дорад.
 
Моддаи 14. Аз сарҳад гузаронидани партовҳо
  1. Бо мақсади гурондан ва бехатар гардонидани партовҳо, ворид намудани онҳо ба қаламрави Ҷумҳурӣ манъ аст.
  2. Аз сарҳад гузаронидани ҳар гуна партовҳо барои истифодабарии дуюмбораи онҳо ба сифати ашёи хом танҳо бо иxозати мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
  3. Тартиби танзими давлатии аз сарҳадгузаронӣ ва гузаронидани транзитии партовҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
  4. Назорати воридот ва содироти партовҳои хатарнокро мақомоти ваколатдори ҳокимияти иxроияи давлатӣ, ки мутасаддии назорати сарҳадӣ,» гумрукӣ, экологи, санитари ва карантинӣ мебошанд, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, таъмин менамоянд.
(ҚҶТ,28.06.11с,№736).
БОБИ 4. НАЗОРАТ БА МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО
 
Моддаи 15. Назорати давлатӣ ба муомилот бо партовҳо
  1. Назорати давлатиро ба муомилот бо партовҳо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳал амалӣ мегардонанд.
  2. Ба назорати давлатии муомилот бо партовҳо дохил мешаванд:
  • назорат ба риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо, ошкор намудани вайронкунии ин талабот аз тарафи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳо оиди бартараф кардани онҳо;
  • назорат ба шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ оид ба риоя намудани талаботи соҳаи муомилот бо партовҳо, аз Ҷумла шартномаю созишномаҳои байналмиллалие, ки назорати аз сарҳадгузаронии партовҳои хатарноки ба сифати ашёи хом истифодашавандаро пешбинӣ намудаанд;
  • назорат ба иxрои чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат, гигиена, зидди элидемияҳо, қоидаҳои санитарию ҳифзи табиат, меъёрҳои гигиенӣ ва экологи ҳангоми муомилот бо партовҳо;
  • назорат ба риояи қоидаҳои бехатарии сухтор ҳангоми муомилот бо партовҳо;
— назорати риояи тартиби баҳисобгирии ибтидоии партовҳо;(ҚҶТ,28.06.11с,№736).
 
  • xамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумот оид ба муомилот бо партовҳо, баҳодиҳии таъсири онҳо ба муҳити атроф;
  • назорат ба саҳеҳии ахбороту ҳисоботе, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба партовҳо пешниҳод мекунанд;
  • таҳлили истеҳсолоти фаъолияткунанда, ошкор намудани имконияту васоити пасткунии андозаю дараxаи хатарнокии партовҳои ҳосилшуда, назорат ба харxи пурратар истифода бурдани партовҳо дар истеҳсолот ба сифати ашёи хом;
  • назорати риояи дастрас будани ахборот оил ба муомилот бо партовҳо ба аҳолӣ;
  • ба xавобгарии ҳуқуқӣ кашидани шахсони воқеию ҳуқуқии гунаҳкор тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қабул намудани қарорҳо дар бораи маҳдудкунӣ, боздоштан ва қатъкунии фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳо, ки барои муҳити атроф ва инсон хатари эҳтимолӣ доранд.
  1. Нисбати қарори мақомоте, ки назорати давлатиро ба муомилот бо партовҳо амалӣ месозад, бо тартибе, ки қонунгузории амалкунанда муқаррар намудааст, шикоят кардан мумкин аст.
 
Моддаи 16. Назорати истеҳсолӣ ба муомилот бо партовҳо
  1. Ташкилотҳое, ки фаъолияти хоxагию истеҳсолияшон бо партовҳо вобаста аст бо мақсади тафтиш намудани иxрои талаботи экологи, санитарӣ ва талаботи дигари муомилот бо партовҳо назорати истеҳсолиро ба муомилот бо партовҳо амалӣ менамоянд.
  2. Тартиби ташкили назорати истеҳсолии муомилот бо партовҳо бо низомномаҳо доир ба назорати муомилот бо партовҳо, ки корхонаю ташкилотҳо дар асоси Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуxxатҳои дигари меъёрие, ки ба муомилот бо партовҳо дахлдоранд, таҳия ва тасдиқ шудаанд ва бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо мувофиқа шудаанд, танзим карда мешавад. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
 
Моддаи 17. Назорати xамъятии муомилот бо партовҳо
Назорати xамъиятии муомилот бо партовҳо аз xониби иттиҳодияҳои xамъиятӣ мувофиқи оинномаҳояшон ва шаҳрвандон дар маҳалли истиқоматашон бо тартибе, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ гардида, аз тарафи ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ иxро шудани талаботи Қонуни мазкурро дарбар  мегирад. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
 
БОБИ 5. БАМЕЪЁРДАРОРӣ ВА БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӣ ҲАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО
 
Моддаи 18. Бамеъёрдарории муомилот бо партовҳо
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартибе, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо тасдиқ гардидааст, таъсири имконпазири партовҳоро ба муҳити атроф ва инсон риоя мекунанд.
  2. Меъёрҳои муомилот бо партовҳоро мақомоти ҳокимияти иxроия, ки вазифаҳои ҳифзи табиат, назорати санитарию эпидемиологи, кeҳӣ ва техникиро ба xо меоранд, дар доираи салоҳияташон ва бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
  3. Партовҳое, ки объекта хариду фурeш ё содироту воридот мебошанд, бояд бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатонида шаванд. (ҚҶТ,28.06.11с,№736).
 
Моддаи 19. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо
  1. Ҳисоботдиҳии давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо тартиби ягона дорад.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраршуда баҳисобгирии ибтидоии партовҳои ҳосилшуда, истифодашуда, ба шахсони дигар дода ё фурeхташуда, инчунин xойгиршударо ба иxро мерасонанд ва пуррагию саҳеҳии ахбороти пешниҳодшавандаро таъмин сохта, дар шаклу мeҳлати аз тарафи мақомоти омори давлатӣ ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муқарраргардида ҳисобот пешниҳод мекунанд.
  3. Тартиби баҳисобгирии ибтидоиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, тартиби баҳисобгирии расмии омориро бошад мақоми давлатии омор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, муқаррар мекунанд.
  4. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ нигоҳдории маълумотҳои баҳисобгириро дар соҳаи муомилот бо партовҳо дар давоми мeҳлате, ки мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муқаррар намудааст, таъмин менамоянд.
 
Моддаи 20. Кадастри давлатии партовҳо
  1. Кадастри давлатии партовҳо ташкил карда мешавад, ки он Маҷмeи мураттаби маълумотро оид ба баҳисобгирии партовҳо дар бар мегирад.
  2. Кадастри давлатии партовҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо тавассути методологияи ягона дар асоси таснифоти давлатии ахборотҳои техникию иқтисодӣ ва иxтимоӣ бурда мешавад.
3.Тартиби гузарондани кадастри давлатии партовҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
 
БОБИ 6. ТАНЗИМИ ИҚТИСОДӣ ВА ҲУҚУҚӣ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО
 
Моддаи 21. Танзими иқтисодӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо
  1. Барои xойгиркунонии партовҳо бо назардошти ҳаxми xойгирии онҳо, таснифи хатарнокӣ ва меъёрҳои xойгиркунонӣ маблаu ситонида мешавад.
Маблаuи аз пардохти xойгиркунонии партовҳо бадастомада ба буxети дахлдор равона мегардад.
  1. Механизм ва тадбирҳои ҳавасмандкунии иқтисодӣ ва пардохтҳои имтиёзнокро дар соҳаи муомилот бо партовҳо, тартиби гирифтан, муайянсозии ҳаxм ва тақсимоти пардохтҳои бадастомадаро аз xойгиркунии партовҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
 
       Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ,28.06.11с,№736).   
 
        Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,  10 майи соли 2002,
№ 44
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ва
мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2002, №4, қ- 1, мод. 289)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ, гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                               С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  13 марти соли 2002
№563
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
 МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2002, №4, қ-1, мод. 288)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  23 апрели соли 2002
№ 270

Илова кунед