Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон бинобар қонунигардонии маблаuҳояшон

10 Май 2002, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2002, №4, қ- 1, мод. 275)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз xониби давлат анxом дода шудани амали истисноии якдафъаина оид ба авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблаuҳояшон муайян менамояд.
Мақcади ин Қонун аз xалби маблаuҳои иловагӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бехтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ иборат мебошад.
 
Моддаи 1. Шарҳи мафҳумҳои асоси
Барои мақсадҳои Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мегарданд:
Қонунигардонии маблаuҳо — сармоягузории маблаuҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки қаблан аз гардиши қонунии иктисодӣ бароварда шуда, дар декларатcия расман нишон дода нашудаанд.
Авфи шаҳрвандон — аз xавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ озод намудани шахсоне, ки маблаuҳои худро қонунӣ гардонидаанд.
Давраи қонунигардонӣ — даврае, ки аз xониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонунигардонии маблаuҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 2. Соҳаи истифодаи Қонун
Қонуни мазкур нисбати он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ маблаuҳои худро қонунӣ гардонидаанд, истифода мегардад.
Муқаррароти пешбининамудаи Қонуни мазкур нисбати маблаuҳои дигар шахсон ё маблаuҳои ба сифати кредит гирифташуда татбиқ намегардад.
 
Моддаи 3. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии маблаuҳои шаҳрвандон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ метавонанд маблаuҳои худро ба тариқи зайл қонунӣ гардонанд:
а) саҳмгузорӣ дар ташаккули сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии ватанӣ, аз Ҷумла дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ;
б) харидории амвол, аз Ҷумла саҳмия ва қоuазҳои арзишноки шахсони ҳуқуқӣ резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) гузоштани пули нақд бо асъори миллӣ ё хориxӣ ба ҳисобҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё интиқоли маблаuҳо аз ҳисобҳои бонкҳои хориxӣ ба бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) соҳиб шудан ба ҳуқуқи молумулкии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қонунигардонии маблаuҳо, ки бандҳои «а», «б» ва «г»-и ин модда пешбинӣ намудааст, танҳо бо шарти интиқоли ҳатмии маблаuҳои қонунигардонидашаванда ба бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.
 
Моддаи 4. Кушодани ҳисобҳо барои шаҳрвандоне, ки маблаuҳои худро қонунӣ мегардонанд
Хусусиятҳои кушодан ва пешбурди ҳисобҳои бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблаuҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Ба шахсоне, ки маблаuҳои худро қонунӣ мегардонанд, бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳисобҳои онҳо маблаuҳои қонунгардонидашаванда ворид мешаванд, ҳуxxати расмие медиҳанд, ки ҳаxми маблаuи вориднамуда ва таърихи ворид намудани онро нишон медиҳад.
 
Моддаи 5. Махфияти маълумот оид ба маблаuҳои қонунигардонидашаванда ва соҳибони онҳо
Маълумот оид ба маблаuҳои қонунигардонидашаванда ва соҳибони онҳо махфӣ мебошад.
 
Моддаи 6. Афви шаҳрвандоне, ки маблаuҳои худро қонунӣ гардонидаанд
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ маблаuҳои худро қонунӣ гардонидаанд, авф карда шуда, аз xавобгардии дар моддаҳои 259, 260, 263, 193 Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои xиноятҳои то ouози давраи қонунигардонӣ содирнамуда ва xавобгарии дар моддаҳои 164, 1641, 1651 Кодекcи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ пешбинигардида то оuози давраи қонунигардонӣ озод карда мешаванд.
 
Моддаи 7. Кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки маблаuҳои худро қонунӣ мегардонаид
Дарвлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маблаuҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, кафолат медиҳад.
 
Моддаи 8. Масунияти андоз
Маблаuҳои мутобиқи  Қонуни   мазкур  қонунигардонидашуда ба даромади андозбандишававда дохил карда намешаванд.
 
Моддаи 9. Xавобгарӣ барои вайроикунии Қонуии мазкур
Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонутузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон xавобгаранд.
 
Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  10 майи соли 2002
№40
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиcтон
«Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон
бинобар қонунигардонии маблаuҳояшон»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №4, қ- 1, мод. 277)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  бинобар қонунигардонии маблаuҳояшон» қабул карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  3 апрели соли 2002
№580
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиcтон
«Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон
бинобар қонунигардонии маблаuҳояшон»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ-1, мод. 276)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиcтонро «Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  бинобар қонунигардонии маблаuҳояшон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиcтон «Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблаuҳояшон» xонибдорӣ карда шавад.
  2. Бо назардошти аҳамияти Қонуни мазкур дар xалби маблаuҳои иловагии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикиcтон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бо мақсади ба аҳолии Ҷумҳурӣ дастрас намудан, шарҳу таблиuи он ба воситаи телевизион ва радиошунавонӣ, рeзномаю маxаллаҳои Ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрию ноҳиявӣ ва соҳавӣ чораҳо андешида, аз xониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо вохуриҳо бо интихобкунандагон баргузор карда шаванд.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
Душанбе  23 апрели соли 2002
№276

Илова кунед