Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд

10 Май 2002, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2002, №4, қ-2, мод. 314; соли 2008, №10, мод. 810; соли 2010, №12, қ-1, мод.815)
 
Боби 1. Қоидаҳои умумӣ
 
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки ҳамин Қонун танзим мекунад
Ҳамин Қонун ҳолати ҳуқуқии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ҳуқуқу eҳдадориҳои иштирокчиёни он, тартиби ташкил кардан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ҷамъиятро муайян менамояд.
Хусусияти ҳолати ҳуқуқӣ, тартиби ташкил кардан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро дар соҳаҳои фаъолияти бонкӣ, суғуртавӣ ва сармоягузорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
 
Моддаи 2. Мафҳуми ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
  1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (минбаъд ҷамъият) ҷамъияти хоxагиест, ки аз xониби як ё якчанд шахсе таъсис дода шуда, сармояи оинномавии он бо ҳиссаи ҳаxми муайянкардаи ҳуxxатҳои таъсисотӣ тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъият аз рeи eҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут бо фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон ба eҳда доранд.
Иштирокчиёни ҷамъият, ки ба сармояи оинномавии ҷамъият саҳмро дар ҳаxми пуррааш нагузоштаанд, тибқи eҳдадории он дар доираи арзиши қисми пардохташудаи саҳми ҳар кадом иштирокчии ҷамъият масъулияти муштарак доранд.
  1. Ҷамъият дар моликият амволи алоҳида дорад, ки дар баланси мустақили он ба ҳисоб гирифта мешавад, вай аз номи худ ҳуқуқҳои амволи ва шахсии ғайриамволиро ба даст дароварда ва онро амалӣ менамояд, eҳдадориро ба зимма гирифта, дар суд даъвогар ва xавобгар шуда метавонад.
  2. Ҷамъият шахси ҳуқуқӣ буда бо тартиби муқарраркардашуда метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он суратҳисобҳои бонкӣ кушояд
 
Моддаи 3. Номи фирмавии ҷамъият
Ҷамъият номи пурраи расмӣ дошта, ҳақ дорад ба забони давлатӣ дорои номи мухтасар бошад.
Номи пурраи фирмавии ҷамъият ба забони давлатӣ бояд номи пурраи ҷамъият ва ибораҳои «дорои масъулияти маҳдуд»-ро дошта бошад. Номи мухтасари фирмавии ҷамъият бояд дорои номи пурра ё мухтасари ҷамъият ва калимаҳои «дорои масъулияти маҳдуд» ё ихтисори (аббревиатураи) XДММ бошад.
Номи фирмавии ҷамъият дар забони давлатӣ дигар истилоҳҳо ва ихтисорҳое, ки шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ, аз Ҷумла аз забонҳои хориxӣ гирифта шударо инъикос менамоянд, дошта наметавонад, агар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
 
Моддаи 4. Маҳалли xойгиршавӣ ва суроғаи ҷамъият
  1. Маҳалли xойгиршавии ҷамъият аз рeи xои бақайдгирии давлатии он муайян карда мешавад. Ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият мумкин аст муқаррар намояд, ки маҳалли xойгиршавии доимии мақомоти идоракунии он ё xои доимии фаъолияташ маҳалли xойгиршавии ҷамъият мебошад.
  2. Ҷамъият бояд суроғаи почтавии худро дошта бошад, ки аз рeи он ба он алоқа карда мешавад. Ҷамъият дар бораи тағйирёбии суроғаи почтавии худ, eҳдадор аст ба мақомоте, ки бақайдгирии шахси ҳуқуқиро амалӣ менамояд, хабар диҳад.
  3. Ҷамъият бояд мeҳри мудаввар дошта бошад, ки дар он номи пурраи фирмавиаш ба забони давлатӣ сабт ёбад. Дар мeҳри ҷамъият инчунин номи фирмавии он ба ҳар забони хориxӣ сабт шуда метавонад.
Ҷамъият ҳақ дорад штампҳо ва бланкҳои дорои номи фирмавии худ, нишони худӣ, инчунин аломати моли ва дигар воситаҳои фардиятро, ки бо тартиби муқаррарӣ ба қайд гирифта шудаанд, дошта бошад.
 
Моддаи 5. Қобилияти ҳуқуқдории ҷамъият
  1. Ҷамъият ташкилоти тиxоратӣ буда, дорои ҳуқуқҳои гражданӣ мебошад ва eҳдадориҳои зарурии ба фаъолияташ алоқамандро барои амали намудани ҳамагуна фаъолияти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашуда ба зимма мегирад.
  2. Ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷамъият танҳо дар асоси иxозатнома (литсензия) машғул шуда метавонад. Агар дар шартҳои додани иxозатнома барои ба амал баровардани намуди муайяни фаъолият талаби чун фаъолияти истиснои амалӣ гардонидани он пешбинӣ шуда бошад, ҷамъият дар давоми мeҳлати амали иxозатнома ҳақ дорад танҳо намудҳои фаъолияти пешбиникардаи иxозатномаро ба амал барорад.
 
Моддаи 6. Филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият
  1. Ҷамъият метавонад бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо накамтар аз се ду ҳиссаи овози шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, филиалҳо таъсис дода, намояндагиҳо кушояд.
Таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳо аз xониби ҷамъият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориxи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории давлати хориxӣ, ки дар ҳудуди он филиалҳо таъсис дода ё намояндагиҳо кушода мешаванд, сурат мегирад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  1. Филиали ҷамъият қисми алоҳидаи он буда, берун аз маҳалли xойгиршавии ҷамъият воқеъ мебошад ва ҳамаи вазифаҳои онро (қисми он), аз Ҷумла вазифаи намояндагиро амалӣ менамояд.
  2. Намояндагии ҷамъият қисми алоҳидаи он буда, берун аз маҳалли xойгиршавии ҷамъият воқеъ мебошад ва манфиатҳои ҷамъиятро ифода ва муҳофизат мекунад.
  3. Филиал ва намояндагии ҷамъият шахсони ҳуқуқӣ намебошанд ва дар асоси низомномаи тасдиқкардаи ҷамъият амал менамоянд. Филиал ва намояндагӣ дорои амволе мебошанд, ки ҷамъияти таъсисдиҳанда ба онҳо додааст.
Роҳбарони филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъиятро ҷамъият таъин мекунад ва онҳо дар асоси ваколатномаи он амал мекунанд.
Филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият фаъолияти худро аз номи ҷамъияти онҳоро таъсисдиҳанда амалӣ мегардонанд. Барои фаъолияти филиал ва намояндагии ҷамъият ҷамъияти онҳоро таъсискарда масъул аст.
 
Моддаи 7. Ҷамъияти фаръӣ ва вобаста
  1. Ҷамъият метавонад ҷамъияти фаръӣ ва вобастаи хоxагии дорои ваколати шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар хориxи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории давлати хориxӣ, ки дар ҳудуди он ҷамъияти фаръӣ ё вобастаи хоxагӣ таъсис дода шудаанд, бошад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Ҷамъияте фаръӣ эътироф карда мешавад, ки агар дигар ҷамъияти (асосии) хоxагӣ бинобар иштироки афзалиятнок дар сармояи оинномавии он ё мутобиқи шартномаи бастаи байни онҳо ё ба тарзи дигар имконият дошта бошад, ки қарори бо ҳамин тариқ қабулкардаи ҷамъиятро муайян намояд.
  3. Ҷамъияти фаръӣ ба қарзҳои ҷамъияти асосии хоxагӣ xавобгар намебошад.
Ҷамъияти асосии хоxагӣ, ки барои додани супоришҳои ҳатмӣ ба ҷамъияти фаръӣ ҳуқуқ дорад, бо ҷамъияти фаръӣ аз рeи аҳдҳои барои иxрои ин супоришҳо бастаи он муштарак xавобгар аст.
Дар сурати муфлисшавии ҷамъияти фаръӣ бо гуноҳӣ ҷамъияти асосии хоxагӣ, ҳангоми нокифоягии амволи ҷамъияти фаръӣ, ҷамъияти асоси аз рeи қарзҳои он xавобгарии иловагӣ (субсидиарӣ) дорад.
Иштирокчиёни ҷамъияти фаръӣ ҳак доранд xуброни зиёни бо гуноҳи ҷамъияти асоси ба ҷамъияти фаръӣ расонидаро талаб намоянд.
  1. Ҷамъияте вобаста эътироф карда мешавад, ки агар ҷамъияти (бартаридошта) дигари хоxагӣ бештар аз бист фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти якумро дошта бошад.
Ҷамъияте, ки бештар аз бист фоизи саҳмияҳои овоздорӣ ҷамъияти саҳҳомӣ ё бештар аз бист фоизи сармояи оинномавии дигар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро ба даст даровардааст вазифадор аст дар ин бора ба мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиро ба роҳ  мемонанд, фавран маълумотро барои нашр намудан пешниҳод  намояд.
 
Моддаи 8. Иштирокчиёни ҷамъият
  1. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ иштирокчиёни ҷамъият буда метавонанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки гуруҳи алоҳидаи шаҳрвандонро дар ҷамъиятҳо манъ ё маҳдуд карданаш мумкин аст.
  2. Мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳалли ҳақ надоранд, ки иштирокчиёни ҷамъият бошанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи дигареро муқаррар накунад.
Ҷамъиятро як шахе таъсис дода метавонад, ки он иштирокчии ягона мегардад. Ҷамъият минъбад ҷамъияти дорои як иштирокчӣ шуда метавонад.
Ҷамъият ба сифати иштирокчии ягона ҷамъияти дигари хоxагии аз як шахc иборат бударо дошта наметавонад.
  1. Шумораи иштирокчиёни ҷамъият набояд бештар аз cӣ нафар бошад.
Дар ҳолатҳое, ки шумораи иштирокчиёни ҷамъият аз ҳадди муқарраркардаи ҳамин банд зиёд бошад, ҷамъият дар давоми сол бояд ба ҷамъияти кушоди саҳҳомӣ ё кооперативи истеҳсолӣ табдил ёбад. Агар дар давоми мeҳлати зикрёфта ҷамъият аз нав таъсис дода нашавад ва шумораи иштирокчиёни ҷамъият то ҳадди муқарраркардаи ҳамин банд кам нагардад, он ба тариқи судӣ бо талаби мақоме, ки шахсони ҳуқуқиро ба қайди давлати мегирад, ё дигар мақомоти давлатӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ки онҳоро қонун барои пешниҳоди чунин талаб ҳуқуқ, додааст, барҳам дода мешавад.
 
Моддаи 9. Ҳуқуқи  иштирокчиёни ҷамъият
Иштирокчиёни ҷамъият ҳуқуқ доранд:
— дар идораи корҳои ҷамъият бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун ва ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият иштирок намоянд;
— дар бораи фаъолияти ҷамъият маълумот гиранд ва бо дафтарҳои муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) ва дигар ҳуxxатҳои он бо тартиби муқарраркардаи ҳуxxатҳои таъсисотӣ шинос шаванд;
— дар тақсимоти фоида иштирок кунанд;
— бо тартиби пешбиникардаи ҳамин Қонун ва оинномаи ҷамъият ҳиссаи худро аз сармояи оинномавии ҷамъият фурушанд ё ба тарзи дигар як қисми онро ба як ё якчанд иштирокчии ин ҷамъият диҳанд;
— ҳар вақт новобаста аз розигии дигар иштирокчиёни он аз ҷамъият бароянд;
— дар сурати барҳам хурдани ҷамъият қисми амвол ё арзиши онро баъди ҳисобу китоб бо кредиторон гиранд.
Иштирокчиёни ҷамъият инчунин дигар ҳуқуқҳое доранд, ки онҳоро ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
  1. Ба ғайр аз ҳуқуқҳое, ки ҳамин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, оинномаи ҷамъият метавонад дигар ҳуқуқҳои (ҳуқуқҳои иловагии) иштирокчии (иштирокчиёни) ҷамъиятро пешбинӣ намояд. Ин ҳуқуқҳо мумкин аст дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ карда шаванд ё бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки онро ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, дода мешаванд.
Ҳуқуқҳои иловагие, ки ба иштирокчии муайяни ҷамъият дода шудааст, дар ҳолати бегона кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) e ба бадастдарорандаи ҳисса (қисми ҳисса) намегузарад.
Қатъ ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои иловагие, ки ба ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият дода шудааст, бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, сурат мегирад. Қатъ ё маҳдуд гардондани ҳуқуқҳои иловагие, ки ба иштирокчиёни муайяни ҷамъият дода шудааст, бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо накамтар аз се ду ҳиссаи овози шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, сурат мегирад, ба шарте, ки агар иштирокчии ҷамъият, ки чунин ҳуқуқҳои иловагӣ ба e тааллуқ дорад, ба тарафдории ин қарор овоз дода, ё розигии хаттӣ дода бошад. Иштирокчии ҷамъият, ки ҳуқуқҳои иловагӣ ба e дода шудааст, аз татбиқи ҳуқуқҳои иловагии додашуда даст кашида метавонад ва дар ин бора ба ҷамъият огоҳномаи хаттӣ мефиристад. Аз вақти огоҳномаи мазкурро гирифтани ҷамъият ҳуқуқҳои иловагии иштирокчии ҷамъият қатъ мегардад.
 
Моддаи 10. Eҳдадории иштирокчиёни ҷамъият
  1. Иштирокчиёни ҷамъият eҳдадоранд:
— бо тартиб, дар ҳаxм, таркиб ва мeҳлати пешбиникардаи ҳамин Қонун ва ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият саҳм гузоранд;
— иттилооти махфиро дар бораи фаъолияти ҷамъият фош нанамоянд. Иштирокчиёни xамъияг дигар eҳдадориҳоро низ доранд, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
  1. Ба ғайр аз eҳдадориҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун, оинномаи ҷамъият метавонад дигар eҳдадориҳои (eҳдадориҳои иловагии) иштирокчии (иштирокчиёни) ҷамъиятро, ки ба меъёрҳои ин Қонун мухолиф нестанд, пешбинӣ намояд. Ин eҳдадориҳо дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда ё бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, ба зиммаи ҳамаи онҳо гузошта мешавад. Ба зиммаи иштирокчии муайяни ҷамъият гузоштани eҳдадориҳои иловагӣ бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо накамтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, сурат мегирад, агар иштирокчии ҷамъият, ки чунин eҳдадориҳои иловаги ба зиммаш гузоишта шудааст, ба тарафдори қабули чунин қарор овоз диҳад ё розигии хаттӣ дода бошад.
Eҳдадориҳои иловагие, ки ба зиммаи иштирокчии муайяни ҷамъият гузошта шудааст, дар ҳолати бегона кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) e ба бадастдарорандаи ҳисса (қисми ҳисса) намегузарад.
Eҳдадориҳои иловагӣ мумкин аст бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, қатъ карда шавад.
 
Моддаи 11.  Аз ҷамъият хориx кардани иштирокчии ҷамъият
Иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳиссаи онҳо дар Маҷмeъ на камтар аз даҳ фоизи сармояи оинномавии ҷамъиятро ташкил медиҳад, ҳақ, доранд  ба тариқи судӣ аз ҷамъият хориx кардани иштирокчиеро, ки eҳдадории худро дағалона вайрон мекунад, ё бо амали (беамалии) худ фаъолияти ҷамъиятро ғайри имконпазир ё хеле душвор мегардонад, талаб намоянд.
 
Моддаи 12. Масъулияти ҷамъият
  1. Ҷамъият тибқи eҳдадориҳояш бо тамоми амволи ба он тааллуқдошга масъул аст.
Ҷамъият оиди eҳдадориҳои иштирокчиёнаш xавобгар нест.
Дар ҳолати муфлисшавии ҷамъият бо гуноҳи иштирокчиёнаш ё бо гуноҳи шахсони дигар, ки онҳо ҳуқуқ доранд ба ҷамъият супориши ҳатмӣ диҳанд ё ба тарзи дигар имконият доранд амали онро муайян намоянд, ба зиммаи ин иштирокчиён ё шахсони дигар дар сурати нокифоягии амволи ҷамъият мумкин аст оиди eҳдадориҳояш масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) гузошта шавад.
Давлат оиди eҳдадориҳои ҷамъият ва ҷамъият оиди eҳдадориҳои давлат масъулият надорад.
 
Боби 2. Таъсис додани ҷамъият
 
Моддаи 13. Тартиби таъсисдиҳии ҷамъият
  1. Муассисони ҷамъият шартномаи таъсисотӣ мебанданд ва оинномаи чxмъиятро тасдиқ мекунанд. Шартномаи таъсисотӣ ва оинномаи ҷамъият ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият мебошанд.
Агар ҷамъиятро як шахc таъсис диҳад, ҳуxxати таъсисотии ҷамъият оинномаи тасдиқкардаи ҳамин шахc мебошад. Дар сурати то ду нафар ва аз он зиёд шудани шумораи иштирокчиёни ҷамъият бояд дар байни онҳо шартномаи таъсисотӣ баста шавад.
Хусусияти таъсисдиҳии ҷамъият бо иштироки сармоягузорони хориxӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №656).
Муассисони ҷамъият мақомоти иxроияи ҷамъиятро интихоб (таъин) мекунанд, иичунин дар ҳолати ба сармояи оинномавии ҷамъият ворид шудани саҳми ғайрипулӣ арзиши пулии онҳоро тасдиқ менамоянд.
Қарор дар бораи тасдиқи оинномаи ҷамъият, инчунин қарор дар бораи тасдиқи арзиши пулии саҳми гузоштаи муассисони ҷамъият аз xониби муассисон якдилона қабул карда мешавад.
  1. Муассисони ҷамъият оиди eҳдадориҳое, ки бо таъсиси ҷамъият алоқаманданд ва то бақайдгирии давлатии он пайдо шудаанд, масъулияти муштарак доранд. Ҷамъият оиди eҳдадориҳои муассисони ҷамъият, ки бо таъсиси он алоқаманданд, танҳо дар сурати маъқулдонии минбаъдаи амали онҳо аз xониби Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият масъул аст.
 
Моддаи 14. Ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият
Муассисони ҷамъият дар шартномаи таъсисотӣ eҳдадор мешаванд, ки ҷамъият таъсис диҳанд ва тартиби фаъолияти якxояро оиди таъсиси он муайян намоянд. Дар шартномаи таъсисоти инчунин ҳайати муассисони (иштирокчиёни) ҷамъият, ҳаxми сармояи оинномавии ҷамъият ва ҳаxми ҳиссаи ҳар кадом муассиси (иштирокчии) ҷамъият, ҳаxм ва таркиби саҳм, ҳангоми таъсиснамоӣ, тартиб ва мeҳлати ба сармояи оинномавии ҷамъият гузопггани он, масъулияти муассисони (иштирокчиёни) ҷамъият барои вайрон кардани eҳдадории саҳмгузорӣ шарту тартиби тақсими фоида дар байни муассиcони (иштирокчиёни) ҷамъият, ҳайати мақомоти ҷамъият ва тартиби аз ҷамъият баромадани иштирокчиёни ҷамъият муайян карда мешавад.
  1. Оинномаи ҷамъият бояд инҳоро дошта бошад:
— номи пурра ва мухтасари фирмавии ҷамъият;
— маълумот дар бораи xои воқеъшавии ҷамъият;
— маълумот дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти ҷамъият, аз Ҷумла дар бораи масъалаҳое, ки салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро ташкил медиҳад, дар бораи тартиби қабули қарорҳои мақомоти ҷамъият, аз Ҷумла дар бораи масъалаҳое, ки оиди онҳо қарорҳо якдилона ё бо аксарияти муайяни овозҳо қабул карда мешаванд;
— маълумот дар бораи ҳаxми сармояи оинномавии ҷамъият;
— маълумот дар бораи ҳаxм ва арзиши номиналии ҳиссаи ҳар кадом ипггирокчии ҷамъият;
— ҳуқуқ ва eҳдадориҳои иштирокчиёни ҷамъият;
— маълумот дар бораи тартиб ва оқибатҳои аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият;
— маълумот дар бораи тартиби ба шахси дигар гузаштани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият;
— маълумот дар бораи тартиби нигоҳдории ҳуxxатҳои ҷамъият, ва тартиби ба иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони дигар ахборот додани ҷамъият;
— маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият. Оинномаи ҷамъият метавонад инчунин дигар қоидаҳое, ки хилофи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо намебошанд, дошта бошад.
  1. Бо талаби иштирокчии ҷамъият, аудитор ё ҳар шахси манфиатдор, ҷамъият eҳдадор аст дар мeҳлати оқилона ба онҳо имконият диҳад, ки бо ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият, аз Ҷумла бо тағйиротҳо шинос шаванд.
  2. Тағйирот ба ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ворид карда мешавад.
Таѓйироти ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият воридгардида, ки маълумот оид ба онҳо дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷуданд, пас аз ворид намудани таѓйирот ба ҳамин Феҳрист барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд.  (ҚҶТ аз 29.12.10с, №656).
  1. Дар ҳолати бо ҳам мутобиқат накардани нишондодҳои шартномаи таъсисотӣ ва нишондодҳои оинномаи ҷамъият барои шахсони сеюм ва иштирокчиёни ҷамъият нишондодҳои оинномаи ҷамъият қувваи афзалиятнок доранд.
 
Моддаи 15. Бақайдгирии давлатии ҷамъият
  1. Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
  2. Ҷамъият аз мавриди бақайдгирии давлатии он чун шахси ҳуқуқи таъсисёфта эътироф карда мешавад.
  3. Ҷамъият бидуни маҳдудкунии мeҳлат таъсис дода мешавад, агар оинномаи он қоидаи дигареро пешбинӣ накарда бошад.
 
Боби 3. Сармояи оинномавии ҷамъият
 
Моддаи 16. Сармояи оинномавии ҷамъият.  Ҳисса дар сармояи оинномавии ҷамъият
1.Сармояи оинномавии ҷамъият аз арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчиёни он ташкил карда мешавад.
Ҳаxми сармояи оинномавии ҷамъият бояд накамтар аз панҷсад сомониро ташкил диҳад.
Ҳаxми сармояи оинномавии ҷамъият ва арзиши номиналии ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Сармояи оинномавии ҷамъият ҳаxми камтарини амволи онро, ки манфиатҳои кредиторони онро кафолат медиҳад, муайян менамояд.
  1. Ҳаxми ҳиссаи иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳаxми ҳиссаи гузошташудаи сармояи оинномавӣ муайян карда мешавад. Ҳаxми ҳиссаи иштирокчиёии ҷамъият бояд ба таносуби арзиши номиналии ҳиссаи e ва сармояи оинномавии ҷамъият мутобиқ бошад.
Арзиши ҳақиқии ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият ба қисми арзиши активҳои софи ҷамъият, ки бо ҳаxми ҳиссаи e мутаносиб аст, мутобиқат мекунад.
  1. Оинномаи ҷамъият ҳаxми ниҳоии ҳиссаи иштирокчии ҷамъиятро маҳдуд карда метавонад. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст имконияти тағйир додани таносуби ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият маҳдуд карда шавад.
Чунин маҳдудиятҳо на бояд ниcбати иштирокчиёни алоҳидаи ҷамъият муқаррар карда шавад. Нишондодҳои мазкур мумкин аст дар оинномаи ҷамъият ҳангоми тасдиқи он пешбинӣ карда шуда, инчунин бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки аз xониби ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул карда мешавад, ба оинномаи ҷамъият ворид карда, тағйир дода ва аз оинномаи ҷамъият хориx карда шаванд.
 
Моддаи 17. Саҳм ба сармояи оинномавии ҷамъият
  1. Пулҳо, қоғазҳои қиматнок, дигар амвол ё ҳуқуқи амволи ё ин ки дигар ҳуқуқҳое, ки арзиши пули доранд, ба сифати сармояи оинномавии ҷамъият баромад карда метавонанд.
  2. Арзиши пулии саҳми ғайрипулии сармояи оинномавии ҷамъият, ки иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони сеюми ба ҷамъият қабулшаванда мегузоранд бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, тасдиқ карда мешавад.
Агар арзиши номиналии (афзоипш арзиши номиналии) ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият бо саҳми ғайрипулӣ пардохта шавад, чунин саҳм бояд аз xониби эксперти мустақил муайян карда шавад. Арзиши номиналии (афзоиши арзиши номиналии) ҳиссаи иштирокчии ҷамъият, ки бо саҳми ғайрипулӣ пардохта мешавад, на бояд аз баҳои маблағи саҳми пешбинишуда, ки эксперти мустақил муайян кардааст зиёд бошад.
Дар ҳолати ба сармояи оинномавии ҷамъият гузоштани саҳми ғайрипулӣ иштирокчиёни ҷамъият ва эксперта мустақил дар давоми се соли баъди бақайдгирии давлатии ҷамъият ё ворид кардани тағйироти дахлдор бо оинномаи ҷамъият дар сурати нокифоягии амволи ҷамъият оиди eҳдадориҳои он дар ҳаxми афзоиши арзиши саҳми ғайрипулӣ муштаракан масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) мебаранд.
Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст намудҳои амволе муқаррар карда шавад, ки саҳми сармояи оинномавии ҷамъият шуда наметавонад.
  1. Дар cурати қатъ шудани ҳуқуқи ҷамъият ба истифодаи амвол то ба охир расидани мeҳлате, ки ин амвол барои истифода ба ҷамъият ба сифати саҳми сармояи оинномавӣ дода шуда буд, иштирокчии ҷамъият, ки амволро додааст, eҳдадор аст бо талаби он бо ҷамъият xуброни пули пешниҳод намояд, ки он ба пардохти истифодаи чунин амвол дар ҳолатҳои мазкур дар давоми мeҳлати боқимонда баробар аст. Xуброни пули бояд якбора аз лаҳзаи талаб кардани ҷамъият пешниҳод карда шавад, агар қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият тартиби дигари пешниҳоди xубронро муқаррар накарда бошад. Чунин карорро Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бидуни ба ҳисоб гирифтани овози иштирокчии ҷамъият, ки ба сифати саҳми сармояи оинномавӣ ба ҷамъият ҳуқуқи истифодаи амволро додааcт ва он пеш аз мeҳлат қатъ ёфтааст, қабул карда мешавад.
  2. Амволе, ки иштирокчии аз ҷамъият хориxшуда ё баромада ба сифати саҳми сармояи оинномавӣ ба истифодаи ҷамъият додааcт дар давоми мeҳлати додашуда дар истифодаи ҷамъият боқи мемонад, агар дар шартномаи таъсисотӣ қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
 
Моддаи 18. Тартиби гузоштани саҳм ба сармояи оинномавии ҷамъият ҳангоми таъсиси он
  1. Ҳар кадом муассиси ҷамъият бояд ба сармояи оинномавии ҷамъият дар давоми мeҳлате, ки бо шартномаи таъсисотӣ муайян карда шудааст, ва кадоме ки аз вақти бақайдгирии давлатии ҷамъият аз як сол зиёд буда наметавонад, саҳми худро бояд пурра гузорад. Дар ин ҳол арзиши саҳми хар кадом муассиси ҷамъият бояд на камтар аз арзиши номиналии ҳиссаи у бошад.
Аз   eҳдадории саҳмгузорӣ ба сармояи оинномавии ҷамъият озод кардани муассиси ҷамъият, аз Ҷумла бо роҳи ба ҳисоб гирифтани талаботи e ба ҷамъият роҳ дода намешавад.
  1. Сармояи оинномавии ҷамъият бояд дар муддати як сол аз рўзи бақайдгирии давлатии он пурра аз ҷониби муассисони он пардохта шавад. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
 
Моддаи 19. Афзоиши сармояи оиниомавии ҷамъият
  1. Ба афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият танҳо баъди пардохти пурраи он роҳ дода мешавад.
  2. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисобҳои зерин сурат гирифта метавонад:
а)  аз ҳисоби амволи ҷамъият;
б) аз ҳисоби саҳми иловагии иштирокчиёни ҷамъият;
в) аз ҳисоби саҳмҳои шахсони сеюме, ки ба ҷамъият қабул мешаванд.
 
Моддаи 20. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби амволи он
  1. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби амволи он бо қарори Маҷлиси умумии он, ки бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи овозҳои умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул карда мешавад, агар зарурияти шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Дар сурати афзудани сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби амволи он, маблағе ки ба андозаи он сармояи оинномавии ҷамъият меафзояд, на бояд аз фарқи байни арзиши активҳои софи ҷамъият ва маблағи сармояи оинномавӣ ва фоида захиравии ҷамъият зиёд бошад.
  3. Дар сурати афзудани сармояи оинномавии ҷамъият мутобиқи ҳамин модда арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият бидуни тағйири ҳаxми ҳиссаи онҳо мутаносибан меафзояд.
 
Моддаи 21. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби саҳми иловагии иштирокчиёни он ва саҳми шахсони сеюме, ки ба ҷамъият қабул мешаванд
  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият, агар зарурияти шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбини нашуда бошад, метавонад дар бораи афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби саҳми иловагии гузоштаи иштирокчиёни ҷамъият қарор барорад. Ҳангоми афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби саҳми иловагии гузоштаи иштирокчиёни ҷамъият бояд арзиши умумии саҳми иловагӣ муайян карда шуда, инчунин таносуби барои ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият ягонаи байни арзиши саҳми иловагии иштирокчии ҷамъият ва маблағе, ки ба андозаи он арзиши номиналии ҳиссаи e меафзояд, муқаррар карда шавад. Ин таносуб дар асоси он, ки арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчии ҷамъият ба маблағи баробар ё камтари арзиши саҳми иловагии e афзуданаш мумкин аст, муқаррар карда мешавад.
Ҳар иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад саҳми иловагӣ гузорад, ва он мутаносибан аз қисми арзиши умумии саҳми иловагӣ, ҳаxми ҳиссаи он иштирокчӣ дар сармояи оинноимавии ҷамъият мутаносиб аст, зиёд набошад. Саҳми иловагӣ мумкин аст аз тарафи иштирокчиёни ҷамъият дар давоми ду моҳ аз мавриди баровардани қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни-ҷамъият гузошта шавад, агар оинномаи ҷамъият ё қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мeҳлати дигарро муқаррар нанамояд.
На дертар аз як моҳ аз рeзи ба охир расидани гузориши саҳми иловагӣ Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бояд дар бораи тасдиқи xамъбастии саҳми иловагии гузоштаи иштирокчиёни ҷамъият қарор қабул намояд. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, инчунин оиди тағйироте, ки ба ҳуxxатҳои таъсиснамоии ҷамъият вобаста ба афзоиши андозаи сармояи оинномавии ҷамъият ба миён меояд ва афзоиши арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият, ки саҳми иловагӣ гузоштанд ва дар ҳолатҳои зарурат оиди тағйирёбии андозаи ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият бояд қарор қабул намояд. Ҳамзамон, арзиши номиналии ҳиссаи ҳар як иштирокчии ҷамъият, ки саҳми иловагӣ гузоштааст, дар асоси нишондоди таносуби сарсатри якуми банди мазкур афзоиш меёбад.
Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият баъд аз қабули қарор аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар бораи тасдиқи натиҷаҳои аз тарафи иштирокчиёни ҷамъият ба сармояи оинномавии ҷамъият пардохт намудани саҳмҳои иловагӣ оид ба афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
  Дар ҳолати риоя накардани мeҳлатҳои дар сарсатри сеюми қисми мазкур пешбини карда шуда афзоиши сармояи оинномаи ҷамъият барпо шуда эътироф карда намешавад. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият метавонад дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии он дар асоси аризаи иштирокчии ҷамъият (аризаи иштирокчиёни ҷамъият) дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ ва (ё), агар онро оинномаи ҷамъият манъ накунад, аризаи шахси сеюм (аризаи шахсони сеюм) дар бораи ба ҷамъият қабул намудани e ва гузоштани саҳм қарор қабул кунад. Тартиби қабули қарорро оинномаи ҷамъият муайян менамояд.
Дар аризаи иштирокчии ҷамъият ва аризаи шахси сеюм бояд ҳаxм ва таркиби саҳм, тартиб ва мeҳлати гузоштани он, инчунин ҳаxми ҳиссае, ки онро иштирокчии ҷамъият дошта бошад, нишон дода шаванд. Дар ариза мумкин аст шартҳои дигари гузоштани саҳм ва дохилшавӣ ба ҷамъият низ нишон дода шавад.
Баробари қарор дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият дар асоси аризаи иштирокчии ҷамъият (аризаи иштирокчиёни ҷамъият) дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ, бояд дар як вақт қарор дар бораи ба ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият ворид кардани тағйирот вобаста ба афзоиши ҳаxми сармояи оинномавии ҷамъият ва афзоиши арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчии ҷамъият (иштирокчиёни ҷамъият), ки дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ ариза додааст, дар ҳолати зарурӣ инчунин тағйироти вобаста ба тағйир ёфтани ҳаxми ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шавад. Дар айни ҳол арзиши номиналии ҳиссаи ҳар кадом иштирокчии ҷамъият, ки дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ ариза додааст, ба маблағи баробар ё ками арзиши саҳми иловагии e зиёд мешавад.
Дар як вақт бо қарор дар бораи афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият дар асоси аризаи шахси сеюм (аризаи шахсони сеюм) дар бораи қабули e (онҳо) ба ҷамъият ва гузоштани саҳм бояд қарор дар бораи ба ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият ворид намудани тағйиротҳои вобаста ба қабул накардани шахси сеюм (шахсони сеюм) ба ҷамъият, муайян намудани арзиши номиналӣ ва ҳаxми ҳиссаи e (онҳо), афзоиши ҳаxми сармояи оинномавии ҷамъият ва тағйири ҳаxми ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шавад. Арзиши номиналии ҳиссаҳое, ки ҳар кадом шахси сеюми ба ҷамъият қабулшаванда ба даст медарорад, бояд баробар ё камтар аз арзиши саҳми e бошад.
Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият баъд аз қабул намудани қарор дар бораи афзоиши сармояи оинномавӣ аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
  1. Агар сармояи оинномавии ҷамъият наафзуда бошад, ҷамъият eҳдадор аст дар мeҳлати оқилона ба иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони сеюм, ки пулро ба сифати саҳм гузоштаанд, саҳмҳои онҳоро баргардонад. Дар сурати дар мeҳлати муайян барнагардондани саҳм бо тартиб ва дар мeҳлати пешбиникардаи моддаи 426 Кодекси гражданӣ, инчунин фоизро пардохт намояд.
Ҷамъият eҳдадор аст ба иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони сеюм, ки саҳми ғайрипули гузоштаанд, дар мeҳлати муайян саҳми онҳоро баргардонад. Ҳангоми дар мeҳлати муайян барнагардонидани саҳмҳо ҷамъият инчунин фоидаи аз даст рафтаро, ки сабабаш истифода бурда натавонистани амволи ба cифати саҳм гузошташуда мёбошад, бояд xуброн намояд.
 
Моддаи 22. Камшавии сармояи оинномавии ҷамъият
  1. Ҷамъият ҳақ дорад ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун eҳдадор аст сармояи оинномавии худро кам кунад.
Камшавии сармояи оинномавии ҷамъият мумкин аст бо роҳи камшавии арзиши номиналии ҳиссаи ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият ва пардохти ҳиссаҳои ба ҷамъият таалуқдошта сурат гирад.
Ҷамъият ҳақ надорад сармояи оинномавии худро аз ҳаҷми ақалли камтарини сармояи оинномавӣ, ки он мутобиқи Қонуни мазкур муайян шудааст, кам намояд. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
Камшавии сармояи оинномавии ҷамъият бо роҳи камшавии арзиши номиналии ҳиссаи ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият бояд бо нигоҳ доштани ҳаxми ҳиссаи ҳамин иштирокчиёни ҷамъият сурат гирад.
  1. Дар сурати пурра пардохт накардани сармояи оинномавии ҷамъият дар муддати як сол аз рўзи бақайдгирии давлатии он, ҷамъият бояд дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозаи воқеан пардохтшудаи он эълон кунад ва дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул намояд. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
  2. Агар баъди ба охир расидани соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороиҳои софи ҷамъият аз сармояи оинномавии он камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозае, ки аз арзиши дороиҳои софи он зиёд намебошад, эълон кунад ва дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул намояд. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
Агар баъди итмоми соли дуюми ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши активҳои софи ҷамъият аз ҳаxми камтарини сармояи оинномавӣ, ки ин Қонун   муқаррар кардааст, кам бошад, ҷамъият барҳам дода мешавад.
Арзиши активҳои софи ҷамъият бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва санадҳои меъёрие, ки тибқи он нашр мегардад муайян карда мешавад.
  1. Дар давоми cӣ рeз аз лаҳзаи қабули қарор ҷамъият бояд дар бораи камшавии сармояи оинномавии худ эълон кунад ва оиди камшавӣ ва ҳаxми нави он ҳамаи кредиторони маълуми ҷамъиятро хаттӣ огоҳ намуда, инчунин дар нашрияе, ки дар бораи қайди давлатии шахсони ҳуқуқӣ маълумот чоп мешавад, доир ба қарори қабулшуда хабар чоп кунад. Дар айни ҳол кредиторони ҷамъият ҳақ доранд дар давоми cӣ рeз пас аз мавриди фиристодани огоҳнома ё дар давоми cӣ рeзи чопи хабар дар бораи қарори қабулшуда бо тартиби хаттӣ оиди пеш аз мeҳлат қатъ намудан ё иxрои eҳдадориҳои дахлдори ҷамъият ва xуброни зарари ба онҳо расонида талаб пешниҳод намоянд.
  2. Агар дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин модда ҷамъият дар мeҳлати муайян дар бораи камшавии сармояи оинномавӣ ё барҳамхурии худ қарор қабул накунад, кредиторон ҳақ доранд аз ҷамъият пеш аз мeҳлат қатъёбӣ ё иxрои eҳдадориҳои ҷамъият ва xуброни зарари ба онҳо расондаро талаб намоянд.
  3. Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба камшавии сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабул намудани қарор дар бораи чунин камшавӣ аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул мекунанд. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
 
Моддаи 23. Ба иштирокчии дигар ва шахси сеюм гузаштани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият
  1. Иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад ҳиссаи худро ё қисми онро аз сармояи оинномавии ҷамъият ба як иштирокчӣ ё якчанд иштирокчии ҳамин ҷамъият, ё ба шахсони сеюм бо тартиби муқарраркардаи оинномаи ҷамъият фурушад ё ба тарики дигар диҳад.
  2. Ҳиссаи иштирокчии ҷамъият мумкин аст то пардохти пурраи он танҳо дар ҳамон қисме, ки аллакай он пардохта шудааст, бегона карда шавад.
  3. Иштирокчиёни ҷамъият ҳуқуқӣ афзалиятноки хариди ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчиёни ҷамъиятро бо нархи ба шахси сеюм пешниҳодшуда мутаносибан ба ҳаxми ҳиссаҳои худ истифода мебаранд, агар дар оинномаи ҷамъият ё cозишномаи иштирокчиёни ҷамъият тартиби дигари амалӣ гаштани ин ҳуқуқ пешбинӣ нашуда бошад. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст ҳуқуқӣ афзалиятноки ҷамъият барои бадастдарории ҳиссае (қисми ҳиссае), ки иштирокчиёни он мефурушанд, пешбинӣ карда шавад, агар иштирокчиёни дигари ҷамъият ҳуқуқӣ афзалиятноки хариди ҳисса (қисми ҳисса)-ро истифода накарда бошанд.
Иштирокчии ҷамъият, ки ҳиссаи (қисми ҳиссаи) худро ба шахси сеюм фурухтан мехоҳад, eҳдадор аст, дар ин бора дигар иштирокчиёни ҷамъият ва худи ҷамъиятро хаттӣ хабардор карда, нарх ва дигар шартҳои фуруши онро нишон диҳад. Дар ҳолатҳое, ки иштирокчиёни ҷамъият ё ҷамъият аз ҳуқуқи афзалиятноки хариди ҳамаи ҳиссаи (ҳамаи қисми ҳисса) барои фуруш пешиҳод гардида дар давоми як моҳи аз рeзи гирифтани чунин огоҳнома истифода намебаранд, агар дар оинномаи ҷамъият ё созишномаи иштирокчиёни xамътият мeҳлати дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳисса (қисми ҳисса) мумкин аст ба шахси сеюм бо нарх ва шартҳои ба ҷамъият ва иштирокчиёни он хабардодашуда фурухта шавад.
Ҳангоми фуруши ҳисса (қисми ҳисса) бо вайрон кардани ҳуқуқи афзалиятноки харид ҳар кадом иштирокчии ҷамъият ё ҷамъият, агар дар оинномаи ҷамъият ҳуқуқи афзалиятноки ҷамъият барои харидани ҳисса (қисми ҳисса) пешбинӣ шуда бошад, ҳақ дорад дар давоми се моҳе, ки иштирокчии ҷамъият ё ҷамъият аз чунин вайронкунӣ хабардор шудаанд ё ин ки бояд хабардор мешуданд ба тариқи суд ба онҳо гузарондани ҳуқуқу eҳдадории харидорро талаб намоянд. Ба гузашт кардани ин ҳуқуқи афзалиятнок роҳ дода намешавад.
  1. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст зарурати гирифтани розигии ҷамъият ё дигар иштирокчиёни ҷамъият барои додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият ба шахсони сеюм на танҳо бо тариқи фуруш, балки ба тариқи дигар пешбинӣ карда шавад.
  2. Гузашти ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият бояд дар шакли оддии хаттӣ сурат гирад, агар оиди дар шакли нотариалӣ содир намудан он дар оинномаи ҷамъият талаботе пешбинӣ нашуда бошад. Риоя накардани шакли аҳд оиди гузашти ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият, ки банди мазкур ё оинномаи ҷамъият муқаррар кардааст, боиси беъэтибории он мегардад.
Ҷамъият бояд дар бораи додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномаи ҷамъият бо исботи пешниҳоди чунин гузашт хаттӣ огоҳонида шавад. Ба даст дарорандаи ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият аз вақти огоҳ намудани ҷамъият оиди гузашти мазкур ҳуқуқро амалӣ гардонида ва eҳдадориро иxро менамояд.
Ба дастдарорандаи ҳиссаи (қисми ҳиccаи) сармояи оинномавии ҷамъият ҳамаи ҳуқуқу eҳдадориҳои иштирокчии ҷамъият, ки то додани ҳисса (қисми ҳисса) пайдо шудааст, ба истиснои ҳуқуқу eҳдадориҳои пешбиникардаи сарсатри 2 банди 2 моддаи 9 ва сарсатри 2 банди 2 моддаи 10 ҳамин Қонун мегузарад. Иштирокчии ҷамъият, ки ҳиссаи (қисми ҳиссаи) худро аз сармояи оинномавии ҷамъият додааст, дар назди ҷамъият оиди додани саҳм ба амволи то гузашт кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) мазкур пайдошуда бо бадастдароварандаи он муштаракан eҳдадор мебошад.
  1. Ҳиссаҳои сармояи оинномавии ҷамъият ба ворисони шахсони ҳуқуқие, ки иштирокчиёни ҷамъият мебошанд, мегузаранд.
Дар сурати барҳам хурдани шахси ҳуқуқӣ (иштирокчии xамъиият) ҳиссаи ба e тааллуқдошта, ки баъди ҳисобу китоб бо кредиторон боқи мондааст, дар байни иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳамхурда тақсим карда мешавад, агар дар қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ё ҳуxxатҳои таъсисотии шахси ҳуқуқии барҳамхуранда қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст пешбинӣ карда шавад, ки ба гузариш ва тақсими ҳиссаҳои муқарраркардаи сарсатрҳои якум ва дуюми ҳамин банд танҳо бо розигии иштирокчиёни боқимондаи ҷамъият роҳ дода мешавад.
  1. Дар ҳолате, ки агар дар оинномаи ҷамъият зарурати гирифтани розигии иштирокчиёни ҷамъият барои додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият ба иштирокчиёни ҷамъият ё шахсони сеюм, гузариши он ба меросгирон ё ворисони он ё ин ки барои тақсими ҳисса дар байни иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳамхуранда пешбинӣ шуда бошад, чунин розигӣ гирифташуда ҳисобида мешавад, ба шарте ки дар давоми cӣ рeзи пас аз муроxиат ба иштирокчиёни ҷамъият ё дар давоми мeҳлати дигари муайян кардаи оинномаи ҷамъият розигии хаттии ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият гирифта шуда ё радди хаттии розигии ягон нафари иштирокчиёни ҷамъият гирифта нашуда бошад.
Дар ҳолате, ки дар оинномаи ҷамъият зарурати гирифтани розигии ҷамъият барои додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият ба иштирокчиёни ҷамъият ё шахсони сеюм пешбинӣ шуда бошад, чунин розигӣ гирифташуда ҳисобида мешавад, ба шарте ки дар давоми cӣ рeзи пас аз муроxиат ба ҷамъият ё дар давоми дигар мeҳлати муайянкардаи оинномаи ҷамъият розигии хаттии ҷамъият гирифта шуда ё радди хатии розигии ҷамъият гирифта нашуда бошад.
  1. Дар сурати фурухтани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият дар савдои оммавӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун ё дигар қонунҳо бадастдарорандаи ин ҳисса (қисми ҳиcса) новобаста ба розигии ҷамъият ё иштирокчиёни он иштирокчии ҷамъият ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 24. Гузариши ҳисса дар сармояи оинномавии ҷамъият аз рeи мерос
Ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият ба меросгирони он мегузарад. Гузариши ҳисса ба меросгирон ва тақсими он дар байни якчанд меросгирон мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 25. Гарави ҳиссаҳо дар сармояи оииномавии ҷамъият
Иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад ҳиссаи (қисми ҳиссаи) ба e тааллуқдоштаи сармояи оинномавии ҷамъиятро ба иштирокчии дигари ҷамъият ё агар оинномаи ҷамъият манъ накунад, ба шахси сеюм бо розигии ҷамъият ва қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо аксарияти овозҳои ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, ба гарав диҳад, агар зарурати шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад. Овози иштирокчии ҷамъият, ки ҳиссаи (қисми ҳиссаи) худро гарав мондан мехоҳад, ҳангоми муайян намудани натиxаи овоздиҳӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.
 
Моддаи 26. Ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъиятро ба даст даровардани ҷамъият
  1. Ҷамъият ҳақ надорад ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии худро ба даст дарорад ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
  2. Дар ҳолате, ки оинномаи ҷамъият гузашт кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро ба шахсони сеюм манъ менамояд ва иштирокчиёни дигари ҷамъият аз ба даст даровардани он даст мекашанд, инчунин дар ҳолати рад кардани розигӣ барои гузашт кардани ҳисса (қисми ҳисса) ба иштирокчии ҷамъият ё шахси сеюм, агар зарурати гирифтани чунин розигӣ дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда бошад, ҷамъият eҳдадор аст бо талаби иштирокчии ҷамъият ҳиссаи (қисми ҳиссаи) eро ба даст дарорад. Дар айни ҳол ҷамъият eҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият арзиши ҳақиқии ин ҳисса (қисми ҳисса)-ро, ки он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботии пеш аз рeзи муроxиати иштирокчии ҷамъият бо чунин талаб муайян карда мешавад, диҳад ё бо розигии иштирокчии ҷамъият ба e амволи чунин арзиш доштаро дар шакли аcл (натура) диҳад.
  3. Иштирокчии ҷамъият, ки ҳангоми таъсиси ҷамъият саҳми худро ба сармояи оинномавии ҷамъият дар мeҳлаташ пурра насупоридааст, инчунин xуброни пули ё дигар xуброни пешбиникардаи банди се моддаи 17 ҳамин қонунро дар мeҳлаташ пешниҳод накардааст, ҳиссааш ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият eҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият арзиши ҳақиқии қисми ҳиссаи eро, ки ба қисми саҳми гузоштаи вай мутаносиб аст пардохт намояд ё бо розигии иштирокчии ҷамъият ба e амволи дорои ҳамин арзишро дар шакли асл диҳад. Арзиши ҳақиқии қисми ҳисса дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботи пеш аз рeзи ба охир расидани мeҳлати саҳмгузорӣ ё додани xуброн муайян карда мешавад.
Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст пешбинӣ карда шавад, ки як қисми ҳиссае, ки ба қисми саҳм пардохтнашуда ё маблағӣ (арзишӣ) xуброн мутаносиб аст, ба ҷамъият мегузарад.
  1. Ҳиссаи иштирокчии ҷамъият, ки аз ҷамъият хориx шудааст, ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият eҳдадор аст ба иштирокчии хориxгаштаи ҷамъият арзиши ҳақиқии ҳиссаи eро пардохт намояд, ки он аз рeи маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботи пеш аз санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи хориx намудани e муайян карда шуда ё бо розигии иштирокчии хориxшудаи ҷамъият ба e амволи дорои чунин арзиш дар шакли асл дода мешавад.
  2. Дар сурати розӣ нашудани иштирокчиёни ҷамъият барои гузарондан ё тақсим кардани ҳиссаҳо дар мавридҳои пешбиникардаи банди шашумӣ моддаи 23 ҳамин Қонун, агар чунин розигӣ мутобиқи оинномаи ҷамъият зарур бошад, ҳисса ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият eҳдадор аст ба ворисони шахси ҳуқуқии аз нав таъсисёфта (иштирокчии ҷамъият) ё иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳамхурда (иштирокчии ҷамъият) арзиши ҳақиқии ҳиссаро пардохт намояд, ки он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботии пеш аз нав таъсисёбӣ ё барҳамхурӣ муайян карда шуда ё бо розигии онҳо амволи дорои чунин арзишро дар шакли асл диҳад.
  3. Дар сурати мутобиқи моддаи 28 ҳамин Қонун арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро бо талаби кредиторони он пардохтани ҷамъият қисми ҳисса, ки арзиши ҳақиқии онро дигар иштирокчиёни ҷамъият напардохтаанд, ба ҷамъият мегузарад ва қисми боқимондаи ҳисса дар байни иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан бар маблағгузории онҳо тақсим карда мешавад.
  4. Ҳисcа (қисми ҳисса) аз вақти талабро пешниҳод намудани иштирокчии ҷамъият дар
бораи онро бадастдарории ҷамъият ё ба охир расидани мeҳлати гузаштани саҳм ё ин ки додани xуброн ё қувваи қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи аз ҷамъият хориx намудани иштирокчӣ ё розигиро барои гузариши ҳисса ба ворисони шахси ҳуқуқӣ, ки иштирокчиёни ҷамъият мебошанд, рад кардани ҳар кадом иштирокчии ҷамъият ё тақсими он дар байни иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳ.амхeрда (иштирокчии ҷамъият) ё арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро бо талаби кредиторҳои он пардохтани ҷамъият ба ҷамъият мегузарад.
  1. Ҷамъият eҳдадор аст арзиши ҳақиқии ҳисса (қиcми ҳисса)-ро пардохт намояд ё амволи дорои чунин арзишро дар шакли асл дар давоми як соли ба ҷамъият гузаштани ҳисса (қисми ҳисса) диҳад, агар оинномаи ҷамъият мeҳлати кeтоҳтарро пешбинӣ накарда бошад.
Арзиши ҳақиқии ҳисса (қисми ҳиcса) аз ҳисоби фарқияти байни арзиши активҳои софи ҷамъият ва ҳаxми сармояи оинномавии он пардохта мешавад. Дар мавриде, ки агар чунин фарқият нокифоя бошад, ҷамъият eҳдадор аст сармояи оинномавии худро ба маблағи нарасида кам кунад.
 
Моддаи 27. Ҳиссаҳое, ки ба ҷамъият тааллуқ доранд
Ҳиссаҳое, ки ба ҷамъият тааллуқ доранд, ҳангоми муайян кардани натиxаҳои овоздиҳӣ дар Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, инчунин ҳангоми тақсим намудани фоида ва амволи ҷамъият дар сурати барҳам хeрдани он ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Ҳиссае, ки ба ҷамъият тааллуқ дорад, дар давоми як соли ба ҷамъият гузаштани он бояд бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар байни ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда ё ба ҳама ё ин ки ба баъзе иштирокчиёни ҷамъият ва агар онро оинномаи ҷамъият манъ накунад, ба шахсони сеюм фурeхта ва пурра пардохт карда шавад. Қиcми тақсимнашуда ё нафурeхтаи ҳисса бояд мутобиқи кам кардани сармояи оинномавии ҷамъият пардохта шавад. Фурeши ҳиссаҳо ба иштирокчиёни ҷамъият, ки дар натиxаи он ҳаxми ҳиссаҳои иштирокчиёни он тағйир меёбад, фурeши ҳиссаҳо ба шахсони сеюм, инчунин тағйиротҳое ки вобаста ба фурeши ҳиссаҳо ба ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият ворид мешаванд, бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул карда мешаванд.
 
Моддаи 28. Руёнидан аз ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият
  1. Бо талаби кредиторҳо руёндани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият аз сармояи оинномавии ҷамъият аз рeи қарзҳои иштирокчии ҷамъият танҳо дар асоси қарори суд дар сурати барои пушондани қарзҳо кофӣ набудани амволи дигари иштирокчии ҷамъият роҳ дода мешавад.
  2. Дар мавриди руёнидан аз ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият аз рeи қарзҳои иштирокчии он ҷамъият ҳақ дорад ба кредиторҳо арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро пардохт намояд. Арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботи пеш аз санаи пешниҳоди талабот ба ҷамъият дар бораи руёнидани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият аз рeи қарзҳояш муайян карда мешавад.
  3. Дар мавриде, ки дар давоми се моҳи пас аз пешниҳоди талаботи кредиторҳо, ҷамъият ё иштирокчиёни он арзиши ҳақиқии ҳамаи ҳиссаи (ҳамаи қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро, ки аз он руёнидан карда мешавад, пардохт накунанд, руёнидани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият бо роҳи фурeши он дар савдои оммавӣ сурат мегирад;
 
Моддаи 29. Аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият
  1. Иштирокчии ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳар вақт новобаста аз розигии дигар иштирокчиёни он ё ҷамъият аз ҳайати ҷамъият барояд.
  2. Дар сурати аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият ҳиссаи e аз вақти додани ариза дар бораи баромадан аз ҷамъият ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият eҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият, ки дар бораи баромадан аз ҷамъият ариза додааст, арзиши ҳақиқии ҳиссаи eро пардохт намояд, ки он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давоми як соле, ки ариза дар бораи баромадан аз ҷамъият дода шудааст, муайян карда мешавад ё бо розигии иштирокчии ҷамъият ба e амволи чунин арзишдоштаро дар шакли асл ва дар ҳолати пурра пардохт нашудани саҳми e дар сармояи оинномавии ҷамъият арзиши ҳақиқии як қисми ҳиcсаи eро, ки ба қисми пардохтшудаи саҳми мутаносиб аст, диҳад.
  3. Ҷамъият eҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият, ки барои баромадан аз ҷамъият ариза додааст, арзиши ҳақиқии ҳиссаи e ё амволи чунин арзишдоштаро дар шакли асл дар давоми шаш моҳи ба охир расидани соли молиявӣ, ки дар тули он ариза дар барои баромадан аз ҷамъият дода шудааст, пардохт намояд, агар мeҳлати камтар дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.
Арзиши ҳақиқии ҳиссаи иштирокчии ҷамъият аз ҳисоби фарқияти байни арзиши активҳои софи ҷамъият ва ҳаxми сармояи оинномавии ҷамъият пардохта мешавад. Дар мавриде, ки агар чунин фарқият барои пардохт ба иштирокчии ҷамъият, ки барои баромадан аз ҷамъият ариза додааст, барои арзиши ҳақиқии ҳиссаи e кофӣ набошад, ҷамъият eҳдадор аст сармояи оинномавии худро бо маблағи норасида кам кунад.
  1. Аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият eро аз eҳдадорӣ дар назди ҷамъият оиди гузоштани саҳм ба амволи ҷамъият, ки то додани аризаи баромадан аз ҷамъият пайдо шудааст, озод намекунад.
 
Боби 4. Амволи ҷамъият
 
Моддаи 30. Ташкил кардани амволи ҷамъият
  1. Амволи ҷамъият аз ҳисоби саҳми муассисони (иштирокчиёни) он, даромадҳои гирифтаи ҷамъият, инчунин дигар сарчашмаҳои манъ накардаи қонунгузорӣ ташкил карда мешавад.
  2. Ҷамъият ҳақ дорад бо тартиб ва дар ҳаxми пешбиникардаи қонунгузорӣ ва ҳуxxатҳои таъсисномаи ҷамъият фонди захира ва дигар фондҳо барпо намояд.
  3. Амволи ҷамъият дар баланси он ба ҳисоб гирифта мешавад.
 
Моддаи 31. Саҳм ба амволи ҷамъият
  1. Иштирокчиёни ҷамъият eҳдадоранд, агар дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда бошад, бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ба амволи ҷамъият саҳм гузоранд.
Қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият оиди саҳмгузорӣ ба амволи ҷамъият мумкин аст бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи овозҳои умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шавад, агар зарурияти шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ карда нашуда бошад.
  1. Иштирокчиёни ҷамъият eҳдадоранд ба амволи ҷамъият мутаносибан ба ҳиссаҳои онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият саҳм гузоранд, агар дар оиннома тартиби дигари муайян намудани ҳаxми саҳм ба амволи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.
Дар оинномаи ҷамъият арзиши зиёдтарини саҳм дар амволи ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият ё иштирокчиёни муайяни он мегузоранд, инчунин дигар маҳудудиятҳои вобаста ба саҳмгузорӣ ба амволи ҷамъият пешбинӣ шуда метавонанд. Маҳдудиятҳое, ки вобаста ба саҳмгузорӣ ба амволи ҷамъият барои иштирокчии муайяни ҷамъият муқаррар шудааст, дар сурати бегона шудани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) e нисбати харидори ҳисса (қисми ҳисса) амал намекунад.
  1. Саҳм ба амволи ҷамъият бо пул гузошта мешавад, агар дар оинномаи ҷамъият ё қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият қоидаи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Саҳм дар амволи ҷамъият ҳаxм ва арзиши номиналии ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъиятро дар сармояи оинномавии ҷамъият тағйир намедиҳад.
 
Моддаи 32. Тақсими фоидаи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият
  1. Ҷамъият ҳақ дорад фоидаи софи худро дар байни иштирокчиёни ҷамъият тақсим кунад. Қарор дар бораи тақсими қиcми фоидаи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият аз тарафи Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул карда мешавад.
  2. Як қиcми фоидаи ҷамъият, ки барои тақсим дар байни иштирокчиёни он таъин шудааст, мутаносибан ба саҳми онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда мешавад.
Дар оинномаи ҷамъият ҳангоми тасдиқи он ё бо роҳи ба оинномаи ҷамъият ворид кардани тағйирот бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул менамоянд, мумкин аст тартиби дигари тақсими фоида дар байни иштирокчиёни ҷамъият муқаррар карда шавад.                   ;
 
Моддаи 33. Маҳдудияти тақсими фоидаи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият. Маҳдудияти пардохти фоидаи ҷамъият ба иштирокчиёни ҷамъият
  1. Ҷамъият дар мавридҳои зерин ҳақ надорад дар бораи тақсими фоидаи худ дар байни иштирокчиёни ҷамъият қарор қабул кунад:
—  то пардохти пурраи ҳамаи сармояи оинномавии ҷамъият;
— то пардохти арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчиёни ҷамъият дар ҳолатҳои пешбиникардаи ин Қонун;
— агар дар вақти қабули чунин қарор ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо» ба аломатҳои муфлисшавӣ xавобгe бошад ё ин аломатҳо дар натиxаи қабули чунин қарор дар ҷамъият пайдо шавад;
— агар ҳангоми қабули чунин қарор арзиши активҳои софи ҷамъият аз сармояи оинномавӣ ва фонди захира кам бошад ё дар натиxаи қабули чунин қарор ҳаxми онҳо кам шавад;
— дар ҳолатҳои дигари пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Ҷамъият дар мавридҳои зерин ҳақ надорад ба иштирокчиёни ҷамъият фоидаро пардохт намояд, ки қарор дар бораи тақсими он дар байни иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст:
— агар ҳангоми пардохт ҷамъият тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо» xавобгeи аломатҳои муфлисӣ бошад ё агар ин аломатҳо дар ҷамъият дар натиxаи пардохт ба амалояд;
— агар дар лаҳзаи пардохт арзиши активҳои софи ҷамъият аз сармояи оинномавӣ ва фонди захира кам бошад ё дар натиxаи пардохт онҳо кам шаванд;
— дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Баъди қатъ ёфтани ҳолатҳои дар ин банд  нишон додашуда ҷамъият eҳдадор аст ба иштирокчиёни ҷамъият фоидаро пардохт намояд, агар ки қарор дар бораи тақсими он дар байни иштирокчиёни ҷамъият қабул шуда бошад.
 
Моддаи 34. Паҳн кардани вомбаргҳо аз xониби ҷамъият
  1. Ҷамъият ҳақ дорад вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки эмиссиониро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дар бораи қоғазҳои қиматнок паҳн намояд.
  2. Ҷамъият ҳақ дорад вомбаргҳоро ба маблағе, ки аз ҳаxми сармояи оинномавии он ё миқдори таъминоте, ки шахсони сеюм бо ин мақсад ба ҷамъият додаанд, барзиёд нест, баъди пардохти пурраи сармояи оинномавӣ паҳн намояд.
  3. Дар сурати набудани таъмине, ки шахсони сеюм бо мақсади кафолатнок гардондани иxрои eҳдадориҳо дар назди соҳибони вомбаргҳо медиҳанд, паҳн намудани вомбаргҳо аз xониби ҷамъият на барвақтар аз соли сеюми мавxудияти ҷамъият ба шарти то ин вақт дуруст тасдиқ кардани ду баланси солонаи ҷамъият роҳ дода мешавад.
 
БОБИ 5. ИДОРАКУНӣ ДАР  ҶАМЪИЯТ
 
Моддаи 35. Мақомоти ҷамъият
  1. Мақомоти ҷамъият инҳоянд:
а) Маҷлиси умумии иштирокчиёни он, ки мақоми олии ҷамъият мебошад;
б) мақоми иxроияи ҷамъият, ки аз мақомоти яккасардорӣ (инфиродӣ) ва дастxамъӣ иборат аст.
  1. Оинномаи ҷамъият мумкин аст таъсис додани Шeрои директорон (Шeрои мушоҳидакорон) ва комиссияи тафтишоти (ревизори)-ро пешбинӣ намояд.
  2. Салоҳияти мақомоти ҷамъият, инчунин тартиби аз тарафи онҳо қабул намудани қарор, ё аз номи ҷамъият баромад карданро ҳамин Қонун ва оинномаи ҷамъият муайян менамояд.
 
Моддаи 36. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият
  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мақомоти олии ҷамъият мебошад.
Ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият ҳуқуқ доранд дар Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият иштирок намоянд, дар муҳокимаи масъалаҳои рeзнома ширкат варзанд ва ҳангоми қабули қарорҳо овоз диҳанд.
Нишондодҳои ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият ё қарори мақомоти ҷамъият, ки ин ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҷамъиятро маҳдуд месозанд, эътибор надоранд.
Ҳар иштирокчии ҷамъият дар Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият шумораи овозҳоеро дорад, ки ба ҳиссаи e дар сармояи оинномавии ҷамъият мутаносиб аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
Дар оинномаи ҷамъият ҳангоми таъсисдиҳии он ё бо роҳи ворид намудани тағйирот ба оинномаи ҷамъият бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи онҳо якдилона қабул намудаанд, мумкин аст тартиби дигари муайян намудани шумораи овозҳои иштирокчиёни ҷамъият муқаррар карда шавад.
  1. Тағйирот ва хориx кардани нишондодҳои оинномаи ҷамъият, ки чунин тартиботро муқаррар менамояд, бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул мекунанд, амалӣ гардонда мешавад.
 
Моддаи 37. Салохияти мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият
  1. Салоҳияти Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро оинномаи ҷамъият мутобиқи ҳамин Қонун муайян менамояд.
  2. Ба салоҳияти махсуси Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият инҳо дохил мешавад:
1) муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият, инчунин қабули қарорҳо оиди иштирок дар ассосиатсияҳо ва дигар идтиҳодияҳои ташкилотҳои тиxоратӣ;
2) тағйир додани оинномаи ҷамъият, аз Ҷумла тағйир додани ҳаxми сармояи оинномавии ҷамъият;
3) ворид кардани тағйирот ба шартномаи таъсисотӣ;
4) таъсис додани мақомоти иxроияи ҷамъият ва пеш аз мeҳлат катъ намудани ваколати онҳо, инчунин қабули қарор оиди додани ваколатҳои мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият ба ташкилоти тиxоратӣ ё соҳибкори инфродӣ (минбаъд-роҳбар), тасдиқ кардани чунин роҳбар ва шартҳои шартнома бо e;
5) интихоб ва пеш аз мeҳлат қатъ кардани ваколатҳои комиссияи тафтишотии (ревизорӣ) ҷамъият;
6) тасдиқи ҳисоботи солона ва баланснои солонаи муҳосибавӣ;
7) қабули қарор оиди тақсими фоидаи софи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият;
8) тасдиқи (қабули) ҳуxxатҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии ҷамъият (ҳуxxатҳои дохилии ҷамъият);
9) қабули қарор оиди вомбаргҳо ва дигар қоғазҳ,ои қиматноки эмиссиониро паҳн кардани ҷамъият;
10) таъин кардани тафтиши аудиторӣ, тасдиқи аудитор ва муайян намудани ҳаxми пардохти ҳизмати e;
11) қабули қарор оиди азнавташкилдиҳӣ ё барҳам додани ҷамъият;
12) таъин кардани комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи баланснои барҳамдиҳӣ;
13) ҳалли дигар масъалаҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун.
Масъалаҳоеро, ки ба салоҳияти истисноии махсуси Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил мешаванд, барои ҳалли Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун, инчунин барои ҳалли мақомоти иxроияи ҷамъият додан мумкин нест.
 
Моддаи 38. Маҷлиси умумии навбатии иштирокчиёни ҷамъият
  1. Маҷлиси умумии навбатии иштирокчиёни ҷамъият аз тарафи мақомоти иxроияи ҷамъият дар мeҳлати муайянкардаи оинномаи ҷамъият, вале соле на камтар аз як маротиба даъват ва гузаронида мешавад.
  2. Дар оинномаи ҷамъият бояд мeҳлати гузаронидани Маҷлиси умумии навбатии иштирокчиёни ҷамъият, ки дар он натиxаҳои солонаи фаъолияти ҷамъият тасдиқ мегардад, муайян карда шавад. Ин Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бояд на дертар аз се моҳи баъди ба охир расидани соли молиявӣ гузаронда шавад.
 
Моддаи 39. Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият
  1. Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият дар ҳолатҳои муайянкардаи оинномаи ҷамъият, инчунин дар ҳар ҳолати дигар гузаронда мешавад, агар гузарондани чунин Маҷлиси умумиро манфиати ҷамъият ва иштирокчиёни он тақозо намоянд.
  2. Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият бо ташаббуси мақомоти иxрояи ҷамъият бо талаби Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор, инчунин иштирокчиёни ҷамъият, ки дар Маҷмeъ на камтар аз даҳ яки шумораи умумии овозҳои иштирокчиёни ҷамъиятро соҳиб мебошанд, даъват карда мешавад.
Мақомоти иxроияи ҷамъият eҳдадор аст дар давоми панx рeзи санаи гирифтани талабнома оиди гузарондани Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият талаби мазкурро баррасӣ намуда, оиди гузарондани Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият ё оиди рад кардани он қарор қабул намояд. Қарори рад кардани гузарондани Маҷлиcи умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъиятро мақомоти иxроияи ҷамъият мумкин аст танҳо дар ҳолатҳои зерин қабул намояд:
агар тартиби муқаррар кардаи Қонуни мазкур оиди пешниҳоди талаби гузарондани Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият риоя нашуда бошад;
агар ягонтаи масъалаҳое, ки барои дохил кардан ба рeзномаи Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод шудааст, ба салоҳияти он дохил нашавад ё ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунад.
Мақомоти иxроияи ҷамъият ҳақ надорад ба ифодаи масъалаҳое, ки барои дохил кардан ба рeзномаи Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод шудааст, тағйирот дарорад, инчунин шакли пешниҳодшудаи гузарондани Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъиятро тағйир диҳад.
Дар қатори масъалаҳое, ки барои дохил кардан ба рeзномаи Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод шудааcт, мақомоти иxроияи ҷамъият бо ташаббуси худ ҳақ дорад ба он масъалаҳои иловагӣ дохил кунад.
  1. Дар сурати қабули қарор оиди гузарондани Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёнии ҷамъият Маҷлиси мазкур бояд на дертар аз чилу панx рeзи гирифтани талаб оиди гузарондани он гузаронда шавад.
  2. Дар ҳолате, ки дар давоми мeҳлати муқарраркардаи ҳамин Қонун қарори гузарондани Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият қабул нашавад ё қарори рад кардани гузарондани он қабул шавад, Маҷлиси умумии ғайринавбатии ишгирокчиёни ҷамъият мумкин аст аз xониби мақомот ё шахсоне, ки гузарондани онро талаб менамоянд, даъват карда шавад.
Дар ин ҳолат мақомоти иxроияи ҷамъият eҳдадор аст ба ин мақомот ё шахсон рeйхати иштирокчиёни ҷамъиятро бо суроғаи онҳо диҳад.
Хароxоти тайёрӣ, даъват ва гузарондани чунин Маҷлиси умумӣ мумкин аст бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият аз ҳиcоби маблағи ҷамъият xуброн карда шавад.
 
Моддаи 40. Тартиби даъвати Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият
  1. Мақомот ё шахсоне, ки Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват мекунанд, eҳдадоранд на дертар аз cӣ рeзи то гузарондани он ба суроғаи дар рeйхати иштирокчиёни ҷамъият нишондодашуда ё ба тарзи дигари пешбиникардаи оинномаи ҷамъият дар ин бора бо мактуби фармоишӣ ба ҳар кадом иштирокчии ҷамъият хабар диҳанд.
  2. Дар огоҳнома бояд вақт ва xои гузарондани Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, инчунин рeзномаи пешниҳодшуда нишон дода шавад.
Ҳар иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад дар бораи ба рeзномаи Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил кардани масъалаҳои иловагӣ на дертар аз понздаҳ рeзи то гузарондани он таклиф пешниҳод намояд. Масъалаҳои иловагӣ ба рeзномаи Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил карда мешаванд.
Мақомот ё шахсоне, ки Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват менамоянд, ҳақ надоранд ба тавсия тағйирот оиди масъалаҳои иловагии пешниходшударо барои ба рeзномаи Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил намоянд.
Дар ҳолате, ки бо таклифи иштирокчиёни ҷамъият ба рeзномаи аввалаи Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият тағйирот дароварда шавад, мақомот ё шахсоне, ки Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват менамоянд, eҳдадоранд на дертар аз даҳ рeзи то гузарондани он ҳамаи иштирокчиёни ҷамъиятро дар бораи тағйироти ба рeзнома ворид гардида ба тарзе, ки дар банди 1 ҳамин модда нишон дода шудааст, огоҳ намоянд.
  1. Ба ахборот ва маводе, ки ба иштирокчиёни ҷамъият ҳангоми тайёр кардани Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод карда мешавад, ҳисоботи солонаи ҷамъият, хулосаи комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият ва аудитор аз рeи натиxаҳои тафтиши ҳисоботи солона ва балансҳои солонаи муҳосибавии ҷамъият, маълумот дар бораи номзад (номзадҳо) ба мақомоти иxроияи ҷамъият, Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият ва комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, лоиҳаи тағйироту иловаҳои ба ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият воридшаванда, ё лоиҳаи ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият дар таҳрири нав, лоиҳаи ҳуxxатҳои дохилии ҷамъият, инчунин дигар ахбороти (маводҳои) пешбиникардаи оинномаи ҷамъият дохил мешаванд.
Агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигари бо мавод шиносондани иштирокчиёни ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад, мақомот ё шахсоне, ки Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват менамоянд, eҳдадоранд ба онҳо ахборот ва маводро якzоя бо огоҳномаи оиди гузарондани Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият фиристонанд, дар сурати тағйир ёфтани рeзнома маводи дахлдор якxоя бо огоҳномаи оиди чунин тағйирот фиристонда мешавад.
Ин ахбороту мавод дар давоми cӣ рeзи то гузарондани Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бояд ба ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият барои шиносои дар бинои мақомоти иxроияи ҷамъият пешниҳод карда шавад.
  1. Дар сурати вайрон кардани тартиби даъвати Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, чунин Маҷлиси умумӣ салоҳиятнок шуморида мешавад, агар дар он ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият иштирок дошта бошанд.
 
Моддаи 41. Тартиби гузарондани Маҷиси умумии иштирокчиёни ҷамъият
  1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартибе, ки ҳамин Қонун, оинномаи ҷамъият ва ҳуxxатҳои дохилии он муқаррар кардаанд, гузаронда мешавад. Дар он қиcме, ки бо ҳамин Қонун, оинномаи ҷамъият ва ҳуxxатҳои дохилии ҷамъият танзим карда нашудааст, тартиби гузарондани Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият муқаррар карда мешавад.
  2. Пеш аз кушодашавии Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бақайдгирии иштирокчиёни омадаи ҷамъият гузаронда мешавад.
Иштирокчиёни ҷамъият ҳақ доранд дар Маҷлиси умумӣ шахсан ё ба воситаи намояндагони худ иштирок намоянд. Намояндагони иштирокчиени ҷамъият бояд ҳуxxатҳоеро, ки ваколати онҳоро тасдиқ мекунад, пешниҳод намоянд.
Иштирокчии бақайд нагирифтаи ҷамъият (намояндаи иштирокчии ҷамъият) ҳақ надорад дар овоздиҳӣ иштирок намояд.
  1. Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъиятро шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иxроияро амалӣ менамояд ё шахсе, ки ба мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият сардорӣ мекунад, мекушояд. Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъиятро, ки Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор ё иштирокчиени ҷамъият даъват кардаанд, раиси Шeрои директорон (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, раиси комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор ё яке аз иштирокчиени ҷамъият, ки ин Маҷлиси умумиро даъват кардаанд, мекушояд.
  2. Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият ҳақ дорад танҳо аз рeи масъалаҳои рeзнома, ки мутобиқи банди 1 ва 2 моддаи 40 ҳамин Қонун ба иштирокчиени ҷамъият хабар дода шудааст, қарор қабул кунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар ин Маҷлиси умумӣ ҳамаи иштирокчиени ҷамъият иштирок дошта бошанд.
  3. Қарорҳо аз рeи масъалаҳое, ки дар зербанди 2 банди дуюми моддаи, 37 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, инчунин аз рeи масъалаҳои дигаре, ки оинномаи ҷамъият муайян кардааст, бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии овозҳои иштирокчиени ҷамъият қабул карда мешавад, агар зарурати шумораи зиёди овозҳоро барои қабули чунин қарор ҳамин Қонун ё оинномаи ҷамъият пешбинӣ накарда бошад.
Қарорҳоро аз рeи масъалаҳое, ки дар зербандҳои 3 ва 11 банди дуюми моддаи 37 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, ҳамаи иштирокчиени ҷамъият якдилона қабул мекунад.
Қарорҳои боқимонда бо аксарияти овозҳои шумораи умумии овозҳои иштирокчиени ҷамъият қабул карда мешаванд, агар зарурати шумораи овозҳо барои қабули чунин қарорҳо дар ҳамин Қонун ё оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.
  1. Қарорҳои Маҷлиcи умумии иштирокчиени ҷамъият бо овоздиҳии кушод қабул карда мешавад, агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигари қабули қарорҳо пешбинӣ нашуда бошад.
 
Моддаи 42. Қарори Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият, ки   бо роҳи гузаронидани овоздиҳии ғоибона (бо роҳи пурсиш) қабул мешавад
  1. Қарори Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият мумкин аст бе гузарондани Маҷлис (иштироки якxояи иштирокчиени ҷамъият барои муҳокимаи масъалаҳои рeзнома ва қабули қарорҳо аз рeи масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда) бо роҳи гузарондани овоздиҳии ғоибона (бо роҳи пурсиш) қабул карда шавад. Чунин овоздиҳӣ мумкин аст бо роҳи ивази ҳуxxатҳо тавассути поxта, алоқаи телеграф, телетайпӣ, телефонӣ, электронӣ ва ғiайраҳо, ки cаҳеҳии хабарҳои дода ва қабулшаванда ва тасдиқи ҳуxxатии онҳоро таъмин менамояд, гузаронда шавад.
Қарори Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият аз рeи масъалаҳое, ки дар зербанди 6 банди дуюми моддаи 37 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, бо роҳи гузарондани овоздиҳии ғоибона (бо роҳи пурсиш) қабул шуда наметавонад.
  1. Ҳангоми қарор қабул кардани Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият бо роҳи гузарондани овоздиҳии ғоибона(бо роҳи пурсиш) бандҳои 2, 3 ва 4 моддаи 41 ҳамин Қонун, инчунин нишондодҳои бандҳои 1, 2 ва 3 моддаи 40 ҳамин Қонун дар қисми мeҳлатҳои пешбиникардаи онҳо татбиқ карда намешавад.
  2. Тартиби гузарондани овоздиҳии ғоибона бо ҳуxxати дохилии ҷамъият муайян карда мешавад, ки он бояд ҳатман ба ҳамаи иштирокчиени ҷамъият хабар додани рeзномаи пешниҳодшуда, имконияти то оғози овоздиҳӣ ба ҳамаи ахбору маводи зарурӣ шинос шудани ҳамаи иштирокчиени ҷамъият, имконияти пешниҳоди таклифҳо оиди ба рeзнома дохил кардани масъалаҳои иловагӣ, ҳатман ба ҳамаи иштирокчиени ҷамъият то оғози овоздиҳӣ хабар додани рeзномаи тағйирёфта, инчунин мeҳлати ба охир расидани тартиби овоздиҳиро пешбинӣ намояд.
 
Моддаи 43. Аз xониби иштирокчии ягонаи ҷамъият қабул кардани қарорҳо аз рeи масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият мансубанд
Дар ҷамъияте, ки аз як нафар иштирокчӣ иборат аст, қарорҳо аз рeи масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиcи умумии иштирокчиени ҷамъият мансубанд, аз xониби иштирокчии ягона шахсан қабул карда ва хаттӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар ин маврид нишондодҳои модцаҳои 38, 39, 40, 41, 42 ва 47 ҳамин Қонун татбиқ намегардад, ба истиснои нишондодҳое, ки ба мeҳлатҳои гузарондани Маҷлиси умумии солонаи иштирокчиени ҷамъият дахл доранд.
 
Моддаи 44. Мақомоти иxроияи ҷамъият
  1. Роҳбарӣ ба фаъолияти xории ҷамъият аз xониби мақоми яккасардории иxроияи ҷамъият ва мақоми иxроияи дастxамъии ҷамъият амалӣ гардонда мешавад. Мақомоти иxроияи ҷамъият ба Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият ва Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият ҳисоботдиҳанда мебошад.
  2. Додани ҳуқуқи овоз аз xониби аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, аъзои мақоми иxроияи дастаxамъии ҷамъият ба шахсони дигар, аз Ҷумла ба аъзои дигари Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, ба аъзои дигари мақоми иxроияи дастаxамъии ҷамъият роҳ дода намешавад.
 
Моддаи 45. Мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият
  1. Мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият (директори генералӣ ё директор)-ро Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ба мeҳлати муайян кардаи оинномаи ҷамъият интихоб мекунад. Мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият мумкин аст, инчунин аз ҳисоби шахсони ғайри иштирокчии он интихоб карда шавад.
Шартномаи байни ҷамъият ва шахси иxрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъиятро аз номи ҷамъият шахси раисикунандаи Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки дар он шахси иxрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият интихоб шудааст, ё иштирокчии ҷамъият, ки бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ваколатдор гардидааст, имзо мекунанд.
  1. Танҳо шахси воқеӣ ба сифати мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият баромад карда метавонад, ба истиснои ҳолате, ки моддаи 46 ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
  2. Мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият метавонад:
1) аз номи ҷамъият бидуни ваколатнома амал намояд, аз Ҷумла аз манфиатҳои он намояндагӣ ва аҳдҳоро амалӣ намояд;
2) барои ҳуқуқи намояндагӣ аз номи ҷамъият ваколатнома аз Ҷумла ваколатномаи дорои ҳуқуқи боварӣ медиҳад;
3) дар бораи ба вазифа таъин кардани кормандони ҷамъият, ба кори дигар гузарондан ва хориx намудани онҳо фармон бароварда, чораҳои мукофотониро татбиқ намуда ва xазои интизомӣ медиҳад;
4) дигар ваколатҳоро, ки ҳамин Қонун ё оинномаи ҷамъият ба салоҳияти Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият ва мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият мансуб надонистааст, амалӣ мегардонад.
  1. Тартиби фаъолияти мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият ва қарор қабул кардани онро оинномаи ҷамъият, ҳуxxатҳои дохилии ҷамъият, инчунин шартномаи бастаи байни ҷамъият ва шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи онро иxро менамояд, муқаррар мекунад.
 
Моддаи 46. Мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият
  1. Агар дар оинномаи ҷамъият дар қатори мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият, инчунин таъсис додани мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият (садорат, маъмурият ва ғайра) пешбинӣ шуда бошад, чунин мақомотро Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ба миқдори ва мeҳлати муайнкардаи оинномаи ҷамъият интихоб мекунад.
Танҳо шахси воқеӣ, ки метавонад иштирокчии ҷамъият набошад, узви мақомоти иxроияи ҷамъият буда метавонад.
Мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият ваколатҳои ба салоҳияти он додаи оинномаи ҷамъиятро амалӣ мегардонад.
Вазифаи раисии мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъиятро шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъиятро ба амал мебарорад, иxро менамояд, ба истиснои ҳолате, ки агар ваколатҳои мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият ба роҳбар супорида шуда бошад.
  1. Аъзои мақомоти иxроияи дастаxамъии ҷамъият аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият шуда наметавонад.
  2. Тартиби фаъолияти мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият ва қарор қабул намудани онро оинномаи ҷамъият ва ҳуxxатҳои дохилии ҷамъият муқаррар мекунанд.
 
Моддаи 47. Ба роҳбар додани ваколатҳои мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият
Ҷамъият ҳақ дорад тибқи шартнома ваколатҳои мақомоти яккасардории иxроияи худро ба роҳбар диҳад, агар чунин имконият бевосита дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда бошад.
Шартнома ба роҳбар аз номи ҷамъият ва аз xониби шахси раисикунандаи Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки шартҳои шартномаро бо роҳбар тасдиқ намудааст ё иштирокчии ҷамъият, ки бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ваколатдор шудааст, имзо карда мешавад.
 
Моддаи 48. Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият
  1. Оинномаи ҷамъият таъсиси Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро пешбинӣ карда метавонад.
Салоҳияти Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро оинномаи ҷамъият тибқи ҳамин Қонун муайян менамоад.
  1. Тартиби таъсис ва фаъолияти Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, инчунин тартиби қатъ ёфтани ваколатҳои аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият дар оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.
Аъзои мақомоти иxроияи дастаxамъии ҷамъият бештар аз чоряки ҳайати Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро ташкил дода наметавонад. Шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъиятро иxро менамояд, дар як вақт наметавонад раиси Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият бошад.
  1. Аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият ва аъзои мақомоти иxроияи дастаxамъии ҷамъият, ки иштирокчиёни ҷамъият намебошанд, метавонанд дар Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо ҳуқуқи овози машваратӣ ширкат намоянд.
 
Моддаи 49. Шикоят оиди қарорҳои мақомоти идоракунии ҷамъият.
  1. Қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро, ки бо вайрон кардани талаботи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҷамъият қабул шудааст ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчии ҷамъиятро вайрон мекунад, мумкин аст суд аз рeи аризаи иштирокчии ҷамъият, ки дар овоздиҳӣ иштирок накардааст ё муқобили қарор овоз додааст, беэътибор эътироф намояд. Чунин ариза мумкин аст дар давоми ду моҳе, ки иштирокчии ҷамъият дар бораи қарори қабулшуда огоҳ шудааст ё бояд огоҳ мешуд, дода шавад. Дар ҳолате, ки агар иштирокчии ҷамъият дар Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки қарори арзшавандаро қабул намудааст, иштирок карда бошад, аризаи мазкур мумкин аст дар давоми ду моҳи қабули чунин қарор дода шавад.
  2. Суд ҳақ дорад бо назардошти ҳамаи ҳолатҳои парванда қарори арзшавандаро эътиборнок ҳисобад, агар овоздиҳии иштирокчии ҷамъият, ки ариза додааст, ба натиxаҳои овоздиҳӣ таъсир нарасонда, ба вайронкунии роҳдода зид набошад ва қарор боиси ба ин иштирокчии ҷамъият расондани зарар нагардад.
  3. Қарори Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият, мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият ё роҳбар, ки бо вайрон кардани талаботи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи ҷамъият қабул шудааст ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчии ҷамъиятро вайрон мекунад, бо аризаи ҳамин иштирокчии ҷамъият мумкин аст аз xониби суд беэътибор дониста шавад.
 
Моддаи 50. Масъулияти аъзоёни Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият, аъзоёни мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият ва роҳбар
  1. Аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории ҷамъият, аъзои мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият, ҳамчунин роҳбар ҳангоми татбиқ намудани ҳуқуқ ва иxрои вазифаҳояшон бояд ба манфиати ҷамъият софдилона ва оқилона амал намоянд. .
  2. Аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият, аъзои мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият, ҳамчунин роҳбар дар назди ҷамъият барои зараре, ки бо амали (беамалии) гунаҳкоронаи худ ба ҷамъият расонидаанд, xавобгаранд, агар қонунҳо дигар асосҳо ва андозаи масъулиятро муқаррар накарда бошад. Дар айни замон аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, аъзои мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият, ки муқобили қарори боиси ба ҷамъият расидани зарар гардида овоз додаанд ё дар овоздиҳӣ иштирок накардаанд, xавобгар намебошанд.
  3. Ҳангоми муайян кардани асосҳо ва андозаи масъулияти аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият, аъзои мақомоти дастxамъии иxроияи ҷамъият, ҳамчунин роҳбар бояд шароитҳои муқаррарии муомилоти кори ва дигар ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамият дорад, ба назар гирифта шавад.
  4. Дар ҳолате, ки агар мутобиқи нишондоди ҳамин модда якчанд шахc масъуланд, масъулияти онҳо дар назди ҷамъият муштарак мебошад.
  5. Ҷамъият ё иштирокчии он ҳақ доранд бо даъвои руёнидани зараре, ки ба ҷамъият узви Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият, узви мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият ё роҳбар расондаанд, ба суд муроxиат намоянд.
 
Моддаи 51. Комиссияи тафтишотии (рсвизори) ҷамъият
  1. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аcт таъсис додани комиссияи тафтишоти (интихоби ревизор) ҷамъият пешбинӣ карда шавад. Дар ҷамъиятҳое, ки бештар аз понздаҳ нафар иштирокчӣ доранд, таъсиси комиссияи тафтишотии (интихоби ревизор) ҷамъият хатмӣ мебошад. Ҳамчунин шахсе, ки иштирокчии ҷамъият намебошад, узви комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият буда метавонад. Вазифаи комисcияи тафтишотии (ревизори) ҷамъиятро, агар инро оинномаи ҷамъият пешбинӣ карда бошад, аудитори тасдиқкардаи Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки у бо манфиатҳои амволӣ бо ҷамъият, аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, бо шахси иxрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият, аъзои мақомоти иxроияи даcтxамъии ҷамъият ва иштирокчиёни ҷамъият алоқаманд намебошад, амалӣ гардонда метавонад.
  2. Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъиятро Маҷлиcи умумии иштирокчиёни ҷамъият ба мeҳлати муайянкардаи оинномаи ҷамъият интихоб мекунад. Шумори аъзои комиссияи тафтишотӣ ҷамъиятро оинномаи ҷамъият муайян менамояд.
  3. Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият ҳақ дорад ҳар вақт фаъолияти молиявии ҷамъиятро тафтиш кунад ва ҳамаи ҳуxxатҳои вобаста ба фаъолияти ҷамъият дастраси он бошад.
Бо талаби комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъиятро иxро менамояд, аъзои мақомоти дастxамъии иxроияи ҷамъият, инчунин кормандони ҷамъият eҳдадоранд дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ тавзеҳоти зарурӣ диҳанд.
  1. Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият бо тартиби ҳатмӣ тафтиши ҳисоботи солона ва балансҳои муҳосибавиро то онҳоро тасдиқ кардани Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мегузаронад. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ҳақ надорад ҳисоботи солона ва балансҳои муҳосибавии ҷамъиятро дар сурати набудани хулосаи комиссияи тафтишотӣ (ревизори) ҷамъият тасдиқ кунад.
  2. Тартиби кори комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъиятро оиннома ва ҳуxxатҳои дохилии ҷамъият муайян менамоянд.
  3. Моддаи мазкур дар ҳолатҳое татбиқ мегардад, ки агар таъсиси комиссияи тафтишотӣ ҷамъият ё интихоби ревизори ҷамъият дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда ё мутобиқи ҳамин Қонун ҳатмӣ бошад.
  4. Аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият наметонад аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорон) ҷамъият, шахси иxрокунандаи вазифаи мақомоти якасардории ҷамъият ва аъзои мақомоти дастxамъии ҷамъият бошад.
 
Моддаи 52.  Ҳавасмандӣ дар иxро намудани аҳдҳо аз тарафи ҷамъият
  1. Аҳдҳое, ки дар иxро намудани он узви Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахси иxрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият, узви мақомоти дастаxамъии иxроияи ҷамъият ё иштирокчии ҷамъият ҳавасманд ва якxоя бо шахсони бонуфуз (аффилир) бист ва аз ин зиёда фоизи овозҳои шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъиятро доранд, аз xониби ҷамъият бидуни розигии Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият иxро шуданаш мумкин намебошад.
Шахсони мазкур барои иxро намудани аҳдҳо аз xониби ҷамъият ҳавасманд ҳисобида мешаванд, агар онҳо, зану шавҳар, падару модар, фарзандон, бародарон, хоҳарон ва шахсони бонуфузи (аффилир) онҳо бошанд:
— тарафи муомилот бошанд ё дар муносибатҳои онҳо бо ҷамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;
— дорандаи бист (ҳар кадом алоҳида ё якxоя) ва аз ин зиёд фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳо, пайҳо) шахси ҳуқуқӣ ва тарафи аҳд бошанд, ё дар муносибатҳои онҳо бо ҷамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;
— дар мақомоти идоракунии шахcи ҳуқуқӣ, ки тарафи аҳд мебошад вазифаҳоро ишғол намуда ё дар муносибатҳои онҳо бо ҷамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;
— дар дигар ҳолатҳое, ки оинномаи ҷамъият муайян кардааст.
  1. Шахсони дар сарсатри якуми банди якуми ҳамин модда нишон додашуда бояд ба маълумоти Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ахборотро дар ин бора расонанд:
— дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, ки дар он онҳо, ҳамсарон, волидон, фарзандон, бародарон, хоҳарон ва шахсони бонуфузи онҳо дорандаи бист ва аз ин зйёд фоизи cаҳмияҳо (ҳиссаҳо, пайҳо) мебошанд;
— дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, ки дар он онҳо, ҳамсарон, волидон, фарзандон, бародарон, хоҳарон ва шахсони бонуфузи онҳо дар мақомоти идоракунии вазифаҳоро ишғол менамоянд;
— дар бораи аҳдҳои барояшон маълуми иxрошаванда ё дар назар дошташуда, ки дар иxро намудани онҳо мумкин аст ҳавасманд дониста шаванд.
  1. Қарор дар барои иxро намудани аҳдҳо аз xониби ҷамъият, ки дар иxро намудани онҳо ҳавасманди мавxуд аст, дар Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо аксарияти овозҳои шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки дар иxро намудани он ҳавасманд нестанд, қабул карда мешавад.
  2. Иxро намудани аҳдҳое, ки ба онҳо ҳавасманди вуxуд дорад, қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро, ки банди сеюми ҳамин модда пешбини намудааст, талаб намекунад, ба шарте ки аҳд дар xараёни фаъолияти муқаррарии хоxагидорӣ дар байни ҷамъият ва тарафи дигар иxро карда шавад ва он то даме xой дошта бошад, ки шахси ҳавасманди иxрокунандаи аҳд мутобиқи банди якуми ҳамин модда чунин шахc эътироф карда шавад (қарор то санаи гузарондани Маҷлиси умумии ояндаи иштирокчиёни ҷамъият талаб карда намешавад).
  3. Аҳде, ки дар иxро намудани он ҳавасманди мавxуд аст ва кадоме, ки бо вайронкунии талаботи пешбиникардаи ҳамин модда иxро карда шудааст аз рeи даъвои ҷамъият ё иштирочии он мумкин аст беъэтибор ҳиcобида шавад.
  4. Моддаи мазкур нисбати ҷамъиятҳое, ки аз як иштирокчӣ иборат аст, ва он дар як вақт вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи ин ҷамъиятро иxро менамояд, татбиқ карда намешавад.
  5. Дар сурати дар ҷамъият таъсис ёфтани Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият қабули қарор дар бораи иxро намудани аҳде, ки оиди иxро намудани он ҳавасманди мавxуд аст, мумкин аст тибқи оинномаи ҷамъият ба салоҳияти он дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар маблағи пардохти аҳд ё арзиши амволе, ки предмети аҳд мебошад, аз ду фоизи арзиши амволи ҷамъият зиёд буда, он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавӣ дар давраи охирини ҳисоботи муайян шуда бошад.
 
Моддаи 53. Аҳдҳои калон
  1. Аҳди калон аҳдест ё якчанд аҳди бо ҳам алоқамандаст, ки ба бевосита ё бавосита аз xониби ҷамъият бадастбаровардан, бегона кардан ё имконияти бегонакунии амвол вобаста буда, арзиши он бештар аз бисту панx фоизи арзиши амволи ҷамъиятро ташкил дода, дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии давраи охирини ҳисоботии пеш аз рeзи қабули қарор оиди иxро намудани чунин аҳд муайян карда шудааст, агар оинномаи ҷамъият ҳаxми бештари аҳди калонро пешбини накарда бошад. Аҳде, ки дар раванди фаъолияти муқаррарии хоxагидорӣ иxро карда мешавад, аҳди калон ҳиcобида намешавад.
  2. Ба мақсадҳои ҳамин модда арзиши амволи бегонакунандаи ҷамъият дар натиxаи аҳди калон дар аcоси маълумоти ҳисоби муҳосибавии он ва арзиши амволи бадастдароварандаи ҷамъият дар асоси нархи пешниҳодшуда муайян карда мешавад.
  3. Қарор дар бораи иxро кардани аҳди калонро Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул мекунад.
  4. Дар сурати дар ҷамъият таъсис ёфтани Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият қабули қарорҳоро оиди иxро кардани аҳди калон вобаста ба бадастдарорӣ, бегонакунӣ ё имконияти бегонакунии амвол бевосита ё бавосита аз xониби ҷамъият, ки арзиши он аз бисту панx то панxоҳ фоизи арзиши амволи ҷамъиятро ташкил медиҳад, мумкин аст тавассути оинномаи ҷамъият ба салоҳияти Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият дода шавад.
  5. Аҳди калоне, ки бо вайрон кардани талаботи пешбиникардаи ҳамин модда иxрокарда шудааст, мумкин аст аз рeи даъвои ҷамъият ё иштирокчии он беэътибор дониста шавад.
  6. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст пешбини карда шавад, ки барои иxро кардани аҳди калон қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ва Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият талаб карда намешавад.
 
Моддаи 54. Тафтиши аудиториии ҷамъият
Барои тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботҳои солона ва балансҳои муҳосибавӣ, инчунин тафтиши ҳолати корҳои xорӣ ҷамъият ҳақ дорад бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни худ аудитори касбиро, ки бо манфиатҳои амволи бо ҷамъият, аъзои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахси иxрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъият, аъзои мақомоти даcтxамии иxроияи ҷамъият ва иштирокчиёни ҷамъият алоқаманд  нест, xалб намояд.
Бо талаби ҳар кадом иштирокчии ҷамъият тафтиши аудитори мумкин аст аз xониби аудитори касбии интихобкардаи онҳо гузаронда шавад, ки он бояд ба талаботи муқарраркардаи қисми якуми ҳамин модда мувофиқ бошад. Дар сурати гузарондани чунин тафтиши хизмати аудитор аз ҳисоби иштирокчии ҷамъият, ки бо талаби e доир мегардад, пардохта мешавад. Хароxоти иштирокчии ҷамъият барои пардохти хизмати аудитор мумкин аст бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчии ҷамъият аз ҳисоби маблағи ҷамъият руёнда шавад.
Xалб намудани аудитор барои тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботҳои солона ва балансҳои муҳосибавии ҷамъият дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмӣ мебошад.
 
Моддаи 55. Ҳисоботи оммавии ҷамъият
  1. Ҷамъият барои чоп кардани ҳисобот оиди фаъолияти худ eҳдадор намебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикиcтон пешбини кардаанд.
  2. Дар давоми паҳнкунии оммавии вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ ҷамъият eҳдадор аст ҳар сол ҳисоботи солона ва балансҳои муҳсибавиро чоп кунад, инчунин ахбороти дигарро дар бораи фаъолияташ, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии мутобиқи онҳо қабулшуда пешбинӣ кардаанд ошкор намояд.
 
Моддаи 56. Нигоҳдории ҳуxxатҳои ҷамъият
  1. Ҷамъият eҳдадор аст ҳуxxатҳои зеринро нигоҳ дорад:
— ҳуxxатҳои таъcисотии ҷамъият, инчунин тағйироту иловаҳои ба ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъият ворид гардида;
— протоколи (протоколҳои) Маҷлиcи муассисони ҷамъият, ки дорои қарор оиди таъсиси ҷамъият ва тасдиқи арзиши пулии саҳмҳои ғайрипулӣ ба сармояи ҷамъият мебошад, инчунин дигар қарорҳои вобаста ба таъсиси ҷамъият;
— ҳуxxате, ки қайди давлатии ҷамъиятро тасдиқ мекунад;
— ҳуxxатҳое, ки ҳуқуқӣ ҷамъиятро ба амволи дар баланси он буда тасдиқ менамоянд;
— ҳуxxатҳои дохилии ҷамъият;
— низомномаи дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият;
— ҳуxxатҳое, ки бо эмисcияи вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ вобастаанд;
— протоколҳои Маҷлисхои умумии иштирокчиёни ҷамъият;
— Маҷлиcҳои Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти дастxамъии иxроияи ҷамъият ва комиссияи тафтишоти ҷамъият;
— рeйхати шахсони бонуфузи (аффилири) ҷамъият;
— хулосаи комисcияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор, мақомоти давлатӣ ва маҳаллии назорати молиявӣ;
— дигар ҳуxxатҳое, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҷамъият, ҳуxxатҳои дохилии ҷамъият, қарорҳои Маҷлиcи умумии иштирокчиёни ҷамъият, Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият ва мақомоти иxроияи ҷамъият пешбинӣ кардаанд.
  1. Ҷамъият ҳуxxатҳоеро, ки ҳамин модда пешбинӣ кардааст, дар xои воқеъшавии мақомоти яккасардории иxроияи он ё xои дигаре, ки ба иштирокчиёни ҷамъият маълум ва дастрас аст, нигоҳ медорад.
 
БОБИ 6. АЗ  НАВ  ТАШКИЛ  КАРДАН  ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҶАМЪИЯТ
 
Моддаи 57. Аз нав ташкил кардани ҷамъият
  1. Ҷамъият метавонад бо тартиби пешбиникардаи ҳамин Қонун бо ихтиёри худ азнав ташкил карда шавад.
Дигар асосҳо ва тартиби азнавташкилдиҳии ҷамъиятро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  1. Аз нав ташкилдиҳии ҷамъият мумкин аст дар шакли муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, xудошавӣ ва табдилшавӣ сурат гирад.
  2. Ҷамъият аз вақти қайди давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ки дар натиxаи азнавташкилдиҳӣ барпо мешванд азнавташкилёфта ҳисобида мешавад, ба истиснои ҳолатҳои дар шакли ҳамроҳшавӣ ва табдилдиҳӣ азнавташкил кардани он. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
Дар сурати азнавташкилдиҳии ҷамъият дар шакли ба он ҳамроҳшавии ҷамъияти дигар, ҷамъиятҳое, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда дар як вақт ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. Ҷамъият аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҷамъияти ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи таѓйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудаанд. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
Азнавташкилдиҳии ҷамъият дар шакли табдилдиҳӣ пас аз ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар бораи таѓйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъият ба итмомрасида дониста мешавад. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
  1. Бақайдгирии давлатии ҷамъиятҳое, ки дар натиxаи азнавташкилдиҳӣ барпо шудаанд ва ворид кардани сабт оиди қатъ ёфтани фаъолияти ҷамъиятҳои азнавташкилёфта, бо тартиби муқаррар кардаи қонунхои Ҷумҳурии Тоcикистон cурат мегирад.
  2. На дертар аз cӣ рeзи қабули қарори азнавташкилкунии ҷамъият ва дар сурати ба шакли муттаҳидшавӣ ё ҳамроҳшавӣ азнавташкилкунии ҷамъият аз санаи қабули қарор дар ин бора ба ҷамъияти охирин, ки дар муттаҳидшавӣ ё ҳамрохшавӣ иштирок менамоянд, ҷамъият eҳдадор аст дар ин бораи ҳамаи кредиторҳои маълуми ҷамъиятро хаттӣ огоҳ намуда, дар нашрияе, ки дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ маълумот чоп мешавад, дар бораи қарори қабул шуда хабар нашр намояд. Дар ин маврид кредиторҳои ҷамъият дар давоми cӣ рeзи ба онҳо фиристонидани огоҳнома ё дар давоми cӣ рeз чоп шудани хабар дар бораи қабули қарор ҳақ доранд пеш аз мeҳлат қатъ кардан ё иxрои eҳдадориҳои дахлдори ҷамъият ва xуброни зарари ба онҳо расидаро хаттӣ талаб намоянд.
  3. Агар баланси тақсимот барои муайян кардани вориси ҷамъияти азнавташкилёфта имконият надиҳад, шахсони ҳуқуқие, ки дар натиxаи азнавташкилкуни барпо шудаанд, оиди eҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилёфта дар назди кредиторҳои он масъулияти муштарак доранд.
 
Моддаи 58. Муттаҳидшавии ҷамъиятҳо
  1. Барпо намудани ҷамъияти нав ва ба он додани ҳамаи ҳуқуқҳо ва eҳдадориҳои ду ё якчанд ҷамъият ва қатъ ёфтани ҷамъиятҳои охирин муттаҳидшавии ҷамъиятҳо ҳисобида мешавад.
  2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар азнавташкилкуни ба шакли муттаҳидшавӣ иштирок менамояд дар бораи чунин азнавташкилкуни, тасдиқи шартномаи муттаҳидшавӣ ва оинномаи ҷамъият, ки дар натиxаи муттаҳидшавӣ барпо меёбад, инчунин тасдиқи акти доду гирифт қарор қабул мекунад.
  3. Шартномаи муттаҳидшавӣ, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъияти дар натиxаи муттаҳидшавӣ барпоёфта имзо кардаанд, дар баробарии оинномаи он ҳуxxати таъсисотӣ буда, бо талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун нисбат ба шартномаи таъсисотӣ пешниҳод менамояд, бояд мувофиқ бошад.
  4. Дар ҳолати аз xониби Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар азнавташкилкуни ба шакли муттаҳидшавӣ иштирок менамоянд, қабул кардани қарор оиди чунин азнавташкилкуни ва тасдиқи шартномаи муттаҳидшавӣ, оинномаи ҷамъияти дар натиxаи муттаҳидшавӣ барпогардида ва акти доду гирифти интихоби мақомоти иxроияи ҷамъияте, ки дар натиxаи муттаҳидшавӣ барпо меёбад, дар Маҷлиси умумии якxояи иштирокчиёни ҷамъият, ки дар муттаҳидшавӣ иштирок мекунанд, сурат мегирад.
Мeҳлат ва тартиби гузаронидани чунин Маҷлиси умумиро шартномаи муттаҳидшавӣ муайян менамояд.
Мақомоти яккасардории иxроияи ҷамъияте, ки дар натиxаи муттаҳидшавӣ барпо мегардад, амали вобаста ба қайдгирии давлатии ин ҷамъиятро ба xо меоварад.
  1. Дар мавриди муттаҳидшавӣ ҷамъиятҳо ҳамаи ҳуқуқу eҳдадории ҳар кадоми онҳо мутобиқи акти доду гирифт ба ҷамъияте мегузарад, ки дар натиxаи муттаҳидшавӣ барпо меёбад.
 
Моддаи 59.  Ҳамроҳшавии ҷамъият
  1. Қатъгардии як ё якчанд ҷамъият бо додани ҳамаи ҳуқуқу eҳдадориҳои онҳо ба ҷамъияти дигар ҳамроҳшавии ҷамъият ҳисобида мешавад.
  2. Маҷлиcи умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар азнавташкилкуни дар ба шакли ҳамроҳшавӣ иштирок менамояд, дар бораи чунин азнавташкилкуни, тасдиқи шартномаи ҳамроҳшавӣ ва оинномаи дар бораи тасдиқи акти доду гирифт қарор қабул менамояд.
  3. Маҷлиcи умумии якxояи иштирокчиёни ҷамъиятҳое, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, ба ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъияте, ки нисбати он ҳамроҳшавӣ сурат мегирад, тағйироти вобаста ба ҳайати иштирокчиёни ҷамъият, муайян кардани ҳаxми ҳиссаҳои онҳо, дигар тағйироти пешбиникардаи шартномаи ҳамроҳшавиро ворид менамояд, инчунин дар мавриди зарурат дигар масъалаҳо, аз Ҷумла масъалаи интихоби мақомоти ҷамъиятро, ки нисбати он ҳамроҳшавӣ сурат мегирад, ҳал мекунад. Мeҳлату тартиби гузарондани чунин Маҷлиси умумиро шартномаи ҳамроҳшавӣ муайян менамояд.
  4. Ҳангоми ҳамроҳшавии ҷамъиятҳо ҳамаи ҳуқуқу eҳдадориҳои ҳар яке аз онҳо ба ҷамъияте, ки дар натиxаи ҳамроҳшавӣ барпо карда мешавад, мутобиқи акти доду гирифт мегузарад.
 
Моддаи 60. Тақсимшавии ҷамъият
  1. Қатъгардии ҷамъият ва гузаштани ҳамаи ҳуқуқу eҳдадориҳои он ба ҷамъиятҳои навро тақсимшавии ҷамъият меноманд.
  2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар як ҷамъияте, ки бо шакли тақсимот азнавташкил карда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилдиҳӣ, тартибу шартҳои тақсими ҷамъият, таъсиси ҷамъиятҳои нав ва таcдиқи баланси тақсимот қарор қабул мекунад.
  3. Иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар натиxаи тақсимот барпо меёбад, шартномаи таъсисотӣ имзо мекунанд. Маҷлиcи умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар натиxаи тақсимот барпо меёбад, оинномаро таcдиқ ва мақомоти ҷамъиятро интихоб менамояд.
  4. Ҳангоми тақсими ҷамъият ҳамаи ҳуқуқу eҳдадориҳои он мутобиқи баланси тақсимот ба ҷамъиятхое мегузарад, ки дар натиxаи тақсимот барпо шудаанд.
 
Моддаи 61. Xудошавии ҷамъият
  1. Барпо ёфтани як ё якчанд ҷамъият, бо додани як қисми ҳуқуқу eҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилшаванда бидуни қатъгардии охирон xудошавии ҷамъият ҳисобида мешавад.
  2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияте, ки бо шакли xудошавӣ аз навташкилкарда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилкуни, тартибу шартҳои xудошавӣ, таъсиси ҷамъияти (ҷамъиятҳои) нав ва тасдиқи баланси тақсимот қарор қабул намуда, бо ҳуxxатҳои таъсисотии ҷамъияте, ки ба шакли xудошави аз нав таъсис дода мешавад, тағйироти вобаста ба ҳайати иштирокчиёни ҷамъият, муайян кардани ҳаxми ҳиссаи онҳо ва дигар тағйироти пешбиникардаи қарори xудошавиро ворид месозад, инчунин дар мавриди зарурат дигар масъалаҳо, аз Ҷумла масъалаи интихоби мақомоти ҷамъиятро ҳал менамояд.
Иштирокчиёни ҷамъияти xудошаванда шартномаи таъсисотиро имзо мекунанд. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияти xудошаванда оинномаи онро тасдиқ ва мақомоти ҷамъиятро интихоб менамояд.
Агар иштирокчии ягонаи ҷамъияти xудошаванда ҷамъияти азнавташкилёфта бошад, Маҷлиси умумии ин ҷамъият дар бораи азнавташкилнамоии ҷамъият ба шакли xудошавӣ, тартибу шартҳои xудошави қарор қабул намуда, инчунин оинномаи ҷамъияти xудошаванда ва баланси тақсимотро тасдиқ ва мақомоти ҷамъияти xудошавандаро интихоб мекунад.
  1. Ҳангоми аз ҷамъият xудо шудани як ё якчанд ҷамъият ба ҳар кадоми онҳо як қисми ҳуқуқу eҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилёбанда мутобиқи баланси тақсимот мегузарад.
 
Модда 62. Табдилшавии ҷамъият
  1. Ҷамъият ҳақ дорад ба ҷамъияти саҳҳомӣ, ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ё кооперативи истеҳсолӣ табдил ёбад.
  2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо шакли табдилшавӣ азнавташкил карда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилкунӣ, тартибу шартҳои табдилшавӣ, тартиби мубодилаи ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомӣ, ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ё ҳақи аъзои кооперативи истеҳсолӣ, тасдиқи оинномаи ҷамъияти саҳҳомии дар натиxаи табдилсозӣ ба вуxудоянда, ҷамъияти дорои маcъулияти иловагӣ ё кооперативи истеҳсолӣ, инчунин дар бораи тасдиқи акти доду гирифт қарор қабул мекунад.
  3. Иштирокчиёни шахси ҳуқуқие, ки дар натиxаи табдилсозӣ барпо меёбад, дар бораи интихоби мақомоти он мутобиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди чунин шахсони ҳуқуқӣ қарор қабул намуда, ба мақомоти дахлдор супориш медиҳад, ки амалҳоро вобаста ба ворид намудани маълумот оид ба таѓйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ  иxро намояд. (Қ ҶТ аз 29.12.10с, №656).
  4. Ҳангоми дигаргун шудани ҷамъият ҳамаи ҳуқуқу eҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилёфта мутобиқи акти доду гирифт ба шахси ҳуқуқӣ, ки дар натиxаи табдилсозӣ барпо шудааст мегузарад.
 
Моддаи 63. Барҳам додани ҷамъият
  1. Ҷамъият метавонад ихтиёрӣ бо тартиби муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти талаботи ҳамин Қонун ва оинномаи ҷамъият барҳам дода шавад. Ҷамъият метавонад инчунин бо қарори суд дар асосҳои пешбиникардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
Барҳам хурдани ҷамъият боиси қатъ ёфтани он бидуни ба шахсони дигар гузаштани ҳуқуқу eҳдадориҳо бо тартиби гузашти ҳуқуқ мегардад.
  1. Қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар бораи барҳамхурии ихтиёрии ҷамъият ва таъин кардани комисcияи барҳамдиҳӣ бо пешниҳоди Шeрои директорони (Шeрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти иxроияи ё иштирокчии ҷамъият қабул карда мешавад.
  2. Дар ҳолате, ки агар иштирокчии ҷамъияти барҳамхуранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба ҳайати комиcсияи барҳамдиҳӣ намояндаи мақомоти давлатии идораи амволи давлатӣ, муассисаи махсусе, ки амволи давлатиро мефурушад, фурушандаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти маҳаллӣ дохил карда мешавад. Дар мавриди иxро накардани ин талабот мақомоте, ки ҷамъиятро ба қайди давлатӣ мегирад, ҳақ надорад ба таъин кардани комисcияи барҳамдиҳӣ розигӣ диҳад.
  3. Тартиби барҳамдихии ҷамъиятро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
 
Моддаи 64. Таксими амволи чамъияти бархамхуранда дар байни иштирокчиёни он
  1. Амволи баъди ҳисобу китоби бо кредиторҳо анxом додашудаи боқимондаи ҷамъияти барҳамхуранда аз xониби комисcияи барҳамдиҳӣ дар байни иштирокчиёни ҷамъият бо навбати зерин тақсим карда мешавад:
— дар навбати аввал ба иштирокчиёни ҷамъият қисми фоидаи тақсимшуда, вале пардохт карданашуда дода мешавад;
— дар навбати дуюм амволи ҷамъияти барҳамхуранда дар байни иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда мешавад.
  1. Талаботи ҳар навбат баъди пурра қонеъ шудани талаботи навбати пешина қонеъ гардонда мешавад. Агар амволи мавxудаи ҷамъият барои пардохти на қисми пардохтнашудаи фоида, балки пардохти фоидаи тақсимшуда нокифоя бошад, амволи ҷамъият дар байни иштирокчиёни он мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда мешавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Э.Ш. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе, 10 майи соли 2002,
№ 53
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти
дорои масъулияти маҳдуд» ва мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2002, №4, қ- 2, мод. 316)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъуляти маҳдуд» қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунҳои xории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 марти соли 2002,
№ 572(б)
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли  2002, №4, қ- 2, мод. 315)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Точикиcтонро «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Точикиcтонро «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 апрели соли 2002,
№ 275

Илова кунед