Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ

10 Май 2002, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2002, №4, қ- 1, мод. 296; соли 2009, №7-8, мод.498; соли 2013, №7 мод. 527; №12,мод.895. соли 2016,№3,мод.155)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти роҳдориро муайян намуда, ба тараққӣ додани шабакаҳои роҳҳои автомобилгард ва беҳтар кардани истифодаи онҳо ҷиҳати таъмини интиқоли мусофирон ва борҳо равона шудааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумхои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:-
роҳи автомобилгард — Маҷмeи xузъҳои аз чиҳати вазифа ба ҳам алоқаманди конструктивӣ ва иншоотҳои муҳандисие, ки дар он ҳаракати доимию бехатари автомобилҳо ва воситаҳои дигари нақлиёт бо суръат, вазн ва андозаҳои муқарраршуда сурат мегирад ва нигоҳдории ҳолати зарурии нақлиётиву истифодабарии ишпоотҳои роҳдориро дар қитъаҳои замин ва дар фазои ҳаво, дар ҳудудҳои муқарраршуда, ки барои xойгиркунии ин комплексҳо xудо шудаанд, таъмин менамояд;
роҳи автомобилгарди истифодаи умум – роҳи автомобилгарде, ки ба мақсади қонеъ намудани ниёзи аҳолӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон дар байни маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот, зарурати иxтимоию иқтисодӣ ва мудофиавии давлатиро таъмин менамояд ва барои ҳар шахсе, ки қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгардро риоя менамояд, боз мебошад;
соҳибони роҳҳои автомобилгард — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории роҳҳои автомобилгардро доранд;
фаъолияти роҳдорӣ – лоиҳакашӣ, сохтмон, таxдид, таъмир, нигоҳдорӣ, таъминоти илмию иттилоотӣ ва фаъолиятҳои дигари роҳҳои автомобилгард, амалӣ намудани сиёсати ягонаи, идоракунӣ ва назорат дар хоxагии роҳдорӣ, инчунин омузондани кадрҳо ба ин мақсад;
истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошанд, инчунин дар роҳҳои автомобилгард ба фаъолиятҳои иxозатдодашуда машuуланд (ба uайр аз фаъолияти роҳдорӣ ва корҳои роҳсозӣ);
хоxагии роҳдорӣ — Маҷмeи истеҳсолию хоxагие, ки ба он роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти роҳдорӣ машuуланд, шомил мебошанд;
мақомоти роҳдорӣ; — мақомоти давлатӣ ва ё маҳаллие, ки салоҳият доранд иxрои вазифаҳои идоракуниро дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ амалӣ гардонанд;
корхонаи хоxагии роҳдорӣ — корхонаи давлатӣ ва ё шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки корҳои роҳдориро дар асоси иxозатномаҳо анxом медиҳанд;
иншоотҳои роҳдорӣ — иншоотҳое, ки қисмҳои бевоситаи конструктивии роҳ мебошанд: иншоотҳои сунъӣ (купрукҳо, эстакадаҳо, кубурҳо, туннелҳо ва uайра), корхонаҳои истеҳсолӣ (аз Ҷумла истиқоматӣ), иморатҳои ташкилотҳои роҳдорӣ;
замини роҳҳои автомобилгард — қитъаи замини нақлиёти автомобилгард (бо шумули ҳудуди ҳамшафат), ки xиҳати истифодабарии доими ва ё ба шакли иxора ба мақомоти роҳдорӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – соҳибони роҳҳои автомобилгард барои сохтани роҳҳои автомобилгард, таъмини сохтмону таxдид ва истифодабарӣ, инчунин барои иморату иншоотҳое, ки барои хизматрасонии иштирокчиёни ҳаракати роҳ пешниҳод шудаанд;
ҳудудҳои муҳофизатшавандаи ҳамшафати роҳ — ҳудуди паҳлeи роҳи автомобилгарди истифодабарии умумӣ, бо шароитҳои махсуси истифодабарии замин, ки барои таxдид, васеъкунӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, вобаста ба тараққии ояндаи он ва xойгиркунии иморатҳои роҳдорӣ пешбини шудаанд;
қитъаи xудошуда — замини роҳи автомобилгард, ки барои xойгиркунии xузъҳои конструктивӣ ва ё иншоотҳои муҳандисии роҳи автомобилгард пешбини шудаанд, инчунин бино, сохтмон, минтақаҳои дарахтшинондашудаи  муҳофизатӣ ва ороишӣ, таxҳизоте, ки барои истифодаи онҳо заруранд;
— объектҳои хизматрасонӣ дар роҳ — биною иморат, иншоот ва дигар объектҳое, ки барои хизматрасонии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ пешбинӣ шудаанд (нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ, терминалҳо, меҳмонхонаҳо, таваққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёт);
— роҳҳои автомобилгарди пулакӣ — роҳҳои автомобилгарде, ки истифодабарии онҳо дар асоси пулакӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст;
(ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
таъмири роҳҳои автомобилгард – корҳои аз нав барқарор кардани қабати фарсудашудаи роҳ, бехтар кардани ҳамворӣ, баланд бардоштани ҳолати часпиш, мустаҳкам кардани қабати болоии роҳ ва замин, барқароркунии иншоотҳои фарсудашудаи роҳ ва ё иваз кардани онҳо ба иншоотҳои мустаҳкам ва камхарx, инчунин иxрои корҳо xиҳати ташкили бехатарии ҳаракат, беҳдошти роҳҳо, ки дар натиxаи он хусусиятҳои нақлиётиву истифодабарии роҳҳои таъмиршаванда ва иншоотҳои роҳ барқарор шуда, шартҳои зарурии ҳаракат таъмин мегардад;
нигоҳдории роҳҳои автомобилгард — Маҷмeи корҳои пешгирикунанда оиди нигоҳубини роҳ, иншоотҳои роҳдорӣ ва қитъаҳои xудошуда, xузъҳои xиҳозонидашудаи роҳ, ташкили бехатарии ҳаракат, инчунин бартараф кардани таuйирёбиҳои xузъи ва вайронии қисмҳои роҳ ва иншоотҳои роҳ, ки дар натиxаи он хусусиятҳои нақлиётиву истифодабарии роҳҳои таъмиршуда ва иншоотҳои роҳдорӣ, ки дар давоми сол (восбаста ба фаслҳо) анxом дода мешаванд ва дар натиxаи онҳо хусусиятҳои нақлиётиву истифодабарии роҳҳои таъмиршуда ва иншоотҳои роҳ ва бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин мегардад;
воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, — чароuҳои роҳнамо (светофор), аломатҳо, ишораҳо ва нишонаҳои роҳ, таxҳизот ва минтақаҳои иҳоташуда, ки дар роҳҳои автомобилгард барои танзими ҳаракат гузошта шудаанд.
 
Моддаи 11. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:
— таъмини амният ва тараққиёти роҳҳои автомобилгард, беҳтаргардонии ҳолати техникии онҳо;
— мусоидат ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва стандартҳо дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;
— таъмини рақобати босамар ва солим дар бозори кор ва (ё) хизматрасонӣ;
— беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;
— таъмини пайвастшавии роҳҳои автомобилгард ба шабакаҳои нақлиёти байналмилалӣ.
(ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
 
Моддаи 3. Принсипи танзими давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ
Танзими давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
-таъмини ҳаракати бемонеаи борҳо ва мусофирон дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-банақшагирии давлатии инкишофи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;
-таъмини боэътимодӣ ва бехатарии роҳҳои автомобилгард (аз Ҷумла бехатарии экологи) ва таъсиси шабақаи роҳҳои автомобилгард дар асоси меъёрҳои ягонаи техники ва стандартӣ;
-таъмини афзалияти таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард нисбати дигар шаклҳои фаъолияти роҳдорӣ;
-назорати давлатӣ оиди фаъолияти роҳдорӣ оид ба риояи меъёру қоидаҳои муқарраршуда;
-таъмини баробарҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ сохтани фаъолияти роҳдорӣ; (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
-инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити мавxудияти шаклҳои гуногуни моликият дар роҳҳои автомобилгард;
-афзалияти баҳисобгирии манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти роҳдорӣ;
-дастрас будани маълумот оиди роҳҳои автомобилгард ва шароити ҳаракати роҳ;
-васеъ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ, мусоидат барои ҳамгароии роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо системаи байналмилалии алоқаи роҳ.
 
Моддаи 4. Таснифи роҳҳои автомобилгард
Вобаста ба нақщи роҳҳои автомобилгард дар шабақаи роҳҳо, таъиноти вазифавӣ, андозаҳои ҳудудҳои геометрӣ, инчунин шароити ҳаракат дар роҳ роҳҳои автомобилгард таснифи техники доранд, ки хосиятҳои истифодабарии онҳоро инъикос мекунанд.
Аз рeи шакли моликияташон роҳҳо ба давлатӣ (истифодаи умум), муассисавӣ ва хусусӣ тақсим мешаванд.
Таснифи техникии роҳҳои автомобилгарди истифодабарии умумӣ аз тарафи мақомоти роҳдорӣ муқаррар карда мешавад.
Таснифи техникии роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ ва хусусӣ бояд ба таснифоти техники барои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ муқарраргардида мутобиқ бошад.
Аз нав дида баромадани таснифи роҳҳои автомобилгард аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад.
 
Моддаи 5. Намудҳои роҳҳои  автомобилгард
Роҳҳои автомобилгард аз рeи таъиноташон ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:
-роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум (дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ);
-роҳҳои автомобилгарди истифодаи махсус (аҳамияти муассисавӣ, фаръи, технологи, дохилихоxагӣ, хизматӣ ва uайра).
Роҳҳои автомобилгард аз рeи субъектҳои ҳуқуқии моликият ба намудҳои зайл тақсим мешаванд:
-роҳҳои автомобилгарде, ки ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд;
-роҳҳои автомобилгарде, ки ба моликияти коммуналӣ тааллуқ доранд (роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ); (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
-роҳҳои автомобилгарде, ки ба моликияти шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ мансубанд (роҳҳои автомобилгарди хусусӣ).
 
Моддаи 6. Роҳҳои автомобилгарди аҳамияти Ҷумҳуридошта
Ба роҳҳои автомобилгарди аҳамияти Ҷумҳуридошга роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, ки дар байни шаҳру деҳот xойгиранд ва ҳамчунин роҳҳои автомобилгарди байналмилалие дохил мешаванд, ки барои таъмини   робитаҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дигар пешбинӣ шудаанД. Мақоми (статуси) роҳи автомобилгарди байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Роҳҳои автомобилгарди ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта метавонанд ба қатори роҳҳои автомобилгарди аҳамияти мудофиавӣ дохил шаванд ва онҳоро uайридавлатӣ кунондан ва хусусӣ гардондан манъ аст.
Тасдиқи феҳристи роҳҳои автомобилгарди аҳамияти Ҷумҳуриявидошта ва ворид кардани таuйироту иловаҳо ба он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми давлатии идоракунии фаъолияти роҳдорӣ амалӣ мегардад.
 
Моддаи 7. Роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ
Ба роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ кexаҳо, гузаргоҳҳо, хатҳои ҳаракати нақлиёти xамъиятии шаҳру деҳот, роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллидошта, ки дар ҳудуди ин таъсисот робитаҳои нақлиетиро таъмин менамоянд, дохил мешаванд.
Шабақаи роҳҳои автомобилгарди маҳалли қисми таркибии сохтори дохилии маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳотии аҳолинишин мебошад ва дар асоси нақшаҳои умумии инкишофи он ташаккул меёбад.
Тасдиқи феҳристи роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта ва ворид кардани таuйироту иловаҳо ба он аз тарафи мақомӣ давлатии идораи роҳдорӣ бо ризояти мақомоти ҳоқимияти иxроия дар маҳалҳо амалӣ мегардад.
 
Моддаи 8. Роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ ва хусусӣ
Ба роҳҳҳои автомобилгарди муассисавӣ роҳҳои автомобилгарде дохил мешаванд, ки ба идоракунии оперативӣ ва ё хоxагидорӣ мансуб буда, дар мувозинати корхона қарор доранд ва барои ҳалли вазифаҳои махсуси давлатӣ, таъмини боркашониҳои дохилихоxагӣ, истеҳсолӣ ва технологи истифода мешаванд.
Ба роҳҳои автомобилгарди хусусӣ роҳҳои автомобилгарде дохил мешаванд, ки моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Роҳҳои автомобилгарди истифодаи муассисавӣ ва хусусӣ бо қарори соҳибони онҳо метавонанд барои истифодаи умум баъди гирифтани хулосаи мусбати мақомӣ роҳдорӣ ва мақоме, ки назоратро оиди бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ менамояд, кушода шаванд.
Тартиби истифодаи роҳҳои муассисавӣ ва хусусиро соҳибони ин роҳҳо муқаррар мекунанд.
 
Моддаи 9. Номгузорӣ ва индексгузории роҳҳои автомобилгард
Ҳамаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ном ва индекс дошта бошанд.
Номгузории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз номи маҳалҳои аҳолинишине, ки дар аввал ва охири ин роҳҳо xойгиранд, бармеояд, ҳангоми зарурат, инчунин номи маҳалҳои аҳолинишини мобайнӣ ба ин номгeи дохил карда мешаванд. Номгузории ниҳоии роҳи автомобилгардро ба номи объекти xуuрофӣ ва дигар объектҳо ва инчунин бо назардошти воқеаҳои таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ гузоштан мумкин аст.
Ном ва индекси роҳҳои автомобилгард бояд дар харита ва атласҳои роҳҳои автомобилгард, инчунин дар худи роҳи автомобилгард бо тарзи гузоштани аломатҳои махсус ва нишон инъикос ёбад.
Ном ва индексҳои роҳҳои автомобилгарди аҳамияти Ҷумҳуридошта аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми давлатии идорае, ки бо фаъолияти роҳдори машuул аст, тасдиқ карда мешаванд.
Ном ва индексҳои роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта аз тарафи мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, бо ризояти мақоми давлатии идораи роҳдорӣ гузошта мешаванд.
Ном ва индексҳои роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, бо созишномаҳои байналмилалӣ гузошта мешаванд.
Ном ва индексгузории роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ ва хусусӣ аз тарафи соҳибони онҳо, бо мувофиқаи мақоми давлатии роҳдорӣ гузошта мешавад.
 
Моддаи 10. Ҳисоби масофа дар роҳҳои автомобилгард
Масофа дар роҳҳои автомобилгард дар байни нуқтаҳои шартии аввал ва охир ба ҳисоб гирифта мешаванд. Онҳо иборатанд аз:
— почта, иморатҳои давлатӣ ва xамъиятӣ, иншоот ва ё аломатҳои махсус гузошташуда, ки дар маркази маҳали аҳолинишин барои роҳҳои пайвасткунандаи маҳалҳои аҳолинишин гузошта шудаанд;
— хатти бурриши роҳҳои пайваст — барои роҳҳое, ки роҳҳои автомобилгарди дигари истифодаи умум ва роҳҳои автомобилгарди ҳамшафати онҳоро пайваст менамоянд;
— сарҳади объектҳои xуuрофӣ, таърихӣ ва uайра, барои роҳҳое, ки ин объектҳоро ба ҳам мепайванданд.
 
Моддаи 11. Рeйхати давлатии роҳҳои автомобилгард
Рeйхати (реестри) давлатии роҳҳои автомобилгард Маҷмуи маълумотҳоро оиди тамоми роҳҳои автомобилгарди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз категория, хусусияти истифодабарӣ, мансубияти ҳуқуқи моликият ба ин ё он шахс, дарбар мегирад. Рeйхатгирӣ ба мақоми давлатии идораи роҳдорӣ вогузор карда мешавад.
Ҳангоми баҳисобгирии давлатии роҳҳои автомобилгард дарозӣ, шиддатнокии ҳаракат, ҳолат ва дигар нишондиҳандаҳое, ки барои муайян кардани ояндаи инкишоф, амалӣ сохтани чораҳо xиҳати самарабахш истифода бурдани роҳҳои автомобилгард заруранд, муқаррар карда мешаванд.
Номгeи роҳҳои автомобилгард бо нишон додани ном, индекс ва дарозии ҳар роҳ, арзиши мувозинати ва фарсудашавии ҳар роҳи автомобилгард тартиб дода мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Рeйхати давлати дар асоси шиносномаҳои техникии роҳҳои автомобилгард ва бонки маълумот оиди ҳолати онҳо ва дар он xой додани маълумот оид ба навъи рупуши роҳ, xойгиршавии аломату нишонаҳои роҳ, масоҳати замини ишuолкардаи роҳи автомобилгард ва маълумоти дигаре, ки барои банақшагирӣ, инкишоф ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард заруранд, тартиб дода мешавад.
Тартиби ба рeйхатгирӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ, карда мешавад.
 
БОБИ 2.  ИДОРАИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӣ
 
Моддаи 12. Системаи мақомоти идораи давлати дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ
Идораи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва фаъолияти роҳдорӣ аз тарафи мақоми идораи давлатии фаъолияти роҳдорӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ мегардад.
Идоракунии роҳҳои автомобилгарди истифодаи махсус тавассути вазоратҳо ва муассисаҳои дахлдоре, ки ин роҳҳо дар ихтиёрашон ҳаётанд, амалӣ мегардад.
Идоракунии роҳҳои маҳаллӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, амалӣ мегардад.
Салоҳияти мақоми давлатии идоракунии фаъолияти роҳдорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар мегардад.
 
Моддаи 13. Мақоми давлатии роҳдорӣ
Самтҳои асосии фаъолияти мақоми давлатии роҳдорӣ иборатанд аз:
— идоракунии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;
— муқаррар кардани қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техники ва низомномаҳои дигар оиди масъалаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, таxдид, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард;
— банақшагирии тараққиёт ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар асоси барномаҳои пешрафти иxтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— иxрои вазифаҳои фармоиши давлати оиди коркард ва амалӣ намудани барномаҳои соҳаи роҳсозӣ, инчунин лоиҳаҳои таxдид, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;
— муайян кардани равандҳои мушаххаси истифодаи захираҳои молиявӣ ва идораи оперативии ин воситаҳо;
— муқаррар кардани таснифоти техники ва ба руйхатгирии роҳҳои автомобилгард;
— ташкили ҳисоботи якхелаи оморӣ оиди ҳолати роҳҳои автомобилгард;
— таҳияи лоиҳаҳои асноди меъёриву ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти роҳдорӣ;
— ба эҳтиёxоти сохтмони роҳ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард xалб кардани манбаъҳои молиявии uайрибуxетӣ, аз Ҷумла маблаuгузориҳои хориxӣ;
— иxрои тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;
— ҳамоҳангсозӣ ва созмондиҳии фаъолиятҳои муштарак бо мақомоти ҳокимияти давлати дар вилоятҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба пешрафт ва истифодаи роҳҳои автомобилгард вобастаанд;
— иxрои ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
 
Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо оиди масъалаҳои идоракунии фаъолияти роҳдорӣ
Ба ваколати мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо оид ба масъалаҳои идоракунии фаъолияти роҳдорӣ мансубанд: (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
— таъмини мутобиқати сиёсати давлатӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ;
— таъмини фаъолияти ҳамкории мақомоти роҳдорӣ дар сатҳҳои гуногун;
— муҳофизати роҳҳои автомобилгард, маҳдуд ва қатъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва муайян кардани меъёру қоидаҳои дигаре, ки фаъолиятро дар роҳҳои автомобилгард муқаррар мекунанд;
— тартиб додан ва иxрои барномаҳои инкишоф ва такмили шабақаи роҳҳои автомобилгард;
— муқаррар намудани тартиботи махсуси фаъолияти хоxагидорӣ дар минтақаҳои муҳофизатшавандаи роҳҳои автомобилгард.
 
Моддаи15. Ваколатҳои мақомоти роҳдории маҳаллӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти роҳдорӣ
Бо назардошти хусусиятҳои маҳаллӣ мақомоти роҳдории маҳаллӣ таъсис дода мешаванд. Сохтор, ҳуқуқу eҳдадориҳо, инчунин тартиби фаъолияти мақомоти роҳдории маҳаллй аз тарафи мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо муайян мегардад.
Фаъолияти мақомоти роҳдории маҳаллӣ дар ҳамкории мутақобила бо мақомоти роҳдории Ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ амалй мегардад.
Мақомоти роҳдории маҳаллӣ таъмин менамояд:
— таҳия ва иxрои буxетҳои маҳаллӣ дар қисми сарфи маблаuҳо ба фаъолияти роҳдорӣ;
— идоракунии моликияти роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ;
— инкишофи шабақаи кeчаҳо, гузаргоҳҳо, самтҳои ҳаракати нақлиёти xамъиятӣ ва роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта;
— ташкили ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ дар якxоягӣ бо бозрасии давлатии автомобилии ноҳия, шаҳр;
— иxрои фаъолиятҳои дигаре, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо вогузор гардидааст.
 
Моддаи 16. Иxозатномадиҳӣ ва гузаронидани аттестатсия
Фаъолияти роҳдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ мегардад.
Мутахассисоне, ки дар соҳаи роҳдорӣ фаъолият менамоянд ва эътимоднокию бехатарии роҳҳои автомобилгард ба натиxаи меҳнати онҳо вобаста аст, бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузаранд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
 
БОБИ 3. АСОСҲОИ  ИҚТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӣ ВА НИГОҲДОРИИ РОҲДОИ АВТОМОБИЛГАРД
 
Моддаи 17. Маҷмeи амволи роҳҳои автомобилгард
Ба Маҷмeи молу мулки роҳҳои автомобилгарди ба моликияти давлатӣ тааллуқдошта роҳҳои автомобилгард, ба шумули иншоот ва таxҳизоте, ки барои нигоҳдории онҳо заруранд, инчунин замини роҳҳои автомобилгард дохил мешаванд
Маҷмeи амволи роҳҳои маҳаллӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти иxроия дар маҳал бо назардошти хусусиятҳои шабақаи кeчаю роҳ муайян карда мешавад.
Маҷмeи амволи роҳҳои автомобилгарди хусусӣ аз тарафи моликони онҳо, бо назардоптти вазифаҳои истифодаи онҳо ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бехатарии ҳаракатро дар роҳ танзим менамоянд, муайян карда мешавад. . (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
 
Моддаи 18. Идораи Маҷмeи амволи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум
Идоракунии Маҷмeи молу мулки роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, мутобиқи ҳуқуқи идоракунии бевосита ба муассисаҳои махсусгардонидашудаи идораи роҳҳои автомобилгард. ки ҳуқуқи пешбарии хоxагиро ба корхонаҳои давлатии нигоҳдории роҳ доранд, вогузошта мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Муассисаҳои махсусгардонидашуда аз тарафи мақоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи роҳдорӣ таъсис дода мешаванд. (ҚЧТ 22.07.13,№999)
Додани моликияти uайриманқули роҳҳои .автомобилгарди давлатӣ ба идоракунии оперативии муассисаҳои махсус ва ё ба ихтиёри хоxагии муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, инчунин ҳуқуқии интихоби роҳҳои автомобилгард ва ё қитъаҳои онҳо, ки ба идораи оперативии муассисаҳои махсус вобастаанд, бо қарори мақоми давлатии идораи роҳдорӣ, амалӣ мегардад.
 
Моддаи 19. Ҳамкории корхонаҳои хоxагии роҳдорӣ ва мақомоти роҳдори
Хоxагии роҳдорӣ сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгардро таъмин менамояд ва дар асоси принсипҳои ягонаи фаъолияти роҳдорӣ, шаклҳои гуногуни моликият ва рақобат фаъолият менамояд.
Иxрои корҳое, ки ба лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва санxиши роҳҳои автомобилгард вобастаанд, дар асоси шартномаҳои пудратӣ, ки дар байни мақомоти роҳдорӣ ва иҷрокунандагони кор — шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар асоси озмуни баста шудаанд, амалӣ мегардад.
Иxрои корҳои сохтмонӣ, таxдид ва таъмири роҳҳои автомобилгард дар асоси ҳуxxатҳои лоиҳакашӣ ва тендерӣ, ки мутобиқи тартиби муқарраркардаи мақоми давлатии идоракунии роҳдорӣ тасдиқ карда шудааст, сурат мегирад.
Ҳангоми иxрои корҳои роҳдорӣ корхона ва ташкилотҳо бояд талаботи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон ва ҳамин қонунро, ки бехатарии ҳаракатро дар роҳҳои автомобилгард амалӣ месозанд, таъмин намоянд.
Назорат аз болои сифати корҳои роҳдорӣ аз тарафи мақомоти роҳдорӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои ин кор мутобиқи муқаррарот ҳуқуқ доранд, ба xо оварда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
 
Моддаи 20. Маблаuгузории роҳҳои автомобилгард
Манбаи асосии маблаuгузории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро андозҳои роҳ, ки мутобиқи тартиботи муқарраршуда ситонида мешаванд ва аз ҳисоби маблаuҳое, ки аз буxети Ҷумҳурӣ xудо карда шудаанд, ташкил медиҳанд.
Манбаи маблаuгузории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ буxетҳои маҳаллӣ мебошанд.
Манбаи маблаuгузории роҳҳои автомобилгарди муассисавӣ маблаuи идораҳое мебошанд, ки ин роҳҳо дар мувозинати онҳо қарор доранд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Манбаи маблаuгузории роҳҳои автомобилгарди хусуси маблаuи соҳибони онҳо мебошад.
Маблаuгузории роҳҳои автомобилгард бояд дар ҳачме амалӣ гардад, ки бехатарии ҳаракат ва нигоҳдории роҳро таъмин намояд.
 
Моддаи 21. Рақобат дар фаъолияти роҳдорӣ
Мақомоти роҳдорӣ барои инкишофи рақобат ва муомилоти корҳои роҳдорӣ мусоидат менамоянд.
Муносибат бо ташкилотҳое, ки корҳои роҳдориро иxро менамоянд, дар асоси шартнома ба роҳ монда мешавад.
Супоридани пудратҳо барои корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии роҳҳои автомобилгард бояд дар асоси тендер сурат гирад.
Ҳангоми иxрои фаъолияти пудратӣ як шахс вазифаҳои фармоищдиҳанда ва иxрокунандаро иxро карда наметавонад.
 
Моддаи 22. Лоиҳакашӣ ва сохтмоии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум
Лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Лоиҳакашӣ, сохтмон, таxдид ва таъмири роҳҳои автомобилгард, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, иншоотҳои сунъи, инчунин ободонӣ ва сохтмонӣ иншоотҳои тиxоратӣ, саноатӣ, объектҳои хизматрасонӣ дар роҳ, xиҳати муайян кардани мутобиқати онҳо ба талаботи қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои бехатарии роҳҳо бояд аз экспертизаи давлатӣ гузаронда шаванд.
Шартҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ купрукҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётӣ, ки аз болои иншоотҳои обӣ мегузаранд, бояд бо Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда шаванд.
Роҳҳои автомобилгарди навсохташуда ва таxдидшуда ба рeйхат (реестр) дохил карда мешаванд ва бояд чун объектҳои uайриманқул дар асоси тартиботи муқарраршудаи санадҳои қабули ин объектҳо барои истифодабарӣ ба қайд гирифта шаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Маблаuгузории сохтмон, нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди давлатӣ аз ҳисоби воситаҳои хусусияти мақсаднок, мутобиқи муқаррароти муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 23. Қоидаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард
Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба мақсади таъмини бехатарӣ ва ҳаракати доимии нақлиёт, сурат мегирад.
Қоидаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи мақоми давлатии идоракунии фаъолияти роҳдорӣ муқаррар мегардад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад.
Соҳибони роҳҳои автомобилгарди хусусӣ ва истифодаи махсус роҳҳоро дар ҳолате нигоҳ медоранд, ки риояи талаботи стандартҳои бехатарии ҳаракатро дар роҳ таъмин менамоянд.
 
Моддаи 24. Талабот оид ба xойгиркунӣ ва нигоҳдории воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ
Объектҳои чароuаки роҳнамо (светофор), аломатҳои роҳ, ишораҳо, нишонаҳои рох, таxҳизоти ҳимоякунанда ва ҳидояткунанда, воситаҳои дигари танзими ҳаракати роҳ, ҳангоми xойгиркунӣ бояд ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва меъёрҳои техники бо назардошти бехтару намоён ва мувофиқ будани истифодабарӣ ва хизматрасонӣ, инчунин пешгирии имкониятҳои вайроншавиҳои тасодуфӣ мувофиқат намоянд.
Воситаҳои техникии ҳаракати роҳ барои ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо расондани иттилоот оиди шароити ҳаракат дар роҳҳо муқаррар карда шудаанд.
Роҳҳои автомобилгард, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, ки ҳаракат дар онҳо зиёд аст, xиҳати даъват намудани ёрии тиббии таъxилӣ, кормандони корҳои дохилӣ ва ташкилотҳои роҳдорию истифодабарӣ бояд бо воситаҳои алоқаи таъxилӣ таъмин карда шаванд.
 
Моддаи 25. Тартиби xойгиркунии иншоотҳои кoммуникатсионӣ дар роҳҳои автомобилгард
Гузаронидани ҳаргуна иншоотҳои коммуникатсионӣ аз қитъаи xудошудаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, бе мувофиқаи шартҳои техникии гузаронидани онҳо бо мақомоти дахлдори роҳдорӣ манъ карда мешавад.
Иншоотҳои коммуникатсионие, ки пештар аз қитъаи xудошуда қад-қади роҳи автомобилгард гузаронда шудаанд, аз ҳисоби маблаuӣ соҳибони иншоотҳои коммуникатсионӣ аз ҳудуди роҳ бароварда мешаванд.
Сохтмон ва азнавсозии иншоотҳои коммуникатсионӣ, ки аз ҳудуди роҳҳои автомобилгарди мавxуда гузаронда мешаванд, аз ҳисоби воситаҳои соҳибони иншоотҳои коммуникатсионӣ, дар асоси иxозатномаҳо ва шароитҳои техникие, ки аз тарафи мақомоти дахлдори роҳдорӣ дода шудаанд, амали мегардад.
Фармоишдиҳандагоне, ки иншоотҳои муҳандисии коммуникатсиониро аз роҳҳои автомобилгард мегузаронад, бояд зарареро, ки дар натиxаи ба xо овардани ин корҳо ба роҳ расонида шудааст, пурра ҷуброн намоянд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Ҳангоми гузаронидани тамоми навъҳои иншоотҳои коммуникатсионӣ дар заминҳои роҳҳои автомобилгард, мақоми дахлдор ҳуқуқ дорад рафти иxрои ин корҳоро назорат намояд ва дар маросими ба истифода додан ва қабул кардани иншоотҳои коммуникатсионӣ иштирок намояд.
 
Моддаи 26. Гузаронидани коммуникатсияҳо аз иншоотҳои роҳҳои автомобилгард
Дар нақбҳои автомобилгард аз купруку, гузаргоҳҳо ва иншоотҳои дигари сунъи гузаронидани иншоотҳои коммуникатсионӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Дар ҳолатҳои истисно бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коммуникатсияҳоро дар асоси иxозатнома ва шартҳои техникие, ки аз тарафи мақомоти дахлдори роҳдорӣ дода мешаванд, гузаронидан мумкин аст.
Дар ин ҳолат тамоми хароxоти гузаронидани коммуникатсияҳо, сохтмон ва муxаҳҳаз сохтани иншоотҳо, ба таври иловагӣ мустаҳкам кардани конструксияҳо ва хароxоти иловагиро барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард соҳибони иншоотҳои коммуникатсионӣ бар eҳда доранд.
Соҳибони иншоотҳои коммуникатсионӣ вазифадоранд истифодабарии онҳоро дар ҳолати дурусти техники, мутобиқи меъёрҳое, ки ба вайрон кардани иншоотҳои сунъии роҳҳои автомобилгард роҳ намедиҳанд, таъмин намоянд.
Азнавсозӣ, баровардан, гузарондан ва таxдиди иншоотҳои коммуникатсионӣ, ки бо сабаби таъмиру таxдиди онҳо ва ё таъмир ва ё таxдиди роҳи автомобилгард ба миён меоянд, аз ҳисоби худи фармоишдиҳандаи сохтмон, амалӣ мегардад.
 
Моддаи 27. Бурида гузаштани роҳи автомобилгард аз роҳи дигари автомобилгард
Сохтмон, таxдид ва таъмири нуқтаҳои ҳамроҳшавӣ ва бурида гузаштани роҳҳои автомобилгард бо роҳҳои дигари автомобилгард дар xойҳое иxозат дода мешаванд, ки аз тарафи мақоми дахлдори роҳдорӣ нишон дода шудааст ва ҳуxxатҳои лоиҳавии зарурӣ тибқи муқаррароти мувофиқашуда ва тасдиқшуда мавxуд бошанд.
Ҳамаи хароxотҳое, ки ба xойгиркунии гузаргоҳҳо ва нуқтаҳои ҳамроҳшавӣ ва шиддатҳои иловагӣ дар роҳи автомобилгард, корҳои иловагии вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, обпарто ва корҳои дигари мутобиқи меъёрҳо муқарраргардида вобастааст, аз тарафи фармоишдиҳандае, ки ба сохтмони гузаргоҳ ва ё нуқтаҳои ҳамроҳшавӣ машuул аст, пардохта мешавад.
Мақоми дахлдори роҳдорӣ ҳуқуқ дорад, ки аз шахсонӣ воқеи ва ҳуқуқӣ, ки бе розигии вай ба корҳои сохтмони, таxдид ва ё таъмири нуқтаҳои ҳамроҳшавӣ ва гузаргоҳҳои роҳҳои автомобилгард машuул аст, талаб намояд, ки иншоотҳоро xудо карда роҳи автомобилгардро ба ҳолати аввалааш биёрад. Ҳангоми рад кардани иxрои ин корҳо ва ё саркашӣ аз қабули eҳдадориҳо xиҳати иxрои онҳо дар мeҳлатҳои муайяншуда мақоми роҳдорӣ вазифадор аст, ки барои ба ҳолати аввала баргардонидани роҳи автомобилгард чораҳо андешад ва аз тариқи суди хароxотеро, ки бо сабаби ба xо овардани ин корҳо сурат гирифтааст, аз шахсонӣ ин амалӣ uайриқонуниро анxомдода ситонад.
 
Моддаи 28. Бурида гузаштани роҳҳои автомобилгард аз роҳи оҳан
Xойҳои гузаштани роҳҳои автомобилгард аз болои роҳи оҳан (гузаргоҳҳои роҳи оҳан) мутобиқи қоидаҳои истифодаи техникии роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони муқаррар мегардад.
Дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан, дар сатҳҳои гуногун соҳибони иншоотҳои сунъи вазифадоранд Маҷмeи тадбирҳоро xиҳати нигоҳдорӣ, хизматрасонӣ ва таъмири иншоотҳо барои таъмини ҳаракати бехатар ва доимии онҳо амалӣ намоянд.
Дар xойҳои бурида гузаштани роҳи оҳан дар як сатҳ соҳибони роҳҳои оҳан вазифадоранд қитъаи роҳи автомобилгардро дар масофае, ки қоидаҳои истифодаи техникии роҳи оҳан муайян кардааст, дар ҳолати муносиб нигоҳ доранд.
Сохтмони гузаргоҳҳои роҳи автомобилгард аз болои роҳи оҳан, ки ба таъмири роҳҳои мавxуда ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан вобастаанд, аз ҳисоби воситаҳои соҳибони роҳҳои оҳан амалӣ мегардад. Дар ҳолатҳое, ки муxаҳҳаз сохтани ин гузаргоҳҳо ба сохтмони роҳи нав ва ё васеъ кардани роҳҳои автомобилгарди мавxуда вобаста бошад, сохтмони гузаргоҳҳо аз ҳисоби соҳибони роҳҳои автомобилгард сурат мегирад.
Ҳангоми сохтани гузаргоҳҳои роҳи автомобилгард аз болои роҳи оҳан, соҳибони роҳи оҳан танзими ҳаракати қатораҳоро ташкил карда, барои иxрои корҳо иxозатнома медиҳанд ва шароити техники ба вуxуд меоранд.
Ҳангоми сохтани гузаргоҳҳои роҳи оҳан аз болои роҳи автомобилгард, мақоми дахлдори роҳдорӣ танзими ҳаракати воситаҳои нақлиётиро ташкил карда, шартҳои техникиро оиди иxрои корҳо мувофиқа мекунанд.
Қарор оиди бастан ва ё кушодани гузаргоҳҳои роҳҳои автомобилгард аз болои роҳи оҳан дар як сатҳ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хулосаҳо ва бо пешниҳоди мақомоти роҳдорӣ, Бозрасии давлатии автомобилии умури корҳои дохилӣ ва мақоми идоракунии нақлиёти роҳи оҳан қабул карда мешавад.
 
Моддаи 29. Назорат, таҳқиқ ва ташхиси роҳҳои автомобилгард
Мақомоти роҳдорӣ вазифадор аст ба таври доими ҳолати роҳҳои автомобилгардро назорат кунад, ҳамчунон на камтар аз ду маротиба дар як сол ба мақсади муайян кардани вазъи нигоҳдорӣ, истифодабарии нақлиёт, боъэтимодӣ ва бехатарӣ, дараxаи мувофиқ будани нишондиҳандаҳои истифодабарии нақлиётро ба талаботи қонуни мазкур муқаррар намуда, таҳқиқ ва ташхис гузаронад.
 
Моддаи 30.Ҳифзи роҳҳои автомобилгард
Роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи соҳибони роҳҳои автомобилгард муҳофизат карда мешаванд.
Мақомоте, ки муҳофизати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумро таъмин менамояд, муҳофизати молу мулки роҳдориро низ таъмин карда, вазифаҳои дигарро, ки дар Низомномаи онҳо пешбинӣ шудааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти роҳдорӣ ва соҳибони роҳҳои автомобилгард иxро менамоянд.
Сохтор, ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилотҳоеро, ки муҳофизати роҳҳои автомобилгардро амалӣ месозанд, мақомоти ҳокимияти иxроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳоро таъсис додааст, муайян менамоянд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
 
Моддаи 31. Ҳифзи муҳити зист
Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти роҳдорӣ бояд бехатарии муҳити зист ва ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ба назар гирифта шавад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист оид ба ҳимояи муҳити зист чорабиниҳо пешбинӣ гардад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Иxрои корҳо мутобиқи лоиҳае, ки ба сохтмон ва таxдиди роҳҳои автомобилгард вобастаанд, танҳо ҳангоми мавxуд будани хулосаи мусбати экспертизаи экологии давлатӣ амалӣ мегардад.
Истифодаи технологияҳо, маҳсулот, пайвастагиҳою маводи кимиёии нав дар сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард танҳо баъди гузарондани экспертизаи дахлдор ва муайян кардани таъсири онҳо ба муҳити табии зист иxозат дода мешавад.
Ташкилотҳое, ки лоиҳакашӣ, сохтмон, таxдид, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро иxро менамоянд, бояд корҳоро бо риояи талаботи меъёрҳои бехатарии экологи иxро намоянд.
Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард набояд дар фаъолияти худ ба муҳити зист зарар оварда, замини роҳҳои автомобилгард ва заминҳои хамшафати онро олуда намоянд.
 
Моддаи 32. Омода кардани роҳҳои автомобилгард ба сафарбарӣ
Омода кардани роҳҳои автомобилгард ба сафарбарӣ тавассути мақомот ва ташкилотҳои роҳдорӣ мутобиқи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини омодагии роҳҳои автомобилгард барои истифодабарӣ дар ҳолатҳои фавқулода амалӣ мегардад.
 
Моддаи 33. Принсипҳои умумии ташкили системаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи баҳисобгирӣ оиди бехатарии воситаҳои нақлиёт, ронандагон, роҳҳои автомобилгард, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, фалокатҳо ва осебҳои нақлиётиву роҳ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмури дар соҳаи ҳаракати роҳ ва uайра, нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ муқарар карда шудааст.
Номгeи нишондодҳои омории ҳаракат дар роҳ, тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
БОБИ 4. ЗАМИНХОИ НАҚЛИЁТ БАРОИ XОЙГИРКУНИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
 
Моддаи 34. Додани қитъаҳои замин барои xойгиркунии роҳҳои автомобилгард
Қитъаҳои заминҳо барои xойгиркунии роҳҳои автомобилгард таъиншуда, бо тартиби xудо кардани заминҳо барои эҳтиёxоти uайри- кишоварзӣ мутобиқи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Мақоми роҳдорӣ, корхона ва муассисаи хоxагии роҳдорӣ барои мақсадҳое, ки хусусияти муваққатӣ доранд, метавонанд заминро ба иxора гиранд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Бо мақсадҳои сохтан ва истифодаи роҳҳои автомобилгард мутобиқи тартиби муқарраршуда, инчунин заминҳои дигаре, ки ба минтақаи xудошуда ҳамшафат нестанд ва аз тарафи ташкилотҳои давлатии фаъолияти роҳдорӣ ишuол шудаанд, барои истифодабарии доими ва ё муваққатӣ xудо карда мешаванд.
Тамоми хароxотеро, ки барои баргардонда гирифтани қитъаҳои замин барои роҳҳои автомобилгард аз Ҷумла xуброни зараре, ки ба заминистифодабарандагон расонида шудааст, ташкилот ва шахсоне бар eҳда доранд, ки қитъаҳои заминро гирифтаанд.
 
Моддаи 35. Тартиботи ҳуқуқии истифодаи замини роҳҳои автомобилгард
Замини роҳҳои автомобилгард ба таркиби заминҳои нақлиётӣ дохил гардида, ҳатман барои хадафҳои мақсаднок истифода мешаванд.
Барои таъмини бехатарии аҳолӣ, ба вуxуд овардани шароити зарурӣ барои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, иxрои талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ дар тeли роҳҳои дорои тартиботи махсуси истифодабаридошта ҳудудҳои ҳамшафат ва захиравӣ xудо карда мешавад.
Баъди қабули қарор оиди муқаррар кардани минтақаҳои захиравӣ нисбати қитъаҳои замини ба ҳудудҳои онҳо дохилшаванда xорӣ гардидани низоми махсуси истифодабарӣ имкон дорад, ки он иборат аст аз манъ кардани сохтмони иморатҳо ва иншоотҳои доими, оиди он бояд соҳибони замин заминистифодабарандагону иxоракорон ба таври хаттӣ дар мeҳлати як моҳ огоҳ карда шаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Андозаи минтақаҳо барои захираи замин дар асоси асосноккунии иқтисодӣ муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми дар шакли моликият истифодабарӣ ва иxора ба шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ додани қитъаҳои замине, ки дар ҳудуди минтақаҳои захиравӣ қарор доранд, бояд моликон ва соҳибони ин заминҳо ворисони худро аз шартҳои махсуси истифодабарӣ огоҳ созанд ва ин маълумотҳо бояд дар ҳуxxатҳои дахдлдори ҳуқуқӣ дарч карда шаванд.
Тартиби истифодабарии замини роҳҳои автомобилгард, ҳудудҳои ҳамшафат ва захиравӣ дар асоси асноди лоиҳавӣ, талабот, стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва талаботи дигаре, ки қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд, муайян карда мешавад.
 
Моддаи 36. Ҳудудҳои ҳамшафати роҳ
Ҳудудҳои ҳамшафати роҳ барои таъмини бехатарии аҳолӣ ва ба вуxуд овардани шароити истифодабарии роҳҳои автомобилгард бо баҳисобгирии талаботи бехатарии ҳаракати роҳ, инчунин имконияти таxдид, таъмиру нигоҳдорӣ ва xойгиркунии объектҳои инфраструктураи роҳ пешбинӣ мешаванд.
Бари ҳудудҳои ҳамшафати роҳ аз сарҳади хатти xудокунандаи роҳи автомобилгард ҳисоб карда шуда, вобаста ба категорияи техники дар асоси меъёрҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Дар сарҳадҳои ҳудуди ҳамшафати роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи махсуси истифодабарии замин муқаррар мешавад, яъне метавонад дар он xойҳо сохтани иморатҳои асоси ва иншоотҳо, гузоштани рекламаҳо ва ба xо овардани фаъолияти дигари хоxагидорӣ, ки ҳаракатро дар роҳ, хатарнок мегардонад ва шароити истифодаи роҳҳои автомобилгард ва иморатҳои дар он xойгиршударо (бо назардошти тараққии онҳо дар оянда) халалдор месозанд, инчунин амнияти аҳолӣ ва иштирокчиёни ҳаракатро тахти хатар мегузоранд, манъ намояд.
Қарор оиди дар ҳудуди ҳамшафати роҳ xойгир кардани иморатҳо, иншоот ва сохтмонҳои дигар аз тарафи мақомоти иxроия дар маҳалҳо бо мувофиқаи соҳибони роҳҳои автомобилгард ва xузъҳои дахлдори мақомоте, ки назорати беҳатарии ҳаракатро дар роҳ ба амал мебароранд, қабул карда мешавад.
Дар ҳолатҳои алоҳида мутобиқ қарори мақaмоти назорати санитарию эпидемиологи, дар сарҳадҳои ҳудудҳои ҳамшафати роҳ барои пешбурди фаъолияти кишоварзӣ, маҳдудиятҳо xорӣ карда мешаванд.
Ба расмият даровардан ва дар маҳал муайян кардани ҳудудҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Қитъаҳои замине, ки дар ҳудуди ин минтақаҳо xойгиранд аз заминистифодабарандагон гирифта намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарурати гирифтани он аз тартиби истифодабарии ин ҳудуд бармеояд.
Заминистифодабарандагоне, ки қитъаҳои заминашон дар сарҳади минтақаҳои назди роҳ қарор доранд, бояд ба таври хаттӣ аз тартиботи махсусе, ки нисбати ин заминҳо истифода мешаванд ва имконияти гирифтани онҳо ба мақсади дар оянда васеъ кардан ва ё таxдиди роҳҳои автомобилгард мавxуданд, бояд дар мeҳлати як моҳ аз рeзи қабули қарор оиди муқаррар кардани андозаи ҳудудҳои ҳамшафати роҳ огоҳ карда шаванд.
Ба ташкилотҳои роҳдорӣ заминҳои дигаре, ки ба ҳудуди xудошуда пайваст нестанд, вале барои мақсадҳои сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард заруранд, барои истифодабарии доими ва муваққатӣ xудо карда мешаванд.
 
Моддаи 37. Минтақаҳои захиравии роҳҳои автомобилгард
Муқаррар кардани захираи замин барои сохтмон ва ё таxдиди роҳҳои автомобилгард дар асоси тартиботи тасдиқщуда ва муқарраркардашудаи сохтмон ва таxдиди аз xиҳати иқтисодӣ асоснокшуда-сурат мегирад. Қарор xиҳати муқаррар кардани захираи замин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, вобаста ба мансубияти роҳ бо пешниҳоди мақомоти роҳдорӣ қабул мегардад.
 
БОБИ 5. ИСТИФОДАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
 
Моддаи 38. Шартҳои ташкили исгифодаи роҳи автомобилгарди пулакӣ
Рафтуомад дар роҳҳои автомобилгард ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бепул мебошад.
Ба роҳҳои автомобилгарди пулакӣ, купрукҳои пулакӣ ва нақбҳо, инчунин қисмҳои алоҳидаи пулакии роҳҳои автомобилгард, гузаргоҳҳои паромӣ мансуб мебошанд. Ҳаққи гузаштан аз роҳи автомобилгард мутобиқи тартиботе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Роҳҳои автомобилгарди пулакиро метавонанд бо мақсади баланд бардоштани хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидани инкишофи шабақаи роҳҳои автомобилгард бо роҳи xалб намудани маблаuгузориҳои иловагӣ, xиҳати амалӣ сохтани сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард ба вуxуд биёранд.
Заминҳое, ки барои сохтмони роҳҳои автомобилгарди пулакӣ xудо карда мешаванд, бояд танҳо барои мақсадҳои асосӣ — сохтмон ва истифодабарии роҳи автомобилгард, инчунин xойгиркунии иншоотҳои хизматрасонӣ барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард истифода шаванд.
 
Моддаи 39. Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард
Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   муқаррар карда мешавад ва  онҳо барои ҳамаи соҳибон ва истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ягона ва ҳатмӣ мебошанд.
Тартиби истифодаи роҳҳои автомобилгард дар давраи тайёрӣ ба сафарбарӣ ва ҳолати xанг, ҳангоми аз байн бурдани оқибати офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои дигари фавқулодда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 40. Ҳуқуқи истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард
Истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳуқуқ доранд:
— дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ба таври озод ва бепул ҳаракат намоянд ва молашонро интиқол диҳанд, аз хизматрасониҳо истифода баранд, ба истинои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст;
— xуброни зарареро, ки аз сабаби uайриқаноатбахш будани шароити роҳ ва фаъолияти uайриқонунии мақомоти роҳдорӣ ба саломати ва амволи онҳо расидааст, талаб намоянд;
— оиди хатҳои самти ҳаракат, шароити роҳ, маҳдудиятҳои муваққати ва баста шудани ҳаракат, вазн ва суръати ҳаракати иxозат додашуда, андозаи ҳудуди ҳамшафат ва захиравии роҳҳои автомобилгард маълумот ба даст оранд.
 
Моддаи 41. Eҳдадориҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард
Истифобарандагони роҳҳои автомобилгард набояд:
— чарондани чорво, худсарона даравидани алаф, шудгор ва кандани замин, намудҳои дигари корҳоро бе розигии соҳибони роҳҳои автомобилгард дар ҳудуди роҳ ба xо оранд;
— муҳити зистро олуда намоянд;
— роҳҳои автомобилгардро вайрон кунанд ва ё амалҳои дигареро иxро намоянд, ки ба молу мулки роҳҳои автомобилгард зарар расонда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва роҳгузарҳо халал мерасонанд;
— меъёрҳои дигареро, ки ҳамин Қонун оиди маҳдуд намудани истифодаи роҳҳои автомобилгард ва ё ба вуxуд овардани монеаҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва роҳгузарҳо муқаррар кардааст, вайрон намоянд.
Зараре, ки ба саломати, молумулки истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард расонида шудааст, инчунин зараре, ки дар фалокати нақлиётӣ дар натиxаи фаъолияти (беъфаъолиятии) мақомоти роҳдорӣ ба амал омадааст, бояд ба таври пурра ҷуброн карда шавад.
Тартиби ҷуброни зарар мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикиетон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Баҳсҳое, ки дар xараёни нигоҳдорӣ, таъмир, таxдид ва сохтмони роҳҳои автомобилгард ба вуxуд меоянд, ба тартиби суди ҳал карда мешаванд.
Ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ тасмачарх, чархдор ва xузъҳои дигари конструксияҳое, ки роҳи автомобилгардро вайрон карда метавонанд, инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки андоза, вазни умумӣ ва ё фишор ба меҳвари онҳо аз меъёрҳои муқарраркардаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зиёданд, бе рухсати махсус мумкин нест.
Шахсони мутасадии мақомоте, ки масъули назорати бехатарии ҳаракати роҳ мебошанд ҳуқуқ доранд воситаҳои нақлиётӣ дар боло номбаршударо нигоҳ доранд ва барои ҳаракат ба онҳо танҳо баъди гирифтани иxозатномаҳои зарурӣ иxозат диҳанд. Зарари дар ҳолатҳои мазкур расонидашуда ба соҳибон ва истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт, ки ба вайронкунии қонунгузорӣ роҳ додаанд, тааллуқ, дорад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
 
Моддаи 42. Eҳдадориҳои шахсони мансабдоре, ки, масъули сохтмон, таxдид, таъмир, истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан мебошанд
Шахсони мансабдоре, ки масъули сохтмон, таxдид, таъмир, истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, купрукҳо, иншоотҳои дигар мебошанд, eҳдадоранд:
— нигоҳдории онҳоро дар ҳолате таъмин намоянд, ки ба талаботи муқарраршуда xиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ xавобгe бошанд;
— ҳангоми ба вуxуд омадани ҳолатҳое, ки ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамояд, xиҳати манъ ва ё маҳдуд кардани ҳаракат сари вақт чора андешанд;
— ҳангоми иxрои сохтмон, таxдид ва таъмири роҳҳо, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба таври пурра чораҳои бехатарии ҳаракатро xорӣ намоянд;
— чойхои ичрои кор, чойхоеро, ки дар рох, куча, гузаргохи рохи охан машина ва механизмхо, маводи сохтмони ва гайра гузопгга шудаанд, бо аломатхои рох, воситахои ихотакунанда ва хидояткунанда ишора карда, дар торикии шаб ё туман бо шeълаи чароuҳои сигналдиҳӣ, ки мутобиқи меъёрҳои xорӣ пешбинӣ шудаанд, муайян намоянд;
— баъди анxом додани кор роҳ, кeча, гузаргоҳи роҳи оҳанро фавран ба ҳолате оранд, ки ҳаракати бемонеа ва бехатари воситаҳои нақлиёт ва роҳгузаронро таъмин намуда, минтақаи ҳамшафатро бехатар гардонанд;
— дар ҳолати олудашудани қисми мошингузари роҳ, кeча ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба таври оперативӣ барои тоза кардани онҳо ва саривақт огоҳ намудани иштирокчиёни ҳаракат оиди хавфе, ки барои бехатарии ҳаракат ба вуxуд омадааст, чораҳо андешанд, онҳоро бо воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ муxаҳҳаз намоянд;
— қитъаҳои хатарнок ва xойҳоеро, ки фалокати роҳу нақлиёт зиёд рeй медиҳад, ошкор намуда, дар чунин xойҳо оид ба беҳсозии шароит ва ташкили ҳаракати бехатар чораҳои лозимӣ андешанд;
— монеаҳои ҳаракатро дар роҳ саривақт ошкор намуда, бартараф кардани онҳоро таъмин карда, ҳангоми номумкин будан онро бо аломатҳои роҳ, воситаҳои иҳотакунанда ва роҳнамоикунанда муайян намоянд;
— ҳар моҳ таҳлили самтҳои фалокатҳои автомобилиро гузаронда имконияти тавассути нақлиёти автомобили партофтани хок, санг ва маводҳои дигарро дар роҳҳои автомобилгард, кeчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан пешгири кунанд;
— ба соҳибони воситаҳои нақлиёт хароxоти онҳоро ба тарики суди xуброн намояд, агар фалокати роҳу нақлиёт бо сабаби uайриқанотбахш нигоҳ доштани вазъи истифодабарии роҳҳои автомобилгард, кeчаҳо, гузаргоҳҳои роҳҳои оҳан рeй дода бошанд.
 
Моддаи 43. Вазн андоза (габарит) ва суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт
Роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазн, андоза ва суръати ҳаракате пешбинӣ шудаанд, ки мутобиқи стандартҳо ва меъёрҳои давлатӣ, вобаста ба категорияҳои роҳҳои автомобилгард ва дигар шартҳо муқаррар гардидааст.
Ҳадди ниҳоии суръати ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард бо назардошти навъи воситаи нақлиёт ва хусусиятҳои бори интиқолшаванда, шиддатнокии ҳаракат, шароити роҳ ва обу ҳаво, категорияҳои техникии роҳҳои автомобилгард бо қоидаҳои ҳаракати роҳ, ва меъёрҳое, ки вазни ниҳоии ва андозаи воситаҳои нақлиётро бо шумули андозаи борҳои интиқолшаванда муайян мекунанд, муқаррар карда мешавад.
Тартиботи суръат ва андозаи воситаҳои нақлиёт, ки мутобиқи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар гардидааст, дар ҳар роҳӣ автомобилгард тавассути аломатҳои роҳ, нишон дода мешавад.
Ба мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ соҳибони роҳҳои автомобилгард бо мувофиқаи мақомоти масъули назорати оиди бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ доранд ба таври муваққатӣ дар асоси санадҳои таҳқиқи роҳҳои автомобилгард ва ё ҳангоми гузаронидани корҳои роҳсозӣ барои фишор ба роҳ  ва суръати ҳаракат маҳдудиятҳо xорӣ намоянд. Ҳангоми xорӣ кардани ин маҳдудиятҳо соҳибони роҳҳои автомобилгард аломатҳои дахлдор мегузоранд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
 
Моддаи 44. Маҳдудиятҳо ва манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард
Маҳдудиятҳо дар истифодаи қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард, аз Ҷумла маҳдудиятҳое, ки ба мансуб донистани роҳҳои автомобилгарди истифодаи махсус вобаста нестанд, мутобиқи қонуни мазкур муқаррар карда мешаванд.
Соҳиби роҳи автомобилгарди истифодаи умумӣ барои муқаррар кардани маҳдудиятҳое, ки ба вазъи роҳи автомобилгард, ҳамчунин ба роҳи автомобилгарди истифодаи умумӣ мутобиқ нестанд, ҳуқуқ надорад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Маҳдудияти муваққатӣ ва ё манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
— ҳангоми иxрои корҳои роҳсозӣ;
— ҳангоми фалокатҳои табий, тасодуфҳо ва ҳолатҳои фавқулодда;
— ҳангоми ба вуxуд омадани хавф барои бехатарии ҳаракат дар, роҳ ва ё бехатарии ҳаёти одамон ва молу мулки роҳдорӣ;
— ҳангоми  гузарондани  чорабиниҳои   оммавӣ,   ки  бо  муқаррароти  қонунӣ иxозатдодашудааст.
Қарор оиди муваққатан маҳдуд ва ё қатъ намудани ҳаракат, вобаста ба мансубияти роҳи автомобилгард аз тарафи мақоми роҳдорӣ ва ё мақоми ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо қабул карда мешавад.
Мақоми салоҳиятдори назорат ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ дорад ба соҳибони роҳҳои автомобилгард оиди манъ кардани ҳаракат дар роҳ дар ҳолатҳое, ки агар шароити роҳ барои бехатарии ҳаракат хавфнок бошад, ҳидоятҳо диҳанд.
Ҳангоми қабули қарори маҳдудкунӣ ва ё манъ кардани ҳаракат дар роҳи автомобилгард соҳибони он бо мувофиқаи мақоми салоҳиятдори назорат ба бехатарии ҳаракат дар роҳ оиди танзими ҳаракат дар роҳ, аз Ҷумла ба воситаи сохтани роҳҳои иловагӣ чораҳо меандешанд. Истифода роҳҳои автомобилгарди соҳибони дигар ба сифати роҳҳои иловагӣ бояд бо онҳо мувофиқа карда шавад.
Мақомоти роҳдорӣ ба истиснои воқеаҳое, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ба вуxуд меоянд, саривақт истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, мақоми давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва дигар мақомоти дахлдори ҳокимияти иxроияро оиди маҳдудкунӣ ва ё манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард огоҳ месозад ва оиди муддати xорӣ намудани чунин маҳдудиятҳо ва самти роҳи давродавр маълумот пешниҳод менамояд.  (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1051)
Ҳангоми баста шудан ва ё маҳдуд кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ маълумот дар ин бора ба Ҳукумати мамлакатҳои хориxӣ расонида мешавад.
 
Моддаи 45. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, танҳо дар ҳолатҳои истисно ҳангоми мавxуд будани иxозатномаҳои махсус сурат мегирад.
Додани иxозатномаҳои махсус аз тарафи мақомоти роҳдорӣ пулакӣ мебошад, авдозаи он мутобиқи xуброни хароxоте, ки ба барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои дар онҳо мавxудбуда сарф мешавад, вобаста аст.
Андозаи пардохт ва тартиби аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёти вазнин бо андозаҳои аз меъёр зиёд, дар ҳудуди салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо муқаррар карда мешавад.
Маблаuе, ки аз ҳисоби xуброн кардани хароxоти вобаста ба гузаронидани чунин воситаҳои нақлиёт гирифта мешавад, ба ҳисоби фондҳои дахлдори роҳдорӣ гузаронда шуда, танҳо барои барқарор кардани роҳҳои автомобилгард сарф карда мешавад.
Хатти ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд бояд бо соҳибони роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои роҳдории дар ин хатти ҳаракат қарордошта, инчунин бо мақомоти салоҳиятдори назорат ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, мувофиқа кунонида шавад.
Ҳангоме, ки ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёт зарурияти чорабиниҳои махсусеро xиҳати мустаҳкам ва обод кардани роҳҳои автомобилгард, таxҳизот ва иншоотҳои муҳандисии аз роҳ гузаронидашуда дар хатти ҳаракати мазкур талаб менамояд, ризоияти соҳибони ин иншоотҳо ва коммуникатсияҳо гирифта мешаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1302)
Ҳангоми мавxуд набудани иxозатномаи махсус дар дасти ронандаи воситаи нақлиёте, ки вазни умумӣ, вазни меҳварӣ, андозаҳои он аз меъёри муқарраршуда зиёда аст, ҳангоми таuйир додани хатти ҳаракати мувофиқашуда, соҳиб ва ё истифодабарандаи воситаи нақлиёт тибқи муқаррарот, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xарима месупорад ва танҳо баъди гирифтани иxозатномае, ки тибқи муқаррарот расмӣ гардонда шудааст, ҳаракатро давом дода метавонад.
 
Моддаи 46. Гузаронидани воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнокро мекашонанд
Мақомоти роҳдорӣ метавонанд дар сурати аз тарафи соҳибони ин борҳо пешниҳод намудани кафолати бехатарии кашондани бор ва бартараф кардани оқибатҳои он барои аз роҳҳои автомобили гузаронидани воситаҳои нақлиёте, ки сухтору таркиш ба вуxуд оварда метавонанд ва ё боиси захролудшавии радиоактивии роҳҳои автомобилгард ва ё оқибатҳои хатарноки дигар мегарданд, иxозат диҳанд. Кашондани ин борҳо мутобиқи тартиботи муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 47. Ташкили ҳаракати велосипедҳо, аспу ароба ва рондани чорво
Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки мутобиқи характеристикаи техники суръаташон аз 40 км/соат кам аст, велосипедҳо, аспу ароба, ҳайвоноти саворӣ ва боркаш, инчунин рондами ҳайвоноти хонагӣ дар роҳи автомобилгарди суръатнок манъ аст.
Дар роҳҳои автомобилгарди дигар ҳаракати ин воситаҳо ва рондани чорво мутобиқи талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳ ва қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард ташкил карда мешавад.
Рондани чорво бо мувофиқаи мақомоти роҳдорӣ ба воситаи роҳҳои автомобилгард дар xойҳои махсусе, ки ба ин мақсад пешбинӣ шудаанд, иxозат дода мешавад.
 
Моддаи 48. Гузарондани чорабиниҳои оммавӣ дар роҳҳои автомобилгард
Намоишу роҳпаймоиҳо дар роҳҳои автомобилгард мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронда мешаванд.
Мусобиқаҳои варзишӣ (кросс, мусобиқаҳои автомобилрониву велосипедронӣ ва чорабиниҳои дигар) бо иxозати мақомоти роҳдорӣ ва мақомоте, ки бехатарии ҳаракатро дар роҳ назорат менамоянд, ташкил карда мешавад.
Қарор оиди гузарондани ин чорабиниҳо дар роҳҳои автомобилгард бояд бо мақомоти роҳдорӣ мувофиқ кунонда шавад ва бо назардошти таъмини кори бетаваккуфи шабақаи роҳ ва имконияти мавxуд будани роҳҳои гузариши иловагӣ, қабул карда шавад.
Ҳалли ихтилофҳои меҳнатӣ ва иxтимоӣ, изҳори талаботи сиёсӣ бо роҳи бастани роҳҳои автомобилгард манъ аст.
БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ
 
Моддаи 49. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ ва ҳалли проблемаҳои муқаррар намудани усулҳои умумии танзими ҳуқуқи истифодабарӣ ва ҳамгароии онҳо ба системаи байналмилалии алоқаи нақлиёти, мусоидат менамояд.
Мақоми ваколатдори давлатии идораи роҳдорӣ аъзои ташкилотҳои байналмилалии роҳдорӣ шуда метавонад, мутобиқи муқаррарот ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти роҳдории мамлакатҳои хориxӣ амалӣ месозад, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳое, ки истифодаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси хатҳои сайри роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва масъалаҳои дигари ба салоҳияташон вобаста, муаррифӣ мекунад.
Истифодаи роҳҳои автомобилгард барои алоқаҳои автомобилии байналмилалӣ бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешавад.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
Моддаи 50. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  10 майи соли 2002
№47
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ  НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди дар қироати дуюм қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ- 1, мод. 298)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар қироати дуюм қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад;
— ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ворид намудани таuйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии xорӣ мутобиқи Қонуни мазкур таклифҳо пешниҳод намояд.
 
Раиси Маҷлиси иамояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  30 январи соли 2002
№517 (а)
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ  ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои
автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ- 1, мод. 297)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  23 апрели соли 2002
№ 261

Илова кунед