Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди қабул намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи иттилоот»

10 Май 2002, Ҷумъа

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ —  2, мод. 322; соли 2014,№11,мод.673)
 
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории xорӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                        СХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  10 апрели соли 2002
№ 609
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ-  2, мод. 321)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи иттилоот» баррасӣ намуда, қарор мекунад;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  23 апрели соли 2002
№ 288
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи иттилоот
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ-  2, мод. 320; соли 2012,№7, мод.698)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, мақсад, вазифа, принсип, субъект ва объектҳои муносибатҳои иттилоотиро ба танзим дароварда, сиёсати давлатии иттилоотиро дар ҷомеа муқаррар менамояд. ҚҶТ аз 3.07.12с.№848
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
— иттилоот — маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва xараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
— фаъолияти иттилоотӣ — Маҷмeи амалиётест, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёxоти иттилоотии субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ равона гардидааст;
— соҳаҳои иттилоотӣ — Маҷмeи маълумоти эълоншуда оид ба соҳаҳои нисбатан мустақили ҳаёту фаъолияти xомеа ва давлат;
— иттилооти омории давлатӣ- иттилооти ҳуxxатии расмии давлатиест, ки ба воқеаҳо ва падидаҳои дар иқтисодиёт, иxтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода тавсифоти миқдорӣ медиҳад;
— иттилооти оммавӣ — иттилоотест, ки ба таври оммавӣ тавассути нашрияҳо, воситаҳои сабти овоз ва видео паҳн карда мешавад;
— иттилооти ҳуқуқи — Маҷмeи маълумоти ҳуxxатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба ҳуқуқ, системам он, манбаъҳои татбиқ ва далелҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, вайрон кардани ҳуқуқ ва мубориза бо он, пешгирии қонуншиканӣ ва ғайра;
— иттилоот оид ба шахсият — Маҷмeи маълумоти ҳуxxатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба шахсият;
— иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ -маълумоти муназзам, ҳуxxатӣ ё маълумоти ба таври оммавӣ эълоншуда дар бораи ҳаёти xамъиятӣ, давлатӣ ва муҳити табиии зист;
— иттилооти ҳуxxатикунонида (аснод) — иттилооти дар манбаи моддии иттилоот қайдшуда бо маълумотҳое (реквизитҳое), ки барои ҳаммонандкунии он имкон медиҳанд;
— иттилооти мақомоти системаҳои давлатии идоракунӣ — иттилооти расмии ҳуxxатӣ, ки дар xараёни фаъолияти xории ҳокимияти қонунгузор, иxроия, судӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ташкил карда мешавад;
— иттилооти иxтимоишиносӣ — маълумоти сотсиологии ҳуxxатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба муносибатҳои шаҳрвандони алоҳида ё гурeҳҳои иxтимоӣ нисбат ба воқеа ва рeйдодҳои xамъиятӣ, xараёнҳо ва далелҳо;
— иттилоот дар бораи шаҳрвандон (маълумоти шахсӣ) — маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои зиндагии шаҳрванд, ки ба ҳаммонандкунии шахсияти e имкон медиҳад;
— иттилооти махфӣ – маълумоти дорои сирри давлатии дар моддаҳои 13-18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» пешбинӣ гардида, ки ифшо ё гум кардани онҳо ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад;
— иттилооти пинҳонӣ (конфиденсиалӣ) — маълумот дар соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдории шахсони алоҳидаи воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарордошта, ки метавонанд бо хоҳиши молик ба таркиби маълумоти давлатӣ дохил карда шаванд;
— санади ибтидоӣ — санадест, ки иттилооти аввалияро дар бар мегирад;
— санади дуюмдараxа — санадест, ки натиxаҳои коркарди таҳлилӣ ё коркарди як ё якчанд манбаи дигари иттилоотиро дар бар мегирад;
— xараёни иттилоотӣ — xараёни xамъоварӣ, коркард, захиракунонӣ, нигоҳдорӣ, xустуxe ва паҳн намудани иттилоот;
— системаи иттилоотӣ — Маҷмeи асноди аз нигоҳи ташкилӣ танзимшуда, ҳаxми аснод ва технологияи иттилоотӣ, аз Ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва алоқа, ки xараёни иттилоотиро татбиқ месозанд;
— захираҳои иттилоотӣ — асноди алоҳида, ҳаxми xудогонаи аснод ва ҳаxми аснод дар системаҳои иттилоотӣ (китобхонаҳо, бойгониҳо, фондҳо, махзанҳои маълумот ва дигар системаҳои иттилоотӣ);
— маҳсулоти иттилоотӣ — натиxаи моддии фаъолияти иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани эҳтиёxоти иттилоотии шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилот пешбинӣ гардидааст;
— хизматрасонии иттилоотӣ — дар шакли муайяннамудаи Қонуни мазкур анxом додани фаъолияти иттилоотӣ xиҳати расонидани маҳсулоти иттилоотӣ то истифодабарандагон бо мақсади қонеъгардонии эҳтиёxоти иттилоотии онҳо;
— ҳуқуқи моликият ба иттилоот- муносибатҳои xамъиятии қонунан танзимшуда оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории иттилоот;
— молики захираҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ, технология ва воситаҳои таъмини онҳо — субъекте, ки объектҳои зикршударо соҳибӣ ва истифода намуда, ваколатҳои ихтиёрдории онҳоро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ татбиқ менамояд;
— истифодабарандаи  иттилоот — субъекте, ки ба системаи иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани маълумоти зарурӣ муроxиат мекунад. «ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848»
 
Моддаи 2. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур
Қонуни мазкур меъёрҳои умумии ҳуқуқӣ гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоотро муқаррар менамояд, ҳуқуқи субъекти муносибатҳои иттилоотиро ба иттилоот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти xамъиятӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин системаи иттилоот ва манбаҳои онро таҳким бахшида, мақоми иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян мекунад, дастрас намудани иттилоотро танзим ва ҳифзи онро таъмин, шахсият ва xомеаро аз иттилооти бардуруғ муҳофизат менамояд.
 
       Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттилоот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттилоот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 21.07.2012 с №848)
 
Моддаи 4. Принсипҳои асосии муносибатҳои иттилоотӣ
Принсипҳои асосии муноcибатҳои иттилоотӣ аз инҳо иборатанд:
— ҳуқуқи кафолатнок ба иттилоот;
— ошкоро ва дастрас будани иттилоот ва мубодилаи озоди он;
— ҳақонӣ ва саҳеҳ будани иттилоот;
— мукаммалӣ, саривақтӣ ва дақиқ, будани иттилоот;
— қонунӣ будани гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот.
 
Моддаи 5. Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ
Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ инҳо мебошанд:
— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шахсони ҳуқуқӣ;
— давлат.
Мувофиқи Қонуни мазкур дигар давлатҳо, шаҳрвандони онҳо, шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хориxӣ ва шахсони бешаҳрванд низ метавонанд субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ бошанд.
 
Моддаи 6. Объектҳои муносибатҳои иттилоотӣ
Иттилооти ошкоршаванда дар бораи шахc, воқеаҳо ва падидаҳо дар соҳаи сиёсат, иқтисод, фарҳанг, илму техника, иxтимоиёт, экология, соҳаҳои байналмилалӣ ва дигар соҳаҳо объектҳои муносибатҳои иттилоотӣ мебошанд.
 
Моддаи 7. Сиёсати давлатии иттилоотӣ
Сиёсати давлатии иттилоотӣ аз Маҷмeи самтҳои асосӣ ва усулҳои фаъолияти давлат ва дигар субъектҳо оид ба гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот иборат мебошад.
Самтҳо ва усулҳои асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ аз инҳо иборатанд:
— ғамхории давлат ва дигар субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ дар бораи таъсиси саривақтӣ, фаъолияти зарурӣ ва рушди системаҳои иттилоотӣ, шабакаҳо, маҳзан ва манбаи маълумот дар тамоми самтҳои фаъолияти иттилоотӣ;
— таъмини ворид шудани саривақтии шаҳрвандон ба иттилоот;
— дар асоси ғайриинҳисорӣ таъсис додани система ва шабакаҳои миллии иттилоот;
— таҳкими асосҳои моддию техникӣ, молиявӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва илмии фаъолияти иттилоотӣ;
— таъмини истифодаи самарабахши иттилоот;
— мусоидат ба навсозӣ, ғанигардонии доимӣ ва ҳифзи захираҳои миллии иттилоотӣ;
— ташкили системаи ҳифзи иттилоот;
— мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот ва кафолат додани мустақилияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сиёсати давлатии иттилоотиро мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин идораҳои дахлдори иттилоотӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.
 
Моддаи 8. Ҳуқуқ ба иттилоот
Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ ба имконияти озодона гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани маълумоте, ки xиҳати татбиқи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ, анxом додани мақсад ва вазифаҳои онҳо заруранд, ҳуқуқ доранд.
Татбиқи ҳуқуқ, ба иттилоот аз xониби субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ набояд ҳуқуқҳои xамъиятӣ, сиёсӣ, иқтиcодӣ, иxтимоӣ, маънавӣ, экологӣ ва дигар ҳуқуқҳо, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро вайрон кунад ва ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад.
Ба ҳар як шаҳрванд, ба иcтиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, озодона дастрас намудани иттилоот, ки шахсан ба e дахл дорад, таъмин карда мешавад.
 
Моддаи 9. Кафолати ҳуқуқ ба иттилоот
Ҳуқуқ ба иттилоот чунин таъмин карда мешавад:
— бо баамалбарории тартиби татбиқи ҳуқуқ ба иттилоот;
— бо роҳи амалӣ намудани назорати давлатии риояи қонунгузорӣ оид ба иттилоот;
— муқаррар намудани масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба иттилоот.
 
БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТӣ
 
Моддаи 10. Фаъолияти иттилоотӣ
Бо мақсади татбиқи қаноатбахши фаъолияти иттилоотӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти хадамоти иттилоотӣ системаҳо, шабакаҳо, манбаъ ва маҳзани маълумот таъсис медиҳанд.
Тартиби таъсис, сохтор, ҳуқуқ ва eҳдадориҳои онҳо аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 11. Самтҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ
Самтҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ аз соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иxтимоӣ, маънавӣ, экологӣ, илмию техникӣ, байналмилалӣ ва дигар cоҳаҳои ҳаёти xамъиятӣ иборатанд.
Давлат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, озодии фаъолияти иттилоотиро дар ин самтҳо ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ҳуқуқ ва озодӣ, вазифа ва салоҳияти онҳо кафолат медиҳад.
 
Моддаи 12. Шаклҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ
Шаклҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ инҳоянд:
— гирифтани иттилоот – ба даст овардан ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ намудани    
иттилоот дар бораи шахс, ашё, далелҳо, воқеаву падидаҳо ва ғайра, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
— истифода намудани иттилоот – қонеъгардонии эҳтиёҷоти иттилоотии давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
— паҳн кардани иттилоот – интишор ва мубодилаи иттилоот тибқи тартиби  муқаррарнамудаи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ҳифз намудани иттилоот – таъмини ҳолати зарурии иттилоот, ифодакунандагони  моддии он ва баҳисобгирии онҳо.
(ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
 
Моддаи 13. Маълумоти касбӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон барои гирифтани маълумоти касбӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ тавассути системаҳои муассисаҳои таълимии он шароит фароҳам оварда мешавад.
Тартиби таъсиси муассисаҳои таълимии самти иттилоотӣ (рeзноманигорӣ, омор, корҳои китобхонавӣ ва бойгонӣ, фаъолияти илмию иттилоотӣ, информатика, техникаи ҳисоббарор ва ғайра) ва принсипҳои фаъолияти онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиcтон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамоянд.
 
Моддаи 14. Ташкили тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ
Барои таъмини фаъолияти самарабахш ва рушди cистемаҳои миллии иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ тадқиқоти xустуxeӣ, бунёдӣ ва амалии илмӣ анxом дода мешавад.
Бо ин мақсад муассисаҳои илмӣ, сохторҳои илмию истеҳсолӣ, иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, марказҳои технологияи нави иттилоотӣ ва дигар воҳидхо, аз Ҷумла бо иштироки шарикони хориxӣ, таъсис дода мешавад.
Маблағгузории тадқиқоти xустуxeӣ ва бунёдии илмӣ, барномаҳои илмӣ, лоиҳаҳои дорои аҳамияти давлатӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои буxег, маблағҳои худӣ ва фармоишгарон анxом дода мешавад.
Маблағгузории тадқиқоти амалӣ, коркардҳо чун қоида дар асоси шартнома ё қарордод анxом дода шуда, натиxаи онҳо метавонад мавзeи муносибатҳои молӣ бошад.
 
БОБИ 3. НАМУДҲО, МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ ВА НИЗОМИ ВОРИД ШУДАН БА ОН
 
Моддаи 15. Намудҳои иттилоот
Намудҳои асосии иттилоот иборат аз:
— иттилооти оморӣ;
— иттилооти оммавӣ;
— иттилооти фаъолияти мақомоти давлатӣ;
— иттилооти ҳуқуқӣ;
— иттилоот оид ба шахсият;
— иттиллооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ;
— иттилооти иxтимоишиносӣ, шиносоӣ, иқтисодӣ, тиxоратӣ, экологӣ, хизматӣ, истеъмолӣ, бойгонӣ, илмӣ, илмӣ-техникӣ ва ғайра.
 
Моддаи 16. Иттилооти давлатии оморӣ
Иттилооти давлатии оморӣ бояд ба таври мунтазам ошкоро интишор гардад. Озодона ворид шудани шаҳрвандон, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои манфиатдор ба маълумоти омории интишорнашуда, ки таҳти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон қарор нагирифтаанд, таъмин карда мешавад.
Системаи иттилооти оморӣ, манбаъҳо ва низоми он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ин соҳа муайян карда мешавад.
 
Моддаи 17. Иттилооти оммавӣ
Воcитаҳои чопии ахбори омма ин матбуоти даврӣ, рeзномаҳо, Маҷаллаҳо, бюллетенҳо ва нашрияҳои яквақта бо нусхаҳои муайян ба шумор мераванд.
Воситаҳои электронии ахбори омма иборатанд аз радио, телевизион, кино, сабти овоз ва сабти видео.
Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти воситаҳои алоҳидаи ахбори омма тибқи санадҳои қонунгузорӣ оид ба ин воситаҳо муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 18. Иттилооти фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ
Иттилооти мақомоти фаъолияти идораи давлатӣ бо роҳҳои зерин ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида мешаванд:
— интишори онҳо дар нашрияҳои расмӣ ё паҳн намудани онҳо аз xониби хадамоти иттилоотии мақомот ё ташкилотҳои дахлдори давлатӣ;
— интишори онҳо дар воситаҳои чопии ахбори омма ё эълони оммавӣ, аудиоӣ ва аудиовизуалии воситаҳои ахбори омма;
— бевосита расонидани онҳо ба маълумоти шахсони манфиатдор (ба таври шифоҳӣ, хаттӣ ё тартиби дигар);
— фароҳам овардани имконияти шиносоӣ бо маводи бойгонӣ, ҳисобот, санадҳои натиxаҳои санxиш ва ғайра;
— ошкор намудани онҳо тавасcути маърeзаҳои оммавии шахсони мансабдор.
Манбаъҳо ва тартиби гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилооти расмии мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимият тибқи асноди қонунгузорӣ ба ин мақомот муайян карда мешавад.
 
Моддаи 19. Иттилооти ҳуқуқӣ
Манбаъҳои иттилооти ҳуқуқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, иттилооти воситаҳои ахбори омма, маърeзаҳои оммавӣ, дигар манбаъҳои иттилоот оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошанд.
Бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ давлат интишори расмии онҳоро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба танзим медарорад. (ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
 
Моддаи 20. Иттилоот оид ба шахсият
Маълумоти асосӣ ба шахсият (маълумоти инфиродӣ) иборат аст аз: миллат, маълумот, вазъи оилавӣ, вазъи моддӣ, мансубият ба дин, вазъи саломатӣ, инчунин суроға, сана ва маҳалли таваллуд.
Манбаъҳои иттилооти ҳуxxатӣ оид ба шахсият санадҳои ба номи e додашуда, санадҳои аз xониби e имзогардида, инчунин маълумот оид ба шахсият ба ҳисоб мераванд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳалли xамъ овардаанд.
Xамъоварӣ, ҳифз, истифода ва паҳн намудани иттилоот оид ба ҳаёти шахсӣ, ҳамчунин иттилооте, ки сирри шахсӣ ва оилавӣ, махфияти гуфтушуниди телефонӣ, муросилоти почта, телеграф ва дигар маълумоти оид ба шахсиятро бидуни розигии e ошкор месозад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Ҳар як шахc ҳуқуқ дорад бо иттилооти доир ба e xамъовардашуда шинос шавад.
Иттилоот оид ба шахсият ба гурeҳи иттилооти пинҳонӣ марбут буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
 
 
Моддаи 21. Иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ
Манбаъҳои асосии ин иттилоот энсиклопедия, луғатҳо, маълумотномаҳо, иттилооти рекламавӣ, эълонҳо, роҳнамоҳо, маводи картографӣ, инчунин маълумотномаҳое ба ҳисоб мераванд, ки аз xониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё маҳаллии ба он ваколатдор ва иттиҳодияҳои xамъятии шаҳрвандон, ташкилот, муассисаҳои бойгонӣ ва кормандони онҳо, инчунин системаҳои автоматикунонидашудаи иттилоотӣ дода мешаванд.
Системаи ин иттилоот, ворид шудан ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 22. Иттилооти иxтимоишиносӣ
Манбаъҳои асосии иттилооти иxтимоишиносӣ маълумоти ҳуxxатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншудае ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо натиxаҳои пурсиши иxтимоӣ, мушоҳидаҳо ва дигар тадқиқотҳои иxтимоӣ инъикос ёфтаанд.
Тадқиқотҳои иxтимоишиноcӣ аз xониби мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои xамъиятии шаҳрвандон, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, сурат мегиранд.
 
Моддаи 23. Манбаъҳои иттилоот
Манбаъҳои иттилоот аз ифодакунандаҳои моддии қайдшудаи иттилоот бо маълумотҳо (реквизитҳо), ки ба ҳаммонандкунии он имкон медиҳанд, инчунин аз хабарҳои воситаҳои ахбори омма ва маърeзаҳои оммавӣ иборат мебошанд.
 
Моддаи 24. Низоми ворид шудан ба иттилоот
Низоми ворид шудан ба иттилоот ин тартиби гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.
Иттилоот аз рeи воридшавӣ ба иттилооти ошкоро ва иттилооти воридшавии маҳдуд xудо карда мешавад.
Давлат низоми воридшавӣ ба иттилоотро назорат мекунад.
Вазифаи назорати низоми воридшавӣ ба иттилоот аз таъмини риояи талаботи қонунҳо дар бораи иттилот аз xониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва.ташкилотҳо, роҳ надодан ба беасос мансуб донистани маълумот ба гурeҳи иттилооти воридшавии маҳдуд иборат мебошад.
Назорати давлатии риояи низоми муқаррарнамуда аз xониби мақомоти махсусе, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, сурат мегирад.
 
Моддаи 25. Воридшавӣ ба иттилооти ошкоро
Воридшавӣ ба иттилооти ошкоро бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
— нашри мунтазами он дар нашрияҳои расмӣ (бюллетенҳо, Маҷмeаҳо);
— паҳн намудани он тавассути ахбори омма;
— бевосита додани он ба шаҳрвандони манфиатдор, мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ.
Тартиб ва шартҳои мувофиқи дархост ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва намояндагони аҳли xомеъа додани маълумот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Маҳдуд сохтани ҳуқуқ барои гирифтани иттилооти ошкоро манъ аст. Аз ҳуқуқи гирифтани иттилоот он шаҳрвандоне истифода мебаранд, ки чунин иттилоот барои иxрои eҳдадориҳои касбиашон зарур аст.
 
Моддаи 26. Иттилооти дастрасиаш маҳдуд
Иттилооти дастрасиаш маҳдуд тибқи низоми ҳуқуқӣ ба пинҳонӣ ва махфӣ xудо карда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои иттилооти пинҳонии касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиxоратӣ ва хусусияти дигар дошта мебошанд, онҳоро тавассути маблағҳои худӣ ба даст оварданд ё натиxаи амали касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиxоратӣ ё дигар манфиатҳои онҳо буда, сирри мувофиқи қонун пешбининамударо вайрон накарда, низоми дастрасӣ ва ҳифзи онро муайян мекунанд.
Мансуб донистани иттилоот ба гурeҳи маълумоти махфии дорои сирри давлатӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» сурат мегирад.
Тартиби муносибат бо иттилооти махфӣ ва ҳифзи он аз xониби мақомоти дахлдори давлатӣ бо шарти риояи талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Қонун муайян карда мешавад.
Тартиб ва мeҳлати ошкор намудани иттилооти махфӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 27. Дастрасии шаҳрвандон ба маълумот дар бораи худ
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд:
— дар давраи xамъоварии иттилоот донанд, ки кадом маълумот, аз тарафи кӣ дар бораи онҳо ва бо кадом мақсад xамъ гардид, чӣ тавр, кай ва бо кадом мақсад мавриди истифода қарор мегирад;
— иттилооти мансуб ба худро дастрас намоянд, бо он шинос шаванд, пуррагӣ ва мувофиқии онро талаб намоянд.
Мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳаллҳо (ҳукуматҳо), муассисаҳои бойгонӣ, ки системаи иттилоотии онҳо маълумотро оид ба шаҳрвандон дар бар мегирад, вазифадоранд бо талаби шахсоне, ки ин иттилоот ба онҳо дахл дорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, бидуни монеа онро пешниҳод намоянд, инчунин xиҳати пешгирии ғайриқонунии ба даст овардани он тадбирҳо андешанд. Дар сурати вайрон кардани ин талабот, қонун ҳифзи шаҳрвандонро аз зарари вобаста ба истифодаи чунин иттилоот расониданшуда кафолат медиҳад.
Дастрасии шахсони бегона ба маълумоти оид ба дигар шахсе, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии xорӣ аз xониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор xамъоварӣ шудааст, дар мавриди набудани розигии шахсе, ки нисбат ба e чунин маълумот xамъоварӣ гардидааст ва агар e дар қайди ҳаёт набошад, бидуни розигии ворисони e манъ аст. Дар мавриди набудани ворисон дастрасӣ ба чунин иттилоот бо иxозати мақомоти давлатӣ, ташкилот ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ки молики иттилоот мебошанд, иxозат дода мешавад.
Ҳамаи ташкилотҳое, ки оид ба шаҳрвандон маълумот xамъоварӣ менамоянд, бояд то оғози кор бо онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии манбаъҳои дахлдори маълумотро анxом диҳанд.
Теъдоди зарурии маълумот оид ба шаҳрвандон, ки онро метавон бо роҳи қонунӣ ба даcт овард, бояд то ҳадди ақал маҳдуд карда шавад ва танҳо бо мақсадҳои қонунан муқарраргардида мавриди истифода кунад.
Ради додани иxозат дар бораи дастрасӣ ба чунин иттилоот, пинҳон кардани он, xамъоварии ғайриқонунӣ, истифода, ҳифз ё ғайриқонунӣ паҳн намудани он метавонад ба суд шикоят кунад.
 
Моддаи 28. Дархосг дар хусуси дастрасӣ ба санадҳои расмӣ ва додани иттилооти хаттӣ ё шифоҳӣ
Таҳти мафҳуми дархости иттилоотӣ (минбаъд дархост) дар хусуси дастрасӣ ба санадҳои расмӣ дар Қонуни мазкур муроxиат бо талаботи фароҳам овардани имконияти шиносшавӣ бо санадҳои расмӣ дар назар дошта шудааст. Дархост метавонад инфиродӣ ё умумӣ бошад. Он дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад ба мақомоти давлатӣ муроxиат намуда, пешниҳоди ҳамагуна санади расмиро, сарфи назар аз мансубияти ин ҳуxxат ба e талаб намояд, ба истиснои ҳолатҳои маҳдудияти дастрасӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. (ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
Таҳти мафҳуми фароҳам овардани иттилооти хаттӣ ё шифоҳӣ дар Қонуни мазкур муроxиат ба талаби фароҳам овардани иттилооти хаттӣ ё шифоҳи оид ба фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иxроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони мансабдори он оид ба масъалаҳои алоҳида дар назар дошта шудааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, мақомоти давлатӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон (минбаъд — дархосткунанда) ба мақоми дахлдори қонунгузорӣ, иxроия, ҳокимияти судӣ ва бойгонӣ, шахсони мансабдори онҳо дархост пешниҳод менамоянд.
Дар дархост насаб, ном, номи падари дархосткунанда, ҳуxxат, маълумоти хаттӣ ё шифоҳие, ки ба e зарур аст ва нишонии худ, ки xавобро мехоҳад ба даст орад, бояд зикр гардад.
Мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иxроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд оид ба иттилооти марбут ба фаъолияти онҳо ба таври хаттӣ, шифоҳи, тавассути телефон ё бо истифодаи маърeзаҳои оммавии шахсони мансабдори худ иттилоот пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 29. Мeҳлати баррасии дархост дар бораи дастрасӣ ба асноди расмӣ
Мeҳлати барраcии дархост вобаста ба имконияти қонеъ намудани он набояд аз cӣ рeзи тақвимӣ бештар бошад.
Дар мўҳлати дар қисми якуми моддаи мазкур нишондодашуда муассисаи давлатӣ ба дархосткунанда оид ба ҷавоби дархости ў ба таври хаттӣ маълумот пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
 
Моддаи 30. Рад ва ба таъхир гузоштани қонеъгардонии дархост дар хусуси дастрасӣ ба асноди расмӣ
Радди қонеъгардонии дархост ба маълумоти дархосткунанда дар шакли хаттӣ бо тавзеҳи тартиби шикоят намудан аз қарори қабулгардида расонида мешавад. Дар раддия бояд инҳо зикр гарданд:
1) шахси мансабдори муассиcаи давлатие, ки қонеъгардонии дархостро рад намудааст;
2) санаи раддия;
3) аcосноккунии раддия.
Ба таъхир андохтани қонеъгардонии дархост дар ҳолате иxозат дода мешавад, ки агар санади дархостшавандаро дар мeҳлати як моҳ барои ба шиносоӣ пешниҳод намудан имконнопазир бошад. Огоҳонӣ дар мавриди ба таъхир гузоштани дархост ба маълумоти дархосткунанда дар шакли хатти ба тавзеҳи тартиби шикоят намудан аз қарори қабулгардида расонида мешавад. Дар ахбор дар хусуси ба таъхир андохтани иxрои дархост ин ҳолатҳо бояд зикр гарданд:
1) шахси мансабдори муаcсисаи давлатие, ки қонеъгардонии дархостро дар мeҳлати як моҳи муқарраргардида рад намудааст;
2) санаи ирсол ё додани ахбор дар бораи ба таъхир гузошгани дархост;
3) сабабҳое, ки вобаста ба он санади дархостшавандаро наметавон дар мeҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун дод;
4)  мeҳлате, ки дархост қонеъ гардонида хоҳад шуд. Раддия ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост оид ба додани иттилооти хаттӣ низ ба ҳамин тартиб сурат мегирад.
 
Моддаи 31. Норизоӣ аз рад ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост оид ба дастрасӣ ба асноди расмӣ
Дар сурати рад намудани дархости ҳуxxат барои шиносшавӣ ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост дархосткунанда ҳуқуқ дорад нисбат ба раддия ё батаъхиргузорӣ ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят кунад.
Агар ба шикояти ба мақомоти болоӣ додашуда xавоби манфӣ ирсол гардад, дархосткунанда ҳуқуқ дорад нисбати ин раддия бо тартиби суди шикоят намояд.
Суд ҳуқуқ дорад барои таъмини пуррагӣ ва объективии баррасии парванда санадҳои расмиеро, ки имконияти шиносшавӣ бо онҳо рад шуда буд, талаб кунад ва пас аз омухтани онҳо дар мавриди асоснокии (ё беасосии) амали шахсони мансабдори муаcсисаи давлатӣ қарор қабул намояд.  (ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
Агар рад ё батаъхиргузорӣ беасос бошад, суд муассиcаи давлатиро вазифадор менамояд, ки ба дархосткунанда имконияти шиносоӣ бо санадҳои расмиро фароҳам оварад ва нисбат ба шахсони мансабдоре, ки ба дархосткунанда xавоби рад додаанд, таъиноти хусусӣ барорад.
Радди беасос оид ба фароҳам овардани имконияти шиносоӣ бо санадҳои расмӣ ё вайрон кардани мeҳлати муайяни фароҳам овардани он бидуни сабабҳои узрнок тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси xавобгарии шахсони мансабдори муассисаҳои давлатӣ мегардад.
Шикоят нисбат ба рад ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост дар хусуси иттилооти хаттӣ бо тартиби дар ҳамин модда зикршуда сурат мегирад.
 
Моддаи 32. Тартиби xуброни хароxот оид ба қонеъгардонии дархостҳои вобаста ба дастрасӣ ба асноди расмӣ ва пешниҳоди иттилооти хаттӣ
Дархосткунанда бояд пурра ё қисман хароxоти вобаста ба иxрои дархостҳо оид ба дастрасӣ ба асноди расмӣ ва пешниҳоди иттилооти хаттиро xуброн намояд.
Тартиби пардохти нусхаи асноди дархостшаванда аз xониби муаcсисаи давлатӣ муайян карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва андози пардохти корҳоро вобаста ба xамъоварӣ, xустуxe, таҳия, таъсис ё пешниҳод намудани иттилооти хаттии дархостшаванда, ки набояд аз хароxоти воқеии вобаста ба иxрои дархост бештар бошад, муайян мекунад.
Корҳои оид ба xустуxeи асноди расмӣ пардохта намешаванд.
 
Моддаи 33. Ҳуxxатҳо ва иттилооте, ки тибқи дархост барои шиносшавӣ дода намешаванд
Аз рeи дархости иттилооти санадҳои расмии дорои мазмуни зайл мавриди пешниҳод барои шиноcшавӣ қарор намегиранд:
— иттилооте, ки тибқи тартиби муқарраргардида дорои сирри давлатӣ эътироф гардидааст;
— иттилооти пинҳонӣ;
— иттилоот дар бораи корҳои фаврию тафтишотии мақомоти таҳқиқ ва суд дар ҳолатҳое, ки ошкор намудани онҳо метавонанд ба чорабиниҳои фаврӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ зарар расонад, ҳуқуқи инсон барои баррасии одилона ва объективии парвандаи судии e вайрон гардад, ба ҳаёт ва саломатии ягон шахc таҳдид ба миён оварад;
— иттилооти марбут ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон;
— ҳуxxатҳое, ки муросилоти хизмати дохилиидоравиро ташкил медиҳанд (маълумотномаҳо, муросилоти байни воҳидҳои сохторӣ ва ғайра), агар онҳо бо коркарди самти фаъолияти муассиса, xараёни қабули қарорҳо алоқаманд буда, барои қабули онҳо замина гардидаанд;
— иттилооте, ки тибқи дигар қонунҳо ё санадҳои меъёрӣ набояд ошкор карда шававд. Муассисае, ки ба он дархост пешниҳод шудааст, метавонад ҳуxxати дорои иттилоотеро, ки дар асоси санади меъёрии дигар муаcсисаи давлатӣ бояд ошкор карда нашавад, барои шиносшавӣ пешниҳод накунад ва он муаcсисаи давлатие, ки дархостро баррасӣ менамояд, ҳуқуқ надорад масъалаи ошкор намудани онро арзёбӣ кунад;
— иттилооти муассисаҳои молиявӣ, ки барои идораҳои тафтишу молиявӣ таҳия гардидаанд.
 
Моддаи 34. Ҳуқуқи моликият ба иттилоот
Иттилоот объекти ҳуқуқи моликияти давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Иттилоот метавонад ҳам дар ҳаxми пурра ва ҳам танҳо вобаста ба соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдорӣ объекти ҳуқуқи моликият бошад. (ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
Асосҳои ба миён омадани моликият ба иттилоот аз инҳо иборатанд:
— ташаккули иттилоот бо қувваи худ ва аз ҳиcоби худ;
— шартнома дар бораи ба даст овардани иттилоот;
— шартномае, ки шартҳои ба дигар шахc гузаштани ҳуқуқи моликият ба иттилоотро дар бар мегирад.
Иттилооте, ки аз xониби якчанд шаҳрванд ё шахсони ҳуқуқи таъсис шудааст, моликияти умумии муассисон мебошад. Тартиб ва қоидаҳои истифодаи чунин моликият мувофиқи шартномаи байни моликон басташуда муайян карда мешавад.
Иттилооте, ки аз xониби ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) таъсис шудааст, ё бо роҳи дигари қонунӣ ба даст дароварда шудааст, моликияти ин ташкилотҳо мебошад.
Иттилооте, ки аз ҳиcоби маблағҳои буxети давлатӣ ҳосил шудааст, моликияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Иттилооте, ки дар асоси ҳуқуқи моликияти инфиродӣ ҳосил шудааст, дар ҳолати дар асосҳои шартномавӣ барои нигоҳдорӣ супурдани он ба махзанҳои дахлдори маълумот, фондҳо ва бойгониҳо метавонад ба моликияти давлатӣ мансуб дониста шавад.
Молики иттилоот ҳуқуқ дорад шахси амалкунандаи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории иттилоотро таъйин намуда, қоидаи коркарди иттилоот ва дастрасӣ ба онро муайян карда, инчунин дигар шартҳоро нисбат ба иттилоот муқаррар намояд.
 
Моддаи 35. Иттилоот ҳамчуи мол
Маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонии иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти иттилоотӣ машғуланд, метавонад объекти муносибатҳои молӣ гардад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд. (ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
Нарх ва нархгузорӣ ба маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонии иттилоотӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 4. ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БА ИТТИЛООТ, РОҲ НАДОДАН БА СУИИСТИФОДА АЗ ҲУҚУҚ БА ИТТИЛООТ
Моддаи 36. Ҳифзи ҳуқуқ ба иттилоот
Ҳуқуқ ба иттилоот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. Давлат ба ҳама иштироккунандагони муносибатҳои иттилоотӣ ҳуқуқҳои баробар ва имконияти баробар барои дастрасӣ ба иттилоот кафолат медиҳад.
Ҳеx кас ҳуқуқ надорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 33 Қонуни мазкур ҳуқуқи шахсро дар интихоби шакл ва манбаи гирифтани иттилоот маҳдуд созад. (ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
Субъекти ҳуқуқ ба иттилоот метавонад рафъи ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳои нисбат ба e рухдодаро талаб намояд.
Мусодираи нашрияҳо, нигораҳо, махзанҳои иттилоотӣ, ҳуxxатҳои фондҳои бойгонӣ, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва несту нобуд кардани онҳо дар заминаи мавқеи идеологӣ ва сиёсӣ манъ аст.
 
 
     Моддаи 37. Роҳ надодан ба суиистифода аз ҳуқуқ ба иттилоот
 Истифодаи иттилоот ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ба муқобили амнияти иттилоотӣ, барои барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ҷанг, зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, хусумати иҷтимоӣ, таҷовуз ба шахсият, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таблиғи фаҳшу фуҷур (порнография) манъ аст. «ҚҶТ аз 21.07.2012 с №848»
 
 
Моддаи 38. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
Шахсон дар ҳолатҳои зерин барои вайрон намудани қонунгузорӣ дар бораи иттилоот xавобгар мебошанд:
— беасос рад намудани пешниҳоди иттилоотӣ дахлдор;
— пешниҳод намудани иттилооте, ки ба ҳақиқат мувофиқат намекунад;
— сари вақт пешниҳод накардани иттилоот;
— дидаю дониста пинҳон доштани иттилоот;
— Маҷбурсозӣ ба паҳн намудан ё муқобилат ба паҳн намудан, ё радди беасоси паҳн намудани иттилооти дахлдор;
— паҳн намудани иттилооте, ки ба ҳақиқат мувофиқ набуда, обрую эътибори шахсро паст мезанад;
— истифода ва паҳн намудани иттилоот оид ба ҳаёти шахсии шаҳрванд, бидуни розигии e аз xониби шахсе, ки вобаста ба иxрои eҳдадориҳои хизматии шахсӣ молики иттилооти дахлдор мебошад;
— ошкор намудани сирри давлатӣ ё дигар сирри қонунан ҳифзшаванда аз xониби шахсе, ки бояд ин сирро ҳифз намояд;
— вайрон кардани тартиби нигоҳ доштани иттилоот;
— дидаю дониста несту нобуд кардани иттилоот, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;
— беасос ба гурeҳи маълумотӣ воридшавии маҳдуд марбут донистани навъҳои алоҳидаи иттилоот.
Шикоят аз рeи амали ғайриқонунии шахсони мансабдор ба мақомоти сатҳи болоие, ки ин шахсони мансабдор ба он тобеанд, пешниҳод карда мешавад.
Дар сурати ба шаҳрванд, шахси ҳуқуқӣ ва ба мақомоти давлатӣ расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ва дар ҳолати қонеъ нагардонидани шикояте, ки ба мақоми болоӣ кардааст, шаҳрванд ва шахси ҳуқуқӣ ҳақ дорад нисбат ба амали ғайриқонунии шахси гунаҳкор ба суд шикоят кунад.
 
БОБИ 5.  ФАЪОЛИЯТИ  ИТТИЛООТИИ  БАЙНАЛМИЛАЛӣ,  ҲАМКОРӣ  БО  ДИГАР  ДАВЛАТҲО, ТАШКИЛОТҲОИ  ХОРИXӣ  ВА Б АЙНАЛМИЛАЛӣ  ДАР  СОҲАИ  ИТТИЛООТ
 
Моддаи 39. Фаъолияти иттилоотии байналмилалӣ
Фаъолияти иттилоотии байналмилалӣ аз таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо иттилооти расмӣ ё ба таври оммавӣ эълонгардида оид ба фаъолияти сиёсати хориxии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеа ва падидаҳое, ки дар дигар кишварҳо рух медиҳанд, инчунин мақсаднок берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн намудани иттилооти ҳаМаҷониба дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон иборат мебошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодона ва бемамониат ба даст овардани иттилоот тавассути манбаъҳои хориxӣ, аз Ҷумла пахши мустақими телевизион, радио, матбуот ва системаҳои иттилоотӣ ҳуқуқ доранд.
Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии хабарнигорони хориxии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориxӣ, инчунин фаъолияти иттилоотии намояндагони дипломатмӣ, консулгарӣ ва дигар намояндагони расмии хориxӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, танзим могардад.
Таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои муштарак дар соҳаи иттилоот бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориxӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, танзим мегардад. (ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
 
 
Моддаи 40. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар cоҳаи иттилоот оид ба масъалаҳои дорои манфиати муштарак дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии машғул ба фаъолияти иттилоотӣ ба имзо расонидаанд, сурат мегирад. «ҚҶТ аз 21.07.2012 с №848»
 
 
Моддаи 41. Воридот ва содироти маҳсулоти (хизматрасонии) иттилоотӣ
Воридот ва cодироти маҳсулоти (хизматраеонии) иттилооти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти иқтиcодии хориxӣ анxом дода мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.2012 с №848)
 
Моддаи 42. Мустақилияти иттилоотӣ
Асоси мустақилияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ моликият ба захираҳои миллии иттилоотӣ мебошад.
Ба захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иттилооти марбутаи он, сарфи назар аз мазмун, шакл, вақт ва макони ташаккул, дохил мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ захираҳои иттилоотиро мустақилона ташаккул дода, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, онро озодона ихтиёрдорӣ менамояд.
Моддаи 43. Кафолатҳои истиқлоли иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлоли иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъмин мегардад:
— бо ҳуқуқи мустаснои моликии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба захираҳои иттилоотие, ки аз ҳисоби маблағҳои буxети давлат ташаккул меёбанд;
— бо ҳифзи системаҳои миллии иттилоотӣ;
— бо муқаррар кардани низоми дастрасии дигар давлатҳо ба захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— бо истифодаи захираҳои иттилоотӣ дар асоси ҳамкориҳои баробарҳуқуқ бо дигар давлатҳо.
 
Моддаи 44. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 10 майи соли 2002
 № 55
 

Илова кунед