Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05 Декабр 2001, Чоршанбе

738         Оиди қабули Оинномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди амал қарор додани он
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Оинномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
  2. Оинномаи мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       С.Хайруллоев
 
ш.Душанбе, 5 декабри соли 2001
№  469
_______________________
 
О И Н Н О М А И
 
ХИЗМАТИ ГАРНИЗОНӣ ВА қАРОВУЛИИ
қУВВАҳОИ МУСАЛЛАҳИ ҷУМҳУРИИ ТОҷИКИСТОН
 
Ин Оиннома муқаррар намудан, ташкил ва тартиби адои хизмати гарнизонию қаровулӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои ашхоси мансабдори гарнизон ва хизматчиёни ҳарбиеро, ки ин хизматҳоро адо менамоянд муайян ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои гарнизониро бо иштироки қўшунҳо танзим менамояд.
Оинномаи хизмати гарнизонӣ ва қаровулиро хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо, раёсатҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои таълими ҳарбии маълумоти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ мегиранд.
Амали Оинномаи мазкур нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, татбиқ карда мешавад.
 
МУқАРРАРОТИ   УМУМӣ
 
  1. қисмҳои ҳарбие, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар минтақаи аҳолинишин ё берун аз он ҷойгиранд, гарнизонро ташкил медиҳанд.
Чун қоида, ба ҳайати гарнизони калон тамоми қисмҳои ҳарбие, ки дар минтақаҳои аҳолинишини ба он наздик ҷойгиранд, дохил мешаванд.
  1. Дар ҳар як гарнизон хизмати гарнизонӣ ва қаровулӣ ташкил карда мешавад.
Мақсади хизмати гарнизонӣ аз таъмини нигаҳдории интизом дар гарнизон, фароҳам овардани шароити зарурӣ дар зиндагии ҳамарўза ва омодагии қўшунҳо, ҳаракати муташаккилона ҳангоми бонги хатар ва иҷрои чорабиниҳои гарнизонӣ бо иштироки қўшунҳо иборат мебошад.
Хизмати қаровулӣ барои ҳимоя ва мудофиаи боэътимоди байрақҳои ҷангӣ, анборҳои аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, воситаҳои дигари моддӣ ва объектҳои дигари ҳарбиву давлатӣ, ҳамчунин ҳимояи ашхосе, ки дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ва баталёни интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, пешбинӣ шудааст.
  1. Ҳудуди минтақае, ки дар он хизмати гарнизонӣ ташкил мешавад, бо фармони Вазири мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ба ин минтақа ѓайр аз мавзеъҳое, ки дар онҳо қўшунҳо ҷойгиранд, метавонад баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини наздиктарине, ки барои фаъолияти хоҷагидорӣ ва хизматрасонии мадании қисмҳои гарнизон аҳамияти муҳим доранд, метавон дохил карда шаванд.
Ҳудуди гарнизон бояд барои тамоми ҳайати шахсии гарнизон хуб маълум бошад.
  1. Ба хизмати гарнизонӣ ва қаровулӣ фармондеҳони намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дохили гарнизон сардори гарнизон роҳбарӣ мекунанд. Масъулият барои ҳолати хизмати гарнизонӣ ва қаровулӣ дар қўшунҳои тобеъ ҳамчунин ба зиммаи ҳамаи сардорони мустақим гузошта мешавад.
Фармондеҳони намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи сардорони мустақим ўҳдадоранд, ки ҳолати хизмати гарнизонӣ ва қаровулиро дар қўшунҳои тобеъ мунтазам аз назар гузаронанд, ҳамчунин бо сардорон ва комендантҳои гарнизонҳо чорабиниҳое гузаронанд, ки ба ҳамаҷониба беҳтар намудани интизоми ҳарбӣ ва тартибот дар гарнизон нигаронида шуда бошанд.
Фармонҳои фармондеҳони намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳои сардорони гарнизонҳо доир ба ташкили хизмати гарнизонӣ ва қаровулӣ бояд аз тарафи қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таълими ҳарбии маълумоти касбӣ, муассисаҳо, дастаҳо ва хизматчиёни ҳарбии алоҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисмҳои ҳарбии дигар вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар ҳудуди ҳамин гарнизони ҳарбӣ ҷойгиранд, дақиқан иҷро карда шаванд.
  1. Барои адои хизмати гарнизонӣ ва қаровулӣ қисмҳои ҳарбие, ки ба гарнизон шомил мешаванд, ҷалб карда мешаванд.
Воҳидҳои ҳарбии Вазорати амнияти ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмати қаровулӣ ва гарнизонӣ ҷалб карда намешаванд.
Навбатдории адои хизмати гарнизонию қаровулӣ дар гарнизон, қисмҳои ҳарбӣ вобаста ба ҳайат ва таъиноти онҳо аз тарафи сардори гарнизон муқаррар карда мешавад.
Муассисаҳои таьлими ҳарбии маълумоти касбӣ барои адои хизмати гарнизонӣ ва қаровулӣ дар гарнизон, дар доираи вақте, ки дар барномаи таълим ба ин мақсад муқаррар шудааст, ҷалб карда мешавад.
  1. Хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла занон, барои адои хизмати гарнизонӣ ва қаровулӣ ҷалб карда намешаванд, ба истиснои иштирок кардан дар маросими дафни хизматчиёни ҳарбӣ ва гулгузорӣ ба пояи ҳайкал ва оромгоҳҳои хизматчиёни ҳарбие, ки барои озодӣ ва истиқлолияти Ватан шаҳид шудаанд.
  2. ҳар як хизматчии ҳарбӣ вазифадор аст, ба ашхосе, ки хизмати гарнизонӣ ва қаровулиро адо мекунад, ёрӣ расонад.
Хизматчии ҳарбие, ки вайрон гардидани қоидаи хизматро аз ҷониби ҳайати патрул, нозирони бозрасии ҳарбии автомобилӣ (БХА), ё қаровул мушоҳида мекунад, вазифадор аст дар бораи он ба коменданти ҳарбии гарнизон, навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ, ба сардори қаровул) фавран хабар диҳад ва ба сардори бевоситаи худ низ гузориш диҳад.
 
ҚИСМИ   ЯКУМ
ТАШКИЛИ   ХИЗМАТИ   ГАРНИЗОНӣ
 
Б О Б И   I
АШХОСИ МАНСАБДОРИ ГАРНИЗОН ВА
ВАЗИФАҳОИ ОНҳО
 
  1. Дар ҳар як гарнизон сардори гарнизон, муовини (ёвари) вай оид ба корҳои тарбиявӣ, коменданти ҳарбӣ ва сардори бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизонӣ таъин карда мешаванд ва дар ин бора дар фармони сардори гарнизон эълон карда мешавад.
  2. Сардори гарнизон бо фармони Вазири мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
Дар бораи ба иҷрои вазифаҳояш шурўъ кардан сардори гарнизон фармон бароварда онро дар гарнизон эълон мекунад ва дар ин бора ба фармондеҳони намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ хабар медиҳад.
  1. Дар гарнизонҳое, ки комендатураҳои ҳарбии штатӣ надоранд, барои иҷрои вазифаи коменданти ҳарбии гарнизон ва ёварони ў афсарони қисмҳои ҳарбии ҳамин гарнизон таъин карда мешаванд.
  2. Агар дар як гарнизон қисмҳои ҳарбии намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон ва қўшунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи Президентӣ якҷоя ҷойгир бошанд, ёварони коменданти гарнизон доир ба ин навъи қўшунҳо аз ҳамин қўшунҳо таъин карда мешаванд.
  3. Дар гарнизонҳое, ки дар таркибашон якчанд ҷузъу том (қисми ҳарбӣ) доранд, аз ҳисоби ашхоси дахлдори мансабдори вазифаашон калон ба ѓайр аз шахсони дар моддаи 8 нишон додашуда, инҳо таъин карда мешаванд:
  • Муовини (ёвари) сардори гарнизон оид ба корҳои тарбиявӣ;
  • муовини сардори гарнизон оид ба ақибгоҳ;
  • ёвари сардори гарнизон оид ба корҳои ҳуқуқӣ;
  • сардори бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизон;
  • сардори алоқаи гарнизон;
  • сардори хадамоти ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологии гарнизон;
  • сардори хадамоти тиббии гарнизон;
  • сардори хадамоти байтории (ветеринарии) гарнизон;
  • сардори калони хадамоти молия дар гарнизон;
  • сардори хадамоти оташнишонӣ ва корҳои наҷотдиҳии гарнизон;
  • дирижери ҳарбии гарнизон.
Сардори маҳбаси ҳарбии гарнизон афсар таъин карда мешавад. Вай ҳамзамон ёвари коменданти ҳарбии гарнизон аст. Дар ҷое, ки ин вазифа дар штат пешбинӣ нашудааст, онро яке аз афсарон (ёвари коменданти гарнизон) иҷро мекунад.
  1. Ҳамаи ашхоси мансабдори гарнизон, ба истиснои коменданти гарнизон ва сардори маҳбаси ҳарбии (гаупвахтаи) гарнизонӣ, вазифаҳои худро бо ҳифзи мақом иҷро мекунанд.
ҳамаи ашхоси мансабдори гарнизон бевосита ба сардори гарнизон, сардори маҳбаси (гауптвахтаи) гарнизонӣ ва дирижери ҳарбӣ бошад, ба коменданти гарнизон итоат мекунанд.
 
САРДОРИ ГАРНИЗОН
 
  1. Сардори гарнизон барои таъмини интизоми ҳарбӣ дар гарнизон; ташкил ва адо намудани хизмати гарнизонӣ ва қаровулӣ; ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои доир ба мудофиаи маҳаллӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти мудофиаи гарнизонӣ; иҷрои  чорабиниҳои  сафарбарии гарнизон;   таъмини    шароити    зарурӣ   барои ҳаёт ва омодагии ҳамарўзаи қўшунҳо; ҳолати ҳимоя аз сўхтор; гузаронидани чорабиниҳои гарнизонӣ бо ҷалби қушунҳо масъулият дорад. Ў ҳақ дорад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳайати шахсӣ ва воситаҳои нақлиёти қисмҳои ҳарбии гарнизонро ҷалб намояд.
Сардори гарнизон аз рўи масъалаҳои хизмати гарнизонию қаровулӣ ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад ва аз рўи ин масъалаҳо барои ҳамаи хизматчиёни ҳарбии гарнизон, ҳамчунин ба командирони ҷузъу томҳо, қисмҳои ҳарбӣ, ки ба ҳайати гарнизон шомиланд, сардори мустақим ба ҳисоб меравад.
  1. Сардори гарнизон вазифадор аст:
  • ҳамарўза ба фаъолияти ашхоси мансабдори гарнизон роҳбарӣ намояд;
  • дар ҳар як чоряки сол вазъи интизоми ҳарбӣ, хизмати гарнизонию қаровулиро дар гарнизон таҳлил намуда, бо командирони қисмҳои ҳарбӣ ва муовинони (ёварони) онҳо оид ба корҳои тарбиявӣ хулоса бароварда, оиди пешгирии ҷинояту ҳодисот, ҳушёрии баланд ва нигаҳдошти сирҳои ҳарбию давлатӣ тадбирҳо андешад;
  • бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ алоқаи зич ҷорӣ намуда, ҳамроҳи онҳо ҳамаи масъалаҳои заруриро, ки бо ташкили хизмати гарнизонӣ, мудофиаи гражданӣ ва маҳаллӣ, гузаронидани чорабиниҳои якҷоя, ҳамчунин беҳтаргардонии шароити зиндагӣ, қаноаткунонии дигар хоҳишу дархостҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо вобаста аст, ҳал намояд;
  • ҳимоя ва мудофиаи объектҳои гарнизониро ташкил намуда, ҷадвали қаровулҳои гарнизониро ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда ба ў дар бораи сарҳадҳои гарнизон дархосту гузориш диҳад;
  • тартиби даромадан ба иншоотҳои таҳти муҳофизати посбонҳои гарнизон бударо муқаррар кунад;
  • на камтар аз як бор дар як моҳ адои хизматро аз ҷониби қаровулҳои гарнизонӣ ва дохилӣ, патрулҳои гарнизонӣ ва постгоҳҳои назоратии бозрасии ҳарбии автомобилӣ(БҲА) ҳамчунин дуруст нигоҳ доштани маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) дар маҳбаси ҳарбии гарнизон санҷад;
  • мувофиқи дастури вазири мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо, дастаҳо)-и ба гарнизон омадаро ҷобаҷо кунад;
  • барои қисмҳои ҳарбии гарнизон тартиби истифода бурдани объектҳои пойгоҳи моддии дастурҳои таълимӣ, майдонҳои машқи тирандозӣ, машқгоҳҳои ҳарбӣ, машқгоҳҳои танкҳо ва дигар объектҳои таьлимиро муайян карда, ҳамчунин ташкили чорабиниҳои бехатариро дар онҳо назорат кунад;
  • ҷой, вақт ва тартиби оббозии ҳайати шахсиро муқаррар карда, ба риояи тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ назорат кунад;
  • нақшаҳои гузаронидани чорабиниҳои умумигарнизонии фарҳангию маърифатӣ, варзишӣ ва барномаи ба қисмҳои гарнизон хизмат расондани муассисаҳои фарҳангию маърифатиро баррасӣ ва тасдиқ намояд;
  • ба кори БҲА-и гарнизон роҳбарӣ кунад; бо мақомоти маҳаллии бозрасии давлатии автомобилӣ робита намуда, ба онҳо дар бобати иҷрои талаботи бехатарии ҳаракат ёрӣ расонад;
  • ба кори қисми истифодабарии манзили ноҳия (гарнизон) оид ба ҷойгиронии қисмҳои ҳарбӣ роҳбарӣ карда, тақсими манзилро дар гарнизон тасдиқ намояд;
  • нигаҳдории биноҳо, ҳудуди шаҳракҳои ҳарбӣ ва иморатҳои истифодаи умумигарнизониро аз ҷониби қисми ҳарбӣ санҷад ва дар сурати холӣ шудан муҳофизати онҳоро ташкил кунад;
  • парадҳои қўшунҳои гарнизон ва дигар чорабиниҳоро бо иштироки қўшунҳо гузаронад; ҳангоми зарурат қаровули фахрӣ таъин кунад;
  • барои мубориза бо сўхтор ва офатҳои табиӣ ё барои расонидани ёрӣ ба шаҳрвандоне, ки аз офатҳои табиӣ осеб дидаанд, ҷузъу томҳо (қисмҳои ҳарбӣ) ҷудо кунад;
  • вақти ба либоси зимистона ва тобистона гузаштани хизматчиёни ҳарбиро дар гарнизон муайян кунад;
  • оѓоз ва анҷоми мавсими гармкунии гарнизонро муқаррар кунад;
  • барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани қабристонҳои ҳарбӣ ѓамхорӣ зоҳир кунад;
  • оид ба рафтори ношоями хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳамин гарнизон хизмат намекунанд, санҷиши маъмурӣ гузаронида, онҳоро барои гуноҳи содиркардаашон ба ҷавобгарии интизомӣ кашад ва дар сурати ҷиноят содир кардани онҳо тафтишоти пешакӣ таъин карда дар ин бора ба прокурори ҳарбӣ фавран хабар диҳад.
  1. Сардори гарнизон нақшаи чорабиниҳои гарнизонро дар сурати эълони сафарбаркунӣ , нақшаи ҷамъомад ва амалиёти қисмҳои гарнизонро ҳангоми бонги хатар, сар задани сўхтор ва офатҳои табиӣ, ҳамчунин нақшаи мудофиаи маҳаллиро бо ҳамроҳии ситоди ҳамон қисми ҳарбие, ки мувофиқи вазифаи штатии ишѓолкардааш командири он аст, бо ҷалбкунии командирони дигар қисмҳои ҳарбии гарнизон ва ситодҳои онҳо, тартиб медиҳад.
  2. Сардори гарнизон ҳангоми ба ҳудуди гарнизон омадани Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро пешвоз мегирад, гузориш медиҳад ва ҳамроҳӣ мекунад. Ба пешвози ин ашхос қаровули ифтихорӣ саф ороста мешавад.
  3. Сардори гарнизон, ба ѓайр аз ашхоси дар банди 17 зикршуда, ҳангоми ба ҳудуди гарнизон омадани муовинони Вазири мудофиа, фармондеҳони намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи сардорони мустақим онҳоро пешвоз мегирад, гузориш медиҳад ва ҳамроҳӣ мекунад.
Дар сурати ба гарнизон омадани афсарон (генералҳо) барои иҷрои супоришҳои хизматии сардорони мустақими худ доир ба масъалаҳои хизмати гарнизонӣ ва қаровулӣ сардори гарнизон танҳо ба онҳое, ки рутбаи баландтар доранд худро муаррифӣ мекунад.
  1. Сардори гарнизони шаҳри Душанбе дар ин ҳолатҳо, ба ѓайр аз ин, дастурҳои махсусро таҳти роҳбарӣ мегирад.
 
Муовини (ёвари) сардори гарнизон оид ба корҳои тарбиявӣ
 
  1. Муовини (ёвари) сардори гарнизон оид ба корҳои тарбиявӣ барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои умумигарнизоние, ки барои мустаҳкам кардани интизоми ҳарбӣ дар гарнизон мусоидат мекунад, масъул аст.
Ў вазифадор аст:
  • доир ба пешгирӣ кардани рўйдодҳои номатлуб, мустаҳкам кардани интизоми ҳарбӣ, мутташаккилӣ ва тартибу низом дар гарнизон тадбирҳо андешад;
  • мувофиқи нақшаи тасдиқшуда чорабиниҳои умумигарнизонии гуманитарӣ ва фарҳангию маърифатӣ ташкил кунад ва гузаронад;
  • бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассиса ва корхонаҳо алоқаи мустаҳкам барқарор кунад, ҳамчунин иштироки қисмҳои ҳарбии гарнизонро дар чорабиниҳои оммавие, ки дар гарнизон гузаронида мешаванд, таъмин намояд;
  • ба кори муассисаҳои фарҳангию маърифатии гарнизон роҳбарӣ кунад;
  • нақшаи ба қисмҳои ҳарбии гарнизон хизмат расонидани муассисаҳои фарҳангию маърифатии маҳаллӣ ва гарнизониро тартиб диҳад ва барои тасдиқ ба сардори гарнизон пешниҳод кунад;
  • нигоҳ доштани сирри ҳарбӣ ва давлатиро дар гарнизон доимо назорат кунад ва барои баланд бардоштани ҳушёрӣ тадбирҳо андешад;
  • барои беҳбуди шароити маишӣ ва зисти қўшунҳои гарнизон, бо фондҳои казармавӣ таъмин кардани онҳо ва бо манзил таъмин намудани оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ѓамхорӣ кунад;
  • адои хизмати қаровулҳои гарнизонӣ ва дохилӣ, шароити нигоҳдории маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро дар маҳбаси ҳарбии гарнизон, ҳамчунин ташкил ва иҷрои корҳои тарбиявиро дар байни ҳайати шахсии қаровулҳо ва маҳбусон на камтар аз як бор дар як моҳ санҷад;
  • сари вақт ба сардори гарнизон дар бораи вазъияти ахлоқию рўҳӣ ва интизоми ҳарбии қўшунҳои гарнизон, ҳамчунин дар бораи чорабиниҳои ҳарбию гуманитарии умумигарнизонӣ гузаронидашуда гузориш диҳад;
  • ба қабрҳои шаҳидон ва ёдгориҳои ҳарбӣ богулчанбарҳо гузоштани қисмҳои ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбиро дар рўзҳои ид ташкил диҳад.
 
КОМЕНДАНТИ   ҲАРБИИ  ГАРНИЗОН
 
  1. Коменданти ҳарбии гарнизон барои таъмини интизоми баланди ҳарбӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар кўчаҳо, барои дуруст ва ҳушёрона хизматро иҷро кардани қаровулҳо, патрулҳои гарнизон ва нуқтаҳои санҷишии БҲА, ҳамчунин барои дар маҳбаси ҳарбии гарнизон дуруст нигоҳ доштани маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) бевосита масъулият дорад.
Барои дар амал татбиқ кардани фармонҳои сардори гарнизон коменданти ҳарбии гарнизон ҳуқуқ дорад аз номи ў амр дода, ба ў дар бораи муҳимоти он гузориш диҳад.
Коменданти ҳарбии гарнизон аз ҳуқуқи интизомие истифода мебарад, ки нисбат ба ҳуқуқҳои мувофиқи рутбаи ҳарбӣ мутобиқи мансаби аз рўи штати ишѓолкардаи ў пешбинишуда як зина боло бошад.
  1. Коменданти ҳарбии гарнизон вазифадор аст:
-аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ риоя гардидани интизоми ҳарбӣ ва қоидаҳои пўшидани намуди муқарраршудаи либос ва саломи ҳарбиро назорат кунад; вазъи интизоми ҳарбӣ, хизмати қаровулӣ ва посбониро дар гарнизон мунтазам омўхта, ҷамъбаст намояд ва ба сардори гарнизон барои беҳтар кардани он ва бартараф намудани омилҳое, ки боиси вайрон кардани интизом мешавад, таклифҳо пешниҳод кунад;
-бо супориши сардори гарнизон ҷадвали ивазшавии қаровулҳои гарнизонӣ, ҳамчунин варақаи наряди гарнизонӣ (шабонарўзӣ), табели постгоҳҳо, (замимаҳои 1, 2 ва 3), нақшаҳои ҷойгиршавии постгоҳҳо, дастурамалҳо барои ёварони сардорони қаровулҳо(танзимгарон) оид ба воситаҳои техникии ҳимоя, барои навбатдории қаровулҳои гарнизонӣ ва ёварони онҳо, нақшаи патрулӣ ва дастурамали патрулҳоро тартиб диҳад;
-ба дастури сардори гарнизон тибқи ҷадвали қаровулҳо муҳофизат ва мудофиаи объектҳои умумигарнизонӣ ва хизмати патрулиро дар гарнизон ташкил кунад;
-доир ба тадбирҳои ихтисори шумораи наряди гарнизонӣ ва беҳтар кардани тартиби хизмати он ба сардори гарнизон гузориш диҳад;
-шахсан на камтар аз ду бор дар як моҳ хизмати қаровулҳои гарнизон, вазъи берунии объектҳои муҳофизатшаванда, вазъи постгоҳҳо ва қаровулхонаҳо, мавҷудият ва дурустии таҷҳизот ва асбобу анҷоми қаровулхонаҳо ва постгоҳҳоро санҷад;
-дар қисмҳо тайёрии ҷузъу томҳои барои қаровулии гарнизонӣ таъиншуда (постгоҳҳои ҷудогонаи нигаҳбонӣ) ва омодагии ҷузъу томҳои навбатдори гарнизонро санҷад;
-ба дастури сардори гарнизон дар тартиб додани нақшаи таҷаммўъ ва амалиёти қисмҳои гарнизон ҳангоми бонги хатар, дастурамал дар сурати эълони бонги хатар дар гарнизон, сар задани сўхтор ва офатҳои табиӣ иштирок намояд;
-омодагии қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи маҳаллиро дар гарнизон назорат кунад;
-якҷоя бо сардори алоқаи гарнизон воситаҳои нигаҳдории алоқаро бо қаровулҳои гарнизон, тартиби расонидани амрҳои сардорони қаровулҳо ва аз тарафи онҳо пешниҳод гардидани хабарҳоро муайян намояд; риояи қоидаҳоеро, ки барои гуфтушунидҳо бо истифодаи воситаҳои алоқа муқаррар карда шудаанд, санҷад;
-варақаи кори (наряди) оркестрҳои қисмҳоро баррасӣ намояд ва онро барои тасдиқ ба сардори гарнизон пешниҳод кунад;
-ба навбатдорони қаровулҳо, ёварони онҳо ва ҳайати посбонон пеш аз оѓози хизмат (наряд) дастурамал диҳад; ба навбатдорони қаровулҳо номи рамзӣ (парол)-ро супорад;
-гузаронидани ҷобаҷошавии (разводи) қаровулҳои гарнизонро санҷад;
-ба патрул ва наряд дастурамал диҳад, ба сардорони патрулҳо асноди зарурӣ диҳад ва фаъолияти хизмати патрулиро дар гарнизон назорат намояд;
-бо мақомоти милиса алоқаи зич барқарор намояд ва ба онҳо доир ба гузаронидани чорабиниҳое, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равона шудаанд, кўмаки зарурӣ расонад;
-варақаи посбонии қаровулҳои гарнизонро ҳар рўз аз назар гузаронида, камбудиҳои ошкоршударо бетаъхир рафъ намояд;
-дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани маҳбаси ҳарбии гарнизон ва ба таври лозимӣ нигоҳ доштани маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро дар он назорат кунад;
-ба сардори маҳбаси ҳарбӣ дар бораи ба кор, ба ҳаммом ё бо талаби мақомоти судиву тафтишотӣ барои бозпурсӣ ё ба суд фиристодани маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда), ҳамчунин дар бораи ба муассисаҳои табобатӣ фиристодани маҳбусони беморшуда (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) фармонҳои хаттӣ (замимаи 14) диҳад;
-ҳодисаҳо ва вайрон кардани интизоми ҳарбиро дар гарнизон сари вақт ошкор намояд, онҳоро ба ҳисоб гирад, дар бораи онҳо ва тадбирҳои андешидашуда ба сардори гарнизон гузориш диҳад, ҳамчунин прокурори ҳарбии гарнизонро дар бораи ҷиноятҳои содиршуда ва фалокатҳо хабардор намояд;
-бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷойҳоро барои оббозии ҳайати шахсӣ, шустани либос ва сомони хоб, шустани мошинҳо муқаррар намояд ва онҳоро бо дастури сардори гарнизон дар байни қисмҳои гарнизон тақсим кунад;
-таҷҳизоти ҷойҳои оббозии қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин ташкил ва иҷрои хизмати дастаи шиноварони навбатдор ва дастурдиҳандаи санитариро санҷад;
-ҳамаи қисмҳои ҳарбии гарнизон, ҷузъу томҳои алоҳида (дастаҳо), ҳамчунин хизматчиёни ҳарбиро, ки ба сафари хизматӣ ё рухсатӣ меоянд, ба қайд гирад (замимаи 13) ва бозгашти саривақти онҳоро ба ҷойҳои хизматашон назорат кунад;
  • яроқҳои аз хизматчиёни ҳарбии боздошташуда гирифта шударо, ба қайд гирад;
  • ҷузъу томҳо (дастаҳо) ва хизматчиёни ҳарбии алоҳидаеро, ки дар сафар мебошанд, ҷо ба ҷо кунад, хизматчиёни ҳарбии мазкур, ҳамчунин посбонҳоеро, ки нақлиёти ҳарбиро ҳамроҳӣ мекунанд, мувофиқи тавсияномаҳо бо тўшаи роҳ таъмин кунад;
  • барои расонидани ёрии тиббӣ ба хизматчиёни ҳарбии беморшуда, ки дар ҳудуди гарнизон дар рухсатӣ ва сафари хизматӣ мебошанд, тадбирҳо андешад;
  • қаровули биноҳои казармавии қисмҳои ҳарбие, ки ба машқгоҳҳо рафтаанд ва ё аз ҳайати гарнизон баромадаанд, санҷад;
-ҳаракати мунтазами қисмҳои ҳарбӣ, қатораҳои ҷудогонаи автомобилҳо ва мошинҳои тасмачархеро, ки мегузаранд, танзим намояд;
-тайёрии қўшунҳои гарнизонро барои парад назорат карда, тартиботи бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани парадҳо, намоишҳо, ва дигар чорабиниҳои гарнизонӣ, ки дар онҳо қўшунҳо иштирок мекунанд, таъмин намояд;
-бо дастури сардори гарнизон аз ҳисоби қисмҳои ҳарбии гарнизон қаровулҳои ифтихорӣ тартиб диҳад ва тайёр кунад; дафни хизматчиёни ҳарбии фавтида ва ашхосеро, ки дар дафни онҳо қаровули ифтихорӣ таъин шудааст, ташкил кунад;
-қабристонҳои ҳарбӣ, қабри шаҳидон ва ёдгориҳои ҳарбие, ки дар қаламрави гарнизон ҷойгиранд, ба қайд гирифта, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳоро назорат кунад.
  1. Коменданти ҳарбии гарнизон шахсан худаш ва бо воситаи тобеъонаш вазифадор аст, ки аз хизматчиёни ҳарбӣ риояи қатьии интизоми ҳарбӣ ва тартиботро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар кўчаҳо қотеъона талаб кунад ва ягон амали беҷои онҳоро беҷазо нагузорад.
Дар сурати интизоми ҳарбиро вайрон кардани хизматчиёни ҳарбӣ коменданти ҳарбии гарнизон вазифадор аст ба хизматчиёни ҳарбие, ки рутбаҳояшон аз ў поёнтар ва бо рутбаи худи ў баробаранд, огоҳӣ диҳад ва ё онҳоро мутобиқи Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир кунад ва ҷазои интизомӣ диҳад. Ў ҳамчунин метавонад хизматчии ҳарбиеро, ки интизоми ҳарбиро дар ҳолати мастӣ вайрон мекунад, ба мўҳлати на зиёда аз 1 шабонарўз муваққатан ба ҳабс гирифта, баъд аз он оид ба ҷавобгарии ин қабил хизматчии ҳарбӣ қарор қабул карда, то ҳушёр шуданаш дар маҳбаси ҳарбӣ нигоҳ дорад.
Дар сурати интизоми ҳарбиро вайрон кардани хизматчии ҳарбии рутбаи ҳарбиаш баланд коменданти ҳарбии гарнизон ба ў муроҷиат карда, аз номи сардори гарнизон талаб мекунад, ки вайронкунии интизомиро бас кунад. Агар барои гирифтани пеши роҳи интизоми ҳарбиро вайрон кардани хизматчии ҳарбӣ иқдомҳои қатъитар зарур бошанд,    коменданти   ҳарбии гарнизон фавран ба сардори гарнизон муроҷиат мекунад ва мувофиқи дастури ў амал мекунад.
Ҳангоми зарурат коменданти ҳарбии гарнизон аз хизматчии ҳарбие, ки интизоми ҳарбиро вайрон кардааст, ҳуҷҷатҳои шахсии ўро талаб мекунад ва агар ин ҳуҷҷатҳо набошанд ё нодуруст тартиб дода шуда бошанд, хизматчии ҳарбиро дастгир намуда, ўро дар ҳуҷраи (камераи) дастгиршудагон нигоҳ медорад.
Дар бораи ҳамаи чораҳои нисбат ба хизмати ҳарбии айбдор андешидашуда коменданти ҳарбии гарнизон ба командири қисми ҳарбӣ хабар медиҳад ва ба маълумоти сардори гарнизон мерасонад.
  1. Агар шахсияти хизматчии ҳарбии дастгиршуда бинобар бо худ надоштани ҳуҷҷат зуд муайян карда нашавад, коменданти ҳарбии гарнизон вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарўз аз лаҳзаи дастгир шудани хизматчии ҳарбӣ барои муайян кардани шахсияти ў чора андешад. Дар бораи ин гуна ашхос коменданти ҳарбии гарнизон фавран ба сардори гарнизон гузориш дода, ба прокурори ҳарбӣ хабар медиҳад.
қарор дар бораи ин гуна ашхос набояд дертар аз 3 рўз аз лаҳзаи дастгир шуданашон қабул карда шавад.
  1. Хизматчиёни ҳарбӣ ва ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда бо иҷозати прокурор оид ба гумонбарӣ дар содир кардани ҷиноят (гумонбаршудагон, айбдоршудагон) ба мўҳлати на зиёда аз 3 шабонарўз ба маҳбас фиристонида мешаванд. Агар расонидани хизматчиёни ҳарбӣ ва ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда ба маҳкамаҳои тафтишотӣ бо сабаби дурии роҳ имконнопазир бошад, он гоҳ метавонанд, онҳоро дар маҳбас то 10 шабонарўз нигаҳ доранд.
Қайди чунин ашхос бурда мешавад: дар комендатураи ҳарбии гарнизон – дар дафтари қайди хизматчиёни ҳарбии дастгиршуда мувофиқи шакли муқаррарӣ (рутбаи ҳарбӣ, ному насаб ва номи падар, рақами қисми ҳарбӣ, суроѓаи ў, тобеъият, ба кӣ хабар дода шудааст ва чӣ хел чораҳо андешида шудаанд); дар маҳбас – дар дафтари маҳбусони дар маҳбас нигоҳдошташуда (замимаи 14).
  1. ҳангоми дар қисмҳои ҳарбии гарнизон ва ё дар объектҳои гарнизон сар задани сўхтор ё офати табиӣ ва ё ягон ҳодисаи номатлуб дар қаровулҳои гарнизон коменданти ҳарбии гарнизон вазифадор аст фавран дар ин бора ба сардори гарнизон хабар диҳад ва худаш ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, тадбирҳои зарурӣ андешад.
  2. Агар хизматчии ҳарбии дар рухсатӣ ё сафари хизматӣ буда бо сабаби беморӣ ё дигар ҳолатҳое, ки аз ў вобаста нестанд, сари вақт ба ҷои хизмати худ баргашта натавонад, коменданти ҳарбии гарнизон дар бораи сабаби дер мондани ин хизматчии ҳарбӣ ба командири қисми ҳарбие, ки хизматчии ҳарбӣ аз он ҷо омадааст, хабар медиҳад. Дар сурати бемор шудани хизматчии ҳарбӣ бо амри коменданти ҳарбии гарнизон духтур ўро аз муоина мегузаронад, дар ҳолати зарурат ба табобат мефиристад.
Дар сурати фавт ё бемории вазнини аъзои оилаи хизматчи ҳарбӣ (падар, модар, зан, фарзандон, бародар, хоҳар) ё дигар ашхосе, ки вай дар тарбияи онҳо қарор дошт ва ё фалокати дигаре, ки ба оилаи хизматчии ҳарбии аз гарнизони дигар ба рухсатиомада рўй додааст, коменданти ҳарбии гарнизон ҳуқуқ дорад рухсатии ўро ба мўҳлати то 7 шабонарўз дароз кунад ва дар ин бора ба командири қисми ҳарбие, ки хизматчии ҳарбӣ аз он омадааст, фавран хабар диҳад.
ҳангоми ба ҷои хизматаш баргаштани хизматчии ҳарбӣ мўҳлат ва сабабҳои дер мондани ўро коменданти ҳарбии гарнизон дар ҳуҷҷатҳои хизматчии ҳарбӣ ва дафтари бақайдгирӣ сабт мекунад. (замимаи 13)
  1. қароргоҳи комендатураи ҳарбии гарнизон бояд барои ҳамаи қисмҳои ҳарбии гарнизон хуб маълум ва барои ҳама дастрас бошад. Дар муассисаҳои маъмурии маҳаллӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан бояд рақами телефонҳо ва суроѓаи комендатураи ҳарбии гарнизон мавҷуд бошад.
Дастур дар бораи ҷойгир намудан ва таҷҳизонидани комендатураи ҳарбии гарнизон дар замимаи 12 нишон дода шудааст.
Дар сурати набудани воситаҳои нақлиёти штатӣ комендатураи ҳарбии гарнизон аз ҳисоби қисмҳои ҳарбӣ мувофиқи нақшаи аз ҷониби сардори гарнизон тасдиқшуда бо воситаи нақлиёт таъмин карда мешавад.
Ёвари коменданти ҳарбии гарнизон
 
  1. Ёвари коменданти ҳарбии гарнизон ба коменданти ҳарбии гарнизон итоат мекунад ва ҳамаи супоришҳои ўро оид ба хизмати гарнизонию қаровулӣ иҷро мекунад. Дар фаъолияти худ вай, ҳамчунин ёварони коменданти ҳарбии гарнизон доир ба намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 22 Оинномаи мазкур ва дастурҳои коменданти ҳарбии гарнизон амал мекунанд.
 
Муовини сардори гарнизон оид ба ақибгоҳ
 
  1. Муовини сардори гарнизон оид ба ақибгоҳ дар гарнизон барои сари вақт гузаронидани тадбирҳои гарнизонӣ, барои таъминоти ақибгоҳи қисмҳои ҳарбии гарнизон масъул аст.
Ў вазифадор аст:
-нақшаи аз ҷониби қисмҳои ҳарбии гарнизон истифода бурдани нонпазхонаҳо, яхдонҳо, қассобхонаҳо, ҳаммомҳо, хонаҳои либосшўӣ, устохонаҳои либосдўзӣ, кафшдўзӣ ва ѓайра, ҳамчунин нақшаи дар байни қисмҳои ҳарбии гарнизон тақсим кардани қитъаҳои заминро, ки бо тартиби муқарраргардида барои ҷойгиркунии муваққатии хоҷагиҳои ёрирасон дар он иҷозат дода шудааст, барои тасдиқ ба сардори гарнизон пешниҳод кунад;
-ба қисмҳои ҳарбӣ ба таври мутамарказ овардани воситаҳои моддиро ташкил кунад;
-барои сари вақт фаровардани бори вагонҳои роҳи оҳан, систернаҳо ва мошинҳои ба қисмҳои ҳарбии гарнизон омада чора андешад ва назорат кунад;
-дар тартибдиҳии нақшаи чорабиниҳо дар мавриди эълони сафарбарӣ ва гузаронидани қўшунҳо ба омодагии ҳарбӣ иштирок намояд;
-мақомоти савдои ҳарбиро бо биноҳо барои корхонаҳои савдою маишии гарнизонӣ, бо мебел ва таҷҳизоти механикии ѓайриистеҳсолӣ барои ошхонаҳо, бо гармӣ, рўшноӣ ва об таъмин намояд, ҳамчунин барои овардани бор нақлиёти зарурӣ ҷудо кунад;
-кори корхонаҳои савдою маишии гарнизонро бо мақсади хушсифат дўхта шудани либоси ҳарбӣ ва пойафзоли афсаронро дар устохонаҳои дўзандагии гарнизон назорат кунад;
-сифати пухтани нонро дар корхонаҳои нонпазии гарнизон ва корхонаҳои ѓайринизомие, ки қисмҳои ҳарбии гарнизонро бо нон таъмин мекунанд, назорат кунад:
-бо мақсади омўхтани таҷрибаи кори ақибгоҳ ва хоҷагии ҳарбии беҳтарин қисмҳои ҳарбии гарнизон чорабиниҳо гузаронад:
-бо мақсади беҳтар истифода бурдани захираҳои маҳаллӣ ва ташкили хоҷагии ёрирасон вазъияти иқтисодии маҳаллӣ, ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбии гарнизонро омўзад.
 
Ёвари сардори гарнизон оид ба корҳои ҳуқуқӣ
 
  1. Ёвари сардори гарнизон оид ба корҳои ҳуқуқӣ барои таъмини мутобиқати фаъолияти сардор ва шахсони мансабдори гарнизони ҳарбӣ ба қонунгузории ҷорӣ, фармонҳо ва дастурҳои сардорони болоӣ ҷавобгар аст.
Ў вазифадор аст:
-барои бо қонунгузории ҷорӣ мутобиқ будани ҳуҷҷатҳои хусусияти ҳуқуқидошта, ки ба сардори гарнизон барои имзо (тасдиқ) пешниҳод мешаванд, назорати ҳуқуқӣ барад;
-ба сардори гарнизон хулоса ва маълумотномаҳо пешниҳод намояд, ба шахсони мансабдори гарнизони ҳарбӣ дар бораи мувофиқати қарорҳои тайёркарда ва қабулнамудаашон ба қонунгузории ҷорӣ, фармон ва дастурҳои сардорони болоӣ, ҳамчунин аз рўи масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳои ҳарбие, ки ба ҳайати гарнизон дохил мешаванд, ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ѓайринизомии гарнизон ва аъзои оилаи онҳо тавзеҳот диҳад;
-кори машварати ҳуқуқии ѓайриштатии гарнизонро ташкил намояд;
-дар ташкили таъминоти ҳуқуқӣ ва гузаронидани чорабиниҳои гарнизонӣ оид ба мустаҳкамкунии интизоми ҳарбӣ, беҳтаргардонии хизмати гарнизонию қаровулӣ, ҳамчунин ҷорӣ кардани тартибот дар гарнизон иштирок намояд;
-дар ташкил ва гузаронидани омўзиши ҳамагонии ҳуқуқӣ дар гарнизон иштирок кунад.
 
Сардори бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизон
 
  1. Сардори бозрасии ҳарбии автомобилии (БҲА) гарнизон барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб бо воситаҳои нақлиёти қисмҳои ҳарбӣ дар гарнизон, дар роҳҳои ҳамшафати гарнизон ва нуқтаҳои аҳолинишин масъул аст.
Ў вазифадор аст:
-нақшаи чорабиниҳоро барои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои номатлуб бо воситаҳои нақлиёти қисмҳои ҳарбӣ дар гарнизон тартиб дода, ба сардори гарнизон пешниҳод кунад ва дар иҷрои ин нақша бо мақомоти маҳаллии бозрасии давлатии автомобилӣ алоқаи зич барқарор карда, ба онҳо дар иҷро кардани талаботи бехатарии ҳаракат ва мубориза бар зидди вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти қисмҳои ҳарбӣ ёрӣ расонад;
-барои қоидаҳои ҳаракатро риоя кардани ронандагон, иҷрои фармонҳо доир ба таъмир ва истифодаи дурусти воситаҳои нақлиёт, аз рўи таъинот истифода бурдани онҳо, мавҷуд будан ва дуруст тартиб дода шудани роҳхатҳо, аҳволи ронандаҳо ва зоҳири онҳо назорати доимӣ ташкил кунад;
-мувофиқи нақшаи аз ҷониби сардори гарнизон тасдиқшуда кори нуқтаҳои назорати техникии қисмҳои ҳарбии гарнизонро, сарфи назар аз тобеияти онҳо, санҷад;
-тафтиши солонаи ҳолати техникии воситаҳои нақлиётӣ, қисмҳо (муассисаҳо)-и ҳарбӣ ва ҷузъу томҳоро ташкил кунад;
-ҷадвали ҳармоҳаи навбатдории афсарони ба сифати нозирони бозрасии ҳарбии автомобилӣ ҷалбшуда ва ҷудо кардани патрул ва нақлиётро аз қисмҳои ҳарбии гарнизон тартиб дода, онро барои тасдиқ ба сардори гарнизон пешниҳод кунад;
-ба нозирони навбатдор дастурамал дода, онҳоро ба постгоҳҳои назоратӣ тақсим кунад, хизмати онҳоро таҳти назорат қарор диҳад, гузоришҳои хаттии онҳоро қабул кунад, мошин ва ҳуҷҷатҳои боздошташудагонро ба ҳисоб гирад ва дар ин бора ба командирони қисмҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳад;
-истифодабарии воситаҳои нақлиёти қисмҳои ҳарбии нуқсони техникӣ дошта ва таъмирнашударо манъ кунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро ба нуқтаҳои ҷамъоварии мошинҳои боздошташуда фиристонад;
-рўйдодҳои номатлубро бо воситаҳои нақлиёти қисмҳои ҳарбӣ ба қайд гирад ва сари вақт дар ин бора ба сардори гарнизони ҳарбӣ хабар дода, барои қабул кардани қарор ба коменданти гарнизони ҳарбӣ дар бораи мошинҳо ва ронандаҳои боздошташуда ва ҳодисаҳои номатлуб бо воситаи нақлиёти ҳарбӣ хабар диҳад;
-дар бораи садамаҳо, фалокатҳо ва ҳодисаҳои фоҷианок бо воситаи нақлиёти ҳарбӣ фавран ба сардори гарнизони ҳарбӣ ахбор дода, коменданти гарнизони ҳарбӣ, ҳамчунин прокурори ҳарбиро дар ин бора огоҳ кунад ва шахсан дар кори комиссияи оиди  тафтиши сабаби ҳолати ин ҳодиса дар ҷои рўйдод иштирок кунад;
-ба идораҳои маҳаллии бозрасии давлатии автомобилӣ барои аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудани ронандаҳо ҳуҷҷатҳо пешниҳод кунад;
-ба кори комиссияи тахассусии бозрасии ҳарбии автомобилии (БҲА)-и гарнизон роҳбарӣ кунад;
-дар байни афсарон ва ронандаҳои қисмҳои ҳарбии гарнизон барои таъмини истифодаи бесадамаи воситаҳои нақлиёт чорабиниҳо гузаронад;
  1. Бозрасҳо ва патрулҳои бозрасии ҳарбии автомобилӣ ҳангоми навбатдорӣ ба сардори бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизон итоат карда, хизматро мутобиқи нишондодҳои ў адо мекунанд.
Бозрасҳои навбатдор ва патрулҳои бозрасии ҳарбии автомобилӣ бояд дар дасти чапашон дастбандҳо аз матои сурх бо навиштаҷоти    (БҲА)-и бо ранги сиёҳ навишташуда дошта бошанд.
 
Сардори алоқаи гарнизони ҳарбӣ
 
  1. Сардори алоқаи гарнизон барои ташкили алоқа дар гарнизон ва ҳолатҳои он масъул аст.
Ў вазифадор аст:
-нақшаи ташкил ва таъмини алоқаи дохилиро дар гарнизон барои тасдиқ ба сардори гарнизон пешниҳод кунад ва ҳолати онро назорат кунад;
-нақшаи чорабиниҳоро барои таъмини алоқа дар ҳолати сафарбаркунӣ ва эълони бонги хатар дар гарнизон тартиб диҳад;
-ташкил ва тайёрии доимии системаи хабардоркунии объектҳои ҳарбии гарнизонро дар бораи хавфи ҳуҷуми душман назорат кунад;
-тайёрии махсуси дастаҳои мудофиаи маҳаллии объектҳои ба ҳайати гарнизон дохилшавандаро ташкил ва назорат кунад;
-бо мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъалаҳои ба манфиати қисмҳои ҳарбии гарнизон истифода бурдани воситаҳои ѓайринизомии алоқаро ҳал кунад;
-ба сардори болоии алоқа бо мақсади таъмини алоқаи дохилии байниҳамдигарии гарнизонҳо, барои таъмини саривақти таъмири воситаҳои алоқа тадбирҳо андешад;
-барои таъмини алоқаи комендатураи ҳарбӣ, қаровулҳои гарнизонӣ, патрулҳо ва постгоҳҳои назоратии (БҲА) тадбирҳо андешида, таъмири воситаҳои алоқаи дар ихтиёри онҳо бударо саривақт ташкил намояд;
-барои риояи қоидаҳои гуфтушунид аз тариқи воситаҳои алоқа чораҳо андешад ва иҷрои онҳоро назорат кунад.
 
Сардори хадамоти ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологии гарнизон
 
  1. Сардори хадамоти ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологии гарнизон барои ташкил ва иҷрои чорабиниҳои гарнизонӣ доир ба ҳимоя аз аслиҳаи ядроӣ, химиявӣ ва биологӣ мутобиқи дастурҳои сардори гарнизони ҳарбӣ масъул аст.
Ў вазифадор аст:
-нақшаи ҳимояи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологии гарнизонро дар ҳолатҳои эълони сафарбаркунӣ ва гузаронидани қўшунҳо ба омодагии ҳарбӣ тартиб дода, ҳамчунин чорабиниҳои хадамотро оид ба бартарафкунии натиҷаҳои истифодаи яроқҳои ядроӣ, химиявӣ ва биологии душман ва садамаи (нобудшавӣ) радиатсионӣ ва химиявӣ мавзеъҳои хавфноки гарнизон ташкил намояд;
-дар коркарди нақшаҳои мудофиаи маҳаллӣ ва ҳамкорӣ бо мудофиаи гражданӣ иштирок намуда, гузаронидани чорабиниҳоро дар гарнизон аз рўи масъалаҳои ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ташкил ва назорат кунад;
-дар шароити амалиёти ҳарбӣ дар рўи замин вазъи обу ҳаворо донад;
-ба комиссариатҳои ҳарбӣ, ташкилотҳои мусоидати мудофиа дар тайёр кардани дастурдиҳандагон барои кор дар байни аҳолии маҳаллӣ доир ба масъалаҳои ҳимоя аз воситаҳои қатли ома мадад расонад.
 
Сардори хадамоти тиббии гарнизони ҳарбӣ
 
  1. Сардори хадамоти тиббии гарнизони ҳарбӣ барои ташкил кардан ва гузаронидани чорабиниҳои табобатию профилактикӣ ва зиддисироятӣ масъул аст, ҳамчунин аз рўи иҷрои қоидаҳои санитарӣ дар гарнизон назорат мебарад.
Ў вазифадор аст:
-чорабиниҳои аҳамияти умумигарнизонидоштаи беҳдориву тозагии инфиродӣ, табобатию пешгирӣ ва чорабиниҳои зиддисироятиро таҳия кунад ва гузаронад;
-беморшавии ҳайати шахсиро таҳлил намуда, сари вақт ба сардори гарнизони ҳарбӣ доир ба гузаронидани чорабиниҳои зарурӣ таклиф пешниҳод кунад;
-ҳолати беҳдориву вогирии гарнизон, нигоҳдошти ҳудудии қисмҳои ҳарбӣ, ҳолатҳои обрасонӣ, вазъи беҳдории ошхонаҳои гарнизон, нонпазхонаҳо, ҳаммомҳо, хонаҳои либосшўӣ, камераҳои тамйизӣ (дезинфексионӣ) ва ҷойҳои оббозии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии гарнизонро санҷад ва барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда чораҳо андешад;
-хизматрасонии тиббии қисмҳои ҳарбии мутахассисони хадамоти тиббӣ надоштаи гарнизон, ҷузъу томҳо (дастаҳо) ва хизматчиёни ҳарбии ҷудогонаи муваққатан дар гарнизонбуда ва аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии гарнизон, ҳамчунин шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда, ки дар муассисаҳои тиббии ҳарбӣ ҳуқуқи бепул гирифтани ёрии тиббӣ доранд ва аҳли оилаи онҳоро ташкил кунанд;
-бо иҷозати сардори гарнизон мутахассисони хадамоти тиббии қисмҳои ҳарбии гарнизонро барои дар гарнизон гузаронидани чорабиниҳои табобатию пешгирӣ ва зиддисироятӣ ҷалб намояд;
-нақшаи чорабиниҳои тиббию беҳдориро дар ҳолати эълони сафарбарӣ ва гузаронидани қўшун ба омодагии ҳарбӣ тартиб диҳад;
-дар коркарди нақшаҳои мудофиаи маҳаллӣ ва ҳамкорӣ бо мудофиаи гражданӣ иштирок намояд;
-дар таҳияи чорабиниҳо оид ба беҳтаргардонии вазъи беҳдории ноҳияҳои ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбии гарнизон аз ҷониби ташкилотҳои маҳаллии тиббӣ иштирок намояд;
-аҳволи беморони дар беморхонаҳои гарнизон хобидаро назорат кунад ва беморонро давра ба давра дида барояд;
-хизматрасонии қисмҳои ҳарбии гарнизонро аз ҷониби муассиса ва корхонаҳои ѓайринизомӣ, дармонгоҳҳо, беморхонаҳо, нонпазхонаҳо, қассобхонаҳо ва ѓайра, ҳамчунин аҳволи хизматчиёни ҳарбии бемори дар муассисаҳои табобатии ѓайринизомӣ буда ва сари вақт ҷавоб шудани онҳоро назорат кунад;
-кори муассисаҳои тиббии ҳарбии гарнизонро назорат кунад ва ба фаъолияти комиссияи тиббии ҳарбии гарнизон ва беҳдории интихобӣ роҳбарӣ кунад;
-ҳолати беҳдории қаровулхонаҳои гарнизон ва ҳабсхонаҳои ҳарбиро на камтар аз як бор дар моҳ санҷад;
-муоинаи тиббии маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) маҳбаси гарнизон ва пешниҳоди ёрии тиббиро ба онҳо ташкил кунад;
-дар гузаронидани чорабиниҳо доир ба таҳқиқи тиббӣ ва ташхиси шаҳрвандони даъватшаванда ё ба тариқи ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мерафтагӣ иштирок кунад;
-бо нишондоди сардори гарнизон санҷиши ҳолати беҳдории қатораҳои ҳарбии гузарандаро ташкил кунад, ҳамчунин давра ба давра ҳолати беҳдории толорҳои интизории саристгоҳҳоро барои хизматчиёни ҳарбӣ назорат кунад;
-аз рўи нақшаи аз ҷониби сардори гарнизон тасдиқшуда бо мутахассисони хадамоти тиббӣ ва қисмҳои ҳарбии тиббии гарнизон барои мубодилаи таҷрибаи корӣ ва такмили маҳорату кордонӣ чорабиниҳо гузаронад;
-тарбияи ўҳдадорони ҳарбӣ – мутахассисони хадамоти тиббиро дар гарнизон назорат кунад;
-ба сардори гарнизон дар бораи ҳодисаҳое, ки боиси маҷрўҳ ё ҳалок шудани хизматчиёни ҳарбӣ гаштаанд, оид ба ҳодисаҳои рух додани бемориҳои сирояткунанда дар қисмҳои ҳарбӣ ва дар байни аҳолии маҳаллӣ ва дар бораи чораҳои қатъии зидди ин бемориҳо андешидашуда фавран гузориш диҳад.
 
Сардори   хадамоти   байтории   гарнизон
 
  1. Сардори хадамоти байтории гарнизон барои ташкил кардан ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳайати шахсии аз бемориҳое, ки барои инсон ва ҳайвонот умумӣ мебошанд, назорати байторӣ барои таъмини қўшунҳо бо маҳсулоти гўштию набототӣ, пешгирии байторӣ, зидди муромурии ҳайвонот ва чорабиниҳои табобатӣ дар қисмҳои ҳарбии гарнизон, ки ба ўҳдаи дигар қисмҳои ҳарбӣ гузошта шудааст, масъул мебошад.
Дар гарнизонҳое, ки ҳайати ҳарбии байторӣ надоранд, хизматрасонии байтории қисмҳои ҳарбии гарнизонро сардори Раёсати тиббии ҳарбӣ ва Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад.
Сардори хадамоти байтории гарнизон вазифадор аст:
-якҷоя бо хадамоти тиббӣ барои ҳимояи ҳайати шахсии гарнизон аз касалиҳои сирояткунандае, ки ҳам барои одамон ва ҳам барои ҳайвонот хос мебошанд, ҳамчунин аз беморӣ ва зарбаҳое, ки ҳангоми истеъмоли маҳсулотҳои аз таъсири яроқи қатли ом заҳролудшуда ба амал меоянд, чорабинӣ гузаронад;
-куштани ҳайвонотеро, ки барои таъминоти қўшунҳо таъин шудааст, аз нигоҳи байторӣ назорат кунад ва санҷиши байториву беҳдории гўшт ва хўроквории гўштиро гузаронад;
-иҷрои қоидаҳои байториву беҳдориро дар корхонаҳои саноати гўшт ва қассобхонаҳое, ки қўшунҳоро бо гўшт таъмин мекунанд, назорат кунад, сифати гўшт ва хўроквории гўштиро , ки барои таъминоти қўшунҳо таъин шудааст, муайян кунад;
-дар ҳолати зарурӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки гарнизон ба онҳо хизмат мекунад, чорабиниҳои ветеринарию тандурустӣ гузаронад;
-хизматрасонии байтории ҳайвоноти ба қисмҳои ҳарбӣ тааллуқдоштаро иҷро кунад; хулосаи худро дар бораи иллатдорӣ ва куштани ҳайвоноти қисмҳои ҳарбӣ, ки гарнизон ба онҳо хизмат мерасонад, диҳад;
-чорабиниҳои байториву пешгирии зидди муромурии ҳайвонот (эпизоотӣ) ва чорабиниҳои табобатиро таҳия ва иҷро кунад ва ҳолати пешгирии муромурии ҳайвонот (эпизоотии) қисмҳои ҳарбӣ ва объектҳои мудофиаи маҳаллиро санҷад ва барои иҷрои корҳо бо иҷозати сардори гарнизон ҳайати қисмҳои санҷидашавандаро ҷалб кунад;
-кори муассисаҳои байтории ҳарбии гарнизонро назорат кунад;
-дар тартиб додани чорабиниҳои ташкилотҳои маҳаллии байтории ѓайринизомӣ барои беҳтар кардани ҳолати байторӣ, беҳдорӣ ва муромурии (эпизоотии) ҳайвоноти маҳалли ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ иштирок кунад;
-барои ҳолатҳои эълони сафарбарӣ ва гузаронидани қўшунҳо ба омодагии ҳарбӣ, эълони бонги хатар нақшаи хизматрасониҳои байтории гарнизонро тартиб диҳад;
-ба ташкилотҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар доир намудани тадбирҳои байторӣ ёрии зарурӣ расонад;
-дар бораи ҷой доштани бемориҳои сирояткунанда дар байни ҳайвоноти ба қисмҳои ҳарбии гарнизон тааллуқдошта ва дар бораи чораҳои барои бартараф кардани ин касалиҳо андешидашуда фавран ба сардори гарнизон гузориш диҳад ва командирони қисмҳоеро, ки ба онҳо хизмат мерасонад, огоҳ кунад.
-ба сардори гарнизон дар бораи ҳолати байториву беҳдории гарнизон (қисмҳое, ки ба онҳо хизмат расонида мешавад) ва чораҳои зарурӣ барои беҳтар намудани он гузориш диҳад;
 
Сардори калони хадамоти молия дар гарнизон
 
  1. Сардори калони хадамоти молия дар гарнизон барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо барои таъмини молии қисмҳои ҳарбӣ дар гарнизон, саривақт пардохтани маблаѓ (маош) ва иҷрои фармонҳои сардори хадамоти молияи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Ў вазифадор аст:
-аз ҷониби қисмҳои ҳарбии гарнизон сари вақт пешниҳод гардидани дархосту талабномаҳоро барои гирифтани пул (маош) ва ҳисоботи муқарраршударо назорат кунад;
-дар бораи нақшаи мувофиқашуда бо муассисаҳои бонкӣ аз ҷониби қисмҳои ҳарбии гарнизон гирифтани пул барои пардохти маош ба сардори гарнизон барои тасдиқ пешниҳод кунад;
-санҷиши пешакии варақаҳои тақсимотиро барои додани маоши ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии гарнизон анҷом диҳад;
-аз рўи нақшаи аз ҷониби сардори гарнизон тасдиқшуда бо ҳайати шахсии хадамоти молияи қисмҳои гарнизон доир ба омўзиши фармону дастурҳои ба масъалаҳои молия дахлдошта машѓулият гузаронад;
-ба комиссияҳои дохилии тафтишотии қисмҳои гарнизон дастур диҳад;
-мувофиқи нақшаи аз ҷониби сардори гарнизон тасдиқшуда таъмини нигаҳдошти воситаҳои пулиро назорат карда, санҷиши ногаҳонии кассаҳоро дар қисмҳои ҳарбии гарнизон гузаронад ва дар бораи камбудиҳои дар фаъолияти молиявии қисмҳои гарнизон ошкоргардида ба сардори гарнизон ва ба сардори хадамоти молияи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш диҳад;
-иҷрои пешниҳодҳоро аз рўи таъйидномаҳои тафтиши қисмҳо санҷад;
-дар байни ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии гарнизон доир ба масъалаҳои таъмини пулӣ ва нафақавии хизматчиёни ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронад.
 
Сардори хадамоти зидди сўхтор ва корҳои
наҷотдиҳии дегхонаҳои  гарнизон
 
  1. Сардори хадамоти зидди сўхтор ва корҳои наҷотдиҳии гарнизон барои ташкили ҳифзи зиддисўхторӣ дар гарнизон ва тайёрии доимии дастаҳои оташнишони ѓайриштатии қисмҳои гарнизон, дастаҳои ҳарбии ҳифзи зиддисўхторӣ ва корҳои наҷотдиҳии дастаҳои оташнишони штатӣ бевосита масъул мебошад.
Ў вазифадор аст:
-нақшаи ҳимояи зиддисўхториро дар гарнизон тартиб дода, онро бо мақомоти оташнишонии маҳаллӣ мутобиқ кунонад ва дар тартиб додани нақшаи мудофиаи маҳаллӣ ва ҳамкорӣ бо мудофиаи гражданӣ иштирок кунад;
-ҳолати муҳофизат аз сўхтор, хизмати дастаҳои оташнишонии қисмҳои ҳарбӣ ва ҳолати дуруст нигоҳ доштани воситаҳои оташнишониро дар объектҳои гарнизон ва қисмҳои ҳарбии гарнизон назорат кунад;
-барои фавран бартараф кардани камбудиҳо дар вазъи зиддисўхтории хонаҳои истиқоматӣ ва хизматӣ, анборҳо, коргоҳҳо, ангарҳо ва ѓайра тадбирҳо андешад;
-истифодаи асбобҳои гармидиҳанда ва рўшноидиҳандаи вайрон, толорҳои тамошо ва дигар хонаҳоеро, ки зидди сўхтор ҷиҳозонида шудаанд, манъ кунад;
-ҳолати дегхонаҳои гарнизонро назорат кунад;
-ба сардорони хизмати зиддисўхторӣ ва корҳои наҷотдиҳии қисмҳои ҳарбии гарнизон дастур дода, бо онҳо давра ба давра машѓулиятҳои махсус гузаронад;
-вазъияти зиддисўхтории хонаҳои истиқоматӣ ва ѓайриистиқоматии қисмҳои ҳарбиеро, ки ба машқгоҳҳо рафтаанд ё аз ҳайати гарнизон баромадаанд, ҳамчунин хонаҳои афсаронро дар шаҳраки ҳарбии гарнизон санҷад;
-мувофиқи нақшаи аз ҷониби сардори гарнизон тасдиқшуда бо дастаҳои оташнишони қисмҳои ҳарбии гарнизон машқ ва дар объектҳои аз ҷониби қаровулҳои гарнизонӣ муҳофизатшаванда машқҳои таълимии бонги хатари сўхтор гузаронад;
-тайёрии махсуси дастаҳои оташнишонии объектҳои мудофиаи маҳаллиро ташкил ва назорат кунад; бо асбобу анҷоми зидди сўхтор таъмин будани онҳоро назорат кунад;
-бо иҷозати сардори гарнизон мутахассисони хадамоти зидди сўхтор ва корҳои наҷотдиҳии қисмҳои ҳарбӣ ва дастаҳои маҳаллии сўхторхомўшкуниро барои санҷиши ҳолати хадамоти зидди сўхтори гарнизон ҷалб кунад;
-дар сурати сар задани сўхтор дар гарнизон дастаҳои оташнишони қисмҳои ҳарбӣ ва дастаҳои оташнишони маҳаллиро даъват карда, дар вақти хомўш кардани сўхтор ба кори онҳо роҳбарӣ кунад;
-ба сардори гарнизон ва дар набудани ў ба коменданти гарнизон дар бораи сар задани сўхтор дар гарнизон ва чораҳои барои пешгирии он андешидашуда фавран гузориш диҳад ва дар маҳалли воқеа сабабҳои сар задани сўхторро тафтиш кунад;
-саривақт ба сардори гарнизон оид ба камбудиҳои ошкоршуда дар ҳимояи зиддисўхтории гарнизон гузориш дода, оиди бартараф кардани норасоиҳо хоҳишҳои худро пешниҳод намояд.
 
Дирижёри ҳарбии гарнизон
 
  1. Дирижёри ҳарбии гарнизон барои хизматрасонии чорабиниҳои умумигарнизонӣ аз ҷониби оркестри қисмҳои ҳарбӣ ва барои тайёр кардани дастаи муттаҳидаи навозандагони гарнизон масъул мебошад.
Ў вазифадор аст:
-хизматрасонии он қисмҳои ҳарбии гарнизонро, ки оркестри худро надоранд, ба воситаи оркестри қисмҳои ҳарбии дигар ташкил кунад ва дар омодагии таблзани-ишорагари ротагӣ ба командири ин қисмҳо ёрӣ расонад;
-ҷадвали навбатдории дастаҳои навозандагони қисмҳои ҳарбиро барои ивазкунии ботантанаи қаровулҳои гарнизонӣ ва дигар чорабиниҳои гарнизонӣ тартиб диҳад;
-мутобиқи нақшаи аз ҷониби сардори гарнизон тасдиқшуда тайёрии махсуси оркестри қисмҳои ҳарбии гарнизонро, инчунин сифати ба вуҷуд омадани мусиқии ҷобаҷошавии қаровулҳоро бо воситаҳои техникӣ назорат кунад; бо оркестри муттаҳидаи гарнизон машқҳои сафӣ ва махсус гузаронида, ба онҳо роҳбарӣ кунад.
 
Сардори қисми истифодаи манзили ноҳия (гарнизон)
 
  1. Сардори қисми истифодаи манзили ноҳиявӣ (гарнизонӣ) барои ташкили истифода, сари маҳал аз таъмир баровардан ва қайди маблаѓи казармавию истиқоматӣ, ҳамчунин барои таъмини хароҷоти манзилии қисмҳои ҳарбӣ, ки дар қисми истифодаи манзил ба қайд гирифта шудаанд, ҷавобгар аст. Вай ба сардори Раёсати (шўъбаи) истифодаи манзили Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад. Доир ба масъалаҳои истифодаи фонди казармавӣ, тақсими хонаҳои истиқоматӣ ва ободонии манзили мансуби қўшунҳо ў дастурҳои сардорони гарнизонҳоро иҷро мекунад.
  2. Сардори қисми истифодаи манзили ноҳия (гарнизон) вазифадор аст;
-ба сардори гарнизонҳои хизматрасон доир ба истифодаи фонди казармавию манзилии гарнизонҳо ва дархостҳои ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ барои ҷудо кардани манзил пешниҳодгардида гузориш диҳад;
-нақшаи тақсими биноҳои истиқоматӣ дар гарнизонҳоро ба сардорони гарнизонҳо барои тасдиқ пешниҳод карда, ҳамаи манзили дар ихтиёри гарнизонҳо бударо ба ҳисоб гирад;
-дуруст истифода шудани биноҳо, таҷҳизоти коммуналӣ ва асбобу анҷом ва мебели казармаҳоро аз ҷониби қисмҳои ҳарбӣ санҷида, барои нигаҳдорӣ ва таъмири саривақтии онҳо чора андешад;
-нақшаҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, деворкашӣ ва рўбучини ҳудудҳои шаҳракҳоро тартиб дода, ба сардорони гарнизонҳо барои тасдиқ  пешниҳод кунад ва иҷрои онро назорат намояд;
-ба корҳои таъмири фонди казармавию манзилӣ, корхонаҳои маишӣ ва дигар биноҳои ҳарбӣ роҳбарӣ кунад, ҳамчунин ба корҳои таъмиру сохтмоне, ки қисмҳои ҳарбӣ бевосита иҷро мекунанд, назорат кунад;
-қисмҳои ҳарбиро бо ҳамаи намудҳои манзил таъмин намуда, дуруст истифода шудани онҳоро санҷад;
-таъмини қисмҳои ҳарбиро бо барқ, об ва масолеҳи сохтмон ташкил карда, истифодаи дурусти онҳоро назорат кунад;
-дурустии дархостҳои қисмҳои ҳарбиро барои гирифтани масолеҳ ва пул аз рўи таъминоти манзил санҷад, дархостҳои умумӣ тартиб дода, ба ташкилотҳои болоии таъминот пешниҳод кунад;
-ба масъалаҳои техникии хизмати истифодаи манзил дар қисмҳои ҳарбии дар хизматрасонии қисми истифодаи манзил ҷойгирбуда роҳбарӣ кунад;
-шаҳракҳои ҳарбӣ, биноҳо, асбобу анҷоми коммуналӣ, ҳамаи намудҳои манзил ва маблаѓҳоеро, ки барои таъминоти манзил дода мешаванд, ба ҳисоб гирад;
-дар тартиб додани нақшаҳо ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи маҳаллӣ дар объектҳо оид ба ҳифзи табиӣ ва истифодаи мақсадноки захираҳои табиии гарнизон иштирок кунад;
-биноҳои махсуси муҳофизатии мудофиаи маҳаллии гарнизонро ба ҳисоб гирифта, истифодаи дуруст, нигаҳдорӣ ва беҳдошти онҳоро назорат кунад.
 
Коменданти ҳарбии истгоҳи роҳи    оҳан    ва    фурудгоҳ
 
  1. Коменданти ҳарбии истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ вазифаҳои коменданти ҳарбии гарнизонро доир ба риояи интизоми ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳудуди истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ иҷро мекунад. ҳангоми иҷрои ин вазифаҳо коменданти ҳарбии истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ ба сардори гарнизон итоат мекунад ва бо коменданти ҳарбии гарнизон ҳамкорӣ менамояд. Сардорони қатораҳои ҳарбӣ, даста ва қаровулҳое, ки нақлиётро бо бори ҳарбӣ ҳамроҳӣ менамоянд ва дар роҳ қарордоштагон, ҳамчунин патрулҳои гарнизонӣ, ки барои навбатдорӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо меистанд, ба ў итоат мекунанд.
  2. Коменданти ҳарбии истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ вазифадор аст;
-риояи интизоми ҳарбӣ ва қоидаҳои либоспўшии муқарраршударо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии дар истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ қарордошта назорат кунад;
-қатораҳои мусофиркашонӣ ва ҳарбӣ (киштиҳои ҳавоӣ) ва нақлиёти бори ҳарбидоштаеро, ки бо ҳамроҳии қаровул ба истгоҳ (фурудгоҳ) меоянд, пешвоз гирад, вазъи интизом, таъминоти моддию маишии ҳайати шахсӣ, ҳамчунин таҳкими аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, қисмҳои моддӣ ва дигар борҳоро санҷад;
-дар назди чиптафурўшиҳои ҳарбӣ тартибот ҷорӣ карда, навбати чиптаи ҳарбӣ гирифтани хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳоро муайян кунад;
-бо патрулҳое, ки ба ихтиёри ў дода шудаанд, дастурамал диҳад, адои хизматро аз ҷониби онҳо назорат кунад;
-хизматрасонии маданию маишӣ ва истироҳати хизматчиёни ҳарбиеро, ки дар нуқтаҳои саристгоҳҳо ё дар фурудгоҳҳо қарор доранд, ташкил кунад;
-хизмати қаровулҳои гарнизони дар ҳудуди истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ буда, ҳамчунин, қаровулҳои нақлиёти бори ҳарбидоштаро аз назар гузаронад;
-риояи қоидаҳои зидди сўхторро дар эшелонҳои ҳарбӣ ва нақлиёти бори ҳарбидошта аз назар гузаронад;
-ҳолати беҳдошти қатораҳои ҳарбӣ, вагонҳои посбондор  ва толорҳои интизории хизматчиёни ҳарбиро дар истгоҳҳо, фурудгоҳҳо назорат кунад ва барои расонидани ёрии тиббӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми сафар бемор шудаанд ё осеб дидаанд, чора андешад;
-ба сардори гарнизон дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои номатлуб, дар бораи интизоми ҳарбиро вайрон кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва чораҳои андешидашуда гузориш диҳад;
-дар бораи ҷиноятҳо ва ҳодисаҳои номатлуб рўйдода ба прокурори ҳарбӣ хабар диҳад.
  1. Дар сурати интизоми ҳарбиро вайрон кардани хизматчиёни ҳарбӣ коменданти ҳарбии истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ аз рўи нишондоди банди 23 ҳамин Оиннома амал мекунад. Хизматчии ҳарбиеро, ки барои вайрон кардани интизоми ҳарбӣ дастгир шудааст, дар сурати зарурат посбон ва воситаи нақлиёт даъват карда, ба комендатураи ҳарбии гарнизон мефиристад.
 
Сардори   шаҳраки    ҳарбӣ
 
  1. Сардори шаҳраки ҳарбӣ барои нигоҳ доштани интизоми ҳарбӣ ва интизоми хизматчиёни ҳарбӣ дар қаламрави шаҳраки ҳарбӣ ҷавобгар аст.
Ў вазифадор аст:
-дар шаҳраки ҳарбӣ тартиботи дохилиро муқаррар ва нигоҳ дорад;
-муҳофизат ва дар ҳолатҳои зарурӣ мудофиаи шаҳраки ҳарбиро ташкил намояд, шахсан ва бо воситаи афсарони ситод адои хизмати нарядро дар пунктҳои назорати гузаргоҳӣ назорат кунад;
-вазъи қитъаеро, ки ба қисмҳои ҳарбӣ вобаста карда шудааст, назорат намояд, иҷрои чорабиниҳоро оид ба ҳифзи табиӣ ва чорабиниҳои беҳдоштӣ ва тозагии инфиродиро тафтиш кунад.
Супориши сардори шаҳраки ҳарбии гарнизонӣ аз рўи ин масъалаҳо барои ҳамаи командирони қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳое, ки дар қаламрави шаҳраки ҳарбӣ ҷойгиранд, ҳатмӣ мебошад.
  1. Сардори шаҳраки ҳарбӣ барои назорати рафтори хизматчиёни ҳарбӣ дар қаламрави шаҳраки ҳарбӣ дар ҳолатҳои зарурӣ патрулҳои дохилӣ таъин мекунад, ки онҳо мутобиқи тартиби барои патрулҳои гарнизонӣ таъиншуда адои хизмат менамоянд.
Сардори патрули дохилӣ ба навбатдори қисми ҳарбие, ки командири он сардори шаҳраки ҳарбӣ мебошад, итоат мекунад.
 
 
Сардори маҳбаси гарнизон
 
  1. Сардори маҳбаси гарнизон барои риояи тартиботи қонунӣ дар маҳбас, дуруст нигоҳ дошта шудани маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) ва нигаҳдории асбобу анҷоми маҳбас масъул аст.
Сардори қаровули маҳбас ба ў итоат мекунад.
  1. Сардори маҳбаси гарнизон вазифадор аст:
-маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро баъди санҷиши мавҷудиятҳои зарурӣ ва дуруст тартиб дода шудани онҳо ба маҳбас қабул намояд, ҳамчунин маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро ба ҳисоб гирад ва риояи пурраи қоидаҳои нигаҳдории онҳоро назорат кунад (замимаи 14);
-варақаҳо (супоришномаҳо, қарори муфаттиш, шахси таҳқиқ гузаронанда, прокурори ҳарбӣ ва нусхаи ҳукм ё таъиноти суди ҳарбӣ)-ро дар бораи ҳабс нигоҳ дорад ва амнияти ҳуҷҷат ва ашёҳои маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро таъмин кунад;
-бо сардори қаровули маҳбас баробари ба ҷои хизмат омадани қаровул дастурамал диҳад;
-ба сардори қаровули нав рўйхати номҳои маҳбусони (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) дар маҳбасбударо алоҳида барои аскарону сержантҳо (старшинаҳо) ва прапоршикҳо диҳад; таѓйироти заруриро ба рўйхати маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) сари вақт дохил кунад;
-азназаргузаронии пагоҳирўзӣ ва тафтиши бегоҳирўзии маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро дар камераҳо на камтар аз як маротиба дар ҳафта санҷад;
-тартиби барои шустушўӣ, ҳоҷатбарорӣ ва сайр баровардани маҳбусон, инчунин тартиби посбонии онҳоро муқаррар кунад;
-ба сардори қаровул дар бораи озод кардани хизматчиёни ҳарбие, ки ба тартиби интизомӣ ҳабс шудаанд ва мўҳлати ҳабсашон ба охир расида, оид ба озодкунии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳабси пешакӣ, ки дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор ё гумонбар дониста шудаанд, дар асоси қарори шахси таҳқиқ гузаронанда, муфаттиш, прокурор ё судя ва судшавандаю маҳкумшудагон – дар асоси таъинот ё ҳукми суди ҳарбӣ дар бораи бо фармони коменданти ҳарбии гарнизон ба кор, ба ҳаммом ва бо талаби мақомоти тафтишоти судӣ барои пурсиш ё ба суд равона кардани маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) фармоиши хаттӣ диҳад;
-бо прапоршикҳо ва сержантҳое, ки дар маҳбаси ҳарбӣ ба тартиби интизомӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчунин бо аскарон, агар онҳо бо кор машѓул набошанд, доир ба сафороӣ ва омўзиши оинномаҳо машѓулиятҳо ташкил кунад ва гузаронад;
-ҳолати беҳдоштӣ ва зиддисўхтории маҳбас, қаровулхонаҳо ва сари вақт рўбучин, равшан ва гарм кардани онҳоро назорат кунад;
-ба сардори хадамоти тиббии гарнизон дар бораи маҳбусони (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) беморшуда хабар диҳад; агар мутобиқи хулосаи духтур беморро ба муассисаи табобатӣ равона кардан зарур бошад, дар ин бора ба коменданти ҳарбии гарнизон хабар диҳад;
-дар ҳолати хуб нигоҳ доштани камераҳои маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда), воситаҳои техникии муҳофизат, олоту асбоби маҳбас, қаровулхонаҳо ва постгоҳҳо, ҳамчунин сари вақт таъмир кардани онҳоро назорат карда, оид ба такмили ҷиҳози маҳбас тадбирҳо андешад;
-дархост ва шикоятҳои маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро бо тартиби муқарраргардида қабул кунад ва ба мақомоти дахлдор расонад;
-дурустии хизмати қаровулии маҳбасро ҳар рўз санҷад ва дар ин бора дар ведомости постгоҳ қайдҳои дахлдор ворид намояд;
-ба коменданти ҳарбии гарнизон ҳар рўз дар бораи вазъи интизоми ҳарбӣ дар маҳбас, шумораи маҳбусоне (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда), ки дар як рўз қабул карда шудаанд ва шумораи умумии маҳбусони дар маҳбасбуда, ҷойҳои холии мавҷуда ва дар бораи ҳодисаҳо фавран маълумот диҳад;
-низомномаҳо (оинномаҳо), адабиёти ҳарбию таълимӣ ва бадеиро ба ҳисоб гирифта, нигоҳ дошта, барои гузаронидани машѓулият ба маҳбусон диҳад;
-сардори гарнизон ва сардорони мустақими ўро, муовини сардори гарнизон, ёвари сардори гарнизон оид ба корҳои тарбиявӣ, коменданти ҳарбии гарнизон, ҳамчунин дигар ашхосеро, ки барои роҳбарӣ кардан, гузаронидани азназаронии санҷишӣ (тафтиши) қўшунҳо ва бо супориши онҳо – афсароне, ки аз ҳисоби гурўҳҳои бозрасӣ омадаанд, пешвоз гирифта, худро шиносонад ва онҳоро дар маҳалли ҷойгиршавии маҳбас ҳамроҳӣ кунад.
 
 
 
Б О Б И  2
НАРЯДИ   ГАРНИЗОНӣ
 
Муқаррароти умумӣ
 
  1. Наряди гарнизонӣ барои ҳимоя ва мудофиаи объектҳои гарнизонӣ, нигоҳ доштани интизоми ҳарбӣ ва тартибот дар байни хизматчиёни ҳарбӣ, дар кўча ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятии гарнизон, ҳамчунин барои назорати риояи қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандаҳо (механик-ронандаҳо)-и воситаҳои нақлиётии қисмҳои ҳарбӣ ва иҷрои дигар вазифаҳои хизмати гарнизонӣ таъин карда мешавад.
Ҳайати зерини наряди гарнизонӣ пешбинӣ шудааст:
-навбатдори қаровулҳо;
-ёвари навбатдори қаровул;
-воҳиди навбатдор;
-қаровулҳои гарнизонӣ;
-патрулҳои гарнизонӣ;
-нозирон ва патрулҳои постгоҳҳои назоратии бозрасии ҳарбии автомобилӣ.
51.Наряди гарнизонӣ на дертар аз як шабонарўзи пеш аз наряд таъин карда мешавад. Вай бо воситаҳои нақлиёт аз он қисми ҳарбие таъмин карда мешавад, ки аз он нарядҳои мазкур таъин шуда бошанд.
  1. Командирони қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо), ки аз онҳо наряди гарнизонӣ таъин шудааст, барои интихоби ҳайати шахсӣ ва тайёрии вай, барои иҷрои хизмат, барои гирифтани дастур, сари вақт фиристодан ва ҳозирӣ дар ҷобаҷошавӣ, барои омодагии ҳамешагии воҳиди навбатдор ва ҳангоми даъват сари вақт ба ҷои таъиншуда ҳозир шуданаш ҷавобгар аст.
  2. Коменданти ҳарбӣ ҳамроҳ бо сардори бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизон ҳар моҳ ведомости наряди гарнизонӣ (шабонарўзӣ)-ро тартиб медиҳад, ки он аз ҷониби сардори гарнизон тасдиқ карда мешавад (замимаи 2).
Нусха аз ведомости наряди гарнизонӣ ба ҳамаи қисмҳои ҳарбии ба иҷрои хизмат ҷалбшаванда 10 шабонарўз пеш аз саршавии моҳи нав фиристонида мешавад.
Коменданти ҳарбии гарнизон дар бораи ҳар як таѓйироти ведомости наряди гарнизонӣ сари вақт ба қисмҳои ҳарбӣ хабар медиҳад.
  1. Дар арафаи ба иҷрои наряд пардохтан дар ситоди қисми ҳарбӣ ба навбатдори қаровулҳо ва ба сардори патрулҳои гарнизонӣ амрнома супорида мешавад, ки дар асоси он коменданти ҳарбии гарнизон ба навбатдори қаровулҳо дастхатҳоро бо номи рамзии (пароли) кўҳна ва нав медиҳад (банди 101), ба сардори патрулҳо – гувоҳномаи сардори қаровулро медиҳад, ки дар он самти ҳаракат, вақти патрулӣ ва вазифаҳои асосӣ нишон дода шудаанд.
  2. Навбатдори қаровулҳо ва ёвари он, ҳайаи патрул ва наряди постгоҳҳои назоратии бозрасии ҳарбии автомобилӣ бояд дар тарафи чапи синаашон (дасти чапашон) нишони сарисинагӣ (дастбанд аз матои сурх) бо навиштаҷоти мувофиқ дошта бошанд. Нозири БҲД ѓайр аз он бояд гувоҳномаи шахсии нозири БҲД ва чўбдасти танзимгарро дошта бошад.
 
НАВБАТДОРИ ҚАРОВУЛҲО ВА ЁВАРИ Ў
 
  1. Барои ба қаровулҳои гарнизонӣ бевосита роҳбарӣ кардан аз ҳисоби афсарони қисмҳои гарнизон, ки мансабашон аз командири рота (батарея) пасттар набошад, навбатдори қаровулҳо таъин карда мешавад. Аз ҳисоби афсарони хурд барои ў ёвар таъин карда мешавад.
Дар гарнизонҳое, ки танҳо як қаровули гарнизонӣ мавҷуд аст, бо фармони сардори гарнизон вазифаи навбатдори қаровулҳо ба ўҳдаи навбатдори қисми ҳарбие, ки қаровулро мефиристад, гузошта мешавад.
Навбатдор ва ёвари ў дар комендатураи ҳарбии гарнизон ҷойгир мешаванд. Онҳо бо туфангчаҳои дорои ду тирдони пур мусаллаҳ гардонида мешаванд.
  1. Навбатдори қаровулҳо ба сардори гарнизон ва коменданти ҳарбии гарнизон итоат мекунад. Ў барои хизматро дуруст иҷро кардани қаровулҳои гарнизон масъул аст.
Навбатдори қаровулҳо вазифадор аст:
-дар арафаи навбатдорӣ аз ситоди қисм дар бораи навбатдори қаровулҳо таъин шуданаш амрнома гирад;
-дар вақти таъиншуда ба назди коменданти ҳарбии гарнизон омада, дар бораи навбатдори қаровулҳо таъин шуданаш амрнома пешниҳод кунад ва дастхатҳоро бо номҳои рамзии (паролҳои) кўҳнаву нав ва дастурҳои заруриро гирад;
-ба назди навбатдори пешинаи қаровулҳо ҳозир шуда, ба ў номи рамзии (пароли) кўҳнаро гўяд;
-ведомости навбатдории гарнизонӣ, нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо, табели постгоҳҳо, дастурамалро барои сардорони қаровулҳо ва дастурамали навбатдори қаровулҳоро омўзад;
-ҷобаҷошавии қаровулҳои гарнизонро ташкил намояд;
-дар ҳуҷраи барои ў таъиншуда истад;
-дар сурати барои иҷрои корҳои хизматӣ берун рафтан ба ҷои худ муовинашро гузорад ва ба куҷо, то кадом вақт рафтанашро ба ў хабар диҳад;
-на камтар аз ду бор дар як шабонарўз (аз онҳо як бор шабона) хизмати қаровулҳои гарнизониро шахсан дида баромада, дар ин лаҳза шабона ва дар ҳавои тира рўзона истгоҳи мошинҳои ҷангиро (дигар аслиҳа ва техникаи ҳарбиро) тафтиш кунад, барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда чораҳои фаврӣ андешад;
-дар бораи таѓйир додани мўҳлати дар постгоҳҳо истодани посбонон вобаста ба вазъи обу ҳаво супориш диҳад;
-сардори гарнизон ва сардорони мустақими ўро, ҳамчунин коменданти ҳарбии гарнизонро пешвоз гирифта, ба таври зайл ба ў гузориш диҳад: «Рафиқ полковник. Дар вақти навбатдории ман дар қаровулҳо ҳодисае рух надодааст (ё ҳодисаҳои зайл рух доданд). Навбатдори қаровулҳо капитан Мирзоев»;
-ашхосеро, ки барои тафтиши қаровулҳо меоянд, ҳамроҳӣ кунад ё ёвари худро барои ҳамроҳӣ кардани онҳо фиристад, пешакӣ гувоҳномаҳои шахсӣ ва гувоҳномаҳои якдафъаинаи онҳоро барои ҳуқуқи санҷиши қаровулҳо доштанашон тафтиш кунад(банди 251);
-тайёрии қисми навбатдори гарнизонро барои амал ҳангоми бонги хатар задан ё бо даъват санҷад.
  1. Дар гарнизонҳое, ки навбатдори ёварони коменданти ҳарбӣ мувофиқи штат пешбинӣ нагардидаанд, вазифаи онҳо оид ба роҳбарияти хадамоти патрулҳои гарнизонӣ бо фармони сардори гарнизон ба зиммаи навбатдори қаровулҳо гузошта мешавад.
Баъди анҷоми ҷобаҷошавӣ навбатдори нави қаровулҳо аз навбатдори пешина ҳуҷҷатҳои дар рўйхат зикршударо қабул мекунад. Баъди гузориши сардори қаровулҳо дар бораи ивазкунӣ навбатдори қаровулҳо ба сардори гарнизон ва дар набудани ў ба коменданти ҳарбии гарнизон дар бораи супоридан ва қабули навбатдорӣ ба таври зайл гузориш медиҳад: «Рафиқ полковник, капитан ҳабибов навбатдории қаровулҳоро супурд», «Рафиқ полковник, капитан Дўстов навбатдории қаровулҳоро қабул кард».
Баъди ин навбатдори нави қаровулҳо дар бораи ҳамаи камбудиҳое, ки ҳангоми қабули навбатдорӣ ошкор шудаанд, маълумот медиҳад, навбатдори пешина оид ба адои хизмати қаровулӣ, камбудиҳои ошкоршуда ва чораҳои рафъи онҳо, ҳамчунин дар бораи ҳодисаҳои дар давоми шабонарўзи гузашта рухдода (агар шуда бошанд), гузориш медиҳад. Пас аз гузориш навбатдори нав дафтари қабулу супоридани навбатдориро бо ин қайдҳо ба коменданти ҳарбии гарнизон пешниҳод мекунад.
  1. Дар сурати рух додани ягон ҳодиса дар яке аз қаровулҳои гарнизон (ҳамла, сўхтор, офати табиӣ, фирори маҳбус, тирандозии тасодуфӣ ва ѓайра) навбатдори қаровулҳо фавран ба ҷои ҳодиса меравад; агар зарур бошад, бо иҷозати сардор ё коменданти ҳарбии гарнизон қисми навбатдорро даъват мекунад, ҳангоми сўхтор, ба ѓайр аз он, ба гурўҳи оташнишонӣ хабар медиҳад.
Навбатдори қаровулҳо дар бораи ҳодисаҳои дар қаровулӣ рухдода ва чораҳои андешидашуда фавран ба коменданти ҳарбии гарнизон ва сардори гарнизон гузориш дода, ба командири қисми ҳарбие, ки қаровул таъин шудааст, хабар медиҳад.
  1. Агар навбатдори қаровул ногаҳон бемор шавад, дар ин бора сардорро (коменданти ҳарбии гарнизонро) хабардор мекунад ва мувофиқи супориши ў амал мекунад.
Навбатдори қаровул дар сурати ногаҳон бемор шудани сардори қаровул вазифаи ўро ёвари сардори қаровул (ҷобаҷогузор) баҷо меоварад ва ё барои иваз кардани ў аз қисми ҳарбӣ сардори нави қаровулро даъват мекунад ва бо ў ба қаровулхона рафта ба рафти, қабули қаровул роҳбарӣ мекунад. Навбатдори қаровулҳо ба сардори нави қаровул номи рамзии (пароли) амалкунандаро хабар дода ва дар бораи ҳодисаи рухдода фавран ба коменданти ҳарбии гарнизон гузориш медиҳад.
  1. Ба навбатдори қаровул ва ёвари ў иҷозат дода мешавад, ки дар давоми навбатдорӣ на бештар аз 4 соат барои ҳар кадомашон, дар вақти аз ҷониби сардори гарнизон муайяншуда, бо навбат, бе пойафзол, таҷҳизот ва либосҳоро накашида, дароз кашида истироҳат кунанд (ё хоб раванд).
  2. Дар қаровулҳои дохилӣ вазифаи навбатдори қаровулро навбатдори қисми ҳарбӣ иҷро мекунад ва вазифаи ёвари навбатдори қаровулро ёвари навбатдори қисми ҳарбӣ иҷро мекунад.
  3. Ёвари навбатдори қаровул ба навбатдори қаровул итоат мекунад.
Ў вазифадор аст:
-дар вақти муқарраршуда барои гирифтани дастурамал ба назди коменданти ҳарбии гарнизон ояд;
-ведомости гарнизонии навбатдорҳоро омўзад, нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо, табели постгоҳҳо, дастурамали сардорони қаровулҳо ва дастурамали навбатдори қаровулро омўзад;
-дар гузаронидани ҷобаҷошавии қаровулҳо мутобиқи талаботҳои моддаҳои 196 — 210 иштирок намояд;
-аз рўи рўйхат ҳуҷҷатҳо ва асбобу анҷоми дар хонаи навбатдори қаровулҳо бударо қабул кунад;
-бо фармони навбатдори қаровул хизмати қаровулҳоро тафтиш карда, барои рафъи камбудиҳо чора андешад ва дар ин бора ба навбатдори қаровул хабар диҳад;
-дар набудани навбатдори қаровул вазифаи ўро иҷро кунад.
 
ВОҲИДИ  НАВБАТДОРИ  ГАРНИЗОН
 
  1. Воҳиди навбатдори гарнизон барои пурзўр кардани қаровулҳои гарнизон ё даъвати таъҷилӣ ҳангоми сўхтор, офатҳои табиӣ ё дигар ҳодисаҳо дар гарнизон бо фармони сардори гарнизон таъин карда мешавад.
Дар фармон ҳайати он, силоҳ, таъинот, амволи зарурӣ, лавозимоти ҷангӣ, шакли либос, тартиби истироҳат ва воситаҳои нақлиёт нишон дода мешаванд.
Истифодаи воҳиди навбатдор барои иҷрои корҳои хоҷагӣ мумкин нест.
  1. Воҳиди навбатдор барои як шабонарўз, чун қоида, аз ҳамон қисми ҳарбие таъин карда мешавад, ки аз он қаровулҳои гарнизонӣ таъин шудаанд ва ба сардори ҳарбии гарнизон, коменданти ҳарбии гарнизон ва навбатдори қаровул итоат мекунад.
Воҳиди навбатдорро сардори гарнизон, коменданти ҳарбии гарнизон ва ё бо иҷозати онҳо навбатдори қаровул даъват мекунад.
ҳангоми даъвати воҳиди навбатдор ба куҷо, дар кадом соат ва ба ихтиёри кӣ рафтани он, ҳамчунин миқдор ва тартиби додани лавозимоти ҷангӣ муайян карда мешавад.
Лавозимоти ҷангӣ ба воҳиди навбатдор бо фармони командир (сардори ситод)-и қисми ҳарбӣ дода мешавад.
ҳамзамон бо даъват шудани воҳиди навбатдор, агар зарур бошад, бо фармони сардори гарнизон ҷузъу томи нави навбатдор таъин карда мешавад.
  1. Командири қисми ҳарбӣ барои тайёрии ҳарбии воҳиди навбатдор, ҳамчунин барои сари вақт ба ҷои таъиншуда рафтани он масъул аст.
  2. Воҳиди навбатдор машқҳоро дар наздикии объектҳои қисми ҳарбии худ мегузаронад. Дар куҷо будани воҳиди навбатдори қисми ҳарбӣ ва тарзи даъвати он барои навбатдори қисми ҳарбӣ ва навбатдори қаровул дақиқ маълум бошад.
  3. Баробари ба ҷои таъиншуда омадани воҳиди навбатдор бо нишондоди коменданти гарнизон навбатдори қаровул ё шахсе, ки ба ихтиёри он дода шудааст, амал мекунад.
 
ПАТРУЛҲОИ   ГАРНИЗОНӣ
 
  1. Дар ҳар гарнизон барои таъмини тартибот ва назорат аз рўи риояи интизоми ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ дар кўчаҳо ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар истгоҳҳои роҳи оҳан, дар фурудгоҳҳо, ҳамчунин дар маҳалҳои аҳолинишини атрофи гарнизон бо фармони сардори гарнизон аз ҳайати қисми ҳарбии гарнизон хизмати патрулӣ ташкил карда мешавад, бо ин мақсад аз ҳайати қисмҳои ҳарбӣ патрулҳои гарнизонӣ таъин карда мешаванд, дар комендатураҳои ҳарбӣ бошад, патрули эҳтиётӣ таъин мегардад, ки он бо воситаи нақлиёт таъмин карда мешавад.
  2. Патрулҳо барои як шабонарўз ё танҳо барои вақти муайяни рўз ё шаб таъин карда шуда, метавонанд пиёда ё мошинсавор бошанд.
Патруле, ки барои як шабонарўз таъин шудааст, баъди ҳар 4 соати хизмати патрулӣ 2 соат дар комендатураи ҳарбӣ истироҳат мекунад.
  1. Патрулҳои гарнизон ба коменданти ҳарбии гарнизон ва ба ёвари коменданти ҳарбии гарнизон (ба навбатдори қаровул дар ҷое, ки навбатдори ёвари коменданти ҳарбӣ набошад) итоат мекунанд. Патрулҳои гарнизоние, ки барои адои хизмат ба истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо мераванд, ҳамчунин ба коменданти ҳарбии истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ итоат мекунанд.
  2. Ба ҳайати патрул сардори патрул ва ду-се патрул аз ҳисоби аскарон таъин карда мешаванд.
Вобаста ба вазифаҳои ба зиммаи патрул гузошташуда афсар, прапоршик ё сержант метавонад сардори патрул таъин карда шавад.
Сардори патруле, ки барои адои хизмати патрулӣ дар истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ таъин мегардад, чун қоида афсар мебошад.
Патрулҳо аз ҳисоби аскар ва сержантҳои боинтизом, серталаб, хушсарулибос, аз ҷиҳати ҷисмонӣ бардам, мувофиқи қоида аз як воҳид таъин карда мешаванд.
  1. Силоҳи ҳайати шахсии патрулҳо ва сару либоси онҳо бо фармони сардори гарнизон муайян карда мешаванд.
Наряди патрулӣ вобаста ба вазъият метавонанд яроқдор ё бе яроқ бошанд. Сардорони патрулҳо, афсарону прапоршикон дар ҳама ҳолат бо туфангча ва ду тирдони пур аз тир мусаллаҳ мешаванд.
  1. Ҳайати шахсии патрул бояд дар дасти чап аз матои сурх дастбанд дошта бошанд, ки дар он бо ранги сафед ё ба воситаи дўхтани матои сафед «ПАТРУЛ» навишта шудааст. Дарозии дастбанд 30-40 см ва бараш 10 см мешавад.
  2. Ведомости наряд, нақшаи адои хизмати патрулӣ ва дастурамали патрулҳоро коменданти ҳарбии гарнизон тартиб медиҳад ва сардори гарнизон онҳоро тасдиқ мекунад.
Дар ведомости наряди патрулҳо миқдори посбонон, ҳайати онҳо, силоҳ, шакли либос, мўҳлати иҷрои хизмат ва қисм (ҷузъу том)-е, ки патрул аз ҳисоби он таъин карда мешавад, нишон дода мешаванд.
Дар нақшаи адои хизмати патрулӣ якчанд намуди самти ҳаракати патрулҳо, мавқеи ҷойгиршавии театрҳо, қасрҳои фарҳанг, кинотеатрҳо, клубҳо ва ѓайра, ҷои сайру гашти оммавӣ, ҷои телефонҳо барои алоқа бо комендатураи ҳарбӣ, инчунин бо шўъбаҳои милиса нишон дода мешаванд.
Дар дастурамал барои патрулҳо вазифаҳои посбонон ва хусусиятҳои адои хизмати онҳо дар ҳар як самти ҳаракат, тартиби ҳамкорӣ бо милиса, воситаҳои алоқа бо комендатураи ҳарбии гарнизон, постгоҳҳои милиса ва тартиби гузориш баён карда мешаванд.
  1. Ба сардори патрули гарнизонӣ дар арафаи навбатдорӣ аз тарафи ситоди қисм амрномае дода мешавад, ки дар асоси он коменданти ҳарбии гарнизон ба ў гувоҳномаи ҳуқуқи адои хизмати патрулӣ медиҳад, ки дар он самти ҳаракат, вақти хизмати патрулӣ ва супоришҳои махсус сабт карда мешаванд.
  2. Сардори патрули гарнизонӣ барои дуруст бурдани хизмати патрулҳо, нигаҳдошти тартибот ва риояи интизоми баланди хизматчиёни ҳарбӣ дар самти ҳаракат ҷавобгар аст.
Ў вазифадор аст:
-дар вақти таъиншуда ба назди коменданти ҳарбии гарнизон барои гирифтани дастурамал ҳозир шавад ва ҳуҷҷатҳои заруриро омўзад;
-вазифаи патрулро донад ва ба хизмати патрулҳо роҳбарӣ кунад;
-иҷрои талаботи интизоми ҳарбӣ ва риояи қоидаҳои пўшидани намуди муқарраршудаи либоси ҳарбиро аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ назорат кунад;
-ба хизматчиёни ҳарбии рутбаашон баробари ў ё пасттар аз вай, ки интизоми ҳарбиро вайрон мекунанд, огоҳӣ диҳад, дар ҳолати зарурӣ ҳуҷҷатҳои онҳоро санҷад ва агар лозим бошад, онҳоро дастгир карда, ба идораи коменданти ҳарбии гарнизон фиристад;
-бо сардорону роҳбарон барои барқарор кардани тартибот мадад расонад ва бо талаби онҳо хизматчиёни ҳарбии интизоми ҳарбиро вайронкарда ба комендатураи ҳарбии гарнизон фиристад;
-дар самти ҳаракати худ ҷойгиршавии нуқтаҳои телефонҳоро барои алоқа кардан бо комендатураи ҳарбии гарнизон (навбатдори қаровулҳо, ҳамчунин бо постгоҳҳои милиса) донад ва мунтазам дар бораи ҷараёни хизмати патрулӣ ба коменданти ҳарбӣ ё ёвари ў(навбатдори қаровулҳо) гузориш диҳад;
-ба кормандони милиса дар таъмини тартибот дар байни шаҳрвандон дар кўчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ёрии зарурӣ расонад;
-рўйхати хизматчиёни ҳарбии дастгиршуда ва ба комендатураи ҳарбии гарнизон равонкардаро мувофиқи тартиби дар банди 25 ҳамин Оиннома нишон додашуда тартиб диҳад, пас аз анҷоми мўҳлати адои хизмати патрулӣ онро ба коменданти ҳарбии гарнизон пешниҳод намояд6, бо патрулҳо ба қисми ҳарбии худ баргардад ва ба навбатдори қисми ҳарбӣ дар бораи иҷрои вазифа гузориш диҳад.
ҳангоми дастгир кардани хизматчии ҳарбӣ дар ҳолати мастӣ сардори патрул барои расонидани ў ба комендатураи ҳарбии гарнизон тадбирҳо ҷўяд, дар ин ҳол набояд аз ў ягон хел баёнот талаб кунад.
  1. Патрул вазифадор аст:
-хизматро ҳушёрона иҷро кунад, рафтори хизматчиёни ҳарбиро назорат карда, дар сурати вайрон гардидани интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ ба сардори патрул гузориш диҳад;
-фармонҳои сардори патрулро дуруст ва зуд иҷро кунад ва бе иҷозати ў ба ҳеҷ куҷо наравад;
-бе иҷозати сардори патрул аз дастгиршудагон чизе нагирад ва ба онҳо чизе надиҳад; ба сардори патрул дар бораи хоҳиши дастгиршудагон хабар диҳад;
-баъди анҷоми хизмат ва расидан ба қисми ҳарбӣ бо иҷозати сардори патрул ба ҷузъу томи худ ҳозир шуда, ба навбатдор дар бораи бозгашти худ гузориш диҳад.
  1. ҳайати шахсии патрул дар вақти иҷрои вазифаҳои худ бояд дар риояи интизоми ҳарбӣ, қоидаи пўшидани либоси ҳарбӣ ва одоби ҳарбӣ намунаи ибрат бошад. Дар вақти хизмат ба вай гуфтугў бо ашхоси бегона ё аз иҷрои вазифаҳои худ дур шудан манъ аст.
  2. Сардори патрул ба хизматчии ҳарбии рутбаи ҳарбиаш бо рутбаи ў баробар ё хурдтар муроҷиат карда, рутба ва вазифаи худро номбар мекунад ва талаботи заруриро ба тариқи зайл пешниҳод мекунад «Рафиқ сержантМан сардори патрул майор Раҳимов. Шумо қоидаи либоспўширо вайрон кардед. Ин ва он корро кунед».
  3. Агар хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, ҳангоми дар мураххас буданаш вайрон кардани қоидаҳои пўшидани либоси ҳарбӣ, надодани саломи ҳарбӣ ё дигар намуди беинтизомӣ содир карда бошад, сардори патрул ҳуқуқ дорад, ки мураххасии чунин хизматчии ҳарбиро қатъ намуда, онҳоро дар зери мушоияти патрулҳо ба комендатураи ҳарбӣ фиристад ё барои чора дидан ба қисми ҳарбиаш баргардонад. Хизматчиёни ҳарбие, ки бо дастхати мураххасӣ аз дигар гарнизон дастгир шудаанд, ба комендатураи ҳарбӣ равон карда мешаванд. Сардори патрул дар дастхати мураххасии хизматчии ҳарбӣ дар бораи вақт ва сабаби гирифторӣ қайд мекунад.
Ҳангоми дастгир кардани хизматчии ҳарбӣ, дар ҳолати итоат накардан ё муқобилат нишон додани ў сардори патрул ҳуқуқ дорад, ки худ ё бо ҳайати патрул қувваи ҷисмонӣ истифода барад.
Истифодаи яроқ чораи охирин буда, танҳо дар он лаҳзаву ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Аз хизматчиёни ҳарбии дастгиршуда яроқҳои сарду оташфишон ва тирҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳое, ки шахсиятро гувоҳӣ медиҳанд, гирифта шуда, аз тарафи сардори патрул ба коменданти ҳарбӣ ё ба ёвари ў (навбатдори қаровул) супорида мешаванд.
  1. Дар сурати аз ҷониби хизматчии ҳарбии рутбаи ҳарбиаш аз ў баланд вайрон кардани интизоми ҳарбӣ сардори патрул ба ў муроҷиат карда, хоҳиш мекунад, ки интизоми ҳарбиро вайрон накунад. Дар сурати иҷро нашудани хоҳиш сардори патрул вазифадор аст фавран дар ин бора ба коменданти ҳарбии гарнизон ё ба ёвари ў (ба навбатдори қаровул) гузориш диҳад ва мувофиқи дастури ў амал кунад.
  2. Хизматчиёни ҳарбии барои вайрон кардани интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ ба комендатураи ҳарбии гарнизон овардашударо ёвари коменданти ҳарбии гарнизон (навбатдори қаровул) қабул карда, ба дафтари қайди дастгиршудагон менависад ва дар ҳуҷраҳои (камераҳои) ҳабси муваққатӣ то нисбати ҷавобгарии онҳо қарор қабул кардани коменданти ҳарбии гарнизон на зиёда аз 1 шабонарўз нигоҳ медорад.
Ёвари коменданти ҳарбӣ (навбатдори қаровул) хизматчиёни ҳарбии дастгиршударо қабул карда, чизу чора ва сарў либосҳо, асбобу анҷом ва чизҳои арзишнокеро, ки ҳамроҳи худ  дар ҳуҷра (камера) нигоҳ доштан мумкин нест, ҳамчунин ҳамаи ҳуҷҷатҳои хизматиро аз онҳо мегирад. Дар бораи гирифтани яроқ ва лавозимоти ҷангӣ, ҳуҷҷатҳо, анҷом ва чизҳои арзишнок протокол тартиб дода мешавад ва дар он ёвари коменданти ҳарбии гарнизон (навбатдори қаровул), ашхосе, ки дасгиршударо овардаанд ва худи дастгиршуда имзо мегузоранд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки ба комендатура дар ҳолати мастӣ оварда шудаанд, пас аз ҳушёр шудан баёнот менависанд.
  1. Бо хизматчиёни ҳарбие, ки барои вайрон кардани қоидаҳои пўшидани либоси ҳарбӣ ва надодани саломи ҳарбӣ дастгир шудаанд, дар комендатураи ҳарбӣ рўзона ба миқдори то 3 соат оид ба омодагии сафороӣ ва омўхтани оинномаҳо машѓулиятҳо гузаронида мешаванд.
Хизматчиёни ҳарбии дар ҳуҷраҳои (камераҳои) ҳабси муваққатӣ бударо посбонони маҳбаси гарнизонӣ посбонӣ мекунанд. Агар маҳбаси гарнизонӣ аз комендатураи гарнизон дар масофаи дур ҷойгир бошад, хизматчиёни ҳарбии дастгиршударо метавонанд патрулҳои мусаллаҳи махсус таъиншуда, ки хизматро мутобиқи банди 189-уми Оинномаи мазкур адо мекунанд, посбонӣ кунанд.
  1. Баъди анҷоми хизмати патрулӣ амрнома бо қайди зарурии коменданти ҳарбии гарнизон ба сардори патрул барои супурдан ба ситоди ҳарбии қисм баргардонида мешавад.
 
 
 
 
Қ И С М И    Д У Ю М
ТАШКИЛ ВА ИҷРОИ ХИЗМАТИ қАРОВУЛӣ
 
БОБИ  3
ТАШКИЛИ ХИЗМАТИ ҚАРОВУЛӣ ВА ОМОДАГИИ ҚАРОВУЛҲО
 
Муқаррароти  умумӣ
 
  1. Хизмати қаровулӣ иҷрои супориши ҷангӣ буда, аз ҳайати шахсӣ иҷрои дурусти ҳамаи муқаррароти ҳамин Оиннома, ҳушёрии баланд, ҷасорати шикастнопазир ва ташаббускориро талаб мекунад.
Вайронкунандагони талаботи хизмати қаровулӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ё ҷиноӣ кашида мешаванд.
  1. Барои иҷрои хизмати қаровулӣ қаровулҳо тайёр карда мешаванд.
Воҳиди мусаллаҳеро қаровул меноманд, ки барои иҷрои супориши ҷангӣ доир ба ҳифз ва ҳимояи байрақҳои ҷангӣ, объектҳои ҳарбӣ ва давлатӣ, ҳамчунин ашхоси дар маҳбаси ҳарбӣ(гауптвахта) ва баталёни интизомӣ таъин шудааст.
  • қаровулҳо гарнизонӣ ва дохилӣ мешаванд, онҳо метавонанд доимӣ ё муваққатӣ бошанд.
  1. қаровули гарнизонӣ барои посбонӣ ва ҳимояи объектҳои тобеи артиш, ё марказ, ки воҳидҳои посбонӣ надоранд, барои объектҳои аҳамияти умумигарнизонидошта, объектҳои муттаҳида ё якчанд қисми ҳарбие, ки аз якдигар дар масофаи наздик ҷойгиранд ва барои ҳимояи ашхоси дар маҳбаси гарнизонбуда таъин мешавад.
қаровули дохилӣ барои ҳифз ва мудофиаи объектҳои як қисми ҳарбӣ таъин карда мешавад. Ҳавопаймоҳо (чархболҳо) ва дигар нуқтаҳои қисмҳои авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо аз ҷониби қаровулҳои дохилие, ки қисми авиатсионию техникӣ таъин намудааст, посбонӣ ва ҳимоя карда мешаванд.
қаровули доимӣ дар ҷадвали қаровулҳо пешбинӣ мешавад. қаровулҳои муваққатӣ ба ҷадвали қаровулӣ дохил карда намешаванд; онҳо бо фармони сардори гарнизон ё командири қисми ҳарбӣ барои посбонӣ ва ҳимояи моликияти ҳарбӣ дар вақти бор кардан ва ё фаровардани он, муваққатан ҷойгир кардани онҳо, барои ҳамроҳӣ кардани борҳои ҳарбӣ, ки бо нақлиёти гуногун кашонида мешаванд ва барои посбонии маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) таъин мешаванд.
  1. қаровулҳои гарнизонӣ ба сардори гарнизон, коменданти ҳарбии гарнизон, навбатдори қаровул ва ёвари ў итоат мекунад; қаровули назди маҳбаси гарнизонӣ ба ѓайр аз ин ба сардори маҳбас (гауптвахта) итоат мекунад.
қаровулҳои дохилӣ ба командири қисми ҳарбӣ, навбатдори қисми ҳарбӣ ва ёвари ў, ба шарте, ки афсар бошад, итоат мекунанд.
Ба ёвари навбатдори қисми ҳарбӣ, ки аз ҷумлаи прапоршикҳо таъин шудааст, қаровулҳое, ки сардорашон афсарҳо нестанд, итоат мекунанд; ба ёвари навбатдори қисми ҳарбӣ, ки аз ҷумлаи сержантҳо таъин шудааст, қаровулҳое, ки сардорашон аз ҷумлаи сержантҳо таъин шудаанд, итоат мекунанд.
қаровулҳо аз лаҳзаи додани фармони «НИЗОМ» ба итоати ашхоси дар боло зикршуда мегузаранд. қаровулҳо аз итоати ин ашхос аз ҳамон лаҳзае мебароянд, ки сардори қаровул ба онҳо барои баъди анҷоми навбатдорӣ барои ба қисми ҳарбиашон рафтан фармон медиҳад: «Бо қадам МАРШ».
  1. Ба ҳайати қаровул инҳо таъин карда мешаванд: сардори қаровул, қаровулҳо мувофиқи шумораи постгоҳҳо ва бастҳо, ҷобаҷогузорҳо ва дар ҳолати зарурӣ ёвари сардори қаровул ва ронандаҳои воситаҳои нақлиёт.
Дар қаровулҳои оид ба муҳофизати ситодҳо ва пунктҳои идоравӣ, ҳамчунин дар ҳифзи муассисаҳо ѓайр аз ашхоси номбурда қаровулҳои постгоҳҳои назорати гузаргоҳӣ таъин гардида, дар қаровулии маҳбас берунбара ва посбони дунболрав муайян карда мешаванд.
  1. Барои нигаҳбонӣ ва ҳимояи бевоситаи объектҳо аз ҳисоби ҳайати қаровул посбонон гузошта мешаванд.
қаровули мусаллаҳеро посбон меноманд, ки супориши ҷангиро оид ба қаровулӣ ва ҳимояи постгоҳи ба ў супоридашуда иҷро мекунад.
ҳамаи он чизеро постгоҳ меноманд, ки барои нигаҳбонӣ ва ҳимояи он посбон гузошта мешавад, ҳамчунин он ҷой ё объектеро меноманд, ки посбон дар он иҷрои вазифа мекунад. Ба постгоҳ объектҳои дорои воситаҳои техникии муҳофизат, ки қаровул муҳофизат мекунад ва қитъаи маҳалле, ки ин воситаҳо устувор карда шудаанд, ворид мешаванд.
Нигаҳбонии объектҳоро посбонон бо тарзи патрулӣ дар байни девори дохилӣ ва берунии гирди объект ё қад-қадди девор аз дарун, агар объект як девор дошта бошад, бо роҳи гаштан дар атрофи анбор ва махзанҳои ҳимояшавандае, ки атрофашон девор надорад, ҳамчунин бо роҳи аз манора назорат кардан иҷро мекунанд. Объектҳои алоҳидаро метавонанд посбонҳои беҳаракат қаровулӣ кунанд.
  1. Сардорони гарнизонҳо, командирони қисмҳои ҳарбӣ ва ҳамаи сардорони бевоситаи онҳо вазифадоранд ҳамеша барои кам кардани шумораи ҳайати шахсии қаровулҳое, ки баҳри нигаҳбонӣ ва муҳофизати объектҳои ҳарбӣ заруранд, кўшиш намоянд:
-гузаштан ба муҳофизати постгоҳҳо, бо воситаҳои техникии муҳофизат ва сагҳои қаровулӣ бе гузоштани посбонҳо;
-таҳти нигаҳбонии як қаровул қарор додани ҳамаи анборҳо, паркҳо ва дигар объектҳои муҳофизатшавандаи бо панҷараҳои умумӣ ба ҳам наздик ҷойгиршудае, ки ба қисмҳои ҳарбии мухталиф тааллуқ доранд;
-кам кардани миқдори постгоҳҳои посбонҳояшон беҳаракат ва ташкили нигаҳбонии объектҳо ба тарзи патрулии пиёда ва савора.
  1. ҳангоми ташкили нигаҳбонии объектҳо ба тарзи патрулӣ ба посбон вобаста ба девори атрофи объект ва шароити маҳал барои нигаҳбонӣ ва ҳимоя дар давоми вақти муайяншуда: рўзона қитъаи замини дарозиаш то 2 км ва шабона то 1 км, дар мавзеъҳои бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонидашуда: рўзона то 3 км, шабона то 2 км дода мешавад. Барои пурзўр кардани муҳофизати объектҳо, дар вақти бад будани обу ҳаво (тумани ѓализ, борон, барф), бо фармони сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) мумкин аст қаровул ва патрулҳои иловагии савори нақлиёт таъин гарданд. Дар чунин ҳолат тартиби иҷрои хизмати қаровул ва патрулҳоро сардори гарнизон (коменданти қисми ҳарбӣ) муқаррар мекунад.
Посбонон дар самти ҳаракат пиёда мегарданд, суръати ҳаракат бояд нигаҳбонии боэътимоди объектҳоро таъмин кунад, зимнан онҳо барои аз назар гузаронидани маҳал ва девори атроф, барои ба сардори қаровул дар бораи рафти хизмат бо воситаҳои алоқа  гузориш додан таваққуфи кўтоҳ мекунанд.
Дар ҳавои соф, агар шароити маҳал имконият диҳад, посбонон метавонанд объектҳои ҳимояшаванда ва атрофи онҳоро аз болои манораҳо назорат кунанд.
  1. Барои кўмак ба посбонон дар ҳар қаровулхона аз ҳисоби посбонони бедор ва дамгиранда гурўҳҳои эҳтиётие ташкил карда мешаванд, ки баробари садои бонги хатари ҷангӣ бо амри сардори қаровул, ёвари вай ё ҷобаҷогузор ба ҷои ҳодиса омада, вобаста ба вазъият амал мекунанд. Барои зуд расонидани ин гурўҳҳо ба маҳалли ҳодиса қаровулон дар сурати зарурат бо нақлиёт таъмин карда мешаванд.
  2. ҳайати шахсии қаровул бояд дар тан либоси қаровулӣ дошта бошанд (замимаи 8), бо автоматҳои найзадор ва карабини найзадори барои ҷанг коршоям мусаллаҳ бошанд. Қаровулҳои постгоҳҳои назоратию гузаргоҳӣ метавонанд бо туфангчаҳо мусаллаҳ гарданд. Сардорони қаровул ва ёварони онҳо бо яроқҳои штатии худ мусаллаҳ мешаванд.
қаровул бо тирҳои ҷангӣ ба миқдори зерин таъмин карда мешавад: барои ҳар як автомат ва туфангча дутогӣ тирдони пур аз тир; барои ҳар як карабин 30 донагӣ тир дар тирдонҳо.
Ба ѓайр аз ин бо амри махсуси сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) сардорони қаровулҳо метавонанд бо автомат мусаллаҳ шаванд ва қаровулҳо метавонанд бо пулемётҳо ва сетогӣ тирдони пур аз тир барои ҳар кадомашон, ҳамчунин бо норинҷакҳои дастӣ барои ҳамаи ҳайати қаровулон аз ҳисоби ду норинҷак барои як кас мусаллаҳ бошанд, ҳамчунин бо техникаи ҷангӣ пурқувват карда шаванд.
Лавозимоти ҷангӣ ба ҳайати шахсии қаровул, ба истиснои шахсони бо туфангча мусаллаҳбуда, дар шаҳраки қаровулӣ баъди машѓулияти амалӣ дода мешавад.
  1. Яроқҳо пеш аз ба постгоҳ рафтан ва барои муҳофизати хизматчиёни ҳарбии судшаванда ва аз ҷониби муфаттиш ё мақомоти таҳқиқи дастгиркардаи судшаванда ва маҳкумшуда ва барои ҳамроҳӣ кардани ашхосе, ки қаровулҳоро тафтиш мекунанд, бо тир пур карда мешаванд.
Тир пур кардан ё аз тир холӣ кардани яроқҳо бо амри сардори қаровул ё ёвари ў (ҷобаҷогузор) таҳти назорат дар назди қаровулхона, дар ҷои махсуси барои ин муҷаҳҳаз, равшан ва дорои тиргир анҷом дода шуда, ҳангоми бо воситаҳои нақлиёт ба постгоҳҳо равон шудани посбонон ин кор дар ҷойҳои дар дастурамали сардори қаровул нишондодашуда, ҳангоми зарурат, ҳамчунин ҷиҳозонидан бо тиргирҳо иҷро карда мешавад. Дар вақти тир пур кардан ва тир холӣ намудан мили яроқ бояд ба боло (таҳти кунҷи 45-60 дараҷа) ва канор аз хонаҳои истиқоматии атроф ва объектҳои ҳимояшаванда равона шуда бошад. Агар дар наздикӣ  ва атрофи қаровулхона биноҳои истиқоматӣ ва хизматӣ ҷойгир бошанд, тирпуркунӣ ва аз тир холикунии яроқҳо метавонад дар дохили қаровулхона, дар ҷои махсусе, ки тиргир дорад, иҷро карда шавад.
Туфангчаҳо баъди гирифтани тир дар қисми ҳарбӣ бо тир пур карда шуда, баъди анҷоми қаровулӣ ва ба қисм омадан аз тир холӣ карда мешаванд.
  1. Яроқ аз рўи қоидаҳои дар дастурамали тирандозӣ барои намудҳои дахлдори яроқ нишондодашуда бо тир пур карда мешавад, аммо тир ба фишангдон ҷой карда намешавад.
Ба автомат тирдони пур аз тир пайваст карда мешавад. Пеш аз пайваст кардан онро муоина карда (кулангро зер карда) дар ҳолати муҳофиз мегузоранд. Баъди пайваст кардани тирдон меҳвари кулангдон қафо бурда намешавад.
Ба карабин тирдони пур аз тир пайваст карда мешавад. Баъди бо тир пур кардани карабин кулангдон оҳиста маҳкам карда мешавад (аммо тир ба фишангдон ҷо карда намешавад), муҳофиз кушода шуда куланг зер карда мешавад ва карабин дар ҳолати муҳофиз гузошта мешавад.
Ба туфангча тирдони пур аз тир пайваст карда мешавад ва ҳангоми  пайвасткунӣ кулангдон қафо бурда намешавад. Пеш аз тирпуркунӣ туфангча дар ҳолати муҳофиз гузошта мешавад.
Пулемётҳо бо тир ва норинҷакҳои дастӣ бо оташгирон бевосита пеш аз истифодабарӣ пур ва пайваст карда мешаванд.
  1. Бо фармони сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) дар қаровулхона тирҳои ҷангӣ аз рўи ҳисоби барои ҳар як автомат 150 тир ва барои ҳар як туфангча 16 тир захира карда мешаванд, ки дар қуттиҳои руҳандуд, дар даруни қуттиҳои махсуси оҳанин нигоҳ дошта мешаванд.
Норинҷакҳои дастӣ дар қуттиҳои оҳанин нигоҳ дошта шуда, дар ин ҳолат оташгиронҳо ҷудо аз норинҷакҳо, дар бастаи обногузар ҷой карда мешаванд.
Дафтари қайди захираи тирҳои ҷангии қаровул (замимаи 7), норинҷакҳо ва оташгиронҳои онҳо, таъйидномаи гирифтани (мондани) лавозимоти ҷангӣ ва намунаҳои холӣ, ҳамчунин калид барои кушодани қуттиҳои руҳандуд низ дар ҳамон қуттиҳо нигоҳ дошта мешаванд. қуттиҳоро қулф мекунанд ва коменданти гарнизон ба онҳо сурѓуч ва мўҳр зада ба рўйхати асбобу анҷоми посбонон, ки дар қаровулхона мебошанд, дохил карда мешаванд. Калидҳо ва қолаби мўҳри қуттиҳои аслиҳаи ҷангӣ дар дасти сардори қаровул нигоҳ дошта мешаванд. Ба ашхоси дигар додани калид манъ аст.
Сардори қаровул барои нигаҳдории куттиҳое, ки захираи тирҳои ҷангӣ, норинҷакҳо ва оташгиронҳо дар даруни онҳо маҳфузанд, шахсан ҷавобгар мебошад.
  1. Мавҷудият ва ҳолати захираҳои аслиҳаи ҷангӣ на камтар аз як бор дар як моҳ санҷида мешаванд: дар қаровулии гарнизонӣ ин корро коменданти гарнизон ва дар қаровулҳои дохилӣ сардори ситоди қисми ҳарбӣ иҷро мекунад.
Натиҷаи санҷиш дар дафтари қайди захираҳои ҷангии тирҳо (норинҷакҳо ва оташгиронҳои онҳо) ва дар ведомости постгоҳ навишта мешавад.
  1. Таъмин кардани қаровулхонаҳо ва постгоҳҳо бо таҷҳизот ва воситаҳои техникии посбонӣ ва воситаҳои алоқа, ҳамчунин бо девор иҳота кардан ва бо асбобу анҷом таъмин кардани объектҳои ҳимояшаванда (замимаҳои 5 ва 6) мутобиқи ҳамин Оиннома ба зиммаи сардори объекти ҳарбӣ (командири қисми ҳарбӣ) гузошта мешавад.
Бо равшанӣ, сўзишворӣ ва либоси постгоҳӣ таъмин кардани қаровулхона низ ба зиммаи сардори объектҳои ҳарбӣ (командири қисми ҳарбӣ) гузошта мешавад.
  1. Барои тасдиқи он, ки қаровули барои иваз омада дар ҳақиқат барои ин мақсад таъин шудааст, ҳамчунин шахси бо фармони сардорон омада, ки ба онҳо қаровул тобеъ аст дар ҳақиқат аз тарафи сардор ваколатдор шудааст, номи рамзӣ (парол) муқаррар карда мешавад.
Номи рамзӣ (парол) барои сардори қаровул чун воситаи боварӣ ҳосил кардан ба он, ки қаровули барои иваз кардан омада дар ҳақиқат барои ҳамин кор таъин шудааст, хизмат мекунад.
Номи рамзӣ (парол) бо номи ягон маҳалли аҳолинишин, шаҳр, растанӣ ва ѓ. ифода мегардад ва ҳар рўз аз нав, алоҳида барои ҳар як қаровул — барои қаровули гарнизонӣ аз ҷониби коменданти гарнизон ва барои қаровули дохилӣ аз ҷониби сардори ситоди қисми ҳарбӣ муқаррар карда мешавад.
Номҳои рамзӣ (паролҳо) барои на зиёдтар аз 10 рўз пешакӣ муқаррар карда шуда, ба дафтари номҳои рамзӣ (паролҳо) навишта мешаванд ва дар дасти коменданти гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ), дар ҷузъгири мўҳри сурѓучдор ва сандуқи оҳанин нигоҳ дошта мешавад.
Дастхат бо номи нав ва кўҳнаи номи рамзӣ (парол) ба навбатдори гарнизон аз тарафи сардори ситоди қисми ҳарбӣ ё ёвари вай дар вақти таъиншуда, пеш аз азназаргузаронии қаровулҳо дода мешавад.
Навбатдори қаровул (навбатдори қисм) дар бораи гирифтани дастхат бо номи рамзӣ (парол) дар дафтари махсус имзо гузошта, ёвари худро бо номи рамзӣ (парол)  шинос мекунад.
Бо ҳамин тартиб номи рамзӣ (парол) ба ашхосе, ки бо фармони сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ), коменданти гарнизон ё навбатдори қаровулҳо ба назди сардори қаровул (постгоҳи алоҳида) меравад, фиристода мешавад.
ҳамаи ашхосе, ки номи рамзиро (паролро) медонанд, бояд онро комилан махфӣ нигоҳ доранд. Дар вақти пурсиш номи рамзӣ (парол) бо дастхат бе эълони он хабар дода мешавад ва баъди ин дастхат фавран сўзонда мешавад.
Дар сурати гум шудани дастхати сабти номи рамзӣ (парол) ё бо дигар сабаб ошкор шудани номи рамзӣ (парол) амали он аз ҷониби сардори қаровул ё навбатдори қаровул (қисми ҳарбӣ) фавран бекор карда мешавад. Номи рамзии (пароли) навро навбатдори қаровул ё ёвари вай ба сардори қаровул шахсан дар қаровулхона месупорад ё дар лифофаи маҳкамкардашуда ба воситаи номарасон мефиристад.
  1. Тартиби даромадан ба ҳудуди техникии анборҳо (анборҳои аслиҳа) ва ба объектҳои даргиранда ва махсусан муҳим аз ҷониби сардорони идораҳои (шўъбаҳои) дахлдор ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармондеҳони намудҳои Қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи низомномаҳои (дастурамалҳои) махсус муқаррар карда мешавад.
  2. Кушодани махзанҳо (анборҳо, паркҳо) ё даромадан ба истгоҳи мошинҳои ҳарбӣ, дигар аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки аз тарафи каровулҳо муҳофизат карда мешаванд, дар асоси иҷозатномаи доимӣ ё якдафъагӣ бо имзои коменданти ҳарбии гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ) ва мўҳри нишондор иҷозат дода мешавад.
Дар иҷозатнома бояд рақами он ва рақами қаровул ва ба сардоре, ки ба ў дода шудааст; номи объекти ҳифзшаванда, ки бояд кушода (маҳкам карда) шавад; таърих ва вақти кушодан (маҳкам кардан); рутбаи ҳарбӣ, ному насаб, номи падари шахси барои кушодан (маҳкам кардан) ҳозиргардида сабт шавад;
Рўйхати ашхосе, ки ҳуқуқи кушодани ин ё он махзанҳо (анборҳо, паркҳо)-ро доранд ва ё метавонанд аз қаровулҳо, мошинҳои ҳарбӣ, (аслиҳа ва дигар техникаи ҷангӣ)-и дар истгоҳҳо бударо қабул кунанд, бо фармони сардори гарнизон ба командирони қисмҳои ҳарбӣ эълон карда мешавад.
Намунаҳои иҷозатномаи даромадан бо имзоҳои аслӣ, рўйхати мансабдороне, ки ҳуқуқи кушодани ин ё он махзан (анбор, парк)-ро доранд ё метавонанд дошта бошанд ва намунаҳои қолаби мўҳрҳо (нусхаҳои мўҳри сурѓучӣ), ки аз ҷониби коменданти ҳарбии гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ) имзо шудаанд ва бо мўҳри нишондори тасдиқшуда бояд дар қаровулхона нигоҳ дошта шаванд (замимаи 6).
  1. Иҷозатнома барои кушодани паркҳои ҳавопаймоҳо (чархболҳо), дигар объектҳои қисми авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо аз ҷониби сардори ситоди ҳамон қисм имзо карда мешаванд.
Тартиби муҳофизати ҳавопаймоҳо (чархболҳо) пас аз кушодани паркҳо ва супоридани онҳо таҳти назорати қаровулҳо – аз ҷониби Фармондеҳони намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бо талаботҳои Оинномаи мазкур муайян карда мешавад.
  1. Тартиби хизмати қаровулӣ барои муҳофизат ва мудофиаи объектҳои ҳарбӣ дар шароити махсус ба таври иловагӣ аз ҷониби вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
ХИЗМАТИ ҚАРОВУЛӣ БО ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИИ МУҲОФИЗАТ
 
  1. Воситаҳои техникии муҳофизат бо мақсади баланди устувории муҳофизати объектҳо ва ихтисори шумораи ҳайати шахсии қаровул истифода мешавад. Ба онҳо дохил мешаванд: воситаҳои дарёфти масоҳатӣ ва мавзеӣ, воситаҳои техникии огоҳкунӣ ва таъсиррасонӣ, дастгоҳи қабули сигналҳои воситаҳои техникии муҳофизат ва кабелӣ ё сигналдиҳии радиобарқӣ.
  2. Навъ ва миқдори воситаҳои техникии муҳофизати дар объект истифодашаванда вобаста ба муҳим будани он, махсусиятҳои физикию ҷуѓрофӣ, истифодабарӣ ва ѓ. муайян карда мешаванд.
  3. Дастгоҳи қабули сигналҳои воситаҳои техникии муҳофизат, сигналдиҳии зиддисўхторӣ дар қаровулхона, дар ҳуҷраи сардори қаровулҳо ё алоҳида барои ин ҳуҷраи махсуси таъиншудаи бо даст идорашаванда гузошта мешавад.
Барои таъмини кори бетанаффуси воситаҳои техникии муҳофизат манбаи алоҳидаи барқдиҳанда устувор карда мешавад.
Сигналдиҳандаҳои зиддисўхтории манзилҳо мутобиқи меъёр ва феҳристҳои муқарраргардида ҷиҳозонида мешаванд.
Нигаҳдошти дурусти вазъи воситаҳои техникии муҳофизат аз ҷониби воҳиди штатии барои ин таъиншуда ба роҳ монда мешавад ва дар мавриди набудани чунин воҳиди штатӣ аз тарафи гурўҳҳои хизматрасон бо роҳбарии афсар (прапоршик), ки командири қисми ҳарбӣ (сардори объект) таъин намудааст, таъмин карда мешаванд.
  1. Муҳофизат ва мудофиаи объектҳои бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонидашуда метавонанд бо гузоштани посбонҳо, усули навбатдории гурўҳҳои назоратии муҳофизатӣ ё бо тарзи омехта ба роҳ монда шаванд. Усули навбатдории гурўҳҳои назоратию муҳофизатӣ асосӣ мебошад. Дар ҳамаи усулҳо барои устувории муҳофизати объектҳо сагҳои қаровулӣ метавонанд истифода гарданд (замимаи 11).
Қарор оид ба истифодаи воситаҳои техникии муҳофизат ва зарурати гузоштани посбонҳо дар ин ҳолатҳо, ҳамчунин истифодаи сагҳои қаровулӣ аз ҷониби командирони (сардорони) дорои ҳуқуқи ҷадвали қаровулҳоро тасдиқкунанда қабул карда мешавад (банди 113).
  1. Бо гузоштани посбонҳо одатан анборҳои аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва дигар объектҳои бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонидашуда, ки назорати ҳамешагӣ ва муҳофизати устувор талаб мекунанд, ҳимоя карда мешаванд. Посбонҳо дар ин ҳолат хизматро мувофиқи нишондоди бандҳои 172-185 адо мекунанд. Назоратро ба дастгоҳҳои қабули сигналҳои воситаҳои техникии муҳофизат ёвари сардори қаровул (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат ва дар сурати набудани ў сардори қаровул ё ёвари ў (ҷобаҷогузор) мебарад.
Тафтиши постгоҳҳо аз рўи ҷадвали гурўҳҳои назоратию муҳофизатӣ ба роҳ монда мешавад, ки ба ҳайати он сардори қаровул ё ёвари ў оид ба воситаҳои техникии муҳофизат, як-ду қаровулон дохил мешаванд ва ҳангоми истифода дар мудофиаи пурзўри объектҳо сагҳои қаровулӣ ва ёвари қаровул оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ (роҳбалад) ҷалб карда мешаванд.
Дар рафти зоҳиран санҷидани вазъи деворҳо хати назоратии пайгирӣ, дарҳо (дарвозаҳо), тиреза ва деворҳои анборҳо, миқдор ва мутобиқати мўҳрҳо (қолаб), ҳамчунин амалкунии воситаҳои техникии муҳофизат санҷида мешаванд.
  1. Усули омехтаи муҳофизати объектҳо бо баҳисобгирии тарзи навбатдории гурўҳҳои назоратию муҳофизатӣ, ҳамзамон бо гузоштани посбонҳо дар қитъаҳои алоҳидаи масоҳат ё дар постгоҳи биноҳо (истиқоматгоҳҳо) анҷом мепазирад. Дар ин ҳолат назорат ба дастгоҳи қабули сигналҳои воситаҳои техникии муҳофизатро метавонад сардори қаровул ё ёвари ў иҷро кунад, ба ҷои гурўҳи назоратию муҳофизатӣ метавонад гурўҳи иловагии қаровул амал намояд.
 
НАРЯДИ   қАРОВУЛҲО
 
  1. Наряди қаровулҳо дар асоси ҷадвали қаровулҳо (замимаи 1) ташкил карда мешавад.
қаровулҳо бояд ҳар шабонарўз иваз карда шаванд. ҳар як хизматчии ҳарбӣ мувофиқи қоида танҳо баъди ду шабонарўз аз нав ба қаровулӣ фиристода мешавад.
Дар давраи ҷойгир будани қисми ҳарбӣ дар машқгоҳ бо фармони сардорони дорои ҳуқуқи тасдиқи ҷадвали қаровулҳо (банди 113), метавонад қаровул бо сарварии афсар бе ивази баст ба мўҳлати 7 шабонарўз таъин карда шавад.
  1. ҷадвали қаровулҳои гарнизониро коменданти ҳарбии гарнизон ва қаровули дохилиро сардори ситоди қисми ҳарбӣ дар асоси дастури сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) тартиб медиҳанд. Нигаҳбонӣ ва мудофиаи боэътимоди объектҳои ҳарбӣ бо дарназардошти аҳамияташон ва деворҳои атрофашон бо шумораи ҳарчи камтари посбонон иҷро карда мешаванд. Пеш аз тартиб додани ҷадвали қаровулҳо бо шароити ҷойгиршавии объектҳо дар маҳал шинос шудан зарур аст.
ҷадвали қаровулҳо барои ҳимояи объектҳои тобеияти марказидошта, ки ҷузъу томҳои қаровулии худро доранд, аз ҷониби сардори объекти ҳарбӣ (анбор, махзан) тартиб дода мешавад.
  1. ҳамзамон бо ҷадвали қаровулҳо барои ҳар як қаровул нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо, табели постгоҳҳо (замимаи 3) ва дастурамал барои сардори қаровул тартиб дода мешавад, барои қаровулҳое, ки ҳангоми эълони бонги хатар иваз мешаванд, ѓайр аз он, ҳуҷҷатдории дар лаҳзаи эълони бонги хатар, барои қаровулҳое, ки ба ҳайати онҳо ёвари сардори қаровул (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат дохил мешавад, ҳуҷҷатдории ёвари сардори қаровул (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат тартиб дода мешавад.
Дар нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо инҳо нишон дода мешаванд: сарҳади постгоҳҳо ва қитъаи мамнўъ, намуди девори атроф,объектҳои бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонидашуда, самти ҳаракати патрулҳо ба постгоҳҳо ва ҳаракати патрулҳо бо воситаи нақлиёт, самти ҳаракати посбонон ва гурўҳҳои санҷишию муҳофизатӣ шабона ва рўзона, ҷои хандақҳо, манораҳои дидбонӣ, воситаҳои алоқа ва оташнишонӣ, постгоҳи сагҳои қаровулӣ, хатарноктарин даромадгоҳҳои постгоҳҳо.
Дар табели постгоҳҳо зикр мегардад, ки чиро дар ҳар постгоҳ ҳифз ва мудофиа кардан лозим аст; дар табел ҳамчунин вазифаҳои муҳими посбонон, шарту шароити мушаххаси иҷрои хизмат дар он ва мўҳлати гузориш оид ба воситаҳои алоқа, вақте ки дар давоми он посбонон метавонанд аз манора дидбонӣ кунанд; масофае, ки наздиктар аз он ба тарафи постгоҳ роҳ додани ашхоси бегона ба посбон манъ аст, амали посбон дар сурати ҳуҷум ба постгоҳ, ба постгоҳҳои ҳамсоя ва ҳангоми сар задани сўхтор дар постгоҳ, дар кадом ҳолат ба посбон иҷозат дода мешавад, ки аз яроқ истифода барад, нишон дода мешавад. Тартиби адои хизмат ҳангоми муҳофизати пурзўри объектҳо. Барои постгоҳе, ки бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонида шудааст, номгўй ва миқдори воситаҳои техникии муҳофизат дар ҳар як постгоҳ, махсусияти амалкунии онҳо, тартиби санҷиши постгоҳҳо аз тарафи гурўҳҳои санҷишию муҳофизатӣ ва истифодаи яроқ нишон дода мешавад.
Дар дастурамали сардори қаровул вазифаҳои махсуси қаровул доир ба нигаҳбонӣ ва мудофиаи объектҳои ба қаровул супоридашуда, тартиби амали шахсони мансабдори қаровул ҳангоми қабул ба зери ҳимоя ва супурдани объектҳо (аз он ҷумла воситаҳои техникии муҳофизати ҷиҳозонидашуда), нақша ва тартиби санҷиши онҳо аз тарафи гурўҳҳои санҷишию муҳофизатӣ; чораҳо доир ба пурзўр кардани муҳофизати шабона ва дар ҳавои бад, доир ба амали қаровул дар сурати ҳуҷум ба объектҳои муҳофизатшаванда, ба посбонҳо ё қаровулхона, сар задани сўхтор, ҳангоми бонги хатар, ҳамчунин дастурҳо доир ба нигоҳдошти яроқ ва тартиби кушодани қуттиҳои муҳиммоти ҷангӣ баён карда мешавад.
Нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо, табел барои постгоҳҳо ва дастурамал барои сардори қаровул аз ҷониби сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) тасдиқ карда мешаванд.
  1. ҷадвалҳои қаровулҳои дохилии коллеҷҳои (донишкадаҳо)-и ҳарбӣ ва кафедраҳо аз ҷониби сардорони коллеҷҳо (донишкадаҳо) ва сардорони кафедраҳо тасдиқ карда мешаванд.
Ба ҷадвали нақша ҷойгиршавии постгоҳҳои ҳар як қаровул замима карда мешавад.
  1. Дар асоси ҷадвали қаровулҳо коменданти ҳарбии гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ) ҳар моҳ тартиби навбатдории адои хизматро дар қаровул байни қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо) муайян мекунад, ки дар ведомости наряди гарнизонӣ (шабонарўзӣ) дарҷ мегардад (замимаи 2), ки онро сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) тасдиқ мекунад.
Нусха аз ведомости навбатдории гарнизонӣ ва ҳамчунин нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо, табели постгоҳҳо ва дастурамал барои сардорони қаровулҳо ба ҳамаи қисмҳои ҳарбии гарнизон, ки барои иҷрои хизмати навбатдории гарнизонӣ ҷалб карда мешаванд, на дертар аз 10 шабонарўз то саршавии моҳи нав фиристода мешаванд.
Ситоди қисми ҳарбӣ 5-6 шабонарўз то саршавии моҳи нав ба командирони ҷузъу томҳое, ки қаровул мефиристанд, рўзҳои ба навбатдорӣ даромадан ва ҳайати қаровулро хабар медиҳад.
Оид ба ҳар як таѓйирот дар ведомости навбатдории қаровулҳо, дар нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо ва дар табели постгоҳҳо коменданти ҳарбии гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ) сари вақт ба қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо) хабар медиҳад.
Дар ҳолати эълони бонги хатар ҳуҷҷатдорӣ дар назди сардори қаровул, дар лифофаи дорои мўҳри нишондор нигоҳ дошта мешавад. Нусхаи дуюми ҳуҷҷатдорӣ дар назди коменданти ҳарбии гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ) нигоҳ дошта мешавад, ки барои гузаронидани дастурамал бо сардори қаровул, ки барои ивази баст таъин шудааст, дар ҳолати эълони бонги хатар лозим аст.
  1. Агар дар объект панҷ ё зиёда аз он постгоҳ воқеъ бошад, афсарон ё прапоршикҳо ва дар сурати камтар будани постгоҳҳо сержантҳо (старшинаҳо) сардори қаровул таъин карда мешаванд.
Сардори қаровуле, ки объекти махсусан муҳимро муҳофизат мекунад, сарфи назар аз миқдори постгоҳҳо, афсар ё прапоршик таъин карда мешавад.
Дар коллеҷҳои ҳарбӣ (донишкадаҳо), сарфи назар аз миқдори постгоҳҳо, курсантҳои курсҳои болоӣ метавонанд сардори қаровул таъин карда шаванд.
Сардори қаровули маҳбаси гарнизон (гауптвахта) афсар таъин карда мешавад.
Ёвари сардори қаровул аз ҳисоби прапоршикҳо ё сержантҳо (старшинаҳо) таъин мегардадАгар ёвари сардори қаровул таъин нашавад, вазифаи ўро ҷобаҷогузори якум иҷро мекунад.
Ёвари сардори қаровул (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат аз мутахассисони воситаҳои техникии муҳофизат таъин карда мешавад.
Дар сурати дар ҳайати қаровул мавҷуд будани сагҳои қаровулӣ аз ҳисоби роҳбалади калони сагҳои қаровулӣ ёвари сардори қаровул доир ба хизмати сагҳои қаровулӣ таъин карда мешавад (замимаи 11).
  1. Дар ҳайати қаровул ҷобаҷогузор аз ҳисоби сержантҳо, старшинаҳо ва ефрейторҳо таъин карда мешавад.
Шумораи ҷобаҷогузорон аз рўи миқдор ва ҷойгиршавии постгоҳҳо тавре муқаррар карда мешавад, ки ҳар як ҷобаҷогузор то 5 посбон ба постгоҳҳо гузорад,ба постгоҳҳо рафтан, ивази посбонон ва бозгашт ба қаровулхона на зиёдтар аз 1 соат давом кунад.
Дар сурати ба қаровул таъин шудани якчанд ҷобаҷогузор онҳоро ба таври зайл ном мебаранд: ҷобаҷогузори якум, ҷобаҷогузори дуюм ва ѓайра.
Агар қаровул як постгоҳро муҳофизат кунад, ҷобаҷогузор таъин карда намешавад, вазифаи ўро сардори қаровул иҷро мекунад.
  1. қаровулҳо аз ҳисоби аскарон таъин карда мешаванд. Дар сурати кам будани аскар сержантҳо ва старшинаҳоро метавонанд қаровул таъин кунанд. Дар чунин ҳолат ҳамаи дастаҳои постгоҳ (постгоҳҳо), ҳамаи ҳайати гурўҳи назоратию гузаргоҳӣ аз онҳо ташкил карда шуда, хизматчии ҳарбие ҷобаҷогузор таъин карда мешавад, ки рутбааш аз рутбаи қаровулҳо паст набошад.
Шумораи қаровулҳо аз рўи миқдори постгоҳҳои барои ҳамин қаровул муқарраршуда муайян карда мешавад. Барои муҳофизати постгоҳ дар давоми як шабонарўз се даста посбонон ва барои муҳофизати постгоҳ танҳо шабона (аз торикшавӣ то субҳидам ё аз маҳкам кардан то кушодани анбор, махзани ҳамин постгоҳ) ду даста посбонон таъин карда мешаванд.
Берунбараҳо ва дунболравон вобаста ба шумораи маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) ва мавқеи ҷойҳои истифодаи умум дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) аз ҳисоби як берунбара (дунболрав) ба 10-15 маҳбус (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) таъин карда мешаванд.
  1. ҳайати қаровул, аз ҷумла сардори қаровул, на дертар аз як шабонарўз то навбатдорӣ баромадан, чун қоида аз як ҷузъу том ва дар ноилоҷӣ аз як қисми ҳарбӣ таъин карда мешавад.
ҳамаи қаровулҳои гарнизон мувофиқи қоида аз як қисми ҳарбӣ таъин карда мешаванд.
 
ТАЙЁРИИ   ҚАРОВУЛҲО
 
  1. Командирони қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳое, ки аз онҳо қаровул таъин шудааст, барои интихоби ҳайати шахсии қаровул ва тайёрии он барои иҷрои хизмат, барои дар ҳолати дуруст будани яроқ ва тирҳои ҷангӣ ва барои сари вақт ба ҷойҳояшон фиристодани қаровул ҷавобгар мебошанд.
Ба қаровул таъин кардани хизматчиёни ҳарбие, ки Савганди ҳарбӣ ёд накардаанд, барномаи дахлдори тайёрии навомадагонро аз худ нанамудаанд, амалҳое содир кардаанд, ки мувофиқи барномаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи онҳо тафтишот рафта истодааст, беморон ва дигар хизматчиёни ҳарбие, ки дар айни ҳол аз рўи вазъи ахлоқию рўҳии худ хизмати қаровулиро бурда наметавонанд, манъ аст.
Бо ҳайати шахсии қаровул амалан аз ҳисоби махсусияти муҳофизати ҳар як объект дар ҷойҳои махсус ҷиҳозонидашуда дар рўзи ба навбатдорӣ рафтан машѓулият гузаронида мешавад.
  1. Сардорони ситодҳои қисмҳои ҳарбӣ вазифадоранд 3 шабонарўз пеш аз ба навбатдорӣ баромадани қаровулҳои гарнизонӣ ва дохилӣ ба командирони ҷузъу томҳое, ки аз онҳо қаровул таъин шудаанд, нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо ва дастурамалҳои сардорони қаровулҳоро супорад, то ки ҳайати шахсии қаровул онҳоро омўзад. Баъди омўзиш ҳуҷҷатҳои номбаршуда ба ситоди қисми ҳарбӣ баргардонида мешаванд.
  2. Шаби пеш аз ба навбатдорӣ баромадани хизматчиёни ҳарбии ба қаровул таъиншуда набояд ягон хизмат адо кунанд ё ба машѓулият ва кор ҷалб карда шаванд.
Рўзи ба навбатдорӣ баромадан дар соатҳои дар реҷаи рўз нишондодашуда ба ҳайати шахсии қаровул барои тайёрӣ ба иҷрои хизмат на камтар аз 3 соат вақт бояд ҷудо карда шавад, ҳангоми ба қаровулӣ рафтан пас аз ҳар як шабонарўз на камтар аз 4 соат, аз он ҷумла на камтар аз 1 соат барои истироҳат (хоб).
  1. ҳайати шахсии қаровули аз рота (батарея) таъиншударо бевосита командири рота (батарея), қаровуле, ки аз баталён (дивизион) таъин шудааст – шахсан командири баталён (дивизион) ва қаровулеро, ки қисми ҳарбӣ таъин кардааст, бо дастури муовини командири қисми ҳарбӣ ташкил ва тайёр мекунанд.
Омодагӣ барои адои хизмат дар қаровул дар се зина гузаронида мешавад:
-якум ду-се рўз пеш аз ба қаровулӣ шурўъ кардан интихоб ва тақсимоти ҳайати шахсии қаровул мутобиқи табели постгоҳ гузаронида мешавад;
-дуюм – дар рўзи пеш аз ба навбатдорӣ шурўъ кардан, дар соатҳои дар реҷаи рўз нишондодашуда, бо ҳайати шахсии қаровул оид ба омўзиши низомномаю оинномаҳо, табели постгоҳҳо бо амиқияти вазифаҳои муҳим ва тарзҳои амалиёти посбонҳо дар постгоҳу қолаби объектҳои мудофиашаванда машѓулият гузаронида мешавад, ҳамчунин дастурамалҳои мувофиқ ва талаботҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо яроқ гузаронида мешавад.
-сеюм – дар рўзи ба қаровул шурўъ кардан машѓулиятҳои амалӣ бо иҷрои амалиётҳои посбонҳо дар постгоҳҳо гузаронида мешаванд.
Машѓулият оид ба омўзиши оинномаҳо ва вазифаҳои муҳими посбонҳо дар синфҳои тайёрии қаровулҳо гузаронида мешавад, дарсҳои амалӣ бо қаровулҳои гарнизонӣ дар шаҳраки қаровулии комендатураи ҳарбӣ (қисми ҳарбӣ) ва машѓулият бо қаровулҳои дохилӣ – дар шаҳраки қаровулии қисми ҳарбӣ гузаронида мешавад (замимаи 10).
Омодагии ёвари сардори қаровул (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат дар машѓулиятҳои ҳармоҳа, ки аз ҷониби коменданти ҳарбии гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ) ташкил карда мешаванд, дар рафти дарсҳои амалӣ пеш аз ҷобаҷошавии қаровулҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар лаҳзаи адои хизмати қаровулии ҳайати шахсӣ пас аз ҳар 1-2 шабонарўзи вақти гузаронидани чорабиниҳои зинаҳои якум ва дуюм омодагии қаровулҳо аз тарафи командири қисми ҳарбӣ тарзе муқаррар карда мешавад, ки сифати тайёрии қаровулҳо паст нагардад.
  1. Командири рота (батарея) ё баталёне (дивизионе), ки аз он қаровул таъин шудааст вазифадор аст:
-пеш аз ба навбатдорӣ баромадан интихоб ва тақсимоти ҳайати шахсии қаровулро мувофиқи табели постгоҳҳо санҷад;
-мувофиқи зинаҳои дуюм ва сеюми тайёрӣ бо қаровулҳо машѓулият гузаронда, муваффақ шавад, ки онҳо дониши дуруст ва аз ўҳдаи иҷрои вазифаҳояшон устуворона бароянд ва талаботҳои бехатариро ҳангоми муомила бо яроқ донанд;
-пеш аз равона кардани хайати шахсии қаровул ба ҷобаҷошавии ҳолати аслиҳа, тирҳои ҷангӣ, чизу чораи дастурўшўӣ ва намуди зоҳирии ҳар як хизматчии ҳарбиро санҷад, ҳамчунин ведомости постгоҳиро пур карда имзо кунад (замимаи 4);
-сари вақт барои ҷобаҷошавӣ фиристодани қаровулро таъмин кунад;
-иҷрои хизматро аз ҷониби қаровуле, ки аз рота (батарея) ё баталён (дивизион) таъин шудааст, санҷад;
-пас аз иваз шудани қаровул гузориши сардори қаровулро дар бораи иҷрои вазифааш қабул кунад, бо ҳамаи мулоҳизаҳои дар ведомости постгоҳӣ навишташуда шинос шавад, на дертар аз рўзи оянда натиҷаҳои иҷрои хизматро бо ҳамаи ҳайати шахсии ҷузъу томе, ки қаровул таъин шуда буд, муҳокима кунад ва ведомости постгоҳро бо зикри чораҳои доир ба мулоҳизаҳои танқидӣ андешидашуда ба ситоди қисми ҳарбӣ фиристад.
Ин ўҳдадориҳо ба муовини командири қисми ҳарбӣ тааллуқ доранд, агар қаровул аз қисми ҳарбӣ таъин шавад.
  1. қаровулҳо бояд 15 дақиқа пеш аз ба ҷобаҷошавӣ баромадан барои иҷрои хизмат тайёр бошанд ва сардорони қаровулҳо онҳоро ба итоати худ қабул кунанд. Дар ин вақт сардорони қаровулҳо вазифадоранд :
  • яроқ ва тирҳои ҷангиро гирифта, онҳоро таҳти имзои шахсӣ дар ведомости тақсимот ба ҳайати шахсии қаровул тақсим кунад:
  • дуруст пур карда шудани тирдонҳоро санҷад;
  • аз рўи ведомости постгоҳ теъдоди қаровулҳоро санҷад;
  • яроқҳоро аз назар гузаронад;
  • дурустии либос ва асбобу анҷомро санҷад;
  • дар бораи тайёр будани қаровул ба командири рота (батарея) ё баталён (дивизион) гузориш диҳад.
Аз шаҳраки қаровулӣ қаровулҳо бо яроқҳои тирҷойнокарда мебароянд ва тирдонҳоро дар сумкаҳо (ба ѓайр аз сардорони қаровулҳо, ки бо туфангча мусаллаҳ мебошанд) ҷой мекунанд.
  1. ҳамаи қаровулҳои гарнизониро аз қисми ҳарбӣ навбатдори қисм мефиристад. Дар бораи фиристода шудани қаровулҳо ў ба командири (сардори ситоди) қисми ҳарбӣ ва коменданти гарнизон гузориш медиҳад.
 
БОБИ  4
ҳУқУқ  ВА  ВАЗИФАҳОИ  ҲАЙАТИ  қАРОВУЛ
 
САРДОРИ қАРОВУЛ
Вазифаҳои умумӣ
 
  1. Сардори қаровул барои корҳои зерин масъул аст: ҳифз ва мудофиаи объектҳои барои посбонӣ супоридашуда; тайёрии ҷангии ҳайати шахсии қаровул; дуруст иҷро шудани хизмат аз ҷониби онҳо; нигаҳдорӣ ва дурустии воситаҳои техникии муҳофизат, деворҳои атроф, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои оташнишонӣ, алоқа ва аломатдиҳӣ дар постгоҳҳо ва қаровулхона, ҳамчунин барои яроқу аслиҳа ва дигар чизҳои дар қаровулхона мавҷудбуда мувофиқи рўихат.
  2. Сардори қаровул ҳуқуқ дорад худаш ё бо ҳайати қаровул дар сурати ҳуҷуми рўирости мусаллаҳона ба объектҳои муҳофизатшаванда, посбонон, басти қаровулҳо ё қаровулхонаҳо аз яроқ истифода барад, ҳамчунин барои барҳам додани бетартибӣ дар байни маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) ё муқобили маҳбуси фироркарда яроқ истифода барад. Дар чунин ҳолат ў бояд пеш аз истифодаи яроқ бо садо ё ба осмон тир холӣ карда ашхосеро, ки ба муқобилашон яроқ истифода бурда мешавад, огоҳ кунад.
Ҳангоми ҳуҷуми ногаҳона ё мусаллаҳ, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҷангӣ, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда, ҳамчунин ҳангоми фирори маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) бо яроқ ва бо воситаҳои нақлиёт, ҳангоми ҳаракати онҳо бе огоҳӣ аз яроқ истифода бурдан мумкин аст.
  1. Сардори қаровул вазифадор аст:
  • вазифаи қаровул, дастурамали сардори қаровул ва вазифаҳои ҳамаи ашхоси қаровулро донад;
  • аз ҳайати шахсии қаровул хуб донистан ва дақиқ иҷро кардани вазифаҳояшон, ҳушёрӣ ва интизоми баландро талаб кунад;
  • мувофиқи рўйхат аз сардори қаровули пешина табели постгоҳҳо, нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо, дастурамалро барои сардори қаровул ва дигар ҳуҷҷатҳо, қуттиҳои аслиҳа, мўҳр ва калиди онҳо, ҳамчунин воситаҳои техникии муҳофизат, воситаҳои алоқа, ва оташнишониро қабул кунад;
  • шахсан ё ҳамроҳи сардори қаровули пешина ҳолати муҳимтарин объектҳои муҳофизатшавандаро, ки дар дастурамал нишон дода шудаанд, дуруст будани равшанӣ, девору хандақҳо, ҳамчунин ҳолати қаровулхона ва маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ва ба воситаи сардори қаровул ё ёвари худ ҳолати дигар объектҳои муҳофизатшавандаро аз назар гузаронад; дар бораи ҳамаи носозиҳои дар постгоҳҳо, дар деворҳои атрофи объектҳои муҳофизатшаванда ва дар воситаҳои техникии муҳофизат ошкоркардашуда дар ведомости постгоҳ нависад;
  • дар вақти муқарраршуда басти навбатиро ба постгоҳҳо фиристад, то чи андоза вазифаҳои худро донистани ҷобаҷогузорҳо ва қаровулҳоро санҷад ва ба онҳо хусусияти иҷрои хизматро дар ҳар як постгоҳ фаҳмонад;
  • тайёрии доимии ҷангии гурўҳҳои эҳтиётӣ (санҷишии муҳофизатӣ), коршоямии воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникии муҳофизат ва алоқа, дуруст нигоҳ доштани яроқ ва тирҳои ҷангиро аз ҷониби ҳайати шахсии қаровул, риояи қоидаи тир пур кардан ва аз тир холӣ кардани яроқ ва андешидани тадбирҳои бехатариро ҳангоми ин кор назорат кунад; ҳамчунин назорат кунад, ки ҳамаи ашхоси қаровул вақти ба постгоҳ рафтан тамоку ва дигар чизҳои даргирандаро дар қаровулхона монанд;
  • дар қаровулхона тартиби дохилиро нигоҳ дорад;
  • баъди аз постгоҳ баргаштани ҳар як баст, дастаи ҷангии ҳайати шахсии қаровулро ба гурўҳҳои эҳтиётӣ тақсим карда, вазифаҳои онҳоро дар ҳолатҳои ҳуҷум ба объектҳои муҳофизатшаванда ё қаровулхона ва дар ҳолати сар задани сўхтор мувофиқи қоидаҳои дар дастуруламал зикргардида муайян кунад;
  • иҷрои хизматро аз ҷониби посбонон, ҳолати объектҳои муҳофизатшаванда ва деворҳои атроф, дурустии воситаҳои алоқа, ҳамчунин воситаҳои оташнишониро на камтар аз ду бор дар як шабонарўз (аз онҳо як маротиба шабона) шахсан санҷида дар ведомости постгоҳ қайдҳои дахлдор ворид намояд; барои санҷиши хизмати посбонҳо давра ба давра ёвари худ ва ҷобаҷогузоронро фиристад;
  • дар сурати даъвати посбон ё дар вақти муайяншуда нарасидани хабар аз посбон дар бораи адои хизмат ҷобаҷогузорро (ёвари худро) фиристад ё худаш ба постгоҳ ҳозир шавад;
  • ба қаровулхона мувофиқи нишондоди бандҳои 138 ва 139 амал карда, ҳеҷ касро ба ѓайр аз ашхосе, ки ба ин ҳуқуқ доранд, даромадан намонад;
  • шахсияти ўро муайян карда нисбати ашхоси шубҳаноки дастгиршуда ва шахсоне, ки ба объект бо вайрон кардани реҷаи гузарномавӣ кўшиши воридшавӣ кардаанд, пурсиши кўтоҳ гузаронад, дар ҳолати зарурӣ кофтуков кунад ва дар ин бора фавран ба сардори қаровул (сардори қисми ҳарбӣ) гузориш диҳад;
  • бо иҷозати навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) ё ёвари ў посбонони беморшударо ба қисми ҳарбӣ (ҷузъу том)-и ҳарбӣ ва ё наздиктарин беморхона фиристад ва аз навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) иваз кардани онҳоро талаб кунад; дар фасли зимистон барои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои сармо задани ҳайати шахсӣ чора андешад;
  • ҳар ҳодисаи аз ҷониби посбон истифода бурда шудани яроқро дар ҷояш муҳокима карда, дар ин бора фавран ба навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) гузориш диҳад;
  • ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) ба воситаи телефон дар бораи иваз карда шудани қаровул ва ҳамаи камбудиҳои дар навбатдорӣ ошкоршуда гузориш диҳад.
  1. Агар дар вақти иваз кардани посбон дар постгоҳ камбудие ошкор карда шавад, сардори қаровул бо даъват ба постгоҳ ҳозир шуда, хусусият ва сабаби норасоиро муайян мекунад ва барои иваз кардани посбон фармон медиҳад ва дар бораи камбудии дар постгоҳ ҷойдошта фавран ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) гузориш медиҳад.
  2. Дар сурати аз тарафи ягон нафар аз ҳайати шахсӣ иҷро нашудани вазифа ё содир гардидани ягон рафтори ношоям сардори қаровул тадбирҳои зарурӣ меандешад ва дар ин бора ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) гузориш медиҳад.
Агар аз рўи гуноҳи содиркарда хизматчии ҳарбӣ ба давом додани хизмати минбаъда роҳ дода нашавад, вай бо фармони навбатдори қаровул (қисми ҳарбӣ) бе яроқу аслиҳа барои ивази ў бо дигар хизматчии ҳарбӣ ба қисми ҳарбӣ (ҷузъу том) фиристода мешавад. Ўро муовини сардори қаровул (ҷобаҷогузор) ё шахсе, ки барои ин мақсад аз қисми ҳарбӣ (ҷузъу том) даъват шудааст, мушоият мекунад. Ҳаллу фасли гуноҳ дар ҷузъу том ба роҳ монда мешавад.
  1. Дар сурати ногаҳон бемор шудани сардори қаровул, вай дар ин бора ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад ва мувофиқи дастури ў амал мекунад.
Дар сурати ногаҳон бемор шудани яке аз ҷобаҷогузорон сардори қаровул иҷрои вазифаҳои ўро ба ёвари худ месупорад ё худаш иҷро мекунад ва дар ин бора ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад.
  1. Сардори қаровул дар ҳолатҳои зайл вазифадор аст қаровулро бо амри «силоҳ гир» даъват кунад:
  • ҳуҷум ба объектҳои муҳофизатшаванда, посбонон, басти қаровулҳо ва қаровулхона;
  • кори ѓайримўътадили воситаҳои техникии муҳофизат, сар задани бетартибӣ дар байни маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) ва барои пешгирӣ кардани фирори онҳо;
  • сар задани сўхтор дар объекти муҳофизатшаванда ё қаровулхона ва ё таҳдиди офати табиӣ ба онҳо;
  • эълони бонги хатар дар гарнизон (қисми ҳарбӣ);
  • бо фармони ашхосе, ки қаровулро месанҷанд (бандҳои 248-249).
Барои ба мусаллаҳшавӣ даъват кардани қаровул сардори қаровул амри «қаровул-силоҳ гир»-ро медиҳад.Бо ин амр ҳайати шахсӣ мувофиқи қоидаи банди 242 амал мекунад.
  1. Дар сурати ҳуҷум ба объектҳои муҳофизатшаванда, ба посбонон, басти посбонон ё қаровулхона сардори қаровул мувофиқи дастурамал амал карда, вобаста ба вазъият барои зада гардонидани ҳуҷум чора меандешад ва дар бораи ҳуҷум фавран ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад.
Дар ҳолати зарурӣ сардори қаровул қуттиҳои захираи тирҳои ҷангӣ, ва оташгиронҳоро мекушояд. Баъдан дар бораи аз қуттиҳо гирифта шудани аслиҳаи ҷангӣ таъйиднома тартиб дода мешавад. Варақаи таъйидномаҳо пешакӣ тайёр карда шуда, дар қуттиҳо якҷоя бо тирҳои ҷангӣ нигоҳ дошта мешаванд.
  1. Агар дар наздикии объекти муҳофизатшаванда ё қаровулхона тартиботи ҷамъиятӣ вайрон карда шавад, ки метавонад ба иҷрои вазифаҳои қаровулҳо халал расонад, сардори қаровул бо қувваи қаровул барои барқарор кардани тартибот чора меандешад ва фавран дар ин бора ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад.
  2. Сўхтореро, ки дар объекти муҳофизатшаванда ё қаровулхона сар мезанад, сардори қаровул бо қувваи қаровул хомўш мекунад ва ҳамзамон дастаи оташнишониро даъват карда, барои наҷоти амвол чора меандешад; дар бораи ҳодисаи рухдода фавран ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад.
Дар сурати сар задани сўхтор дар ҳудуди техникии объекти муҳофизатшаванда ё дар объекте, ки деворҳои дохилию берунӣ дорад, ҳамчунин дар назди он сардори қаровул дар ин бора ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар дода ва аз рўи нишондоди ў амал мекунад.
Агар ба объекти муҳофизатшаванда офати табиӣ таҳдид кунад, сардори қаровул фавран дар ин бора ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад ва барои наҷоти амволи муҳофизатшаванда чора меандешад.
Сардори қаровул ба посбонҳое, ки сўхтор ё обхезӣ ба ҳаёташон таҳдид мекунад, фармон медиҳад, ки ба ҷои нисбатан бехатар гузаранд ва назорат кардани объекти муҳофизатшавандаро идома диҳанд, баъди бартараф шудани хатар онҳоро ба ҷойҳои пешинаашон бармегардонад.
  1. Сардори қаровул танҳо ашхосеро, ки қаровул бевосита ба онҳо тобеъ аст (банди 88) ва ҳамроҳони онҳо, ҳамчунин командири ротаеро (батареяро), ки қаровул аз он таъин шудааст, муовинони ў ва ҳамаи сардорони мустақими командири ротаро (батареяро) ба шарте, ки онҳоро шахсан шиносад, ба қаровулхона бемамониат роҳ медиҳад. Дар бораи ба қаровулхона омадани ин ашхос сардори қаровул ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад. Ашхоси дигарро сардори қаровул баъди муайян кардани мақсади омадан ва шахсияташон аз рўи ҳуҷҷатҳо ва санҷиши рухсатнома ба қаровулхона роҳ медиҳад.
Шахсоне, ки бо супориши сардори дар банди 249 номбаршуда барои санҷиши қаровул омадаанд, танҳо ҳамроҳи навбатдори қаровул (навбатдории қисми ҳарбӣ) ё ёвари ў ба қаровулхона роҳ дода мешаванд.
Сардори қаровул афсарони қисми ҳарбии худро, ки барои тафтиши қаровул омадаанд, аз рўи гувоҳномаи шахсӣ ва гувоҳномаи якдафъагии тафтиши қаровул ба қаровулхона роҳ медиҳад.
Сардори қаровул ашхосеро, ки бо ҳуҷҷатҳои нодуруст тартибдодашуда омадаанд, боздошта, фавран дар бораи онҳо ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад ва минбаъд аз рўи дастури ў амал мекунад.
Дар бораи ҳар воридшавӣ ба қаровулхона ба ѓайр аз ашхосе, ки барои тафтиш омадаанд, сардори қаровул дар ведомости постгоҳӣ менависад.
Дар вақти иваз кардани қаровул воридшавӣ ба қаровулхона ва объектҳои муҳофизатшаванда, ба истиснои ашхосе, ки барои тафтиши посбонӣ омадаанд, қатъ мегардад.
  1. Дар вақти ба назди қаровул омадани ашхосе, ки қаровул ба онҳо тобеъ аст ё сардорони бевоситаи онҳо ва ба назди қаровули гарнизон омадани командири қисми ҳарбии худ сардори қаровул ба онҳо ба таври зайл гузориш медиҳад:
«Рафиқ полковник! Дар вақти иҷрои хизмат дар қаровул ягон воқеа рух надодааст (ё фалон ҳодиса рух додааст). Сардори қаровул лейтенант Назаров). Ҳангоми гузориш додани сардори қаровул дар қаровулхона дастаи бедори қаровул бе амри махсус дар ҳолати сафист меистанд.
Дар сурати ба назди қаровулхона омадани ашхоси дигари дорои рутбаҳои ҳарбӣ, ки рутбаашон бо рутбаи сардори қаровул баробар аст ё аз вай баландтар аст, сардори қаровул ба назди ин шахс омада, худро ба таври зайл шинос мекунад:
«Рафиқ майор. Сардори қаровул лейтенанти калон Раҳимов», баъд аз ин тавре амал мекунад, ки дар банди 138 нишон дода шудааст.
  1. Дар сурати ба воситаи ашхоси дигар гирифтани фармонҳои сардороне, ки қаровул ба онҳо тобеъ аст, сардори қаровул вазифадор аст аз ин ашхос номи рамзӣ (паролро) пурсад. Агар ба дурустии фармони гирифташуда шубҳае бошад, сардори қаровул ҳуқуқ дорад бо кадом воситае, ки набошад дурустии онро санҷад.
  2. Дар вақти эълони бонги хатар сардори қаровул қаровулро ба амри «силоҳ гир» даъват мекунад, ба ҷобаҷогузор ва қаровулҳо вазифа месупорад, ҳимояи постгоҳҳо ва қаровулхонаро мустаҳқам мекунад. Аз ҷониби сардори махзанҳо (анборҳо) зуд кушодани объектҳои муҳофизатшавандаро таъмин мекунад, ба навбатдори қаровулҳо (ба қисми ҳарбӣ) дар бораи чорабиниҳои гузаронидашуда, омодагӣ ба ивази қаровулҳо гузориш дода, минбаъд аз рўи нишондодҳои вай амал мекунад.
  3. Ба сардори қаровул манъ аст:
  • ба истиснои мавридҳои зайл аз қаровулхона берун шудан; вақти ивази посбонон, санҷиши иҷрои хизмат аз ҷониби онҳо ва аз ҷониби онҳо даъват шудан, ҳамчунин дар сурати сар задани ягон ҳодиса ё офати табиӣ дар объекти муҳофизатшаванда; дар вақти аз қаровулхона берун рафтани ў ба ҷои худ ёрдамчиашро ва, агар ў набошад, ҷобаҷогузор ё яке аз посбононро таъин мекунад;
  • бо телефон гуфтугўи ба хизмат алоқа надоштаро шахсан анҷом диҳад, ё инро ба дигар шахсони қаровул иҷозат диҳад;
  • ягон касро аз ҳайати қаровул бе иҷозати навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) ҷавоб додан;
  • бе иҷозати навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) таѓйир додани тартиби ивази посбонон, ки дар ведомости постгоҳ муайян карда шудааст;
  • барои корҳои ѓайрихизматӣ истифода бурдани воситаҳои нақлиёте, ки барои таъмини қаровул таъин шудааст;
 
Вазифаҳои муҳими сардори қаровул дар
ҳимояи Байрақи Ҷангии қисми ҳарбӣ
 
  1. Сардори қаровул барои муҳофизати Байрақи ҷангии қисми ҳарбии худ ва байрақҳои ҷангии дигар қисмҳо, агар онҳо дар ин қисми ҳарбӣ нигоҳдорӣ шаванд, ҷавобгар аст.
Дар вақти иваз шудани қаровул ў вазифадор аст Байрақи ҷангиро аз сардори қаровули пешина дар ѓилофи мўҳрдор (ҷевон) ва мўҳрро ба воситаи муқоисаи мўҳр бо қолаби он тафтиш кунад. Вақте ки ба дурустии ѓилоф (ҷевон) ва мўҳр боварӣ ҳосил кард, ба ҷобаҷогузор ва посбон фармон медиҳад, ки Байрақи ҷангиро барои муҳофизат қабул намоянд.
  1. Байрақи ҷангиро ба сардори қаровул танҳо сардори ситоди қисми ҳарбӣ ё ёвар (муовин)-и ў баъди пешниҳоди иҷозатнома, ки барои ҳар як дафъаи баровардани Байрақи ҷангӣ аз ҷониби командири қисми ҳарбӣ имзо шудааст, медиҳад.
Ҳангоми муҳофизати якҷояи байрақҳои ҷангии якчанд қисми ҳарбӣ, иҷозатнома бояд аз ҷониби командири ҳамон қисми ҳарбие имзо гузошта шавад, ки Байрақи Ҷангиаш дода мешавад.
Сардори ситод ё ёвари (муовин)-и ў Байрақи ҷангиро қабул карда, ѓилофро мекушояд ва дар ҳузури сардори қаровул мувофиқи табели постгоҳ мавҷуд будани матоъ, орденҳо, навори орденҳо, шилшила, пўпак, нўг ва дастаи байрақро муоина  мекунад. Баъди ин сардори қаровул дар ведомости постгоҳ ба тариқи зайл қайд мегузорад:
«Дар рўзу моҳу соли фалон, дар фалон соат Байрақи Ҷангии қисми ҳарбӣ (номи шартӣ) бо фалон ордену навори орденҳо мувофиқи иҷозатномаи №_________ дода шуд».
Сардори қаровул ва афсаре, ки Байрақи ҷангиро қабул кард, дар поёни ин навиштаҷот имзо мегузоранд. Иҷозатномаи хаттиро сардори қаровул дар дасти худ нигоҳ медорад.
Дар вақти Байрақи Ҷангиро барои муҳофизат ба қаровул баргардонидан сардори қаровул мувофиқи табели постгоҳ ҳолати матои он, мавҷуд будани орденҳо ҳолати навори орденҳо, шилшила, пўпак, даста ва нўги байрақро муоина карда, дуруст печонидани Байрақи Ҷангиро аз ҷониби   байрақдор ё   ёварони  ў  назорат  мекунад,   баъди   он  ки Байрақи ҷангӣ ба ѓилоф андохта мешавад, (байрақ дар ҷевон ҷой карда мешавад) ва ба ѓилоф (ҷевон) мўҳри нишондор зада мешавад, сардори қаровул мўҳрро бо қолаби он, ки дар даст дорад, муқоиса карда, ба посбонон фармон медиҳад, ки Байрақи ҷангиро барои муҳофизат қабул намоянд. Баъди барои муҳофизат қабул кардани Байрақи ҷангӣ сардори қаровул дар ведомости постгоҳ қайдҳои дахлдорро сабт карда, нишон медиҳад, ки чӣ гуна орденҳо ва навори орденҳо ва бо кадом миқдор қабул карда шудаанд; баъд аз ин сардори қаровул ва афсаре, ки Байрақи ҷангиро супурд, дар зери ин навиштаҳо имзо мегузоранд.
Баъди иваз шудани қаровул иҷозатномаи хаттӣ ҳамроҳи ведомости постгоҳ супурда мешавад.
Агар баъди супурдани Байрақи ҷангӣ посбон аз постгоҳ гирифта шавад, дар бораи гирифтани ў аз постгоҳ ва аз нав дар ин постгоҳ посбон гузоштан дар ведомости постгоҳ қайдҳои дахлдор сабт карда мешаванд.
  1. Вақте ки ба постгоҳи Байрақи ҷангӣ ягон фалокат (сўхтор ё офати табиӣ) таҳдид кунад, сардори қаровул шахсан барои наҷоти он чораҳо меандешад ва муҳофизати онро дар ҷои нав ташкил мекунад.
 
Ўҳдадориҳои  махсуси  сардори  қаровул  оид  ба  ҳифзи  объектҳое,
ки бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонида шудаанд
 
  1. Сардори қаровул объектро, ки бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонида шудааст, муҳофизат карда, ѓайр аз иҷрои ўҳдадориҳои умумие, ки Оинномаи мазкур пешбинӣ кардааст, вазифадор аст:
  • нақшаи бурдани навбатчигариро дар дастгоҳи қабули сигналҳои воситаҳои техникии муҳофизат тартиб дода, дар ведомости постгоҳ қайдҳо кунад;
  • ба дастгоҳи қабули сигналҳо рафта, хизмати муовини сардори қаровул (танзимгарро) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат назорат кунад;
  • шахсан дурустии воситаҳои техникии муҳофизатро мутобиқи нақша тафтиш карда ва ба ин мақсад муовини сардори қаровул (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизатро равон кунад;
  • бо гузоштани посбонҳо назоратро ба дастгоҳи қабули сигналҳои техникии воситаҳои муҳофизат ва мудофиаи объектҳо, ки бо ин гуна воситаҳо ҷиҳозонида шудаанд, назоратро ба роҳ монад.
  1. Дар мавриди кори ѓайримўътадили воситаҳои техникии муҳофизат сардори қаровул қаровулро ба ҳолати «ба яроқ» даъват мекунад, дар ин бора ба навбатдори қаровулҳо (қисми ҳарбӣ) хабар дода, фавран бо гурўҳи санҷишию муҳофизатӣ (эҳтиётӣ) ба ҷои ҳодиса меравад ё ҷобаҷогузору ёвар (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизатро барои аниқ кардани вазъият ва қабули чораҳои зарурӣ барои таъмини устувории муҳофизати объект мефиристад.
  2. Ҳангоми вайрон шудани воситаҳои техникии муҳофизат сардори қаровул зуд ба навбатдори қаровулҳо (қисми ҳарбӣ) гузориш дода, муҳофизати объектро мутобиқи нишондодҳои дар дастурамали сардори қаровул зикрёфта пурзўр менамояд.
 
Ўҳдадориҳои махсуси сардори қаровул оид ба
муҳофизати ситодҳо, пунктҳои идоракунӣ ва муассисаҳо
 
  1. Сардори қаровул оид ба муҳофизати ситодҳо, пунктҳои идоракунӣ ва муассисаҳо, ѓайр аз иҷрои ўҳдадориҳои умумие, ки Оинномаи мазкур пешбинӣ намудааст, вазифадор аст:
  • системаи рухсатномавиро донад, шакл ва мўҳлати эътибори рухсатномаҳо, ҳуҷҷатҳое, ки шахсиятро гувоҳӣ медиҳанд, тартиби аз постгоҳ гузаштани хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандон, меҳмонон ва воситаҳои нақлиётро донад;
  • барои доштани шахсоне, ки кўшиши ба объект (аз объект) бо вайрон кардани тартиби иҷозатномавӣ даромаданианд, чораҳо бинад.
 
 
Ўҳдадориҳои махсуси сардори қаровул ҳангоми иҷозат ба махзан
(анборҳо,   паркҳо)   ва   зери   муҳофизат    гирифтани   онҳо
 
  1. Сардори қаровул ҳангоми иҷозат ба махзан (анборҳо, паркҳо), ки ба зери ҳимояи қаровул тааллуқ доранд, вазифадор аст:
  • рухсатномаи пешниҳодшударо бо намунае, ки дар қаровулхонаҳо ҷой дорад, муқоиса карда, ҳуҷҷате, ки шахсияти омадаро тасдиқ мекунад, санҷад;
  • мутобиқи насаб ва рутба шахси омадаро бо рўйхати дар қаровулхонабуда муқоиса кунад;
  • мўҳри пешниҳодшуда (гирои тамѓазанӣ)-ро бо намунаи қолаби мўҳр (нусхаи тамѓа), ки дар қаровулхона ҳаст, муқоиса кунад.
Дар рафти танзими иҷозат барои кушодан ва маҳкам кардани махзан (анбор, парк) шахсе, ки бо ин мақсад омадааст, дар даҳлези қаровулхона ҷой дода, ба дигар ҳуҷраҳо даромаданаш манъ аст.
  1. Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, ҳамчунин мўҳр (гирои тамѓазанӣ) дуруст бошанд, сардори қаровул ба ҷабаҷогузор фармон медиҳад, ки ба шахси омада иҷозати кушодани махзанро (анбор, паркро) диҳанд ва иҷозатномаи пешниҳодшудаи сардори қаровулро дар дасти худ нигоҳ доранд.
Баъди анҷоми қаровулӣ иҷозатномаи якдафъагӣ ҳамроҳи ведомости постгоҳ супурда мешавад, иҷозатномаи доимӣ баъди маҳкам шудани объекти муҳофизатшаванда ба шахси пешниҳоднамуда баргардонда мешавад.
Сардори қаровул ба махзан (анбор, парк)-ҳо даромаданро танҳо дар сурате иҷозат медиҳад, ки талаботи дар табели постгоҳ зикршуда дақиқ риоя карда шавад. Ба махзанҳо (анборҳо)-и даргиранда даромаданро сардори қаровул танҳо бо пойафзоли дар табели постгоҳҳо нишондодашуда, бе фонусҳои карасинӣ, бе яроқи оташфишон ва яроқи сард ва бе дигар чизҳои даргиранда, ки дар табели постгоҳ сабт шудааст, иҷозат медиҳад ва ҳамчунин дар табели постгоҳ нишон дода мешавад.
Сардори қаровул танҳо дар сурати нишони металлии оташнишонӣ доштани шахси барои маҳкам кардани махзан омада, метавонад муҳофизати махзанро (анбор, парк) қабул кунад.
  1. Вақти кушодан ва маҳкам кардани махзан (анбор) сардори қаровул дар ин бора дар ведомости постгоҳ қайд мегузорад, масалан: «Дар фалон рўзу моҳу сол, дар фалон соат мувофиқи иҷозатномаи №_________ махзан (анбор, парк, сандуқи пул) кушода (пўшида) шуд» ва сардори қаровул ҳамроҳи шахси барои кушодан (пўшидан)-и махзан (анбор, парк, сандуқи пул) омада дар поёни ин навиштаҳо имзо мегузоранд.
Агар ягон махзан (анбор, парк) то анҷоми қаровулӣ барои муҳофизат супорида нашавад, дар ин бора дар ведомости нави постгоҳ менависад ва сардори наву кўҳнаи қаровул дар зери он имзо мегузоранд ва иҷозатнома ба сардори нави қаровул супорида мешавад.
  1. Агар махзан (анбор) барои на зиёдтар аз як соат кушода шавад, сардори қаровул посбонро дар постгоҳ нигоҳ медорад. Дар сурати барои зиёдтар аз як соат кушода шудани махзан (анбор, парк) мувофиқи қоидаи табели постгоҳӣ амал мекунанд.
Сардори қаровул дар бораи дар вақти кушода будани махзан (анбор, парк) посбонро аз он ҷо гирифтан ва дар бораи ўро аз нав ба ин постгоҳ гузоштан дар ведомости постгоҳ қайдҳои дахлдор ворид мекунад.
  1. Сардори қаровул дар ҳолатҳои зайл ба махзан (анбор) даромаданро манъ мекунад:
  • агар шахси дар иҷозатнома номбаршуда на дар соату рўзи муқарраршуда ё бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ ояд;
  • агар ба ҷои шахси дар рўйхат ё иҷозатнома номбаршуда каси дигар ояд;
  • дар мавриди нодуруст тартиб додани иҷозатнома ё гувоҳномаи шахсӣ, ҳамчунин ҳангоми мувофиқат накардани мўҳр бо қолаби он (гирои тамѓазанӣ бо нусхаи тамѓа) ё иҷозатнома бо намуна.
Дар ҳамаи ҳолатҳои зикршуда сардори қаровул шахси омадаро боздошта, дар ин бора дар ведомости постгоҳ менависад, ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад ва минбаъд мувофиқи дастури ў амал мекунад.
  1. Ба парк ё истгоҳи мошинҳо (дигар аслиҳа ва техникаи ҷангӣ), ки таҳти муҳофизати қаровул мебошанд, даромадан мувофиқи қоидаҳои бандҳои 150-154 сурат мегирад.
 
Ўҳдадориҳои махсуси сардори қаровул дар маҳбас (гауптвахта)
 
  1. Сардори қаровули маҳбас (гауптвахта) вазифадор аст:
-бо дастури сардори маҳбас (гауптвахта) маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро дар асоси хати ҳабс, қарори муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ, ки дар асоси рухсатномаи прокурори ҳарбӣ, қарори прокурори ҳарбӣ дар бораи ба сифати чораи пешгирикунанда интихоб шудани баҳабсгирӣ ё ҳукм ва ё таъиноти суди ҳарбӣ, қарори суди ҳарбӣ ба зери посбонӣ гирад, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбиеро, ки дар асоси қарори дастгиркарда муфаттиш дар содир кардани ҷиноят гумонбар буда, боздошт шудаанд, дар асоси баёноти боздошт, қарори мақомоти таҳқиқ ё муфаттиш ва маҳбусону дастгиршудагонро дар камераҳои дахлдор ҷойгир намояд;
  • бо дастури коменданти ҳарбӣ (навбатдори қаровулҳо) хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳуҷраи муваққатӣ дошта шудаанд, барои вайрон кардани интизоми ҳарбӣ дар ҳолати мастӣ, ҳамчунин барои ҳуҷҷат надоштан ё нодуруст тартиб дода шудани гувоҳиномаи шахсиашон боздошта шудааанд, ба зери посбонӣ гирад;
  • дар вақти ивазкунии қаровули пешина маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро ҳуҷра ба ҳуҷра аз рўи рўйхати номҳо, ки сардори маҳбас (гауптвахта) имзо кардааст, шахсан қабул намояд;
  • вақти иваз кардани қаровул ва дар вақти иҷрои хизмат ҳолати ҳуҷраҳои маҳбусонро санҷад ва ҳангоми санҷиш ба бутунии деворҳо, сақф, фарш, тирезаҳо, панҷараҳо, мустаҳкамии пояҳо ва қулфҳо дар дарҳо, дурустии воситаҳои техникии муҳофизат диққати махсус диҳад; ҳангоми ѓайричашмдошт ба кор даромадани воситаҳои техникии муҳофизат дар ҳуҷраҳои маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) шахсан сабаби ба кор даромадани онҳоро муқаррар кунад;
  • азназаргузаронии пагоҳирўзӣ ва бегоҳирўзии маҳбусон (шахсони пешакӣ ба ҳабс гирифташуда)-ро ҳуҷра ба ҳуҷра анҷом диҳад ва ҳангоми ин кор аз назар гузаронад, ки асбобҳои манъшуда надошта бошанд; дар бораи беморшудагон ба сардори маҳбас (гаупвахта) хабар диҳад;
  • риояи дақиқи тартиботи рўзро, ки барои маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) муқаррар шудааст ва тартиби нигаҳдории онҳоро назорат кунад, (замимаи 14);
  • калидҳои ҳуҷраҳои маҳбусонро нигоҳ дорад;
  • дар ҳолатҳои зарурӣ барои ёрӣ ба берунбароранда посбонони дастаи бедорро таъин кунад;
  • маҳбусонро танҳо бо амри хаттии сардори маҳбаси ҳарбӣ (навбатдории қисми ҳарбӣ) ба кор, ҳаммом ва ба пурсиш фиристад; баъди бозгашти маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) ҳозир будани онҳо ва доштан ё надоштани ашёҳои манъшударо санҷад; маҳбусони ҷазои интизомигирифтаро ҳангоми рафтан берун аз маҳбас бо яроқи бе тир мушоият кунад; аммо маҳбусонро бо яроқи тирдор (банди 97);
  • тирнок будани яроқҳои берун барорандагон (посбони дунболрав)-ро шахсан санҷад;
  • сари вақт овардан ва ба маҳбусон (ашхоси пешакӣ ба ҳабс гирифташуда) тақсим кардани хўрокро назорат кунад;
  • хоҳиш, шикоят ва таклифҳои маҳбусонро (ашхоси пешакӣ ба ҳабс гирифташуда)-ро қабул кунад ва ба сардори маҳбаси ҳарбӣ расонад;
  1. Сардори қаровул дар ҳолати сар задани бетартибӣ дар байни маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) ва барои пешгирӣ кардани фирори онҳо ба навбатдори қаровул гузориш дода, қаровулро амри «силоҳ гир» диҳад, барои қатъ кардани бетартибӣ бо роҳи огоҳӣ ва хотиррасон кардан ба онҳо оид ба талаботи Оиннома тадбирҳо андешад. Агар огоҳиҳо бемуваффақият монанд, вай ҳуқуқ дорад қувваи ҷисмониро ва дар ҳолатҳои ногузир яроқро истифода барад.
  2. Дар сурати сар задани сўхтор дар маҳбаси ҳарбӣ ё рўй додани офати табиӣ дар минтақаи маҳбаси ҳарбӣ сардори қаровул вазифадор аст қаровулро ба амри «силоҳ гир» даъват кунад; фавран дастаи сўхторхомўшкуниро даъват кунад; маҳбусонро (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро ба ҷои бехатар барорад, муҳофизати онҳоро ташкил кунад; маҳбусон ва ашхосе, ки барои интизоми ҳарбиро вайрон кардан дастгир шудаанд, ба хомўш кардани сўхтор (бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ) ва наҷот додани амвол ҷалб намояд; дар хусуси ҳодисаҳои рўйдода ба навбатдори қаровул ва сардори маҳбаси ҳарбӣ гузориш диҳад.
 
Ёвари   сардори   қаровул
 
  1. Ёвари сардори қаровул ба сардори қаровул итоат мекунад.
Ў вазифадор аст:
  • вазифаи қаровул, дастурамали сардори қаровул ва вазифаҳои ҳамаи ашхоси қаровулро донад;
  • вақти иваз шудани қаровул қаровулхонаҳо, асбобу анҷом ва амволи дар он бударо мувофиқи рўйхат қабул кунад;
  • дар вақти набудан ё истироҳат кардани сардори қаровул вазифаҳои ўро иҷро кунад;
  • бо фармони сардори қаровул посбонони навбатиро ба постгоҳҳо фиристад ва иҷрои хизмати посбононро санҷад;
  • ҷадвали ивазшавии посбонони назди дари қаровулхонаҳоро тартиб диҳад ва онҳоро иваз кунад;
  • сари вақт хўрок хурдани ҳайати шахсии қаровул, хуб нигоҳ доштани асбобу анҷом, амвол, тозагӣ ва тартиботро дар қаровулхонаҳо ва атрофи он, ҳамчунин дар печҳо оташ мондан ва чароѓонкуниро назорат кунад;
  • бо фармони сардори қаровул ашхосеро, ки хизмати посбононро месанҷанд, ҳамроҳӣ кунад.
  1. Ёвари сардори қаровули маҳбаси ҳарбӣ вазифадор аст на камтар аз чор бор дар як шабонарўз (ду бораш шабона) ҳолати ҳуҷраҳо, дурустии воситаҳои техникии муҳофизат ва аз ҷониби маҳбусон (шахсони пешакӣ ба ҳабс гирифташуда) иҷро кардани қоидаҳои барои онҳо муқарраршударо санҷад (замимаи 14).
  2. Дар сурати сахт бемор (сахт захмдор) шудани сардори қаровул ё ҳалок шудани ў вазифаи ўро ёвари сардори қаровул иҷро мекунад ва дар ин бора ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад.
 
Ёвари   сардори  қаровул   (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат
 
  1. Ёвари сардори қаровул (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат ба сардори қаровул итоат мекунад ва барои таъмини корҳо оид ба воситаҳои техникии муҳофизат, барои ба сардори қаровул сари вақт расонидани нишондодҳо оид ба тарзи фаъолияти воситаҳои техникӣ, барои дуруст қабул кардани объектҳо, таҷҳизонидани воситаҳои техникии муҳофизат, барои нигаҳдошти дастгоҳе, ки дар қаровулхона ҷой дорад, ҷавобгар аст.
Вай вазифадор аст:
  • махсусиятҳои ҳифзи объектҳоро, ки бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонида шудаанд, дониста, реҷаи кори ин воситаҳоро таъмин намояд;
  • ҳангоми ивазшавии қаровул тартиби ҳуҷҷатдориро қабул карда, дурустӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ амали воситаҳои техникии муҳофизатро санҷида, дар ин бора ба сардори қаровул гузориш диҳад;
  • дар вақти навбатдорӣ ҳамеша ба дастгоҳи қабули сигналҳои воситаҳои техникии муҳофизат назорат бурда, дафтари назорати кории онро пур кунад, дар ҳолати ба кор даромадани воситаҳои техникии муҳофизат ва ҳангоми вайрон шудани онҳо зуд ба сардори қаровул гузориш диҳад;
  • мутобиқи нақшаи муқарраргардида, бо иҷозати сардори қаровул дар ҳайати гурўҳи санҷишию муҳофизатӣ вазъи воситаҳои техникии муҳофизатро дар гирдогирди объект санҷад; ҳангоми муҳофизати объектҳо бо гузоштани посбонҳо таҳти мушоияти ёвари қаровул ё ҷобаҷогузори дахлдор тафтишро ба роҳ монад;
  • бо баргаштани гурўҳи санҷишию муҳофизатӣ ба сардори қаровул оид ба вазъи постгоҳҳо, воситаҳои техникии муҳофизат, оид ба камбудиҳо ва чораҳои андешидашуда барои ислоҳи онҳо гузориш диҳад;
  • ҳангоми муносибат бо асбобҳои барқӣ ба талаботҳои бехатарӣ риоя намояд.
  1. Навбатдории ёвари сардори қаровул (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат дар назди дастгоҳи қабули сигналҳо, аз рўи мазмун ва ҷавобгариии худ ба адои хизмати посбонҳо дар постгоҳ баробар аст. Дар вақти навбатдорӣ барои ў бе назорат гузоштани дастгоҳ ва ба кори дигар машѓул шудан ҳангоми адои хизмат манъ аст.
 
ҶОБАҶОГУЗОР
 
  1. ҷобаҷогузор барои дуруст ва ҳушёрона хизматро иҷро кардани посбонони ба ў тобеъ, барои сари вақт иваз кардан ва ба постгоҳ мондани онҳо, барои постгоҳҳоро дуруст супоридан ва қабул кардани посбонон ҷавобгар аст. Ў ба сардори қаровул ва ёвари ў тобеъ буда, танҳо фармоишҳои онҳоро иҷро мекунад.
  2. Ҷобаҷогузор ҳуқуқ дорад барои зада гардонидани ҳуҷум ба объекти муҳофизатшаванда, ба посбонон дар вақти ба постгоҳ рафтан, ба қаровулхона баргаштани онҳо шахсан ё ҳамроҳи дастаи посбонон аз яроқ истифода барад.
  3. ҷобаҷогузор вазифадор аст:
  • миқдори постгоҳҳои худ, ҷойгиршавӣ ва сарҳади онҳо, роҳро ба сўи онҳо, шароити муҳофизат ва дифои онҳо (дидбонӣ, мавзеи тирпарронӣ, тавворабандӣ) вазифаҳои махсуси посбонон ва ҳар як постгоҳро донад;
  • аз ҷобаҷогузори қаровулӣ пешина қолаби мўҳрҳо (нусхаи тамѓаҳо)-ро қабул кунад ва дар вақти ба постгоҳ мондани посбонон объектҳои таҳти муҳофизатбударо низ мувофиқи табели постгоҳ қабул кунад ва дар ин бора ба сардори қаровул хабар расонад;
  • пеш аз ба постгоҳ фиристодани посбонон вазифаҳои худро донистани онҳо, ҳамчунин дар қаровулхона будан ё набудани ашёи тамокукашӣ ва даргирандаро санҷад;
  • пеш аз ба постгоҳ фиристодани посбонон дар яроқҳо дуруст тир ҷой кардан ва баъди аз постгоҳҳо баргаштан аз яроқҳо дуруст гирифтани онҳоро назорат кунад (бандҳои 96, 97 ва 219);
  • баъди бозгаши ҳар як дастаи посбонон ба сардори қаровул дар бораи иваз шудани посбонон, ҳолати постгоҳҳо, дар бораи ҳамаи камбудиҳо ва чораҳои барои бартараф кардани онҳо андешидашуда хабар диҳад;
  • бо иҷозати сардори қаровул хизмати посбонони ба ў тобеъро санҷад.
ҷобаҷогузори дар қаровули маҳбасбуда ба ѓайр аз ин бояд шумораи маҳбусонеро (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда), ки онҳоро посбонони ба ў тобеъ посбонӣ мекунанд, донад.
  1. Дар вақти ба постгоҳҳо мондани посбонон ё иваз кардани онҳо ҷобаҷогузор вазифадор аст:
  • самти ҳаракати бастро ба постгоҳҳо ва аз постгоҳҳо, ки дар нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо нишон дода шудааст, қатъиян риоя намояд;
  • назорат кунад, ки посбонон ҳангоми ивазшавӣ супурдан ва қабули постгоҳро дуруст анҷом диҳанд; ҳамроҳ бо посбонон ва қаровулҳои ба пост мерафта дурустии асбобҳои рўшноидиҳанда, девор (дарвозаҳо), намуди хандақҳо, панҷараҳо ва девори махзанҳо (анборҳо, паркҳо) шумора ва ҳолати қулфҳо, бандҳо, мўҳрҳо, тамѓаҳо ва мутобиқаи қолаб (нусха)-ҳо, миқдори мошинҳои ҷангии муҳофизатшаванда (аслиҳаи дигар ва техникаи ҳарбӣ), ҳамчунин мавҷуд будан ва ҳолати воситаҳои техникии муҳофизат, воситаҳои алоқа, рўшноидиҳӣ, сигнализатсия, оташнишонӣ ва либоси постгоҳиро шахсан санҷад;
  • ба посбоне, ки дар постгоҳ ба посбонӣ шурўъ мекунад, ба чӣ диққати махсус додан, дар куҷо ҷойгир будани постгоҳҳои ҳамсоя, роҳҳои хавфнокро ба сўи объекти муҳофизатшаванда нишон диҳад; сарҳади маҳалли постгоҳ, сарҳади мамнўъро, ки дар маҳал мутобиқи табели постгоҳи муқарраргардида ишора карда шудааст ва масофаеро, ки наздиктар аз он ба сўи постгоҳ роҳ додани ашхоси бегона манъ аст, нишон диҳад; санҷад, ки посбон дар сурати ҳуҷум ба ў ва объекти дар муҳофизати ў буда ё ба объектҳои ҳамсоя ва дар сурати сар задани сўхтор чӣ кор карданашро то чӣ андоза медонад;
  • дониши посбонҳоро оиди тартиби гузориш ва алоқа бо қаровулхона санҷад.
  1. Дар вақти иваз кардани қаровули назди Байрақи ҷангӣ ҷобаҷогузор вазифадор аст дурустии ѓилоф (ҷевон) ва мўҳри онро санҷад, мўҳрро бо қолаби он, ки дар даст дорад, муқоиса кунад. Дар сурати ошкор кардани ягон камбудӣ дар ѓилоф ё мўҳр ҷобаҷогузор фавран сардори қаровулро даъват карда, дар ин бора ба ў гузориш медиҳад.
  2. Дар вақти кушодани махзан (анбор, парк) ҷобаҷогузор бо қолаби мўҳрҳо (нусхаи тамѓаҳо) ба постгоҳ омада, ҳамроҳи шахси барои кушодан ҳозиршуда махзан (анбор, парк)-ро аз назар мегузаронад. Агар посбон мувофиқи табели постгоҳ бояд дар постгоҳ монад, ҷобаҷогузор ба ў вазифаҳои махсусеро, ки барои ин муддат дар табели постгоҳ пешбинӣ шудааст, хотирнишон мекунад. Ба махзанҳо (анборҳо, паркҳо) даромаданро ҷобаҷогузор танҳо дар сурати дақиқ риоя кардани талаботи дар табели постгоҳ зикршуда иҷозат медиҳад.
  3. Дар вақти иваз кардани посбонон дар назди махзани кушода (анбор, парк) ҷобаҷогузор ба қаровули ба посбонӣ шурўъкарда нишон медиҳад, ки кӣ кушод ва кӣ ба истгоҳи мошинҳои ҷангӣ (дигар аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ) роҳ дода шуд.
Ҳангоми пўшида шудани махзан (анбор, парк) ҷобаҷогузор вазифадор аст бо қолаби мўҳрҳо (нусхаи тамѓаҳо) ба постгоҳ ояд ва шахси дар ҳузури посбон ва шахсе, ки махзанро барои муҳофизат месупорад, мўҳрҳо ва ҳолати тирезаҳо, панҷараҳо, дарҳо ва деворҳоро санҷад; дар вақти барои муҳофизат қабул кардани мошинҳои ҷангии (дигар аслиҳа ва теҳникаи ҳарбӣ) дар истгоҳҳо буда, миқдори ҳавопаймоҳо, тўпҳоро аз назар гузаронад ва дар сурати мўҳр (тамѓа) доштани онҳо мўҳрҳоро бо қолабҳо (нусхаҳо)-и дар дасташ буда муқоиса кунад.
  1. Дар сурати сахт бемор (сахт захмдор) ё ҳалок шудани сардори қаровул ва ёвари ў вазифаи онҳоро муваққатан ҷобаҷогузори дастаи якум иҷро мекунад. Дар бораи ҳодисаи рухдода ў ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад.
 
Посбон
 
  1. Посбон шахси дахлнопазир мебошад.
Дахлнопазирии ў дар ин аст:
  • аз тарафи қонун махсус ҳимоя шудани шаъну шарафи ў;
  • тобеъ будани ў ба ашхоси муайян – ба сардори қаровул, ёвари сардори қаровул ва ҷобаҷогузори худ;
  • ҳамаи ашхос вазифадоранд талаботи мувофиқи хизмат муайяншудаи посбонро бечунучаро иҷро кунанд;
  • ў ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои дар ҳамин Оиннома зикршуда аз яроқ истифода барад.
  1. Посбонро танҳо сардори қаровул, ёвари сардори қаровул ва ҷобаҷогузори худ, ки посбон ба ў тобеъ аст, ҳуқуқ доранд иваз кунанд ё аз постгоҳ гиранд.
Дар сурати ҳалок шудани сардори қаровул, ёвари ў ва ҷобаҷогузори ў ё ҷисман вазифаҳояшонро иҷро карда натавонистани онҳо посбонро навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) дар ҳузури командири рота (батарея) ё баталён (дивизион)-аш иваз мекунанд.
  1. Баробари постгоҳро қабул кардан посбон вазифадор аст дар ҳузури ҷобаҷогузор (сардори қаровул ё ёвари ў) ва қаровули ивазшаванда мавҷуд будан ва дурустии ҳамаи он чизҳоеро, ки мувофиқи табели постгоҳ муҳофизат кардан лозим аст, шахсан аз назар гузаронад ва санҷад: вақти ба қаровулии маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) шурўъ кардан дурустии қулфҳо, панҷараҳо ва шумораи ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда (маҳбусони) дар ҳуҷраҳо бударо санҷад.
  2. Посбон вазифадор аст:
  • пости худро ҳушёрона муҳофизат намуда, устуворона мудофиа кунад;
  • ҳушёрона хизмат кунад, ҳушашро парешон накунад, яроқро аз дасташ сар надиҳад ва онро ба ҳеҷ кас, аз ҷумла ба ашхосе, ки тобеашон аст, надиҳад;
  • дар самти муқарраршуда ҳаракат карда, ё дар бурҷи дидбонӣ қарор гирифта, даромадгоҳҳои постгоҳ ва девори онро бодиққат аз назар гузаронад, бо воситаи алоқаи дар табели постҳо муқарраргардида дар бораи рафти хизмат гузориш диҳад;
  • то ўро иваз накунанд ё нагиранд, ба ҷонаш хатар таҳдид кунад ҳам, постгоҳро тарк накунад; худсарона постгоҳро тарк намудан ҷинояти ҳарбист;
  • яроқи мувофиқи қоидаҳои банди 97 аз тир пуркардашуда ва барои амал тайёр дошта бошад;
  • наздиктар аз масофае, ки дар табели постгоҳ ва дар маҳалҳо муайян карда шудааст, бо нишондодҳои сарҳади мамнўъ ҳеҷ касро ба ѓайр аз сардори қаровул ёвари ў ва ҷобаҷогузори худӣ ва ашхосеро, ки онҳо ҳамроҳӣ мекунанд, наздик шудан намонад;
  • роҳ ва самти ҷадвали ҳаракати воситаҳои нақлиёти қаровул, ҳамчунин нишона ва аломатҳои тафриқаи онҳоро донад;
  • воситаҳои оташнишони дар постгоҳ бударо истифода бурда тавонад;
  • дар сурати пайдо кардани вайронӣ дар девори объект (дар постгоҳ) ва вайронкунии тартибот дар назди постгоҳи худаш ва дар постгоҳи ҳамсоя сардори қаровулро даъват кунад;
  • агар аккоси саги қаровулиро шунавад, фавран дар ин бора ба қаровулхона хабар диҳад.
  1. Посбон дар постгоҳ бояд яроқи найзааш пайвасткардашуда дошта бошад (автомати қундоқаш қатшаванда бе корднайза, корднайза бояд дар ѓилоф дар тасмаи миёнбанд бошад); яроқ шабона-дар ҳолати тайёрӣ барои рост истода паррондан; рўзона-дар ҳолати «дар китф» ё дар ҳолати тайёрӣ барои рост истода паррондан (замимаи 9) бошад; дар постгоҳҳои дохилӣ ва дар постгоҳи назди Байрақи ҷангӣ автоматҳои қундоқи чўбин дошта-дар ҳолати «дар китф», автомати қундоқаш қатшаванда дар ҳолати «ба сина», карабин дар назди по мебошад, сумка бо тирдонҳо (тирдонҳои тасмашакл) бояд маҳкам бошад. Туфангча дар ѓилофдон дар ҳолати маҳкам дар тасмаи миён ҷойгир мешавад.
Дар вақти оташнишонӣ ё мубориза бо офати табиӣ ба посбон иҷозат дода мешавад яроқро дар ҳолати «дар пушт» дошта бошад.
  1. Ба посбонон манъ аст: хоб рафтан, нишастан, такя кардан, навиштан, хондан, суруд хондан, гап задан, хўрдан, нўшидани май, тамоку кашидан, қазои ҳоҷат кардан, ашёеро аз касе гирифта ба касе додан, бе зарурат тирро ба фишангдон ҷой кардан.
Посбон бояд танҳо ба саволҳои сардори қаровул, ёвари ў, ҷобаҷогузори худ ва ашхоси барои санҷиш омада ҷавоб диҳад.
  1. Посбон вазифадор аст дар сурати ҳуҷуми рўирост ба ў ва объекти дар таҳти муҳофизати ў буда бе огоҳӣ яроқро истифода барад.
  2. Ҳамаи ашхосе, ки ба постгоҳ ё сарҳади мамнўи нишонакардашуда наздик мешаванд, ба ѓайр аз сардори қаровул, ёвари сардори қаровул, ҷобаҷогузори худ ва ашхосе, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, посбон бо садои «Ист, ба қафо» ё «Ист, ба чап (рост) гузар» бозмедорад.
Агар шахси ба постгоҳ ё сарҳади мамнўъ наздикшаванда ин талабро иҷро накунад, посбон вайронкорро бо садои «Ист, мепарронам» огоҳ мекунад ва фавран сардори қаровул ё ҷобаҷогузорро даъват мекунад. Агар вайронкор ин талабро иҷро накунад, посбон тирро ба фишангдон ҷой карда ба осмон тири огоҳкунанда мепарронад. Дар сурати ин талабро низ иҷро накардани вайронкор ва кўшиши ба постгоҳ даромадан (аз сарҳади мамнўъ гузаштан) ё гурехтани ў, баъди ин кўшишҳо посбон нисбат ба ў яроқро истифода мебарад.
  1. Дар шароити ҳавои бад, вақте ки аз масофаи дар табели постгоҳ нишондодашуда ашхоси ба постгоҳ ё сарҳади мамнўъ наздикшавандаро хуб дида наметавонад, посбон онҳоро бо садои «Ист, кӣ меояд» бозмегардонад. Агар ҷавобе нашавад, посбон огоҳ мекунад: «Ист, мепарронам» ва вайронкорро бозмедорад. Дар бораи боздошт шудани вайронкор посбон бо аломати муқарраршуда ба қаровулхона хабар медиҳад, ба рафтори ў назорат карда ва диққаташро суст накарда, муҳофизати объекти ба ў супоридашударо идома медиҳад.
Агар вайронкор ба пост ё сарҳади мамнўъ наздик шудан гирад, посбон ба осмон тири огоҳкунанда мепарронад. Дар сурати ин талабро ҳам иҷро накардани вайронкор ва кўшиши зада даромадан ба пост ё гурехтан, пас аз чунин рафтор посбон бар зидди ў яроқро истифода мебарад.
Вақте ки ба садои посбон ҷавоб ояд, ки «Сардори қаровул (ёвари сардори қаровул, ҷобаҷогузор) меояд», посбон фармон медиҳад: «Сардори қаровул (ёвари сардори қаровул,ҷобаҷогузор) ба назди ман, дигарон дар ҷояшон истанд»; агар зарур бошад, посбон талаб мекунад, ки наздикоян рўи худро равшан кунад ва ў бовар кунад, ки ин шахс дар ҳақиқат сардори қаровул (ёвари сардори қаровул, ҷобаҷогузор) аст, ў ҳамаи ашхоси омадаро ба назди худ роҳ медиҳад.
Агар шахси худро сардори қаровул (ёвари сардори қаровул, ҷобаҷогузор) номида шахси ношинос бошад ё ашхоси ҳамроҳи ў буда талаби посбонро иҷро накунанд, посбон вайронкоронро бо садои «Ист, мепарронам» огоҳ мекунад. Дар сурати ин талабро иҷро накардани вайронкор посбон муқобили онҳо яроқро истифода мебарад.
  1. Агар барои муҳофизати худ ва объекти муҳофизатшаванда зарурати ҷанги тан ба тан кардан пеш ояд, посбон бояд бо қундоқ ва найзаи яроқ ҷасурона амал кунад.
  2. Дар сурати сар задани сўхтор дар постгоҳ посбон фавран ба воситаи сигнали муқарраршуда ба қаровулхона бояд хабар диҳад ва назорати объекти муҳофизатшавандаро катъ накарда, барои хомўш кардани сўхтор чора андешад. Дар сурати сар задани сўхтор дар ҳудуди техникии объекти муҳофизатшаванда ё дар объекте, ки аз дарун ва берун девор дорад ва ё дар наздикии постгоҳ, ў дар ин бора ба қаровулхона хабар медиҳад ва посбониро дар постгоҳ идома медиҳад.
  3. Посбон дар сурати ногаҳон бемор шуданаш посбониро идома дода, ҷобаҷогузор ё сардори қаровулро даъват мекунад.
  4. Дар ҳолати таъхирнопазир ё вайрон шудани воситаҳои алоқа ва аломатдиҳӣ посбон метавонад сардори қаровул ва ҷобаҷогузорро ба воситаи тир паррондан ба ҳаво ба постгоҳ даъват кунад.
  5. Посбон ба сардори худ ва дигар сардороне, ки ҳамроҳи он ба постгоҳ омадаанд, аз рўи қоидаҳои дар Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёншуда саломи низомӣ медиҳад. Дар ин вақт автоматро бояд пешакӣ барои рост истода паррондан ба ҳолати «ба китф» ва карабинро «назди по» гузаронад.
  6. Посбони постгоҳи назди Байрақи ҷангӣ вазифаҳои худро рост истода, дар ҳолати «Озод» иҷро мекунад. Вақте ки хизматчиёни ҳарбӣ ба Байрақи ҷангӣ саломи низомӣ медиҳанд, посбон дар ҳолати сафист меистад.
Дар вақти барои муҳофизат қабул кардани Байрақи ҷангӣ посбон вазифадор аст дурустии ѓилоф ва мўҳри онро санҷад. Байрақи ҷангиро ў танҳо бо фармони шахсии сардори қаровул ва дар ҳузури ў бароварда медиҳад.
Агар ба постгоҳи назди Байрақи ҷангӣ хатар таҳдид кунад (сўхтор, обхезӣ ва ё дигар офати табиӣ), посбон Байрақи ҷангиро бароварда, ба ҷои бехатар мебарад ва сардори қаровулро даъват мекунад.
  1. Посбони посгоҳи назорати гузаргоҳӣ ѓайр аз дар бандҳои 172-178 баёншуда вазифадор аст:
  • шакл ва мўҳлати гузарномаҳо, гувоҳиномаҳои шахсият ва дигар ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин ўҳдадориҳои дар табели постгоҳ баёнёфтаро донад;
  • ҳамаи шахсонеро, ки аз постгоҳ мегузаранд, танҳо бо гузарномаҳои шахсӣ, мутобиқи намунаҳои дар постгоҳ буда гузаронад, дар ин ҳолат гузарномаҳоро ҳатман ба даст гирад;
  • дар асоси гузарномаи моддӣ (роҳхат) баровардани (даровардан) ягон амвол, ки дар кадом миқдор (шумораи ҷой) иҷозати бурдан ҳаст; ҳамон мошинҳоеро иҷозат диҳад, ки роҳхат доранд;
  • шахсонеро, ки кўшиши ба объект бо вайронкунии тартиботи гузарномавӣ, ҳамчунин бо гузарномаҳои (ҳуҷҷатҳои) қалбакӣ даромаданиянд, боз дошта, сардори қаровулро ҷеѓ занад.
Ба посбони постгоҳи назоратии гузаргоҳӣ манъ аст:
  • дар бораи мўҳлати гузарномаҳо ва рақамҳои онҳо маълумот диҳад, ба гуфтугўе пардозад, ки бо санҷиши гузарномаҳо вобаста набошад, ба постгоҳ шахсони бегона ва ягон ашёро роҳ диҳад.
  1. Посбон дар назди махзани кушода (анбор, парк) ё ҳангоми кори истеҳсолӣ дар истгоҳи мошинҳои ҳарбӣ (дигар аслиҳа ва техникаи ҷангӣ) вазифаҳоеро иҷро мекунад, ки дар табели постҳо нишон дода шудааст.
Посбон дар назди махзани (анбори) зудоташгиранда ѓайр аз он вазифадор аст:
  • ҳеҷ касро барои тамокукашӣ, оташгиронӣ, тирпарронӣ, ҳамчунин истифодаи асбобҳои рўшноидиҳандае, ки мутобиқи табели постгоҳ пешбинӣ нагардидааст, дар назди объекти муҳофизатшаванда наздиктар аз андозае, ки дар он нишон дода шудааст, нагузорад;
  • ба махзан (ба анбор) даромадани шахсоне, ки пойафзол ва асбобҳои рўшноидиҳандаашон мувофиқи табели постҳои пешбинишуда нест, нагузорад, ҳамчунин бо яроқҳои сард ва оташфишон даромадан мумкин нест.
  1. Посбоне, ки маҳбусони (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) маҳбаси ҳарбиро муҳофизат мекунад, вазифадор аст:
  • шумораи маҳбусонеро (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда), ки посбонӣ мекунад, донад;
  • дар беруни дари ҳуҷраҳо истода, аз тирезаҳои назоратӣ нигоҳ кунад, ки маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) қоидаи барояшон муайяншударо вайрон накунанд; амал ва рафтори онҳоро назорат кунад, нагузорад, ки маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) чорчўбаи тирезаҳо, панҷараҳо, фарш ва деворҳоро вайрон кунанд;
  • назорат кунад, ки шабона ҳуҷраҳои маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) равшан бошанд;
  • бе фармоиши шахсии сардори қаровул, ёвари сардори қаровул ва ҷобаҷогузор маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро аз ҳуҷраҳо берун набарорад ва ҳеҷ касро ба назди онҳо даромадан нагузорад;
  • бо маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) гап назанад, ба онҳо ҳеҷ чиз надиҳад ва аз онҳо ҳеҷ чиз нагирад;
  • нагузорад, ки ба маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) аз кўча ҳар чиз диҳанд ва маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) аз тиреза ба кўча чиз партоянд, бо ашхоси бегона гап зананд;
  • агар маҳбус (шахси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) хоҳиш кунад, ки берунбараро даъват кунад, дар ин бора ба ҷобаҷогузор (сардори қаровул ва ёвари ў) хабар диҳад;
  • дар сурати талабҳои ўро иҷро накардани маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) фавран сардори қаровул, ёвари ў ё ҷобаҷогузорро даъват кунад;
  • маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-еро, ки фирор мекунанд, бо садои «Ист, мепарронам» огоҳ кунад ва агар ин талаб иҷро нашавад, яроқро истифода барад.
Дар вақти аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда), ҳамчунин дар вақти ҳаракати онҳо берун аз маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) вазифаҳои посбонро посбони дунболрав (конвой)-и таъиншуда иҷро мекунад.
Ўҳдадориҳои асосии ў ва тартиби ҳифзи маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) дар ин ҳолатҳо дар замимаи 14 нишон дода шудааст.
  1. Посбони назди дари қаровулхона вазифадор аст қаровулхонаро муҳофизат кунад ва ѓайр аз ашхосе, ки қаровул ба онҳо тобеъ аст ва ў қиёфаашонро мешиносад ва ҳамроҳони онҳо ҳеҷ каси дигарро ба қаровулхона роҳ надиҳад. Дар бораи наздикшавии ин ашхос бо сигнали муқарраршуда сардори қаровулро хабардор мекунад ва онҳоро бе мамониат ба қаровулхона роҳ медиҳад. ҳамаи ашхоси дигареро, ки ба қаровулхона наздик мешаванд, посбон дар масофаи дар табели постгоҳ нишондодашуда бозмедорад ва сардори қаровул ё ёвари ўро даъват мекунад.
Дар сурати бад будани ҳаво, вақте ки аз масофаи дар табели постгоҳ нишондодашуда ашхоси ба қаровулхона наздикшавандаро шинохтан номумкин аст, посбон онҳоро бо садои «Ист» нигаҳ медорад ва сардори қаровул ва ёвари ўро даъват мекунад.
Дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои дар наздикии қаровулхона рухдода ва дар бораи ҳамаи он чизҳои мушоҳидашуда, ки метавонанд ба иҷрои вазифаҳои посбон халал расонанд, ҳамчунин дар бораи сигналҳои аз постгоҳҳо шунидашуда посбон фавран ба сардори қаровул хабар медиҳад.
  1. Вазифаҳои махсуси посбонон доир ба шароити муҳофизат ва ҳимояи ҳар як объект дар табели постгоҳ нишон дода мешаванд.
  2. Дар сурати сахт бемор (сахт захмдор) ё ҳалок шудани сардори қаровул ва ёвари ў вазифаи онҳоро муваққатан ҷобаҷогузори дастаи якум иҷро мекунад. Дар бораи ҳодисаи рухдода ў ба навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад.
 
Ронандаи воситаҳои нақлиёт
 
  1. Ронандаи воситаи нақлиёт барои таъҷилан аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани ҳайати қаровул, доимо тайёр будани воситаи нақлиёт ҷавобгар аст. Вай тобеи сардори қаровул ва ёвари ўст.
Ронандаи воситаи нақлиёт вазифадор аст:
  • воситаи нақлиётро дар ҳолати ҳамеша тайёр будан барои амал нигоҳ дорад;
  • бо фармони сардори қаровул ё ёвари ў басти посбонон ва ашхосеро, ки иҷрои хизмати қаровулро месанҷанд, бо самти ҳаракати дар нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо нишондодашуда ба постгоҳҳо барад ва орад;
  • дар вақти ба постгоҳҳо ворид шудан ва аз постгоҳҳо баромадан фармонҳои ҷобаҷогузоро иҷро кунад.
Ба ронанда идора кардани нақлиётро ба каси дигар, аз ҷумла ба ашхосе, ки ў тобеъашон аст, додан манъ аст.
 
БЕРУНБАРА
 
  1. Берунбара барои қаровулии маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) дар вақти мушоияти онҳо дар дохили маҳалли маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ҷавобгар аст. Ў ба сардори қаровул ва ёвари ў тобеъ аст.
Берунбара вазифадор аст:
  • бо фармони сардори қаровул ва ёвари ў маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро посбонӣ карда, пагоҳӣ ва бегоҳӣ барои дасту рў шустан ва қазои ҳоҷат кардан, ба сайр, ҳамчунин дар вақти рўбучини ҳуҷраҳо ва хонаҳои маҳбаси ҳарбӣ берун барорад; дар вақти посбонии маҳбусон яроқро дар ҳолати «ба китф» нигоҳ дорад;
  • назорат кунад, ки маҳбусони (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) таҳти қаровулӣ қарордошта тамоку накашанд ва бо ашхоси ношинос гап назананд;
  • маҳбуси фироркардаистода (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро бо садои «Ист, мепарронам» огоҳ кунад ва дар сурати иҷро нашудани ин талаб яроқро истифода барад.
  1. Ба берунбара дар вақти қаровулии маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) амалҳои зайл манъ аст: бо онҳо гап задан, аз онҳо чиз гирифтан ва ба онҳо чиз додан, ҳамчунин хўрдан, нўшидан, тамоку кашидан, суруд хондан, нишастан, қазои ҳоҷат кардан ва ё бо тарзи дигар диққатро аз иҷрои вазифаҳои хизматии худ дур кардан.
Барои мушоияткунии маҳбусон (шахсони ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) берунбара онҳоро дар қатори яккасӣ саф ороста, худаш ду-се қадам қафотар ва каме чаптар (росттар) аз дунболи онҳо меравад.
 
Б О Б И   5
ҷОБАҷОШАВӣ ВА ИВАЗ КАРДАНИ қАРОВУЛ
 
Ҷобаҷошавии   қаровулҳо
 
  1. ҷобаҷошавии қаровулҳо, санҷиши тайёр будани қаровулҳо барои иҷрои хизмат, ба тобеияти ашхоси дар банди 89 зикршуда гузаштани онҳо ва ба қаровулҳо додани ҳуқуқ барои иваз кардани қаровулҳои пешинаро дар бар мегирад. ҷобаҷошавии қаровулҳо набояд аз 40 дақиқа зиёдтар давом кунад.
  2. ҷой ва вақти ҷобаҷошавии қаровулҳои гарнизониро сардори гарнизон ва қаровулҳои дохилиро командири қисми ҳарбӣ тавре муайян мекунад, ки ҳаракати қаровул аз ҷои ҷобаҷошавӣ ва аз он ҷо ба қаровулхона на зиёдтар аз як соат вақтро дар бар гирад. Дар ин маврид агар барои то ба постгоҳ рафтан ё аз он ҷо ба қаровулхона омадан аз 30 дақиқа зиёдтар вақт сарф шавад, бо фармони сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) ба қаровул воситаҳои нақлиёт дода мешавад.
  3. Барои ҷобаҷошавӣ тамоми ҳайати шахсии қаровулҳо ва оркестр бароварда мешаванд ва онҳо ба ҷои ҷобаҷошавӣ 10 дақиқа пеш аз саршавии он ҳозир мешаванд.
Дар гарнизонҳо ва қисмҳои ҳарбие, ки оркестр надоранд, ҳамчунин дар сурати 15 дараҷа ва аз он зиёдтар хунук будани ҳаво ва зиёда аз 450 С гарм будани ҳаво барои ҷобаҷошавии қаровул 1-2 таблзани ишорачӣ бароварда мешавад, ё воситаҳои техникии овозӣ истифода мешаванд.
  1. ҷобаҷошавии қаровулҳои гарнизониро навбатдори қаровул анҷом медиҳад.
ҷобаҷошавии қаровули дохилиро навбатдори қисми ҳарбӣ анҷом медиҳад.
ҷобаҷошавии қаровули муваққатӣ якҷоя бо қаровули доимӣ гузаронда мешавад. Агар қаровули муваққатӣ баъди ҷобаҷошавии қаровули доимӣ таъин шавад, ҷобаҷошавии он махсус анҷом дода мешавад.
  1. Ҳар як сардори қаровул баъди ба ҷои ҷобаҷошавӣ омадан ба ёвари навбатдори қаровул ин тавр гузориш медиҳад:
«Рафиқ лейтенант. қаровули рақами як барои ҷобаҷошавӣ дар ҳайати пурра ҳозир шуд. Сардори қаровул лейтенант Салимов».
  1. Ёвари нави сардори қаровул рутбаи ҳарбӣ ва насаби сардорони қаровулҳоро менависад, қаровулҳоро аз рўи рақами тартибиашон саф меорояд: автоматҳо дар ҳолати «ба китф», карабин-«дар назди по» ва ба ҳайати шахсии қаровул рутбаи ҳарбӣ, насаби навбатдори қаровул ва насаби худро эълон мекунад.
Дар қаноти рости ҳар як қаровул сардори қаровул меистад ва дар қаноти чап ёвари ў; ҷобаҷогузорон дар қатори якум каме росттар аз қаровулҳои худ меистанд. қаровулҳо аз рўи рақамҳои тартибии постгоҳҳо аз рост ба чап, аз қафои якдигар бо тартиби бастҳо меистанд, посбонони берунбара ва посбонони дунболравон (конвойҳо) чаптар аз онҳо меистанд. Воситаҳои нақлиёт бо ронандаҳо дар ҷои барои онҳо таъиншуда меистанд.
Дар вақти ҷобаҷошавии наряди шабонарўзӣ, дар чаптари қаровулҳои дохилӣ дигар навбатдорони шабонарўзӣ, аз рўи тартиби дар Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондо-дашуда саф мекашанд. Дар амрҳое, ки ба наряди шабонарўзӣ дода мешаванд, калимаи «қаровул» ба калимаи «наряди шабонарўзӣ» иваз карда мешавад. Оркестр (ишорагар-таблзанҳо) дар қаноти рости қаровулҳо се қадам росттар аз ёвари навбатдори қаровул саф мекашанд.
 
 
Сафороии  қаровулҳо  барои  ҷобаҷошавӣ
 
  1. Барои пешвози навбатдори қаровулҳо ёвари ў, вақте ки навбатдор дар масофаи 40-50 метр ба саф наздик мешавад, фармон медиҳад: «қаровул-БАРОБАР ШАВ»-«НИЗОМ», «Таваҷҷўҳ ба-РОСТ (ба ЧАП, ба БАЙН)» ва агар қаровулҳо (қаровул) бо карабин мусаллаҳ бошанд, фармон медиҳад: «қаровул — БАРОБАР ШАВ»-«НИЗОМ», «Барои истиқбол аз рост (аз чап, аз пеш), ба қаро-ВУЛ». Бо фармони «БАРОБАР ШАВ» дирижери ҳарбӣ бо қадамҳои сафӣ ба байни сафи оркестр баромада, 2-3 қадам дуртар аз қатори якум рў ба рўи саф меистад.
Бо фармони якум сардорони қаровулҳо, ки бо туфангча мусаллаҳ мебошанд, дастро ба кулоҳ мерасонанд, ҳам рўи худро ба тарафи навбатдори қаровулҳо гардонда, ўро бо нигоҳи худ гусел мекунанд ва рўи худро дар паи ў мегардонанд. Бо фармони дуюм ба ѓайр аз он карабинҳо дар ҳолати  «ба қаровул» гирифта мешаванд. Оркестр «Марши истиқбол»-ро менавозад (таблзанҳои-ишорагар «Марши сафарӣ»-ро мезананд). Ёвари навбатдори қаровул дасташро ба кулоҳаш расонида, бо қадамҳои сафӣ ба навбатдори қаровул наздик шуда, 2-3 қадам дуртар аз ў истода ба таври зайл гузориш медиҳад: «Рафиқ майор. қаровулҳо барои азназаргузаронӣ саф оростанд. Ёвари навбатдори қаровул лейтенант Сафаров».
Ёвари навбатдори қаровул дасташро аз кулоҳ поён накарда, бо пои чап (рост) як қадам ба паҳлў монда, ҳамзамон ба тарафи рост (чап) мегардад ва навбатдори қаровулро пеш мегузаронад, 2-3 қадам дуртар аз қафои ў аз пеши саф мегузарад.
Вақте ки ёвари навбатдори қаровул барои гузориш меистад, оркестр навохтанро (таблзан-ишорагарҳо) заданро қатъ мекунанд, дирижёри ҳарбӣ бошад дасташро ба сўи кулоҳ мебарад.
  1. Гузоришро (рапортро) қабул карда, сардори қаровул дар рў ба рўи миёнаи саф истода ба ҳайати шахсии қаровул салом мекунад: «Салом рафиқон»; баъди ба саломаш ҷавоб гирифтан фармон медиҳад: «ОЗОД» ва дасташро аз кулоҳаш гирифта поён мекунад. Ёвари навбатдори қаровул фармони «ОЗОД»-ро медиҳад ва дасташро аз кулоҳаш поён мекунад. Сардорони қаровулҳо ва дирижёри ҳарбӣ дасташонро аз кулоҳ поён мекунанд.
Агар қаровулҳо (қаровул) бо карабин мусаллаҳ бошанд, ёвари навбатдори қаровулҳо фармон медиҳад «Ба- НАЗДИ ПО», баъд «ОЗОД».
  1. Дар вақтҳое ки ёвари навбатдори қаровулҳо таъин карда намешавад, вазифаҳои ўро дар ҷобаҷошавиҳое, ки дар бандҳои 201-203 баён шудаанд, сардори қаровули рутбааш калонтар иҷро мекунад ва агар рутбаи сардори қаровулҳо баробар бошанд, ин вазифаро сардори қаровули №1 иҷро мекунад. Ў фармони «ОЗОД»-ро дода, ба ҷои худ дар саф бармегардад.
  2. Барои санҷиши қаровулҳо, агар лозим бошад, навбатдори қаровулҳо қаторҳоро аз ҳам як қадам дур карда, ҳамроҳи ёрдамчиаш ҳайати қаровулҳо, намуди зоҳирии ҳайати шахсӣ, вазифаҳои худро донистани онҳо, ҳамчунин дурустии яроқҳоро месанҷад ва барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда супориш медиҳад.
Баробари ба қаровул наздик шудани навбатдори қаровул сардори қаровул аз саф баромада, худро шинос мекунад, дар вақти санҷиши ҳайати шахсии қаровули худ ў навбатдори қаровулҳоро ҳамроҳӣ мекунад ва баъди иҷозат гирифтан ба ҷои худ дар саф бармегардад.
  1. Агар ягон қаровул барои иҷрои хизмат тайёр набошад, навбатдори қаровул онро ба қисми ҳарбие, ки ин қаровулро таъин кардааст, барои тайёрии иловагӣ ё иваз кардан бармегардонад ва дар ин бора фавран ба сардор ва коменданти ҳарбии гарнизон хабар медиҳад. ҷобаҷошавии ин қаровулро навбатдори қаровул ё ёвари ў алоҳида анҷом медиҳанд.
  2. Баъди анҷоми ҷобаҷошавӣ навбатдори қаровул ба миёни саф баромада, дар рў ба рўи қаровулҳо меистад, ёвари навбатдор як қадам қафотар ва чаптар аз пушти навбатдори қаровул меистад. Навбатдори қаровул амр медиҳад: «қаровул – БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ», «ОРКЕСТР ҷАМЪОМАДРО НАВОЗ» («таблзани-ишорагар нақораро занед»).
Бо амри «НИЗОМ» навбатдори қаровул, ёвари ў ва сардори қаровулҳо, ки бо туфангчаҳо мусаллаҳанд, дастонашонро ба кулоҳашон мерасонанд.
  1. Баъди анҷоми навои «ҷамъомад» навбатдори қаровул дасташро аз кулоҳ гирифта поён мекунад. Навбатдори қаровул амр медиҳад: «Сардорони қаровулҳо, ба назди ман». Сардорони қаровулҳо бо қадамҳои сафӣ ба навбатдори қисмҳо наздик шуда, 2-3 қадам дуртар аз ў тибқи ба тартиби рақамҳои қаровулҳо як қатор (фосила як қадам) саф мекашанд ва худро ба таври зайл шинос мекунанд;
Масалан: «Сардори қаровули рақами як лейтенанти калон Исматов».
Навбатдори қаровул ба ҳар як сардори қаровул хусусиятҳои хизматии ўро хотиррасон карда, дастхатҳоро бо номи рамзӣ (паролҳо) месупорад.
  1. Навбатдори қаровул баъди он, ки номи рамзӣ (паролҳо)-ро супурда, боварӣ ҳосил кард, ки номи рамзӣ (паролҳо) дуруст фаҳмида шудаанд, амр медиҳад: «Сардорони қаровулҳо дар саф истед». Бо ин амр сардорони қаровулҳо ба ҷои худ дар саф меистанд; оркестр (таблзани-ишорагар) 10-15 қадам ба пеш баромада, бо китфи рост дар рў ба рўи қаровулҳо меистанд. Навбатдори қаровулҳо амр медиҳад; «Оркестр ҷобаҷошавиро навоз». Дар вақти навохтани оркестр навбатдори қаровулҳо, ёвари ў ва сардори қаровулҳо, ки бо туфангча мусаллаҳанд, дасташонро ба кулоҳашон мерасонанд.
Баъди навохтанро анҷом додани оркестр навбатдори қаровулҳо амр медиҳад: «қаровулҳо, рост -ГАРД», «қадамзанон МАРШ». Агар қаровулҳо (қаровул) бо карабин мусаллаҳ бошанд, баъди амри «қаровулҳо, ба рост — ГАРД», амри «БА КИТФ» дода мешавад. Бо амри «Марш» қаровулҳо бо қадами сафӣ аз назди навбатдори қаровулҳо гузашта, ба объектҳое, ки муҳофизат мекунанд, мераванд; ҷобаҷогузорон як қадам пештар аз посбонони худ мераванд; ёварони сардорони қаровулҳо аз қафои қаровулҳои худ мераванд. Оркестр (таблзанҳои-ишорагар) дар ҷояш истода, маршро иҷро мекунад (таблзанҳои-ишорагар) Марши тантанавиро менавозанд.
Оркестр (таблзан) навохтанро бо амри (ишораи) навбатдори қаровулҳо қатъ мекунад.
  1. Агар дар вақти ҷобаҷошавии қаровулҳо сардори гарнизон, коменданти ҳарбии гарнизон (дар қаровулҳои дохилӣ – командири қисми ҳарбӣ) ё командирони бевоситаи онҳо ва шахси роҳбарикунандаи назорат ё санҷиши қисмҳои ҳарбии гарнизон (қисми ҳарбӣ) оянд, навбатдори қаровулҳо барои пешвози онҳо амр медиҳад: «қаровул-БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ, «Таваҷҷўҳ ба-РОСТ (ба ЧАП, ба БАЙН)» ва агар қаровулҳо (қаровул) бо карабин мусаллаҳ бошанд, амр медиҳад: «қаровул БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ», «Барои истиқбол аз рост (аз чап, аз пеш, аз рост), «ба қаро-ВУЛ». Оркестр «Марши истиқбол»-ро (таблзанҳои-ишорагар) «Марши сафарӣ»-ро мезананд навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) дасташро ба кулоҳаш расонида, бо қадамҳои сафӣ ба назди сардор омада, 2-3 қадам дуртар аз ў меистад ва ба таври зайл гузориш медиҳад: Масалан: «Рафиқ полковник. Ҷобаҷошавии қаровулҳо (навбатдорони шабонарўзӣ) гузаронида мешавад. Навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) майор Ризоев».
Вақте ки навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) барои гузориш додан меистад, оркестр (ишорагар-таблзанҳо) навохтанро (заданро) қатъ мекунанд. Баъди иҷозати сардорро гирифтани навбатдори қаровул (навбатдори қисми ҳарбӣ) амр медиҳад: «Озод» ё «Ба назди — ПО», баъди «ОЗОД» иҷрои вазифаҳои худро идома медиҳад.
Барои пешвоз гирифтани сардори калон ашхосе, ки дар ҷобаҷошавӣ иштирок доранд, аммо ба ҳайати он дохил намешаванд, росттар аз оркестр як ё ду қатор саф мекашанд.
 
Ивазшавии қаровулҳо
 
  1. Қаровул баъди ҷобаҷошавӣ ба мавқеи ҷойгиршавии қаровули ивазшаванда омада, сардори қаровул ўро дар назди даромадгоҳи маҳалли объекти муҳофизатшаванда ё дар назди қаровулхона, дар масофаи дар дастурамал барои сардори қаровул нишондодашуда нигоҳ дошта, ба сардори қаровули ивазшаванда худро шинос карда, ба ў номи рамзии (пароли) кўҳнаро мегўяд; баъди ин қаровули худро дар майдончаи назди қаровулхона рў ба рўи он саф мекашад.
  2. Сардори қаровули пешина баъди он, ки ба дуруст будани номи рамзии (пароли) ба ў пешниҳодшуда боварӣ ҳосил кард, қаровули худро аз қаровулхона бароварда, дар он ҷо як кас, ёвари худ ё яке аз ҷобаҷогузоронро гузошта, қаровули худро 6-8 қадам дуртар, рў ба рўи қаровули нав саф меорояд. Баъди саф кашидан сардорони қаровулҳо, аз сардори қаровули нав сар карда амр медиҳанд: «қаровул — БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ».
Баъди додани амр сардори қаровулҳо, ки бо туфангча мусаллаҳ мебошад, даст ба кулоҳ расонида, бо қадамҳои сафӣ ба истиқболи якдигар ҳаракат карда, дар масофаи 2-3 қадам дуртар аз якдигар истода, аз сардори қаровули нав сар карда ба таври зайл гузориш медиҳанд: «Рафиқ лейтенанти калон. қаровули нав барои иваз кардан ҳозир шуд. Сардори қаровул лейтенанти калон Сафаров», «Рафиқ лейтенант калон. қаровули пешина барои иваз шудан тайёр аст. Сардори қаровул лейтенанти калон Исматов». Баъди ин дастҳоро аз кулоҳ поён мекунанд.
Сардори қаровулҳо, ки бо автомат ё карабин мусаллаҳанд, дасташонро ба кулоҳ намерасонанд ва баъди амри «НИЗОМ» ба истиқболи якдигар ҳаракат карда, автоматҳоро дар ҳолати «Ба китф» ва карабинҳоро «Дар назди по» нигоҳ медоранд.
Баъди гузориш додан сардорони қаровулҳо амри «Озод»-ро дода, қаровули назди дари қаровулхонаро иваз карда, баъд ба қаровулҳои худ амр медиҳанд: «Ба РОСТ-ГАРД, қадамзанон -МАРШ».
Сардори қаровули нав қаровули худро ба қаровулхона медарорад ва сардори қаровули пешина қаровули худро ба ҷои дар дастурамал барои сардори қаровул нишондодашуда бурда, амр медиҳад, ки яроқро дар пирамида гузоранд, ба ҷои худ сардор монда, худаш ҳамроҳи ҷобаҷогузораш ба қаровулхона медарояд.
Дар ҳавои – 150 С дараҷа ва аз он ҳам хунуктар ва зиёда аз   + 450 С дараҷа, ҳамчунин дар вақти боронгарӣ дар қаровулҳои миқдораш камтар аз шаш нафарбуда, сардори қаровули нав баъди худро ба сардори қаровули пешина шинос кардан ва ба ў гуфтани (пароли) кўҳна қаровули худро барои иваз кардан ба қаровулхона медарорад. Ивази қаровулҳо бе риояи қоидаҳои дар ҳамин банд баёншуда дар қаровулхона анҷом дода мешавад.
  1. ҳайати шахсии қаровули нав баъди ба қаровулхона даромадан яроқҳоро ба пирамида мегузоранд (туфангчаро ба сандуқ) ва баъди ин сардорони қаровулҳои наву пешина ба ҷобаҷогузорони худ фармон медиҳанд, ки қолаби мўҳрҳо (нусха, тамѓа)-ро супоранд ва қабул кунанд ва ёварон қаровулхонаро супоранду қабул намоянд ва худашон дуруст иҷро шудани ин корро назорат мекунанд. Ёвари сардори қаровули пешина қаровулхона ва аз рўи рўйхат асбобу анҷом ва амволи дар он буда ва дар сурати набудани ҷобаҷогузорон қолаби мўҳрҳо (нусхаи тамѓаҳо)-ро низ месупорад ва ёвари сардори қаровули нав онҳоро қабул мекунад. Дар қаровуле, ки ёвари сардори қаровул надорад, супурдан ва қабули қаровулхона, асбобу анҷом ва амволи дар он бударо сардори қаровул анҷом медиҳад. Сардори қаровули пешина ба сардори қаровули нав дар бораи ҳамаи эрод ва супоришҳои ба ҳайати пешинаи қаровул расида хабар медиҳад.
  2. Баъди қабули қолаби мўҳрҳо (нусха, тамѓаҳо) сардори қаровули нав амр медиҳад: «Дастаи якум -САФ КАШ». Бо ин амр ҷобаҷогузор ва посбонони дастаи якум яроқи худро гирифта, мувофиқи тартиби рақами постгоҳҳо аз рост ба чап як қатор саф мекашанд. ҷобаҷогузорон, ки дар даст қолаби мўҳр (нусха, тамѓа) ва дар шабҳои торик асбоби рўшноидиҳанда доранд, дар қаноти рости дастаи қаровули худ меистанд.
ҷобаҷогузорони қаровули пешина росттар ва аз бари ҷобаҷогузорони қаровули нав меистанд.
Сардори қаровули нав то чӣ андоза вазифаҳои худро донистани ҷобаҷогузорон ва қаровулҳоро месанҷад, ба қаровулон хусусияти иҷрои хизматро дар ҳар постгоҳ хотирнишон карда, ба тартиби истифодаи яроқ аҳамияти махсус медиҳад; дастаро аз қаровулхона бароварда, дар майдончаи тирпуркунии яроқҳо саф меорояд ва амр медиҳад: «Даста аз рост якнафарӣ -ТИР ПУР КУН». Бо ин фармон хизматчиёни ҳарбӣ бо навбат як қадам пеш монда, найзакардро мечаспонанд ва яроқро аз тир пур мекунанд ва сардори қаровул дуруст бо тир пур карда шудани яроқҳоро месанҷад (бандҳои 96-97). ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба яроқ тир ҷой карда, гузориш медиҳад: «Ба яроқ тир ҷой карда шуд, он дар ҳолати муҳофиз қарор дорад», мустақилона онро ба китф мегирад ва як қадам ба қафо мемонад.
Ба ҳамин тартиб дигар ҷобаҷогузорон ва қаровулон бо навбат яроқҳои худро тир пур мекунанд.
  1. Баъди он ки даста ба яроқҳо тир ҷой кард, сардори қаровули нав амр медиҳад: «Даста — БА РОСТ ГАРД», «Ба постгоҳ, қадамзанон -МАРШ». Ҳар як ҷобаҷогузор амр медиҳад: «Даста аз қафои ман -МАРШ» ва дастаро ба постгоҳ мебарад.
Баъди аз қаровулхона рафтани дастаи якум, ёвари сардори қаровул ҳайати шахсии боқимондаи қаровулро ба дастаи эҳтиётӣ тақсим карда, дар назди онҳо барои зада гардонидани ҳуҷуми эҳтимолӣ ба объектҳои муҳофизатшаванда ё ба қаровулхона ё сар задани сўхтори эҳтимолӣ вазифа мегузорад.
  1. Ҳаракати дастаҳо ба постгоҳҳо ва аз он ҷо ба қаровулхона дар як қатор, яккасӣ саф кашида иҷро карда мешавад. ҷобаҷогузор дар аввали қатор меравад. Дастаҳо ба постгоҳи назди Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ ва ба постгоҳи назди ёдгориҳо бо қадамҳои сафӣ ҳаракат мекунанд.
ҷобаҷогузори пешинаи қаровул дар бар ва чаптар аз ҷобаҷогузори нави қаровул меравад.
ҳамаи амрҳоро ҷобаҷогузори нав медиҳад.
Дар қаровулҳое, ки постгоҳҳои зиёд доранд ва дар сурати аз якдигар ва аз қаровулхона дар масофаи дур ҷойгир будани онҳо, дастаҳо ба воситаҳои нақлиёт ҳаракат мекунанд.
  1. Вақте ки охирин қаровули дастаи қаровули нав ба постгоҳ гузошта шуд, ҷобаҷогузори қаровули пешина дар аввали қатор ҳаракат карда, қаровули ивазшудаи худро ба қаровулхона мебарад. ҷобаҷогузори нави қаровул чаптари ҷобаҷогузори қаровули пешина меравад.
ҳамаи фармонҳоро ҷобаҷогузори дастаи пешинаи посбонон медиҳад.
  1. Дастаи қаровулҳо дар вақти ба постгоҳҳо рафтан ва дар бозгашт аз постгоҳҳо мутобиқи қоидаҳои дар Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнёфта саломи ҳарбӣ медиҳанд.
  2. Дар вақти ивази қаровул сардори қаровули нав якҷоя ба сардори қаровули пешина, ба воситаи давр задан ва аз назар гузаронидани ҳолати муҳимтарин объектҳои муҳофизатшавандаро, ки дар дастурамали сардори қаровул нишон дода шудаанд ва дурустии рўшноӣ, деворҳо, хандақҳо, ҳолати қаровулхона ва маҳбаси ҳарбиро (гауптвахта) санҷида, сипас аз рўи рўйхат ҳуҷҷатҳо, қуттиҳои аслиҳаи ҷангӣ ва мўҳру калиди онҳо ва иҷозатномаро барои кушодани объектҳои муҳофизатшаванда, ҳамчунин воситаҳои алоқа ва оташнишонро қабул мекунад.
  3. Баъди ба постгоҳҳо баргаштан, мувофиқи дар банди 96 нишондодашуда яроқҳоро аз тир холӣ мекунанд. Аввал ҷобаҷогузорони ҳарду қаровулҳо тири яроқҳоро аз тир холӣ мекунанд, баъд ҷобаҷогузори дастаи қаровули пешина амр медиҳад: «Аз рост яккасӣ-яроқҳоро АЗ ТИР ХОЛӣ КУНЕД».
Бо ин амр посбони дар қаноти ростбуда як қадам пеш монда, дар зери назорати ҷобаҷогузор яроқи худро аз тир холӣ мекунад, тирдонҳои пур аз тирро дар сумкаҳо андохта гузориш медиҳад: «Яроқ аз тир холӣ карда шуд», кулангдонро қафо кашида яроқро барои санҷиш пешниҳод мекунад. ҷобаҷогузор яроқро аз назар мегузаронад, баъди ин қаровул кулангдонро ба пеш сар медиҳад, кулангро зер мекунад, яроқро дар ҳолати муҳофиз мегузорад, найзаро ҷудо мекунад (ба қафо қат мекунад), яроқро ба китф мегирад ва як қадам қафо монда ба ҷояшон меистанд. Ба ҳамин тартиб қаровулҳои басти боқимонда низ бо навбат яроқҳои худро аз тир холӣ мекунанд. Баъди ин қаровулон бо амри сардор ба ҷои қаровули пешина равон мешаванд, ҷобаҷогузорон ба қаровулхона мераванд.
  1. ҷобаҷогузорон дастаҳои наву пешина дар бораи иваз кардани даста бо навбат ба сардорони қаровулҳои худ ин тавр гузориш медиҳанд:
«Рафиқ лейтенант. Даста иваз карда шуд. Постгоҳҳо дар ҳолати дуруст супурда (қабул карда) шуданд. ҷобаҷогузори якум сержант Каримов». Гузоришҳоро қабул карда, сардорони қаровулҳо аз сардорони пешина сар карда ведомости постгоҳии қаровули пешинаро имзо мекунанд. ҳамзамон сардори қаровули нав мулоҳизаҳои дар бораи ҳамаи камбудиҳои дар рафти ивазкунӣ ошкоршударо дар ведомост менависад.
Агар дар вақти иваз кардани қаровул шахси барои тафтиши қаровул омада ҳузур дошта бошад, ҷобаҷогузорон аз ў иҷозат пурсида, ба сардорони қаровулҳо дар бораи иваз шудани қаровулон хабар медиҳанд. Баъди гузориши ҷобаҷогузоронро шунидан сардори қаровули нав амр медиҳад: «НИЗОМ», баъд сардорони қаровулҳо бо навбат ба шахси барои санҷиш омада дар бораи иваз шудани посбонон гузориш медиҳанд.
Дар бораи иваз кардани қаровулҳо дар ҳамаи ҳолатҳо сардорони қаровулҳо ба воситаи телефон ба навбатдори қаровули худ (навбатдори қисми ҳарбӣ) ё шахсан ба назди ў ҳозир шуда, гузориш медиҳанд.
  1. Баъди иваз кардани қаровул сардори қаровули пешина қаровулро ба қисми ҳарбӣ (ҷузъу том)-и худ мебарад.
Баъди иваз шудани қаровул ва ба ҷузъу томи худ омадани сардори қаровул ҳайати шахсии қаровулро саф ороста, ба сардори ҷузъу том дар бораи иҷро шудани вазифа ба таври зерин гузориш медиҳад:
«Рафиқ капитан. қаровул дар ҳайати пурра баргашт. Дар вақти иҷрои вазифа ягон ҳодиса рух надод (ё фалон ҳодиса рух дод), Сардори қаровул лейтенант Сафаров». Баъди ин дар бораи натиҷаҳои санҷиши қаровул, ки дар ведомости постгоҳ қайд шудаанд, гузориш дода, ведомости қаровулро ҳамроҳи дигар ҳуҷҷатҳо ба ў месупорад. Пас аз ин ҳайати шахсии қаровул яроқ ва тирҳои ҷангиро таҳти назорати сардори қаровул месупоранд.
Посбононеро, ки объектҳоро танҳо шабона муҳофизат мекарданд, сардори қаровул баъди ба охир расидани мўҳлати муҳофизати объект ва супоридани яроқҳо, иваз шудани қаровулро интизор нашуда, дар зери амри сардорашон ба қисми ҳарбӣ (ҷузъу том)-и худ мефиристад ва дар ин бора сардори қаровул дар ведомости постгоҳ қайд гузошта, ба навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) хабар медиҳад. Дар бораи бозгашт ба ҷузъу том сардор вазифадор аст ба старшинаи қисми ҳарбӣ арз гузориш диҳад ва яроқу аслиҳа супурдани қаровулҳоро назорат кунад.
  1. ҳайати қаровули ивазшуда дар рўзи ба қисм баргаштанашон аз машѓулият ва кор озод карда мешаванд; посбононе, ки объектҳоро танҳо шабона муҳофизат кардаанд, аз лаҳзаи ба қисми ҳарбӣ омаданашон дар давоми 4 соат аз машѓулият ва кор озод карда мешаванд.
  2. Ҳангоми эълони бонги хатар ивази қаровулҳо аз ҷониби воҳидҳое, ки мувофиқи нақшаи омодагии ҷангӣ ва сафарбарӣ ҷудо карда шудааст, ба роҳ монда мешаванд. Ҷобаҷошавии қаровулҳо дар ин ҳолат баргузор намегардад. Пас аз дастурдиҳии кўтоҳ навбатдори қаровулҳо (аз рўи қисми ҳарбӣ) ва гирифтани номи рамзии (пароли) кўҳна барои ивази қаровул ба қаровулхона ҳозир мешавад.
Ивазшавии қаровулҳо бо тартиби муқарраргардида дар мўҳлати кўтоҳ ба роҳ монда мешавад. Миқдори постҳо, ўҳдадориҳои асосии ҳолати қаровул ва номи рамзии (пароли) нав дар ҳолати эълони бонги хатар дар ҳуҷҷатдорӣ муқаррар карда мешавад. (банди 114)
  1. Аз объекти муҳофизатшаванда гирифтани қаровулро навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) дар асоси фармони хаттии сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ), ки бо мўҳр тасдиқ шудааст, дар ҳузури сардори объекти муҳофизатшаванда иҷро мекунад. Дар бораи гирифта шудани қаровул бо имзои навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ), сардори қаровул ва сардори объекти муҳофизатшаванда таъйиднома тартиб дода мешавад. Дар таъйиднома супурда шудани объектҳои муҳофизатшаванда, қаровулхона ва асбобу анҷоми он ва постгоҳҳо нишон дода мешаванд.
Дар бораи гирифтани қаровули доимии гарнизонӣ сардори гарнизон ба фармондеҳи намуди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад. Дар бораи гирифтани қаровули доимии дохилӣ командири қисми ҳарбӣ ба сардоре, ки ҷадвали қаровулҳоро тартиб додааст, гузориш медиҳад.
 
Ивазшавии  посбонон
 
  1. Посбонон баъди ҳар 2 соат дар соатҳои ҷуфт ё тоқ иваз карда мешаванд.
Дар сурати –200С дараҷа ва аз он хунуктар будани ҳаво ва дар вақти шамол посбонони постгоҳҳои берунӣ ва даруние, ки биноҳояшон гарм карда намешаванд, баъди ҳар як соат иваз карда мешаванд. Агар ҳарорати ҳаво +300С дараҷа ва аз он зиёд бошад (дар соя) посбонон ҳамчунин баъди ҳар як соат иваз карда мешаванд. Супоришро дар бораи баъди ҳар як соат иваз кардани посбонон навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) медиҳад.
Агар посбонон як соат пас иваз карда шуда бошанд, сардори қаровул дар ведомости постгоҳ менависад, ки посбонон аз фалон соат, пас аз як соат иваз шудаанд ва аз фалон соат бошанд, посбонони фалон даста-пас аз 2 соат оѓоз шуд.
Посбонони назди дари қаровулхонаро баъди ҳар ним соат ёвари сардори қаровул, сардори қаровул ё ҷобаҷогузор иваз мекунанд.
  1. Вақте ки дастаи посбонон ба масофаи 10-15 қадам ба посбон наздик мешаванд, ҷобаҷогузори нави қаровул амр медиҳад: «ДАСТА — ИСТ» ва ба яке аз посбонон супориш медиҳад (агар даста мошинсавор бошад, супориш медиҳад, ки ба яроқ тир ҷой карда назорат кунад), ки постгоҳ ва даромадгоҳҳои онро назорат кунанд.
Масалан: «Сарбоз Назаров, пост ва даромадҳои онро ба зери назорати муваққатӣ қабул намо».
Вақте ки даста наздик мешавад посбон рўяшро ба тарафи он гардонда меистад ва мустақилона автоматро дар ҳолати «ба китф» (карабинро «дар назди по») мегирад. Бо амри ҷобаҷогузори қаровули нав, «АСКАРИ қАТОРӣ ШАРИПОВ, БА ПОСТГОҳ қАДАМЗАНОН МАРШ», посбон ҳолати сафистро гирифта як қадам ба рост мегузорад, қаровул ба назди посбон омада дар ҷои ў меистад, рўяшро ба тарафи муқобил, автомат дар ҳолати «ба тасма» (карабин дар назди по).
Ҷобаҷогузорони наву пешинаи қаровул аз ду тарафи посбон ва қаровул 1-2 қадам дуртар аз онҳо рў ба рўи якдигар меистанд.
Бо амри сардори ҷобаҷогузори қаровули пешина «ПОСБОН, ПОСТГОҳРО СУПОР» посбон постгоҳро даҳонӣ месупорад. Дар ин вақт посбон ва қаровул рўяшонро ба тарафи якдигар мегардонанд. Даҳонӣ супоридани постгоҳ аз он иборат аст, ки посбон рақами постгоҳро гуфта, ба қаровули навомада ҳамаи объектҳои муҳофизатшавандаро мувофиқи табели постгоҳ номбар мекунад ва ҳамаи он чиро, ки дар вақти иҷрои хизмат дар назди постгоҳ дидааст, номбар мекунад.
Баъди даҳонӣ супоридани постгоҳ посбон бо амри ҷобаҷогузори худ «ҚАРОВУЛ, ПОСТГОҳРО қАБУЛ КУН» вазифадор аст ҳамроҳи ҷобаҷогузори нави қаровул, дар ҳузури посбон ва ҷобаҷогузори пешинаи қаровул объекти муҳофизатшавандаро давр зада дурустии асбобҳои рўшноидиҳанда, бутунии деворҳо, дарҳо (дарвозаҳо), вазъи панҷараҳо, тирезаҳо ва деворҳои махзан (анбор, парки мошинҳо), шумора ва ҳолати қулфҳо, риштаҳо, мўҳрҳо (тамѓаҳо) ва мувофиқати онҳо бо қолабҳо (нусха) ё миқдори дар таҳти назоратбудаи мошинҳои ҷангӣ (дигар аслиҳа ва техникаи ҷангиро санҷида), ҳамчунин мавҷудият ва вазъи воситаҳои техникии муҳофизат, воситаҳои алоқа, оташнишонӣ ва либоси постгоҳиро аз назар гузаронад. Вақти қабули постгоҳи камераҳои маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) қаровул ба ѓайр аз ин вазифадор аст шумораи маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-и дар онҳо бударо санҷад.
Агар зарур бошад, қаровуле, ки дар постгоҳ ба посбонӣ шурўъ мекунад, метавонад бо ёрдами ҷобаҷогузор либоси постгоҳӣ пўшад (замимаи 8).
  1. Агар дар вақти қабул ва супоридани постгоҳ ягон камбудӣ ошкор шавад (вайронии деворҳо, дарҳо, тирезаҳо ва мўҳрҳо, тамѓаҳо, қулфҳо ва бандҳо) ё мувофиқ набудани мўҳрҳо (тамѓаҳо) бо қолаб (нусха)-и онҳо ва шумораи дар табели постгоҳ нишондодашуда, ҳамчунин мувофиқат накардани шумораи техникаи ҷангии зери муҳофизат буда ҷобаҷогузор супурдани постгоҳро қатъ карда, сардори қаровулро даъват мекунад. Дар чунин маврид вақти постгоҳҳоро қабул кардани қаровулҳои нав сардорони қаровулҳои наву пешина даъват карда мешаванд.
  2. Супурдан ва қабули постгоҳҳоро ба охир расонда посбон ва қаровули ба посбонӣ шурўъкунанда рўи худро ба ҷобаҷогузор гардонда, бо навбат ин тавр гузориш медиҳанд:
Масалан «РАФИҚ СЕРЖАНТ. АСКАРИ қАТОРӣ МИРЗОЕВ постгоҳи рақами фалонро супурд», «РАФИқ СЕРЖАНТИ КАЛОН. АСКАРИ қАТОРӣ САНГОВ постгоҳи рақами фалонро қабул кард».
Баъди гузориш ва аз ҷобаҷогузор гирифтани супориш, посбон яроқашро мувофиқи нишондоди банди 176 гирифта, ба иҷрои вазифаҳои худ дар постгоҳ шурўъ мекунад.
  1. Ба посбон гузаштани қаровул (ба қаровулӣ гузаштани посбон) аз гузориши ў дар бораи постгоҳро қабул карданаш (супурданаш) муайян карда мешавад.
  2. Бо амри ҷобаҷогузори қаровули пешина, «АСКАРИ қАТОРӣ МИРЗОЕВ, АЗ ПОСТГОҳ БО ҚАДАМ МАРШ», қаровули ивазшуда, дар қафои даста истода, мустақилона карабинро «Ба тасма» мегирад, қаровулҳои ба постгоҳ ва роҳҳои он назораткунанда дар саф меистанд.
Сипас ҷобаҷогузори қаровули нав амр медиҳад: «ДАСТА АЗ қАФОИ МАН БО ҚАДАМ МАРШ» ва дастаро ба сўи постгоҳи дигар мебарад.
  1. Вақти иваз кардани посбонони постгоҳҳои дохилӣ ҷобаҷогузор дастаро ба даромадгоҳи иморат бурда амр медиҳад: «ДАСТА-ИСТ», яке аз қаровулонро сардор таъин карда амр медиҳад: «АСКАРОНИ қАТОРӣ САИДОВ ВА КАБИРОВ АЗ қАФОИ МАН БО қАДАМ МАРШ». Ҷобаҷогузор бо қаровулҳо ба хона дохил шуда, посбононро мувофиқи бандҳои 227-229 иваз мекунанд.
  2. Дар сурати дар ду тарафи қаровулхона ҷойгир будани постгоҳҳо ҷобаҷогузор аввал посбонони дар як тарафи қаровулхона ҷойгирбударо иваз мекунад, баъди ин ивазшудагонро дар қаровулхона гузошта, посбонони боқимондаи ин дастаро саф ороста, ба сўи постгоҳҳо мебарад.
  3. Дастаи дуюм ва дастаҳои боқимондаи қаровули нав барои ба постгоҳҳо рафтан ва ивази посбонон, тир ҷой кардану аз тир холӣ кардани яроқҳоро низ мисли дастаи якум иҷро мекунанд.
Ҳангоми баргашти баст аз постгоҳ ва баъди яроқро аз тир холӣ кардан, ѓайр аз туфангча, ҷабаҷогузор ба қаровулҳо фармон медиҳад, ки автоматҳоро (карабинҳоро) ба пирамида (туфангчаҳоро ба сандуқ) гузоранд ва ба сардори қаровул дар бораи гузаронидани ивази баст гузориш диҳад.
  1. Мондани посбонон дар постгоҳҳои нав ва аз постгоҳҳое, ки барҳам дода мешаванд, гирифтани посбононро сардори қаровул дар асоси фармони хаттии сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ), ки бо мўҳр тасдиқ шудааст, дар ҳузури навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) ва сардори объекти муҳофизатшаванда иҷро мекунад; дар бораи мондан (гирифтан)-и посбонон дар ведомости постгоҳ сабт гузошта мешавад.
 
Б О Б И   6
 
ТАРТИБОТИ ДОХИЛӣ ДАР қАРОВУЛ
 
  1. Аз ҳайати қаровул ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бе иҷозати сардори қаровул аз қаровулхона берун равад.
  2. Дар қаровулхона хомўшӣ ва тартиб бояд риоя карда шавад. Суруд хондан ва асбоби мусиқӣ навохтан манъ аст. Барномаҳои радиоро ба воситаи гўшмонак гўш кардан, хондан, навиштан ва шоҳмоту шашкабозӣ кардан иҷозат дода мешавад. Кашидани тамоку ва тоза кардани пойафзол танҳо дар ҷойҳои барои ин корҳо таъиншуда иҷозат дода мешавад.
Дар қаровулхона, ҳайати шахсие, ки хизматро дар қаровул пас аз   1-2 шабонарўз мебаранд, гузоштани телевизор ва тамошои барномаҳои телевизионӣ бо дастурамал ва вақти муайянкардаи сардори қаровул иҷозат дода мешавад, агар ба иҷрои вазифаҳои қаровулон ва хоби басти истироҳатӣ халал нарасонад.
  1. Автоматҳо ва пулемётҳо бе тирдон бо кулангдонҳои пешбурдашуда дар пирамида гузошта мешаванд. Карабинҳо бе тир бо кулангҳои зеркардашуда дар пирамида гузошта мешаванд. Пирамидаҳо дар қаровулхона бояд қулф карда нашаванд.
Сумкаҳо бо тирдонҳои пур  аз тири автомат (тирдонҳо барои карабинҳо) ва ѓилофҳои кордҳо аз тасмаҳои миёнбанд кушода гирифта намешаванд.
Сардори қаровулҳо, ки бо туфангчаҳо мусаллаҳанд, дар қаровулхона онҳоро кушода намегиранд.
Тирдонҳои пулемётҳо дар қуттии махсуси пирамида, ки қулф карда шудааст, нигоҳ дошта мешаванд, калид дар дасти сардори қаровул меистад.
Туфангчаҳои  тирпури қаровулони постгоҳҳои назорати гузаргоҳӣ дар қуттии оҳанин (сандуқ) бо қулф маҳкам карда шуда, калиди он дар дасти сардори қаровул меистад, ҳангоми рафтани он аз қаровулхона ва дар вақти дамгирии он ба ёвари сардори қаровул дода мешавад. Туфангчаҳо ба қаровулҳо пеш аз ба постгоҳ рафтан бо варақаҳои махсус дода мешаванд.
Яроқ аз пирамида танҳо бо иҷозати сардори қаровул ё ёвари ў гирифта мешавад. Яроқҳоро ба қисмҳо ҷудо накарда, таҳти роҳбарӣ ва назорати бевоситаи онҳо тоза мекунанд.
  1. Ба ҳайати шахсии қаровул иҷозат дода мешавад, ки дар қаровулхона кулоҳ, камзўл ва шинелҳояшонро кашанд, аммо асбобу анҷомро намекашанд. Шинелҳо, камзўлҳо ва кулоҳҳои кашидашударо бояд дар либосовезак овезон кунанд.
  2. Ба ҳайати шахсии қаровул, ба истиснои сардори қаровул ва ёвари ў гуфтугў бо ашхосе, ки ба қаровулхона меоянд манъ аст; танҳо иҷозат дода мешавад, ки ба саволҳои ашхоси қаровулро тафтишкунанда ҷавоб диҳанд.
  3. Либосу лавозимотро накашида, бе пойафзол, танҳо тугмаҳои гиребонро кушода, тасмаи миёнро суст карда дароз кашида истироҳат кардан (хоб рафтан) иҷозат дода мешавад:
  • ба сардори қаровул 4 соат рўзона (дар маҳбаси ҳарбӣ-шабона) дар соатҳое, ки дар дастурамал муайян карда шудаанд;
  • ба ёвари сардори қаровул (танзимгари) воситаҳои техникии муҳофизат 4 соат, ба ҳар кадом бо иҷозати сардори қаровул;
  • ба ёвари сардори қаровул, ба ҷобаҷогузорон, берунбаророн (посбонони дунболрав) ва ронандагони воситаҳои нақлиёт-бо иҷозати сардори қаровул дар вақтҳои аз иҷрои хизмат озод будан;
  • ба ҳайати як дастаи қаровулон-пеш аз ба постгоҳҳо рафтан, баъди ба қаровулхона баргаштани дастаи дигари аз постгоҳҳо ивазшуда ва дар қаровул ташкил кардани дастаи ҷангӣ;
  • ба дастаи қаровуле, ки объектҳоро танҳо шабона муҳофизат мекунанд-баъди ба қаровулхона баргаштанашон ва то аз нав ба постгоҳ рафтанашон.
  1. ҳангоми ба қаровул додани амри «Силоҳ гир» ҳайати шахсии дар қаровулхона буда, аз ҷумла онҳое, ки истироҳат мекунанд, кулоҳи худро пўшида, яроқҳояшонро гирифта, дар дохили қаровулхона аз рўи рақамҳои тартибиашон саф мекашанд.
Шинелро, камзўлро бо супориши махсуси сардори қаровул мепўшанд. Дар ҳама ҳолатҳо (ба ѓайр аз сўхтор ва офати табиӣ) вақти қаровулро аз қаровулхона баровардан, аз он ҷо ёвари сардори қаровул ё яке аз ҷобаҷогузорон ва дар қаровулҳое, ки ин ашхос нестанд, яке аз қаровулон гузошта мешавад.
  1. Ба қаровулҳои гарнизонӣ ва қаровулҳои дохилие, ки берун аз маҳалли қисми ҳарбӣ ҷойгиранд, хўрок бо ташаббуси командири ҷузъу томе, ки қаровулро таъин кардааст ё навбатдори қисми ҳарбӣ расонда мешавад.
Ба ҳайати шахсии қаровуле, ки дар қаламрави қисми ҳарбӣ ҷойгир аст, хўрокро бо фармони сардори қаровул қаровулони дастаи бедор мебаранд.
  1. Тоза ва батартиб нигоҳ доштани қаровулхона ва масоҳати ба он тааллуқдошта, алав мондани печкаҳо ва нигоҳубини фонусҳо ба ўҳдаи ҳайати қаровул гузошта мешаванд.
  2. Ба ѓайр аз рўбучини ҳаррўза, на камтар аз як бор дар як моҳ, дар рўзҳое, ки аз ҷониби коменданти ҳарбии гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ) муқаррар шудаанд, бо амри сардори хизмати тиббии гарнизон (қисми ҳарбӣ) тамйизи қаровулхона гузаронида мешавад.
  3. ҳавои қаровулхона дар фасли хунуки сол на камтар аз 4 маротиба дар як шабонарўз тоза карда мешавад. Дар фаслҳои гармии сол бодхонҳо ва тирезаҳо аз як тарафи хона доимо кушода нигоҳ дошта мешаванд. Зимистон ҳарорат дар қаровулхона бояд аз +180 С дараҷа поён набошад. Алав мондани печкаҳо на дертар аз вақте, ки сардори гарнизон муқаррар кардааст, қатъ карда мешавад. Сардори қаровул плитаро барои гарм кардани хўроки ҳайати қаровул ва печкаро дар хонаи хушккунӣ вобаста ба зарурат иҷозат медиҳад. Чои гарм бояд тамоми шабонарўз бошад.
Бо торик шудани ҳаво қаровулхона, долонҳо ва ҳоҷатхона бояд пурра равшан бошанд ва дар ҳуҷрае, ки посбонон истироҳат мекунанд, бояд равшании эҳтиётӣ низ бошад.
Дар қаровулхонае, ки берун аз шаҳраки ҳарбӣ воқеъ аст, шабона тирезаҳо аз берун маҳкам карда мешаванд.
  1. Барои муҳофизати қаровулхонаҳои қаровулҳое, ки дар ҳайаташон на камтар аз панҷ постгоҳ, ки ҳар кадомашон се дастаи посбон доранд, дар назди дари қаровулхона аз ҳисоби қаровулони бедори даста посбон гузошта мешавад.
Дар қаровулҳое, ки объектҳои махсусан муҳимро муҳофизат мекунанд ва дар ҳайати худ камтар аз панҷ постгоҳ, ки ҳар кадомашон се дастаи посбон доранд, барои муҳофизати қаровулхона метавонанд посбонони иловагиро таъин кунанд.
Дар дари даромади қаровулхона тирезача барои нигоҳ кардан сохта мешавад ва дар бояд ҳамеша аз дарун маҳкам бошад.
 
 
 
Б О Б И   7
ТАФТИШИ   қАРОВУЛҳО
 
  1. Қаровулҳо вазифадоранд шахсонеро, ки қаровулҳо ба онҳо итоат мекунанд (банди 89), аз қабили командирони ротаҳо (батареяҳо) командирони баталёнҳо (дивизионҳо), ки аз онҳо таъин шудаанд, ҳамчунин муовини онҳо ва тамоми сардорони мустақими ин командирҳоро тафтиш намоянд.
қаровулҳоеро, ки дар ҳудуди истгоҳи роҳи оҳан, фурудгоҳ ҷойгиранд, ҳамчунин қаровулҳои мушоиятгораи нақлиёти бори ҳарбӣ доштаро, ки аз истгоҳ, фурудгоҳ мегузаранд, ѓайр аз ин коменданти ҳарбии роҳи оҳан, фурудгоҳ ё ёвари ў вазифадоранд санҷанд.
Санҷиши қаровулҳо аз ҷониби ашхоси мансабдори гарнизон (қисми ҳарбӣ), аз рўи ҷадвале, ки сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад.
  1. Қаровулҳоро инҳо месанҷанд:
  • ашхосе, ки бо супориши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, сардори Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • фармондеҳони намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони қўшунҳои махсус ва муовинони онҳо, ҳамчунин қаровулҳое, ки аз қўшунҳои тобеъ таъин шудаанд;
  • ашхосе, ки бо супориши сардорони раёсатҳо (шўъбаҳо)-и Вазорати мудофиа – қаровулҳое, ки объектро муҳофизат мекунанд, ки дар ихтиёри ин раёсатҳо (шўъбаҳо) мебошанд;
  • ашхосе, ки бо супориши командири қисми ҳарбӣ омадаанд, қаровулҳои дохилие, ки аз ҷузъу томҳои тобеи он таъин шудаанд;
  • ашхосе, ки бо супориши сардори гарнизон омадаанд, қаровулҳои гарнизонӣ ва дохилии ҳамин гарнизон;
  • ашхосе, ки барои роҳбарӣ кардан ба санҷиши (назорати) қўшунҳо омадаанд ва бо супориши онҳо афсарҳои гурўҳи санҷишӣ (назоратӣ), қаровулҳои қисми ҳарбие, ки онҳо санҷиш (назорат) мекунанд;
  • санҷиши қаровулро танҳо ба он ашхосе месупоранд, ки хизмати қаровулиро хуб медонад. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки барои санҷиши қаровул таъин шудаанд, бояд дастурамал дода шавад.
  1. Ашхоси дар банди 249 зикршуда вазифадоранд ба сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) амрномаи хаттии бо мўҳр тасдиқшудаи сардоронеро, ки бо супориши онҳо барои санҷиши қаровулҳо таъин шудаанд, пешниҳод намоянд, ба онҳо бо имзои сардор ё коменданти ҳарбии гарнизон (командири қисми ҳарбӣ), бо мўҳри нишондор барои ба навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) пешниҳод кардан гувоҳномаи якдафъагӣ дода мешавад. Чунин гувоҳномаи якдафъагиро сардори гарнизон ба ашхоси аз ҷониби ў барои санҷиш таъиншуда ва аз ҷониби командири қисми ҳарбӣ барои санҷиши қаровулҳои дохилӣ таъиншуда низ медиҳад.
Дар гувоҳномаи якдафъагӣ зикр мегардад, ки он ба кӣ ва барои санҷиши кадом қаровулҳо дода шудааст ва санҷиш дар давоми чӣ қадар вақт бояд гузаронида шавад. Баъди ба охир расидани мўҳлати амали гувоҳнома санҷишкунанда онро ба коменданти ҳарбии гарнизон (ба ситоди қисми ҳарбӣ) месупорад.
Ба командири рота (батарея)-е, ки аз он қаровул таъин шудааст, ҳамчунин ба муовинони ў ва ҳамаи сардорони мустақими командири рота (батарея) гувоҳнома барои санҷиши қаровулҳо дода намешавад.
Коменданти ҳарбии роҳи оҳан, фурудгоҳ ва ёварони ў қаровулҳое, ки дар қаламрави қитъаи истгоҳи роҳи оҳан, фурудгоҳ ҷойгиранд бе пешниҳод кардани гувоҳнома барои санҷиш, лекин бо пешниҳод кардани гувоҳномаи шахсӣ санҷиш мекунанд.
қаровулҳои қўшунҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки мувофиқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷониби ашхоси мансабдори ҳамин қўшунҳо санҷида мешаванд.
  1. ҳамаи ашхосе, ки бо супориши сардорони дар банди 249 номбаршуда барои санҷиши қаровулҳо омадаанд, санҷишро бо роҳбаладии навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) ё ёвари ў (ёвари навбатдори қисми ҳарбӣ, агар қаровул ба ў тобеъ бошад) мегузаронад. Навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) гувоҳномаи шахсӣ ва гувоҳномаи якдафъагии ин ашхосро барои ҳуқуқи санҷиши қаровул аз назар мегузаронад.
Афсарони ҳамин қисми ҳарбӣ метавонанд бе роҳбалади навбатдори қисми ҳарбӣ ё ёвари ў қаровулро тафтиш кунанд.
  1. Дар қаровулҳо тафтиш карда мешаванд:
  • тайёрии ҳарбии қаровул, дониши ўҳдадорӣ ва иҷрои амалии он аз ҷониби ҳайати шахсии қаровул;
  • тартиби дохилӣ дар қаровул, риояи қоидаҳои нигаҳдории яроқу аслиҳа, дуруст пур кардани ҳуҷҷатдориҳои муқарраргардида ва риояи ведомости постгоҳӣ;
  • мувофиқати ҷиҳозонидани қаровулхона ва постгоҳҳо мутобиқи талаботи Оинномаи мазкур, дурустии воситаҳои техникии муҳофизат, воситаҳои алоқа, асбобҳои рўшноидиҳанда;
  • ҷиҳозонидани маҳбас ва тарзи нигаҳдошти маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) дар вай.
  1. Ашхосе, ки иҷрои хизматро аз ҷониби посбонон месанҷанд, вақти ба постгоҳҳо рафтанашон сардори қаровул ё ёвари ў бо як-ду қаровули мусаллаҳ ҳамроҳӣ мекунад.
  2. Санҷишкунандаҳои хизмати посбонон (ба ѓайр аз ашхосе, ки посбонон ба онҳо тобеъанд) ба онҳо эрод намегиранд; дар бораи ҳамаи норасоиҳои мушоҳидакардаашон ба ашхосе, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, супориш медиҳанд. Натиҷаи санҷиш ва супоришҳои худро санҷишкунандаҳо дар ведомости постгоҳ менависанд.
Дар вақти санҷиши хизмати посбонон барои пурзўр кардани назорати постгоҳҳо ва даромадгоҳҳои он сардор (ёвари сардор)-қаровул қаровулеро, ки ҳамроҳи ў аст, ҷалб мекунад.
Санҷиш кардани хизмати посбонон, бо роҳи ноаён ба постгоҳ наздик шудан, кўшиши аз посбон кашида гирифтани яроқ ва бо воситаҳои дигаре, ки метавонад бо фоҷиае анҷом ёбад, манъ аст.
 
Б О Б И   8
 
ХУСУСИЯТҳОИ  ХИЗМАТИ   ҚАРОВУЛӣ  ДАР  ҶУЗЪУТОМҲОИ РАДИОТЕХНИКИИ АЛОҲИДА ҶОЙГИРШУДА, ДИГАР ҶУЗЪУ ТОМҳОИ МАХСУС ВА  ҳАНГОМИ КАШОНИДАНИ  қЎШУНҳО  ВА  БОРҳОИ  ҳАРБӣ
 
Хусусиятҳои ташкил  ва  иҷрои хизмати қаровулӣ дар ҷузъу  томҳои  радиотехникии алоҳидаи ҷойгиршуда ва дигар ҷузъу томҳои махсус
 
  1. Ташкили посбонӣ , муҳофизати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, дигар воситаҳои моддӣ дар ҷузъу томҳои радиотехникӣ ва дигар ҷузъу томҳои махсуси алоҳида ҷойгиршуда ба ўҳдаи командирони ҷузъу томҳо гузошта шуда, тавассути патрулҳо воситаҳои техникии муҳофизат ё воситаҳои техникии муҳофизат якҷоя бо патрулҳои аз ҷониби ин ҷузъу томҳо фиристодашудае, ки бо яроқи штатӣ мусаллаҳ мебошанд, анҷом дода мешавад.
Ҳангоми ҷиҳозонидани объектҳо бо воситаҳои техникии муҳофизат дастгоҳи қабули зангҳо дар ҳуҷраи сардор (навбатдори ҷузъу том) ҷойгир шуда ба зери назорати ў қарор мегирад.
Патрулҳо ба ҳайати наряди шабонарўзии ҷузъу томҳо дохил шуда ба командир, старшина ва навбатдори ҷузъу том, сардори басти навбатдор (техники калон) итоат мекунад ва чун посбон аз рўи дастурамали аз ҷониби командири қисми ҳарбӣ тасдиқкардашуда хизмат мекунанд.
  1. Дастурамалҳо барои навбатдори ҷузъу том ва патрулҳо аз ҷониби командири ҷузъу том бо дарназардошти хусусияти объект ва шароити посбонии вай тартиб дода мешаванд.
Дар дастурамалҳо вазифаҳои навбатдори ҷузъу том ва патрул барои посбонӣ ва мудофиаи объектҳо муайян шудааст; вақт ва тартиби адои хизмати патрул, шумораи патрулҳо, вазифаҳои махсуси патрулҳо дар самтҳои ҷудогонаи ҳаракат, тартиби амали онҳо дар сурати ҳуҷум ба объектҳои муҳофизатшаванда, кори ѓайричашмдошти воситаҳои техникии муҳофизат, ҳангоми сўхтор, офати табиӣ ва бонги хатар муайян карда мешаванд; дар кадом ҳолат ба патрулҳо истифодаи яроқ иҷозат дода шудааст, тартиби бо аслиҳа, техникаи ҷангӣ ва дигар воситаҳои моддӣ ба объекти муҳофизатшаванда роҳ додани ашхос нишон дода шудааст.
Ба дастурамал барои навбатдори ҷузъу том нақшаи ҳаракати патрулҳо, ки аз ҷониби командири ҷузъу том тасдиқ шудааст, рўйхати ашхосе, ки ҳуқуқ доранд махзанҳоро кушоянд ё барои қабули аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддӣ роҳ дода шаванд, намунаҳои иҷозатномаҳо ва қолаби мўҳрҳо (нусхаи тамѓаҳо), ки мутобиқи банди 103 танзим шудаанд, замима шудаанд.
  1. Барои адои хизмати патрулҳо якчанд ҷадвал тартиб дода мешавад, ки яксонии самти ҳаракати патрулҳоро дар як вақт бартараф намояд.
ҷадвалҳои адои хизмати патрул, аз ҷониби командири ҷузъу том тасдиқкардашуда дар қуттӣ (ҷевон)-и маҳкам, дар назди навбатдори ҷузъу том нигоҳ дошта мешаванд. Мўҳлати амали ҳар як ҷадвал аз ҷониби командири ҷузъу том муайян карда мешавад.
  1. Ба патрулҳо тирҳои ҷангӣ мутобиқи банди 95 дода мешавад.
Тирҳо дар тирдонҳо барои – ҳамаи патрулҳо дар назди навбатдори ҷузъу том дар сандуқи алоҳидаи оҳанин ё бо оҳан рўйкашкардашуда ва қулфкардашуда нигоҳ дошта мешаванд ва дар ҳуҷрае гузошта мешаванд, ки дар он яроқи ҷузъу том нигоҳ дошта мешавад.
Яроқи патрулҳо вақти дар ҷузъу том буданашон дар сандуқи алоҳида, дар ҳуҷраи барои ҳифзи яроқ нигоҳ дошта мешавад.
  1. Патрулҳо барои иҷрои хизмат мувофиқи қоидаҳои бандҳои 121-124 тайёр карда мешаванд.
  2. Патрулҳо хизматро ба тариқи давр задан дар атрофи маҳалли ҷойгиршавии ҷузъу том бо роҳе, ки дар нақшаи самти ҳаракати патрулҳо нишон дода шудааст, иҷро мекунанд.
Дар самти ҳаракати патрулҳо воситаҳои алоқа гузошта мешаванд, патрул ба воситаи онҳо ба навбатдор дар бораи рафти иҷрои хизмати патрул гузориш медиҳад.
Рўзона патрулҳо метавонанд ба воситаи назорат кардан аз ҷойҳои мувофиқ ва манораҳои ба воситаҳои алоқа ҷиҳозонидашуда муҳофизатро таъмин кунанд.
  1. Патрул вазифадор аст:
  • объектҳо, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддии ҷузъу томро ҳушёрона посбонӣ ва мудофиа карда, то иваз ва гирифта шуданаш иҷрои вазифаашро қатъ накунад;
  • аломатҳои барои алоқа бо навбатдор муқарраргардидаро донад ва дар сурати ошкор намудани ягон норасогӣ дар девори атрофи объект ва ҳама гуна вайронкунии тартибот ўро даъват кунад;
  • ҷадвал ва самти ҳаракати барои ў муқарраршударо пурра риоя кунад;
  • дар вақти иҷрои хизмат мутобиқи нишондоди банди 97 ба яроқаш тир ҷо кунад ва барои амал ҳамеша тайёр бошад.
Ба патрул дар вақти иҷрои хизмат диққатро аз иҷрои вазифаи гузошташуда ба тарафи дигар ҷалб кардан (хоб рафтан, нишастан,ба ягон чиз такя кардан, хондан, навиштан, хўрдан, нўшидан, суруд хондан, тамоку кашидан, гап задан бо ашхоси бегона, қазои ҳоҷат кардан ё бо дигар тариқаи иҷрои ўҳдадориҳои худ канор мондан, аз ягон кас қабул кардани чиз ва ба касе додани ягон ашё, бе зарурат ҷойгир кардани тир ба фишангдон манъ аст.
Патрул вазифадор аст танҳо ба саволҳои ашхосе, ки ба онҳо тобеъ аст ва ашхоси ҳамроҳи ў барои санҷиш омада ҷавоб диҳад.
  1. Дар сурати ҳуҷум ба патрул ё объекте, ки ў муҳофизат мекунад ва ҳамчунин дар вақти ба сарҳади объекти муҳофизатшаванда, ки нишона зада шудааст, наздик шудани шахси бегона, патрул мутобиқи нишондодҳои бандҳои 178-181 амал мекунад.
  2. Санҷиши адои хизмати патрулҳо аз ҷониби командири ҷузъу том муовини вай, шахсони аз ҷониби вай таъинкарда, ҳамчунин ҳамаи сардорони мустақими ў ба роҳ монда мешавад. Ѓайр аз он санҷиш аз ҷониби сардори басти навбатдор (техники калон), инчунин старшина ва навбатдори ҷузъу том анҷом дода мешавад.
Ашхосе, ки хизмати патрулҳоро санҷиш мекунад, навбатдори ҷузъу том бо як патрули озод аз дастаи қаровули истироҳаткунанда ҳамроҳӣ мекунад.
Натиҷаҳои санҷиш, ҳамчунин вақти кушодан ва маҳкам кардани анборҳо (махзанҳо) дар дафтари қабул ва супоридани навбатдорӣ навишта мешаванд.
Навбатдори ҷузъу том вазифадор аст, ки хизмати патрулҳоро на камтар аз ду бор дар як шабонарўз (як бор шабона) санҷиш кунад, дар ин ҳолат мувофиқи бандҳои 253 ва 254 Оиннома амал намояд.
  1. Патрулҳо ин тавр иваз карда мешаванд: дар вақти иваз карда шудани дастаи посбонон-аз ҷониби навбатдори ҷузъу том дар ҳузури навбатдори пешинаи ҷузъу том мисли иваз шудани посбонон; (бандҳои 226-229) минбаъд-мустақилона аз рўи ҷадвал, мувофиқи иҷозатнома ва ҷавоби номи рамзӣ (парол), ки навбатдори ҷузъу том муқаррар мекунад.
  2. Дар вақти патрули навбатиро ба хизмат фиристодан навбатдори ҷузъу том аз рўи тартиби муқарраршуда ба ў яроқ ва тир медиҳад, дастур дода ба тартиби истифодаи яроқ аҳамияти махсус медиҳад, барои тир ҷой кардан ба яроқ ва тирҳои яроқҳоро холӣ кардан ба майдонча мебарорад ва дуруст иҷро кардани ин корро санҷиш мекунад.
  3. Баъди аз самти ҳаракат баргаштани патрул навбатдори ҷузъу томро ба майдончаи тирпуркунӣ ва тирхоликунии яроқ даъват карда, дар бораи натиҷаи патрулӣ гузориш медиҳад, дар зери назорати ў яроқашро аз тир холӣ карда, баъд аз он яроқ ва тирҳову тирдонҳоро ба навбатдор месупорад. Дар бораи қабули яроқу тир навбатдори ҷузъу том дар дафтари додани яроқу лавозимоти ҷангӣ қайдҳои дахлдор мегузорад.
  4. Тартиб ва ҷои истироҳати патрулро командири ҷузъу том вобаста ба шароити ҷойгиршавӣ мутобиқи банди 241 муайян мекунад.
 
ХУСУСИЯТҳОИ ТАШКИЛ ВА  ИҷРОИ  ХИЗМАТИ қАРОВУЛӣ ОИД БА ҲИФЗИ АСЛИҲА, ТЕХНИКАИ ҲАРБӣ ВА  ДИГАР  ВОСИТАҲОИ  МОДДИИ ЭШЕЛОНҲОИ ҲАРБӣ  ДАР ВАҚТИ КАШОНДАНИ ҚЎШУН
 
  1. Аслиҳаю техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддии қўшунҳо, ки қатораҳои ҳарбӣ бо нақлиёти роҳи оҳан мекашонанд, аз ҷониби қаровулҳои тайёркардаи қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо)-и ба онҳо кашондашаванда муҳофизат карда мешаванд.
  2. ҳайати қаровул вобаста ба ҳайати қатораҳои ҳарбӣ ва шароити вазъият муайян карда мешавад.
  3. қаровули қатораи ҳарбӣ дар вагони мусофирон ё ҳуҷраи (купеи) алоҳидаи вагони мусофирон ҷойгир карда мешавад. Дар худи ҳамин вагон дар назди Байрақи ҷангӣ метавонанд сандуқи пул ва сандуқи ҳуҷҷатҳои махфиро низ муҳофизат кунанд.
  4. Ведомости дастаи қаровулӣ, табели постгоҳҳо ва дастурамал барои сардори қаровул аз ҷониби ситоди қисми ҳарбӣ, алоҳида барои ҳар як эшелони ҳарбӣ тартиб дода мешавад ва онро командири қисми ҳарбӣ тасдиқ карда, вақти тайёрӣ дидан барои интиқол ба сардори эшелони ҳарбӣ месупорад.
  5. Тартиб, ҷой ва вақти ҷобаҷошавӣ ва ивази қаровулро сардори қатораи ҳарбӣ муайян мекунад. Гузаштани дастаи якуми посбонон, иваз кардан ва гирифтани қаровул дар ҳузури навбатдори эшелони ҳарбӣ ё ёвари ў гузаронида мешавад.
Посбонон вобаста ба шумора ва мувофиқи имконият дар фасли тобистон баъди ҳар ду соат иваз карда мешаванд ва дар фасли зимистон баъди ҳар як соат иваз карда мешаванд.
  1. Сардори қаровул ба сардори эшелони ҳарбӣ, навбатдори эшелон ва ёвари ў итоат мекунад. Ба ѓайр аз иҷрои вазифаҳои умумие, ки дар ҳамин Оиннома пешбинӣ шудаанд, ў вазифадор аст:
  • дар ҳузури навбатдори эшелони ҳарбӣ аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддӣ, ҳамчунин вагонҳоро аз командирони ҷузъу томҳое, ки кашонда бурда мешаванд ё сардори қаровули ивазшаванда шумурда қабул карда ва дар аснои боэътимод маҳкам будани дарҳо ва люкҳо, дурустии борти вагонҳо ва бутунии тамѓаҳоро санҷад;
  • дуруст мустаҳкам карда шудани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар лавозимоти моддӣ, миқдори ҷойҳо, дуруст печонида шудан, боэътимод баста шудани брезентҳо барои пўшонидани онҳо истифода мешаванд, боэътимод маҳкам будани дарҳо, люкҳо ва бутунии тамѓаҳоро санҷад, дуруст кардани камбудиҳои ошкоркардаро талаб кунад;
  • дар вақти истодани қатора мутобиқи нишондоди навбатдори эшелони ҳарбӣ қаровулҳоро иваз кунад; агар мўҳлати истодани қатора барои иваз кардани посбонон кофӣ набошад, ивазкуниро то истгоҳи дигар қатъ кунад;
  • дар истгоҳҳо посбонии эшелони ҳарбиро ба воситаи ҷудо кардани посбонони иловагӣ аз ҳисоби дастаи бедори қаровулон пурзўр кунад;
  • ба ѓайр аз мансабдорони дахлдори нақлиёт, ки бо иҷозати навбатдори эшелони ҳарбӣ роҳ дода мешавад, савор шуда рафтани ҳеҷ касро дар вагонҳои муҳофизатшаванда ва майдончаҳои байни вагонҳо, роҳ надиҳад;
  • коргарони нақлиётро дар зери назорати сардори даста ё посбонон барои аз назар гузаронидани равѓани қисмҳои муҳаррик ва таъмири вагонҳои муҳофизатшаванда роҳ диҳад;
  • дар сурати сар задани сўхтор, мушоҳида кардани ягон чизе, ки ба бехатарии ҳаракат таҳдид мекунад, дигар лавозимоти моддӣ (каҷ шудани техника дар вагонҳои болокушода, давр хўрдани бурҷи танкҳо ва мили тўпҳо, вайрон шудани зарфҳо, рехтани бор ва ѓайра), ки ба беосеб нигоҳ доштани онҳо таҳдид мекунад, фавран барои нигоҳ доштани эшелони ҳарбӣ чора андешад ва ба навбатдори эшелони ҳарбӣ дар бораи ҳодисаи рухдода хабар диҳад;
  • вақти ба ҷои таъинот расидан дар ҳузури навбатдори эшелони ҳарбӣ, техникаи ҷангӣ ва дигар техника, воситаҳои моддӣ ва вагонҳоро ба командирони ҷузъу томи эшелони ҳарбӣ ва гирандаҳо супорида минбаъд аз рўи нишондоди навбатдори эшелони ҳарбӣ амал намояд.
  1. Посбонон мувофиқи табели постгоҳ дар вақти ҳаракати қатора-дар майдончаҳои байни вагонҳои муҳофизатшаванда ё дар наздикии онҳо ва дар сурати набудани майдончаҳо дар фарши вагонҳои болокушода, ки бортҳои махсус доранд, дар вагоне, ки қаровул ҷойгир аст ё дар наздиктарин вагони мусофирон, дар вақти истодани қатора-дар наздикӣ ва ду тарафи вагонҳои муҳофизатшаванда ҷо ба ҷо гузошта мешаванд, дар ин асно ба ҳар як посбон супориш дода мешавад, ки як тарафи вагонҳоро посбонӣ кунанд.
275.Посбон ѓайр аз иҷрои талаботҳои дар бандҳои 172-185 пешбинишуда вазифадор аст:
  • дар вақти қабули постгоҳ дуруст мустаҳкам карда шудани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддиро дар фарши вагонҳои болокушода ва нимболокушода, миқдори ҷойҳо, дуруст печонда шудан, боэътимод баста шудани брезенти болои борҳо ва бутунии тамѓаҳоро дар дарҳои вагонҳои болопўшида аз назар гузаронад ва санҷад;
  • дар вақти ҳаракати қатора, дар истгоҳҳо вагонҳои муҳофизатшавандаро бодиққат назорат кунад;
  • дар сурати сар задани сўхтор, ошкор кардани ягон чизе, ки ба бехатарии ҳаракат ё беосеб нигоҳ доштани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои дигари моддӣ таҳдид мекунад, фавран барои нигоҳ доштани қатора ба воситаи фишанги ист чора андешад ва дар сурати набудани он ба сардори қаровул бо телефон, (радио) хабар дода, бо давр занондани дасти пешдарозкардашудаи бо байрақчаи сурх ва шабона бо фонус ё ба ҳаво тир холӣ кардан ба истодан ишора кунад;
  • ба савор шудани ҳеҷ кас ба вагонҳои муҳофизатшаванда, ба майдончаҳои байни вагонҳо, ҳамчунин ба кабинаи мошинҳои дар вагони болокушод буда бе иҷозати сардори қаровул роҳ надиҳад;
  • коргарони нақлиётро барои аз назар гузаронидан, равѓан молидани қисмҳои муҳаррик ва таъмири вагонҳои муҳофизатшаванда, танҳо бо иҷозати сардори қаровул ё ҷобаҷогузор роҳ диҳад ва дар вақти иҷрои ин кор онҳоро назорат кунад.
  1. Сардори қаровул, чун қоида, дар вақти ҳаракати қатора бо ҷобаҷогузор ё яке аз қаровулҳо ҳамдигарро иваз карда, бо навбат истироҳат мекунанд.
қаровулҳо бо иҷозати сардори қаровул бо навбат истироҳат мекунанд.
 
Ўҳдадориҳои асосӣ ва иҷрои хизмати қаровулӣ оид ба
посбонии  борҳои  ҳарбӣ ҳангоми кашонидани онҳо
 
  1. Посбонӣ ва мудофиаи нақлиёти бори ҳарбӣ доштаро қаровулҳое иҷро мекунанд, ки аз қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои борҳои ҳарбиро гуселкунанда ё аз дигар қисмҳои ҳарбӣ фиристода шудаанд.
қаровул бе иваз шудан аз ҷои бор кардани бор (интиқоли бор) то нуқтаи ба сардори қаровул таъинкардашуда хизматро иҷро мекунад.
  1. Феҳрасти борҳои ҳарбие, ки вақти кашондан аз тарафи қаровулҳо посбонӣ карда мешавад, инчунин ҳайати қаровулҳо бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. қаровул дар вагони болопўшидаи муҷаҳҳаз ё махсус ҷойгир карда мешавад. Барои тайёр кардани хўроки гарм муассисаҳои роҳи оҳан бо риояи ҳамаи чораҳои зарурии зидди сўхтор дар вагон печ мегузоранд.
Яроқ ва аслиҳаи қаровулҳо дар қуттии оҳанин нигоҳдорӣ мешаванд, ки бо қулфҳои мустаҳкам ҷиҳозонида шуда, барои мўҳркунӣ восита дорад. Қуттӣ бо қулф маҳкам карда шуда аз ҷониби сардори қаровул мўҳр карда мешавад, дар қуттӣ аз рўи дароза (диагонал) бо ранги сурх менависанд: «Ҳарбӣ»
Ба коменданти ҳарбии роҳи оҳан, фурудгоҳ иҷозат дода мешавад, ки дар як вагон якчанд қаровулҳоеро, ки ба як самт равонанд, ҷойгир кунад. Дар ин ҳолат ў яке аз сардорони қаровулҳоро роҳбар таъин мекунад.
ҷойгиркунии нигаҳбонон дар вақти ҳаракати қатора, пурзўр кардани посбонон мувофиқи нишондодҳои бандҳои 272-274 иҷро карда мешавад.
Дар вақти посбонии борҳои ҳарбие, ки бо нақлиёти ҳавоӣ кашонда мешаванд, посбонон ба тариқи зайл ҷойгир карда мешаванд: ҳангоми парвоз-дар кабинаҳо; дар фурудгоҳ — дар назди ҳавопаймо.
  1. Сардори қаровул аз қисми ҳарбӣ бояд инҳоро бо худ гирад:
  • гувоҳномаи сафари хизматӣ; ва гувоҳномаи дар бораи сардори қаровул таъин шудани ў бо рўйхати ҳайати шахсии қаровул ва сабти намуд ва рақамҳои яроқҳо ва миқдори тирҳои додашуда дар пушти гувоҳнома, ки сардори ситоди қисми ҳарбӣ тасдиқ кардааст;
  • яроқ ва лавозимоти ҷангӣ, ҳамчунин қуттии оҳанин барои нигоҳдории онҳо;
  • ведомости постгоҳ бо навиштаҷоти дастурамалдиҳии гузарондашуда;
  • хўрокворӣ ё пули хўроки роҳ барои рафту омад, дафтари пешпардохт ва супоришнома барои хўрокворӣ (барои ҳар як қаровул алоҳида);
  • пул барои шустушўй кардан дар ҳаммом ва харидани рўзнома дар роҳ, радио;
  • зарф барои пухтан ва хўрдани хўрок, ҳамчунин барои нигоҳ доштани оби нўшокӣ;
  • бастаи иловагии либоси тагпўш (аз ҳисоби як баста барои 7 шабонарўз), бастаҳои либоси қаровулӣ, лавозимоти рахти хоб барои тамоми ҳайати қаровул (дар сурати зиёда аз як шабонарўз дар роҳ будан),қуттичаи тиббӣ;
  • байрақчаҳои сурх ва фонусҳо барои ишоратдиҳӣ;
  • ҳуҷҷатҳои ҳарбии ҳамлу нақл барои ба қисми ҳарбӣ баргаштан ва дигар ҳуҷҷатҳою амвол мувофиқи Низомнома дар бораи посбонӣ ва мушоияткунии борҳои ҳарбӣ.
281. Ҳангоми ҳамлу нақли борҳо, ки дониши махсусро оид ба бор кардану фаровардани бор талаб менамояд, аз ҳисоби афсарон мушоиятгора таъин карда мешавад, рутба ва насаби ўро ба ведомости постгоҳӣ дохил мекунад.
Вай дар як вагон бо қаровулҳо аз саристгоҳи фиристонанда то саристгоҳ таъин карда мешавад.
  1. Пеш аз баромада рафтани қаровул аз қисми ҳарбӣ навбатдори қисм, ҳайат ва таъминоти қаровул, вазифаҳояшонро донистани онҳо, ҳолати силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ва намуди зоҳирии ҳар як посбонро аз назар мегузаронад..
Дар бораи тайёр будани қаровул навбатдори қисми ҳарбӣ ба сардори ситод ё командири қисми ҳарбӣ гузориш медиҳад.
Сардори ситод ё командири қисми ҳарбӣ қаровулро аз назар мегузаронад, таъминоти онро месанҷад, ба қаровул аз он ҷумла дар бораи қоидаҳои нигоҳдошти яроқу аслиҳа дастур медиҳад ва сари вақт ба ҷои қабули бор омадани қаровулро таъмин мекунад, агар зарур бошад, воситаҳои нақлиёт ҷудо мекунад.
  1. Борфирист вазифадор аст;
Қаровулеро, ки барои посбонии бор дар роҳи ҳаракат омадааст, пешвоз гирифта, ҷо ба ҷо кунад, ҳайати шахсии онро бо хўроки гарм таъмин намуда, амнияти яроқу аслиҳаашонро ба ўҳда гирифта, ҳамчунин ёрии тиббии онҳоро таъмин намояд;
  • қаровулро ба корҳои хоҷагӣ, борбардорӣ ва мустаҳкамкунии техника ҷалб накунад;
  • постгоҳро дар ҳайати равон бо деворҳои махсус ҷиҳозонад;
  • ҳангоми ба қаровул пешниҳод намудани вагони махсуси қаровулӣ онро бо об пур кунад, бо сўзишворӣ ва асбобҳои рўшноидиҳанда таъмин намояд;
  • коменданти ҳарбии истгоҳи роҳи оҳан, фурудгоҳро дар бораи омодагии нақлиёт ба сафар хабардор кунад.
  1. Сардори қаровул ба сардори эшелони ҳарбӣ, навбатдори эшелон ва ёвари ў итоат мекунад.
Ба ѓайр аз иҷрои вазифаҳои умумии дар банди 273 нишондодашуда сардори қаровул вазифадор аст:
  • 3 соат пеш аз бор кардани бор ҳамроҳи қаровул ба назди борфиристанда омада, гувоҳномаро дар бораи сардори қаровул таъин шуданаш ба ў пешниҳод кунад;
  • аз борфиристанда ду нусха рўйхати вагонҳо (ҳавопаймоҳо) ва ҷойҳои ҷудогонаро дар вагонҳои болокушода ва нимболокушода бо қайди ба ҳолати нақлиётӣ оварда шудани бор, табелҳои постгоҳ, дастуруламал ва дастурҳо барои хусусияти бор ва шарту шароити кашондан ва супурдани онҳо қабул кунад;
  • ба ҳайати шахсии қаровул доир ба тартиб ва хусусияти муҳофизати дарпешистодаи борҳо, ҳамчунин доир ба риоя кардани тадбирҳои бехатарӣ дар роҳи ҳаракат дастур диҳад, рақами нақлиёти ҳарбӣ ва маҳалли таъиншударо хабар диҳад;
  • посбононро мувофиқи табели постгоҳӣ гузорад ва тартиби иваз кардани онҳоро муайян кунад;
  • посбонии борҳоро дар вақти истодани қатора (нишастани ҳавопаймо) пурзўр кунад;
  • риоя шудани қоидаҳои муқарраршудаи кашондани борҳоро назорат кунад;
  • ба коменданти ҳарбии истгоҳи роҳи оҳан, фурудгоҳ шахсан ё бо телефон (телеграф, радио) дар бораи ҳодисаҳои вайрон кардани қоидаҳои боркашонӣ, банд шудан дар роҳ, дар бораи зарурати гирифтани хўрокворӣ, сўзишворӣ, асбобҳои равшанидиҳанда, дар бораи ба ҷои таъиншуда расидани қатора, боргир ва супурдани бор гузориш диҳад;
  • ба дуздида шудани моликияти давлатӣ аз ҷониби ҳайати шахсии қаровул роҳ надиҳад, ҳамчунин қоидаҳои зидди сўхторро, ки дар табели постгоҳ нишон дода шудаанд, риоя кунад;
  • ба вагонҳои муҳофизатшаванда, ҳавопаймоҳо ҳеҷ касро роҳ надиҳад, ба ѓайр аз ашхоси мансабдори нақлиёт, ки бо иҷозати коменданти ҳарбӣ ва дар ҷое, ки ў набошад, бо иҷозати сардори истгоҳ (фурудгоҳ) ё ёвари навбатдор роҳ дода мешаванд;
  • коргарони нақлиётро барои аз назар гузаронидан, равѓан молидани қисмҳои муҳаррик ва таъмири вагонҳои муҳофизатшаванда, дар ҳавопаймоҳо барои аз назар гузарондани кабинаҳо, механизмҳо ва мустаҳкамкунии борҳо таҳти назорати посбон роҳ диҳад;
  • ҳуҷҷатҳои боргирро, ки барои қабул кардани бор ба ў ҳуқуқ медиҳанд, санҷад ва ба ў аз рўи рўйхат бо тамѓаҳои борфирист вагонҳоро (ҳавопаймоҳо)-ро аз рўи миқдори ҷой борҳоеро, ки дар вагонҳои боз ва нимбоз (дар ҳавопаймоҳо) кашонда мешаванд, ҳамчунин техникаи ҷангӣ ва техникаи дигарро аз рўи шумора супорад, як нусхаи рўйхатро бо забонхати боргир, ки бо мўҳри нишондор тасдиқ карда шудааст, дар дасти худ нигоҳ дорад;
  • аз коргарони нақлиёт мувофиқи рўйхат ва забонхат қисмҳои ҷудошавандаи таҷҳизоти ҳарбиро қабул кунад ва баъди анҷоми кашондани бор супорад;
  • дар вагонҳо (ҳавопаймоҳо)-и барои қаровул таъиншуда тартиб ва тозагиро нигаҳ дорад, бехатарӣ аз сўхторро таъмин кунад.
  1. Дар сурати сар задани сўхтор, ошкор кардани чизе, ки ба бехатарии ҳаракат, парвоз ё беосеб нигоҳ доштани бор таҳдид мекунад, сардори қаровул вазифадор аст барои хомўш кардани сўхтор ва бартараф кардани камбудиҳо тамоми чораҳоро бинад. Агар иҷрои ин кор бо қуввати қаровул ва бригадаи қатора (экипажи ҳавопаймо) имконнопазир бошад, сардори қаровул ба воситаи коменданти ҳарбӣ ва дар ҷое, ки ў набошад-ба воситаи сардори истгоҳ (фурудгоҳ) ёрии зарурӣ талаб мекунад.
  2. Додани рўйхати чизҳои дар вагони муҳофизатшаванда мавҷудбударо сардори қаровул бояд ба ҳеҷ кас, ба ѓайр аз коменданти ҳарбии истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ, надиҳад.
  3. Посбон ҷойгир мешавад ва вазифаи худро доир ба посбонии борҳои ҳарбӣ мувофиқи нишондодҳои бандҳои 274-275 иҷро мекунад.
  4. ҳайати шахсии қаровул мувофиқи нишондоди банди 276 истироҳат мекунанд.
  5. Командири қисми ҳарбӣ (боргир) вазифадор аст:
  • на дертар аз 8 соат пас аз вақти омадани қаровул онҳоро озод намуда дар бораи қабули бор дар рўйхати сардори қаровул қайд кунад ва бо мўҳри нишондор тасдиқ намояд;
  • амнияти яроқу аслиҳаро, ҷойгиршавӣ ва истироҳати ҳайати шахсии қаровул ва дар зарурат беҳдошти онро таъмин намояд;
  • агар зарур бошад, ба қаровул роҳпулӣ ва хўрокпулии намерасидагиро диҳад;
  • қаровулро ба истгоҳи роҳи оҳан (фурудгоҳ) оварда, ба қисми ҳарбиаш равон кунад.
  1. Ба сардори қаровул (афсар, прапоршик)-роҳбалад ҳуқуқ дода мешавад, ки аз воситаҳои алоқаи нақлиёт барои гузориш додан ва ба комендантҳои ҳарбӣ расондани маълумот доир ба масъалаҳои муҳофизат ва ҳаракати нақлиёт бе пул истифода барад. Дар барқияҳои сардори қаровул (афсар, прапоршик)-и роҳбалад пеш аз имзои худ бояд суроѓаи мухтасари телеграфии худ «СқР» (сардори қаровул)-ро гузорад.
  2. Ивазкунии қаровул бо амри сардори гарнизоне, ки дар қаламрави он чунин зарурат ба миён омадааст, гузаронида мешавад.
Ташкили муҳофизати муваққатии нақлиёт то омадани қаровули нав ба зиммаи сардори гарнизоне, ки дар қаламрави он нақлиёт боздошта шудааст, гузошта мешавад.
  1. Баъди бозгаштан ба қисми ҳарбии худ сардори қаровул вазифадор аст: ба сардори ситод (командир)-и қисм дар бораи иҷрои вазифа ва хизмати ҳайати шахсии қаровул гузориш диҳад; яроқ, лавозимоти ҷангӣ ва молу ашёи пеш аз сафар гирифтаашро супорад ва дар бораи пул ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли ҳарбӣ ва хўроквории сарфкардашуда ҳисобот диҳад; ҳуҷҷатҳои марбут бо ҳамроҳӣ кардани борро супорад.
  2. Муҳофизати борҳое, ки бо нақлиёт кашонда мешаванд, мувофиқи нишондоди бандҳои 284-290 иҷро карда мешаванд. Вобаста ба шароити боркашонӣ ва аҳамияти бор як постгоҳ метавонад то 10 автомобилро дар бар гирад.
Сардори қаровул ба сардори қатораҳо ва афсар (прапоршик)-е, ки нақлиётро ҳамроҳӣ мекунад ва агар ҳамроҳ таъин нашуда бошад, ба командири қисми ҳарбии автомобилие, ки барои кашонидани борҳо таъин шудааст, итоат мекунад.
  1. Посбонон дар вақти ҳаракат дар болои автомобилҳое, ки ба ҳайати постгоҳ дохиланд, ҷой карда мешаванд; як кас-дар пеши қатор, шахси дуюм дар миёна ва шахси сеюм дар охири қатор.
Дар вақти истодани қатор посбонон аз ду тарафи қатор истода нақлиётро муҳофизат мекунанд.
Дар вақти ҳаракат ва дар баъзе истгоҳҳо ҳамаи посбонон дар як вақт посбонӣ мекунанд, дар истгоҳҳои бардавом-ба навбат.
Посбон вазифадор аст:
  • ба нигаҳдошти борҳои кашондашаванда, ба ҳар ду тарафи роҳи ҳаракат назорат кунад;
  • ба автомобилҳо савор шудани ашхоси бегонаро бе иҷозати сардори қаровулҳо роҳ надиҳад;
  • дар ҳолати зарурӣ ронандаҳои автомобилҳо ва сардори қаровулро бо сигналҳои муқарраршудаи шартӣ огоҳ кунад;
  • дар вақти истодани қатори автомобилҳо назорати борҳои муҳофизатшавандаро пурзўр кунад, ашхоси бегонаро ба назди бор наздик шудан намонад, наздиктар аз масофае, ки дар табели постгоҳ нишон дода шудааст, ба тамоку кашидан ва оташ даргирондан иҷозат надиҳад;
  • бо иҷозати сардори қаровул хизматчиёни ҳарбиро барои таъмири автомобилҳо роҳ диҳад.
 
 
Қ И С М И   С Е Ю М
 
ГУЗАРОНИДАНИ ЧОРАБИНИҳОИ ГАРНИЗОНӣ БО  ИШТИРОКИ қЎШУНҳО
 
Б О Б И   9
 
ИШТИРОКИ ҚЎШУНҲО ДАР ПАРАД ВА ЧОРАБИНИҲОИ ҶАМЪИЯТӣ
 
Муқаррароти   умумӣ
 
  1. Паради қўшунҳои гарнизон ба муносибати идҳо ва ҳодисаҳои муҳими дорои аҳамияти давлатӣ ва ҳарбӣ бо супориши махсус гузаронида мешавад.
  2. ҳайати қўшунҳое, ки дар парад иштирок мекунанд, вақт ва ҷои парад, намуди либос, самти ҳаракати қисмҳои ҳарбӣ,тартиби сафкашӣ ва гузариши онҳо дар ҳар ҳолати алоҳида бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Дар фармон ҳамчунин тартиби додани салюти тўпӣ, оташи тарф (фейерверк), агар он пешбинӣ шуда бошад, нишон дода мешавад.
Фармондеҳи парад бо супориши махсус таъин карда мешавад.
  1. Хизматчиёни ҳарбӣ, ҷузъу том ва қисмҳои ҳарбии дар парад иштироккунанда мувофиқи қоидаҳои дар Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда амал мекунанд.
  2. ҳангоми наздик шудан ба ҷои сафороӣ, барои парад дастаи навозандагон, ки аз дунболи қисмҳои ҳарбӣ меоянд, навохтанро қатъ мекунанд. қисмҳои муттаҳида (қисмҳои ҳарбӣ) мувофиқи нақшаи сафкашӣ ҷойҳои худро ишѓол мекунанд. Командири қисмҳои муттаҳида (қисмҳои ҳарбӣ) ва муовинони онҳо дар қаноти рости қисмҳои муттаҳида (қисмҳо)-и худ дар як қатор меистанд. Байрақҳои Ҷангии қисмҳои ҳарбӣ, ки бо орден мукофотонида шудаанд, бояд бо орденҳо ва наворҳои орденҳояшон бошанд.
Оркестри қисмҳои ҳарбӣ таҳти амри дирижёри ҳарбии гарнизон дар оркестри муттаҳида рў ба рўи парадқабулкунанда, наздиктар ба ҳолати аввалаи қўшунҳо саф мекашанд; шайпурнавозон дар пеши оркестри муттаҳида меистанд. Нақоразанони таъиншуда як ё якчанд қатор аз пушти қисми дар аввали парад ҷойгирбуда меистанд.
  1. қисмҳо (ҷузъу томҳо)-е, ки бо карабин мусаллаҳанд, дар парад саф кашида, карабинҳоро дар назди пойҳояшон нигоҳ медоранд, онҳое ки бо автомат мусаллаҳанд, онро дар сари сина нигоҳ медоранд.
Командирони қисмҳо дар бораи омадан ва саф кашидани қисмҳои худ ба калонтарин командири қисмҳои муттаҳидаи (қисмҳои ҳарбӣ) дар парад иштироккунанда гузориш медиҳанд.
  1. Барои муайян кардани ҷои сафкашии қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин барои муайян кардани хати гузариши қўшунҳо бо марши тантанавӣ, ба ихтиёри коменданти ҳарбии гарнизон -сафбандон дода мешаванд.
қатор кардани сафбандон дар ҷои сафкашии қўшунҳо то омадани қўшунҳо бояд анҷом дода шавад. Баъди барои сафкашӣ дар ҷойҳои худ истодани қисмҳои ҳарбӣ, сафбандон дар сафи қисмҳои худ меистанд.
  1. қўшунҳо вақти дар ҷои сафкашӣ барои парад истоданашон, то омадани парадқабулкунанда, танҳо ба қисмҳои ҳарбие, ки аз пеши қисмҳои сафороста гузашта мераванд ва ба фармондеҳи парад саломи ҳарбӣ медиҳанд.
Хизматчиёни ҳарбии берун аз саф истода вақти ба фармондеҳи парад ва парадқабулкунанда гузориш додан дар ҳолати сафист истода, дастро ба кулоҳ мерасонанд. Ҳамчунин вақти бо марши тантанавӣ гузаштани қўшунҳо ба байрақҳои ҷангӣ саломи ҳарбӣ медиҳанд.
 
Фармондеҳи парад ва парадқабулкунандаро пешвоз гирифтани қўшунҳо
 
  1. Барои пешвози фармондеҳи парад командири калонтари ҷузъу томҳои (қисмҳои ҳарбӣ) дар парад иштироккунанда амр медиҳад: «БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ»; «Таваҷҷўҳ ба РОСТ (ЧАП, МИЁНА) ва дар бораи саф кашидани қўшунҳо хабар медиҳад. Фармондеҳи парад гузоришро қабул карда амр медиҳад -«ОЗОД». Дар вақти пешвози фармондеҳи парад дастаи навозандагони муттаҳида мусиқӣ наменавозанд.
  2. Барои пешвози парадқабулкунанда фармондеҳи парад амр медиҳад: «БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ», «Таваҷҷўҳ ба РОСТ» (ЧАП, МИЁНА) ва агар қисмҳо бо карабин мусаллаҳ бошанд -«БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ», «Барои истиқбол аз рост (аз чап, аз пеш), ба қаро -ВУЛ».
ҳамаи командирон аз командири взвод сар карда ва боло дастро ба кулоҳашон мерасонанд. Дастаи навозандагони муттаҳида «Марши истиқбол»-ро менавозанд.
  1. Фармондеҳи парад дастро ба кулоҳаш расонида, савора ба назди парадқабулкунанда омада ба таври зайл гузориш медиҳад. Масалан: «Рафиқ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. қўшунҳои гарнизони Душанбе барои парад ба муносибати иди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста шуд. Фармондеҳи парад генерал-майор Файзиев».
Вақте ки фармондеҳи парад барои гузориш додан меистад, дастаи навозандагон навохтанро қатъ мекунанд. Баъди анҷоми гузориш фармондеҳи парад дасташро аз кулоҳ ба поён нафуроварда, парадқабулкунандаро ҳамроҳӣ мекунад ва аз қисми беруни саф каме аз қафо равона мешавад.
  1. Парадқабулкунанда гузоришро қабул карда, қўшунҳоро савора давр зада ба онҳо салом медиҳад ва онҳоро табрик мекунад. Оркестри муттаҳида «Марши истиқбол»-ро менавозад; ҳамин ки парадқабулкунанда барои салому табрик меистад, оркестр навохтанро бас мекунад.
Ба салому табрикот қўшунҳо мутобиқи Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб медиҳанд ва дар аснои ин кор нидои секаратаи «УРА» дурудароз ва бо ѓулѓула талаффуз карда мешавад.
  1. Баъди қўшунҳоро давр зада ба ҷои қабули паради қўшунҳо баргаштани парадқабулкунанда нидои «УРА» аз нав садо медиҳад (дурудароз, бо ѓулѓула). Дастаи навозандагони муттаҳида оҳанги «Шўҳрат ёб»-ро менавозанд.
  2. Бо фармоиши парадқабулкунанда фармондеҳи парад амр медиҳад -«ОЗОД». Командирони қисмҳои ҳарбӣ амри «ОЗОД»-ро такрор мекунанд ё агар бо карабинҳо мусаллаҳ бошанд, амр медиҳанд: «БА НАЗДИ ПО», баъди ин «ОЗОД».
Шайпурнавозон (карнайнавозон) ва оркестри муттаҳида наѓмаи «ҳама бишнавед»-ро менавозанд.
  1. Баъди навохтани наѓмаи «ҳама бишнавед» парадқабулкунанда нутқ эрод мекунад (фармонро мехонад). Баъд аз итмоми нутқ (хондани фармон) қўшун се бор «УРА» мегўяд. Пас аз ин дастаи навозандагон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунанд, ҳамзамон аз тўпҳо салют медиҳанд, агар он пешбинӣ шуда бошад; ҳамаи командирон аз командири взвод сар карда ва аз он боло дастҳои худро ба кулоҳашон мерасонанд; қўшунҳо бе фармон ҳолати сафистро қабул мекунанд.
Баъди анҷоми Суруди миллӣ шайпурнавозон (карнайнавозон) оҳанги «Бозгашт»-ро менавозанд, ҳамаи командирон аз командири взвод сар карда то боло дастҳошонро аз кулоҳ мегиранд, қўшун ҳолати «ОЗОД»-ро мегирад.
 
 
 
ТАРТИБИ БО МАРШИ ТАНТАНАВӣ ГУЗАШТАНИ ҚЎШУНҲО
 
  1. қўшунҳо бо гашти мутантани низомӣ дар саф ва пайдарҳамии дар фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда мегузаранд.
Барои бо гашти мутантани низомӣ гузаштан фармондеҳи парад фармон медиҳад: «НИЗОМ», «Барои гашти мутантани низомӣ, бо ротаҳо (бо баталёнҳо) масофа барои як сафбанд (ду сафбанд), рота (баталён)-и якум рў ба рў, дигарон-РОСТ ГАРД»; «БА  КИТФ»,  «Таваҷҷўҳ ба рост, бо қадам — МАРШ».
  1. Бо амри «Ба гашти мутантан» командирони ҷузъу томҳо аз саф баромада, дар пеши қисмҳои худ меистанд, командирони қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо) ва муовинҳои онҳо пеш аз командирони ҷузъу томҳо (қисмҳо)-и пешгард дар масофаи муқарраршуда меистанд. Байрақдорон ва ёварони онҳо низ ба пеш мебароянд ва дар масофаи муқарраршуда меистанд.
Нақоразанони таъиншуда ба пеш баромада, 15-20 қадам пештар аз командирони ҷузъу томи (қисмҳои ҳарбӣ) пешгард меистанд.
Сафбандоне, ки барои нишон додани хати гузашти мутантани қўшунҳо таъин шудаанд, давида (бо қадамҳои сафӣ) ҷои худро қад-қади ин хат дар масофаи 15-20 қадам дуртар аз якдигар ишѓол мекунанд.
Бо амри командири қисми ҳарбӣ «Ба шона» хизматчиёни ҳарбие, ки бо карабин мусаллаҳанд, онҳоро «ба шона» мегиранд (ҳолати автоматҳо «дар сина» таѓйир намеёбад); байрақдорон байрақҳои ҷангиро бардошта қисми поёни дастаи Байрақи Ҷангиро дар чуқурчаи бандина мегузоранд ва дастаро нигоҳ медоранд. Оркестр ва наѓоразанҳо барои навохтани мусиқӣ тайёрӣ мебинанд.
  1. Барои гашти мутантани низомӣ амр дода, фармондеҳи парад 30 қадам пештар аз нақоразанону командири ҷузъу томи (қисмҳои ҳарбӣ) пешгард пешопеши нақоразанон мошинсавор мегузарад, як-ду сафбанд то қабулкунандаи парад нарафта, дасташро ба кулоҳ мегузорад ва сари худро ба тарафи ў мегардонад; аз пеши парадқабулкунанда гузашта, ў аз мошин мефурояд ва каме қафотар аз парадқабулкунанда меистад.
  2. Бо амри фармондеҳи парад «МАРШ» ҷузъу томи пешгард аз ақиби фармондеҳ ва наѓоразан ҳаракатро таҳти зарби нақораҳои хурд бо қадамҳои сафӣ шурўъ мекунанд, ҷузъу томҳои дигар то ҷое, ки ҷузъу томи пешгард истода буд, расида, бо амри командирони худ ба тарафи чап мегарданд (бо китф медароянд), баробар мешаванд, дар масофаи муқарраршуда истода, бо амри «рў ба рў» аз қафои ҷузъу томи дар пеш рафтаистода равон мешаванд.
Қаноти ростбудагон дар ҷузъу томҳо ба дарозии хат як қадам дуртар аз он пиёда равон мешаванд.
  1. Дар вақти ба гашти ботантанаи низомӣ гузаштани ҷузъу томи қисми пешгард, ки дар пеш равон аст, дар миёнаи ҷабҳа командири ҷузъу том меравад, аз қафои ў 3 қадам дуртар-муовини ў (дар як қатор), 2 қадам дуртар аз муовин — байрақдор бо Байрақи Ҷангӣ-қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу том) мераванд, яке аз қафои дигаре дар фосилаи муқарраршуда равон мешаванд.
  2. Вақте ки ҷузъу томи пешгард ба парадқабулкунанда ба масофаи чор-панҷ сафбанд наздик мешаванд, оркестри муттаҳида навохтани маршро сар мекунад; нақоразанон, ки пешопеши қатор мераванд, нақоразаниро бас карда, ҳаракати худро дар самти ҳаракати муқарраршуда идома медиҳанд.
  3. Як-ду сафбанд то ба парадқабулкунанда нарафта, командири қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо дастонашонро ба кулоҳ бурда ба сўи парад-қабулкунанда менигаранд; ҳамаи сафбудагон ѓайр аз қаноти ростбудаҳо ҳамзамон ба сўи ў менигаранд. Вақте ки радифи охирини ҷузъу томи гузаранда аз назди парадқабулкунанда мегузарад, командирон дастҳояшонро аз кулоҳ мегиранд ва ба пеш нигоҳ мекунанд; ҳамаи сафбудагон якбора ба пеш менигаранд. Байрақдорон ва ёварони онҳо ҳангоми гузаштан бо марши тантанавӣ сарҳояшонро ба тарафи парадқабулкунанда намегардонанд.
Командирони ҷузъу томҳо (қисмҳои ҳарбӣ) аз назди парадқабулкунанда гузашта, аз саф баромада панҷ қадам дуртар аз тарафи рости фармондеҳи парад меистанд.
  1. Командирони қисмҳои муттаҳида (қисмҳои ҳарбӣ)-и бо гашти тантанавии низомии мошинсавор гузаранда пешопеши ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии худ дар мошинҳо (дар танкҳои даричаи болояшон кушода ё дар болои манораҳои тўпҳои худгард рост истода) мераванд ва ду ё се сафбанд то парадқабулкунанда нарасида, дастро ба кулоҳ расонида, саломи ҳарбӣ медиҳанд ва ҳамзамон рўяшонро ба парадқабулкунанда мегардонанд.
Даричаҳои болои танкҳои дигар (яроқҳои худҳаракат) бояд пўшида бошанд.
Хизматчиёни ҳарбии дар кабинаи мошинҳо (ядакмошинҳо) ҷойгирифта, ҳангоми гузаштан бо марши тантанавӣ саломи ҳарбӣ намедиҳанд.
Хизматчиёни ҳарбии дар борти мошини болокушода ҷойгирифта, ду-се сафбанд пеш аз парадқабулкунанда бо гардондани рўй ба тарафи ў салом медиҳанд.
  1. ҳар як қисми муттаҳида (қисми ҳарбӣ) аз пеши парадқабулкунанда гузашта, то ҷои таъиншуда дар ҳамон саф мераванд ва аз он ҷой баъди азнавсафкашии зарурӣ ба маҳалли ҷойгиршавии худ равон мешавад.
Вақте ки охирин қисми ҳарбӣ аз пеши парадқабулкунанда гузашт, дастаи навозандагони муттаҳида навохтанро  бас карда, ба тарафи рост гашта ба ҷои аввалаи худ мераванд ва аз он ҷой бо гашти ботантанаи низомӣ гузашта, роҳравон маршро менавозанд.
 
Иштироки   қўшунҳо   дар   чорабиниҳои   ҷамъиятӣ
 
  1. Ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ танҳо дар сарҳади гарнизон метавонанд ба иштироки чорабиниҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шаванд.
Ҳангоми гузаронидани ҷамъомадҳои гарнизонӣ ва дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, иштироки қўшун дар онҳо ҳар ҳолати алоҳида бо фармони сардори гарнизон, командири ҷузъу том ё командири қисми ҳарбии алоҳида муайян карда мешавад.
  1. Дар фармон нишон дода мешавад: мақсади чорабинӣ, ҳайати қўшуне, ки барои иштироки он ҷалб карда мешавад, сару либос , вақт ва ҷойи таҷаммўъи қўшунҳо, самти ҳаракати қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо), ҳамчунин дар бораи ҷудо кардани наряди гарнизонӣ ба ихтиёри коменданти ҳарбии гарнизон, барои таъмини тартибот байни хизматчиёни ҳарбӣ дар вақти гузаронидани чорабинӣ супориш дода мешавад.
 
Б О Б И  10
 
ИЗҲОРИ   ЭҲТИРОМИ   ҲАРБӣ
 
Муқаррароти    умумӣ
 
  1. Қаровули ифтихорӣ барои изҳори эҳтироми ҳарбӣ дар назди Байрақи Ҷангие, ки ба маҷлиси тантанавӣ бароварда мешавад, дар кушодани ёдгориҳои давлатӣ, барои пешвоз ва гусели намояндаҳои давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин барои дафни ашхоси дар банди 327 зикрёфта таъин карда мешавад.
  2. қаровули ифтихорӣ бо фармони сардори гарнизон, командири бригада ё командири қисми ҳарбии алоҳида таъин карда мешавад. Дар фармон сару либос ва аслиҳаи ҳайати шахсии қаровули ифтихорӣ нишон дода мешаванд. Ба қаровули ифтихорӣ тир дода намешавад. Барои пешвозу гусели намояндагони давлатҳои хориҷӣ қаровулӣ ифтихорӣ ҳар дафъа бо фармони махсуси Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
қаровулҳои ифтихорӣ ба сардори гарнизон, коменданти ҳарбии гарнизон (командири ҷузъу том, қисми ҳарбӣ) итоат мекунанд.
  1. Ба ҳайати қаровули ифтихорӣ ҷузъу томҳо аз взвод то рота (ё ҷузъу томи дахлдор) ва дастаи навозандагон таъин карда мешаванд. Қаровули ифтихорӣ ҳамчунин метавонад аз афсарҳо, афсарҳо ва прапоршикҳо ё сержантон таъин шавад.
Афсарон сардорони қаровулҳои ифтихорӣ таъин карда мешаванд.
Ҳангоми зарур будан аз ҳайати қаровулҳои ифтихорӣ посбонони ҷуфт ё байрақдорон мегузоранд.
  1. Ивази посбонҳои қаровулони ифтихорӣ ва байрақдорон на дертар аз 15 дақиқа баргузор мегардад. Барои ивази баст амр дода намешавад ва супоридани постгоҳ сурат намегирад.
Посбонони қаровулҳои ифтихорӣ ва байрақдорон саломи ҳарбӣ намедиҳанд.
 
ИЗҲОРИ    ЭҲТИРОМИ    ҲАРБӣ   ҲАНГОМИ   ПЕШВОЗИ   АШХОСЕ,
КИ БА ШАРАФИ ОНҲО ҚАРОВУЛИ ИФТИХОРӣ ТАЪИН ШУДААСТ
ВА ДАР ВАҚТИ КУШОДАНИ ЁДГОРИҲО
 
  1. Барои пешвоз ва гусели намояндагони мамолики хориҷӣ қаровули ифтихорӣ бо Байрақи Ҷангӣ дар қатори паҳни дурадифа саф мекашанд. Байрақдор ва ёварони ў ду қадам дуртар аз қаноти рости қаровул меистанд, дастаи навозандагон се қадам дуртар дар тарафи рости Байрақи Ҷангӣ меистанд.
Ҳангоми пешвози ашхос, 40-50 қадам наздик шуда, сардори қаровули ифтихории бо карабин мусаллаҳ амр медиҳад: «қаровул, БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ», «Барои истиқбол аз рост (аз чап. Аз пеш), ба қаро-ВУЛ», ба онҳое, ки бо автомат мусаллаҳанд, амр медиҳад: «қаровул, БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ», «Таваҷҷўҳ ба РОСТ (ЧАП, МИЁНА)».
Бо ин амрҳо қаровули ифтихорӣ яроқро «ба сари сина» мегирад ё танҳо рўяшро ба тарафи шахсе мегардонад, ки пешвозаш мегиранд. Оркестр «Марши пешвозгирӣ»-ро менавозад; сардори қаровули ифтихорӣ дасташро ба кулоҳаш расонда бо қадамҳои сафӣ ба тарафи шахсе, ки пешвозаш мегиранд, ҳаракат карда 2-3 қадам дуртар аз ў меистад ва ба таври зайл гузориш медиҳад: «Рафиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, қаровули ифтихорӣ ба муносибати омадани шумо саф ороста шуд. Сардори қаровул майор Ризоев».
Вақте ки сардори қаровул барои гузориш додан меистад, дастаи навозандагон навохтанро қатъ мекунанд.
Гузоришро ба охир расонда, сардори қаровул дасташро аз кулоҳаш нагирифта, бо пои чап як қадам ба паҳлў монда, ҳамзамон ба тарафи рост (чап) мегардад. Оркестр Суруди миллии ҳамон давлатеро менавозад, ки ба шарафи намояндаи он қаровули фахрӣ таъин шудааст, баъдан – Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунад.
Баъди Сурудҳои давлатиро ба анҷом расондани оркестр сардори қаровул шахси пешвозгирифташударо қад-қади ҷабҳаи қаровул ҳамроҳӣ карда, аз пушти ў дар масофаи 2-қадам қафотар аз тарафи беруни саф, дасташро аз кулоҳаш нагирифта равон мешавад.
Баъди салом ва аз пеши сафи қаровул гузаштан сардори қаровул дасташро аз кулоҳаш поён мекунад ва ба онҳое, ки бо карабин мусаллаҳанд, амр медиҳад: «Дар назди по» ва қаровулро ба се қатор саф меорояд; баъди ин қаровул бо гашти мутантан аз пеши шахси пешвозгирифташуда мегузарад.
  1. Пешвоз ва гусели шахсоне, ки ба кушодани ёдгорӣ ваколатдоранд, мувофиқи қоидаҳои дар банди 320 гуфташуда амалӣ мегарданд.
Агар шахси ваколатдор оид ба кушодани ёдгорӣ хизматчии ҳарбӣ бошад, ба саломи вай ҳайати шахсии қаровули фахрӣ мувофиқи Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегўянд ва ба саломи шахсони дигар – мувофиқи супориши махсус дуруд мегўянд.
Пеш аз рўи ҳайкал бардоштани парда сардори қаровул амр медиҳад: «қаровул, НИЗОМ», «Таваҷҷўҳ ба БАЙН» ва агар қаровул бо карабин мусаллаҳ бошад, амр медиҳад: «қаровул, НИЗОМ», «Таваҷҷўҳ ба БАЙН, ба қаро-ВУЛ», қаровули ифтихорӣ, ки бо карабин мусаллаҳ мебошад, яроқро дар сари сина мегирад; дастаи навозандагон Суруди миллиро иҷро мекунад.
Баъди он ки оркестр навохтани Суруди миллиро ба охир мерасонад, сардори қаровул амр медиҳад: «ОЗОД» (барои бо карабин мусаллаҳбудагон -«Дар назди по», баъди он «ОЗОД»).
Пас аз анҷоми маросим қаровули ифтихорӣ ва оркестр (агар шароит имконият диҳад) бо амри сардори қаровул аз нав се (чор) қатор саф кашида, бо гашти ботантанаи низомӣ аз пеши ҳайкал мегузаранд. Нигаҳбонони қаровули ифтихорӣ бо фармоиши махсус гирифта мешаванд.
  1. Ба Байрақи Ҷангие, ки дар маҷлисҳои тантанавӣ бо фармони сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) бароварда мешавад, қаровули ифтихорӣ ва вобаста ба шумораи дастаҳои посбонон ду-се байрақдор таъин карда мешаванд. Нигаҳбонони қаровули ифтихорӣ дар назди Байрақи Ҷангӣ, аз ду паҳлўи он дар ҳолати сафист истода автоматҳоро «ба сина» (карабинҳоро дар ҳолати – «дар назди по») нигоҳ медоранд.
Барои мушоияткунии Байрақи Ҷангӣ ба ҷои гузаронидани маҷлиси тантанавӣ ва баръакс ба қисми ҳарбӣ взводи байрақдор таъин карда мешавад.
Баровардан ва бурдани Байрақи Ҷангӣ мувофиқи талаботи Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.
 
Изҳори эҳтироми   ҳарбӣ   дар   вақти   дафн
 
  1. қўшунҳое, ки барои иззату эҳтироми низомӣ ба дафн фиристода мешаванд, дастаи мушоияти ифтихориро ташкил мекунанд.
Дастаи мушоияти ифтихорӣ барои дафни хизматчиёни ҳарбӣ, ашхосе, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд, афсарони эҳтиётӣ ва дар вақти дафни ашхосе, ки барои давлат хизматҳои махсусан шоён кардаанд, таъин карда мешаванд.
  1. Ташкили дафни хизматчиёни ҳарбие, ки дар вақти адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд, ба ўҳдаи сардорони мустақими онҳо гузошта мешавад, аммо шахсони дигар, ки дар дафни онҳо мушоияти фахрӣ таъин шудааст – ба ихтиёри сардори гарнизон (комиссари ҳарбии ноҳиявӣ, шаҳрӣ) гузошта мешавад.
  2. Дастаи мушоияти ифтихорӣ дар ҳайати зерин таъин мешавад.
  • барои дафни аскар ва сержантҳо -бахш, взвод ё ҷузъу томи ба он мувофиқбуда;
  • барои дафни командирони қисмҳои ҳарбӣ, генералҳо, афсарон, инчунин хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсоне, ки рутбаи Қаҳрамони Тоҷикистон доранд, бо фармоиши махсуси сардори гарнизон (комиссари ҳарбӣ).
Дастаи мушоияти ифтихорӣ, ки дар ҳайати взвод ва аз он болотар фиристода мешаванд, бояд Байрақи Ҷангии бе ѓилоф бо наворҳои мотам дошта бошанд.
  1. Ба ѓайр аз дастаи мушоияти ифтихорӣ барои дафн инҳо фиристода мешаванд:
  • дастаи навозандагон;
  • қаровули ифтихорӣ;
  • аскарҳо барои ёрӣ расонидан дар маросими дафн, ҷасадро дар қабр мондан (8-10 нафар) бе яроқ, таҳти роҳбарии сержант (старшина).
Барои бурдани ҷасади шахси фавтида мошин ё маснади тўп ҷудо карда мешавад.
Барои бурдани ордену медалҳо барои ҳар як болиштак бо орден ё медал як шахс таъин карда мешавад, дар вақти гўронидани генералҳо ва афсарон барои иҷрои ин кор генерал ва афсарон ва дар гўронидани прапоршикҳо, сержанту старшина ва аскарон – прапоршик, сержантҳо (старшина) ва аскарон таъин карда мешаванд.
ҳар як орден ва медал дар болиштаки алоҳида часпонида мешавад.
  1. Дастаи мушоияти ифтихорӣ ва навбатдоронро барои гўронидани хизматчии ҳарбие, ки дар қисми ҳарбии худ вафот кардааст, командири хамин қисм таъин мекунад. Дар бораи вақт ва ҷои баровардан ва гўронидани ҷасади марҳум ба коменданти ҳарбии гарнизон хабар дода мешавад.
Дар сурати берун аз ҷои хизмати асосиаш вафот кардани хизматчии ҳарбӣ дастаи мушоияти ифтихорӣ ва дастаи навбатдорро барои гўронидан сардори гарнизоне, ки хизматчии ҳарбӣ дар он ҷой вафот кардааст, таъин мекунад.
  1. Агар хизматчии ҳарбӣ дар шаҳр ё деҳаи дигар гўронда шавад, барои дар роҳ то ҷои гўрондан тобут ва ҷасадро ҳамроҳӣ кардан бо фармони командири қисми ҳарбӣ ё сардори гарнизон, комиссари ҳарбӣ ду-чор кас таъин карда мешавад, ки бояд дастурамал гирифта ҳамроҳи худ дошта бошанд; маълумот дар бораи фавт; шаҳодатнома ва маълумотнома оид ба вафот; мактуб ба оилаи марҳум, ки аз ҷониби командири қисми ҳарбӣ бо баёноти ҳолати марг иншо шудааст, амволи шахсӣ, чизҳои қимматнок ва тўҳфаҳои фавтида, ки печонида мўҳри сурѓучӣ зада шудааст.
Мушоиятгорагон ба ҷои таиъиншуда расида ба комиссари ҳарбӣ мувофиқи таъйиднома бояд ҳуҷҷатҳо ва амволи майитро супорад ва дар ҷанозааш иштирок кунад.
Ҳангоми баргаштани мушоиятгорагон ба ситоди қисми ҳарбияшон муқоваи маълумот дар бораи вафот бо қайди дар он таърихи рўз ва ҷойи қабр, ки бо мўҳри нишондори комиссариати ҳарбӣ тасдиқ шудааст, мебаранд.
Дар бораи вақти ба ҷои дафн расидани тобут бо ҷасади марҳум ба маҳале, ки дафн таъин шудааст ё дар маҳалҳои бор кардани як навъи нақлиёт ба дигараш коменданти ҳарбӣ ё сардори гарнизони дахлдошта (комиссари ҳарбӣ) бояд аз тарафи командири қисми ҳарбӣ (коменданти ҳарбии гарнизон, комиссари ҳарбӣ), дар куҷое, ки хизматчии ҳарбӣ мурдааст, на дертар аз як шабонарўз огоҳ карда шавад.
Барои вохўрӣ ва гусели тобут бо ҷасади марҳум ба ҷои гўркунӣ мушоияти ифтихорӣ ва посбонон барои дафн мутобиқи бандҳои 329-330 таъин карда мешавад.
  1. Дар бораи марги хизматчии ҳарбӣ командири қисми ҳарбӣ (коменданти ҳарбии гарнизон) вазифадор аст худи ҳамон рўз ба хешовандони наздики марҳум, комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и ҷои истиқомат ё даъвати марҳум хабар диҳад.
  2. Коменданти ҳарбии гарнизон ба командири қисме, ки дастаи мушоияти ифтихорӣ ва дастаи навбатдор аз он таъин карда мешавад, бояд пешакӣ дар бораи вақт ва ҷои омадани онҳо ва намуди либосашон хабар диҳад.
Афсарон ва прапоршикҳо бояд дар маросими дафн дар тан либоси муқаррарии ҳамарўза ва бо супориши коменданти ҳарбии гарнизон дар банди дасти чапашон дастбанди мотамӣ дошта бошанд.
  1. Вақти дар назди ҷасади марҳум гузоштани қаровули ифтихориро сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ) муайян мекунад.
қаровул аз ҳайати худ ду ҷуфт посбон ҷудо мекунад. Посбонон дар ҳолати сафист истода автоматҳоро «ба сина» нигоҳ медоранд (карабинҳо-«дар назди по»); як ҷуфти посбонон аз ду тарафи сари тобут ду қадам дуртар аз он меистанд, ҷуфти дуюм – дар назди пойҳои марҳум. Ҳар як ҷуфти посбонҳо рў ба рўи ҷуфти дигар меистанд.
Посбонон дар банди дасти чапашон бояд дастбанди мотамӣ дошта бошанд.
Посбонҳои назди ҷасади марҳум аз рўи нишондоди банди 323 иваз мешаванд.
  1. Барои изҳори эҳтиром ба марҳум метавонанд аз ҳисоби намояндагони қисмҳои ҳарбӣ, идораву муассиса ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ посбонони ифтихорӣ гузошта шаванд. Онҳо бе яроқ ва бе кулоҳ, бо дастбандҳои мотамӣ дар паҳлўи посбонони қаровули ифтихорӣ дар масофаи як-ду қадам аз тарафи беруни онҳо меистанд ва баъди ҳар се-панҷ дақиқа иваз карда мешаванд.
  2. Баъди ба ҷои баровардани ҷасади марҳум омадан, дастаи мушоияти ифтихорӣ дар рў ба рўи баромадгоҳе, ки аз он ҷо ҷасади марҳумро мебароранд, дар як қатори паҳн саф мекашанд. Дастаи навозандагон аз тарафи рости дастаи мушоияти ифтихорӣ се қадам дуртар аз он саф мекашанд.
Дастаи мушоияти ифтихорӣ ва қаровули ифтихорӣ дар маросими дафн саломи ҳарбӣ намедиҳанд.
  1. Баъди ҷасади марҳумро аз бино баровардан пешопеши он дар масофаи 3-5 қадам дуртар аз якдигар хизматчиёни ҳарбӣ бо богулчанбарҳо мераванд, аз қафои онҳо хизматчиёни ҳарбӣ бо ордену медалҳо ва аз қафои онҳо хизматчиёни ҳарбӣ бо тобут, ашхосе, ки ҷасади марҳумро ҳамроҳӣ мекунанд ва қаровули ифтихорӣ равон мешаванд. Вақте ки ҷасади марҳумро аз бино мебароранд, сардори дастаи мушоияти ифтихорӣ аз саф набаромада амр медиҳад: «НИЗОМ (барои онҳое, ки бо карабин мусаллаҳанд-«НИЗОМ, ба Қаро-ВУЛ») ва дасташро ба кулоҳаш мерасонад. ҳамаи хизматчиёни ҳарбии дар саф истода рўи худро ба тарафи ҷасади марҳум мегардонанд. Дастаи навозандагон марши мотамро менавозанд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки берун аз саф мебошанд, вақти баровардани ҷасади марҳум дар ҳолати сафист истода, дастро ба кулоҳашон мерасонанд.
  1. Маросим бо тартибе, ки дар банди 338 нишон дода шудааст, ҳаракат мекунад. Қаровули ифтихорӣ аз пушти ашхосе, ки марҳумро ҳамроҳӣ мекунанд, меравад, аз қафои он дастаи навозандагон ва дастаи мушоияти ифтихорӣ равон мешаванд.
Дар сурати пиёда ҳаракат кардани маросим дастаи навозандагон бо фосила марши мотам менавозанд.
Посбонҳои қаровули ифтихорӣ аз ду ҷониби ҷасади марҳум автоматҳо «дар сина», карабиндорон – дар ҳолати «ба китф» равон мешаванд, ҳангоми мушоияти ҷасади марҳум дар мошин, посбонҳо дар ҳоли нишаст карабинҳои худро дар байни зонуҳо ва дар ҳолати рост истодан – «дар назди по» нигоҳ медоранд.
  1. Дар ҳолатҳои ҷудогона бо супориши махсуси сардори гарнизон дар ҷои баровардани ҷасади марҳум ва дар наздикии ҷои дафн, дар ду тарафи роҳе, ки маросим аз он мегузарад, метавонанд қўшунро пиёданизом якрадифа ё дурадифа саф ороянд.
  2. Баъди ба ҷои дафн расидан дастаи навозандагон навохтанро қатъ мекунанд. Дастаи мушоияти ифтихорӣ ва дастаи навозандагон мувофиқи шароити маҳал рў ба сўи қабр саф мекашанд.
Хизматчиёни ҳарбӣ бо богулчанбарҳо, бо ордену медалҳо ва посбонони қаровули ифтихорӣ дар назди қабр ҷойгир мешаванд.
  1. Пеш аз ҷасади марҳумро ба қабр мондан митинг (ҷамъомад, маросим)-и мотам сар мешавад. Пас аз анҷоми маросими мотам оркестр марши мотамро менавозад. Вақти ҷасадро ба қабр мондан Байрақи Ҷангиро хам мекунанд, дастаи мушоияти ифтихорӣ барои изҳори иззату эҳтиром нисбат ба марҳум ҳамон амалҳоеро, ки вақти баровардани ҷасади марҳум иҷро карда буд, такрор мекунанд. ҷузъу томе, ки аз ҳайати дастаи мушоияти ифтихорӣ таъин шудааст, се маротиба бо фишангҳои бетир салют медиҳанд, дар ин асно агар дар саф баталён бошад, як ротааш мепарронад, агар дар саф рота бошад, як взводаш ва агар дар саф як взвод бахш бошад, ҳамаи онҳо мепарронанд.
Дар ҳолатҳои алоҳида бо супориши махсус метавонанд мушаки тўпӣ парронанд.
Баъди салюти якуми мушак дастаи навозандагон Суруди миллиро менавозанд. Баъди анҷоми иҷрои Суруди миллӣ, қўшунҳо, агар шароити маҳал имкон диҳад, таҳти наѓмаи дастаи навозандагон аз пеши қабр мегузаранд. Посбонон баъди анҷоми Суруди миллӣ ё гузаштани қўшунҳо гирифта мешаванд.
  1. Баъди анҷоми дафн орден ва медалҳои марҳумро, ба оилаи он барои нигаҳдошти хотиравӣ месупоранд, ба ѓайр аз ин мукофотҳои хизматчии ҳарбии фавтидаро, бо розигии оилаи онҳо барои намоиш додан ва нигаҳдошт метавонанд ба осорхона (музей) супоранд.
 
 
 
 
 
 
 
Изҳори эҳтироми ҳарбӣ ҳангоми гулгузориҳо ба ҳайкал ва
қабрҳои низомиён, ки дар муборизаҳо баҳри озодӣ ва
истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳид шудаанд
 
  1. Богулчанбарҳои намояндагони қисмҳои ҳарбӣ ба ҳайкал ва қабрҳои низомиён, ки дар ҷангҳо барои озодӣ ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳид шудаанд, бо қарори Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
  2. Ҳангоми богулчанбаргузории намояндагони давлатӣ, ҳукуматӣ ва ҳарбӣ бо фармони сардори гарнизони ҳарбӣ қаровулҳои ифтихории мусаллаҳ бо як ё якчанд байрақҳои ҷангии қисмҳои ҳарбии гарнизон ва оркестр таъин карда мешаванд.
Сару либоси қаровули фахрӣ ва оркестр – парадӣ барои саф, барои хизматчиёни ҳарбие, ки дар богулчанбаргузорӣ иштирок мекунанд, бояд парадӣ – истироҳатӣ бошанд.
  1. Дар пеши богулчанбаргузориҳо ба ҳайкал (қабр) аз ҳайати қаровули ифтихорӣ як-ду ҷуфт посбонҳо гузошта мешаванд. Посбонҳо дар ҳолати сафист истода, автоматро дар ҳолати «дар сина» (карабинҳо – дар ҳолати «ба назди по») нигоҳ медоранд. Мўҳлати гузоштани посбонҳо ва гирифтани онҳо аз ҷониби сардори гарнизон муқаррар карда мешавад.
Қаровули ифтихорӣ дар ду радиф дар пеши ҳайкал (қабр) рў ба рў ё дар тарафи рости он (вобаста ба мавқеи ҳайкал ва қабр) саф мекашад. Байрақи Ҷангӣ дар қаноти рости қаровули ифтихорӣ ва оркестр росттари Байрақи Ҷангӣ саф ороста мешаванд.
  1. Намояндагон бо богулчанбарҳо дар ҷои муқарраршуда саф ороста мешаванд ва ба дарозии сафи қаровули ифтихорӣ гузашта ҳаракатро ба сўи ҳайкал (қабр) шурўъ мекунанд. Пешопеши намояндагон коменданти ҳарбии гарнизонӣ ё афсари қаровули ифтихорӣ меравад, аз қафои онҳо дар масофаи ду-се қадам ашхосе раҳсипор мегарданд, ки бо худ богулчанбар доранд (ду нафар). Дуртар дар ҳамин масофа намояндагон дар қатори се-панҷ нафар роҳӣ мешаванд.
Бо наздикшавии намояндагон бо богулчанбарҳо дар масофаи 40-50 қадам ба қаровули ифтихорӣ сардори қаровул, ки бо автомат мусаллаҳ гаштааст, яроқро дар ҳолати «ба сина» нигоҳ дошта амр медиҳад: «Қаровул – БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ». «ТАВАҶҶЎҲ ба – РОСТ (ба — ЧАП)», агар қаровул бо карабинҳо мусаллаҳ бошад, амр медиҳад: «Қаровул – БАРОБАР ШАВ», «НИЗОМ». «Барои пешвоз аз рост (чап) ба ҚАРО-ВУЛ».
Қаровули ифтихорӣ амрро иҷро карда, ҳаракати намояндагонро бо богулчанбарҳо, бо тоб додани сар мушоият мекунад. Оркестр оҳанги тантанавӣ-мотамиро иҷро менамояд. Байрақҳои Ҷангӣ ба пеш хам карда мешавад.
  1. Бо рафтан ба назди ҳайкал (қабр) намояндогон гулчанбар мегузоранд ва бо дақиқаи хомўшӣ хотираи фавтидагонро қадр менамоянд. Оркестр мусиқиро қатъ мекунад.
Пас аз дақиқаи хомўшӣ оркестр Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро менавозад. Бо анҷоми иҷрои суруд намояндогон богулчанбарҳоро гузошта аз ҳайкал (қабр) дур мешаванд ва рў ба рў бо қаровули мегузаштагӣ саф мекашанд, қаровули ифтихорӣ бо амри сардори қаровул ба қатори сафарӣ табдили саф мекунад ва дар зери мусиқии оркестр аз пеши ҳайкал (қабр) ва шахсони гулгузор бо марши тантанавӣ мегузарад.
  1. Ҳангоми гузоштани гулчанбарҳо аз ҷониби роҳбарони мамолики давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин вазирони мудофиа ва намояндагонӣ расмии ҳарбӣ тартиботҳое, ки дар бандҳои 344-348 баён шудааст, риоя карда мешаванд. Дар ин маврид оҳанги мотамӣ – тантанавӣ танҳо бо ризоияти роҳбарони намояндагон навохта мешавад. Пас аз дақиқаи хомўшӣ суруди миллии давлате, ки намояндагонаш гулчанбаргузорӣ намуданд, навохта мешавад. Намояндагони ҳарбии хориҷиро намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коменданти ҳарбии гарнизон мушоият мекунанд.
Ҳангоми гулгузорӣ ба ҳайкалҳо ва қабрҳои низомиён аз ҷониби дигар намояндагони хориҷӣ қаровули ифтихорӣ ва оркестр таъин карда намешавад. Дар ин маврид дар назди ҳайкал (қабр) бо фармони сардор ё коменданти ҳарбии гарнизон як-ду ҷуфт посбонҳо гузошта мешаванд ва дар зарурат барои расонидани богулчанбар ба ҷои лозима афсар бо ду хизматчии ҳарбӣ ҷудо карда мешавад.
 
Б О Б И   11
 
ҷАЛБ НАМУДАНИ қЎШУНҳО БАРОИ БАРҲАМ
ДОДАНИ ОҚИБАТҲОИ ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДДА
 
  1. қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барҳам додани оқибатҳои ҳолати фавқулодда, (офатҳои табиӣ, садамаҳои бузург, ҳалокат ҳангоми эпидемия, муромурии ҳайвонот) ё барои расонидани ёрӣ ба аҳолии ҷабрдидаи ѓайринизомӣ, бо супориши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. Дар ҳолатҳои ҷудогона, вақте ки барои иҷозат гирифтан фурсат нест, қисмҳои ҳарбиро метавонанд дар ин корҳо бо иҷозати сардори гарнизон истифода баранд ва ў дар ин бора фавран ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
  2. Ба қўшунҳое, ки барои барҳам додани оқибатҳои ҳолати фавқулодда ё барои ёрӣ расондан ба аҳолӣ таъин шудаанд, сардори гарнизон вазифа мегузорад ба тобеъияти кадом командир (сардор) даромадани ҳар як қисми ҳарбӣ (ҷузъу том); тарзи ҳаракат, воситаҳои техникие, ки дода мешаванд, мўҳлати иҷрои вазифаҳои гузошташуда, силоҳ, намуди либос ва тартиби таъминот (бо хўрока ва ѓайра).
  3. Баъди ба ҷои таъиншуда омадани сардорони қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо) бояд фавран ба назди шахсе, ки ба ихтиёри ў таъин шудаанд, ҳозир шуда, ба иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда шурўъ кунанд. Агар дар ҷои садама, фалокат ё офати табиӣ шахсе, ки қўшунҳо ба ихтиёри ў медароянд, набошад, командирони қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо) мустақилона ба иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда шурўъ карда, амалиёти худро бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ ва дастаҳои аз ҷониби онҳо фиристодашуда мутобиқ месозанд.
Дар бораи иҷрои вазифаҳои гузошташуда командирони қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо) ба сардори гарнизон ва сардори бевоситаи худ гузориш медиҳанд.
  1. Ба намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ тобеъ кардани қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо ё дастаҳо манъ аст.
  2. Барои муҳофизати моликияте, ки аз ҷои садама, фалокат ё офати табиӣ бароварда ё монда шудааст, бо супориши командири қисм (ҷузъу том)-и барои барҳам додани оқибатҳои ҳолати фавқулодда таъиншуда қаровулҳои муваққатӣ фиристода мешаванд. Ин қаровулҳо ба командири қисми ҳарбӣ (ҷузъу том)-е, ки онҳоро фиристодааст, сардори гарнизон, коменданти гарнизон ва навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) итоат карда, хизматро дар асоси қоидаҳои умумӣ адо мекунанд.
 
 
 
 
 
 
З А М И М А Ҳ О
 
 
 
 
 
Замимаи № 3
 
Сардори гарнизон                                                                                       ба бандҳои 22 ва 114
(командири қисми ҳарбӣ)
__________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
« ____ » ______________ с. 200__
 
Табели постгоҳҳои _______________________________қаровули №_______
(гарнизонӣ, дохилӣ)
 
ҳайати қаровул ва шумораи постгоҳҳо Рақами ҷобаҷогузорон ва постгоҳҳои   онҳо Рақами постгоҳҳо ва номгўи чизҳои муҳофизатша-ванда Вазифаҳои махсуси

 

Посбонон

1 2 3 4
 
                Коменданти ҳарбии гарнизон
     (сардори ситоди қисми ҳарбӣ)
_____________________________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
 
Э з о ҳ: 1. Дар сутуни 1 ҳамаи ҳайати қаровул номбар карда мешавад, масалан: сардори қаровул (афсар, прапоршик, сержант, старшина)-1, ёвари сардори қаровул-1, ҷобаҷогузорон-3 ва ѓайра, сипас шумораи постгоҳҳо бо се ва ду дастаи посбонон, постгоҳҳо бо истифодаи воситаҳои техникии муҳофизат (бе посбонҳо) ва шумораи постгоҳҳои сагҳои қаровулӣ нишон дода мешаванд.
  1. Дар сутуни 3 ҳамчунин номҳои объектҳо дар постгоҳ номбар гардида, бо чӣ гуна ва чӣ қадар мўҳр (тамѓа ) маҳкам карда шудаанд, зикр карда мешавад. Агар дар назди Байрақи ҷангӣ постгоҳ бошад, дар он сурат нишон дода мешавад, ки дар Байрақи Ҷангӣ чӣ гуна ва чӣ қадар орден ва лента часпонда шудааст ва миқдори онҳо.
  2. Дар сутуни 4 вазифаҳои махсуси посбонон вобаста ба шароити посбонӣ ва мудофиаи ҳар як постгоҳ, тартиби истифодаи яроқ, дар кадом ҳолатҳо ба посбон аз яроқ истифода кардан мумкин аст ва тартиби иртибот бо сардори қаровул нишон дода мешавад.
 
 
 
Замимаи 4
(саҳифаи 1-уми ведомости                                                                                                       ба банди 125
постгоҳӣ)
 
ВЕДОМОСТИ ПОСТГОҲИИ __________________
(гарнизонӣ, дохилӣ)
ҚАРОВУЛИ  № ___________
__________________________________________________________________
(барои фалон рўз, моҳ, сол)
________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
 
 
Дар ин саҳифа ҷой дода мешаванд:
 
  1. Навиштаҳо дар бораи иҷозати даромадан ба қаровулхона ва объектҳои муҳофизатшаванда, имзои сардори қаровул ва ашхосе, ки барои кушодани анборҳо роҳ дода шудаанд.
  2. Имзоҳои сардорони қаровули пешина ва нав дар бораи иваз карда шудани қаровул ва қайдҳо дар бораи камбудиҳои дар ин асно ошкоршуда.
  3. Сабти командири рота (батарея) дар хусуси тадбирҳои андешидашуда, вобаста ба эродҳои адои хизмати қаровулӣ.
 
(саҳифаи 2-юм ва 3-юми
ведомости постгоҳӣ)
 
ҷАДВАЛИ    ПОСТГОҳҳО
қаровули №_____________аз __________________________________________
(ҷузъу том, номи шартии қисми ҳарбӣ)
Сардори қаровул_____________________________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, насаб, ном ва номи падар)
Ёвари сардори қаровул_______________________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, насаб, ном ва номи падар)
 
Рақами постгоҳҳо Рақам, рутбаи ҳарбӣ, насаб, ном ва номи падари ҷобаҷогузорон Рутбаи ҳарбӣ, насаб, ном ва номи

 

падари посбонон

    дастаи 1-ум дастаи 2-юм дастаи 3-юм
1 2 3 4 5
 
берунбараҳо:  __________________________________________________
посбонони дунболрав:
____________________________________________________________________
 
вақти ба постгоҳҳо баромадани қаровулон:
 
бо се даста  __________________________
бо ду даста __________________________
Командири рота (батарея) _____________________________________________
                                                                                              (рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
 
Э з о ҳ: 1. Агар посбонон баъди 1 соат иваз шуда бошанд, дар он сурат вақти иваз шудан ва аз ҷониби кӣ гузошта шудани ин даста нишон дода мешавад.
  1. Дар сурати ба амал омадани ягон хел таѓйирот дар ҳайати шахсии дастаҳо дар ин бора дар сутуни дахлдор сабт гузошта мешавад.
  2. Дар сутуни 2 ба таври илова инҳо сабт мешаванд: агар ба ҳайати қаровул танзимгарони воситаҳои техникӣ ҷудо шуда бошанд – унвони ҳарбӣ, ном ва насаби онҳо ва ҳангоми мавҷуд будани постгоҳҳои сагони қаровулӣ-рутбаи ҳарбӣ ва насаби роҳбаладони сагҳо.
4.Агар барои қаровул воситаҳои нақлиёт ҷудо шуда бошанд, тамѓа ва рақами мошинҳо, инчунин рутбаи ҳарбӣ, ном ва номи падари ронандаҳои онҳо пеш аз берунбаророни маҳбусон сабт мешаванд.
 
(саҳифаи 4-уми постгоҳӣ)
 
Дар ин саҳифа сабт карда мешаванд;
  1. Дар бораи натиҷаҳои санҷиши қаровул.
  2. Дар бораи вақти гузоштани (гирифтани) посбонон ҳангоми маҳкам кардани (кушодани) анбор.
  3. Дар бораи ҳодисаҳои дар қаровул рухдода.
  4. Дар бораи иҷозати мулоқот бо маҳбусон.
  5. Дар бораи ба постгоҳҳо баровардани сагҳо ва аз постгоҳҳо гирифтани онҳо.
  6. Дар бораи ҳамаи иллатҳои дар тавораи объектҳои муҳофизатшаванда ошкоршуда ва вақти бартараф кардани онҳо.
 
____________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
 
 
Э з о ҳ: 1. ҳамаи сабтҳо дар ведомости постгоҳӣ танҳо бо ранги сиёҳ (паста), бидуни ислоҳ ва хато анҷом дода мешаванд.
  1. Ведомостҳои постгоҳи қаровулони ивазшударо сардори ситоди қисми ҳарбӣ ҳар рўз барои азназаргузаронӣ ва ҷиҳати қабули қарор ба командири қисм пешниҳод мекунад. Баъд аз ин ведомостҳои постгоҳии қаровулҳои гарнизонӣ, бо нишондоди кадом чораҳо, барои ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда қабул шудаанд, сардори ситоди қисми ҳарбӣ на дертар аз ду шабонарўз ба коменданти ҳарбии гарнизон бармегардонад.
  2. Ведомости постгоҳи қаровулон дар комендатураи ҳарбӣ (дар ситоди қисми ҳарбӣ) дар тўли як соли баъди соли равон нигоҳ дошта мешавад.
 
 
Замимаи 5
ба банди 100
ТАВОРАБАНДИИ ОБЪЕКТҳО ВА
ҷИҳОЗОНИДАНИ ПОСТГОҳҳО
 
1.Маҳалле, ки объектҳои муҳофизатшаванда дар он ҷойгиранд, мувофиқи қоида бояд тавора (чўбин, симин ё дигар) дошта бошад.
Маҳалле, ки дар он объектҳои тобеи артиш, марказ ва дигар объектҳои муҳим (анбори ашёи тарканда, лавозимоти ҷангӣ, сўзишворӣ ва ѓайра) ҷойгиранд, бояд бо баландии на камтар аз 2 м ва фосилаи байни симҳо на камтар аз 15 см. тавораҳои дохилӣ ва берунӣ дошта бошад. Масофаи байни тавораҳои дохилӣ ва берунӣ вобаста ба шароити маҳал муайян карда мешавад ва бояд 10 м ё аз он зиёдтар бошад. Дар байни тавораҳо барои ҳаракати посбонон пайраҳа (роҳрав) ва хати назоратию пайгирӣ бо паҳноии на камтар аз 5 метр, ки бо тарафи берунии тавора ҳамшафат аст, сохта мешавад.
Барои назорати хуби даромадгоҳҳои объекти муҳофизатшаванда дар байни тавораҳо (дар назди тавораи берунӣ) бурҷҳои назоратии бо воситаҳои алоқа, аломатдиҳӣ ва нурафканҳо ва воситаҳои зидди раъду барқ ҷиҳозонидашуда сохта шуданаш мумкин аст.
 
 
Расм. Бурҷи назорат.
Дар объектҳои ниҳоят муҳим бо қарори фармондеҳи намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти махсуси муҳандисӣ сохта шуданаш мумкин аст, ки он бо яроқ ва дастгоҳҳои назорат ё бурҷҳои назоратии дорои тавораи тирногузар ва симтўрҳои зиддиноринҷак ҷиҳозонида шавад.
Дар наздикии маҳалли объектҳои муҳофизатшаванда, ҳангоми зарурат аломатҳое гузошта мешаванд, ки шабу рўз хуб намоён бошанд ва онҳо чунин навиштаҷот доранд; «Даромадан (ҳаракат) манъ (баста) аст». Роҳ аз паҳлў (роҳи мошин) бо аломати тир нишон дода мешавад. Ин аломатҳо танҳо дар вақти муайяни шабонарўзӣ гузошта мешаванд.
 
  1. Дар атрофи объектҳое, ки берун аз маҳалли қисми ҳарбӣ ҷойгиранд, дар ҳолатҳои зарурӣ бо розигии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ тибқи қонун метавонанд минтақаи (ноҳияи) мамнўъ муайян кунанд. Сарҳади минтақаи (ноҳияи) мамнўъ бояд бо нишонаҳои хуб намоён, бо сабти «Минтақаи мамнўъ, даромадан манъ аст» (Роҳи мошин баста аст) ҷудо карда шавад. Дар бораи муқаррар кардани сарҳади минтақаи мамнўъ сардори гарнизон (командири қисми ҳарбӣ, сардори объекти муҳофизатшаванда) вазифадор аст тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ сари вақт сокинони наздиктарин деҳоти аҳолинишинро хабардор кунад. Роҳҳои амалкунандаи мавриди истифодаи умум, биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ, заминҳои корам ва ѓайра бояд ба ҳудуди минтақаи мамнўъ дохил карда нашаванд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Расм. Соябони постгоҳӣ
  1. Дар ҳудуди постгоҳ вобаста ба шароит бояд барои посбонон имконияти хуби назорати атроф ва тирпарронӣ (на камтар аз 50 м) муҳайё карда, бо ин мақсад бояд буттазори атрофи постгоҳ тоза карда шавад, шохҳои поёнии буттаҳо то баландии 2,5 м пурра бурида, алаф даравида шавад, чизҳои зиёдатиро гирифта шавад. Дар сарҳаде, ки аз он ба постгоҳ аз самти муқарраргардида наздик шудани ашхоси бегона манъ аст, нишонаҳои намоёне гузошта шаванд, ки посбон тавонад онҳоро шабу рўз ва дар ҳавои бад низ хуб бинад.
Дар ҳудуди объектҳое, ки якчанд постгоҳ доранд, сарҳади ҳар постгоҳ дар маҳал бо аломат ишора карда мешавад, масалан: «Сарҳади постгоҳи № 2».
4.Барои мудофиаи объектҳои нисбатан муҳим ва қаровулхона, ки берун аз шаҳракҳои ҳарбӣ ҷойгиранд, хандақҳо кофта, ҷиҳозонида мешаванд, то ин ки аз онҳо имконияти тирпарронӣ ба сўи даромадгоҳҳои постгоҳ (қаровулхона) ва ҳаддалимкон робитаи оташфишонӣ бо постгоҳҳои ҳамсоя таъмин карда шавад. Хандақҳо бо воситаҳои алоқа (сигнализатсия) бо қаровулхона ҷиҳозонида мешаванд.
5.Шабона даромадгоҳҳои постгоҳ ва объекти муҳофизатшаванда бояд равшан карда шаванд.
Равшанӣ тавре дода мешавад, ки посбон ҳангоми дар постгоҳ истодан ё ҳаракат дар ҳудуди постгоҳ ҳамеша дар соя бошад.
  1. Постгоҳ бояд бо воситаҳои алоқа (на камтар аз ду нуқта) ва ҳангоми ҳифзи объект бо усули пайраҳадорӣ (баъди ҳар 250 м ҳаракат) ҷиҳозонида шавад ва ба посбон имконият диҳад, ки сардори қаровул, ёвари ў ё ҷобаҷогузорро фавран даъват кунад.
  2. Постгоҳҳои дохилӣ, махсусан дар назди Байрақи Ҷангӣ бояд бо панҷараҳои баландиашон 0,7-1 м иҳоташуда рўшноӣ дошта бошанд.
Постгоҳҳои назорати гузаргоҳӣ бояд бо таворае, ки посбонро аз ҳуҷуми ногаҳонӣ эмин медорад, ҷиҳозонида шаванд.
  1. Дар ҳар постгоҳи берунӣ (дар ҳолатҳои зарурӣ дар постгоҳҳои дохилӣ низ) бевосита дар назди анбор, махзан ва дигар ҷойҳои муҳофизатшаванда бояд воситаҳои оташнишонӣ мавҷуд бошанд; оташнишонҳо, қуттиҳои пур аз рег, чалакҳои пур аз об, сатил ва асбобҳо (бел, табар, мисрон, чангак).
  2. Дар постгоҳи берунӣ барои нигаҳдории либоси постгоҳӣ бояд соябони постгоҳи махсус ҷиҳозонидашуда бошад; дар постгоҳи дохилӣ бошад-ҷевон ё барои шинел либосовезак.
Соябони постгоҳӣ мисли ранги объектҳои муҳофизатшаванда ё маҳал ранг карда мешавад.
  1. Супоришҳо оид ба таҷҳизонии объектҳо бо воситаҳои техникӣ дар фасли «Хизмати қаровулӣ бо истифодаи воситаҳои техникии муҳофизат» ҳамин Оиннома зикр ёфтаанд.
 
 
Замимаи 6
ба бандҳои 100, 103
 
 
ҷИҳОЗОНИДАНИИ қАРОВУЛХОНА
 
1.қаровулхона иборат аст:
  • аз хонаи умумӣ барои ҳайати шахсии қаровул;
  • аз ҳуҷраи сардори қаровул ва ёвари ў, ки бо хонаи умумӣ барои ҳайати шахсии қаровул бо дари шишабанд пайваст мебошад;
  • аз ҳуҷраи дастаи истироҳаткунандаи қаровул, ки бо хонаи умумӣ барои ҳайати қаровул бо дар пайваст мебошад.
Ба ѓайр аз ин дар назди қаровулхона ҳуҷра ва ҷойҳои зерин бояд бошанд: ошхона бо таҷҳизоти хўрокгармкунӣ; ҷой (ҳуҷра) барои шустушўӣ, тамокукашӣ, тоза кардани яроқ ва пойафзол; ҷойи либосхушккунӣ, гўшаи маишӣ, ҳоҷатхона ва ҳезумхона. Қаровулхонаҳои қаровули камшумор метавонанд ошхона надошта бошанд. Дар чунин ҳолатҳо барои нигаҳдошти зарфҳои хўрокворӣ ва гарм кардани хўрок ҷой ҷиҳозонида мешавад.
Дар қаровулхонае, ки аксари объектҳо бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонида шудаанд, бояд хонаи – пулт ҷойгиршуда барои ёвари сардори қаровул (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат мавҷуд бошад. ҳамзамон пулти дастгоҳи қабули сигналҳои воситаҳои техникии муҳофизат бояд аз хонаи сардори қаровул назорат карда шавад.
 
  1. Дар хонаи умумӣ барои ҳайати шахсии қаровулӣ бояд дастурҳои зерин мавҷуд бошанд:
  • лавҳа бо матни Савганди ҳарбӣ;
  • табел барои постгоҳҳо;
  • оинномаҳо;
  • рўзномаву маҷаллаҳо;
  • сурат ва лавҳаҳо бо тасвири аёнии қоидаҳои хизмати қаровулӣ, ҳамчунин тасвир ва шарҳи қаҳрамониҳое, ки ҳайати шахсии қаровулҳо дар вақти хизмати қаровулӣ зоҳир кардаанд;
  • радио;
  • шоҳмот ва шашка;
  • соат;
  • фонусҳо мувофиқи шумораи ҷобаҷогузарон;
  • ҳароратсанҷҳои дохилӣ ва берунӣ;
  • доруқуттӣ ва коѓазхалтаҳои инфиродӣ, барои ҳамаи ҳайати қаровул;
  • ҷевон барои чизу чора ва асбобҳои дастшўии ҳайати қаровул;
  • пирамида барои яроқ, таҷҳизоти огоҳонии барқию равшанидиҳанда, пайваста бо хонаи сардори қаровулон;
  • миз ва курсиҳо барои дастаи фароѓаткунандаи қаровулҳо;
  • либосовезаки либоси рўй барои ҳамаи ҳайати қаровул ва дастаи дуюми либосҳои постгоҳӣ;
  • ахлотқуттӣ.
 
ҷевон ва либосовезакро вобаста ба ҷойгиршавии қаровулхона дар ҳуҷраҳо (долон) гузоштан мумкин аст.
Дар хонаи умумӣ барои ҳайати шахсии қаровул ба ѓайр аз он телевизор гузоштан мумкин аст.
 
  1. Дар ҳуҷраи сардори қаровул бояд мавҷуд бошанд:
  • рўйхати асноде, ки сардори қаровул қабул мекунад;
  • рўйхати таҷҳизот, асбобу анҷом ва амволе, ки дар қаровулхона вуҷуд доранд;
  • нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳо, табел барои постгоҳҳо;
  • дастур барои сардори қаровул;
  • маҷмўи аснод барои ҳолати эълони бонги хатар;
  • намунаи рухсатномаҳо мувофиқи шумораи ашхосе, ки ҳуқуқи ба онҳо имзо гузоштанро доранд ва бо имзои онҳо;
  • намунаи гувоҳномаи якдафъагӣ барои санҷиши қаровул;
  • намунаи қолаби мўҳрҳо (нусхаи тамѓаҳо), ки дар қуттиҳои махсус мавҷуданд, мувофиқи шумораи ҷобаҷогузорон;
  • рўйхати ашхоси мансабдор, ки ҳуқуқи кушодани анборро (махзанро, паркро) доранд ва метавонанд аз қаровул мошинҳо (ҳавопаймоҳо, тўпҳо ё дигар техникаи ҷангӣ)-и дар истгоҳҳо бударо қабул кунад; дар рўйхат мувофиқи қоида рутбаи ҳарбӣ ва вазифа, ному насаб, рақами гувоҳномаи шахсии онҳо, (шиноснома) барои кушодани (пўшидани) кадом объект роҳ дода шудаанд, бо чи гуна мўҳр маҳкам кардан ва вақти кушодани (маҳкам кардани) объект сабт карда мешавад;
  • калидҳои камераҳои маҳбасон;
  • оинномаҳо;
  • телефони мустақим барои иртибот бо навбатдори қаровулҳо (дар қисми ҳарбӣ) ва воситаҳои алоқа бо постгоҳҳо;
  • захираи лавозимоти ҷангӣ дар қуттиҳои оҳанини дорои қулфу калид;
  • қуттиҳои оҳанин (сандуқ), барои нигаҳдошти тирҳои барои постгоҳҳои дубаста;
  • қуттиҳои оҳанин (сандуқ) барои туфангчаҳои постгоҳҳои назорати гузаргоҳии қаровул;
  • асбобҳои хатнависӣ;
  • кўзаи обгирӣ ва пиёлаҳо;
  • миз бо ѓалладони маҳкамшаванда ва ду курсӣ;
  • либосовезак;
  • чароѓи аккумуляторӣ;
  • нимкати мулоим.
 
  1. Дар ҳуҷраи дастаи истироҳаткунандаи қаровул бояд катҳои чўбини ниммулоим бо рўйпўш (бо сачоқ) дар қисми болоӣ, ҳамзамон барои дам гирифтани як дастаи истироҳаткунандаи қаровулӣ ва дигар ҳайати қаровул, ки бояд истироҳат кунанд, мавҷуд бошад.
 
  1. Дар ошхона бояд воситаҳои зерин мавҷуд бошанд:
  • мизу курсиҳо (табуреткаҳо) барои аз се ду ҳиссаи ҳайати қаровул;
  • ҷевон барои зарфҳо ва хўрокворӣ;
  • маҷмўи зарфҳо ва дигар лавозимоти ошхона барои бурдану овардани ѓизо ва таомхўрии тамоми ҳайати қаровул;
  • чалаки ҷумакдори бо қулф маҳкамкардашудаи оби нўшокӣ ё ҷумак аз шабакаи қубури об;
  • плитаи барқӣ ё газӣ барои гарм кардани таом;
  • обҷўшонаки барқӣ ё офтоба барои обҷўшонӣ;
  • дастшўяк барои шустани зарф.
 
  1. Дар хонаи ҷогиршудаи пулт бояд мавҷуд бошанд:
  • дастгоҳи қабули сигналҳои воситаҳои техникии муҳофизат;
  • ҳуҷҷатҳои ёвари сардори қаровул (танзимгар) оид ба воситаҳои техникии муҳофизат;
  • дастур оид ба истифодаи воситаҳои техникии муҳофизатӣ, ки дар объект васл гардидаанд;
  • мизу курсиҳо;
  • асбобу анҷоми хатнависӣ.
 
  1. Дар ҷойҳои (хонаҳои) тамокукашӣ, яроқ ва пойафзолтозакунӣ инҳо бояд бошанд: миз барои тоза кардани яроқ, қуттии оҳанӣ барои латтаҳо, курсиҳо, қуттиҳои ахлоти дорои об ва лавозимот барои тоза кардани пойафзол.
 
  1. ҳамаи ҳуҷҷатҳои муқарраршудаи қаровулӣ, инчунин лавҳа ва суратҳо бояд дар чаҳорчўба ё планшет насб шаванд.
 
  1. Дар ҳар як ҳуҷра рўйхати асбобу анҷоми дар ҳуҷра мавҷудбуда дар девор овехта мешаванд.
 
  1. қаровулхона мувофиқи шумораи ҳуҷраҳо бо чароѓи барқӣ (эҳтиётӣ), ҳамчунин бо воситаҳои зерини оташнишонӣ таъмин карда мешаванд: оташнишонҳо, қуттии қум, чалаки об, сатил ва олот (бел, табар, мисрон, чангак).
Дар сурати берун аз шаҳраки ҳарбӣ ҷойгир будани қаровулхона аз пушти тирезаҳо даричаҳое месозанд, ки аз дарун маҳкам шаванд.
 
  1. Даромади қаровулхона бо дарвоза (тамбур) ҷиҳозонида мешавад, ки ба қаровулхона ворид шудани ашхоси барои кушодани (маҳкам кардани) объекти ҳифзшаванда омадаро истисно менамояд.
 
  1. ҳудуди ҳамшафати қаровулхона бояд бо панҷараи дорои баландии на камтар аз 2 м иҳота карда шавад. Дар пеши дари қаровулхона барои аз хоку лой тоза кардани пойафзол бояд асбобе (панҷараи чўбин ё оҳанин ва ё ҳалқаҳои оҳанин); дар наздикии қаровулхона бошад қуттии сарпўшдор барои ахлот гузошта шавад.
 
  1. Захираи зарурии сўзишворӣ, воситаҳои равшанидиҳанда (шамъ, фонусҳо ва чароѓ), ҳамчунин шёткаҳо, ҷорўбҳо, табар, бел, латтаҳо, қум ва асбобу анҷом дар анборхона нигоҳ дошта мешаванд.
 
  1. Дар пеши қаровулхона барои саф кашидани қаровул майдонча ва ҷой барои тир пур кардан ва аз тир холӣ кардани яроқ, ки бо тиргир ҷиҳозонида шудааст, инчунин ҷой (хона) барои ҷойгиршавии ҳайати шахсии қаровули ивазшаванда бо пирамидаи нигаҳдошти яроқ сохта мешавад ва ин ҷойҳо ҳангоми торикии ҳаво бояд хуб равшан карда шаванд. Дар қаровуле, ки дорои воситаи нақлиёт мебошад, барои нақлиёт истгоҳ сохта мешавад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Замимаи  7
ба банди 98
 
ДАФТАРИ
БАҳИСОБГИРИИ ЗАХИРАҳОИ
ТИРҳОИ   ҷАНГИИ
қаровули №________
_____________________________________________________________
(қисми ҳарбӣ)
 
санаи ворид шудан ва Миқдори тирҳои ҷангӣ Ном ва рақами ҳуҷҷат  Тафтиши ҳолати тирҳо
масрафи тирҳо барои автоматҳо ва карабинҳо  барои туфангчаҳо дар бораи гирифтан ва пур кардани тирҳо санаи тафтиш ва қайди таф-тишкунанда оид ба теъдод ва ҳолати тирҳо сабт дар бораи бартараф кардани кам-будиҳои ошкор-шуда
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

       
Иборат аст…
Гирифта шуд…
Коменданти ҳарбии гарнизон
(Сардори ситоди қисми ҳарбӣ)________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
 

 

 

 

 

 

         
 
Иборат аст…
Пур карда шуд…
Коменданти ҳарбии гарнизон
(Сардори ситоди қисми ҳарбӣ) ________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
Замима
 
Санаи қабул ва  Миқдори тирҳои ҷангӣ Номгўй ва рақами  Санҷиши ҳолати тирҳо
масрафи тирҳо барои автоматҳо ва кара-бинҳо барои ту-фангчаҳо таъйидно-ма дар бораи гирифтан ва пур кардани тирҳо Санаи сан-ҷиш ва қайди тафтишку-нанда дар бораи миқдор ва ҳолати тирҳо  Сабт дар бораи бартараф кардани  камбуди-ҳои ошкор-шуда
     

 

 

 

 

 

     
 
 
 
Иборат аст…
Коменданти ҳарбии гарнизон
(Сардори ситоди қисми ҳарбӣ) ________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
 
 
 
 
 
Э з о ҳ: 1. Дар бораи гирифта шудани (пур кардани) тирҳо бо имзои коменданти ҳарбии гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ), сардори хадамоти силоҳи мушаку тўпхонаи қисми ҳарбӣ, ки муҳиммот дар қайди он мебошад, навбатдори қаровул (оид ба қисми ҳарбӣ) ва сардори қаровул таъйиднома тартиб дода мешавад. Захираи тирҳои ҷангӣ то миқдори муқарраршуда пур карда, қуттӣ аз нав мўҳр зада мешавад ва ба сардори қаровул барои нигоҳдорӣ супорида мешавад.
 
  1. Дафтари баҳисобгирии норинҷакҳо ва оташгиронҳо низ тахмин ба ҳамин тариқ пеш бурда мешаванд. Дар сутунҳои дахлдор номгўйҳои зарурӣ зикр карда мешаванд.
 
 
 
 
Замимаи  8
ба бандҳои 95 ва 227
 
НАВЪИ ЛИБОСИ қАРОВУЛӣ
 
  1. Навъи либоси қаровулӣ аз шинел (плашҳои чодармонанд, курткаи гарми саҳроӣ), як басти тоза ва бенуқсони либосҳои ҳамарўза (саҳроӣ, пойафзол, кулоҳ, тасма ва сумкаи дастӣ барои тирдонҳо) иборат аст.
қаровулони постгоҳи назди Байрақи Ҷангии қисми ҳарбӣ дар бар навъи либоси идона (парадӣ) дошта метавонанд.
Ба сифати либоси постгоҳӣ истифода бурда мешаванд: – плаши брезентии кулоҳдор ё плаши чодармонанд ва пойафзоли махсуси обногузар. Либоси постгоҳӣ аз ду даста барои ҳар як постгоҳ иборат буда, яктои он дар қаровулхона нигоҳ дошта мешавад, дигараш – дар постгоҳ. Ба ѓайр аз ин дар қаровулхона барои сардори қаровул, ёварони ў ва ҷобаҷогузорон ва берун барорандагони маҳбусон плашҳои брезентӣ ё плашҳои чодармонанд бояд бошанд.
Дар ҳолатҳои муҳим бо нишондоди фармондеҳи намудҳои қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон посбонон метавонанд хизматро бо ҷавшани зиреҳдор ва тоскулоҳи пўлодин ба ҷо оранд.
 
  1. қаровулҳо ба ҷои ҷобаҷошавӣ зимистон бояд бо шинел (нимпўстин, курткаҳои гарми саҳроӣ)-ро ҳозир шаванд.
Тартиби пўшидани шинел (курткаҳои гарми саҳроӣ)-ро инҳо метавонанд таѓйир диҳанд: дар вақти ҷобаҷошавӣ — навбатдори қаровулҳо (навбатдори қисми ҳарбӣ) ва баъди ҷобаҷошавӣ-сардори қаровул.
 
  1. Дар ҳавои ҳавои боришдор дастаҳо ба постгоҳҳо бо плаш (курткаи гарми саҳроӣ) ва пойафзоли обногузар пўшида мераванд.
Дар постгоҳ посбонон плашро (курткаи гарми саҳроиро) мувофиқи зарурат мепўшанд (мекашанд).
Плаши кашидашуда (плаши чодармонанд) зери соябони постгоҳ ё дар бурҷи назоратӣ овехта мешавад.
Плашҳо (плаши чодармонанд) баъди аз постгоҳҳо баргаштан бароварда ва хушк карда мешаванд.
Ҷавшани зиреҳдор ва тоскулоҳи пўлодин дар қаровулхона, пеш аз баромадан ба постгоҳҳо пўшида шуда, баъди бозгашт аз постгоҳҳо кашида мешаванд.
 
 
 
 
 
Замимаи 9
ба банди 176
 
ТАРЗИ ЯРОқРО НИГОҳ ДОШТАНИ ПОСБОНОН
ДАР ПОСТГОҳ
 
 
 
 
 
 
 
 
Тарзи автоматро нигоҳ доштани                                           Тарзи автоматро доштани
посбон ҳангоми тайёрии рост                                                 посбон ҳангоми тайёрии
истода паррондан                                                                        рост истода паррондан бо
истифодаи тасма
 
 
 
Тарзи карабинро доштани                                                       Тарзи яроқро доштани
посбон ҳангоми тайёрии рост                                                 посбон ҳангоми дар тан
истода паррондан                                                                        доштани плаш
 
 
 
Э з о ҳ: 1. Дар вақти ҳаракат посбон силоҳро тарзе медорад, ки дар расмҳо нишон дода шудааст.
 
  1. Ба посбони автоматдор иҷозат дода мешавад, ки бо навбат дасти ростро ё чапашро поён кунад ва ба посбони карабиндор бошад иҷозат дода мешавад силоҳро ба дасти росташ пеш аз ҳалқаи камонак дорад.
 
  1. Силоҳ дар ҳолати «ба китф», «ба сари сина» ё «дар назди по» мувофиқи қоидаҳои дар Оинномаи сафории қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда нигоҳ дошта мешавад.
 
 
 
Замимаи 10
ба банди 124
 
ҷИҳОЗОНИИ ШАҳРАКИ қАРОВУЛӣ БАРОИ ОМОДА
СОХТАНИ  ҳАЙАТИ  ШАХСӣ  БА  АДОИ  ХИЗМАТ
 
 
 
ҷойҳои таълимӣ
 
А-синфҳо барои омодагии назариявии қаровулҳо; Б-ҷои машѓулияти бо тир пур кардан ва аз тир холӣ кардани силоҳ; В-ҷои қабул ва супурдани постгоҳҳо, ивази посбонон; Г-ҷои амали посбон ҳангоми сўхтор; Д-ҷои амали посбон дар постгоҳ дар шароити мухталифи вазъият; Е-ҷои машқи такмили усули муҳорибаи даст ба гиребон; Ж-ҷои амали посбон дар постгоҳи назди Байрақи ҷангӣ; З-ҷои омода сохтани қаровул барои ҳифзи нақлиёти дорои бори ҳарбӣ (барои қисмҳои ҳарбие, ки чунин қаровулҳоро ҷудо мекунанд).
 
Т а ҷ ҳ и з о т
 
1-чароѓи рўшноидиҳанда; 2-поя барои овехтани лавҳа (масъалаҳои таълимии омўхташаванда); 3-оташнишонҳо; 4-воситаҳои алоқа; 5-аломатҳои ишораи сарҳади мамнўъ (фосилае, ки аз он наздиктар омадани ашхоси бегона манъ аст; 6-ҷузъҳои гирдогирди постгоҳҳои дорои воситаҳои техникии муҳофизат, ба хати назоратию пайгирӣ ва пайраҳа (роҳ) барои ҳаракати посбон ва воситаи нақлиёт; 7-соябони постгоҳӣ; 8-пулти идора; 9-ҷои машқи усули муҳорибаи даст ба гиребон; 10-майдони сафороии қаровул; 11- лавҳа (тарзи нигоҳ доштани силоҳ аз ҷониби посбон дар постгоҳ ва тартиби истифодаи он); 12-тавора барои посбон; 13-лавҳа (ўҳдадориҳои ашхоси қаровул ва талаботи бехатарӣ ҳангоми ҳифзи нақлиёти дорои бори ҳарбӣ); 14-нақша доир ба намуди машѓулият бо ҳайати шахсии қаровул; 15- сандуқи пулгузорӣ; 16-маҳалли бо тир пур кардани тирдон; 17- ҷой барои тоза кардани пойафзол.
Замимаи 11
ба банди 109 ва 117
 
МУҳОФИЗАТИ ОБЪЕКТҳО БО ИСТИФОДАИ
САГҳОИ қАРОВУЛӣ
 
Муқаррароти умумӣ
 
  1. Сагҳои қаровулӣ, ки барои пурзўр кардани муҳофизати объект ҷалб карда мешаванд, асосан шабона ва дар боду ҳавои бад (борон, туман ва ѓайра) истифода бурда мешаванд.
 
  1. Ба ҷобаҷошавии қаровулҳо танҳо ёвари сардори қаровул оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ меояд.
 
  1. Давомнокии дар постгоҳ истодани саг набояд дар як шабонарўз аз 12 соат зиёд бошад. Дар вақти –200С ва аз он поён будани ҳарорати ҳаво ва + 450С (дар соя) ва зиёда аз он давомнокии дар постгоҳ будани саг то 6 соат кам карда мешавад ва дар ин маврид сардори қаровул дар дафтари навбатдории сагҳои қаровулӣ ва ведомости постгоҳ сабт мегузорад.
 
  1. Постгоҳ барои саги қаровулӣ қитъаи махсуси ҷиҳозонидашудаи маҳал мебошад, ки саг ба он ҷой барои пурзўр кардани муҳофизати объект бароварда мешавад.
Постгоҳҳои сагҳои қаровулӣ дар даромадгоҳҳои нисбатан хавфноктарин ба объект, то 80 м дуртар аз пеши тавораи берунӣ (постгоҳҳо) ва ҳудуди якум, ки бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонида шудааст, бо дарназардошти имконпазирии тирпарронӣ дар маҳал пеш аз мавқеи ҷойгиршавии саг, гузошта  мешавад.
 
  1. Ёвари сардори қаровул оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ (роҳбалади сагҳо), сагҳоро бо фармони сардори қаровул дар постгоҳҳо ҷо ба ҷо мегузорад. Дар ҷо ба ҷо гузоштани сагҳо дар постгоҳҳо ўро ёвари сардори қаровул ё ҷобаҷогузори дахлдор ҳамроҳӣ мекунад. ҳар як роҳбалад на бештар аз ду сагро, ҳатман бо пўзбанд мебарорад.
ҳангоми ба бенуқсонии таҷҳизоти постгоҳ боварӣ ҳосил кардан роҳбалад занҷирро дар гардани саг маҳкам карда, пўзбанд ва тасмаи гарданбандро кушода мегирад.
Баъди дар постгоҳ ҷо ба ҷо кардани сагҳо муовини сардори қаровул оид ба хизмати сагҳои қаровул ба сардори қаровул гузориш медиҳад.
 
  1. Баробари аз посбонон расидани сигнал (огоҳонӣ), шунидани аккоси саг сардори қаровул ёвари худро оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ ва роҳбалади сагҳои ин постгоҳ ва ҷобаҷогузори дахлдорро фавран барои муайян кардани вазъият мефиристад.
 
  1. Бо дамидани субҳ ё соф шудани ҳаво (баъди борон, туман, барфбод) ёвари сардори қаровул оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ бо ҳамроҳии ёвари сардори қаровул ё ҷобаҷогузори дахлдори қаровулҳо сагҳоро аз постгоҳҳо мегиранд ва роҳбалад онҳоро ба ҷои истиқомати доимиашон мебарад. Дар бораи аз постгоҳҳо гирифтани сагҳо ё иваз кардани онҳо сардори қаровул ба ёвари худ оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ супориш медиҳад.
 
  1. Санҷиши рафтори сагҳо дар постгоҳҳо ва вазъи постгоҳҳо бо иҷозати сардори қаровул, ёвари сардори қаровул оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ (роҳбалад) дар ҳайати гурўҳи назоратию муҳофизатӣ ё бо ҳамроҳии ёвари сардори қаровул (ҷобаҷогузори дахлдори қаровул) анҷом дода мешавад.
 
  1. Тартиби нигаҳдорӣ ва тайёр кардани сагҳои қаровул, ҳамчунин нишондодҳо доир ба ҷиҳозонидани постгоҳҳои сагҳои қаровулӣ ва тартиби санҷиши кори сагҳои қаровулӣ дар постгоҳҳо, дар дастури махсус зикр шудаанд.
 
ЁРДАМЧИИ САРДОРИ қАРОВУЛ ОИД БА ХИЗМАТИ
САГҳОИ қАРОВУЛӣ
 
  1. Ёрдамчии сардори қаровул оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ аз миёни роҳбаладони калони сагҳои қаровулӣ таъин карда мешавад. Ў ба сардори қаровул итоат карда, барои сари вақт дар постгоҳҳо ҷо ба ҷо кардани сагҳо ва хизмати роҳбаладони сагҳои қаровул ҷавобгар аст.
 
  1. Ёрдамчии сардори қаровул оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ вазифадор аст:
  • ҷойгиршавии постгоҳҳои сагҳои қаровулиро дақиқ донад ва дар постгоҳ ба ҷо ба ҷо кардани сагҳо роҳбарӣ кунад;
  • пеш аз бо сагҳои қаровулӣ ба постгоҳҳо фиристодани роҳбаладон, вазифаҳои худро то чӣ андоза донистани роҳбаладон ва дурустии афзори сагҳоро санҷад;
  • ҳангоми дар постгоҳҳо будани сагҳо на камтар аз як бор рафтори онҳоро аз назар гузаронад;
  • дафтари наряди сагҳои қаровулиро пур кунад; (рақами постгоҳ, лақаби саг, насаб ва номи роҳбалад, вақти ба постгоҳ гузоштани саг ва натиҷаи кори он, вазъи обу ҳаво, вақти аз постгоҳ гирифтани саг).
 
РОҲБАЛАДИ  САГҳОИ  қАРОВУЛӣ
 
  1. Роҳбалади сагҳои қаровулӣ барои дуруст нигоҳ доштани постгоҳҳои сагҳои қаровулӣ ҷавобгар аст. Ў ба сардори қаровул ва ёвари ў оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ итоат мекунад.
 
  1. Роҳбалади сагҳои қаровул вазифадор аст:
  • бе иҷозати ёвари сардори қаровул оид ба хизмати сагҳои қаровулӣ аз қисми худ берун наравад;
  • ҷои ҷойгиршавии постгоҳҳои сагҳои қаровулӣ ва шароити хизматро дар постгоҳҳо донад;
  • сагҳои қаровулии басти худ ва рафтори онҳоро дар постгоҳҳо донад;
  • бо супориши ёвари сардори қаровул оид ба хадамоти сагҳои қаровулӣ, рафтори сагҳоро дар постгоҳҳо ва ҳолати постгоҳҳоро санҷад;
  • барои бартараф кардани нуқсонҳои (канда шудани симтаноб ё занҷир, печ дар печ шудани саг) дар постгоҳҳо ошкоршуда фавран тадбирҳо андешад.
 
 
 
Замимаи 12
ба банди 28
 
ҷОЙГИРКУНӣ  ВА ҷИҲОЗОНИДАНИ
КОМЕНДАТУРАИ ҳАРБИИ ГАРНИЗОН
 
  1. Барои ҷойгир кардани комендатураи ҳарбии гарнизон бояд бино ё манзили алоҳида, инчунин ҷои махсус барои машѓулияти омодагии сафороӣ бо хизматчиёни ҳарбие, ки барои вайрон кардани қоидаҳои пўшидани либоси ҳарбӣ ё иҷро накардани саломи ҳарбӣ дастгир шудаанд, ҷудо карда шавад.
Масоҳати умумии бинои (манзили) ҷудокардашуда бояд ба меъёрҳои барои ҷойгиркунии муассисаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мувофиқ бошад.
 
  1. Дар бинои (иморати) комендатураи гарнизон бояд ҳуҷраҳои зерин бошанд: барои навбатдори қаровул ва ёвари ў; барои патрулҳо; барои бақайдгирии хизматчиёни ҳарбие, ки ба гарнизон меоянд; ҳуҷраҳо барои хизматчиёни ҳарбии муваққатан боздошташуда — барои сарбозон ва сержантҳо алоҳида ва барои прапоршикҳо ва афсарон алоҳида; ҳамчунин ҳуҷраи хизмати маишӣ.
Якҷоя бо комендатураи ҳарбӣ, бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизон низ ҷойгир шуданаш мумкин аст. Барои ин ҳуҷраи сардори БҳА ва муовинони ў (сарбозраси БҳА), бозраси навбатдор, инчунин ҳуҷра барои ҷаласаи комиссияи тахассусии БҳА-и гарнизон, синфҳои омодагӣ ва дастурдиҳии навбатдории БҳА ва санҷиши дониши ронандагон вобаста ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷиҳозонида мешавад.
Дар комендатураи ҳарбӣ ҷои истгоҳи воситаҳои нақлиёти патрулҳо ва БҳА ҷиҳозонида мешаванд.
 
  1. Дар ҳуҷраи навбатдори қаровулҳо ва ёвари ў бояд мавҷуд бошанд;
  • дастур барои навбатдори қаровулҳо;
  • нақшаи гарнизон бо зикри ҷойгиршавии қисми ҳарбӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, самти ҳаракати патрулӣ, нуқтаҳои постгоҳҳои БҳА ва ҷойҳои асосии ҷамъиятии шаҳр;
  • дафтари сабти қабул ва супурдани навбатдорӣ;
  • китоб-маълумотномаи рақамҳои телефонҳои шаҳр;
  • нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳои қаровулии гарнизон;
  • табелҳо барои постгоҳҳои қаровулии гарнизон;
  • дастурҳо барои сардорони қаровулҳои гарнизонӣ
  • намунаи гувоҳномаҳо барои тафтиши қаровулҳо;
  • оинномаҳо;
  • сандуқи оҳанин барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳо;
  • сандуқи оҳанин барои нигоҳ доштани силоҳ ва муҳиммоти қаровулҳои (дастаи) ба гарнизон омада ва патрулҳои гарнизонӣ;
  • ҷевон (раф) барои нигоҳ доштани радиостансия;
  • мизи хатнависӣ бо лавозимоти хатнависӣ;
  • дафтари корӣ;
  • се-чор курсӣ;
  • нимкати ниммулоим;
  • соат;
  • ҳароратсанҷи берунӣ;
  • ҷевон ё либос овезак;
  • кўзаи об ва пиёлаҳо;
  • телефон барои алоқа бо сардори гарнизон, коменданти ҳарбии гарнизон, қаровулҳо, бо қисмҳои оташнишонии шаҳр ва бо командирони қисмҳои ҳарбии гарнизон, ҳамчунин радиостансия барои иртибот бо патрулҳо ва постгоҳҳои назорати БҳА;
  • манбаъҳои эҳтиётии равшанидиҳанда.
 
  1. Дар ҳуҷра барои патрулҳо бояд мавҷуд бошанд:
  • нақшаи самти ҳаракати посбонӣ;
  • шиорҳо (расмҳо) бо намудҳои либоси хизматчиёни ҳарбӣ;
  • миз;
  • курсӣ (табуретка) барои ҳар як патрул;
  • катҳои чўбин;
  • ҷевон ё либосовезак;
  • кўзаи об ва пиёлаҳо;
  • рўзнома ва маҷаллаҳо;
  • миз барои тоза кардани силоҳ.
 
  1. Ҳуҷраҳои хизмачиёни ҳарбии муваққатан боздошташуда бояд тахтакат ва тирезаҳояшон панҷара дошта бошанд.
 
  1. Тартиби бо асбобу анҷоми рўзгор таъмин кардан ва хизматрасонӣ ба бинои комендатураи ҳарбии гарнизон аз ҷониби сардори гарнизон муқаррар карда мешавад.
 
 
Замимаи 13
ба бандҳои 22, 27
 
ТАРТИБИ  БА  ҳИСОБ ГИРИФТАНИ ХИЗМАТЧИЁНИ
ҳАРБИИ ДАР САФАРИ ХИЗМАТӣ ВА ДАР РУХСАТИ-
БУДА  ВА  ҚИСМҳОИ  ҳАРБИИ  ГАРНИЗОН
 
  1. Баробари ба ҷои сафари хизматӣ ё рухсатӣ расидан ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар комендатураи ҳарбии гарнизон (дар ҷое, ки он набошад-дар наздиктарин комиссариати ҳарбӣ) худро ба қайд мегузорад ва пеш аз ба ҷои хизмат баргаштан аз қайд мебарорад.
Агар мавзее, ки хизматчии ҳарбӣ омадааст, аз комендатураи ҳарбии гарнизон ё комиссариати ҳарбӣ аз 10 км дуртар бошад, хизматчии ҳарбӣ метавонад дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ маҳаллӣ ё худидораи маҳаллӣ худро ба қайд гузорад (ё аз қайд барорад).
Хизматчиёни ҳарбие, ки ба қисми ҳарбӣ ба сафари хизматӣ омадаанд, дар ҳамин қисм ба қайд гирифта мешаванд.
ҳангоми ба қайд гузоштан ё аз қайд баровардан дар сафарномаи хизматӣ ё дар варақаи рухсатӣ қайдҳои дахлдор гузошта мешаванд. қайд дар бораи  омадан бояд на дертар аз як рўз баъди омадан ва қайд дар бораи баргаштан дар арафа ё дар рўзи бозгашт гузошта мешавад.
 
  1. Генералҳо ва полковникҳо дар бораи омадан ва баргаштани худ ба коменданти ҳарбии гарнизон ё комиссари ҳарбӣ метавонанд ба воситаи телефон ё хаттӣ хабар диҳанд ва сафарномаи хизматӣ ё варақаи рухсатиро барои ба қайд гузоштан тавассути номарасон ба онҳо фиристанд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки дар рухсатӣ мебошанд, ба комендатураи ҳарбӣ (ба комиссариати ҳарбӣ) бо либоси ѓайринизомӣ ҳозир шуда метавонанд.
 
  1. ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми сафари хизматӣ ё рухсатӣ вазифадоранд бо худ варақаи рухсатӣ ё сафарномаи хизматӣ дошта бошанд ва бо талаби сардорону роҳбарон онҳоро пешниҳод кунанд. Дар сурати таѓйири макони зист, барои дароз кардани рухсатӣ ё мўҳлати сафари хизматӣ иҷозат гирифтан, беморӣ ё сабабҳои дигаре, ки бозгашти саривақтиро ба таъхир меандозад, хизматчии ҳарбӣ бояд фавран ба комендатураи ҳарбии гарнизон, ба комиссариати ҳарбӣ ё мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё худидораи маҳаллӣ (дар ҷое, ки дар қайд истодаанд) хабар диҳанд.
  2. Барои ба қайд гирифтани хизматчиёни ҳарбие, ки ба рухсатӣ ё сафари хизматӣ омадаанд дар комендатураи ҳарбии гарнизон, дар комиссариати ҳарбӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дафтари баҳисобгирии хизматчиёни ҳарбӣ дар шакли зайл мавҷуд аст.
 
ДАФТАРИ БАҳИСОБГИРИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҳАРБИИ
ДАР САФАРИ ХИЗМАТӣ ВА РУХСАТИБУДА
 
№т

 

а

р

т

и

б

ӣ

Рутбаи ҳарбӣ Насаб, ном ва номи падар Номи шартии қисми ҳарбӣ Мақсади ба гарни-зон омадан Рақам ва санаи шаҳо-датномаи сафари  хизматӣ ё варақаи рухсатӣ Суроѓаи ҷои исти-қомат дар рухсатӣ (сафари хизматӣ) Кай бояд ба қисми худ бар-гардад Қайд дар бораи сабабҳои таъхир ва то кадом мўҳлат Сабти аз қайд баро-мадан
                   
 
«___» __________________
(таърихи рўз, моҳ, сол)
 
  1. Дар сурати эълони сафарбаркунӣ ҳамаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар рухсатӣ (ба истиснои онҳое, ки бо сабаби беморӣ рухсатӣ гирифтаанд) ё дар сафари хизматӣ мебошанд, вазифадоранд аз қайд баромада, бидуни интизории супориши махсус фавран ба ҷои хизмати асосии худ баргарданд. Хизматчиёни ҳарбие, ки бо сабаби беморӣ дар рухсатӣ мебошанд, вазифадоранд барои муоинаи такрорӣ ба назди комиссариати ҳарбӣ ҳозир шаванд ва агар бинобар беморӣ омада натавонанд, фавран дар мавриди хаттӣ хабар кунанд ва ба он тасдиқномаи духтури табобаткунандаро замима намоянд.
  2. Баҳисобгирии қисмҳои ҳарбии (ҷузъу томҳои алоҳида) гарнизонро коменданти ҳарбии гарнизон мувофиқи қоидаҳои муқарраршуда пеш мебарад.
Командироне (сардороне), ки қисмҳои ҳарбиро (ҷузъу томҳоро) ба маҳалли гарнизони дигар ё нуқоти наздики он мефиристанд, вазифадоранд дар бораи омадани онҳо ба сардори он гарнизон хабар диҳанд. Агар қисмҳои ҳарбӣ (ҷузъу томҳо) ба қаламрави гарнизони ҳарбии дигар равон шаванд, дар ин маврид пешакӣ ба сардори он гарнизони ҳарбӣ хабар дода мешавад.
Баробари ба ҷои таъиншуда омадани қисм (ҷузъу том) командири қисми ҳарбӣ (ҷузъу том) вазифадор аст дар ин бора ба сардори (коменданти ҳарбии) гарнизон гузориш диҳад ва дар рўзи омадан онро дар комендатураи ҳарбии гарнизон ба қайд гузорад.
Замимаи 14.
ба бандҳои  22, 25, 49, 156, 160, 189
 
ДАР   БОРАИ   МАҳБАСИ   ҳАРБӣ (ГАУПТВАХТА)
 
Муқаррароти умумӣ
 
  1. Барои дар ҳабс нигоҳ доштани хизматчиёни ҳарбӣ (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) иморати махсус – маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ҷиҳозонида мешавад. Маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) бояд дар ҳар гарнизон мавҷуд бошад.
 
  1. Дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) бо истиснои хизматчиёни ҳарбие, ки ҷазои интизомӣ гирифтаанд, ҳамчунин инҳо нигоҳ дошта шуданашон мумкин аст:
  • хизматчиёни ҳарбие, ки бо иҷозати прокурор (гумонбаршудагон, айбдоршудагон) ба ҳабс гирифта шудаанд, на зиёдтар аз 3 шабонарўз; ба тариқи истисно дар сурати дар ҷойҳои дур ҷойгир будани таваққуфгоҳ ва ба он ҷо бурдани маҳбусон имконнопазир аст, онҳо то 30 рўз дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) нигоҳ дошта мешаванд;
  • хизматчиёни ҳарбии судшаванда – то хатми баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суд;
  • хизматчиёни ҳарбие, ки аз ҷониби суди ҳарбӣ барои хизмат кардан дар баталёнҳои интизомӣ маҳкум шудаанд -то қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукм;
  • хизматчиёни ҳарбие, ки суди ҳарбӣ ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум кардааст -то гирифтани нусхаи ҳукм;
  • хизматчиёни ҳарбие, ки суди ҳарбӣ онҳоро барои ба ҳабс гирифтан ва нигоҳ доштан дар маҳбаси ҳарбӣ маҳкум намудааст;
  • хизматчиёни ҳарбие, ки барои вайрон кардани интизоми ҳарбӣ дар ҳолати мастӣ боздошта шудаанд -на зиёда аз 1 шабонарўз.
 
  1. Дар қисмҳои ҳарбие, ки дар масофаи хеле дур аз маҳбаси гарнизонӣ ҷойгир шудаанд, бо фармони сардори гарнизон (командири қисмҳои ҳарбӣ) ҳуҷраи алоҳида барои нигоҳ доштани хизматчиёни ҳарбии тибқи тартиби интизомӣ ҳабсшуда ва дар ҳолати мастӣ муваққатан боздошташуда ба мўҳлати то 1 шабонарўз таъсис дода шуданаш мумкин аст. Талаботи вобаста ба ҳифз ва ҷиҳозонии он ба монанди талабот барои камераи муваққатан боздошташудагон мебошад.
 
БА МАҳБАСИ  ҳАРБӣ ФИРИСТОДАНИ МАҲБУСОН
(АШХОСИ БА ҲАБСИ ПЕШАКӣ ГИРИФТАШУДА) ВА ҚАРОВУЛӣ КАРДАНИ (ҳАМРОҳӣ КАРДАН) ОНҳО
 
  1. Хизматчии ҳарбӣ аз лаҳзаи таҳти муҳофизат ҷиҳати фиристодан ба маҳбаси ҳарбӣ супурда шуданаш ва ҳангоми мустақилона рафтан бошад-аз лаҳзаи аз ҷониби сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта), қабул гардиданаш-ба ҳабс гирифташуда ба ҳисоб меравад.
Хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи тартиби интизомӣ ҳабс  шудаанд, ба маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) бо дастхат дар бораи ба ҳабс гирифта шуданашон фиристода мешаванд.
Хизматчиёни ҳарбии ба ҳабс гирифташуда тибқи қарори муфаттиш ё мақоми таҳқиқи пешакӣ, ки аз ҷониби прокурор тасдиқ шудааст; хизматчиёни ҳарбии аз ҷониби прокурори ҳарбӣ ҳабсшуда-бо қарори прокурори ҳарбӣ, маҳкумшудагон (судшавандагон)-бо ҳукми (таъиноти) (суди) трибунали ҳарбӣ ба маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) фиристода мешаванд.
 
  1. Сарбозони тибқи тартиби интизомӣ ҳабсшуда пиёдақатор, бо гурўҳи на бештар аз се нафар дар як қатор саф кашида ба маҳбас мераванд. Мушоиятгора дар паҳлуи ў чаптари (росттари) маҳбусон ҳаракат мекунад.
Сержантҳо аз сарбозон ҷудо бо мушоияти сержантҳои (старшинаҳои) рутбаи ҳарбиашон бо онҳо баробар ё баландтар фиристода мешаванд. Барои мушоияткунӣ як нафар посбони мушоиятгора таъин карда мешавад.
Силоҳи посбони мушоиятгора бояд дар ҳолати «Ба китф» бошад. Силоҳ танҳо бо супориши сардоре, ки муҳофизро таъин кардааст ва тибқи қоидаҳое, ки дар моддаҳои 96 ва 97 ҳамин Оиннома зикр  шудааст, бо тир пур карда мешавад. Мушоиятгора бидуни силоҳ аз ҳисоби як нафар барои се ва теъдоди камтари маҳбусон таъин карда мешавад.
 
  1. Прапоршикҳое, ки тибқи тартиби интизомӣ ҳабс шудаанд, ба маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) мустақилона мераванд.
 
  1. Барои ба маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) фиристодани маҳбусони бо фармоиши коменданти ҳарбии гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ) воситаи роҳбалад аз ҳисоби сержантҳо (старшинаҳо) ё нақлиёт ҷудо карда мешавад.
Дар вақти бурдани маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) дар мошин онҳоро тавре мешинонанд, ки рўяшон ба тарафи муқобили ҳаракат бошад; аз ҷой хестан ва ба самти ҳаракат нигоҳ кардан манъ аст. Посбонони дунболрав (мушоиятгорагон) дар қисми пеши болои мошин тавре ҷой карда мешаванд, ки маҳбусонро (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро бодиққат назорат карда тавонанд.
 
  1. Хизматчиёни ҳарбиеро, ки суди ҳарбӣ маҳкум кардааст, судшавандагон, гумонбаршудагон, барои содир намудани ҷиноят айбдоршудагон, инчунин хизматчиёни ҳарбии то муайян кардани шахсияташон боздошташуда, таҳти муҳофизат ба маҳбас, прокуратура ва суд фиристода мешаванд.
Ҳайати мушоиятгорагон, вазифаҳои вай, тарзи муҳофизатро коменданти ҳарбии гарнизон (сардори ситоди қисми ҳарбӣ) ҳар дафъа алоҳида муайян мекунад.
 
  1. Пои пиёда ҳаракат кардан бо маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) дар шаҳрҳо ва деҳкадаҳои бузург, инчунин ҳаракат дар нақлиёти ҷамъиятӣ манъ аст.
Посбони мушоиятгора вазифадор аст силоҳро мувофиқи нишондоди банди 189 ҳамин Оиннома истифода барад.
 
қАБУЛИ   МАҳБУСОН (АШХОСИ БА ҲАБСИ ПЕШАКӣ
ГИРИФТАШУДА) ДАР МАҳБАСИ  ҳАРБӣ
(ГАУПТВАХТА)
 
  1. Маҳбусонро (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) гарнизон сардори маҳбас ва дар набудани ў сардори қаровул қабул мекунад.
 
  1. Сардори маҳбаси ҳарбӣ (гаутвахта) дар вақти қабули сарбоз ва сержантҳои (старшинаҳои) ҳабсшуда (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) чизҳои муқарраршуда доштани онҳоро тафтиш мекунад, кофтукови шахсӣ мегузаронад, тасмаҳо, ашё ва чизҳои қиматбаҳоеро, ки дар камера доштан мумкин нест, ҳамчунин ҳамаи ҳуҷҷатҳои хизматиашонро барои нигоҳ доштан мегирад ва қайд мекунад, ҳамаи маълумоти дар дасхат барои ба ҳабс гирифтан (дар қарори муфаттиш, шахси тафтишоти пешакӣ баранда, прокурори ҳарбӣ, дар нусхаи ҳукм, муқаррароти трибунали ҳарбӣ) бударо ва дигар маълумоти заруриро дар дафтари маҳбусон ва рўйхати маҳбусон менависад.
 
РЎЙХАТИ  НОМИИ  МАҳБУСОН
 
           
№ т/р Рутбаи ҳарбӣ Насаб, ном ва номи падар Дар кадом ҳуҷра нигоҳ дошта мешавад  

 

Вақти

Забонхати сардори маҳбаси ҳарбӣ (гаупт-вахта) дар бораи озод кардани маҳбус
қабул ба ҳабс озод кар-дан аз ҳабс
     

 

 

 

 

       
               
 
Сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
 
Э з о ҳ: Баъди қабули маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда) сардори қаровули нав дар рўйхат менависад: «дар фалон рўз, моҳ, сол, дар соати фалон аз рўи ҳамин рўйхат фалон қадар маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда)-ро қабул кардам» ва имзо мегузорад. Сардори қаровули пешина низ дар поёни ин навиштаҳо имзо мегузорад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ДАФТАРИ     МАҳБУСОНЕ,     КИ     ДАР      МАҳБАСИ
ҳАРБӣ (ГАУПТВАХТА) НИГОҳ ДОШТА МЕШАВАНД
 
барои соли 200__________
 
 

 

т/р

Вазифа, рутбаи ҳарбӣ, насаб, ном ва номи падар Номгўи шартии қисми ҳарбӣ Аз ҷониби кӣ ҳабс карда шуд Сабаби ҳабс Ба кадом мўҳлат ва дар кадом ҳуҷра нигоҳ дошта мешавад Ашё, ҳуҷ-ҷатҳо ва пулҳои қабулшуда Вақти ба ҳабс гириф-та шудан Кай мўҳлати ҳабс ба охир мерасад қайд оид ба мўҳлати муоинаи тиббӣ ва шусту-шўӣ дар ҳаммом қайд оид ба озод-шавӣ Забонхат дар бораи гириф-тани ашё ва пулҳо баъди ҷавобшавӣ
                       
 
 
 
Э з о ҳ: Дар сутуни «Аз ҷониби кӣ ҳабс карда шудааст» барои маҳкумшудагон «Аз ҷониби фалон суди ҳарбӣ маҳкум карда шудааст», барои хизматчиёни ҳарбии гумонбаршуда ва барои содир намудани ҷиноят айбдоршуда «Аз ҷониби фалон муфаттиш, мақомоти таҳқиқи пешакӣ ё прокурори ҳарбӣ ҳабси пешакӣ шудааст» қайд карда мешавад.
 
 
 
 
 
ЗАБОНХАТ ДАР БОРАИ қАБУЛИ МАҳБУС
 
Маҳбус __________________________________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, насаб, ном ва номи падар, ҷузъу том, қисми ҳарбӣ)
ба маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) барои ____________ шабонарўз аз _________
то __________________ дар ҳуҷраи ______________________ нигоҳ доштан
қабул карда шуд.
 
 
__________________________200___
(соат, рўз, моҳ)
 
 
ҷМ
Сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ______________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо насаб)
 
ДАР   ПУШТИ   ЗАБОНХАТ   қАЙД   КАРДА   МЕШАВАД
 
Ашёҳои маҳбус пурра ҳастанд (фалон чизҳо нестанд ё
зиёдатӣ мебошанд).
 
 
Сардори маҳбаси ҳарбӣ
______________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо насаб)
 
Дар дастхат барои оид ба ҳабс гирифтан дар бораи мавҷудияти ашёи хизматчиёни ҳарбие, ки ба маҳбаси ҳарбии (гауптвахта) гарнизон фиристода шудаанд, сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) қайд намуда, имзо мегузорад.
Маҳбусони ҷазои интизомигирифта ҳуҷҷатҳои шахсиро бо худ мегузоранд ё метавонанд онҳоро барои нигаҳдорӣ ба сардори маҳбаси ҳарбӣ (гуаптвахта) супоранд.
Рўйхати чизу чораи гирифташуда ва қабулгардида, ашёҳо, ҳуҷҷатҳо ва маблаѓи пулиро сардори маҳбаси ҳарби (гауптвахта) ба китоби маҳбусон ворид мекунад ва дар ҳузури маҳбус ба ў дар бораи қабул забонхат медиҳад, баъди он маҳбусро бо дастхат барои ба ҳабс гирифтанаш барои ҷойгиркунии ў дар ҳуҷра ба назди сардори қаровул мефиристад.
Дар ҳолате, ки агар маҳбусро дар маҳбаси ҳарбии (гауптвахта) гарнизонӣ сардори қаровул қабул кунад, вай ба маҳбас оид ба чизҳои қабулкардааш забонхат медиҳад.
Дастхат барои ба ҳабс гирифтан ва чизу чораро бо рўйхаташ ба сардори маҳбас (гауптвахта) пешниҳод мекунад.
 
  1. ҳангоми ба маҳбас қабул кардани прапоршикҳо ҷазои интизомигирифта ашёҳои онҳо аз назар гузаронида намешавад, аммо маҳбус огоҳ карда мешавад, ки ў дар ҳуҷра бо худ кадом чизҳоро дошта метавонад.
 
  1. Сардори қаровул маҳбусро қабул карда, дар дастхат барои ба ҳабс гирифтанаш имзо мегузорад ва дастхатро ба сардори маҳбаси ҳарбӣ (гаупвахта) бармегардонад.
Сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) дастхат барои ба ҳабс гирифтанро дар дасти худ монда, ба посбони мушоиятгора дар бораи қабул кардани маҳбус забонхат медиҳад, ки ў онро ба шахсе, ки маҳбусро ба маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) фиристодааст, месупорад.
 
ДАР  МАҳБАСИ  ҳАРБӣ (ГАУПТВАХТА) НИГОҳ ДОШТАНИ
МАҳБУСОНИ  ҷАЗОИ   ИНТИЗОМИГИРИФТА
 
  1. Сарбозҳо ва сержантҳои барои вайрон кардани интизом ҳабсшуда дар ҳуҷраҳои умумӣ ё якнафара нигоҳ дошта мешаванд ва дар тахтакатҳои урён хоб мераванд.
Дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) сержантҳо (старшинаҳо) аз сарбозон ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.
Прапоршикҳои ҳабсшуда, ки дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) нигоҳ дошта мешаванд, аз сержантҳо, сарбозони ҳабсшуда ҷудо ҷой дода мешаванд ва дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) таҳти назорати сардори қаровул нигоҳ дошта мешаванд.
 
  1. Маҳбусон вазифадоранд қоидаҳои дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) муқарраршударо аниқ риоя кунанд, талабҳои сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ва ҳайати шахсии қаровулро иҷро кунанд.
Ба маҳбусоне, ки қоидаҳои муқарраршударо доир ба тартиботи дохилии маҳбаси ҳарбӣ риоя намекунанд, коменданти ҳарбии (гауптвахтаи) гарнизон ҷазои иловагӣ муқаррар мекунанд. Ин гуна маҳбусонро бо супориши ҳамин шахс ва сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) метавонанд ба ҳуҷраҳои яккаса гузаронанд. Дар ин маврид сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) дар варақаи ҳабс қайдҳои заруриро мегузорад.
ҳабси иловагии хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) сурат мегирад, дар варақаи ҳабси такрорӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар ин сурат мўҳлати бефосилаи дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) бошиши хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, аз 20 шабонарўз набояд зиёд бошад.
 
  1. Тартиботи рўз дар маҳбаси ҳарбии (гауптвахта) гарнизон аз ҷониби коменданти ҳарбии гарнизон муқаррар карда мешавад.
Сарбозоне, ки дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) барои вайрон кардани интизом дар ҳуҷраҳои умумӣ нигоҳ дошта мешаванд, дар як шабонарўз 10 соат ба кор ҷалб карда мешаванд.
Сержантҳое, ки дар ҳуҷраҳои умумӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба кор ба ҳайси роҳбар ҷалб карда мешаванд.
Ба прапоршикҳо ва сержантҳои маҳбуси дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) қарордошта, ҳамчунин бо сарбозҳо, вақте ки онҳо ба кор ҷалб карда намешаванд, ҳар рўз 8 соат машқҳои сафороӣ ва омўзиши оинномаҳо гузаронида мешавад. Дар вақти машѓулият ба онҳо тасма медиҳанд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳуҷраҳои яккаса мебошанд, дар машѓулиятҳо иштирок намекунанд.
Азназаргузаронии пагоҳӣ ва тафтиши бегоҳии ҳузури маҳбусонро, сардори қаровул ё ёвари ў, аз рўи рўйхати номии маҳбусон ҳуҷра ба ҳуҷра мегузаронад.
Давомнокии хоб барои ҳамаи маҳбусон 7 соат дар як шабонарўз муқаррар карда шудааст. Рўзона хоб рафтан ва дароз кашидан барои маҳбусон манъ аст. Баъди аз хоб хестан тахтакатҳоро мегиранд, тахтакатҳои қатшаванда қулф карда мешаванд.
 
  1. Дар давоми шабонарўз ба ѓайр аз вақти ба кор машѓул будан ва дар вақти сайру гашт маҳбусон дар ҳуҷраҳои қулфкардашуда ҷойгир карда мешаванд. Ҳуҷраҳои афсарон ва прапоршикҳое, ки барои вайрон кардани интизом ҳабс карда шудаанд, қулф карда намешаванд.
қулфҳои ҳамаи ҳуҷраҳо бояд якхела бошанд ва бо калидҳои якхела маҳкам карда шаванд. Ду дона аз ҳамин калидҳо бояд дар ҳуҷраи сардори қаровул ва як калид дар ҳуҷраи сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) нигоҳ дошта шавад.
 
  1. Сарбозҳо ва сержантҳои маҳбус вақти дар ҳуҷра будан бояд тагпўш, либоси корӣ ва пойафзол дошта бошанд. Ашёҳои дигар мувофиқи тартиботи дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ҷорибуда, берун аз ҳуҷра нигоҳ дошта мешаванд. Дар вақти хоб ба маҳбусон додани шинел ва кашидани пойафзол иҷозат дода мешавад, агар ҳарорати ҳаво дар ҳуҷраҳо +180С дараҷа поин бошад, ба маҳбусон рўзона низ метавонанд шинел диҳанд.
Ба прапоршикҳои ҳабсшуда дар камера нигоҳ доштани китобҳояшон, пул, лавозимоти шустушуӣ ва хатнависӣ иҷозат дода мешавад. Барои хоб рафтан ба прапоршикҳо лавозимоти рафти хоб (кўрпа, ду ҷойпўш, болишт бо ҷилд ва тушак) дода мешавад.
 
  1. Дар ҳуҷраҳои умумӣ аз ҳисоби маҳбусон сардорони ҳуҷраҳо таъин карда мешаванд ва онҳо барои тозагӣ ва тартиб дар ҳуҷраҳо ҷавобгар мебошанд. Онҳо вазифадоранд барои азназаргузаронии пагоҳирўзӣ, барои ҳозируѓоиб кардан дар вақти иваз шудани қаровул, барои ҳозируѓоиб ва тафтиши бегоҳирўзӣ маҳбусонро қатор кунанд, ҳамчунин назорат кунанд, то ки онҳо сари вақт хоб раванд, девору тирезаҳоро вайрон накунанд, дар тахтакатҳо ва деворҳо нанависанд, чароѓро хомўш накунанд.
 
  1. Дар рўзҳое, ки маҳбусон кор намекунанд, онҳо, ҳамчунин маҳбусонеро, ки дар ҳуҷраҳои яккаса ҷойгиранд, дар вақти тартиботи рўз муқарраркарда бо ҳамроҳи берунбароранда ба сайругашти давомнокиаш 50 дақиқа мебароранд.
Сарбозони ҳабсшуда ба берун аз сержантҳо (старшинаҳо) ҷудо бароварда мешаванд.
Барои шустушўи пагоҳӣ ва бегоҳӣ сарбозҳо ва сержантҳо (старшинаҳо) аз ҳуҷра ҳамроҳи қаровули берунбара бароварда мешаванд; дар ҳуҷраҳои умумӣ будагонро ҳуҷра ба ҳуҷра ва дар ҳуҷраҳои яккаса будагонро яккасӣ бо навбат мебароранд.
Барои қазои ҳоҷат маҳбусонро яккасӣ ё гурўҳ-гурўҳ -ҳар гурўҳ то 5 кас ва дар ҳуҷраҳои яккаса будагонро яккасӣ мебароранд ва қаровули берунбара онҳоро ҳамроҳӣ мекунад.
Берунбараро ба воситаи посбон талаб мекунанд.
 
  1. Афсарон ва прапоршикҳои ҳабсшуда ҳар рўз дар вақти тартиботи рўз муқарраргардида, ҷудо аз дигар маҳбусон ба сайру гашт мебароянд, ки он 50 дақиқа давом мекунад; онҳо ба сайру гашт ва қазои ҳоҷат кардан бо иҷозати сардори қаровул, мустақилона бе берунбара мераванд.
 
  1. Вақти дар ҳудуди маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) берун баровардани сарбозҳо ва сержантҳо (старшинаҳо) тасма ба онҳо дода намешавад.
Вақти аз маҳалли маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) берун рафтан (ба кор, ба ҳаммом) маҳбусон бояд дар тан либоси муқарраршуда дошта бошанд.
Сарбозони ҳабсшуда берун аз маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) дар дохили қисми ҳарбӣ гурўҳ-гурўҳ (ҳар як гурўҳ на зиёдтар аз 15 нафарӣ) саф кашида мераванд, онҳоро як посбони дунболрав ҳамроҳӣ мекунад, сержантҳои (старшинаҳои) ҳабсшударо бошад, ёвари сардори қаровул ҳамроҳӣ менамояд.
Барои берун аз маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) бурдани маҳбусон бо супориши коменданти ҳарбии гарнизон нақлиёт ҷудо карда мешавад.
Афсарон ва прапоршикҳои ҳабсшуда вақти ба назди сардори гарнизон ё коменданти ҳарбии гарнизон даъват шудан, ҳамчунин ба муассисаи тиббӣ ё ҳаммом бо иҷозати сардори қаровул мустақилона мераванд.
 
  1. Барои маҳбусонро берун аз маҳбаси ҳарбӣ (ба кор, ҳамом ва ҷои дигар) ҳамроҳӣ намудан посбонони дунболрав ҷудо карда мешаванд.
 
  1. Дар вақти кор кардани маҳбусон посбони дунболрав вазифадор аст:
  • дар як вақт дар чанд ҷой кор кардани маҳбусонро, агар дар натиҷаи ин қаровулӣ ва назорат кардани онҳо душвор шавад, роҳ надиҳад;
  • назорат кунад, то ки маҳбусон дар вақти кор ё дар вақти танаффус бо шахсони бегона робита накунанд, тамоку накашанд ва аз ҷои кор нараванд;
  • баъди анҷоми кор аз шахсе, ки маҳбусон дар ихтиёри ў буданд дар бораи кори иҷрошуда ва сифати он маълумотнома гирад;
  • баъди ба маҳбаси ҳарбӣ баргаштан ба сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) дар бораи рафтори маҳбусон гузориш диҳад ва маълумотномаи корҳои иҷрошударо супорад.
 
  1. Маҳбусон дар як ҳафта як бор дар рўзу соати аз ҷониби коменданти ҳарбии гарнизон муқарраршуда бояд дар ҳаммом шустушўй кунанд. Муоинаи тиббии маҳбусон низ дар ҳамон рўз гузаронида мешавад.
Маҳбуси барои табобат ба муассисаи тиббӣ фиристодашуда баъди шифо ёфтан ба қисми ҳарбии худ бармегардад. Қарор дар бораи идомаи маҳбусӣ аз ҷониби сардоре, ки ҷазоро додааст, қабул карда мешавад.
Маҳбусони маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) бояд ҳамеша мўи сари кўтоҳ ва риши покиза тарошидашуда дошта бошанд. Тартиби мўи сар ва риш тарошидани маҳбусонро коменданти ҳарбии гарнизон муқаррар мекунад.
 
  1. Хизматчиёни ҳарбии тибқи тартиби интизомӣ ҳабсшуда дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) аз рўи меъёри муқарраршудаи озуқаи сарбоз бо хўрок таъмин карда мешаванд.
Номнависии маҳбусон барои хўрокхўрӣ дар маҳбас тибқи шаҳодатнома барои озуқаворӣ анҷом дода мешавад. Прапоршикҳое, ки ҳуқуқи гирифтани озуқаворӣ ё хўроки бепул хўрданро надоранд, аз рўи дастхати барои ба ҳабс гирифтани ба таъминоти пулакӣ дохил карда мешаванд. Агар дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) хўрок пухта нашавад, тартиби ба маҳбас барои маҳбусон овардани онро коменданти ҳарбии гарнизон муқаррар мекунад.
Маҳбусон хўрокро дар ҳуҷраҳо ё дар ошхонаи маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) мехўранд. Дар ошхона хўрок дар вақтҳои гуногун дода мешавад: барои сарбозҳо алоҳида, барои сержантҳо алоҳида ва барои прапоршикҳо алоҳида.
Маҳбусоне, ки дар ҳуҷраҳои яккаса мебошанд, хўрокро дар ҳуҷра мегиранд.
  1. Рўбучини ҳаррўза ва умумии (дар як ҳафта як бор) ҳуҷраҳо, ҳоҷатхонаҳо, ҳамчунин шустани (пок кардани) фаршҳо, алав мондани печҳо ва ба чароѓҳо равѓан рехтанро маҳбусони маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) таҳти назорати ёвари сардори қаровул иҷро мекунанд.
Ҳавои ҳуҷра ҳар рўз ҳангоме, ки маҳбусон дар сайру гашт ё кор мебошанд, тоза карда мешавад.
Тамйизи (дезинфексияи) ҳуҷраҳои маҳбаси ҳарбӣ ва ҳоҷатхонаҳо ҳафтае як маротиба гузаронда мешавад. Бо фарорасии торикӣ ҳуҷраҳо, долонҳо ва ҳоҷатхонаҳо бояд равшан карда шаванд. Ҳангоми хоб дар ҳуҷраҳо бояд равшанӣ бошад.
Зимистон ҳарорат дар ҳуҷраҳо набояд аз + 180 С дараҷа поён бошад.
  1. Ҳангоми ҳабс ба маҳбусон манъ аст: бозиҳо, гуфтугў аз тиреза, ѓавѓо кардан, сурудхонӣ, навохтани асбоби мусиқӣ, вайрон кардани тартибот дар ҳуҷраҳо, мулоқот бо ашхоси дидорбин, аз касе чизе гирифтан, ирсоли нома ё нома гирифтан.
Ба маҳбусон мутолиаи рўзнома, оинномаҳо, адабиёти ҳарбӣ ва адабӣ гўш кардани радио иҷозат дода мешавад.
Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсуси таъиншуда иҷозат дода мешавад.
Дар маҳбасҳои ҳарбӣ (гауптвахта) бояд миқдори кофии оинномаҳо, адабиёти ҳарбӣ ва сиёсӣ мавҷуд бошад. Маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ҳар рўз бо рўзномаҳои нав бояд таъмин карда шавад. Адабиёт ва рўзномаҳоро ба маҳбус сардори қаровул медиҳад.
 
ДАР МАҳБАСИ ҳАРБӣ НИГОҳ ДОШТАНИ ХИЗМАТЧИЁНИ
 ҳАРБИЕ, КИ АЗ ҷОНИБИ СУДИ ҳАРБӣ МАҳКУМ ШУДААНД,
СУДШАВАНДАГОН, ГУМОНБАРШУДАГОН ВА АЙБДОРШУДАГОН
 
  1. Хизматчиёни ҳарбие, ки аз ҷониби суди ҳарбӣ маҳкум шудаанд, судшавандагон, гумонбаршудагон, айбдоршудагон дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) аз хизматчиёни ҳарбие, ки барои вайрон кардани интизом ҳабс ё боздошта шудаанд, ҷудо нигоҳ дошта мешаванд. Дар айни замон маҳкумшудагон ва судшавандагон аз гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва афсарону прапоршикҳо аз сарбозон, сержантҳо (старшинаҳо) ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.
 
  1. Хизматчиёни ҳарбии аз ҷониби суди ҳарбӣ маҳкумшуда ва судшавандагон, гумонбаршудагон, айбдоршудагон барои содир намудани ҷиноят ба машѓулият ва кор ҷалб карда намешаванд. Ба онҳо ҳангоми хоб шинел, кўрпа, болишт бо ҷилдаш дода шуда, тамоку кашидан дар ҷойҳои махсус иҷозат дода мешавад.
Дар ҳолатҳои дигар махкумшудагон тибқи асосҳои умумии барои маҳбусони ҷазои интизомигирифта муайяншуда нигоҳ дошта мешаванд.
Вохўрӣ бо гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон, инчунин бо судшавандагон ва маҳкумшудагон танҳо бо иҷозати мақомот ё шахсе, ки парвандаро тафтиш мекунад, тибқи санади махсус барои вохўрӣ сурат мегирад.
 
  1. Тартиби нигоҳдорӣ, қаровулӣ дар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ва аз ҳудуди он ба ҷои дигар бурдани хизматчиёни ҳарбӣ, ки бо қарори муфаттиш ё шахсе, ки тафтишоти пешакӣ мебарад ва ё прокурори ҳарбӣ ҳабс карда шудаанд, судшавандагон, ҳамчунин маҳкумшудагон то ба маҳалли адои ҷазо бурдани онҳо аз ҷониби коменданти ҳарбии гарнизон бо розигии муфаттиши мақоми тафтиши пешакӣ, прокурори ҳарбӣ ё суди ҳарбӣ муқаррар карда мешавад.
 
  1. Прокурори ҳарбӣ, муовинон ва ёварони онҳо бо мақсади риояи назорати қонун, ҳамчунин муфаттишон ё мақоми тафтиши пешакӣ ҳангоми тафтиши кори ҷиноятӣ, инчунин ҳимоякунанда ҳамавақт баъди пешниҳод намудани гувоҳномаи шахсӣ аз ҷониби сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ва огоҳ намудани коменданти ҳарбӣ, ба маҳбаси ҳарбии (гауптвахта) гарнизон иҷозат дода мешаванд. Дар бораи роҳ додани ҳимоягар прокурори ҳарбие, ки назорати қонуниятро дар ҳамин маҳбаси ҳарбӣ назорат мекунад, огоҳ карда мешавад.
Ба ҳуҷраҳои муваққатан боздошташудагон низ ашхоси номбаршуда ба ҳамин тартиб роҳ дода мешавад.
 
ОЗОД КАРДАНИ МАҳБУСОН АЗ МАҳБАСИ ҳАРБӣ
 
  1. Хизматчиёни ҳарбии барои вайрон кардани интизом ҳабсшударо баъди анҷоми мўҳлати ҳабс аз маҳбаси ҳарбии (гауптвахта) гарнизон сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) озод мекунад; дар сурати фавт ё бемории вазнини аъзои оилаи онҳо (падар, модар, ҳамсар, фарзанд, бародар ё хоҳар) ё ашхоси дигаре, ки таҳти тарбияи онҳо қарор доштанд, инчунин ҳангоми фоҷиае, ки ба сари оила омадааст, ба тариқи зайл маҳбусон метавонанд то хатми мўҳлати ҳабс озод карда шаванд: аз маҳбаси ҳарбии (гауптвахта) гарнизон – бо фармони коменданти ҳарбии гарнизон.
Дар арафаи идҳо: 23 феврал, 8 март, 21 март, 1 май, 9 май, 22 июл,       9 сентябр, 6 ноябр, 1 январ ва ҳамчунин дар арафаи Иди Рамазон ва Иди қурбон, интихоби Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва судҳои халқӣ хизматчиёни ҳарбии барои вайрон кардани интизом ҳабсшуда бо супориши сардори гарнизон аз маҳбаси ҳарбӣ гауптвахта озод карда мешаванд.
 
  1. Хизматчиёни ҳарбии ҳабсшуда (гумонбаршудагон, айбдоршудагон) аз ҷониби коменданти ҳарбии гарнизон ё сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) дар асоси қарори шахсе, ки тафтишоти пешакӣ бурдааст, муфаттиш, прокурор ё судя, судшавандагон ва маҳкумшудагон дар асоси таъинот ё ҳукми суди ҳарбӣ озод карда мешаванд. Ба ѓайр аз ин бо талаби прокурори ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбие, ки ѓайриқонунӣ ҳабс шудаанд, озод карда мешаванд.
 
  1. Барои озод кардани маҳбус аз маҳбаси ҳарбии гарнизон (гауптвахта) сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) дар арафаи мўҳлати хатми ҳабс ба сардори қаровул дар бораи озод кардани маҳбус дастхат мефиристад ва дар бораи вақти озод шудани маҳбус ба командири ҷузъу томи (қисми ҳарбӣ) ў хабар медиҳад, то ки барои бурдани он намоянда фиристода шавад.
Сардори қаровул баъди гирифтани дастхат дар бораи озод кардани маҳбус дар вақту соате, ки дар дастхат зикр шудааст, маҳбусро озод карда, ба назди сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) мефиристад. Сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) дар дафтари маҳбусон ва рўйхати номҳои маҳбусон вақти озод кардани маҳбусро навишта, баъди дар дафтар имзо карданаш ба ў чизу чораи шахсӣ, пул ва ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин дастхати барои ҳабс гирифтанро бо қайди озод кардани вай, ҷиҳати пешниҳоди он ба командири ҷузъу том (қисми ҳарбӣ) месупорад. Забонхати қаблии ба маҳбус дар бораи аз вай қабул кардани чизҳои шахсӣ, пул ва ҳуҷҷатҳои додашуда нест карда мешавад.
Дастхати озодкуниро сардори қаровул якҷоя бо ведомости постгоҳ мутобиқи амр пешниҳод мекунад.
 
  1. ҳангоми аз маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) озод кардани таҳти тафтишбудагон ва маҳкумшудагон сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) ба онҳо бо имзои коменданти ҳарбии гарнизон дар бораи вақт ва асоси озод шуданашон маълумот медиҳад.
 
 
ДАСТХАТ ДАР БОРАИ ОЗОД КАРДАНИ
МАҳБУС АЗ МАҳБАСИ ҳАРБИИ ГАРНИЗОН
Ба сардори қаровул
 
Маҳбус_______________________________________________________
______________________________________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, насаб, ном ва номи падар)
______________________________________________ озод карда шавад
(соат, рўз, моҳ)
Асос:_____________________________________________________
 
Сардори маҳбаси ҳарбӣ _________________________________
(рутбаи ҳарбӣ, имзо, насаб)
 
ҷМ
 
«____» _______________ с.200___
 
 
 
 
ҷИҳОЗОНИДАНИ МАҲБАСИ ҳАРБӣ (ГАУПТВАХТА)
 
  1. Маҳбаси ҳарбии (гауптвахта) гарнизон ду шўъба дорад: умумӣ-барои нигоҳ доштани сарбозон ва сержантҳои (старшинаҳо) ҳабсшуда ва шўъба барои нигоҳ доштани прапоршикҳо, ки метавонад дар бинои алоҳида ё дар як бино бо шўъбаи умумӣ ҷойгир шаванд, аммо дорои дари даромади алоҳида бошад.
Дар сурати дар як хона ҷойгир будани маҳбасхона ва қаровул тавассути қаровулхона гузаштани маҳбусон бояд истисно гардад.
 
  1. Дар шўъбаи умумии маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) бояд мавҷуд бошанд:
  • ҳуҷраҳои умумӣ барои сарбозони тибқи тартиби интизомӣ ҳабсшуда;
  • ҳуҷраҳои умумӣ барои сержантҳои (старшина) тибқи тартиби интизомӣ ҳабсшуда;
  • ҳуҷраҳои якнафара;
  • ҳуҷраҳои умумӣ ва якнафара барои сарбозон ва сержантҳое (старшинаҳое), ки ҷиноят содир намудаанд, гумонбар шудаанд ё айбдоршавандаанд;
  • ҳуҷраҳои умумӣ барои сарбозон ва сержантҳои (старшинаҳо) маҳкумшуда;
  • ҳуҷра барои муваққатан боздошташудагон;
Дар ҳуҷраҳо тахтакатҳои қулфшаванда, мизҳо, курсиҳо, қуттиҳои туфкунӣ ва дар ҳуҷраҳои умумӣ бошад, ба ѓайр аз ин чалакҳои ҷумакдор бо оби нўшиданӣ, ки бо фавворачаҳо ҷиҳозонида шудаанд, бояд мавҷуд бошанд.
  1. Дар шўъбаи маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) барои нигаҳдошти прапоршикҳо бояд мавҷуд бошанд:
  • ҳуҷраҳои умумӣ барои ашхоси тибқи тартиби интизомӣ ҳабсшуда;
  • ҳуҷраҳои умумӣ ва яккаса барои гумонбаршудагон, айбдоршудагон ва маҳкумшудагон;
Дар ҳуҷраҳо катҳои чўбин (ё тахтакатҳои ҷамъшаванда), мизҳо, курсиҳо, тумбочкаҳо барои ашёи шахсӣ ва лавозимоти шустушўӣ, зарф барои об, пиёлаҳо, овезонакҳо ва қуттиҳои туфкунӣ бошанд.
 
  1. Дар бинои маҳбаси ҳарбии (гауптвахта) гарнизон бояд хонаҳои зерин мавҷуд бошанд:
  • ҳуҷраҳои алоҳида барои истинтоқи гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон аз ҷониби муфаттишон ё мақоми тафтиши пешакӣ;
  • қаровулхона;
  • ҳуҷраҳо барои кори ҳайати штатии маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта);
  • ошпазхона ва хонаҳои ёрирасони зарурӣ барои гарм кардан ё пухтани хўроки маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда);
  • ошхона;
  • анҷомхонаи бо рафҳо (овезакҳо) ҷиҳозонидашуда барои нигоҳ доштани чизу чораи маҳбусон (ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда);
  • хонаҳои шустушўӣ;
  • ҳоҷатхонаҳои дарунӣ ва берунӣ.
  1. Дар ҳуҷраи сардори маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) бояд: ду-се курсӣ, тумбочка, нимкати чўбин, либосовезак, ҳамчунин барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо, пул ва ашёҳои қиматбаҳои аз маҳбусон барои нигаҳдорӣ қабулкардашуда, шкафи оташтобовар ё қуттии оҳанпўши дар фарш ё девор маҳкамкардашуда бошад.
  2. Дару тирезаҳои ҳуҷраҳои маҳбусон ва ҷойҳои истифодаи умум (хонаи шустушўӣ, ҳоҷатхона) бо воситаҳои техникии муҳофизат ҷиҳозонида мешаванд. Тирезаҳои биноҳо бояд бо панҷараҳои оҳанин ва дар ҳолати зарурӣ аз дарун тўри оҳанин дошта бошанд. Дар дарҳои ҳуҷраҳо тирезаҳои назоратӣ сохта мешаванд. Дар долонҳои маҳбаси ҳарбӣ барои (гауптвахта) нигаҳдории лавозимоти шустушўӣ ва либосу пойафзолтозакунӣ, ҳамчунин нигаҳдории (курткаҳо) шинелҳо, ва кулоҳҳо, шкафҳои қулфшаванда бояд бошанд. Калиди шкафҳо дар дасти сардори қаровул нигоҳ дошта мешаванд.
  3. Дар назди ҳар маҳбаси ҳарбӣ (гауптвахта) бояд барои сайру гашти маҳбусон майдончае бошад, ки девори мустаҳками атрофи он на камтар аз 2 м баландӣ дошта бошад.
 
 
 
 
 
Л У Ѓ А Т И
 
муҳтасари русӣ – тоҷикии истилоҳот ва мафҳумҳои
асосии        Оинномаи       гарнизонию       қаровулии
Қувваҳои      Мусаллаҳи     Ҷумҳурии    Тоҷикистон
 
Аванс                                                                  — пешпардохт
Акт                                                                       — таъйиднома
Амбулатория                                                  — дармонгоҳ
Арестованный                                                 — маҳбус
Бочка                                                                  — чалак
Выводной                                                          — берунбара (берунбар)
Запал                                                                  — оташгирон
Пистолет                                                           — туфангча
Патрон                                                                              — фишанг
Пропуск                                                            — гузарнома
Допуск                                                               — иҷозатнома
Разводящий                                                     — ҷобаҷогузор
КПП                                                                    — пункти назорати гузаргоҳӣ
Конвой                                                               — конвой (дунболрав)
Конвойный                                                       — посбони дунболрав
Слепки                                                               — қолабҳо
Оттиски                                                             — нусха
Парк                                                                   — қароргоҳ
Пломба                                                                              — тамѓа
Наблюдательная вышка                             — бурҷи дидбонӣ
Магазин                                                             — тирдон
Обойма                                                                              — тирдони тасмашакл
Заключённый под стражу                         — ашхоси ба ҳабси пешакӣ гирифташуда
Справка                                                             — маълумот
Шифр                                                                 — рамз
Хранилище                                                      — махзан
Развод                                                                 — ҷобаҷошавӣ
Инструктаж                                                     — дастуруламалгирӣ
Предписания                                                  — амрнома
Регулировщик                                                 — танзимгар
Жезл                                                                    — чўбдаст
Смена                                                                 — даста, баст
Подступы                                                          — даромадгоҳҳо
Пункт                                                                 — маҳал
Оформление                                                    — танзим
Материальные средства                              — воситаҳои моддӣ
Сопровождающий                                        — мушоиятгора, ҳамроҳа
Ведомость                                                         — ведомост
Лента                                                                  — навор
Орден                                                                 — орден
Линейный                                                         — сафбанд
Сводный оркестр                                           — оркестри муттаҳида
Протяжно                                                         — дурудароз
Перекатами                                                     — бо ѓулѓула
Фанфарист                                                       — шайпурнавоз
Корнетист                                                         — карнайнавоз
Гарнизон                                                           — гарнизон
Гуманитарӣ                                                     — башардўстона
Директива                                                        — дастур
Почетный эскорт                                           — дастаи мушоияти ифтихорӣ
Траур                                                                  — мотам
Округ                                                                  — ҳавза
Господин                                                           — ҷаноб
Рапорт                                                                — гузориш
Памятник                                                         — ёдгорӣ, ҳайкал
Делегация                                                         — вакилон (намояндагон)
Эпизоотия                                                        — муромурии ҳайвонот
Технических средств охраны                     — воситаҳои техникии муҳофизат
Камера арестованных                                  — ҳуҷраи  маҳбусон
Оборудование                                                 — ҷиҳозонидан
Осужденный                                                    — маҳкумшуда
Подследственный                                          — таҳти тафтишбуда
Специальный ордер                                     — санади махсус
Лафет орудия                                                  — маснади тўп
Покойный                                                         — марҳум
Венками                                                            — богулчанбарҳо
Залпами                                                            — бошиллик
Экспонировать                                                               — намоиш додан
Музей                                                                 — осорхона
Чтить                                                                  — қадр кардан
Вожатый                                                            — роҳбалад
Тропа                                                                  — пайраҳа
Лом                                                                     — мисрон
Багры                                                                  — чангак
Гриб                                                                    — соябон
Термометр                                                       — ҳароратсанҷ
Коридор                                                            — долон
По совместительству                                    — бо ҳифзи мақом
Прямой                                                                             — мустақим
Непосредственный                                        — бевосита
Разработка                                                       — таҳия
Освидетельствование                                    — ташхис
Ревизия                                                                              — тафтиш
Сводный                                                            — муттаҳида
Оператор                                                          — танзимгар
Эшелон                                                                              — эшелон
Санитарный                                                    — таъмин
Инспектор                                                        — бозрас
Вышка                                                                — манора
Хранилище                                                      — махзан
Усиление                                                           — пурзўр
Маршрут движения                                     — хатти сайр
Обойма                                                                              — тирдон
Пулеулавливатель                                         — тиргир
Объект                                                                — мавзеъ, иншоот
Предохранитель                                             — муҳофиз
Курок                                                                  — куланг
Затворная рама                                                             — меҳвари кулангдон
Затвор                                                                — кулангдон
Граната                                                              — норинҷак
Склеп                                                                  — қолабҳо
Папка                                                                 — ҷузъгир
Допуск                                                               — иҷозатнома
Оттиск                                                                — сурѓуч
Запретные зоны                                             — қитъаҳои мамнўъ
Расчет                                                                 — теъдод, даста
Сигнализация                                                 — аломатдиҳӣ
Соправождать                                                 — мушоият кардан
Стихийное бедствие                                      — офатҳои табиӣ
Парол                                                                 — номи рамзӣ (парол)
Шнур                                                                  -шилшила
Кист                                                                     — пўпак
Наконечник                                                     — нўг
Древка                                                                — даста
Полотнища                                                      — матоъ
Пропуск                                                            — гузарнома
Жетон                                                                 — нишони металлӣ
Санкция                                                            — қарор, иҷозат
Документация                                                — ҳуҷҷатдорӣ, аснод
Стрелка (знак)                                                 — аломати тир
Намордник                                                      — пўзбанд
Поводок                                                             — тасмаи гарданбанд
Снаряжение собак                                        — афзори саг
Ограждение                                                     — таворабандӣ
Ножна                                                                — ѓилоф
Записка                                                                             — дастхат
Словесный                                                        — даҳонӣ
Куртка                                                                — куртка (камзўл)
Дезинфекция                                                  — тамйиз
Форточка                                                           — бодхон
Патронник                                                       — фишангдон
Перевозка                                                         — интиқол, ҳамлу нақл
Люк                                                                     — дарича
Поезд                                                                  — қатора
Салон                                                                  — кабина
Телеграмма                                                      — барқия
Фейерверк                                                         — оташи тарф
Кушетка                                                            — нимкат
Бак                                                                       — чалак
Кипятильник                                                   — обҷўшонаки барқӣ
Огнетушитель                                                 — оташнишон
Количество                                                       — миқдор, теъдод
Тулуп                                                                  — пўстин
Ненастная (погода)                                       — боронӣ, ҳавои боришдор
Шлем                                                                  — тоскулоҳ
Стеллаж                                                             — раф
Командировочное удостоверения          — гувоҳномаи сафари хизматӣ
Отпускной билет                                            — варақаи рухсатӣ
Подозреваемый                                                             — гумонбаршуда
Обвиняемый                                                    — айбдоршуда
Матрац                                                                              — тушак
Указание                                                           — нишондод
Допрос                                                                               — истинтоқ
Туалетные приднадлежности                   — лавозимоти шустушўӣ
Инструктор                                                      — дастурдиҳанда
Инспектор                                                        — нозир, бозрас
Обойма                                                                              — тирдон
Запал                                                                  — оташгирон
Распорядок дня                                                              — реҷаи рўз

Илова кунед