Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бораи авфи умумӣ

29 Август 2001, Чоршанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2001, № 8,  мод.559)
Ба муносибати даҳумин солгарди истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти принсипи башардeстӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д:
 
  1. Аз xазои маҳрум сохтан аз озодӣ, сарфи назар аз мeҳлати xазои таъиншуда, инчунин аз xазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда, маҳкумшудагони зерин аз xазо озод карда шаванд:
а) занҳое, ки кудакони ноболиu доранд ва занҳои ҳомила;
б) занон аз 50 ва мардон аз 55 сола боло;
в) маъюбони гуруҳҳои I ва II, инчунин шахсони гирифтори касалии сил (туберкулез), ки ба гуруҳи I ва II қайди диспанерӣ дохил мебошанд;
г) иштирокчиён ва собиқдорони Xанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиён ва собиқадорони амалиётҳои xангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;
д) шахсоне, ки бо ордену медалҳои собиқ Иттиҳоди Шeравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд:
е) шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона баромада рафтаанд, худсарона қисм ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ бо роҳи маъюб кардани худ, ё бо тарзи дигар саркашӣ кардаанд;
ж) шаҳрвандони хориxӣ;
з) шахсоне, ки аз xониби судҳои дигар давлатҳо маҳкум шуда ва барои минбаъд адо намудани xазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд.
  1. Ноболиuоне, ки бори аввал ба мeҳлати то шаш соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд ё ба xазое, ки бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста нест маҳкум шудаанд, аз xазо озод карда шаванд.
  2. Маҳкумшудагоне, ки барои аз беэҳтиётӣ xиноят содир намуданд ва то даҳ соли пурра аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, аз xазо озод карда шаванд.
  3. Маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир кардани xиноят аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, озод карда шаванд:
а) заноне, ки бори аввал ба мeҳлати то ҳашт соли пурра маҳкум шудаанд;
б) мардоне, ки бори аввал ба мeҳлати то панx соли пурра маҳкум шудаанд;
в) маҳкумшудагоне, ки бори аввал ба мeҳлати то даҳ соли пурра маҳкум шудаанд ва агар на камтар аз се ду ҳиссаи мeҳлати xазоро адо карда бошанд;
г) маҳкумшудагоне, ки бори аввал ба мeҳлати зиёда аз даҳ сол маҳкум шудаанд ва агар на камтар аз чор се ҳиссаи мeҳлати xазоро адо карда бошанд;
  1. Маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо шартан xазо татбиқ карда нашудааст, дар колонияҳои ислоҳи сукунат xазоро адо мекунанд, инчунин онҳое, ки ба дигар xазои новобаста ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардидаанд, аз xазо озод карда шаванд.
6.Тафтиши парвандаҳои зерине, ки таҳти таҳқиқ ва тафтиш қарор доранд ва парвандаҳое, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
а) дар бораи xиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар бандҳои 1 ва 2 ҳамин Қонун номбаршуда содир гардидаанд;
б) дар хусуси xиноятҳое, ки барои онҳо Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон xазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста набударо пешбинӣ намудааст;
в) нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ xиноят содир кардаанд ва барои он Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон xазои маҳрум сохтан аз озодиро ба мeҳлати то даҳ сол пешбинӣ намудааст:
г) нисбати шахсоне, ки қасдан xиноят содир намудаанд ва Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ба мeҳлати то панx сол xазои аз озодӣ маҳрум сохтанро пешбинӣ намудааст.
  1. Мeҳлати адонагардидаи xазои шахсоне, ки бо маҳрум сохтан — аз озодӣ маҳкум шудаанд ва таҳти амали бандҳои 2-4 ҳамин Қонун қарор намегиранд, кам карда шавад:
а) маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир намудани xиноят ба мeҳлати то даҳ соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд — аз се як ҳисса:
б) маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир намудани xиноят ба мeҳлати зиёда аз даҳ сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд — аз чор як ҳисса;
в) маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ xиноят содир кардаанд ва ба маҳрумӣ аз озодӣ зиёда аз даҳ сол маҳкум шудаанд — нисфи мeҳлати xазо;
  1. Нисбати шахсоне, ки барои xиноятҳои зерин ба xавобгарӣ кашида шудаанд, ё маҳкум гардидаанд, амали бандҳои 1. 2, 4 ва 6 ҳамин Қонун татбиқ карда нашавад:
а) барои xиноятҳои бо моддаҳои 61-71; 74; 75 қисми 2; 76 қисмҳои 3, 4 (бо истиснои воситаҳои нашъадор); 89 қисми 4; 90 қисми 4; 91 қисми 2; 95 қисми 3; 96; 99 қисми 2; 104; 105; 111 қисми 2; 121; 135 қисми 3; 156: 160 қисми 3; 186 қисмҳои 2, 3; 187 қисми 2; 1871 қисми 2; 2061; 220 қисми 3; 227 қисми 3; 233 қисми 3; 234 қисмҳои 1, 2; 2341; 240 (агар миқдори воситаҳои нашъадор — героин аз як кг.; афюн (опиӣ) — се кг.; канабис ва пахоли (салома) кeкнор — панx кг.; банг (гашиш) — ду кг.; морфин — як кг.; дигар воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, агар миқдори онҳо аз яксаду панxоҳ, грамм, се ҳазор дона ҳаб (таблетка), якҳазору дусад ампула зиёд бошад); 2401; 2402; 241 қисми 3; 249 банди «в»: 250 бандҳои «б, в»; 252 банди «б»; 260; 261 банди «в»; 270 банди «в»; 271; 276; 277 Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинишуда;
б) ба шахсоне, ки пас аз 1 сентябри соли 1998 баъди мавриди амад қарор гирифтани Кодекси xиноятӣ, xиноятҳои зеринро содир кардаанд ва ба xавобгарии xиноятӣ кашида шудаанд, ё маҳкум гардидаанд, амали бандҳои 1, 2, 4 ва 6 ҳамин Қонун татбиқ карда нашавад:
— барои xиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти Конститутсионӣ ва амнияти давлат бо моддаҳои 305-313; xиноятҳои ба муқобили сулҳу амнияти инсоният бо моддаҳои 395-405; барои xиноятҳои дар моддаҳои 104; 110 қисмҳои 2, 3; 130 қисмҳои 2 ва 3; 131 қисми 3; 138; 139 қисмҳои 2, 3 ва 4; 179; 181; 184 қисми 3; 186; 187; 189; 195 қисмҳои 1, 2, 3; 199; 200 ва 201 (агар миқдори воситаҳои нашъадор — героин аз як кг.; афюн (опиӣ) — се кг.; канабис ва пахоли (салома) кeкнор — панx кг.; банг (гашиш) — ду кг.; морфин — як кг.; дигар воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, агар миқдори онҳо аз яксаду панxоҳ грамм, се ҳазор дона ҳаб (таблетка), якҳазору дусад ампула зиёд бошад); 202 қисмҳои 2, 3; 203 қисмҳои 2 ва 3; 204 қисмҳои 2, 3; 237 қисми 3; 244 қисмҳои 3, 4; 245 қисмҳои 3, 4; 248 қисмҳои 2, 3, 4; 249; 250 қисмҳои 2, 3, 4; 252 қисми 3; 289 қисмҳои 3, 4 (бо истиснои воситаҳои нашъадор); 316 қисми 3 (нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо); 319 қисмҳои 3 ва 4; 329: 357; 368 қисми 2; 369 қисмҳои 2. 3; 370 қисмҳои 2, 3; 382; 386 қисми 4; 391 қисмҳои 3, 4 Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
в) маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё xиноятро дар ҳолатҳои ретсидиви махсусан хавфнок содир намудаанд;
г) шахсоне, ки пештар ба тариқи бахшиши xазо ё авфи умумӣ аз xавобгарии xиноятӣ ва xазо озод шудаанду, боз xиноятӣ қасдона содир намудаанд, агар мeҳлати xинояте, ки аз рeи он авфи умумӣ ё бахшидани xазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;
д) маҳкумшудагоне, ки низоми нигоҳдориро ба таври ашади ва мунтазам вайрон кардаанд, бо истиснои маҳкумшудагоне, ки дар зербандҳои «б» ва «в» — и банди 1 ҳамин Қонун нишон дода шудаанд.
  1. Ҳамин Қонун нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки аз xониби мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ ба xавобгарии xиноятӣ кашида шудаанд, ё аз xониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун xиноят содир намудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз xониби судҳои давлатҳои Идтиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳкум шудаанд ва барои минбаъд адо намудани xазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд.
  2. Иxрои ҳамин Қонун ба зиммаи мақомотҳои зерин гузошта шавад:
а) ба мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ:
— нисбати шахсоне, ки парванда ва маводи xиноятҳояшон таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои xиноятӣ нисбати онҳо таҳти тафтиш қарор дошта, дар кофтуков мебошанд;
б) ба зиммаи судҳо:
— нисбати шахсоне, ки парванда ва маводи оид ба xиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани ҳамин Қонун баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳо дар бораи xиноятҳои онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардаанд;
— нисбати маҳкумшудагоне, ки иxрои ҳукмашон мавкуф гузошта шудааст ва шахсоне, ки бо ҳукми суд xазо шартан татбиқ, карда нашудааст (масъалаи татбиқи авф аз рeи пешниҳоди мақомоти корҳои дохилие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз xониби суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал карда мешавад);
— нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрумият аз озодӣ шартан пеш аз мeҳлат аз xазо озод шудаанд, ё қисми адонагардидаи xазои нисбати онҳо таъиншуда то эътибор пайдо намудани ҳамин Қонун ба xазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суде, ки оид ба шартан пеш аз мeҳлат озод кардан аз xазо, ё ба xазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи xазо таъинот баровардааст, ҳал мекунад);
— нисбати маҳкумшудагоне, ки ба xазои xарима маҳкум шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун xарима бо сабабҳои узрнок ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст ҳал менамояд);
в) ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ:
— нисбати маҳкумшудагоне, ки ба xазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукмҳо нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд;
— нисбати маҳкумшудагоне, ки xазоро дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ дар xои кораш, ё дар xойҳои дигаре, ки мақоми иxрокунандаи ҳукм муайян менамояд адо мекунанд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишuоли мансабҳои муайян, ё машuул шудан ба фаъолияти муайян;
г) ба зиммаи муассисаҳои иxрокунандаи xазо ва изоляторҳои тафтишотӣ:
— нисбати маҳкумшудагоне, ки дар xойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, ҳукм нисбати онҳо ба қувваи қонунӣ даромадааст;
— нисбати маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳи сукунат xазоро адо мекунанд;
д) ба зиммаи фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ:
— нисбати хизматчиённ ҳарбие, ки ба фиристодан ба қисмҳои интизомии ҳарбӣ маҳкум гардидаанд.
  1. Озод намудани маҳкумшудагон аз xазоҳои иловагӣ, ки то санаи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун иxро нашудаанд ба зиммаи он мақомот ва муассисае гузошта мешавад, ки масъалаи аз xазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон гузошта шудааст.
  2. Қарор дар бораи татбиқ кардан ё накардани авф нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавxуд набудани маълумотҳои зарурӣ дар бораи маҳкумшуда, муҳокимаи масъалаи татбиқи авф то пайдо намудани ҳуxxатҳои иловагӣ мавқуф гузошта мешавад.
  3. Қарор дар бораи татбиқи авф, ки аз тарафи мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ, муассисаҳои ислоҳӣ, инчунин изоляторҳои тафтишотӣ қабул карда мешаванд, аз xониби прокурор иxозат дода мешавад.
Ҳангоми татбиқи санади авф аз xониби судҳо иштироки прокурор ҳатмист.
  1. Ҳангоми татбиқи Қонун дар бораи авф бояд ба назар гирифт:
а) зербанди «а» банди 1 Қонун дар бораи авф нисбати заноне татбиқ мегардад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурӣ аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда нашудаанд ва то рeзи ба қувваи қонунӣ даромадани санади авф ҳомила шудаанд, кудакони то 18 сола доранд, инчунин занҳое, ки иxроиши ҳукм нисбати онҳо бо чунин асосҳо мавкуф гузошта шудааст;
Дар тарбияи занон будани кўдакони то 18 сола, ҳомила будани зан дар асоси ҳуxxатхои расмие, ки аз тарафи мақомотҳои дахлдори давлатӣ пешниҳод гардидаанд, тасдиқ карда мешавад.
б) таҳти амали зербанди «б» банди 1 занон ва мардоне қарор мегиранд, ки то рeзи ба қувваи қонунӣ даромадани Қонун дар бораи авф, мутаносибан ба синни 50 ва 55 солагӣ расидаанд;
в) зербанди «в» банди 1 Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то ба қувваи қонунӣ даромадани Қонун дар бораи авф маъюби гурeҳи I ва II дониста шудаанд. Гирифтори касали сил (туберкулез) шахсоне дониста мешаванд, ки то рeзи қабули санади авф бо тартиби муқарраршуда ба гурeҳҳои I ва II қайди диспансерӣ мансуб дониста шудаанд;
г) таҳти амали зербанди «д» банди I Қонун дар бораи авф шахсоне қарор мегиранд, ки бо ордену медалҳои собиқ Иттиҳоди Шeравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд ва дар асоси қонун ҳамчун мукофоти давлатӣ дониста мешаванд;
д) таҳти амали зербанди «з» банди 1 Қонун дар бораи авф маҳкумшудагоне қарор мегиранд, ки аз xониби судҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳкум шудаанд ва дар асоси Созишнома барои минбаъд адо намудани xазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудаанд.
  1. Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки дар зербанди «е» банди 1 Қонун нишон дода шудаанд, дар сурати мавxуд будани асосҳои кофӣ аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ, суд бе даъват намудани ин гурeҳ, шахсон ва пурсиши онҳо татбиқ карда мешавад.
Чунин тартиби қабули санади авф нисбати шахсони дар банди 6 Қонун дар бораи авф нишон додашуда, ки истеҳсолоти парвандаҳои xиноятӣ бинобар кофтукови онҳо боздошта шудаанд, татбиқ карда мешавад.
  1. Мувофиқи банди 2 Қонун дар бораи авф, ноболиuон шахсоне дониста мешаванд, ки то рeзи ба қувваи қонунӣ даромадани Қонун дар бораи авф ба синни 18 солагӣ нарасидаанд;
  2. Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки барои содир намудани маxмeи xиноятҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз онҳо дар зербандҳои «а» ва «б» банди 8 Қонун дар бораи авф пешбинӣ шуда бошад, татбиқ карда намешавад.
  3. Мeҳлати xазои адокардашудаи маҳкумшудагони дар зербандҳои «в» ва «г» банди 4 Қонун дар бораи авф нишон додашуда, то рeзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун ба ҳисоб гирифта мешавад.
  4. Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонун дар бораи авф татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари бо кирдори xиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
  5. Мутобиқи банди 7 Қонун дар бораи авф қисми мeҳлати xазо, ки то рeзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун адо нагардидааст, кам карда мешавад.
Ҳангоми татбиқи санади авф нисбати шахсоне, ки қаблан мeҳлати xазояшон бо тартиби бахшиши xазо ё авф кам карда шудааст, мeҳлати xазое, ки мутобиқи санади бахшиши xазо ё авф муқаррар гардидааст, ба инобат гирифта шавад.
  1. Мувофиқи зербандҳои «а» ва «б» банди 8 Қонун дар бораи авф, амали бандҳои 1, 2, 4 ва 6 ҳамин Қонун нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки агар миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо аз як кг. героин, се кг. афюн (опий) ва дигар воситаҳои аз он истеҳсолшаванда, панx кг. канабис, пахоли (саломаи) кeкнор ва дигар воситаҳои аз онҳо истеҳсолшаванда, ду кг. банг (гашиш) ва дигар воситаҳои аз он истеҳсолшаванда, як кг. морфин, дигар воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо аз яксаду панxоҳ грамм, сеҳазор дона ҳаб (таблетка), якҳазору дусад ампула зиёд бошанд. Дар ин маврид вазни холиси восита ва моддаҳо, ки мувофиқи хулосаи экспертизаи химиявӣ муқаррар шудааст, ба инобат гирифта мешавад.
Амали бандҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки бо моддаҳои 76 қисмҳои 3, 4 Кодекси xинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва 289 қисмҳои 3, 4 Кодекси xиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои контрабандаи (қочоқи) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз миқдори дар банди 8 ҳамин Қонун нишон додашуда зиёдтар ба xавобгарии xиноятӣ кашида шудаанд, ё маҳкум шудаанд, татбиқ карда намешавад.
  1. Маводи шахсоне, ки таҳти амали Қонун дар бораи авф қарор мегиранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ба онҳо табобати маxбурӣ аз майзадагӣ, нашъамандӣ ё бемориҳои зуҳравӣ таъин гардидааст, дар давраи иxрои ҳамин Қонун баррасӣ гардида, қарор дар бораи озод намудани онҳо, танҳо пас аз ба охир расидани давраи пурраи табобати маxбурӣ мавриди иxро қарор дода мешавад.
Барои анxомёфта донистани муолиxаи касалии зуҳравии маҳкумшуда хулосаи тиббӣ ва нисбати шахсе, ки суд аз майзадагӣ ё нашъамандӣ табобати маxбурӣ фармудааст, таъиноти суд дар бораи қатъ кардани табобати маxбурӣ асос мебошад.
Барои ташкил намудани ёрии тиббии зарурӣ ба шахсоне, ки гирифтори касалии сил (туберкулез) ба гурeҳҳои I ва II қайди диспансерӣ мансуббуда, ки аз xойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озод шудаанд, маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ eҳдадоранд ба мақомотҳои маҳаллӣ ва тандурустӣ дар ин хусус хабар расонанд.
23.Вайронкунандагони низоми нигоҳдорӣ чунин маҳкумшудагон дониста мешаванд:
а) маҳкумшудагоне, ки мунтазам талаботи низоми нигоҳдориро вайрон  мекунанд  ва  вобаста  ба  вазнинии  вайронкунии содиркардаашон камаш се xазои интизомии мeҳлаташ адонашуда, ё бекорнашуда дошта бошанд;
б) маҳкумшудагоне, ки дар вақти адо намудани xазо қасдан xиноят содир кардаанд;
в) маҳкумшудагоне, ки бе сабабҳои узрнок дар муҳлатҳои қонун ва суд муқарраркарда xаримаро насупоридаанд.
  1. Нисбати шахсоне, ки xиноятҳои тулонӣ ё давомдор содир кардаанд Қонун дар бораи авф танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин намуд xиноятҳо то рeзи ба қувваи қонуни даромадани ҳамин Қонун, анxом ёфта бошанд.
Талаботи банди мазкур нисбати шахсоне, ки дар зербанди «е» банди 1 Қонун дар бораи авф нишон дода шудаанд, татбиқ карда намешавад.
  1. Қонун дар бораи авфи умумӣ дар давоми шаш моҳ, мавриди иxро қарор дода шавад.
  2. Дар ҳолатҳое, ки агар масъалаи истифодаи Қонун дар бораи авф пас аз мeҳлати шашмоҳаи баъд аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун ба миён ояд, он мувофиқи тартиби пешбининамудаи банди 10 ҳамин Қонун иxро карда мешавад.
  3. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шeрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳи пас аз гузаштани мeҳлати иxрои Қонун дар бораи авф, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иxрои он, ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
 
           Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  29 августи соли 2001
№44
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди қабул кардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи авфи умумӣ» ва мавриди амал қарор додани он
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, № 8,  мод.560)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкукр пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи иxтимоии шахсоне, ки мутобики Қонуни мазкур аз маҳалли маҳрумият аз озодӣ xавоб шудаанд, чораҳои зарурӣ андешад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  23 августи соли 2001
                №375
 
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, № 8,  мод. 561)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  28 августи соли 2001
         №230

Илова кунед