Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ” ва мавриди амал қарор додани он

06 Август 2001, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, №7, мод.503)
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ” қабул карда шавад.
  2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
—     қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонад;
— ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди даровардани таuйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ вобаста ба қонуни мазкур таклифҳо пешниҳод намояд.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  28 июни соли 2001
№ 337
                                    
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, №7, мод.504)
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи иттилоотонӣ” баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Чумхурии Точикистон  “Дар бораи иттилоотонӣ” xонибдорӣ карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе  июли соли 2001
          № 216
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи иттилоотонӣ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, №7, мод.502; соли  2005, №12, мод. 639)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар рафти ташаккулу истифодаи иттилооти ҳуxxатшуда ва манбаю захираҳои иттилоот ба миён меоянд, офаридани технологияҳои иттилоотӣ, шабакаву системаҳои автоматиконидашудаи иттилоотро танзим мегардонад, тартиби муҳофизати захираи иттилоот, инчунин ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳоеро, ки дар равандҳои иттилоотонӣ ширкат меварзанд, муайян мекунад.
 
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
 Моддаи 1. Ҳадафҳои Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур муҳайё кардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани талаботи шахсҳои ҳуқуқӣ, воқеӣ ва мақомоти идораи давлатӣ ба иттилоот дар асоси ташаккул додани инфраструктураи ҳозиразамони иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, якxоя кардани он бо шабакаю системаҳои байналмилалии иттилоот мебошад. Қонун шартҳои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои давлат, шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеиро дар рафти тартиб додан, захира кардан, нигоҳдориву ирсол кардан ва интишор додани иттилоот бо воситаҳои технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ муқаррар менамояд.
 
Моддаи 2. Соҳаи амали Қонуни мазкур
  1. Амали Қонуни мазкур муносибатҳоеро фаро мегирад, ки дар рафти фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ новобаста аз шаклҳои моликият дар соҳаи иттилоотонӣ ба миён меоянд, аз Ҷумла, ҳангоми:
-ташаккулу истифодаи захираҳои иттилоот дар асоси тартиб додан, дарёфту захира ва ирсол кардан, андўхтану омода сохтан, интишор додану пешниҳод намудани иттилооти ҳуxxатшуда;
-офаридан, татбиқ ва истифода кардани системаҳои омодасозӣ ва ирсол кардани иттилоот, асос ва бонки маълумот, воситаҳои технологияи иттилоотӣ;
-ҳимояи иттилоот ва ҳуқуқи субъектҳое,  ки дар раванди иттилоотӣ бо татбиқи воситаҳои технологияи иттилоотӣ иштирок менамоянд;
-идора ва танзими равандҳои иттилоотӣ, амалӣ гардондани сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ.
2.Амали Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар иттилооти uайриҳуxxатӣ ба миён меоянд ва ҳамчунин муносибатҳоеро, ки бо меъёрҳои моликияти ақлӣ, бо муносибатҳои соҳаи расонаҳои ахбори умум танзим гардонида мешаванд, фаро намегирад.
3.Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои хориxӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд ҳуқуқу eҳдадориҳои пешбиникардаи ҳамин Қонунро дар баробари ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурӣ истифода мебаранд, ба шарте, ки дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи дигар муқаррар нагардида бошад.
 
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин мавриди истифода қарор гирифтаанд:
-иттилоот — маълумот дар бораи шахсҳо, ашё, объект, воқеиёт, рeйдоду ҳодисот (падидаҳо) ва равандҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
-технологияи иттилоотӣ — маxмeи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва телеиртиботӣ, воситаҳои барномавӣ ва тарзҳои истифодаи онҳо барои дарёфт, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот;
-инфраструктураи иттилоотӣ (иттилоотонӣ) — маxмeи марказ, асос ва бонки маълумот, системаҳои алоқа ва интиқоли маълумот, сохторҳои дигаре, ки кору фаъолияти шабакаҳои иттилоотиро таъмин мекунанд;
-иттилооти ҳуxxатшуда (ҳуxxат) — иттилоти дар ягон ҳомили моддӣ сабтшуда бо маълумоте, ки ин иттилоотро исбот месозад;
-захираҳои иттилоот — иттилооте, ки сарфи назар аз усули пешниҳодот ё ки ташкили нигоҳдориаш (аснод, xамъи аснод, захираҳои китобхонаҳо, бойгониҳо, асоси маълумот) барои дохилшавӣ ба системаи иттилоотӣ пешбинӣ шудааст ё дар дохилаш мавxуд аст;
-асоси маълумот — маxмeи маълумотҳои якxояшуда, ки барои истифодаи ҳамаxониба ва таuйири шакл зарур аст;
-бонки маълумот — маxмeи воситаҳои барномавӣ, иттилоотӣ ва техникие, ки барои андeхти мутамарказ, нигоҳдорӣ ва истифодаи коллективонаи маълумот дар бораи соҳаи муайян ва мушаххаси фаъолияти инсон заруранд ва ҳамчунин худи маълумоте, ки дар шакли файл (парвандаи компютерӣ) ё худ манъбаҳои аз ҳам xудои маълумот нигоҳ дошта мешаванд;
-равандҳои иттилоотӣ – равандҳои андeхтан, омода сохтан, сариштаву ирсол кардан, дарёфтан ва интишор додани иттилоот;
-ҳомили моддии иттилоот — маводи дорои хосиятҳои муайян, ки барои сабт ва нигоҳдории иттилоот истифода шуда метавонад;
-маводи иттилоотӣ — натиxаи моддии равандҳои иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани талаботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таъин гардидааст;
-маълумот — иттилооти ҳуxxатшуда, ки дар рафти омода сохтани он дар мошинҳои ҳисоббарори электронӣ мавриди истифода қарор мегирад;
-системаи иттилоотӣ — маxмeи муташаккили аснод ва технологияҳои иттилоотӣ, аз Ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ ва алоқа, ки xараёни иттилоотиро таъмин менамоянд;
-шаклҳои таъминоти системаҳои иттилоотӣ — техникӣ, барномавӣ, математикӣ, ташкилӣ, забонӣ, ҳуқуқӣ ва дигар шаклҳое, ки барои таъмини иxрои мeътадили тамоми вазифаҳои таъингардидаи система заруранд;
-иттилоотонӣ – таҳия кардан, офаридан, азхуд кардан ва кор фармудани технологияҳои иттилоотӣ, захираҳои иттилоотӣ; раванде, ки xузъҳои ташкилӣ, илмию техникӣ, иxтимоӣ ва истеҳсолию иқтисодӣ ва натиxаи фаъолиятеро дар бар мегирад, ки мақсад аз он қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони xудогона, иттиҳодҳои онҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва uайридавлатӣ, тамоми xамъият ба иттилоот бо роҳи ташаккул додан ва истифода кардани захираҳои иттилоот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти xамъият;
-хизматрасонии иттилоотӣ  хизмате, ки талаботи шаҳрвандон ва ташкилотҳоро ба иттилоот қонеъ мегардонад ва онро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мерасонанд, ки дар соҳаи иттилоот кор мекунанд.
-молики захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ — субъекти дорои ваколатҳои соҳибию истифода ва ихтиёрдорӣ намудани объектҳои мазкур;
-истеъмолкунандаи (баҳрабарандаи) хизматрасонии иттилооти ва захирахои иттилоот — субъекте, ки ба системаи иттилооти, ба молики захирахои иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани иттилооти зарурӣ муроxиат менамояд ва аз ин иттилоот ба ҳадди муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳра мебарад;
-иттилооти махфӣ — иттилооти ҳуxxатшуда, ки дастрас намудани он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст;
-иттилооти дастрасаш маҳдуд — иттилооти ҳуxxатшуда, ки сирри давлатӣ ва махфӣ ба ҳисоб меравад;
-ҳифзи иттилоот — пешгирии дахолати худсарона ба захираҳои иттилоот, амалҳои uайриқонунӣ ҳангоми гирифтан, нусхабардорӣ кардан, интишор додан, таҳриф намудан, нобуд сохтан ё банду баст кардани иттилоотро таъмин менамояд.
-криптография — мактуби рамзӣ, ки барои шахси воқиф фаҳмост, мактуби махфӣ.
 
Моддаи 4. Принсипҳои асосии иттилоотонӣ
Принсипҳои асосии иттилоотонӣ чунин аст:
— дастраси умум будани иттилооти ҳуxxатшуда, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурeҳи иттилооти ҳуxxатшудаи дастрасаш маҳдуд нисбат дода нашудааст;
— фаврӣ, пурра ва аниқ, будани иттилооти ҳуxxатшуда, ки ба истифодабаранда пешкаш карда мешавад;
— иштироки давлат дар ташаккули захираҳои иттилоот ва ба вазифаҳои иттилоотонӣ мутобиқ сохтани ин захираҳо;
— ба истифодабаранда ба забони давлатӣ ё ба забоне, ки дар шартномаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ зикр шудааст, пешниҳод намудани иттилооти ҳуxxатшуда;
— ҳимояи ҳуқуқи моликият ба объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ.
 
Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
1.Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё кардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва дигар шартҳо мебошад, ки ба равнақу ривоxи иттилоотонӣ мусоидат менамояд, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлатро ҳангоми амалӣ гардонидани он ҳимоя менамояд.
2.Самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи иттилоотонӣ инҳоянд:
— муҳайё кардани шароит барои ҳамаxониба қонеъ гардонидани талаботи ба иттилоотдоштаи шаҳрвандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, иттиҳодияҳои xамъиятӣ, корхонаю ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон;
-дастгирӣ намудани тараққиёти инфраструктураи миллии иттилоотӣ бо роҳи барпо намудан ва такмил додани системаву шабакаҳои иттилооти компютерӣ дар асоси амалӣ гардонидани сиёсати илмию техникӣ;
-дастгирии инкишофи шабакаю системаҳои иттилооти байналмилалӣ ва умумичаҳонӣ;
-ташаккулу тараққӣ додан, эҳтиёту саришта кардан, дастрас ва самарабахш истифода намудани захираҳои иттилооти миллӣ;
-муҳайё кардани шароит барои ташаккул ва равнақи бозори маҳсулот, захира,   технологияҳои  иттилоотӣ   ва  ҳамчунин хизматрасонии системаю шабакаҳои иттилоотӣ;
-таъмин намудани истиқлолият ва амнияти миллӣ дар мавриди таҳия, истифодабарии захираҳо ва системаю шабакаҳои иттилоотӣ;
-таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкилотҳо оиди дастрас кардани захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ дар соҳаи иттилоотонӣ;
-ташкили истеҳсоли воситаҳои техника ва технологияи иттилоотӣ бо назардошти   нерую имконияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавxудаи илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ;
-сохтан ва такмил додани системаи маблаuгузорӣ ба таҳия ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳо ва барномаҳои иттилоотонӣ аз ҳисоби маблаuи буxети давлатӣ, манбаъҳои uайридавлатӣ ва сармояҳои хориxӣ;
-ташкил кардани системаи ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва имтиёзҳои фаъолият бо мақсади офаридану овардан, пешниҳод ва истифода кардани воситаҳои пешқадами техникаю технологияҳои иттилоотӣ;
-xорӣ намудани системаҳои пешқадами якнавохтсозӣ, таснифотӣ ва стандартонии иттилоот, ки ба таъсис додани фазои (муҳити) ягонаи иттилоотии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба муттаҳидшави бо шабакаю системахои байналмилалии иттилоот кумак мекунанд;
-пойдор сохтан ва тараққӣ додани асосҳои ташкилӣ ва меъёрию ҳуқуқии ривоxи иттилоотонӣ;
-дастгирӣ намудани маълумоти касбии ибтидоӣ, миёна ва олӣ, таълими кадрҳо ва тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи иттилоотонӣ.
 
Моддаи 6. Объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ инҳо мебошанд:
— иттилооти ҳуxxатшуда;
— захираҳои иттилоот;
— технологияҳои иттилоотӣ;
— маxмeи воситаҳои барномавию техникӣ;
— системаю шабакаҳои иттилоотӣ.
  1. Молики ин ҳама объектҳо давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда метавонанд.
 
Моддаи 7. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ давлат дар шахси мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин давлатҳои хориxӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориxӣ мебошанд.
  2. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми барпо кардан ва кор фармудани объектҳои иттилоотонӣ ба ҳайси чунин касон буда метавонанд:
-тартибдиҳандагон;
— моликон;
— соҳибон;
— истифодабарандагон;
-омодасозони иттилооти ҳуxxатшудаи системаю шабакаҳои иттилоотӣ.
3.Шаклҳои муносибати субъектҳои иттилоотонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартномаҳо танзим гардонида мешаванд.
 
Моддаи 8. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоотонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоотонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи навъу шакл ва воситаҳои xудогонаи равандҳои иттилоотӣ иборат аст. Муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ бо шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин бо принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим гардонида мешаванд.
 
БОБИ II. ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТ
 
Моддаи 9. Таъиноти захираҳои иттилоот
1.3ахираҳои иттилоот барои қонеъ гардонидани талаботи xамъияту давлат ба иттилоот, таъсиси фазои ягонаи иттилоотии мамлакат ва барои ҳамроҳ, шудани он ба xомеаи xаҳонии иттилоот таъин гардидаанд.
2.3ахираҳои иттилоот объектҳои муносибати давлат, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, ба захираҳои умумидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, бо қонун ҳимоя карда мешаванд.
 
Моддаи 10. Асосҳои низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ
1.Низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоот бо меъёрҳои зерин муайян карда мешавад:
-тартиби ҳуxxат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ;
-тартиби баҳисобгирӣ, сабти захираҳои иттилоотӣ;
-ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ ба захираҳои иттилоот, ҳуxxатҳои xудогона ва маxмeи ҳуxxатҳо;
-тартиби муайян кардани гурeҳи захираҳои иттилоот аз рeи дастрас намудан ва тартиби истифодабарии онҳо;
-тартиби муҳофизати захираҳои иттилоот аз истифодаи беиxозат ва аз харобшавӣ.
2.Низоми ҳуқуқии истифодаи захираҳои иттилоот бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордоду созишномаҳои иштироккунандагони муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ муқаррар карда мешавад.
3.Ба риоя шудани тартиби ҳуқуқии таҳия ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ моликони захираҳои иттилоотии дахлдор назорат мекунанд.
 
Моддаи 11. Аз системаҳои иттилоотӣ додани иттилооти  ҳуxxатшуда
  1. Иттилооти ҳуxxатшуда аз системаи иттилоотӣ бо тартибе, ки барои дастрас кардани захираҳои иттилоотӣ муайян шудааст ва мувофиқи талаботи шартномаҳои байни операторони системаҳои иттилоотӣ ва истифодабарандагони ин иттилоот баста шудааст, дода мешавад.
2.Талаботи иттилоотии истифодабарандагон аз тариқи зайл таъмин мегарданд:
-таъмини шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ ва uайра барои озодона xустуxe намудан ва гирифтани иттилоот;
-бо тартиби муайян паҳн намудани иттилооти расмӣ ба воситаи интишори он дар воситаҳои ахбори умум ва xобаxогузории он дар китобхонаҳо, Интернет ва дигар шабакаҳои иттилоотии дастраси умум;
-фурeши маҳсулоти иттилоотӣ аз тариқи хизматрасонии иттилоотӣ;
-таъмини шароит барои фаъолияти шабакаҳои иттилоотии дастраси умум;
  1. Захираҳои иттилоотӣ дар асоси дархосте, ки шахси алоқаманд бо тартиби муқарраршуда ба операторони системаҳои иттилоотӣ ирсол кардааст, дастрас карда мешавад. Дархост фақат дар ҳолате рад шуда метавонад, ки иттилооти талабшуда дар системаи иттилоотӣ мавxуд набошад ё дар мавриде, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои дигар пешбинӣ шуда бошанд.
Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ ба истифодабарандагон ба таври ҳуxxатшуда дода мешавад.
  1. Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, аз Ҷумла барои истифодаи афзалиятноки иттилоот аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии муқарраркардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқуллода дода мешавад.
 
Моддаи 12. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуxxатшуда
  1. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ барои гирифтани иттилооти ҳуxxатшуда ҳуқуқ доранд. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуxxатшуда танҳо бо қонун маҳдуд шуда метавонад.
  2. Таъмини ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуxxатшуда аз xониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ набояд ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иxтимоӣ, маънавӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигари ҳуқуқӣ ва воқеиро халалдор намояд.
 
Моддаи 13. Шаклҳои иттилооти ҳуxxатшуда
Иттилооти ҳуxxатшуда ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият шакли ҳуxxати алоҳида ё маxмeи ҳуxxатҳоро (фонди ҳуxxатӣ, бойгонӣ, маҳзани маълумот ва дониш, дигар шаклҳои ташкили иттилоотро) дорад.
 
Моддаи 14. Ҳуxxат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоот
  1. Ҳуxxат кардани иттилоот шарти ҳатмии ба захираҳои иттилоот ҳамроҳ намудани иттилоот мебошад.
  2. Ҳуxxат баъди онро имзо кардани шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Эътибори қонунии ҳуxxате, ки бо системаҳои автоматиконидашуда ва телеиртибот (телекоммуникатсия) нигоҳдорию омода ва ирсол карда мешавад, бо имзои рақамии электронӣ тасдиқ шуда метавонад.
3.Имзои электронӣ дар сурати дар системаю шабакаҳои иттилоотӣ мавxуд будани воситаҳои барномавию техникие, ки имзоҳоро ба ҳам монанду мушобеҳ месозанд ва дорои сертификати мувофиқат ё шаҳодатномаи эътирофи сертификатеанд, ки дар системаи миллии сертификатонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
4.3ахираҳои иттилоот, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуxуд оварда мешаванд, бояд мутобиқи талаботи стандарти xаҳонӣ ва якнавохтсозӣ бошанд.
5.Захираҳои иттилоотӣ метавонанд дар асоси иттилооте, ки дар xараёни ҳамкории иттилотӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин бо шахсҳои ҳуқуқӣ ё воқеӣ дар асоси шартнома дар доираи фаъолияти истеҳсолию тиxоратӣ ҳангоми хизматрасонии иттилоотӣ мавриди таҳия, коркард ва андухт қарор мегиранд, ташаккул ёбанд.
 
Моддаи 15. Иттилооти ҳуxxатшуда дар бораи шаҳрвандон
  1. Манбаи иттилоот дар бораи шаҳрвандон ҳуxxатҳое мебошанд, ки оиди фактҳо, воқеаву ҳолатҳои мансуби ин ё он шахси воқеӣ маълумот доранд.
  2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ иттилооти ҳуxxатшударо дар бораи шаҳрвандон андухта, омода месозанд, нигоҳдорӣ мекунанд ва барои иxрои вазифаю eҳдадориҳояшон истифода мебаранд.
  3. Феҳристи иттилооти ҳуxxатшудаи такмилёбанда дар бораи шаҳрвандон ва тартиби истифодаи он дар системаҳои иттилоотӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  4. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки иттилооти ҳуxxатшударо дар бораи шаҳрвандон дар ихтиёри худ доранд ва аз он истифода мебаранд, барои риоя накардани тартиби истифодаи ин иттилоот xавобгар мебошанд.
 
Моддаи 16. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот
1.3ахираҳои иттилоот ҳамчун xузъи таркибии амвол буда, моликияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳал, ташкилот ё худ моликияти хусусии шаҳрвандон мебошанд, ки аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
  1. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, маxмeи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотии молики дигаре, ки ба воситаи онҳо захираҳои иттилоот бо тартиби хизматрасонӣ мавриди коркард қарор мегиранд, дахл надорад.
3.3ахираҳои иттилоот, ба истиснои ҳолатҳое, ки сирри давлатӣ ё тиxоратианд, мол буда метавонанд.
Молики захираҳои иттилооте, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, ин моликиятро танҳо бо иxозати мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ихтиёрдорӣ карда метавонад.
 
Моддаи 17. Захираҳои давлатии иттилоот
1.3ахираҳои иттилооте, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти хоxагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, тараққиёти иқтисодӣ, иxтимоӣ ва мудофиавии онро нишон медиҳанд, инчунин захираҳои дорои аҳамияти давлатианд, ба моликияти давлат мансубанд.
Захираҳои иттилоотеро, ки аҳамияти давлатӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2.Захираҳои давлатии иттилоот аз ҳисоби маблаuи буxети Ҷумҳуриявӣ ба вуxуд оварда шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идораи минтақавӣ ва соҳавиро таъмин менамоянд.
  1. Захираҳои давлатии иттилоот ба феҳристи амволи давлатӣ дохил карда мешаванд ва бояд мавриди ҳисобот ва ҳимоя қарор гиранд.
4.3ахираҳои давлатии иттилоотро мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳал, ташкилоту иттиҳодияҳои xамъиятӣ, ки барои ташаккул додан, нигоҳдорӣ, андухтан ва самаранок   истифода   бурдани   онҳо   масъуланд,   мутобиқи салоҳияташон идора мекунанд. Корҳои ташаккул додан ва ба истифодабарандагон пешниҳод   намудани захираҳои давлатии иттилоот ба eҳдаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ мебошад.
5.Ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифадоранд ба ташкилотҳое, ки барои ташаккули захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, иттилооти ҳуxxатшудае пешниҳод намоянд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ муаяйн кардаанд. Субъектҳое, ки иттилооти ҳуxxатшударо барои ҳамроҳ кардан ба захираҳои давлатии иттилоот пешниҳод мекунанд, аз ҳуқуқи ба ин ҳуxxатҳо доштаашон ва аз ҳуқуқи истифодаи иттилооте, ки дар ин ҳуxxатҳо ҳаст, маҳрум намегарданд. Феҳристи иттилооти ҳуxxатшудаеро, ки бояд ҳатман пешниҳод карда шавад ва рeйхати мақомоту ташкилотҳоеро, ки барои андухтан ва коркарди захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 18. Захираҳои uайридавлатии иттилоот
1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ молики  он ҳуxxатҳо, маxмeи ҳуxxатҳо, захираҳои иттилоотие мебошанд, ки аз ҳисоби маблаuи онҳо тартиб дода шудаанд ё худ қонунан харидорӣ карда шудаанд. Захираҳои иттилоотие, ки худи молик тартиб медиҳад ва ё бо супориши e аз ҳисоби маблаuаш тартиб дода мешаванд, захираҳои uайридавлатӣ ба шумор мераванд.
2.3ахираҳои uайридавлатии иттилоот дар фаъолияти истеҳсолии молик барои эxоди маҳсулот ва хизматгузории иттилоотӣ истифода карда мешаванд.
3.Давлат ҳақ дорад иттилооти ҳуxxатшударо аз ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ харида гирад.
 
Моддаи 19. Захираҳои иттилоот аз рeи категорияҳои иxозат
1.Захираҳои давлатии иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои иттилооти ҳуxxатшудае, ки ба категорияи иxозаташ маҳдуд нисбат дода шудааст, ошкор ва дастраси умуманд. Захираҳои давлатии иттилоотро дастрас кардани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул аст.
2.Агар захираҳои иттилоот иттилооти дастрасаш маҳдуд набошад, молик ва истифодабаранда ҳақ дорад дар бораи хариду фурeши ин захираҳои иттилоот шартнома бандад.
3.Тартиби истифодабарии захираҳои иттилоотиро моликон ва ё шахсони ваколатдори онҳо муқаррар менамоянд ва онҳо набояд хилофи қонунгузории амалкунанда бошанд.
 
Моддаи 20. Ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарандагон барои дастрас кардани иттилоот ва захираҳои иттилоот
  1. Истифодабарандагон — шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳал, инчунин иттиҳодияҳои xамъиятӣ барои дастрас кардани захираҳои давлатии иттилоот ҳуқуқи баробар доранд ва шарт нест, ки дар назди моликони ин захираҳо зарурати гирифтани иттилооти талабкардаашонро, ба истиснои иттилооти дастрасаш маҳдуд, асоснок намоянд.
2.Моликон истифодабарандагонро бо иттилоот аз захираҳои иттилоот дар асоси низомнома ё шартномаҳои тасдиқ гардида бепул ё бо нархи шартномавии хизматрасонии иттилоотӣ таъмин менамоянд.
3.Истифодабаранда барои бе иxозат истифода бурдан, нусха бардоштан, интишор додани захираҳои иттилоот, барои риоя накардани ҳуқуқи моликият ба захираҳо мутобиқи шартнома (созишнома) ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобгар  мебошад.  Тартиби  ба  иттилоот  соҳиб  гаштани истифодабарандаро молики захираи иттилоот бо риояи талабҳои ҳамин Қонун муайян мекунад.
4.Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуние, ки барои ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, барои ба истифодабаранда фавран ва пурра пешниҳод намудани иттилооти ҳуxxатшуда шароит муҳайё мекунанд. Барои надодани иттилооти дастраси умум аз захираҳои давлатии иттилоот ба суд шикоят кардан мумкин аст.
 
Моддаи 21. Роҳ додани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба иттилоот оиди онҳо
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба бепул дастрас кардани иттилооти ҳуxxатишуда оиди онҳо ва ба аниқ намудани ин иттилоот бо мақсади мукаммал ва бодалел будани он ҳуқуқ доранд ва инчунин ҳуқуқ доранд донанд, ки ин иттилоотро кӣ ва ба кадом мақсад истифода кардааст ё истифода карданист.
2.Мақомоти давлатӣ ва дигар соҳибони захираҳои иттилоотӣ оид ба шахсони алоҳида вазифадоранд ин иттилоотро бо талаби он шахсоне, ки ин иттилоот ба онҳо дахл дорад, бояд пешниҳод намоянд, ба шарте, ки маълумоти мазкур иттилооти дастрасаш маҳдуд набошад.
3.Шахсоне, ки ҳуқуқ, ва манфиаташон аз тарафи моликон ва ё истифодабарандагони иттилоот  вайрон шудааст, ҳақ доранд бо тартиби судӣ барқарор кардани ҳуқуқҳояшон ва xуброни зиёнро талаб намоянд.
 
Моддаи 22. Вазифаҳо ва масъулияти молики захираҳои иттилоотӣ
1.Молики захираҳои иттилоотӣ вазифадор аст тартиби мукаммал кардан ва замонавӣ гардонидани захираҳои иттилоот, тартиби коркарди онҳо ва қоидаҳои ба баҳрабаранда пешниҳод сохтани онҳоро риоя намояд.
2.Молики захираҳои иттилоот барои вайрон кардани тартиботи кор бо иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобгар аст.
 
БОБИ III. ИНФРАСТРУКТУРАИ ИТТИЛООТОНӣ ВА СИСТЕМАҲОИ ИТТИЛООТӣ
 
Моддаи 23. Xузъҳои таркибии инфраструктура
1.Инфраструктураи иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сохторҳои ташкилию техникӣ, объекту системаҳое ташкил медиҳанд, ки мақсади кору амали онҳо аз ин иборат аст:
-xамъоварӣ, коркард, расонидан, нигоҳдорӣ кардан ва интишор додани иттилоот бо воситаҳои технологияҳои нави иттилоотӣ;
-хизматрасонӣ ҳангоми қабул ва ирсол намудани иттилоот бо тамоми воситаҳои иртиботи электронӣ;
-тадқиқ, таҳия ва истеҳсол кардани система, технологияву воситаҳои нави иттилоотӣ;
-фиристодан, фурeхтан ва хизматрасонии системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо;
-таълим додан, кумаки машваратӣ, методӣ расонидан ва фаъолияти дигари ёрирасон,  ки бо  интишору  истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ алоқаманданд.
2.Инфраструктураи иттилоотониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои гуногуни ҳамаи шаклҳои моликият ташаккул медиҳанд.
3.Ягонагии инфраструктураи иттилоотонӣ ба идораву танзими давлатии равандҳои иттилоотонӣ ва ҳамчунин ба фаъолияти мақомоти махсуси идораи давлатие асос меёбад, ки ба риоя шудани стандарту тасдиқномаҳои ягонаи сифати маводу воситаҳои иттилоотии истеҳсол ва истифодашаванда назорат муқаррар менамоянд.
4.Ҳамаи намудҳои истеҳсоли системаю шабакаҳо, технологияву воситаҳои иттилоотии таъмини фаъолияти онҳо оиди пешниҳоди маводу хизматрасонии иттилоотро соҳаи махсусе ташкил медиҳад, ки пешрафти онро сиёсати давлатии илмию техникӣ ва иқтисодӣ муайян менамояд.
 
Моддаи 24. Системами давлатии иттилоотӣ
1.Системаҳои давлатии иттилоотиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаҳои иттилоотӣ оиди xамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот, системаҳои экспертӣ (санxишӣ) ва xустуxeи иттилоот, шабакаҳои мақомоти марказии ҳокимияту идораи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳал, дигар ташкилоту муассисаҳое ташкил медиҳанд, ки аз ҳисоби маблаuи буxети давлатӣ бунёд шудаанд ва ё моликияти давлатӣ мебошанд.
2.Додан ва мубодилаи иттилоот байни системаҳо ва шабакаҳои давлатии иттилоотӣ аз рeи шартномаву созишномаҳо дар доираи номгeи зарурӣ ва сохтор дар асоси ягонагии таъминоти системавию барномавӣ ва шабакавӣ амалӣ мегардад.
3.Тартиби мубодилаи иттилоот байни системаҳои давлатии иттилоот бо санадҳои меъёрие, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ дар ҳадди салоҳияти худ нашр мекунанд, бо шартномаю созишномаҳо муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 25. Системаҳои uайридавлатии иттилоотӣ
1.Системаҳои  uайридавлатии  иттилоотӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаҳои иттилоотӣ оид ба xамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот, аз системаҳои экспертӣ (санxишӣ) ва xустуxeи иттилоот ва шабакаҳои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ, ки бо маблаuи онҳо сохта ё харидорӣ карда шудаанд, иборатанд.
2.Системаҳои uайридавлатии иттилоот барои қонеъ гардонидани эҳтиёxоти махсуси моликони онҳо ё худ барои пешниҳоди маҳсулоту хизматрасонии иттилоотӣ ташкил карда мешаванд.
 
Моддаи 26. Ба вуxуд овардани технологияи иттилоотӣ ва системаю шабакаҳои иттилоотӣ
  1. Ҳуқуқи ба вуxуд овардани технологияҳои иттилоотӣ, маxмeи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотиро барои фаъолияти худ ва ба истеъмолкунандагон расонидани хизмати иттилоотиро мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доранд.
  2. Системаҳои иттилоотиро, ки дар бораи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ маълумот доранд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ё худ ташкилотҳои ваколатдори давлатӣ ва идоракунӣ барпо менамоянд. Агар мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иxозат диҳад, чунин системаҳоро субъектҳои моликияти uайридавлатӣ барпо карда метавонанд.
  3. Системаҳои байнидавлатии иттилоотӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рeи шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ барпо карда мешаванд.
  4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ҳуқуқ доранд шабакаҳои минтақавӣ (ки ба субъекти муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи иттилоотонӣ тааллуқ доранд), байнисоҳавӣ ва байнидавлатии иттилоотро барпо намоянд ва (ё) бо системаҳои иттилоотии худ ба онҳо ҳамроҳ шаванд.
5.Тартиби ба чунин шабакаҳо ҳамроҳ шудан ва қоидаҳои мубодилаи иттилоотро дар ин шабакаҳо моликон ё худ шахсони ваколатдори онҳо дар асоси қонунгузории xорӣ, шартномаю созишномаҳои байналмиллалӣ муқаррар менамоянд.
6.Намудҳои муайяни технологияҳои иттилоотӣ ва маxмeи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотӣ, ки дар соҳаи мудофиа ва хоxагии умумӣ истифода мешаванд, метавонанд ба категорияҳое нисбат дода шаванд, ки аҳамияти давлатӣ доранд.
Онҳо моликияти давлатанд ва аз ин рe дар тасарруфи шахсони xудогонаи ҳуқуқиву воқеӣ буда наметавонанд. Номгeй ва ҳамчунин тартиби офаридан ва истифода кардани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  1. Ҳуқуқи моликият ба технологияҳои иттилоотӣ, маxмeи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешавад, ба шарте, ки онҳо дар мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд. Объектҳои иттилоотонии дорои аҳамияти давлатӣ бояд ҳатман ба қайд гирифта шаванд. Тартиби ба қайд гирифтани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
БОБИ IV. МУҲОФИЗАТИ ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТ ВА ҲУҚУҚИ СУБЪЕКТҲО ДАР СОҲАИ ИТТИЛООТОНӣ
 
Моддаи 27. Мақсади муҳофизат
  1. Захираҳои иттилоотӣ ва ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи иттилоотонӣ бояд мавриди муҳофизат қарор гиранд.
  2. Мақсади муҳофизат чунин аст:
-таъмин намудани низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ ҳамчун объекти моликият, пешгирӣ кардани дахолати uайриқонунӣ ба захираҳои иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ, амалҳои беиxозати нусхабардорӣ, бандубаст, таuйир додан, таҳриф ва нобуд кардани иттилоот;
-пурра, саҳеҳу, аниқ ва яклухт нигоҳдоштани иттилооти ҳуxxатишуда, имконияти идора кардани раванди коркард ва истифода мутобиқи шароите, ки молики ин иттилоот ё шахси ваколатдори e муқаррар кардаанд;
-ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба нигоҳ доштани сирри шахсӣ ва махфӣ будани маълумоти шахсӣ дар системаҳои иттилоотӣ;
-фош накардани сирри давлатӣ ва маҳрамияти иттилооти ҳуxxатшуда, пешгирии ихроx, дуздӣ, сохтакорӣ ва таҳрифи иттилоот;
-таъмин намудани ҳуқуқи субъектҳо дар равандҳои иттилоотӣ ҳангоми ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоот, офаридан, истеҳсолу татбиқ намудани системаю технологияҳои иттилоотӣ.
 
Моддаи 28. Муҳофизати иттилоот
1.Ҳар иттилооти ҳуxxатшудае, ки дар натиxаи муносибати uайриқонунӣ нисбати он ба молик, соҳиб, истифодабарандагон ва дигар шахсон зарар оварда метавонад, мавриди муҳофизат қарор мегирад.
Низоми муҳофизати иттилоот дар мавридҳои зерин муқаррар карда мешавад:
-нисбати маълумоте, ки сирри давлатӣ ба ҳисоб мераванд аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”;
-нисбати иттилооти ҳуxxатшудаи ошкоро ё маҳрамона аз тарафи молики захираҳои иттилоот ё худ шахси ваколатдор дар асоси ҳамин Қонун.
2.Молики захираҳои иттилоот ва ё шахсони ваколатдор ҳуқуқ доранд ба иxрои талабҳо оиди ба муҳофизати иттилоот назорат кунанд ва коркарди иттилоотро дар сурати иxро накардани ин талабот манъ кунанд ё боздоранд.
3.Молик ё соҳиби иттилооти ҳуxxатшуда барои донистани иxрои дурусти меъёрҳо ва талабот оиди муҳофизати иттилооти e дар системаҳои иттилоотӣ ҳақ дорад ба мақомоти салоҳиятдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, муроxиат намояд. Ин мақомот шартҳои маҳрамияти худи иттилоот ва натиxаи санxишро риоя мекунад.
 
Моддаи 29. Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Амалу кирдорҳое, ки боиси вайроншавии ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои муносибатхои ҳуқуқии соҳаи   иттилоотонаи, муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, шахсҳои ҳуқуқиву воқеии дар раванди иттилоотӣ иштироккунанда пешгирӣ карда ва хотима дода мешаванд.
2.Моликони захираву системаҳои иттилоотӣ, офарандагони воситаҳои муҳофизати барномавию техникӣ ва криптографии иттилооти ҳуxxатшуда ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳофизат ҳамин Қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти махсуси ваколатдори давлатиро оид ба муҳофизати иттилоот ба роҳбарӣ мегиранд.
 
Моддаи 30. Ҳимояи ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи иттилоотонӣ
1.Ташкилотҳои давлатӣ ва uайридавлатӣ, инчунин шаҳрвандон барои тартиб додан ва офаридани системаю технологияҳои иттилоотӣ, воситаҳои таъмини онҳо, инчунин ба фаъолияти вобаста бо пешниҳод намудани маҳсулот ва хизматрасонии иттилооти ҳуқуқи баробар доранд.
2.Ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи ташаккули равандҳои иттилоотӣ ва иттилоотонӣ бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, роҳ надодан ба амалҳои uайриқонунӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда ва xуброни зиён ҳимоя карда мешавад.
3.Ҳуқуқи  субъектҳоро   суд  бо   назардошти хусусияти ҳуқуқвайронкунӣ ва зиёни расонидашуда ҳимоя мекунад.
4.Барои ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми кор кардан бо иттилооти ҳуxxатшуда мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
5.Масъулияти вайрон кардани меъёру қоидаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоот, офаридан ва ба кор бурдани системаҳои иттилоотӣ, талаботи созишномаҳои байналмилалӣ оиди ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мутобиқи шартномаҳои бо ҳамкорони хориxӣ имзокардаи онҳо, бо назардошти санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, гузошта мешавад.
 
Моддаи 31. Ҳимояи ҳуқуқи истифодабаранда барои дастрас кардани иттилоот
  1. Аз роҳ надодан барои дастрас кардани иттилооти ошкоро ё аз дидаву дониста пешкаш намудани иттилооти барuалат (нодуруст) ба суд шикоят кардан мумкин аст. Дар ҳар ҳолат шахсоне, ки онҳоро аз дастрас намудани иттилоот маҳрум гардонидаанд ва шахсоне, ки иттилооти барuалат гирифтаанд, ба товони зарар ҳуқуқ доранд.
  2. Тарафҳо барои иxро накардан ё худ номатлуб иxро кардани eҳдадориҳои шартномаи хариду фурeш, пешкаш намудани захираҳои иттилоот тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд.
3.Суд баҳсҳоро оиди беасос нисбат додани иттилоот ба категорияи иттилооти дастрасаш маҳдуд ва даъвоҳоро оиди xуброни зиён дар ҳолатҳои беасос ба истифодабарандагон пешкаш накардани иттилоот ё ки барои ҳуқуқвайронкуниҳо нисбати истифодабарандагон ва eҳдадориҳои шартнома дида мебарояд.
4.Роҳбарон, хизматчиёни дигари мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳое, ки дастрас намудани иттилоотро uайриқонунӣ маҳдуд сохтаанд ва тартиботи ҳифзи иттилоотро риоя накардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобгар мебошанд.
 
БОБИ V. ИДОРА ВА ТАНЗИМИ СОҲАИ ИТТИЛООТОНӣ
 
Моддаи 32. Мақомоти идораю танзими давлатии соҳаи иттилоотонӣ
  1. Давлат соҳаи иттилоотониро бо мақсади ба амал баровардани сиёсати худ дар соҳаи иттилоотонӣ идора мекунад ва танзим мегардонад.
  2. Идораю танзими давлатии муносибатҳои соҳаи иттилоотониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои худ ва ҳамин Қонун ба воситаи системаи ягонаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.
З.Сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи иттилоотонӣ мақоми давлатии махсуси ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул медиҳад ва равандҳои пешрафти ин соҳаро ҳамоҳанг месозад.
 
Моддаи 33. Ваколатҳои мақомоти давлатии идоракунӣ ва танзим дар соҳаи иттилоотонӣ
1.Ба ваколатҳои мақомоти давлатии идоракунӣ ва танзим дар соҳаи иттилоотонӣ тааллуқ доранд:
-тарҳрезӣ кардани сиёсати ягонаи давлатии инкишофи иттилоотонӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он;
-муқаррар намудани тартиби маблаuxудокунӣ аз ҳисоби буxети давлатӣ ва сармоягузории хориxӣ барои пешрафти соҳаи иттилоотонӣ ва назорат оиди истифодабарии он;
-роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ тартибдиҳӣ ва амалӣ гардонидани барномаҳои умумидавлатӣ ва лоиҳаҳо дар соҳаи иттилоотонӣ;
-барпо кардан, тараққӣ додан ва боэътимод гардонидани кори системаю шабакаҳои телеиртиботи умумидавлатӣ;
-танзими тартибу шароити ҳамкории системаю шабакаҳои иттилоотӣ ва xузъҳои дигари инфраструктураи иттилоотонӣ, xорӣ кардани системаҳои пешқадами протоколҳои байнишабакавӣ;
-муайян кардани тартибу шароити бо иттилоот таъмин намудани мақомоти идораи давлатӣ, аз xониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истифода бурдани захираҳои умумидавлатии иттилоот;
-ташкили санxиши (экспертизаи) барномаҳо, лоиҳаю таклифҳо дар соҳаи иттилоотонӣ,  сертификатсияи  маҳсулот,  раванду технологияҳои иттилоотӣ;
-дастгирӣ намудани бозори маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ;
 -муқаррар кардани стандартҳо, таснифгарон ва системаҳои якнавохтсозии соҳаи иттилоотонӣ, назорат ба риояи онҳо;
-муайян кардани тартибу шароити гузаронидани тадқиқот, тарҳрезӣ ва истеҳсоли воситаю технология ва системаҳои иттилоотӣ;
-ҳимоя ва эҳтиёт кардани ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи иттилоотонӣ;
-муқаррар намудани тартиби баҳисобгирии давлатии маҳсулоти барномавӣ ва асосҳои маълумот, ки аз ҳисоби маблаuи буxети давлатӣ ба вуxуд оварда шудаанд ва ҳамчунин ба қайд гирифтани марказҳо, системаю шабакаҳои иттилоотие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз тобеияти идоравии онҳо амал мекунанд;
-ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳанг сохтани алоқа дар соҳаи иттилоотонӣ бо мамлакатҳои хориxӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.
  1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар идораву танзими давлатии соҳаи иттилоотонӣ дар доираи салоҳияту вазифаҳояшон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн кардааст, иштирок менамоянд.
 
Моддаи 34. Маблаuгузорӣ барои иттилоотонӣ
1.Маблаuгузорӣ барои иттилоотонӣ аз ҳисоби маблаuи буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблаuи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин сармояҳои хориxӣ амалӣ мешаванд.
2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотониро муайян ва тартиби маблаuгузориро муқаррар менамояд. Қарорҳоро оиди сармоягузории лоиҳаҳои инкишофи иттилоотонӣ аз ҳисоби маблаuи буxети давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи барномаи тасдиқшудаи иттилоотонӣ қабул менамояд.
3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои xалб кардани сармояи хориxӣ ба соҳаи иттилоотонӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
 
Моддаи 35.    (Хориљ карда шуд бо Ќ ЉТ аз 26.12.05с №124)
 
Моддаи 36. Сертификатсияи системаю технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
1.Барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифат, қобилияти рақобат ва ҳимояи бозори дохилӣ сертификатсияи системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо ба амал бароварда мешаванд.
2.Системаҳои иттилоотӣ, асос ва бонки маълумотеро, ки барои таъмини иттилоотии ташкилоту шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ” бояд сертификатсия кунад.
3.Системаҳои иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуние, ки иттилооти ҳуxxатшудаи дастрасаш маҳдудро мавриди коркард қарор медиҳанд, инчунин воситаҳои муҳофизати ин системаҳо бояд бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия карда шавад.
 
Моддаи 37. Танзим ва ҳавасмандгардонии давлатии фаъолият дар соҳаи иттилоотонӣ
1.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, таxрибавию ихтироот дар соҳаи тарҳрезӣ ва офаридани системаю воситаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ шароит муҳайё карда мешавад.
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи сиёсати илмию техникӣ ва саноатӣ самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотонӣ, инчунин тартиби маблаuгузориро ба онҳо муайян менамояд.
3.Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ мутобиқи самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезон ва офарандагони системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳоро дастгирӣ мекунанд, ба ҳар чи бештар қобили рақобат шудани маҳсулоти иттилоотӣ ёрӣ мерасонанд, инкишофи тадқиқоти ояндадори илмиро ҳавасманд мегардонанд, ихтироотҳои куллан навро патент мекунанд ва барои аз худ намудани технологияҳои компютерии иттилоот кумак мекунанд. Дар ҳолатҳои муқарраркардаи Қонун содироту воридоти намудҳои муайяни технология, маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ, фурeхтани онҳо дар бозори дохилӣ маҳдуд ва ҳамчунин истеҳсолкунандагон вазифадор карда шуда метавонанд, ки сатҳи зурурии стандарту сифатро таъмин кунанд.
 
Моддаи 38. Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
1.Тамоми объектҳои инфраструктураи иттилоотонӣ, захираҳои иттилоотӣ, моддӣ, техникӣ, молиявии онҳо, мутахассисон ва дигар захираҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бояд аз тарафи давлат ба ҳисоб ва ба қайд гирифта шаванд.
2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои баҳисобгирӣ ва таҳлили ҳолати инфраструктураи иттилоотии давлатро муқаррар менамояд.
 
Моддаи 39. Таълимот дар соҳаи иттилоотонӣ
1.Бо мақсади баланд бардоштани маданияти иттилоотии аҳолӣ ва маҳорати касбии мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи тарбияи умум ва бардавом, таълим ва вусъат додани дониш оиди иттилоот ва техникаи компютерӣ муқаррар карда мешавад.
2.Дар барномаи мактабҳо, сарфи назар аз соҳаву шакли моликият, бояд таълимоти асосҳои   иттилоотия ва техникаи компютерӣ пешбинӣ шуда бошад.
3.Дар барномаҳои мактабҳои ибтидоӣ, миёна, касбӣ ва олӣ, инчунин дар ташкилоту таълимгоҳҳои такмили ихтисос ва бозомeзӣ тибқи соҳаашон бояд таълими курсҳои махсуси иттилоотия ва техникаи компютерӣ пешбинӣ шуда бошанд.
4.Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти ҳокимияти иxроия дар маҳалҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, иттиҳодияҳои xамъиятӣ ба амал баровардани донишу имкониятҳои иттилоотонӣ, системаю технологияҳои иттилоот, инчунин истифодаи захираҳои иттилоотро дар байни аҳолӣ интишор менамоянд ва аҳолиро аз қонунгузории соҳаи иттилоотонӣ бохабар месозанд.
 
Моддаи 40. Маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ (монополикунонӣ) дар соҳаи иттилоотонӣ
1.Инҳисорӣ намудан дар соҳаи иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номумкин аст.
2.Парвандаҳои инҳисорикунонии соҳаи иттилоотонӣ дар мақомоти давлатии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худ, пешниҳодоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, инчунин субъектҳое, ки ҳуқуқҳояшон дар натиxаи чунин инҳисорикунонӣ поймол гаштаанд, баррасӣ мешаванд.
3.Қоидаҳои рақобати софдилона ба ҳамаи шаклҳои фаъолияти соҳаи иттилоотонӣ дахл доранд.
 
БОБИ VI. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ
 
Моддаи 41. Муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
1.Муносибатҳои соҳаи иттилоотонии байни давлатҳо дар асоси созишномаҳои дутарафа ва бисёртарафа, барномаҳои муштараки илмию техникӣ, шартномаю eҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ оиди барпо намудани системаҳои ягонаю муштарак, коллективию барномавӣ ва техникии ягонаи иттилоотии мувофиқ ва ҳамчунин аз рeи масъалаҳои дигари иттилоотонӣ муқаррар карда мешаванд.
2.Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ дар асоси шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 42. Тартиботи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳақ доранд дар асоси шартномаҳо системаҳои иттилоотии худро ба шабакаҳои байналмилалии иттилоот ҳамроҳ кунанд.
 
Моддаи 43. Ҳамроҳшавӣ (интегратсия) ба шабакаю системаҳои байналмилалии иттилоотӣ
1.Системаҳои иттилоотиеро, ки иттилооти дастрасаш маҳдудро мавриди коркард қарор медиҳанд,   бо шабакаи байналмилалии иттилоотӣ танҳо баъди қабул намудани чораҳои зарурии муҳофизат якxоя кардан мумкин аст.
2.Бе иxозат ба шабакаҳои иттилооти ҳамроҳ кардани системаҳои иттилоотии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин аз ин шабакаҳо гирифтани иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон xавобгарӣ дорад.
3.Иттилоот ҳангоми мубодилаи байналмилалӣ мутобиқи қонунгузории xории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешавад.
 
Моддаи 44. Шартномаҳои байналмилалӣ
Агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба ҳамин Қонун тартиби дигар муқаррар шуда бошад, он гоҳ меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
 
БОБИ VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
 Моддаи 45. Масъулияти вайрон кардани Қонуни мазкур
Вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                          Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе  6 августи соли 2001
№40

Илова кунед